Классификатор Фармони Президенти ҶТ
Рақам 369
Ном ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 20.02.2015
Матн

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

  1. Консепсияи замимагардидаи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
  2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст:

- санадҳои меъёрии соҳавии худро ба Консепсияи зикргардида мутобиқ намоянд;

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ амалӣ намудани Консепсияи мазкурро таъмин намоянд.

  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2001, № 691 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

20 феврали соли 2015, № 369

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ