Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 464
Ном ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 16.05.1997
Матн RОНУНИ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с. 1997, №10, мод. 160;

с. 2002, №4, қ. 1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90;

Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 с., №1352)

 

 

Моддаи 1. Муқаррароти умумӣ

Ин Қонун муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар рафти хусусигардонии моликияти давлатӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳуми хусусигардонӣ

Хусуссигардонӣ - фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқарраршуда оиди додани ҳуқуқи моликият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардонӣ ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ асос меёбад.

Хусусигардонии моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он қарор дорад, тавассути ин Қонун танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ

Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ аз инҳо иборатанд:

қонунӣ будан;

ошкор будан;

баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусусӣ гардонида шавад;

рақобат;

ворисияти ҳуқуқӣ ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.

 

Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардонӣ ваколатдор шудаанд                                   

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ инҳо мебошанд:

дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ  - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо – Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардонӣ                                           

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ;

идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;

тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро муқаррар менамояд;

оид ба масъалаҳои хусусигардонӣ қарорҳои оперативӣ қабул мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардонӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи хусусигардонӣ

Ваколатҳои Маҷлисҳои вакилони халқ, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 ин Қонун бармеоянд, бо қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Объектҳои хусусигардонӣ

Объектҳои хусусигардонӣ инҳо мебошанд:

а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлатӣ, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкунӣ, қарзҳо, ҳуқуқҳои истисноӣ, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқ доранд;                                       

б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлатӣ ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;

в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардонӣ пешбинӣ шудаанд) корхонаи давлатӣ;

г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.

Амволи давлатӣ аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 ин Қонун зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардонӣ табдил меёбад.

 

Моддаи 9. Объектхое, ки хусусӣ гардонида намешаванд

Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти махсуси давлатӣ мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихӣ ва сарвати миллӣ, биноҳо ва иншооти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, системаҳои оби нӯшокӣ, корхонаҳои мудофиа  корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии «Норак», нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хусусӣ гардонида намешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).

Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Номгӯи объектҳоеро, ки мутобиқи ин Қонун хусусӣ гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Объектҳои пешбининамудаи моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи мазкур, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хусусӣ гардонида намешаванд(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1352).

 

Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардонӣ

Ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ субъектҳои хусусигардонӣ мебошанд.

Ашхоси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардонӣ буда наметавонанд.

Тартиби ширкати ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷиро дар хусусигардонии моликияти давлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ

Хусусигардонӣ ба шаклҳои зерин сурат мегирад:

а) ба савдо гузошта фурӯхтан;

б) аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ дар асоси озмун.

Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менунад.

 

Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурӯхтани объектҳои хусусигардонӣ

Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.

То гузаронидани савдо фурӯшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба ӯ оиди объекте, ки хусусӣ гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.

 

Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ

Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидорӣ хусусӣ гардонида мешаванд.

Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ аз инҳо иборат аст:

1) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;

2) муайян намудани арзиши маҷмӯи амволии он;

3) муайян намудани андозаи маҷмӯи давлатии саҳмияҳои фурӯхташаванда;

4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохторӣ, технологӣ ва тағйироти дигари объект;

5) интихоби намуди хусусигардонӣ.

Иҷрои табиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ аз рӯи лоиҳаҳои инфиродӣ амалӣ мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурӯши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

 

Моддаи 14. Коғазҳои қиматноки хусусигардонӣ

Бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардонӣ ба шаҳрвандон ҷуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлатӣ аз коғазҳои қиматноки хусусигардонӣ истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд.

Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи қоғазҳои арзишноки хусусигардонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 141. Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оинномавӣ

Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи  лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.

Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми  саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).

 

Моддаи 142. Ҳуқуқи махсус («саҳмияи тиллоӣ»)

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ  ва ё қабули  қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои  саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи  зикргардида қарор қабул намояд  (ҳуқуқҳои махсус – «саҳмияи тиллоӣ»).

Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тилоӣ») татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») намояндаи  худро дар Шӯрои директорони ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад.

Ҷамъияти  саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.

Ҳуқуқҳои  махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба дорандаи худ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон  ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;

- оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;

- оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;

- оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад  ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;

- дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ  аҳамияти калон доранд.

Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки  дар он давлат ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии коғазҳои қиматнок маълумот гирад.

Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи  тиллоӣ») аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.

Дар як вақт вобаста  намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд.  (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).

 

Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда

Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурӯхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коғазҳои қиматнок медиҳад.

 

Моддаи 16. Маблағҳои аз хусусигардонӣ воридшаванда

Маблағҳои аз хусусигардонӣ ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.

Қисме аз маблағҳои аз ҳисоби иҷрои амволи давлатӣ ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионалӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 161. Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардонӣ

Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд.

 

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ин Қонун

Барои вайрон кардани ин Қонун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

 

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе, 16 май соли 1997                            

№464                                                              

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  1997, №10, мод. 161)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз лаҳзаи нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 С. РАҶАБОВ

 

ш. Душанбе, 16 май соли 1997

№465

 

 

 

 

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ