Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 28
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.01.2017
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, маблағҳои махсус, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол оид, ба раванди иҷрои Консепсияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 январи соли 2017, № 28

ш. Душанбе

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ