Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 29
Ном ДАР БОРАИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶТ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 31.07.2001
Матн

Бо Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1378

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод. 514)

 

Боби I. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1.

Шаҳрвандони   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   барои   эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, санъат, ҳифзи Ватан, барои корнамоиҳои меҳнатӣ ва ҷангӣ, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ ба манфиати ҷомеа, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандеро, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён доранд сарфароз гардонидан мумкин аст.

 

Моддаи 2.

Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

1. Мукофоти олӣ- унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

2. Орденҳои:

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III

Зарринтоҷ дараҷаи I

Зарринтоҷ дараҷаи II

Зарринтоҷ дараҷаи III                         

Исмоили Сомонӣ дараҷаи I                

Исмоили Сомонӣ дараҷаи II             

Исмоили Сомонӣ дараҷаи III

Дӯстӣ

Спитамен дараҷаи I

Спитамен дараҷаи II

Шараф  дараҷаи I

Шараф  дараҷаи II.

3. Медалҳои:

Ҷасорат

Хизмати шоиста

Шафқат

Марзбони шуҷои Тоҷикистон.

4. Унвонҳои фахрӣ:

Нависанда (шоир)-и халқии Тоҷикистон

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Ҳофизи халкии Тоҷикистон

Рассоми халқии Тоҷикистон

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Корманди шоистаи Тоҷикистон

Донори ифтихории Тоҷикистон.

5. Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолатҳои зарурӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон медалҳои ҷашниро тасдиқ мекунад.

 

 

Моддаи 3.

Тасвирҳои мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Намунаҳои шаҳодатномаи оид ба сарфарозгардонии дараҷаи олии корнамоӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, дафтарчаҳои орденҳо, шаҳодатномаҳои медалҳо ва унвонҳои фахрӣ, тартиби пешниҳод намудан ба мукофотҳои давлатӣ, супоридан ва овехта гаштани онҳо, тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдории мукофотҳои давлатӣ ва бланкаҳои ҳуҷҷатҳои онҳоро Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ номгузорӣ мешаванд.

 

Моддаи 4.

Шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

 

Моддаи 5.

Шаҳрвандони   хориҷӣ,   шахсони   бешаҳрвандро   барои сарфарозгардонӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо мукофотҳои давлатии хориҷӣ сарфароз гардонида шаванд.

 

Моддаи 6.

Шаҳрвандон барои сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатии навбатӣ барои хизматҳои нав, ба истиснои ҳолатҳои махсуси вобаста ба зоҳир намудани шуҷоат, мардонагӣ ва диловарӣ дар вазъиятҳои фавқулодда, чун қоида на пештар аз панҷ соли баъди сарфарозгардонии пештара, пешбарӣ карда мешаванд.

Бо як намуди мукофоти давлатӣ, ба ғайр аз мукофотҳои давлатие, ки дорои дараҷа мебошанд, такроран мукофотонидан мумкин нест.

Ҳангоми сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ намуди мукофот тибқи хусусият ва дараҷаи хизмати сарфарозшаванда муайян карда мешавад.

Ҳангоми сарфарозгардонӣ бо орденҳо дараҷаи орденҳо аз рӯи вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва шаҳрвандии сарфарозшаванда муайян карда мешавад.

Бо мукофотҳои давлатӣ баъди вафот низ сарфароз гардонидан мумкин аст.

 

Моддаи 7.

Барои баррасии пешакӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба сарфарозгардонии   шаҳрвандон   бо   мукофотҳои   давлатӣ, ҳавасмандгардонии холисонаи шаҳрвандон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи мукофотҳои давлатӣ таъсис дода мешавад. Ҳайат ва Низомномаи Комиссияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Боби II. Дараҷаи олии корнамоӣ- унвони Каҳрамони Тоҷикистон

 

Моддаи 8.

Мукофоти олӣ - унвони Каҳрамони Тоҷикистон барои хизматҳо дар назди давлат ва халқ, ки  дар нишон додани каҳрамонӣ, корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, баҳри озодӣ, истиқлолият ва шукуфонии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад, дода мешавад.

Ба шахсоне, ки бо унвони Каҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, нишони махсуси корнамоӣ - ситораи тиллоии Каҳрамони Тоҷикистон супорида мешавад, ки он бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

 

Боби III. Орденҳо

 

Моддаи 9.

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон ордени дараҷаи олӣ буда, бо он ходимони давлатию сиёсӣ, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои махсусан бузург дар назди халқ, дар кори пойдории сулҳ ва рушди давлатдории тоҷикон, барои хизматҳои махсусан муҳим дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ки ба баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, барои комёбиҳои бузурги соҳаи иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, дар тараққиёти ҷомеа ва пешрафти иҷтимоӣ, барои хизматҳои беназир ва ватандустии олӣ дар хизмати давлатию ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон се дараҷа дорад:

дараҷаи I ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дорои нишон ва ситора мебошад. Нишони орден бо тасма аз болои китфи рост ва ситораи орден дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд;

дараҷаи II ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дорои нишон буда, онро:

мардҳо бо тасма дар гардан;

занҳо бо банти тасмагӣ дар тарафи чапи сари сина меовезанд;

дараҷаи III ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I:

сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;

сарварони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

шахсоне. ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишғол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

шахсоне. ки мансабҳои олии давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва онҳо чун қоида бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II мукофотонида шудаанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки онҳо бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II мукофогонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II:

вазирон, сафирон ва сардорони идораҳои давлатҳои хориҷӣ;

сардорони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;

шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишғол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

шахсоне, ки мансабҳои асосии давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва чун қоида бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III мукофотонида шудаанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III:

шахсоне, ки мансабҳои пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III ё ордени Дустӣ мукофотонида шудаанд,   сарфароз мегарданд.

 

Моддаи 10.

Бо ордени Зарринтоҷ ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, барои комёбиҳои шоистаи дар ҳаёт татбиқ намудани тағйиротҳои демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, тараққиёти илм ва фарҳанг, барои хизматҳои махсус дар ҳифзи Ватан, барои фидокорӣ ва шуҷоати шаҳрвандӣ, ки дар кори истиқрори сулҳ, устуворӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон зоҳир шудаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Зарринтоҷ се дараҷа дорад:

дарачаи I ордени Зарринтоҷ дорои нишон ва ситора мебошад. Нишони орден бо тасма аз болои китфи рост ва ситораи орден дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд;

дарачаи II ордени Зарринтоҷ дорои нишон буда, онро:

мардҳо бо тасма дар гардан;

занҳо бо банти тасмагӣ дар тарафи чапи сари сина меовезанд;

дараҷаи III ордени Зарринтоҷ дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I:

сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ:

вазирон ва сардорони идораҳои давлатҳои хориҷӣ;

сардорони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақави ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ:

сарварони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишғол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

шахсоне, ки мансабҳои олӣ ва асосии давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё орденн Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II:

Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишғол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

шахсоне, ки мансабҳои асосӣ ва пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III:

шахсоне, ки мансабҳои пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки на камтар бо ду орден ё медал ва унвони фахрӣ мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

 

Моддаи 11.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ходимони илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои баланди меҳнатӣ, барои саҳми бузург дар кори сохтмони давлатӣ, муваффақиятҳои калон дар хизмати ҳарбӣ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ҷамъиятию хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Исмоили Сомонӣ се дараҷа дорад:

дараҷаи I ордени Исмоили Сомонӣ дорои нишон ва ситора мебошад. Нишон бо тасма аз болои китфи тарафи рост ва ситораи орден дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд;

дарачаи II ордени Исмоили Сомони дорои  нишон буда, онро:

мардҳо бо тасма дар гардан;

занҳо бо банти тасмагӣ дар тарафи чапи сари сина меовезанд;

дараҷаи III ордени Исмоили Сомонӣ дорои нишон буда, он дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I:

сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;

вазирон, сафирон ва сардорони идораҳои давлатҳои хориҷӣ;

сардорони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ:

сарварони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишғол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

шахсоне, ки мансабҳои олӣ, асосӣ ва пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шудаанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомони дараҷаи II мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II:

Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишғол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

шахсоне, ки мансабҳои асосӣ ва пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III мукофотонида шудаанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё орденн Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III  мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III:

Шахсоне, ки мансабҳои пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд;

дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки   бо дигар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.

 

Моддаи 12.

Бо ордени Дустӣ арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ҳодимони илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайрат ва фаъолияти пурмаҳсул ҷиҳати таҳқими сулҳу дустӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва манфиатҳои ичтимоии он, барои саҳми бузурги шахсӣ дар рушд ва афзунгардонни иқтидори маънавӣ ва ақлии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 

Моддаи 13

Ордени Спитамен ду дараҷа дорад:

дараҷаи I ордени Спитамен бо бандинаи тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад;

дараҷаи II ордени Спитамен бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Бо ордени   Спитамен   дараҷаи I ҳайати афсарони олии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва идораи кушунҳо, таъмини омодагии олии ҷангии онҳо, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, марзбонӣ ва дохилӣ, таъмини қобилияти мудофиавӣ, амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бо ордени Спитамен дараҷаи II хизматчиёни ҳарбӣ, аз зумраи ҳайати афсарони калон ва хурд, ҳайати сержантӣ ва қаторӣ, ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи миёна ва хурди макомоти корҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ ва хизмати, барои корнамоиҳо дар ҳолатҳои фавкулодда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ   сарфароз гардонида мешаванд.

 

Моддаи 14.

Бо ордени Шараф шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳояшон ҷиҳати рушди иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати намунавии давлатию ҳарбӣ ва фаъолияти босамари ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Шараф ду дараҷа дорад:

дараҷаи I ордени Шараф бо бандинаи тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад;

дараҷаи II ордени Шараф бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

 

Боби IV. Медалҳо

 

Моддаи 15.

Бо медали Ҷасорат хизматчнёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барон ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ ва иҷрои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон дар шароитҳои барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои фавқулодда, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ҳангоми ғарқшавӣ, сӯхтор, офатҳои табиӣ), сарфароз гардонида мешаванд.

Медали Ҷасорат бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

 

Моддаи 16.

Бо медали Хизмати шоиста шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешаванд.

Медали Хизмати шоиста бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

 

 

Моддаи 17.

Бо медали Шафқат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайрат ва фаъолияти пурмаҳсули хайрхоҳона ва эҳсону шафқат, барои муваффақият дар кори ҳифзи тандурустии аҳолӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Медали Шафқат бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Моддаи 18.

Бо медали Марзбони шӯҷои Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корнамоиҳо ва хизматҳои махсус ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрии ҳамаҷониба ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ барои кумаки фаъолона ба қувваҳои сарҳадӣ дар кори ҳифзи сарҳади давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

 

Моддаи 19.

Ба муносибати тантанавор ҷашн гирифтани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рӯйдодҳое, ки барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад медалҳои ҷашнии дорои хусусияти яквақтаро тасдиқ намояд. Бо медалҳои ҷашнӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳо дар пойдории давлатдории Тоҷикистон, татбиқи дигаргунсозиҳои демократӣ дар ҳаёт, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, барои комёбиҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва санъат, комёбиҳои меҳнатӣ дар фаъолияти давлатӣ, илмию тадқиқотӣ, ҷамъиятӣ ва хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд.

Шаҳрвандон бо медали ҷашнӣ бо тартиби муқаррарнамуда сарфароз гардонида мешаванд.

Медалҳои ҷашнӣ бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд.

 

БобиV. Унвонҳои фахрӣ

 

Моддаи 20.

Унвонҳои фахрӣ бо мақсади ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои маҳорати баланди касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона муқаррар карда мешаванд.

Унвони фахрии Нависанда (шоир)-и халқии Тоҷикистон ба нависандагон ва шоирон барои хизматҳои махсус дар рушди адабиёти тоҷик ва адабиёти дигар миллатҳо, офаридани асарҳои барҷастаи олимазмуни бадеӣ, ки сазовори эътирофи умум гардидаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, дода мешавад.

Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар инкишофи санъати театрӣ, мусиқӣ, кино ва сирки Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд ва чун қоида, на пештар аз панҷ соли баъд аз сарфарозгардонӣ бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода мешавад.

Унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ба иҷрокунандагони барҷастаи сурудҳои халқӣ ва классикӣ, ки маҳорати баланди овозхонӣ доранд ва дар рушди санъат дар Тоҷикистон хизмати барҷаста кардаанд ва   чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.

Унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон ба ходимони барҷастаи санъати тасвирӣ барои офаридани асарҳои баландмазмуни тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, графикӣ, монументалӣ, ороиши амалӣ, ороиши намоишномаҳои театрӣ, кино ва филмҳои телевизионӣ, инчунин ба онҳое, ки ба хазинаи санъати миллӣ саҳми бузург гузоштаанд ва рассомони ҷавонро тарбия кардаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.

Унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ба олимон-инженерони барҷаста, кормандони илмию педагогии дорои унвони илмии доктори илм ва ё на камтар аз 20 сол аз рӯи ихтисос кор кардаанд, барои кашфиётҳои илмӣ ва илмию техникӣ ва корҳои илмии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ, ки ба тезондани пешрафти илмию техникӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, барои хизматҳо дар таҳияи самтҳои афзалиятноки илм ва техника, тарбия ва омӯзондани кадрҳои илмӣ дода мешавад.

Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон ба режиссёрон, дирижёрон, бастакорон, рассомон, ҳайкалтарошон, дизайнерон, драманависон ва дигар ходимони санъат барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, барномаҳои консертӣ, барои хизматҳо дар тайёр ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ, офаридани асарҳои илмӣ, дар соҳаи санъат 15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.

Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба артистон, режиссёрон,   дирижёрон,   консертмейстерҳо,   балетмейстерон, кормандони эҷодии театрҳо, кино, телевизиону радио, филармония, сирку ансамблҳо, дастаҳои ҳунарӣ, мусиқинавозоне (мутрибоне), ки маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошта, дар рушди санъати Тоҷикистон, дар тарбияи насли эҷодӣ саҳми арзанда гузоштаанд, аз рӯи ихтисос 15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.

Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ба кормандони истеҳсолоти моддӣ ва соҳаҳои ҳуқуқ, иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, воситаҳои ахбори омма, хизмати давлатӣ, ки ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ноил гаштаанд, дар соҳаи худ 15 сол ва бештар кор кардаанд ва   чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.

Унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон ба шахсон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он» бо имтиёзу бартариҳои пешбинишуда дода мешавад.

 

Моддаи 21.

Ба шахсоне, ки сазовори унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супорида мешавад. Нишони сарисинагӣ бо тасма дар тарафи рости сари сина овехта мешавад.

 

Боби VI. Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 22.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон барои дастовардҳои калонашон дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф, дар хизмати давлатию низомӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин коллективи корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои алоҳида, қисмҳои ҳарбӣ вобаста ба воқеаҳои муҳими дар ҳаёташон бавуҷудпайваста ва барои комёбиҳои калонашон дар кору хизмат, ҳамчунин коллективҳои  эҷодӣ, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, дустӣ ва ҳамкории байни халқҳо саҳми босазо гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

 

Боби VII. Имтиёзҳо, ҳавасмандгардонии моддӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мукофотонидашудагон

 

Моддаи 23.

Ба шахсоне, ки сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гаштаанд, иловапулии 100 - фоизаи ҳармоҳа ба нафакае, ки барояшон таъин шудааст, пардохта мешавад.

Шахсоне, ки сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гаштаанд:

мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар навбати аввал бо манзил таъмин карда мешаванд. Ҳаққи манзили истиқоматӣ, ки онҳо ва аъзои оилаашон зиндагӣ мекунанд, инчунин хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 50 фоиз пардохта мешавад;

ба табобати санаторию курортӣ эҳтиёҷ доранд, ҳар сол ба санатория ва ё хонаҳои истироҳатӣ роҳхати бепул дода мешавад. Роҳхатҳои бепул дар ҷои кор (хизмат) ва ба нафақахӯроне, ки кор намекунанд, аз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода мешаванд;

ҳуқуқ доранд, ки як маротиба дар як сол бепул дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нақлиёти роҳи оҳан, дар вагонҳои нарми поездҳои зудгард ва мусофиркашон, ҳавоӣ ё нақлиёти байнишаҳрии автомобилӣ рафту омад кунанд, инчунин шахсан ҳуқуқ  доранд аз нақлиёти дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ), дар маҳалҳо бошад, аз нақлиёти хатҳои дохилӣ бепул истифода баранд.

 

Моддаи 24.

Ба шаҳрвандоне, ки бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақаашон, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояшон таъин гардидааст, пардохта мешавад:

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I - 50%

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II - 40%

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III - 30%

 

Моддаи 25.

Ба шаҳрвандоне, ки бо ордени Зарринтоҷ сарфароз гардидаанд, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақаашон, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояшон таъин гардидааст, пардохта мешавад:

Зарринтоҷ дараҷаи I - 40%

Зарринтоҷ дараҷаи II - 30%

Зарринтоҷ дараҷаи III - 20%

 

Моддаи 26.

Ба шаҳрвандоне, ки бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз гардидаанд, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақаашон, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояшон таъин гардидааст, пардохта мешавад:

Исмоили Сомонӣ дараҷаи I - 35%

Исмоили Сомонӣ дараҷаи II - 25%

Исмоили Сомонӣ дараҷаи III - 15%

 

Моддаи 27.

Ба шаҳрвандоне, ки сазовори унвони фахрӣ гаштаанд, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақаашон, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояшон таъин гардидааст, пардохта мешавад:

Нависанда (шоир)-и халқии Тоҷикистон   - 20%

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон                - 20%

Ҳофизи халқии Тоҷикистон                        - 20%

Рассоми халқии Тоҷикистон                       - 20%

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон        - 20%

Арбоби ҳунари Тоҷикистон                         - 20%

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон              - 15%

Корманди шоистаи Тоҷикистон                  - 20%

Донори ифтихории Тоҷикистон                  - 10%

 

Моддаи 28.

Дар сурати бо ду ва бештар аз мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ӯ иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад.

Хароҷоти вобаста ба имтиёзҳо ва иловапулӣ, ки ҳамин Қонун барои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 29.

Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, бояд онҳоро эҳтиёт кунанд.

Ҳангоми гум кардани мукофотҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои онҳо мукофотонидашудагон ҳуқуқҳои худро ба мукофот нигоҳ медоранд.

Дубликати ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон, орденҳо, медалҳо ва дигар нишонҳои махсуси гумшуда чун қоида дода намешаванд. Ба тариқи истисно, онҳо бо қарори Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ танҳо дар мавридҳои гум шудани онҳо дар натиҷаи сухтор, заминҷунбӣ, дигар офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқуллода,    ки шахси мукофотонидашуда гум шудани онҳоро пешгирӣ карда наметавонист, мумкин аст дода шавад.

Ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо оид ба мукофотонӣ, дубликати онҳо бо қарори Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ бо пешниҳоди мақомот ва шахсони мансабдори дахлдор дода мешаванд.

 

Моддаи 30.

Ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва ҳуҷҷатҳои сарфарозгардонии шахси вафоткарда ба меросхӯронаш барои хотира мемонанд.

Бо ризоияти ворисони шахси вафоткарда мукофотҳо ва ҳуҷҷатҳои мукофотонии ӯ метавонанд ба осорхонаи давлатӣ барои нигоҳдошт ва ба нигора (экспонат) гузоштан, дода шаванд.

Агар шахси мукофотонидашуда ворис надошта бошад, мукофотҳо ва ҳуҷҷатҳои мукофотонии ӯ ба давлат баргардонида мешаванд.

 

Боби VIII. Маҳрум намудан аз мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 31.

Дар сурати маҳкум гардидани шахси мукофотонидашуда барои содир намудани ҷиноят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди суд дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ӯро аз мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда метавонад.

Дар натиҷаи аз мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум гардонидани шахсони сарфарозгардида имтиёзу иловапулиҳои барояшон муқарраргашта низ бекор карда мешаванд.

 

Моддаи 32.

Ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон, орденҳо, медалҳо ва дигар нишонҳои махсус, ҳуҷҷатҳои мукофотонӣ, ки ба шахси аз мукофотҳои давлатӣ маҳрумгардида марбутанд, бояд ба давлат баргардонида шаванд.

 

Моддаи 33.

Шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ маҳкум гардидаанд ва сафед карда шудаанд, бо дархости мақомоти дахлдор аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқҳояшон барои мукофотҳои давлатӣ барқарор карда мешаванд.

 

Боби IХ. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти ғайриқонунӣ нисбати мукофотҳои давлатӣ

 

Моддаи 34.

Таъсис, сохтакорӣ, тайёр намудан, ба даст овардан, фурӯхтан ё истифода бурдани мукофотҳои давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои онҳо аз тарафи шахсоне, ки ба он ҳуқуқ надоранд, тибқи муқррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ хоҳад шуд.

 

Боби Х. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 35.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 1996, № 23, моддаи 333; соли 1998, № 23-24, моддаи 330; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 12 майи соли 2001, № 3) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Э. РАҲМОНОВ

    

    ш. Душанбе

31 июли соли 2001

          № 29

 

 

 

  

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ва мавриди амал қарор додани он

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2001, №7, мод.515)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати шаш моҳ:

оид ба мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ ба Қонуни мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд;

санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки аз Қонуни мазкур бармеоянд, қабул намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки:

минбаъд то ба Қонуни мазкур мутобиқ кардани санадҳои ҷории меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қаблан қабулшуда дар қисме, ки ба Қонуни мазкур мухолиф нестанд, татбиқ карда мешаванд;

Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатии РСС Тоҷикистон ва СССР-ро эътироф менамояд;

ба шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии РСС Тоҷикистон, СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур сарфароз гардидаанд ва дорои ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус буданд, ба онҳо ҳуқуқи гирифтани нафақаи номбурда нигоҳ дошта мешавад;

ба шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур сарфароз гардидаанд, иловапулии ҳармоҳа ба нафақаи барояшон таъингардида, ки ин Қонун пешбинӣ намудааст, дода мешавад:

шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ мукофотонида шудаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус ва иловапулиҳои барои нафақаи барояшон таъингардида ҳуқуқ доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд;

ба шахсоне, ки тибқи қонунгузории қаблан амалкунанда, вале на пештар аз соли 1991 сазовори унвони фахрӣ гардида, нишони сарисинагӣ нагирифтаанд, шаҳодатнома ва нишони сарисинагии бо ин Қонун пешбинигардида супорида мешавад;

ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон», ки мутобиқи Қонуни қаблан амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шудааст, ба мукофотҳои дараҷаи 111 ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон», ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, баробар ҳисобида мешавад;

ордени "Исмоили Сомонӣ", ки мутобиқи Қонуни қаблан амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" супорида шудааст, ба дараҷаи 1 ордени "Исмоили Сомонӣ", ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, баробар ҳисобида мешавад;

Орденҳои "Спитамен" ва "Шараф", ки мутобиқи Қонуни қаблан амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шудааст, ба дараҷаи II орденҳои "Спитамен" ва "Шараф", ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, баробар ҳисобида мешаванд.

5. Пас аз мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур супоридани намунаи кӯҳнаи орденҳои «Дӯстӣ» ва Спитамен» иҷозат дода шавад. Намунаи кӯҳнаи ордени «Спитамен», ки мутобиқи ҳамин банд супорида мешавад, ба дараҷаи II ордени «Спитамен», ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, баробар мебошад.

6. Қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 1997 № 1078 «Дар бораи Тасвирҳои мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 1999 № 1747 «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 майи соли 1997 № 1078 «Дар бораи Тасвирҳои мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шаванд.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш.Душанбе  28 июни соли 2001

№ 345

 

 

  

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001, №7, мод.516)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 
Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш.Душанбе 23 июли соли 2001

№ 220

 

 

 

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ