Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 45
Ном ДАР БОРАИ БОЗДОШТАНИ ТАТБИҚИ ҶАЗОИ ҚАТЛ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 15.07.2004
Матн

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №7, мод. 452)

 

 

Маҷлиси намояндагон 2-юми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Моддаи 1.

1.Татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ва инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шавад.

2. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол муайян карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 30 апрели соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭ.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 15 июли соли 2004

№ 45

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ