Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 687
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2012
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН

ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади такмил додани низоми миллии дастгирӣ, рушд ва ҳифзу ҳимояи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода ва тиҷоратигардонии объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, фаъолияти эҷодӣ, мустаҳкамгардонии афзалияти дастовардҳои илмӣ ва техникии олимон ва мутахассисони ватанӣ, пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасолаи дар Буҷети давлатӣ пешбининамудаи худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2012, № 687

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ