Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 686
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2012
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2012, № 686

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ