Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 329
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.07.2016
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ташкил ва таъмин намудани фаъолияти самараноки системаи томи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ноил гаштан ба таъсири камтарини радиатсионӣ ба аҳолӣ ва муҳити зист, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, ҳамчунин ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 июли соли 2016, № 329

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ