Классификатор Консепсия
Рақам 102
Ном КОНСЕПСИЯИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 28.02.2015
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 феврали соли 2015 № 102

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

1. Муқаддима

 

  1. Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумш Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) аз ҷониби Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба таҳияи "Консепсияи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мусоидати Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд - БУО СММ) ва дастгирии техникии ташкилоти ғайридавлатии "Пажўҳишгоҳи соҳавии ғизо" (Федератсияи Россия) дар доираи Лоиҳаи рушди БУО СММ 200120 "Сабук гардонидани дастрасӣ ба таҳсилот барои кўдаконе, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд", таҳия гардидааст.
  2. Тибқи Консепсияи мазкур ҳадафҳо, самтҳои асосӣ, вазифа ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди ғизои мактабӣ муайян карда мешаванд.
  3. Консепсияи мазкур замина барои таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди ғизои мактабӣ мебошад ва муҳиммияти таъмини хонандагон бо ғизои солим барои инкишофи нерўи таҳсилотӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум, инчунин рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро ба инобат мегирад.
  4. Заминаи ҳуқуқии Консепсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.
  5. Консепсияи мазкур бо дарназардошти таҷрибаи ватанӣ ва хориҷии ташкили ғизои мактабӣ, аз ҷумла таҷрибаи понздаҳсолаи татбиқи Барномаи ғизои мактабии БУО СММ таҳия шудааст.
  6. Муқаррароти Консепсия бояд ҳангоми таҳияи барномаҳои миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум, рушди комплекси агросаноатӣ ба инобат гирифта шаванд.

 

2. Ҳолат ва мушкилоти беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Паст гардидани даромади миллӣ аз содирот, ки бо зуҳуроти буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба вуқўъ пайваст, вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ва рушди ғайрикофии системаи дастгирии иҷтимоии аҳолии осебпазир, амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар мегузорад, инчунин барои ҳалли масоили рушди иҷтимоию иқтисодӣ монеа мешавад. Новобаста ба рушди бошиддати бахши кишоварзӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти қисми зиёди маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла барои ташкили ғизои мактабӣ заруриро идома медиҳад.
  2. Ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ эътироф шудааст. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи давомоти муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ҳамагӣ 70 фоизро ташкил медод ва ин нишондиҳанда тадриҷан афзоиш ёфта, айни замон ба сатҳи баланд расид, аз ҷумла ба туфайли Барномаи ғизои мактабӣ, ки бо дастгирии БУО аз соли 1999 амалӣ мегардад. Ғайр аз ин, Барномаи ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷўҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст.
  3. Ғизои мактабӣ айни замон дар доираи Лоиҳаи рушди БУО СММ 200120 "Сабук гардонидани дастрасӣ ба таҳсилот барои кўдаконе, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд" амалӣ гардида, 355 ҳазор кўдаконро, ки дар 2000 муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоии деҳоти 52 ноҳияи Тоҷикистон таҳсил мекунанд, фаро мегирад. Дар доираи барнома, БУО СММ таҳвили маводи озуқавориро (орд, лубиёӣ, равғани растанӣ ва намакро) бо саҳми якҷояи падару модарон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар қисми таҳвили меваю сабзавот, гўшт, тухм ва қисман пардохти хароҷот барои сўзишворӣ, маоши ошпазҳо ва нонпазӣ амалӣ менамояд.
  4. Ҳадафҳои ҷории Барномаи ғизои мактабӣ пурра бо Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ва Барномаи чорчўбавии Созмони Милали Мутаҳид оид ба рушд мувофиқа карда шудааст.
  5. Айни замон ғизои мактабӣ самти алоҳидаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян нагардида бошад ҳам, вале заминаҳои ҳуқуқии он мустаҳкам мебошад.
  6. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи кунунии ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи мазкур тавсияҳоро оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои кўтоҳмўҳлат, миёнамўҳлат ва дарозмўҳлат тавассути Стратегияи миллии ғизои мактабӣ ва маҷмўи тадбирҳо бо иштироки тамоми бахшҳои дахлдори Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин шариконро дар бар мегирад.
  7. Дар асоси натиҷаҳои пешакӣ, беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд татбиқи чорабиниҳоро дар самтҳои зерин дар бар гирад:

а) такмили заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба мавҷуд будани маводи ғизоӣ ва тайёр кардани ғизо, инчунин барои муайян намудани тартиби маблағгузорӣ ва сармоягузории Барномаи ғизои мактабӣ аз сарчашмаҳои давлатӣ ва хусусӣ зарур аст;

б) таҷдиди блокҳои ғизо ва ошхонаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои таъмини мутобиқат ба меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ, бахусус дар масоили системаи обтаъминкунӣ, инчунин барои истифодаи самараноки таҷҳизот, сўзишворӣ ва захираҳои инсонӣ зарур аст;

в) ҳамкории мутақобила байни бахши кишоварзӣ ва ғизои мактабӣ барои тақвияти инкишофи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши ҳиссаи маводи ғизо ва ғизои тайёри маҳаллӣ, ки барои ҳадафҳои Барномаи ғизои мактабӣ харидорӣ ва истеҳсол мешавад, зарур аст. Он таҳия ва стандартизатсияи хоҷагиҳои наздимактабиро, ки дар 30 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии дар барнома иштироккунанда мавҷуданд, дар бар мегирад.

г) ташкили низоми устувори идоракунӣ ва мониторинги Барномаи ғизои мактабӣ барои тавсеа ва ниҳодикунонии механизмҳои дар Барномаи ҷорӣ истифодашаванда, зарур аст. Илова ба идоракунии умумии Барномаи ғизои мактабӣ, ин сохтор барои ҷамъ овардани иттилоот ва гузаронидани таҳқиқот оид ба масоили ташкилӣ, фарогирии барнома, вояҳо, сарчашмаҳои маводи озуқаворӣ, инчунин рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, имконият фароҳам меорад.

 

3. Ҳадафҳо ва вазифаҳои беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Ҳадафҳо ва вазифаҳои дахлдоре, ки дар Консепсияи мазкур муайян гардидаанд, ҷиҳати зарурати ташкили муносибати муосир ба ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва таҳқиқот ба миён омадааст. Ин муносибат бо мақсади таъмини дастрасӣ ба ғизои солим барои шумораи зиёди хонандагон, хизматрасонии беҳтар дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи байни ғизои мактабӣ ва кишоварзӣ, бахши саноати хўрокворӣ ва бозори маводи озуқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
  2. Ҳадафҳои асосии Консепсия инҳоянд:

а) таҳияи Барномаи давлатии миллӣ ва устувори ғизои мактабӣ бо фарогирии ҳамаҷониба барои мусоидат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳо дар бахшҳои зерин: маориф (сифати таълим, ҷалб, давомот), ҳифзи иҷтимоӣ (хусусан барои шахсони осебпазир), ғизо;

б) дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва ҷисмонӣ, ташкили Барномаи ғизои мактабӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалии сифат, шумора ва гуногунии ғизо, ки ба беҳтар гардидани саломатии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

в) саҳм дар рушди устувор, инкишоф ва рақобатпазирии бахши агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва ҳавасмандгардонии бозорҳои маводи озуқа;

г) саҳм дар иқтидори кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифз аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти озуқаворӣ.

  1. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:

а) такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои Барномаи миллии ғизои мактабӣ ҷиҳати ташкили низоми самараноки идоракунӣ ва мониторинги Барнома, инчунин нигоҳ доштани меъёрҳои ададӣ ва сифатии назорати озуқа, беҳдошт ва хизматрасонӣ;

б) таҳияи барномаи намунавии буҷетӣ, бо дарназардошти дастгирии молиявии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ, ки дорои қобилияти таъмини устувори молиявии Барномаи ғизои мактабӣ мебошанд;

в) рушди иқтидори маҳаллии истеҳсоли хўрокворӣ, ки бо Барномаи ғизои мактабӣ робитаи мутақобила дорад, аз ҷумла таҷдиди истеҳсолот ва инфрасохтори тавлиди мол дар заминаи технологияҳои муосир;

г) дастгирӣ ва тақвияти робитаи мутақобилаи шарикон дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ, гуногунсозии сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва тавсеаи имкониятҳои истифодаи таҷрибаҳои беҳтарин барои татбиқ ва идоракунии Барнома;

д) пешбурди Консепсияи ғизои мактабии солим дар ҳама сатҳ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ.

 

4. Сиёсати асосии давлатӣ; ташаббусҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ барои беҳтар намудани ғизои мактабӣ

 

  1. Беҳтар намудани ғизои мактабӣ муайян намудани сохтори ташкилӣ ва идоракунии Барнома, инчунин принсипҳои асосӣ ва механизмҳоро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад.
  2. Механизмҳои Барнома чунин ҷанбаҳоро, ба монанди фарогирӣ (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва синфҳои ширкаткунанда), логистика (воясозӣ, харидорӣ ва таҳвили маводи озуқаворӣ, тайёр кардани ғизо), маблағгузорӣ/механизмҳои буҷетӣ, инчунин муайян намудани нақш ва вазифаҳои тарафҳои манфиатдори дохилӣ (ҳокимияти иҷроия, кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, падару модарон) ва беруна (ҷомеа, истеҳсолкунандагон)-ро дар бар мегирад. Пешниҳодот оид ба ҳамаи ин ҷанбаҳо дар асоси саҳми андўхташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи 15 солаи татбиқи барномаи мавҷудаи БУО, инчунин таҳқиқоти/лоиҳаи ҷорӣ, ки аз ҷониби БУО бо дастгирии Пажўҳишгоҳи соҳавии ғизо гузаронида мешавад, ташаккул меёбанд.
  3. Дар самтҳои зикргардида, пешниҳодот оид ба механизмҳои татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ метавонад инҳоро дар бар гирад:

а) буҷет ва маблағгузорӣ: такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои якҷоякунии сарчашмаҳои маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ; моделҳо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (тавассути модели "бар ҳар сари аҳолӣ"), барои падару модарон ё дигар иштирокчиёни маҳаллӣ оид ба дастгирӣ дар шакли пулӣ ё намуди молӣ; моделҳо барои иштирокчиён (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон, падару модарон, истеҳсолкунандагон) барои афзоиши фоида аз барнома тавассути субсидия, бо такя ба сатҳи осебпазирии аҳолӣ;

б) фарогирӣ: ҷорӣ намудани заминаи ҳуқуқӣ оид ба муайян намудани ҳуқуқ ва дастрасии хонандагон ба Барномаи ғизои мактабӣ дар тамоми қаламрави кишвар, бо дарназардошти сатҳи осебпазирӣ, сатҳи таълим, мавқеи ҷуғрофӣ (масалан, шаҳр ё деҳот) ё дигар нишондиҳандаҳое, ки барои муайян намудани гурўҳҳои мақсаднок ё минтақаҳо дар сурати тавсеаи Барномаи ғизои мактабӣ зарур мебошанд;

в) хариди мол ва хизматрасониҳо: таҳияи низоми механизмҳои дахлдор барои таъмини низоми ғизои мактабӣ бо таҳвили устувори маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ; такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои истифодаи самараноки аутсорсинг дар шароити муҳити рақобатпазир зарур мебошад; рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ; муайян намудани тартиби интихоби муассисаҳои ғизои ҷамъиятӣ; таҳкими равобити истеҳсолию иқтисодӣ байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, муассисаҳои истеҳсолӣ ва коркард, муассисаҳои ғизои ҷамъиятӣ; истифодаи ғизои мактабӣ бо мақсади ташкил ё таҷдиди инфрасохтори истеҳсолию молӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ барои таъмин намудани ҳаҷми калони маводи ғизоӣ ва хизматрасоние, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва миллӣ барои ғизои мактабӣ истеҳсол ва пешниҳод мегарданд.

г) сифат, гуногунии маҳсулот ва тайёр кардани ғизо: ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ, ки фароҳам овардани шароитро барои ташкили ғизои гарм пешбинӣ мекунанд; таҳияи қоидаҳои (регламентҳои техникӣ) санитарию эпидемиологӣ ҳангоми ташкили ғизо дар муассисаҳои таълимӣ; таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои зарурии ғизо, ташаккули низоми назорати сифати хизматрасонӣ дар ташкили ғизои мактабӣ ва сифати маҳсулоти хўроквории истифодашаванда.

д) идоракунӣ, мониторинг ва воқифият аз Барномаи ғизои мактабӣ: таҳияи механизмҳои мониторинги татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ ва самаранокию таъсири он ба ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, демографӣ ва дигар паҳлўҳои рушди кишвар тибқи муқаррароти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; муайян намудани нақши ҳамаи иштирокчиёни Барномаи ғизои мактабӣ (дар сатҳи маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, шарикони тиҷоратӣ) бо мақсади таъмини татбиқи муносиби Барномаи ғизои мактабӣ ва баланд бардоштани воқифият дар ҳама сатҳ оид ба манфиат ва имкониятҳои иловагии Барномаи ғизои мактабӣ; ташкили сохтори таҳқиқот, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи Барномаи ғизои мактабӣ ҷиҳати муайян намудани ҳалли муносиби барномавӣ ва беҳтар намудани сифати Барномаи ғизои мактабӣ.

 

5. Татбиқи Консепсия

 

  1. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба таҳияи "Консепсияи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
  2. Дар доираи татбиқи Консепсияи мазкур, Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ: (1) нақшаи чорабиниҳоро оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ тасдиқ мекунад; (2) ҳамоҳангсозиро оиди банақшагирии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ барои беҳтар намудани ғизои мактабӣ татбиқ менамояд.
  3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи асосии чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ маҳсуб меёбад.
  4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав иҷрокунандагони чорабиниҳо оид ба рушди истеҳсоли ашёи хом ва маводи озуқа, инфрасохтори истеҳсолӣ ва тавлиди мол, бо таваҷҷўҳи хоса ба равобити истеҳсолкунандагон ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор мераванд.
  5. Вазифаҳо оид ба назорати бехатарии маводи ғизоӣ, аз ҷумла ҳангоми ташкили ғизои мактабии истифодашаванда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №890 "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ" амалӣ карда мешаванд.
  6. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқи вояҳои ғизо ва рўихати хўрокҳои намунавӣ, назорати сифат, бехатарӣ ва тавозуни ғизои тайёр, иҷрои талаботи санитарию беҳдоштӣ ҳангоми ташкили ғизои мактабӣ, мониторинги мунтазами вазъи саломатии баҳрагирандагони Барномаи ғизои мактабиро амалӣ менамояд.
  7. Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар доираи имконияту шароитҳои мавҷуда дастгирии техникӣ ва логистикиро дар раванди татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ мерасонад.
  8. Агентии давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникиро дар соҳаи хўроки умумӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор таҳия карда шудаанд, инчунин гузаронидани назорати метрологӣ ва экспертизаи таҷҳизоте, ки дар он коркарди маҳсулоти хўроки умумӣ сурат мегирад, амалӣ менамояд.

 

6. Марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсия

 

  1. Марҳилаи якум (солҳои 2014-2015). Дар марҳилаи якум (1) таҳия ва қабули Стратегияи миллии барномаи устувори ғизои мактабӣ, (2) такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии ғизои мактабӣ, (3) ташаккули инфрасохтори ташкилию идоракунӣ, (4) таҳияи Барномаи лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба ҷорӣ намудани моделҳои самараноки ташкили ғизои мактабӣ тибқи стандартҳои байналмилалии сифат амалӣ мешаванд.
  2. Марҳилаи дуюм (солҳои 2016-2020). Дар марҳилаи дуюм татбиқи Стратегияи миллии барномаи устувори ғизои мактабӣ тавассути: (1) таҳия ва татбиқи Барномаи миллии ғизои мактабии кўтоҳмўҳлат, (2) ҳаматарафа ҷорӣ кардани моделҳои нави ғизои мактабӣ, (3) тавсеаи фарогирии Барномаи ғизои мактабӣ, (4) беҳтар намудани заминаи истеҳсолӣ ва инфрасохтори истеҳсолӣ, ки ба самаранокии Барномаи ғизои мактабӣ таъсир мерасонанд, амалӣ карда мешавад.
  3. Марҳилаи сеюм (баъди соли 2020). Дар марҳилаи сеюм гузариш ба татбиқи мустақили барномаҳои беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат гирифта, ташаккули соҳаи муосири ғизои мактабӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалии барномаҳои ғизои мактабии муосир ва самарабахш ба итмом мерасад.
©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ