Классификатор Кодекс
Рақам 664
Ном КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 12.11.1998
Матн

Бо Кодекси андози ҶТ аз 03.12.2004 с.

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

КОДЕКСИ АНДОЗИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1998, № 21, мод. 284; соли 1999, № 6, мод.162; №12, мод.345; соли 2001, № 7, мод. 478; соли  2002, № 4, қисми 1, мод.164, мод.173, мод. 209, мод. 236, мод. 239, мод. 290; №11, мод.747; соли 2003, № 4, мод.133, мод.137; № 8, мод. 454; №12, мод. 693; соли 2004, № 5, мод. 344; № 7, мод. 456)

 

ҚИСМИ  I. ҚИСМИ УМУМӢ

 

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

БОБИ I.  Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                Моддаи 1. Муносибатҳое,  ки бо ҳамин Кодекс танзим мешаванд

  1. Ин кодекс принсипҳои ташкил ва фаъолият намудани системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллиро муқаррар менамояд, вазъи ҳуқуқии андозсупорандагон, мақомоти андоз, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо дигар қонунҳо ва санадҳои вобаста ба андоз танзимшавандаро муайян мекунад, муқаррароти муайян намудани объектҳои андозбандӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин ӯҳдадориҳо аз рӯи андози умумидавлатӣ ва муқаррароти асосӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ, xорӣ намудани баҳисобгирии андоз, барои вайрон кардани қонунҳои андоз ба xавобгарӣ кашидан ва шикоят кардан аз болои амалҳои (беамалии) мақомоти андоз ва мансабдорони онҳоро муқаррар менамояд.
  2. Ин қодекс муносибатҳои марбут ба андозбандии андозҳои умумидавлатиро танзим мекунад.
  3. Муносибатҳои марбут ва андозбандӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ дар асос ва мутобиқи принсипҳои умумии андозбандӣ оид ба асос ва мутобиқи принсипҳои умумии андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин Кодекс, санадҳои қонунгузории андози Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ, ки тибқи ҳамин Кодекс қабул мегарданд, танзим карда мешаванд.
  4. Мафҳум ва меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории андоз (агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад) танҳо дар сурати ба танзим овардани муносибатҳои марбут ба андозбандӣ, истифода бурда мешаванд.
  5. Истилоҳоти «умумидавлатӣ» дар ин Кодекс ҳамчун истилоҳоти умуман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта истифода мешаванд.
  6. Истилоҳи «маҳаллӣ» дар ҳамин Кодекс ҳамчун истилоҳи ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳое, ки ба ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохиланд, ҳамчунин ба шаҳру ноҳияҳои тобеи xумҳурӣ дахлдошта, истифода мешавад.
  7. Гирифтани боxи гумрукӣ бо қонунҳои гумрукӣ ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ, боxи давлатӣ бошад, бо санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои боxи давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд.

 

                Моддаи 2. Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

                Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маxмӯи дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаи андозҳо, принсипҳо ва шаклу усулҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани онҳо, пардохт ва андешидани тадбирҳо xиҳати пардохти андоз, инчунин шаклу усулҳои назорати андоз ва xавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳои андоз иборат мебошад.

 

                Моддаи 3. Асосҳои ҳуқуқии андозбандӣ

  1. Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд, ки тамоми андозҳои умумидавлатӣ ва маҳалиро, ки ҳамин Кодекс ва бо қарори Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ муқаррар намудааст ва онҳо андоздиҳанда эътироф шудаанд, супоранд.
  2. Ҳеx касро вазифадор кардан мумкин нест, ки андозҳои дар ҳамин Кодекс пешбининашударо супоранд.
  3. Андозҳое, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорида мешаванд, ӯҳдадории давлатӣ ба ҳисоб рафта, бояд ба буxет ё фонди давлатӣ пардохта шаванд.

 

                Моддаи 4. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он

  1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида мебошанд.
  2. Ҳангоми андозбандӣ асноди расман нашргардидаи қонунгузории андозӣ дар санаи ба миён омадани (xой доштани) ҳолатҳои марбут ба иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ амалкунанда истифода мешаванд.
  3. Меъёру муқаррароти санади қонунгузории андозро, агар дар санади мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, мақоме шарҳ медиҳад, ки ин санадро қабул кардааст. Чунин шарҳ (тафсир) бояд расман нашр карда шавад.
  4. Муқаррароти асноди меъёрие, ки дар асос ва мутобиқи ҳамин Кодекс қабул шудаанд, хилофи муқаррароти ҳамин Кодекс буда наметавонанд. Дар сурати xой доштани ихтилофот муқаррароти ҳамин Кодекс мавриди истифода қарор  дода мешаванд.

                Агар дар ҳамин Кодекс чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Қонуну қоидаҳо, мафҳумҳо ва ислоҳоти қонунгузориҳои соҳаи гражданӣ, оилавӣ ва дигар  соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин маъное, ки дар ин соҳаҳо истифода бурда мешавад, мавриди истифода қарор  мегирад.

  1. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот миёни муқаррароти ҳамин Кодекс ва асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи дигари қонунгузорӣ ҳангоми андобандӣ муқаррароти ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
  2. Асноди қонунгузории андоз дар мавридҳои мутобиқи моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бозгашт дошта метавонанд.
  3. Ба xуз аз масъалаҳои зер ба қонунгузории ғайри андоз дохил намудани масъалаҳои дигари вобаста ба андозбандӣ манъ аст:

                а)  муқаррарот дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба Кодекс дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ дохил карда шудаанд;

                б) муқаррарот дар бораи xиноятҳои оид ба андоз, ки ба Кодекси xиноӣ дохил карда шудаанд;

                в) муқаррарот дар бораи афзалияти ӯҳдадориҳои оид ба андоз, ки ба Қонун дар бораи муфлисшавӣ дохил карда шудаанд;

                г) муқаррароте, ки ба қонунгузории гумрук дохил карда шудаанд;

                д) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба боxи давлатӣ дохил карда шудаанд;

                е) муқаррароте, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буxети давлатӣ» барои соли дахлдор дохил карда шудаанд;

                ж) муқаррароте, ки ба санадҳои байналхалқӣ - ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудаанд.

  1. Имтиёзоти пешбининамудаи шартномаи (созишномаи) байналхалқӣ дар бораи пешгирӣ намудани андозбандии дубора дар мавриди резиденти давлати иштирокчии шартнома (созишнома) мавриди истифода қарор дода намешавад, агар ин резидентро дигар шахсе, ки резиденти он давлат нест барои ба даст овардани имтиёзот истифода барад.
  2. Давлату ҳукуматҳои хориxӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориxӣ ва кормандони дипломатию консулгарӣ, ҳамчунин камояндагиҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони мазкур мутобиқи шарту тартиби дар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз андозҳое, ки мутобиқи ҳамин Кодекс муқаррар шудаанд ва ё бо шартномаҳои (созишномаҳо) байналхалқӣ ки аз xониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, аз андозҳо озод карда мешаванд. Ин қарорҳо бояд аз андозсупорӣ озод намуданро дар доираи пешбининамудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва шартномаҳои (созишномаҳои) дар боло зикршуда таъмин намоянд.
  3. Дастуруламал, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст оид ба татбиқи қонунгузории андоз Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавридҳои зарурат бо дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳамин Кодекс онро таҳия мекунад. Ҳамагуна муқаррароти дастуруламал, ки хилофи ҳамин Кодекс мебошанд, қувваи қонунӣ надоранд.

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ Дастуруламалҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр менамояд ва расонидани ин дастуруламалҳоро то андозсупорандагон таъмин менамояд.

 

                Моддаи 5. Андоз

                Андоз маблағҳое мебошанд, ки ба буxети давлат (минбаъд «буxет») ё фонди махсуси давлатӣ (минбаъд «фонди давлатӣ») пардохта шуда, дорои хусусияти ҳатмӣ ва ғайриэквивалентӣ мебошанд, аз xумла xаримаю фоизҳое, ки қонунгузории андоз пешбинӣ намудааст, ба истиснои муxозоти пешбининамудаи қонунгузории xиноӣ, қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дигар қонунгузории ғайриандозӣ.

 

                Моддаи 6. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ иборат мебошанд.
  2. Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

                а) андози даромад ва шахсони воқеӣ;

                б) андози фоида ва шахсони ҳуқуқӣ;

                в) андоз аз арзиши иловашуда;

                г) аксизҳо;

                д) пардохтҳои иxтимоӣ;

                е) андози замин;

                ж) андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ;

                з) андоз аз амволи корхонаҳо;

                и) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

                к) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

                л) андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи системаи соддакардашуда мепардозанд;

                м) андоз аз фурӯш (пахтаю алюминий);

                н) боxи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

                о) боxи давлатӣ;

          п) андози ягона барои хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ).

  1. Ба андози маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

                а) андоз аз фурӯши чакана;

                б) андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ;

                в) андоз барои нигоҳдории нақлиёти xамъиятии мусофиркаш.

  1. Андоз аз ҳисоби андози умумидавлатӣ воридгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буxет дар байни буxетҳои xумҳурӣ, маҳаллӣ ва фондҳои давлатӣ тақсим карда мешаванд. Маблағҳои аз андози маҳаллӣ воридгардида ба буxетҳои маҳаллии дахлдор ворид карда мешаванд.
  2. Агар тартиби дигаре мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян нашуда бошад андозҳо бо пул ҳисоб карда шуда бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.
  3. Мутобиқи банди 7 моддаи 4, озод кардан аз ҳама гуна андози умумидавлатӣ ё тағйир додани меъёри андоз, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, бо роҳи дохил намудани тағйироту иловаҳо бо ҳамин Кодекс мумкин аст. Имтиёзҳоро оиди андозҳои умумидавлатӣ Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳуукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули санадҳои қонунгузории андоз медиҳад.

 

                Моддаи 7. Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андоз

  1. Илова ба андози умумидавлатии пешбининамудаи ҳамин Кодекс муқаррар намудани андози умумидавлатии нав, ҳамчунин тағйир додан ё бекор кардани андозҳои умумидавлатӣ танҳо бо роҳи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағёирот ба ҳамин Кодекс сурат мегирад.
  2. Муқаррар намудан, тағйир додан ё бекор кардани андози маҳаллӣ, ки Кодекси мазкуро пешбинӣ намудааст бо қарори Маxлиси дахлдори депутатҳои халқӣ сурат мегирад.
  3. Таклифҳо доир ба даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати муайян, тағйир, илова ё ин ки бекор намудани ҳамагуна андозҳо ҳатман бо ҳамроҳи ҳисоботҳо оиди талафотҳои мустақим ва ғайримустақим ва (ё) даромадҳои иловагии буxети давлатӣ (фонди давлатӣ) ва асосҳои иқтисодию дигар асосҳо бояд пешниҳод шаванд.

 

БОБИ II.  Муайян кардани ислоҳоте, ки дар ҳамин Кодекс истифода шудаанд

 

                Моддаи 8. Фаъолияти иқтисодӣ

  1. ҳама гуна фаъолияте, ки барои ба даст овардани фоида, даромад ва ё xубронпулӣ равона гардидааст, сарфи назар аз натиxаҳои фаъолият, фаъолияти иқтисодӣ ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар ҳамин модда тартиби дигаре пешниҳод нашуда бошад.
  2. Фаъолияти иқтисодӣ метавонад соҳибкорӣ (фаъол) ва ғайрисохибкорӣ (суст) бошад.
  3. Шаклҳои зайли фаъолият ба сифати фаъолияти иқтисодӣ шуморида намешаванд:

                а) фаъолияти мақомоте, ки ба системаи мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми соҳаю дараxаҳо ва мақомоти худидора дохил шуда, фаъолияташон бевосита бо иҷрои вазифаҳои давлатии ба зиммаашон гузошташуда вобаста мебошад, ба ғайр аз хизматрасонӣ ва дигар фаъолияти соҳибкорие, ки дар асоси шартнома маблағгузорӣ мешавад;

                б) фаъолияти хайрия;

                в) фаъолияти динӣ.

  1. Фаъолияти ғайрииқтисодӣ он шакли фаъолияте шуморида мешавад, ки мутобиқи ҳамин модда ғайрииқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

 

                Моддаи 9. Фаъолияти иқтисодии соҳибкорӣ (фаъол) ва ғайрисоҳибкорӣ (суст)

  1. ҳама гуна фаъолияти иқтисодие, ки мутобиқи ҳамин модда фаъолияти иқтисодии ғайрисоҳибкорӣ ба ҳисоб намеравад, фаъолияти соҳибкорӣ шуморида мешавад.
  2. Фаъолияти иқтисодии марбут ба хариду фурӯш, супурдан ё ба иxора додани амвол дар сурати, ҳеx набошад, риоя кардани яке аз шартҳои зерин фаъолияти соҳибкорӣ дониста мешавад:

                а) чунин фаъолият мунтазам ба амал бароварда шуда, барои шахсе, ки муомилоти мазкурро ба xо меорад, фаъолияти муқаррарӣ мебошад;

                б) моли (кору хизматҳои) истеҳсолнамудаи (иҷрокардаи, расондаи) фурӯшанда пешниҳод карда мешаванд;

                в) чунин муомилот дар доираи фаъолияти савдо, савдою миёнаравӣ (аз xумла дилерӣ) ё фаъолияти миёнаравӣ ба амал бароварда мешавад.

  1. Фаъолияти иқтисодии ғайрисоҳибкорӣ шаклҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад.

                а) дар бонкҳо ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ гузоштани маблағҳои пулӣ;

                б) ба иxора додани амвол, агар дар банди 4 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад;

                в) ба идораи ваколатӣ супоридани амвол;

                г) харидани (фурӯхтан ё супоридани) ҳисса дар сармояи оинномавии корхона ё қоғазҳои қиматноки он; харидан (фурӯхтан ё супоридани) облигацияҳо ё ҳамагуна векселҳо; харидани (фурӯхтан ё супурдани) ҳисса дар фонди саҳҳомии инвестиционӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳамагуна ҳуқуқҳои ба ин монанд, ки ба фурӯшанда таалуқ доранд ва эквиваленти фаъолияти иқтисодии ғайрисоҳибкорӣ мебошанд, агар дар банди 4 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад;

                д) аз тарафи шахси воқеӣ иҷро кардани кор аз рӯи иxора.

  1. Фаъолияти иқтисодии ғайрисоҳибкорӣ фаъолиятро дар шакли аз xониби як шахс дар асоси подош муваққатан ба соҳибият, истифода ё ихтиёрдорӣ ба дигар шахс додани амвол (аз xумла маблағҳои пулӣ) бидуни гузоштани ҳуқуқи моликият ба амвол ё қисми он ва бидуни ҳуқуқи минбаъд бегона кардани он, агар чунин супурдан ба фаъолияти молиявӣ вобаста набошад ва боиси ба зиммаи шахси қабулкунандаи амвол гузоштани ӯҳдадориҳои иловагии бо истифодаи мақсадноки амволи супурдашаванда ё бо пардохти мукофотпулиҳои соҳибияти мазкур, истифода ё ихтиёрдории ин амвол нагардад дар бар мегирад, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

 

                Моддаи 10. Кор  аз рӯи иxора

  1. Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс «кор аз рӯи иxора» маънои зеринро дорад:

                а) аз тарафи шахси воқеӣ иҷро намудани ӯҳдадорӣ дар доираи муносибатҳои танзимкунандаи қонунгузории меҳнат ё хизмати давлатӣ;

                б) аз тарафи шахси воқеӣ иҷро кардани ӯҳдадории бевосита бо хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо баробар алоқаманд;

                в) кор дар вазифаи роҳбарикунандаи корхонаю ташкилотҳо.

  1. Шахси воқеие, ки аз рӯи иxора кор кардааст, карда истодааст ва хоҳад кард, дар ҳамин Кодекс «коргар» номида мешавад. Шахсе, ки ҳаққи хизматҳои расондаи чунин шахси воқеиро ба сифати коргар мепардозад, «корфармо»  ва чунин пардохт «музди меҳнат» номида мешавад.

 

                Моддаи 11. Фаъолияти хайрия

  1. Фаъолияти хайрия фаъолиятест, ки онро ташкилот ба амал бароварда, бевосита ба расонидани кӯмаки (дастгирии) бевоситаи моддӣ ё дигар шакли кӯмак, аз xумла дар шакли пулгузаронии беподош ба шахсони воқеии муҳтоxи чунин ёрӣ ё ба ташкилотҳои бевосита машғули чунин ёрирасонӣ, аз xумла ба ташкилотҳои хайрия (Моддаи 20), ё фаъолияти илмӣ, маърифати ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати xамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаман мебошад, агар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.
  2. Агар банди 3 ҳамин модда муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад, фаъолияти хайрия ёрии (дастгирии) зайлро дар бар мегирад:

                а) ба шахсони воқеии камбизоат ё ашхоси воқеии мӯҳтоxи мутобиқан (адаптацияи) иxтимоӣ ё ҳифзи иxтимоӣ;

                б) ба бачаҳое, ки падару модар (волид) надоранд, ба муассисаҳои бачагона, инчунин дигар ташкилотҳое, ки чунин бачагонро нигоҳубин мекунанд;

                в) ба маъюбон ё пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубин маъюбон ё пиронсолон машғуланд;

                г) ба шахсони воқеии мӯхтоxи ёрии (дастгирии) тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он (аз xумла хароxоти рафту омад то маҳалли расондани чунин хизмат) ё ба ташкилотҳои дорои мақоми муассисаи тиббӣ;

                д) муассисаҳои маориф, аз xумла муқаррар намудани стипендия;

                е) муассисаҳои илмӣ, фарҳанг ё санъат, ки мувофиқи тартиби муқарраршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқномаи вазъи худро аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифтаанд;

                ж) ба шахсони қобилиятнок барои инкишоф додани истеъдодашон;

                з) барои ҳифзи аҳолӣ ё табиат аз олудашавӣ ё таъсири дигари зараровар;

                и) ба муассисаҳои пенитенциарӣ, агар фаъолияти  онҳо барои беҳбуд бахшидани шароитҳои нигоҳдорӣ ё хизматрасонии тиббии маҳкумон равона шуда бошад.

  1. Расонидани кӯмак (дастгирӣ) ба ашхос, агар аққалан яке аз ҳолатҳои зерин xой дошта бошад, фаъолияти хайрия ҳисобида намешавад:

                а) шахси қабулкунандаи чунин кӯмак (дастгирӣ) дар назди шахсе, ки чунин кӯмакро мерасонад, ӯҳдадории дорои хусусияти амволӣ ё ғайриамволӣ (ба ғайр аз ӯҳдадории танҳо аз рӯи таъиноти мақсаднок истифода намудани маблағ ё амволи гирифташуда) қабул кунад;

                б) шахси қабулкунандаи чунин кӯмак (дастгирӣ) ва шахсе, ки кӯмак (дастгирӣ) мерасонад, ашхоси ба ҳам вобаста бошанд (моддаи 23);

                в) чунин кӯмак (дастгирӣ) ба ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои иштирок кардан дар маъракаи интихоботии ҳамагуна сатҳ расонида шуда бошад.

 

                Моддаи 12. Фаъолияти динӣ

                Фаъолияти динӣ фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динии мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайдгирифташуда оид ба пайравӣ ва паҳн кардани дин, аз xумла бо роҳҳои зерин равона гардидааст, мебошад:

                а) ташкил ва гузаронидани маросиму оинҳои динӣ, xамъомадҳои намозхонӣ ё дигар расму оинҳои динӣ;

                б) ба диндорон фароҳам овардани имконияти доштан ва ё истифода бурдан аз биноҳои намозхонӣ ё иморатҳои маросимӣ барои ба таври якxоя ё инфиродӣ қонеъ гардонидани талаботи динӣ;

                в) қабул ва фиристодани ҳоxиён, ҳайатҳои динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногун, гузаронидани вохӯриҳо, конгрессҳо ва семинарҳои динии миллӣ ё баналхалқӣ ва бо манзил, нақлиёт, хӯрок ва хизматрасонии фарҳангӣ таъмин намудани иштирокчиёни чорабиниҳои мазкур;

                г) нигаҳдории биною иморатҳои динӣ, таълимгоҳҳои динӣ ва гирду атрофи онҳо, таълим додани хонандагон ва ё шунавандагон таълимгоҳҳои мазкур, инчунин дигар фаъоляити оинномавии мушобеҳи он.

 

                Моддаи 13. Корхонаҳо

                Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ташкилотҳои зерини машғули фаъолияти иқтисодӣ ё барои иҷрои чунин фаъолият таъсис дода шуда корхонаҳо ба ҳисоб мераванд:

                а) шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳои барпо кардаи онҳо, ҳамчунин қисматҳои дигари махсусе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додаанд ва баланси шахсӣ ва суратҳисобҳои алоҳида доранд;

                б) корпорацияҳо, ширкатҳо, фирмаҳо ва дигар ташкилотҳои мушобеҳи инҳо, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориxӣ ташкил карда шудаанд.

 

                Моддаи 14. Корхонаи резидентӣ ва хориxӣ

  1. Корхонаи резидентӣ корхонаест, ки xои таъсис ё идоракуниаш Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (моддаҳои 15 ва 16).
  2. Корхонаи хориxӣ корхонаест, ки мутобиқи ҳамин модда резидентӣ ба ҳисоб намеравад.

 

                Моддаи 15. Маҳали таъсис додани корхона

                Маҳали таъсис додани корхона маҳали ба қайдгирии давлатӣ ё дар суарти мавxуд набудани он, суроғаи ҳуқуқии корхонаи дар ҳуxxатҳо зикршуда дар бораи таъсис додани корхона (оиннома, қарордод ва низомнома) ба ҳисоб меравад.

 

                Моддаи 16. Маҳали идоракунии корхона

                Маҳали идоракунии корхона маҳали идоракунии воқеии он, яъне маҳале мебошад, ки дар он мақоми иҷроияи роҳбарикунандаи он вазифаҳои ҳаррӯзаи идоракуниашро ба амал мебарорад.

 

                Моддаи 17. Муассисаи доимии ғайрирезидент

  1. Таҳти маҳфуми муассисаи доимии корхонаи хориxӣ ё шахси воқеии ғайрирезидентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда, маҳали доимие фаҳмида мешавад, ки вай ба воситаи он фаъолияти соҳибкориашро пурра ё қисман, аз xумла фаъолиятеро, ки ба воситаи шахси ваколатдор ба амал мебарорад, иҷро мекунад.
  2. Аз xумла, муассисаҳои доимӣ маҳалҳои зерин дониста мешаванд:

                а) майдончаҳои сохтмонӣ, объектҳои васлгарию пайвандкунӣ, инчунин иҷрои фаъолияти назоратии марбут ба чунин объектҳо;

                б) дастгоҳҳо ё майдончаҳои барои кашфи захираҳои табиӣ истифодашаванда, таxҳизоти пармагарӣ ё киштиҳои барои кашфи захираҳои табиӣ, инчунин иҷрои фаъолияти назоратии марбут ба чунин объектҳо, истифодашаванда;

                в) пойгоҳи (базаи) доимие, ки шахси воқеии ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад.

  1. Маҳале, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад, муассисаи доимии корхонаи хориxӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад (сарфи назар аз он, ки онро ки истифода мебарад).

                а) нигоҳдории молу маснуоти корхонаи хориxӣ;

                б) нигоҳдории захираи мол ё маснуоти корхонаи хориxӣ бо мақсади коркарди онҳо аз xониби шахси дигар ва минбаъд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани онҳо;

                в) харидани мол ё маснуот бо мақсади xамъ овардани маълумот барои корхонаи хориxӣ;

                г) ба амал баровардани ҳамагуна фаъолияти дигари дорои хусусияти тайёрӣ ё ёридиҳанда ба манфиати корхонаи хориxӣ;

                д) тайёрӣ ба бастан ё ба имзо расондани қарордодҳо аз номи корхонаи хориxӣ оид ба масъалаи қарзҳо (ссудаҳо), интиқоли молу маснуот ё иҷрои корҳо (хизматрасонӣ);

                е) ба амал баровардани ҳамагуна маxмӯи шаклҳои фаъолият, ки дар зербандҳои «а-д» нишон дода шудаанд.

  1. Намояндагии сабти ном гардидаи корхонаи хориxӣ, ки шахси ҳуқуқии алоҳида ба ҳисоб намеравад, муассисаи доимии корхонаи хориxӣ дониста мешавад.

 

                Моддаи 18. Ташкилотҳо

  1. Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, идора ва суд, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) xамъиятӣ ё динӣ, фондҳо, муассисаҳо, ассоциацияҳо (иттифоқҳо), ташкилотҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ ва дигар ташкилотҳое, ки бо фаъолияти ғайрииқтисодӣ машғуланд, ташкилотҳо ба ҳисоб мераванд.
  2. Маҳали таъсис додан ва идоракунии ташкилотҳо мутобиқи тартиби барои корхонаҳо муқарраршуда (моддаи 15 ва 16) муайян карда мешавад.
  3. Ташкилот мувофиқи тартиби барои корхонаҳо (моддаи 14) муқарраргардида ташкилоти резидентӣ ё хориxӣ эътироф карда мешавад.
  4. Дар он қисме, ки ташкилот фаъолияти соҳибкориашро ба амал мебарорад, активҳо ва фаъолияти бевосита бо иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманди он низ корхона ба ҳисоб мераванд.

 

                Моддаи 19. Ташкилоти буxетӣ

                Ташкилоте, ки фаъолияти он на камтар аз 70 фоиз аз ҳисоби маблағҳои буxет дар асоси сметаи буxетии даромаду хароxоташ маблағгузорӣ мешавад, ташкилоти буxетӣ мебошад.

 

                Моддаи 20. Ташкилоти хайрия

  1. Ташкилотҳои зерин ташкилотҳои хайрия ба ҳисоб мераванд:

                а) ташкилоте, ки бо мақсади иҷрои фаъолияти хайрия таъсис дода шудааст;

б) ташкилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайрия ба қайд гирифта шудааст.

в) ташкилоте, ки на камтар аз 50 фоизи ҳамаи хароxоти соли гузаштаро ба фаъолияти хайрия истифода намудааст.

  1. Ташкилот ташкилоти хайрия ба ҳисоб намеравад (сарфи назар аз мақом ё номгӯи ҳуқуқӣ ва ташкилии он), агар:

а) чунин ташкилот бо мақсадҳои сиёсӣ таъсис дода шуда ё бо фаъолияти сиёсӣ машғул бошад, аз xумла иштироки бевосита ё бавосита дар маъракаи интихоботии ҳамагуна сатҳу ҳамагуна ҳизби сиёсӣ, ташкилоти (ҳаракати) xамъиятӣ ё шахси воқеии xудогона;

б) маблағҳо ё активҳои ташкилот ба кадом шахсе, ки набошад фоида оранд ё фоида оварда тавонанд, ба истиснои фоидаи дар натиxаи ба амал баровардани фаъолияти хайрияи он ё пардохти оқилона барои амвол ё хизматрасонӣ ба даст омада.

  1. Ташкилот дар сурати xавобгӯ буданаш ба ҳамаи талаботҳои ҳамин ташкилоти хайрия ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 21. Ташкилоти динӣ

Ташкилоти диниро ташкилоте, ки бо мақсади иҷрои фаъолияти динӣ таъсис дода шуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шудааст, таъсис медиҳад.

 

Моддаи 22. Агенти андоз

  1. Шахсе, ки корманди мақомоти андоз набуда, ба зиммаи вай мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз вазифаи ҳисоб кардани андоз, гирифтани он аз андозсупорандагон ва ба буxети дахлдор (фонди давлат) гузаронидани он гузошта шудааст агенти андоз мебошад.
  2. Агенти андоз дар нисбати ҳуқуқу вазифаҳояш дорои ҳамон мақоме мебошад, ки андозсупоранда дорад, агар дар ҳамин Кодекс чизи дигаре нишон дода нашуда бошад.
  3. Агентҳои андоз вазифадоранд, ки :

а) андозҳои дахлдорро дуруст ва саривақт ҳисобу китоб кунанд, онҳоро аз андозсупорандагон нигоҳ доранд ва ба буxетҳои дахлдор (фондҳои давлатӣ) гузаронанд;

б) даромади пардохти андозсупорандагон, андозҳои аз онҳо нигоҳ дошташуда ва ба буxетҳои дахлдор (фондҳои давлатӣ) гузаронидашударо ба ҳисоб гиранд, аз xумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби алоҳида баранд;

в) ба мақомоти андоз ҳуxxатҳои барои назорати дурустии ҳисобу китоб, нигоҳдорӣ ва пардохти андоз заруриро пешниҳод намоянд;

г) дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андозро иҷро кунанд.

  1. Барои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаҳое, ки қонунгузории андоз ба зиммаш гузоштаанд, агенти андоз мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

 

Моддаи 23. Вобастагии мутақобилаи ашхос

  1. Ашхоси мутақобилан вобаста шахсони дорои муносибатҳои махсуси байниҳамдигарӣ мебошанд, ки ин муносибатҳо метавонанд ба шароит ё натиxаҳои иқтисодии муомилоти байни онҳо таъсири бевосита расонанд.
  2. Чунин муносибатҳои махсуси байниҳамдигарӣ, аз xумла муносибатҳои байниҳамдигариеро дар бар мегиранд, ки дар он маврид:

а) ашхос муассисони (иштирокчиёни) худи ҳамон корхона мебошанд, агар ҳиссаи ҳар як шахс на камтар аз 20 фоиз бошад;

б) як шахс бевосита ё бавосита дар шахси дигар, ки корхона мебошад, иштирок мекунад, агар саҳми иштирок на камтар аз 20 фоиз бошад;

в) як шахс тибқи мақоми вазифавӣ ба шахси дигар тобеъ мебошад ё як шахс таҳти назорати (мустақиман ё ғайримустақим) шахси дигар қарор дорад;

г) ашхос корхонаи фаръӣ мебошанд ё таҳти назорати бевосита ё бавоситаи шахси сеюм мебошанд;

д) ашхос бевосита ё бавосита шахси сеюмро назорат мекунанд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадомашон на камтар аз 20 фоиз бошад;

е) ашхосе, ки муносибати заношӯи ё дигар муносибати хешутаборӣ доранд (моддаҳои 27, 3).

 

Моддаи 24. Ашхоси воқеӣ - резидентҳо

  1. Ашхоси воқеие, ки ҳақиқатан дар муддати кадом давраи 12 моҳаи мантиқии дар ин соли xории доимӣ ба анxом расанда зиёда аз 182 рӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир будаанд ё дар муддати ин соли xории тақвимӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, новобаста аз давомнокии ин гунна хизмат дар ин соли xории тақвимӣ нисбат ба тамоми соли тақвимии xорӣ резидент ҳисобида мешаванд.
  2. Барои мақсадҳои банди 1 вақте ки дар муддати он шахси воқеии хориxӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст, вақти воқеан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ҳисоб карда намешавад, агар чунин шахс:

а) ба сифати шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулгарӣ (ё ба сифати аъзои оилаи чунин шахс);

б) ба сифати корманди ташкилоти байналхалқӣ ё ба сифати шахси дар хизмати давлатии давлати хориxӣ буда (ё аъзои оилаи чунин шахс);

в) танҳо барои аз як давлати хориxӣ ба дигар давлати хориxӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан омада бошад.

  1. Рӯзи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будан кадом рӯзе, ки дар давоми он шахси воқеӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир буд, новобаста аз давомнокии мӯҳлати ҳозир будан, ба ҳисоб меравад.
  2. Шахси воқеие, ки мутобиқи ҳамин модда резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
  3. Шахси воқеӣ дар давраи аз рӯзи охирини дар соли андозсупории муайян ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан то охири ин соли андозсупорӣ танҳо дар мавриде ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад, ки агар чунин шахс дар соли ояндаи бевоситаи андозсупорӣ ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 25. Соҳибкори инфиродӣ

  1. Шахси воқеӣ соҳибкори инфиродӣ ҳисобида мешавад, агар вай бидуни ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) аз номи худ, бо таваккал ва ба масъулияти амволии худ бо фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 9) машғул бошад.
  2. Аз xониби шахси воқеӣ хилофи тартиби муқарраргардидаи бақайдгирӣ ва гирифтани литсензия, шаҳодатнома ё дигар ҳуxxат анxом додани фаъолияти соҳибкорӣ барои тибқи мақсади андозбандӣ соҳибкори инфиродӣ эътироф накардани шахси воқеӣ асос буда наметавонад.

 

Моддаи 26. Нархҳои бозор

  1. Нархи бозори озод ба молҳо (кору хизматҳо), ки аз нархҳои дар бозор дар натиxаи таъсири мутақобилаи талаботу дархост, ҳамчунин манфиати тарафҳои додугирифт кунанда, ки мутобиқи моддаи 23 шахсони ба ҳамдигар вобастанабуда мебошанд, ташаккулёфта ба вуxуд меояд, нархи бозор мебошад.
  2. Нархи бозорӣ ба молҳо (кору хизматҳо) дар асоси маълумот дар бораи муомилоти дахлдор нисбат ба ҳамин гуна мол (кору хизматҳо), ки дар лаҳзаи овардани мол (иҷрои кору хизматҳо) баста шудааст, аз xумла дар асоси нархҳои биржаҳои байналхалқӣ ва дигар биржаҳо муайян карда мешавад.
  3. ҳангоми муайян кардани нархҳои бозор ба мол (кору хизматҳо) муомилоти байни шахсони ба ҳамдигар алоқаманд танҳо дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар вобастагии мутақобилаи онҳо ба натиxаҳои чунин муомилот таъсир нарасонда бошад.
  4. Бозори мол (кор, хизматҳо) аз доираи гардиши чунин моли (кори хизматҳои) муайянкунандаи имконияти фурӯшанда (харидор) ба таври воқеӣ ташаккул меёбад, ки он бояд бидуни хароxоти зийди иловагӣ дар қаламрави ба фурӯшанда (харидор) надиктари Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ҳудуди он мол (кор, хизматҳо) пешниҳод кунад (харад).
  5. Агар дар бозори муайяни мол (кор, хизматҳо) нисбат ба чунин мол (кор, хизматҳо) ягон навъи муомилот анxом дода нашуда бошад, ё дар бозор нисбат ба чунин мол (кор, хизмат) талабот мавxуд набошад, нархи бозор дар асоси нархҳои ҳангоми муомилоти дахлдор нисбат ба чунин мол (кор, хизмат) дар санаи надиктарин нисбат ба лаҳзаи овардани молҳои (кор, хизматҳо) дар боло зикршуда, вале на зиёдтар аз 30 рӯзи (то ё баъди) лаҳзаи молрасонӣ (кор, хизматҳо) ташаккулёфта муайян карда мешавад. Дар айни ҳол нархи бозории қоғазҳои қиматнок дар асоси болою пастравии биржаи фондӣ барои чунин қоғазҳои қиматноки ҳамин гуна эмитент дар санаи наздиктарини пеш аз давраи фурӯш ё додани қоғазҳои қиматноки дар боло зикршуда бо шарти эълон кардани болою пастравӣ мутобиқи тартиби мазкур муайян карда мешавад.
  6. Агар муқаррароти бандҳои 1 - 5 ҳамин моддаро татбиқ намудан мумкин набошад, нархи бозории мол (кор, хизматҳо) мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар айни ҳол хароxоти барои чунин мавридҳо муқарарии истеҳсол ва ё интиқоли (нархи харид ё арзиши боқимонда) мол (кор, хизмат), хароxоти ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, суғурта ва дигар хароxоти ба ин монанд, инчунин маблағҳои иловагӣ ва тахфифҳо (скидкаҳо) ҳангоми муомилоти байни шахсони ба ҳамдигар алоқаманд набуда, ки омилҳои талаботу пешнииҳодро дар бозори мол (кору хизматҳо) ба назар мегиранд, ба ҳисоб гирифта мешавад. Тахфифҳои мазкур, аз xумла дар мавриди паст шудани сифат ё дигар хусусиятҳои истеъмолии мол, ба охир расидани (наздик шудани) мӯҳлати коршоямӣ ё фурӯши мол низ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  7. Муомилот оид ба иваз кардани мол (кор, хизматҳо) (муомилоти бартерӣ) муомилоте мебошанд, ки мутобиқи онҳо ҳар яке аз тарафҳои ивазкунанда молашро (кор, хизматашро) пешниҳод намуда, дигар мол (кор, хизмат) мехарад. Дар айни ҳол нархҳои бозорӣ ба молҳои (корҳои, хизматрасонии) ҳангоми чунин амалиётҳо пешниҳод (дастрас) намуда, мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур муайян мешаванд.
  8. Ҳангоми муайян ва эътироф кардани нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) манбаъҳои расмии маълумот дар бораи нархҳои бозории молҳо (кор, хизматрасонӣ) ва нархи биржавӣ, маълумоти мақоми давлатӣ ва маҳаллии ҳокимият, ахбори аз тарафи андозсупорандагон пешниҳоднамуда ба мақомоти андоз, ҳамчунин дигар ахбори дахлдор истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 27. Муайян кардани дигар истилоҳоте, ки дар Кодекс истифода бурда мешаванд

Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс истилоҳоти дар он истифодашаванда чунин маъно доранд:

  1. «Шахс» - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ мутобиқи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. «Рақами мушаххаси андозсупоранда» - рақами ба шахси ҳуқуқӣ (юридиқи) ё воқеӣ додаи мақомоти андоз.
  3. «Хешовандон»:

а) зану шавҳар;

б) ворисон ва аxдодон;

в) хоҳарон (бародарон);

г) бародарзодагон (хоҳарзодагон);

д) шавҳари хоҳар (зани бародар);

е) хоҳарони (бародарони) волидон;

ж) шахсоне, ки дар натиxаи васояти дурудароз муносибати ба муносибати байни волидон ва бачаҳо монанд пайдо кардаанд;

з) хоҳар ва бародари шавҳар (зан).

ҳангоми муайян кардани муносибати хешу таборӣ барои мақсадҳои ҳамин модда хоҳарон (бародарони) аслӣ ва бачаҳои ба фарзандӣ қабулшуда ба фарзандони аслӣ баробар карда мешаванд. Муносибатҳои васигӣ дар байни шахсоне, ки якxоя зиндагӣ мекунанд (ки дар ин маврид дар байни онҳо муносибати ба муносибати байни волидон ва бачаҳо монанд барқарор мешаванд) ба муносибатҳои хешу таборӣ баробар карда мешаванд.  Қатъ гардидани зиндагии якxояи байни шахсони мазкур ҳангоми нигоҳ доштани муносибатҳои байни  волидон ва бачаҳо ба ҳисоб гирифта намешавад.

  1. «резидент» - шахси воқеӣ - резидент, корхонаи резидентӣ ё ташкилоти резидентӣ.
  2. «Ғайрирезидент» - шахсе, ки резидент намебошад.
  3. «Хизматрасонӣ» - ҳамагуна фаъолият барои подош, ки бидуни молрасонӣ ё иҷрои корҳо сурат мегирад, аз xумла:

а) хизматрасонии нақлиёти ё экспедиторӣ, аз xумла ҳамлу нақли газ, нефт ва маҳсулоти нефтӣ ва интиқоли қувваи барқ ё қувваи гармӣ;

б) ба иxора додани амволи манқул ва ғайри манқул;

в) хизматрасонии алоқа, хизматрасонии маишӣ ва манзилию коммуналӣ;

г) хизматрасонӣ дар соҳаи тарбияи xисмонӣ ва спорт, хизматрасонии таълимӣ ва тиббӣ;

д) хизматрасонии реклама;

е) хизматрасонӣ оид ба нав кардани технология, хизматҳо оид ба коркарди маълумот ва ба роҳ мондани манбаи маълумот;

ж) хизматрасонӣ оид ба тайёрии пеш аз фурӯши молҳо;

з) хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории молҳо ё дигар амвол ё таъмин намудани ҳифзи онҳо;

и) дигар хизматҳо, аммо барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда додани ҳуқуқи моликият ба маблағҳои пулӣ ва муносибатҳои иxоравӣ ба замин, инчунин хизматрасонӣ ба корфармо ба сифати коргари кироя манъ карда мешавад.

  1. «Кор» - фаъолияте мебошад, ки натиxаи он дар шакли амволи моддӣ истифода ёфтааст, аз xумла корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ва таъмирӣ, тадқиқоти илмӣ, кашфиётҳои таxрибавию конструкторӣ ва лоиҳакаширо дарбар мегирад.
  2. «Иҷрои корҳо» - ҳамагуна иҷрои корҳо бо подош.
  3. «Мол» - ҳамагуна амволи моддӣ ва ғайри моддӣ, аз xумла қувваи барқ ё қувваи гармӣ, газ ва об; барои мақсадҳои андоз ва арзиши иловашуда молҳо маблағҳои пулӣ, ғайримоддӣ ва заминро дар бар намегиранд.
  4. «Содироти мол» - аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани мол.
  5. «Реэкспорти мол» - содирнамудани молҳо аз тарафи шахсе, ки молҳои муайянро ворид намудааст, бидуни таҳвил ё дигаргун кардани минбаъдаи онҳо баъди воридот.
  6. «Воридоти мол» - ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани молҳое, ки мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли воридотӣ ҳисобида мешаванд.
  7. «Реимпорти мол» - ворид намудани мол аз тарафи шахсе, ки молҳои муайянро содир намудааст, бидуни таҳвил ё дигаргун кардани минбаъдаи онҳо баъди содирот.
  8. «Таҳвили молҳо» - супоридани ҳуқуқи моликияти ба молҳо, аз xумла фурӯхтан, иваз кардан ё тӯҳфа кардан, пардохти музди меҳнат дар шакли мол ва дигар пардохтҳо дар шакли мол, ҳамчунин ба гаравгир барои моликият додани молҳои ба гарав мондашуда.
  9. «Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» - қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории гумрукӣ.
  10. «Транзит ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» - интиқоли молҳо таҳти назорати мақомоти гумрукӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ду нуқтаи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. «Хизматҳои молиявӣ» - :

а) фурӯхтан ё супоридани қарзҳо, кафолатҳои қарзӣ ва ҳамагуна таъминоти замонатии дигари муомилоти пулию кредитӣ, аз xумла идоракунии қарзҳо ва кафолатҳои қарзӣ аз xониби шахсе, ки қарз ё кафолат додааст;

б) муомилоти вобаста ба идоракунии депозит ва суратҳисобҳо, пардохтҳо, пулгузаронӣ, ӯҳдадориҳои қарзӣ, воситаҳои пардохт ва асбобу анxоми мизоxон;

в) муомилоти марбут ба гардиши асъор, маблағҳои пулӣ ва пулҳои қоғазие, ки воситаи қонунии пардохт мебошанд (ба ғайр аз ашёҳои нумизматикӣ);

г) муомилоти вобаста ба гардиши акцияҳо, облигацияҳо, сертификатҳо, векселҳо, чекҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок (ба истиснои хизматҳо оид ба нигоҳдории онҳо);

д) амалиёти марбут ба муомилот бо асбобу анxоми истеҳсолии молиявӣ, аҳдномаҳои форвардӣ, опционҳо ва созишномаҳои ба ин мушобеҳ;

е) хизматҳои марбут ба идоракунии фондҳои инвестиционӣ;

ж) амалиёти суғурта ва аз нав суғуртакунӣ;

з) лизинги молиявӣ.

  1. «Молҳои зериаксизӣ» - молҳои дар моддаи 203 номбаршуда.
  2. «Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориxӣ» - системаи кодҳои таснифи (классификацияи) молҳо, ки тибқи Конвенцияи байналхалқӣ оид ба системаи ҳамоҳангшудаи ба рӯйхат ва код гирифтани молҳо қабул гардидааст.
  3. «Дивидендҳо» - ҳамагуна тақсимоти маблағ ё амвол аз xониби шахси ҳуқуқӣ дар байни иштирокчиёни (саҳомон), аз xумла дивидендҳое, ки таҳти дигар пардохтҳо пинҳон карда мешаванд, ба ғайр аз тақсим кардани маблағҳо ё амвол мутобиқи тартиби хариди саҳмияҳои худӣ ва даромаде, ки ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ аз тақсими амвол ба даст меояд, тақсим намудани саҳмияҳои худие, ки фоизи мутаносиби саҳмияҳои саҳмдоронро дигар намекунанд, ба ҳисоб намегирад.
  4. «Даромадҳо аз манбаъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -

а) даромад аз кори кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) даромади истеҳсолкунанда аз таҳвили молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин аз иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) даромад аз фаъолияти соҳибкорие, ки мумкин аст онро ба муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида мансуб донист, аз xумла даромаде, ки онро метавон ба фурӯши чунин молҳо ё молҳои ба ҳамин монанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донист, инчунин молҳое, ки ба воситаи чунин муассисаҳои доимӣ фурӯхта мешаванд ва даромаде, ки аз фаъолият соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меояд ва он чунин хусусият ё ки хусусияти мушобеҳи фаъолияти ба воситаи муассисаи доимӣ анxомдодашавандаро дорад;

г) даромад аз кори аз ҳисоб баровардани қарзҳои бенатиxаи андозсупоранда аз тарафи қарздиҳандаи он, аз фурӯши воситаҳои асосие, ки мутобиқи банди 7 моддаи 139 ба ҳисоби даромад ворид карда шудаанд ё аз xуброн намудани хароxот тибқи моддаи 166, ки марбут ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

д) даромад дар шакли дивидендҳо, ки аз шахси ҳуқуқии резидентӣ гирифта шудааст, ҳамчунин даромаде, ки дар натиxаи фурӯхтан ё супоридани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ ба даст омадааст;

е) даромад дар шакли фоизҳо, ки аз резидентҳо гирифта шудааст;

ж) даромад дар шакли фоизҳо, ки аз шахсони дорои муассиса ё амволи доимӣ дошта, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, ба даст омада, агар қарзи чунин шахс бо ин муассиса ё амволи доимӣ вобаста бошад;

з) нафақа, агар онро резидент диҳад;

и) даромад дар шакли роялтӣ, ки барои амволи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ё истифодашаванда гирифта мешавад, ё даромад аз фурӯш ё додани амволи дар банди 24 ҳамин модда зикршуда, ки онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида ё истифода бурда мешавад;

к) даромаде, ки аз ҳисоби ба иxора додани амволи манқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба даст меояд;

л) даромаде, ки аз амволи ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ба даст меояд, аз xумла даромад аз фурӯш ё додани ҳиссаи иштирок дар чунин амвол;

м) даромад аз фурӯш ё додани саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирок дар корхонае, ки арзиши активҳои он бештар бевосита ё бавосита аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ташаккул меёбад;

н) дигар даромадҳо аз фурӯш ё додани амвол аз xониби резидент, ки ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд;

о) даромаде, ки аз хизматрасонии идоракунӣ, молиявӣ ё суғурта, аз xумла хизматрасонии аз нав суғуртакунӣ ба даст меояд, агар онро корхонаи резидентӣ ё муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида пардозад ва ё агар он дар асоси шартнома бо чунин корхона ё муассисаи доимӣ гирифта шавад;

п) даромаде, ки аз рӯи шартнома оид ба суғуртакунии риск (бурду бохт) дар Ҷумҳурии Точикистон пардохта мешавад;

р) даромад аз хизматрасонии телекоммуникационӣ ё нақлийтӣ ҳангоми анxом додани алоқа ё боркашонии байналхалқӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо;

с) дигар даромадҳое, ки дар бандҳои боло номбар карда нашуда, дар асоси фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуxуд меоянд.

ҳангоми муайян кардани манбаи даромад мутобиқи ҳамин банд маҳали пардохти даромад ба эътибор гирифта намешавад.

  1. «Воситаҳои асосӣ» - активҳои моддӣ бо мӯҳлати хизмат ба муддати зиёда аз як сол, ки мувофиқи моддаи 139 бояд амортизация шаванд.
  2. «Фоизҳо» - ҳамагуна пардохти марбут ба ӯҳдадории қарз, аз xумла пардохтҳо барои қарзҳои (ссудаҳо) додашуда ва барои депозитҳо (ҳисобномаҳо).
  3. «Роялтӣ» - пардохт барои ҳуқуқи истифодабарии канданиҳои фоиданок ва коркарди ташкилаҳои техногенӣ ё барои истифодабарӣ ё ҳуқуқи истифодабарии ҳуқуқҳои муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патентҳо, нақшаҳо ё макетҳо, тамғаҳои савдо ё дигар ҳуқуқҳои дар асоси онҳо бавуxудоянда; барои истифодабарӣ ё ҳуқуқи истифодабарӣ ва таxҳизоти саноатӣ, савдо ё тадқиқоти илмӣ; барои истифодабарӣ аз донишҳои технологӣ; барои истифодабарӣ ё ҳуқуқи истифодабарии кинофилмҳо, видеофилмҳо, асбобҳои сабти овоз ё дигар асбобҳои сабткунанда; барои расондани кӯмаки техникӣ вобаста ба мақсадҳои дар боло зикршуда; ё барои даст кашидан аз истифодабарии ягон ҳуқуқи дар боло номбаршуда.
  4. «Оила» - зану шавҳар, фарзандон ва волидони якxоя зиндагикунанда, ки хоxагии умумӣ доранд.
  5. «Фоидаи соф (даромади соф)» - фоидае (даромаде), ки бояд аз он андоз аз фоида (андози даромад) гирифта, ин андоз аз ҳисоб бароварда шавад.
  6. «Иштирокчӣ» - саҳом, шарик ё дигар иштирокчӣ дар активҳо ва даромади корхона.
  7. «Xудо кардан» - аз тарафи корхонаи асосӣ, ба саҳҳомон (муассисон) тақсим кардани саҳми (ҳиссаи иштирок) дар корхонаи дигари фаръӣ.
  8. «Моликияти ғайриманқул» - ба чизҳои ғайриманқула (моликияти ғайриманқула) қитъаҳои замин, қитъаҳои қаъри замин, иншоотҳои махсусшудаи обӣ ва ҳамаи он чизе, ки бо замин мустаҳкам вобаста аст ё иншоотҳое, ки xойивазкунии онҳо бе зарари номутаносиб ба таъиноташ ғайриимкон аст, аз он xумла xангал, растаниҳои бисёрсола ва ғайра дохил мешаванд.
  9. «Корхонҳои хоҳарӣ» - корхонаҳои фаръии як корхонаи модарӣ нисбат ба якдигар корхонаҳои хоҳарӣ ҳисобида мешаванд.
  10. «Корхонаҳои фаръӣ» - корхона фаръӣ ҳисобида мешавад, агар ба корхонаи дигар (модарӣ) 50 ё зиёда ҳиссаи (саҳмияи) иштирок бо ҳаққи овози ин корхона таалуқ дошта бошад.
  11. «Ҳадди ақали даромаде, ки андозбандӣ карда намешавад» - маблағе, ки мутобиқи банди 1 моддаи 124 муайян мегардад.
  12. «Қарзҳои бозгашташон ғайриимкон (қарзҳои тасодуфӣ)» - қарзҳои бозгашташон ғайриимкон (тасодуфӣ) маблағҳое мебошанд, ки ба шахси андозбандишаванда таалуқ дошта, онҳоро ин шахс қудрат надорад пурра бо сабаби ба адои қарз ноқобил будан ё барҳам хӯрдани қарздор, ё ҳақиқати гирифтани онҳоро аз қарздор ё шахси сеюм ниҳоят кам эҳтимол аст. Дар ҳамагуна маврид қарзи бозгашташ ғайриимкон (тасодуфӣ) қарзе ба шумор меравад, ки дар давоми 3 соли ҳисобкунии даромад (ба вуxуд омадани қарз) баргардонида нашудааст.

 

ФАСЛИ II.  МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАЪМУРӢ

 

БОБИ 3. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 28. Тартиби татбиқи муқаррароти маъмурӣ

Муқаррароти маъмурии муқаррарнамудаи ҳамин фасл ва фасли III нисбат ба ҳамаи намудҳои андоз татбиқ мегарданд, агар дар дигар фаслҳои ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 29. Назорати андоз ба пурра ва саривақт ба буxет ворид гардидани пардохтҳо

  1. Мақомоти андоз ба анxом додани назорати андоз ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, санxиши дурусти ҳисобкунӣ ва саривақт пардохтани андозҳо ва ба тамоми дигар xиҳатҳои ба амал баровардани андозбандӣ ва xамъ овардани андозҳо пурра ва қатъӣ масъул мебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки дар онҳо тибқи ҳамин Кодекс чунин масъулият ба зиммаи дигар мақомот гузошта шудааст.
  2. Мақомоти андоз назорати андозро ба воситаи баҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва объектҳои андозбандӣ, санxиши маълумоти баҳисобгирӣ ва ҳисобот, пурсиши андозсупорандагон ва дигар ашхос, санxиши биноҳои барои ба даст овардани даромад истифодашаванда бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи дигар усулҳои мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс анxом медиҳанд. Дар ҳолатҳое, ки тартиби супоридани андоз аз рӯи муомилоти воридот мувофиқи тартиботи гумрукӣ муайян карда мешавад, назорат аз xониби мақомоти гумрук тибқи қонунгузории гумрук ба амал бароварда мешавад.
  3. Назорати андозе, ки мақомоти андоз анxом медиҳанд, метавонад дар шакли санxиши бидуни сафар ё санxиш дар маҳал сурат гирад.

Санxиши бидуни сафарро мақомоти андоз дар асоси ҳисоботи балансӣ, декларацияҳо, эзоҳот ва дигар ҳуxxатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда, ҳамчунин ҳуxxатҳо ва маълумоти дар ихтиёри мақомоти андоз мавxудбуда анxом медиҳад. Санxиш дар маҳал дар асоси қарори қабулнамудаи мақомоти андоз, ки ба андозсупоранда дар шакли огоҳиномаи хаттӣ фиристода шуда дар он мақсади санxиш, асоси он ва мӯхлати тахминии гузарониданаш нишон дода мешавад. Санxиш дар маҳалро ҳамчунин бидуни огоҳкунии пешакӣ бо қарори хаттии роҳбари мақомоти андоз гузаронидан мумкин аст, дар ҳолате, ки дар бораи аз супоридани андоз саркашӣ кардан асоси кофӣ мавxуд бошад.

Санxиш дар маҳал ба таври комплексӣ оиди тамоми намудҳои андозҳо на камтар аз як маротиба дар 2 сол, вале на бештар аз як маротиба дар соли тақвимӣ ба мӯҳлати як моҳ гузаронида мешавад. Санxиши такрорӣ дар давоми соли тақвимӣ дар маҳал бо иxозати хаттии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар сурати мавxуд будани муроxиати асосноки хаттии мақомоти дахлдори андоз ва ё шахси масъули роҳбарикунандаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ гузаронида мешавад.

Гузароиндани санxиш оиди масъалаҳои марбути андоз аз тарафи дигар мақомотҳои давлатӣ манъ аст.

  1. Аз рӯи натиxаҳои санxиши андоз акт тартиб дода мешавад, ки ба он шахси мансабдори мақомоти андоз, ки тафтиш гузароиндааст ва андозсупоранда имзо мегузоранд. Дар мавриди имзо нагузоштани андозсупоранда дар он қайди дахлдор гузошта мешавад.

 

Моддаи 30. Даромади андозбандишаванда

Даромади (фоидаи) ба даст омада, қатъи назар аз асосе, ки аз уи он ба даст омадааст. Андозбандӣ карда мешавад.

 

Моддаи 31. Рақами мушаххаси андозсупоранда

  1. Мақомоти андоз ба андозсупорандагон ва агентҳои андоз рақамҳои мушаххас медиҳанд, ки онҳо бояд барои мақсадхои гирифтани ҳамаи андозҳо ва боxи гумрукӣ истифода бурда шаванд.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеӣ вазифадоранд, ки рақами мушаххаси худро дар декларацияи андоз, ҳисобнома - фактураҳо, муросилот бо мақомоти андоз ва дигар ҳуxxатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нишон диҳанд.

Тартиби додани рақами мушаххасро Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби додани рақами мушаххасро Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

  1. Шахсони воқеӣ - соҳибкорони дар моддаи 25 зикршуда ва шахсони ҳуқуқи (юридикӣ) дар муддати даҳ рӯзи баъди бақайдгирӣ (таъсис) ё оғози фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба мақомоти андоз барои гирифтани рақамҳои мушаххас муроxиат намоянд.

 

Моддаи 32. Ҳуқуқҳои андозсупоранда

Андозсупоранда ба ғайр аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҳуқуқ дорад, ки:

а) ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи гирифтани имтиёзоти андозро пешниҳод кунад;

б) бо акти гузароиндани санxиш шинос шавад;

в) ба мақомоти андоз нисбат ба тартиби ҳисоб карда баромадан ва супоридани андоз ва нисбат ба актҳои гузаронидани санxиш тавзеҳот пешниҳод намояд;

г) аз болои қарори мақомоти андоз мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс шикоят кунад.

 

Моддаи 33. ҳуқуқ ба намояндагӣ дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд

  1. Андозсупоранда метавонад дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд ба воситаи намояндаи қонунӣ ё ваколатдор иштирок намояд, агар дар Кодекси мазкур дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Иштироки шахсии андозсупоранда дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, аз ҳуқуқи доштани намоянда маҳрум намекунад, ҳамчунин иштироки намоянда андозсупорандаро аз ҳуқуқи иштирок дар муносибатҳои ҳуқуқии зикргардида маҳрум наменамояд.
  3. Ваколатҳои намоянда бояд мувофиқи Кодекси мазкур ё дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуxxатҳо тасдиқ шуда бошанд.
  4. Қоидаҳое, ки дар боби мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба агентҳои андоз низ таалуқ доранд.

 

Моддаи 34. Намояндаи қонунии андозсупоранда

  1. Намояндагони қонунии андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ шахсоне ҳисобида мешаванд, ки дар асоси қонун ё ҳуxxатҳои таъсискунанда ваколати намояндагии шахси ҳуқуқиро дороанд.
  2. Намояндагони қонунии андозсупоранда - шахси воқеӣ шахсоне ҳисобида мешаванд, ки мувофиқи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати намояндаи он баромад менамоянд.

 

Моддаи 35. Ҳаракатҳои (беҳаракатии) намояндагони қонунии шахси ҳуқуқӣ

ҳаракатҳои (беҳаракатии) намояндагони қонунии шахси ҳуқуқӣ, ки вобаста бо иштироки ин шахс дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд рӯй додаанд, ҳаракатҳои (беҳаракатии) ин шахси ҳуқуқӣ дониста мешаванд.

 

Моддаи 36. Намояндаи ваколатдори андозсупоранда

  1. Намояндаи ваколатдори андосупоранда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие дониста мешавад, ки барои ҳимоя намудани манфиатҳои андозсупоранда дар муносибатҳо бо мақомоти андоз ё дигар иштирокчиёни муносибатҳое, ки бо қонунгузории андоз танзим мешаванд, аз тарафи андозсупоранда ваколатдор шудааст.
  2. Шахсони мансабдори мақомоти андоз, судяҳо, муфаттишон, прокурорҳо, инчунин дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, мақомоти гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ намояндагони ваколатдори андозсупорандагон шуда наметавонанд.
  3. Намояндаи ваколатдори андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ ваколатҳои худро дар асоси гувоҳномае, ки бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ менамояд.

Намояндаи ваколатдори андозсупоранда - шахси воқеӣ ваколатҳои худро дар асоси гувоҳномаи аз тарафи нотариат тасдиқшуда ё гувоҳномаи ба он баробар мувофиқи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 37. Аз нав ҳисоб кардани асъори хориxӣ

ҳамагуна муомилот бо асъори хориxӣ бо мақсади андозбандӣ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ҳисоб карда мешавад:

а) аз рӯи курси расмии мубодилаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи анxом додани муомилот;

б) аз рӯи асъоре, ки оид ба танҳо курси расмии мубодилаи Бонки миллии Тоҷикистон мавxуд нест, аз рӯи кросс - курс нисбат ба асъори ИМА.

 

Моддаи 38. Чораҳои мубориза бо саркашӣ аз супоридани андоз ва усулҳои алтернативии андозбандӣ

  1. ҳамагуна маблағе, ки ба манфиати ягон шахс истифода бурда мешавад, барои мақсади андозбандӣ маблағи ба он шахс додашуда ба ҳисоб меравад.
  2. Барои мақсади муайян кардани ӯҳдадории андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки :

а) муомилотеро, ки дорои аҳамияти калони иқтисодӣ нестанд, ба истиснои барои ӯҳдадориҳои андоз аҳамият дошта ба ҳисоб нагиранд;

б) муомилотро мувофиқи вазъияти воқеӣ тағйир диҳанд, агар шакли он ба мазмунаш мутобиқат накунад.

  1. Агар андозсупоранда муомилоти худро дар ҳисобот нодуруст нишон диҳад ё онҳоро аз рӯи шакли муқарраршуда ва мувофиқи тартиби муқарраргардида нишон надиҳад ё агар ҳуxxатҳои баҳисобгирӣ гум ё нест карда шуда бошанд, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки маблағи андозеро, ки бояд супорида шавад, дар асоси нархи ба эътибор гирифтаи омилу ҳолатҳои дахлдор муқаррар намоянд. Дар сурати вайрон кардани қоидаҳои баҳисобгирӣ, нест ё гум кардани ҳуxxатҳо, инчунин дар ҳолати ғайриимкон будани муайян намудани объекти андозбандишаванда, мақомоти андоз бо роҳи истифодаи усули баҳодиҳии бевосита ё бавосита (дар асоси активҳо, гардиш, хароxоти истеҳсолӣ ва усулҳои муқоисавӣ) объекти андозбандишаванда ва маблағи андозро муайян мекунанд.
  2. Дар сурати ҳамагуна муомилот дар байни шахсони ба ҳамдигар алоқаманд мақомоти андоз метавонанд даромад ва ё маблағи нигоҳ дошташударо дар байни ин шахсон барои мақсадҳои ҳисоб карда баромадани даромади андозбандишаванда, ки он ҳангоми гузаронидани муомилот дар байни шахсони аз ҳамдигар вобаста набуда гирифта мешуд, тақсим намоянд.

Агар андозсупоранда дар муомилоти тиxоратӣ ё молиявиаш бо тарафи алоқаманд нархҳоеро истифода барад, ки онҳо аз нархҳои истифодабурдаи байни шахсони мустақил фарқ кунанд, мақомоти андоз бо мақсади андозбандӣ ба даромади андозсупоранда нисбат ба фарқи ба вуxудомадаи нархҳо тасхеҳот ворид менамоянд.

  1. Дар сурате, ки агар шахси воқеӣ даромади ба хароxот мувофиқ набударо барои истифодаи шахсӣ аз xумла харидани амвол, декларация кунад, мақомоти андоз даромадро барои мақсади андозбандӣ дар асоси хароxоти чунин шахс бо назардошти даромад дар давраҳои гузашта муайян мекунанд.
  2. Мувофиқан ба ҳамагуна андоз мақомоти андоз муомилоти бартериро ҳамчун фурӯхтани мол (натиxаи кор, хизматҳо) бо нархҳои бозорӣ бо ҳатман пешниҳод кардани ҳисобнома - фактураҳои андоз нисбат ба муомилоти дахлдор аз рӯи ҳамон тартибе, ки ҳангоми фурӯш бо пули нақд пешниҳод мешавад, арзёбӣ мекунанд. Агар арзиши муомилоти бартерии дар ҳисобнома - фактураи андоз зикршуда кам нишон дода шуда бошад, мақомоти андоз ба объектҳои андозбандишаванда бо назардошти нархҳои бозорӣ ислоҳот дароварда, маблағи андозро аз нав ҳисоб мекунад ва муxозоти барои вайрон кардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамудаи ҳамин Кодексро муқаррар менамояд.

 

БОБИ IV. РОБИТА БО АНДОЗСУПОРАНДАГОН

 

Моддаи 39. Мукотиба бо андозсупорандагон

ҳамагуна огоҳинома ё ҳамагуна ҳуxxати дигаре, ки мақомоти андоз ба андозсупоранда мефиристонад, бояд дар шакли хаттӣ таҳия гардида, ба онҳо роҳбар ё шахси мансабдори ба он ваколатдори мақомоти                          андозбо нишон додани ному насабаш имзо гузорад, мӯҳр монда ба андозсупоранда фиристода ё супорида шавад. ҳуxxатҳо мувофиқи тартиб супорида ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо суроғаи андозсупоранда бо почтаи фармоишӣ бо хабари дастрас шуданашон ё шахсан ба андозсупоранда ё шахси ваколатдораш супорида шудаанд.

 

Моддаи 40. Асоснокии огоҳнома ва дигар ҳуxxатҳо

Ягон огоҳинома дар бораи ҳисоб кардани андоз ё дигар ҳуxxате, ки мувофиқи қонунгузории андоз тартиб дода шудаанд, беэътибор дониста намешаванд, агар:

а) онҳо аз рӯи мазмун ва моҳият мутобиқи ҳамин Кодекс бошанд;

б) шахсе. Ки андози он ҳисоб карда мешавад ё ин ҳуxxат ба вай таалуқ дорад ба таври ба ҳама фаҳмо нишон дода шуда бошад.

 

Моддаи 41. Тартиби муқаррар намудани ӯҳдадориҳо

Бо назардошти моддаҳои 39 ва 40, ягон огоҳиномаи мақомоти андоз ба андозсупоранда барои мақомоти андоз ё андозсупоранда қувваи ҳатмии юридикӣ надорад, агар он дар шакли хаттӣ таҳия нашуда, ба андозсупоранда супорида нашавад.

 

Моддаи 42. Изҳороти хаттии оид ба татбиқи қонунгузории андоз

  1. Мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи дастурамалҳо вазир ё муовини вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ метавонад ба андозсупоранда изҳороти хаттӣ фиристода, дар он мавқеи мақомоти андозро нисбати татбиқи қонунҳои андоз ба муомилоти пешниҳоднамудаи андозсупоранда баён мекунад.
  2. Агар андозсупоранда хусусияти тамоми xиҳатҳои муомилоти марбут ба ин изҳороти хаттиро пурра ва дуруст нишон диҳад ва муомилот аз xиҳати тамоми муносибатҳои асосӣ мувофиқи навиштаxоти дар муроxиати андозсупоранда баёнгардида анxом ёбад, огоҳинома барои мақомоти андоз ва андозсупоранда нисбат ба татбиқи қонунгузории андоз, ки дар лаҳзаи фирситодани огоҳинома амал мекунанд, қувваи юридикии ҳатмӣ дорад.

 

БОБИ V. ПЕШНИҲОД ВА ҶАМЪ ОВАРДАНИ МАЪЛУМОТ

 

Моддаи 43. Мураттаб сохтан ва нигоҳ доштани навиштаxот

  1. ҳар як шахс вазифадор аст, ки муомилоти зеринро бо ҳуxxат асоснок намояд:

а) муомилоте, ки боиси ба миён омадани ӯҳдадории андози он шахс шуда метавонанд;

б) муомилоте, ки метавонанд боиси ба миён омадани ӯҳдадории он шахс оид ба андозгирӣ шаванд;

в) муомилоте, ки метавонанд сабаби ба миён омадани ӯҳдадории он шахс оид ба пешниҳод намудани маълумот вобаста ба андозбандӣ гарданд.

  1. Андозсупорандагон вазифадоранд, ки мувофиқи санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар ҳолатҳои зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуxxат (навиштаxот) дошта бошанд.
  2. Агар баъзе навиштаxоти ҳисоботии андозсупоранда ба забони хориxӣ таҳия шуда, онҳо ба мақомоти андоз нофаҳмо бошанд, мақомоти андоз метавонанд талаб намоянд, ки онҳоро ба забони давлатӣ тарxума кунанд.
  3. Андозсупорандагони дар банди 1 ҳамин модда зикр шуда вазифадоранд чунин навиштаxотро дар муддати на камтар аз 5 сол нигоҳ доранд.

 

Моддаи 44. Пешниҳод намудани декларацияи андоз

  1. Андозсупорандагоне, ки бояд мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс декларацияи андоз пешниҳод кунанд, декларацияи андозро дар мӯҳлати муқаррар муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс дар шакл ва мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз месупоранд.
  2. Ба декларацияи андози шахси андозсупоранда дар мавриди набудан ё корношоямии он намояндаи ваколатдори юридикии юридикии вай имзо мегузоранд.
  3. Аудитори мустақил, ки ба андозсупоранда дар кори тартиб додани декларация андоз хизмат мерасонад бояд дар баробари андозсупоранда ба декларация имзо гузошта, ба он мӯҳр монад, инчунин рақами бо андозсупоранда мушаххаси худро нишон диҳад. Агар декларация аз тарафи якчанд аудитор тартиб дода шуда бошад, пас вай танҳо аз xониби сараудитор имзо карда мешавад.

 

Моддаи 45. Пешниҳод намудани маълумот дар бораи пардохт

Шахсе, ки пули молҳо, корҳои иҷрошуда ва хизматҳои расонидашударо мепардозад ё дигар навъи пардохтро анxом медиҳад, вазифадор аст, ки мақомоти андоз ва шахсе, ки маблағи пардохтро мегирад, дар бораи маблағҳои пардохташуда маълумот пешниҳод намояд, мутобиқи дастуруламалҳои оиди иҷрои ҳамин Кодекс.

 

Моддаи 46. Дароз кардани мӯҳлати пешниҳод намудани декларацияҳои андоз

Агар андозсупоранда то вақти ба охир расидани мӯҳлати пешниҳод кардани декларация дар бораи дароз кардани мӯҳлати пешниҳод кардани декларация барои андози даромад ё андоз аз фоида бо хоҳиш муроxиат намояд ва дар айни ҳол маблағи нархномавии андозеро, ки бояд супорида шавад, пардозад, мӯҳлати пешниҳод кардани декларация худ аз худ ба мӯҳлати ду моҳ дароз мешавад. Дароз кардани мӯҳлат мутобиқи ҳамин модда мӯҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва мувофиқи моддаи 73 боиси қатъ гардидани ҳисоб кардани фоизҳо намешавад.

 

Моддаи 47. Ҳисобномаҳои бонк

Бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки муомилоти xудогонаи бонкиро анxом медиҳанд, вазифадоранд, ки :

а) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (юридикӣ) танҳо бо пешниҳод намудани ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи додани рақами мушаххаси андозсупоранда аз xониби мақомоти андоз суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо (ба ғайр аз ҳисобномаҳои пасандозии амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ) кушода, дар мӯхлати панx рӯз мақомоти андозро дар бораи аз тарафи андозсупоранда кушодани ҳисобномаҳои мазкур огоҳ намояд ва бидуни дар ҳуxxатҳои бонк доштани рақами мушаххаси андозсупоранда бо ҳисобномаҳо муомилот анxом надиҳанд;

б)  дар навбати аввал супоришҳои пардохти андозсупорандагонро дар бораи пардохти андозҳо аз суратҳисоб ё дигар ҳисобномаҳо, аз xумла ҳисобномаи асъор иҷро кунанд;

в) маблағи андозҳоро ба даромади буxети (фонди давлатии) дахлдор дар рӯзи анxом додани муомилот оид ба аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб ё дигар ҳисобномаҳои андозсупоранда ба бонк дохил кунанд ё дигар муассисаи молиявию кредитие, ки хизматрасонии кассавии буxетро (фонди давлатиро) анxом медиҳад, гузаронанд;

г) ба мақомоти андоз маълумот мувофиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 48. Пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти андоз

  1. Барои мақсадҳои анxом додани назорати андоз ва барои ноил гардидан ба мақсадҳои Қонуни мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки бо роҳи дар мӯҳлатҳои 7 рӯза фиристодани огоҳиномаи хаттӣ аз кадом шахсе, ки набошад, сарфи назар аз он ки вай андозсупоранда аст ё не талаб кунад, ки:

а) маълумоти дар огоҳиномаи зикршуда, аз xумла дар бораи дигар шахс пешниҳод намояд;

б) ба xои дар огоҳинома нишон додашуда ҳозир шавад, ба вақти барои гузаронидани пурсиш ва ё пешниҳод кардани ҳуxxатҳо ё дигар маълумоти дар ихтиёри он шахс мавxуд буда ва дар огоҳинома зикршударо талаб намояд.

  1. Барои расидан ба мақсадҳои қонунӣ ба иҷрои назорати андоз шахси мансабдори ваколатдори мақомоти андоз бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба кадом бтное, ки набошад бидуни огоҳиномаи пешакӣ, ба манзил бошад, мувофиқи иxозатномаи прокурор, ки ҳангоми пешниҳод асоснокии зарурат ба он гирифта шудааст, дарояд.
  2. Шахси мансабдори ваколатдори мақомоти андоз, ки мувофиқи қонун дар бинои хизматӣ ё истиқоматӣ ворид шудааст, мувофиқи банди 2 ҳамин модда ҳуқуқ дорад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун, ки :

а) аз ҳама гуна ҳуxxат вобаста ба андоз нусха бардорад;

б) навиштаxот ё ҳуxxатеро, ки аз нуқтаи  назари вай барои расидан ба мақсади иxозатдодашуда дар асоси тасдиқоти хаттӣ муносибат дорад, мусодира намояд;

в) ҳисобкунак гузорад ё нишондиҳандаҳои онҳоро навишта гирад;

г) навиштаxот ё дигар ҳуxxатҳоро мӯҳр гузорад.

Агар шахси мансабдори ваколатдори мақомоти андоз таxҳизот ва масолеҳи дигар шахсро бо мақсади гирифтани иқтибос аз навиштаxот ё нусха аз он истифода барад, мутобиқи ҳамин банд мақомоти андоз бояд ба он шахс хароxоти истифодабарии таxҳизот ва масолеҳро xуброн намояд, дар айни ҳол андозаи xуброн бояд дар асоси нархҳои бозорӣ барои истифодабарии таxҳизот ва масолеҳ муайян карда шавад. Агар шахси мансабдори ваколатдор навиштаxот ё ҳуxxати дигарро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи ҳамин банд мусодира намояд, мақомоти андоз метавонад нусхаи навиштаxот ва дигар ҳуxxатҳоро гирад ва бояд нусхаи аслии онро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба соҳибаш баргардонад.

  1. Ҳамин модда ҳуқуқи бидуни иxозати расмӣ ба биноҳои дипломатӣ, консулгарӣ ё намояндагиҳои давлатҳои хориxӣ, ҳамчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки аз чунин тафтиш тибқи ҳуқуқҳои байналхалқӣ ва шартномаҳои (созишномаҳои) байналхалқӣ ва байнидавлатии мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масуният доранд, даромаданро намедиҳад.
  2. Агар ягон шахс дар бораи тибқи дахлнопазирии ҳуxxатҳо ё дигар маълумоте, ки мақомоти андоз медиҳад онҳоро мувофиқи ҳамин модда гирифтан ё омӯхтан изҳор намояд, ҳуxxатҳои дахлнопазир эълонгардида дар лифофа (конверт) xой дода шуда, ба онҳо мӯҳри соҳибашон гузошта мешавад ва ба ҳамон тарз дар мақомоти андоз то вақти ба суди салоҳиятдор бо хоҳиши муайян кардани дахлнопазирии онҳо муроxиат кардани мақомоти андоз ва аз тарафи ин суд қабул гардидани қарор оид ба моҳияти муроxиати мақомоти андоз нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Дар ҳамин модда «мақсади қонунӣ» маънои xамъ овардани маълумот бо мақсади муайян кардани ӯҳдадориҳои андозсупоранда оид ба супоридани андоз ё бо мақсади рӯёнидани андоз аз шахси мушаххасро дорад.
  4. Дар ҳамин модда «шахси мансабдори ваколатдор» маънои корманди мақомоти андозро, ки аз тарафи роҳбари мақомоти дахлдори андоз барои иҷрои ҳуқуқҳои дар ҳамин модда зикршуда таъин шудааст дорад.

 

БОБИ VI. ӮҲДАДОРИҲОИ АНДОЗ

 

Моддаи 49. Ӯҳдадориҳои андоз

  1. Ӯҳдадориҳои андоз вазифаи андозсупоранда оид ба супоридани андози дахлдор ба буxет ё фонди давлатӣ дар сурати ба ӯҳда доштани ӯҳдадориҳои дар ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз нишон додашуда мебошад.
  2. Асосҳо барои вуxуд омадан, тағйир додан ё қатъ гардидани ӯҳдадориҳои андоз, инчунин тартиб ва шартҳои иҷро намудани ӯҳдадориҳои андозро танҳо ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз муайян карда метавонанд.
  3. Ӯҳдадориҳои андоз аз лаҳзаи пайдо шудани ӯҳдадориҳое, ки пардохтани андозро мутобиқи талаботи қонунгузории андоз пешбинӣ менамоянд, ба зиммаи андозсупоранда гузошта мешаванд.

 

Моддаи 50. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз

  1. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз аз пардохтани маблағи андозе, дар мӯҳлати муқарраршуда сарфи назар аз мавxуд будани маблағ дар ҳисобномаҳо ва дигар амволи андозсупоранда бояд супорида шавад, иборат мебошад.
  2. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз яке аз вазифаҳои асосии андозсупоранда буда, новобаста аз дигар ӯҳдадориҳои дорои хусусияти андоз надоштаи андозсупоранда ба амал бароварда мешаванд.
  3. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз бевосита аз тарфаи андозсупоранда ба амал бароварда мешавад, агар дар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Дар мавридҳои дар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз зикршуда масъулияти иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ба ӯҳдаи дигар шахси вазифадор кардашуда гузошта мешавад.

  1. Яктарафа даст кашидан аз иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ё яктарафа тағйир додани тартиби иҷрои онҳо аз xониби андозсупоранда ё дигар шахси ӯҳдадор кардашуда мумкин нест, агар чунин тартиб дар қонунгузории андоз пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз дар сурати муфлисии андозсупоранда мувофиқи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузорӣ дар бораи муфлисшавӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 51. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз дар мавриди барҳам хӯрдани корхона (ташкилот)

  1. Ӯҳдадориҳои андози корхонаи (ташкилоти) барҳам додашавандаро комиссияи барҳамдиҳии корхона (ташкилот) аз ҳисоби маблағҳои пулии он, аз xумла даромадҳо аз фурӯши амволи корхона (ташкилот) ба даст омада иҷро мекунад. Дар айни ҳол комиссияи барҳамдиҳии корхона (ташкилот) бояд ҳамчунин ӯҳдадориҳои андози филиалҳои он ва дигар xузъҳои таркибии мустақили онро, ки тибқи моддаи 13 ҳамчун корхона эътироф мешаванд, иҷро намояд. Агар дар ҳамин модда тартибе дигаре пешбинӣ нашуда бошад ӯҳдадориҳои андози филиал ё дигар xузъи таркибии мустақили корхона (ташкилоти) барҳам додашаванда бевосита аз тарафи корхонае (ташкилоте), ки xузъи таркибии мустақили мазкур ба ҳайати он дохил мешавад, дар сурати барҳам хӯрдани ин корхона (ташкилот) низ комиссияи барҳамдиҳии ин корхона (ташкилот) иҷро мекунад.
  2. Агар маблағхои пулии корхона (ташкилоти) барҳам додашаванда барои пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои андозаш, аз xумла баъди фурӯхтани амволаш барои иҷрои ӯҳдадории андоз кифоят накунанд, қарзи аз рӯи ӯҳдадориҳои андоз боқимонда бояд аз тарафи иштирокчиёни (муассисони) корхона (ташкилот) пардохта шавад, агар тибқи қонун, оиннома ё дигар ҳуxxатҳои муассисӣ оид ба ӯҳдадориҳои корхона (ташкилот) масъулияти якxоя дошта бошанд.

 

Моддаи 52. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ҳангоми аз нав ташкил кардани шахси ҳуқуқӣ

  1. Ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқӣ аз нав ташкил карда шавандаро вориси ҳуқуқии (ворисони ҳуқуқии) тибқи ҳамин модда муайян карда шавандаро иҷро мекунанд.
  2. Иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқӣ аз нав ташкил шаванда, сарфи назар аз он ки вориси (ворисони) ҳуқуқӣ дар бораи фактҳо ва ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои андоз аз xониби шахси ҳуқуқии барҳам додашаванда то вақти амалӣ гардидани аз нав ташкилдиҳӣ огоҳ буданд ё не, ба ӯҳдаи вориси (ворисони) ҳуқуқии он гузошта мешавад. Дар айни ҳол ба ӯҳдаи вориси (ворисони) ҳуқуқӣ ӯҳдадории пардохтани тамоми фоизу xаримаҳое, ки вобаста ба ӯҳдадориҳои андози корхонаи (ташкилоти) аз нав ташкил карда шаванда бояд пардохта шаванд, гузошта мешавад.
  3. Аз нав ташкил кардани шахси ҳуқуқӣ мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории андозро аз xониби вориси (ворисони) ҳуқуқии ин корхона (ташкилот) тағйир намедиҳад.
  4. Ҳангоми якxоя кардани якчанд шахсони ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқии дар натиxаи якxояшавӣ ташкил кардашуда нисбат ба иҷрои ӯҳдадориҳои ҳар яки ин шахсони ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.
  5. Агар шахси ҳуқуқие, ки ба дигар шахси ҳуқуқӣ ҳамроҳ гардад, шахси ҳуқуқии аввал ба он ҳамроҳ шуда, нисбати иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии ҳамроҳгардида вориси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.
  6. Агар шахси ҳуқуқӣ ба якчанд шахси ҳуқуқӣ тақсим шуда бошад, шахсони ҳуқуқие, ки дар натиxаи тақсимшавии шахси ҳуқуқӣ ташкил кардашуда нисбат ба иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқӣ тақсим кардашуда вориси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.
  7. Дар сурати мавxуд будани якчанд вориси ҳуқуқӣ ҳиссаи иштироки ҳар як вориси ҳуқуқӣ дар ӣчрои ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқӣ аз нав ташкил кардашуда мувофиқи баланси тақсимот ё дигар санади таҳвилдиҳӣ муайян карда мешавад. Агар баланси тақсимот ё санади таҳвилдиҳӣ барои муайян кардани ҳиссаи ҳар як вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ аз нав ташкил кардашуда имконият надиҳанд ё имконияти аз тарафи яке аз ворисони ҳуқуқӣ ба таври пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои андозро истисно намоянд, корхонаҳои нав ташкил кардашуда дар бобати иҷрои ӯҳдадориҳои андози зикршуда масъулияти якxоя доранд.
  8. Ҳангоми тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ дар натиxаи ин ташкилкардашуда оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқӣ аз нав ташкилкардашуда вориси ҳуқуқи эътироф мешавад.
  9. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ xудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ ворисияти ҳуқуқӣ нисбат ба шахси ҳуқуқии аз нав ташкил кардашаванда дар бобати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз дар шахсони ҳуқуқии xудо кардашуда ба вуxуд намеояд, агар фақат чунин аз нав ташкилдиҳӣ ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшаванда равона нашуда бошад.

 

Моддаи 53. Иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида, корношоям ё беному нишон гумшуда

  1. Ӯҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтидаро вориси (ворисони) ӯ дар доираи амволи ба мерос гирифта ва баробари ҳиссаи ба мерос монда дар рӯзи гирифтани он иҷро мекунад.
  2. Дар сурати надоштани ворис (ворисон) ӯҳдадориҳои шахси воқеии фавтида қатъ мегарданд.
  3. Ӯҳдадориҳои андози шахси воқеие, ки суд онро бе ному нишон гумшуда ё корношоям эътироф кардааст, шахсе, ки ба амволи шахси корношоям ё беному нишон гумшуда ихтиёрдорӣ мекунад, аз ҳисоби он амвол, иҷро менамояд.
  4. Агар амволи шахси воқеии мувофиқи тартиби муқарраргардида беному нишон гумшуда ё корношоям эътироф гардида барои иҷрои ӯҳдадориҳои андози ин шахси воқеӣ ва фоизу xаримаҳои ба он ҳисоб карда шуда кифоят накунад, қисми аз сабаби нокифоягии амвол иҷро нашудаи ӯҳдадориҳои андоз, аз xумла фоизу xаримаҳои шахси воқеии бе ному нишон гумшуда ё корношоям эътироф гардида аз тарафи мақомоти дахлдори андоз мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 69 аз ҳисоб бароварда мешаванд.
  5. Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда қабул шудани қарор дар бораи бекор кардани қарор дар бораи беному нишон гумшуда ёшахси корношоям эътироф шудани шахси воқеӣ (дар мавриди охир ҳангоми коршоям эътироф намудани шахси воқеӣ) амали ӯҳдадориҳои андози пештар аз ҳисоб бароварда шуда аз нав оғоз мегардад, аммо фоизу xаримаҳо дар давраи аз лаҳзаи бе ному нишон гумшуда ё корношоям эътироф гардидани шахси воқеӣ то лаҳзаи қабул гардидани қарор дар бораи бекор кардани эътирофкунӣ ҳисоб намешавад.

 

Моддаи 54. Тартиби иҷро намудани ӯҳдадориҳои андоз

  1. Андозсупоранда ба тарзи мустақил агар дар қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, маблағи андозеро, ки бояд дар давраи ҳисоботии андоз супорида шавад дар асоси манбаъҳои андоз, ставкаҳои андоз ва имтиёзоти андоз ҳисоб мекунад.
  2. Дар мавридҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз вазифаи ҳисоб карда баромадани маблағи андозеро, ки бояд супорида шавад, ба зиммаи мақомоти андоз ё агенти андоз гузоштан мумкин аст.
  3. Маблағи андоз мувофиқи тартиби барои андози дахлдор муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз ҳисоб карда мешавад.
  4. Маблағи андозеро, ки бояд дар мӯҳлати муқарраршуда пардохта шавад, андозсупоранда ё дигар шахси ӯҳдадор кардашуда мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз мепардозад.

 

БОБИ VII. ҲИСОБ КАРДАНИ МАБЛАҒИ АНДОЗҲО

 

Моддаи 55. ҳисоб кардани маблағи андозҳо

  1. Дар ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми ҳисоб кардани маблағи андоз аз мақомоти андоз ба суратҳисобҳои андозсупоранда дохил намудани маблағи андозе, ки вай дар давраи мушаххаси андозсупорӣ пардозад дар назар дошта мешавад.

ҳисоб кардан ҳисоб кардани ислоҳкардашуда ва ҳисоби тахминиро дар бар мегирад.

  1. Мақомоти андоз ваколатдоранд, ки ӯҳдадориҳои андози ҳар як андозсупорандаро мутобиқи ҳамин Кодекс дар асоси як ё якчанд манбаи ахбори зерин ҳисоб карда бароянд:

а) ахборе, ки дар декларацияҳои андози андозсупоранда мавxуд аст;

б) ахбор дар бораи пардохт мутобиқи моддаи 46;

в) маводи тафтишот ва ҳамагуна ахбори дигаре, ки ба мақомоти андоз маълуманд.

Агар андозсупоранда ахбори барои ҳисоб кардани андоз заруриро пешниҳод накунад, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки андозро дар асоси ҳамагуна ахбори дастрас ҳисоб кунанд.

  1. Дар мавридҳое, ки қонунгузории андоз супоридани андозро бо пешниҳод кардани декларация талаб намекунанд, инчунин дар мавридҳое, ки ба ақидаи мақомоти андоз ҳисобкунии пештараи андоз нодуруст сурат гирифтааст, мақомоти андоз андозро ҳисоб карда, баъд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин воқеӣ мутобиқи моддаи 57 ба андоз супоранда огоҳнома мефиристонад. Мақомоти андоз метавонанд то вақти ба охир расидани мӯҳлати мурур, ки дар моддаи 58 зикр шудааст, андозро ҳисоб кунанд ёба маблағи пештар ҳисоб кардашудаи андоз тағйирот ворид намоянд.
  2. Дар мавриде, ки андозбандӣ бо пур кардани декларацияи андоз вобаста бошад, пур кардани декларацияро, ки дар он ӯҳдадорӣ оид ба пардохти андоз баён мегардад. Ба сифати зайл баррасӣ намудан лозим аст:

а) ҳисоб кардани чунин андоз;

б) огоҳинома ва талабот дар бораи супоридани чунин андоз дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс.

  1. Дар мавриди гирифтани андоз бо роҳи нигоҳ доштани пардохтҳои андозсупоранда вақте, ки вай декларация андозро пешниҳод намекунад ва мақомоти андоз бошанд, маблағи андозеро, ки бояд аз андозсупоранда гирифта шавад дар асоси дигар маълумот ҳисоб намекунанд, чунин ҳисоб карда мешавад, ки мақомоти андоз ӯҳдадории андози андозсупоранда барои як сол дар маблағи андозе, ки аз ҳисоби пардохтҳои дар як сол гирифтаи андозсупоранда рӯёнда дар маблағи андозе, ки аз ҳисоб кардаанд, агар чунин ҳолат рӯй дода бошад ва ба андозсупоранда дар бораи ҳисоб кардани андоз огоҳинома фиристода бошанд.
  2. Роҳбари мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки андозро ҳисоб кунад ва талаб намояд, ки он фавран то рӯзе, ки одатан андоз бояд супорида шавад, пардохта шавад агар ин тадбир барои гирифтани андоз зарур бошад ва дар бораи бо роҳи аз ҳудуди мамла кат баромада рафтани андозсупоранда, ба дигар шахс додани активҳо ва қабули дигар чораҳое, ки метавонанд барои гирифтани андоз монеъ шаванд, агар фавран андозбандӣ нашавад, аз андозбандӣ саркашӣ кардани андозсупоранда маълумоти мушаххас мавxуд бошад.

Андозсупоранда метавонад дар бораи мутобиқи ҳамин банд ҳисоб кардани андоз аз xумла ба суд шикоят кунад.

 

Моддаи 56. Огоҳнома дар бораи ҳисоб кардани андоз

Андозсупоранда дар бораи ҳисоб кардани ӯҳдадории андоз огоҳ карда мешавад. Дар огоҳинома дар бораи ҳисоб кардани андоз муқаррароти зайл нишон дода мешавад:

а) насаб, ном ва номи падар (ё номи) андозсупоранда;

б) рақами мушаххаси андозсупоранда;

в) санаи огоҳнома;

г) объекте, ки огоҳинома ба он таалуқ дорад ва соли (давраи) андозсупорӣ ё солҳои (давраҳои) андозсупорӣ;

д) маблағи андози ҳисоб кардашуда, аз xумла фоизҳо, xаримаҳо;

е) талабот дар бораи пардохти андоз ва мӯҳлатҳои супоридани он;

ж) маҳал ва усули супоридани андоз;

з) асосҳое, ки тибқи онҳо маблағи андоз ҳисоб карда шудааст;

и) тартиби шикоят кардан.

 

Моддаи 57. Мӯҳлати мурур

  1. Мақомоти андоз метавонанд маблағи ҳисобкардашудаи андозро аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мӯҳлати 4 соли баъди ба охир расидани давраи андозбандӣ ҳисоб кунанд ва аз нав дида бароянд, маблағи ҳисоб кардашудаи (дуруст кардашудаи) андозро бошад, дар мӯҳлати 8 соли баъди охир расидани давраи андозбандӣ ситонанд.
  2. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки дар муддати 4 соли баъди ба охир расидани давраи андозбандишаванда бо дар назардошти вақти иловагии илова ба ин давраи чорсола пешбининамудаи моддаи 90 баргардонидан ё ҳисоб кардани маблағи андозро талаб намояд.

 

БОБИ VIII. ПАРДОХТАН, ҶАМЪ ОВАРДАН ВА БАРГАРДОНДАНИ АНДОЗҲО

 

Моддаи 58. Пардохтани андозҳо

Андозҳо бояд дар мӯҳлатҳои дар ҳамин Кодекс ва дигар санадлҳои қонунгузории андоз нишон додашуда пардохта шаванд.

 

Моддаи 59. Маҳали пардохтани андозҳо

Андоз бояд пардохта шавад:

а) дар маҳале, ки дар огоҳинома дар бораи ҳисоб кардани андоз ва пардохти андоз талаб карда шудааст, нишон дода шудааст;

б) агар дар бораи ҳисоб  кардани андоз огоҳинома зарур набошад, дар маҳале, ки дар санади дахлдори қонунгузории андоз нишон дода шудааст;

в) агар дар санади дахлдори қонунгузории андоз маҳали андозсупорӣ нишон дода нашуда бошад, дар маҳали зисти андозсупоранда - шахси воқеӣ ё маҳали идоракунии андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ).

 

Моддаи 60. Баргардонидани маблағҳои зиёдатии андоз

  1. Агар маблағи супоридашудаи андоз аз маблағи ҳисоб кардашудаи андоз зиёд бошад, мақомоти андоз:

а) маблағи зиёдатиро ба ҳисоби пардохти дигар андозҳои андозсупоранда ҳисоб мекунанд;

б) бо розигии андозсупоранда бақияи баъди иҷрои амалиёти дар зербанди «а» ҳамин банд нишон додашуда ба вуxуд омадаро ба ҳисоби ӯҳдадории пардохтҳои минбаъда ҳисоб мекунанд;

в) агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, якxоя бо мақомоти молия дар мӯҳлати 45 рӯз аз лаҳзаи супоридани аризаи хаттӣ аз xониби андозсупоранда бақияи маблағро ба андозсупоранда бармегардонанд.

  1. Агар маблағи зиёдатии супоридаи андозсупоранда ба ҳисоби ӯҳдадориҳои дигар андозҳо ҳисоб карда шавад, мақомоти андоз бояд дар ин бора андозсупорандаро огоҳ намоянд.

 

Моддаи 61. Дароз кардани мӯҳлати пардохти андоз

Баъди аз андозсупоранда гирифтани аризаи хаттии асоснок роҳбари мақомоти молияи дахлдор метавонад мӯҳлати пардохти андози ба буxети дахлдор воридшавандаро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз кунад, вале на зиёдтар ба мӯҳлати аз шаш моҳ. Дароз кардани мӯҳлати пардохти андоз андозсупорандаро аз пардохти фоизҳо барои саривақт ба буxет нагузаронидани андоз озод намекунад.

 

Моддаи 62. Тартиби пардохтани қарз аз рӯи андозҳо

Қарзҳои буxет мувофиқи тартиби зерин пардохта мешаванд:

а) ҳисоб кардани фоизҳо;

б) ҳисоб кардани xаримаҳо;

в) ҳисоб кардани маблағи андозҳо.

 

Моддаи 63. Амали ариза ё шикоят

  1. То вақти баррасии ариза (шикоят) ба муқобили ҳисоб кардани андоз, ки мувофиқи моддаи 91 супорида мешавад, танҳо бояд аз ҳамон қисми ӯҳдадориҳои андоз, ки оиди онҳо андозсупоранда шикоят намекунад, бегуфтугӯ аз ҳисоби амвол, аз xумла маблағи дар ҳисобномаҳои андозсупоранда буда тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 9 андоз гирифта мешавад. Қатъ гардондани пардохти тамоми маблағи андози ҳисоб кардашуда ё қисми он андозсупорандаро аз супоридани фоизҳо барои саривақт ба буxет нагузаронидани ин андоз озод намекунад.
  2. Ҳангоми ба суд супоридани ариза (шикоят) маблағи андози ҳисобкардашуда бояд пардохта шавад ва онро мақомоти андоз метавонанд бегуфтугӯ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 9 ситонад.
  3. Дар мавриди тибқи ҳисобкунӣ супоридани андозе, ки оиди он андозсупоранда ариза пешниҳод намудааст ё шикоят кардааст ва қисман ё пурра бекор кардани ҳисобкунии андоз дар натиxаи қонеъ гардондани чунин ариза ё шикоят андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки маблағҳои зерро гирад:

а) пардохти маблағи нодуруст ситонидашуда;

б) фоизи чунин маблағҳо мувофиқи моддаи 72.

 

БОБИ IХ. МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО

 

Моддаи  64. Ҳабси амвол

  1. Ҳабси амвол ҳамчун усули таъмин намудани иҷрои ӯҳдадориҳои андоз амали мақоми андоз оид ба ба маҳдуд намудани ҳуқуқи соҳибии андозсупоранда нисбати амволи ӯ дониста мешавад. ҳабси амвол дар сурати аз xониби андозсупоранда дар мӯҳлатҳои муқаррагардида иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои оид ба пардохти андоз ва дар сурати далели кофӣ доштани мақомоти андоз барои ба хулосае омадан, ки шахси зикргардида тадбирҳое андешида истодааст, ки ғайб занад ё амволи худро пинҳон кунад, анxом дода мешавад.
  2. Ҳабси амвол метавонад пурра ё қисман бошад. ҳабси пурраи амвол чунин маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ дониста мешавад, ки ҳангоми он ӯ ҳуқуқ надорад амволии ҳабсшударо идора кунад, соҳибӣ ва истифодаи ин амволро бо иxозат ва таҳти назорати мақомоти андоз сурат мегирад. ҳабси қисман чунин маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ дониста мешавад, ки ҳангоми он соҳибӣ ва истифодаи ин амвол аз xониби андозсупоранда мустақилона сурат гирифта, идоракунии ин амвол бо иxозат ва таҳти назорати мақомоти андоз анxом дода мешавад. ҳабси қисман метавонад дар сурати далели кофӣ надоштани мақомоти андоз барои омадан ба хулосае, ки андозсупоранда тадбирҳое андешида истодааст, ки ғайб занад ё амволи худро пинҳон кунад, анxом дода мешавад. Вале дар сурати 15 рӯз қабл аз қисман ҳабс кардани амволи андозсупоранда ҳатман огоҳонидани ӯ.
  3. Ба ҳамагуна намуди амволи андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ, амволи андозсупоранда - шахси воқеӣ, ба истиснои амволе ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон он наметавонад ҳабс карда шавад, метавонад чораи ҳабс истифода гардад.
  4. Танҳо он амволе ҳабс карда мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои андоз зарур ва кофист.
  5. Қарори ҳабси амволи андозсупоранда аз xониби роҳбари (раиси, сардори) мақомоти андоз дар шакли қарори дахлдор қабул карда мешавад.
  6. Ҳабси амволи андозсупоранда (шахси дигари ӯҳдадор) бо иштироки холисон сурат мегирад. Мақомоте, ки амволро ҳабс кардааст, ҳуқуқ надорад иштироки андозсупорандаро (намояндаи қонунӣ ва ё ваколатдор ӯро) ҳангоми ҳабс манъ кунад. Ба ашхоси дар гузаронидани ҳабси амвол ба сифати холис, мутахассис инчунин андозсупоранда (намояндаи ӯ) ҳуқуқу ӯҳдадориашон фаҳмонда мешавад.
  7. Ҳабси амвол шабона манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир.
  8. Пеш аз ҳабси амвол ашхоси мансабдоре, ки ҳабс мегузаронанд, ӯҳдадоранд ба андозсупоранда (намояндаи ӯ) қарори ҳабскунӣ ва ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳояшонро пешниҳод кунанд.
  9. Ҳангоми гузаронидани ҳабс дар хусуси ҳабси амвол протокол тартиб дода мешавад. Дар ин протокол ё дар рӯйхати ба он замимагардида амволи ҳабсшаванда бо нишон додани номи дақиқ, миқдор ва нишонаҳои мушаххаси ашёҳо, дар мавриди мавxуд будани имконият - арзиши онҳо номбар ва шарҳ дода мешавад.
  10. Роҳбари (раиси, сардори) мақомоти андоз, ки дар бораи ҳабси амвол қарор баровардааст, xои амволеро ки ҳабс шудааст, муайян мекунад.
  11. Муомилотеро, ки андозсупоранда (шахси дигари ваколатдор) нисбати амволи ҳабсшуда бо вайрон кардани тартиби ҳамин модда муқаррарнамудаи анxом додааст, беэътибор дониста мешавад.
  12. Қарор дар бораи ҳабси амвол аз лаҳзаи бекор карда шудани ин қарор аз xониби шахси мансабдори мақомоти андоз, ки чунин қарорро қабул кардааст, ё аз лаҳзаи аз xониби мақомоти болоии андоз ё суд ё эътирози прокурор, ё аз лаҳзаи иҷрои ӯҳдадории андоз беэътибор мегардад.
  13. Қоидаҳои ҳамин модда ҳамчунин нисбати ҳабси амволи агенти андоз истифода мегарданд.
  14. Ҳар гуна шахси манфиатдор метавонад дар назди мақомоти андоз дар хусуси бекор кардани ҳабси амволи андозсупоранда шикоят пешниҳод кунад ва мақомоти андоз бо қарори роҳбари мақомоти андоз дар бораи бекор кардани ҳабс қарор қабул менамояд. Қарорҳои мақомоти андоз, ки тибқи ҳамин модда қабул карда мешаванд, метавонад мутобиқи аҳкоми боби 11 мавриди арзу шикоят қарор дода шаванд ва барои мақсадҳои ҳамин банд андозсупоранда аз рӯи маънии боби 11 шахси ҳисобида мешавад, ки он дар хусуси бекор кардани ҳабс шикоят пешниҳод кардааст.

 

Моддаи 65. Тартиби ситонидани андоз аз ҳисоби амволи андозсупоранда

  1. Мақомоти андоз метавонад маблағи пардохтанашудаи андозро бо роҳи ҳабси амволи андозсупоранда (ба истиснои манзили истиқоматии андозсупоранда ва аъзои оилаи вай дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар амволе, ки дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонидани он мумкин нест) дар асоси қарори роҳбари мақомоти дахлдори андоз, ки дар он андозсупорандае, ки нисбати амволи вай ин амалиёт татбиқ мегардад, xои воқеъшавии амвол ва ҳисоб кардани андозе, ки нисбати он ин тартиб татбиқ мешавад, зикр мегардад, ситонад.
  2. Мақомоти андоз метавонад амволро мутобиқи банди 1 ҳамин модда танҳо баъди ба таври хаттӣ дар ин бора огоҳ кардани андозсупоранда дар мӯҳлати на камтар аз понздаҳ рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома аз тарафи андозсупоранда ҳабс кунанд.
  3. Агар роҳбари мақомоти дахлдори андоз дар бораи мавxуд будани асосҳои кофӣ қарор бароварда, гумонбар шавад, ки андозсупоранда ҳаракат намуда истодааст, ки ғайб занад ё амволи худро ғайб занонад, мақомоти андоз дар як вақт бо огоҳиномаи хаттии андозсупоранда оиди ҳабси амвол ва ситонидани он метавонад аз вай фавран супоридани андозро талаб кунад ва дарсрутаи насупоридани андоз аз xониби андозсупоранда метавонад мувофиқи банди 1 ҳамин модда, сарфи назар аз мӯҳлати пешниҳод намудани огоҳинома, ки мутобиқи банди 2 ин модда муайян шудааст фавран ба ҳабси амволи андозсупоранда сар кунад.
  4. Мақомоти андоз метавонад амволи ба ҳабс гирифташударо нигоҳ дорад ё дар асоси шартнома барои нигаҳдорӣ ба шахси сеюм супорад, ёдар ҳолатҳои алоҳида онро барои нигаҳдорӣ дар дасти андозсупоранда монад. Дар мавриди охирин андозсупоранда барои беталаф нигоҳ доштани амвол масъул мебошад.

 

Моддаи 66. Таъмин намудани баҳабсгирии амвол

  1. Шахсе, ки амволи ба ҳабс гирифташуда ё ҳуқуқи гарави амволеро, ки бояд ба ҳабс гирифта шавад дар ихтиёр дорад, вазифадор аст, ки мувофиқи моддаи 65 бо талаби шахси мансабдори ваколатдори мақомоти андоз амвол ё ҳуқуқи гаравро ба мақомоти андоз супорад.
  2. Шахсе, ки чунин талаботро иҷро намекунад, дар назди давлат ба маблағи амвол ё ҳуқуқи гарави дар ихтиёраш буда, вале на зиёдтар аз маблағе, ки нисбати он мақомоте андоз тартиби ба ҳабс гирифтанро эълон доштааст, масъулияти моддӣ дорад.
  3. Илова ба вазифае, ки аз банди 2 ҳамин модда бармеояд, агар иҷро накардан асоси кофӣ надошта бошад, аз чунин шахс ба андозаи 50 фоизи маблағе, ки мутобиқи банди 2 ҳамин модда супорида шавад, аз тарафи мақомоти андоз xарима ситонида мешавад.
  4. Шахсе, ки талаботи банди 1 ҳамин моддаро иҷро мекунад, аз лаҳзаи иҷрои онҳо аз ҳамагуна ӯҳдадорӣ дар назди андозсупоранда, мақомоти андо ё ҳамагуна шахси дигар ба андозаи арзиши амволи додашуда ё ҳуқуқи гарав озод мегардал - ва ба ҳамин тариқ барои ҳамагуна талаф ё зараре, ки дар натиxаи рияои талабот ба миён омадааст, масъул намебошад.
  5. Мақомоти гумрук бо огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз, ки дар он қарори ҳабси пурраи амволи андозсупоранда оварда шудааст, муомилоти содироти андозсупорандаи мазкурро ба мӯҳлати дар мактуби мақомоти андоз нишон дода шуда, манъ кунад.

 

Моддаи 67. Фурӯхтани амволи ба ҳабс гирифташуда

  1. Амволи ба ҳабс гирифташудаи андозсупоранда ва амволи аз андозсупорандаи қарздор мувофиқи моддаи 68 гирифташуда дар музоядаи кушоди махсус, ки тартиб ва шартҳои гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, фурӯхта мешаванд.
  2. Маблағхои аз фурӯши амвол ба даст омада тибқи моддаи 62 ҳамин Кодекс дар навбати аввал ба ҳисоби хароxоти фурӯш, баъд ба ҳисоби пардохти андозҳо, xаримаҳо ва фоизҳо гузаронида мешаванд. Бақияи маблағ ба андозсупоранда дар муддати 3 рӯзи бонкӣ баргардонида мешавад.
  3. Асъори хориxии дар ҳайати амволи ба ҳабс гирифташуда буда барои иваз кардан ба асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рӯзи ояндаи бонкӣ ва гузаронидан ба буxет ба ҳисоби пардохти ӯҳдадориҳои андози супоранда бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Моддаи 68. Ситонидани маблағе, ки бояд ба андозсупоранда дода шавад

  1. Мутобиқи тартиби ба ҳабс гирифтани амвол тибқи моддаи 65 (2) ва ба охир расидани мӯҳлати 15 рӯза, ки дар моддаи дар боло зикршуда нишон дода шудааст, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад ба шахсони сеюм (аз xумла ба бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии андозсупоранда) огоҳинома фиристода, дар он вазифадор намояд, ки дар мӯҳлати 10 рӯзи баъди гирифтани огоҳинома ба буxети дахлдор бевосита (бидуни андозсупоранда ва ҳисобҳои вай) ҳамагуна маблағеро, ки бояд шахси сеюм ба он андозсупоранда пардозанд, супоранд.
  2. Агар маблағе, ки бояд супорида шавад, дар мӯҳлати муқарраршуда пардохта нашавад, мақомоти андоз метавонад дар бораи аз шахсони сеюм ситонидани ин маблағ ба буxети дахлдор ба суд муроxиат намояд.

 

Моддаи 69. Масъулияти дубора барои напардохтани андоз

Дар мавриде, ки ӯҳдадории андози андозсупоранда баъди фурӯхтани амволи ба ҳабс гирифташуда иҷро нашуда монад, шахси дар xараёни муомилоте, ки дар байни тарафҳои мустақил муомилот эътироф карда намешавад ва дар муддати давраи се соли пеш аз санаи татбиқи тартиби ба ҳабс гирифтани амвол ба амал омадааст, активҳои андозсупорандаро гирифта, дар бобати иҷрои ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда дар ҳаxми арзиши активҳои гирифташуда бо ҳисоб кардани ҳама гуна маблағ барои чунин активҳо супоридан ҳамон шахс, дубора масъул мебошад.

 

Моддаи 70. Масъулият барои аз манбаи пардохт нигоҳ надоштани андоз

Шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеие, ки даромадро бидуни нигоҳ доштани андоз аз манбаи пардохт месупоранд, мутобиқи талаботи ҳамин Кодекс дар шакли пардохтани маблағи андозҳои нигоҳ дошташуда, инчунин xаримаю фоидаҳои дахлдор ба ҳисоби даромади (фоидаи) софи худ масъулият доранд.

 

Моддаи 71. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз  рӯи андозҳо

  1. Қарзҳои бефоидаро аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва xаримаҳо мақомоти дахлдори андоз дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоб мебароранд:

а) ба охир расидани мӯҳлати мурурии ситонидани андоз тибқи моддаи 57;

б) қатъ гар ди д ани ӯҳдадории андоз дар асосҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз.

  1. Дар дигар ҳолатҳо қарзи бефоида аз рӯи андозҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоб бароварда мешавад.

 

Моддаи 72. Фоизҳо аз рӯи кам ва зиёд супоридани андозҳо

  1. Агар ягон навъи андоз, аз xумла пардохтҳои xорӣ дар мӯҳлати муқарраршуда супорида нашавад, андозсупоранда вазифадор аст, ки аз ин маблағ барои давраи аз санаи саршавии вақти пардохт то санаи супоридани андоз фоиз супорад.
  2. Дар сурати зиёд супоридани маблағи андоз бояд фоизҳо барои давраи аз санаи додани ариза барои баргардонидани маблағҳои зиёдатӣ то санаи баргардондани онҳо ба андозсупоранда баргардонда шаванд. Барои мақсадҳои xумлаи пештара дар сурати ҳисоб кардани маблағи зиёдатӣ баргардонидани маблағ аз рӯи ҳал намудани баҳисобгирӣ ба амал баровардашуда ҳисоб карда мешавад. Барои мақсадҳои ҳамин банд баргардондани маблағ аз рӯзи гирифтани иxозатнома барои баргардондани ҳисобида мешавад, ба шарте, ки андозсупоранда маблағро дар муддати ҳафт рӯзи оянда гирад. Фоизҳо ба андозсупранда баргардонда намешаванд, агар маблағҳо дар мӯҳлати на бештар аз 45 рӯз аз лаҳзаи аз xониби андозсупоранда додани ариза барои баргардондани маблағҳои барзиёд супоридашуда баргардонда шаванд.
  3. Фоизҳо барои ба таъхир андохтанҳои вобаста ба риоя накардани навбати аз ҳисоб баровардани маблағи андоз аз суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои андозсупоранда, ки бояд ба буxет (фонди давлатӣ) гузаронда шавад ва xаримаҳо барои ба таъхир андохтани ба ҳисобномаҳои буxет (фонди давлатӣ) гузаронидани маблағҳои аз ҳисобномаҳои андозсупорандагон - мизоxон аз ҳисоб баровардашуда, ҳамчунин барои ба андозсупоранда баргардондани супоришҳои пардохти иҷронашуда барои ба амал баровардани пардохт ҳангоми дар ҳисобномаҳои вай мавxуд будани маблағ аз ҳисоби бонкҳои хизматрасон ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ ба андозаи дар банди 4 ҳамин модда муқарраршуда гирифта мешаванд. Андозсупорандагон барои ин рӯзҳо маблағи фоиз намесупоранд.
  4. Мувофиқи ҳамин модда маблағи фоиз ба андозаи 125 фоизи маблағи кредитӣ музоядаи қарздиҳии байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки барои ҳар семоҳаи xорӣ дар намуди миёнаи арифметикии ставкаи кредитҳои музоядаҳои кредитӣ аз рӯи xамъбасти семоҳаи пештара муайян карда мешавад.
  5. Фоизҳо ба фоизҳои ҳисобкардашуда ҳисоб карда намешаванд.

 

БОБИ Х. ҶАВОБГАРӢ

 

Моддаи 73. Мафҳуми қонуншиканиҳои андоз

Қонуншиканиҳои андоз он кирдори зиддиқонунии вобаста ба вайрон кардани қонунҳои андоз (ҳаракат ва беҳаракатии) андозсупоранда, агенти андоз ва намояндагони он эътироф мегардад, ки барои он ҳамин Кодекс масъулият муқаррар намудааст.

Андозсупоранда, агентҳои андоз ва намояндагони онҳо дар қатори xавобгариҳое, ки ин Кодекс муайян намудааст, мувофиқи Кодекси xиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар мебошанд.

 

Моддаи 74. Ашхосе, ки барои содир намудани қонуншиканиҳои андоз масъулият доранд

  1. масъулиятро барои содир намудани қонуншиканиҳои андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин боб ашхоси ҳуқуқӣ ба ӯҳда доранд.
  2. Шахси воқеӣ ба масъулияти андоз аз синни 16 солагӣ xалб карда шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 75. Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои андоз

  1. Xалб намудан ба xавобгарӣ ва пешбурди парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои андоз, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб анxом дода мешавад.
  2. Бо назардошти бандҳои 3 ва 4 пешбурди парвандаҳо оид ба вайрон кардани қонунҳои андоз ва боxу хироx, ки дорои амломатҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ ё xиноят мебошанд, тибқи тартиби муқарранамудаи қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ва қонунҳои мурофиавии xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурда мешаванд.
  3. Пешбурди парвандаҳо дар мавриди вайрон кардани қонунҳои андоз вобаста ба интиқоли мол аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
  4. Дар сурати қонуншиканиҳое, ки дар моддаҳои 80, 81, 82 ва 84 зикр гардидаанд, пешбурди парвандаҳо оид ба қонуншиканӣ тибқи ҳамон тартибе, ки вобаста ба ҳисобгирии андоз ва шикояти маблағи андозӣ ба ҳисоб гирифташуда истифода мегардад, пеш бурда мешавад. Дар ин вақт муддатҳои қаблӣ то мӯҳлате, ки андози мазкур мавриди истифода қарор мегирад, мувофиқат мекунад.

 

Моддаи 76. Ҳолатҳое, ки ашхосро барои қонуншикании андозӣ xавобгар намеҳисобанд

Агар шахс танҳо яке аз ин ҳолатҳои ҳуқуқии андозвайронкуниро кардааст, xавобгар ҳисобида намешавад:

1) мавxуд набудани ҳолати қонуншиканиҳои андозӣ;

2) мавxуд набудани гуноҳи ашхос дар таркиби қонунвайронкунии андоз;

3) мавxуд набудани мавxуд набудани нишонаҳои қонуншиканиҳои андозӣ, ҳангоми фаъолиятҳо, ба шахсоне ки синну солашон то давраи содир кардани корнамоӣ ба 16 нарасида бошад;

4) бинобар гузаштани мӯҳлатҳои кашидан ба xавобгарӣ, барои содир кардани қонуншиканиҳои андозӣ.

 

Моддаи 77. Навъҳои гуноҳҳо ҳангоми содир кардани қонуншиканиҳо

  1. Он шахсе барои қонуншикании андозӣ гунаҳгор ҳисобида мешавад, ки қасдан ё ки аз беэҳтиётӣ рафторҳои ғайриқонунӣ содир карда бошад.
  2. Ҳуқуқвайронкунии андозӣ вақте қасдан содиршуда ҳисобида мешавад, агар шахси содиркарда характери ғайриқонунии ҳаракати (беҳаракати) худро медонист, оқибати зарарноки чунин ҳаракатро (беҳарактиро) мефаҳмид ва мехост ё қасдан ба руҳ додани чунин оқибат роҳ додааст.
  3. Ҳуқуқвайронкунии андозӣ вақте аз беэҳтиётӣ содиршуда ҳисобида мешавад, агар шахси содиркарда оқибати ҳаракати (беҳаракати) худро мефаҳмид, лекин ба пешгирӣ шудани он боварӣ дошт ё имконияти фаро расидани чунин оқибатро пешбинӣ накард, ҳол он ки мебоист ва метавонист ин оқибатро пешбинӣ кунад.
  4. Гуноҳҳои шахси ҳуқуқӣ барои содир кардани қонуншиканиҳои андозӣ, аз рӯи рафтори (бефаъолияти) шахси мансабдор ё ки намояндаи он барои қонуншиканиҳои андозии мазкур боис шуда бошад, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 78. ҳолатҳое, ки ашхосро барои содир кардани қонуншиканиҳо гунаҳкор намеҳисобанд

  1. Ҳолатҳое. Ки ашхосро барои содир кардани қонуншиканиҳо гунаҳкор намеҳисобанд, чунинанд:

а) рафторҳое, ки дорои нишонаҳои қонуншиканиҳои андозӣ буда, ҳангоми оқибатҳои офати табиӣ ва дигар вазъиятҳои фавқуллода ва ногузир содир шуда бошанд.

б) рафторҳое, ки дорои нишонаҳои қонуншикании андозӣ буда, андозсупоранда - шахси воқеӣ ҳангоми содир намудани он дар ҳолате буд ки ба рафтори худ роҳбарӣ карда наметавонист ва ё ба он сарфаҳм намерафт, бинобар ҳолати касалиаш.

в) аз тарафи андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани фармоишҳо ё тафсирҳои хаттие, ки мақомоти андоз ва ё дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахсони мансабдори он дар доираи салоҳияташон додаанд.

  1. Дар ҳолати вуxуд доштани ҳолатҳои дар банди 1 ҳамин модда зикршуда, шахс барои қонуншикании андозӣ xавобгар ҳисобида намешавад.

 

Моддаи 79. Мурури ба xавобгарӣ кашидан барои қонуншикании андозӣ

  1. Шахс ба xавобгарӣ барои қонуншикании андоз кашида намешавад, агар аз рӯзи онро содир намудан ва ё аз рӯзи ояндаи баъди ба итмом расидани даври андозие, ки дар давоми он ин қонуншиканиҳои содир шуда буд, чор сол гузашта бошад (мӯҳлати мурур).

Ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати мурур аз рӯзи содир намудани қонуншикании андозӣ нисбати ҳамаи қонуншиканиҳои андозӣ истифода бурда мешавад, ба ғайр аз дар банди 4 моддаи 75 пешбинишуда.

 

Моддаи 80. Xаримаҳо барои саривақт пешниҳод накардани декларация

  1. Аз андозсупорандае, ки деқларатсияи андозро саривақт пешниҳод накардааст, ба андозаи 5 фоизи маблағи кам супоридашудаи андоз барои ҳар як давраи ҳисоботӣ барои ҳар як моҳе (ё қисми моҳе), ки дар он декларация пешниҳод карда нашудааст, вале на зиёдтар аз 25 фоизи он маблағ xарима ситонида мешавад.
  2. Маблағи xаримае, ки мутобиқи банди 1 ҳамин модда ситонида мешавад, набояд аз 250 ҳадди ақали даромади андозбандӣ нашаванда барои моҳи аввале (ё як қисми моҳе), ки дар он декларация пешниҳод карда нашудааст, зиёд бошад.
  3. Барои мақсадҳои ҳамин боб маблағи кам нишон додани андоз фарқи байни маблағи андоз, ки бояд дар декларация нишон дода шавад ва маблағи андозе, ки то мӯҳлати муқаррарнамудаи пардохт супорида шудааст, эътироф карда мешавад.
  4. Дар ҳар ҳолат маблағи xарима на бояд камтар аз камин дубузургӣ бошад:

а) 25 ҳадди ақали даромади андозбандишаванда;

б) сад фоизи маблағе, ки бояд дар декларация нишон дода мешуд.

 

Моддаи 81. Xаримаҳо барои кам нишон додани андоз

  1. Агар маблағи андози дар декларация нишондодашуда нисбат ба маблағи андозе, ки бояд дар декларация нишон дода мешуд, кам нишон дода шавад, аз андозсупоранда ба андозаи 10 фоизи маблағи кам нишондодашуда (50 фоиз, агар кам нишон додан аз рӯи моҳияти банди 2 ҳамин модда калон бошад) xарима ситонида мешавад.
  2. Кам нишон додан калон ҳисоб меёбад, агар ин кам нишондиҳӣ аз ду маблағ камтар бошад:

а) 25 фоизи маблағи андозе, ки бояд дар декларация нишон дода шавад;

б) 5. 000 ҳадди ақали даромади андозбандишаванда.

  1. Дар процесси аз нав дида баромадани қарори мақомоти андоз мутобиқи моддаи 90 ҳамин Кодекс Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ё суд метавонанд дар бораи истифода набурдани xаримаи пешбининамудаи ҳамин модда дар сурати он аз тарафи андозсупоранда қарор қабул кунанд.

 

Моддаи 82. Xаримаҳо барои вайрон кардани тартиби супоридани андоз аз арзиши иловашуда

Барои вайрон кардани тартиби супоридани андоз аз арзиши иловашуда xаримаҳои зерин баста мешаванд:

а) дар мавриди фаъолият бидуни бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда вақте, ки бақайдигирӣ ҳатмӣ мебошад - 100 фоизи маблағи андози илолашуда, бояд ба буxет дар тамоми давраи фаъолият бидуни ба бақайдигирӣ супорида мешуд;

б) дар мавриди нодуруст нишон додани ҳисобнома - фактураи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки боиси кам нишон додани маблағи андози иловашуда ё зиёд нишон додани маблағи ҳисобкардашуда мегардад ё дар ҳолати нишон надодани ҳисобнома - фактураи андоз оид андози иловашуда - 100 фоизи кам нишон додани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ва (ё) 100 фоизи зиёд нишон додани маблағи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи ҳисобнома - фактураи пешниҳоднашуда ё муомилот;

в) ба шахсе, ки оид ба андоз аз арзиши иловашуда дар қайд нест барои нусхабардории ҳисобнома - фактураи андоз оид ба андоз аз арзиши           иловашудаба андозаи 100 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки дар ҳисобнома - фактураи андоз нишон дода шуда, бояд ба буxет гузаронида мешуд, аммо гузаронида нашудааст.

 

Моддаи 83. Xавобгарии бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки намудҳои алоҳидаи муомилоти бонкиро анxом медиҳанд

Бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки намудҳои xудогонаи амалиёти бонкиро анxом медиҳанд:

а) барои кушодани ҳисобномаи xорӣ ва дигар ҳисобномаҳо (ба ғайр аз ҳисобномаҳои пасандозии амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ) ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди асноде, ки додани рақами мушаххасро аз xониби мақомоти андоз ба андозсупорандагон тасдиқ мекунад, дар ҳаxми 200 ҳадди ақали даромади андозбастанашаванда барои ҳар як ҳисобномаи кушода;

б) барои риоя накардани мӯҳлати огоҳсозии мақомоти андоз дар хусуси ба андозсупорандагон кушодани ҳисобномаҳои xорӣ ва дигар ҳисобномаҳо дар ҳаxми 5 ҳадди ақали даромади андозбастанашаванда барои ҳар як ҳисобномаи кушода;

в) барои вайрон кардани навбати иҷрои супоришоти пардохти андозсупорандагон дар хусуси пардохти андоз аз ҳисобномаҳои xорӣ ё дигар ҳисобномаҳои онҳо, аз он xумла аз ҳисобномаҳои асъорӣ, дар мавриди кифояти маблағ дар ин ҳисобномаҳо, яъне иҷро накардани чунин супоришот ба ҳар ҳол баъди иҷрои супоришоти пардохтӣ дар бораи гирифтани маблағ ба пардохти музди меҳнат, - дар ҳаxми 10 фоиз аз маблағи воситаҳои супоришоти пардохтӣ, ки тартиби муқарраршудаи навбат риоя нашудааст;

г) барои интиқол надодан (нагузаронидан) ба бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, хизматгузории кассавии буxетро (фонди давлатро) ба xо меорад, маблағи андоз ба фоидаи буxети (фонди давлатии) дахлдор дар рӯзи иҷро гардидани амалиёти оид ба соқит кардани маблағ аз ҳисобномаи xорӣ ё ҳисобномаи дигари андозсупоранда, - дар ҳаxми ставкаи 1,5 каратаи оддии ба ҳисоби ҳар як рӯз кредити музоядаи байнибонкии кредитии Бонки миллии Тоҷикистон аз маблағи андозҳои интиқол нагардида (гузарониданашуда) барои ҳар як рӯзи вайрон кардани мӯҳлат, бояд xарима диҳанд.

 

Моддаи 84. Xавобгарӣ барои монеъ шудан гузаронидани тафтишоти андоз

  1. Агар андозсупоранда ба тафтиши ба ӯҳдадориҳои вай иртиботдошта мамоният расонад, нисбати он шахс ба ҳаxми 100 ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда xарима ситонида мешавад.
  2. Монеъ шудан ба гузаронидани тафтиши андоз амалҳои зайл ҳисобида мешаванд:

а) даст кашидан  аз қонеъ гардондани талаботи қонунии мақомоти андоз оиди тафтиши ҳуxxатҳо, ҳисобҳо ё дигар маълумоти марбут ба фаъолияти иқтисодӣ, ки таҳти назорати он шахс қарор доранд;

б) чандин маротиба (бештар аз 3 маротиба дар муддати давраи андозбандӣ) беасос сар печидан аз талаботи қонунии мақомоти андоз дар бобати ҳозир шудан барои сӯҳбат бо шахсони мансабдори мақомоти андоз;

в) монеъ шудан ба ҳуқуқи қонунии шахси мансабдори мақомоти андоз xиҳати даромадан ба қаламрави фаъолияти иқтисодии субъект.

  1. Зери мафҳуми талаботи қонунӣ ва ҳуқуқи қонунии мақомотҳои андоз ва шахсони мансабдори он дар ин Кодекс талабот ва ҳуқуқҳое фаҳмида мешаванд, ки мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
  2. Xарима мувофиқи моддаи мазкур аз xониби мақомоти болоии андоз ё Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар асоси муроxиатномаи асосноки хаттии мақомоти поёнии андоз, ки бевосита ин андозсупорандаро назорат менамояд ва дар мавриде, ки оиди ин муроxиатномаи худ пешакӣ андозсупорандаро огоҳонида бошад, баста мешава.

 

Моддаи 85. Xавобгарие, ки ба ӯҳдаи шахси мансабдор гузошта мешавад

  1. Xавобгарии шахси мансабдоре, ки вазифадор аст, ҳамагуна шакли андозро, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, нигоҳ дорад, xамъ оварад, ҳисоб кунад ё супорад вақте сар мезаванд, ки агар вай:

а) ин андозро нигоҳ надорад, xамъ наорад, ҳисоб накунад ё напардозад;

б) аз пардохти андоз кӯшиши сар печидан намояд.

  1. Xавобгарии шахси мансабдор, ки тибқи ҳамин модда муайян карда мешавад, набояд аз маблағи умумии андозе, ки нигоҳ дошта нашудааст, xамоварӣ нагардидааст ва пардохта нашудааст ё аз пардохти он вай саркашӣ кардааст, зиёд бошад.
  2. Мувофиқи шартҳои ҳамин модда ба шахсони мансабдори зерин ба андозаи то 20 ҳадди ақали андозбандӣ нашавандаи даромад xарима баста мешавад:

а) роҳбаре, ки барои аз амалҳои банди 1 ҳамин модда баррасишаванда воқиф будан асос дошт;

б) сармуҳосиб ё дигар шахси мансабдори роҳбар, ки вазифаи назоратчии амалҳои дар банди 1 ҳамин модда баррасишавандаро иҷро карда, аз амалҳои зиддиқонунии шахсони дар боло зикршуда қаблан огоҳ буд.

Моддаи 86. Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба шахси мансабдори мақомоти андоз барои даромадан ба масоҳат ё бино

Дар ҳолати ғайриқонунӣ монеъ шудани андозсупоранда  ёнамояндаи қонунии вай ба шахси мансабдори мақомоти андоз, ки мутобиқи Кодекси мазкур санxиш гузаронида истодааст, ба масоҳат ё бинои андозсупоранда ё дигар шахси ӯҳдадор (ба ғайр аз биноҳои истиқоматӣ) аз тарафи мақомоти андоз, xарима дар ҳаxми 200 ҳадди ақали даромади андозбастанашаванда ситонида мешавад.

 

Моддаи 87. Риоя нанамудани тартиби соҳибӣ, истифодаи амволе, ки ба ҳабс гирифта шудааст

Дар ҳолати аз тарафи андозсупоранда ё агенти андоз вайрон намудани тартиби соҳибӣ истифодаи амволи ҳабсшуда, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, аз тарафи мақомоти андоз xарима дар ҳаxми 400 ҳадди ақали даромади андозбастанашаванда ситонида мешавад.

 

Моддаи 88. Ба мақомоти андоз дастрас нанамудани маълумот дар бораи андозсупоранда

  1. Дар ҳолати ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумот дар бораи андозсупоранда, ки бо намуди аз тарафи шахси ҳуқуқӣ саркашӣ намудан аз пешниҳоди ҳуxxатҳое, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, рӯҳ додааст, ва ё пешниҳод намудани ҳуxxатҳо бо маълумотҳои қаблан нодуруст, xарима дар ҳаxми 200 ҳадди ақали даромади андозбастанашаванда ситонида мешавад.
  2. Агар рафторҳои дар банди 1 пешбинишуда аз тарафи шахси воқеӣ амалӣ шуда бошанд, xарима дар ҳаxми 20 ҳадди ақали даромади андозбастанашаванда ситонида мешавад.

 

Моддаи 89. Озод намудани андозсупоранда аз xавобгарӣ

Дар ҳолати мустақилона то санxиши андозӣ бартараф шудани хатогиҳое, ки боиси нодуруст иҷро намудани ӯҳдадориҳои андозӣ шудаанд, андозсупоранда аз xавобгарӣ озод мегардад, ба истиснои пардохти андозҳо ва фоизҳо.

 

БОБИ ХI. ҲАЛЛИ БАҲСҲО

 

Моддаи 90. Аз нав дида баромадани қарори мақомоти андоз

  1. Андозсупорандае, ки пардохти маблағи ҳисобкардашуда ё дигар қарори мақомти андозро мавриди баҳс қарор додааст, метавонад ба xузъҳои таркибии мақомоти андоз, ки қарори дахлдор қабул кардаанд, дар бораи (мувофиқи тартиби маъмурӣ) аз нав дида баромадани он бо ариза муроxиат намояд. Дар ариза бояд далелҳо баён гардида, ҳуxxатҳое, ки андозсупоранда хоҳишашро дар асоси он ба миён гузоштааст, нишон дода шавад. Ариза бояд дар дар муддати 30 рӯзи баъди аз тарафи андозсупоранда гирифтани огоҳинома дар бораи ҳисоб кардани андоз ё қарори дигар пешниҳод карда шавад.
  2. Мақомоти андоз аризаи андозсупорандаро дар бораи аз нав дида баромадан баррасӣ намуда, оиди он қарор қабул мекунад ва дар бораи он дар муддати 30 рӯз ба андозсупоранда хабар медиҳад.
  3. АЗ болои қарори қабул кардаи мақомоти андоз минбаъд ба мақомоти болоии андоз шикоят кардан мумкин аст, ки вай бояд ба андозсупоранда дар муддати 30 рӯзи баъди гирифтани шикоятномаи вай дар бораи қарори қабул кардааш хабар диҳад. Аз болои қарори мақомоти андози болоӣ ба дастгоҳи марказии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ шикоят кардан мумкин аст, ки он бояд ба андозсупоранда дар муддати 30 рӯзи баъди гирифтани шикоятномаи вай дар бораи қарори қабул кардааш хабар диҳад.
  4. ҳар як шикоятномаи минбаъда бояд баъди ба охир расидани давраи 30- рӯза барои қабул кардани қарор оид ба шикоятномаи андозсупоранда аз xониби мақомоти андоз, вале то ба охир расидани давраи 15- рӯза аз лаҳзаи аз xониби андозсупоранда гирифтани огоҳинома дар бораи қарори пештара пешниҳод карда шаванд.
  5. Андозсупорандае, ки аз болои қарор ба дастгоҳи марказии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ шикоят кардааст, дар сурати розӣ набудан бо қарори Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ё аз xониби Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар мӯҳлати 30- рӯзи баъди ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ супоридани шикоятнома қабул нагардидани қарор оид ба ба моҳияти шикояти андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроxиат кунад.
  6. Агар андозсупоранда андози ҳисоб кардашударо супорад, вай метавонад фавран аз болои қарори қабулкардаи мақомоти андоз ба дастгоҳи марказии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ва баъд мувофиқи банди 5 ҳамин модда ба суд шикоят кунад.

 

Моддаи 91. Гаронии далелҳо

Гаронии далелҳои иштибоҳи ҳисоб кардани андоз ба ӯҳдаи андозсупорандамебошад.

 

ФАСЛИ III. МАҚОМ ВА СОХТОРИ МАҚОМОТИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 92. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз аз инҳо иборатанд:

а) таъмини иҷро ва риояи қонунгузории андоз;

б) иштирок дар кори таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз xумла Созишмаҳо бо дигар давлатҳо;

в) ба андозсупорандагон фаҳмонидани вазифаю ӯҳдадориҳояшон;

г) сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон дар бораи тағйироти қонунгузории андоз.

 

Моддаи 93. Асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андоз

Асоси ҳуқуқии мақомоти андозро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Кодекс қонунҳои констиутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Маxлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ташкил медиҳанд.

 

Моддаи 94. Принципҳои фаъолияти мақомоти андоз

  1. Фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принципҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

а) қонуният;

б) риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс ва шаҳрванд;

в) зери назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ.

  1. Дар системаи мақомоти андоз ба таъсис додан ва фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятие, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, роҳ дода намешавад. Кормандони мақомоти андоз наметавонанд дар фаъолияти хизматиашон бо қарорҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятӣ маҳдуд шаванд.
  2. Мақомоти андоз фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ва шаҳрвандон, ҳамчунин мақомоти андози дигар давлатҳо дар асоси шартномаю ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътироф кардааст ба амал мебароранд.

 

Моддаи 95. Мақом ва сохтори мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «мақомоти андоз») аз Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, влоятҳо, шаҳри Душанбе ва инсексияҳои андози ноҳияҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои шаҳрҳо, нозироти андозсупорандагони назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ва кумитаҳои андози вилоятҳо ҳамчунин воҳидҳои полиси андоз иборат мебошанд. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андози маҳаллӣ бошанд ба мақомоти андози болоӣ тобеъ мебошанд. Дар ҳайати мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои полицияи андоз амал мекунанд.
  2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар доираи системаи мақомоти марказии идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
  3. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии он дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ буда, дар муассисаҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон балансҳои мустақил, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо (аз xумла ҳисобномаҳои асъор) ва мӯҳр доранд, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номашон бо забонҳои давлатӣ ва русӣ навишта шудааст.
  4. Ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро ба вазифа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад.
  5. Муовини аввал ва муовинони Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳуриро бо пешниҳоди Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда, озод мекунад.
  6. Дар Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ҳайати онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  7. Ба мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва шаҳрҳо раисон (сардорон) роҳбарӣ мекунанд, ки онҳоро Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ бо мувофиқи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
  8. Сохтори Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳуриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  9. Роҳбарони мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳр иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо дар ҳудудҳои дахлдор таъмин карда, фаъолияти воҳидҳои тобеашонро ташкил, мутобиқ ва назорат мекунанд.
  10. Мақомоти андоз дар масъалаҳои таъмин намудани назорати давлатӣ ба кори саривақт супоридани андозҳо дорои ҳокимияти комил мебошанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки хамин Кодекс гирифтани андозро ба дигар мақомот пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 96. Ваколатҳои Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ

Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ:

а) фаъолияти Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳуриро ташкил намуда, барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи мақомоти андоз гузошташуда масъул мебошад;

б) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовини аввал ва муовинони Вазир, дар бораи ҳайати шахсии аъзои ҳайати мушовараи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

в) мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии оид ба музди меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, рӯйхати штатӣ ва сметаи хароxоти нигоҳдории мақомоти андозро (ба ғайр аз воҳидҳои полиси андоз), ки дар мақомоти молия ба қайд гирифта шудаанд, тасдиқ мекунад;

г) Низомномаи идораҳо ва шӯъбаҳои мустақили Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳуриро тасдиқ намуда, ӯҳдадории вазифавии муовини аввал ва муовинони Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳуриро (ба ғайр аз воҳидҳои полиси андоз) муайян мекунад, фармонҳо, нишондодҳо, дастурамалҳ ва тавсияномаҳоои методӣ нашр менамояд;

д) номгӯи вазифаҳои кормандони мақомоти андоз ва дигар корхонаю ташкилотҳои тобеашро (ба ғайр аз воҳидҳои полиси андоз), ки Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ва роҳбарони мақомоти андози маҳаллӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд, муайян мекунад;

е) то сармушовири дараxаи I мақомоти андоз рутбаҳои дараxавӣ ва аз майор то полковники полиси андоз унвонҳои махсус  медиҳад;

ж) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳайати олии афсарии полиси андоз додани рутбаҳои махсус ва рутбаҳои дараxавӣ - мушовири генералӣ ва сармушовири мақомоти андоз тавсиянома пешниҳод мекунад;

з) фармонҳо, дастурамалҳо ва нишондодҳои хилофи ҳамин Кодекси роҳбарони мақомоти андози поёниро бекор мекунад;

и) мутобиқи қонунҳои амалкунанда ба мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли молкияташон, ба иттиҳодияҳои xамъиятӣ xиҳати баррасии ҳатмӣ дар бораи бартараф намудани ҳолатҳое, ки барои содир намудани xинояту қонуншиканиҳои оиди андоз мусоидат намудаанд, пешниҳодоту таклифҳо ирсол менамояд;

к) дигар вазифаҳоеро, ки қонунҳои xорӣ муқаррар кардаанд, иҷро мекунад.

 

Моддаи 97. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти андоз

  1. Хароxоти молиявии мақомоти андоз ва воҳидҳои полиси андоз аз ҳисоби буxети xумҳуриявӣ ба амал бароварда мешавад.
  2. Тартиб ва меъёри таъмионти моддию техникии мақомоти андозро ва воҳидҳои полиси андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд
  3. Амволи мақомоти андоз моликияти давлат мебошад. Амволи мазкур хусусӣ гардонда намешавад.

 

Моддаи 98. Корманди мақомоти андоз

  1. Ба вазифаи кормандони мақомоти андози тамоми дараxаҳо шахсоне таъин карда мешаванд, ки ба талаботи тавсифоти дараxавии вазифаҳои тасдиқнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ xавоб диҳанд.
  2. Корманди мақомоти андоз шахсе мебошад, ки ба вай мувофиқи тартиби муқарраршуда рутбаи дараxавӣ ё унвонӣ махсус дода шавад.
  3. Рутбаҳои дараxавӣ ва унвонҳои махсуси кормандони мақомоти андозро Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Низомномаи тартиби додан, андозаи иловапулӣ ва унвонҳои махсуси кормандони мақомоти андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
  4. Ба кормандони мақомоти андоз сару либоси хизматӣ дода мешавад, ки намуна ва меъёри додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Кормандони мақомоти андоз аз ҳисоби буxети xумҳуриявӣ бо сару либос таъмин карда мешаванд.
  5. Ба кормандони мақомоти андоз барои тасдиқ намудани ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаашро Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 99. Хизмат дар мкомоти андоз

  1. Хизмат дар мкомоти андоз бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Кодекс, Низомномаи тартиби хизмат дар воҳидҳои полиси андоз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешавад.
  2. Кормандони мақомоти андоз мувофиқи тартиби мӯкарраршуда ва аттестатсия мегузаранд.
  3. Ба кормандони мақомоти андоз иҷрои дигар кори музднок дар баробари вазифаи асосиашон (ба ғайр аз кори эxодӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ) ва машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ манъ аст.

 

Моддаи 100. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти андоз ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ

  1. Мақомоти андоз вазифаҳояшонро мустақилона аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия ва дигар мақомоти давлатӣ иҷро намуда, бо ин мақомот ҳамкорӣ мекунанд.
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ба мақомоти андоз ёрӣ расонанд ва бо мақсади таъмин намудани иҷрои қонунгузории андоз ва муқаррар намудани назорат ба пардохти андозҳо маълумот пешниҳод кунанд. Дахолати ин мақомотҳо ба фаъолияти мақомоти андоз манъ аст, ба шарте ки дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
  3. Мақомоти гумрук ва мақомоти Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки мунтазам маълумоти барои иҷрои қонунгузории андоз зарурии дар ихтиёрашон бударо ба мақомоти андоз пешниҳод кунанд.

 

Моддат 101. Ба дигар кас додан ваколатҳо аз тарафи роҳбар

Роҳбари мақомоти андоз метавонад ҳамагуна ваколату вазифаҳои ба вай супоридашуда ё ба зиммааш гузоштаи қонунгузории андозро ба ка д ом шахси мансабдори мақомоти андоз, ки бошад, диҳад ба истиснои ваколатҳои дар банди 2 моддаи 105 пешбинигардида.

 

Моддаи 102. Ҳисоботи солона

  1. Дар муддати шаш моҳи баъди ба охир расидани ҳар як соли молиявӣ Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ нашри ҳисоботро дар бораи кори системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
  2. Ҳисобот бояд маълумоти зайлро дарбар гирад:

а) маблағи андози x амъовардаи мақомоти андоз бо нишон додани қонунҳои андоз, ки ин андозҳо тибқи онҳо xамъ  оварда шудаанд ва инспекцияиҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки андозҳо дар он xо пардохта шудаанд;

б) маблағи қарзҳо аз рӯи андоз бо ҳамин гуна тақсимот;

в) хароxоти дар процесси xамъоварии андоз намудаи мақомоти андоз;

г) маълумоти оморӣ оид ба xузъиёти даромадҳои андоз;

д) баёни комёбиву камбудиҳо дар кори системаи андоз;

е) рӯйхати ному насаби шахсони воқеӣ  ва номгӯи шахсони ҳуқуқие (юридикие), ки аз онҳо андоз ҳисоб карда шуда, вале ба маблағи зиёда аз 5. 000 ҳадди ақали даромади андозбандӣ нашаванда пардохта нашудааст, бо нишон додани андозаи бақияпулӣ.

 

БОБИ 13. ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

 

Моддаи 103. Вазифаҳои мақомоти андоз

а) Мақомоти андоз вазифадоранд, ки:

Констиутсия, ҳамин Кодекс, қонунҳои конститусионӣ ва дигар қонунҳои     Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Маxлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя кунанд;

                б) дар татбиқ намудани сиёсати давлатии андоз иштирок намоянд;

                в) пурра ва саривақт ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва объектҳои андозбандишаванда, назорат ба дуруст ҳисоб кардан, пурра ва саривақт супоридани андозҳо ба буxет ва фондҳои давлатӣ таъмин кунанд;

                г) дар бораи ворид шудани андозҳо ба буxет ва фондҳои давлатӣ ҳисобот тартиб диҳанд;

                д) музоxоти молиявӣ ва дигар музоxот, xаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намоянд ва саривақт ситонанд;

                е) мутобиқи санадҳои меъёрии амалкунанда андозсупорандагонро санxида бароянд;

                ж) оид ба масъалаҳои ба салоҳияташон дохилбуда нишондодҳои методию инструктивӣ, инчунин китобчаҳо, брошюраҳо ва плакатҳо нашр кунанд, оид ба ин масъалаҳо дар воситаҳои ахбори умум консултатсия ва тавзеҳот ба табъ расонанд;

                з) мувофиқи тартиби муқарраршуда мактуб ва арзу шикояти ба салоҳияти мақомоти андоз дохилбударо баррасӣ намоянд;

                и) ҳар моҳ ба мақомоти молия дар бораи маблағҳои андози амалан ба буxет (фондҳои давлатӣ) воридгардида маълумот пешниҳод кунанд;

                к) якxоя бо мақомоти молия ба  иҷрои қисми даромади буxет назорат баранд;

                л) дар бораи иҷрои қонунгузории андоз, пешбинии тамоюлҳои инкишофи прцессҳои номатлуби марбут ба андозбандии шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеӣ маълумот xамъ оварда, таҳлил кунанд дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   маълум о т пешниҳод намоянд;

м) оидибаҳосибгирӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши амволи     мусодирашуда ва беҳисобе, ки ба моликияти давлатӣ гузаштааст, кор баранд;

н) якxоя бо дигар мақомоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда назорати асъорӣ xорӣ намоянд;

о) мутобиқи муқаррароти моддаи 60 ба андозсупорандагон маблағи зиёдатӣ супоридашударо баргардонанд;

п) мувофиқи муқаррароти моддаи 108 сирри маълумоти          андозсупорандагонрориоя кунанд.

Бандҳои «в», «г», «е», «и», «м», «н» ва «о» бевосита ба вазифаҳои воҳидҳои полиси андоз тааллуқ надоранд.

 

Моддаи 104. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз

Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар карда нашуда бошад, мақомоти андоз тибки қонунгузории xории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдоранд, ки:

а) дар мавриди шахсони ҳуқуқ (юридикӣ) ва воқеӣ тамоми ҳуxxатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, сметаҳо,  маблағҳои нақд, коғазҳои  қи матнок ва дигар сарватҳои дар даст, ҳисобномаҳо, декларация  ва дигар ҳуxxатҳои вобаста ба ҳисоб кардан ва супоридани андозро санxиш гузаронанд, аз шахсони мансабдори   вадигар кормандони корхонаҳо (ташкилотҳо) ва шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳое, ки дар xараёни санxишҳои мазкур ба миён меоянд маълумот ва тавзеҳоти хаттию шифоҳӣ гиранд, тибқи қонунгузории xорӣ назорати асъорӣ баранд;

б) мувофиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои амалкунанда тамоми биноҳои истеҳсолӣ, амборҳо, савдо ва дигар биноҳои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, ки барои гирифтани даромад истифода бурда мешаванд ё бо нигоҳдории объектҳои андозбандӣ иртибот доранд дида бароянд ва бо усули хронометраж ё усули дигар назорат баранд;

в) ба роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори корхонаҳо, инчунин шахсони воқеӣ оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргардидаи қонунгузории андоз ва қонунгузорӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ супоришҳои барои иҷро ҳатмӣ диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат кунанд;

г) барои вайрон кардани қонунгузории андоз нисбат ба корхонаҳо, шахсони мансабдор ва воқеӣ муxозот ва xаримаҳои андозӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои амалкунандаро истифода баранд;

д) мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳо, шахсони    мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, xаримаҳо ва фоизҳо, ҳамчунин xаримаҳои маъмурии мувофиқи тартиботи муқаррарнамударо, аз xумла ба воситаи пешниҳод намудани даъво ба суд, ситонанд;

е) оид ба фактҳои аз тарафи шахсони мансабдори корхонаҳо ё шахсони воқеӣ вайрон кардани қонунгузории андоз протокол тартиб диҳанд ва қарор қабул кунанд;

ж) аз корхонаҳо ва шахсони воқеӣ - соҳибкорон хариди назоратии мол (маҳсулот), кор ва хизматҳоро анxом диҳанд;

з) аз бонкҳо ва дигар корхонаҳо махсус бо мақсадҳои хизматӣ дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ, муомилот ва вазъи ҳисобномаҳои корхонаҳо ва шахсони воқеие, ки санxида мешаванд, маълумот справкаҳо ва ҳуxxатҳо гиранд;    

и) мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ дар бораи бекор ка рданиқарорҳояшон ва қарорҳои мақомоти поёнӣ, ки хилофи қонунгузории андози дар xумҳурӣ амалкунанда мебошанд, таклифҳо пешниҳод кунанд;

к) дар сурати xой доштани ҳолатҳои пешбининамудаи банди 3 моддаи 65 муомилоти хароxоти шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеиро аз сруатҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо, аз xумла суратҳисоби асъорӣ дар муассисаҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори суд манъ кунанд;

л) санxиши  ҳаракати маблағҳоро  дар ҳисобҳои мизоxони бонкҳо ҳангоми санxиши андозбандии худи бонкҳо танҳо мувофиқи тартиби муқарарнамудаи қонун дар асоси қарори суд анxом диҳанд.

Ҳуқуқҳои мақомоти андоз, ки дар ҳамин модда зикр шудаанд, аз xониби воҳидҳои полиси андоз бо супориши хаттии роҳбарони мақомоти андоз татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 105. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои ба мақомоти андоз додашуда

  1. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз, ки бандҳои «а, б, е, ж» моддаи 104 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, ба ҳамаи кормандони мақомоти андоз паҳн мегарданд.
  2. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз, ки дар бандҳои «в, г, д, з, и, к» моддаи 104 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, ба Вазири Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ, муовини аввал ва муовинони вай, сардорони идораҳо (управленияҳо) ва шӯъбаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ, муовинони онҳо, раисон, муовинони раисон, сардорони идораҳои раёсатҳо, кум итаҳои андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, сардорони инспекцияҳои андоз ва муовинони онҳо (аз xумла воҳидҳои полиси андоз) дода мешаванд.

                            

Моддаи 106. Xавобгарии шахсони мансабдори мақомоти андоз

  1. Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаҳояшон, риоя накардани давлатӣ, хизматӣ, тиxоратӣ ва сирри пасандозҳо, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, суистифода аз вазифаи хизматӣ ва дигар амалҳои хилофи қонун тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё xиноятӣ кашида мешавад.
  2. Зараре, ки дар натиxаи амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти андоз ба андозсупоранда расонида шудааст, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи буxети баргардонда шавад.

 

Моддаи 107. Ихтилофи манфиатҳо

Ба кормандони мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони зерин анxом додани вазифаҳои хизматӣ манъ аст:

а) бо онҳое, ки вай робитаи хешу таборӣ дорад;

б) нисбат ба шахсе, ки андозсупоранда ё хеши вай манфиати бевосита ё бавоситаи молиявӣ дорад.

 

Моддаи 108. Сирри маълумот

  1. Мақомотҳои андоз ва агентҳои андоз, ҳамаи шахсоне, ки корманди онҳо ҳастанд ё буданд вазифадоранд, ки сирри ҳамагуна маълумоти андозсупорандагонро, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ гирифтаанд, нигоҳ доранд. Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд, ки чунин маълумотро танҳо ба шахсони зерин ифшо намоянд:

а) ба дигар кормандони мақомоти андоз дар xараён ва бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

б) ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади тибқи қонун таъқиб кардани шахсе, ки қонуншиканӣ ё xиноятӣ андоз содир намудааст;

в) ба судҳо дар xараёни баррасии парвандаҳо дар бораи муайян кардани ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда ё xавобгарӣ барои қонунвайронкуниӣ ва xинояти андоз ё дигар xавобгарии xиноятӣ;

г) мақомоти андози дигар мамлакатҳо мутобиқи шартномаҳо (созишномаҳои) байналхалқӣ;

д) мақомоти молия ва Фонди ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барои иҷрои қонунгузорӣ дар бораи буxет ва таъминоти иxтимоӣ;

е) мақомоти гумрук барои мақсадҳои татбиқи қонунҳои гумрук, инчунин мақомоте, ки тибқи ҳамин Кодекс ба гирифтани андоз ҳуқуқ доранд, барои мақсадҳои андозбандӣ;

  1. Кормандони мақомоти мазкур, ки тибқи банди 1 маълумот гирифтаанд, мутобиқи муқаррароти ҳамин модда махфӣ будани маълумотро бо истиснои ҳадди ақали барои ноил шудан ба мақсади зарурӣ, ки дар онҳо ба пешниҳод намудани маълумот роҳ дода мешавад, нигоҳ медоранд.
  2. Ба истиснои ҳолати гирифтани маълумот мувофиқи банди 1 ё 4 ҳамин модда, шахсе, ки маълумотро мегирад ва додани ин маълумот бо ҳамин модда танзим карда мешавад, наметавонад маълумотро ошкор намояд ва ӯҳдадор аст, ки ҳуxxатҳоеро, ки дар онҳо маълумот дарx гардидааст, ба мақомоти андоз баргардонад.
  3. Маълумотеро, ки ба андозсупоранда таалуқ дорад, бо иxозати хаттии андозсупоранда ба дигар шахс додан мумкин аст.

 

БОБИ 14. ВОҲИДҲОИ ПОЛИСИ АНДОЗ

 

Моддаи 109. Воҳидҳои полиси андоз

Полиси андоз воҳиди ҳифзи ҳуқуқ мақомоти андоз буда, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо оид ба огоҳ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои андоз бо мақсади таъмин намудани саривақт ва пурра ба бӯчет ва фондҳои давлатии шудани андоз пешбинӣ шудааст.

Моддаи 1091 Сохторҳои воҳидҳои полиси андоз

  1. Воҳидҳои полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои полиси андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати полиси андоз дар нақлиёт ва шӯъбаҳои полиси андози шаҳру ноҳияҳои xумҳурӣ иборат мебошад.

Саридораи полиси андоз ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии полиси андоз ба воҳидҳои болоии полиси андоз тобеъ мебошанд.

  1. Саридораи полиси андоз ва воҳидҳои ҳудудии он шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штампҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, тавозуни мустақил мебошанд ва аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешаванд.
  2. Ба Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардор роҳбари мекунад, ки ҳамзамон муовини вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  3. Дар Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайати онро Сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 1092. Ваколатҳои Сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) фаъолияти воҳидҳои полиси андози ҳамаи сатҳҳоро ташкил мекунад ва барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда xавобгар мебошад:

б) дар бораи таъин ва озод намудани муовини якум ва муовинони худ ба ҳайати мушовираи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд, вазифаҳои онҳоро муайян мекунад;

в) сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳо, инчунин кормандони Саридораи полиси андозро, сардорони раёсати полиси андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо бо мувофиқаи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, сардорони воҳидҳои полиси андози шаҳру ноҳияҳои xумҳуриро бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин ва озод менамояд;

г) мутобиқи санадҳои xории меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохти музди меҳнат xадвали штати ва сметаи хароxоти таъминоти воҳидҳои полиси андозро, ки дар мақомоти молиявӣ ба қайд гирифта мешаванд, тасдиқ менамояд;

д) низомномаҳои раёсатҳо ва шӯъбаҳои Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии полиси андозро тасдиқ мекунад, фармонҳо содир мекунад, дастурамал ва тавсияномаҳои методиро тасдиқ мекунад;

е) номгӯи вазифаҳои кормандони полиси андозро, ки таъин ва озод кардани онҳо тавассути сардорони воҳидҳои ҳудудии полиси андоз сурат мегиранд, муайян мекунад;

ж) то майори полиси андоз рутбаҳои махсус медиҳад;

з) фармонҳо, дастурамалҳо ва амрҳои сардорони воҳидҳои поёнии полиси андозро, ки бар хилофи Кодекси мазкур  мебошанд, бекор мекунад;

и) дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории xориро иҷро мекунад.

 

Моддаи 110. Вазифаҳои асосии воҳидҳои полиси андоз

  1. Вазифаҳои асосии воҳидҳои полиси андоз аз инҳо иборатанд:

а) ошкор намудан, огоҳ ва пешгирӣ кардани xиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои андоз, ки ба ихтиёри воҳидҳои полиси андоз, аз xумла  xиноятҳои вазифавӣ дар мақомоти, дода шудаанд;

б) таъмин намудани амнияти шахсии фаъолияти мақомоти андоз, муҳофизати кормандони онҳо аз аз суиқасдҳои зиддиқонунӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

  1. Воҳидҳои полиси андоз дар айни ҳол дар бораи ошкор намудани дигар қонуншиканиҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор медиҳанд.

 

Моддаи 111. Ӯҳдадориҳои воҳидҳои полиси андоз

Полиси андоз мувофиқи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ӯҳдадор аст, ки :

а) ариза, хабар ва дигар маълумотро дар бораи xиноятҳо ва вайронкуниҳои андоз қабул карда ба қайд гирад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун санxида барояд;

б) амнияти фаъолияти мақомоти андоз, муҳофизати кормандони онҳоро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва амнияти худашротаъмин намояд;

в) дар доираи салоҳияташ ҳукм, ҳалнома, таъинот ва қарорҳои судҳо, супоришоти хаттии прокурорҳо ва муфаттишонро дар бораи иҷрои амалҳои пешбининамудаи қонун аз  рӯи парвандаҳо оид ба вайрон кардани қонунгузории андоз иҷро кунад;

г) ба мақомоти прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, амният   вадигар мақомоти андоз дар кори ошкор намудани қонунвайронкуниҳо мусоидат намояд;

д) сирри давлатӣ ва хизматиро нигоҳ дорад;

е) тадбирҳои фаврию xустуxӯи гузаронад ва бомақсади ошкор намудан ва тафтиши xиноят ва вайронкуниҳои андоз бо таҳқиқ ва   тафтиши пешакӣ машғул шавад;

ж) xиноят ва дигар қонунвайронкуниҳои марбут ба напардохтани андозҳо, пинҳон доштан ё кам нишон додани фоида (даромадҳо), пинҳон доштани объектҳои андозбандӣ аз тарафи шахсони юридикӣ ва воқеӣ ва дигар усулҳои сар кашидан аз пардохти андозҳо, инчунин дигар xинояту қонунвайронкуниҳоеро, ки ба давлат дар натиxаи ворид нагардидан ва бақияи андоз зарар мерасонанд, ошкор ва пешгирӣ намояд.

 

Моддаи 112. ҳуқуқҳои воҳидҳои полиси андоз

  1. Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба полиси андоз ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:

а) бо супориши хаттии роҳбари мақомоти андоз (Раис, сардор) бо тартиб додани акт фаъолияти андозсупорандагонро санxиш кунад (аз xумла назоратӣ).

б) ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро санxиш кунад, агар барои дар вайрон кардани қонунгузории андоз гумонбар донистани онҳо асосҳои ко   фӣ вуxуд дошта бошад;

в) дар ҳолатҳои фаврӣ воситаҳои алоқа ва нақлиёти корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ё иттиҳодияҳо xамъиятиро (ба ғайр аз воситаҳои алоқа ва нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо        вадигармуассисаҳоидавлатҳои хориxӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва шахсӣ) барои пешгирӣ намудани xиноятҳои андоз, таъқиб ва дастгир намудани шахсони xинояти андоз содир намуда ё дар содир    нам удани  онҳо гумонбар истифода барад. Воҳидҳои полиси андоз бо талаби соҳибони воситаҳои алоқа ва нақлиёт зарар ва хароxоти дар ин маврид ба соҳибони онҳо расонидашударо xуброн мекунанд;

г) ҳангоми вайрон кардани қонунгузории андоз боздошти маъмурӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоянд;

д) бо супориши хаттии роҳбари (Раиси, сардор) мақомоти андоз амволи шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеиро ба ҳабс гирад ва минбаъд онро мувофиқи тартиби мӯкарраршуда дар мавриди аз тарафи шахсони мазкур иҷро нагардиданиӯҳдадориҳо оид ба пардохти андоз барои таъмин намудани саривақт ба буxет ва фондҳои давлатӣ дохил гардидани андоз, фурӯшад;

е) дар доираи салоҳияти политсияи андоз ашхос, ашёҳо ва фактҳоро ба ҳисоб гирад;

ж) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» яроқи оташфишони табелӣ нигоҳ дорад, бо худ гирифта гардад ва истифода барад. Аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои махсус ва қувваи xисмонӣ истифода барад;

з) мувофиқи қонунгузории Xумиҳурии Тоҷикистон тадбирҳои фаврию xустуxӯи гузаронад ва бо мақсади ошкор намудан ва тафтиш, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани xинояту вайронкуниҳои андоз, инчунин таъмини амнияти фаъолияти мақомоти андоз бо таҳқиқу тафтиши пешакӣ машғул шавад.

  1. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои воҳидҳои полиси андозро Сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ мутобиқи қонунгузории xории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 113. Хизмат дар воҳидҳои полиси андоз

  1. Ба хизмати полиси андоз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон на xавонтар аз 20 ва на калонтар аз 35 сола мебошадва аз хизмати ҳақиқии ҳарбӣ гузаштаанд, қабул карда мешаванд. ҳангоми таъмин намудан ба вазифаҳои роҳбарии полиси андоз синну соли ниҳоӣ ба назар гирифта намешавад. Шахсе, ки барои содирнамудани xиноят маҳкум шудааст дар полиси андоз ба хизмат гирифта намешавад.
  2. Кормандони полиси андоз Савганд ёд мекунад. Матни Савганд ва тартиби қабули онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад
  3. Шахсони ӯҳдадори ҳарбӣ, ки ба вази фаи ҳайати вааттестатсияи полиси андоз гузашта таъин мешаванд, мувофиқи тартиби муқарраршуда аз ҳисоби ҳарбӣ бароварда, дар ҳисоби махсуси воҳидҳои андоз гузошта       мешаванд.
  4. Тартиби гузаштани хизмат бо Низомномаи тартиби гузаштани хизмат дар воҳидҳои полиси андози мақомоти андоз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешавад.
  5. Барои хизмат дар маҳаллҳои баландкӯҳ ва ноҳияҳои иқлимашон сахт мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда иловапулӣ муқаррар карда мешавад.
  6. ҳангоми ба воҳидҳои полиси андоз ба кор гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки унвонҳои ҳарбӣ, махсус ва рутбаҳои дараxавӣ доранд, собиқаи хизматашон дар xои кори пештара ба хизмати дарозмуддат барои таъин намудани нафақа ва иловапулӣ барои хизмати дарозмуддат ҳисоб карда мешавад.
  7. Барои кормандони полиси андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии умумии вақти корӣ муқаррар карда мешавад. ҳангоми зарурат кормандони полиси андозро ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ илова ба вақти муқарраршуда, инчунин шабона, дар рӯзҳои истироҳат ва ид даъват кардан мумкин аст.
  8. Ба кормандони полиси андоз мувофиқи Низомномаи гузаштани хизмат дар воҳидҳои полиси андози мақомоти андоз рухсатиҳои навбатӣ ва иловагии пулакӣ дода мешавад.

 

Моддаи 114. Аз тарафи кормандони воҳидҳои полиси андоз истифода бурдани қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқ

Кормандони полиси андоз қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқро ҳангоми таҳдиди хатар ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин барои пешгирӣ намудани xиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир намудани шахсони xиноят ё ҳуқуқвайронкуниҳо содир намуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» истифода мебаранд, агар дигар усулҳо иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони полиси андоз гузошташударо таъмин накунанд.

 

БОБИ 15. МУҲОФИЗАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 115. ҳимояи ҳуқуқии кормандони мақомоти андоз

  1. Кормандони мақомоти андоз намояндагони ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талаботи қонунии онҳо дар доираи ваколатҳояшон барои иҷрои шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад. ҳеx кас ҳақ надорад, ки ба фаъолияти қонунии мақомоти андоз дахолат кунад, ба ғайр аз шахсоне, ки бо ҳамин Кодекс ба ин ваколатдор карда шудаанд.
  2. Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии кормандони андоз, таҳқир кардани шаъну эътибори онҳо, таҳдид муқобилият, зурӣ ва суиқасд ба ҳаёт, саломатӣ ва амвол вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматии онҳо xавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қибол доранд.
  3. Муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну эътибор ва амволи аъзои оилаи кормандони мақомоти андоз аз суиқасди xинояткорона вобаста ба иҷрои вазифаи хизматӣ аз xониби кормандони мақомот бо ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.

 

Моддаи 116. Таъминоти моддӣ ва иxтимоию маишии кормандони мақомоти андоз ва аъзои оилаи онҳо

  1. Давлат ҳифзи иxтимоии кормандони мақомоти андозро кафолат медиҳад.
  2. Ҳамаи кормандони мақомоти андоз бояд аз ҳисоби буxети xумҳуриявӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда шаванд.
  3. Зараре, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон бо амволи корманди мақомоти андоз расонда шудааст, аз ҳисоби буxети дахлдор пурра баргардонда шуда, минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳгор рӯёнда мешавад.
  4. Алоқаи гум ё вайрон шудани амвол, инчунин зарари ба саломатӣ ва ҳаёти корманди мақомоти андоз расонидашударо бо иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо андози болоӣ тасдиқ мекунад.
  5. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ вафот кардани мақомоти андоз ё фавти вай (баъди аз хизмат озод шудани вай низ) дар натиxаи захмдор шудан, контузия, касалӣ, кидавраи гузаштани хизмат ба онҳо гирифтор шудааст, бо аҳли оилаи шахси ҳалокгардида (фавтида) ва шахсони дар таъминоти вай буда, ба андозаи маоши панxсолаи хизматиаш аз ҳисоби буxети xумҳурӣ ёрдампулии яквақта дода, минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳгор ситонида мешавад.
  6. Дар сурати вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ захмдор гардидани корманди мақомоти андоз, ки натиxаи он давом додани хизмат аз тарафи корманд ғайриимкон мегардад, ба вай аз ҳисоби буxети xумҳурӣ ба андозаи маоши сесола ёрдампулии яквақта дода, минбаъда он аз шахсони гунаҳгор ситонида мешавад.
  7. Кормандони мақомоти андоз, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, ҳуқуқи дар меҳмонхона брон кардан ва беавбат гирифтани xой, харидани ҳуxxатҳои сафар ба тамоми намудҳои нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
  8. Намуд ва андозаҳои таъминоти моддӣ, аз xумла намуд ва андозаҳои маоши кормандони мақомоти андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  9. Таъминоти нафақаи кормандони воҳидҳои полиси андоз ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи меъёр ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» сурат мегирад.
  10. Кормандони воҳидҳои полиси андоз ба гирифтани ссудаҳои (қарзҳои) бефоиз барои сохтмони инфиродӣ ва кооперативию манзилӣ бо дароз кардани мӯҳлати пардохти он ба муддати 20 соли тақвимӣ ҳуқуқ доранд. Ба кормандони полиси андоз барои пардохти ҳаққи манзил дар хонаҳо, сарфи назар аз шакли фонди манзил, хизматрасонии коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ) ва сӯзишворӣ (ба истиснои пардохти гази табиӣ) тахфиф (скидка) муқаррар карда мешавад. Маблағи имтиёзҳои дар банди мазкур пешбинишуда аз ҳисоби буxети давлатӣ талофӣ мешаванд.
  11. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) метавонанд манзили истиқоматии онҳоро бо шартҳои имтиёзнок ба моликияти шахсии онҳо фурӯшад, ба шахсоне, ки на камтар аз 20 сол собиқаи корӣ доранд, инчунин ба оилаҳои кормандони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокгардида манзили истиқоматиашонро бепул хусусӣ гардонанд.
  12. Дар сурати ҳалок гардидани (вафот кардани) корманди полиси андоз вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба оилаи шахси ҳалокгардида (вафот карда) ҳуқуқи гирифтани манзил дар асосҳое, ки ҳангоми ба ҳисоб мондан вуxуд доштанд, нигоҳ дошта мешавад.
  13. Маоши хизматии кормандони мақомоти андоз, ки унвони илмии доктор ё номзади илмиро аз рӯи тахассуси кор доранд, то 30 фоиз карда мешавад.
  14. Кормандони мақомоти андоз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи намудҳои нақлиёти xамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба ғайр аз таксӣ), инчунин дар поездҳо дар ҳудуди участкаҳое, кихизмат мерасонад, дар деҳот бошад, дар нақлиёти роҳ ҳуқуқи бепул савор шуданро доранд.

 

ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС

 

ФАСЛИ IV. АНДОЗИ ДАРОМАД АЗ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

 

БОБИ 16. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 117. Андозсупорандагон

Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо - шахсони воқеӣ супорандагони андоз аз даромад мебошанд.

 

Моддаи 118. Объекти андозбандӣ

  1. Барои резидентҳо даромади андозбандишавандаи онҳо, ки ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағҳои нигоҳ дошташуда, ки ҳамин Кодекс барои ин давра пешбинӣ кардааст, объекти андозбандишавандаи андози фоида ба ҳисобмеравад.
  2. Андозсупоранда - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаи доимӣ фаъолият мекунад, нибат ба даромади андозбандишавандаи марбут ба муассисаи доимӣ, ки ҳамчун фарқи байни даромади умумии дар соли тақвимӣ аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доими (моддаҳои 27 (21) (в) ва маблағҳои нигоҳдошташуда, ки ҳамин Кодекс нисбат ба чунин даромад барои ин давра пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад, супоридани андози фоида мебошад.
  3. Даромади умумии ғайрирезидент, ки дар банди 2 ҳамин модда нишон дода нашудааст, бояд аз манбаи пардохт бидуни нигоҳ доштани маблағҳо андозбандӣ шавад, агар ин дар моддаи 149 пешбинӣ шуда бошад.
  4. Шахси воқеӣ - ғайрирезидент, ки аз меҳнати кироя дар манбаи дар Ҷумҳурии Тоxи кистон буда  ё фурӯш ё додани амвол даромад мегирад, аз чунин даромади умумӣ дар соли тақвимӣ бо кам кардани маблағҳои нигоҳ дошташуда, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст ва ба ҳисоби чунин даромад дар ин  давра дохил карда мешаванд, супорандаи андоз аз фоида мебошад.

 

Моддаи 119. Даромади умумӣ

  1. Даромади умумии андозсупоранда - резидент аз даромаде, ки вай аз манбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз қаламрави ба даст меорад, иборат мебошад.
  2. Даромади умумии андозсупоранда - ғайрирезидент аз даромадҳои манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ба даст овардаи вай иборат мебошад.
  3. ҳамаи намудҳои даромад, ба ғайр аз даромадҳое, ки мувофиқи ҳамин Кодекс аз андози даромад озод карда шудаанд, ба даромади умумӣ дохил мешаванд, аз xумла:

а) даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шуданаанд;                       

б) даромадҳо аз фаъолияти иқтисодӣ, ки кори кироя шудаанд;

в) ҳамагуна даромади дигар.

 

Моддаи 120.  Даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта мешаванд 

  1. Ҳамагуна маблағҳо ё  фоидаҳо, ки шахси воқеӣ аз меҳнати кироя ба даст меорад, аз xумла даромадҳо аз  кори пештараи кироя, даромадҳои дар шакли нафақа ё шакли дигар гирифташуда  ё даромадҳо аз кори дар пешистодаи кироя ҳамчун даромадҳои аз музди меҳнат гирифташуда ҳисоб меёбад.
  2. Барои мақсадҳои банди 1 ҳамин модда арзиши фоида ба маблағи дар зер нишон додашуда бо кам кардани ҳамагуна маблағи барои фоидаи гирифташуда пардохтаи корманд баробар аст:

а) дар мавриди автомашинаи кадом намуде, ки бошад - 0,02 фоизи арзиши автомашинаи нави чунин намуд дар аввали соли андозсупорӣ барои ҳар як рӯзе, ки дар муддати он автомашина барои истифодабарӣ бо мақсадҳои шахсӣ дар ихтиёрӣ корманд будааст, ба истиснои рафту омад ба кор ва хона барои хизматчиёни давлатӣ;

б) дар мавриди ссуда (қарз) бо маблағи фоизии пастар аз маблағҳои бозорӣ аз рӯи чунин ссудаҳо - маблағи баробари фоизҳое, ки бояд аз рӯи ставкаҳои бозорӣ супорида шавад;

в) дар мавриди фурӯхтан ё беподош додани молҳо, иҷрои кор ё хизматрасонии корфармо ба кормандони худ - арзиши бозории чунин молҳо, кор ва хизматҳо;

г) дар мавриди расонидани ёрӣ дар кори гирифтани маълумот бакоргар ва ё шахсони дар таъминоташ буда (ба истиснои барномаи тайёрӣ, ки бо иҷрои вазифаҳои корманд бевосита алоқаманд  аст) - арзиши ёрӣ барои корфармо дар гирифтани маълумот;

д) дар мавриди талофии хароxот ба коргар - маблағи талофӣ;

е) дар мавриди бахшидани қарз ё  ӯҳдадориии корманд нисбат ба корфармо - маблағи қарз ё ӯҳдадорӣ;

ж) дар мавриди додани мукофоти суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ, инчунин дигар маблағҳои ба ҳамин монанд аз xониби корфармо - арзиши ин мукофот ё маблағҳо барои корфармо;

з) дар ҳамагуна ҳолати дигар - арзиши бозории фоида тибқи моддаи 26;

  1. Ба даромади умумӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талофии хароxоти сафар, инчунин талофи харочотҳои сафар, ки Ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, дигар ашхоси ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳо аз ҳисоби маблағҳои шахсони номбаршуда мепардозанд, дохил карда намешавад.
  2. Ба даромади умумӣ маблағҳо намояндагӣ ва дигар хароxоти ба ҳамин монанд (хароxот барои гузаронидани тантанаҳо, xоба xокунии меҳмонон ва ғайраҳо) дохил карда намешавад.
  3. Ба арзишу хароxотҳои дар банди 2 ҳамин модда зикршуда аксизҳо, андоз аз арзиши иловашуда ва ҳамагуна андози дигареро, ки бояд корфармо вобаста ба муомилоти мавриди назар пардохта шавад, дарбар мегиранд.
  4. Ба даромади умумии шахсони воқеӣ маблағҳои иxтимоии тибқи фасли IX ҳамин Кодекс пардохташавандаро дарбар мегирад.

 

Моддаи 121. Даромадҳо аз фаъолиятие,  ки  ба меҳнати кироя нест

  1. Даромадҳои зерин даромадҳо аз фаъолияти иқтисодие мебошанд, киба меҳнати кироя дохил намешаванд:

а) даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз xумла:

- фоида аз фурӯш ё додани активҳое, ки барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд;

- даромаде, ки барои розигӣ аз маҳдуд кардани фаъолияти соҳибкорӣ ё бастани корхона ба даст оварда шудааст;

- маблағе, ки аз фурӯши воситаҳои асосӣ гирифташуда мувофиқи банди 7 моддаи 138 ба даромад дохил  карда шудааст;

- маблағҳои нигоҳ дошташуда, ки мувофиқи моддаи 165 xуброн карда мешаванд;

б) даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкории иқтисодӣ, аз  xумла:

- даромади фоизҳо;

- дивидендҳо;

- даромадҳо аз ба  иxора додан ё ба кироя гирифтани амвол;

- роялти;

- маблағи бахшидани қарзи андозсупоранда аз тарафи қарздиҳандагони вай;

 - фоида аз фурӯш ё додани активҳо;

- ҳамагуна даромади дигар, ки маънои зиёд шудани арзиши                    акти вҳои андозсупорандаро  дорад, ба ғайр аз музди меҳнат.

  1. Соҳибкорони инфиродӣ, ба истиснои супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, метавонанд бо андоз аз даромад ва пардохти иxтимоӣ дар асоси патент ё дигар низоми соддашуда аз рӯи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, фаро гирифта шаванд.
  2. Соҳибкорони инфиродие, ки супорандагони андоз аз даромад ва пардохти иxтимоӣ дар асоси патент ё дигар низоми соддашуда намебошанд, ин андозҳоро мутобиқи муқаррароти фаслҳои IV, V, VI, IХ Кодекси мазкур мепардозанд.

 

Моддаи 122. Тасҳеҳи даромади умумӣ

Дивидендҳо ва фоизҳое, ки шахсони воқеӣ гирифтаанд ва пештар дар манбаи пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ шудаанд, мутобиқи моддаҳои 147 ва 148 бояд аз даромади умумӣ хориx карда шаванд.

 

Моддаи 123. ҳуқуқ ба маблағҳои тарҳшаванда

  1. Шахси воқеӣ ба тарҳшавии маблағи баробар ба андозаи ҳадди ақали даромади андози даромад басташаванда, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, барои ҳар як моҳи сол ҳуқуқ дорад. Нисбати шахси воқеии корманд, тарҳ намудани маблағҳои танҳо роxеъ ба музди меҳнат дар xои асосӣ мумкин аст.
  2. Шахсони воқеии зерин ба маблағи тарҳшаванда барои ҳар як моҳи соли андозбандӣ ба андозаи панxоҳкаратаи ҳадди ақали андозбандишаванда, ки дар банди 1 ҳамин модда муқаррар шудааст, ҳуқуқ доранд:

а) Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон, шахсони бо ҳамаи се дараxаи ордени Шараф мукофотонидашуда, инчунин маъюбони давраи бачагӣ ва маъбони гурӯҳи 1 ва 2;

б) иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ  ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дигар муҳорибаҳои ҳарбӣ оид ба ҳифзи СССР  аз xумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои бо армияи амалкунанда ва собиқ партизанҳо дохилбуда хизмат кардаанд, xанговарони интернационалист;

в) шаҳрвандони беморшуда ва ба бемории шуоъ гирифтор гардида, ки дар натиxаи садама дар объектҳои атомӣ ба амал омадааст;  шахсони дар бартараф намудани оқибатҳои чунин садамаҳо дар ҳудуди минтақаи xудокунӣ иштирок истифодабарӣ ё дигар корҳо дар объектҳои атомӣ машғул буданд.

  1. Шахси воқеӣ - соҳибкор ба маблағҳои тарҳшавандаи пардохти иxтимоӣ, ки тибқи боби 34 ҳамин Кодекс пардохта мешаванд, ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 124. Меъёри маблағҳои андози даромад

  1. Аз даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз рӯи меъёри андоз гирифта мешавад:

 

 

Андозаи даромаде, ки  аз  он андоз  аз даромад гирифта мешавад

               Маблағи  андоз

  

   1.

 

Аз ҳадди ақали даромаде, ки аз он андози даромад гирифта намешавад, зиёд нест

 

Андоз  аз даромад гирифта намешавад           

   2.

Аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали даромади андозбандишаванда то 100 каратаи ҳадди ақали андози даромади андозбандӣ нашаванда

10 фоизи маблағи зиёда аз ҳадди  ақали даромади андозибандишаванда

   3.

Аз маблағи зиёда зиёда аз ҳадди ақали 100                      каратаи даромаде, ки аз он андози даромад гирифта намешавад то ҳадди ақали 150 каратае, ки аз он андоз аз даромад гирифта намешавад              

Маблағи андози сатри 2 xамъи 15 фоиз аз маблағӣ зиёда аз ҳадди ақали 14 каратае, ки аз он андози даромад гирифта намешавад

   4.

Аз  маблағе, ки аз ҳадди ақали 150 каратае, ки аз он андоз аз даромад гирифта намешавад

Маблағи  андози сатри 3 xамъи 20 фоизи маблағи зиёда аз ҳадди ақали 21                               каратае,ки аз он андози даромад гирифта намешавад

 

  1. Барои мақсадҳои андозбандӣ андозаи даромаде, ки аз он андоз аз даромад гирифта мешавад ва андозаи ҳадди ақали даромад, ки аз  он андоз аз даромад гирифта намешавад аз рӯи xамъбасти афзоянда аз аввлаи сол (маблағҳои даромадҳои моҳона ва ҳадди ақали даромадҳои моҳона, ки аз онҳо андоз аз даромад гирифта намешавад барои давраи дахлдор аз аввали сол) ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Аз даромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ барои иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад аз рӯи ставкаи ягонаи 20 фоиза андоз аз даромад гирифта мешавад.

 

                Моддаи 125. Озод кардан аз пардохти даромади андоз

  1. Аз намудҳои зерини даромади шахсони воқеӣ андози даромад гирифта намешавад:

                а) даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ ё консулии шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;

                б) даромад аз  меҳнати кирояи шахсоне, ки резидент ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андозсупорӣ камтар аз 90 рӯз истиқомат дошта бошанд, агар ин даромадро корфармо  ё аз номи вай аз ҳисоби маблағҳои корфармо, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест пардохта шуда бошад ва онро муассисаи доимии ғайрирезидент намепардозад;

                в) арзиши амвол, ки дар шакли тӯҳфа ё мерос гирифта бошад, ба ғайр аз даромадҳо аз ин амвол, инчунин  амволи дар шакли музди меҳнат гирифташуда;

                г) арзиши тӯҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ),  инчунин тӯҳфаҳои дар конкурсу мусобиқаҳои байналхалқию  xумҳуриявӣ аз      xумла дар шакли пул гирифташуда, ки ҳадди ақали 12 каратаи ҳадди        ақали даромадҳо, ки аз онҳо андоз аз даромад гирифта намешавад, зиёд нест;

                д) нафақаҳои давлатӣ, стипендиҳои давлатӣ ва ёрдампулиҳои давлатӣ, аз xумла пардохтҳо ва ёрдампулиҳо аз  рӯи ҳомилагӣ ва таваллуд, вобаста ба гум кардани қобилияти корӣ дар натиxаи захмдор шудан ё расонидани дигар зиён ба саломатӣ ва вобаста ба гум кардани саробон;

                е) алиментҳо аз шахсоне, ки алимент мегиранд;

                ж) пардохтҳои яквақта ва ёрии моддӣ аз ҳисоби буxет, инчунин  ёрии башардӯстона, аз xумла ҳангоми офатҳои табиат;

                з) даромад аз фурӯш ё додани амволи ғайриманқули моддии шахсони воқеӣ, ки дар тӯли 5 соли охир xои асосии истиқомати андозсупоранда аст;

                и) даромад аз фурӯш ё додани амволи манқули моддии шахси воқеӣ, ба ғайр аз амволе, ки андозсупоранда дар фаъолияти  соҳибкорӣ истифода мебарад (истифода бурдааст).

                к) маблағи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

                л) суғуртапулиҳои дар натиxаи фавти ашхоси суғурташуда ва суғуртапулиҳое, ки мувофиқи қарордодҳои хусусияти замкунӣ ва баргардондашаванда дар ҳудуди пардохтҳои супоридашуда ба ҳисоби ҳамин қарордодҳо гирифта шудааст;

                м) даромад аз фурӯши маҳсулоти хоxагии ёрирасони шахсии деҳот бидуни коркарди саноатии он;

                н) маблағи таъминоти пулӣ,  мукофотпулиҳо ва дигар маблағҳое,  ки      вобастаба адои хизмати (иҷрои вазифаҳои хизматӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи Вазорати мудофиа, корҳои дохилӣ, амният, кумитаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ, оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Саридораи полиси андоз ва департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Горди Президент, инчунин шахсони ӯҳдадори ҳарбие, ки ба xамъомадҳои таълимӣ ё санxишӣ даъват шудаанд.

                о) маблағҳое,  ки аз додани хун гирифта шудаанд;

                п) бурдҳо аз рӯи заёмҳои давлатӣ ва лотереяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

               

 

ФАСЛИ V. АНДОЗ АЗ ФОИДАИ ҲУҚУҚӢ (ЮРИДИКӢ)

 

БОБИ 17. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

                Моддаи 126. Андозсупорандагон

                1.Андозсупорандагони андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) (минбаъд «андоз аз фоида») корхонаҳои резидентӣ ва хориxӣ мебошад.

  1. ҳамагуна субъекти хориxӣ, ки шахси воқеӣ нест, барои мақсадҳои ҳамин фасл ба сифати корхона ҳисобида мешавад, агар он исбот накунад,        ки он тибқи моддаи 161 бояд ба сифати моликияти муштарак ҳисобида шавад.            

 

                Моддаи 127. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти а ндозбандӣ корхонаи резидентӣ фоидаи вай ба ҳисоб меравад. Фоида фарқи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва маблағҳои тибқи боби 19 нигоҳ дошташуда мебошад. Барои      мақсадҳои ҳамин модда даромади умумӣ мувофиқи муқаррароти моддаи 119 (аз xумла тамоми маблағҳое, ки сабаби зиёдшудани арзиши софи активҳои андозсупоранда мегарданд, ба ғайр аз маблағҳое, ки аз андози фоида озод карда шудаанд) муайян мешавад
  2. Объекти андозбандии корхонаи хориxӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи доимӣ фаъолият мекунад, фоидаи аз ин фаъолият ба даст оварда, яъне даромади умумӣ аз манбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муассисаи доимӣ марбутанд ва ба миқдори маблағҳои нисбат ба чунин даромад пешбинӣ намудаи ҳамин Кодекс нигоҳ дошташуда кам карда шудаанд, мебошад.   
  3. намудҳои даромади умумии корхонаи хориxӣ, кидар моддаи 149 пешбинӣ шудаанд ва бо муассисаи доимии он алоқаманд нестанд, бояд дар манбаи пардохт бидуни нигоҳ доштани маблағҳо андозбандӣ шаванд, агар манбаи даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ  гардида бошад.
  4. Дар сурати аз xониби корхонаи хориxӣ гирифтани даромад аз фурӯш ё додани амволи бо муассисаи доимии вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд набуда, объекти андозбандии вай фоидаи аз ин фаъолият ба даст овардаи ӯ, яъне даромади умумии ин намуд аз манбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли тақвимӣ, ки аз он маблағҳои тибқи ҳамин Кодекс пешбининамуда нигоҳ дошташуда кам карда шуда, дар ин давра ба ҳамин гуна даромад таалуқ доранд, мебошанд.

 

                Моддаи 128. Меъёри андоз

  1. Бо назардошти бандҳои 2 ва 3 фоидаи корхонаҳо бояд мутобиқи меъёри 30 фоиз андоз гирифта шавад.
  2. Аз намудҳои даромади умумии корхонаҳои хориxӣ, ки дар банди 3 моддаи 127 пешбинӣ шудаанд, мувофиқи моддаи 149 аз рӯи меъёр андоз гирифта мешавад.
  3. Аз фоидаи корхонаи хориxӣ дар мавридҳои пешбининамудаи банди 4 моддаи 127 аз рӯи меъёри 30 фоиз андоз гирифта мешавад.

 

                Моддаи 129. Имтиёзот

                Аз супоридани андоз аз фоида озод карда мешаванд:

                а) ташкилотҳои динӣ, хайрия, буxети байни давлатӣ ва байниҳукуматӣ, ба истиснои фоидаи аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифтаи онҳо;

                б) маблағҳои беподош гузароиндашуда, аъзоҳақӣ ва маблағҳои хайрия, ки ташкилотҳо мегиранд;

                в) Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

                г) дивидендҳое, ки аз корхонаи резидентӣ гирифтааст;

                д) корхонаҳое, ки моликияти онҳо ба xамъияти  маъюбон  (нобиноён,   карҳо) таалуқ доранд, дар сурати;

е) корхонаҳои дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ташкилшаванда, ба истинои корхонаҳои коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ, бо назардошти миқдори минималии сармоягузорӣ ва амалан ба фонди оинномавӣ ворид намудани ҳаxмҳои дар зер нишондодашудаи сармоягузорӣ ба мӯҳлати:

- 2 сол, агар ҳаxми сармоягузорӣ эквиваленти то 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил диҳад;

- 3 сол, агар ҳаxми сармоягузорӣ эквиваленти аз 500 ҳазор то 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад;

- 4 сол, агар ҳаxми сармоягузорӣ эквиваленти аз 2 млн. то 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад;

- 5 сол, агар ҳаxми сармоягузорӣ эквиваленти аз 5 млн. доллари ИМА зиёд бошад.

Мӯҳлати бештари пешниҳоди имтиёзҳои зикршуда аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ аз 5 сол зиёд шуда наметавонад.

                а) на камтар аз 50% шумораи коркунонро   маъюбон, нобиноён, карҳо  ташкил медиҳанд;

                б) на камтар аз 50% маблағҳои фонди музди меҳнат ва мукофотпулиҳо (аз он xумла мукофотҳое, ки дар шакли натуравӣ дода шуда) дар давраи солонаи ҳисоботии андоз барои эҳтиёxи маъюбон (ноибноён, карҳо) харx шудааст.

 

ФАСЛИ VI.  МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА АНДОЗ АЗ ФОИДА  ВА   АНДОЗИ  ДАРОМАД

 

БОБИ18. ҚОИДА ВА МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

                Моддаи 130.   Доираи истифодабарӣ

                ҳамин фасл барои ма  қсадҳои андози дар омад (Фасли IV) ва андоз     аз фоида (Фасли V) татбиқ карда мешавад.

 

БОБИ 19. МАБЛАҒҲОИ АЗ ДАРОМАДИ УМУМӢ ГИРИФТАШАВАНДА

 

                Моддаи 131. Хароxоти бо гирифтани даромад алоқаманд

                Аз даромади умумӣ тамоми хароxоти марбут ба гирифтани чунин даромад, аз xумла хароxотҳои вобаста ба пардохти андозҳо, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, бо назардошти маҳдудиятҳое, ки моддаи 143 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, хароxотҳои доир ба пардохти музди меҳнат, пешкаш намудани неъматҳои моддӣ ва иxтимоӣ ба кормандон, ки бо андози даромад андозбандӣ шудаанд, ашёи хом, мавод (захираҳои молию маводӣ), энергия, ба ғайр аз хароxот барои харидани воситаҳои асосӣ ва шинонидани онҳо, инчунин дигар хароxоти дорои хусусияти асосӣ мутобиқи моддаи 167 ва хароxоте, ки мутобиқи моддаи 132 ва дигар муқаррароти ҳамин фасл аз  о нбояд маблағ ситонида нашавад, бароварда мешавад.

 

                Моддаи 132. Хароxоте, ки ҳангоми андо збан дӣ тарҳ намешаванд

  1. Тарҳкунии маблағ нисбати хароxоти бо фаъолияти иқтисодӣ алоқаманд набуда роҳ дода намешавад. Тарҳкунии маблағ нисбати хароxоти сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории иншоотҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолоти асосӣ) алоқаманд набуда роҳ дода намешавад.
  2. Тарҳкунии маблағҳои дар ҳамин боб пешбинишуда роҳ дода намешавад, агар онҳо ба талаботи моддаи 131 мутобиқат накунанд.
  3. Нисбати хароxоти намояндагӣ вадигар хароxоти ба он монанд (барои гузароиндани тантанаҳо, xобаxокунии меҳмонон ва ғайра) ягон навъи тарҳкунии маблағ роҳ дода  намешавад.
  4. Банди 3 ҳамин модда нисбати андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкории вай дорои хусусияти шавқангезӣ дорад татбиқ намегардад, агар хароxот дар доираи чунин амалиёт ба амал бароварда шавад.
  5. Тарҳкунии маблағҳо нисбати ҳиссаxудокуниҳо ба фондҳои эҳтиёxӣ танҳо мутобиқи муқаррароти моддаҳои 135 ва 136 ба амал бароварда мешавад.
  6. Шахсони воқеӣ наметавонанд хароxоти барои истифодабарии шахсӣ сарфшуда ё хароxоти вобаста ба меҳнати кирояашро аз ҳисоб бароранд.

 

                Моддаи 133. Тарҳ намудани маблағ барои пардохтҳои хайрия

                Сарфи назар аз муқаррароти дар моддаи 132 зикршуда, тарҳ намудани маблағҳо барои пардохти ташкилотҳои хайрия ва ба амал баровардани фаъолияти хайрия мутобиқи бандҳои 2 ва 3 моддаи 11 ба андозаи маблағҳои  амалан пардохташуда, вале на зиёда аз 2 фоизи фоидаи (даромади) андозбандӣ  шаванда (ки бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи тибқи ҳамин модда нигоҳ дошташуда муайян карда мешавад), иxозат дода мещавад. Дар сурати пардохт дар шакли амвол маблағи амалан пардохташуда   маблағи аз ду андоза камтарин - арзиши бозории амвол ё арзиши аслии он ҳисоб карда  мешавад.

 

                Моддаи 134. Маҳдуд кардани  маблағҳои тарҳшаванда нисбати фоизҳо

  1. Агар дар банди 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ           нашуда бошад, фоизҳои амалан пардохташуда (фоизҳое, ки ҳангоми истифода бурдани усули ҳисоб кардан бояд пардохташаванда) барои ҳар як қарз тарҳ карда мешаванд, аммо ба андозаи на зиёда 125 фоизи андозаи меъёри қарзи музоядаи байнибонкии қарзии Бонки миллии  Тоҷикистон.
  2. Дар мавриди корхонае, ки зиёда аз 20 фоизи сармояи оинномавиаш бевосита ё бавосита ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии (юридикии) аз андоз аз фоида аз рӯи ҳар як қарзи дар доираи давраи андозсупорӣ истифодашуда озод кардашуда таалуқ доранд, фоизҳои пардохташуда мувофиқи банди 1 ҳамин моддатарҳ карда мешаванд, аммо дар айни ҳол маблағи максималии фоизҳое, ки бояд мутобиқи банди 1 ҳамин модда тарҳ карда шаванд, ба маблағи зерин маҳдуд карда мешаванд:

                а) ҳамагуна даромади фоизии чунин корхона, xамъи;

                б) 50 фоизи даромади умумии ин корхона (ба ғайр аз даромади фоизӣ), ки ба миқдори маблағҳои нигоҳ дошташавандаи иxозат додашуда кам кардашудааст  ватибқи ҳамин боб роҳ дода мешаванд, ба ғайр аз маблағҳои нигоҳ дошташаванда нисбат ба фоизҳо.

 

                Моддаи 135. Маблағҳои тарҳ кардашуда нисбат ба қарзҳои шубҳанок

  1. Андозсупорандагон барои тарҳ намудани маблағҳо нисбат ба қарзҳои шубҳаноки марбут ба молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, агар даромади марбут ба онҳо, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифта шудааст, пештар ба даромади умумӣ дохил карда шуда бошад, ба тарҳ намудани маблағ ҳуқуқ доранд.
  2. Тарҳ намудани маблағ нисбат ба қарзҳои шубҳанок дар лаҳзаи аз ҳсиоб баровардани аз китобҳои муҳосибавии андозсупоранда ҳамчун маблағи арзиш надошта роҳ дода мешавад роҳ дода мешавад.
  3. Бонкҳо барои тарҳкунии пардохтҳо ба захираи пушонидани талафоти имконпазир аз рӯи кредитҳо (қарзҳо) (минбаъд дар ин банд захира), мутобиқи қоидаҳои ташаккули ин захира ва таснифи кредитҳо (қарзҳо), ки Бонки милии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ доранд. Тарҳкуни нисбати пардохтҳо ба захира аз рӯи ҳамаи гурӯҳҳои кредитҳо (карзҳо), ба истиснои пардохтҳо аз рӯи кредитҳои (қарзҳои) стандарти, роҳ дода мешавад. Маблағи рухсатдодашудаи тарҳкуни дар солҳои 2002 ва 2003 - 100 фоиз, дар соли 2004 ва солҳои минбаъда - 90 фоизи бузургиеро, ки аз  рӯи пардохтҳо барои ҳамаи гурӯҳҳои кредитҳо (қарзҳо), ба истиснои пардохтҳо аз рӯи кредитҳои (қарзҳои) стандарти бо тартиби зайл муайяи карда мешавад: бузургии захира дар охири сол тарҳи бузургии захира дар оғози сол xамьи пардохтҳо ба захира аз рӯи кредитҳои (қарзҳои) беэътимоди аз ҳисоб соқитшуда тарҳи пардохтҳо ба захира аз рӯи кредитҳои (қарзҳои) воқеан баргардонидашуда.

 

                Моддаи 136. Тарҳ намудани маблағҳо нисбат ба ҳимссаxудокунӣ ба фондҳои эҳтиётии суғурта

                Шахси ҳуқуқии (юридикии) машғули фаъолияти суғурта ҳуқуқ дорад, ки аз ҳиссаxудокуниҳо ба ф ондҳои эҳтиётии суғурта тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ тарҳ намояд.

 

                Моддаи 137. Тарҳ намудани маблағ аз хароxот барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таxрибавии конструкторӣ

                Аз хароxот барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таxрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба ғайр аз хароxот барои харидани воситаҳои асосӣ, шинонидани онҳо ва  дигар хароxоти дорои хусусияти асосӣ маблағҳо тарҳ карда мешаванд.

   

                Моддаи 138. ҳиссаxудокунии амортизационӣ ва маблағтарҳкунӣ аз воситаҳои асосӣ

  1. ҳиссаxудокуниҳои амортизационӣ аз воситаҳои асосӣ, ки дар фаъолияти иқтисодӣ истифода бурда мешаванд, бояд тибқи муқаррароти ҳамин маблағ тарҳ карда шавад.
  2. Замин, асарҳои санъат, захираҳои молу ашё, амволе, ки арзиши онҳо дар соли дигар ҳангоми муайян кардани фоидаи андозибандишаванда пурра нигоҳ дошта мешавад ва дигар активҳои кӯҳнашаванда ба активҳое, ки бояд амортизация шаванд, дохил намешаванд.
  3. Воситаҳои асосие, ки бояд амортизация шаванд, аз рӯи меъёрҳои зерин ба гурӯҳҳо xудо мешавад:

       

Гурӯҳ

                            

                                    Намуди    амвол

Меъёри амортизация ба ҳисоби фоиз

 

     1.

 

Автомашинаҳои сабукрав; техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу анxом, инвертарь ва лавозимоти махсус; мошинҳои элетронии ҳисоббаробар, дастгоҳу воситаҳои маҳаллии коркарди маълумот

 

 

                    20

     2.

ҳайати мутаҳарики нақлиёти автомобилӣ; автомашинаҳои боркаш, автобусҳо, автомашинаҳо ва автоприцепҳои махсус. Мошинҳо ва таxҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ;  таxҳизоти элетронӣ; таxҳизоти бинокорӣ; мошину таxҳизоти кишоварзӣ. Мебели идорӣ                 

 

 

 

                   15

     3.  

Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳр ва дарё; мошинҳо ва таxҳизоти элетрикӣ; таxҳизоти техникии гармдиҳӣ, таxҳизоти турбинӣ, элетродвигателҳо ва             ди  з елгенераторҳо.Воситаҳои интиқоли барқ ва алоқа; трубопроводҳо.

 

 

                     8

     4.

Биноҳо, иншоот ва иморатҳо

                      7 

     5.

Активҳои амортизацияшавандае, ки ба дигар категорияҳо дохил карда нашуданд.

                        

                      10   

 

  1. Ҳиссаxудокуниҳои амортизационӣ оид ба ба ҳар гурӯҳи воситаҳои асосӣ (минбаъд «гурӯҳ»)бо роҳи нисбат ба баланси арзиши гурӯҳ дар охири соли андозбандӣ татбиқ намудани меъёрҳои дар банди 3 ҳамин модда нишон додашуда ҳисоб карда мешаванд.
  2. Ҳиссаxудокуниҳои амортизационӣ барои биноҳо, иншоот ва иморатҳо (минбаъд «иморатҳо») на аз рӯи гурӯҳ, балки барои ҳар чк иморат алоҳида ба амал бароварда мешавад.
  3. Баланси арзиши гурӯҳ дар охири соли андозбандӣ ба маблағи ба тариқи зерин муайяншаванда (аммо на камтар аз нол) баробар аст:

а) баланси арзиши гурӯҳ охири соли гузашта бо нигоҳ доштани маблағи амортизация барои соли гузашта, инчунин маблағи дар бандҳои 8 ва 9 ҳамин модда нишон додашуда;

б) xамъи арзиши маблағҳои асосӣ мутобиқи моддаи 167, ки дар давоми соли андозбандӣ ба гурӯҳ илова карда мешавад;

в) тарҳи маблағи ҳангоми фурӯши воситаҳои асосӣ дар давоми соли андозбандӣ гирифташуда, ки дар асоси нархи фурӯш муқаррар карда мешавад.

  1. Агар маблағи аз фурӯши воситаҳои асосии гурӯҳи муаяйн дар давоми соли андозбандӣ аз баланси арзиш зиёд бошад, маблағи зиёдатӣ ба даромад ҳамроҳ карда, баланси арзиши гурӯҳ ба сифр баробар мешавад.
  2. Агар дар охири сол баланси арзиш камтар аз 50 ҳадди ақали андозбандишавандаро ташкил диҳад, аз маблағи баланси арзиши гурӯҳ нигоҳ дошта мешавад.
  3. Агар ҳамаи воситаҳои асосии гурӯҳ фурӯхта, дода ё барҳам дода шуда бошанд, аз баланси арзиши гурӯҳ дар охири соли андозбандӣ бояд маблағ нигоҳ дошта шавад.

 

Моддаи 139. Маблағҳои тарҳшаванда барои хароxоти таъмир

  1. Нисбат ба ҳар як гурӯҳ оид ба хароxот барои таъмири воситаҳои асосии ба ин гурӯҳ дохилшаванда тарҳ намудани маблағ роҳ дода мешавад.
  2. Мувофиқи банди 1 ҳамин моддаи маблағҳо барои таъмир ба андозаи маблағи амалии чунин хароxот, вале на зиёда аз 5 фоизи баланси арзиши гурӯҳ дар охири сол, нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Маблағи хароxоти воқеӣ барои таъмир илова ба 5 фоизи баланси арзиши гурӯҳ барои зиёд кардани баланси арзиши гурӯҳ таалуқ доранд.

 

Моддаи 140. Нигоҳ доштани маблағҳо аз рӯи пардохти суғурта

Аз пардохтҳои суғурта, ки суғуртакунандагон аз рӯи шартнома ба амал мебароранд, бояд ба ғайр аз пардохтҳои суғурта аз рӯи шартномаи дорои хусусияти захиракунӣ ва баргардонӣ маблағ нигоҳ дошта шавад.

 

Моддаи 141. Хароxот барои корҳои геологию xустуxӯӣ ва корҳо оид ба тайёрӣ ба коркарди захираҳои табиӣ

  1. Аз хароxот барои корҳои геологию xустуxӯӣ ва ко рҳои оид ба тайёрӣ ба коркарди захираҳои табиӣ бояд аз даромади умумӣ дар шакли ҳиссаxудокунии амортизационӣ аз рӯи меъёри амортизацияи воситаҳои асосии гурӯҳи 2 маблағ тарҳ шуда, гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд.
  2. ҳамин модда инчунин нисбат ба хароxот барои активҳои ғайримоддӣ, ки андозсупоранда вобаста ба гирифтани ҳуқуқ барои иҷрои корҳои геологию xустуxӯӣ, коркард ё истифодабарии захираҳои табиӣ сарф кардааст, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 142. Хароxот барои активҳои ғайримоддӣ

  1. Хароxоти шахсони ҳуқуқию (юридикию) воқеӣ барои объектҳои ғайримоддӣ, ки дар давоми муддати дурудароз дар фаъолияти иқтисодӣ истифода бурда мешаванд, агар онҳо мӯҳлати маҳдуди хизмат дошта бошанд, ба активҳои ғайримоддӣ дохил мешаванд.
  2. Аз хароxот барои активҳои ғйримоддӣ бояд дар шакли ҳиссаxудокунии амортизационӣ аз рӯи меъёри амортизацияи воситаҳои асосии гурӯҳи 5 маблағ нигоҳ дошта, гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд.
  3. Хароxот барои харидан ё истеҳсоли активҳои ғайримоддӣ ба арзиши амортизацияшавандаи активҳои ғайримоддӣ дохил карда намешавад, агар онҳо ҳангоми ҳисоб кардани фоидаи андозбандишаванда андозсупоранда тарҳ шуда бошанд.
  4. Моддаи мазкур нисбати активҳои ғайримоддии дар моддаи 141 зикргардида татбиқ намешавад.

 

Моддаи 143. Маҳдуд кардани маблағҳои тарҳшаванда нисбат ба андоз ва xаримаҳо

Аз инҳо маблағ тарҳ намешавад:

а) андоз аз даромад ё андоз аз фоида, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат пардохта шудааст;

б) xарима ва фоидаҳое, ки ба буxети Ҷумҳурии Тоҷикистон ё буxети дигар давлат пардохта (бояд пардохта шавад) шудааст;

в) андоз аз амволи корхонаҳо.

 

Моддаи 144. Зарарҳо ҳангоми фурӯш ё додани амвол

Зараре, ки ҳангоми фурӯхтан ё додани амвол (ба ғайр аз амволе, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешавад ё амволе, ки фоидаи аз фурӯш  ёдодани он ба даст омада аз андоз озод карда шудааст) ба миён омадааст, аз ҳисоби фоидаи аз фурӯш ё додани дигар амволи шабеҳи он xуброн карда мешавад.  Агар  зарарро дар ҳамон сол xуброн карда натавонанд, онҳо ба давраи то панx сол гузароинда шуда, аз ҳисоби фоидаи ё додани дигар амволи шабеҳи он xуброн карда мешаванд.

 

Моддаи 145. Гузаронидани зарарҳо

  1. Дар сурати нисбат ба даромади умумии корхона зиёд шудани маблағҳои нигоҳ дошташавандаи xоиз зарарҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ба давраи ояндаи давомнокиаш то панx сол гузаронида, аз ҳисоби фоидаи давраи пӯшонида мешаванд.
  2. Дар мавриди аз тарафи шахси воқеӣ зиёд кардани маблағҳои нигоҳ дошташавандаи xоиз дар даромади умумии фаъолияти иқтисодӣ, ки меҳнати кироя ҳисоб намешаванд, аз чунин даромади умумӣ аз музди меҳнати ин шахс маблағ нигоҳ доштан мумкин нест, аммо онҳоро ба давраи ояндаи давомнокиаш то панx сол барои давраҳои оянда пардохтан аз ҳисоби даромади умумӣ аз фаъолияти иқтисодӣ, ки меҳнати кироя нест, гузаронидан мумкин аст.

 

БОБИ 20. НИГОҲ ДОШТАНИ АНДОЗ АЗ МАНБАИ ПАРДОХТ

 

Моддаи 146. Тартиби аз манбаи андоз нигоҳ доштани андоз

  1. Шахсони зерин (агентҳои андоз) вазифадоранд, ки аз манбаи пардохт андозро нигоҳ доранд:

а) шахсони ҳуқуқие (юридикӣ), ки ба шахсони воқеии машғули меҳнати кироя маблағ мепардозанд;

б) шахсони воқеӣ - соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеии дар онҳо бо меҳнати кироя машғулбуда, маблағ мепардозанд;

в) шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеие, ки ба дигар шахсон нафақа медиҳанд ба истиснои нафақаи давлатӣ;

г) шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) - резидентҳо, ки ба шахсони бридикӣ ва воқеӣ дивиденд медиҳанд;

д) шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва во қеие, ки ба шахсони юридикӣ ва воқеӣ фоиз мепардозанд;

е) шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеие, ки пардохтҳои пешбининамудаи моддаи 149 - ро ба амал мебароранд.

  1. Шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеие, ки даромадро мепардозанд, барои нигоҳ доштан ва ба буxет гузаронидани андозҳо xавобгар мебошанд. Агар маблағи андоз нигоҳ дошта нашавад, шахсе ки даромадро мепардозад, вазифадор аст , ки маблағи андоз ва xаримаю фоизҳои нигоҳ дошта нашударо аз ҳисоби худ ба буxет гузаронад.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки андозро аз манбаи пардохт мувофиқи банди 1- и моддаи мазкур нигоҳ медоранд (ҳисоб мекунанд), аз xумла ашхосе, ки маблағҳоро барои пардохти музди меҳнат аз бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию қарзии (кредитӣ) амалиётҳои алоҳидаи бонкиро иҷрокунанда мегиранд, вазифадоранд:

а) андозҳои нигоҳдошташударо (ҳисобшударо), аз xумла пардохтҳои иxтимоиро мувофиқи боби 34 Кодекси мазкур, ба буxет (фонди давлатӣ) ҳамзамон ҳангоми гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат, дар дигар мавридҳо -  дар давоми 5 рӯзи бонкӣ баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо амалӣ шуда буданд, гузаронанд;

б) ҳангоми пардохтани музди меҳнат ба шахсони воқеие, ки даромад мегиранд, бо талаботи онҳо бо нишон додани ному насаб, маблағ ва намуди даромад, инчунин маблағи андози нигоҳ дошташуда (агар андоз нигоҳ дошта шавад) маълумотнома (справка) диҳанд;

в) дар муддати 30 рӯзи баъди ба охир расидани соли андозбандӣ ба мақомоти андоз бо нишон додани рақами бақайдгирӣ, номи (ному насаби) шахс, маблағи умумии даромад, суғурта ва маблағи умумии андозе, ки дар соли ҳисоботӣ нигоҳ дошта шудааст, маълумотнома пешниҳод кунанд, инчунин ба шахсони ҳуқуқию (юридикию) воқеие, ки тибқи банди 1 ҳамин модда даромад мегиранд, фиристоданд.

  1. Корфармое, ки корфармои асосии андозсупоранда нест, вазифадор аст, ки аз музди меҳнат аз рӯи меъёри 15 фоиз, бидуни татбиқи ҳадди ақали даромади андозбандишаванда андоз аз даромад нигоҳ дорад.

 

Моддаи 147. Нигоҳ доштани андоз аз дивидендҳо дар манбаи пардохт

  1. Аз дивидендҳое, ки корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, бояд аз манбаи пардохт аз рӯи меъёри 12 фоиз, ба ғайр аз дивидендҳое, ки корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, андоз гирифта шавад.
  2. дивидендҳое, ки мутобиқи банди 1 ҳамин модда аз онҳо андоз гирифта мешавад, ба даромади умумии шахсе, ки онҳоро мегирад, дохил карда намешаванд.

 

Моддаи 148. Нигоҳ доштани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт

  1. Аз фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент ё аз номи чунин муассиса мепардозанд, дар манбаи пардохт аз рӯи 12 фои зи маблағе, ки бояд пардохта шавад, андоз гирифта мешавад, агар даромад аз манбаъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 27 гирифта шуда бошад.
  2. Аз фоизҳое, ки бонкҳои резидентӣ аз рӯи қарзҳо (ссудаҳо) мепардозанд, дар манбаи пардохт андоз гирифта намешавад.
  3. Аз фоизҳое, ки мутобиқи банди 1 ҳамин модда андоз гирифта шудааст, минбаъд баъди ба шахси воқеӣ пардохтани онҳо андоз гирифта намешавад.
  4. Шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) - резиденте, ки бояд аз фоидаи вай андоз гирифта шавад, дар мавриди гирифтани фоизе, ки мутобиқи банди 1 ҳамин модда аз он андоз гирифта шудааст, маблағи пурраи даромади фоизиро бидуни нигоҳ доштани андози нигоҳ дошташуда ба даромади умумии худ ҳамроҳ карда, ҳуқуқ дорад, ки ин андози аз манбаъ нигоҳ дошташударо дар сурати мавxуд будани ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи аз манбаъ нигоҳ доштани андоз, ҳисоб кунад.

 

Моддаи 149. Нигоҳ доштани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт

  1. Аз даромади ғайрирезидент аз манбаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки дар моддаи 27 муайян карда шуда, ба муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардидаи ин ғайрирезидент дохил намешавад бояд аз манбаи даромад ҳамчун даромади умумӣ, бидуни нигоҳ доштани маблағҳо, аз рӯи меъёрҳои зерин андоз гирифта мешавад:

а) дивидендҳо - мутобиқи моддаи 147;

б) фоизҳо - мутобиқи моддаи 148;

в) пардохтҳои суғурта, ки корхонаи резидентӣ  ё соҳибкори инфиродӣ мувофиқи шартномаи суғурта ёаз нав суғурта кардани бурду бохт (рискҳо) мепардозад - аз рӯи меъёри 4 фоиз;

г) маблағҳое, ки корхонаҳои резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ барои хизматрасонии алоқа  ёнақлиётӣ ҳангоми ба амал баровардани алоқаи байналхалқӣ ё боркашонии байналхалқӣ дар байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мепардозад, ба ғайр аз пардохтҳо аз рӯи пули киро - аз рӯи меъёри 4 фоиз, пардохтҳо аз рӯи пули киро бошад, аз рӯи 6 фоиз;

д) пардохтҳои зерин, ки корхонаи резидентӣ  ё соҳибкори инфиродӣ мепардозад: роялти, ҳақи қалами идорӣ, даромад аз кор ё хизматрасонӣ (ба ғайр аз даромад дар шакли музди меҳнат), аз xумла пардохтҳо барои хизматрасониҳои дар бандҳои б, и, к, л,о, моддаи 27 (21) нишон додашуда, ба ғайр аз пардохтҳои суғурта аз рӯи меъёри 20 фоиз;

е) даромад дар шакли музди меҳнат, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ мепардозад, аз рӯи меъёри дар моддаи 124 нишон додашуда.

  1. Барои мақсадҳои ҳамин модда маблағҳое, ки муассисаи доимии ғайрирезидентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад ё аз номи чунин муассиса пардохта мешавад, ҳамчун маблағҳои пардохти корхонаи резидентӣ ҳисоб карда мешаванд.

 

БОБИ 21. АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

 

Моддаи 150. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии (юридикии) хориxӣ

Илова ба андоз аз фоидаи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии (юридикии) хориxӣ аз фоидаи софи муассисаи доимӣ аз рӯи меъёри 8      фоиз андоз гирифта мешавад.

 

Моддаи 151. Ба ҳисоб гирифтани андози хориxӣ

  1. Маблағи андози даромад ё андоз аз фоида, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст, ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтани ин андозҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Андозаи ба ҳисоб гирифтан, ки дар банди 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, набояд аз маблағи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисоб кардашуда зиёд бошад.

 

Моддаи 152. Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст

  1. Агар резидент бевосита ё бавосита дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавӣ ё зиёда аз 10 фоизи акцияҳо бо ҳуқуқи овози корхонаи хориxӣ, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, бошад, як қисми чунин даромад, ки ба резидент таалуқ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандӣ шавандаи вай дохил карда мешавад.
  2. Давлати хориxӣ дар ҳолате давлати дорои андозбандии имтиёзнок ҳисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиқи ҳамин Кодекс муқаррар кардашуда аз се як баробар кам бошад, ё қонунҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти молиявӣ ё маълумотдар бораи ширкатҳо, ки барои нигоҳ доштани сирри соҳиби воқеии амвол ё даромад (фоида) гиранда имконият медиҳанд, вуxуд дошта бошанд.

 

БОБИ 22. ҚОИДАҲОИ БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ

 

Моддаи 153. Соли андозбандӣ

Соли тақвимӣ соли андозбандӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 154. Тартиби ба ҳисоб гирифтани даромад ва хароxот

  1. Андозсупоранда вазифадораст, ки даромад ва хароxотро дар асоси маълумотҳои бо ҳуxxат асоснок аниқ ва саривақт ба ҳисоб гирифта, онҳоро ба давраҳои ҳисоботии тибқи ҳамин боб барои дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда истифодашаванда, мансуб донанд. Таҳти усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, ҳамаи xиҳатҳои вақт ва тартиби баҳисобгирии маблағҳои воридшуда ва хароxот, ба монанди истифодаи усули баҳосибгирии хароxоти истеҳсолӣ ва дигар хароxоти сармоя фаҳмида мешавад.
  2. Андозсупоранда вазифадор аст, ки баҳисобгирии ҳамаи муомилоти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани ибтидо, xараён ва ба охир расидани онҳоро имконият медиҳанд, таъмин намояд.
  3. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, андозсупоранда метавонад бо мақсади андозбандӣ баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ бо ислоҳоти зарурӣ барои риоя кардани нишондодҳои ҳамин Кодекс истифода мебарад, ҳисоб карда шавад.
  4. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, андозсупоранда метавонад бо мақсади андозбандӣ баҳисобгириро аз рӯи усули кассавӣ ё аз рӯи усули ҳисобкунӣ ба роҳ монад, ба шарте, ки агар андозсупоранда дар давоми сол худи ҳамон усулро истифода барад.
  5. Андозсупоранда бояд дар соли аввали андозсупорӣ, ки вай аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда ба сифати андозбандӣ ба қайд гирифта шудааст, баҳисобгириро аз рӯи усули ҳисобкунӣ ба роҳ монад, ё вазифадор аст, ки аз рӯи усули қайди дубора бақайдгириро дар тамоми солҳои минбаъдаи андозбандӣ ба роҳ монад.
  6. Дар мавриди шахси воқеӣ талаботи аз рӯи усули ҳисобкунӣ ба роҳ мондани ҳисобкунӣ танҳо нисбат ба даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ татбиқ мегардад.
  7. Дар сурати тағйир ёфтани усули ҳисобкунӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, ислоҳот ба баҳисобгирии даромад, хароxот ва дигар унсурҳое, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир ёфтани усул ҳисобкунӣ дохил карда шаванд, о ин ки ягон аз ин унсурҳои мазкур сарфи назар ё дубора ба ҳисоб гирифта нашавад.

 

Моддаи 155. Принципҳои ҳисобкунии даромад ва хароxот аз рӯи усули кассавӣ

Андозсупорандае, ки аз рӯи усули кассавӣ ҳисобкуниро ба роҳ мондааст, бояд ҳангоми гирифтани даромад онро ба ҳисоб гирифта, маблағҳоро ҳангоми амалӣ намудани он тарҳ намояд.

 

Моддаи 156. Лаҳзаи гирифтани даромад дар мавридҳои xудогона бо истифода аз усули кассавӣ

  1. Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ гирад, лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи гирифтани маблағҳои нақди пулӣ, дар мавриди пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи ба ҳисобномаи бонкии вай ё дигар ҳисобномае, ки вай ихтиёрдорӣ карда метавонад ё аз он ҳуқуқи гирифтани маблағҳои мазкурро гирифтан дорад дохилшавии маблағҳои мазкурро гирифтан дорад гузаронидани маблағҳои пулӣ дониста мешавад.
  2. Дар сурати бекор кардан ё пардохтани ӯҳдадории молиявии андозсупоранда, аз xумла дар мавриди ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ, аз лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи бекор кардан ё пардохтани ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 157. Лаҳзаи хароxот дар мавридҳои xудогона бо истифодаи усули кассавӣ

  1. Лаҳзаи хароxот бо истифода аз усули кассавӣ аз тарафи андозсупоранда барои мақсадҳои ҳисобкунии андоз лаҳзаи воқеан ба амал баровардани хароxот аз xониби андозсупоранда шуморида мешавад, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Агар андозсупоранда маблағхои пулӣ пардозад, лаҳзаи хароxот лаҳзаи пардохтани маблағҳои нақди пул дониста мешавад, дар мавриди пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи хароxот лаҳзаи аз тарафи бонк гирифтани супоришномаи андозсупоранда дар бораи гузаронидани маблағҳои пулӣ (дар ҳолате, ки дар ҳисобномаҳои бонкии андозсупоранда маблағҳои кофӣ мавxуд бошанд) дониста мешавад.
  3. Дар сурати бекор кардан ё пардохтани ӯҳдадории молиявӣ дар назди андозсупоранда, аз xумла дар мавриди ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ, лаҳзаи хароxот лаҳзаи бекор кардан ё пардохтани ӯҳдадории молиявӣ ҳисоб карда мешавад.
  4. Ҳангоми пардохтани фоизҳо аз рӯи ӯҳдадории қарз ё додани маблағ барои ба иxора додани амвол, агар мӯҳлати ӯҳдадорӣ ё шартномаи иxора якчанд давраи андозбандиро дар бар мегирад, маблағи фоизҳои пардохташуда (пардохти иxора), ки амалан барои давраи андозбандӣ нигоҳ дошта мешавад, маблағи фоизҳо (пардохти иxора), ки бояд дар ин давра супорида шавад, мебошад.

 

Моддаи 158. Тартиби ҳисобкунии даромад ва хароxот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

Андозсупорандае, ки ҳисобкуниро аз рӯи усули ҳисобу замкунӣ мебарад, бояд даромаду хароxотро мутаносибан аз лхзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё пайдо шудани ӯҳдадории ба амалбаровардани пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё ба амал баровардани пардохт ба ҳисоб гирад. 

 

Моддаи 159. Лаҳзаи гирифтавни даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

  1. Ҳуқуқи гирифтани даромад дар ҳолате пайдо кардашуда ҳи соб меёбад, ки агар маблағи дахлдор бояд ба андозсупоранда бегуфтугӯ пардохта шавад ё андозсупоранда тамоми ӯҳдадорияшро аз рӯи муомилот ё шартнома иҷро карда бошад.
  2. Агар андозсупоранда кор иҷро кунад ё хизмат расонад, ҳуқуқи мазкур дар лаҳзаи иҷрои қатъии корҳо ва ё расонидани хизматҳои дар муомилот ё шартнома пешбинишуда, ба даст овардашуда ҳисоб карда мешавад.

Агар амалиёт ё қарордод пешбинӣ намояд, ки иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар якчанд марҳила амалӣ шавад, ҳуқуқи гиифтани даромад дар ҳар марҳила дар лаҳзаи қатъиян иҷрои кор ё хизматрасонии ин марҳила пайдо мешавад, агар тартиби дигаре дар моддаи 162 Кодекси мазкур пешбинӣ нашуда бошад, ба ҳисоб меравад.

  1. Агар андозсупоранда даромад гирад ё ҳуқуқи дар шакли фоиз ё даромад аз ба иxора додани амвол гирифтани даромадро дорад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иxора ба даст овардашуда ҳисоб мешавад. Агар мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иxора якчанд давраи   андозбандиро дар бар гирад, даромад аз рӯи ин давраҳои андозбандӣ мутобиқи тартиби ҳисобу замкунӣ тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 160. Лаҳзаи ба амал баровардани хароxот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

  1. Дар ҳолати аз тарафи андозсупоранда ба мақсади баҳисобгирии андоз истифодабарии усули ҳисобу замкунӣ, лаҳзаи иҷрои шартҳои зайл лаҳзаи ба амал баровардани хароxоти марбут ба муомилот (шартнома) ҳисобида мешавад, ба шарте, ки моддаи мазкур муқаррароти дигареро пешбинӣ накарда бошад :

а) дар ҳолати аз тарафи андозсупоранда бечунучаро эътироф шудани ӯҳдадориҳои молиявӣ;

б) дар сурати аниқ муайян намудани андозаи ӯҳдадории молиявӣ;

в) агар ҳамаи тарафҳои дар муомилот ё  ки шартнома иштирок дошта ҳақиқатан ҳам аз рӯи муомилот ё шартнома ӯҳдадориҳояшонро иҷро кардаанд ва маблағҳои дахлдор бечунучаро пардохта мешаванд.

  1. Вобаста ба шартҳои дар боло зикршуда, ӯҳдадории молиявӣ маънои ӯҳдадориҳоеро дорад, ки мутобиқи муомилот (шартнома) баста шудааст аз тарафи дигари дар муомилот (шартнома) иштирокдошта бо мақсади иҷрои он вазифадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пулӣ ёдигар намуд пешниҳод намояд.
  2. ҳангоми пардохти фоизҳо аз рӯи ӯҳдадории қарз ё ба амал баровардани пардохт барои амволи ба иxора додашуда лаҳзаи ба амал баровардани хароxот лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иxора ҳисобида мешавад. Агар мӯҳлати ӯҳдадории андоз ё шартномаи иxора якчанд давраи ҳисоботиро дарбар гирад, хароxот аз рӯи ӯҳдадории андоз ё шартномаи иxора якчанд давраи андозбандиро дарбар гирад, хароxот аз рӯи ин давраҳои андозбандӣ мувофиқи тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 161. Соҳибии якxоя

Дар сурати аҳду паймон кардан барои соҳибии якxояи амвол ё   якxояба амал баровардани фаъолияти иқтисодӣ ё дигар аҳду паймон, ки на камтар аз ду соҳибро бидуни таъсис додани шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) пешбинӣ мекунанд, даромад ва маблағҳои  нигоҳ дошташаванда аз рӯи аҳду паймон ба ҳар як соҳиб таалуқ дошта, мувофиқи ҳиссаи иштирокашон аз онҳо андоз гирифта мешавад.

 

Моддаи 162. Даромад ва маблағҳои тарҳшаванда аз рӯи қарордодҳои        дарозмуддат

  1. Дар сурати аз тарафи андозсупоранда истифода бурдани ҳисобкунӣ аз рӯи усули ҳисобу замкунӣ даромад ва маблағҳои тарҳшавандаи марбут ба қарордодҳои дарозмуддат оид ба ҳар як соли андозситонӣ мутобиқи ҳаxми иҷрои амалии онҳо нишон дода мешаванд.
  2. ҳаxми иҷрои қарордод ба воситаи муқоисаи хароxоти дар муддати соли андозбандӣ бо хароxоти умумии нархгузорӣ барои чунин қарордод пешбинӣ шуда ба амал бароварда шуда, муайян карда мешавад.
  3. Таҳти мафҳуми «қарордоди дарозмуддат» қарордод барои истеҳсол, насб кардан ё сохтмон ё хизматрасонии вобаста, ки дар доираи соли андозбандӣ, ки дар он кори дар қарордод пешбинишуда оғоз гардида ба охир расонида нашудааст, ба ғайро аз қарордодҳое, ки аз рӯи пешбиниҳо бояд дар доираи 6 моҳи баъди оғози корҳои қарордод пешбинигардида ба анxом мерасиданд, фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 163. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

  1. Андозсупоранда вазифадор аст, ки ҳамагуна молҳои кор кардашуда ё қисман кор кардашудаи дар ихтиёраш бударо, сарфи назар аз xои воқеъшавии онҳо ба захираҳои молию моддиаш дохил намояд. Ба зихираҳои молию моддӣ, аз xумла ашёи хом ва масолеҳе, ки барои дар оянда фурӯхтан ё истеҳсоли мол, иҷрои корҳо ё расонидани хизматҳо мехарад, дохил карда мешаванд.
  2. ҳангоми муайян кардани даромади (фоидаи) гирифташаванда арзиши захираҳои молию моддӣ дар аввали давра ба даромад ҳамроҳ карда шуда, арзиши захираҳои молию моддӣ дар охири давра аз даромад бароварда мешавад.
  3. ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда вазифадор аст , ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидаашро, ки мутаносибан дар асоси хароxоти ба амал бароварда (арзиши аслӣ) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, дар ҳисоботи андоз нишон диҳад.
  4. ҳангоми ба ҳисоб гирифтани захираҳои молию моддӣ андозсупоранда ҳақ дорад, ки арзиши нуқсонҳои мавxудаи мол ё маҳсулоти маънан кӯҳнашуда ё аз мӯд баромадаро, ки аз ин сабаб ё бо сабабҳои ба ҳамин монанд бо нархи зиёда аз хароxоти барои истхсоли (нархи хариди) онҳо сарфшуда фурӯхтан мумкин нест, дар асоси нархе, ки онҳоро фурӯхтан мумкин аст, баҳо диҳад.
  5. Дар нисбати молҳое, ки андозсупоранда оид ба онҳо баҳосибгирии инфиродӣ намебарад, ҳақ дорад, ки барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ яке аз се усули зеринро истифода барад:

а) усули ФИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ дар аввал молҳои фурӯхташуда (истифодашуда), ки дар аввали давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ дохил карда шудаанд ҳисоб карда, баъд молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харид) карда шудаанд, мувофиқи тартиби истеҳсол (харидан) ҳисоб карда мешаванд;

б) усули ЛИФО, ки мутобиқи он давраи ҳисоботӣ дар аввал молҳои фурӯхташуда (истифодашуда), ки баъд истеҳсол (харид) шудаанд, ҳисоб карда мешаванд;

в) усули баҳо додан аз рӯи арзиши аслии миёна.

 

Моддаи 164. Лизинги молиявӣ

  1. Агар иxорадиҳанда амволи моддиро аз рӯи шартнома дар бораи лизинги молиявӣ ба иxора диҳад, барои мақсадҳои Кодекси мазкур иxорагар ҳамчун соҳиби амвол, пардохтҳои иxора бошанд, ҳамчун пардохтҳо аз рӯи кредитҳои(иборат аз пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳо) ба иxорагир додашуда ҳисобида мешаванд.
  2. Амволи иxора лизинги молиявӣ мебошад, агар он ба яке аз шартҳои зерин xавоб диҳад:

а) иxора баъди ба охир расидани мӯҳлати супоридани моликиятро пешбинӣ мекунад ё иxорагир ҳуқуқ дорад, ки амволро баъди ба охир расидани мӯҳлати иxора аз рӯи нархи муқарраршуда ё нархи мутобиқи шартномаи иxора муайяншуда харад; 

б) мӯҳлати иxора аз 75 фоизи мӯҳлати хизмати амволии ба иxора додашуда зиёд бошад;

в) арзиши бақиявии нархи амвол баъди ба охир расидани мӯҳлати иxора камтар аз 20 фоизи нархи бозории онро дар аввали иxора ташкил диҳад;

г) арзиши дисконт кардашуда и xории пардохти ҳадди ақал дар тамоми мӯҳлати иxора ба 90 фоизи нархи бозории амвол дар аввали иxора баробар ё аз он зиёд бошад;

д) амволи ба иxора додашаванда мувофиқи супориши иxорагир тайёр карда шуда, баъди ба охир расидани мӯҳлати иxора ба ғайр аз иxорагир ягон кас наметавонад онро истифода барад.

  1. Зербанди «г» банди 2 ҳамин модда нисбат ба иxорае, ки аввали он ба 25 фоизи мӯҳлати амвол рост меояд, татбиқ намегардад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин модда меъёрҳои барои муайян кардани арзиши д исконт кардашудаи xории пардохти иxора, ки ба меъёри фоизии дар моддаи 72 (4) нишон дода шуда баробаранд, ба ҳисоб гирифта шудаанд.
  3. Барои мақсадҳои ҳамин модда мӯҳлати иxора мӯҳлати иловагӣ, ки дар он иxорагир ҳуқуқ дорад иxораро мувофиқи шартномаи иxора аз нав оғоз намояд, дар бар мегирад.
  4. Дар мавриде, ки агар ба иxорадиҳанда то аввали лизинги молиявӣ соҳиби амвол бошад, муомилот ҳамчун фурӯши амвол аз тарафи иxорадиҳанда ва харидани он аз xониби иxорагир дониста мешавад.

 

Моддаи 165. Xубронии маблағҳои нигоҳ дошташуда ва ихтисори захираҳо

  1. Агар маблағи хароxот, зарар ва қарзҳои бефоидаи нигоҳ дошташуда xуброн карда шавад, маблағи гирифташуда даромади он давраи андозбандие ҳисоб карда мешавад, киxуброн ба амал бароварда шудааст.
  2. Агар захираҳое, ки аз онҳо пештар мутобиқи моддаи 135 (3) ва 136 маблағ нигоҳ дошта шудааст, камкарда мешаванд, чунин ихтисор ба даромад дохил карда мешавад.

 

Моддаи 166. Фоида ва зарар ҳангоми фурӯш ё додани активҳо

  1. Даромад аз фурӯш ё додани активҳо фарқи мусбии байни маблағҳои аз фурӯш ё додани активҳо ба даст омада ва арзиши активҳо, ки мутобиқи моддаи 167 муайян карда мешавад, мебошад. ҳангоми дар асоси беподош ё бо нархҳои тахфифноки даромад додани активҳо, шахсе, ки активҳоро додааст, ҳамчун фарқи мусбии байни нархи бозории амволи ба ҳамин тарз додашаванда ва арзиши он, ки мутобиқи моддаи 167 муқаррар мегардад, муайян карда мешавад.
  2. Зарари аз фурӯш ё додани активҳо расонидашуда фарқи манфии байни маблағҳои аз фурӯш ё додани активҳо воридгардида ва арзиши активҳо, ки мутобиқи моддаи 167 муайян карда мешавад, мебошад.
  3. Бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбати активҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо бояд амортизация шаванд, инчунин нисбати захираҳои молию моддӣ татбиқ карда намешавад.

 

Моддаи 167. Арзиши активҳо

  1. ба арзиши активҳо хароxот барои харидани онҳо, истеҳсол, сохтмон, васлкунӣ ва насб, инчунин дигар хароxоте, киарзиши онҳоро зиёд мекунад, ба ғайр аз хароxот, ки нисбати онҳо андозсупоранда барои нигоҳ доштани маблағ ҳуқуқ дорад, дохил карда мешаванд.
  2. Агар танҳо як қисми активҳо фурӯхта ё дода шаванд, пас арзиши активҳо дар лаҳзаи фурӯхтан ё додан дар байни қисми боқимонда ва қисмҳои фурӯхта ё додашуда тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 168. Эътироф накардани фоида ё зарарҳо

  1. Дар мавриди зерин ягон хел фоида ё зарар ҳангоми муайян кардани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба эътибор гирифта намешавад:

а) додани активҳо дар байни зану шавҳар;

б) додани активҳо дар байни ҳамсарони собиқ ҳангоми процесси вайрон кардани ақди никоҳ;

в) ноқасдан гум кардани активҳо ё бегона кардани он бо реинвестиция кардани маблағҳо дар активҳои шабеҳи онҳо ё дар активҳои дорои ҳамон гуна хусусият то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки актив нест ё бегона карда шудааст.

  1. Арзиши активи ивазшаванда, ки дар зербанди 1 (в) ҳамин модда нишон шудаанд, бо дарназардошти активи ивазкардашуда дар лаҳзаи нест ё бегона кардани он муайян карда мешавад.
  2. Арзиши активе, ки дар натиxаи муомилоте, ки дар натиxаи он фоида мувофиқи зербандҳои 1 (а) ё 1 (б) ҳамин модда барои мақсадҳои андозбандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад харида шудааст, арзиши актив барои тарафҳои дар рӯзи муомилот онро супоранда мебошад.
  3. ҳамин модда нисбати активҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо амортизация мешаванд, ба ғайр аз зербанди (а) ва (б) банди 1 ҳамин модда, ки дар мавридҳое татбиқ мегарданд, ки ҳамаи активҳои гурӯҳ дар як вақт дода мешаванд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 169. Барҳамдиҳӣ

  1. Пурра барҳам додани шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) ҳамчун аз тарафи иштирокчиён фурӯхтани ҳиссаи иштирокашон дар чунин шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) дониста мешавад.
  2. Агар ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) активҳои ин шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) ба иштироксие, ки дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ мебошад, дода шаванд ва арзиши активҳои додашаванда ба саҳми иштироки ин иштирокчӣ дар шахси ҳуқуқии (юридикии) барҳам додашаванда баробар бошад, инчунин пеш аз барҳамдиҳӣ 50 фоиз ё зиёда аз он саҳми иштирок дар шахси ҳуқуқии (юридикии) барҳам додашаванда бевосита ба вай таалуқ дошта бошад, дар ин маврид:

а) додани активҳо ҳамчун фурӯши активҳои шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) ҳисоб карда намешавад;

б) арзиши активҳои додашуда барои иштирокчӣ ба арзиши активҳои барои шахси ҳуқуқии (юридикии) барҳам додашванда то вақти додан баробар аст;

в) додани  активҳо дивиденд ҳисоб намешавад;

г) ҳангоми бекор кардани ҳиссаи иштирок дар шахси юридикии барҳам додашаванда ягон навъи фоида ва зарар ба ҳисоб гирифта намешавад;

д) баланси арзиши ҳамагуна гурӯҳи амортизационӣ ба гирандаи активҳо гузаронида мешавад.

  1. Банди 2 ҳамин модда нисбат ба ба активҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо амортизация мешаванд, ба истиснои ҳолате, ки ҳамон активҳои гурӯҳ дар як вақт дода мешаванд, татбиқ намегардад.
  2. Банди 2 ҳамин модда танҳо дар як мавриде татбиқ мегардад, ки агар пурра барҳам додан аз тарафи мақомоти андоз ҳамчун амале, ки мақсади асосиаш саркашӣ аз супоридани андоз нест, тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 170. Таъсис додани шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ)

  1. Ба шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) додани активҳо ҳамчун бегона кардани активҳои додашаванда ҳисобида намешавад, агар:

а) шахс ё гурӯҳ ашхосе, ки активҳоро медиҳанд (бо қабули кардани ё бидуни қабул кардани ягон ӯҳдадорӣ) онҳоро ба ивази ҳиссаи иштирок дар ин шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ) диҳанд;

б) шахси ё гурӯҳи шахсоне, ки активҳоро медиҳанд, баъди иваз намудани 50 фоиз ё аз он бештари ҳиссаи иштирок дар ин шахси ҳуқуқиро дошта бошанд.

  1. Барои гирандаи активҳое, ки амали банди 1 ҳамин модда ба онҳо паҳн мегардад, арзиш ба арзиши онҳо барои тарафи супоранда дар вақти супоридан баробар аст, баланси арзиши ҳамагуна гурӯҳи гурӯхи амортизационӣ ба гирандаи активҳо гузароинда мешавад.
  2. Арзиши ҳиссаи иштирок, ки дар натиxаи мубодилаи дар банди 1 ҳамин модда нишон дода шуда гирифта шудааст, ба арзиши активҳои додашуда, аз xумла баланси арзиши ҳамагуна гурӯҳи амортизационии додашуда бо нигоҳ доштани ҳмагуна қарзҳои додашуда баробар аст.
  3. ҳамин модда нисбат ба активҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо амортизация мешаванд, ба ғайр аз мавридҳое, ки ҳамаи активҳои гурӯҳ дар як вақт дода мешаванд, татбиқ намегардад.
  4. ҳамин модда нисбат ба тарафе, ки активҳоро медиҳад, татбиқ намегардад, агар ӯҳдадориҳои додашуда нисбат ба арзиши активҳои додашаванда, аз xумла баланси арзиши ҳамагуна гурӯҳи амортизационии додашуда зиёд бошанд.

 

Моддаи 171. Аз нав таъсис додани шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ)

  1. Арзиши амвол ва саҳми иштирок дар моликияти шахс ё шахсони ҳуқуқӣ, ки тарафҳои дар азнавтаъсисдиҳӣ иштироккунанда мебошанд, ҳамон андозае мебошанд, ки арзиши чунин амвол ва саҳми иштирок бевосита то азнавтаъсисдиҳӣ буд. Арзиши балансии ҳамагуна гурӯҳи амортизационӣ ба ҳамин тариқ гузаронида мешавад.
  2. Додани амвол ё саҳми иштирок дар байни шахсони расмӣ, ки аз тарафҳои дар азнавтаъсисдиҳӣ иштироккунанда мебошанд, ҳамчун бегона кардани амвол дониста намешавад.
  3. ҳамагуна табдили саҳми иштирок дар шахси ҳуқуқӣ - резидент, ки тарафи дар азнавтаъсисдиҳӣ иштироккунанда мебошад, ба саҳми иштирок дар дигар шахси ҳуқуқӣ - резидент, ки он ҳам тарафи иштироккунанда мебошад, бегона кардани саҳми иштирок ҳисобида намешавад.
  4. Арзиши саҳми иштироки табдилшаванда мувофиқи банди 3 ҳамин модда ба арзиши саҳми ибтидоии иштирок баробар аст.
  5. Тақсим кардани саҳми иштирок дар шахси ҳуқуқӣ, ки аз т арафи дар азнавтаъсисдиҳӣ иштироккунанда мебошад, вобаста ба саҳми иштирок дар дигар шахси ҳуқуқӣ, ки он ҳам тарафи иштироккунанда мебошад, барои тарафҳои дар азнавтаъсисидиҳӣ иштироккунанда дивиденд ҳисобида намешавад.
  6. Арзиши саҳми ибтидоии иштирок, ки дар банди 5 ҳамин модда нишон дода шудааст, мутаносибан ба саҳми баробари арзиши бозории саҳми тақсим кардашудаи иштироксиён дар саҳми ибтидоии иштирок бевосита баъди тақисмкунӣ муқаррар карда мешавад.
  7. Аз нав таъсисдиҳӣ чунин маъно дорад:

а) якxоя шудани ду ва зиёда аз он шахси ҳуқуқӣ - резидентҳо;

б) харидан ё ҳамроҳ кардани 50 фоиз ё зиёда аз он саҳми иштирок бо ҳуқуқи овоз ва 50 фоиз ё зиёда аз он арзиши ҳамаи саҳми иштироки боқимондаи шахси ҳуқуқӣ - резидент танҳо ба ивази саҳми иштироки тарафҳои дар аз нав таъсисдиҳӣ иштироккунанда;

в) харидани 50 фоиз ё зиёда аз он активҳои шахси ҳуқуқӣ - резидент аз тарафи дигар шахси ҳуқуқӣ - резидент танҳо ба ивази саҳми иштирок бо ҳуқуқи овоз бидуни ҳуқуқи имтиёзнок нисбат ба дивидендҳои тарафи дар аз нав таъсисдиҳӣ иштироккунанда;

г) тақсим кардани шахси ҳуқуқӣ - резидент ба ду ва зиёда аз он шахси ҳуқуқӣ - резидент;

д) бо роҳи тақсим шудан таъсиси додани шахси ҳуқуқии нав, бо шарте, ки агар якxояшавӣ, харидан, ҳамроҳ ва тақсимшавӣ ё таъсис додани шахси нав бо роҳи тақсим шудан аз тарафи мақомоти андоз ҳамчун амале, ки мақсади асосиаш сар печидан аз супоридани андоз нест, тасдиқ карда шавад.

  1. Ба тарафи дар аз нав таъсисидиҳӣ иштироккунанда инҳо дохил мешаванд:

а) ҳамагуна шахси ҳуқуқӣ - резидент, ки дар аз нав таъсисидиҳӣ иштирок мекунад;

б) ҳамагуна шахси ҳуқуқӣ - резидент, ки дорои шахси ҳуқуқӣ - резиденти дар аз нав таъсисдиҳӣ иштироккунанда мебошад;

в) ҳамагуна шахси ҳуқуқӣ - резиденти ба шахси ҳуқуқӣ - резиденти бевосита дар аз нав таъсисдиҳӣ иштироккунанда таалуқ дошта.

  1. Барои мақсадҳои банди 8 дороии шахси ҳуқуқӣ маънои доштани 50 фоиз ё зиёда аз он саҳми иштирок бо ҳуқуқи овоз ё 50 фоиз ё зиёда аз он фоизи арзиши тамоми саҳмҳои боқимондаи иштирок дар шахси ҳуқуқӣ дорад.
  2. ҳамин модда нисбати активҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо амортизация мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамаи активҳои гурӯҳҳо дар як вақт дода мешаванд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 172. Қатъиян тағйир ёфтани дороии шахси ҳуқуқӣ (юридикӣ)

Дар мавриди 50 фоиз ё зиёда аз он тағйир ёфтани дороии шахси ҳуқуқӣ дар муқоиса ба дороии ваё дар соли гузашта, аз соли андозбандие, кидар он ин тағйирёбии қатъи дороӣ ба амал омадааст, сар карда, аз соли гузаштан андозбандӣ зарарҳо, маблағҳои нигоҳ дошташаванда ё ҳисобу замкуниҳои ба соли дигар гузаронида намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое,  ки:

а) дар давоми се соли баъди тағйирёбии шахси ҳуқуқӣ бо ҳамон фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро давом диҳад;

б) дар давоми як соли баъди тағйирёбии шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкории нав машғул шуданро сар накунад.

 

БОБИ 23. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ

 

Моддаи 173. Пешниҳод кардани декларация

  1. Андозсупоридагони зерин декларация оид ба андози даромад ва андоз аз фоидаро то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз месупоранд:

а) шахси ҳуқуқӣ - резидентҳо;

б) шахси воқеӣ - резидентҳое, ки даромади дар манбаи пардохти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда андозбандишаванда доранд;

в) шахси воқеӣ - резидент, ки дар ҳисобномаҳояшон дар бонкҳои хориxии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида маблағҳои пулӣ доранд;

г) шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ  - ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда даромад гирифта андозбандӣ карда мешаванд ва аз манбаи пардохт андоз намесупоранд;

д) шахсони воқеие, ки даромадҳои мутобиқи банди 4 моддаи 146 андозбандишаванда мегиранд.

  1. Дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти соҳибкории андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вай дар мӯҳлати 30 рӯз ба мақомоти андози дахлдор декларация андоз пешниҳод мекунад.
  2. ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ ёандозсупоранда фавран дар ин бора ба мақомоти андоз огоҳиномаи хаттӣ мефиристонанд. Дар давоми 15 рӯзи баъди қабул шудани қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст, ки декларацияи андозро ба мақомоти дахлдори андоз пешниҳод намояд.
  3. Шахси воқеие, ки аз вай пешниҳод кардани декларацияи андоз талаб карда намешавад, метавонад дар бораи аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағҳо декларацияи андоз пешниҳод кунад.
  4. Андозсупоранда - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва даромади тибқи зербандҳои «в», «г» ва «д» моддаи 149 (1) даромади дар манбаи пардохт андозбасташаванда мегирад, метавонад нисбати чунин даромад бо талаби баргардонидани андози гирифташуда декларация пешниҳод кунад. Чунин декларация бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин модда (бо назардошти ҳамагуна дароз кардани мӯҳлати тибқи моддаи 46) пешниҳод карда шавад. Ин гуна андозсупоранда бо меъёри 30 фоиз аз барзиёдии фарқияти баёни даромадҳои дар боло қайдшуда ва хароxоте, ки бо гирифтани ин даромадҳо алоқаманд мебошанд, андозбандӣ мешаванд. Дар баробари ин даромадҳои дар боло номбаршуда ҳамчун даромадҳое (фоидае), ки ба муассисаи доимии андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, хароxоти андозсупоранда вобаста ба гирифтани фоида (даромад), ҳамчун хароxоти муассисаи доимӣ тарҳ карда мешаванд. Андозе, ки бо ҳамин тарз ҳисоб шудааст, бояд аз маблағи андоз, ки дар xои пардохт мувофиқи моддаи 149 ҳисоб мешавад, зиёд набошад.

 

Моддаи 174. Пардохтҳои xории андоз

  1. Шахси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, вазифадоранд, кина дертар аз рӯзи 15 - уми моҳ пардохтҳои xориро ба андозаи аз 12/1 қисми маблағҳои андоз барои соли гузаштан андозбандӣ ба буxет супоранд. Ин маблағ ба коэффиценти 1,2 зарб карда мешавад.
  2. Бо ихтиёри андозсупоранда маблағи пардохтҳои xории андоз ҳамчун таснифи ба коэффицент баргардонидани ҳаxми даромади умумии (бидуни маблағҳои нигоҳ дошташудаи) андозсупоранда дар ин моҳ, ки он вазни қиёсии маблағи солонаи ин андозро дар даромади умумии (бидуни маблағҳои нигоҳ дошташуда) андозсупоранда дар соли гузашта нишон медиҳад, муайян карда мешавад. Дар айни ҳол андозсупоранда дар давоми соли пурра метавонад яке аз ду усули имконпазири муайян кардани маблағҳои андози xориро истифода барад.
  3. Пардохтҳои xории андоз мувофиқи бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур аз 1/12 ҳиссаи маблағи андоз аз амвол барои соли пешомади соли андозбандӣ кам набояд бошанд.
  4. Пардохтҳои xории андоз ба маблағи андозе, ки аз андозсупоранда дар соли андозбандӣ гирифта мешавад, ҳисоб карда мешаванд. Ҳамагуна барзиёдатии пардохтҳои xории андоз аз фоида, муқобили ӯҳдадориҳо доир ба ин андоз барои соли андозбандишаванда, ба ҳисоби пардохти андоз аз амвол барои ҳамин сол ҳисоб карда мешавад, дар айни замон ҳамагуна барзиёдати муқобили андоз аз амвол ба ҳисоби пардохти дигар андозҳо гузаронида ё ин ки ба андозсупоранда мувофиқи моддаи 60-и Кодекси мазкур баргардонида мешавад.
  5. Барои сари вақт пардохт накардани маблағҳои xории андоз фоизҳо мувофиқи моддаи 72 ҳисоб карда мешаванд.

 

Моддаи 175. Пардохти андоз аз рӯи xамъбасти сол

Андозсупорандагон на дертар аз 10 апрели соли баъди ҳисоботии андозбандӣ ҳисобу китоби пурра намуда андоз месупоранд.

 

ФАСЛИ VII.     АНДОЗАЗАРЗИШИИЛОВАШУДА

 

БОБИ 24. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 176. Мафҳуми андоз аз арзиши иловашуда

Андоз аз арзиши иловашуда, шакли ба буxет ворид намудани     қисми арзиши дар процесси истеҳсол ва гардиши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иловашуда, инчунин қисми тамоми молҳои андозбандишавандаи ба  қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашаванда мебошад. Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, гардиши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ пардохта шавад. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандӣ шаванда пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, киаз чунин муомилот ҳисобу зам карда шудааст ва маблағи андозе, ки мутобиқи муқаррароти ҳамин фасл бояд тибқи ҳисобнома - фактураҳои андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб карда шавад, муайян карда мешавад.

Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ба буxет ҳангоми воридот супорида шавад, бо роҳи зарб задани воридоти андозбандишаванда ба меъёри андози арзиши иловашуда ҳисоб карда мешавад.

 

БОБИ 25. АНДОЗСУПОРАНДАГОН

 

Моддаи 177. Андозсупорандагон

  1. шахси ба қайд гирифташуда ё ӯҳдадоре, ки бояд ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад, супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад.
  2. Шахси ба қайд гирифташуда аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани бақайдгирӣ аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда андозсупоранда мегардад. Шахси ба қайд гирифтанашудае, ки ӯҳдадор аст барои ба қайдгирӣ ариза диҳад азаввали давраи ҳисоботии баъди даврае, ки барои додани аризаи ба қайдгирӣ ӯҳдадорӣ ба миён омадааст, аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда андозсупоранда мебошад.
  3. Илова ба шахсони андози арзиши иловашударо супоранда тибқи банди 1 ҳамин модда ҳамаи шахсоне, ки воридоти андозбандишавандаи молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом медиҳанд, оид ба чунин воридот супорандагони андоз аз арзиши иловашуда дониста мешаванд.
  4. Шахси ғайрирезидент, ки бидуни қайд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, ки бояд аз онҳо мувофиқи моддаи 195 андозбандӣ шаванд, машғул аст, аз рӯи чунин кору хизматҳо супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад.

 

Моддаи 178. Талабот аз додани ариза барои бақайдгирӣ

  1. шахси машғули фаъолияти иқтисодӣ, ки ҳаxми муомилоти андозбандишавандааш дар 12 моҳи пурраи тақвимии гузашта аз 12.000 ҳадди ақали даромади андозбандишаванда зиёд аст, ӯҳдадор аст ба мақомоти андоз xиҳати бақайдгирӣ барои андоз аз арзиши иловашуда на дертар аз 10 рӯзи баъди ба охир расидани ин давра ариза диҳад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин модда молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ аз тарафи ғайрирезидент ҳангоми муайян кардани арзиши умумии муомилоти андозбандишаванда ба эътибор гирифта мешавад, танҳо агар онҳо ба воситаи муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 179. Бақайдгирии ихтиёрӣ

Шахсе, ки барои бақайдгирӣ бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ӯҳдадор нест, метавонад барои чунин бақайдгирӣ ихтиёран андоз ариза диҳад.

 

Моддаи 180. Бақайдгирӣ

  1. Шахсе, ки xиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ариза медиҳад, ӯҳдадор аст, ки ин амалро мувофиқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ диҳад.
  2. ҳангоми аз тарафи шахси машғули молрасонии андозбандишаванда додани ариза xиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда, мақомоти андоз вазифадоранд, ки чунин шахсро дар реестри супоридани андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта, дар давоми даҳ рӯзи баъди супоридани ариза ба вай сертификати бақайдгирӣ диҳанд ва дар он номи пурра (ному насаб) ва дигар маълумоти дахлдор дар бораи андозсупоранда, санаи додани сертификат, санае, киаз он бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад ва рақами мушаххаси андозсупорандаро нишон диҳанд.
  3. Бақайдгирӣ дар яке аз санаҳои зерин, вобаста аз он ки кадом сана пештар меояд, эътибор пайдо мекунад:

а) ҳангоми бақайдгирии ҳатмӣ дар рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он барои додани ариза барои бақайдгирӣ ӯҳдадорӣ пайдо мешавад;

б) дар сурати ба қайдгирии ихтиёрӣ дар рӯзи аввали давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он барои бақайдгирӣ ариза дода шудааст;

в) дар рӯзе, ки андозсупоранда дар аризаи бақайдгирӣ нишон додааст.

  1. Мақомоти андоз вазифадоранд, ки реестри супорандагони андоз аз арзиши иловашударо, ки дар он бояд оид ба шахсоне, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд, маълумоти муфассал дарx ёбад, кушода. Онро ба роҳ монанд.
  2. Агар шахс ӯҳдадор бошад, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад ва ӯ барои ба қайдгирӣ ариза надода бошад, мақомоти андоз бо ташаббуси худ ин андозсупорандаро ба қайд гирифта, ба вай ҳуxxатҳои дахлдор мефиристонанд
  3. Шахсе, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудааст, ӯҳдадор аст, ки дар тамоми ҳисобнома - фактураҳои оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва тамоми декларацияҳо, инчунин мактубҳои расмие, ки ба мақомоти андоз фиристода мешаванд, рақами мушахасашро нишон диҳад.

 

Моддаи 181. Бекор кардани бақайдгирӣ

  1. Андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки барои бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳад, ки агар вай анxом додани муомилоти андозбандишавандаро қатъ намояд.
  2. Ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 1 ҳамин модда пешбинишуда, андозсупоранда метавонад xиҳати бекор кардани бақаёдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда кадом вақте, ки бошад, баъди ду соли баъди эътибор пайдо кардани охирин бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳад, агар андозаи умумии муомилоти андозбандишавандаи андозсупоранда дар 12 моҳи пурраи тақвимии гузашта аз 12000 ҳадди ақали даромади андозбандишаванда зиёд набошад. Бекор кардани бақаёдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда аз лаҳзаи аз тарафи андозсупоранда қатъ гардонда нашуда бошад, аз лаҳзаи ба мақомоти андоз додани ариза барои бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда эътибор пайдо мекунад.
  3. Агар бақайдгирии шахс барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор карда шавад, мақомоти ӯҳдадоранд, ки номи (ному насаби) шахс ва дигар маълумотро дар бораи вай аз реестри супорандаи андоз аз арзиши иловашуда хориx намоянд, инчунин сертификати ба вай додашударо аз вай гиранд.

 

БОБИ 26. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ

 

Моддаи 182. Объектҳои андозбандӣ

  1. Объектҳои андозбандӣ аз арзиши иловашуда муомилот ва воридоти андозбандишаванда мебошанд.
  2. Молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, ба ғайр аз молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, ки тибқи муқаррароти ҳамин фасл аз супоридани андоз озод карда шудаанд ва дар доираи фаъолияти иқтисодии мустақилонаи шахсон ба амал бароварда мешаванд, агар онҳо мутобиқи моддаҳои 193 ва 194 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошаванда дониста шаванд, муомилоти андозбандишаванда мебошанд.

Муомилоти андозбандишаванда мутобиқи моддаи 194 хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар намегирад.

  1. Агар андозсупоранда молҳоро (кор, хизматрасонӣ) бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда харад ва маблағи муайян гирад (ё ҳуқуқи гирифтани доранд), истифодаи чунин молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонӣ) барои фаъолияти ғайри иқтисодӣ, муомилоти андозбандӣ шаванда ҳисобида мешавад.
  2. Молрасонӣ, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ аз xониби андозсупоранда ба кормандони худ, аз xумла дар асоси беподош, муомилоти андозбандишаванда мебошад.
  3. Агар бақайдгирии андозсупоранда бекор карда шавад, молҳои дар лаҳзаи бекор кардан дар ихтиёраш монда, ҳамчун молҳои дар доираи муомилоти андозбандишавандаи дар ин лаҳза иҷрошуда қарор дошта ҳисобида мешаванд.
  4. Сарфи назар аз дигар муқаррароти ҳамин модда молрасонӣ аз тарафи шахсе, ки ин молҳоро дар натиxаи муомилоти аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда андозбандишаванда харидааст, аммо мувофиқи моддаи 201 ҳангоми харидани ин молҳо барои ҳисоб кардани маблағ аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда ҳуқуқ надошта, ҳамчун муомилоти андозбандишаванда ҳисобида намешавад. Агар ҳангоми харидани молҳо ба ҳисобгирӣ қисман роҳ дода нашудааст кам карда мешавад.
  5. Арзиши бастаҳое, ки бояд баргардонда шаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои фурӯши чакана, ба маблағи андозбандишаванда дохил карда намешавад. Чаканафурӯшон метавонанд ҳаxми муомилоти андозбандишавандаро ба маблағе, ки онҳо ба сифати ҳаққи баргардондани бастаҳо ба мизоxон пардохтаанд, кам кунанд.
  6. Дар ҳолати истеҳсоли молҳо, иҷрои кор ва хизматрасониҳо аз ашё ё маводи молики фармоишгар, дар мавриде, ки соҳиби ашё, мавод ё ҳосили коркард худи фармоишгар мемонад, амалиёти андозбандишаванда барои коркардкунанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) хизмат доир ба дигаргунии (коркарди) ашё ё маводҳо ба молҳо (кору хизматрасониҳо) мебошад.

 

Моддаи 183.  Фурӯхтан ё додани корхона

  1. Аз тарафи як андозсупоранда ба дигар андозсупоранда дар доираи як муомилот амалан фурӯхтан ё додани тамоми активҳои корхона ё воҳиди мустақили корхона муомилоти андозбандишаванда ҳисоб карда намешавад.
  2. Дар мавриди банди 1 ҳамин модда, фурӯшанда ё гирандаи активҳо дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадории фурӯшандаи ҳамин боб нишон дода шуда, ки бо корхонаи фурӯхта ё додашуда ё воҳиди мустақили корхона вобаста мебошанд, мегардад.
  3. ҳамин модда танҳо дар мавриде қабул карда мешавад, ки агар тарафҳои фурӯшанда (супоранда) ва гиранда на дертар аз 10 рӯзи фурӯхтан (супоридан) мақомоти андозро дар бораи қарори татбиқи муқаррароти ҳамин модда ба таври хаттӣ хабар диҳанд.

 

БОБИ 27. МУАЙЯН КАРДАНИ МУОМИЛОТ ВА ВОРИДОТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА

 

Моддаи 184. Арзиши муомилоти андозбандишаванда

  1. Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси маблағ (арзиши аз чумла ба шакли натуралӣ), ки андозсупоранда аз мизоx ё шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро, бо назардошти ҳамагуна боxҳо, андозҳо ва (ё) дигар пардохтҳо, бидуни андоз аз арзиши иловашуда дорад, ҳисоб карда мешавад.
  2. Агар андозсупоранда дар ивази муомилоти андозбандишаванда мол, кор ва хизматрасонӣ гирад ё ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши муомилоти андозбандишаванда нархи бозории ин моҳо, кор ва хизматрасониро (аз xумла ҳамагуна боx, андоз ё дигар маблағҳоро), бидуни ба ҳисоб гирифтани андоз ва арзиши иловашуда, дар бар мегирад.
  3. Дар сурате, ки андозсупоранда дар ивази муомилоти андозбандишаванда (аз xумла молҳое, ки дар мавриди бекор кардани бақайдгирӣ дар ихтиёраш мемонад) ягон хел сарват нагирад ё ҳуқуқи гирифтан надошта бошад, арзиши муомилоти андозбандишаванда ба арзиши молҳои расонида дар рафти чунин амалиёти андозбандишаванда, корҳои иҷрошуда ё хизматҳои расонидан (аз xумла ҳама гуна боx, андоз ва маблағҳо) андозсупоранда, бидуни андоз ва арзиши иловашуда, баробар аст.
  4. Дар сурати бо мақсадҳои ғайрииқтисоди истеъмол намудан ё и стифода бурдани молҳо (кор ё хизматҳо) тибқи моддаи 182 (3), инчунин дар сурати молрасонӣ аз тарафи кормандони худ мувофиқи моддаи 182 (4), маблағи муомилоти андозбандишаванда, ба нархи бозории ин моҳо,  корҳо ва хизматҳо (аз xумла ҳамагуна боx, андоз ва дигар маблағҳо) бидуни андоз аз арзиши иловашуда, баробар аст.
  5. Барои корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, корхонаҳои маҳсулоттайёркунӣ, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, дар мавриди молҳоро аз шахсе, ки супорандаи андозбандишаванда ҳамчун фарқи мусбии арзиши таҳвили ин молҳо бидуни андоз аз арзиши иловашуда ва арзиши хариди онҳо ҳисоб карда мешавад. Дар мавриди фарқи манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда ба сифр баробар қабул карда мешавад.

 

Моддаи 185. Тасҳеҳи муомилоти андозбандишаванда

  1. Ҳамин модда нисбат ба муомилоти андозбандишавандаи андозсупоранда дар мавридҳои зерин татбиқ мегардад:

а) бекор кардани муомилот;

б) тағйир ёфтани хусусияти муомилот;

в) тағйир ёфтани xуброни мувофиқашуда барои муомилот ҳам аз сабаби кам кардани нарх ва ҳам аз рӯи ҳама гуна сабаби дигар;

г) пурра ё қисман баргардонидани молҳо (натиxаи кор ва хизматҳо) ба андозсупоранда.

  1. Агар андозсупоранда дар натиxаи яке аз сабабҳои дар банди 1 ҳамин модда нишон дода шуда:

а) оид ба андоз ва арзиши иловашуда ҳисобнома - фактураи андозсупорӣ пешниҳод кунад, ки маблағи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст нишон дода шуда бошад;

б) дар декларацияи оид ба андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст нишон дода шуда бошад, пас мувофиқи банди 5 моддаи 201 ё банди 2 моддаи 290 ба он ислоҳ дароварда мешавад.

 

Моддаи 186. Ҳаxми воридоти андозбандишаванда

  1. Ҳаxми воридоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳо, ки мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, xамъи боxу андозҳое, ки бояд ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани молҳо супорида шаванд, вале бидуни ба ҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, мебошад.
  2. Дар мавриди хизматҳое, ки мувофиқи моддаи 197 (2) ҳамчун қисми воридот ҳисобида мешаванд, арзиши онҳо, бидуни баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ба арзиши дар банди 1 ҳамин модда нишон додашуда илова карда мешавад.

 

БОБИ 28. ИМТИЁЗОТИ АНДОЗ

 

Моддаи 187. Озод кардан аз пардохти андоз

  1. Намудҳои зерини мол, кор ва хизматҳо, инчунин намудҳои зерини воридот аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд (ба ғайр аз ҳолатҳои содироти молҳо):

а) фурӯхтан, додан ё ба иҷро додани амволи ғайриманқул (аз xумла додани ҳолатҳои содироти молҳо), ба ғайр аз:

- барои истироҳаткунандагон фурӯхтан ё додани меҳмонхонаҳо ё мазил;

- фурӯхтан ё додани хонаҳои истиқоматии нав сохташуда, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бино камаш дар давоми 2 сол ҳамчун хонаи истиқоматӣ истифода бурда шуда бошад;

б) хизматрасонии молиявӣ;

в) таҳвил ё ворид намудани асъори миллӣ ё хориxӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ) инчунин қоғазҳои қиматнок;

г) воридоти тилло, ки барои таҳвил ба Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст;

д) расонидани хизматҳои динӣ ва марсимӣ ба ташкилотҳои динӣ;

е) расонидани хизматҳои тиббӣ;

ж) расонидани хизматҳои таълимӣ барои бачаҳо ва наврасон дар маҳфилҳо, секцияҳо (аз он xумла тарбияи xисмонӣ ва варзиш), студияҳо, инчунин хизматҳо оид ба нигоҳубини бачаҳо дар муассисаҳои томактабӣ;

з) хизматрасонии таълимӣ ба муассисаҳои таълимӣ;

и) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ ба сифати ёрии башардӯстона, ёрии башардустона» калимаҳои «воридоти молҳо барои расонидани кӯмаки бебозгашт, инчунин воридоти молҳое, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои xамъиятӣ барои мақсадҳои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо дода мешаванд;

к) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳо аз мамлакатҳое, ки нисбат ба содироти мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирифтани андоз аз арзиши иловашударо xорӣ кардаанд. Дар ҳолате, ки агар андози арзиши иловашудаи пардохташуда дар кишваре, ки аз онҳо мол оварда мешавад, нисбат ба андози арзиши иловашудаи молҳои мазкури мувофиқи ҳамин қисм муайянкарда камтар бошад, пас молҳои воридшаванда ба маблағи ин фарқ андози арзиши иловашуда месупоранд;

л) таҳвили молҳо,  иҷроиши корҳо, хизматрасонӣ аз тарафи xамъияти маъюбон, нобиноён, карҳо ва моликияти онҳо буда, ки дар онҳо якбора:

- а) на камтар аз 50% шумораи коркунонро маъюбон (нобиноён, карҳо) ташкил медиҳанд ва

- б) на камтар аз 50% маблағҳои фонди музди меҳнат ва мукофотпулиҳо (аз он xумла мукофотҳое, ки дар шакли натуравӣ дода шудаанд) дар давраи солонаи ҳисоботии андоз барои эҳтиёxи маъюбон (нобиноён, карҳо) харx шудааст;

м) таxҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилкунандаи он (ташкилдиҳандаи маxмӯи ягона, ки бе онҳо фаъолияти таxҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита барои ташаккул ва пур кардани фонди оинномавии корхона ё аз нав таxҳизонидани истеҳсолоти амалкунанда ворид карда мешавад, ба шарте ки ин амвол бевосита барои истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мувофиқи ҳуxxатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба гурӯҳи молҳои аксиздор дохил нашавад, инчунин моликияти шахсие, ки ба xумҳурӣ аз xониби кормандони хориxии дорои сармояи хориxӣ, ки бевосита барои эҳтиёxоти шахсӣ ворид карда мешавад.

Дар ҳолати барҳам хурдани чунин корхона ё дар муддати чор сол истифода набурдани таxҳизоти дар боло номбаршудаи истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилкунандаи он, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст (оварда шудааст), аз вақти ба xумҳурӣ ворид намудан ё аз вақти бақайдгирии давлатии (азнавбақайдгирӣ бинобар зиёд намудани фонди оинномавии) корхонаи мазкур ё аз xониби ҳамин корхона ба шахси дигар фурӯхта мешаванд, маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин банд ҳангоми воридоти таxҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилкунандаи он пардохта нашудааст, ба буxети давлатӣ ситонида мешавад;

н) молҳое, ки барои сохтмони иншоотҳои махсусан муҳим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд. Номгӯи чунин молҳо ва иншоотҳои махсусан муҳим аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

о) воридоти молҳо тибқи лоиҳаҳои мақсаднок, ки аз ҳисоби қарзу кредитҳо, кӯмаки бебозгашти молиявӣ ва техникӣ (грантҳо)-и аз xониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои хориxӣ, давлатҳои хориxӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориxӣ пешниҳодшаванда, ба амал бароварда мешаванд.

п) техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёxоти соҳаи хоxагии қишлоқ расонида мешаванд ва номгӯи онҳо аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

р) таҳвили рӯзномаҳо, мачалаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, китобҳои илмӣ-техникӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба нашри онҳо. Имтиёзҳои пешбинишуда ба маҳсулоти дар боло қайдшудаи дорои хусусияти эротикӣ ва махсуси рекламавӣ паҳн намешаванд.

 

Моддаи 188. Хусусияти андозбандӣ ҳангоми гузаронидани молҳо ба воситаи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳо вобаста аз тартиби гумрукии интихобнамуда, андозбандӣ мувофиқи тартиби зайл ба амал бароварда мешавад:

а) ҳангоми режими гумрукии иxозати молҳо барои муомилоти озод ба ҳаxми пурра супорида мешавад;

б) ҳангоми таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани молҳо андозсупорандамаблағи андозеро, ки аз супоридани он озод карда шуда буд  ёмаблағи андозе, ки вобаста ба содироти мол мутобиқи ҳамин Кодекс мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вай гардонида шуда буд, месупорад;

в) ҳангоми таҳти низоми гумрукии транзит, амбори гумрукӣ, реэкспорт, мағозаи савдои бебоx, коркард таҳти назорати гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори кушода, нест кардан ва даст кашидан, ба фоидаи давлат гузаронидани молҳо андоз пардохта намешавад;

г) дар сурати таҳти низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ xой додани молҳо андоз ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ин молҳо пардохта шуда, баъд маблағҳои пардохташудаи андоз ҳангоми аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани маҳсулот баргардонда мешавад;

д) ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани молҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ё қисман озод кардан аз апрдохти андоз татбиқ мегардад;              

е) ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркард, нисбати молҳое, ки  таҳти низоми коркард берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон xой дода шудаанд, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ё қисман аз супоридани андоз озод намудани татбиқ карда мешавад.

  1. Ҳангоми аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани молҳо андозбандӣ аз рӯи тартиби зерин ба амал бароварда мешавад:

а) дар сурати таҳти низоми гумрукии содирот берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон xой додани молҳо андоз пардохта намешавад ё маблағҳои супоридани андоз мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Кодекс аз xониби мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида (ҳисоб карда)  мешавад.

Тартиби дар ҳамин зербанд нишон дода шуда, инчунин нисбати содир намудани молҳо берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми гумрукии содирот нисбати он молҳое, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод ё минтақаи озоди гумрукӣ xойгир мебошанд, истифода бурда мешавад.

б) ҳангоми содир намудани молҳое, ки таҳти низоми гумрукии реэкспорти молҳои хориxӣ xойгир шуда буданд, маблағи андозҳои ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохташуда (бо сабаби гузаштани мӯҳлати ҳатмии содир намудани молҳои таҳти низоми реэкспорти молҳои хориxӣ xойгир шуда, мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон), мувофиқи тартибе, ки қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, баргардонида мешавад;

в) ҳангоми аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиботи гумрукии нисбат ба тартиби дар зербандҳои «а ва б» ҳамин банд нишондодашуда дигар содир намудани молҳо озод кардан аз апрдохти андоз ва ё бюаргардонидани маблағҳои пардохташудаи андоз ба амал бароварда намешавад, агар дар қонунгузории гумрук тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

  1. ҳангоми аз тарафи шахсони воқеӣ гузаронидани молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ пешбинӣ наградида, тартиби оддӣ ё имтиёзноки пардохти андозро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода бурдан мумкин аст. Дар ин сурат арзиши молҳои харидашудаи барои истифодаи шахсӣ пешбинишуда набояд аз 1000 доллари ШМА зиёд бошад.

Маблағи зиёдатӣ аз рӯи тартиби умумии муқарраршуда (ғайриимтиёз) ҳатман таҳти андозбандӣ қарор мегирад.

  1. Дар сурати риоя накардани шартҳои интихобкардаи тартиби гумрукӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозсупоранда маблағи андоз, инчунин фоизҳои ба ин маблағ ҳисобу замшударо месупорад.

 

БОБИ 29. МУОМИЛОТЕ, КИ АЗ РӮИ СИФР АНДОЗБАНДӣ МЕШАВАД

 

Моддаи 189. Андозбандии содироти мол (кор, хизматҳо)

Аз содироти мол (кор, хизматҳо) андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи меъёри сифр гирифта мешавад, ба истиснои таҳвили молҳо (кору хизматҳо) ба давлатҳое. Ки нисбат ба содироти мол (кору хизматҳо) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирифтани андоз аз арзиши иловашударо истифода мебаранд.

 

Моддаи 190. Андозбандии боркашонии байналхалқӣ

  1. Хизматрасонии нақлиётӣ ё дигар хизматҳо ё иҷрои корҳои бевосита марбути ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонии байналхалқӣ, инчунин таҳвили масолеҳи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар маводи истеъмолӣ, ки ба борти (саҳни) киштии ҳавоӣ барои истеъмол дар вақти парвозҳои байналҳалқӣ бор карда мешаванд, аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ карда мешаванд.
  2. Ҳамлу нақл ва хизматрасонии борҳои транзитии дар банди «в» моддаи 188 (1) нишон додашуда аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ карда мешаванд.
  3. Моддаи мазкур истифода бурда намешавад нисбати давлатҳое, ки ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани мол, расонидани хитзматҳои байналхалқии кашонидани бор ва пассажирҳо режими андоз аз арзиши иловашударо истифода мебаранд.

 

Моддаи 191. Тиллое, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон таҳвил дода мешавад

Тиллое, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон таҳвил дода мешавад, аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ мешавад.

 

БОБИ 30. ВАҚТ ВА МАҲАЛИ АНҶОМ ДОДАНИ МУОМИЛОТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС

 

Моддаи 192. Вақти анxом додани муомилоти андозбандишаванда

  1. ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи бандҳои 2 ва 3 ҳамин модда муомилоти андозбандишаванда ҳангоми пешниҳод кардани ҳисобнома - фактураи андоз аз рӯи андози арзиши иловашуда нисбат ба ҳамин муомилот xой дорад.
  2. Агар дар давоми панx рӯзи баъди мӯҳлати дар ҳамин банд нишон додашуда оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома - фактура пешниҳод карда нашавад, банди 1 ҳамин модда татбиқ карда намешавад ва муомилоти андозбандишаванда дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

а) дар лаҳзаи қабул, фурӯхтан ё супоридани молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;

б) дар ҳолати таҳвили молҳое, ки ҳамлу нақли молҳоро дар лаҳзаи боркунӣ дар назар доранд.

  1. ҳангоме, ки пардохт то фаро расидани мӯҳлати дар зербандҳои «а ё б» банди 2 ҳамин модда нишон додашуда ба амал бароварда шавад, агар ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда дар давоми панx рӯзи баъди пардохт пешниҳод карда нашавад, бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд ва муомилоти андозбандишаванда ҳангоми ба амал баровардани пардохт анxом дода мешавад.
  2. Барои мақсадҳои банди 3 ҳамин модда, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи банди 5 ҳамин модда, агар барои муомилоти андозбандишаванда ду ва зиёда аз он пардохт ба амал бароварда шавад, ҳар як пардохт ҳамчун пардохти барои муомилоти алоҳида ба андозаи маблағи пардохт анxом додашуда ҳисоб карда мешавад.
  3. Агар хизматрасонӣ мунтазам ё ба таври доимӣ ба амал бароварда шавад, пас хизматрасонӣ ҳамчун амали ҳар дафъа дар лаҳзаи пешниҳод кардани ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда вобаста ба ҳамагуна қисми ин муомилот ё агар пардохт пештар дар лаҳзаи пардохти ҳамагуна қисми муомилот ба амал бароварда шавад, анxом додашуда ҳисобида мешавад.
  4. Дар мавриди татбиқи моддаи 182 (3) лаҳзаи анxом додани муомилоти андозбандишаванда лаҳзаи истифодабарӣ ё истеъмоли молҳо, кор ва хизматҳо дониста мешавад. дар мавриди дар моддаи 182 (4) нишон додашуда, лаҳзаи анxом додани муомилоти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили молҳо, иҷрои кор ё хизматрасонӣ ба кормандон мебошад.
  5. Дар сурати татбиқи моддаи 182 (5) лаҳзаи таҳвил лаҳзаи бевосита пеш аз эътибор пайдо кардани бекоркунӣ ҳисобида мешавад.
  6. Лаҳзаи анxом додани муомилоти андозбандишаванда оид ба ба таҳвили қувваи барқ ё гармӣ, газ ё об мувофиқи қоидаҳои нисбат ба хизматрасонӣ амалкунанда муайян карда мешавад. Андозбандӣ аз воридоти қувваи барқ ё гармӣ ва газна аз тарафи мақомоти гумрук, балки аз xониби мақомоти андоз ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 193. Маҳали таҳвили мол

  1. Агар шартҳои таҳвил ҳамлу нақли молро пешбинӣ намоянд, таҳвил дар маҳали саршавии ҳамлу нақли молҳо ба амал бароварда мешавад. Дар дигар мавридҳо таҳвили мол дар маҳали супоридани он анxом дода мешавад.
  2. Таҳвили қувваи барқ ё гармӣ ва газ дар xои гирифтани молҳо ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани чунин молҳо таҳвил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом додашуда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 194. Маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ

  1. Барои мақсадҳои ҳамин фасл маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ инҳо мебошанд:

а) маҳали иҷрои амалии корҳо (хизматҳо), агар онҳо бо амволи манқул, агар корҳо (хизматҳо) бевосита бо ин амвол алоқаманд бошанд;

б) маҳали иҷрои амалии корҳо (хизматҳо), агар онҳо бо амволи манқул алоқаманд бошанд;

в) маҳали хизматрасониҳои амалӣ, агар онҳо дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, маориф, тарбияи xисмонӣ ва спорт ё дигар соҳаи фаъолияти шабеҳи ин расонида шаванд;

г) маҳали воқеии ба амал баровардани ҳамлу нақл, агар корҳо (хизматҳо) бо ин ҳамлу нақл алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои моддаи 190 чунин муомилоти бо иҷрои корҳо ё хизматрасонии андозсупоранда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом додашуда ҳисоб карда мешавад;

д) маҳали xойгиршавии муассисаи доимии харидори хизматҳо, ки ин хизматҳо бештар бо он (муассисаи доимӣ) алоқаманд мебошанд.

Муқаррароти ҳамин зербанд нисбат ба хизматҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

ба моликият додан ё гузашт кардан аз патентҳо, лицензияҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва дигар ҳуқуқҳои шабеҳи он;

гузаронидани консултацияҳо, расонидани кӯмакҳои юридикӣ, бухгалтерӣ, инжинернӣ, ё реклама ва инчунин расонидани хизматҳои коркарди маълумотҳо ва  хизматҳои шабеҳи он;

хизматрасонӣ оид ба додани ҳайати шахсӣ;

ба иxора додани амволи манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёти корхонаҳои нақлиётӣ);

хизматрасонии агенти шахсе, ки (корхона ё шахси воқеӣ) аз номи иштирокчии асосии қарордод барои иҷрои хизматҳои пешбининамудаи ҳамин зербанд киро мекунад;

е) маҳали анxом додани фаъолияти иқтисодии шахси иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасон.

  1. ҳангоми истифодаи банди 1 ҳамин модда маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ, ки дар зиёда аз як зербанди банди 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, маҳали якуми тартибии дар ин ҳуxxатҳо зикршуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 195. Андозбандии мутақобила

  1. Агар шахси ғайрирезидент ё барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, барои агенти андози дар банди 2 ҳамин модда нишон додашуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонад ё корҳоро иҷро кунад, барои мақсадҳои ҳамин фасл чунин иҷрои ё хизматрасонӣ мувофиқи ҳамин модда андозбандӣ мешаванд.
  2. Барои мақсадҳои моддаи мазкур ҳар кадом шахси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда - агенти андоз ва барои мақсади андози арзиши иловашуда ҳар кадом ашхоси ҳуқуқӣ - резидент дониста мешаванд.
  3. Дар сурати татбиқ намудани банди 1 ҳамин модда, агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба ғайрирезидент пардохта шавад, андоз мегирад. Маблағи андоз бо роҳи татбиқи меъёри андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 199 (1) нисбат ба маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба ғайрирезидент пардохта шавад, муайян карда мешавад.
  4. Агар егнти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуд бошад, андози нигоҳ дошташуда ҳангоми пешниҳод кардани декларация оид ба андоз аз арзиши иловашуда барои моҳе, ки муомилот анxом дода шудааст, пардохта мешавад. ҳуxxати пардохт барои супоридани андози нигоҳ дошташуда ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисобида шуда, мутобиқи моддаи 201 ба агенти андоз барои ҳисоб кардани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ҳуқуқ медиҳад.
  5. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашуда бошад, вай ӯҳдадор аст, ки андози нигоҳ дошташударо мувофиқи тартиби муқаррар намудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар давоми панx рӯзи баъди пардохт ба ғайрирезидент, супорад.
  6. Дар сурати воридоти мутаалиқи ғайрирезидент барои ба агенти андоз ба иxора супоридан ҳангоми аз пардохтҳои иxора гирифтани андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи ҳамин модда бо розигии молик - ғайрирезидент агенти андоз метавонад ҳисоб кардани маблағи андоз аз арзиши иловашударо, ки аз воридот пардохта шудааст, талаб кунад. Дар ин маврид агенти андоз ҳамчун андозсупоранда дониста шуда, ҳангоми таҳвили минбаъдаи амвол (ба истиснои содироти он) барои пардохти андоз аз арзиши иловашуда масъул мебошад.

 

Моддаи 196. Вақти воридот

Воридоти мол дар лаҳзаи аз молҳо мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани боxи гумрукӣ амалӣ мегардад. Агар молҳо аз супоридани боxи гумрукӣ озод карда шуда бошанд, воридоти молҳо дар лаҳзае, ки боxи гумрукӣ пардохта шуда бошад, агар молҳо аз супоридани боx озод карда нашуда бошанд, анxом додашуда ҳисоб карда мешаванд.

 

Моддаи 197. Муомилоти омехта

  1. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ, ки нисбат ба таҳвили (асосии) молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ хусусияти ёридиҳанда доранд, ҳамчун қисми амали дорои хусусияти ёридиҳанда дониста мешавад.
  2. Иҷрои корҳо ё хизматрасонии нисбат ба воридоти мол дорои хусусияти ёридиҳанда қисми воридоти мол мебошад.
  3. Муомилоти андозбандишавандае, ки унсурҳои мустақилро дар бар гирифта, як ё якчандтои онҳо таҳвили алоҳидаи молҳо, хизматрасонӣ ё иҷрои корҳои озодшуда аз андози арзиши иловашуда пешбинӣ менамоянд, ҳамчун амали иборат аз муомилоти алоҳида ҳисобида мешавад. Муомилоти озоде, ки унсурҳои мустақилро дар бар гирифта, як ёякчандтои онҳо таҳвили алоҳидаи молҳо, хизматрасонӣ ё иҷрои корҳои андозбандишаванда бо андози арзиши иловашуда пешбинӣ мекунанд, ҳамчун амали иборат аз муомилоти алоҳида ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 198. Муомилоте, ки агент анxом медиҳад

  1. Таҳвили молҳо, иҷрои ё хизматрасонӣ аз тарафи шахсе, ки агенти (шахси бовариноки) дигар шахс (ваколатдиҳанда) мебошад, аз ном ва бо супориши ин шахси дигар (ваколатдиҳанда), муомилоти ба амал баровардаи шахси ваколатдиҳанда ҳисобида мешавад.
  2. Банди 1 ҳамин модда нисбат ба хизматҳое, ки агенти шахси ваколатдиҳанда мерасонад, татбиқ карда намешавад.
  3. Банди 1 ҳамин модда нисбат ба таҳвили молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби агенти резидентие, ки резидент набуда, ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, татбиқ карда намешавад. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда таҳвил аз тарафи агент анxом додашуда ҳисобида мешавад.

 

БОБИ 31. ТАРТИБИ ҲИСОБ КАРДАН ВА ПАРДОХТАНИ АНДОЗ

 

Моддаи 199. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда

  1. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда 20 фоизи муомилот ва (ё) воридоти андозбандишавандаро ташкил медиҳад.
  2. Муомилоти андозбандишаванда аз арзиши умумии муомилоти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ иборат аст.

 

Моддаи 200. Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буxет пардохта шавад

  1. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд мувофиқи моддаи 192 аз гардиши андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 199 (1) аз муомилоти андозбандишаванда ва маблағи андоз, ки тибқи моддаи 201 бояд ҳисоб карда шавад, муайян карда мешавад.
  2. Дар мавридҳои дар моддаи 185 нишон додашуда, вақте, ки андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд пардохта шавад, нисбат ба маблағи дар деларация оид ба андоз аз арзиши иловашуда амалан нишон додаи андозсупоранда зиёд бошад, маблағи зиёдшуда ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд дар давраи ҳимсоботӣ, ки ҳодисаи дар моддаи 185 зикршуда ба амал омадааст, пардохта шавад, дониста шуда, ба маблағи андозе, ки мувофиқи банди 1 ҳамин модда бояд дар давраи ҳисоботӣ пардохта шавад, илова карда мешавад.

 

Моддаи 201. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян кардани пардохтҳо ба буxет ҳисоб карда мешавад.

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, маблағи андозе мебошад, ки бояд андозсупоранда аз рӯи ҳисобнома - фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки ба вай пешниҳод карда шудааст, бо назардошти фаро расидани вақти муомилоти андозбандишаванда аз рӯи муомилоти зерин супорад:

а) воридоти мол тибқи моддаи 196 дар давоми давраи ҳисоботӣ;

б) муомилоти андозбандишаванда, ки таҳвили мол, иҷрои корҳо ё хизматрасониро пешбинӣ намуда, тибқи моддаи 192 дар давраи ҳисоботӣ иҷрошуда ҳисобида мешаванд, агар мол, кор ва хизматҳо барои мақсадҳои фаъолияти иқтисодии андозсупоранда истифода шаванд ё бояд истифода бурда шаванд, ҳатто агар онҳо ба хароxоти истеҳсолӣ дохил карда нашаванд.

  1. Дар мавридҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд андозсупоранда аз рӯи ҳисобнома - фактураҳои ба вай пешниҳодшудаи андоз аз арзиши иловашуда супорад (супорида шудааст), барои воридоти мол ва муомилоти андозбандишаванда, ки қисман барои фаъолияти иқтисодии андозсупоранда ва қисман барои дигар мақсадҳо пешбинӣ шудааст, андоз аз арзиши иловашуда дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти иқтисодӣ анxом дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои зерин ҳисобкунии андози арзиши иловашуда анxом дода намешавад:

а) нақлиёти сабукрав ба истиснои фурӯхтан ва ба прокат додани он барои ашхосе, ки фурӯш ва бо прокат додани автомобилҳо барои вай намудаи асосии фаъолияти тиxоратӣ ҳисобида мешавад, ё ки

б) хароxоти вақтгузаронӣ (тамошо) ё барои мақсадҳои намояндагӣ, барои мақсадҳои хайрия ва ё иxтимоӣ.

  1. Дар ҳолатҳое, ки агар андозсупоранда мутобиқи моддаи 187 муомилоти андозбандишаванда ва муомилоти аз андози арзиши иловашуда озод дошта бошад, ҳисобкунӣ аз рӯи андози арзиши иловашуда ба маблағи андози арзиши иловашудае, ки аз вазни қиёсии гардиши андозбандишавандаи гардиши умумӣ муайяншуда, анxом дода мешавад. Агар андозсупоранда танҳо муомилоти озод дошта бошад, ҳисобкунӣ роҳ дода намешавад. Банди 2 ҳамин модда то вақти татбиқи ҳамин банд истифода бурда мешавад.
  2. Дар мавридҳои дар моддаи 185 зикршуда вақте, ки андоз аз арзиши иловашуда дар ҳисобнома - фактура ё декларацияи андоз аз арзиши иловашуда нишон додашуда нисбат ба андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд андозсупоранда пардозад, ба андозсупоранда ҳисоб кардани маблағи зиёдшуда дар давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳодисаи дар банди 1 моддаи 185 нишон додашуда xой дошт, иxозат дода мешавад.
  3. Дар нисбати молҳои дар зербанди «к» банди 1 моддаи 187 зикршуда андоз аз арзиши иловашуда, ки дар мамлакате, ки аз он xо мол оварда мешавад, пардохта шудааст, ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, ҳисоб карда мешавад, аммо на зиёда аз маблағе. Ки аз таҳвили дохилии чунин молҳо тибқи ҳамин фасл пардохта мешуд.

 

Моддаи 202. Ҳисобнома - фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда

  1. Агар дар банди 4 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахсе, ки ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда, муомилоти андозбандишавандаро анxом медиҳад, ӯҳдадор аст, ки ба гирандаи мол, кор ва хизматҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома - фактураи андоз пешниҳод кунад. Шахсе, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашудааст, ҳуқуқи оид ба андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод кардани ҳисобнома - фактураро надорад.
  2. Ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳуxxати дақиқи ҳисоботӣ мебошад, ки аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ тартиб дода шуда, маълумоти зеринро дарбар мегирад:

а) номи (ному насаби) андозсупоранда ва харидор (фармоишгар), инчунин номи тиxоратии андозсупоранда, агар он аз номи юридикӣ фарқ кунад;

б) рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);

в) рақам ва санаи додани  сертификати бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда;

г) номи молҳои ҳамлу нақлишуда, корҳои иҷрошуда ё хизматҳои расонидашуда;

д) маблағи муомилоти андозбандишаванда;

е) маблағи андози аксиз аз моҳое, ки аз онҳо андоз аз аксиз гирифта мешавад;

ж) маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз ин муомилоти андозбандишаванда гирифта шавад;

з) санаи додани ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда;

и) рақами тартибии ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда.

  1. Андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки ба харидори мол (фармоишгари кору хизматҳо) ҳангоми таҳвил ё на дертар аз панx рӯзи баъди таҳвил оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома - фактураи андоз пешниҳод намояд ва диҳад.
  2. Дар сурати таҳвили чаканаи мол, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ ба харидороне, ки андозсупорандагони андоз аз арзиши иловашуда нестанд, ба xои ҳисобнома - фактураи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда мумкин аст квитанция ё аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ ҳисобнома - фактура дода шавад.
  3. Ҳисобнома-фактураҳо оиди андоз аз арзиши иловашуда танҳо ҳангоми амалӣ намудани амалиёти андозбандишаванда навишта мешаванд. Агар таҳвили мол, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, мувофиқи муқаррароти боби мазкур озод бошанд, ҳисобнома-фактураҳо оиди андоз аз арзиши иловашуда навишта намешаванд.
  4. Ҳисобнома-фактура оиди андоз аз арзиши иловашуда доир ба амалиётҳои содиротӣ бояд чунин навиштаxотро дошта бошад: а) навиштаxоте, ки ҳисобнома-фактура ба амалиёти содироти таалуқ дорад; б) мамлакат ва xои таъиноти содирот; в) меъёри истифодашавандаи андоз аз арзиши иловашуда нисбати амалиёти содиротӣ.

 

Моддаи 203. Қоидаҳои махсус

Муайян кардани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд дар мавриди гузаронидани бозиҳои шавқовар, лотереяҳо, хизматрасонии агентҳои туристӣ, фурӯшҳои комиссионӣ, фурӯши молҳои нигоҳ дошташуда ва дигар секторҳо, ки дар онҳо муайян кардани манбаи андоз дар асоси қоидаҳои умумӣ душвор аст, мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқатшуда, ки дастуруламали Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ муқаррар намудааст, ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 32. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ ВА ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 204. Пешниҳод кардани декларация ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда

  1. ҳар як андозсупоранда вазифадор аст, ки :

а) ба мақомоти дахлдори андоз дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ декларация пешниҳод кунад;

б) на дертар аз мӯҳлати барои пешниҳод кардани декларация оид ба андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардида барои ҳар як давраи ҳисоботӣ ба буxет андоз супорад.

  1. Декларация оид ба андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рӯзи 15 - уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Вақте, ки бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 180 (3) (в) ба таври ретроактивӣ ба амал бароварда мешавад, андозсупоранда вазифадор аст, ки аз муомилоти андозбандишаванда, ки дар давраи аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани бақайдгирӣ ба амал бароварда шудааст, аз арзиши иловашуда андоз супорад ва ҳуқуқ дорад, ки маблағи андозро мувофиқӣ тартиби барои андозсупорандагон муқаррар гардида ҳисоб кунад. Ба ғайр аз ин, муомилоти дахлдор бояд дар декларацияи якум, ки андозсупоранда пешниҳод мекунад, нишон дода шуда, чунин муомилот дар давоми моҳи баъди супоридани декларация анxом додашуда ҳисобида мешаванд.

Дар чунин маврид андозсупоранда ҳуқуқ дорад ҳисобнома - фактураи андозро оид ба андоз аз арзиши иловашуда нисбати муомилоти дар декларация нишондодашуда пешниҳод мешаванд.

  1. Бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбат ба ба шахсе, ки мувофиқи моддаи 177 (3) танҳо ҳангоми воридоти мол андозсупоранда мебошад, татбиқ намегардад.
  2. Андоз аз арзиши иловашуда аз воридоти андозбандишаванда аз xониби мақомоти гумрук мувофиқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби барои пардохти боxи гумрукӣ пешбинишуда ҳисоб карда, гирифта мешавад.

 

Моддаи 205. Давраи ҳисоботӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда

Оид ба андоз аз арзиши иловашуда давраи ҳисоботӣ моҳи тақвимӣ мебошад.

 

Моддаи 206. Муомилот бо буxет дар сурати нисбат ба маблағи андози барои давраи ҳисоботӣ ҳисобкардашуда зиёд шудани маблағи андозе, ки бояд ҳисоб карда шавад

  1. Дар мавриди андозсупорандае, ки камаш 25 фоизи муомилоти андозбандӣ шавандааш дар давраи ҳисоботӣ бояд аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ шавад, зиёд шудани маблағи андози ба ҳисобу замкунӣ дохилшаванда нисбат ба маблағи дар давраи ҳисоботӣ ҳисобкардашуда, маблағи мазкур аз xониби мақомоти молия якxоя бо мкомоти андоз дар давоми 45 рӯз рӯз аз лаҳзаи аз xониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупоранда аз бӯчети дахлдор баргардонда мешавад.
  2. Дар сурати аз тарафи дигар андозсупорандагони нисбат ба маблағи андози дар давраи ҳисоботӣ ҳисоб кардашуда зиёд кардани маблағи андози ҳисобкунӣ таалуқдошта маблағи зиёдатӣ ба 5 давраи ҳисоботии минбаъда гузаронида, ба пардохти ин давраҳо ҳисоб карда мешавад, ҳамагуна бақияи барзиёдӣ бояд дар давоми 45 рӯзи ба охир расидани ин давраи 5 моҳа аз буxет баргардонда мешавад.
  3. Дар ҳамаи ҳолатҳое, ки мақоми андоз муайян кунад, ки маблағҳои муайян аз рӯи иштибоҳ баргардонда шудаанд, вай метавонад талаб намояд, ки чунин маблағаҳо мувофиқи тартиби барои xамъ овардани андозҳо муқарраршуда баргардонда шаванд.

 

Моддаи 207. Масъулияти андозсупорандагон ва нахорате, ки мақомоти андоз ба амал мебароранд

  1. Андозсупорандагон ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, дар мавридҳое, ки гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба салоҳияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, - мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дуруст ҳисоб кардан ва саривақт ба буxет пардохтани андоз аз арзиши иловашуда, инчунин барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба мақомоти андоз пешниҳод кардани декларацияи андоз масъул мебошанд.
  2. Ба андозбандӣ аз рӯи андози арзиши иловашуда мақомоти андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти дахлдораш мувофиқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебаранд.

 

ФАСЛИ VIII. АКСИЗҲО

 

БОБИ 33. АКСИЗҲО

 

Моддаи 208. Мафҳуми аксизҳо

  1. Аксиз андози ғайримустақиме мебошад, ки ба нархи фурӯши молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксизӣ гирифта шавад, дохил карда шудааст.
  2. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол намудан ё ворид намудани молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксизӣ гирифта шавад, мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо аз супоридани ин андоз озод карда шудаанд.

 

Моддаи 209. Андозсупорандагон

  1. Агар дар ҳамин фасл тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсол ва (ё) ворид намудани молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксизӣ гирифта шавад, машғуланд, супоридагони андози аксизӣ мебошанд.
  2. Дар мавриди молҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашёи хоми овардаи фармоишгар (ашёи хоми молик) истеҳсол мешаванд, супорандаи аксиз молистеҳсолкунанда мебошад.

Молиистеҳсолкунанда вазифадор мебошад, ки моли аксизноки аз ҳисоби ашёи супоришгар тайёр карда шуда ба вай бо нархи бозорие, ки ҳамин Кодекс муайян кардааст, гуё ки ин ашёи хоми молик ба истеҳсолкунандаи мол таалуқ дошта бошад, бо истинои нархи ашёи қабул кардааш баргардонад.

 

Моддаи 210. Объекти андозбандӣ

Муомилоти зерини андозбандишаванда объекти андозбандӣ мебошанд:

а) дар мавриди молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ки аз онҳо бояд андози аксиз гирифта шавад, муомилоти андозбандишаванда ба берун аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ фурӯхтани молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксиз гирифта шавад, мебошад;

б) дар мавриди воридот муомилоти андозбандишаванда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрук ворид намудани молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксиз гирифта шавад, мебошад.

 

Моддаи 211. Маблағи муомилоти андозбандишаванда

  1. Бандҳои 2 - 4 ҳамин модда дар мавридҳое татбиқ мегарданд, ки ҳисоб кардани аксиз дар асоси арзиши молҳое, ки аз онҳо бояд аксиз гирифта шавад ва меъёри аксизӣ нисбат ба арзиш бо фоизҳо ифода ёфта муайян карда мешавад. Дар дигар мавридҳо аксиз бо роҳи xамъ кардани меъёри аксизи бо маблағи устувор ифода ёфта барои воҳиди мол бо миқдори дахлдори молҳое, ки аз онҳо аксиз гирифта мешавад, ҳисоб карда мешавад.
  2. Дар мавриди молҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ки аз онҳо бояд аксиз гирифта шавад, маблағи муомилоти андозбандишаванда дар асоси подоши аз мизоx ё ҳамагуна шахси дигар андозсупоранда гирифтаи ё подоше, ки бояд гирифта шавад, ба истиснои маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи на камтар аз нархи бозорӣ (бо молҳое, ки бояд аз онҳо аксиз гирифта шавад ва андозсупоранда ба таври чакана мефурӯшад, маблағи андозбандишаванда дар асоси нархи яклухт (бо нигоҳ доштани андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) муайян карда мешавад.
  3. Дар мавриди воридот маблағи муомилоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳое, ки аз онҳо аксиз гирифта мешавад, мебошад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (аммо ба андозаи на камтар аз нархи яклухти бозорӣ бо нигоҳ доштани андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо), xамъи маблағи боxу андозҳо, ки ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан бояд пардохта шаванд, ба ғайр аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз муайян карда шудааст.
  4. Нархи баста (упаковка), ба истиснои бастаи баргардондашуда, ҳангоми муайян маблағи андозбандишаванда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 212. Вақти анxом додани муомилоти андозбандишаванда

  1. Дар мавриди молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ки аз онҳо аксиз гирифта мешавад, муомилоти андозбандишаванда дар вақти аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун фурӯхтани молҳо ҳисобида мешавад.
  2. Дар мавриди воридоти молҳое, ки аз онҳо аксиз гирифта мешавад, муомилоти андозбандишаванда дар вақти мувофиқи қонунгузории гумрук ворид намудани молҳо ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 213. Андозбандии содирот

Аз содироти молҳое, ки аз онҳо аксиз гирифта мешавад, аз рӯи ставкаи сифр андоз гирифта мешавад, ба истиснои таҳвили мол ба давлатҳое, ки нисбат ба содироти молҳои зераксизӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирифтани андоз истифода мебаранд.

 

Моддаи 214. Озодкунӣ

  1. Аз пардохти аксиз молҳои зерин озод мешаванд:

а) нӯшокиҳои спиртдор, ки шахсони воқеӣ истеҳсол мекунанд ва дар доираи лимити муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истифода бурда мешаванд;

б) ворид намудани як литр нӯшокии спиртӣ ва як блок (200 дона) сигарет аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли шахсӣ, инчунин барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар автомашинаи дорои баки сӯзишворӣ меоянд;

в) молҳое, ки ба таври транзит ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонда мешаванд;

г) воридоти муваққатии молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;

д) молҳое, ки барои реэкспорт пешбинӣ гардида, бо таъминоти гарав кафолат дода шудаанд, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маснуоти спиртӣ ва тамоку, ки дар доираи ёрии башардӯстона ҳангоми офатҳои табиӣ ворид карда мешаванд;

ж) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳо аз мамлакатҳое, ки нисбат ба содироти мол (кор, хизматҳо) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирифтани аксизро истифода мебраранд. Дар мавридҳое, ки агар аксизи дар мамлакате, ки аз он xо мол оварда мешавад пардохташуда нисбат ба аксизи мутобиқи ҳамин фасл оид ба ҳаминг молҳо муайян кардашаванда камтар бошад, аз молҳои ворид кардашаванда ба маблағи фарқи он аксиз гирифта мешавад.

  1. Озод кардан аз аксизҳои дар зербандҳои (в) - (е) банди 1 ҳамин модда нишон додашуда танҳо дар мавриде татбиқ мегардад, ки агар шартҳои озод кардан аз боxи гумрукӣ ҳангоми низомҳои дахлдор мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гарданд. Дар ин мавридҳо, агар барои мақсадҳои гирифтани боxи гумрукӣ воридот таҳти амали тартиби баргардондани боx қарор гирад ё агар дар ҳолати вайрон кардани шартҳои озодкунӣ пардохтани боxи гумрукӣ талаб карда шавад, нисбат ба гирифтани аксиз ҳамон тартиб қабул карда мешавад.

 

Моддаи 215. Барои захираҳои истеҳсолӣ ҳисоб кардани аксиз

  1. Шахсе, ки молҳои (масолеҳи ашёи хоми) зериаксизро харида, онҳоро барои истеҳсоли дигар молҳои зериаксизӣ, ки бояд андозбандӣ шаванд, истифода мебарад ё ки молҳои харидаашро содир мекунад, ба андозаи аксизи ҳангоми харидани масолеҳи ашёи хом пардохташуда ё баргардондани маблағи аксиз аз рӯи чунин масолеҳи ашёи хом, ҳисоб кардани андоз ҳуқуқ дорад.
  2. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардондани аксизи барои молҳои зериаксизӣ пардохташуда, ки:

а) ба сифати намуна барои гузаронидани таҳлилҳо ё тафтишҳои истеҳсолӣ;

б) барои таҳқиқоти илмӣ;

в) бо мақсадҳои тиббӣ дар беморхона ва дорухонаҳо истифода мешаванд, иxозат дода мешавад.

  1. Ҳисоб кардан ё баргардондани аксиз мувофиқи ҳамин модда танҳо дар сурати пешниҳод кардани ҳисобнома - фактураи тасдиқкунандаи пардохти аксиз ё дар мавриди ворид намудани масолеҳи ашёи хом ҳангоми пешниҳод кардани ҳуxxатҳои дахлдор роҳ дода мешавад. Маблағи аксизро ба андозсупоранда мақомоти молия якxоя бо мақомоти андоз дар давоми 45 рӯзи баъди ба мкомоти андоз супоридани ҳуxxатҳо аз буxети дахлдор бар меградонанд.

 

Моддаи 216. Меъёри андоз ва номгӯи молҳои зериаксизӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои зериаксизиро аз xумлаи мавқеъҳои зерини номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориxӣ муайян карда, меъёри андози аксизҳоро барои онҳо муқаррар мекунад:

 

Боби 22. (Нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, спиртдор ва уксус)

Боби 24. (тамоку ва маснуоти тамоку)

Боби 27. (масолеҳи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва ҳамин гуна масолеҳ)

Коди 4011,4012 (Шинаҳои автомобилӣ)

Коди 8703 (Автомашинаҳои сабукрав)

 

Моддаи 217. Пардохти аксизҳо

  1. дар сурати истеҳсол кардани молҳои зериаксизӣ аксизҳо бояд ба муомилоти андозбандишаванда, ки дар давоми ҳар давраи ҳисоботӣ анxом дода мешаванд, на дертар аз:

- рӯзи 13- уми моҳ - барои даҳрӯзаи аввали моҳ;

- рӯзи 23- уми моҳ - барои даҳрӯзаи дуюми моҳ;

- рӯзи 3 - юми моҳи дигар - барои қисми боқимондаи моҳ пардохта шаванд.

  1. оид ба аксизҳо давраи ҳисоботӣ давраҳои дар банди 1 ҳамин модда нишон додашуда мебошанд.
  2. Агар андозсупоранда оид ба пардохти аксиз барои кадом даврае, ки набошад, қарзи мӯҳлаташ гузашта дошта бошад, пас аз лаҳзаи ба вуxуд омадани қарзи мӯҳлаташ гузашта ва то вақти ба низом даровардани он аксизҳо бояд дар лаҳзаи анxом додани муомилоти андозбандишаванда пардохта шаванд ва андозсупоранда ҳуқуқ надорад, ки молҳоро аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ бидуни пардохти аксиз аз рӯи ин моҳо берун барорад.
  3. Дар мавриди ворид намудани молҳо аксизро мақомоти гумрук мувофиқи ҳамон тартибе, ки барои боxи гумрукӣ муқаррар шудааст, мегирад.

 

Моддаи 218. Пешниҳод кардани декларация

  1. Дар мавридҳои дар моддаи 217 (1) зикршуда андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ дар мӯҳлатҳои барои пардохти андоз муқарраршуда бо нишон додани муомилоти дар давраи ҳисоботӣ андозбандишаванда декларация пешниҳод кунад.
  2. Супорандагони аксиз барои ҳисоб кардани маблағи дар моддаи 215 зикргардида ҳамроҳи декларация дар бораи пардохти аксиз ариза пешниҳод мекунанд, шахсоне, ки супорандагони аксиз нестанд, барои баргардондани маблағе, ки онро дар давоми як сол аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи баргардондани маблағ, кадом вақте, ки бошад, додан мумкин аст, аризаи махсус медиҳанд.

 

Моддаи 219. Баргардонидани аксиз ҳангоми реэкпорт

  1. Дар мавриди молҳое, ки бо мақсади минбаъд реэкпорт намудан ворид карда мешаванд, аксиз ҳангоми ворид намудан пардохта шуда, пас аз тарафи мақомоти гумрук, ки аксиз ба онҳо ҳангоми ворид кардан мувофиқи ҳаxми воқеии реэкпорт пардохта шудааст, баргардонда мешавад. Маблағҳоро мақомоти гумрук дар давоми 45 рӯзи баъди пешниҳод кардани аризаи хаттӣ бар мегардонад.
  2. Банди 1 ҳамин модда нисбат ба молҳое, ки воридоти онҳо аз аксиз мутобиқи моддаи 214 (1) (д) озод карда шудааст, татбиқ намегардад.
  3. Реэкспорти молҳои зераксизӣ бо иxозати якxояи мақомоти дахлдори гумрук, андоз ва молия мувофиқи тартиби муайян намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 220. Тамғаҳои аксиз

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муқаррар намояд, ки молҳои зериаксизии ватанӣ ва воридотӣ бояд бо тамғаи аксизӣ тамға зада шаванд. Бидуни тамға ворид намудан ё фурӯхтани чунин молҳои зериаксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки чунин молҳои зериаксизиеро, ки бидуни тамғаи аксизӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, мусодира намоянд.

 

Моддаи 221. ҳисобнома - фактураҳои андоз оид ба аксиз

  1. Агар дар банди 3 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, андозсупорандае, ки молҳои зериаксизӣ ворид менамояд, вазифадор аст мутобиқи дустуруламали мавxуда ба гирандаи мол оид ба аксизҳо ҳисобнома - фактура навишта диҳад.
  2. ҳисобнома - фактура оид ба аксиз ҳисобнома - фактураи андоз мебошад, ки аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ тартиб дода шуда, маълумоти пешбининамудаи моддаи 202 (2) - родарбармегирад.
  3. Дар мавриди иаҳвили чаканаи молҳо ҳисобнома - фактураи аксиз аз рӯишакли оддӣ кардашударо, ки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ муқаррар намудааст, истифода бурдан мумкин аст.

 

ФАСЛИ IX. ПАРДОХТҲОИ ИXТИМОӢ

 

БОБИ 34. ПАРДОХТҲОИ  ИXТИМОӢ

 

Моддаи 222. Мафҳум ва роли пардохтҳои  иxтимоӣ

  1. Пардохтҳои иxтимоӣ пардохтҳои ҳатмӣ ба Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки бо мақсади ба амал баровардани суғуртаи иxтимоӣ аз тарафи супорандагони пардохтҳои суғурта мувофиқи меъёри муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс нисбат ба маблағҳои музди меҳнат ё дигар манбаи андоз мутобиқи ҳамин боб супорида мешаванд.
  2. Пардохтҳои иxтимоӣ ҳамчун андоз барои мақсадҳои ҳамин Кодекс ҳисобида мешаванд.

 

Моддаи 223. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони пардохтҳои иxтимоӣ инҳо мебошанд:

а) шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеӣ - корфармоён, киба шахсони воқеӣ - резидентҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи кироя кор кунанда музди меҳнат медиҳанд;

б) шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеӣ, ки дар xараёни фаъолияти соҳибкориашон ҳаққи хизмати шахсони воқеӣ -резидентҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ ё   бидуни  шартнома бо хизматрасонӣ машғуланд, мепардозанд;

в) шахсони воқеии дар зербандҳои «а» ва «б» ҳамин банд нишон додашуда, ки маош мегиранд;

г) шахсони воқеие - резидентҳое, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба истиснои дар банди 2 моддаи 121 зикр гардида.

  1. Супорандагони дар зербандҳои «а» ва «б» банди 1 ҳамин модда нишон додашуда, минбаъд дар ҳамин боб суғуртакунанда, супорандагони дар зербанди «в»банди 1 ҳамин модда нишон додашуда бошанд, - суғурташаванданомида мешаванд.

 

Моддаи 224. Объекти андозбандӣ

  1. дар мавридҳои дар зербанди «а» банди 1 моддаи 223 нишон додашуда объекти андозгирӣ музди меҳнати мутобиқи моддаи 120 муаяйншаванда мебошад. Дар мавриди зербанди «б» банди 1 моддаи 223 нишон додашуда объекти андозгирӣ маблағи пардохтҳо аз тарафи шахсони воқеии мувофиқи моддаи 120 муайяншаванда, агар ин шахсони воқеӣ кормандон бошанд, мебошад.
  2. барои супорандагони дар зербанди «г» банди 1 моддаи 223 нишон додашуда, объекти андозгирӣ даромади андозбандишаванда аз фаъолияти соҳибкорӣ,ки мувофиқи фасли IV ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, мебошад.

 

Моддаи 225. Озодкунӣ

Аз пардохти андоз озод карда мешаванд:

а) даромади шахсоне, ки дар муассисаҳои дипломатию консулӣ дар кор карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;

б) пардохтҳо барои муваққатан ғайри қобили меҳнат будан аз Фондиҳифзи иxтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 226. Меъёри андоз

  1. Оид ба пардо хти ба Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашаванда меъёри 25 фоизи андоз барои суғуртакунандагон ва 1 фоиз барои шахсони суғурташуда истифода бурда мешавад.                                                                                                                  
  2. Барои шахсони воқеии дар зербанди «г» банди 1 моддаи 223 нишон додашуда, меъёри андоз ба 20 фоиз баробар аст.

 

Моддаи 227. Тартиби муайян кардан ва пардохтани андоз

  1. Пардохтҳои иxтимоӣ дар мавридҳои дар зербандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 223 нишон додашуда мувофиқи тартиби дар моддаи 146 нисбат ба музди меҳнати кормандони муқарраршуда ҳисоб карда, нигоҳ дошта мешавад.
  2. Шахсони воқеии дар зербанди «г»банди 1 моддаи 223 нишон додашуда маблағҳоро дар як вақт бо андозидаромад месупоранд. Ин шахсон воқеӣ, ки аз фаъолияти соҳибкориашон даромади андозбандишаванда мегиранд, ӯҳдадоранд, кидар бораи маблағҳои пардохташаванда дар як вақт бо декларация оид ба андози даромад декларация пешниҳод намоянд. Пардохтҳои xорӣ оид ба маблағҳои супоридашаванда мувофиқи тартиби дар моддаи 174 муқарраргардида ба амал бароварда мешаванд.

 

 

ФАСЛИ Х. АНДОЗИ ЗАМИН

 

БОБИ 35. АНДОЗИ ЗАМИН

 

Моддаи 228. Андозсупорандагон

Андози замин аз тарафи истифодабарандагони замин пардохта мешавад, ки қитъаҳои замин xиҳати истифодабарии бе мӯҳлати ё истифодаи ворисони умрбод ба номи онҳо қайд шудаанд.

 

Моддаи 229. Объекти андозбандӣ

  1. Андози замин бо дарназардошти тарқиби киштзор, сифати онҳо ва xойгиршавии қитъаи замин, арзёбии кадастрии замин, тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Асноди заминию кадастрии истифодабарандаи замин асоси муайян намуданиандози замин ҳисоб мешавад.
  3. ҳаxми андози замин аз натиxаи фаъолияти хоxагидории истифодабарии замин вобаста нест ва ба тарзи пардохти устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 230. Меъёри андози замини шаҳрҳо ва шаҳракҳо

Меъёри андози замини шаҳрҳо ва шаҳракҳо б аандозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

а) дар шаҳрҳои Душанбе, Хӯxанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб:

    30 000 рубл аз як гектар (3 рубл аз як метри квадратӣ);

б) дар шаҳрҳои тобеи xумҳурӣ, вилоят ва шаҳри Хоруғ:

    20 000 рубл аз як гектар (2 рубл аз як метри квадратӣ);

в) дар шаҳрҳо    вашаҳракҳои тобеи ноҳияҳо:

    15 000 рубл аз як гектар (1,5 рубл аз якметри квадратӣ).

Ба масоҳати андозбандишаванда заминҳое дохил мешаванд, ки   барои сохтмон,   иморатубиноҳо ва қитъаҳое, кибарои нигоҳубини онҳо заруранд, инчунин мавзеъҳои санитарию муҳофизатии объектҳо, мавзеъҳои техникӣ ва ғайра банд шудаанд.

 

Моддаи 231. Меъёри андози замин барои заминҳои берун аз шаҳрҳо   ва шаҳракҳо

Меъёри мийнаи андоз аз як гектар замин тибқи мавзеъҳои кадастрӣ ва шаклҳои киштзор ба андозаҳои зерин (бо рубл) муқаррар карда мешаванд.

 

 

Номгӯи минтақаи Кадастрӣ

Заминҳои кишт ва дарахтзорҳои бисёрсола:

обӣ/лалмӣ

Чарогоҳ    ва алафзорҳо

Роҳ, кӯчаҳо,  иморат  и  xамъиятӣ, бешаҳо, майдонҳо, каналҳо, xӯйҳо вазаҳбурҳо                                                                                                                                                                                 

Заминҳое, ки дар соҳаи ки шоварзӣистифода намешаванд

Ленинобод

8311 / 635

          84           

              642

                88

ҳисор

8854 / 1578

         146

              491

                63

Ғарм

7169 / 2169

         146

              327

                38

Кӯлоб

9271  / 1775

         262

              466

                63

Вахш

12880 / 1324

         115

              781

                101

ВМКБ  (бе минтақаи Мурғоб)

 

2515 / 1324    

 

          71

 

              277

 

                 38

дар xумҳурӣ

10 000  / 1324       

          196

              454

                 49

 

  1. Бо назардошти тағйир ёфтани нархҳо ва тарифҳои мол (кор, хизматрасонӣ) ва хароxоти истеҳсоли онҳо, инчунин тасҳеҳоти маводи кадастри давлатии замин Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффиценти индексацияи ставкаҳои андози заминро бо қабули санадҳои қонунгузорӣ муқаррар мекунад.
  2. Меъёри миёнаи андози замин дар ноҳияҳои xумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳодоти Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 232. Тартиби пешниҳод кардани ҳисобу китоби андоз

  1. Истифодабарандагони замин (ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ) ҳар сол на дертар аз 1 марти соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз дар маҳали воқеъ будани қитъаи замин ҳисобу андози заминро, ки ба онҳо марбут аст пешниҳод мекунанд.
  2. ҳисобу китоби андоз барои қитъаҳои замини нав xудокардашуда дар муддати як моҳ аз лаҳзаи xудошавии онҳо пешниҳод карда мешавад.
  3. Мақомоти андоз баҳисобгирии андозсупорандагонро амалӣ намуда, назоратро аз рӯи дуруст ҳисоб кардан ва пардохтани он анxом медиҳанд.

 

Моддаи 233.   Мӯҳлати пардохти андози замин

Маблағи андози замин:

а) барои заминҳое, ки дар моддаи 230 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, на дертар аз 15 март, 15  июн, 15 с ен  тябр ва 15 декабр бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола пардохта мешавад;                            

б) барои заминҳое, ки дар моддаи 231 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, на дертар аз 15 октябр ва 15 декабр бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола      пардохта мешавад.

 

Моддаи 234. Имтиёзҳо барои андози замин

Аз андози замин инҳо озод карда мешаванд:

а) ҳудуди манмӯъгоҳҳо, паркҳои дендрологӣ ва боғҳои миллӣ, боғҳои   б отаникӣ;

б) қитъаҳои замине, ки бевосита барои  мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин барои озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва хоxагии xангалпарварӣ аз xони би хоxагиҳои таълимию таxрибавӣ, муассисаҳои     илмӣ - тадқиқоти ва таълимии кишоварзӣ ё таълимии xангалпарварӣ истифода бурда мешаванд;

в) қитъаҳои замине, ки бевосита  барои тухмпарварӣ ва зотпарварӣ аз xониби хоxагиҳои тухмипарвар ва зотпарвар истифода бурда мешаванд;

г) заминҳое, ки аз xониби ташкилотҳои буxетӣ,  Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он барои иҷрои вазифаҳои бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба зимаашон гузошта истифода бурда мешаванд;

д) замини ташкилотҳое, ки дар онҳо биноҳои аз xониби                 инташкилотҳо истифодашаванда аз тарафи давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ муҳофизат карда мешаванд;

е) заминҳои вайроншудае, ки (бояд рекултивация шаванд) барои истифодабарӣ супорида шудаанд ва заминҳое, ки дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба   м ӯҳлати панx сол аз лаҳзаи гирифтани онҳо (оғози азхудкунӣ);

ж) заминҳои азнавкоркардашавандаи хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба  мӯҳлати панx сол ва заминҳои азхудкардашудаи хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба мӯҳлати як соли баъд аз xудо намудани  чунин заминҳо;

з) заминҳое, ки  ба иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар  карда шуда xудо карда шудаанд;

и) заминҳое, ки ба маъюбони тамоми категорияҳо, дар сурати набудани узви қобили корӣ дар оила xудо карда  шудаанд;

к) заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тӯли сарҳади давлатӣ қарор доранд;

л) заминҳои истифодаи умумии нуқтаҳои аҳолинишин ва хоxагии коммуналӣ;

м) заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярч, дарёҳо ва кӯлҳо воқеъ  мебошанд;

н) заминҳои захираи озоди давлатӣ;

о) заминҳое, ки бо роҳҳои автомобилии истифодаи умум ва роҳҳои оҳан, инчунин бо объектҳои давлатии таъмини об ва иншооти          обӣишғол шуданд;

п) заминҳое, ки xиҳати таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, инчунин барои таъмини муҳофизат ва бехатарии        Ҷумҳурии Точикистон дода шудаанд;

р) қитъаи замини наздиҳавлигие, ки ба шахсони дар зербанди «и)» банди 1 моддаи 125 ҳамин Кодекс номбаршуда, аъзои оилаи онҳо ва ҳамчунин ба афсарон, прапорщикҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мӯҳлат ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ ё ихтисори кормандон озод шудаанд ва собиқаи кории 20 соли тақвимӣ ва бештар аз он доранд, барои ташкили хоxагии ёрирасон дар доираи меъёрҳои муаяйнкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

с) қитъаҳои замини наздиҳавлигие, ки барои ташкили хоxагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрвандони аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии доими ба ноҳияҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд (кӯчонида мешаванд), ба мӯҳлати 3 сол аз вақти xудо карда додани онҳо;

т) заминҳое, ки ба корхонаю ташкилотҳои xамъияти маъюбон (нобиноён, карҳо) барои истифода xудо карда шудаанд, дар ҳолати на камтар аз 50% шумораи коркунонро ташкил намудани маъюбон (нобиноён, карҳо);

у) қитъаҳои замини наздиҳавлигии муаллимони мактабҳои деҳот дар доираи меъёрҳои муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

ФАСЛИ  ХI. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ  КОНҲО 

 (ҚАЪРИ  ЗАМИН)

 

БОБИ 36. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

Моддаи 235.  Муқаррар намудани режими андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи қаъри замин

  1. Талабот оид ба пардохти андоз ва пардохтҳои (режими андоз), ки барои истифодабарандагони қаъри замин муқаррар мешавад, ки   қарордодҳои оид ба истифодаи қаъри замин байни истифодабарандаи  қаъри замин ва мақоми салоҳиятдоре, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст ва бо  тартиби муқаррарнамудаи асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, муайян карда мешаванд.
  2. Режими андоз, ки тибқи қарордоди муқаррар муқаррар карда мешавад, бояд бо қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи баста шудани қарордод эътибор дорад, мутобиқат намояд.
  3. Дохил намудани масъалоаҳои марбут ба пардохти андоз ва пардохтҳои махсус ба лицензияҳо ва дигар асноде, ки ба истифодаи замин вобастаанд, ба истиснои қарордодҳо барои истифодаи замин манъ аст.
  4. Истифодабарандаи замин, ки дар ҳайати он ташкилот ва ашхоси ҳуқуқӣ фаъолиятро тибқи як қарордод амалӣ мекунанд, бо мақсадҳои андозбандӣ андозсупорандаи ягона маҳсуб мешавад ва он вазифадор       аст пардохти андоз ва пардохтҳои махсуси дар қарордод зикргардидаро анxом диҳад.
  5. Истифодабарандагони қаъри замини оид ба якчанд қарордод фаъолият кунанда, ки онҳоро бо мақоми салоҳиятдори аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколаткардашуда бастаанд, даромад ва хароxотро барои мақсадҳои муайян намудани андоз ва пардохтҳои махсус муттаҳид сохта наметавонанд.

Муқаррароти мазкур ба қарордодҳои оид  ба истихроxи канданиҳои       фоиданоки маъмулӣ, дар сурате, ки ин қарордодҳо истихроxи дигар намуди  канданиҳои фоиданокро пешбинӣ накунанд, татбиқ намешавад.

 

Моддаи 236. Навъҳои режими андоз барои истифодаи қаъри замин

  1. Андозбандии истифодабарандагони қаъри замин, бо дарназардошти намудҳои асосии қарордод, ба ду навъ тақсим мешаванд:

а) навъи якум аз xониби истифодабарандагони замин пардохтани тамоми  намудҳои андоз ва пардохтҳои махсусро, ки тибқи ҳамин Кодекс муқаррар шудаанд пешбинӣ мекунад; 

б) навъи дуюм аз xониби истифодабарандагони қаъри замин пардохтани (супоридани) ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тақсими маҳсулот, инчунин пардохти намудҳои зерини андоз ва пардохтҳои ҳатмии дигарро пешбинӣ мекунад:

андоз аз фоида аз арзиши иловашуда, бонусҳо, роялтӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки тибқи асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, тибқи моддаи 6 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд.

  1. Навъи якуми режими андоз дар тамоми намудҳои қарордодҳо муқаррар карда мешаванд, ба истиснои қарордодҳои шакли «Оид ба тақсими маҳсулот», ки барои онҳо навъи дуюми режими андоз муқаррар мегардад.
  2. ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақсими маҳсулот, китибқи қарордодҳо «Оид ба тақсими маҳсулот» ба даст меоянд манбаи даромади буxетҳои xумҳурӣ ва маҳаллӣ буда, ба даромади буxетҳои дахлдор бо тартиби муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буxети давлатӣ барои соли навбатӣ ворид мешаванд.

 

Моддаи 237. Режими андоз оид ба амалиётҳое, ки ба истифодабарии Конҳо (қаъри замин) дахл надоранд

Пардохтҳое, ки мутобиқи шартҳои қарордод анxом дода мешаванд,  истифодабарандаи қаъри заминро аз ӯҳдадориҳои пардохтани андозҳое, ки барои амалӣ намудани фаъолияти тибқи қарордод пешбининашуда муқаррар гардидаанд, озод намекунад.  

 

Моддаи 238. Устувории режими андоз

  1. Режими андоз, ки тибқи қарордоди бо тартиби муқарраргардида басташуда ва экспертизаи ҳатмии андозро гузошташуда барои истифодаи қаъри замин муқаррар гардидааст, то анxом ёфтани мӯҳлати эътибори қарордоди мазкур, ба истиснои ҳолатҳои дар банди 2  ҳамин модда пешбинишуда бе таваккуф амал мекунад.
  2. Дар сурати баъд аз рӯзи имзо шудани қарордод ба қонунгузорӣ ворид намудани тағйирот, ки боиси ғайриимкон гаштани риояи шартҳои аввалан қарордод мешаванд ё боиси тағйироти куллии шароити умумии иқтисодии он мегарданд, истифодабарандаи қаъри замин ва намояндагони мақоми салоҳиятдор, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба қарордод тағйирот ё ислоҳоте ворид намоянд, ки барои барқарор намудани манфиатҳои иқтисодии тарафҳо то лаҳзаи имзо намудани қарордод зарур мебошанд.

Чунин тағйирот ё ислоҳоти шартҳои қарордод дар муддати шаш рӯз аз  лаҳзаи ба таври хаттӣ хабардор намудани Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истифодабарандаи қаъри замин ворид       карда мешаванд.

 

Моддаи 239. Андозбандии ҳуқуқҳои аз нав вогузошта

Даромадҳое, ки ҳангоми аз нав вогузор намудани ҳуқуқҳои тибқи        қарордод додашаванда ба даст меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи      ҳамин Кодекс андозбандӣ мешаванд.

 

Моддаи 240. Пардохтҳои махсус ва андозҳои истифодабарандагони қаъри замин

  1. Пардохтҳои махсус ва андозҳои истифодабарандагони қаъри замин аз инҳо иборатанд:

а) бонусҳо, обунавӣ, кашфи тиxоратӣ,  истихроxӣ;

б) роялтӣ;

в) андоз аз даромади фавқуллода.

  1. Тамоми намудҳои бонусҳо ва роялтӣ бо мақсадҳои андоз аз даромад ваандоз аз даромади фавқуллода нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 241. Экспертизаи андоз

  1. Тамоми қарордодҳое, ки байни тарафҳои аҳдкунанда баста мешаванд, то лаҳзаи имзо шуданашон бояд экспертизаи ҳатмии андозро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд. Муқаррароти мазкур ба тағйироту иловаҳое, ки ба қарордодҳои қаблан басташуда ворид мешуданд, инчунин татбиқ мегардад.
  2. Режими андози мувофиқатшуда бояд ҳатман ба матни ниҳоии қарордод дохил карда шавад.

 

БОБИ 37. БОНУСҲО

 

Моддаи 242. Муқаррароти пардохтҳои умумӣ оид ба бонусҳо

  1. Бонусҳо пардохтҳои собитшудаи истифодабарандагони қаъри замин буда, ба шакли пулӣ ба андоза ва тартибе, ки дар қарордод оид ба истифодаи қаъри замин муқаррар гардидааст, пардохта мешаванд.
  2. Истифодабарандагони қаъри замин бо назардошти шароити инфиродии гузаронидани истифодаи замин намудҳои зерини бонусҳоро мепардозанд:

а) бонуси обунавӣ;

б) бонуси кашфи тиxоратӣ;

в) бонуси истихроxӣ.

Мутобиқи иқтисодиёти лоиҳаҳои қарордодҳои басташаванда як ё якчанд намуди бонусҳо истифода шуда метавонанд.

 

Моддаи 243. Бонуси обунавӣ

Бонуси обунавӣ пардохти собити якдавъаинаи истифодабарандаи қаъри замин барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият оид ба истифодаи қаъри замин ҳангоми бастани қарордод бо тартиби муқаррарнамудаи асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 244. Тартиби муқаррар намудан, андоза ва мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ

  1. Андозаҳои ибтидоии бонусҳои обунавӣ аз xониби мақомоти слоҳиятдор, аз xумла тибқи шартҳои гузаронидани тендер муайян карда мешаванд.
  2. Андозаи ниҳоии бонуси обунавӣ дар қарордод вобаста аз қиматнокии иқтисодии конҳое (ҳудудҳое), ки xиҳати истифодаи қаъри замин супорида мешаванд дар қарордод муқаррар карда мешавад.
  3. Мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ тибқи қарордод ё мувофиқаи тарафҳо, лекин на дертар аз сӣ рӯзи тақвими аз таърихи баста шудани қарордод муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 245. Бонуси кашфи тиxоратӣ

  1. Бонуси кашфи тиxоратӣ пардохти собит буда, аз тарафи истифодабрандаи қаъри замин барои ҳар як кашфи тиxоратӣ дар ҳудуди қарордодӣ пардохта мешавад.
  2. Бонуси кашфи тиxоратӣ тибқи қарордод барои гузаронидани кашфи конҳои маъданҳои фоиданок, ки истихроxи минбаъдаро пешбинӣ намекунад, пардохта намешавад.

 

Моддаи 246. Тартиби ҳисоб кардан, андоза ва пардохти бонуси кашфи тиxоратӣ

  1. Тартиби ҳисоб кардани бонуси кашфи тиxоратӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Андозаи бонуси кашфи тиxоратӣ тибқи қарордод муқаррар карда мешавад.
  3. Бонуси кашфи тиxоратӣ на дертар аз сӣ рӯз тақвимӣ аз таърихи тасдиқи кашфи тиxоратӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида пардохта мешавад.

 

Моддаи 247. Бонуси истихроxӣ

Бонуси истихроxӣ пардохти собит буда, аз xонибиистифодабаранда ҳангоми ба даст овардани ҳаxмҳои тибқи қарордод муайяннамудаи истихроx, давра ба давра пардохта мешавад.

 

Моддаи 248. Тартиби ҳисоб кардан, андоза ва мӯҳлати пардохти бонуси истихроxӣ

  1. Тартиби ҳисоб кардани бонуси истихроxӣ тибқи гурӯҳҳои канданиҳои фоиданок аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Андозаи бонуси истихроxӣ тибқи қарордод барои истифодаи қаъри замин муқаррар карда мешавад.
  3. Бонуси истихроxӣ на дертар аз бистум рӯзи моҳи минбаъдаи моҳе пардохта мешавад, ки дар он оид ба ҳар як сатҳи истихроxӣ тибқи қарордод муқаррарнамудаи мувофиқа ба даст омада буд.

 

БОБИ 38. РОЯЛТИ

 

Моддаи 249. Муқаррароти умумӣ оид ба роялти

Роялтӣ аз xон иби истифодабрандагони қаъри замин оид ба ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон алоҳида пардохта мешавад.

 

Моддаи 250. Тарзи пардохти роялти

  1. Пардохти роялти дар қарордодҳои оид ба истифодаи қаъри замин ба таври пулӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешавад.
  2. Дар xараёни амалӣ н амудани фаъолият оид ба қарордодҳо шакли пулии пардохти роялтӣ дар асоси мувофиқаи иловагии тарафҳо мумкин аст, муввақатан, пурра ё қисман ба шакли пардохти молӣ, ки ба шакли  пулии пардохт баробар аст, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида   ивазкарда шавад.

 

Моддаи 251. Шартҳои умумии муқаррар намудани роялти

  1. Меъёрҳои роялтӣ ҳар як қарордод xиҳати истифодаи қаъри замин вобаста аз намудҳои канданиҳои фоиданок муқарар карда мешаванд:

а) барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ - тибқи ставкаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) барои ҳамаи дигар канданиҳои фоиданок - ба таври инфиродӣ дар ҳар як қарордод, бо дарназардошти лоиҳаи иқтисодӣ, ки дар ҳисобу китоби техникию иқтисодӣ асос ёфтааст, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар сурати истихроxи як чанд намуди канданиҳои фоиданок тибқи як қарордод роялтӣ барои ҳар як намуди кандании фоиданок муқаррар ва пардохта мешавад.

 

Моддаи 252. Роялти барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои

зеризаминӣ

  1. Барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ арзиши ҳа xми канданиҳои фоиданок ва обҳои зеризаминии истихроxшуда бо дарназардошти арзиши миёнаи фурӯш дар давраи ҳисоботӣ объекти роялтӣ мебошад. 
  2. Тартиби мазкури ҳисоб кардани роялтӣ ба канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зер изаминии истихроxшуда, ки аз xониби истифодабарандаи қаъри замин барои эҳтиёxоти хусусӣ истифода мегарданд, инчунин татбиқ мегардад.

 

                Моддаи 253.  Роялти барои металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо

  1. Барои металлҳои қимматбаҳо, ба и стиснои тилло, нуқра, платина  ва сангҳои қимматбаҳо арзиши металл ва сангҳои қимматбаҳои истихроxшуда тибқи нархҳои воқеии фурӯш, лекин на камтар аз нархи миёнаи фурӯш дар давраи ҳисоботӣ объекти ситонидани роялтӣ мебошад.
  2. Арзиши металли истихроxшуда, китибқи нархҳои фурӯши он дар биржаи байналхалқии металлҳои рангаи аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида ҳисоб шудааст, объекти ситонидани роялтӣ барои тилло, нуқра ва платина мебошад.

 

                Моддаи 254. Роялтӣ барои карбогидридҳо

  1. Арзиши ҳаxми карбогидридҳои истихроxшуда, ки дар асоси нархҳои муқоисавӣ барои воҳиди маҳсулот тибқи навъҳои стандартии карбогидрид бо ислоҳ намудани фарқи сифат ва нархи фрахт (хароxоти нақлиётӣ) ба ҳисоб гирифта мешаванд, лекин на камтар аз нархи миёнаи карбогидридҳо дар давраи ҳисоботӣ объекти ситонидани роялти ҳисоб мешавад.
  2. Дар қарордодҳо оид ба истихроxи карбогидридҳо роялтӣ тибқи xадвали тағйирёбанда (зина ба зина) ҳамчун фоизи муайян, вобаста аз арзиши ҳаxми истихроx муқаррар карда мешавад.

 

                Моддаи 255. Роялтибарои канданиҳои фоиданоки дурушт, ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо

  1. Арзиши ҳаxми канданиҳои фоиданоки истихроxшуда, бо дарназардошти нархи миёнаи фурӯши канданиҳои фоиданок дар давраи ҳисоботӣ барои канданиҳои фоиданок, ба истиснои онҳое, ки дар моддаи 252 ва 253 зикр гардидаанд, объекти ситонидани роялти ҳисоб мешавад.
  2. Тибқи қарордодҳо барои истихроxи канданиҳои фоиданоки дуруште, ки дар моддаи мазкур зикр гардидаанд, роялтӣ дар ифодаи фоизии собит, барои тамоми давраи эътибори қарордод муқаррар карда мешавад.

 

                Моддаи 256. Тартиби пардохти роялти

  1. Давраи ҳисоботӣ оид ба муайян намудани пардохтҳои роялтӣ моҳи тақвимӣ маҳсуб мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 2 ҳамин модда зикр гардидаанд.
  2. Агар пардохтҳои миёнаи моҳона барои се моҳ оид ба роялтӣ камтар аз 1000 ҳадди ақали даромади андозбандишавандаро ташкил диҳад, давраи ҳисоботӣ се моҳ ҳисоб мешавад.
  3. ҳисобу китоб оид ба роялти аз xониби андозсупорандагон ба мақомоти андоз дар маҳали бақайдгирии андоз то рӯзи даҳӯми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.

 

БОБИ 39. АНДОЗ АЗ  ДАРОМАДИ ФАВҚУЛОДДА

 

                Моддаи 257. Муқаррароти умумӣ оид ба андоз аз даромади фавқулодда

                Истифодабарандагони қаъри замин, ба истиснои онҳое, ки оид ба қарордодҳо «Дар бораи тақсими маҳсулот» ва қарордодҳо оид ба истихроxи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ фаъолият мекунанд, бо шарте ки ин қарордодҳо истихроxи дигар намуди канданиҳои фоиданокро пешбинӣ накунанд, бо тартиб ва ставкаҳое, ки дар моддаҳои 258 ва 259 зикр гардидаанд, таҳти андозбандӣ аз даромади   фавқулодда қарор меёбанд.

 

                Моддаи 258. Объекти андозбандӣ ва тартиби ҳисоб кардани андоз аз   даромади фавқ улодда

  1. Арзиши даромади холиси истифодабарандаи қаъри замин тибқи ҳар як қарордоди алоҳида дар соли ҳисоботӣ, ки оид ба он    истифодабарандаи қаъри замин меъёри дохилии даромадро зиёда аз бист  фоиз гирифтааст, объекти андозбандӣ аз даромади фавқулодда маҳсуб мешавад.
  2. Андоз аз даромади фавқулодда мутобиқи ставкаҳои муқаррарнамудаи моддаи 259, бо дарназардошти сатҳи меъёри дохилии дар охири соли ҳисоботӣ ба даст омада, ҳисоботӣ ба даст омада, ҳисоб карда мешавад.  Тартиби муайян кардани меъёри дохилии даромадро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

                Моддаи Меъёрҳо ва мӯҳлати пардохтани андоз аз даромади фавқулодда

  1. Меъёрҳои андоз аз даромади фавқулодда ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

 

Меъёри дохилии даромад (МДД)%

Меъёри андоз аз даромади   ф авқулодда ба   %нисбат       ба  даромади холис дар соли ҳисоботӣ

камтар ё баробар ба 20

                                                 0

зиёда аз 20, лекин камтар ё баробар ба 22    

                                                 4

зиёда аз  22,лекин камтар ё  баробар ба 24

                                                 8

зиёда аз 24, лекни камтар ё баробар ба 26          

                                                12

зиёда аз 26, лекин камтар ё баробар ба 28                

                                                18

зиёда аз 28, лекин камтар ё баробар ба 30

                                                24

зиёда аз 30

                                                30

 

  1. ҳисобу китоби андоз аз xо нибиистифодабарандагони қаъри зам ин ба мақомоти андоз дар маҳали бақайдгирии андоз то якуми апрели соли минбаъдаи соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Андоз аз даромади изофа то даҳуми апрели соли минбаъдаи соли ҳисоботӣ пардохта мешавад.

 

ФАСЛИ ХII.

 

БОБИ 40. АНДОЗ АЗ  МОЛИКИЯТИ КОРХОНАҲО

 

Моддаи 260. Андозсупорандаҳо

  1. Супорандаҳои андоз аз моликияти корхонаҳо инҳо мебошанд:

а) корхонаҳои резидентӣ;

б) бахшҳо ва дигар бахшҳои ҳаммонанди таркибии корхонаҳои дар зербанди «а» ҳамин модда зикргардида, ки тавозун ва суратҳисоби мустақил доранд;

в) корхонаҳои хориxие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро аз тариқи муассисаҳои доимии худ амалӣ менамоянд.

  1. Андозсупорандаҳои дар ҳамин модда ҳамин боб зикр гардидаанд, корхона номида мешавад.

 

Моддаи 261. Объекти андозбандӣ

  1. Моликияти корхона бо ифодаи арзиши он, кидар тавозуни ин корхона воқеъ аст, аз xумла дороию захираҳои ғайримоддии он объекти андозбандӣ маҳсуб ме шаванд.
  2. Дар мавриди андозсупорандаҳои дар моддаи 260 (1) (в) зикргардида, объекти андозбандӣ танҳо аз моликияте, ки бо муассисаи доимӣ вобастааст,  иборат мебошад.
  3. Дар мавриди бонкҳо, ташкилотҳои дигари молиявии ғайрибонки ва суғуртави воситаҳои асоси бо ифодаи арзишии онҳо обьекти андозбанди мебошанд.

 

Моддаи 262. Муайян намудани арзиши моликияти андозбандишаванда

Арзиши бақияи балансии миёнаи солонаи моликияти  дар моддаи 261 зикргардида, ки ҳамчун воҳиди миёнаи арифметикии арзиши балансии (тавозунии) бақияи чунин моликият дар  аввал ва охири соли ҳисоботӣ   ҳисоб карда мешавад, арзиши андозбандишаванда ҳисоб мешавад.

 

Моддаи 263.  Имтиёзҳои андозсупорӣ

Моликияти зерин андозбандӣ карда намешаванд:

а) ташкилотҳои буxетӣ, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, аз   xумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

б) он моликияте, ки қатъан барои эҳтиёxоти маорифи халқ ва фарҳанг  истифода бурда мешавад;

в)   ташкилоту  иттиҳодияи динӣ, xамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва xамъияти маъюбон (нобиноён, карҳо), ба истиснои онҳое,   ки  дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд;

г) хоxагиҳои манзилию коммуналӣ ва дигари шаҳрӣ ва ноҳиявию маҳаллӣ;

д) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба режими арзиши моликияти андозбандишавандаи истгоҳҳои барқию гармдиҳанда;

ж) таxҳизоти техникӣ ва технологӣ, ки аз ҳисоби қарзи кредитӣ ва қарзҳои кредитии шартномавии ба имзо расида, ки дар муддати як моҳ дар мақомотҳои андоз ё дар Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, то мӯҳлати баргардонидани  қарз, ки дар аввал дар шартномаҳои кредитӣ (бидуни баҳисобгирии тағйирдиҳии минбаъдаи ба таъхир монондан ё дигар хел тағйир додани мӯҳлати баргардонидани қарз).

 

Моддаи 264. Меъёри андоз ва тартиби ба буxет гузаронидани он

  1. Давраи андозбандӣ барои андоз аз моликияти корхонаҳо соли тақвимӣ мебошад.
  2. Моликияти корхонаҳо, ки мутобиқи моддаи 262 ҳисобу китоб шудааст, тибқи ставкаи 0,5 фоиз андозбандӣ мешавад.

 

Моддаи 265. ҳисобот оид ба андози моликият

ҳисобу китоб оид ба ҳисоби андоз аз моликият барои соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз то якуми апрели соли минбаъда пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 266. Ба ҳисоб гирифтани андоз аз фоида

Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фоида, ки барои соли андозбандишаванда ҳисоб карда шудааст, дар муқобили маблағи андози моликият барои ҳамин давра мумкин аст.

 

ФАСЛИ ХIII.   АНДОЗ АЗ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТӢ

 

БОБИ 41. АНДОЗ АЗ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТӢ

 

Моддаи 267. Андозсупорандагон

ҳамагуна ашхоси дорои воситаҳои автомобилие, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд, андозсупоранда маҳсуб мешаванд.

 

Моддаи 268. Объекти андозбандӣ

ҳар воситаи нақлиёте, ки дар боби 87 (таҳти кодҳои (силислаи) 8702-8704) номгӯи молии фаъолиятии иқтисодии хориxӣ зикр гардидаанд, объекти андозбандӣ маҳсуб мешаванд.

 

Моддаи 269. Озод будан аз пардохти андоз

Инҳо аз пардохти андоз озод мебошанд:

а) автомашинаҳо ва механизмҳои тасмачарх;

б) комбайнҳои муҳаррикдори ҳосилғундор ва махсус;

в) мотоколяска ва автомобилҳои идораи дастие, ки ба маъюбон таалуқ доранд.

 

Моддаи 270. Меъёри андоз

Меъёри андоз мутобиқи намудҳои воситаҳои нақлиётӣ xудо кардашуда, дар як соли ин рақамҳоро ташкил медиҳанд (ба ҳисоби як қувваи асп ба иқтидори муҳаррик):

 

Номгӯи объектҳои андозбандишаванда

Андозаи андоз бо фоиз барои даромади ҳаддиа қали андозбандишаванда

Мотоциклҳо ва мотореллерҳо

                     1,0 фоиз

Автомашинаҳои сабукрав

                     2,0 фоиз

Автобусҳо (то 12 xой)

                     2,5 фоиз

Автобусҳо (барои 13-30 xой)

                     3,0 фоиз

Автобусҳо (барои аз 30 xой)                  

                     3,5 фоиз               

Автомашинаҳои боркаш ва ғайра воситаҳои нақлиёти автомобилии иқтидори борбардориашон то 10 тонна

 

                     4,0 фоиз

Автомашинаҳои боркаш (борбардориашон зиёда аз 20 то 40 тонна)

 

                      5,0 фоиз

Автомашинаҳои боркаш (борбардориашон зиёда аз 40 тонна)

 

                       5,5 фоиз

 

 Моддаи 271. Тартиби пардохт ва ситонидани андоз

1.Андоз ба буxет бояд дар ҳамон мӯҳлатҳое пардохта  шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ муқаррар гардидаанд. Вайрон кардани мӯхлати пардохт барои ҳисоб кардани фоиз бо тартиб ва андозаи дар ҳамин Кодекс муқарраргардида асос мешавад.

ҳангоми аз нав ба қайд гирифтан, агар соҳиби пештараи он андозро барои соли мазкур супорида бошад андоз пардохта намешавад.

  1. Бе пешниҳодоти далел дар хусуси пардохти андози бақайдгирӣ ва муоинаи техникӣ гузаронида намешавад.

3.Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бояд аз соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар сурати пешниҳод нагардидани пардохти андозро талаб кунанд.

 

ФАСЛИ ХIV. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

БОБИ 42. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи  272.  Андозсупорандагон

Ин шахсони ҳуқуқӣ-супорандагони андоз аз арзиши иловашуда супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард маҳсуб мешаванд:

а) корхонаи резидентӣ;

б) бахшҳо      ва дигар бахшҳои ҳаммонанди     таркибии корхонаҳои дар зербанди «а»- и ҳамин модда зикргардида, ки дорои баланс ва суратҳисоби мастақил мебошанд;

в) корхонаҳои хориxие, ки фаъолияти соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи муассисаҳои доимии худ амалӣ мекунанд.

 

Моддаи273. Объекти андозбандӣ

Интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки таҳти андозбандӣ аз андози арзиши иловашуда қарор меёбанд объекти андозбандӣ маҳсуб мешаванд, ҳамчунин бо меъёри сифр андозбандишаванда. Интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳое, ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, манбаи андозбандӣ ба ҳисоб намераванд. Ҳангоми воридот молҳое, ки бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мешаванд, бо андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард андозбандӣ намешаванд.

 

Моддаи 274. Имтиёзҳои андоз

Инҳо андозбандӣ намешаванд:

а) ташкилотҳои буxетӣ, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, аз xумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

б) ташкилот ва иттиҳодияҳои динӣ, xамъиятҳои миллию фарҳангӣ, ба истиснои фаъолияти соҳибкории онҳо.

 

Моддаи 275. Меъёри андоз

Меъёри андоз ба андозаи 2 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад. Меъёри андоз барои корхонаҳои савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯшӣ дар ҳаxми 0,5 фоизи манбаи андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 276. Манбаи андоз

Манбаи андоз бо тартибе ҳисобу китоб карда мешавад, ки барои муайян намудани гардиши андозбандишаванда оид ба андози арзиши иловашуда мутобиқи моддаи184 ҳамин Кодекс муқаррар мегардад ва амалиётҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодро дар бар намегирад.

 

Моддаи 277. Тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти андоз

Давраи андозсупорӣ, мӯҳлати пардохт ва тартиби пешниҳод намудани декларация ба онҳое, ки дар мавриди андози арзиши иловашуда истифода мешаванд, монанданд.

 

ФАСЛИ ХV. АНДОЗЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРД ТИБҚИ СИСТЕМАИ СОДДА КАРДАШУДА ПАРДОХТА МЕШАВАНД

 

БОБИ 43. АНДОЗЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРД ТИБҚИ СИСТЕМАИ СОДДАКАРДАШУДА ПАРДОХТА МЕШАВАД

 

Моддаи 278. Андозсупорандагон

1.Корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки андоз аз арзиши иловашуда намесупоранд, ба истиснои корхона ва соҳибкорони инфиродии бо истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ машғул, ташкилотҳои кредитӣ, суғуртакунандагон, фондҳои инвестиционӣ ва иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок супорандаҳои андоз ҳисоб меёбанд, ки аз xониби субъектҳои соҳикорони хурд тибқи системаи соддакардашуда пардохта мешаванд.

 

Моддаи 279. Объектҳои андозбандӣ

1.Маxмӯи пули аз фурӯш бадастомада объекти андозбандӣ маҳсуб мешавад. Маxмӯи пули фурӯш дар асоси кассавӣ, ҳамчун маблағи аз фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) бадастомада, арзиши фурӯшии моликият, ки дар давраи ҳисоботӣ фурӯхта шудааст ва даромадҳои ғайрифурӯш дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобу китоб карда мешавад бо тарҳ намудани андоз аз фурӯши чакана.

2.Корхонаҳое, ки тибқи системаи соддакардашуда аз маxмӯи пули фурӯш бо фоиз таҳти андозбандӣ қарор меёбанд, андоз аз фоидаи ашхоси ҳуқуқӣ ва андоз аз моликияти корхонаҳо, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ намесупоранд.

  1. Ҳангоми амалиётҳои иқтисодии хориxӣ супорандагони андозе, ки субъектҳои соҳбкории хурд тибқи системаи соддакардашуда мепадозанд, супорандагони тамоми андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ (боxи гумрукӣ, пардохтҳо барои ташрифоти гумрукӣ, андоз ва арзиши иловашуда, аксизҳо ва ғайра), ки қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст буда, ҳангоми таҳвили нахи пахта ва алюминии аввлия бошад – супорандагони андоз аз фурӯш аз ин молҳо мебошанд.

Доир ба андози даромад нисбати кормандон, андозсупорандагони номбаршуда агентҳои андоз ва доир ба пардохтҳои иxтимоӣ – дар як вақт ҳам андозсупоранда ва ҳам агенти андоз мебошанд.

  1. Супорандагони андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд тибқи системаи соддакардашуда пардохт менамоянд, ҳисобу ҳисоботро низ тибқи низоми соддакардашудае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мебаранд.

 

Моддаи 280. Меъёри андоз

Меъёри андоз ба андозаи 5 фоизи маxмӯи пули фурӯш муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 281. Тартиби истифодаи системаи соддакардашудаи андозбандӣ

1.Барои корхонаҳо дар мавриди истифодаи системаи соддакардашудаи андозбандӣ давраи андозбандӣ семоҳа ҳисоб мешавад.

  1. Корхона ба мақоми андоз дар мӯҳлати то     рӯзи 10  моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботии   андозсупорӣ дар хусуси маблағи андози пардохташаванда декларация пешниҳод намуда, дар ҳамин мӯҳлат андози дахлдорро мепардозад.

 

ФАСЛИ ХVI. АНДОЗИ ФУРӮШ (ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙ)

 

БОБИ 44. АНДОЗИ ФУРӮШ (ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙ)

 

Моддаи 282. Андозсупорандагон

        Супорандагони андози фурӯши пахта ва алюминий (минбаъд «андозифурӯш») ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки интиқоли нахи пахта   ва  алюминии аввалияро дар бозори дохилӣ ва берунӣ амалӣ мекунанд.

 

                Моддаи 283. Объекти андозбандӣ

                Арзиши молҳои истеҳсоли хусусӣ, молҳои фурӯхташуда, аз мубодила бо дигар молҳо бадастомада, ба таври ройгон  додашуда ё қисман пардохташуда, тибқи муомилоти фючерсӣ (форвардӣ), ба таври ашёи хоми молик супоридашуда ё ки ба иваз шудани соҳиби мол (коркардакунанда) вобаста мебошад, объекти андозбандӣ ҳисоб мешавад.

 

                Моддаи 284. Манбаи андоз

                1.Барои муайян намудани манбаи андоз арзиши молҳои фурӯхташудае, ки бо дарназардошти нархи моли андозбандишавандаи дар биржаи байналхалқии (минтақавии) дахлдор бо ба ҳисоб гирифтани сифат, намуд, навъ дар рӯзи фурӯш ташкилшуда ҳисоб шудааст, ба инобат гирифта мешавад.

  1. Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки молҳои андозбандишавандаро аз нав мефурӯшанд, андози фурӯшро ба шакли фарқи байни маблағи андоз, ки бо дарназардошти нархҳои дар рӯзи фурӯши мол ба харидорон ва рӯзи хариди он аз молрасониҳои худ барои андозбандӣ истифодашаванда ҳисоб мешаванд, мепардозанд.
  2. Ашхосе, ки молҳои андозбандишавандаро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мекунанд ё ба дигар корхонаҳо дар дохили xумҳурӣ ба сифати ашёи хоми молик медиҳанд ё ба замонат месупоранд, қаблан ҳамаи маблағи андози фурӯшро мепардозанд.

 

                Моддаи 285. Меъёри андоз

                Меъёри андози фурӯш барои ҳисобу китоби маблағи андоз аз арзиши биржавии молҳои андозбандишаванда бо фоиз ба андозаҳои зерин муайян карда мешаванд:

                а) барои нахи пахта - 23 фоиз;

                б) алюминии аввалия - 4 фоиз.

 

                Моддаи 286. Тартиби ҳисоб ва мӯҳлати пардохти  андоз

                1.Маблағи андозе, ки бояд пардохта шавад, аз xониби фурӯшандаҳо мустақилона дар асоси нархҳои биржавӣ дар рӯзи фурӯши мол бо дарназардошти сифат, намуд ва навъи он, ҳаxми фурӯш, инчунин меъёри андоз аз ҳисоб карда мешавад.

                Дар ҳуxxатҳои пардохти андоз тарзи фурӯши мол (фурӯш, мубодила, ройгон супоридан ё бо қисман додани пул, супоридан ба сифати ашёи хоми молик, ба замонат супоридан, фурӯш тибқи муомилоти фючерсӣ (форвардӣ) зикр карда мешавад.

  1. Ҳангоми аз нав фурӯхтани мол андоз бо дарназардошти нархи он дар рӯзи харид, рӯзи фурӯш ва ҳаxми фурӯш муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми ба замонат додани мол ё супоридани он ба сифати ашёи хоми молик андоз тибқи нархе, ки дар рӯзи супоридан ташкил шудааст, ҳисоб карда мешавад.
  3. Дар сурати дар рӯзи фурӯш дар дасти фурӯшанда набудани охирин нархи биржавӣ андоз бо дарназардошти маълумоти дар хусуси арзиши биржавии мол мавxуд буда ҳисоб  карда мешавад.
  4. Маблағи андоз   аз xониби андозсупоранда ҳангоми расидани маълумоти охирин оид  ба нархи биржавии моли фурӯхта шуда аниқ карда мешавад.
  5. Пардохти андоз на дертар аз се рӯзи баъд аз ворид шудани маблағ ба ҳисобномаи фурӯшанда дар муассисаи бонкӣ, ҳангоми ҳисобу китоби нақд ба кассаи ӯ анxом дода мешавад ва дар сурати ройгон додан, мубодила намудани молҳои андозбандишаванда, супоридан ба сифати ашёи хоми молик ё ба замонат додан  бошад,  он баъд аз бор кардан, интиқоли мол анxом дода мешавад.
  6. ҳангоми содир намудани моли андозбандишаванда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти андоз то гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад. Ашхосе, ки молҳои андозбандишавандаро бе пардохти андози фурӯш супоридаанд ё онро берун аз қаламрави xумҳурӣ содир намуданд, мутобиқи қонунгузории xорӣ ба xавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 287. Назорат аз рӯи пардохти андоз

1.Назоратро аз рӯи саривақт ва пурра ба буxет ворид намудани андози фурӯш мақомоти андоз амалӣ мекунанд.

2.Тартиби пардохти андози фурӯшро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

ФАСЛИ ХVI. АНДОЗИ ЯГОНА БАРОИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

 

БОБИ 441. АНДОЗИ ЯГОНА БАРОИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

 

Моддаи 2871. Андозсупорандагон

  1. Андозсупорандагони андози ягонаи хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд - андози ягона), хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошанд.
  2. Андози ягона фақат дар он қисми фаъолияти хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) xорӣ карда мешавад, ки ба истеҳсол ва тайёр карда фиристодани маҳсулоти кишоварзӣ бе коркарди саноатии он вобастагӣ доранд.

 

Моддаи 2872. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ ин масоҳати заминҳои хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошад.
  2. Маблағи андози ягона аз натиxаҳои фаъолияти хоxагидории хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста набуда, дар шакли пардохтҳои устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.
  3. Хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо андози ягона андозбандӣ карда мешаванд, аз супоридани андозҳои зерин озод карда мешаванд:

- андоз аз арзиши иловашуда;

- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

- андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ;

- андози замин;

- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

- андоз аз амволи корхонаҳо;

- андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи усули соддакардашуда мепардозанд;

- андозҳои маҳаллӣ.

  1. Маблағи андози ягона ҳамчун ҳосили зарби майдони замини хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба меъёрҳои муқарраргардидаи андози ягона муайян карда мешавад.

 

Моддаи 2873. Меъёри андози ягона

Меъёри андози ягона дар ҳаxми меъёри ҳашткаратае, ки дар моддаи 231 ҳамин Кодекс пешбинӣ мешавад, бо назардошти коэффисиентҳои индексатсияи меъёри андози замин муқаррар мегардад.

 

Моддаи 2874. Тартиби пешниҳоди ҳисобу китоби андоз

Пешниҳоди ҳисобу китоби андоз ба тартиби муқаррарнамудаи моддаи 232 ҳамин Кодекс анxом дода мешавад.

 

Моддаи 2875. Мӯҳлати пардохти андози ягона

Андози ягона дар мӯҳлати бо банди «б» моддаи 233 ҳамин Кодекс муқарраргардида пардохта мешавад.

 

ФАСЛИ ХVII. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ

 

БОБИ 45. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ

 

Моддаи 288. Муқаррароти умумӣ

  1. Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ ҳуқуқ доранд дар ҳудуди худ андозаҳои маҳаллии дар моддаи 6 дар асоси муқаррароти ҳамин фасл пешбинишударо муқаррар намоянд.
  2. Асноде, ки аз xониби Маxлисҳои маҳаллиро муайян кунанд. Агар дар асноди бояд тартиби пардохт ва ситонидани андозҳои маҳаллиро муайян кунанд. Агар дар асноди қонунгузории андози Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ чизи дигаре муқаррар нагашта бошад, ҳангоми андозбандӣ муқаррароти дохилии расмиёти Фаслҳои II ва III ҳамин Кодекс татбиқ мегарданд.
  3. Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ сарфи назар аз муқаррароти дар ҳамин фасл муқаррар гардида ҳуқуқҳои зеринро доранд:

а) категорияҳои алоҳидаро аз ҳайати андозсупорандагон истисно  намоянд, ё барои онҳо меъёри камкардашудаи андозҳои маҳаллиро муқаррар кунанд;

б) унсурҳои алоҳидаро аз манбаи андозбандӣ хориx ё нисбат ба онҳо меъёри камкардашударо истифода баранд;

в) меъёри камкардашудаи андозҳои маҳаллиро истифода баранд.

4.Дустуруламал оид ба татбиқи андозҳои маҳаллӣ аз xониби мақоми дахлдори андози маҳаллӣ якxоя бо мақоми дахлдори молияи маҳаллӣ бо мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои xумҳурӣ нашр карда мешавад.

 

Моддаи 289. Андози фурӯши чакана

  1. Ашхоси воқеии соҳиби моликияти ғайриманқул ё ашхосе, ки ин моликиятро истифода бурда, мутобиқи банди 2 ҳамин модда объекти андозбандӣ мебошанд ва дар ноҳияи (шаҳрӣ) мазкур воқеъ мебошанд, андозсупоранда маҳсуб мешаванд.

2.Моликияти зерин объекти андозбандӣ ҳисоб карда мешаванд:

хонаҳои истиқоматӣ, дачаҳо, гаражҳо ва дигар иморату биноҳо, манзилу сохтмонҳо (минбаъд «моликияти ғайриманқул»).

3.Инҳо тибқи андози мазкур манбаи андоз буда метавонанд:

арзиши бозории объект, арзиши инвентаризационии объект;

арзиши суғуртавии объект ё арзиши объект, ки дар асоси воҳиди масоҳат бо дар назардошти тасҳеҳоти он ба коэффиценти xои воқеъшавӣ ҳисоб карда шудааст.

Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ метавонанд дар ҳудуди худ яке аз механизмҳои дар боло зикр гардидаи муайянкунии манбаи андозро муқаррар кунанд.

4.Меъёри андози моликияти ғайриманқули ашхоси воқеӣ аз як фоизи манбаи андоз зиёд шуда наметавонанд.

 

Моддаи 290. Андози моликияти ғайриманқули ашхоси воқеӣ

1.Ашхоси воқеии соҳиби моликияти ғайриманқул ё ашхосе,  ки ин  моликиятро истифода бурда, мутобиқи банди 2 ҳамин модда объекти андозбандӣ мебошанд ва дар ноҳияи (шаҳрӣ) мазкур воқеъ мебошанд, андозсупоранда маҳсуб мешаванд.

  1. Моликияти зерин объекти андозбандӣ ҳисоб карда мешаванд:

хонаҳои истиқоматӣ, дачаҳо, гаражҳо ва дигар иморату биноҳо, манзилу сохтмонҳо (минбаъд «моликияти ғайриманқул»)

3.Инҳо тибқи андози мазкур манбаи андоз буда метавонанд:

арзиши бозории объект, арзиши инвентаризационии объект;

арзиши суғуртавии объект ё арзиши объект, ки дар асоси воҳиди масоҳат бо дарназардошти тасҳеҳоти он ба коэффиценти xои воқеъшавӣ ҳисоб карда шудааст.

Маxлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ метавонанд дар ҳудуди худ яке аз механизмҳои дар боло зикргардидаи муайянкунии манбаи андозро муқаррар кунанд.

  1. Меъёри андози моликиятро ғайриманқули ашхоси воқеӣ аз як фоизи манбаи андоз дар сол зиёд шуда наметавонад.
  2. Шахсони дар зербанди «н)» банди 1 моддаи 125 ҳамин Кодекс номбаршуда ва аъзои оилаи онҳо аз супоридани андози амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ ҳангоми дар мақомоти номбурда адои хизмат (иҷрои вазифаҳои хизматӣ) карданашон озод мебошанд, агар хонаҳои истиқоматӣ, манзилҳо, дачаҳо, гаражҳо ва дигар иморату биноҳо, сохтмонҳо ё қисми онҳо ба иxора дода нашуда бошанд, ё бо дигар тарз дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд.

 

Моддаи291. Андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти xамъиятии мусофиркаш

1.Андозсупорандагон ва манбаи андоз оид ба андози нигоҳ доштани нақлиёти xамъиятии мусофиркаш бо андозсупорандагон ва манбаи андози пардохтҳои иxтимоӣ мутобиқи Фасли IX ҳамин Кодекс мутобиқат мекунанд.

2.Меъёри андози нигоҳ  доштани нақлиёти xамъиятии автомобилӣ аз 2 фоизи манбаи андоз оид ба пардохти иxтимоӣ зиёд шуда наметавонанд.

 

БОБИ 46. ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ БЕЭЪТИБОР ДОНИСТА МЕШАВАНД

 

Моддаи 292. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беэътибор дониста мешаванд

Аз 1 январи соли 1999:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 1992 «Дар бораи пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт ва дигар машинаю механизмҳои худгард» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №2, моддаи 24);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи аксизҳо» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №4 моддаи 45);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992  «Дар бораи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 5, моддаи 48);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1992 «Дар бораи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №9, моддаи 135) бо таҳрири нави аз 1 феврали соли 1996 дохил намуда (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996, № 14, моддаи 60);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи андозбандии даромади фаъолияти суғуртавӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1, моддаи 12);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи фонди бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1, моддаи 20);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи андоз аз амволи шахсони воқеӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1, моддаи 26);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи фонди роҳ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1, моддаи 26);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 1994 «Дар бораи асосҳои системаи андоз» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №3-4, моддаи 203);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997 «Дар бораи          пардохти замин»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997 «Дар бораи андоз аз фурӯш».

Аз 1 июли соли1999  :

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи андози арзиши иловашуда» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №2, моддаи 28);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 1994 «Дар бораи андоз аз фоидаи корхонаю ташкилотҳо» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №3-4, моддаи 249);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 «Дар бораи низоми оддӣ кардашудаи андозбандӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд» беэътибор дониста шаванд.

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 12 ноябри соли 1998

№664        

 

                                                

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи тартиби мавриди амал қарор

додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои фаслҳо ва моддаҳое, ки дар банди 3 ҳамин қарор зикр гардидаанд, аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Минбаъд то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ, он асноде амал мекунанд, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.
  3. Муқаррар карда шавад, ки:

- фасли VII, инчунин моддаи 60 нисбати андоз аз арзиши иловашуда ва моддаи 82 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 мавриди амал қарор дода мешаванд;

- фарқияти мусбии миёнаи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки андозсупорандаҳо дар натиxаи таҳвили (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ба даст меоранд, вале харидорон намепардозанд ва маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиxаи муомилоти хариди молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ба вуxуд омадаанд ва худи андозсупорандаҳо напардохтаанд, то 1 июли, соли 1999 бояд ба буxет пардохт намоянд;

- муассисаҳои савдои чакана фарқияти мусбии миёни маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз рӯи фурӯши ғайринақдии мол ва маблағи андоз аз арзиши иловашуда нисбати захираи мол то 1 июли соли 1999 ба вуxуд меоянд, бояд ба буxет пардохта шаванд;

- бақайдгирии андозсупорандаҳо барои мақсади андоз аз арзиши иловашуда, бояд то 1 маи соли 1999 ба итмом расонида шаванд. Дархост оид ба арзнома додан барои бақайдгирӣ мутобиқи моддаи 178 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва аз рӯи гардиши 12 моҳа бошад аз 1 апрели соли 1998 то 1 апрели соли 1999;

- моддаи 31 ва банди «а» моддаи 47 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи ашхоси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони фардӣ - аз 1 июли соли 1999 ва нисбати дигар ашхоси воқеӣ - аз 1 январи соли 2000 мавриди амал қарор дода мешавад;

- моддаи 148 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз 1 январи соли 2000 мавриди амал қарор дода мешавад;

- молҳое, ки андоз аз фурӯш андозбандӣ карда мешавад, ба истиснои нахи пахта ва алюминии аввала, аз 1 январи соли 1999 шурӯъ карда, аз арзиши иловашуда мутобиқи қонунгузории амалкунанда андозбандӣ карда мешаванд. Андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминии аввала ҳангоми содироти онҳо бо асъори озод табдилшаванда супорида мешавад;

- фасли ХV Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 мавриди амал қарор мегирад;

- барои ашхоси ҳуқуқӣ андоз аз фоида мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 мавриди амал қарор мегирад.

Аз 1 январи соли 1999 то 1 июли соли 1999 ашхоси ҳуқуқӣ андозро аз фоида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоз аз фоидаи муассисаю ташкилот» пардохт мекунанд. Ашхоси ҳуқуқӣ аз 1 январи соли 1999 ихтиёрӣ метавонанд, андозро аз фоида мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.

- тартиби бечунучарои забти маблағ аз ҳисобҳои андозсупорандаҳо ба ҳисоби пардохти андоз бо амри мақомоти андоз дар соли 1999 нисбати ҳамаи ашхоси ҳуқуқӣ амал мекунад, ба истиснои 20 андозсупорандаи калонтарин, ки ӯҳдадориҳои пардохти андозро саривақт мепардозанд ва онҳоро Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва нисбати онхо моддаи 68 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбик карда мешавад. Хамин тартиб нисбати моддаи 68 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2000 нисбати хамаи андозсупорандахое, ки дар хисоби вохидхои соли 2000 нисбати хамаи андозсупорандахое, ки дар хисоби вохидхои кор бо андозсупорандагони калонтарини Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, татбик карда мешавад. Аз 1 январи соли 2001 моддаи 68 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи андозсупорандаҳо татбиқ карда мешавад;

- нахи пахта, алюминийи аввалия, ки аз рӯи ставкаи дахлдор аз фурӯш андозбандӣ карда мешаванд ва пахта соли 1999 аз андози аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд;

- калобаи пахта, дар соли 1999 аз андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи ставкаи ибтидоӣ андозбандӣ карда мешаванд, ба истиснои фурӯши он ба мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

  1. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии «Барқи тоxик» ҳисоббаробаркуниро ба буxет оид ба андози арзиши иловашуда, андози фоида ва андози моликият тибқи фаъолияти асосӣ муттамарказ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии xумҳурӣ ба тариқи дутарафа бо Ҳукуматҳои мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), шартномаҳои дахлдорро оиди дар xои истеъмол ситонидани андози арзиши иловашуда ва аксизҳо имзо намояд;

- оид ба xорӣ намудани тартиби пешниҳоди декларатсияҳои андози даромад аз xониби шаҳрвандон мутобиқи моддаи 173 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромади соли 1999 шурӯъ намуда, тадбирҳо андешад;

- аз 1 июли соли 1999 барои субъектҳои соҳибкории хурд, ашхоси воқеӣ тартиби ҳисоби бухгалтерии соддакардашуда таҳия, нашр ва татбиқ намояд;

- дар лоиҳаҳои Қонун оид ба Буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000 ва 2001 кам намудани мизони андози фурӯши нахи пахта ва алюминии аввалия ва дар лоиҳаи Қонун оид ба Буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 пурра иваз намудани андози фурӯши молҳои зикргардидаро ба андози арзиши иловашуда пешбинӣ намояд;

- дар мӯҳлати 3 моҳ ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мутобиқ кардани қонунгузории xории xумҳурӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намуда, асноди меъёрию ҳуқуқии худро бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намояд;

  1. Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои талаботи банди «а» моддаи 47 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби бонкҳои xумҳурӣ xиҳати таъсиси суратҳисобҳо вадигар ҳисобномаҳо танҳо ҳангоми пешниҳод намудани ҳуxxатҳое, ки аз тарафи мақомоти андоз ба ашхоси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз 1 июли соли 1999 ва ба дигар ашхоси воқеӣ аз 1 январи соли 2000 додани рақамҳои фарқкунандае, ки шахсро тасдиқ мекунанд, тадбирҳо андешад.
  2. Корхонаҳои муштараке, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то дар мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гаштаанд, дар муддати даҳ сол баъди аз қайди давлатӣ гузаштанашон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузории хориxӣ» ё ба муддате, ки дар дигар санадҳои қонунгузорӣ оид ба андозситонӣ пешбинӣ шудааст ва то мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, метавонанд андозҳоро мутобиқи қонунгузорие, ки дар вақти қайдашон амал мекард супоранд ё аз 1 январи соли 1999 ба шароити андозситонӣ мувофиқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.
  3. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода шавад, ки xарима ва пеняҳои носупоридаи андозсупорандагон, ки аз сабаби вайрон кардани қонунҳои андоз то 1 январи соли 1999 ба вуxуд омадааст, ғайр аз маблағи пардохти андоз ихтисор намояд.

 

 

Раиси Маxлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                        С. Раxабов

ш. Душанбе  12 ноябри соли 1998

№ 665

                                                                               

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ