ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мутобиқи моддаи 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
- Консепсияи замимагардидаи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
- Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст:
- санадҳои меъёрии соҳавии худро ба Консепсияи зикргардида мутобиқ намоянд;
- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ амалӣ намудани Консепсияи мазкурро таъмин намоянд.
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2001, № 691 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
20 феврали соли 2015, № 369