Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 6
Ном ДАР БОРАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 28.02.2004
Матн

ЌОНУНИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

Дар бораи мудофиаи гражданї

 

Маљлиси намояндагон 3 декабри соли 2003 ќабул кардааст

Маљлиси миллї 12 феврали соли 2004 љонибдорї намудааст

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, № 2, мод.38; с. 2007, № 3, мод.161;

Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1147)

 

Ќонуни мазкур вазифањо, асосњои њуќуќии ташкил ва ба роњ мондани мудофиаи гражданиро дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон, салоњияти маќомоти њокимияти давлатї, ташкилотњо, сарфи назар аз шакли ташкилї ва њуќуќиашон, шахсони мансабдор ва шањрвандон, инчунин ќувва ва воситањои мудофиаи гражданиро дар соњаи мудофиаи гражданї муайян менамояд.

 

Боби 1.

Муќаррароти умумї

 

Моддаи 1. Мафњуми мудофиаи гражданї

 

Мудофиаи гражданї – маљмўи чорабинињои умумидавлатии мудофиавї ва муњофизатие мебошад, ки бањри њимояи ањолї, иќтисодиёт ва ќаламрави Тољикистон то оѓоз ва њангоми сар задани амалиётњои љангї равона шудаанд.

 

Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур, дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќи байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифањои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон

 

Вазифањои асосии мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон аз инњо иборатанд:

- пешакї, дар замони осоишта, ба наќша гирифтан ва гузаронидани чорабинињои мудофиаи гражданї оид ба омода сохтани ањолї ва ќаламрави Тољикистон бањри њимоя њангоми сар задани амалиётњои љангї ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соњањои иќтисодиёт дар замони љанг;

- таъсис додан ва дар њолати омодагии доимї нигоњ доштани маќомоти идора, ќувва ва воситањои мудофиаи гражданї, системаи идора, алоќа ва огоњонї, барои иљрои вазифањо дар замони љанг;

- ташкил, омода сохтан ва дар њолати омодагии доимї нигоњ доштани ќисмњои њарбї ва љузъу томњои зудамали ќўшунњои мудофиаи гражданї, сохторњои наљотдињї ва нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї бањри иљрои вазифањо оид ба њифзи ањолї, иќтисодиёт ва њудуди Тољикистон дар замони љанг;

- ташкили захирањои эњтиётии сафарбарсозии амволи молу мулки махсуси мудофиаи гражданї; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

- ташкили фонди зарурии иншоотњои муњофизатии (паноњгоњњо) мудофиаи гражданї;

- ташкили захирањои эњтиётии озуќа ва доруворї;

- ташкили тайёрии њайати роњбарикунанда ва фармондењї – сардорони маќомоти идора ва ќуввањои мудофиаи гражданї љињати иљрои вазифањояшон дар замони љанг;

- ташкили омўзиши ањолї оид ба мудофиаи гражданї;

- анљом додани назорати давлатї ба риоя намудани талаботњои муњандисї – техникии мудофиаи гражданї њангоми тањияи лоињањои сохтмони иншоотњо, биноњои маъмурї, истиќоматї ва ба истифода додани онњо;

- ташкили шабакањои дидбонї ва назорати лаборатории мудофиаи гражданї;

- сари ваќт огоњонидани ањолї аз тањдиди сар задани амалиётњои љангї, хатари њавої, радиатсионї, кимиёвї, биологї (бактериологї) ва хатари дигар;

- љойгиронї ва эвакуатсияи ањолї аз шањрњои ба гурўњи мудофиаи гражданї мансубдонисташуда ва дигар мањалњои ањолинишини дорои иншоотњои махсусан муњим, инчунин аз минтаќањои тањти тањдиди зериобмонї ќарордошта ва ноњияњои наздисарњадї ба мањалњои бехатар;

- ташкили паноњ намудани ањолї дар иншоотњои муњофизатї ва таъмини онњо бо воситањои њифзи инфиродї ва доруворї;

- гузаронидани чорабинињои рўшноипинњонкунї дар мањалњои ањолинишин ва иншоотњои иќтисодиёт;

- анљом додани корњои наљотдињї ва таъхирнопазир;

- таъминоти аввалиндараљаи ањолии дар натиљаи амалиётњои љангї зарардида, аз он љумла бо хизматрасонии тиббї, њамчунин расонидани ёрии аввалиндараљаи тиббї, таъминот бо љои зист ва дидани чорањои дигари зарурї;

- мубориза бар зидди сўхторњое, ки дар натиљаи амалиётњои љангї ба вуќўъ меоянд;

- муайян намудан ва нишон додани мањалњое, ки дучори зањролудшавии радиоактивї, кимиёвї, биологї ва дигарњо гаштаанд;

- безараргардонии ањолї, техника, биноњо, њудуд ва гузаронидани чорабинињои дигари зарурї;

- барќарор кардан ва нигоњ доштани тартибот дар мањалњое, ки дар натиљаи амалиётњои љангї зарар дидаанд;

- таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданї њангоми љанг;

- дафн намудани љасадњо њангоми љанг;

- тањия ва амалї намудани чорањо бањри нигоњ доштани иншоотњое, ки барои фаъолияти устувори иќтисодиёт ва зисту зиндагонии ањолї, ки дар њолати љангї заруранд;

- таъмини омодагии доимии ќувва ва воситањои мудофиаи гражданї.

 

Моддаи 4. Асосњои ташкил ва љорї намудани мудофиаи гражданї

 

Ташкил ва ба роњ мондани мудофиаи гражданї яке аз вазифањои муњимтарини давлат, ќисми таркибии сохтмони мудофиавї, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи гражданї дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз рўи принсипи њудудию истењсолї ва бо назардошти хусусиятњои вилоятњо, шањру ноњияњо ва дигар мањалњои ањолинишин, инчунин ташкилотњо новобаста аз шакли ташкилї ва њуќуќиашон ташкил карда мешавад.

Тайёрии давлат ба мудофиаи гражданї пешакї дар замони осоишта бо дарназардошти тараќќиёти силоҳу аслиња, техникаи њарбї ва воситањои њифзи ањолї аз воситањои њозиразамони њуљум ва хатарњое, ки дар натиљаи амалиётњои љангї ба вуќуъ меоянд, амалї карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба роњ мондани мудофиаи гражданї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё дар мањалњои алоњидаи он аз лањзаи эълон шудани њолати љангї, амалан оѓоз ёфтани амалиётњои њарбї ё аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон эълон намудани вазъияти њарбї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё дар мањалњои алоњидаи он оѓоз меёбад.

 

Моддаи 5. Дараљабандии њудудњо ва иншоотњои мудофиаи гражданї

 

Дараљабандии шањрњо, мањалњои ањолинишин ва объектњои иќтисодиёт бо маќсади ба таври комплексї ва тафриќавї гузаронидани чорабинињои мудофиаи гражданї амалї карда мешавад.

Дараљабандии шањрњо, мањалњои ањолинишин ва объектњои иќтисодиёт вобаста ба ањамияти сиёсї, иќтисодї ва мудофиавї доштани онњо, мувофиќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

 

Боби 2.

Ваколатњои маќомоти њокимияти давлатї дар

соњаи мудофиаи гражданї

 

Моддаи 6. Ваколатњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Президенти Љумњурии Тољикистон:

- сиёсати давлатиро дар соњаи мудофиаи гражданї муайян месозад;

- Наќшаи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро тасдиќ менамояд;

- Наќшаи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро дар ќаламрави љумњурї ё дар мањалњои алоњидаи он ба таври пурра ё ќисман љорї менамояд;

- сохтор, њайати ќўшунњои мудофиаи гражданї, воњидњои штатї ва мањалњои љойгиршавии онњо, Низомномаи ќўшунњои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро тасдиќ менамояд;

- ба њайати олии афсарї рутбањои њарбї медињад ё рутбањои онњоро паст менамояд, мањрум месозад ё барќарор менамояд;

- дигар ваколатњоро дар соњаи мудофиаи гражданї, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян намудааст, амалї мегардонад.

 

Моддаи 7. Ваколатњои Њукумати Љумњурии  Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Њукумати Љумњурии Тољикистон:

- татбиќи сиёсати ягонаи давлатиро дар соњаи мудофиаи гражданї таъмин менамояд;

- дар доираи ваколатњои худ санадњои меъёрии њуќуќиро оид ба масъалањои мудофиаи гражданї ќабул менамояд;

- ба ташкил ва ба роњ мондани мудофиаи гражданї роњбарї менамояд;

- тартиби банаќшагирї, маблаѓгузорї ва таъминоти моддию техникии мудофиаи гражданиро муайян намуда, иљрои онро назорат менамояд;

- ба Наќшаи рушди иќтисодию иљтимоии Љумњурии Тољикистон чорабинињои мудофиаи гражданиро дохил намуда, људо намудани маблаѓњои заруриро барои татбиќи онњо таъмин месозад;

- тартиб ва меъёрњои ба гурўњњои мудофиаи гражданї мансуб донистани шањрњо ва мањалњои ањолинишин, инчунин иншоотњои махсусан муњимро, ки дар иќтисодиёти мамлакат наќши муњим мебозанд ё ба бехатарии ањолї таъсир мерасонанд, муайян месозад;

- Наќшаи муайян намудани мањалњои љойгиркунї ва эвакуатсияи ањолї, инчунин арзишњои моддии мамлакатро дар њолатњои ба миён омадани хавф ва оѓоз ёфтани амалиётњои љангї тасдиќ менамояд;

- чорабинињоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти иќтисодиёти мамлакат дар замони љанг амалї мегардонад;

- номгўи техникаи махсус ва молу мулкеро, ки маќомоти идора, ќисмњо ва љузъу томњои мудофиаи гражданї бо онњо муљањњаз гардонида мешаванд, тасдиќ менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

- номгўй, сохтор, њайат, пуррагардонї ва муљањњазгардонии маќомоти идора ва нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї ва заминаи таъсисёбии онњоро муайян ва тасдиќ менамояд;

- ба вазоратњо, идорањо, маќомоти  иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва ташкилотњо вазифањоро оид ба тайёр намудан ва ба маќомот ва ќўшунњои мудофиаи гражданї додани техника, воситањои алоќа ва дигар воситањои моддию техникї њангоми эълони сафарбарсозї ва иљро намудани дигар вазифањои сафарбарсозї муќаррар менамояд;

- тартиби ташкили фонди иншоотњои муњофизатї ва дигар иншоотњои мудофиаи гражданї, инчунин тартиби захиранамої, нигоњдорї ва истифодабарии захирањои моддию техникї, хўрокворї, тиббї ва дигар воситањоро бо маќсадњои мудофиаи гражданї муайян месозад;

- тартиб ва мўњлатњои гузаронидани љамъомадњои таълимї ва махсуси њайати роњбарикунандаи мудофиаи гражданиро муайян месозад;

- шартномањои байнињукуматиро љињати њамкорињо дар риштаи мудофиаи гражданї ба имзо расонда, барои таъмини иљрои ўњдадорињои байналмилалии Љумњурии Тољикистон оид ба мудофиаи гражданї чорањо меандешад;

- дигар ваколатњоро дар соњаи мудофиаи гражданї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон анљом медињад.

 

Моддаи 8. Ваколатњои Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати

                    Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонмаќомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соњаи мудофиаи гражданї амалї месозад.

Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистондар доираи ваколатњои худ:

- роњбарии њамарўзаи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро амалї сохта, барои ба роњ мондан, тараќќию ташаккул, тайёрї ва омодагии доимии он љавобгў мебошад;

-лоињањои санадњои меъёрии њуќуќиро оид ба таъсис, сохтор ва њайати маќомоти идора, ќуввањо ва воситањои мудофиаи гражданї, системаи идора, огоњонидан ва алоќа, њифзи ањолї ва иќтисодиёт њангоми рўй додани амалиётњои љангї ва оид ба дигар масъалањои мудофиаи гражданї тањия ва ба баррасию  тасдиќи Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд;

-дар доираи салоњиятњои худ ќарорњоро оид ба ташкил ва њамоњангсозии чорабинињои мудофиаи гражданї, ки иљрои онњо ба роњбарони вазорату идорањои Љумњурии Тољикистон, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо, инчунин ташкилотњо новобаста аз шакли ташкилї ва њуќуќиашон, тамоми шахсони мансабдор ва ањолии Љумњурии Тољикистон њатмист, ќабул менамояд;

-Наќшаи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро тањия менамояд;

-самтњои асосии фаъолияти мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро муайян месозад;

-сари ваќт огоњонидани њайати роњбарикунандаи мудофиаи гражданї ва ањолии мамлакатро аз хавфи рўй додани амалиётњои љангї ва хатарњое, ки дар натиљаи амалиётњои љангї ба амал меоянд, таъмин менамояд;

-тайёрї ва омодагии сафарбарсозии маќомоти идора ва ќуввањои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро амалї ва таъмин месозад;

-идораи ќуввањои мудофиаи гражданиро дар љараёни анљом додани корњои наљотдињї ва бартараф намудани оќибатњои амалиётњои љангї амалї месозад;

-роњбарии ќўшунњои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро анљом медињад;

-бонгњои огоњкунии мудофиаи гражданиро дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон тањия ва љорї намуда, амалњои ањолиро дар асоси онњо ташкил ва идора менамояд;

-созмон, муљањњаз гардондан ва дар њолати омодагии доимї нигоњ доштани нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;

-тайёрии њайати роњбарикунанда ва фармондењї-сардорони мудофиаи гражданї, инчунин омўзиши ањолии мамлакатро оид ба мудофиаи гражданї ташкил менамояд;

-гурўњњои ќуввањо ва воситањои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро созмон дода, идоракунии онњоро дар рафти бурдани корњои наљотдињї ва таъхирнопазир ташкил менамояд;

-тањияи воситањои таълимию методї, барномањои тайёрии њайати роњбарикунанда, фармондењї-сардорон ва њайати шахсии маќомоти идора, ќўшунњо ва нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї ва омўзиши ањолиро оид ба мудофиаи гражданї њамоњанг месозад ва тасдиќ менамояд;

-бо тартиби муќарраргардида дархостњоро ба Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба ихтироъ, истењсол ва таъмини аслиња, техникаи њарбї, молу мулки махсус, инчунин таъмири техника ва дигар амволи мудофиаи гражданї пешнињод менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-ташкил ва назорати таъмини њаёт ва фаъолияти ањолии дар натиљаи амалиётњои љангї зарардидаро амалї месозад;

-пешнињодотро оид ба ташкили фондњои эњтиётии сафарбарсозии молу мулкимахсуси мудофиаи гражданї тањия ва ба Њукумати Љумњурии Тољикистон манзур менамояд, назорати доимиро љињати пуррагардонї, љойгиркунї, шароити нигоњдорї ва сари ваќт ивазкунии онњо вобаста ба мўњлатњои нигоњдориашон ба роњ мемонад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-гузаронидани корњои илмї-тадќиќотї, илмї-техникї ва таљрибавию ихтироотиро оид ба масъалањои њифзи ањолї, иќтисодиёт ва ќаламрави мамлакат аз воситањои њозиразамони зарбазананда ва хатарњое, ки њангоми амалиётњои љангї ба вуќўъ меоянд, ташкил менамояд;

-назорати иљрои ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро оид ба масъалањои мудофиаи гражданї таъмин менамояд;

-њамкорињои байналмилалиро дар соњаи мудофиаи гражданї анљом медињад;

-дигар ваколатњоеро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї муайян намудааст, анљом медињад.

 

Моддаи 9. Ваколатњои Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон:

-маќомоти идораи мудофиаи гражданиро аз хавфи сар задани амалиётњои љангї ва хатарњое, ки дар натиљаи амалиётњои љангї ба вуќўъ меоянд, инчунин аз эълони сафарбарсозї огоњ месозад;

-ба маќомоти идораи мудофиаи гражданї маълумотро оид ба иншоотњои зарбањои эњтимолии мушакї ва њавоии душман, инчунин иншоотњо ва мањалњои эњтимолии амалиётњои диверсионї-љосусии душман пешнињод менамояд;

-оид ба њайат, шумора ва таљњизоти ќисмњои њарбї ва сохторњои Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, ки барои иљрои корњои наљотдињї ва таъхирнопазир дар замони љанг људо карда шудаанд, маќомоти идораи мудофиаи гражданиро огоњ месозад;

-маќомоти идораи мудофиаи гражданиро аз ноњияњо ва мањалњои ањолинишини ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ки барои љойгир намудани ањолии эвакуатсияшуда ва ќуввањои мудофиаи гражданї истифодаашон имконнопазир аст, огоњ месозад;

-ба маќомоти идораи мудофиаи гражданї маълумотро оид ба нуќтањои љамъшавии даъватшавандагон ва эњтиёљоти нуќтањои мазкур ба иншоотњои муњофизатї ва воситањои њифзи инфиродї пешнињод менамояд;

-ба маќомоти идораи мудофиаи гражданї маълумотро оид ба њайати даъватшавандагони эњтиётї ва манбаъњои техникии иншоотњои иќтисодї, ки дар замони љанг барои эњтиёљоти мудофиаи гражданї истифода бурда мешаванд, пешнињод менамояд;

-наќшањои њамкорињоро оид ба масъалањои мудофиаи гражданї тањия менамояд.

Дигар ваколатњои Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистонро дар соњаи мудофиаи гражданї ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатњои вазорату идорањои Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Вазорату идорањои Љумњурии Тољикистон:

-роњбарии мудофиаи граждании соњаро анљом медињанд;

-санадњои меъёриро оид ба масъалањои мудофиаи гражданї ќабул намуда, талаботи онњоро ба маълумоти сохторњои таркибии худ расонида, иљрои онњоро назорат мекунанд;

-чорабинињои мудофиаи гражданиро ба наќша гирифта, онњоро дар сохторњои таркибии худ доир менамоянд;

-маќомоти идора, ќувва ва воситањои мудофиаи гражданиро таъсис дода, дар њолати омодагии доимї нигоњ медоранд, инчунин пуррагардонї ва бо молу мулки зарурї таъмин намудани онњоро амалї месозанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-тайёрии њайати роњбарикунанда ва омўзиши коргарону хизматчиёни соња ва ташкилотњои тобеъро оид ба мудофиаи гражданї ташкил менамоянд;

-чорабинињои ташкилї ва муњандисию техникии мудофиаи гражданиро, ки бањри нигоњ доштани ташкилотњо ва устувории фаъолияти онњо дар давраи љанг равона карда шудаанд, тањия ва амалї месозанд;

-чорабинињоро оид ба љойгиркунонї ва эвакуатсияи ташкилотњои тобеъ ва коргарону хизматчиёни онњо ба мањалњои бехатар, ки мувофиќи наќшаи мудофиаи гражданї муќаррар карда шудааст, ба наќша гирифта, дар таъмини омодагии сариваќтии ин мањалњо барои ќабули эвакуатсияшавандагон иштирок менамоянд;

-оид ба љалби ќуввањои мудофиаи граждании тобеъ барои гузаронидани корњои наљотдињї ва таъхирнопазир дар дигар ташкилотњо ќарор ќабул менамоянд;

-бо тартиби муќарраршуда таъминоти молиявї ва моддї-техникии чорабинињои мудофиаи гражданиро, ки дар ташкилотњои тобеъ ва умуман дар соња гузаронида мешаванд, таъмин менамоянд;

-њангоми ба лоињагирии сохтмон ва баистифодадињии ташкилотњои тобеъ риоя гардидани меъёрњои муќарраршудаи муњандисию техникии мудофиаи гражданиро таъмин менамоянд;

-вобаста ба эњтиёљоти мудофиаи гражданї захирањои моддию техникї, хўрокворї, тиббї ва дигар воситањоро ташкил ва нигоњ медоранд;

-дигар ваколатњоеро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї муайян намудааст, анљом медињанд.

 

Моддаи 11. Ваколатњои маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Маќомоти иљроияи мањаллии  њокимияти давлатї:

-роњбарии мудофиаи гражданиро дар ќаламрави худ анљом медињанд;

-таъсис додани маќомоти идора, ќувва ва воситањои мудофиаи гражданиро дар ќаламрави худ анљом медињанд;

-дар доираи салоњияти худ вобаста ба масъалањои ташкил ва ба роњ мондани мудофиаи гражданї дар ќаламрави худ ќарорњо ќабул менамоянд;

-гузаронидани чорабинињои мудофиаи гражданиро ташкил намуда, наќшањои мудофиаи гражданиро тањия ва амалї месозанд;

-бањри дар њолати омодагии доимї нигоњ доштани маќомоти идора, системаи огоњкунї ва алоќа, ќувва ва воситањои мудофиаи гражданї чорањо меандешанд;

-тайёрии њайати роњбарикунанда ва фармондењї-сардорон, њайати шахсии нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданиро амалї месозанд;

-омўзиши ањолиро оид ба мудофиаи гражданї ташкил менамоянд;

-сари ваќт огоњонидани ањолиро оид ба сар задани амалиётњои љангї ва хатарњое, ки дар натиљаи бурдани амалиётњои љангї ба вуќўъ меоянд, таъмин менамоянд;

-мањалњои бехатар ва муассисањои табобатиро барои љойгир намудани ањолии эвакуатсияшаванда тайёр менамоянд;

-чорабинињоро љињати эвакуатсия намудани ањолї ва арзишњои моддї ва фарњангї ба мањалњои бехатар љойгир намудани онњо, кушодани муассисањои табобатї ва дигар муассисањое, ки барои таъминоти аввалиндараљаи ањолии зарардида заруранд, анљом медињанд;

-љалб ва истифода бурдани ќувва ва воситањои дар ихтиёрашон бударо барои амалї намудани чорабинињои мудофиаи гражданї таъмин менамоянд;

-фонди зарурии иншоотњои муњофизатии (паноњгоњњои) мудофиаи гражданиро дар ќаламрави худ ташкил медињанд;

-барои нигоњдорї ва њифзи захирањои сафарбарсозии молу мулки махсуси мудофиаи гражданї шароит муњайё намуда, инчунин захираи амволи њамарўза истифодашавандаи мудофиаи гражданиро ташкил ва нигоњдории онњоро таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-чорабинињои баланд бардоштани устувории фаъолияти соњањо ва ташкилотњоро дар замони љанг амалї месозанд;

-вобаста ба эњтиёљоти мудофиаи гражданї захирањои моддию техникї, хўрокворї, тиббї ва дигар воситањоро ташкил ва нигоњ медоранд;

-назорати њолати мудофиаи гражданиро дар ќаламрави худ анљом медињад;

-дигар ваколатњоро оид ба масъалањои мудофиаи гражданї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї мегардонанд.

 

БОБИ 3.

ЊУЌУЌ ВА ЎЊДАДОРИЊОИ ТАШКИЛОТЊО ВА ШАЊРВАНДОН ДАР

СОЊАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНЇ

 

Моддаи 12. Њуќуќ ва ўњдадорињои ташкилотњо дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Ташкилотњо дар доираи салоњияти худ ва бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон:

-чорабинињои мудофиаи гражданиро ба наќша мегиранд ва доир менамоянд;

-маќомоти идора, ќувва ва воситањои мудофиаи гражданиро таъсис дода, тайёрї, омодагии доимї ва таъминоти моддию техникии онњоро бањри иљрои вазифањои мудофиаи гражданї таъмин менамоянд;

-дар доираи салоњияти худ оид ба масъалањои ташкил ва ба роњ мондани мудофиаи гражданї дар ташкилотњо ќарорњо ќабул менамоянд;

-тайёрии њайати роњбарикунанда ва фармондењї-сардорон, њайати шахсии нерўњои ѓайрињарбї, инчунин омўзиши коргарону хизматчиёни муассисањоро оид ба мудофиаи гражданї ташкил менамоянд;

-чорабинињоро оид ба њифзи коргарону хизматчиён ва аъзои оилаи онњо, фондњои асосии истењсолї, ашёи хом ва мањсулоти тайёр дар замони љанг ба наќша гирифта, амалї месозанд;

-чорабинињоро љињати баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотњо дар замони љанг тањия ва татбиќ менамоянд;

-системаи огоњкунї ва алоќаро ташкил намуда, онро дар њолати омодагии доимї барои истифодабарї нигоњ медоранд;

-вобаста ба эњтиёљоти мудофиаи гражданї захирањои моддию техникї, хўрокворї, тиббї ва дигар воситањоро ташкил ва нигоњ медоранд;

-амалиёти дурусти коргарону хизматчиёни муассисањоро дар асоси бонгњои огоњкунандаи мудофиаи гражданї ташкил менамоянд;

-корњои наљотдињї ва таъхирнопазирро дар њудуди худ ташкил менамоянд ва анљом медињанд;

-бо маќомоти мањаллии мудофиаи гражданї дар иљрои вазифањои гузошташуда њаматарафа мусоидат ва њамкорї менамоянд, оид ба њифзи иљтимоии хизматчиёни њарбї ва њайати шахсии нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї, коргарону хизматчиён ва дигар шахсоне, ки барои иљрои чорабинињои мудофиаи гражданї љалб карда мешаванд, чорањои иловагї меандешанд.

Ташкилотњое, ки дорои истењсолоти нисбатан хатарнок мебошанд, ё ин ки дар рафти истењсолот моддањои хатарнокро истифода мебаранд, инчунин дорои ањамияти мудофиавї ва иќтисодї ё ин ки ифодакунандаи дараљаи баланди хавфи ба вуќўъ омадани њолатњои фавќулодда дар замони осоишта ва љанг мебошанд, нерўњои махсуси ѓайрињарбии мудофиаи гражданиро таъсис дода, онњоро дар њолати омодагии доимї нигоњ медоранд.

 

Моддаи 13. Њуќуќњо ва вазифањои шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар соњаи мудофиаи гражданї

 

Шањрвандони Љумњурии Тољикистон мувофиќи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон:

-дар иљрои чорабинињои мудофиаи гражданї иштирок намуда, талаботи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро дар ин соња иљро менамоянд;

-воситањои њифз аз хатарњоеро, ки њангоми сар задан ва рафти амалиётњои љангї ба вуќўъ меоянд, меомўзанд;

-ба маќомоти њокимияти давлатї ва ташкилотњо дар њалли масъалањои соњаи мудофиаи гражданї ёрї мерасонанд.

 

Боби 4.

Роњбарї ва идораи мудофиаи гражданї

 

Моддаи 14. Роњбарии мудофиаи гражданї

 

Роњбарии мудофиаи гражданиро дар Љумњурии Тољикистон Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї месозад.

Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон Сардори мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон мебошад. Ў роњбарї ва идораи умумї ва бевоситаи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд.

Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон -  Раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад. Ў роњбарии њамарўзаи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистонро дар асоси нишондодњои Сардори мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон амалї сохта, фармондењи ќўшунњои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон мебошад.

Роњбарї ва идораи мудофиаи гражданї дар вазорату идорањо ва ташкилотњо аз љониби вазирон, роњбарони идорањо ва ташкилотњо, ки мутобиќан сардорони мудофиаи граждании вазорату идорањо ва ташкилотњо мебошанд, амалї карда мешавад.

Роњбарї ва идораи мудофиаи гражданї дар ќаламрави Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо аз љониби раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо, ки мутобиќан сардорони мудофиаи граждании вилоятњо, шањру ноњияњо мебошанд, амалї карда мешавад.

Сардорони ситодњои оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вилоятњо ва шањру ноњияњо бошанд, муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятњо ва шањру ноњияњо мебошанд ва роњбарии њамарўза ва ба роњ мондани мудофиаи гражданиро дар ќаламрави вилоятњо ва шањру ноњияњо амалї месозанд.

 

Моддаи 15. Маќомоти идораи мудофиаи гражданї

 

Маќомоти идораи мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон дар љумњурї, Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањру ноњияњо инњо мебошанд:

а) дар љумњурї, вилоятњо, шањру ноњияњо:

Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон,  ситодњои оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вилоятњо ва шањру ноњияњо;

-комиссияњои эвакуатсионии љумњуриявї, вилоятї, шањрї ва ноњиявї;

-комиссияњои љумњуриявї, вилоятї, шањрї ва ноњиявї оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соњањо ва ташкилотњо дар замони љанг;

-хадамоти мудофиаи граждании љумњуриявї, вилоятї, шањрї ва ноњиявї.

б)  дар вазоратњо, идорањо ва ташкилотњо, новобаста аз шакли ташкилї ва њуќуќиашон:

-дастгоњи идораи дахлдор ва ситодњои оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї;

-комиссияњои эвакуатсионї;

-комиссияњои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соњањо ва ташкилотњо дар замони љангї;

-хадамотњои мудофиаи гражданї.

Ба ситодњо оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вилоятњо ва шањру ноњияњоро хизматчиёни њарбие, ки аз љониби  раиси кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, роњбарї менамоянд.

Ситодњо оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вилоятњо ва шањру ноњияњо аз њисоби хизматчиёни њарбї ва хизматчиён, дар асоси љадвали штатии аз љониби  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонтањияшуда, вобаста ба шумораи штатии њайати шахсии барои он муќарраршуда, пурра карда мешаванд.

Ситодњо оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вазоратњо, идорањо, ташкилотњо ва хадамотњои мудофиаи гражданиро муовинони аввали роњбарони (сармуњандисони) вазоратњо, идорањо ва ташкилотњо сардорї менамоянд.

Вазорату идорањо ва ташкилотњое, ки ба гурўњњои мудофиаи гражданї мансуб дониста шудаанд, ё ин ки дар базаи онњо хадамоти мудофиаи гражданї таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти њаётии мамлакат ањамияти баѓоят муњим доранд, ўњдадоранд дар љадвали штатиашон кормандони масъулро (сармутахассисро) оид ба мудофиаи гражданї дар доираи њуќуќњои шўъбањои асосї бо иљрои вазифаи муовини сардори ситоди њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї ё дигар вазифаи роњбарикунанда дар ситоди зикршуда дошта бошанд.

Комиссияњои эвакуатсионї ва комиссияњои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соњањо ва ташкилотњо дар замони љанг бо маќсади пешакї ба наќша гирифтан, тайёрї ва амалї сохтани вазифањои махсуси мудофиаи гражданї дар замони љанг таъсис дода мешаванд.

Хадамоти мудофиаи гражданї бањри иљрои чорабинињои муњандисї-техникї, тиббї ва дигар чорабинињои махсуси мудофиаи гражданї ва вобаста ба ин вазифањо тайёр намудани ќувва ва воситањо, шароитњо ва инчунин таъмини амалиёти ќуввањои мудофиаи гражданї дар рафти гузаронидани корњои наљотдињї ва таъхирнопазир таъсис дода мешаванд.

Маќомоти идораи мудофиаи граждании њама гуна дараљањо бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, ќарорњои раисони вилоятњо, шањру ноњияњо ва дар вазорату идорањо ва ташкилотњо бошад, бо фармонњои алоњидаи сардорони мудофиаи граждании онњо таъсис дода мешаванд.

Њуќуќ ва вазифањои маќомоти идораи мудофиаи гражданї, сохтор, тартиби таъсисдињї ва пуррагардонии онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян месозад.

 

Боби 5.

Ќуввањо, шабакањои дидбонї ва назорати

лаборатории мудофиаи гражданї

 

Моддаи 16. Ќуввањои мудофиаи гражданї

 

Ќуввањои мудофиаи гражданї аз ќисмњои њарбї ва љузъу томњои мудофиаи гражданї, дигар воњидњои њарбикунонидашудаи  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон,  нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї, ки дар вазорату идорањо, ташкилотњо, хадамоти мудофиаи гражданї, инчунин ќисмњои њарбї, љузъу томњои сохторњои ќудратии Љумњурии Тољикистон, ки мувофиќи наќшањои мудофиаи гражданї барои бартараф сохтани оќибатњои амалиётњои љангї ва њолатњои фавќулоддаи замони осоишта људо карда мешаванд, иборатанд.

 

Моддаи 17. Ќўшунњои мудофиаи гражданї ва вазифањои асосии онњо

 

Ќўшунњои мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон сохтори давлатии њарбї буда, барои њалли масъалањои мудофиаи гражданї таъин шудаанд.

Ќўшунњои мудофиаи гражданї асоси ќуввањои мудофиаи гражданиро ташкил медињанд.

Ќўшунњои мудофиаи гражданї бо техникаи махсус, инчунин бо силоҳи оташфишон ва сард таљњизонида мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Фаъолияти ќўшунњои мудофиаи гражданї аз лањзаи эълон шудани њолати љангї, њаќиќатан оѓоз ёфтани амалиётињои њарбї ё аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави Љумњурии   Тољикистон ва ё дар мањалњои алоњидаи он љорї карда шудани вазъияти њарбї, инчунин дар замони осоишта дар њолатњои ба вуќўъ омадани офатњои табиї, эпидемияњо, эпизоотияњо, эпифитотияњо, садамањои калон ва фољиањое, ки саломатии ањолиро зери хатар монда, гузаронидани корњои наљотдињї ва таъхирнопазирро талаб менамоянд, оѓоз меёбад.

Вазифањои асосии ќўшунњои мудофиаи гражданї аз инњо иборатанд:

-кофтуков ва наљотдињии одамоне, ки њангоми амалиётњои љангї ва њолатњои фавќулодда дар зери вайронањо, дар биноњо ва иншоотњои харобгардида, осебдида ва оташгирифта дармондаанд;

-расонидани ёрии аввалаи тиббї ба љабрдидагон ва тайёр намудани онњо барои эвакуатсия ба муассисањои муолиљавї;

-бурдани тадќиќоти муњандисї, кушодани тањхонањои зери вайронањо монда ва харобгардида, тоза намудани вайронањо, дар онњо сохтани роњравњо ва гузаргоњњо, рафъи садамањо ва оќибатњои онњо дар шабакањои коммуналию энергетикї ва технологї омодасозии хати њаракат, таљњизонидани нуќтањои идоракунї;

-таъмини гузаронидани корњои наљотдињї ва таъхирнопазир  бо пешбурди тадќиќоти радиатсионї, кимиёвї, бактериологї (биологї), анљом додани назорати дозиметрї ва кимиёвии воњидњо;

-гузаронидани коркарди махсуси њайати шахсии воњидњо ва нерўњои ба ихтиёри онњо додашуда;

-гузаронидани дегазатсия, дезактиватсия ва дезинфексияи сару либос ва дигар воситањои моддї, мањалњо, роњњо, иншоотњо ва њангоми зарурат гузаронидани коркарди санитарии ањолї;

-гузаронидани муоинаи зиддисўхторї, мањдуд ва хомўш сохтани сўхторњо дар хатњои њаракат ва мавзеъњои осебдида;

-рафъи садамањо дар хатњои алоќа бањри таъмини алоќаи боэътимод, ки идоракунии воњидњо ва нерўњои ба ихтиёри онњо додашуда, инчунин алоќаро бо маќомоти идораи болої ва ќуввањои њамкор таъмин менамоянд;

-муоинаи сарчашмањои об, ба даст овардан, тоза кардан ва бо об таъмин намудани њайати шахсии љузъу томњо ва нерўњои ба ихтиёри онњо додашуда;

-ошкор сохтан, безарар ва нобуд сохтани лавозимоти љангии натаркида (аз љумла бомбањои авиатсионї) ва дигар маводи хатарноки тарканда, инчунин тоза кардани вайронањо ва ќисмњои осебдидаи конструксияњои иншоотњо бо усули тарконидан;

-гузаронидани санљишњои кимиёвию радиометрї љињати муайян намудани моддањои радиоактивї, зањролудкунанда ва дигар маводи зањрнок, танзими дараља ва таъмири таљњизотњои дозиметрї ва воситањои њифзи инфиродї, назорати њолати воситањои њаводињии иншоотњои муњофизатї;

-таъминоти техникї ва аќибгоњии љузъу томњо.

Роњбарии бевоситаи ќўшунњои мудофиаи гражданиро  Раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонанљом медињад.

Тартиби пурра кардан ва таљњизонидани ќўшунњои мудофиаи гражданї, њайат ва вазифањои онњо мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї

 

Нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї - ин отрядњо, командањо, бригадањо, дружинањо ва дигар нерўњое мебошанд, ки дар заминаи ташкилотњо бо принсипи њудудию истењсолї дар асоси штатњои муќарраркардашуда таъсис дода шуда, бо техника ва молу мулки махсус муљањњаз ва барои иљрои вазифањои мудофиаи гражданї омода карда шудаанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба нерўњои ѓайрињарбї шањрвандони Љумњурии Тољикистон метавонанд дохил шаванд: мардњои синни аз 18 то 63-сола, занњои синни аз 18 то 58 - сола, ѓайр аз шахсони ўњдадории њарбї дошта, ки амрномањои сафарбарсозї доранд, маъюбони гурўњњои I, II, III, занњои њомиладор, занњое, ки дорои фарзандони то синни 8 - сола мебошанд, инчунин занњое, ки маълумоти миёна ва олии тиббї гирифта, фарзандони то синни 3-сола доранд.

Тартиби таъсис додан ва фаъолияти нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Шабакањои дидбонї ва назорати лабораторї

 

Назорати зањролудшавии муњити зист бо моддањои радиоактивї, кимиёвї, биологї (бактериологї) ва дигар воситањо, инчунин њангоми сар задани эпидемияњо, эпизоотияњо, эпифитотияњо ва дигар касалињои сирояткунанда аз љониби шабакањои дидбонї ва назорати лабораторї бурда мешавад.

Ба њайати шабакањои дидбонї ва назорати лаборатории мудофиаи гражданї дохил мешаванд:

-стансияњои санитарї-эпидемиологї;

-лабораторияњо ва стансияњои ветеринарї;

-лабораторияњои агрокимиёвї;

-стансияњои муњофизати растанињо;

-стансияњои обу њавосанљї;

-лабораторияњои назорати аналитикии муњити зист.

Шабакаи дидбонї ва назорати лабораторї дар замонњои осоишта ва љанг вазифадор аст, ки мунтазам ва сари ваќт оид ба њолати муњити зист ва сар задани эпидемияњо, эпизоотияњо, эпифитотияњо ва дигар касалињои сирояткунанда ба маќомоти идораи мудофиаи гражданї маълумот дињад, чорањои зарурї андешад ва вазифањое, ки оид ба мудофиаи гражданї дар назди онњо гузошта мешаванд, иљро намояд.

Тартиби ташкил ва пешбурди шабакањои дидбонї ва назорати лабораторї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 6.

Тайёрї ва омўзиш оид ба мудофиаи гражданї

 

Моддаи 20. Тайёрии њайати роњбарикунанда, фармондењї ва сардорон, њайати шахсии ќўшунњо ва

                       нерўњои ѓайринизомии мудофиаи гражданї

 

Тайёрии њайати роњбарикунанда ва фармондењї  ва сардорони мудофиаи гражданї чунин амалї сохта мешавад:

-дар Маркази таълимї-методии оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон, дар курсњои оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вилоятї ва байниноњиявї бо озод намудан аз истењсолот, нигоњ доштани музди миёнаи мењнат ва пардохти харољоти сафари хизматї аз љои кори асосї, тибќи тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон;

-дар ташкилотњо, њар сол бе озод намудан аз истењсолот, тибќи барномањои тайёрии онњо, ки аз љониби  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонтањия ва тасдиќ карда мешаванд.

Тайёрии њайати фармондењї ва шахсии ќўшунњои мудофиаи гражданї ва сохторњои наљотдињї дар марказњои таълимї , дар мањалњои љойгиршавии доимї, инчунин дар љамъомадњо ва машѓулиятњои гуногун, ки берун аз ќисмњои њарбї ва љузъу томњо гузаронида мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонва мувофиќи барномањои тайёрии онњо баргузор мегарданд.

Тайёрии њайати шахсии нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї дар љои кор бе озод намудан аз истењсолот, мувофиќи барномањои тайёрии онњо, ки аз љониби  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тањия ва тасдиќ карда мешавад, амалї мегардад.

 

Моддаи 21. Омўзиши ањолї оид ба мудофиаи гражданї

 

Омўзиши ањолї оид ба мудофиаи гражданї дар љои кор ва истиќомат мувофиќи барномањои омўзиши ањолї оид ба мудофиаи гражданї, ки аз љониби  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонтањия ва тасдиќ шудаанд ва дар асоси тартиби муќаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон бо роњњои гузаронидани машѓулиятњо ва машќњо, инчунин аз тариќи воситањои ахбори умум анљом дода мешавад.

Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки ба синни 16-солагї расидаанд, ба омўзиши мудофиаи гражданї љалб карда мешаванд.

Омўзиши кормандоне, ки ба њайати нерўњои ѓайрињарбї ва хадамоти мудофиаи гражданї шомил нагаштаанд, дар љои кор бе озод намудан аз истењсолот амалї карда мешавад.

Омўзиши хонандагони мактабњои тањсилоти њамагонї ва омўзишгоњњои касбию техникї, донишљўёни мактабњои олї, миёнаи махсус ва дигар муассисањои таълимї дар ваќти таълим, мувофиќи барномањои аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќшуда ва бо тартиби муќаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад.

Омўзиши ањолии бекор дар љои зист бо тартиби муќаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад.

 

Боби 7.

Таъминоти молиявї ва моддию техникии мудофиаи гражданї.

МОЛУ МУЛКИ мудофиаи гражданї

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Моддаи 22. Таъминоти молиявии чорабинињои мудофиаи гражданї

 

Таъминоти молиявии чорабинињои мудофиаи гражданї ба таври зайл сурат мегирад:

-дар вазорату идорањо ва ташкилотњои буљетии тобеи онњо-аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї;

-дар вилоятњо, шањру ноњияњо ва ташкилотњои буљетии тобеи онњо-аз њисоби маблаѓњои буљетњои дахлдор;

-дар дигар ташкилотњо-аз њисоби маблаѓњои худи онњо.

Таъминоти молиявии чорабинињои мудофиаи гражданї метавонад аз њисоби маблаѓњои фондњои љамъиятї амалї гардад.

Гурўњбандии чорабинињои мудофиаи гражданї аз љониби  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон  дар мувофиќа бо вазорату идорањои дахлдори Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 23. Таъминоти ќўшунњо ва дигар сохторњои њарбикунонидашуда, маќомоти идора ва

                       муассисањои мудофиаи гражданї

 

Ќисмњои њарбї, љузъу томњо ва дигар сохторњои њарбикунонидашудаи мудофиаи гражданї, инчунин хизматчиёни маќомоти идора, нуќтањои фармондењї, Маркази таълимию методии оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон, курсњои вилоятї ва байниноњиявии оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї, лаборатория ва дигар муассисањои оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї аз њисоби буљетњои мањаллї ва љумњуриявї бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта мешаванд.

Маќомоти идора, курсњо, озмоишгоњњо, нуќтањои идоракунї, дигар муассисањои мудофиаи гражданї дар вазоратњо, идорањо ва ташкилотњои вилоятњо, шањрњо инчунин кормандони ин маќомоту идора ва муассисањо ба истиснои хизматчиёни њарбие, ки хизмати њарбиро дар  Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистонва сохторњои таркибии он адо менамоянд, мутобиќан аз њисоби сметаи харољоти нигоњдории вазорату идорањо, ки аз буљети љумњуриявї ва маблаѓњои худии ташкилотњо људо карда мешавад, нигоњ дошта мешаванд.

 

Моддаи 24. Таъминоти моддию техникии эњтиёљоти мудофиаи гражданї

 

Таъминоти моддию техникии њалли вазифањои мудофиаи гражданї аз њисоби воситањое, ки барои маблаѓгузории чорабинињои мудофиаи гражданї, нигоњдории ќисмњои њарбї, љузъу томњо, маќомоти идоракунанда ва дигар муассисањои мудофиаи гражданї људо карда мешаванд, сурат мегирад.

Барои таъмини маќомоти идора, нерўњои ѓайрињарбии мудофиаи гражданї, кормандон, хизматчиёни ташкилотњо ва ањолї бо молу мулки мудофиаи гражданї дар вилоятњо, шањру ноњияњо, манбаъњои эњтиётї ва дар ташкилотњо бошад, захирањои эњтиётии ин воситањо ташкил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Номгўй, њаљм, тартиб ва мўњлати љамъоварии манбаъњо ва захирањои эњтиётии ин воситањо, инчунин тартиби истифодаи онњо аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 25. Молу мулки мудофиаи гражданї

                              (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Ба молу мулки мудофиаи гражданї иншоотњои муњофизатї, воситањои огоњкунии мутамарказонидашуда, озмоишгоњњо, анборњои воситањои њифзи инфиродї, таљњизоти тадќиќотї, радиатсионию кимиёвї, назорати дозиметрї ва дигар воситањои моддию техникие, ки моликияти љумњуриявї ё коммуналии мудофиаи гражданї мебошанд, инчунин аз њисоби буљетњои дахлдор, маблаѓњои вазорату идорањо ва муассисањо ташкил ё харидорї гардидаанд ва ба манфиати мудофиаи гражданї истифода мешаванд, дохил мешаванд.

Бо дигар маќсадњо истифода бурдани молу мулки мудофиаи гражданї манъ аст.

Дар иншоотњои радиатсионї, кимиёвии хатарнок ва тарканда, додани молу мулки мудофиаи гражданї њамчун моликияти воњидњои маъмурию њудудї, моликияти коммуналї, инчунин ба иљора додани онњо манъ аст.

Ба дигар ташкилотњо додани молу мулки мудофиаи гражданї дар асоси тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

Дар сурати таѓйир ёфтани сохтори идора, шакл ва усулњои фаъолияти хољагидорї, ташкилотњои ба дигар сохтор додашаванда ё ба дигар шакли ташкилї ва њуќуќї гузаранда, таъиноти маќсадноки молу мулки мудофиаи гражданї инчунин супоришњо оид ба ташкил ва захираи онњо нигоњ медоранд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Боби 8.

Кафолатњои давлатии њимояи њуќуќї ва иљтимоии

хизматчиёни њарбии мудофиаи гражданї

 

Моддаи 26. Кафолатњои давлатии њимояи њуќуќї ва иљтимоии хизматчиёни њарбии мудофиаи гражданї

 

Хизматчиёни њарбии ќисмњои њарбї, љузъу томњо, маќомоти идора ва муассисањои мудофиаи гражданї хизмати њаќиќии њарбиро адо мекунанд. Хизматчиёни њарбї дар масъалањои адои хизмати њарбї, таъминоти пулї ва дигар навъњои таъминот, њимояи њуќуќию иљтимої ва дигар намудњои њимоя аз тамоми њуќуќњо, кафолатњои давлатї ва љубронпулињое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои хизматчиёни њарбии Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон муайян кардааст, истифода мебаранд.

Љалб кардани хизматчиёни њарбии ќўшунњо, љузъу томњо ва дигар воњидњои њарбикунонидашуда, маќомоти идора ва муассисањои мудофиаи гражданї ба иљрои вазифањои ба онњо мансубнабуда манъ аст.

Њуќуќ, кафолатњои  давлатї ва љубронпулињо, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои аъзои оилаи хизматчиёни њарбии Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд, ба аъзои оилаи хизматчиёни њарбї, ќўшунњо, љузъу томњо, воњидњои њарбикунонидашуда ва маќомоти идораи мудофиаи гражданї низ татбиќ карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Суѓуртаи шахсоне, ки барои иљрои чорабинињои мудофиаи гражданї љалб карда мешаванд.

 

Шахсоне, ки бо ќарори маќомоти давлатї барои кор, љињати чорабинињои мудофиаи гражданї љалб карда мешаванд (ба сафари хизматї фиристода мешаванд) дар њолати ба њалокат расидан (фавтидан) ё расидани осеб ба саломатиашон, бояд пешакї бо суѓуртаи њатмии давлатї фаро гирифта шаванд.

Тартиби суѓуртаи њатмии давлатии шахсоне, ки барои иљрои чорабинињои мудофиаи гражданї љалб карда мешаванд, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 9.

Муќаррароти хотимавї

 

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

 

Моддаи 29. Дар бораи беэътибор донистани Ќонуни амалкунандаи Љумњурии Тољикистон

                       «Дар бораи мудофиаи гражданї»

 

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мудофиаи гражданї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 1995, №22, моддаи 274, соли 1998, № 22, моддаи 316) аз эътибор соќит карда шавад.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур

 

Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.

 

Президенти

Љумњурии Тољикистон                                            Э.Рањмонов

 

ш. Душанбе,  28 феврали соли 2004

№ 6

 

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ