Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 200
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.04.2012
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 с., № 66)

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар доираи нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2014 ва солҳои минбаъда пешниҳодшуда чораҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
  3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур тадбирҳои амалӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 апрели соли 2012 № 200

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ