Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 425
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.07.2015
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 "Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо ташкилотҳои кўмакрасон шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти таҷрибавиро оид ба татбиқи Консепсияи мазкур муайян намояд;

- бо ташкилотҳои кўмакрасон ҷиҳати марҳила ба марҳила татбиқ намудани Консепсияи мазкур созишнома ба имзо расонад;

- таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои заруриро оид ба татбиқи Консепсияи мазкур қабул намояд.

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур мусоидат намоянд.
  2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 июли соли 2015 № 425

ш.Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ