Классификатор Барнома
Рақам 690
Ном БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КЎДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 31.10.2014
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" октябри соли 2014, № 690

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КЎДАКОН

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Меҳнати кўдакон дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз мушкилоти рўз, проблемаҳои нисбатан шадид дар ҷумҳурӣ, ки ташвиши ҷомеаро ба миён овардааст, боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон барҳам додани меҳнати кўдакон мавриди таваҷҷўҳи ташкилотҳои мухталифи маҳаллӣ ва байналмилалие мебошад, ки дар самти пешгирӣ ва аз бозори меҳнат хориҷ кардани кўдакон таҳқиқот анҷом медиҳанд ва лоиҳаҳои гуногунро татбиқ менамоянд.
  2. Ба муносибатҳои меҳнатӣ ва шаклҳои бадтарини он ҷалб кардани кўдакон ҳам барои худи кўдакон ҳам дар оянда барои тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
  3. 17 июни соли 1999 Конференсияи байналмилалии меҳнат Конвенсияро дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон (№182) ва вобаста ба он Тавсияи №190 - ро қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнатро ба андешидани чораҳои фаврӣ ва самаранок барои манъ намудан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон даъват намуд.
  4. Мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур ҳар як давлати аъзо бояд барномаҳои миллии худро оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон таҳия ва татбиқ намояд.
  5. Ҳукумат тибқи талаботи конвенсияҳои байналмилалӣ, бояд нақши марказиро иҷро намуда, саъю кўшишҳои шарикони иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳалли проблемаҳои кўдакони осебпазир роҳбарӣ ва ҳамоҳанг созад.
  6. Бо дарназардошти ўҳдадориҳои байналмилалии қабулнамуда, Тоҷикистон якҷоя бо шарикони сеҷониба (мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён) Барномаи миллиро оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 (минбаъд Барномаи миллӣ) таҳия ва омода мекунад.

 

  1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

 

  1. Кўдак ин мавҷудоти инсоние мебошад, ки дорои ҳуқуқ буда, нисбати худ таваҷҷўҳи хос, инчунин кўмаку дастгириро аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб менамояд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон(1) шахси то синни 18 - сола кўдак ҳисобида мешавад.
  2. Истилоҳи "меҳнати кўдакон" ба коре мансуб аст, ки:

- аз ҷиҳати ақлонӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ё ахлоқӣ барои кўдакон хатарнок ва зиёновар аст;

- ба таҳсили кўдакон монеъ мешавад, боиси пеш аз мўҳлат қатъ кардани таҳсили онҳо мегардад.

  1. Меҳнати кўдакон аз рўи инҳо муайян карда мешавад:

- синну сол;

- давомнокии кор;

- навъи кор.

Меҳнати кўдакон - маънои иҷрои корҳои хурд, корҳои хоҷагии дохилӣ ё хонагиро надорад.

  1. Мафҳуми шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон ба меъёрҳои дар ду конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат - Конвенсияи соли 1973 (№ 138) оид ба синну соли ҳадди ақал ва Конвенсияи соли 1999 (№ 182) оид ба манъкунӣ ва тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон асос ёфтааст.
  2. Мувофиқи Конвенсияи №182 шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон аз рўи критерияҳои зерин муайян карда шудаанд:

- ҳама шаклҳои љуломӣ ё фаъолияти ба љуломӣ шабоҳатдошта, ба монанди фурўхтани кўдакон ва савдои онҳо, асорати қарздорӣ, вобастагии муздурӣ ва меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ, аз ҷумла ҷалбкунии маҷбурӣ ё ҳатмии кўдакон барои истифодаи онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона;

- истифода кардан, ҷалб кардан ё пешниҳод кардани кўдак барои машљул шудан ба фоҳишагарӣ, барои истеҳсоли маҳсулоти порнографӣ ё амалҳои порнографӣ;

- истифода бурдан, ҷалб кардан ё пешниҳод намудани кўдак барои машљул шудан ба фаъолияти љайриқонунӣ, аз ҷумла барои истеҳсол ва фурўши маводи нашъаовар, тавре ки дар шартномаҳои байналмилалии дахлдор муайян карда шудааст;

- коре, ки аз рўи хусусияти худ ё шароите, ки дар он кор иҷро карда мешавад, метавонад ба саломатӣ, бехатарӣ ё одобу ахлоқи кўдак зиён расонад.

  1. Меҳнати хатарноки кўдакон меҳнате мебошад, ки натиҷаи иҷрои он барои кўдакон метавонад боиси марг, захмишавӣ ва ё зарар дидан гардад. Шаклҳои хатарноки меҳнати кўдакон вобаста ба сохтори иқтисодиёт ва равандҳои саноатию истеҳсолӣ муайян карда мешаванд.
  2. Мувофиқи тавсияҳои Конвенсияи №138 синну соли ҳадди ақали қобили меҳнат бояд аз синну соли хатми зинаи ҳатмии таҳсилот ( дар Тоҷикистон 16 солагӣ) паст набошад.

______________________

1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 55) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" (моддаи 4).

 

  1. ВАЗЪИ МЕҲНАТИ КЎДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН

 

  1. Дар Тоҷикистон омори меҳнати кўдакон ба тариқи доимӣ пеш бурда намешавад. Арзёбии миқёси меҳнати кўдакон асосан ба таҳқиқоти зерине, ки дар давраи аз соли 2004 то соли 2010 дар Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, асос меёбад:

- таҳқиқоти соли 2005 бо дастгирии лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат гузаронидашуда оид ба проблемаҳои меҳнати кўдакон дар маҳалҳои шаҳрии Тоҷикистон (шаҳрҳои Қўрљонтеппа ва Душанбе) (2);

- таҳқиқоти кластерӣ оид ба бисёр нишондиҳандаҳои соли 2005(3);

- экспресс - таҳлил оид ба меҳнати кўдакон дар бахши љайрирасмии иқтисоди шаҳрӣ бо таваҷҷўҳ ба кўдаконе, ки дар шаҳри Душанбе дар кўчаҳо кор мекунанд, соли 2005(4);

- таҳқиқоти қувваи кории солҳои 2004 ва 2009(5);

- таҳқиқоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба кўдакони дар Тоҷикистон мондашуда, соли 2011.

  1. Тибқи ҳисоботи таҳқиқоти кластерӣ оид ба бисёр нишондиҳандаҳои соли 2005, қариб 10 фоизи кўдакони синни 5 - 14 - сола (160 - 170 ҳазор кўдакон) ба соҳаи меҳнати кўдакон ҷалб гардида буданд. Дар айни ҳол аксарияти кўдакони коргар (89 %) ҳамзамон бо таҳсил дар мактаб кор мекарданд.
  2. Меҳнати кўдакон дар бисёр бахшҳо ва навъҳои фаъолият истифода карда мешавад. Бо дарназардошти он, ки аксари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот истиқомат мекунад ва бо кишоварзӣ машљуласт, шумораи аз ҳама бештари кўдакони коргар низ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
  3. Таҳқиқоти зикршудаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар соли 2005 нишон дод, ки аксарияти кўдакон ба сифати аробакаш, боркашон, мошиншўй, ёрдамчӣ дар бозор, фурўшандаи халтачаҳои полиэтиленӣ, пулмайдакунанда барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд, ба таъмири хурд машљуланд, аз ҷумла духтаракони 14-15 - сола дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ёрдамчӣ мешаванд, дар қаҳвахонаҳо ба сифати пешхизмат, зарфшўй ва фаррош кор мекунанд.

_______________________________

2 Нусхаи кории ҳисобот.

3 Тоҷикистон, Мониторинги вазъи кўдакон ва занон. Таҳқиқоти кластерӣ аз рўи нишондиҳандаҳои мухталиф, 2005, саҳ. 78-79 (руссӣ).

4 Пажўҳишгоҳи илмии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Экспресс-таҳлил оид ба меҳнати кўдакон дар бахши љайрирасмии иқтисоди шаҳр бо таваҷҷўҳ ба кўдаконе, ки дар шаҳри Душанбе дар кўчаҳо кор мекунанд, с. 2005 (русӣ).

5 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъ дар бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваи корӣ июн-июли соли 2009. Душанбе, 2010 (русӣ).

 

  1. Дар маҳалҳои шаҳрӣ низ ҳиссаи кўдакони дар соҳаи савдо машљулбуда калон аст (48,1%). Аслан тамоми кўдаконе, ки дар соҳаҳои саноати коркард, сохтмон, чаканафурўшӣ ва хўроки умумӣ машљули кор мебошанд, ҳафтае зиёда аз 20 соат кор мекунанд.
  2. Таҳқиқоти қувваи кории солҳои 2004 ва 2009 нишон доданд, ки шумораи кўдакони синни 12 - 14 - сола, ки ақаллан ҳафтае 1 соат кор мекунанд, 179,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (дар соли 2004 ин нишондод 134,7 ҳазор нафар буд)6
  3. Меҳнати кўдакон асосан дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (98%), дар соҳаҳои савдо ва тиҷорат (0,9%), саноати коркард (0,5%) ва сохтмон (0,5%) истифода мешавад. Аз 15 то 20 фоизи кормандонро дар соҳаи тиҷорати хурд ва миёна кўдакон ташкил медиҳанд. Онҳо дар нонвойхонаҳо, дўконҳои қаннодӣ, сартарошхонаҳо (ба сифати шогирд) кор мекунанд.
  4. Тибқи маълумоти таҳқиқоти қувваи кории соли 2009, омилҳои зерин ба меҳнати кўдакон сабаб мешаванд:

- камбизоатӣ;

- расму оинҳои миллӣ;

- оилаи калон;

- муносибати љайриқонунии корфармоён;

- муносибати љайриодилона нисбат ба духтаракон;

- муҳоҷирати меҳнатии падару модар.

  1. Дар равандии меҳнати кўдакон кўдакони коргар бо хавфҳои зерин рў ба рў мегарданд:

- шароити зараровари истеҳсолӣ ва кори вазнини ҷисмонӣ;

- надоштани имконияти љизои дуруст истеъмол кардан;

- хатар аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳ (мошиншўйҳо, аробакашҳо);

- зўроварии рўҳӣ (равонӣ), таҳқиру дашноме, ки дар ҷойи кор рух медиҳад;

- ҳолатҳои фиребкунӣ аз ҷониби корфармоён;

- љайриимкон будани якҷоякунии таҳсил ва кор;

- хавфу хатари таъсири омилҳои зараровар ба саломатии онҳо ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ (бардоштан ва кашондани борҳои вазнин, кор дар шароити гармию хунукӣ, рўзи кори бемеъёр, хавфи зиёди сирояти бемориҳо, кор бо заҳрхимикатҳо ва љайра).

  1. Дар соҳаи чорводорӣ паҳншавии бемориҳои гуногуни ҳайвонот барои кўдакон хавфи зиёди биологиро ба миён меорад. Масалан, беморшавии кўдакон бо брутселлёз метавонад боиси бефарзанд шудани онҳо гардад.
  2. Дар саноат, соҳаи савдо ва хизматрасонӣ низ кўдакон бо душвориҳои ҷисмониву равонӣ рў ба рў мегарданд.

_________________________

6 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъ дар бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваи корӣ моҳҳои июн-июли соли 2009. Душанбе, 2010.

  1. Соли 2001 бори аввал сохтори назоратӣ - Нозироти давлатии меҳнат таъсис дода шуда буд. Соли 2007 он ба Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи меҳнат, шуљл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табдил дода шуд. Аз соли 2014 он Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.
  2. Соли 2009 таҳрири нави Қонун "Дар бораи ҳифзи меҳнат" қабул карда шуд, инчунин ҷавобгарии корфармоён дар доираи Кодекси нави ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ васеътар гардонида шуд.
  3. Барномаи кор бо ноболиљон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010 - 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 278 тасдиқ шуда буд.
  4. Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак, Конвенсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат №182 ва №138 - ро ба тасвиб расонидааст. Аз ин лиҳоз, қонунгузории миллӣ ба ҳамоҳангкунӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ зарурат дорад.

Дар қонунгузории миллӣ мафҳуми "Меҳнати кўдакон" ворид карда нашудааст ва мутобиқан норасоии меъёрҳои вобастабуда ба амалия оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон эҳсос мегардад.

 

  1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

 

  1. Мақсади Барнома: пурра барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Тоҷикистон.
  2. Вазифаҳои зерин муайян карда шудаанд:

- ташаккул ва инкишоф додани механизми сеҷонибаи ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар тамоми сатҳҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон;

- татбиқи чорабиниҳои бевосита оид ба пешгирии воридшавии кўдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат ва хориҷ кардани кўдакон аз шаклҳои бадтарини меҳнат.

  1. Стратегияи Барнома ба ҳуҷҷатҳои зерин асос ёфтааст:

- талаботи моддаи 6 Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат №182, ки Тоҷикистон онро соли 2005 ба тасвиб расондааст;

- Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 166 тасдиқ шудааст;

- Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2000 Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шуд;

- Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011,  № 277 тасдиқ шудааст;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 169 "Дар бораи Рўйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18 сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашондани борҳо".

  1. Принсипҳои Барнома:

- риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кўдакон;

- таҳаммулнопазирӣ нисбати шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон;

- пешгирии ҷалби кўдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат;

- фавран хориҷ кардани кўдакон аз шаклҳои бадтарини меҳнат ва офиятбахшии онҳо;

- ҳимояи кўдаконе, ки ба синни ҳадди ақали қобили меҳнат расидаанд аз истисмор ва ҷалб гардидан ба шаклҳои бадтарини меҳнат;

- ҳамгироии муқаррарот оид ба меҳнати кўдакон ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва барномавии Тоҷикистон;

- ҳамгироии муқаррарот оид ба меҳнати кўдакон ба ҳуҷҷатҳои барномавии соҳавӣ ва минтақавӣ ва нақшаҳои амал;

- ворид кардани масъалаҳои меҳнати кўдакон ба равандҳои ташкилӣ (вазоратҳо ва дигар мақомоти идораи марказӣ, кормандон ва корфармоён), то ки дар фаъолияти худ масъалаҳои меҳнати кўдаконро беҳтар ҳал кунанд;

- ҳамгироии муқаррарот оид ба барҳамдиҳии ҳама шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи кўдакон, аз ҷумла духтаракон аз гурўҳҳои этникии алоҳида ба стратегияҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ;

- андешидани тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳое, ки кўдаконашон дар шаклҳои бадтарини меҳнат иштирок мекунанд ва кўдаконашон ба гурўҳи хавф мансубанд;

- осонтар намудани дастрасии падару модарони кўдаконе, ки таҳти хавфи ба шаклҳои бадтарини меҳнат ҷалб гардидан қарор доранд ва онҳое, ки дар шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон иштирок мекунанд ба грантҳо ва қарзҳо барои он, ки сифати зиндагии ин оилаҳо беҳтар карда шавад;

- азназаргузаронии мунтазами муассисаҳои ҳукуматӣ, оид ба масъалаҳои қабул намудани қарорҳо ба манфиати кўдакони коргар;

- ҷалби кўдакон ба фаъолият оид ба пешгирӣ ва мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнат.

 

  1. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА

 

  1. Татбиқи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- ба роҳ мондани фаъолияти самараноки Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон (минбаъд Шўрои байниидоравӣ), ки бо фармони Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2012, №102 таъсис дода шуда, Низомномаи он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст;

- самаранок амал намудани механизми сеҷонибаи ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар сатҳи маҳаллӣ;

- тақвият ёфтани иқтидори муассисаҳо дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳалли проблемаҳои меҳнати кўдакон;

- омўзиши таҷрибаи муосири байналмилалӣ ва дар сиёсати миллӣ татбиқ намудани он;

- ташаккул ва такмили манбаи маълумот оид ба шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон;

- мутобиқ намудани қонунгузорӣ оид ба меҳнати кўдакон бо меъёрҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои он;

- дар сиёсати марбута (дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ) ҷой додани усул ва чораҳо оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон;

- таъмини дастрасии иттилоот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон ва оқибатҳои он;

- мусоидат ба дастрасии кўдакон ба таҳсилоти умумии асосии ҳатмии босифат, рушди барномаҳои таҳсилоти љайрирасмӣ ва барномаҳои таҳсилоти касбӣ;

- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҷалби кўдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат;

- татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирии оилаҳои кўдаконе, ки ба шаклҳои бадтарини меҳнат ҷалб гардидаанд.

 

  1. АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА МОЛИЯВИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  1. Барномаи миллӣ бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва бо ҷалби шарикони иҷтимоӣ, доираи васеи мутахассисон аз идораҳои дахлдор ва дигар тарафҳои манфиатдор таҳия гардидааст. Зарурати таҳияи ин Барномаи миллӣ дар доираи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 муайян карда шудааст.
  2. Ҳуҷҷати мазкур ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба принсипҳои эҳтироми ҳуқуқи инсон ва татбиқи ўҳдадориҳои дар доираи конвенсияҳои байналмилалӣ ба зимма гирифта инъикос менамояд, аз ҷумла Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба сину соли ҳадди ақал, соли 1973 (№138) ва оид ба манъкунӣ ва тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон, соли 1999 (№182) ва Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак.
  3. Маблаљгузории татбиқи чорабиниҳое, ки дар Барномаи миллӣ пешбинӣ гардидаанд, дар доираи маблаљҳое, ки ҳар сол ба муассисаҳои дахлдор ҷудо карда мешаванд ва аз дигар манбаъҳо, инчунин маблаљҳои ташкилотҳои донорӣ ва шарикони рушд, тибқи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад.
  4. Барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда, муассисаҳои масъул бояд фаъолияти донорҳоро ба соҳаҳое, ки наметавонанд аз буҷети давлатӣ маблаљгузорӣ карда шаванд, равона карда тадбирҳо андешанд.

 

  1. ҲИСОБОТ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА

 

  1. Назорат ва арзёбии иҷрои Барномаи миллӣ ба зиммаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шўрои байниидоравӣ вогузор карда мешавад.
  2. Ҳамчун ҷузъи раванди назорат, гузоришҳо оид ба натиҷаҳои бадастомада бояд ҳар шаш моҳ (моҳҳои июл ва январ) таҳия карда шаванд ва дар онҳо иттилоот оид ба саъю кўшишҳои анҷомдода барои иҷрои амалҳои дар ин Барномаи миллӣ пешбинигардида инъикос карда шавад. Гузоришҳо оид ба натиҷаҳои бадастомада бояд аз ҷониби муассисаҳои масъули татбиқи Барномаи миллӣ таҳия гардида, ба Котиботи Шўрои байниидоравӣ пешниҳод карда шаванд. Котиботи Шўрои байниидоравӣ бояд гузориш оид ба натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъбаст намуда, онро ба баррасии Шўрои байниидоравӣ пешниҳод намояд.
  3. Дар охири ҳар сол бояд ҳисобот оид ба арзёбии иҷрои Барномаи миллӣ омода карда шавад. Ҳисоботи мазкур ҳар сол то 1 март бояд барои баррасӣ, тасдиқ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
  4. Нақшаи амалҳо оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба Барномаи миллии мазкур замима мешавад.

 

РЎЙХАТИ ИХТИСОРОТ

 

АНДМ        Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

АО          Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БҶ          Бонки Ҷаҳонӣ

ВАО         Воситаҳои ахбори омма

ВКД         Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКХ         Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМИ         Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМКБ        Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

ВММША       Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВН          Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВТҲИА       Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВРИС        Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВЭЗО        Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИПҶТ       Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДТИХД       Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИКТ         Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон

КА          Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КДСИАД      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КЗО         Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КМХО        Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурўши одамон

КҶВС        Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КҲК         Комиссияи ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КТР         Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳу ва ноҳияҳо

МНМО        Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НК          Ташкилоти байналмилалии љайриҳукуматии "Наҷоти кўдакон" - Save the Children

НТҶ         Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

СБМ         Созмони байналмилалии муҳоҷират

СММ         Созмони Милали Муттаҳид

ТБМ         Ташкилоти байналмилалии меҳнат

ТҚК         Таҳқиқоти қувваи корӣ

ФИКМТ       Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

ХМ          Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲҶТ         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶШ          Ҷомеаи шаҳрвандӣ

ШБМК        Шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон

ШИ          Шарикони иҷтимоӣ: ташкилоти кормандон (иттифоқҳои касаба), ташкилотҳои корфармоён

ШҲБ         Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо ШБМК-и назди ВММША

ХКСММ       Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид

 

 

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз  « 31» октябри  соли 2014, № 690

тасдиқ шудааст

 

НАҚШАИ АМАЛҲО ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КЎДАКОН

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ  2015 - 2020

№ б/т

Вазифаҳои

барнома

Номгўи чорабиниҳо

Мўҳлати иҷро

Иҷроку-нандагон

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

Натиҷаҳои иҷро

1

2

3

4

5

6

7

1

1. Ташаккулдиҳӣ ва рушди механизми сеҷонибаи ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар сатҳи миллӣ

   Гузаронидани ҷаласаҳои Шўрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон, ки дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода шуда буд: 

- бо мубодилаи ҳатмии  идти-

лоот дар байни аъзоёни шўрои байниидоравӣ ва бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, Комиссияи байниидоравӣ оиди мубориза бо харидуфурўши одамон ва бо дигар сохторҳои манфиатдор;

- интишори ҳатмии иттилоот барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма

Ҳар ним -

сола

 

ВММША ва ШИ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ

Фаъолияти самараноки Шўрои байниидоравӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳисоботи ҷаласаҳои шўрои байниидоравӣ мунтазам омода шуда дастраси аъзоёни шўрои байниидо-

равӣ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо харидуфурўши одамон мешавад.

Натиҷаҳои фаолияти шўро тавассути воситаҳои  ахбори омма дастрас мегардад

 

 

2

 

 

 

 

 

 

 Таҳияи Тавсияҳои методӣ оид ба муайянкунии мақсад, вазифаҳо ва ўҳдадориҳои ҳамаи ташкилотҳои  аъзои шўрои байниидоравӣ

2015

ВММША бо ҷалби ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайри-

давлатӣ

Тавсияҳои методӣ расман  тасдиқ шудаанд.

Тавсияҳои методӣ дастраси  аъзоёни Шўрои байни-

идоравӣ гардидаанд

3

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  Ташкил намудани омўзиши аъзоёни Шўрои байниидоравӣ ба тариқи мунтазам оид ба тамоми ҷанбаҳои меҳнати кўдакон

 

2015 -2017

ВММША бо ҷалби ТБМ, СБМ,

ЮНИСЕФ ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағ-

ҳои ғайри-

давлатӣ

Ҳамаи аъзоёни Шўрои байниидоравӣ бо омўзиш фаро гирифта шудаанд

4

  Омода ва пешниҳод намудани  иттилоот ба Комиссияи оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Шўрои байниидоравӣ ва  рафти иҷрои барномаи миллии мазкур

 

 

 

 

 

 

Ҳар сол

ШБ оид ба ШБМК, дар ҳамкорӣ бо КҲК назди ҲҶТ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ

Ҳарсола ҳисоботи Шўрои байниидоравӣ ба Комиссия оид ба  ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Ҷаласаҳои якҷояи Шўро  оид ба Комиссия  ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузаронида мешаванд.

Ҳисобот оиди натиҷаҳои ҷаласаҳои якҷоя  омода мешаванд

5

 

 

  Омода намудани маълумот ва интишор намудани иттилоот дар бораи корҳои иҷрогардида дар самти  барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати  кўдак

Ҳар сол

ШБ оид ба ШБМК, бо ҷалби ТБМ, СБМ, ЮНИСЕФ ва ғайра

 

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

   Иттилооти матбуотӣ ва маводҳои иттилоотӣ интишор мешаванд.

Шумораи шахсоне, ки бо иттилоот фаро гирифта шудаанд арзёбӣ мегардад

6

2. Ташаккулдиҳӣ ва рушди механизми сеҷонибаи ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба пешгирӣ ва барҳамди-

ҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар сатҳи маҳаллӣ

  Таъсисдиҳӣ ва ташкили фаъолияти (дастгирии методӣ, омўзиш ва таъминот бо маводҳо)  Шўро дар самти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шакл-

ҳои бадтарини меҳнати кўдак дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тавассути  кумитаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак:

- бо ҷалби шарикони сеҷониба, ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма бо мубодилаи ҳатмии  иттилоот дар байни муассисаҳои аъзои Шўро ва дигар сохторҳои манфиатдор;

- интишори ҳатмии иттилоот барои аҳли ҷомеа

 

2015 -2017

МИҲД, ВММША,

ФИКМТ, ИКҶТ бо ҷалби ТБМ, СБМ, ЮНИСЕФ ва ғайра

Дар доираи

маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ

Фаъолияти самараноки

шўроҳо дар сатҳи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳисоботи ҷаласаҳои шўроҳои маҳаллӣ мунтазам омода шуда дастраси ҷомеа мегардад

7

 

   Пешниҳод намудани ҳисоботҳо ба Шўрои байниидоравӣ  аз кумитаҳои маҳаллии оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак доир ба вазъи меҳнати кўдак, ҷиҳати  чораҳои андешидашуда, оид ба корҳои ба нақша гирифташаванда ва мушкилоти мавҷуда, оид ба иттилоотонии ҷомеа ва ғайра.

2016 -2020

МИҲД бо дастгирии ВММША

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ

Мунтазам ҳисоботи кумитаҳои маҳаллӣ омода мегардад ва ба Шўрои байниидоравӣ дастрас карда мешавад

8

3. Тақвияти иқтидори муассисаҳо дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳалли мушкилоти меҳнати кўдак 

 

 

  Тақвият додани иқтидори Бахши мониторинги меҳнати кўдак дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолӣ оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо роҳи  ошкор намудан, озод кардан  ва ҳифз намудани меҳнати  кўдакон 

2015 -2016

ВММША бо дастгирии ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининаму

даи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

 

Бахши мониторинги меҳнати кўдак ба тариқи доимӣ фаъолият карда доираи фарогирии кўдаконро бо хизматрасонӣ васеъ менамояд.

Ҳисоботи Бахши монито-

ринги меҳнати кўдак оиди фаъолият мунтазам омода мегардад

9

   Тақвият додани  иқтидори зершўъбаи меҳнати кўдак дар Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон дар самти пешгирии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак

2015 -2016

ФИКМ бо дастгирии ТБМ

Дар доираи маблағҳои ФИКМ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Зершўъбаи меҳнати кўдак дар Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон  ба тариқи доимӣ фаъолият карда доираи фарогирии кўдаконро бо хизматрасонӣ васеъ менамояд.

Ҳисоботи Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақил Тоҷикистон оиди фаъолият дар самти меҳнати кўдак мунтазам омода мегардад

10

Тақвият додани  иқтидори сохтори  ҳуқуқи кўдаки

идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

2015 -2016

ИВҲИ, ВММША, ТБМ,

ЮНИСЕФ

Дар доираи маблағҳои пешбининаму-

даи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Фаъолияти мунтазами сохтори  ҳуқуқи кўдаки

идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст

11

4. Омўзиш ва татбиқи таҷрибаи муосири байнал-

милалӣ

Омўзиши таҷрибаи байналми-

лалӣ ва роҳандозии таҷриба-

ҳои беҳтарин оид ба пешни-

ҳоди хизматрасониҳои иҷти-

моӣ ба кўдаконе, ки таҳти хавфи ҷалбшавӣ ба шаклҳои бадтарини меҳнат қарор доранд ё ба он ҷалб шудаанд ва ба волидони онҳо

2015 -2020

ВМҲИА,  КҲК, бо ҷалби созмонҳои байналмилалии манфиат

дор ва ҶШ, ШИ

 

Дар доираи маблағҳои пешбининаму-

даи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Амалияи беҳтарини байналмилалии омўхташуда татбиқ мегардад

12

Ташкил ва иштирок намудан дар чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба ва  иттилоот дар хусуси пешгирӣ ва мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак бо дигар кишварҳо

 

2015 -2020

 

ШБ оид ба ШБМК, ВММША, ВМИ, КҲК, бо ҷалби ВКХ ва созмонҳои байналмила-

лии манфи

атдор ва ҶШ, ШИ

Дар доираи маблағҳои пешбининаму-

даи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Иштироки мутахассисони Тоҷикистон дар  чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза  бо шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар хориҷи кишвар мунтазам таъмин мегардад.

Дар ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба меҳнати кўдак гузаронида мешаванд

13

Ташкил ва иштирок намудан дар тренингҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввари мухталифи байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак

2015 -2020

ШБ оид ба ШБМК, ВММША, ВМИ КҲК, бо ҷалби ВКХ ва созмонҳои байналмила-

лии манфиат-

дор ва ҶШ, ШИ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Тренингҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ,оиди

 ба даст овардани таҷриба ва навгониҳои пешгири-

кунандаи  шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ҷорӣ карда шудаанд

 

14

 

5. Фароҳам овардани шароити мусоид барои пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадта

рини меҳнати кўдак

 

Паҳн намудани натиҷаҳои тадқиқот оид ба меҳнати кўдак дар Тоҷикистон, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 дар асоси  методикаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат  гузаронида буд

 

2015

 

АО бо дастгирии ТБМ

 

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

 

Натиҷаҳои таҳқиқоти меҳнати кўдак расман муаррифӣ шуда, дастраси аҳли ҷомеа мегардад

15

Таъмини ҳамгироии методикаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат  ба системаи оморӣ Тоҷикистон ва ба роҳ мондани омори меҳнати кўдак

2017 -2020

АО, ВММША  бо дастгирии ТБМ, ЮНИСЕФ ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Дар асоси методикаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат омори меҳнати кўдак дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Дар тадқиқоти умуми-

ҷумҳуриявӣ нишондод оиди арзёбии меҳнати кўдак ворид карда шудааст

16

Омода намудани ҳисоботи расмӣ оиди вазъи меҳнати кўдак ва тавассути васоити ахбори омма сомонаи www.no-childlabour.tj дастраси омма намудани он

Ҳар сол

ВММША бо дастгирии ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ҳар сол ҳисоботи расмӣ оиди вазъи меҳнати кўдак омода мегардад ва дастраси омма мешавад

17

Таъсиси махзани иттилоотӣ оид ба меҳнати кўдак ва ба он ворид намудани маълумоти дастрасгардида

2015 -2020

ВММША дар ҳамкорӣ бо ИВҲИ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Махзани иттилоотӣ таъсис дода шудааст ва фаъолияти мунтазам бо он ташкил шудааст.

Маълумот дар махзани иттилоотӣ бо назардошти намудҳои кор, ҷинс, синну сол,  ҷои кор, далели ошкоршудаи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак, чораҳои андешидашуда оиди ҳифзи кўдакон, ҷойгир карда мешавад

18

Рущд ва татбиқи Системаи мониторинги меҳнати кўдак дар асоси таҷрибаи аз соли 2009 ҷоришаванда, таҳияи тавсияҳо оиди дар сатҳи миллӣ ҷорӣ намудани он бо истифодаи иқтидори кумитаҳо ва шўъбаҳои ҳуқуқи кўдак дар маҳал

2015 -2020

ВММША, ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Тавсияҳо оиди дар сатҳи миллӣ ҷорӣ намудани Системаи мониторинги меҳнати кўдак омода шудаанд.

Системаи мониторинги меҳнати кўдак дар сатҳи маҳаллӣ созмон дода шуд

19

 

 

Тартиб додани харита ва

таъсиси манбаи иттилоотии ҳамаи ташкилотҳо ва лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи кўдак машғул мебошанд

Ҷойгир намудани ин маълумот дар сомонаи

 www.no-childlabour.tj

2015 -

2016

ВММША, 

ҶШ, ШИ, МҲИД, ИВҲИ бо ҷалби СБМ, ТБМ, ЮНИСЕФ, БҶ ва ғайра

Дар доираи

маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

 Харита ва манбаи

иттилоотӣ оиди фаолияти ҳамаи ташкилотҳо дар самти меҳнати кўдак тартиб дода шудааст ва мунтазам бо маълумоти нав пурратар мегардад

Харита ва манбаи иттилоотӣ дар шабакаи интернет ҷойгир карда шудааст

20

Васеъ намудани сомонаи интернетии

www.no-childlabour.tj  ва таъмини фаъолияти доимии он

2017 -2020

ВММША, ТБМ

Дар доираи маб-

лағҳои пешбини-

намудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Фаъолияти доимӣ бо сомонаи интернетии www.no-childlabour.tj  ба роҳ монда шудааст

21

6. Мутобиқ  намудани қонунгузорӣ оид ба меҳнати кўдак бо меъёрҳои байналмилалӣ

Таҳияи  пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кўдак, мубориза бо меҳнати кўдак ва шаклҳои бадтарини он муто-

биқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти шароити Тоҷикистон

2015 -2016

ВММША, ИВҲИ,

ШИ

бо ҷалби, СБМ, ТБМ ва ЮНИСЕФ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Пешниҳодот оиди такмили қонунгузорӣ омода шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кўдак» омода шудааст ва баррасӣ мегардад

 

22

Таҳия ва чопи Маҷмўаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба меҳнати кўдак бо тафсирот нисбати татбиқ, дастрас намудани он ба ҳамаи минтақаҳо ва ташкилотҳо. Мунтазам таҷдиди назар намудан ва чопи маҷмўаи мазкур.

2017

ВММША бо ҷалби, СБМ, ТБМ ва ЮНИСЕФ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Маҷмўаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба меҳнати кўдак чоп шудааст ва он ба ҳамаи ташкилотҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидааст

23

 

Мунтазам таҷдиди назар намудани  Рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони аз 18-сола хурд бо назардошти вазъи тағйирёбанда

Ҳар сол

ВММША дар ҳамкорӣ бо ШИ ва ҷалби ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони то сини 18-сола мунтазам таҷдиди

назар карда мешавад

24

Таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба истифода ва таҷдиди мунтазами Рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони аз 18-сола хурд, таъмини ҷорӣ намудани он (интишор, омўзонидани нозирони меҳнат, гузаронидани санҷишҳо ва ғайра)

 

2015 -2016

ВММША,

ВТҲИА, ШИ

 

бо ҷалби ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

 Тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи Рўйхати корҳои хатарнок ва зарарнок барои шахсони аз 18-сола хурд омода шудаанд.

 Шумораи зарурии нусхаҳои Тавсияҳои методӣ интишор ва дастраси истифодабарандагон гардидааст.

 Барои нозирони соҳаи меҳнат ва корфармоён силсилаи семинарҳои омўзишӣ ташкил карда шудаанд

25

Ба созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавии коллективӣ, инчунин ба шартномаҳои коллективӣ дар сатҳи корхонаҳо ва ташкилотҳо ворид намудани муқаррарот оид ба пешгирӣ ва мубориза бо меҳнати кўдак

2015 -2016

Вазоратҳои соҳавӣ, МҲИД, ШИ-и сатҳи дахлдор

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ба созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавии коллективӣ, инчунин шартномаҳои коллективӣ дар сатҳи корхонаҳо ва ташкилотҳо  муқаррарот оид ба пешгирӣ ва мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ворид карда шудаанд

26

Гузаронидани ислоҳоти қонунгузории амалкунанда оид ба дастгирии иҷтимоӣ бо мақсади таъмини механизмҳои самарабахши ҳифзи кўдакон ва модарони онҳо дар оилаҳое, ки бе саробон  мондаанд

2015 -2016

ВТҲИА,

Дар доираи

ВММША, ХМ, КЗО, КҶВС, ҶШ, дар ҳамкорӣ бо МНМО

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

   Ба қонунгузории ҳифзи иҷтимоӣ меъёрҳои мушаххас оид ба дастгирии иҷтимоии оилаҳои бесаро-

бонмонда ворид карда шудаанд

27

 

   Гузаронидани машваратҳои васеъ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва қабули қарор оид ба масъалаҳои зерин:

   - таҷдиди назар намудани ҳадди ақали синну соли қобили меҳнат бо назардошти хатми зинаи таҳсилоти умумии асосии ҳатмӣ дар синни 16-солагӣ, мутобиқи тавсияҳои Конвенсияи №138 Ташкилоти байналмилалии меҳнат;

   - ба Кодекси меҳнат ворид намудани мафҳуми «Намудҳои меҳнати сабук» ва  таъмини ҳадди ақали гуногуни синну соли қобили меҳнат вобаста ба намуди кор (ҷалби кўдакон аз синни 12-солагӣ ба консертҳо, намоишҳои театрӣ ва сирк)

2015 -2016

ВММША, дар ҳамкорӣ бо вакилони  МНМО бо ҷалби ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Аз рўи натиҷаҳои машваратҳо пешниҳодоти мушаххас оиди ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнат омода гардидаанд

28

7. Ба сиёсати марбута (дар сатҳи, миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ) ҷойгир намудани бархурдҳо ва чораҳо оид ба барҳамдиҳии меҳнати кўдак

Ворид намудани масъалаҳои меҳнати кўдак ба сиёсати паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва сиёсати рушди миллӣ

2015 -2020

ВММША, ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ба стратегия ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ масъалаҳои меҳнати кўдак ворид карда шудаанд

29

 

Ворид намудани масъалаҳои мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ба барномаҳои  мубориза бо хариду фурўши  одам

2015 -2018

ВММША дар ҳамкорӣ бо КМСО бо ҷалиби ТБМ, СБМ ва ЮНИСЕФ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ба барномаҳои  мубориза бо хариду фурўши  одам масъалаҳои мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ворид карда шудаанд

30

Ворид намудани муқаррарот оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ва ҳама гуна шаклҳои табъиз ба стратегияҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавии дахлдор (дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ)

2015 -2020

Вазоратҳои соҳавӣ,  МҲИД, ШИ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ба  стратегияҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ муқаррарот оид ба барҳамдиҳии шаклҳои

бадтарини меҳнати кўдак ворид карда шудаанд

31

Таҳия ва татбиқи нақшаҳои амалҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак бо ҷалби шарикони иҷтимоӣ ва доираи васеи  ҷомеа

2014 - 2018

МҲИД бо ҷалби ШИ ва ҶШ, бо дастгирии методии ВММША ва СБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамуаи буҷети давлатӣ ва

ҷалби маблағ-

ҳои ғайридав-

латӣ

Ҳар се сол нақшаҳои амалҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак қабул мегарданд.

Ҳисобот оид ба татбиқи нақшаҳои амалҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак мунтазам омода мешавад

32

Дар сатҳи қонунгузорӣ  муқаррар кардани меъёрҳои ҳатмӣ оид ба ворид намудани фасли алоҳида: «Уҳдадорӣ барои истифода накардани меҳнати кўдакон» ба матни қарордодҳо аз рўи натиҷаи тендерҳои давлатӣ (таҳвилоти хизматрасонӣ, хариди молҳо ва иҷрои корҳо, сохтмони иншоот ва ғайра)

2016

КДСИАД, ВММША ва ШИ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ҳуҷҷати меъёрии дахлдор дар сатҳи миллӣ қабул карда шудааст

 

 

33

 

Таҳкими иқтидори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (омўзиш, таҷҳизонии техникӣ) ва дар заминаи он таъсис додани системаи ягонаи иттилоотии байниидоравии оид ба масъалаҳои меҳнат кўдак

 

2015 -2016

ВММША,  ШБ оид ба ШБМК  бо ҷалби СБМ,

ЮНИСЕФ, СБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ваҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Мутахассисони Хадамоти назорат дар ҳамаи сатҳҳо мунтазам бо омўзиш ва чорабиниҳои такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.

Хадамот бо таҷҳизоти техникии лозима ва алоқаи интернетӣ таъмин гардидааст.

Дар Хадамот системаи иттилоотӣ таъсис дода шудааст

34

Таҳияи чорабиниҳо (дастгирӣ, омўзиш ва ғ.) бо мақсади тақвияти  кумита (гурўҳҳои) мониторинги меҳнати кўдак дар назди шўъбаҳо оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

2015

ВММША,  МҲИД  бо ҷалби СБМ, ЮНИСЕФ, СБМуҳ

Дар доираи маблағҳои

пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Нақшаи чорабиниҳои миёнамўҳлат  оиди тақвияти  кумита (гурўҳҳои) мониторинги меҳнати кўдак тасдиқ гардидааст ва он мунтазам амалӣ мешавад

35

Таъсис ва омўзондани гурўҳҳои маҳаллии байнисоҳавии мониторингҳо бо мақсади дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ татбиқ намудани  модели пешгирии меҳнати кўдак

2015 -2020

ВММША, кумита/ шўъ-баҳои ҳуқуқи кўдак дар назди МҲИД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Гурўҳҳои маҳаллии байнисоҳавии мониторҳо дар асоси тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат таъсис дода шудаанд ва барои онҳо омўзиш ташкил карда шудааст

36

 

Якҷоя бо шарикони иҷтимоӣ ба вуҷуд овардани муҳите, ки ба мубориза бо меҳнати кўдакон дар тамоми сатҳҳо нигаронида шудааст:

- тартиб додани рўйхатҳои «сиёҳ»-и корфармоёне, ки меҳнати кўдаконро истифода мекунанд;

- ба вуҷуд овардани  шароити номусоиди иқтисодӣ барои фурўши молҳо ва хизматрасониҳое, ки бо истифодаи меҳнати кўдакон истеҳсол карда шудаанд;

- инъикоси далелҳои ошкоршудаи меҳнати кўдак дар васоити ахбори омма;

- таҳия ва татбиқи дигар чораҳои таъсиррасонии иқтисодӣ

2015 -2020

ШБ оид ба ШБМК, ВРИС,

МИҲД,

 

 

 

ШИ, ҶШ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби

маблағҳои ғайридавлатӣ

Рўйхати корфармоёне, ки меҳнати кўдаконро истифода мекунанд тартиб дода шудааст, он мунтазам таҷдиди назар  ва интишор мешавад

 Дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳои маҳдудкунандаи фурўши молҳои  корфармоён, ки бо

истифодаи меҳнати кўдакон истеҳсол гардида, пешбинӣ шудаанд

37

8. Таъмини дастрасии иттилоот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимият дар бораи меҳнати кўдак ва оқибат-

ҳои он

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аъзои Парламент, аъзои Ҳукумат ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар бораи меҳнати кўдакон, то ки пуштибонии онҳо ҳангоми қабули ташаббусҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии меҳнати кўдак таъмин карда шаванд

2015 -2016

ШБ оид ба ШБМК дар ҳамкорӣ бо ҶШ, ВАО ва бо ҷалби ТБМ, ЮНИСЕФ, СБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Аъзоёни Парламент, Ҳукумат ва дигар хизматчиёни давлатӣ мунтазам бо семинарҳои омўзишӣ фаро гирифта мешаванд

38

  Таҳияи маводҳои иттилоотӣ ва доир намудани маъракаҳои иттилоотӣ барои кўдакон, падару модарон ва муаллимони мактабҳо, ташкилотҳои ҷавонон ва занон оид ба шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон ва оқибатҳои он

2015 -2020

ШБ оид ба ШБМК, КҲК,  ВММША, КЗО, КҶВС,ҶШ,  бо ҷалби ТБМ, ЮНИСЕФ, СБМ, НК ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва

Маводҳои иттилоотӣ мунтазам таҳия шуда, дастраси падару модарон ва муаллимони мактабҳо, ташкилотҳои ҷавонон ва занон мегарданд, семинару вохўриҳо ташкил карда мешаванд

  

39

 

Ворид намудани мавзўи меҳнати кўдак ва таъсири он ба кўдак ба барномаҳои таълимӣ барои омўзонидани хизматчиёни давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба, намояндагони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, доираҳои илмӣ ва бахши ғайриҳукуматӣ

2015

ДТИКД, АИ, ШБ оид ба ШБМК,

ҶШ, ШИ

ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ба барномаҳои таълимӣ муқаррарот оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ворид карда шудаанд

40

Ташкили омўзиши хабарнигорон барои дуруст инъикос намудани масъалаҳои марбут ба меҳнати кўдак.

Ворид намудани мавзўи меҳнати кўдак ба барномаҳои таълимӣ барои омўзонидани хабарнигорон дар таълимгоҳҳои олӣ

2015 -2019

 ШБҲ оид ба ШБМК,  ҶШ бо ҷалби СБМ, ТБМ, ЮНИСЕФ, БҶ, НК ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамуаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ барои омўзиши хабарнигорон оид ба масъалаҳои меҳнати кўдак  омода шудаанд.

Омўзиши хабарнигорон ба тариқи мунтазам ташкил карда шудааст

41

Муайян намудани имконияти таъмини мутахассисон аз вилоятҳои мухталиф бо маводҳои иттилоотию методӣ барои кор бо кўдакони ҷабрдида ё қурбонии эҳтимолии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон мебошанд, инчунин волидони онҳо

2015

ШБҲ оид ба БШБМК,  ҶШ бо ҷалби СБМ. ТБМ, ЮНИСЕФ, БҶ  ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Шумораи зарурии маводи иттилоотӣ ба чоп мерасад.

Маводи чопӣ мунтазам ба минтақаҳо дастрас карда мешаванд

42

 

  Ворид намудани масъалаҳои меҳнати кўдакон ба барномаҳои омодасозӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон (муаллимон) ва ҳайати роҳбарикунанда, ки Дониш-

кадаи такмили ихтисоси омўзгорони Вазорати маориф ва илм баргузор менамояд

2015 -2016

ВМИ, бо ҷалби СБМ. ТБМ, ЮНИСЕФ, БҶ  ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Модулҳои таълимӣ оид ба мавзўи меҳнати кўдак таҳия шудаанд

Омўзиши мунтазами омўзгорон (муаллимон) ва ҳайати роҳбарикунанда дар асоси Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорон ташкил карда шудааст  

43

Баргузор намудани маъракаҳои иттилоотӣ ва чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бахшида ба рўзҳои байналмилалӣ:

- 28 апрел - Рўзи Байналмилалии ҳифзи меҳнат, бо ҷалби диққат ба меҳнати бехатари шахсони то синни 18-сола.

- 1 июн – Рўзи Байналмилалии ҳифзи кўдакон;

- 12 июн – Рўзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдакон;

- 20 ноябр – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳуқуқи кўдакон

Ҳар сол

ВММША,  КҲК,  КҶВС, КЗО, ҶШ бо ҷалби ВАО, СБМ, ТБМ, ЮНИСЕФ, БҶ, СММ ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

  Ҳар сол дар сатҳи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон чорабиниҳои махсуси иттилоотӣ ва фарҳангӣ бахшида ба рўзҳои байналмилалии номбурда таҳия ва амалӣ мешаванд.

Ҳисобот оид ба натиҷаи ин чорабиниҳо омода шуда ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мегардад

44

9. Мусоидат намудан ба дастрасии кўдакон ба тҳсилоти умумии асосии ҳатмӣ , рушди барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ ва барномаҳои омўзиши касбӣ

Таҳияи ва татбиқи барномаи пилотӣ, ки ба  беҳтарсозии дастрасӣ ба таҳсилоти умумии асосии ҳатмии ройгон равона гардидааст, аз байн бурдани монеаҳое, ки бо пардохтҳои

 

 

ғайриқонунӣ дар мактабҳо алоқаманданд

2015 -2016

КҲК, АНДМ ва МК,  ВММША, ҶШ, МИҲД, бо ҷалби

коршино-

сони байнал-

милалӣ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби

маблағҳои ғайридавлатӣ

Барномаи пилотӣ  татбиқ шуда натиҷаи он дар миқёси  ҷумҳурӣ амалӣ мешавад

45

 

Ташкил кардани барномаҳои махсуси омўзишӣ барои ислоҳ намудани камбудии дониши  кўдаконе, ки таҳсилро бо ягон сабабе тарк кардаанд ва ба бозори меҳнат баромадаанд, (аз ҷумла рушди таҳсилоти ғайрирасмӣ), муайян намудан ва ба таҳсил ҷалб кардани чунин кўдакон

2015 -2020

ВМИ, ВММША, ВКД,

КҲК

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Ҳисобот оиди шумораи кўдаконе, ки барои ислоҳ намудани камбудии дониш бо таҳсилоти махсус фаро гирифта шудаанд, мунтазам омода мешавад

 

46

Мутобиқсозӣ, чоп ва истифодаи маводи таълимии Ташкилоти байналмилалии меҳнат «Кори бехатар барои ҷавонон»  бо марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани он дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии асосии ҳатмӣ, курсҳои кўтоҳмуддати таълимоти касбии калонсолон,  таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

2015 -2016

ВМИ, ВММША, ШИ, ҶШ бо ҷалби ТБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

  Маводи таълимии «Кори бехатар барои ҷавонон» мунтазам чоп мешавад.

Дар мактабҳо, дар доираи фанни «Технология» омўзиши хонандагон дар мавзўи  «Кори бехатар барои ҷавонон»  ташкил карда шудааст

47

10. Пешгирии ҷалби кўдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат

Васеъ намудани шабакаи марказҳои захиравии иттилоотӣ дар иттифоқҳои касаба ва дар назди корфармоён оид ба меҳнати кўдакон

2015 -2020

ФИКМТ, ИКҶТ, ВК, ВСТН, ВН,  ВММША

 

бо ҷалби СБМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Шумораи марказҳои захиравии иттилоотӣ дар иттифоқҳои касаба ва дар назди корфармоён оид ба меҳнати кўдакон

мунтазам васеъ мегардад

48

Роҳандозӣ ва ташаккулдиҳии марҳила ба марҳилаи  системаи иттилоотии идоракунии масъалаҳои пешгирии зўроварӣ нисбати кўдакон, аз ҷумла масъалаҳои меҳнати кўдакон, бо таваҷҷўҳ ба мубориза бо  хариду фурўши кўдакон

2015 -2016

МИҲД, КҲК минтақавӣ, КМХО, ВММША бо ҷалби СБМ, ТБМ, ЮНИСЕФ ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Системаи иттилоотии таҷрибавӣ оид ба идоракунии масъалаҳои зўроварӣ нисбати кўдакон, аз ҷумла масъалаҳои меҳнати кўдакон таъсис дода шудааст ва он мунтазам такмил меёбад

49

   Гузаронидани санҷишҳои муштараки васеъ доира дар объектҳои корфармоёни дорои хавфи нисбатан бештари истифодаи меҳнати кўдакон (бозорҳо, фурўдгоҳҳо, коргоҳ-

ҳои истеҳсолӣ, нақлиёт, заминҳо ва боғҳои хоҷагиҳои фермерӣ (деҳқонӣ), корхонаҳои пахтатозакунӣ ва ғайра).

Инъикос намудани натиҷаҳои санҷишҳои ногаҳонӣ дар воситаҳои ахбори омма дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ

2015 -2020

ШБ оид ба ШБМК, ВММША, КҲК, КТР, МИҲД бо ҷалби ҶШ ва прокуратура, ВАО

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ

Мунтазам санҷишҳои  корфармоён гузаронида мешаванд.

Натиҷаи чунин тафтишҳо ва  далелҳои ошкор-

кардашудаи истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак, чораҳои андешидашуда ба шакли ҳисобот омода карда мешаванд

50

 

  Таҳияи меъёрҳои ахлоқи корфармоён оид ба истифода накардани меҳнати кўдакон, алалхусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ, бо такмилдиҳии мунтазам ва марҳила ба марҳила васеъ намудани иштирокчиёни он

2015 -2020

ИКҶТ, ВММША, ВРИС, ВСТН, ВН,  бо ҷалби ТБМ

Бо ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Меъёрҳои ахлоқии корфармоён омода шуда, дастраси доираи васеи корфармоёни Тоҷикистон гардидаанд

 

51

Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии  ҳуқуқии муҳоҷирон дар қисми пешгирии муҳоҷирати меҳнатии кўдакон ва масъулияти муҳоҷирон дар назди оилаҳо.

2015

ВММША, МИҲД, ШИ, ҶШ дар ҳамкорӣ бо СБМ, ТБМ, ЮНИСЕФ, СММ занҳо ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Чорабиниҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии  ҳуқуқии муҳоҷирон дар масъалаи меҳнати кўдак таҳия шудаанд ва мунтазам  амалӣ мешаванд

52

Ҳуҷҷаткунонӣ ва паҳн намудани таҷриба ва амалияи бадаст овардашудаи пешқадам дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон. Таблиғу ташвиқи дастовардҳои ноилгардида ва иттилоотонии ҷомеа

2015 -2020

ШБҲ оид ба ШБМК, КҲК, КТР, МИҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

  Таҳлили мунтазами амали-

яи пешқадам дар мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳ-

нати кўдак, ба роҳ монда шудааст ва маълумоти идти

лоотӣ ҳар сол омода меша-

вад.Таҷрибаомўзӣ дар байни минтақаҳои алоҳида ташкил карда шудааст

53

11. Дастгирии оилаҳои кўдаконе, ки ба шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ҷалб гардидаанд. 

  Васеъ намудани фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ барои ҷалби кўдакони эҳтиёҷманде, ки таҳти хавфи ҷалбшавӣ ба шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак қарор доранд: дастгирии равонӣ, хизматрасонии тиббӣ, кори тарбиявӣ, омўзонидани ғайрирасмӣ ва бозгардонидан ба мактаб, интихоб ва омўзиши касб ва ғайра

2016 -2020

ВМИ,

ВММША, ВТҲИА, МИҲД, ҶШ, ШИ, бо ҷалби ТБМ, ЮНИСЕФ ва ғайра

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар самти ҷалби кўдакони эҳтиёҷманд васеъ мегардад

5

 

  Гузаронидани таҳлил, таҳияи чорабиниҳо ва ворид намудани тағйирот ба низоми ҳифзи иҷтимоӣ барои дастрасии хизматрасониҳои имтиёзӣ, кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ  ва дигар чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон, гурўҳҳои осебпазири кўдакон,  падару модарон ва парасторони онҳо

2016

ВТҲИ, ВММША, КҲК, ҶШ дар ҳамкорӣ бо БҶ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби

 маблағҳои ғайридавлатӣ

Ба нишондодҳои арзёбии вазъи оилаҳои ба кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ дошта, нишондод оиди таҳсили ҳатмии кўдакон дар мактаб ворид карда шудаанд. 

Ба системаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ тағйироти зарурӣ ворид карда шудааст

55

  Вусъат додани шарикии бахши хусусӣ ва давлат оид ба ташаккул ва рушди хизматрасонии иҷтимоӣ барои кўдаконе, ки ба шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ҷалб шудаанд ва оилаҳои онҳо, ташаккулдиҳии механизмҳои  хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷониби давлат

2015 -2017

ВТҲИ,

ВММША, ВМИ,

ВРИС, ҶШ 

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Қарордодҳои басташуда оид ба  хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба кўдаконе, ки ба шаклҳои бадтарини меҳнат ҷалб карда шудаанд  мунтазам вусъат  меёбанд.

Ҳисобот оиди оилаҳои бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, пешниҳод мегарданд

56

Дар доираи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) андешидани чораҳо барои ба шуғл ҷалб намудани шаҳрвандони  корҷўяндае, ки кўдаконашон кор мекунанд ва ё мактабро тарк намудаанд  ба тариқи афзалиятнок фарогирӣ бо касбомўзӣ, додани қарзҳои хурд, ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятии музднок ва ғайра

2015 -

2019

ВММША дар ҳамкорӣ бо МИҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайридавлатӣ

Дар барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) чорабиниҳои махсус пешбинӣ шудаанд

 

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ