Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 153
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ БУНЁДИ "ХАЗИНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМҲОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2018"
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.03.2014
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ БУНЁДИ "ХАЗИНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМҲОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2018"

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади таъмини амнияти биологӣ, ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот, ҳифзи саломатии ҷомеа ва рушди биотехнологияи ватанӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи бунёди "Хазинаи ҷумҳуриявии штамми микроорганизмҳои иллатангез барои солҳои 2014-2018" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Маблағгузории Барномаи бунёди "Хазинаи ҷумҳуриявии штамми микроорганизмҳои иллатангез барои солҳои 2014-2018" дар доираи маблағҳои ҳамасола барои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешбинишаванда ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагӣ амалӣ карда шавад.
  3. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 марти соли 2014, № 153

ш.Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ