Классификатор Консепсия
Рақам 446
Ном КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 04.10.2013
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2013, № 446

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)

 

  1. Пешгуфтор

 

  1. Рушди босуботи низоми хизматрасонии иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, ба таъмини кафолатноки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, Дурнамои рушди мазкур аз ташаббускориҳову сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегирад, ки ҳадафи асосии он "таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин васила фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеаи мо мебошад" (аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.04.с.2013).
  2. Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) бо мақсади муайян намудани афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи бунёди низоми самараноки хизматрасонии иҷтимоӣ, инчунин тарзу восита ва роҳҳои марҳала ба марҳала татбиқ кардани онро муайян менамояд.
  3. Консепсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва бо назардошти тавсияҳои шарикони рушд: Комиссияи Аврупо, Ҷамъияти байналмилалии ҳамкории Олмон, Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таҳия шудааст.
  4. Консепсия тибқи муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

 

  1. Таҳлили вазъият

 

  1. Вазъикунунии низоми хизматрасонии иҷтимоӣ
  2. Хизматҳои иҷтимоиро даҳҳо хадамоти иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаклҳои гуногуни моликият мерасонанд, ки аксарияти онҳо, яъне 70 фоизаш давлатӣ мебошад.
  3. Ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 хона-интернат барои пиронсолону маъюбон, 15 марказҳои минтақавии хизматрасонӣ ва будубоши рўзона, ки 9-тоашон ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6- тои дигар ба мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ тобеъанд, ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.
  4. Дар тобеияти Вазорат ҳамчунин 5 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои мавсимӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, Муассисаи давлатии "Литсейинтернати касбии махсуси маъюбон", Корхонаи воҳиди давлатии "Заводҳои протезию ортопедӣ", 2 Пажўҳишгоҳи илмию соҳавӣ амал мекунанд. Соли 2012 Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимиву таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо" ва филиали Муассисаи давлатии "Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон" дар ноҳияи Рўшон ташкил гардиданд. Сохтмони Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон ва Муассисаи давлатии "Хона-интернати бемориҳои рўҳӣ" дар ноҳияи Бохтар дар арафаи анҷомёбианд.
  5. Соли 2012 муассисаҳои тобеи Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистрн ба зиёда аз 28000 нафар эҳтиёҷманд хизмат расониданд, аз ҷумла дар шароити будубоши доимӣ (статсионарӣ) ба 1663 нафар ва дар марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рўзона ба 1802 нафар.
  6. Дар баробари ин 18 маркази бўҳронӣ ва захиравӣ ба ҷабрдидагони зўроварӣ хизматҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ мерасонанд, ки дутои онҳо Маркази бўҳронии "Боварӣ" ва Маркази худшиносии бонувон, мутобиқан, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, дигарҳояшон бошанд, дар заминаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд. Дар тўли солҳои 2010 - 2012 хадамоти мазкур ба 16790 нафар эҳтиёҷманд хизмат расонидаанд.
  7. Бо мақсади таҳияю татбиқи модели самараноки таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кўдакони имконияташон маҳдуд, ки ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ асос ёфтааст, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи марбутаи миллиро қабул намудаст (қарор аз 30 апрели соли 2011, №228).
  8. Тибқи Консепияи мазкур Маркази захиравии таълимоти фарогир (инклюзивӣ) амал мекунад, ки ба тайёр кардани мутахассисони кор бо кўдакони имконияташон маҳдуд - дефектологҳо, логопедҳо, равоншиносон машғул аст. Аз ҷониби Марказ барномаи лагери таълимиву табобатии шакли омехта ва дар шаҳри Душанбе марказҳои ислоҳотӣ (коррексионӣ) барои кўдакон, ду боғчаи кўдаконаи дорои гурўҳҳои таълимоти фарогир (инклюзивӣ) ва ду мактаби дорои синфхонаҳои таълимоти фарогир (инклюзивӣ) барои будубоши якҷояи кўдакони имконияташон маҳдуд ва кўдакони солим таҳия шудааст, ки бомуваффақият татбиқ мегардад.
  9. Шабакаи муассисаҳои махсусгардонидашуда барои кўдакон ҳамчунин аз ду интернат барои кўдакони ноқисулақл, мактаб-интернат барои кўдакони узви такяву ҳаракаташон носолим (осебдида), интернат барои кўдакони бемории чашм, мактаб-интернат барои кўдакони ношунаво ва интернат барои кўдакони деркаршуда ва шунавоиашон суст иборат аст. Бар замми ин дар ҳудуди Бемористони ҷумҳуриявии бемориҳои чашм мактаб-интернати таҳсилот то синфи 5 ва боғчаи бачагонаи № 42 барои кўдакони биноиашон носолим амал мекунад.
  10. Барои кўдакони маъюб ё имконияташон маҳдуд дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кўлоб ва ноҳияҳои Ҳисору Восеъ марказҳои будубоши рўзона ташкил шудаанд. Инчунин барои кўдакони ноқисулақл дар хона-интернатҳои шаҳрҳои Панҷакент ва Ёвон, ноҳияи Ҷ. Расулов шўъбаҳои махсус фаъолият доранд. Дар назди Маркази миллии тавонбахшии кўдакону наврасони "Чорбоғ" бахши рўзонаи тавонбахшии кўдаконе, ки гирифтори патологияҳои вазнинӣ гуногунанд, ташкил шудааст ва дар он мутахассисони баландихтисос давоми 16 рўз онҳоро ба тавонбахшӣ фаро мегиранд. Дар як сол дар маркази мазкур то ба 400 кўдак хизмат расонида мешавад. Соли 2012 як бинои Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон барои 20 кат ба истифода дода шуд, ки он барои 150 ҷой пешбинӣ шуда, сохтмони маркази мазкур идома дорад.
  11. Ба низоми кўмаки иҷтимоиву мутобиқшавии кўдакони имконияташон маҳдуд ҳарчи бештар иттиҳодияҳои ҷамъиятии падару модарон ҷалб мешаванд. Аз соли 2007 то инҷониб дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо бо мақсади расонидани хизматҳои иттилоотиву ҳуқуқӣ ба падару модарони ин гуна кўдакон Ассотсиатсияҳои волидайни кўдакони имконияташон маҳдуд ташкил ёфтаанд.
  12. Таҷрибаи калон дар соҳаи ғайриниҳодкунӣ (деинститутсионализатсия) ҳосил гардидааст ва бо истифода аз он шумораи зиёди кўдаконе, ки дар муассисаҳои статсионарӣ ҷойгир карда шуда буданд, ба оилаҳояшон баргардонида мешаванд.
  13. Дар кишвар 11 мактаб барои кўдакони инкишофи ақливу ҷисмониашон камбудидошта дар тобеъияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки 1700 кўдак дар онҳо бо таълим фаро гирифта шудаанд.
  14. Ба кўдакон аз оилаҳои дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, тавассути муассисаҳои статсионарии тобеи вазоратҳои тандурустӣ, корҳои дохила, адлия низ хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст. Зери тобеъияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 38 шўъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона қарор доранд, ки соли 2012 қариб ба 5000 эҳтиёҷманд хизмат расонидаанд.
  15. Саҳми хизматрасониҳои хадамотҳои иҷтимоии ғайриҳукуматӣ низ солҳои охир назаррас гардидааст, ки ба ҳисоби миёна он баробари 20 фоиз ҳамаи хизматҳои расонидашуда буд ва дар мавриди хизматрасониҳо дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ бошад, ҳатто қариб ба 45-50 фоиз баробар аст.

 

  1. Проблемаҳои асосӣ

 

  1. Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва назарияву таҷрибаи ҷаҳонӣ зарурати истифода аз шаклҳои будубоши статсионарии расонидани хизматҳои иҷтимоиро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне вақте ки имкониятҳои алтернативӣ вуҷуд надоранд, пешбинӣ менамояд. Хизматҳои дар хона, муваққатӣ ва хизматҳои ёрирасони дигари тавассути хадамоти иҷтимоӣ расонидашаванда, ҳамчун хизматҳои алтернативӣ эътироф гардидаанд.
  2. Бо вуҷуди ин нуфуз ва ҳиссаи муассисаҳои будубоши статсионарӣ дар расонидани хизматҳои иҷтимоӣ нисбатан афзуда, дар қонунгузории соҳавӣ афзалиятҳои молиявии онҳо баръало мушоҳида мешаванд, ки сабабҳои онро бо сатҳи ҳанўз баланди камбизоатӣ, маҳдуд будани соҳаи хизматҳои алтернативӣ, вуҷуд надоштани механизми самараноки мониторинги хизматҳои якдигарро ивазкунанда, мафкураи анъанавии мардум, ки ақида аз хусуси бартариятнокии хизматрасонии статсионарӣ дар он устувор аст, метавон маънидод кард.
  3. Тибқи талаботи низомномаҳои амалкунанда фаъолияти аз ҳама зиёди муассисаҳои статсионарӣ ба хизматҳое рост меояд, ки ба пиронсолону маъюбон, кўдакони ятим ва маъюби дорои падару модар ва ё яке аз онҳо расонида мешаванд.
  4. Низоми мавҷудаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бар низоми аз замони шўравӣ меросмонда асос ёфтааст ва тадриҷан тибқи талаботи қонунгузории нави соҳавӣ дар он унсурҳои нави замонавӣ ва инноватсионӣ бояд ворид карда шуда, дар ниҳояти кор низоми нави муосир, бо дарназардошти хусусиятҳои миллию анъанавӣ, бунёд гардад.
  5. Стратегияи гузариш ба модели ҳозиразамони хизматрасонии иҷтимоӣ такмили қонунгузории ҷорӣ ва татбиқи тарзу усулҳои инноватсиониеро дар назар дорад, ки ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ асос ёфта, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баробарии имкониятҳо, инчунин ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб кардани истифодабарандагонро таъмин менамояд.
  6. Дар Тоҷикистон то ба ҳол нерўи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ҷалб гардидаанд, заиф аст. Сабаб пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар қонунгузории соҳа ваколатҳои онҳо мушаххас муқаррар нашудаанд. Аз ин рў, онҳо манбаҳои зарурии ибтидоии моддиву техникӣ ва ҳайати кофии кормандони касбӣ надоранд, фаъолияташон аксаран устувор нест, зеро маъмулан аз татбиқи лоиҳаҳои кўтоҳмуддати дастгирӣ бо грант вобаста аст.
  7. Аз сабаби он, ки таҳияи таснифот ва стандартҳои хизматрасонии иҷтимоӣ шарти асосии баландбардории сифат ва аз ин рў, шарти муҳимтарини ислоҳоти низоми хизматрасониҳо мебошад, ҳалли ин масъала бо дарназардошти такмили қонунгузории соҳавӣ барои дурнамои рушди соҳа, ки Консепсияи мазкур дар назар дорад, аҳамияти муайянкунанда дорад.
  8. Самаранокии низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҳалли масъалаҳои марбут ба касбомўзиву такмили тахассус вобастагии комил дорад. Бо вуҷуди ин, чораҳои дар ин самт андешидашаванда ва сол аз сол тақвиятёбанда нокифояанд, зеро барои тайёр кардани мутахассиони соҳа ба он теъдоде, ки талаботи соҳа тақозо дорад, имкон намедиҳанд. Ихтисоси корманди иҷтимоӣ дар системаи таълимоти касбии олӣ танҳо чанде қабл ҷорӣ гардидааст. Дар муассисаҳои таълимоти миёнаи касбӣ бошад, тайёр кардани мутахассисони зарурӣ барои соҳаи мазкур умуман пешбинӣ нашудааст.
  9. Самаранок набудани низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ҳамчунин бо номукаммал будани идоракунии маъмурию ҳудудӣ алоқаманд мебошад, ки дар иқтидори сусти рушди мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунӣ, сатҳи нокифояю ғайримарказӣ гардонидани молиявӣ зоҳир мегардад. Рушди минбаъдаи низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҳалли проблемаи мазкур дар доираи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, № 1713 тасдиқ шудааст) ва Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2018 (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2009, № 639 тасдиқ шудааст) вобастагӣ дорад.
  10. Дар қатори омилҳои дигаре, ки ба рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ мамониат мекунанд, асоситаринашон инҳоянд:

- мукаммал набудани усулҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумоти оморӣ ва натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ, ки дар баробари усули анъанавии дигар - хизматрасонӣ тавассути муроҷиат - имконият намедиҳад, ҳаҷму андозаи воқеии хавфҳои иҷтимоӣ, шумораи воқеии шахсони ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, ки шумораи онҳо, бахусус кўдакони маъюб тибқи арзёбиҳои мухталиф нисбат ба маълумоти омори расмӣ хеле зиёд аст, арзёбӣ карда шавад;

- набудани нақшабандиву ояндабинии тамоюлҳо ва динамикаи талабот ба хизматҳои иҷтимоӣ ва пешниҳоди онҳо;

- нокифоягии асосҳои қонунгузорӣ ва манбаъҳои молиявии иловагӣ дар сатҳи маҳалҳо имкон намедиҳад, ки ба аҳолӣ хизматҳои иҷтимоии босифату басанда расонида шаванд, идоракунии соҳа, мониторинг ва бо кадрҳои боихтисос таъмин намудани онро мушкил месозад;

- суръати ғайриқаноатбахши гузариш аз модели патерналистӣ (саросарӣ) ба низоми самараноки унвонӣ (суроғавӣ) ва ба ҷойи татбиқи сиёсати босамар ба хотири баланд бардоштани сатҳи унвоният ва натиҷагирии бештар аз барномаҳои иҷтимоӣ, ҳанўз низ мушоҳида шудани тамоюли истифодаи бесамар ва нооқилонаи хароҷоти молиявии иҷтимоӣ дар маҷмўи хароҷоти буҷет;

- мукаммал набудани низоми идоракунӣ ва маъмурикунонии фаъолият дар ҷараёни расонидани хизматҳо, набудани ҳамоҳангӣ байни мақомоти идоракунии марказӣ, маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;

- таъминоти нокифояи моддию техникӣ, илмию методологӣ ва кадрии фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ;

- маҳдуд будани маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ;

- вуҷуд надоштани институтсионалии ягонаи иттилоотии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, коркард, интиқол ва истифодаи маълумот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

 

  1. Омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи талабот ба хизматҳои иҷтимоӣ

 

  1. Таҳлили омилҳои иҷтимоӣ-демографӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ ва психологӣ, истеҳсолӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва омилҳои дигаре, ки боиси пайдошавии ҳолатҳои душвори зиндагӣ мегарданд, аз зиёдшавии талабот ба хизматҳои иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳад.
  2. Маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми талабот ба хизматҳои иҷтимоӣ, таркибу ҷараёни он асосан аз ҳисоби тағйирёбии нишондиҳандаҳои иҷтимоию меҳнатӣ (макроиқтисодӣ), ки сатҳаш ҳанўз баланд нест, инчунин аз ҳолатҳои ногувори гурўҳҳои ба онҳо алоқаманди осебпазири иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои осебпазири иҷтимоӣ, ки ҳамчун ҳолати душвори зиндагӣ ном бурда мешавад, иборатанд аз:

а) маъюбӣ;

б) пиронсолӣ;

в) беморӣ, оқибати садамаи истеҳсолӣ ва бемории касбӣ;

г) аз даст додани саробон, ятимӣ, беназоратӣ, танҳоӣ;

д) вобастагии бардавоми рўҳӣ, оқибати зўроварӣ ва ё ҳолатҳое, ки ҳаётро зери хатар мемонанд;

е) дигар ҳолатҳои душвори зиндагӣ, набудани ҷойи муайяни истиқомат.

 

  1. Мақсад ва принсипҳои асосии рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ

 

  1. Мақсади асосии рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ инкишофи сармояи инсонӣ бо роҳи фароҳам овардани имкониятҳои иштироки баробар дар ҳаёти ҷамъиятиро барои ҳама шаҳрвандон, тавассути ташаккул додани муҳити бемонеаи ҳаёту фаъолият барои шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта мебошад.
  2. Бинобар ин, Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандоне, ки ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, инчунин ба беҳтар кардани некўаҳволӣ, рушди низоми амалкунандаи хизматҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
  3. Рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ба инҳо асос ёфтааст:

- ба зарурати таъмини риояи принсипҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ба монанди баробарӣ, минтақавӣ, ихтиёрӣ ва инсондўстӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ" пешбинӣ шудаанд;

- ба принсипҳои дигар, ки қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамоянд.

 

  1. Афзалият ва вазифаҳои асосии рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ

 

  1. Афзалият ва вазифаҳои асосии Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз инҳо иборатанд:

а) беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ:

- стандартизатсияи хизматҳои иҷтимоӣ ва ташаккули низоми мустақили мониторинги сифати хизматҳо бо унсурҳои назорати ҷамъиятӣ;

- ҷорӣ намудани шаклҳои нави ҳозиразамони самараноки хизматрасонии иҷтимоӣ;

- касбикунонии кори иҷтимоии касбӣ бо роҳи бунёди низоми бисёрзинагии тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони иҷтимоӣ;

- ҷорӣ намудани низоми аккредитатсияи ташкилотҳои пешниҳодкунандаи хизматҳои иҷтимоӣ, ки хатарҳои коррупсионӣ ва ғайраи бюрократиро истисно мекунад;

- таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандони иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби кор барои онҳо;

- мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии хадамотҳои иҷтимоӣ;

б) рушди институтсионалии соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448):

- васеъ кардани шабакаи хадамотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои махсусгардонидашуда ва бисёршакла бо мақсади дастрасии баробари сокинони эҳтиёҷманди шаҳру деҳот ба хизматҳои иҷтимоӣ;

- васеъ кардани шабакаи хадамоти иҷтимоии махсусгардонидашуда, ки пеш аз ҳама барои хизматрасонии шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта махсус гардонида шудаанд, аз ҷумла рушди афзалиятноки низоми хизматрасонии иҷтимоии оила, ки нигоҳ доштани кўдак ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои инкишофу фаъолияти ҳаётии ҳамаҷонибаи кўдаконе, ки ба ҳолати душвори зиндагӣ дучор мешаванд, таъмин карда метавонад;

- рушди низоми хизматрасонии иҷтимоии ғайристатсионарӣ ва ташаккули шаклҳои алтернативии он;

- рушди низоми ҳамоҳангсозиву якҷоякунии хизматрасонии иҷтимоие, ки дар баробари тарзу усулҳои дигар тавассути модели "Равзанаи ягона" татбиқ карда мешавад;

- таҳия ва ҷорӣ намудани системаи мутамаркази иттилоотии низоми хизматрасонии иҷтимоӣ;

в) ташаккули бозорҳои иҷтимоӣ ва васеъ кардани бахши ғайрианъанавӣ ва ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ:

- ташаккули бахши рақобатпазиру пешрафтаи алтернативии таъминкунандагони хизматҳои иҷтимоӣ-ташкилотҳои тиҷоратию ғайриҳукуматӣ тавассути андешидани чораҳои дастгирии давлатӣ, аз ҷумла тавассути рушди фармоиши иҷтимоии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити баробари рақобат дар бозори хизматҳои иҷтимоӣ;

- баланд бардоштани ҳавасмандии мақомоти давлатӣ дар ҷалби бахшҳои хусусиву ҷамъиятӣ ба соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;

г) таъмини рушди мунтазаму устувори низоми хизматрасонии иҷтимоӣ:

- фароҳам овардани шароит барои маблағгузории бисёрманбаъ тавассути ҷалби воситаҳои ғайрибуҷетӣ аз ҷумла саҳмҳои шахсони воқеӣ ва соҳибкорон;

- истифодаи оқилонаи захираҳои молиявиву моддӣ, аз ҷумла тавассути ҷорӣ кардани низоми баҳогузории самаранокии хароҷоти воситаҳои буҷетӣ барои хизматрасонии иҷтимоӣ;

- таҳия ва татбиқи модели муносиби ғайримутамарказгардонии молиявӣ;

- дастгирии фаъолияти инноватсионӣ;

- такмили низоми идоракунии хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути беҳтар кунонидани ҳамоҳангсозиву ҳамбастагии фаъолияти байниидоравиву минтақавӣ:

- таъсиси низоми самараноки идоракунии соҳаҳои мухталифи ҳифзи иҷтимоии кўдакони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ки сохтори ягонаи амудии мақомоти марказӣ ва минтақавӣ оид ба ҳуқуқи кўдак ва инчунин, мақоми ягонаи давлатии ваколатдор дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки дорои ваколатҳои назоративу ҳамоҳангсозист.

 

  1. Самтҳои асосии рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ

 

  1. Низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ниёз ба такмил ва ояндабинӣ дорад, ки дар навбати худ андешидани чораҳои зеринро пешбинӣ менамоянд:

- тақсимот ва табақабандии хадамотҳои иҷтимоӣ бо назардошти хусусиятҳои вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо ва мақсадҳои онҳо ба хизматрасонии иҷтимоӣ;

- дар амал татбиқ намудани таснифот ва стандартҳои хизматҳои иҷтимоии расонидашаванда ва шабакаи хадамотҳои иҷтимоӣ бо мақсади фарогирии ҳар чӣ бештари эҳтиёҷмандон, бахусус занон ва сокинони деҳот;

- тадриҷан ихтисор намудан ё бозсозии муассисаҳои статсионарии иҷтимоӣ бо роҳи иваз кардан ба марказҳои бисёрсамтаи хизматрасонии иҷтимоӣ;

- омезишу алоқамандии шаклҳои гуногуни муассисаҳои хизматрасон;

- мусоидат ба рушди бахши ғайридавлатии низоми хизматрасонии иҷтимоӣ.

  1. Рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз ислоҳоти минбаъдаи маъмурие вобаста аст, ки:

- сатҳу таносуби дурусти ғайримутамарказгардониву ғайритаҷаммўъсозии салоҳияти мақомоти ҳокимияти марказӣ ва иҷроия ва идоракуниро бобати ба аҳолӣ расонидани хизматҳои иҷтимоӣ муайян ва муқаррар менамояд;

- номуназзамии фаъолияти идоравиро на танҳо дар сатҳи вазорату идораҳо, балки байни мақомоти идоракунии марказиву маҳаллӣ тавассути ба кор андохтани механизми самараноки ҳамоҳангсозиву ҳамкорӣ бартараф мекунад;

- ҷорӣ кардани шаклҳои муосири идоракуниеро, ки барои ташаккули менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ мусоидат мекунад, ки ба ташаббускориву истифодаи тарзҳои инноватсионии фаъолият асос ёфтаанд.

  1. Рушди низоми идоракунии (менеҷменти) хизматрасонии иҷтимоӣ бояд вобаста ба муайянкунии арзиш ва талаботи хизматрасониҳо сурат гирад, ки ин имкон медиҳад аз муассисаҳои аз нуқтаи назари иҷтимоиву иқтисодӣ бесамар даст кашида шавад.
  2. Такмил, таъсис додани низоми ягонаи итилоотӣ ва механизми "Равзанаи ягона" ба хотири ҳалли масъалаҳои мазкур дар назар дошта шудаанд:

- баҳисобгирии инфиродии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба хотири ба онҳо расонидани хизматҳои иҷтимоӣ тариқи маҷмўӣ, унвонӣ ва мушаххас;

- ба шаҳрвандон ба осони дастрас гардидани инфраструктураи иҷтимоӣ;

- расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта;

- мониторинг ва баҳодиҳии самаранокии хизматрасонии иҷтимоӣ ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳам шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- ҳамоҳангсозиву ҳамкории хадамотҳои иҷтимоӣ сарфи назар аз мансубияти маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраҳо.

  1. Ташкили марказҳои бисёрсамтае, ки маҷмўи хизматҳои иҷтимоиро ба эҳтиёҷмандон бо истифода аз модели "Равзанаи ягона", ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ҳисоб меёбад, пешниҳод мекунад.
  2. Таҷрибаи кишварҳое, ки шарту шароити ислоҳоти марбутаи анҷомдодашудаашон ба Тоҷикистон нисбатан монандӣ дорад, собит месозад, ки ҷорӣ кардани модели "Равзанаи ягона" бо назардошти афзалиятҳои мазкур самараи бештаре хоҳад дод.
  3. Шарти самаранокии ҳарчи бештари истифодаи модели мазкур фарогирии ҳамаи унсурҳои имконпазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шумораи ҳаддалимкони имконпазири хизматҳои иҷтимоист, ки сарфи назар аз намуд, таъинот ва мансубияти идоракуниашон дар як ҷой таъин ва/ё расонида мешаванд.
  4. Баланд бардоштани сифат ва сатҳи дастрасшавии хизматҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ кардани низоми самараноки мониторингу баҳодиҳӣ ба онҳо, беҳтар намудани маблағгузории низоми хизматрасонии иҷтимоӣ зарурияти такмил додани шарикии давлат ва бахши хусусӣ ё ҷамъиятиро пеш меорад.
  5. Самти мазкур ҳалли ду вазифаи ба ҳам вобастаро талаб менамояд:

а) дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ, ба шаҳрвандону ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, омўзонидан ва сайқал додани малакаву маҳорати ташкил кардани кори иҷтимоӣ, худидоракунӣ, ки барои анҷом додани хизматрасонии иҷтимоӣ заруранд.

б) васеъ кардани имконияти ба бозори хизматҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани ташкилотҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ бо роҳи таъмини ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар таҳия ва ҷорӣ кардани таснифот ва стандартҳои хизматҳои иҷтимоӣ.

  1. Рушди минбаъдаи низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз амали самараноки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ низ вобаста мебошад. Ин механизм бояд яке аз воситаҳои самараноки татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дониста шавад, ки мақсадаш паст кардани шиддати фишор ба буҷет ва кам кардани таваккалҳои давлатии бо маблағгузорӣ алоқаманд мебошад.
  2. Ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии мутақобилан муфиди давлат, бахшҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ саъю кўшишҳо бояд ба самтҳои мазкур равона гарданд:

- такмили минбаъдаи чораҳои дастгирии давлатии фаъолиятҳои сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи инноватсияҳои иҷтимоӣ;

- баланд бардоштани рақобат (таъмини воқеӣ ва самараноки механизмҳои на танҳо нав, балки аллакай мавҷуда, ки ба фароҳам овардани шароитҳои баробару шаффофи воридшавӣ ба бозори хизматҳои иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани механизми назорат аз болои сиёсати нархгузорӣ равона шудаанд);

  1. Таъмини устувории талабот ба молу хизматҳое, ки дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ таҳвил мешаванд.
  2. Рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ вобаста ба хусусиятҳои кори иҷтимоӣ бо гурўҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқ ба хизматҳо доранд, таҳия намудани барномаҳои соҳавӣ дар сатҳи маҳаллиро талаб менамояд.
  3. Шарти рушди дилхоҳи низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз андешидани тадбирҳои зерин иборат аст:

а) дар соҳаи қонунгузорӣ:

- ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба хотири таъмини мутобиқаташон ба талаботи вазъ ва ўҳдадориҳои байналмилалии мамлакат;

- таҳия намудани санадҳои зерқонунӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, тавзеҳот ва тафсирҳои моддаҳои алоҳидаи қонунҳои амалкунанда ба хотири таъмини иҷрои саривақтии онҳо, инчунин дастрасии аҳолӣ ба муқаррароти қонунҳо;

- баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талаботи онҳо, тадриҷан ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;

- мураттабсозии қонунгузорӣ ва нашри маҷмўаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ.

б) дар соҳаи банақшагирӣ ва буҷет:

- гузариш аз усулҳои маъмул , ҳангоме, ки буҷет дар асоси маълумот аз хусуси ҳолати муассиса (таҷҳизот, шумораи ҳайати шахсӣ ва ғ.) ташаккул меёбад, ба модели идоракуние, ки ба натиҷаи ниҳоӣ нигаронида шудааст ва асосашро низоми маҷмўии мониторинги натиҷагирӣ ва банақшагирии индикативии хароҷотҳо ташкил медиҳад.

в) дар соҳаи ҳамоҳангсозии байниидоравиву байнисоҳавӣ:

- татбиқи модели самараноки кории ҳамоҳангсозӣ, таҳияи механизми татбиқи модели "Равзанаи ягона", тақсимоти амиқи доираи ваколат, бартараф кардани такроршавии кору вазифаҳо, додани ваколатҳои моҳияти ҳамоҳангсозидошта, ки имконияти кофии таъсиррасонии интизомиро дар назар доранд;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки байниидоравӣ ва минтақавӣ.

 

  1. Натиҷаҳои асосӣ

 

  1. Натиҷаҳои асосии татбиқи Консепсия инҳоянд:

- кам шудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ тавассути баланд бардоштани самараву сифати хизматрасонии иҷтимоӣ;

- рушди низоми расонидани хизматҳои иҷтимоии моҳияти пешгирикунандадоштае, ки пеш аз ҳама ба дасттирии самараноки иҷтимоии оила ва кўдакон равона шудаанд;

- тақвият ёфтани асоснокиву унвонияти расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва чун натиҷа - кам гардидани талафоти воситаҳои буҷет;

- хизматрасонии иҷтимоии боз ҳам бештари эҳтиёҷмандон, пеш аз ҳама аҳолии деҳот, махсусан занон;

- рушди низоми расонидани хизматҳои иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоатҳо;

- баланд шудани сатҳи иттилоотнокии ҷомеъа аз хусуси вазъи соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;

- бартараф гардидани такроршавии иҷрои вазифаҳои идоракунии давлатӣ;

- баланд гардидани самаранокии мониторинг, баҳодиҳӣ ва назорат дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;

- таъсиси платформаи иттилоотӣ ва хазинаи электронии ягонаи маълумот, ки барои дастрас гардидани маълумот, мониторинг ва баҳогузории сифати хизматҳои расонидашуда, таҳлили вазъ ва банақшагирӣ имконият фароҳам меоварад;

- фароҳам омадани шароити мусоид барои шарикии давлат ва бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ, рушди бахши ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ;

- фаъолияти босуботи хадамотҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ, аз ҷумла тавассути рушди низоми фармоиши иҷтимоии давлатӣ;

- рушди шаклҳои ғайристатсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ;

- мустаҳкам шудани заминаи моддӣ-техникии хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ;

- анҷомёбии таъсиси низоми бисёрзинаи омодакуниву такмили ихтисоси кормандони иҷтимоӣ, ки бо сатҳи зарурӣ мартабаи иҷтимоии онҳо таҳким ёфтааст;

- гузариш ба идоракунии ё менеҷменти кори иҷтимоӣ ва татбиқи модели "Равзанаи ягона", ки ба усули маҷмўӣ, унвонӣ ва муттаҳидкунии захираҳои моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва ғайра асос ёфта, ба баландшавии сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки хароҷоти буҷет равона гардидааст.

 

  1. Марҳилаҳои татбиқи Консепсия

 

  1. Консепсия татбиқи ҳам минтақавӣ ва ҳам марҳила ба марҳилаи тадбиру чорабиниҳоро бо хусусиятҳои афзалияту вазифа ва самтҳои асосии рушди низоми хизматрасонии иҷтимоии пешбининамудааш вобаста медонад.
  2. Ба таври доимӣ қонунгузорӣ ва технологияҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ такмил меёбанд, рушди инфраструктура сурат мегирад, нерўи хадамотҳои иҷтимоӣ таҳким меёбад, тадбирҳои дигаре ба хотири ҷорӣ кардану риояи принсипҳои хизматрасонии иҷтимоиву рушди он андешида мешавад.
  3. Дар се марҳилаи татбиқи барномавӣ андешидани тадбирҳои мазкур пешбинӣ мешавад:

а) марҳилаи якум:

- Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсияи мазкур таҳия ва қабул мегардад, нақшаҳои чорабиниҳои аввалиндараҷа ва минбаъдаи маҳаллӣ (минтақавӣ) тасдиқ карда мешаванд, мақомоти марбутаи идоравӣ, иҷроия, байниидоравӣ, ғайридавлатӣ ва мақомоти дигар, аз ҷумла дорои моҳияти ҳамоҳангсозидошта ташкил меёбанд, заминаҳои ҳуқуқӣ таҳким меёбанд, лоиҳаҳои озмоишӣ бо мақсади дарёфту ҷорӣ кардани шаклу тарзҳои самарабахши низоми хизматрасонии иҷтимоӣ татбиқ мегарданд. Давраи мазкур, ҳамчунин, инҳоро дар назар дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448):

- таҳия ва оғози татбиқи таснифоти хизматҳо ва стандартҳои ҳадди ақали хизматрасонии давлатӣ;

- ҳосил шудани таҷриба ва фароҳам овардани заминаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии гузариш ба модели "Равзанаи ягона";

- ташкил ва фаъолияти низоми самараноки ҳамоҳангсозиву ҳамкории мақомоту ташкилот, сохторҳои давлативу ҷамъиятии марбута ва инчунин, мониторинг, пеш аз ҳама мониторинги ҷамъиятии чорабиниҳое, ки Консепсияи мазкур дар назар дорад ва  Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он пешбинӣ намудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448);

- таъсиси низоми аккредитатсияи хадамотҳои иҷтимоӣ;

- ташаккули заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва методологии гузариш ба хизматҳои иҷтимоии унвонӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои молиявӣ, ки шарти ҳатмиаш ташкили хароҷотҳои самараноки молиявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ вобаста ба натиҷа аст.

б) марҳилаи дуюм:

- гузариши хадамотҳои иҷтимоӣ ба расонидани хизматҳо мувофиқи таснифот ва стандартҳои таҳияшуда;

- ҷорӣ намудани механизми молиявии ташкили хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин банақшагирии суроғавӣ ва сарикасии хизматрасонӣ ва ташаккули фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои расонидани хизматҳо ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар асоси баҳодиҳии эҳтиёҷот ва роҳнамоии инфиродии иҷтимоӣ;

- анҷомёбии таъсиси низоми ягонаи идоракунии ҳифзи иҷтимоии кўдакон дар заминаи шўъбаҳо оид ба ҳуқукҳои кўдак ва шўъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, ки аз ҷумла баланд бардоштани самараву сифати хизматҳои иҷтимоиро бояд таъмин кунад;

- гузариш аз низоми тариқи муроҷиат расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандоне, ки ба ҳолатҳои душвори зиндагӣ гирифтор мешаванд, ба низоми пайдокунии онҳо;

- анҷом ёфтани таъсиси низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи хизматрасонии иҷтимоӣ;

- васеъшавии шабакаи марказҳои бисёрсамта, ки бо истифода аз модели "Равзанаи ягона" расонидани хизматҳои иҷтимоии унвонии моҳияти маҷмўидоштаро бар ўҳда доранд.

в) марҳилаи ниҳоӣ:

- татбиқи ҳамаи чорабиниҳои пешбинишуда, аз ҷумла татбиқи технологияҳои маъмурӣ, молиявӣ ва дигар низомэҷодкунанда, ки фароҳам омадани заминаҳояшон ба марҳилаҳои қаблӣ рост меомад, анҷом меёбад.

  1. Вобаста ба хусусиятҳои рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ имконияти воридкунии тағйирот ба рўйхати чорабиниҳое, ки дар марҳалаҳои алоҳидаи татбиқи Консепсия пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла ҷойивазкунии марҳилаҳои ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳо истисно нест.

 

  1. Механизми татбиқи Консепсия

 

  1. Татбиқи Консепсия тариқи мутамарказгардонӣ дар сатҳҳои мазкури идоракунӣ сурат мегирад:

а) идоракунии стратегӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зеринро татбиқ менамояд:

- нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсияро тасдиқ мекунад;

- дар мавриди зарурӣ ба Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсия тағйирот ворид менамояд;

- мақоми ваколатдори давлатиро, ки фаъолияти ҳамаи мақомоту ташкилотҳои низоми хизматрасонии иҷтимоиро ба хотири татбиқи Консепсия ҳамоҳанг месозад, муайян мекунад;

- ҳисоботи вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимият ва идоракунии давлатиро, ки барои татбиқи Консепсия масъулият доранд, мешунавад;

- тадбирҳои дигареро, ки баҳри татбиқи Консепсия заруранд, меандешад;

б) идоракунӣ ва ҳамоҳангсозиву ҳамкорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ тариқи зайл сурат мегирад:

- идоракунии ҷории татбиқи Консепсияро бар ўҳда дорад, аз ҷумла иҷрои Нақшаи чорабиниҳои марбутаро назорат мекунад;

- фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоту ташкилотҳои дигари низоми хизматрасонии иҷтимоиро мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад;

- низоми ягонаи иттилоотиро (реестри электронии миллиро) ташкил ва маъмуриятчигии онро таъмин менамояд;

- мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси корҳои анҷомдодашуда оид ба татбиқи Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои мансуб ба он ҳисобот медиҳад;

- дар доираи салоҳияташ вазифаҳои дигареро, ки татбиқи Консепсия, аз ҷумла тадбирҳои пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳои бо ин мақсадҳо қабулгардидаро таъмин менамоянд, иҷро мекунад;

в) сатҳи аввалияи идоракунӣ, аз ҷониби вазорату идораҳо, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи салоҳияташон таҳияву татбиқи чорабиниҳои дарназардоштаи Консепсия ва пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳоро таъмин менамоянд, амалӣ мегардад.

  1. Ҳалли масъалаҳое, ки аз Консепсия бармеоянд, таҳияву қабули барномаву нақшаҳои дигари тадбирҳо, инчунин ҷалби нерўи маъмурии мақомоти дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллии ҳокимияту идоракунии давлатиро низ дар назар дорад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Маблағгузории татбиқи Консепсия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳамасола барои мақсадҳои иҷтимоӣ пешбинӣ мешаванд, инчунин аз ҳисоби манбаҳои ғайрибуҷетӣ ва воситаҳои кўмаки беруна сурат мегирад.
  2. Масъулият барои татбиқи Консепсия ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар мақомоту ташкилотҳои низоми давлатӣ ва ғайриҳукуматии хизматрасонии иҷтимоӣ вогузошта мешавад.

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ