Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 492
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.11.2013
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ ба воситаи қонунгузории ҷиноятӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо иҷрои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 ноябри соли 2013, № 492

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ