Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 188
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.04.2015
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор барои татбиқи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкурро таҳия намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 апрели соли 2015, № 188

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ