Классификатор Консепсия
Рақам 82
Ном КОНСЕПСИЯИ НАЗОРАТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ ДАР КОМПЛЕКСИ ХОҶАГИДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 15.03.1999
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 1999 № 82

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ НАЗОРАТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ ДАР КОМПЛЕКСИ ХОҶАГИДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз чандин мақомоте, ки ҷонибҳои мухталифи фаъолияти корхонаҳои (ташкилоти) гуногуни комплекси хоҷагидории ҷумҳуриро назорат менамоянд, амал мекунанд. Ба ғайр аз Вазорати ҳифзи табиат, Кумитаи андоз, Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази давлатии стандартизация ва метрология навъҳои дигари назорат дорои як хусусияти умумӣ буда, ҳамаи онҳо таҳти тобеияти идоравӣ қарор доранд. Ба ҳамаи онҳо инчунин инспексияҳои техникии назди Кумитаҳои марказии иттифоқҳои касабаро илова кардан ҷоиз аст.

Мавҷудияти шумораи зиёди чунин мақомоти назоратӣ ва муҳимтар аз ҳама парокандагии онҳо боиси ба таври муттасил тафтиш кардани корхонаҳо (ташкилот) гардида, ба фаъолияти мўътадили онҳо халал мерасонад. Бар замми ин парокандагии онҳо боиси арзёбии ғаразноки (ғайриобъективӣ) садамаҳо, ҳодисаҳои фоҷиавӣ ва дигар вайронкуниҳо мегардад, ки натиҷаи аз ҷониби идораҳои назоратии идоравӣ мустақиман ҳимоя намудани манфиати муассисаҳояшон мебошад. Ин рафтори ғаразнок имкон намедиҳад, ки сабабҳои ҳақиқии вайронкуниҳо, садама ва фалокатҳо дақиқ муайян шаванд ва бегуфтугў боиси такрор шудани онҳо мегардад. Дар натиҷа ба давлат ва шаҳрвандони он зиён расонида мешавад, зеро чунин қонуншиканӣ боиси несту нобуд гардидани (исрофкорӣ, тасарруф) сарватҳои моддӣ мегардад. Садама ва фалокатҳо бошанд ба талафотҳои моддӣ инчунин талафотҳои маънавӣ зам мекунанд, зеро боиси маъюбӣ ё рабудани ҳаёти мардум мешаванд.

Бо дарназардошти он чӣ зикр гардид ва бо дарки он, ки асоси муҳимтарини фаъолияти пурсамари ҳама гуна мақомоти назоратӣ мустақилияти он мебошад, дар ҷаласаи дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Я.Н. Азимов доиргардида (протоколи № 37/2/24 аз 29 июли соли 1997) оид ба таҳияи консепсияи назорати ягонаи давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд.

Ин консепсия таъсиси мақоми ягонаи идораи давлатиро, ки масъалаҳои таъмини шароити бехатарии истеҳсолот, технология, таҷҳизот (механизмҳо), инчунин назорати истифодаи самарабахш ва хифзи захираҳои табииро дар кишвар дар назар дорад ва фаъолияташро тибқи барномаи ягонаи таҳияшуда анҷом медиҳад. Таъсиси чунин мақоми идораи давлатӣ бояд мувофиқи банди 9 моддаи 49 ва банди 2 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳал гардад.

Мақоми зикргардидаи идораи давлатӣ вазифадор аст, ки дар сатҳи давлатӣ таҳия ва қабули аснодн ҳуқуқӣ ва меъёриро оид ба масъалаҳои танзимкунандаи бехатарии шароити меҳнат дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани рухсатномаҳо (литсензияҳо) барои гузаронидани корҳои эҳтимолан хатарнок, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, пешгирӣ ва рафъи таъсири ҳама гуна навъи корҳои барои аҳолӣ, муҳити зист ва иморатҳо зарарнок, таъмини дурусти масрафи манбаъҳои аввалияи сўзишворию энергетикӣ, инчунин оид ба ин масъалаҳо назорати риояи асноди қонунӣ ва меъёриро дар ҷараёни иҷрои ҳама гуна навъи корҳо ва истифодаи захираҳои табиӣ ва истеҳсолшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Тамоми фаъолияти ин мақоми давлатӣ бояд ба таъмини манфиатҳои давлат ва риояи қонунҳо - пешгирии садама ва ҷароҳатҳои (травматизми) истеҳсолӣ, инчунин стандартҳои (меъёр, коидаҳои) тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи пешбурди бехатарии корҳои вобаста ба истифодаи захираҳои табиӣ ба манфиати наслҳои имрўза ва ояндаи халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиёти маводи тарканда ва истифодаи дурусти он, инчунин барои гузаронидани тадбирҳои пешгирикунанда оид ба ин масъалаҳо нигаронида шавад.

Ин маҳом фаъолияти худро дар асоси ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи табиат, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин бо мувофиқа бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои соҳавии он иҷро мекунад.

 

Заминаҳои қонунии фаъолияти мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷокистон

 

Заминаи асосии ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти мақомоти назоратӣ давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризамини, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Асноди меъёрии мақомоти назорати давлатӣ, дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Асноди меъёрии идоравӣ оид ба пешбурди бехатари корхо, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, тибқи меъёр истифода бурдани захираҳои табиӣ ва истеҳсолшаванда.

 

Вазифаҳои мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазифаҳои мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- таъмини назорати давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо (сарфи назар аз вазъи ҳуқуқиашон), ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон риоя намудани талаботи меъёр қоидаҳо, дастуруламалҳо ва ғайра оид ба пешбурди бехатари корҳо дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ошкор ва пешгирӣ намудани вайронкуниҳои талаботи ҳатмии асноди меъёрӣ дар ҷараёни омўзиш, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ (дар давоми ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни технологӣ, то худи ҷараёни ба даст овардани маҳсулоти тайёр);

- ошкор ва пешгирӣ намудани вайронкуниҳо дар ҷараёни истифодаи манбаъҳои аввалаи энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҷараёни истифодаи захираҳои табиӣ ва истеҳсолшаванда.

Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои масъулият ва ҳуқуқҳое мебошанд, ки онҳо тибқи Низомнома, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешаванд.

 

Сохтори мақоми назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар назар дошта шудааст, ки сохтори мақоми таъсисшавандаи назорати давлатӣ дар асоси сохтори Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутаносибан ба соҳаҳои фаъолият ва тавассути зиёд намудани ҳайати шахсии он таъсис дода мешавад, ки имкон медиҳад маблағи назаррасе, сарфа гардад.

Иҷрои самарабахши вазифаҳои дар назди мақоми назорати ягонаи давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузошташуда бо фароҳам овардани шароитҳои зайл имконпазир аст:

- ташкили сохтори нисбат ба сохторҳои мавҷудаи назорат зудамале, ки барои эътинои фаврӣ ба вазъияти ғайримаъмулӣ имкон медиҳад;

- додани мустақилияти васеъ ба мақомоти минтақавӣ (дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Ленинобод);

- ба меъёр овардани теъдоди нозирони давлатӣ дар минтақаҳо.

Татбиқи шартҳои зикргардида зарурати анҷом додани корҳои зайлро тақозо мекунад:

- зиёд намудани инспексияҳои марказӣ;

ба таври назаррас зиёд гардидани ҳаҷми кори дастгоҳи марказии мақоми давлатии таъсисшаванда оид ба анҷом додани таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳои кори нозирӣ (инспексияҳо), таҳияи маълумотнома ва иттилоот ба мақомоти мухталиф, таҳлили сабабҳои маъюбӣ ва садамаҳои истеҳсолӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти назорати технологӣ ва методологии кори инспексияҳо, таҳия ва аз нав баррасӣ намудани асноди меъёрӣ оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти ин мақоми давлатӣ қарор доранд. Иҷрои ин вазифаҳо дар сохтори мақоми давлатӣ таъсис додани воҳиди махсусро тақозо мекунад, ки онро сармутахассис ва мутахассисони тобеи ў роҳбарӣ менамояд ва ин воҳид бояд вазифаи ҳалқаи илтиҳокро байни роҳбарият ва инспексияҳо иҷро намояд.

- дар идораҳо, ки аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ ва муовинонаш бидуни ворид намудани штати иловагӣ таҳти сарпарастӣ қарор мегиранд, муттаҳид сохтани як қисми инспексияҳо.

Бо мақсади таъмини кори пурсамари инспексияҳо ва фароҳам овардани шароити зудамалии бештар онҳо дар асоси навъҳои назорат, инчунин бо дарназардошти ҷойгиршавии иншоот дар минтақаҳо ташкил карда мешаванд.

Дар ин асос дар назар дошта шудааст, ки 14 инспексияҳои марказӣ таъсис дода шавад:

  1. Инспексияи марказии кўҳкорию техникӣ (ИМКТ) оид ба назорат дар саноати ангишт, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва ғайримаъданҳо.
  2. Инспексияи марказии кўҳкорию техникӣ оид ба назорати муассисаҳои истеҳсолкунандаи нафту газ ва идораҳои корҳои пармакунӣ.
  3. Инспексияи марказии кўҳкорию техникӣ оид ба назорати истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ.
  4. Инспексияи марказии (ИМ) назорат дар саноати химиявӣ ва металлургӣ.
  5. Инспексияи марказии назорати дегҳо ва иншооти борбардор.
  6. Инспексияи марказии назорати газ.
  7. Инспексияи марказии назорати геологӣ.
  8. Инспексияи мирказии назорати ҳамлу нақли борҳои ҳатарнок.
  9. Инспексияи марказии назорати истифодаи манбаъҳои аввалияи энергетикӣ.
  10. Инспексияи марказии назорати давлатии таҳлили маҳакӣ
  11. Инспексияи марказии назоратӣ дар истеҳсолоти хатарнок дар саноати нассоҷӣ, сабук ва ордбарорӣ.
  12. Инспексияи марказии назорати комплекси агросаноатӣ, ҷангал ва коркарди чўб.
  13. Инспексияи марказии назорат дар истеҳсолоти соҳаҳои ғайридавлатӣ.
  14. Инспексияи марказии экспертизаи асноди лоиҳавӣ ва конструкторӣ.

Инспексияҳои вилоятӣ бо усули комплексӣ ташкил карда мешаванд, яъне онҳо нозирони соҳаҳои гуногунро муттаҳид менамоянд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва таъмини мустақилият онҳо сардор доранд. Вале тафтиши комплексии нақшавии иншооти таҳти назораташон қарордоштаро онҳо якҷоя бо намояндагони инспексияҳои марказӣ ва дастгоҳи мақоми давлатӣ анҷом медиҳанд.

Мувофиқи ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ ва кўҳкорию маъдантозакунӣ вилояти Ленинобод дар ҷумҳурӣ ҷои намоёнро ишғол мёкунад ва бинобар ин дар шаҳри Қайроққум инспексияи нисбатан калонтар ташкил карда мешавад, ки ду инспекцияҳои минтақавии кўҳкорию техникиро (ИМКТ) дар ноҳияи Исфара ва дар водии Зарафшон (дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ) дар бар мегирад. Зарурати чунин иқдомро рушди васеи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Исфара ва муассисаҳои кўҳкорию маъдантозакунӣ дар водии Зарафшон (ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ) тақозо менамоянд.

Нозирони инспексияҳои комплексии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Кўлоб ва нозирони инспексияи комплексии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ҷойгир мешаванд.

Ниҳоят барои фаъолияти мўътадили мақоми давлатӣ ҳайати хурди кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон пешбинӣ шудааст.

Зарурати ташкили лабораторияи ҳисоби хоҷагии ташхиси техникиро мавҷуд набудани чунин лаборатория дар ҷумҳурӣ тақозо мекунад, зеро ҳамарўза таҷҳизоти, кўҳкорию шахта иншоотҳои борбардор, дегҳо, зарфҳо, қубурҳо ва ғайра фарсуда, мегарданд ва муайян намудани имконоти истифодаи минбаъдаи онҳо бидуни анҷом додани чунин корҳо метавонад боиси оқибатҳои ғайричашмдошт, гардад. Азбаски фаъолияти лаборатория пулакӣ сурат мегирад, он на танҳо сарфи хароҷоти мавҷудиятро мебарорад, балки метавонад даромад ба даст орад.

 

Асоси фаъолияти самараноки мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Омилҳои зайл асоси фаъолияти самарабахши мақоми назорати ягонаи давлатӣ дар комплекси ҳоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

 

  1. Мустақилияти идоравӣ ва моддӣ

 

Муттаҳид сохтани тақрибан ҳамаи навъҳои назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи мақоми назорати ягонаи давлатӣ мустақилияти онро аз вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти таҳти назорат пешбинӣ менамояд, ки бояд боло бурдани фаъолияти беғаразона ва самараноки онҳоро таъмин кунад.

Омили муҳиме, ки аксаран муносибати беғаразонаи нозирони давлатиро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳояшон муайян менамояд, мустақилияти моддии онҳо мебошад. Масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақоми назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамзамон бо қабули Консепсия ҳал карда шавад.

  1. Ба мақоми Кумитаи давлатӣ баробар кардани мақоми таъсисшаванда.

Ин тадбир боиси ба даст овардани самараи калон хоҳад шуд. Аввалан аҳамияти асноду меъёри қабулменамудаи Кумита меафзояд ва боиси ҳарчи зудтар ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо мегардад. Сониян он барои то андозае беҳтар шудани шароити моддии нозирон кўмак мерасонад. Ҳамчунин тазаккур медиҳем, ки дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва кишварҳои хориҷӣ чунин идораҳо дорои мақоми давдатӣ мебошанд.

  1. Беҳтар намудани таҷҳизонии техникии инспексияҳо ва таъмини нозирон бо либос ва нақлиёти махсус.
  2. Дар назди мақоми назорати давлатии зикргардида ҷиҳати омода сохтани нозирони касбии давлатӣ вобаста оид ба назорат дар соҳаҳои дахлдори комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани курсҳои таълимии кўтоҳмуддат (аз 2 то 6 моҳ).

 

Сарчашмаҳои маблағгузорие, ки барои фаъолияти мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси

хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст

 

Дар назар дошта шудааст, ки фаъолияти мақомоти назорати давлатӣ дар комплекси хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷет, инчунин бо роҳи ҷалби як қисми маблағи корхонаҳо вобаста ба моддаи хароҷоти "Ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ", ки аз ҷониби онҳо ба ҳисобномаи мақомоти назорати давлатӣ гузаронида мешавад ва манбаъҳои маблағгузории он мақомоти амалкунандае, ки иҷрои вазифаҳояшон ба зиммаи мақоми идоракунии таъсисшаванда вогузор мегардад, сурат мегирад.

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ