Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 595
Ном ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 12.01.2010
Матн

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175;

с. 2012, №8, мод. 831; №12, қ.1, мод.1003; Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 с., № 1200)

 

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 с., № 1200 аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.

Меъёрҳои моддаи 24 ва қисми 4 моддаи 46 Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 с., № 1200

аз 1 январи соли 2017 татбиқ карда мешаванд).

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию  ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро  муайян мекунад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода  мешаванд:

- нафақагир - шахсе, ки ба ӯ нафақа таъин ва пардохт мегардад;

- нафақаи заминавӣ - нишондиҳанда барои ҳисоби нафақа ва иловапулиҳо ба нафақа, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

- нафақаи суғуртавӣ – пардохти пулие, ки барои шахси  суғурташуда дар низоми давлатии суғуртаи нафақавӣ таъин гардидааст;

- нафақаи иҷтимоӣпардохти ҳармоҳаи давлатӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади таъминоти иҷтимоӣ ва дастгирии моддии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, таъин карда мешавад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ- шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмияҳо нафақавӣ асос ёфтааст;

- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи  нафақавӣ зарур мебошад;

- маҳрум шудан аз саробон - ҳолати аз даст додани манбаи даромад  вобаста ба фавти саробони оила, ки аъзои корношоями он таҳти саробонии ӯ қарор доштанд;

- таъмини нафақаи  касбӣ – шакли таъмини нафақае мебошад, ки ба   кормандони кироя аз ҳисоби маблағи корфармо вобаста ба шароити махсуси меҳнат барои тадриҷан гум кардани қобилияти корӣ то расидан ба синну соли нафақавӣ пардохта мешавад;

- иловапулӣ ба нафақа – маблағе, ки бар иловаи андозаи муқарраршудаи нафақа дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад;

- индексатсиятағйир додани андозаи нафақаҳои таъингардида ва сармояи шартии нафақавӣ бинобар тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- захираи нафақавии инфиродӣ– маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ё фонди ғайридавлатии нафақа мавҷуда; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- маъюбӣ– нуқсёбии устувори саломатии инсон, ки аз  фаъолияти номӯътадили ҷисм дарак дода, ба қисман ё пурра гум кардани қобилияти корӣ оварда расонидааст;

- собиқаи суғуртавӣ - даврае, ки  шаҳрванд ё корфармо бо тартиби муқарраргардида саҳмҳои суғуртавиро пардохт намудааства он дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба назар гирифта шуда, барои таъин ва пардохти нафақа ҳуқуқ медиҳад; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

- сармояи шартии нафақавӣ –  ҳаҷми умумии саҳмиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавие, ки ба ҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои шахси суғурташуда ё аз ҷониби худи шахси суғурташуда гузаронида шудааст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 2.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва  давлатӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- давра ба давра ташкил кардани низоми нафақаи бисёрсатҳие, ки сатҳи аз ҷониби давлат кафолатдодаи даромади шаҳрвандони ба нафақа ҳуқуқдоштаро таъмин менамояд;

-  муқаррар намудани нафақаҳои суғуртавӣ  ва давлатӣ, муайян намудани тартиби пардохти онҳо;

- муқаррар кардани манбаъҳои маблағгузорӣ аз рӯи намудҳои таъминот ва гурӯҳҳои нафақагирон;

- фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон дар ташаккули маблағи нафақа ва идораи ҷамъиятии низоми таъминоти нафақа.

2.  Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дахл дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро анҷом дода, бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 4. Принсипҳои  таъминоти  нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ

 

Низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- танзими давлатии сатҳи даромади суғурташаванда ва пардохтҳои минбаъдаи суғуртавӣ ба шаҳрвандон;

- мутобиқати андозаи нафақаҳои суғуртавии таъиншаванда ба ҳуқуқҳои андӯхти нафақавӣ ва ҳаҷми даромади суғурташудаи шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)     

-масъулияти баробари давлат, корфармо ва шаҳрванд барои таъминоти нафақаи  шаҳрванд дар пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки  Қонуни мазкур  пешбинӣ менамояд;

- мутобиқгардонии механизми шарикии иҷтимоӣ ва танзими бевоситаи давлатӣ дар идоракунии низоми таъминоти нафақаҳои  суғуртавӣ  ва давлатӣ;

- таъминоти нафақаи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муайян намудааст;

- бисёрҷанбагии манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳавасмандии иштироки  бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти иҷтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон;

- аз нав тақсим кардани маблағ дар байни  шахсони суғурташуда.

 

Моддаи 5. Ҷалб намудани шаҳрвандон ба идораи  низоми таъминоти нафақа

 

Ҷалб намудани  шаҳрвандон ба раванди  таҳиясозӣ ва татбиқи сиёсати давлатии нафақа дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.

 

Моддаи 6.  Низоми  таъминоти нафақа

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низоми ягонаи таъминоти нафақа иборат аз намудҳои зерин амал мекунад:

-  таъминоти нафақаи  суғуртавӣ;

-  таъминоти нафақаи давлатӣ.

 

Моддаи 7.  Намудҳои нафақа  ва таркиби  онҳо

 

1. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои суғуртавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:

- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;

- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ;

- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.

2.  Таркиби нафақаи суғуртавӣ  аз рӯи синну сол ва маъюбӣ аз қисмҳои, суғуртавӣ ва захиравӣ иборат мебошад.

3. Қисми суғуртавии нафақа–  қисми асосии нафақа, ки, вобаста ба ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба шахси суғурташуда муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

4. Қисми захиравии нафақа – қисми нафақаи суғуртавӣ, ки вобаста аз ҳаҷми захираҳои инфиродии нафақавии шахси суғурташуда муқаррар гардида, аз рӯи маълумоти дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда мавҷудбуда ҳисоб карда шудааст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5.  Нафақаи  суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад.

6. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:

- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;

- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;

- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

7. Нафақаҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт карда  мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 8. Ҳуқуқ ба интихоби нафақа

 

Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани якчанд намуди нафақаро доранд, аз рӯи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти ваколатдори давлатиро, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия, пардохт ва дастрас кардани нафақаҳоро таъмин менамоянд, муайян мекунад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)  

 

Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа

 

Ба  салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа инҳо мансубанд:

-  ташкили таъин ва  пардохти  нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;

- нигоҳдории маблағи барои пардохти нафақаҳо пешбинишуда, аз ҷумла саҳмҳои суғуртавии нафақавӣ, захираҳои нафақавӣ ва даромад аз нигоҳдории онҳо, маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо пешбинӣ гардидаанд;

-  пешбурди суратҳисобҳои шахсони суғурташуда инфиродӣ; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

- муайян намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ, ҳаҷми маблағҳои захирашудаи дар суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда бақайдгирифташуда ва дар асоси онҳо таҳия намудани дурнамои талабот ба маблағҳо барои пардохти нафақаҳои суғуртавӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- ҳисоб ва муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ.

 

БОБИ 2.

ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ

 

Моддаи 11. Ташаккул ва  таъминоти нафақаи  суғуртавӣ

 

1. Нафақаи суғуртавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар ҷумҳурӣ истиқоматдошта, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъин ва пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Пардохти саҳмҳои суғуртавӣ барои  нафақаи  суғуртавӣ ҳатмӣ буда, аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ оғоз  мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

3. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 

Моддаи 12. Тартиби муайян намудани андозаи нафақаи заминавӣ

 

1. Андозаи нафақаи заминавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

2. Андозаи нафақаи заминавӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 13. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол

 

1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад:  

- иҷрои уҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷойи  онҳо;

-  мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо.

2. Ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешаванд:

- ба мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

- ба занҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.

3. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи  имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:

а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:

- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ ва на камтар  аз 120 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;

- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ва на камтар  аз 96 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;

б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:

- мардҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;

в) маъюбони гурӯҳи I аз рӯи биноӣ:

- мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;

- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 120 моҳ;

г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил:

- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ;

- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро  низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;

е) занҳое, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб дошта, ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 14. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра

 

1. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ, ба истиснои шахсони дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, ба шахсоне, ки на камтар  аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ доранд, таъин карда мешавад.

Ба шахсоне, ки дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ ба мардҳо - ҳангоми расидан ба синни 63 ва ба занҳо - ҳангоми расидан ба синни 58 таъин карда мешавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Нафақаи суғуртавии нопурра ҳангоми фарорасии ҳолати суғуртавӣ мутобиқи Қонуни мазкур таъин ва пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 15. Шартҳои таъини нафақаи  суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ

 

1.  Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ ҳангоми фарорасии гурӯҳҳои I, II ё III маъюбӣ, бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ новобаста ба сабабҳои маъюбшавӣ, давом ёфтани фаъолияти меҳнатии маъюб, инчунин новобаста ба он, ки маъюбӣ ҳангоми кор, то фарорасии вақти кор ё баъди хотима ёфтани кор расидааст, таъин карда мешавад.

3. Барои таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ собиқаи суғуртавии на камтар аз 60-моҳа зарур мебошад.

4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ барои давраи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Дар ҳолати вуҷуд доштани захираи нафақавӣ дар суратҳисоби махсуси инфиродии шахси суғурташуда, ки маъюб дониста шудааст, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ баъд аз расидани ӯ ба синни муқарраршудаи нафақавӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 16. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон

 

1. Ба нафақа аз рӯи маҳрум шуданаз саробон аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, ки дар таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд. Оилаи саробони бе ному нишон гумшуда ба оилаи саробонаш фавтида баробар дониста мешавад, ба шарте, ки бе ному нишон гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад.

2. Аъзои ғайриқобили меҳнати саробони фавтидаи оила инҳо эътироф карда мешаванд:

- фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагони ноболиғе, ки падару модари қобили меҳнат надоранд ва  дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимии тамоми намудҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии маълумоти иловагӣ таҳсил менамоянд, то анҷом додани таҳсил, аммо на калонтар аз синни 23  ё калонтар аз ин синну сол, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб гардида бошанд;

- падар ё модар, бобо ё бибии саробони фавтида, новобаста ба синну сол ва қобилияти меҳнатӣ, инчунин бародар, хоҳар ё фарзанди саробони фавтида, ки ба синни 18 расидааст, ба шарте, ки онҳо  фарзандон, бародарон, хоҳарон ё наберагони ба синни 14 нарасидаи саробони фавтидаро, ки ба гирифтани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд нигоҳубин кунанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

- падару модар ва ҳамсари саробони фавтида, ки ба синни  муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур  расидаанд ё маъюб мебошанд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- бобо ва бибии саробони фавтида, ки ба синни  нафақа  расида, нафақаи суғуртавӣ намегиранд ё маъюб мебошанд ва шахси тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро таъминкунанда надоранд.

3. Аъзои оилаи саробони фавтида ба шарте дар таъмини ӯ дониста мешаванд, ки қаблан дар таъминоти пурраи ӯ қарор дошта ё аз ӯ мунтазам кӯмаке мегирифта бошанд, ки барои онҳо манбаи асосии рӯзгузаронӣ ҳисоб меёфт.

4. Падару модари ғайри қобили меҳнати саробони фавтида ба шарте ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, ки  новобаста ба давраи баъди даргузашти саробон бе манбаи рӯзгузаронӣ монда бошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Ҳамсари ғайри қобили амали саробони фавтида ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон  дар сурате ҳуқуқ дорад, ки агар ӯ ба нигоҳубини кӯдаки маъюб, кӯдаки маъюби аз овони кӯдакии гурӯҳи I ё кӯдаки то фавти саробон ё дар давраи то панҷ сол пас аз фавти саробони фавтида корношоямгардида машғул бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6.  Аъзои оилаи саробони фавтида, ки кӯмаки ӯ барои онҳо доимӣ ва  манбаи асосии рӯзгузаронӣ буд, вале худашон ҳам ягон намуди нафақа мегирифтанд, ҳуқуқ  доранд, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон гузаранд.

7. Фарзандхондагон дар баробари падару модар ва ба фарзандӣ қабулшудагон дар баробари фарзандони ҳамхун ба гирифтани нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд. Фарзандони ноболиғ, ки аз рӯи маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, дар ҳолати ба фарзандӣ қабул шуданашон низ аз ин ҳуқуқ бенасиб намегарданд.

8. Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақагир ҳам боқӣ мемонад.

9. Дар сурати мавҷуд будани собиқаи камтар аз 60-моҳаи суғуртавии саробони фавтида ба оила мутобиқи Қонуни мазкур  нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад.

10. Дар ҳолати фавтидани шахси суғурташуда то ба ӯ таъин гардидани нафақаи суғуртавии аз рӯи синну сол ё то бозҳисобӣ кардани андозаи нафақаи мазкур маблағи дар суратҳисоби инфиродии ӯ ба ҳисоб гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

 

Моддаи 17. Ҳисоби собиқаи суғуртавӣ барои  таъини нафақаи суғуртавӣ

 

1. Барои муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда (ё ба ҷои ӯ) саҳмҳои суғуртаи ҳатмиинафақавиро  супорида бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Собиқаи суғуртавӣ аз рӯи моҳи пурра ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳи собиқаи суғуртавӣ моҳи тақвимие дониста мешавад, ки  (барояш) шахси суғурташуда (ё ба ҷои ӯ) саҳмияи суғуртавӣ супоридааст ва маълумот дар бораи музди меҳнати (даромади) моҳи мазкур пешниҳод гардидааст.

3. Агар маълумот дар соли тақвимӣ барои 10 ва аз он зиёдтар моҳҳои суғуртавӣ пешниҳод гардида бошад, собиқаи суғуртавӣ барои соли пурра ба ҳисоб гирифта мешавад.  Дар сурати  барои камтар аз 10 моҳи соли тақвимӣ пешниҳод  гардидани маълумот собиқаи суғуртавӣ аз рӯи маълумоти моҳҳои воқеии пешниҳодгардида ҳисоб карда мешавад.

4. Ба собиқаи суғуртавӣ ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар баробари давраи корӣ ё фаъолияте, ки дар тӯли он мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмияи суғурта супорида шудааст, инчунин давраҳои фаъолияте ба ҳисоб гирифта мешавад, ки дар давоми он саҳмияи суғурта супорида нашудааст, аз он ҷумла: (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- давраи хизмат дар  сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизмати дигари ба он баробаркардашуда тибқи даъват;

- давраи гузаштани таҳсил дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти  олӣ ва миёнаи махсус, дар мавриди мавҷуд будани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ)на камтар аз панҷ соли баъди анҷоми таҳсил; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дар курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзии мутахассисон, ординатура, аспирантура ва докторантура; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- давраи гирифтани кӯмакпулӣ аз рӯи бекорӣ, аммо на бештар аз 24 моҳ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ;

- давраи фарзандони хурдсолро нигоҳубин кардани падар ё модаре, ки муваққатан кор намекунанд, аммо то ба синни 3 расидани ҳар як кӯдак вале дар маҷмӯъ на бештар аз 60 моҳ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- давраи дар маҳбас будани шахсоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, беасос таъқиб гардидаанд ва баъдан сафед карда шудаанд.

5. Давомнокии давраи бе пардохти саҳмияи суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда дар маҷмӯъ набояд аз 60 моҳ зиёдтар бошад.

6. Собиқаи суғуртавӣ дар асоси маълумоти ба суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар қисми махсуси низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва маълумоти пешниҳоднамудаи корфармо ё супорандаи саҳмияи суғуртавӣ ҳангоми баҳисобгирии инфиродӣ ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 18. Тартиби  тасдиқи  собиқаи суғуртавӣ

 

1. Ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ дар давраи  фаъолияти меҳнатӣ  то 1 январи соли 2013 дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд  ба ҳисоб меравад.

2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар асоси маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда ба ғайр аз дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ), инчунин ҳуҷҷатеро, ки ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189) 

4. Давраҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панҷуми  қисми  4    моддаи 17 Қонуни мазкур номбаршуда аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаи муассисаҳои дахлдор, бо нишон додани асос барои додани онҳо ба ҳисоби собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд.

5. Собиқаи корӣ (ба истиснои кор дар назди шахсони алоҳида) барои давраи то 1 январи соли 1999 метавонад бо муқаррароти судӣ, нишондодҳои ду нафар шоҳид ё бештар аз он муқаррар карда шавад, ба шарте, ки ҳуҷҷатҳои фаъолияти меҳнатӣ бар асари  оғози амалиёти ҳарбӣ ва  офатҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гум шуда бошанд ва имконияти барқарор намудани онҳо мавҷуд набошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар  давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ҳуҷҷатҳои боэътимоди тасдиқкунандаи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ дар ин давра доранд, аммо фаъолияти кории онҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ қайд нагардидааст, метавонанд барои ворид намудан ба собиқаи суғуртавӣ онҳоро пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

7. Бо (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189) хориҷ карда шуд

 

Моддаи  19. Тартиби баҳисобгирии (барқароркунии) собиқаи суғуртавӣ барои давраҳои

                         меҳнатӣ ва хизмати давлатӣ, ки барои онҳо саҳмҳои суғуртавӣ пардохта

                         нашудааст

 

1.  Ҳангоми  муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъини нафақа, ки қисми собиқаи меҳнатиашро  хизмати давлатӣ, аз он ҷумла берун аз ҳудуди мамлакат ё  фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад ва дар ин давра саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст, инчунин дар ҳолатҳое, ки онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҳуқуқи гирифтани нафақаро пайдо накардаанд, бо мақсади дохил намудани ин давраҳо ба собиқаи суғуртавӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ маблағи умумии ҳаққи суғуртавӣ бо ҳисоби зайл пардохта мешавад: музди миёнаи меҳнат ба теъдоди моҳҳои ба собиқаи суғуртавӣ дохилшаванда зарб зада шуда, ба тарофаи муқарраргардидаи саҳмҳои суғуртавии соли дахлдор зарб зада мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

2. Пардохти маблағи саҳмҳои суғуртавиро барои давраи чунин фаъолият метавонад худи шаҳрванд (ё ба ҷои ӯ корфармо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

 

Моддаи 20. Манбаъҳои маблағгузории пардохти нафақаи суғрутавӣ

 

1. Пардохти нафақаи суғуртавӣ аз манбаъҳои зайл маблағгузорӣ карда мешавад:

- қисми  заминавии нафақа – аз маблағи буҷети давлатӣ;

- қисми суғуртавии нафақа – аз маблағи суғуртаи ҳатмиинафақавӣ;

-қисми захиравӣ – аз маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ бо назардошти даромад аз сармоягузорӣ мавҷудбуда. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Дар сурате, ки андозаи ҳисобшудаи нафақаҳои суғуртавӣ аз андозаи камтарини дар моддаҳои 22, 25 ва 26 Қонуни мазкур муқарраршуда кам бошад, фарқияти байни андозаи нафақаҳои суғуртавии ҳисобшуда ва андозаи камтарини муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.(ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

3.Маблағи пардохти қисми суғуртавии нафақа аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:

- саҳмҳои нафақавие, ки суғуртакунандагон барои шахсони суғурташуда пардохт кардаанд;

- маблағи саҳмҳои суғуртаи нафақавие, ки худи шахсони суғурташуда пардохт намудаанд;

- даромади сармоявӣ аз сармоягузории ҷойгиркунии маблағҳои озоди суғуртавӣ. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 21. Кафолатҳои давлатии таъминоти нафақа

 

Ба шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо накардаанд, давлат таъминоти нафақаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур кафолат медиҳад.

 

Моддаи 22. Ҳисоби қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол

                                                 (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

1. Дар мавриди таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ, , ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва андӯхти захираҳои нафақавие, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ ҷамъ шудаанд, инчунин дигар маълумоте, ки мувофиқи  Қонуни мазкур  пешниҳод мегарданд,  истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол метавонад иловапулиҳои тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур аз ҳисоби маблағи буҷети  давлатӣ таъингардидаро дар бар гирад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Барои муайян намудани андозаи қисми суғуртавии нафақа аз рӯи синну сол ҳаҷми уҳдадориҳои нафақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа - сармояи шартии нафақавӣ бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад: (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- ӯҳдадории нафақавии бо пул ифодагардида то давраи ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ тибқи муқаррароти моддаи 58 Қонуни мазкур;

- пардохти саҳмҳои суғуртавии дар низоми баҳисобгирии инфиродӣ ба назар гирифташудаи шахси суғурташуда бо роҳи индексатсияи ҳарсолаи онҳо мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

4. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо роҳи тақсим кардани маблағи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи барои нафақа муроҷиатнамуда ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ баробар мебошад, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ба шахсоне, ки собиқаи зарурии суғуртавӣ надоранд, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6. Барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии дар қисми 1 моддаи 13 пешбинишударо доранд, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии пешбинишударо надоранд, аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 23 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 24. Зиёд намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо сабаби ба таъхир

                         афтодани  муроҷиат барои таъини нафақа

 

1. Ба шахсоне, ки вобаста ба фарорасии синну соли нафақавӣ тибқи моддаи 13 Қонуни мазкур  ба  нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ҳуқуқ доранд, аммо фаъолияти меҳнатиро давом дода, саҳмҳои суғуртавиро пардохт менамоянд,  ҳангоми  мавқуф гузоштани муроҷиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз ҷониби онҳо, қисми суғуртавии нафақа баъди муроҷиат дар асоси маълумоти инфиродӣ  бо назардошти давраи муроҷиат ҳисоб карда мешавад ва тибқи шартҳои дар ҷадвал нишондодашуда бо кам кардани моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ баланд бардошта мешавад: (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

Миқдори солҳои пурраи мавқуф гузоштани муроҷиат

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

Давраи пардохти эҳтимолӣ

(бо моҳ)

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

1

1

174

2

2

168

3

3

162

4

4

156

5

5

150

6

6

145

7

7

140

8

8

135

9

9

130

10

10 ва беш аз он

125

 

2. Моддаи мазкур нисбат ба шахсони воқеие, ки ба таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи  синну сол дар мавриди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ  ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 25. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ

 

1. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 22 Қонуни мазкур амалӣ гардида, нафақа ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад:

- ба маъюбони гурӯҳи I – 100 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;

- ба маъюбони гурӯҳи II – 85 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;

- ба маъюбони гурӯҳи III – 70 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол. 

2. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:

а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра:

- ба маъюбони гурӯҳи I – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида; 

- ба маъюбони гурӯҳи II – 125 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида; 

- ба маъюбони гурӯҳи III – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида; 

б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра:

- ба маъюбони гурӯҳи I – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида; 

- ба маъюбони гурӯҳи II – 85 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида; 

- ба маъюбони гурӯҳи III – 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 26. Ҳисоби  нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон

 

1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон барои ҳар як узви оилаи бесаробонмонда, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ дорад, бо ҳиссаи баробар (вобаста ба теъдоди аъзои оила, ки талаби гирифтани нафақаро доранд) аз нафақаи суғуртавӣ, ки саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ дошт, ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

2. Нафақаи суғуртавӣ барои кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда ба андозаи нафақаи суғуртавие, ки ҳар ду саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ доштанд, ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:

а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:

- барои як узви корношоями оила – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои ду узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:

- барои як узви корношоями оила – 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои ду узви корношоями оила – 105 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила – 140 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:

а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:

- барои як узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои ду узви корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила – 250 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:

- барои як узви корношоями оила – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои ду узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, ки вафоти саробон бар асари иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст, наметавонад аз 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида барои ҳар як узви корношоями оила кам бошад. 

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6. Бо хоҳиши яке аз аъзои оила, ки нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон мегирад, ҳиссаи ӯ аз нафақаи суғуртавии ба оила таъиншуда метавонад ҷудо карда шавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

БОБИ 3.

ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи  27.  Пардохтҳо аз рӯи таъминоти нафақаи давлатӣ

 

1. Таъминоти давлатии нафақа аз намудҳои зерини пардохтҳо иборат мебошад:

- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;

- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;

- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189) 

2. Ба нафақаҳои таъингардидаи гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иловапулӣ муқаррар кардан мумкин аст.(ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

 

Моддаи 28. Ҳуқуқ ба таъминоти нафақаи давлатӣ

 

Ба таъминоти  нафақаи  давлатӣ  ҳуқуқ доранд:

- шахсоне, ки ба  онҳо меъёрҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагардидаанд ва татбиқ намегарданд;

- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсоне, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён доранд;

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи  29 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189 хориҷ карда шуд. 

 

Моддаи 30. Ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ

 

1. Ба  нафақаи иҷтимоӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, аз ҷумла:

- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, аз ҷумла маъюбон аз овони кӯдакӣ;

- кӯдакон ва наврасоне, ки то синни 18  (барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона то синни 23) аз як ё ҳарду саробон маҳрум шудаанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавии бо сабаби маҳрум шудан аз саробонро надоранд ва кӯдакони маъюби то 18 – сола; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

- шахсоне, ки ба синну соли пешбининамудаи қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур расидаанд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани  нафақаи суғуртавиро надоранд.(ҚҶТ аз 28.12.12с., №909)

Номгӯи нишондодҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Шахсоне, ки доимӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомат мекунанд ва мувофиқи Қонуни мазкур  ҳуқуқи гирифтани  нафақаи суғуртавиро надоранд,  нафақаи иҷтимоӣ ба онҳо дар сурати расидан ба синни 58 ва 53 (мутаносибан мардҳо ва занҳо) таъин ва пардохт мешавад.

 

Моддаи 31. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ

                             (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

1. Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани онҳоро доранд, ба андозаҳои зерин таъин карда мешаванд:

 а) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

б) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ:

- ба маъюбони гурӯҳи I ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- ба маъюбони гурӯҳҳои II ва III, маъюбони гурӯҳи III аз овони кӯдакӣ – 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

в) нафақаи иҷтимоӣ  аз рӯи  маҳрум шудан аз саробон:

- ба кӯдакони то 18-сола, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона–то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак – 60 фоиз, барои ду кӯдак – 90 фоиз, барои  се ва зиёда аз он кӯдак – 120 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

- ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона–то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак - 100 фоиз, барои ду кӯдак - 150 фоиз, барои се ва зиёда аз он кӯдак - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд, ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
- барои маъюбони гурӯҳҳои I ва II - ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои маъюбони гурӯҳи III - ба андозаи 80 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

Нафақаи иҷтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оилаи хизматчии ҳарбии фавтида, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудааст, ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Андозаи  нафақаҳои иҷтимоӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқараршуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32.  Тартиби таъин кардани нафақаҳои иҷтимоӣ

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

1. Таъин кардан,  бозҳисобии нафақаҳои иҷтимоӣ, ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Барои таъин кардани нафақаи иҷтимоӣ шаҳрванд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисте, ки расман ба қайд гирифта шудааст, бо ариза муроҷиат менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки шартҳои таъин намудани  нафақаҳои иҷтимоиро ба шаҳрвандон пурра фаҳмонад, инчунин ба ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба онҳо мусоидат намояд.

4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ҳуқуқ дорад, ки аз аризадиҳанда ва ё шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои заруриро барои муқаррар намудани  нафақаҳои иҷтимоӣ талаб намояд, дар ҳолатҳои зарурӣ санҷиши мутақобила гузаронад, санҷиши воқеият ва асоснокии ҳуҷҷатҳоро анҷом диҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Ҳуҷҷатҳо барои муқаррар намудани  нафақаи иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар давоми сӣ рӯзи бақайдгирии ариза баррасӣ карда мешаванд.

6. Ҳангоми таъин намудани  нафақаҳои иҷтимоӣ қарори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа қабул карда, ба шаҳрвандон  шаҳодатномаи шаклаш муқарраргардида дода мешавад.

7. Дар сурати рад шудани таъини нафақа ҷавоби хаттӣ бо нишон додани сабабҳои он ба аризадиҳанда пешниҳод мешавад.

8. Нафақаи иҷтимоӣ вобаста ба тайғир ёфтани дараҷаи маҳдудияти қобилияти корӣ, сабабҳои маъюбӣ, шумораи аъзои корношоями оилаи саробони фавтида (ҳалокгардида), дар сурати аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани  нафақаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз нав дида баромада мешавад.

9. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ заруранд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян карда мешаванд.

10. Шаҳрвандон метавонанд аз қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба мақомоти судӣ  шикоят намоянд.

 

Моддаи 33 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189 хориҷ карда шуд

Моддаи 34 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189 хориҷ карда шуд

Моддаи 35 хориҷ карда шуд

Моддаи 36 хориҷ карда шуд

Моддаи 37 хориҷ карда шуд

Моддаи 38 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 39. Иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ

 

1. Ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба андозаҳои зерин иловапулиҳо муқаррар ва пардохт карда мешаванд: 

а)  ба андозаи 150 фоизи нафақаи заминавӣ:

- ба иштирокчиён ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- ба иштирокчиён ва маъюбони рафъи оқибати садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ;

- ба маъюбони гурӯҳи I, ки маъюбиашон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

б) ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавӣ:

- ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доимӣ истиқомат мекунанд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

в)  ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавӣ:

- ба маъюбони гурӯҳи I ва гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, ки кор намекунанд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- кӯдакони маъюби то 18-сола (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- ба маъюбони гурӯҳи II, ки кор намекунанд ва маъюбиашон дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ба амал омадааст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз  гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар  бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд.

(ҚҶТ аз 28.12.12с. №909)

 

БОБИ 4.

ТАЪИН, БОЗҲИСОБӢ, АЗ ЯК НАМУД БА НАМУДИ ДИГАР ГУЗАРОНИДАН, ИНДЕКСАТСИЯ, ПАРДОХТ ВА ДАСТРАС  НАМУДАНИ НАФАҚА

 

Моддаи 40. Тартиби таъин ва пардохти нафақа

 

Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 41. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа

 

1. Ариза барои таъини нафақа ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ӯ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз ҷониби суғурташаванда ё корфармо ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар ҷойи зисти шахси суғурташуда пешниҳод мегардад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Барои таъини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;

- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ва собиқаи суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси суғуртавӣ;  

- дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба нафақа.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъминоти нафақаро амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоеро, ки барои таъини нафақа заруранд, талаб намояд, инчунин асоснокии дода шудани онҳоро санҷад.

4. Мӯҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар муҳлати дилхоҳ баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6.  Ҳангоми  рад гардидани ариза дар бораи таъини нафақа дар қарор сабабҳои рад гардидани таъини нафақа пурра нишон дода мешаванд. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи баъди қабули чунин қарор аз натиҷаи он аризадиҳандаро огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

7. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 42. Мӯҳлати таъин ва пардохти нафақа

 

1.Нафақа аз рӯи синну сол якумра таъин мегардад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Нафақа аз рӯи  маъюбӣ барои   давраи корношоямии шахс, ки  мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъин  карда мешавад.

3. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба мӯҳлате, ки тӯли он узви оила  корношоям дониста мешавад, таъин мегардад.

4. Нафақа аз рӯзи муроҷиат, аммо на пештар аз ҳуқуқдор шудан ба гирифтани нафақа, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад: (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- нафақа аз рӯи синну сол аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа, агар муроҷиат барои таъини нафақа на дертар аз се моҳ пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа сурат гирифта бошад, таъин мегардад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- нафақа аз рӯи маъюбӣ аз рӯзи муқаррар гардидани гурӯҳи маъюбӣ, ки онро   мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян намудааст, дар ҳолате, ки муроҷиат на дертар аз се моҳи баъди рӯзи маъюбии муқарраргардида сурат гирифта бошад, таъин мегардад;

- нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо шудани ҳодисаи  суғуртавӣ (фавти саробон), ки барои  нафақа ҳуқуқ медиҳад, дар ҳолате, ки муроҷиат на дертар аз 6 моҳи баъди фавти саробон сурат гирифтааст, таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

Дар дигар ҳолатҳо нафақа аз рӯзи  муроҷиат таъин мегардад.

5. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъини нафақа бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.

 

Моддаи  43. Бозҳисобии нафақаҳои таъингардида

                               (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Андозаи нафақа тибқи муқаррароти  Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин бозҳисобӣ мешавад: (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

- ба намуди дигари нафақа гузаштан;

- тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ;

- тағйир ёфтани теъдоди аъзои ғайриқобили меҳнати оила, ки бо нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъмин карда мешаванд.

- давом додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ баъди таъини нафақа. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 44. Бозҳисобии нафақаҳои таъингардида

 

1. Андозаи нафақаҳои таъингардида дар мӯҳлатҳои зерин бозҳисобӣ карда мешавад:

- дар ҳолати пайдо шудани ҳуқуқ барои баланд бардоштани нафақа - аз рӯзи якуми моҳе, ки нафақагир барои бозҳисобии нафақа муроҷиат намудааст, аммо на пештар аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба бозҳисобии нафақа;

- ҳангоми ба амал омадани ҳолате, ки дар натиҷаи он андозаи нафақа кам мешавад – аз рӯзи якуми моҳе, ки баъди моҳи ба амал омадани чунин ҳолатҳо.

2. Ҳангоми тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, ки сабаби зиёд гардидани андозаи нафақа мегардад, нафақа ба андозаи нав аз рӯзи тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ пардохт карда мешавад.

3. Гузаронидан аз як намуди нафақа ба намуди дигари он аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳе, ки дар он муроҷиат барои иҷрои ин амал ворид шудааст, амалӣ карда мешавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи  45. Ташкили баҳисобгирии нафақахӯрон

 

1. Ба мақсади таъмини баҳисобгирии нафақагирон ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таъминоти нафақавӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои таъини нафақа ҳамаи нишондиҳандаҳои онҳоро ба Феҳристи (рӯйхати)  ягонаи давлатии нафақагирон дохил намояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

2. Ҷорӣ кардани Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардонад. Тамоми мақоми дигари давлатӣ, ки ба зиммаи онҳо таъини нафақа вогузор мебошад, вазифадоранд мутобиқи ҳамин моддаи Қонун маълумоти қайдгардидаро дар муддати 30 рӯзи баъди таъини нафақа ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа пешниҳод кунанд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 46. Таъин, бозҳисобӣ ва гузаронидани нафақа аз як намуд  ба намуди дигар

 

1. Таъини нафақа, бозҳисобии андозаи он, гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар  дар асоси аризаи шаҳрванд сурат мегирад.

2. Муроҷиат барои таъини нафақа, бозҳисобии андозаи нафақа ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар ҳамаи ҳолатҳо баъди ҳуқуқдор шудан ба нафақа ва бозҳисобии андозаи он бе маҳдудияти мӯҳлат баррасӣ мешавад.

3. Андозаи нафақа дар мавриди тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, шумораи аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида бинобар идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ,, инчунин дар ҳолати дигар шудани шартҳои таъминоти  нафақаи суғуртавӣ бозҳисобӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

4. Бозҳисобии андозаи нафақаи суғуртавӣ бинобар аз ҷониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (ё барои ӯ) пас аз таъини нафақа, як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби ӯ, амалӣ карда мешавад.

Дар ҳар сурат, бозҳисобӣ метавонад амалӣ карда шавад, агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъини нафақа фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.

Дар мавриди ҳисоб намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолии дар қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинигардида истифода карда мешавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189) 

 

Моддаи 47 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189 хориҷ карда шуд. 

 

Моддаи  48. Пардохт ва дастрас намудани нафақа

 

1. Нафақаро мақомоти ваколатдори давлатии ҷои истиқомати шахси барои нафақа муроҷиаткарда пардохт ва дастрас менамояд. Дар мавриди дигар шудани ҷои истиқомати нафақагир нафақа дар ҷои истиқомати нав, дар асоси асноди нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти бақайдгирӣ дода шудаанд, дастрас  ва пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Нафақа шахсан ба нафақагир пардохт карда мешавад ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар аризаи нафақагир нишон дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар сол як маротиба ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Нафақа, новобаста ба гирифтани музди меҳнат ва дигар даромадҳо, бе маҳдудият пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

4. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва ё модари яккаву танҳояшон вафот кардааст, инчунин дигар кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, ба андозаи пурра пардохт карда мешавад.

Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум гардида, дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 50 фоизи нафақаи таъингардида, вале на камтар аз 25 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

5. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақаи суғуртавӣ ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, пардохт карда мешаванд.

Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, нафақа ба андозаи пурра бо тартибе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва мақомоти адлия муайян карда шудааст, пардохт карда мешавад. 

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

7. Нафақа метавонад дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст, ба муҳлати на зиёда аз шаш моҳ пардохт карда шавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

8. Пардохти нафақа метавонад бо қарори сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ё қарори суд дар ҳолатҳои зерин то муайян намудани ҳолатҳои бавуқӯъомада боздошт карда шавад:

- таъйини нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти носаҳеҳ;

- нагирифтани нафақаи ба мақомоти ваколатдор оид ба пардохти нафақа гузаронидашуда зиёда аз шаш моҳ;

- фавти нафақагир.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

9. Пардохти нафақа ҳангоми фавти нафақагир дар асоси маълумоти  мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар муҳлати то даҳ рӯз пас аз рӯзи бақайдгирии фавти нафақагир ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маълумот пешниҳод менамояд, қатъ карда мешавад.

Маълумот дар бораи фавти нафақагир аз рӯи шакле, ки бо қарори муштараки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва адлия тасдиқ карда мешавад, пешниҳод мегардад.  

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

10. Маблағи нафақаи нафақагир, ки бо сабаби фавти ӯ пардохт нагардидааст, то худи рӯзи вафоташ ҳисоб карда шуда, ба аъзои оилаи ӯ, ки якҷоя бо нафақагир зиндагӣ мекард, пардохт карда мешавад.   

Дар сурати мавҷуд набудани аъзои оила, ки бо нафақагир якҷоя зиндагӣ мекарданд, маблағи пардохтанашудаи нафақа ба мерос гузаронида мешавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 49.  Боздошти нафақа

 

1.Нафақа метавонад дар асоси  санадҳои судӣ (дар қисмати ситонидани молу мулк), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба иҷро мерасанд, боздошта шавад.

2. Андозаи боздошти нафақа аз маблағи ба нафақахӯр барои пардохт ҳисобкардашуда, ҳисоб карда мешавад.

3. Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), ҷуброни зарари  ба молу мулки ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифта  на бештар аз 50 фоизи нафақа боздошт  шуда метавонад.

4. Дар тамоми ҳолатҳои боздошти нафақа барои нафақахӯрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи  50. Тартиби пардохти нафақаи шахсоне, ки ба берун  аз ҳудуди Ҷумҳурии

                           Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ кӯчидаанд

 

1. Нафақаи тибқи Қонуни мазкур  таъингардида ба шахсоне, ки ҷои зисти доимиашонро берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунанд, новобаста ба нигоҳ доштан ё тағйир додани  шаҳрвандӣ бо тартиби зерин пардохт карда мешавад:

- ба шахсоне, ки нафақаи давлатӣ барояшон дар асоси Қонуни мазкур таъин шуда бошад, он дар асоси хабарнома дар бораи кӯч бастани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора барои шаш моҳи оянда пардохта, баъди он қатъ карда мешавад;

- ба шахсоне, ки нафақаи суғуртавӣ мегиранд, пардохти нафақаи онҳо ба андозаи қисмҳои суғуртавӣ ва захиравии он дар ҷои истиқомати нав давом меёбад. Дар ин маврид хароҷоти интиқоли маблағи нафақа аз ҳисоби гирандагони нафақа аст. Тартиби ба хориҷа интиқол додани маблағи нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №909)

2. Агар тибқи  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф намудааст, дар хориҷа қоидаҳои дигари пардохти нафақа  пешбинӣ гардида бошанд, қоидаҳои муқарраргардидаи  ин санадҳо мавриди амал қарор мегиранд.

 

Моддаи 51. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ ва нафақаҳо 

 

1. Сармояи шартии нафақавӣ, ки дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, ҳар сол бо тартиби зерин индексатсия карда мешавад:

- барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013–мутобиқи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян гардидааст;

-  барои давраи пас аз 1 январи соли 2013– мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян карда мешавад.

Сармояи шартии нафақавӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни мазкур барои давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 муайян карда шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, шурӯъ аз 1 январи соли 2014 ҳар сол индексатсия карда мешавад. 

2.  Нафақаи суғуртавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад. 

3. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

БОБИ 5.

НАМУДҲОИ ДИГАРИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАВӢ

 

Моддаи  52.  Таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ

 

Дар баробари суғуртаи ҳатмии давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ ҳуқуқ доранд. Тартиби амалӣ кардани таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ, ташкили фондҳои ғайридавлатии нафақа ва пардохтҳои нафақавӣ аз ин фондҳоро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 

Моддаи 53.Таъминоти нафақавии касбӣ

 

1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва  махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул  мебошанд, корфармо ӯҳдадор  аст, ки дар давраи иҷрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро қонун муайян менамояд.

2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рӯйхати истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва  махсусан  вазнин,  зарарноку вазнин, инчунин номгӯи корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

(ҚҶТ аз 25.03.11с., №708)

 

БОБИ 6.

ҚИСМИ ЗАХИРАВИИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 54. Пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

1. Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби саҳмҳои андӯхтшудаи нафақавии шахсоне, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба синни нафақавии дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда муқаррар карда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои марбути ташаккулёбӣ, ҷудо кардани маблағ барои андӯхти нафақавии ҷиҳати ҷудо кардани маблағ барои қисми  андӯхтии  нафақаҳои суғуртавӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти субъектҳо,  иштирокчиёни ин муносибатҳоро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон   муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ бо роҳи тақсими маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, бо назардошти даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории онҳо, ба миқдори моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад.

Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи  андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 55 бо ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189 хориҷ карда шуд. 

 

Моддаи 56. Ҳуқуқи моликият ба андӯхтҳои  нафақавӣ

 

1. Давлат ба шахсони суғурташуда ҳуқуқи моликиятро ба  маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби шахсии инфиродӣ дар шакли  андӯхти нафақавӣ  мавҷуда кафолат медиҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Муассисаи суғурта вазифадор аст, ки кафолати ҳифз ва ҳимоя кардани маблағи андӯхти нафақавии ба он амонатдодаро аз беқурбшавӣ (таваррум) ва  зиёдкунӣ  (индексатсия) таъмин намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 57. Шахсоне, ки ба қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

1. Шарти асосие, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба қисми захиравии нафақа муайян мекунад, пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ мебошад.(ҚҶТ аз 28.12.12с., №909; аз 18.03.15с., №1189)

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахсони  бешаҳрванде, ки дар ҳудуди   Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро анҷом медиҳанд, дар сурати риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми захиравии нафақа  ҳуқуқ доранд.

 

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 58. Бадалкунии (конвертатсияи) ҳуқуқҳои шахсони суғурташуда ба сармояи шартии

                         нафақавӣ

                                                             (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

1. Ҳуқуқҳои нафақавии дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 бадастовардаи шаҳрвандон мӯҷиби аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ мебошанд. Дар ин маврид, барои ҳар моҳи пурраи собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст, сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки барои он дар натиҷаи бо пул арзёбӣ гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 59. Қоидаҳои гузариш ва тартиби  муаяйн намудани  андозаи сармояи шартии

                        нафақавӣ

 

1. Бо мақсади таъмини  баҳисобгирии пурраи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, муассисаи суғурта (мақоми ваколатдори давлатӣ) вазифадор аст, ки андозаи сармояи шартии нафақавии ҳар як шахси воқеии дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ суғурташударо то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур муайян намояд.

2. Сармояи шартии нафақавӣ барои ҳисоб кардани қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2017 дар асоси маълумоти дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа мавҷудбуда дар бораи музди меҳнати (даромади) шахси суғурташуда, ки аз рӯи он саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ пардохт карда шудаанд, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

3. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои эътимоднок дар бораи мавҷудияти собиқаи суғуртавӣ дар давраи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ба муассисаҳои дахлдори давлатии мамлакати будубош, ки ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) сарукор доранд, давраҳои номбаргардида ба собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд, ба шарте, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакати будубош қарордоди тарафайн дар бораи баҳисобгирии собиқаи суғуртавии давраи фаъолияти муваққатӣ дар ин давлат, ба имзо расида бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъминоти нафақа аз рӯи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад:

- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1954 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1959 таваллуд шудаанд; 

- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1959 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1964 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд; 

- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1964 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1969 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва ба таври доимӣ истиқомат мекунанд; 

- шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуҳлат  ҳуқуқ пайдо кардаанд;

- нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин гардида, барои бозҳисобии нафақа аз музди меҳнати баландтар ё гузаштан ба нафақа аз рӯи синну сол муроҷиат кардаанд.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189) 

5. Нафақа аз рӯи асосҳои (намудҳои) дигар мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз лаҳзаи мавриди амал қарор дода шуданаш таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди 1 январи соли1954 (мардҳо) ва баъди 1 январи соли 1959 (занҳо) таваллуд ёфтаанд, тамоми намудҳои нафақа тибқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №708)

 

Моддаи 60. Нигоҳ доштани андозаи нафақаҳои қаблан таъингардида

 

1.  Андозаи нафақаи меҳнатии шаҳрвандоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таъин гардидаанд,  нигоҳ дошта мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

2. Андозаи нафақаи муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур мутобиқи моддаи 51  Қонуни мазкур индексатсия карда мешавад.

 

Моддаи 61.  Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани меъёрҳои мақаррароти  Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1189)

 

Моддаи 62. Тартиби мавриди  амал қарор додани  Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур  аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №708)

 

Президенти

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,

№595

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ