Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 456
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 28.10.2016
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалисозии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин намуда, ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷараёни татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 октябри соли 2016, № 456

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ