Классификатор Барнома
Рақам 260
Ном БАРНОМАИ МАҶМЎИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.05.2017
Матн

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 260

 

БАРНОМАИ МАҶМЎИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Асоси қонунӣ ва меъёрии ҳуқуқии таҳияи Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд - Барнома) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" мебошад.
  2. Барнома дурнамо, самтҳои асосии фаъолият, афзалияту вазифаҳо ва тартиби амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муайян ва ҷанбаҳои асосии тарбияи ҷисмонии аҳолиро дар бар гирифта, инчунин ҷиҳати ҳалли масъалаҳои омодагии захираҳои варзишӣ ва омода намудани варзишгарон барои иштирок дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
  3. Дар Барнома рушди инфрасохтор ва хизматрасонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳким ва рушди заминаи моддию техникӣ барои шуғли аҳолӣ бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пойгоҳи варзишӣ барои таъмини ҷараёни босифати машқӣ - таълимӣ дар муассисаҳои варзишии наврасону бачагон, мактаб - интернатҳои варзишӣ барои кўдакони

лаёқатманд, дастаҳои мунтахаби шаҳрҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо лавозимоту таҷҳизоти варзишии босифат, омода ва таъмини иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои Осиёӣ ва Олимпӣ, рушди илмии варзиши миллӣ, тайёр намудан ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ мегардад.

  1. Мақоми ҳамоҳангсоз дар амалигардонии Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) муқаррар карда шудааст.
  2. Дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегардад.

 

2. ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

 

  1. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дўстӣ ва ҳамкориҳо миёни на танҳо варзишгарон, балки инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Илова бар ин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.
  2. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
  3. Дар шароитн имрўза дар иншооти инфрасохтори варзишӣ, ки шумораи онҳо то 10 ҳазор адад мерасад, қисми зиёди наврасону ҷавонон бо варзиш машғуланд ва ҷараёни машқварзии онҳо низ бояд бо як низоми муайян пайваста танзим гардад.
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №278 Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ ва амалӣ гардид.
  5. Дар доираи амалӣ шудани Барномаи мазкур низоми идоракунии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ такмил ёфта, инфрасохтори варзиш рушд ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тавсеа ёфтанд.
  6. Дар давраи амалӣ шудани Барнома шумораи чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ аз 79 то 129, шумораи машқварзон дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ аз 37630 то 42504, дар сексияҳои варзишӣ ва гурўҳҳои солимгардонӣ аз 293197 то 614286 ва шумораи наврасону ҷавонони бо тарбияи ҷисмонӣ машғулбуда аз 991608 то 1310000 зиёд арзёбӣ мегардад.
  7. Дар зарфи 5 соли охир зиёда аз 1381 иншооти варзишӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ сохта шуда, 1059 иншооти варзишӣ таъмиру таҷдид ва ба истифода дода шуданд, ки барои рушди инфрастохтори соҳа нақши муҳимро мебозанд.
  8. Варзиши муосир ҳамарўза зери навгониҳои гуногун қарор дошта, тақозои изҳори таваҷҷуҳи махсус барои омода намудани мутахассисони дорои усулҳои нави корӣ мебошад.
  9. Айни замон варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос менамояд.
  10. Зиёда аз 15,7 фоизи ҳайати мураббиёни муассисаҳои варзишии ҷумҳурӣ маълумоти соҳавиро надоранд. Яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар омодасозии дастаҳои мунтахаби маҳалҳо ва ҷумҳурӣ ин нарасидани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад.
  11. Масъалаи бо мутахассисони сатҳи касбӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи зарурӣ ва бо усулҳои муосир гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, инчунин азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои варзишӣ таваҷҷўҳи доимиро талаб менамояд.
  12. Бо дарназардошти пешрафти варзиши муосир дар ҷаҳон, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ усулҳои нави таҳқикоти илмию техникӣ зарур аст, чунки дар олами муосири варзиш маҳз ҳамин усулҳо боиси беҳтар гардидани натиҷаҳои варзишгарони маъруфи ҷаҳон гардидаанд.
  13. Дар ҷараёни тамрини варзишгарони маъруфи ҷаҳон на танҳо сифати машқҳои таълимии варзишӣ, таъминотн тиббӣ ва формакологӣ, инчунин бамеъёрдарории истеъмоли ғизо, истироҳат, барқарорсозӣ ва омодагии равонӣ (психологӣ) низ ба эътибор гирифта мешавад.
  14. Дар ҷумҳурӣ равоншиносони варзишӣ фаъолият надошта, хизматрасонии тиббии варзишӣ суст ба роҳ монда шудааст.
  15. Дар ҷумҳурӣ маркази диспансери тиббии варзишии ҷумҳуриявӣ амал намекунад. Гарчанде дар минтақаҳо ва шаҳри Душанбе марказҳои диспансерӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, онҳо ба талаботи тибби варзишии муосир ҷавобгў нестанд, зеро дар онҳо табибони варзишӣ фаъолият намекунанд.
  16. Дар баробари ин, мушкилоти дигар дар самти боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтор ва заминаи моддию техникии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла мавҷуд набудани дастрасӣ ба иншооти варзишӣ, ҳамчунин иншооти хусусии варзиши ба табақаи миёнаи аҳолӣ, таҳияи барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таҳсилотии томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ, норасоии лавозимоти варзишӣ дар муассисаҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, маҳалҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо то ҳанўз эҳсос мегарданд.
  17. Бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани чораҳои иловагии маҷмўиро тақозо намуда, таҳия, қабул, банақшагирӣ ва маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.

 

3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

 

  1. Ҳадафи Барнома - рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрасии он барои аҳолӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва бо ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
  2. Барои расидан ба ҳадафҳои аввалиндараҷа ва муҳим зарур аст, ки вазифаҳои асосии зерин зина ба зина амалӣ карда шаванд:

- ташкил ва рушди инфрасохтори соҳаи варзишии ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ;

- таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- ташкили клубҳо ва бахшҳои варзишӣ дар низоми мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;

- табдил додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаракати оммавӣ ва як қисми муҳими ҳаёти аҳолӣ;

- боз ҳам баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ байни аҳолӣ;

- такмили минбаъдаи сифати омодагардонии кадрҳо, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси онҳо (таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос);

- такмили низоми чорабиниҳои варзишии интихобӣ барои мукаммал гардонидани дастаҳои мунтахаб аз рўи намудҳои варзиш, роҳандозӣ намудани раванди мутобиқ ба талаботи муосири омодакунии тими мунтахаб аз рўи намудҳои варзиш ба мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- таъмини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо маводи илмию методӣ ва дар заминаи илми муосири варзиш ба роҳ мондани азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиёни мактабҳои варзишӣ;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмин бо лавозимоти варзишӣ ва ба роҳ мондани назорати тиббӣ ва таъмини хизматрасонии тиббӣ ба шахсоне, ки бо варзиши касбӣ машғул ҳастанд;

- густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва мукаммалгардонии низоми тайёр намудани варзишгарони касбӣ бо мақсади иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ;

- бештар намудани чорабиниҳои варзишӣ байни бонувону кўдакон, ташкили чорабиниҳои варзишӣ барои маъюбон ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд;

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои Барнома ва таъмини оммавияти варзиш ба таври васеъ ташвиқ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори омма.

 

4. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВӢ

 

  1. Маблағгузории нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барнома дар солҳои 2017-2021 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар амалигардонии Барнома иштироккунанда, ҳамчунин аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

 

5. НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА

 

  1. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Замимаи 2

 

 Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 260

 

Нақшаи чорабиниҳои

амалисозии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ

ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

 

 

Номгӯи чорабиниҳо

 

 

Иҷрокунандагон

 

 

Муҳлати иҷро

 

 

Маблағгузорӣ (бо ҳазор сомонӣ)

2017

2018

2019

2020

2021

1. ТАЪМИНОТИ МЕЪЕРИИ ҲУҚУҚӢ

1.

Таҳияи барномаҳо оид 6а намудҳои варзиш барои муассисаҳои варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, хонаи ҷумҳуриявии методӣ

2017-2021

0

0

0

0

0

2.

Омӯзиши пайваста ва такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба талаботи замони муосир

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо

2017-2021

0

0

0

0

0

3.

Таҳияи барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таълимӣ

Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, хонаи ҷумҳуриявии методӣ

2017-2021

0

0

0

0

0

4.

Таҳияи меъёрҳои ягонаи талабот барои сохтмони иншооти варзишӣ

Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, вазорату идораҳои дахлдор, федератсияҳои миллии варзишӣ, Кумитаи миллии олимпӣ (гурӯҳи кории байниидоравӣ)

2017-2021

0

0

0

0

0

5.

Таҳияи меъёрҳо оид ба сертифккатсиякунонии хизматрасонихои тарбияи чисмонӣ ва варзиш

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳй, Агентии  стандартизатсия,  метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

2017-2021

0

0

0

0

0

6.

Такмили санадҳои қонунгузорӣ вобаста ба иҷозатномадиҳии фаъолияти клубҳо ва толорҳои варзишии хусусӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор

2017-2021

0

0

0

0

0

7.

Ҷорӣ намудани аккредитатсияи муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва шаҳодатномакунонии мураббиёни он

Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, вазорату идораҳои дахлдор, федератсияҳои миллии варзишӣ, Кумитаи миллии олимпӣ (гурӯҳи кории байниидоравӣ)

2017-2019

20

30

30

0

0

8.

Ворид намудани тағийру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои озод намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ (Бозиҳои Олимпӣ, Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Осиё, Шоҳҷоиза ва Шоҳҷомҳои ҷахон) аз пардохти маблаги тахсили шартномавӣ ва ҳангоми гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

2017-2019

0

0

0

0

0

9.

Таҳия ва таъмини маблағгузории нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва мактабҳои маҳорати олии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини иштироки варзишгарони беҳтарин дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

100

100

100

100

100

10.

Баргузор намудани семинар-машваратҳо вобаста ба амалигардонии дурусти Стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм

2017-2021

30

30

30

30

30

11.

Баррасӣ, такмил ва барои тасдиқ пешниҳод намудани таклиф оид ба баланд бардоштани маблағи хӯроки варзишгарон, ҷои хоб, ҳаққи хизмати доварон, табибон, ҳайати хизматрасон ва коргарони хизматӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2018

0

0

0

0

0

II. МУКАММАЛ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛИЮ МЕТОДИИ СОҲА

12.

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунандаи мактабҳои варзишӣ таъсиси муассисаи махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ дар шаҳри Душанбе

Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

0

300

300

300

300

13.

Баррасии масъалаи таъсис додани маркази тайёрии олимпӣ дар шаҳри Душанбе

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

2017-2021

0

0

0

0

0

14.

Дар заминаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъсис додани маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи миллии олимпӣ ва хонаи ҷумҳуриявии методӣ

2017-2021

100

150

200

200

200

15.

Аз натиҷаи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои  маориф ва илм гузаронидани як қисми муассисаҳои тайёрии варзишӣ тайёрии варзишӣ ба тавозуни Вазорати маориф ва илм гузаронидани як қисми муассисаҳои тайёрии варзишӣ

Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи давлатии    сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

0

0

0

0'

0

16.

Таъсис ва барқарор намудани клубҳо ва бахшҳои варзишӣ дар заминаи толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ

Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

50

50

50

50

50

17.

Ташкили маҳфил ва гурӯҳҳои тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ

Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

30

30

30

30

30

18.

Омӯзиши фаъолияти сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вобаста ба самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

20

20

20

20

20

19.

Омӯзиши фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар ҷумҳурӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

50

50

50

50

50

20.

Муайян намудани стипендия барои собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони лаёқатманд

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

150

150

150

150

150

21.

Дар заминаи яке аз мактабҳои маҳорати олии варзишӣ таъсис додани  маркази тайёрии дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ

2017-2021

0

400

400

400

400

III. ТАЪМИНОТИ СОҲА БО МУТАХАССИСОН

22.

Баргузории курсҳои такмили ихтисос барои мутахассисон, мураббиён, доварон ва методистон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

2017-2021

100

100

100

100

100

23.

Таҳияи механизми таъмини муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо мутахассисони соҳаи варзиш

Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Донишкадаи тарбияи

ҷисмонӣ

2017-2021

0

0

0

0

0

IV. ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ ТИББӢ

24.

Ташкили маркази солимгардонӣ ва назорати мунтазами саломатии варзишгарон дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва вилоятҳо

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

0

0

0

0

0

25.

Таҳияи (мутобиқгардонии) меъёрҳои физиологии истеъмоли моддаҳои ғизоии варзишгарон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизо

2017-2021

0

0

0

0

0

26.

Таъмини варзишгарони дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш бо воситаҳои муосири фармакологӣ ва ғайрифармакологӣ

Кумитаи ҷавонон, варзшп ва сайёҳӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

150

150

150

150

150

27.

Тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани муоинаи пешакӣ ва даврагии варзишгарон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

2017-2021

50

50

50

50

50

28.

Барқарор намудани фаъолияти нуқтаҳои тиббӣ дар ташкилоту муассисаҳои варзишӣ ва таълимӣ, инчунин таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти зарурии тиббӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

100

100

100

100

100

29.

Таъсис додани тахассуси махсус оид ба омода намудани табибон дар соҳаи варзиш

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва илм, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

2017-2021

0

0

0

0

0

V. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИ СОҲА

30.

Омода намудани маводи таблиғотӣ барои    баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва чопи санадҳои      меъёрии ҳуқукии танзимкунандаи соҳа

Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. телевизион ва радио, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон "Ховар" ва дигар воситаҳои ахбори омма

2017-2021

80

50

50

50

50

31.

Ташкили озмуни   ҷумҳуриявӣ дар байни   воситаҳои ахбори омма     бо мақсади тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Кумитахои телевизион ва радио, ҷавонон. варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

20

20

20

20

20

VI. ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ

32.

Таъмиру азнавсозӣ, ҷиҳозонидан бо     лавозимоти зарурии варзишӣ ва истифодаи мақсадноки иншооти варзишии дар тавозуни вазорату идораҳо ва       ташкилоту муассисаҳо қарордошта

Вазорату идораҳо,  ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

0

0

0

0

0

33.

Тибқи тартиби муқарраргардида                  ҷудо намудани қитъаҳои   замин ва бунёди иншооти  варзишӣ дар маҳаллаҳои сераҳолӣ, дар байни хонаҳои бисёрошёна ва минтақаҳои сайёҳӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятн давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

2017-2021

0

0

0

0

0

34.

Таъмири муассисаи   давлатии "Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии  тамоюли варзишӣ ба    номи Иброҳим Ҳасанов" ва дигар муассисаҳои варзишии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайвҳӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

200

650

650

650

650

VII. ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВИИ ВАРЗИШӢ

35.

Ҳамасола баргузор намудани бозиҳои варзишӣ байни мактаббачагон

Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

50

50

50

50

50

36.

Баргузор намудани бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни калонсолон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2017-2021

0

100

0

0

100

37.

Ҳамасола баргузор намудани бозиҳои варзишӣ байни муассисаҳои тахсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илм, ассотсиатсияҳои донишҷӯён ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

50

50

50

50

50

38.

Баргузории озмунҳои "Шаҳри (ноҳияи) беҳтарини варзишӣ дар ҷумхурӣ", "Беҳтарин иншооти варзишӣ", "Мураббии беҳтарин", "Варзишгари беҳтарин", "Бехтарин Федератсияи варзишӣ" дар сатҳи ҷумхурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо

Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, макомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ

2017-2021

30

30

30

30

30

39.

Ташкил намудани лагерҳои варзишӣ - солимгардонӣ дар давраи таътили зимистона ва тобистона

Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

2017-2021

100

100

100

100

100

 

Ҷамъ:

 

 

1480

2760

2710

2680

2780

 

Ҷамъи умумӣ:

 

12410

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ