Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 685
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2012
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764)

 

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764).
  3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2012, № 685

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ