Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 602
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1938 ТО 1948 ҚАБУЛ ШУДААНД
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 11.03.2010
Матн

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1938 ТО 1948 ҚАБУЛ ШУДААНД

 

Моддаи 1.

 

Санадҳои зерини қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:

– Қонун аз 14 июли соли 1938 «Дар бораи ҷуброн намудани хароҷоти вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» (Иҷлосияи аввали Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи стенографӣ);

– Фармон аз 28 январи соли 1939 «Дар бораи таъсиси ноҳияҳо дар шаҳри Сталинобод» (Суратмаҷлиси № 6, 1);

– Қонун аз 21 майи соли 1940 «Дар бораи гузаронидани хати тоҷикӣ аз лотини ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси хати русӣ» (Ҳисоботи стенографии иҷлосияи чоруми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум);

– Фармон аз 28 сентябри соли 1940 «Дар бораи навиштаҷоти матни тоҷикӣ дар нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси №31, 2);

– Қонун аз 12 майи соли 1944 «Дар бораи таъсиси комиссариата халқии   мудофиаи   иттифоқӣ-ҷумҳуриявии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон» (Иҷлосияи ҳафтуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум, ҳисоботи стенографӣ);

– Фармон аз 27 марти соли 1946 «Дар бораи азнавтаъсисдиҳии Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои Вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон ва комиссариатҳои халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 78, 20);

– Фармон аз 25 январи соли 1947 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии «Пешвари пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 85, 26);

– Фармон аз 5 феврали 1947 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 85, 32);

– Фармон аз 20 декабри соли 1947 «Дар бораи имтиёзҳо ва бартариҳои пешниҳодшаванда ба шахсоне, ки бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд» (Суратмаҷлиси № 6, 52);

– Фармон аз 28 августа соли 1948 «Дар бораи дигар кардани номи пиряхи Нотгемейшафт дар Помири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пиряхи ба номи Г.Е.Грумм-Гржимайло» (Суратмаҷлиси № 14, 4);

– Фармон   аз  25   декабри   соли   1948   «Дар   бораи   тартиби муносибатҳои муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсонн мансабдори он бо муассисаҳо ва шахсони мансабдори давлатҳои хориҷа» (Суратмаҷлиси №17, 2).

 

Моддаи 2.

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарордода шавад.

 

        Президент

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомали Раҳмон

 

     ш. Душанбе

 11 марти соли 2010

          № 602

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ