Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 794
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.12.2015
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
  2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои саривақтии Барномаи мазкурро таъмин ва аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 декабри соли 2015, № 794

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ