Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 676
Ном ДАР БОРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 29.12.2010
Матн

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳоро ҳангоми расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ – сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар он робитаи нахустини шаҳрвандони солим ва бемор бо табибон ба вуқӯъ меояд, ки сохтори бунёдии бисёрҷонибаи  хизматрасонии тиббӣ (пешгирии бемориҳо, ташхис, муолиҷа ва барқарорсозии саломатӣ) буда, раванди муттасили ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд;

- тибби оилавӣ – самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки бисёрсоҳавии аввалиндараҷа ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони тибби оилавӣ бо мақсади пешгирию табобати бемориҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир;

- мутахассисони тибби оилавӣ – табиби оилавӣ ва ҳамшираи тибби оилавӣ;

- табиби оилавӣ – мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ бозомӯзонидашуда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва сертификат) дорад;

- ҳамшираи тибби оилавӣ – мутахассиси дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ бозомӯзонидашуда, ки  ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва сертификат) дорад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби оилавӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби оилавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти тибби оилавӣ

 

Тибби оилавӣ аз рӯи принсипҳои асосии зерин фаъолият менамояд:

- кӯмакрасонӣ ҳангоми робитаи нахустин – муоинаи аввалин, қабули бемор дар ҷойи ҳодиса бе ҷалби дигар мутахассисони тиббӣ;

- дастрасӣ – кӯмакрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк;

- ҳамбастагӣ – кӯмаки мутахассиси тибби оилавӣ ба беморон бо роҳи муолиҷа, барқарорсозии  саломатӣ ва корҳои профилактикӣ;

- муттасилии фаъолият – кӯмаки пайвастаи тиббии мутахассиси тибби оилавӣ;

- ягонагӣ – баррасии масъалаҳои вобаста ба солимии шахси алоҳида, оила ва ҷомеа дар алоқаи зич бо масъалаҳои мавҷудаи вазъи ҷисмонию равонӣ ва иҷтимоӣ;

- рӯ овардан ба оила – баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар доираи оила ва робитаҳои иҷтимоии шахс;

- эътимоднокӣ – эътимоди беморон ба махфӣ нигоҳ доштани  иттилооте, ки онҳо ба мутахассисони тибби оилавӣ мерасонанд.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тибби оилавӣ

 

Ба салоҳияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тибби оилавӣ дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани самтҳои бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таъмин намудани аҳолӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, инчунин низоми давлатӣ ва хусусии фаъолияти тибби оилавӣ;

- муайян намудани талаботи аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- таҳия ва тасдиқи рӯйхати намудҳои хизматрасониҳои тиббӣ барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- таҳияи вазифаҳои субъектҳои тибби оилавӣ ва муайян намудани тартиби иҷрои онҳо;

- таҳия ва нашри дастури фаъолияти субъектҳои тибби оилавӣ;

- муайян намудани назорати давлатӣ ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣдар муассисаҳои тибби оилавӣ;

- амалӣ намудани аттестатсия ва сертификатсияи мутахассисоне, ки дар соҳаи тибби оилавӣ фаъолият менамоянд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тибби оилавӣ.

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тибби оилавӣ

 

Ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тибби оилавӣ дохил мешаванд:

- таҳия ва тасдиқи нақшаҳои байнисоҳавии дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат, ки ба масъалаҳои тандурустӣ равона карда шудаанд;

- таъмини рушди тибби оилавӣ ҳамчун яке аз бахшҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- таъмини ҳамбастагии соҳаҳои мухталифи идоракунии маҳаллӣ дар иҷрои чорабиниҳои вобаста ба рушди кӯмаки тиббию иҷтимоӣ;

- ҷалби корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳо ба чорабиниҳои мусоидати ҳалли масъалаҳои тибби оилавӣ;

- ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба чорабиниҳои вобаста ба ҳалли масъалаҳои нигаҳдории тандурустии ҷомеа, аз ҷумла тавассути тибби оилавӣ;

- дастгирии чорабиниҳои тибби оилавӣ марбут ба ҳифзи саломатии аҳолӣ (алалхусус модарону кӯдакон), пешгирии маъюбшавӣ ва фавти аҳолӣ, бехатарии экологӣ ва истеҳсолӣ;

- татбиқи барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои ба ташаккули тибби оилавӣ алоқаманд.

 

Моддаи 6. Субъектҳои тибби оилавӣ

 

1. Субъектҳое, ки ба аҳолӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитариро мерасонанд:

- Маркази саломатии шаҳр;

- Маркази саломатии ноҳия;

- Маркази саломатии шаҳракҳо ва деҳот;

- амбулаторияи тибби оилавӣ;

- бунгоҳи саломатӣ;

- ташкилотҳои хусусии тиббӣ;

- табиби оилавӣ;

- ҳамшираи  тибби оилавӣ.

2. Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот дар шакли муассисаҳо тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

3. Амбулаторияи тибби оилавӣ ва бунгоҳи саломатӣ сохтори Маркази саломатии шаҳру ноҳияҳо буда, бо мақсади дастрас будани ёрии тиббӣ дар маҳалҳо таъсис дода мешаванд.

4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои хусусии тиббӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда  мешавад.

 

Моддаи 7. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ робитаи нахустини шаҳрвандон бо мутахассисони тиб оид ба хизматрасонии тиббӣ буда, ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд. Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ шаҳрвандон метавонанд хизматрасонии бисёрҷонибаи тиббӣ гиранд.

2. Мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъули рушди тибби оилавӣ ба фаъолияти муассисаҳои муолиҷавию профилатикӣ, илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ роҳбарӣ менамоянд. Дурнамои (стратегияи) ҳифзи саломатии аҳолиро таҳия карда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сифатнокӣ ва самарабахшии кӯмакрасонии аввалияи тиббию санитариро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тандурустӣ таъмин намуда, рушд ва вазъи тибби оилавиро назорат мекунанд.

3. Мутахассисони тибби оилавӣ ҳангоми робитаи нахустин бояд масъалаҳои тиббии беморро ҳал намоянд ва ба бемор дар сурати пайдо шудани зарурати кӯмаки машваратии мутахассисони дигар барои муроҷиат намудан ба онҳо мусоидат намоянд. Табиби оилавӣ беморро оид ба натиҷаҳои машварат огоҳ намуда, ба ӯ дар бораи ҳамаи намудҳои хизматрасонии тиббӣ ва шакли самарабахши онҳо иттилоъ медиҳад, иҷрои ҳамаи маслиҳату тавсияҳоро танзим менамояд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи машғул шудан ба тибби оилавӣ

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табиби оилавӣ ва ҳамшираи тибби оилавӣ барои машғул шудан ба фаъолияти тибби оилавӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 9. Ҳуқуқҳои мутахассисони тибби оилавӣ

 

Мутахассисони тибби оилавӣ ҳуқуқ доранд:

- мутобиқи тартиби муқарраргардида бо идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо доир ба хизматрасонии тиббӣ шартномаҳо банданд, инчунин амволи амбулаторияи тибби оилавӣ, марказҳои саломатии шаҳр, ноҳия ва шаҳраку деҳотро ба ин мақсад истифода баранд ва барои хизматрасонии тиббӣ тибқи шартнома ҳаққи хизмат гиранд;

- оид ба беҳтар намудани кӯмакрасонии тиббию санитарӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд;

- дар ҷаласаҳо, конфронсҳои илмию амалӣ, анҷуманҳо ва симпозиумҳо ширкат варзанд, ба ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва тахассусӣ, ки фаъолияташон ба мақсаду вазифаҳои мутахассисони  тибби оилавӣ мухолиф нестанд, аъзо бошанд.

 

Моддаи 10. ӯҳдадориҳои мутахассисони тибби оилавӣ

 

ӯҳдадориҳои асосии мутахассисони тибби оилавӣ аз инҳо иборатанд:

- амалӣ гардонидани чорабиниҳои санитарию маърифатӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии беморшавии аҳолӣ;

- ташхиси саривақтии бемориҳо ва ошкору бартараф намудани онҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ;

- таъмини муоинаи мунтазами аъзои оила ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои солимгардонӣ;

- расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ ҳангоми зарурат;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида машваратдиҳӣ ва бистаригардонии саривақтии беморон, назорати ҷараёни табобат;

- дар доираи муқарраргардидаи тахассусӣ амалӣ намудани чорабиниҳои муолиҷавӣ, ташхисӣ ва барқарорсозии саломатӣ;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида муайян намудани корношоямии муваққатии беморон ва ба комиссияи тиббию иҷтимоӣ фиристодани онҳо;

- якҷоя бо кормандони хадамоти иҷтимоӣ ба шахсони танҳо, кӯҳансолон, маъюбон ва беморони мубталои бемориҳои музмин расонидани кӯмаки тиббию иҷтимоӣ;

- расонидани кӯмаки машваратӣ ба оилаҳо доир ба масъалаҳои эмкунӣ, ғизодиҳии кӯдакон, тарбияи онҳо, омодасозӣ ба муассисаҳои томактабӣ, мактаб, мавқеи тахассусии онҳо, танзими оила, одоб, психология, беҳдошт, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҷинсииҳаёти оилавӣ;

- истифодаи дурусти ҳуҷҷатҳои бақайдгирию ҳисоботии шаклҳои тасдиқшуда.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои  шаҳрвандон

 

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:

- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ гиранд;

- муассиса ва табиби оилавиро озодона интихоб намоянд;

- бо хоҳиши худ аз хизмати муздноки муассисаҳои хусусии тибби оилавӣ ва табибони фаъолияти хусусии тиббидошта, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, истифода баранд;

- аз ёрии таъҷилии тиббии муассисаи наздиктарини табобатию пешгирии беморӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, ҳудудӣ ва шакли моликият, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;

- маълумоти заруриро оид ба вазъи саломатии худ ва аъзои оилаашон гиранд;

- аз мақомот, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба пешгирӣ, ташхису табобати беморӣ, дараҷаи бемории аҳолӣ, оид ба омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд,  маълумот гиранд;

- дар ҳар марҳила аз муоина ва табобати тиббӣ даст кашанд (ба истиснои занони ҳомиладор ва ноболиғон, ҳамчунин беморони мубталои бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустӣ муқаррар менамояд). Барои даст кашидан аз муоинаву табобат забонхат гирифта мешавад.

 

Моддаи 12. Ҳамгироии фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ бо дигар мутахассисони соҳавии тандурустӣ ва кормандони хадамоти иҷтимоӣ

 

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ табибони оилавӣ ӯҳдадоранд дар мавридҳои зарурӣ сари вақт бо дигар мутахассисони соҳавии тандурустӣ ва кормандони хадамоти иҷтимоӣ ҳамкорӣ намоянд.

 

Моддаи 13. Такмили ихтисоси мутахассисони тибби оилавӣ

 

1. Мутахассисони тибби оилавӣ ӯҳдадоранд, тибқи тартиби муқарраргардида, ихтисоси худро такмил диҳанд.

2. Тартиби такмили ихтисоси мутахассисони тибби оилавиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 14. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

 

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз сарчашмаҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:

- буҷети давлатӣ;

- маблағҳои барои маблағгузории барномаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоӣ пешбинишуда, ки дар иҷрои онҳо мутахассисони тибби оилавӣ  иштирок менамоянд;

- маблағҳои суғуртаи тиббӣ;

- маблағҳое, ки муассисаҳои тандурустӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии пулакии тиббию санитарӣ ба даст меоранд;

- кӯмаки бебозгашт ва хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

   ш. Душанбе,

29 декабри соли 2010

       №676

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ