Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 79
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.03.2018
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ба имконот ва ташаккулёбии механизмҳои амалӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Маблағгузории нақшаи чорабиниҳои барнома дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудаанд, таъмин карда шавад.
  3. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 муайян карда шуда, оид ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳар сол то моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.
  4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2019-2022 хароҷоти вобаста ба амалигардонии нақшаи чорабиниҳои барномаро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.
  5. Вазорату идораҳои дахлдор барномаҳои соҳавии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавононро таҳия ва тибқи тартиби муқаррарнамуда амалӣ намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 марти соли 2018 № 79

ш.Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ