ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорату идораҳои дахлдор барои татбиқи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
- Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкурро таҳия намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2015, № 188
ш. Душанбе