Классификатор Барнома
Рақам 268
Ном БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.07.2016
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2016, № 268

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

1. Муқаддима

 

  1. Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон", моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таҳия шудааст.
  2. Барнома хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибўҳронӣ дошта, татбиқи он бо дарназардошти Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ба ҳавасманд намудан барои имконёбӣ ҷиҳати таҳсилот дар тўли ҳаёт барои ҳама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
  3. Барнома тадбирҳоро оид ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтори омории курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбии калонсолон, рушди муассисаҳои таҳсилоти калонсолон, таъминоти кадрӣ ва техникӣ, татбиқи чорабиниҳои иттилоотӣ барои васеъ намудани фарогирии калонсолон ба курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбӣ дар бар мегирад.
  4. Барнома дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба фарогирии калонсолон ба курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбӣ, дастовард ва қамбудиҳои татбиқи Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри сбли 2010, № 696 тасдиқ гардидааст, инчунин бо дарназардошти афзалиятҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 709 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

 

2. Вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди таълими касбии калонсолон

 

  1. Дар шароити муосири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими касбии калонсолон яке аз тадбирҳои муҳими рушди ҷомеа ва таъминоти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Пешравии иқтисодиёт ва бозори меҳнат, рушди техника ва технологияи имрўза табақаи калонсоли кишварро водор месозад, ки рў ба омўзиши касбҳои иловагӣ оваранд. Аҳамияти фаъолияти самарабахши низоми таълими касбии калонсолони Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаҳо, пеш аз ҳама аз рўи сохтори имрўзаи тахассусии шуғли аҳолӣ, ки дар он аҳолии қобили меҳнат қариб 60 фоизро ташкил медиҳад, муайян карда мешавад. Таҳлили маълумоти охирини оморӣ нишон медиҳад, ки шумораи аҳолӣ ҳамасола 2,1 фоиз афзоиш меёбад. Агар афзоиши аҳолӣ ҳамин тавр идома ёбад, шумораи аҳолӣ дар соли 2020 тақрибан ба 9, 6 миллион нафар мерасад. Таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар бо мутахассисони соҳибкасб ва ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат бар дўши низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаи таҳсилот метавонад дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо гузорад. Ба таълими касбӣ фаро гирифтани табақаи калонсоли аҳолӣ низ дар ин самт ҳиссаи арзанда хоҳад гузошт.
  2. Бо дарназардошти зарурати васеъ намудани дастрасии аҳолии синну соли гуногун ба таҳсилоти касбӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №115 дар системаи собиқ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод таъсис дода шуданд.
  3. Ду сол пас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010, № 696 "Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2011-2015" қабул гардид, ки дар асоси он сохтори давлатии таҳсилоти касбии калонсолон рушд ёфта, шабакаи чунин марказҳо хеле васеъ гардид.
  4. Дар аввали соли 2016 дар сохтори Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" 30 филиал ва қариб 40 намояндагӣ бо фарогирии 90 фоизи манотиқи ҷумҳурӣ амал карда, аз рўи 52 ихтисоси гуногун дар курсҳои аз 1 то 3 моҳа заминаи моддию техникӣ ташкил шуда, касб омўзонида мешавад.
  5. Дар давраи солҳои 2011-2015 зиёда аз 390,6 ҳазор нафар шаҳрвандон дар заминаи марказҳои таълими калонсолон тавассути курсҳои кўтоҳмуддат ба таълим фаро гирифта шуданд, ки 36,4 фоизашон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ройгон таҳсил намуданд.
  6. Аз соли 2011 дар фаъолияти марказҳои таълими калонсолон самти нави фаъолият ҷорӣ гардид, ки ба шаҳодатномакунии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта равона гардидааст. Дар давраи солҳои 2011-2015 зиёда 124 ҳазор нафар аз ин намуди хизматрасонӣ истифода бурданд.
  7. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони бозгашта, аҳолии камбизоат тавассути курсҳои кўтоҳмуддат ба таълими касбӣ фаро гирифта мешаванд.
  8. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии аграрию индустриалӣ табдил ёфтани кишварамон, эълон гардидани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат, бояд ҳаҷми касбомўзӣ, аз ҷумла ба таълими касбӣ фаро гирифтани табақаи калонсоли аҳолӣ дар доираи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон дар солҳои наздик ду маротиба зиёд карда шавад.
  9. Таҳлил нишон медиҳад, ки рушди босуботи соҳа ҳалли масъалаҳои зеринро талаб менамояд:

- созмон додани заминаи ҳуқуқии соҳа тавассути коркард ва қабули санадҳои Меъёрии ҳуқуқӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии рушди таълими касбии калонсолон дар маҷмўъ то давраи соли 2020;

- ба роҳ мондани омори расмии соҳавӣ;

- ҷорӣ намудани системаи арзёбии воқеии сифати таълим;

- васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон, таъмини молиявии ин раванд;

- татбиқи чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти ҷалби калонсолон ба таълими касбӣ, ҳамкории мунтазам ба расонаҳои хабарӣ;

- идомаи фаъолият дар таъминоти моддӣ ва рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии соҳа;

- васеъ намудани фаъояият дар самти таъминоти кадрии Соҳа, ба роҳ мондани таълим дар омода намудани мутахассисони дорои сатҳу сифати баланди касбӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

- рушди заминаи илмии таълими касбии калонсолон дар Тоҷикистон;

- васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби бештари шарикони рушд.

 

3. Ҳадаф ва вазифаҳои асосии Барнома

 

  1. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур мусоидат намудан ба баландшавии рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ тавассути таъмини дастрасӣ ба таълимоти касбии босифат барои калонсолон дар кишвар мебошад.
  2. Бодарназардошти ҳадафи муайяншуда, Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро дар назар дорад:

- рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон;

- васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат;

- ҷалби ҳарчӣ бештари калонсолон ба таълими касбҳои гуногун.

 

4. Тадбирҳои амалии татбиқи Барнома

 

  1. Рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон татбиқи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

- таҳия ва ҷорӣ намудани сохтори мукаммали ҷамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии аҳолии калонсол ба таълими касбӣ;

- таҳияи низоми ягонаи эътирофкунии расмии (сертификатсиякунонии) малакаҳои касбии муҳоҷирони бозгашта, бо дарназардошти Таснифоти касбии амалкунандаи Тоҷикистон;

- дар заминаи Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани тақиқотҳои илмӣ дар самти таълими касбии калонсолон.

  1. Васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат татбиқи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

- васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон дар манотиқи гуногуни кишвар бо технологияи муосир ва таъминоти кадрӣ;

- ҷорӣ намудани курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба роҳ мондани курсҳои кўтоҳмуддатӣ доимоамалкунандаи мутахассисони соҳаи таълими касбии калонсолон;

- андешидани чораҳо ҷиҳати дастрасии таҳсилот барои маъюбон ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар марказҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- ҷорӣ намудани омўзиши асосҳои соҳибкорӣ дар нақша ва барномаҳои таълими касбии калонсолон дар муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ,

  1. Ҷалби ҳарчи бештари калонсолон ба таълими касбҳои гуногун татбиқи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

- амали намудани чорабиниҳои иттилоотию тарғиботи дар байни ҷавонон ва калонсолони корҷўянда;

- васеъ намудани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар самти тарғиботи зарурати таҳсилот дар тўли тамоми ҳаёт;

- дар муассисаҳои таълими калонсолон васеъ намудани омўзиши касбҳои гуногун, бо дарназардошти талаботи табақаи калонсоли аҳолӣ;

- фаъолгардонии иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби иқтидори шарикони рушд.

 

5. Натиҷаҳои мавриди интизори Барнома

 

  1. Дар самти рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон дар маҷмўъ дастрасии чунин натиҷаҳо пешбинӣ шудааст:

- созмон додани заминаи ҳуқуқии таълими касбии калонсолон бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ;

- ба роҳ мондани омори соҳавӣ ва ҷамъоварӣ намудани маълумоти оморӣ оид ба фарогирии калонсолон ба курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбӣ;

- тайёр намудани олимони дорои унвонҳои илмӣ бахшида ба соҳаи таълими калонсолон дар Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

  1. Дар васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат чунин натиҷаҳо пешбинӣ шудаанд:

- фарогирии калонсолон бо таълими касбӣ вобаста ба нишондоди соли 2015;

- ташкил ва гузаронидани такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи таълими калонсолон;

- ҷорӣ намудани омўзиши асосҳои соҳибкорӣ дар ҳамаи курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзии муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ.

  1. Тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 замима мегардад.

 

6. Маблағгузории Барнома

 

  1. Маблағгузории татбиқи барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, маблағҳои махсус, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, анҷом дода мешавад.

 

Замима

 

 Замима

ба Барномаи рушди таълими

касбии калонсолони Тоҷикистон

барои солҳои 2016-2020

Тадбирҳои

амалӣ намудани Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

 

№ р/т

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлати иҷро

Масъулин

1.

Таҳия ва ҷорӣ намудани механизми ҷамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии аҳолии калонсол ба таълими касбӣ

2016-2017

Агентии омор, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор

2.

 Дар заминаи Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ дар самти таълими касбии калонсолон

2018-2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор

3.

Васеъ намудани шабакаи марказҳои таълимии калонсолон дар  манотиқи гуногуни кишвар

2016-2020

Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

4.

Ба роҳ мондани курсҳои кӯтоҳмуддати  таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ/Вазорати маориф ва илм

5.

Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, таҳия намудани нақша ва барномаҳои курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбии калонсолон

2017

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

6.

Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба роҳ мондани курсҳои доимоамалкунанда барои таълими касбии калонсолон

2017-2019

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

7.

Ба роҳ мондани ҳамкорш доимӣ оид ба ҷалби шарикони рушд ҷиҳати маблағгузорӣ ва рушди соҳа

2016-2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,

8.

Андешидани чораҳо ҷиҳати дастрасии таҳсилот барои маъюбон ва дигар табақаи осебпазири аҳолӣ дар марказҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ

2016-2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати  маориф ва илм

9.

Ҷорӣ намудани омӯзиши  асосҳои соҳибкорӣ дар нақша ва барномаҳои  таълими касбии калонсолон дар муассисаҳои таълими  калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ

2016-2018

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм

10.

Амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотию тарғиботӣ дар байни ҷавонон ва калонсолони корҷӯянда

2016-2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио

11.

Васеь намудани ҳамкорӣ бо ВАО дар самти тартиби зарурати таҳсилот дар тӯли тамоми ҳаёт

2016-2018

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг,

Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизионва радио

12.

Дар муассисаҳои таълими калонсолон васеъ намудани омӯзиши касбҳои иловагӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар

2018-2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

13.

Фаъолгардонии иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби бештари иқтидори шарикони рушд

2016-2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ