Классификатор Стратегия
Рақам 91
Ном СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 25.02.2017
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2017 № 91

тасдиқ шудааст

 

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ

ЗИДДИ МИНАҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Стратегияи мазкур тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо" таҳия гардида, фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳоро дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 муайян менамояд.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сентябри соли 1999 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо ҳамроҳ шуд. Тибқи талаботи Конвенсияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории ихтиёриро ба зимма гирифт, ки то 1 апрели соли 2010 тамоми ҳудуди ҷумҳуриро аз минаҳои зиддипиёдагард тоза намояд. Соли 2009 дар иҷлосияи Кортогена (Колумбия) тибқи дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати иҷрои ин уҳдадорӣ то 1 апрели соли 2020 тамдид карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда мунтазам вобаста ба масъалаи мазкур гузоришҳои миллиро таҳия ва пешниҳод менамояд.
  3. Бо мақсади тақвияти фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дар Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" таъсис гардид. Тибқи санади номбурда ба зиммаи муассисаи мазкур ваколати танзим ва идоракунии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо вогузор карда шуд.
  4. Бо қабул намудани Стратегияи мазкур иҷрои як қатор чорабиниҳои минбаъдаи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дар Тоҷикистон дар назар аст (замима мегардад). Бо амалигардонии Стратегияи мазкур инчунин натиҷаҳои зерин ба даст оварда мешаванд:

- аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани уҳдадориҳои байналмилалӣ марбут ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- қонеъ намудани ҳуқуқҳои шахсони аз минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида;

- тибқи тартиби муқарраршуда тоза намудани заминҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ;

- таҳвияти иқтидори миллӣ ҷиҳати идоракунии лавозимоти тарканда ва нотаркидаи боқимонда;

- аз хатарҳои имконпазир огоҳ намудан ва ба рафтори бехатар ҷалб намудани табақаҳои гуногуни аҳолии Тоҷикистон, ки зери таҳдиди хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ қарор доранд;

- ҳамгиро намудани шахсони аз минаҳо зарардида ба ҳаёти иҷтимоӣ ва қонеъ намудани ниёзҳои асосии онҳо тавассути таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои муносиби тиббӣ, равонию иҷтимоӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, барқарорсозии қобилияти меҳнатӣ ва ёрии ҳуқуқӣ;

- тавассути низоми идоракунии иттилоот тақвияти идоракунӣ, банақшагирӣ, афзалиятгузорӣ ва амалисозии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо, аз ҷумла тақвияти иқтидори муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" баҳри таъмини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеа бо иттилооти зарурӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- бо мақсади пурра ва равшан ифода намудани самтҳои асосии фаъолияти Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон таҳия гардидани сиёсати гендерӣ ва гуногунӣ дар фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳои Тоҷикистон.

 

  1. ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ТОЗА НАМУДАНИ ЗАМИНҲО АЗ МИНАҲО

 

  1. Минтақаҳои хатарноки бо минаҳои зиддипиёдагард ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олудашуда имконияти беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро маҳдуд сохта, ба аҳолии осоишта хатар эҷод мекунанд. Тоза намудани заминҳо аз минаҳо самти муҳими фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо мебошад.
  2. Бо сабаби дар Тоҷикистон набудани ҳуҷҷатҳои асосӣ оид ба майдонҳое, ки дар онҳо мина гузошта шудаанд, нишонагузорӣ нашудани минтақаҳои хатарноки сарҳадӣ, дастрас набудани қисми зиёди мавзеъҳои хатарнок ва муайян набудани ҷойҳои дақиқи онҳо на ҳамаи қитъаҳои хавфнок то охир тадқиқ карда шудаанд, ҳамчунин натиҷаҳои қитъаҳои тадқиқшуда чандон боэътимод нестанд. Ба ҳолати охири соли 2016 64 харитаи минтақаҳои хатарноки бо минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олудашуда мавҷуданд, ки 76 майдони тадқиқнашуда ва масоҳати 1,8 километри мураббаъро дар бар мегиранд. Ҳамчунин 8 майдони ҷангзадаи бо лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олуда ва тадқиқнашуда боқӣ мондааст, ки масоҳаташон 0,9 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти ғайритехникӣ 2 ташкилоти байналмилалӣ (Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо ва ташкилоти "Кумаки мардуми Норвегия") ва 2 сохтори миллӣ (ротаи сапёрӣ-гуманитарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии "Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон") ҷалб гардидаанд.
  3. Дар давоми солҳои 2004-2016 дар 21 ноҳияи наздисарҳадии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи марказӣ 247 майдони хатарнок, ки масоҳати 17,7 километри мураббаъро ташкил медиҳанд, тоза ва дар натиҷа 57,665 адад минаҳо, 12,023 адад лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ва 132,166 адад тирҳои силоҳи сабук пайдо ва нобуд карда шуданд (ҷадвали 1).
  4. Ба ҳолати охири соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи марказӣ масоҳати бо минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олуда тақрибан 10,2 километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 8,4 километри мураббаи он қитъаҳои тадқиқшуда ва 1,8 километри мураббаъ қитъаҳои тадқиқнашуда мебошанд. Қариб тамоми қитъаҳои маълуми бо лавозимоти хўшавӣ олуда тоза карда шудаанд (ҷадвали 2).
  5. Дар давраи амалигардонии Стратегияи мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ баргузории чорабиниҳои зерин вобаста ба тоза намудани заминҳо аз минаҳои зиддипиёдагард ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ба нақша гирифта шудааст:

- муайян ва тадқиқ намудани 76 қитъае, ки эҳтимолан дар онҳо минаҳои зиддипиёдагард гузошта шудааст;

- тоза намудани 142 қитъаи муайяншудаи хатарнок аз минаҳои зиддипиёдагард ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ;

- тибқи натиҷаҳои тадқиқоти ғайритехникӣ ва техникӣ аз минаҳои зиддипиёдагард ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза намудани қитъаҳои иловагии муайяншуда;

- аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза намудани 8 майдони минтақаи марказии ҷумҳурӣ (минтақаи ноҳияҳои Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон);

- таъсис додани гурўҳи алоҳида барои рафъи лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ.

 

  1. ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ОГОҲСОЗИИ АҲОЛӢ АЗ ХАТАРИ МИНАҲО
  • 1. МИНТАҚАҲОИ АЗ МИНАҲО ВА ЛАВОЗИМОТИ НОТАРКИДАИ ҶАНГӢ ОСЕБПАЗИР

 

  1. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо мебошад. Тавассути фаъолияти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо сатҳи огаҳӣ ва мусоидат ба рафтори бехатар баланд гардида, оқибатҳои ҳалокатовар ва офатбори таркиши минаҳои зиддипиёдагард ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ коҳиш меёбад.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти васеи огоҳсозӣ аз хатари минаҳо аз соли 2001 оғоз шуда, ҷиҳати коҳиши назарраси теъдоди таркиши минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ саҳми арзанда дорад.
  3. Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз соли 2001 то инҷониб ихтиёриёни огоҳсозӣ аз хатари минаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро, ки дар минтақаҳои осебпазири сарҳади Тоҷикистону Ўзбекистон ва Тоҷикистону Афғонистон, инчунин мавзеъҳои аз ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) зарардидаи минтақаи марказӣ фаъолият доранд, дастгирӣ менамояд.
  4. Солҳои 2005-2007 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар 6 ноҳияи ҷумҳурӣ бо аҳолӣ ва омўзгорону хонандагон омўзиши барномаи огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва дигар лавозимоти нотаркидаи ҷангиро ба роҳ монд.
  5. Дар давоми солҳои 2012-2016 дар 290 маҳалли аҳолинишини 34 ноҳияи мақсаднок, аз ҷумла 25 ноҳияи наздисарҳадӣ, шунавандагони мақсаднок муайян ва бо фаъолияти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо фаро гирифта шуданд.
  6. Тибқи таҳлили пешакии маълумот оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо теъдоди фарогирифтагон дар як сол бсш аз 40 000 нафарро ташкил дод.
  7. Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" дар самти амалӣ намудани фаъолият оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо мақоми асосӣ буда, намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ин самт шарикони асосии он мебошанд.
  8. Дар айни замон дар самти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо 2 корманди масъул аз муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, инчунин 55 нафар кормандони дигар дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.
  9. Бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо маводи таълимиву иттилоотӣ таҳия, нашр ва дастрас карда шудаанд. Солҳои охир бо сабаби коҳиш ёфтани дастгирии молиявӣ табъу нашри маводи таълими оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо кам шуда, бозомўзии ихтиёриёни маҳаллӣ ва дигар масъулини соҳа амалӣ нашуд, ки ин омил ба сифати фаъолият дар ин самт таъсири манфӣ расонид.
  10. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар самти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Байни дастаҳои безараргардонии минаҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва аҳолии деҳаҳои аз минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида робитаи доимӣ муқаррар карда шудааст. Ба гурўҳҳои мақсадноки маҳалҳои аҳолинишини сарҳадӣ ва зери хатари машқгоҳхои низомӣ қарордошта сари вақт расонидани иттилооти фаврӣ оид ба таркиши минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ таъмин карда шудааст. Ҳар сол оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо 2-3 ҷамъомади ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи миллӣ ва дар ҳар як 4 минтақаи осебпазири ҷумҳурӣ яктоӣ ҷамъомадҳо баргузор карда мешаванд.
  11. Масъулини бахши огоҳсозӣ аз хатари минаҳои намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо кормандони муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаҳо робитаи зич дошта, ҷиҳати коҳиши ҳалокат ва маҷрўҳшавии одамон фаъолона амал мекунанд. Айни замон дар натиҷаи фаъолияти якҷоя шумораи ҳодисаҳои нохуш аз 88 нафар дар соли 2000 то ба 6 нафар дар соли 2016 паст шудааст (соли 2013 ягон ҳолати ҳалокат ё маҷруҳи мушоҳида нашуд, соли 2014 танҳо як нафар ва соли 2015 5 нафар ҳалок ва 2 нафар маҷрўҳ шуданд).
  12. Соли 2013 шаклҳои махсуси иттилоотии ҳисоботдиҳӣ таҳия гардида, дар давоми солҳои 2014-2016 ҷиҳати мавриди амал қарор додани онҳо машғулиятҳои омўзишӣ гузаронида шуданд. Сарфи назар аз дастовардҳои мазкур ҳоло ҳам тартиби шаффофи ҳисоботдиҳӣ оид ба ҳодисаҳои нохуши таркиши минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ мавҷуд набуда, миёни дастаҳои амалиётии безараргардонии минаҳо ва гурўҳҳои огоҳсозӣ аз хатари онҳо табодули мунтазами иттилоот таъмин карда нашудааст.

 

  • 2. ФАЪОЛИЯТИ ОГОҲСОЗӢ ДАР ГИРДУ АТРОФИ МАШҚГОҲҲОИ (ПОЛИГОНҲОИ) ҲАРБӢ

 

  1. Масъулони бахши огоҳсозӣ аз хатари минаҳо аз соли 2012 инҷониб ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиши таҳдиди лавозимоти гуногуни нотаркидаи аз машқҳои ҳарбӣ боқимонда дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи машқгоҳҳои (полигонҳои) ҳарбӣ фаъолияти таълимиву иттилоотиро ба роҳ мондаанд.
  2. Машқгоҳҳои (полигонҳои) ҳарбие, ки дар ҳудуди онҳо бар асари таркиши лавозимоти нотаркидаи баъди гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боқимонда ҳодисаҳои ҳалокат ва маҷрўҳ гардидани одамон мушоҳида шудааст, дар ноҳияҳои Муъминобод, Хуросон, Қубодиён, Рўдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров воқеъ гаштаанд. Ҳудуди машқгоҳҳои (полигонҳои) ҳарбӣ то ҳол аломатгузорӣ нашудааст.
  3. Айни замон дар минтақаҳои осебпазири ҷумҳурӣ дар сатҳи маҳалҳои аҳолинишин ва муассисаҳои таълимӣ фаъолияти огоҳсозӣ аз хатари лавозимоти нотаркидаи баъди гузаронидани машқҳои (полигонҳои) ҳарбӣ боқимонда роҳандозӣ шуда истодааст.
  4. Аҳолии зери таҳдиди хатар қарордоштаи 37 маҳалли аҳолинишини ноҳияҳои осебпазири гирду атрофи машқгоҳҳои (полигонҳои) ҳарбӣ асосан ба фаъолияти мавсимии кишоварзӣ, чаронидани чорво, захира намудани алаф ва ҳезум машғул мебошанд. Аҳолии маҳаллӣ, бахусус кўдакон ва наврасон, аз ҳавлӣ ё маҳалли зисташон тирҳо ва лавозимоти нотаркидаи гуногунандозаро дарёфт намуда, баъзеҳо онҳоро барои бозӣ (кўдакон ва наврасон) ва дигарон барои эҳтиёҷоти маишӣ ва бо мақсадҳои гуногуни шахсӣ (калонсолон) истифода мебаранд.
  5. Дар давоми солҳои 2012-2016 дар минтақаҳои аҳолинишини наздики машқгоҳҳои (полигонҳои) ҳарбӣ ҷойгирифта бар асари таркиши лавозимоти нотаркидаи ҷангии баъди гузаронидани машқҳои низомӣ боқимонда 7 нафар сокинони осоишта ҳалок ва 3 нафар маҷрўҳ гардидаанд.

 

  • 3. МИНТАҚАҲОИ ОСЕБПАЗИРИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЎЗБЕКИСТОН

 

  1. Аҳолии дар минтақаҳои хатарноки назди сарҳади давлатии Тоҷикистону Ўзбекистон зиндагидошта асосан бо чорвопарварӣ, кишти зироатҳо, ҷамъоварии алафу ҳезум машғул буда, шуғли мазкур барои онҳо асоси таъмини рўзғор ва беҳтар кардани шароити маишӣ ва зисту зиндагӣ мебошад. Аз ин рў, ба баланд будани дараҷаи таҳдиди хатари минаҳо нигоҳ накарда, аҳолии маҳаллӣ маҷбур аст дар минтақаҳои хавфнок фаъолият намояд.
  2. Таркиши минаҳо инчунин ҳангоми ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ низ ба амал меояд. Сабаби асосӣ дар тарафи дигари сарҳад хешу табор доштани қисми зиёди аҳолии минтақаи наздисарҳадӣ, надоштани маблағи зарурӣ барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои лозима ва душвории тай кардани роҳи дароз барои гузаштан аз нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии расмӣ мебошад.
  3. Дар натиҷаи тадқиқоти солҳои 2003-2005 ва соли 2011 гузаронидашуда дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (Исфара, Ашт, Айнӣ ва Панҷакент) 69 ва дар минтақаҳои сарҳадии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рўдакӣ ва Шаҳритуз 6 қитъаи хатарнок муайян гардиданд. Тибқи маълумоти тадқиқоти мазкур ва маълумоти муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" то охири соли 2015 дар ҳудуди минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Ўзбекистон аз таркиши минаҳо 90 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, 81 нафар ҳалок шудаанд.
  4. Бар асари офатҳои табиӣ аз эҳтимол дур нест, ки баъзе майдонҳои минаҳо ё минаҳои алоҳида ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчида бошанд, ҳарчанд айни ҳол ҷойҳои дақиқ ва масоҳати онҳо маълум нест.
  5. Қисми зиёди лавҳаҳои огоҳкунандаи фулузии дар саросари сарҳади Тоҷикистону Ўзбекистон шинонидашуда бо сабабҳои гуногун нобуд шудаанд.
  6. Айни замон дар 79 маҳалли аҳолинишини вилояти Суғд (шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ашт, Шаҳристон, Панҷакент ва Айнӣ) аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо амалӣ гардида, аз соли 2014 деҳоти Кўлқанд ва Чоркўҳи шаҳри Исфара низ ба он фаро гирифта шуд.
  7. Аз соли 2003 бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳо оид ба огоҳсозии оҷилӣ аз хатари минаҳо майдончаҳои бехатарӣ сохта, омўзгорону хонандагон бо машғулиятҳои омўзишӣ фаро гирифта шуданд.
  8. Дар давраи амалигардонии Стратегияи мазкур баргузории чорабиниҳои зерин вобаста ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ба нақша гирифта шудааст:

- то соли 2020 бо фаъолияти огоҳсозӣ аз хатари минаҳо фаро гирифтани 34 ноҳия, 230 маҳалли аҳолинишин ва ҳар сол тақрибан 30000 нафар;

- ҳангоми безарарсозии минаҳо коҳиши ҳаддиақаллии ҳодисаҳои нохуши таркиши минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ;

- гузаронидани машғулиятҳои огоҳсозӣ аз хатари минаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар минтақаҳои осебпазир ҷойгиранд ва ба ҳисоб гирифтани теъдоди шунавандагон тибқи ҷинс ва синну сол;

- муқаррар кардани тартиби шаффофи ҳисоботдиҳӣ оид ба ҳодисаҳои нохуши таркиши минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ва минтақаҳои шубҳаноки минадор;

- ба роҳ мондани низоми табодули иттилоот миёни дастаҳои безараргардонии минаҳо ва гурўҳҳои огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо;

- таъин кардани шахсони масъули огоҳсозӣ аз хатари минаҳо аз сохторҳои давлатӣ (на кам аз 6 нафар) ва ташкилотҳои маҳаллӣ (на кам аз 55 нафар);

- баргузор намудани на кам аз 2 ҷамъомад дар сатҳи миллӣ ва 2 ҷамъомади ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо дар ҳар як 4 минтақаи осебпазири кишвар дар як сол;

- саҳмгузории шарикони дахлдор дар коҳиш ва пешгирии минбаъдаи теъдоди ҳодисаҳои нохуши ҳалокат ва маҷрўҳшавии одамон дар нуқтаҳои аҳолинишини осебпазир ва таъмини рафтори бехатари одамон.

 

  1. ФАЪОЛИЯТ ОИД БА КУМАК БА ШАХСОНИ АЗ МИНАҲО ВА ЛАВОЗИМОТИ НОТАРКИДАИ ҶАНГӢ ЗАРАРДИДА
  • 1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ҲОЛАТИ ҶОЙДОШТА ВА МУШКИЛОТ

 

  1. Кумак ба шахсони зарардида аз фаъолияти мухталиф иборат буда, ҳар яки он (ёрии фаврӣ ва дарозмуддати тиббӣ, тавонбахшии ҷисмонию функсионалӣ, дастгирии равонию иҷтимоӣ, ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ) аҳамияти баробар дорад.
  2. Кумак ба шахсони зарардида ҷузъи муҳими фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ва дастгирии маъюбон ба ҳисоб равад ҳам, айни замон он пурра ба барномаҳои вусъатёфтаи Тоҷикистон оид ба маъюбӣ ва рушд ҳамгиро нашудааст.
  3. Минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ба ҳаёти сокинони осоишта таҳдидкунанда пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ низ муддати дароз боиси ҷароҳатбардорӣ ва ҳалокати одамон мегарданд.
  4. Расонидани кумаки муносиб ба шахсони аз минаҳо зарардида, аз ҷумла таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасонии босифат ва саривақтии тиббӣ, иҷтимоӣ, равонию иҷтимоӣ, барқарорсозии қобилияти меҳнатӣ, инчунин таъмини онҳо бо воситаҳои техникии ёрирасон ва ғайра, ба онҳо имкон медихад, ки зиндагиашонро бсҳтар намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеа дар баробари дигарон аз тамоми хизматрасониҳои мавҷуда баҳраманд бошанд.
  5. Барои тақвияти самаранокии фаъолият дар самти кумак ба шахсони зарардида дар сатҳи лозима ба роҳ мондани ҳамкории байни шарикон ва таҳкими иқтидори кадрию молиявии онҳо зарур мебошад.
  6. Дар самти кумак ба зарардидагон ва маъюбон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" нақши муҳим мебозанд.
  7. Айни замон дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 хона-интернат, 2 маркази тавонбахшӣ барои кўдакони маъюб, 40 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 16 маркази хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон, 16 маркази будубоши рўзона барои кўдакони маъюб, 4 осоишгоҳи табобатӣ барои ветеранҳои ҷангу меҳнат ва маъюбон қарор доранд, ки ба маъюбон, аз он ҷумла ба шахсони аз минаҳо зарардида хизмат мерасонанд.
  8. Корхонаи давлатии "Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе" (минбаъд - Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе) бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кўлоб, Хоруғ ва Хуҷанд низ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, маъюбон, аз ҷумла шахсони аз минаҳо зарардидаро бо протезҳо, ортезҳо, пойафзолҳои махсуси ортопедӣ, камарбанд, ғуддаи сина, асо, асобағал, аробачаҳои маъюбӣ ва дигар лавозимоти ёрирасони зарурӣ таъмин менамояд.
  9. Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон"и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кўдакон ва калонсолони маъюб, аз ҷумла шахсони аз минаҳо зарардида, кумаки тиббию тавонбахшӣ расонида, дар самти пешгирии оқибатҳои вазнини маъюбӣ ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон саҳми муносиб мегузорад.
  10. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх тавассути бахшҳо ва ихтиёриёни худ дар минтақаҳои алоҳида ба аҳолии ниёзманд, аз ҷумла шахсони аз минаҳо зарардида, кумак расонида истодааст. Ҳамчунин шахсони аз минаҳо зарардида дар доираи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо ва дигар созмонҳо дастгирӣ мешаванд.
  11. Дар баробари ин низоми мавҷудаи кумакрасонӣ ба шахсони аз минаҳо зарардида номукаммал буда, эҳтиёҷоти онҳоро пурра қонеъ карда наметавонад.
  12. Нокифоя будани маблағҳои буҷетӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти давлатӣ ҷиҳати расонидани маҷмўи хизматрасониҳо (алалхусус дар деҳаҳо) боиси самара ва натиҷаҳои зарурӣ надодани амалигардонии барномаҳои рушд ва бебаҳра мондани шахсони зарардида аз онҳо мегардад.
  13. Дар давоми солҳои 1992-2016 865 нафар шахсони аз минаҳо зарардида ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 490 нафар маҷрўҳ ва 375 нафар ҳалок гардидаанд. Аз шумораи умумии шахсони зарардида 30 фоизро кўдакон ва шумораи аз ҳама зиёдашро мардон ташкил медиҳанд. Шумораи зиёди шахсони аз минаҳо зарардида дар деҳаҳо умр ба сар бурда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии худ ба хизматрасониҳои зарурӣ дастрасӣ надоранд. Дастрас набудани марказҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ ва беморхонаҳо, шумораи ками муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва мавҷуд набудани мутахассисони варзидаи кор бо шахсони маъюб дар сатҳи маҳаллӣ баръало хис карда мешавад.
  14. Ҳарчанд сифати ташхису табобати беморон нисбати солҳои пешин беҳтар шуда бошад ҳам, нарасидани мутахассисони соҳибтаҷриба, таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ, сари вақт нагузаштани мутахассисон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад.
  15. Шумораи эҳтиёҷмандон ба маҳсулоти протезию ортопедӣ афзуда истодааст. Ҳар сол тавассути Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ба 20 нафар шахсони аз минаҳо зарардидаи муҳтоҷи кумаки ортопедию протезӣ хизмат расонида мешавад. Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе то ҳол аз ҷиҳати моддию техникӣ танқисӣ кашида, имконияти дар доираи маблағҳои буҷетӣ барои ҳамаи ниёзмандон харидорӣ намудани маҳсулоти нимтайёрро надорад. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аз соли 1998 сар карда, тавассути Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ба шахсони аз минаҳо зарардида кумак мерасонад, вале ҳоло ҳам имконияти пурра қонеъ гардонидани талаботи ҳамаи ниёзмандон мавҷуд нест.

 

  • 2. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ, ТАВОНБАХШИИ ҶИСМОНӢ ВА РАВОНИЮ ИҶТИМОӢ

 

  1. Солҳои 2005-2016 барои шахсони аз минаҳо зарардида лагерҳои солимгардонии тобистона ташкил карда шуданд, ки дар онҳо ҳар сол ба ҳисоби миёна 25-30 нафар ва ҳамагӣ 330 нафар истироҳат карда, бо ташхиси ройгон ва табобати мувофиқ таъмин гардиданд. Аз соли 2005 инҷониб беш аз 400 шахсони аз минаҳо зарардида тавассути лагерҳои солимгардонии тобистона ва иқдомоти "Дастгирии ҳамтоён" аз кумакҳои равонию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бархурдор шуда, айни ҳол 300 нафари дигар дар навбат қарор доранд.
  2. Бо дастгирии лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонии равонию иҷтимоӣ, муайянкунии иллатҳои равонӣ ва баҳодиҳии сифати зиндагии шахсони аз минаҳо зарардида дастуру тавсияҳо нашр гардида, дар асоси онҳо бо равоншиносон, кормандони соҳаи иҷтимоӣ, донишҷўён ва дигар шахсоне, ки дар самти тавонбахшии шахсони зарардида ва маъюбон фаъолият доранд, машғулиятҳои омўзишӣ гузаронида шуданд. Бо мақсади тавсеаи имконот дар самти тавонбахшии ҷисмонӣ ва солимии равонии шахсони зарардида бо ҷарроҳон, шикастабандон, мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ва дигар мутахассисони корозмуда аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои осебпазир машғулиятҳои омўзишӣ баргузор гардида, сафарҳо оид ба табодули таҷриба ба давлатҳои дигар (Словения ва Афғонистон) анҷом дода шуданд.
  3. Соли 2012 бо ҳамкасбон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои шахсони аз минаҳо зарардида лагери тавонбахшии тобистона ташкил карда шуд. Дар давоми ин чорабинӣ лоиҳаи "Дастгирии ҳамтоён" амалӣ ва дастурамали дахлдор таҳия гардида, аз рўи он дар давоми соли 2013 дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ (Душанбе, Хуҷанд, Қўрғонтеппа, Хоруғ ва Рашт) 80 нафар шахсони аз минаҳо зарардида омўзонида шуданд. Бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории минтақавӣ ба роҳ монда шуда, моҳи декабри соли 2010 дар самти расонидани кумаки равонию иҷтимоӣ дар шаҳри Кобул ва моҳи октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе 2 конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин, дар давоми солҳои 2012-2013 мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон ҷиҳати табодули таҷриба ба Тоҷикистон ва Афғонистон ташрифҳои байниҳамдигарӣ анҷом доданд.
  4. Беш аз 220 корманди тиббӣ аз ноҳияҳои осебпазир дар давоми солҳои 2013-2016 оид ба расонидани кумаки аввалияи равонӣ ба шахсони аз минаҳо зарардида ва дигар маъюбон бо машғулиятҳои омўзишӣ фаро гирифта шуданд.
  5. Тўли солҳои 2007-2016 дастурамалҳо оид ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ёрӣ ба шахсони аз минаҳо зарардида ва дастгирии равонии маъюбон нашр гардида, ба сохторҳо ва мутахассисони дахлдор дастрас карда шуданд.
  6. Дар давоми солҳои 2014-2016 101 нафар шахсони аз минаҳо зарардида бо хизматрасониҳои протезию ортезӣ, инчунин пойафзоли протезию асобағал таъмин гардиданд.
  7. Айни замон шумораи маъюбони дар навбати хизматрасониҳои мухталиф (таъмин бо роҳаткурсиҳои маъюбӣ, хизматрасониҳои протезию ортезӣ ва ғайра) қарордошта тақрибан 700 нафарро ташкил медиҳад.
  8. Набудани консепсияи ягонаи умумӣ ва нарасидани кормандони омўзонидашудаи соҳаи иҷтимоӣ боиси ба монеаҳои мухталиф дучор шудани раванди ҷалб ва дубора воридшавии шахсони маъюб ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ гашта истодааст.

 

  • 3. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҚТИСОДӢ, ЁРИИ РАВОНӢ ВА ҲУҚУҚӢ

 

  1. Ҳарчанд ташкили манбаъҳои даромади иловагӣ ва фарогирии дубораи иҷтимоию иқтисодӣ ҷузъи таркибии кумак ба шахсони зарардида бошад ҳам, айни ҳол танҳо шумораи маҳдуди шахсони аз минаҳо зарардида, аз ҷумла маъюбон аз онҳо бархурдор мебошанд.
  2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар давоми солҳои 2005-2016 ба 333 нафар шахсони аз минаҳо зарардида аз 3 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (Ашт, Исфара ва Панҷакент) ва 3 ноҳияи минтақаи Рашт (Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод) кумаки моддӣ расонид. Дар давоми соли 2012 аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх 471 шахси зарардида бо кумакҳои микроиқтисодӣ фаро гирифта шуданд. Бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар давоми солҳои 2013-2015 бо ташкилотҳои қарздиҳии хурди "Рушди Суғд" дар вилояти Суғд ва "Файзи Сурхоб" дар минтақаи Рашт созишномаҳо ба имзо расонида шуда, 90 нафар шахсони аз минаҳо зарардида бо қарзҳои фоизашон паст таъмин гардиданд.
  3. Дар маҷмўъ дар давоми солҳои 2005-2016 дар доираи лоиҳаҳои амалигардида ба беш аз 600 нафар шахсони аз минаҳо зарардида кумаки иҷтимоию иқтисодӣ расонида шуд.
  4. Оид ба имтиёзҳои маъюбон соли 2010 ва дастрасии маъюбон ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва кумакҳои гуногун соли 2011 брошюраҳо чоп карда шуда, дар асоси онҳо дар минтақаҳои гуногуни осебпазири Тоҷикистон машғулиятҳои омўзишӣ гузаронида шуданд.
  5. Айни замон тавассути 30 маркази ёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла қабулгоҳҳои ҷамъиятии расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз он ҷумла шахсони аз минаҳо зарардида, ёрии ҳуқуқии ройгон расонида мешавад.
  6. Дар давраи амалигардонии Стратегияи мазкур баргузории чорабиниҳои зерин вобаста ба кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида ба нақша гирифта шудааст:

- ба роҳ мондани фаъолияти муътадили масъулони кумак ба шахсони аз минаҳо зарардида аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо";

- ба лоиҳаҳо, нақшаҳо ва барномаҳои васеи маъюбӣ ва рушд пурра ҳамгиро шудани масъалаҳои кумак ба шахсони аз минаҳо зарардида;

- бархурдор шудани шахсони аз минаҳо зарардида (новобаста аз ҷинс ва синну сол) аз натиҷаҳои амалигардонии барномаҳо дар самти кумак ба шахсони зарардида;

- баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони муассисаҳои тиббӣ дар маҳалҳо дар самти расонидани кумакҳои тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ ба маъюбон, аз ҷумла ба шахсони аз минаҳо зарардида;

- дастгирӣ ва тақвияти иқтидори муассисаҳои миллӣ ва сохторҳои минтақавии онҳо ҷиҳати қонеъ намудани ниёзҳои асосии маъюбон, аз ҷумла шахсони аз минаҳо зарардида;

- ба сарчашмаҳои шахсии даромад дастрасӣ ёфтани шахсони аз минаҳо зарардида;

- такмили роҳҳои ҳамгироии дубораи шахсони аз минаҳо зарардида бо ҷомеа.

 

  1. ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ИТТИЛООТ
  • 1. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИТТИЛООТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО

 

  1. Идоракунии иттилоот яке аз бахшҳои асосии барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он дастрас ва таъмин намудани иттилооти пурра ва мушаххаси соҳавӣ мебошад, ки барои таҳлил, баррасӣ, қабули қарору хулосаҳо ва дар асоси факту рақамҳо омода намудани ҳисоботи барномавӣ истифода бурда мешавад.
  2. Сифати фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳои Тоҷикистон аз идоракунии иттилоот вобастагии пурра дорад. Вазифаи асосии идоракунии иттилоот ин дар асоси конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, таҳлил ва таъмини саривақтии иттилоот мебошад.
  3. Низоми пурраи идоракунии иттилоот имконият ва эҳтимолияти ноил шудан ба дастовардҳои муфидро зиёд намуда, идоракунии самараноку шаффоф ва баҳодиҳии боэътимоди фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳоро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.
  4. Қоидаҳои амалиётии стандартӣ оид ба идоракунии иттилоот аз ҷониби муассисаи давлатии "Маркази миллли Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" тасдиқ шудааст. Барои таъмини идоракунии пурраи иттилоот бояд низоми идоракунии иттилооти фаъолияти зидди минаҳо (минбаъд - низоми идоракунии иттилоот) мавҷуд бошад.
  5. Маркази байналмилалии Женева оид ба безараргардонии башардўстонаи минаҳо чунин низомро аллакай таҳия карда, ба тамоми барномаҳои ҷаҳонии безараргардонии башардўстонаи минаҳо пешниҳод наамудааст. Низоми идоракунии иттилоот аз манбаи барномавии иттилоот ва низоми иттилоотии ҷуғрофӣ иборат мебошад.
  6. Аз ҷониби Маркази байналмилалии Женева оид ба безараргардонии башардўстонаи минаҳо ҷиҳати аз худ намудан ва истифодаи пурраи низоми идоракунии иттилоот тўли 10 сол ба кормандони лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон, муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" ва шарикони онҳо машғулиятҳои омўзишӣ гузаронида мешаванд.
  7. То охири соли 2016 ба махзани маълумоти низоми идоракунии иттилоот 131 супориш ва 920 ҳисобот оид ба безарарсозии минаҳо ворид карда шудааст.
  8. Идоракунии иттилоот соҳаи махсус буда, теъдоди маҳдуди мутахассисонро дар бар мегирад, ки тайёр намудани онҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Душвории асосии дар нн самт мушоҳидашуда нигоҳдории мутахассисони соҳибтаҷриба мебошад.
  9. Дар махзани маълумоти низоми идоракунии иттилоот оид ба натиҷаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо (тоза намудани заминҳо, огоҳсозӣ аз хатари минаҳо, кумак ба шахсони зарардида ва гайра) иттилооти пурраи таърихӣ мавҷуд аст, аммо оид ба ҳодисаҳои нохуш вобаста ба минаҳо ё лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, эҳтиёҷоти кунунии шахсони зарардида ва дар ин замина расонидани хизматрасониҳо ва кумак ба онҳо иттилооти таърихии пурра, дақиқ ва боэътимод вуҷуд надорад.
  10. Дар махзани маълумоти низоми идоракунии иттилоот оид ба 76 майдони ҳанўз таҳқиқнашудаи минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, минтақаи марказии Тоҷикистон ва қитъаҳои хатарноки гирду атрофи машқгоҳҳои ҳарбӣ иттилоот мавҷуд нест. Ин маълумот бояд баъди гузаронидани тадқиқоти ғайритехникӣ дар ин минтақаҳо ба махзани маълумот ворид карда шавад.
  11. Шарикони Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон ҷиҳати идоракунии иттилоот айни ҳол иқтидорҳои кадрии зеринро доро мебошанд:

- муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" - як мутахассиси низоми идоракунии иттилоот (сатҳи А1), як мутахассиси низоми иттилоотии ҷуғрофӣ (бе гузаштани тренинги расмӣ), як мушовири миллии барнома - мутахассиси идоракунии иттилоот (сатҳи А1);

- ротаи сапёрӣ-гуманитарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии "Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон" ва Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо мутахассиси бахши идоракунии иттилоот надоранд;

- ташкилоти "Кумаки мардуми Норвегия" - як мутахассиси низоми идоракунии иттилоот (сатҳи А1) ва як мутахассис оид ба низоми иттилоотии ҷуғрофӣ;

- лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон - як мушовири бахши идоракунии иттилоот (сатҳи А2, магистри низоми иттилоотии ҷуғрофӣ), як мутахассиси низоми иттилоотии ҷуғрофӣ ба сифати мушовири миллӣ.

 

  • 2. ВАСОИТИ ТАҲЛИЛ ВА ТАБОДУЛИ ИТТИЛООТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЗИДДИ МИНАҲО

 

  1. Барои беҳтар намудани самаранокии фаъолияти башардустонаи зидди минаҳои Тоҷикистон бо шарикон дар самти идоракунии иттилоот бояд ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, пешниҳоди саривақтӣ ва пурраи иттилоот таъмин гардад.
  2. Васоити таҳлили маълумот оид ба фаъолияти зидди минаҳо имкон медиҳад, ки истифодабарандагон ба бисёр захираҳои иттилоотӣ мустақим пайваст шуда, сари вақт иттилооти муфид ва заруриро дастрас намоянд. Мақсади асосии васоити мазкур дар асоси далелҳои мавҷуда қабули қарорҳои дахлдор, омодакунии саривақтии ҳисобот ва таъмини табодули доимии иттилоот байни шарикон мебошад.
  3. Ҳарчанд васоити таҳлили маълумот оид ба фаъолияти зидди минаҳо таҳия шуда бошад ҳам, ҳанўз он комилан татбиқ нашудааст.
  4. Дар давраи амалигардонии Стратегияи мазкур вобаста ба идоракунии иттилоот чунин самтҳои фаъолият пурзўр карда мешаванд:

- ба махзани маълумоти низоми идоракунии иттилоот пурра ворид намудани иттилооте, ки дар доираи фаъолияти якҷояи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас гардидаанд;

- тасдиқ ва ба махзани маълумоти низоми идоракунии иттилоот ворид намудани натиҷаҳои тадқиқоти ғайритехникии дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи марказӣ гузаронидашуда;

- ҳамчун заминаи самараноки табодули иттилоот ва воситаи ҳисоботдиҳӣ мавриди истифода қарор додани васоити таҳлили маълумоти марбут ба фаъолияти зидди минаҳо;

- таъмини саривақтии пешниҳоди иттилоот ба низоми идоракунии иттилоот ва самаранок истифода бурдани натиҷаҳои он;

- омўзонидани кормандони бахши идоракунии иттилооти Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон оид ба низоми идоракунии иттилоот (шаҳодатномаи мутахассис оид ба идоракунии иттилоот ва низоми иттилоотии ҷуғрофӣ);

- фароҳам овардани имконият ҷиҳати нигоҳ доштани кормандони омўзонидашудаи бахши идоракунии иттилоот.

 

  1. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ СТРАТЕГИЯИ МАЗКУР

 

  1. Маблағгузории чорабиниҳои алоҳида оид ба амалигардонии Стратегияи мазкур аз ҳисоби грантҳои созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад.

 

Замима

ба Стратегияи миллии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

фаъолияти башардӯстонаи зидди

минаҳо барои солҳои 2017-2020

 

НАҚШАИ

чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлат

Иҷрокунандагон

Маблағгузорӣ

1

Гузаронидани семинар ва машваратҳо бо кормандони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои дахлдор доир ба муқаррароти конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба санъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо" ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020

 

мунтазам

Муассисаи давлатии "маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон, вазорату идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои донорҳо ва дигар манбаъҳои манънашуда

2

Омӯзиши имконияти

ҳамроҳшавии Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба Конвенсияи

Созмони Милали

Муттаҳид оид ба муҳимоти хӯшавӣ

2017-2018

Вазорату идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

3

Таҳияи сиёсати гендерӣ ва гуногунӣ дар  фаъолиятҳои

башардӯстонаи зидди         минаҳои Тоҷикистон

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон, вазорату

идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

4

Таъмиии муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои минаҳо"               бо захираҳои кадрӣ ва моддӣ           ҷиҳати рушди иқтидори

техникӣ ва ниҳодӣ

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази  миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикои, вазорату

идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

5

Таҳкими иқтидори муассисаи давлатии "Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба масъалаҳои

минаҳо" оид ба идоракунии умумии маъмурӣ ва молиявӣ

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои

минаҳо" бо ҷалби

шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда 

2. Чорабиниҳо оид ба тоза намудани заминҳо аз минаҳо

6

Гузаронидани тадқиқоти техникӣ ва ғайритехникӣ дар қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дигар минтақаҳои осебпазири

ҷумҳурӣ

мунтазам

 

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон, вазорату идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

7

Гузаронидани тадқиқоти

ғайритехникӣ дар полигонҳои ҳарбии мамлакат, ки дар наздикии маҳалҳои аҳолииншин ҷой

гирифтаанд ва насбкунии лавҳаҳои

огоҳкунандаи хатар дар        минтақаҳои осебпазири сархади

Тоҷикистону Ӯзбекистон

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон, вазорату

идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

8

Насби лавҳаҳои огоҳкунанда        аз хатари минаҳо

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

9

Ташкили гурӯҳи доимии

аломатгузорӣ дар ҷойҳои

душворгузар ё ҷойҳое, ки анҷом

додани кор ғайриимкон

мебошад

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

10

Банақшагирӣ, тоза намудани заминҳои минадор ва ба

мақомоти дахлдор супоридани      онҳо барои истифодаи

минбаъда

мунтазам

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон, вазорату

идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

11

Тибқи тартиби гузаронидани

аккредитатсияи ташкилотҳои

безараргардонии минаҳо                 ва таҷҳизоти онҳо

2017-2019

Муассисаи давлатии

"Маркази  миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

3. Чорабиниҳо оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо

12

Таҷдиди маводи огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва пешниҳоди онҳо ба шарикон

2017-2018

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои

минаҳо"

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

13

Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани

табодули иттилоот байни         дастаҳои безарарсозӣ ва гурӯҳҳои    огоҳсозӣ аз хатари минаҳо

мунтазам

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

14

Дар минтақаҳои осебпазири

ҷумҳурӣ гузаронидани

тренингҳо оид ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ба аҳолӣ, 

омӯзгорон ва хонандагон

мунтазам

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон, вазорату

идораҳои марбута

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда 

 

4. Чорабиниҳо оид ба кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти

нотаркидаи ҷангӣ зарардида

15

Тақвияти иқтидори техникии      Заводи протезию ортопедии     шаҳри Душанбе дар самти

кумак ба зарардидагони минаҳо                 ва дастгирии онҳо

2017-2019

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

16

Гузаронидани тренингҳои

омӯзишӣ дар байни кормандони

муассисаҳои тиббию санитарӣ

оид ба кумаки иҷтимоию равонӣ

ба зарардидагони

минаҳо

2017-2019

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон ва

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

17

Баррасии масъалаи расонидани    кумак ба собиқ минаҷӯён

ва аъзои оилаи онҳо (тавассути

баҳодиҳии вазъи зарардидагон),

давом додани ҳамгироии онҳо ба

ҷамъият

2017-2019

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон ва

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

18

Таъмини зарардидагони минаҳо  бо маводи протезию ортезӣ ва

таъмири онҳо, хизматрасонии

тиббӣ, офиятбахшӣ, кумакҳои   равонию иҷтимоӣ ва дигар

намуди хизматрасониҳо

мунтазам

 

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон ва

Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

19

Таъмини дастрасии зарардидагони

минаҳо бо ёрии ҳуқуқӣ,   иҷтимоию иқтисодӣ (грантҳо,

қарзҳо) ва дигар манбаъҳои даромад барои таъмини худ

ва оила

2017-2019

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон ва

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

5. Чорабиниҳо оид ба идоракунии иттилоот

20

Дар  шакли  ниҳоӣ таҳия       намудани низоми идоракунии

иттилоот ва ба он ворид       намудани тамоми иттилоот

оид ба натиҷаҳо

2017-2019

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

21

Ташкили омӯзишҳои сатҳи

байналмилалӣ оид ба        идоракунии иттилоот барои

мутахассисон

мунтазам

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалахои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

22

Гузаронидани таҳлили сифатӣ ва

омории фаъолияти башардӯстонаи

зидди минаҳо, тартиб додани

харитаҳо ва омода намудани

ҳисоботҳои дахлдор

2017-2020

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

23

Ба роҳ мондани табодули   иттилоот байни мақомоти дахлдор               ва шарикон

мунтазам

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

24

Нигоҳдорӣ ва таҷдиди торнамои

муассисаи давлатии "Маркази    миллии Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо"

мунтазам

Муассисаи давлатии

"Маркази миллии

Тоҷикистон оид ба

масъалаҳои минаҳо" бо ҷалби шарикон

Аз ҳисоби маблағҳои

донорҳо ва дигар

манбаъҳои манънашуда

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ