Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 42
Ном ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД КАРДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 06.08.2001
Матн

 

ЌОНУНИ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД КАРДАНИ

САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №7, мод.511; с.2008, №12, қ.2, мод.1014;

Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 с., № 1171)

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд.

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид

                     кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 3.  Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

сарватҳои таърихию фарҳангӣ – ашёи манқули олами моддӣ, ки арзишҳои миллӣ, таърихӣ, бадеӣ, илмию  маърифатӣ, маънавию  ахлоқӣ ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ доранд; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;

ворид кардани  сарватҳои таърихию фарҳангӣ – тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо;

– муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ- тавассути сарҳади гумрукӣ интиқоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраргардида;

– муваққатан дохил кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – тавассути сарҳади гумрукӣ  интиқоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда.

– экспертизаи бадеӣ – аз ҷониби мутахассис (эксперт) ё гурӯҳи мутахассисон омӯхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти  касбӣ ва донишҳои махсусро тақозо дорад.

 

Моддаи 4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Сарватҳои таърихию фарҳангии зерин таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд:

– офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– офаридаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

бозёфтҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480)

гирдовардаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кино-фото-фонотекаҳо, нигористонҳо ва дигар махзанҳо; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– бозёфтҳои экспедитсияҳои археологӣ, этнографӣ, фолклорӣ ва табиии илмӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– дар натиҷаи мубодилаи ихтиёрӣ ба даст омадаҳо;

– ба сифати мерос ё ҳадя бадастомада ва ё бо розигии мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳое, ки ин сарватҳо аз қаламрави онҳо пайдо шудаанд; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои 

таърихию фарҳангӣ

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Танзими берун баровардан  ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480)

Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг:

– категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ мансубанд, муайян мекунад;

– оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор қабул мекунад;

– сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда, инчунин муваққатан берунбаровардашаванда ва муваққатан воридкардашавандаро ба қайд мегирад; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– экспертизаи сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан, инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд, таъмин мекунад;

– барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатнома медиҳад;

– сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480)

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба тартиби берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ амалӣ мегардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

Тартиби  гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва 

воридкардашаванда

                                                         (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлатӣ ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда  ва воридкардашаванда инҳо мебошанд: (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– офариниши сарватҳои фарҳангӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ;

– офариниши сарватҳои фарҳангӣ аз ҳисоби фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои фарҳангӣ офарида ё ба даст оварда шудаанд; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– сарватҳои таърихию фарҳангии бамеросмонда; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– дигар асосҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.

Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти зеҳнӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани  сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ  аз ҷониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори ӯ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дода мешавад, иҷро мегардад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои таърихию фарҳангии офаридаашро, ки моликияти ӯст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон берун барорад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 8. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун бароварда намешаванд

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

– сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;

– аз ҷониби давлат ба рӯйхат ва феҳристи нигоҳбонӣ дохилшуда; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлативу ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 9. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин муваққатан берун бароварда мешаванд: (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– барои ташкили намоишгоҳҳо;

– барои гузаронидани корҳои реставратсионӣ ва тадқиқоти илмӣ;

– вобаста ба фаъолияти театрӣ, консертӣ ва фаъолиятҳои дигари ҳунарӣ;

– барои ороиши   сафоратхонаҳо ва  намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи  10. Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Асоси муваққатан берун баровардани  сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатномаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг мебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи муваққатан берун баровардани  сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд: (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– шартнома бо ҷониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мӯҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани  сарватҳоитаърихию фарҳангӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

– санади суғуртавии (шаҳодатнома, сертификат, пардохтнома) шартномаи суғуртаи молумулкӣ оид ба  сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо назардошти ҳама ҳолатҳои эҳтимолии  суғуртавӣ; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– кафолати хаттии мақомоти давлатии ҷониби қабулкунанда оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва сари вақт баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки муваққатан ба ҳудуди он давлат ворид карда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани  сарватҳои таърихию фарҳангӣ  аз тарафи  шахсони ҳуқуқӣ ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сархатҳои дуюм ва  сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шудаанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сархати сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шудаанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 11.  Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию

                       фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Шаҳодатнома  дар бораи муваққатан берун баровардани  сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:

– ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд;

– вазъи сарватҳои таърихиюфарҳангии муваққатан берун баровардашаванда тағйир  додани шароити нигоҳдории онҳоро напазирад; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

– молики сарватҳои таърихиюфарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, муайян нашуда бошад; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

– сарватҳои таърихию фарҳангие, ки  мавзӯи баҳси ҳуқуқи моликиятанд; (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

– дар кишваре, ки  ба он муваққатан берун баровардани  сарватҳои таърихиюфарҳангӣ дар назар аст, офатҳои табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва  нигоҳдории сарватҳои таърихиюфарҳангии муваққатан берунбаровардашаванда гардад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 12.  Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берунбаровардашударо

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берунбаровардашударо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати  қабулкунанда таъмин мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан

                     воридкардашуда

 

Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашударо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 14. Манъи ворид кардани ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ

 

Ворид кардани маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади тағйир додани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, зӯроварӣ, экстремизм ва нажодпарастӣ манъ аст.

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 15. Пешгирии ғайриқонунӣ ворид кардан ва харидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст, бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш  аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор  боздошта мешаванд.

Бо мақсади пешгирии азхудкунии сарватҳои таърихию фарҳангии аз давлатҳои дигар ғайриконунӣ берунбаровардашуда, дуздидашуда ва ё ғайриқонунӣ харидашуда осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарурӣ дошта бошанд. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Пешниҳоди сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба фурӯши оммавӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ мегардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ иштирок мекунанд,  вазифадоранд иҷозати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро гиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480; аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 17. Транзит  ва ирсоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ  тавассути  почта

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзитӣ ворид кардани сарватҳои фарҳангиро аз рӯи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Ирсоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавассути почта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                             (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Харидори боинсофи сарватҳои таърихию фарҳангии аз кишварҳои дигар ғайриқонунӣ баровардашуда, дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад.  Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рӯи тартиби муқарраргардида ҷубронпулӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

Сарватҳои таърихию фарҳангии мутобиқи қисми якуми ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд. Хароҷоти дигарро оид ба баргардонидани онҳо ҷониби талабкунанда пардохт мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 19. Баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ 

 

Давлат барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ғайриқонунӣ берун бароварда шудаанд, чораҳо меандешад.

Муҳлати даъво ба талаб дар бораи баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то эълони истиқлолияти давлатии он баровардашуда паҳн намегардад.
Моликони сарватҳои таърихию фарҳангии баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳоитаърихию фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.(ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480)

 

Моддаи 21. Пардохтҳои гумрукӣ барои сарватҳои таърихию фарҳангӣ

                                                  (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1171)

 

Пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихиюфарҳангӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480)

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 480)

 

Президенти

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                         Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 6 августи соли 2001

№ 42

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ