Классификатор Қонуни конститутсионӣ
Рақам 1
Ном ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 19.04.2000
Матн

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, №5, мод. 351; с. 2008, №10, мод. 796; с. 2010, №7, мод. 539, №12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, №12, мод. 830; с. 2013, №3, мод. 178, №7, мод. 499; с. 2016, №3, мод. 126, №7, мод. 600; Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.07.2017 с., №1453)

 

БОБИ 1.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1.

 

Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд  (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

 

Моддаи 2.

 

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Тартиби интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 21.

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 3.

 

Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қать мегардад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонад пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

 

Моддаи 4.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мекунанд. Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо амалӣ мегардонанд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои дар салоҳияти онҳо буда муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.

Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд.

Тартиби фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомот, аъзо ва вакилони онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунанд.

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва иҷлосияҳои онҳо бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшода ва пӯшида мешаванд.

 

Моддаи 5.

 

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд.

Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидаанд.

 

Моддаи 6.

 

Дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумат, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд (Қ конст. ҶТ аз 15.03.2016 с., №1273; Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 7.

 

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукови (азназаргузаронии) шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.

Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми ба охир расидани мўхлати ваколат, вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.

 

Моддаи 8.

Шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба узви Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон дар бобати амалӣ гардонидани ваколатҳояшон халал мерасонанд, ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шарафи онҳо ҳамчун намояндагони халқ суиқасд мекунанд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳеҷ кас ҳақ надорад бо яроқ ба бинои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ворид шавад, ба истиснои онҳое, ки ин ҳуқуқ доранд.

 

БОБИ 2.

ҶАЛАСАҲОИ ЯКҶОЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 9.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат даъват менамоянд ва ба он раисӣ мекунанд.

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд.

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида шаванд (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 10.

 

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:

  1. Тасдиқи фармони Прзидент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
  2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
  3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
  4. Таъини интихоботи Президент;
  5. Қабули истеъфои Президент;
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
  7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

 

Моддаи 11.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳои Президент интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунанд (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.

 

Моддаи 12.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президент ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани ӯ қарор қабул мекунанд.

Ваколатҳои Президент дар ҳолате ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон дар бораи пеш аз мӯҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

 

Моддаи 13.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ барои  аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат қарор қабул менамоянд.

Қарор дар бораи  аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул карда мешавад.

Масъалаи айбдор кардани Президент ба содир кардани хиёнат ба давлат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 14.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон масъалаҳои муҳим ва заруриеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, баррасӣ мекунанд.

 

Моддаи 15.

 

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.

 

Моддаи 16.

 

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунанд.

Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилон қабул карда мешаванд, агар Конститутсия тартиби дигари қабули қарорҳоро муқаррар накарда бошад.

Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.

 

БОБИ 3.

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

 

Моддаи 17.

 

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия  сурат мегирад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва онро то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллӣ мебарад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Иҷлосияи Маҷлиси миллиро Раиси Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор маротиба даъват менамояд.

Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд.

Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва Дастури Маҷлиси миллӣ мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида шаванд.

 

Моддаи 18.

 

Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.

 

Моддаи 19.

 

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

  1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кўчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалаҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалаҳои аҳолинишин (ҚҶТ аз 19.03.13с., № 959)
  2. Интихоб ва бозхонди Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
  3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ;

5.Интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 19.03.13 с., №959; Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323);

  1. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 20.

 

Маҷлиси миллӣ соле як маротиба ё аз рӯи зарурат ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорат ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 21.

 

Маҷлиси миллӣ қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад.

Маҷлиси миллӣ ҳақ дорад маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иҷро накардани онҳо пароканда кунад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 22 бо ҚҶТ аз 6.10.08с., №443 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 23.

 

Маҷлиси миллӣ аз ҷумлаи аъзои худ ба мӯҳлати ваколатҳояш Раиси Маҷлиси миллиро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ интихоб мекунад.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории  на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ бозхонда шавад.

Масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси миллиро камаш аз се як ҳиссаи аъзои он ба миён мегузоранд.

Агар ин таклифро аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намояд, дар ин маврид масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси миллӣ ба овоздиҳии пинҳонӣ монда мешавад.

Раиси Маҷлиси миллӣ ҳақ дорад ба истеъфо барояд.

 

Моддаи 24.

 

Салоҳияти Раиси Маҷлиси миллӣ:

1) иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва дар навбати худ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро  даъват мекунад ва ба онҳо раисӣ мекунад;

2) ба Маҷлиси миллӣ номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва номзадии Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллиро пешниҳод менамояд;

3) қонунҳои ҷонибдорикардаи Маҷлиси миллиро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад;

4) ба қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад;

5) ба Маҷлиси миллӣ номзадии Намояндаи Маҷлиси миллиро дар Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 959; Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323);

6) Маҷлиси миллиро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;

7) ба созишномаҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад;

8) ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ мекунад;

9) ваколатҳои дигареро, ки дар Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян шудаанд, амалӣ мегардонад.

Барои амалӣ намудани ваколатҳои худ Раиси Маҷлиси миллӣ қарор  қабул мекунад ва амр медиҳад.

 

Моддаи 25.

 

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якум ӯ мегузарад.

 

Моддаи 26.

 

Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷумлаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд.

Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб мешавад.

Раиси Маҷлиси миллӣ самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян мекунад. Дар доираи салоҳияти худ муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ намоянд.

Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси миллӣ вазифаҳои ӯро бо супориши вай муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ иҷро мекунад.

Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд.

Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан доранд.

 

Моддаи 27.

 

Шӯрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ фаъолият мекунад.

Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд.

Ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ сарварӣ менамояд.

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллиро Раиси Маҷлиси миллӣ аз рӯи зарурат даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро босалоҳият ҳисоб меёбад.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки ба Конститутсия, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ мухолифат менамоянд, Маҷлиси миллӣ онҳоро бекор мекунад.

 

Моддаи 28.

 

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ:

1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

2) таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;

4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон;

5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;

6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;

7) таҳлили таклифу эродҳои аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор;

8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;

9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;

10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва аз ҷониби аъзои он самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян намудаанд (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 29.

 

Маҷлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад.

Номгӯй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муайян мекунад.

Узви Маҷлиси миллӣ метавонад узви танҳо як кумита бошад. Ҳангоми ташкилдиҳии ҳайати онҳо розигии узви Маҷлиси миллӣ ба назар гирифта мешавад.

 

Моддаи 30.

 

Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ интихоб шуда наметавонанд.

 

Моддаи 31.

 

Кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаҳо ва комиссияҳо интихоб мекунад.

Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бо овоздиҳии кӯшод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд.

Кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони кумитаҳо ва комиссияҳо муовинони раиси кумитаҳо ва комиссияҳоро интихоб мекунанд.

Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд.

Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ҳақ доранд ба истеъфо раванд.

 

Моддаи 32.

 

Салоҳияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маҷлиси миллӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 33.

 

Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.

Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 4.

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

 

Моддаи 34.

 

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагон онро мебарад.

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июни соли минбаъда гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №654)

Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он иштирок кунанд.

Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва Дастури Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронда мешаванд.

 

Моддаи 35.

 

Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 36.

 

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллим Тоҷикистон ва муовинони ӯ; (ҚҶТ аз 29.12.10с., № 654)
  11. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;
  12. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1273);
  13. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  14. Муайян намудани маоши Президент;

15) Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;

16) Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷиѕистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қконст. ҶТ аз 22.07.2013, №1011);

  1. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323);
  2. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 29.12.10с., № 654)
  3. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷуміурии ТоҶикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд (ҚҶТ аз 22.07.2013 № 1011; Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

 

Моддаи 37.

 

Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва назоратро аз болои иҷрои он ба роҳ мемонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.16с., №1323).

Қонун дар бораи буҷети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул  карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.

Агар Президент ба қонун ё қисми  он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Маҷлиси намояндагон ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идорахо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ мешунавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с ., № 654)

 

Моддаи 38 бо ҚҶТ аз 17.05.04 с., № 40 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 39.

 

Барои ташкили фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ интихоб мешаванд, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон таъсис дода мешавад, раисони онҳо интихоб мегарданд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон таъсис меёбад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 40.

 

Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд.

Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қ конст. ҶТ аз 23.07.16с., №1323).

 

 

 Моддаи 41.

 

Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони худ ба мӯҳлати ваколаташ Раиси Маҷлиси намояндагонро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ   бозхонда шавад.

Масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон аз тарафи на камтар аз се як ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Дар ҳолати таклифи мазкурро дастгирӣ кардани аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон масъала дар бораи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳақ дорад ба истеъфо равад.

Қисми 6 хориҷ карда шуд (Қконст.ҶТ аз 18.07.2017 с., №1453)

 

Моддаи 42.

 

Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:

1) ба мураттабсозии масъалаҳое, ки дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он барраси мешаванд, роҳбарӣ мекунад;

2) ба иҷлосия ва ҷаласахои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он раиси мекунад;

3)  ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар навбати худ даъват намуда, ба он раиси мекунад;  

4) номзадии муовини якум ва муовинони  Раиси  Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаю комиссияҳои, Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд:

5) қонун дар бораи авф ва қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумхурии Точикистон пешниҳод мекунад;

6) қонунҳои   қабулкардаи   Маҷлиси   намояндагонро   барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллй пешниход мекунад;

7) ба  қарорҳои  Маҷлиси  намояндагон ва  қарорҳои  Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;

8) номзадии Намояндаи Маҷлиси намояндагонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323);

9) Маҷлиси  намояндагонро дар дохил  ва  хориҷи  кишвар намояндагӣ мекунад;

10) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;

11) ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад;

12) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, конунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, амалй мекунад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта ва дар бораи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад. Аз рӯи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад қарор қабул кунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад.

(ҚҶТ аз 29.12.10с №654)

 

Моддаи 43.

 

Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷумлаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб карда мешаванд.

Тартиби интихоби муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон бо Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян менамояд. Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ ҳақ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон роҳбарӣ намоянд.

Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси намояндагон вазифаҳои ӯро бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагон муовини якум иҷро мекунад.

Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон метавонанд бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бозхонда шаванд.

Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ҳақ доранд ба истеъфо раванд.

 

Моддаи 44.

 

Шӯрои Маҷлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз, ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунад.

 

Моддаи 45.

 

Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд.

Маҷлиси намояндагон метавонад ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони дигарро низ интихоб намояд.

Ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон сарварӣ менамояд.

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси намояндагон аз рӯи зарурат, вале камаш моҳе як бор даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро босалоҳият ҳисоб меёбад.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсия, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, Маҷлиси намояндагон онҳоро бекор мекунад.

 

Моддаи 46.

 

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон:

1)  ташкили   тайёрии   ҷаласаҳои   Маҷлиси   намояндагон   ва банақшагирии корхои марбут ба тартиб додани лоиҳаи конунхо;

2) баррасии    масъалаҳои    даъват    намудани    ҷаласаҳои ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниходи Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;

3) таҳияи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;

4) ҳамоҳангсозии фаъолияти куммтаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;

5) муайян намудани кумитаи масъул оид ба омода кардани лоиҳаи қонун барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Фиристодани лоиҳаҳо барои баррасй ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани мӯҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадхо;

6) фиристодани лоиҳаи қонун ва маводи ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро пешниход намудаанд, дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон;

7) таъмини баррасии пешакии лоиҳаи конунҳо ва дигар санадхо;

8) пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори дар сурати мухолифати он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онхоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлнси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323);

9) қабули қарор дар бораи муҳокимаи парламентӣ;

10) қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд;

11) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллим Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрой он Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;

12) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон;

13) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;

14) таъсис додани комиссияҳо вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд;

15) пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии   вакили   Маҷлиси   намояндагон ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсус;

16) татбиқи ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, санадхои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Шурои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад ва ба он Раиси Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Ҳангоми набудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Шӯрой Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдор фиристода мешавад.

Қарорхои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ё қарори Маҷлиси намояндагон бекор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №654) (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 47.

 

Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Номгўй ва шумораи ҳайати кумитаю комиссияҳоро бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси намояндагон муайян мекунад.

Вакили Маҷлиси намояндагон узви танҳо як кумита ва дар як вақт метавонад узви комиссияи доимӣ ва ё муваққатии Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Ҳангоми муайян кардани ҳайати шахсии кумитаю комиссияҳо розигии вакили Маҷлиси намояндагон ба инобат гирифта мешавад (Қконст.ҶТ аз 21.07.2010, №622).

 

Моддаи 48.

 

Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини якум ва муовинони ӯ интихоб шуда наметавонанд.

 

Моддаи 49.

 

Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳоро дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаю комиссияҳо интихоб мекунад.

Раисони кумитаю комиссияҳоро Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии кушод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати салоҳияташ интихоб менамояд.

Кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди раисони кумитаю комиссияҳо муовинони раис ва котибони кумитаю комиссияҳоро интихоб мекунанд.

Раисони кумитаю комиссияҳо бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бозхонд шуда метавонанд.

Раисони кумитаҳою комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳақ доранд ба истеъфо раванд.

 

Моддаи 50.

 

Салоҳияти кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 51.

 

Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат, барои ҳалли масъалаҳои мушаххас комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.

Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси намояндагон ҳангоми   таъсис ёфтанашон муайян мекунад.

 

Моддаи 52.

 

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурӯҳ ё як фраксия бошад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон новобаста ба иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маҷлиси намояндагон метавонанд аъзои фраксияву гурӯҳҳо бошанд.

Фраксияву гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон намебошанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин фраксияву гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксияву гурӯҳҳои мазкур вобаста намебошанд.

 

Моддаи 53.

 

Фраксия ё гурӯҳ камаш аз панҷ вакили Маҷлиси намояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ воқиф гардонда мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурӯҳ имзо кунад.

 

Боби 5.

ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

 

Моддаи 54.

 

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ё бекор кардани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 55.

 

Мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ надоранд, лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро метавонанд ба воситаи мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ё ба воситаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 56.

 

Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон ба тариқи амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фиристода мешаванд.

Лоиҳаи қонунро дар бораи авф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар ва бекор кардани андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маҷлиси намояндагон расидаро Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаю комиссияҳои дахлдор ё дигар мақомот барои муҳокимаи пешакӣ, пешниҳоди хулоса ва таҳияи масъала ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон мефиристад.

 

Моддаи 57.

 

Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд ва қарор қабул мекунад.

 

Моддаи 58.

 

Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад

а) қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) қарорҳо.

 

Моддаи 59.

 

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунхо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф. Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

 

Моддаи 60.

 

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабул шуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

 

Моддаи 61.

 

Тафсири Конститутсияро Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартибе, ки барои қонунҳои конститутсионӣ муқаррар шудааст баррасӣ намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул мекунанд.

 

Моддаи 62.

 

Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдорикардаи Маҷлиси миллӣ дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд.

Агар Президент бо қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президент баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонунро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.

Агар Президент Қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

 

БОБИ 6.

ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ, МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 63.

 

Хизматрасонии иттилоотӣ, ташкилию техникӣ ва хизматрасонии дигари Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин менамоянд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шахси ҳуқуқӣ, мақомоти кории Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошанд. Низомномаи Дастгоҳ ва сохтори он, рӯйхати кормандони онро мувофиқан Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамоянд.

Роҳбарони Дастгоҳҳо дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мутаносибан бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон таъин карда мешаванд.

Муносибатҳои меҳнатии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба муддати салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон вобастагӣ надорад.

 

Моддаи 64.

 

Фаъолияти моддию техникӣ ва дигар фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла хароҷоти вобаста ба узвияти онҳо дар Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии парламентӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.

Сметаи хароҷоти фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомоти онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро мутаносибан Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамоянд ва он дар буҷети ҷумҳурӣ алоҳида сабт мешавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон соҳиби амволе мебошанд, ки дар тавозун Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахшҳои тобеи онҳоанд ва аз ин амвол истифода мебаранд ва ба он ихтиёрдорӣ  мекунанд (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

Моддаи 65.

 

Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатномаи вакил ва нишони сарисинагии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон доранд, ки аз онҳо дар давоми мӯҳлати ваколатҳояшон истифода мекунанд.

 

Моддаи 66.

 

Хароҷоти вобаста ба иҷрои фаъолият ва кафолатҳои иҷтимоии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.

 

Моддаи 67 хориҷ карда шуд (Қконст.ҶТ аз 18.07.2017 с., №1453)

 

Моддаи 68.

 

Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ба таъминот ва хизматрасонии зайли давлатӣ ҳақ доранд:

ба манзилгоҳи хизматӣ;

ба нақлиети махсус;

ба муҳофизин;

ба хароҷот ҷиҳати мақсадҳои намояндагӣ дар дохили мамлакат;

ба хароҷоти вобаста ба сафари давлатҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ;

ба хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортӣ;

ба суғуртаи давлатӣ.

Барои Раиси Маҷлиси Олии даъвати якум, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми мӯҳлати ваколат, дар сурати ба истеъфо рафтан ё аз нав вакил интихоб шудан:

cарфи назар аз синну сол ба андозаи навад фоизи музди кори Раиси фаъолияткунандаи Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти иловапулиpо нафақа муқаррар карда мешавад;

бо манзилгоҳи хизматӣ;

бо хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортии онҳо ва аъзои оилаашон;

бо ҳуқуқи истифода кардан аз нақлиёти автомобилии хизматӣ;

бо муҳофизин таъмин карда мешаванд.

Дигар шароити таъминот, хизматрасонӣ ва ҳифзи Раиси Маҷлиси Олии даъвати якум, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 69.

 

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд дигар имтиёзҳои иловагӣ ва кафолати иҷрои онҳоро муқаррар намоянд.

 

Моддаи 70.

 

Аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионӣ мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, м. 221, с. 1996, № 3, м. 50, с. 1997, № 9, м. 110, с. 1998, № 10, м. 115) аз эътибор соқит дониста шавад (Қ конст. ҶТ аз 23.07.2016 с., №1323).

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе, 19 апрели соли 2000,

№ 1

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ