Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 383
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.08.2012
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди истеҳсолоти кишоварзии сермаҳсул ва даромаднок дар асоси истифода ва идоракунии босуботи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдик карда шавад (замимаи 1 ва 2).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи рафти иҷрои Барномаи мазкурро дар воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 августи соли 2012, № 383

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ