Классификатор Барнома
Рақам 686
Ном БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2012
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012 № 686

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

 

1. Муқаддима

 

  1. Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 (минбаъд - Барнома) тибқи талаботи банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) баён шудаанд, таҳия гардидааст.
  2. Мақсади асосии Барнома тақвияти тарбияи мутахассисони соҳаи журналистика ва таъмини талаботи воситаҳои ахбори омма бо кадрҳои соҳибихтисос мебошад.
  3. Вазъи кунунии матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ, нашриёт, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма тақозо менамояд, ки мушкилоти тарбияи мутахассисони соҳаи журналистика дар сатҳи давлатӣ ҳал карда шаванд. Зеро дар шароите, ки муборизаҳои иттилоотӣ миёни кишварҳо торафт густариш ёфта, ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар аҳамияти муҳим пайдо намудааст, воситаҳои ахбори омма ба кадрҳое эҳтиёҷ доранд, ки ҳифзи манфиатҳои умумимиллиро таъмин карда тавонанд.
  4. Маълум аст, ки воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири зиёд ва муассир дошта, дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши бузург мебозанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулоту тағйироти самтҳои рушди ҷомеа, омезиши идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо кардаанд. Ҳама гуна ҷомеаи иттилоотӣ, алалхусус кишварҳое, ки нав ба чунин ҷомеа қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
  5. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рўзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман, ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин талаботи ҳатмии ҷомеаи иттилоотӣ маҳсуб меёбад.
  6. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи воситаҳои мустақили ахбори омма хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ҳукуматӣ ду маротиба зиёданд.

Дар айни замон дар Тоҷикистон 456 рўзномаву маҷалла ва агентии иттилоотӣ сабти ном шудаанд, ки аз ин миқдор 292 рўзнома (аз ҷумла 104 давлатӣ ва 188 ҷамъиятиву хусусӣ), 154 маҷалла (аз ҷумла 72 давлатӣ ва 82 ҷамъиятиву хусусӣ) ва 10 агентии иттилоотӣ (аз ҷумла 1 давлатӣ ва 9 ҷамъиятиву хусусӣ) мебошанд.

Дар давоми 20 соли охир шумораи нашрияҳо нисбат ба соли 1991 300 адад афзудааст. Шумораи нашрияҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ ба 270 адад расид, ки ин нисбат ба нашрияҳои давлатӣ 94 адад ва хабаргузориҳои иттилоотӣ 9 адад зиёд мебошанд.

Ҳамчунин, ҳоло дар кишвар 56 шабакаи телевизион ва радио фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 39 ададашро шабакаҳои телевизиону радиои хусусӣ ташкил менамоянд.

  1. Расонаҳои мазкур дар пур кардани фазои иттилоотии кишвар ва инъикоси равандҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеа саҳми бузург мегузоранд.
  2. Таҳлилҳои вазъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ҳайати кадрии онҳо нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии ба таври бояду шояд баррасӣ ва таҳлил нагардидани масъалаҳо, воқеъбинона инъикос нагардидани рўйдодҳо ва дар сатҳи зарурӣ сурат нагирифтани ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нарасидани журналистон, коргардону наворбардорони касбӣ ва номукаммалии сатҳи дониши тахассусии онҳо мебошад. Бояд зикр намуд, ки феълан ихтисоси асосии аксарияти журналистони воситаҳои ахбори омма филолог ё муаллими забон ва адабиёти тоҷик мебошанд. Аз ин рў, имрўз масъалаи тарбияи кадрҳои соҳибихтисос барои матбуоти даврӣ, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, нашриёт ва муассисаҳои табъу нашр аҳамияти муҳим пайдо кардааст, ки онро метавон дар ду самт ҳаллу фасл кард:

- тарбияи кадрҳо;

- баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ.

  1. Ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои назаррас зарур аст, ки тарбияи мутахассисони матбуоти даврӣ, телевизион ва радио ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он ба роҳ монда шавад.

Дар дохили кишвар тарбияи мутахассисонро тавассути роҳҳои зерин амалӣ кардан мумкин аст:

- таҳсил дар зинаҳои бакалавр ва магистратура;

- бозомўзии омўзгорон;

- даъвати мутахассисони хориҷӣ.

Дар хориҷи кишвар бошад, тарбияи мутахассисони расонаҳои иттилоотӣ ба тарзу усули зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:

- таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;

- таҳсил дар аспирантура ва докторантура;

- бозомўзӣ ва шаклҳои дигари такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, расона ва ширкатҳои маъруфи иттилотии ҷаҳон.

  1. Барномаи мазкур, ки барои солҳои 2013-2017 пешбинӣ шудааст, дар маҷмўъ таҳсили 123 донишҷўро аз рўйи 32 ихтисоси журналистика, муҳандиси телевизион ва радио, коргардон ва наворбардор дар 9 кишвари хориҷӣ пешбинӣ менамояд.

 

2. Мақсади асосии Барнома

 

  1. Барои рушди ҳамаҷонибаи матбуоти даврӣ, телевизион ва радио ва бо мақсади омодасозии мутахассисони ҷавобгў ба талаботи ҷомеаи муосир ва стандартҳои байналмилалӣ амалигардонии тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад аст:

- бо назардошти талаботи маънавии ҷомеа, аз дастовардҳои таълим ва технологияҳои навтарин истифода карда, фаъолияти матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва мазмуну сифати таълиму тарбия бояд такмил дода шаванд. Барномаҳои нави таълимӣ ва дар заминаи онҳо таҳия кардани нақшаҳои таълимӣ ва шаклу усулҳои пешқадами таълим ба он мусоидат менамояд, ки минбаъд мутахассисони дорои тафаккури тозаи эҷодӣ ва донишу малакаи олии касбӣ омода карда шаванд;

- дар омодасозии мутахассисони соҳаи журналистика, махсусан ихтисосҳои нав, имкониятҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ ба инобат гирифта мешаванд. Бо назардошти талабот ба мутахассисон бояд тахассусу ихтисос, шўъбаву факултетҳои нав созмон дода, онҳо бо нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, технологияи иттилоотӣ ва дигар маводи соҳавӣ таъмин карда шаванд;

- барои ҷорӣ намудани технологияи компютерӣ, воситаҳои техникӣ, методҳои нав ва натиҷаҳои эътирофшудаи таҳқиқотҳои илмӣ дар раванди таълим шароити мусоид фароҳам оварда шавад;

- роҳу усулҳои самараноки ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо таълимгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ истифода шаванд. Ба интихоб ва омода кардани мутахассисон тавассути квотаҳо ва шартномаҳо дар дигар кишварҳо бештар таваҷҷўҳ зоҳир карда, онҳо ба талаботи нашрияҳои даврӣ ва шабакаҳои телевизион ва радио мутобиқ гардонида шаванд;

- ба тайёр кардани эҷодкорон, омўзгорон тавассути таҷрибаомўзӣ, аспирантура, докторантура, дигар шаклу усулҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ ҳамчун роҳҳои такмили донишу малакаи касбӣ бештар таваҷҷўҳ намуда, баҳри инкишофи минбаъдаи малакаю маҳорат ва ҷаҳонбинии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад;

- барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маҷаллаи соҳавӣ ҳамчун асоси таълиму тарбия беҳтарин мутахассисон ҷалб карда шаванд.

 

3. Вазифаҳои Барнома

 

  1. Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома ҳалли вазифаҳои зерин дар назар дошта мешаванд:

- таъмини алоқамандӣ ва пайдарҳамии мазмуни таълим дар зинаҳои мухталифи таълими касбӣ;

- мутобиқ гардонидани номгўйи ихтисосҳо ба талаботи кишвар ва меъёрҳои ҷаҳонӣ;

- ҷорӣ намудани дастовардҳои илм, шаклу усулҳои нави таълиму тарбия, технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия;

- ташаккули низоми такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи матбуоти даврӣ, телевизион ва радио;

- дастгирию ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодиву илмии омўзгорон, донишҷўён ва журналистон;

- боз ҳам баландтар бардоштани эътибор ва нуфузи ихтисоси журналистика дар ҷомеа;

- бехтар намудани шароити заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ.

 

4. Самтҳои татбиқи Барнома

 

  1. Ҷараёни татбиқи Барнома, ки мақсади ниҳоии он аз таъмини матбуоти даврӣ, телевизион ва радио бо мутахассисони баландихтисос иборат аст, вобаста ба сиёсати иттилоотии давлат самтҳои зеринро фаро мегирад:

- такмили мазмун ва сифати таълим, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи касбии мутахассисони соҳа. Таъмини истифодаи пайвастаи дастовардҳои илмию методӣ дар раванди таълим, васеъ намудани доираи фаъолияти эҷодии омўзгорон ва донишҷўён;

- таъмини алоқамандӣ ва пайдарҳамии мазмуни таълим дар зинаҳои гуногуни низоми тарбияи мутахассисон. Фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таълими самаранокии таълиму тарбия, фаъолияти илмию эҷодӣ ва педагогии омўзгорон;

- мукаммалгардонии заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва илмии соҳа;

- дастгирии моддию маънавии мутахассисон, ташаккули эътибору нуфузи онҳо, дар замири насли наврас бедор намудани майлу рағбат нисбат ба касби журналистӣ.

 

5. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

  1. Ҷорӣ намудани таҷрибаи таълими дузинагӣ дар соҳаи журналистика робитаи қавӣ ва пайдарҳамии раванди таҳсилро талаб мекунад, ки он тавассути таҳияи оқилонаи нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда мешавад. Иҷрои чунин вазифаро шўроҳои илмӣ, илмию методӣ, бадеӣ ва кафедраҳои тахассусӣ ба ўҳда доранд, ки фаъолияти онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
  2. Тарбияи мутахассисони матбуоти даврӣ, телевизион ва радио мувофиқи дархост ва шартнома бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сурат мегирад.

 

6. Фароҳам овардани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ

 

  1. Вазъи заминаи моддию техникии низоми таълим омили муҳимтарини самаранокии он ба шумор меравад. Аз ин рў, дар Барнома муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо, лабораторияҳо, кафедраҳои илмӣ ва кабинетҳои таълимӣ бо технологияҳои нави иттилоотӣ, мебел ва дигар воситаҳои техникию аёнӣ ба нақша гирифта шудааст.

17.Ҷиҳати амалисозии Барнома Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 таҳия гардидааст (замима мегардад).

 

7. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

 

  1. Маблағгузории чорабиниҳои Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ, сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ, ҳисобҳои махсус, маблағҳои ташкилот-фармоишгари кадрҳо, барномаву грантҳо, сарпарастон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ки барои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва иттилоот ҷудо карда мешаванд, амалӣ карда мешавад.

 

8. Натиҷаҳои татбиқи Барнома

 

  1. Татбиқи Барнома барои ноил шудан ба натиҷаҳои зерин ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард:

- татбиқи амалии сиёсати давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- афзудани нуфуз ва нақши матбуоти даврӣ, телевизион ва радио дар ҳаёти маънавии ҷомеа;

- баланд шудани эътибор ва нуфузи мутахассисони соҳа;

- таъмини идораҳои матбуоти даврӣ, телевизион ва радио бо кадрҳои баландихтисос;

- такмилёбии низоми таълиму тарбияи мутахассисони соҳаҳои матбуоти даврӣ, телевизион ва радио.

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ