Классификатор Қонун
Рақам 1326
Ном ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶТ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 23.07.2016
Матн

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 606)

 

Қонуни мазкур тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба хусусияти онҳо (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ) ва номашон (шартнома, созишнома, конвенсия, протокол, паймон, мубодилаи мактубҳо, ёддоштҳо ва ё шартномаҳои байналмилалии дигар), бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ паҳн мегардад.

2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба созишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣ (имтиёздиҳӣ)ва созишномаҳои дигар, ки хусусияти хусусию ҳуқуқӣ дошта, бо санадҳои алоҳидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд, паҳн намешавад.

 

Моддаи  2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-шартномаҳои байналмилалӣ) – яке аз санадҳоиҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки бо давлати хориҷӣ (давлатҳои хориҷӣ) ё созмони байналмилалӣ (созмонҳои байналмилалӣ) дар шакли хаттӣ ба имзо расонида шуда, бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд ҳуҷҷати бо ҳам алоқаманд оварда шудааст, инчунин новобаста ба номи мушаххаси он;

- созмони байналмилалӣ – созмони байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);

- парафгузорӣ – баимзорасонии қаблии лоиҳаи мувофиқашудаи шартномаи байналмилалӣ ё меъёрҳои алоҳидаи он бо ишораи сарҳарфи насаб ва номи намояндагони ҷонибҳои дар гуфтушунидҳо иштироккунанда ҳамчун шаҳодати мувофиқа намудани матни лоиҳаи шартномаи байналмилалӣ ё яке аз тарзҳои муқаррар сохтани саҳеҳии матни лоиҳаи шартномаи байналмилалӣ;

- ваколат – ҳуқуқи намояндагӣ намудан аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қарори шахси мансабдор ё мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таври дахлдор бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахси мазкур ба расмият дароварда шудааст ва ба ҷониби иштирокчии гуфтушунидҳо ё маҳфуздоранда бо мақсади қабул намудани матни шартномаи байналмилалӣ ё муқаррар намудани саҳеҳии он, ба имзо расонидани шартномаи байналмилалӣ, изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, иҷро намудани амалидигар, ки ба шартнома дахл дорад, супорида мешавад;       

- бастани шартномаи байналмилалӣ – пайдарпайии марҳилаҳои (амалҳои ҳуқуқии) пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба ташаккулдиҳии мазмуни  шартномаи байналмилалӣ, қабули матни он ва изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ; 

- баимзорасонӣ – марҳилаи бастани шартномаи байналмилалӣ ё тарзи изҳори ризояти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, дар сурате, агар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ намояд, ки баимзорасонӣ чунин эътибор дорад ё ба тарзи дигар созиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни дигари гуфтушунид дар хусуси он муқаррар шудааст, ки баимзорасонӣ бояд чунин эътиборро дошта бошад ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани чунин эътибор ба баимзорасонӣ аз ваколати намояндаи он бармеояд ва (ё) ҳангоми гуфтушунид изҳор шудааст;

- расмиёти дохилидавлатӣ – тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқи шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқ (ратификатсия) – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки дар Қонуни мазкур ва ё шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда шудааст;

- тасдиқ – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расида, тарзи дигари тасдиқи иловагии онро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз баимзорасонӣ, пешбинӣ менамояд;

- ҳамроҳшавӣ – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда нашудааст;

-  тавзеҳот  –  изҳороти якҷониба бо ифода ва номи дилхоҳ, ки аз ҷониби давлат ё созмони байналмилалӣ ҳангоми баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба он арз ёфтааст, ки тавассути он ин давлат ё созмони байналмилалӣ мехоҳад амали ҳуқуқии муқаррароти алоҳидаи шартномаи байналмилалӣ дар мавриди татбиқи онҳо нисбат ба ин давлат ё ин созмони байналмилалӣ истисно карда шавад ё тағйир дода шавад;

- бекор кардан (денонсатсия) – дасткашӣ бо тартиби муқарраргардидаи ба расмият даровардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартномаи байналмилалии басташуда ва яке аз тарзҳои қатъ гаштани амали шартномаи байналмилалӣ;  

- маҳфуздоранда – давлат, созмони байналмилалӣ ё шахси мансабдори асосии иҷрокунандаи  он, ки ба онҳо барои нигоҳдорӣ нусхаи аслии шартномаи байналмилалӣ супорида шуда, нисбат ба ин шартномаи байналмилалӣ вазифаи дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинишударо иҷро менамоянд;

- Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои аз ҷониби маҳфуздоранда расман тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалӣ, маълумотҳои ҳатмӣ ва дигар тафсилоти иттилоотӣ оид ба онҳоро дар бар мегирад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои  байналмилалӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 4. Мувофиқасозӣ ва экспертизаи ҳуқуқии шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шудан дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ

1. Шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шуданро дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мақсаднок будани бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ хулоса медиҳад.

3. Шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шуданро дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи ҳуқуқӣқарор мегиранд.

 

Моддаи 5. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо

1. Мақомоти давлатӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ таклифҳои зерин пешниҳод менамоянд:

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо  аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравӣ.

2. Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на дертар аз чордаҳ рӯзи тақвимӣ то санаи ба имзо расонидани онҳо пешниҳод карда мешаванд.

3. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то пешниҳод шуданашон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии дахлдор дар доираи ваколатҳои онҳо мувофиқа карда мешаванд.

4. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо бо тартиби дар моддаҳои 7, 10, 12-15 Қонуни мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешаванд.

5. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, қабули шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо иборатанд аз:

- лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ваҳамроҳшавӣ ба онҳо;

- асосноккунии мақсаднок будани баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо;

- хулосаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мутобиқати бастани шартномаи байналмилалӣ ба мақсадҳои сиёсати хориҷӣ;

- хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзёбии оқибатҳои эҳтимолии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалӣ;

- нусхаҳои ба таври расмӣ тасдиқшудаи матни шартномаҳои байналмилалӣ;

- тарҷумаи матни шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ, ки бо муҳри мақомоти давлатии барои бастани онҳо масъул тасдиқ шудаанд;

- номгӯи давлатҳои иштирокчии шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба;

- номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилалӣ зарурати ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён меояд;

- ҳангоми зарурат лоиҳаҳо ва асосноккунии тавзеҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, инчунин матни тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, ки аз ҷониби дигар давлатҳо изҳор шудаанд.

 

Моддаи  6. Забони шартномаҳои байналмилалӣ

1. Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии ҷонибҳои иштирокчии гуфтушунидҳо баста мешаванд. Бо розигии ҷонибҳо забони дигар низ ҳамчун забони шартномаҳои байналмилалӣ интихоб шуда метавонад.

2. Шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба бо забонҳое, ки аз ҷониби тарафҳо иштирокчии гуфтушунидҳо муайян гардидаанд, баста мешаванд.

3. Тағйиру иловаҳо ба шартномаҳои байналмилалӣбо забонҳое, ки онҳо баста шудаанд, ворид карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Қарорҳо дар бораи қабули матн, баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ ва  додани ваколат барои иҷро намудани амалҳои мазкур, инчунин ба анҷом расонидани парафгузорӣ

1. Қарорҳо дар бораи қабули матнҳо ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи додани ваколат барои иҷро намудани амалҳои мазкур, дар намуди санадҳои зерин қабул карда мешаванд:

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Парафгузорӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти давлатӣ, ки барои бастани шартномаи байналмилалӣ масъул мебошад, бо назардошти хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор сурат мегирад.

 

Моддаи 8. Ваколат барои иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ

1. Дар асоси қарорҳои тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур қабулшуда ваколат ба иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ба расмият даровардани ваколатҳо дар шакли хаттӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Агар ҳуқуқи баимзорасонии шартномаи байналмилалӣ мутобиқи сархати якуми қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси мансабдори дигар бевосита пеш аз баимзорасонӣ дода шавад, ваколати чунин шахси мансабдор аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ бе қабули қарори дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 9. Бидуни барасмиятдарории ваколатнома иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ

1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад тамоми амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалиро бе барасмиятдарории ваколатнома иҷро намояд.

2. Дар асоси қарорҳои тибқи  моддаи 7 Қонуни мазкур қабулгардида шахсони зерин бе барасмиятдарории ваколатнома Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд:

- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани тамоми амалҳое, ки ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ вобастаанд;

- роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ бо мақсади қабул намудани матни шартномаҳои байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки дар назди он аккредитатсия шудаанд;

- намояндагоне, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати намояндагӣ намудан дар конференсияҳои байналмилалӣ ё созмонҳои байналмилалӣ, ё яке аз мақомоти он бо мақсади қабули матни шартномаи байналмилалӣ ваколатдор шудаанд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАСДИҚИ (РАТИФИКАТСИЯИ) ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ТАСДИҚ ВА ҲАМРОҲШАВӢ БА ОНҲО

 

Моддаи  10.  Тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ

Шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ (ратификатсия) карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода мешаванд

Шартномаҳои байналмилалии зерин мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода мешаванд:

- шартномаҳое, ки мавзӯи онҳо ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошад;

- шартномаҳое, ки иҷрои онҳо тағйир додани қонунҳои амалкунанда ё қабули қонунҳои навро талаб менамояд, инчунин  қоидаҳои дигарро нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррар менамоянд;

- шартномаҳо дар бораи муайян намудани сарҳади ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, аз ҷумла шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шартномаҳо дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, дар бораи масъалаҳои халъи силоҳ ё назорати байналмилалии аслиҳа, таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инчунин дар бораи сулҳ, дӯстӣва кумаки мутақобила ва шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи амнияти дастҷамъона;

- шартномаҳо дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттиҳодияҳои байнидавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, агар чунин шартномаҳои байналмилалӣ ба онҳо супоридани қисми ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии (ё қисми ваколатҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намоянд ё ҳатмияти ҳуқуқии қарорҳои мақомоти онҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд;

- шартномаҳо дар бораи пешниҳод ва гирифтани қарзҳои давлатӣ, кумаки иқтисодӣ, имтиёзҳои андозбандӣ ва кумакҳои дигар;

- шартномаҳо дар бораи истифодаи захираҳои табиӣ аз ҷониби субъектони ҳуқуқи байналмилалӣ;

- шартномаҳо дар бораи масъалаҳои вобаста ба иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шартномаҳое, ки ҳангоми ба имзо расонидани онҳо ҷонибҳои иштирокчии гуфтушунидҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) минбаъдаи онҳо қарор қабул намудаанд.

 

Моддаи 12. Тартиби пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ

1. Мақомоти давлатӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ваколати худ дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

2. Таклифҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

 

Моддаи  13. Тасдиқи шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд

Шартномаҳои байналмилалӣ, ки гузаронидани расмиёти дохилидавлатиро пешбинӣ намуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд, ба тариқи зайл тасдиқ мегарданд:

- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд ва шартномаҳои байниидоравӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 14. Таклифҳо дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналмилалӣ

1. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ  бо тартиби дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналмилалӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои зерин менамояд:

- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 15. Қарорҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналмилалӣ

Қарорҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналмилалӣқабул карда мешаванд:

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад - аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор нагирифта, ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад - аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор нагирифта, ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 16. Татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти алоҳидаи онҳо дар қисме, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, то эътибор пайдо намудани онҳо муваққатан татбиқ мегарданд, агар чунин тартиб дар  шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шуда бошад.

2. Агар дар шартномаҳои байналмилалӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва ё оид ба ин тартиб бо давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалии шартномаҳои байналмилалиро баимзорасонида созиш ба даст оварда нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти алоҳидаро аз рӯзи ирсоли огоҳинома ба давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалие, ки нисбат ба онҳо шартномаҳои байналмилалӣ муваққатан татбиқ мешаванд, оид ба нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иштирокчии шартномаҳои байналмилалӣ нагаштан, ки дар асоси қарорҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, қатъ менамояд.

3. Қарор дар бораи иштирокчии шартномаҳои байналмилалии муваққатан татбиқшаванда нагардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муқаррароти алоҳидаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

4. Татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонакарда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз як сол зиёд бошад.

 

Моддаи  17.  Тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба

1. Ҳангоми баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба онҳо тибқи  шартҳои шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тавзеҳот изҳор намудан мумкин аст.

2. Тавзеҳотро ҳар вақт, бо тартиби изҳоршуда бекор кардан мумкин аст, агар шартномаи байналмилалии бисёрҷониба тартиби дигарро пешбинӣ накунад.

3. Қабул намудани тавзеҳоти ибрознамудаи дигар ҷониби аҳдкунанда ба шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ё изҳори норозигӣ ба он тибқи шартҳои шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар асоси хулосаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколатҳои он мавзӯи танзими тавзеҳот мансуб аст, анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 4. ИҶРОИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи  18. Таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ

1. Шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷрои ҳатмӣ ва бовиҷдонона  қарор мегирад.

2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ чораҳо андешида, шахси мансабдор ё мақомотеро, ки ба зиммаи он вазифаи назорати иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ вогузор мешавад, муайян менамояд.

3. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ иҷрои уҳдадорӣ ва амалисозии ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, таъмин менамоянд, инчунин иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни дигари шартномаҳои байналмилалиро мушоҳида менамоянд.

4. Мушоҳидаи умумии иҷрои шартномаҳои байналмилалиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

5. Мониторинги таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 19. Андешидани чораҳо дар сурати риоя накардани шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни дигар

1. Дар сурати риоя накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи  шартномаи байналмилалӣ  аз  ҷониби  иштирокчиёни  он,  Вазорати  корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ё якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ  мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи  худи  шартнома  таклифҳо  пешниҳод  менамояд.

2. Дар сурати риоя накардани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, инчунин дар ҳолатҳои дигари бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинигардида амали чунин шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида қатъ ё боздошта шуда метавонад.

 

Моддаи  20.  Эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ

Шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва дар муҳлатҳое, ки шартномаи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.

 

БОБИ 5. ИНТИШОР, БАҚАЙДГИРӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА

НИГОҲДОРИИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 21. Интишори шартномаҳои байналмилалӣ

1. Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд.

2. Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудаанд, бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешаванд.

3. Агар  шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ матни саҳеҳ надошта бошанд, яке аз матнҳои саҳеҳи онҳо бо забони баимзорасида, инчунин тарҷумаи шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ дар маҷмӯаи «Бюллетени шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор мегарданд.

 

Моддаи 22. Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалӣ

1. Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалӣ тибқи Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Пешбурди феҳристи мазкурро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Шакл ва тартиби пешбурди Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

3. Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалӣ дар мақомоти дахлдори созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

4. Нусхаҳои асл ё расман аз ҷониби маҳфуздоранда тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, дар муддати ду ҳафта аз рӯзи баимзорасонии онҳо ё аз маҳфуздоранда гирифтани нусхаҳои аз ҷониби маҳфуздоранда расман тасдиқшуда барои нигоҳдорӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Нусхаҳои шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқшуда (дар асоси нусхаҳои расман аз ҷониби маҳфуздоранда тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалӣ) бо забонҳои басташудаи онҳо дар муддати ду ҳафта аз рӯзи баимзорасонӣ ё аз маҳфуздоранда гирифтан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ ирсол мегарданд.

5. Нусхаҳои асли шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста шудаанд, дар бойгонии мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои расман тасдиқшудаи ин шартномаҳои байналмилалӣ дар муддати ду ҳафта аз рӯзи баимзорасонӣ ё аз маҳфуздоранда гирифтани нусхаҳои расман тасдиқшуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.

 

Моддаи  23.  Иҷро намудани вазифаҳои маҳфуздоранда

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд, агар мутобиқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии мазкур чунин вазифаҳо ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда бошанд.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз номи онҳо баста шудаанд, иҷро менамоянд, агар тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии мазкур чунин вазифаҳо ба уҳдаи онҳо вогузор шуда бошад.

3. Мукотиба бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ё шахсони мансабдори асосии иҷрокунандаи онҳо, ки вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаро иҷро мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 6. ТАҒЙИР ДОДАН, ҚАТЪ НАМУДАН ВА БОЗДОШТАНИ

АМАЛИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 24. Тартиби ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ

1. Ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи шартҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ зикршуда, меъёрҳои ҳуқуқи байнамилалӣ ва муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ мегардад.

2. Таклифҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни мазкур пешниҳод карда мешаванд.

3. Қарорҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.

4. Тағйироти ба шартномаҳои байналмилалӣ воридшуда мутобиқи шартҳо ва бо тартиби эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ эътибор пайдо мекунанд.

5. Қарорҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқ намудани тағйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи шартҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ зикршуда ва бо тартиби дар моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул мегарданд.

 

Моддаи 25. Қатъ гаштани амали шартномаҳои байналмилалӣ

Амали шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ё дар ҳар вақт бо ризояти ҳамаи иштирокчиён қатъ мегардад.

 

Моддаи 26. Таклифҳо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ

1. Боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ё бекор кардани (денонсатсияи) онҳо тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалӣ, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ мегардад.

2. Мақомоти давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи ваколатҳои худ таклифҳо пешниҳод мекунанд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, баррасӣ намуда:

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда), ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда), ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, пешниҳод менамояд. 

4. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи онҳо баста шуда, бо мақомоти давлатии дахлдор ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи  боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста шудаанд, баррасӣ менамояд ва ба онҳо дар хусуси мувофиқи мақсад будани боздоштани амал ё бекор кардан (денонсатсия) хулоса медиҳад.

 

Моддаи 27. Қабул намудани қарорҳо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ

1. Қарорҳо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.

2. Қарорҳо дар бораи боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ё бекор кардани (денонсатсияи) онҳо қабул мегарданд:

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд - аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста шудаанд - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 28. Амалигардонии санадҳои байналмилалие, ки тавассути онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ризояти худро ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ ё нияти худро ҷиҳати боздоштан ё қатъ гардонидани амали шартномаи байналмилалӣ изҳор мекунад

1. Агар дар шартномаҳои байналмилалӣ мубодила ва ё супоридани тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба маҳфуздоранда пешбинӣ шуда бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарорҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ тасдиқномаҳоеро ба имзо мерасонад, ки онҳо бо муҳри ӯ, инчунин имзои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

2. Мубодилаи тасдиқномаҳо, ҳуҷҷатҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ ё қабули шартномаҳои байналмилалӣ ё супоридани чунин тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба  маҳфуздоранда, ҳуҷҷатҳои дар бораи тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшавӣ, ирсоли ҳуҷҷатҳо дар бораи қатъ гардонидан, боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ё дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи  29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 1999, №12,  мод. 348; с. 2001, №7, мод. 484; с. 2005, №12, мод. 654; с. 2013, №7, мод. 539) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи  31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе,

23 июли соли 2016, №1326

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ