Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 144
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.03.2014
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешанд.
  3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 марти соли 2014, № 144

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ