Классификатор Барнома
Рақам 261
Ном БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.05.2017
Матн

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 261

 

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Барнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" таҳия гардидааст.
  2. Барномаи мазкур ҳамчун санади муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, махсусан рушди футбол ба ҳисоб рафта, дурнамо ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро дар бар мегирад.
  3. Рафти натиҷаи амалисозии Барнома дар ҷаласаҳои Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, иҷрои он аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  4. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур аз тарғибу ташвиқ ва оммавигардонии футбол дар байни аҳолӣ, фароҳамоварии шароити мусоид барои машғулият бо футбол ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш иборат мебошад.
  5. Мақоми ҳамоҳангсоз дар амалигардонии Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) муқаррар карда шудааст.
  6. Дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди футбол дар сатҳи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегарданд.

 

2. ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

 

  1. Футбол чун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ҳамчун падидаи варзишӣ эътироф шуда, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба футбол, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад. Дар навбати худ футбол аз ҳама намуди маъмул ва дўстоштатарини оммаҳои васеъ буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон ва инчунин ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Самтҳои муҳими Барномаи мазкур ба рушди футболи ҷавонону наврасон нигаронвда шуда, маҷмўи тадбирҳои афзалиятнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои панҷ соли минбаъда муайян менамояд.
  2. Рушди футбол яке аз намудҳои афзалиятноки варзиш ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хусусан рушди футбол, мунтазам чораҳои дахлдор андешида, бо ин мақсад 30 августи соли 2011 бо қарори №425 Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2016 тасдиқ ва амалӣ намуд.
  4. Дар ин давра Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии таъминкунандаи рушд ва оммавияти футбол дар Тоҷикистон фаъолияти худро дар сатҳи сифатан нав ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуд.
  5. Нақша ва тадбирҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барои сифатан ва сари вақт амалӣ шудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 кумаки амалӣ расониданд.
  6. Дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун "Соли оммавияти футбол" эълон гардидани соли 2014 барои расидан ба яке аз мақсадҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди футбол, яъне оммавияти футбол ва ба васеъ кардани шабакаи футболи кўдакона заминаи қавӣ гузошт.
  7. Бо мақсади рушди ивфрасохтори футбол дар давраи солҳои 20122016 18 варзишгоҳи калон дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ ва зиёда аз 800 майдончаи хурди футболбозӣ бунёд карда шудаст.
  8. Дар доираи амалигардонии Барнома сохтмони варзишгоҳҳои замонавӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Тоҷикобод, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Фархор, Лахш ва шаҳрҳои Исфара ва Ҳисор ба охир расида, сохтмони варзишгоҳ дар шаҳри Ваҳдат идома дорад.
  9. Бо назардошти фароҳам гаштани заминаҳои инфрасохтории соҳа, айни замон дар ҷумҳурӣ 111 варзишгоҳи замонавӣ бо ҷойи нишаст ва 6056 майдончаи варзишии футболбозӣ, 23 даста дар лигаи олӣ ва якум, 585 дастаи ҳаваскорон ва 6 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунад, ки дар онҳо дар маҷмўъ зиёда аз 11850 нафар футболбоз фаро гирифта шудааст.
  10. Дар натиҷаи амалгардонии барномаҳои варзишӣ пешбурди таълимоти футбол дар мактабҳои варзишӣ низ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, инчунин сатҳи тахассуси мураббиён дар асоси

барномаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Дар давраи солҳои 2012-2016 16 маротиба курсҳои бозомўзии мураббиён ва доварон барои соҳиб гардидан ба иҷозатномаҳои мураббии байналмилалии дараҷаи "А", "В", "С" доир гардид, ки дар онҳо зиёда аз 200 нафар мураббӣ ва доварон маҳорату малакаи хешро баланд намуданд. То имрўз зиёда аз 48 мураббӣ дорои иҷозатномаи "А", 75 мураббӣ дорои иҷозатномаи "В" ва 204 мураббӣ дорои иҷозатномаи "С" мебошанд.

  1. Айни замон, дар 101 мактаби варзишӣ ва махсуси футбол теъдоди 6348 нафар варзишгар дар 653 гурўҳ машқварзӣ менамоянд, ки ба онҳо 296 мураббии дорои маълумоти олии махсус таълим медиҳанд. Дар 572 гурўҳи 92 мактаби варзишии сохтори Кумита 5458 наврасу ҷавон аз намуди футбол машқварзӣ менамоянд. Ба онҳо 241 мураббӣ машғулият мегузаронанд, ки аз инҳо 195 нафараш дорои маълумоти олии махсус буда, нисбат ба соли 2006 60 фоиз зиёд мебошад.
  2. Таъсис додани Академияи футболи "Истиқлол" ва мактабҳои махсуси футбол аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон рушди футболи кўдаконаро таҳким мебахшад.
  3. Дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 академия фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.
  4. Бо дарназардошти маҳбубияти хоса доштани футбол дар миёни наврасон ва ҷавонон, ки қишри асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, рушди футбол дар Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад ва барои амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар ин самт, дар асоси Барномаи мазкур имкони тарҳрезӣ намудани маҷмўи чораҳои дахлдори рушди футбол дар Тоҷикистон мавҷуд мебошад.
  5. Биноан, таҳия, тасдиқ, банақшагирӣ ва маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.

 

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

 

  1. Мақсади асосии Барнома тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулият бо футбол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳо дар байни наврасону ҷавонон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳамин тариқ, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш мебошад.
  2. Барои амалисозии минбаъдаи Барнома ва расидан ба ҳадафҳо амалӣ намудани вазифаҳои зерин асосӣ мебошанд:

- мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи байналмилалӣ бо мақсади рушди футбол;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолӣ ба футбол бо мақсади таъмини оммавияти варзиш;

- эҳё ва зиёд намудани майдонҳои футбол дар маҳал барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пур намудани фазои холӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонону наврасон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа мутобиқ ба талаботи байналмилалии соҳаи варзиш;

- такмили минбаъдаи сифати омодагардонии кадрҳо, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиён, доварон ва дигар мутахассисони самти футболи ҷавобгў ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ва Федератсияи байналмилалии футбол;

- таҳия ва нашри маводи илмию методӣ ва дигар дастуру барномаҳои махсуси таълими футбол;

- густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва мукаммалгардонии низоми тайёр намудани мураббиён, доварон ва дигар мутахассисони самти футбол;

- бештар намудани чорабиниҳои варзишӣ дар байни наврасон ва бонувон барои пайдо намудани чеҳраҳои нав;

- ташвиқу тарғиби футбол тавассути васоити ахбори омма;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии майдонҳои футбол, муассисаҳои варзишӣ, клубҳои футбол, таъмини онҳо бо лавозимоти варзишӣ ва назорати тиббӣ, инчунин таъмини хизматрасонии тиббӣ ба шахсоне, ки ба варзиши касбӣ машғул ҳастанд.

 

4. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВӢ

 

  1. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома дар солҳои 2017-2021 дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар амалигардонии Барнома иштироккунанда, ҳамчунин аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

 

5. НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА

 

  1. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Замимаи 2

 

 Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 261

 

Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии

Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021


Номгӯи чорабиниҳо

Иҷрокунандагон

Маблағгузорӣ (бо ҳазор сомонӣ)

Натиҷаҳои мунтазира

2017

2018

2019

2020

2021

Буҷети давлатӣ

Федерат-

сияи

футболи Тоҷикис-

тон

Буҷети давлатӣ

Федерат-

сияи

футболи Тоҷикис-

тон

Буҷети давлатӣ

Федерат-

сияи

футболи Тоҷикис-

тон

Буҷети давлатӣ

Федерат-

сияи

футболи Тоҷикис-

тон

Буҷети

давлатӣ

Федерат-

сияи

футболи Тоҷикис-

тон

1. ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

1.

Ташкили     Кумитаи тадорукот оид      ба амалигардонии Барнома

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ

0

50

0

55

0

60

0

65

0

70

Ба роҳ мондан ва назорати амалишавш Барнома

2.

Таҳия, амалӣ ва назорати нақшаи амалисозии Барномаҳои рушди футбол дар   Вилояти Мухтори     Кӯҳистони Бадахшон,     вилоятҳо, шаҳри    Душанбе ва шаҳру            ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

5

5

5

5

5

5

5

5

5

5

Мусоидат ба амалӣ гардидани Барнома

3.

Таҳия ва нашри дастурҳои ягонаи методӣ барои муассисаҳои варзишии кӯдакону наврасон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

40

0

0

40

0

40

0

40

0

40

Маълумоти дақиқ оид ба дастаҳои футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.

Омода ва нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

0

100

0

100

0

100

0

100

0

100

Мукаммал-гардонии сифати тамрин

II. ТАЪМИР ВА ТАҶҲИЗОНИДАНИ МАЙДОНҲОИ ФУТБОЛ

5.

Азнавсозии варзишгоҳи "Ориён"-и шаҳри Душанбе

Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

0

250

0

250

0

0

0

0

0

0

Мусоидат ба рушди футболи касбӣ

6.

Таҷҳизонидани маркази         техникии Федератсияи   футболи Тоҷикистон бо маводи лозима ва техникӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи миллии олимпӣ

0

100

0

100

0

100

0

100

0

100

Мустаҳкам намудани маҳзани моддию техникӣ

7.

Таъмир,   барқарор  ва таҷҳизонидани майдонҳои футболбозӣ дар             мкнтақаҳои ҷумҳурӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи

футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

0

500

0

500

0

500

0

500

0

500

Таъмини иншооти нав

8.

Сохтани маркази тиббии варзишии муосир

Федератсияи футболи Тоҷикистон

0

500

0

500

0

500

0

500

0

500

Маркази тиббии варзишии муосир

9.

Сохтани бинои маъмурӣ барои Федератсияи футболи Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон

0

500

0

500

0

0

0

0

0

0

Таъмини иншооти вав

10.

Сохтани толорҳо барои футзал     дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

0

100

0

100

100

100

100

100

100

100

Таъмини иншооти нав

III. РУШДИ ТЕХНИКИИ ФУТБОЛ

11.

Ташкили курсҳои бозомӯзии мураббиён ва доварони футбол дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

100

400

100

400

100

400

100

400

100

400

Баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мураббиён

12.

Таъсиси маркази ягонаи маҳзани маълумот оид ба дастаҳои футбол дар ҷумҳурӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

15

15

5

5

5

5

5

5

5

5

Маълумоти дақиқ оид ба дастаҳои футбол

13.

Таъсиси хазинаи рушди футбол

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

50

50

50

50

50

50

50

50

50

50

Мусоидат ба рушди футбол

14.

Таъсиси маркази техникӣ дар заминаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикисгон, пойгоҳи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва маркази истироҳативу солимии "Шоҳин"-и шаҳри Гулистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

0

0

0

0

0

0

0

0

0

0

Мусоидат ба рушди футбол

15.

Таъсиси синфҳои махсуси футбол дар муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимляти давлатӣ

200

100

200

100

200

100

200

100

200

100

Рушди футбол дар ҷумҳурӣ

16.

Таъсиси муассисаҳои варзишии махсуси футбол дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Конибодом,  Хоруғ, Кғлоб, минтақаи Рашт     

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

50

50

50

50

50

50

50

50

50

50

Рушди футбол дар ҷумҳурӣ

17.

Таъсиси        марказҳои футболи      минтақавӣ дар   шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Хуҷанд

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

50

50

50

50

50

50

50

50

50

50

Рушди футбол дар ҷумҳурӣ

18.

Мусоидат             ҷиҳати иштироки         дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо дар              мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, лигаи якум ва олии    Чемпионати Ҷумҳурии   Тоҷикистон оид ба футбол

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

0

0

0

0

0

0

0

0

0

0

Мусоидат ба рушди футболи касбӣ

19.

Рушди футзал дар муассисаҳои варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

50

100

50

100

50

100

50

100

50

100

Рушди футзал дар ҷумҳурӣ

20.

Рушди футбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

250

150

250

150

250

150

250

150

250

150

Рушди футбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

21.

Ташкили              лигаи футболи кӯдакон

Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

0

0

0

0

0

0

0

0

0

0

Баланд бардоштани сатҳи футболи касбии наврасон

IV. ИШТИРОКИ ДАСТАИ МУНТАХАБ ВА КЛУБҲОИ ҶУМҲУРӢ ЛАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

22.

Иштироки          дастаи мунтахаб       оид ба футзал                    дар мусобиқаҳои байналмилалӣ           ва ҷамъомадҳои   машқӣ-варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ

100

500

100

500

100

500

100

500

100

500

Мукаммал-гардонии малакаи варзишгарон

23.

Иштироки     дастаҳои мунтахаби    наврасон, ҷавонон ва олимпӣ дар мусобиқаҳои байналмилалии расмӣ, бозиҳои    дӯстона ва ҷамъомадҳои    машқӣ-варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ

300

1500

300

1500

300

1500

300

1500

300

1500

Рушди варзиши касбӣ

24.

Иштироки          дастаи мунтахаби        миллии Тоҷикистон             дар мусобиқаҳои байналмилалии расмӣ, бозиҳои    дӯстона ва ҷамъомадҳои   машқӣ-варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ

300

15 000

300

15 000

300

15 000

300

15 000

300

15 000

Рушди варзиши касбӣ

V. ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ

25.

Ташкили дастаҳои футбол ва футзал дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомотн маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

0

1 000

0

1 000

0

1000

0

1000

0

1000

Рушди футбол дар ҷумҳурӣ ва зиёд шудани теъдоди дастаҳои футбол

26.

Баргузории мусобиқаи "Тӯби чармин" барои се синну сол дар се марҳила

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератоияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

100

100

100

100

100

100

100

100

50

Тарғибу ташвиқи футбол дар байни наврасону ҷавонон

27.

Баргузории      мусобиқаҳои      футбол ва футзал                  байни донишҷӯёни        муассисаҳои        таҳсилоти олии        касбӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

100

100

100

100

100

100

100

100

100

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байии наврасону ҷавонон

28.

Баргузории     мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба футбол      байни тарбиятгаран-дагони мактаб-интернатҳо, гимназияҳо                ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллни ҳокимиятя давлатӣ

100

50

100

50

100

50

100

50

100

50

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байии наврасону ҷавонон

29.

Баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ        байни кӯдакону наврасон дар се марҳила

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

50

100

50

100

50

100

50

100

50

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байии наврасону ҷавонон

30.

Баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ         байни занону духтарон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

50

100

50

100

50

100

50

100

50

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байии наврасону ҷавонон

31.

Баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ        байни муассисаҳои варзишӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

50

100

50

100

50

100

50

100

50

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байии наврасону ҷавонон

32.

Баргузории ҷумҳуриявӣ         байни наврасону ҷавонон бо иштироки       дастаҳои давлатҳои хориҷӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

50

100

50

100

50

100

50

100

 

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байии наврасону ҷавонон

33.

Ҷоннок    гардонидани фаъолияти           лигаи футболи кӯдакон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

100

400

100

400

100

400

100

400

100

400

Ҳавасмандӣ, тарғибу ташвиқи футбол дар байни наврасону ҷавонон

34.

Таъсиси                лигаи футболи донишҷӯён

Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон

100

50

100

50

100

50

100

50

100

50

Рушди футболи донишҷӯён

VI. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ

35.

Ташвиқу тарғиби футбол дар    воситаҳои    ахбори омма

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Федератсияи футболи Тоҷикистон

7

3

7

3

7

3

7

3

7

3

Ташвиқу тарғиби футбол

36.

Баргузории            озмуни ҷумҳуриявӣ       оид ба беҳтарин          футболбоз, мураббӣ,            муассисаи варзишӣ, довар, воситаи ахбори    омма    оид    ба таргаби футбол ва гайра

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Федератсияи футболи Тоҷикистон

10

10

10

10

10

10

10

10

10

10

Ҳавасмандӣ ва ташвиқу тарғиби футбол

37.

Баргузории машғулиятҳои футбол ба воситаи телевизион

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио

30

10

30

10

30

10

30

10

30

10

Ташвиқу тарғиби футбол

 

Ҷамъбаст:

 

2457

21943

2407

21978

2507

21233

2507

21238

2507

21193

 

 

Ҷамъбасти умумӣ

 

119970

                             

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ