Классификатор Барнома
Рақам 675
Ном БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2012
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012, № 675

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019 (минбаъд-Барнома) дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ", Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардидааст.

Бо мақсади татбиқи Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 -2010", "Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010", "Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" қабул шуданд, ки барои рушди санъати театрии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 театри касбӣ амал мекунад, ки талаботи фарҳангии аҳолиро қонеъ гардонида, барои рушди маънавиёт ва фарҳанги ҳар як шахс ва ҷомеа дар маҷмўъ хизмат мерасонанд ва санъати миллии моро дар хориҷа муаррифӣ мекунанд. Новобаста ба ин дар фаъолияти онҳо як қатор камбудиҳо ба чашм мерасад. Сатҳи касбӣ ва сифати кори театрҳо дар ҷумҳурӣ ба талаботи рўзафзун ҷавобгў нест. Заминаи моддию техникии театрҳо кўҳна шуда, технологияҳои навтарини саҳнавӣ дар сатҳи лозимӣ ҷорӣ намешаванд.

Бо дарназардошти ин зарурати ҳалли масъалаҳои мазкур дар сатҳи давлатӣ фаро расидааст.

 

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

 

  1. Максади Барномаи мазкур таъмин намудани рушди босуръати санъати театрии анъанавии Тоҷикистон, ҳифз ва рушди анъанаҳои театри репертуарии тоҷик, ташаккул додани сиёсати репертуарӣ, ки барои офаридани намоишномаҳо аз рўи намунаҳои асарҳои классикии ватанӣ ва хориҷӣ, драматургияи муосир, спектаклҳои нав барои кўдакон ва наврасон равона гардидааст, рушд ва муҳофизати анъанаҳои беҳтарини санъати театрии тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ, васеъ кардани аудиторияи тамошобинон, баланд бардоштани нақши санъати театри дар ҳаёти фарҳангии кишвар, баланд бардоштани мақоми театри тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад.
  2. Дар марҳилаи наздик ва дурнамо мутобиқ ба ин мақсадҳо дар Барнома вазифаҳои зерини рушди санъати театрӣ пешниҳод мешаванд;

- васеъ кардани аудиторияи театрӣ бо роҳи баргузор намудани иқдомҳои эҷодӣ: ташкили фестивалҳо, муаррифии нахустнамоишҳо, офаридани афишаҳои махсус барои гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ;

- офаридани саҳнаҳои нав аз ҳисоби азнавсозии муассисаҳои тобеъ ва истифодаи самарабахши бино ва иморатҳои мавҷуда;

- ҳамкории фаъолона бо воситаҳои ахбори омма;

- рушди рекламаи муосири театрӣ;

- додани имконият ба як қатор театрҳое, ки саҳнаҳои статсионарии худро надоранд (муваққатан ё доимӣ), барои манзури намоишномаҳои худ дар саҳнаҳои театрҳои тобеи дигар;

- фароҳам овардани шароит барои пуррагардонии захираи роҳбарияти бадеию эҷодӣ, болоравии касбии насли нави менеҷер, коргардон ва роҳбарони бадеии театрҳо;

- таҷдид ва азнавсозии майдонҳои саҳнавӣ.

 

3. Натиҷаҳои мунтазира аз татбиқи Барнома

 

  1. Татбиқи Барнома имкон медиҳад, ки шабакаи театрҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, маблағгузорӣ ва иқтидори эҷодии онҳо таъмин гардад.
  2. Дастрасии васеи тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба санъати театрӣ ва арзишҳои фарҳанги ватанию ҷаҳонӣ таъмин мегардад.
  3. Низоми самараноки идоракунии соҳаи санъати театрӣ офарида мешавад, ки барои таҳия ва ба саҳна гузоштани намоишномаҳои наву тозаи баландпояи касбӣ ва ҷавобгўи талаботи замон мусоидат менамояд.
  4. Театрҳои кишвар бо техникаи зарурӣ, технология ва таҷҳизоти муосир таъмин мегарданд.
  5. Намоишномаҳои баландғояи театрӣ дар фазои театри ҷаҳонӣ рақобатпазир офарида мешаванд.
  6. Шумораи асарҳои драматургияи муосири миллӣ, ки барои басаҳнагузорӣ дар театрҳои кишвар эҷод мегарданд, меафзояд.
  7. Шумораи намоишномаҳо барои бачагон ва наврасон афзун мегардад.
  8. Барои ташкил кардани сафарҳои ҳунарии театрҳо шароит фароҳам меояд.
  9. Сатҳи касбии кормандони театр баланд мешавад.
  10. Таҷдид ва азнавсозии театрҳо амалӣ мегардад.

 

4. Вазифа ва самтҳои афзалиятнок

 

  1. Ба даст овардани мақсадҳои дар пешгузошта ҳалли вазифаҳои зеринро тақозо менамояд:

- нигоҳ доштани шабакаи театрҳои давлатӣ, вилоятӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти баробари рақобат ҷиҳати амалисозии нерўи эҷодии театрҳо;

- баланд бардоштани ҳавасмандии ҳайати бадеӣ ва ҳунарпешагони театр ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави эҷодӣ;

- тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳаи санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бунёди заминаи рақобатпазири моддию техникии муассисаҳои театрӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди фаъолияти сафарҳои ҳунарии театрҳои тоҷик дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар;

- рушди робитаҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи санъати театрӣ;

- дастгирии драматургияи муосир, театршиносӣ ва рушди санъати театрӣ;

- дастгирии театрҳои халқӣ, студияҳои театрӣ, махфилҳои драмавӣ, шаклҳои гуногуни ташкили фаъолияти театрӣ, ташаббусҳои эҷодии равнақи соҳа аз ҷониби давлат ва ҷомеа;

- таъминоти кадрии фаъолияти театрӣ;

- дастгирии механизмҳои худташкилкунӣ дар фаъолияти театрӣ, такмилдиҳии заминаи меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба санъати театрӣ.

  1. Тавсеа ва таҳкими дастрасии санъати театрӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва роҳҳои таъмин намудан он:

- фароҳам овардани шароит барои инкишофи театрҳои хусусӣ;

- ба фармоишоти давлатӣ дохил кардани чорабиниҳое, ки барои васеъ намудани аудиторияи тамошобини театр равона шудаанд;

- ба танзим даровардани фаъолияти марбут ба сафарҳои ҳунарии театрҳои тоҷик;

- мусоидат ба рушди иқтидори фарҳангии минтақаҳо.

  1. Зиёд кардани шумораи намоишномаҳо барои кўдакон ва наврасон аз рўи чунин самтхо имконпазир аст:

- эҷод намудани асарҳои репертуарӣ барои кўдакону наврасон;

- дар театрҳо ба саҳна гузоштани намоишномаҳои репертуарӣ барои кўдакону наврасон;

- баланд бардоштани сифати намоишномаҳо барои кўдакону наврасон;

- ҳавасмандгардонии иловагии ҳунарпешаҳо, режиссёрон, дирижёрон, балетмейстерҳо ва рассомон дар офаридани намоишномаҳо барои кўдакону наврасон;

- омўзиш, интишори таҷрибаи хуби ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи театр барои кўдакон ва наврасон;

- дастгирии сафарҳои ҳунарии театрҳо бо репертуар барои кўдакону наврасон;

- ташкили таҷрибаи таълимӣ ва истеҳсолӣ дар театрҳо, иҷро кардани корҳои дипломии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олие, ки аз рўи ихтисоси "режиссураи театр" таҳсил менамоянд;

- тайёркунии мақсадноки ҳунарпеша барои театр дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз рўи ихтисоси "маҳорати актёрӣ";

- такмили ихтисоси кормандони театр;

- дастгирии шаклҳои таҷрибавӣ ва хурди театрӣ, ки барои шумораи маҳдуди тамошобинон равона шудаанд;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои тарбиявӣ тавассути театрҳои касбӣ.

  1. Дастгирӣ ва таҳияи намоишномаҳои нав, аз ҷумла асарҳои муосири драматургияи тоҷик:

- таъмини ҳамкории самарабахши раванди эҷодӣ ва рушди санъати театрӣ;

- васеъ гардонидани ҳаҷм ва шаклҳои дастгирии давлатии эҷоди асарҳое, ки барои басаҳнагузорӣ дар театрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегарданд, гузаронидани озмунҳои асарҳои драмавӣ ва мусиқию драмавӣ, ки пеш аз ҳама барои кўдакон ва наврасон эҷод гаштаанд;

- дастгирии фестивалҳои драматургӣ, дарсҳои маҳорат, инчунин нашри асарҳои драмавии муосир.

  1. Низоми тайёр кардани кадрҳо ва такмили ихтисос барои рушди фаъолияти театрӣ дар марҳилаи гузариш инҳоро пешбинӣ менамояд:

- азнавсозии базаи моддӣ-техникӣ, тайёр кардани мутахассисони касбии соҳа, инчунин бо ашёҳои саҳнавию таҳиявӣ таъмин намудани намоишномаҳои таълимии Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода" таъмин менамояд;

- тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои тақсилоти олӣ ва миёнаи махсус, рассом-декоратор, рассом-бутафор ва рассом-пардозгар;

- инкишоф ва такмилдиҳии маҳорат ва тайёр кардани продюсерон дар муассисаҳои таҳсилоти олии театрӣ;

- эҳё ва рушди низоми баланд бардоштани касбияти кормандони театр;

- баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон-роҳбарони театрҳо.

 

5. Механизмҳои татбиқи Барнома

 

  1. Механизми асосии иҷрои Барнома тасдиқи ҳарсолаи нақшаҳои чорабиниҳои барномавӣ оид ба рушди фарҳанг, санъати театрӣ, бастани шартномаҳо, қарордодҳо, созишномаҳо мебошад. Шартномаҳо ва қарордодҳо дар асоси озмун баста мешаванд.
  2. Аз рўи Барнома вазифаи маъмурияти иҷрокунанда ба зиммаи воҳидҳои дахлдори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, театрҳои давлатӣ ва хусусӣ гузошта мешавад. Маъмурияти иҷрокунанда бо иҷрокунандагони чорабиниҳои барнома ҳамкорӣ намуда, барои маблағгузорӣ сарчашмаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетиро ҷалб менамояд.
  3. Фармоишгарони давлатӣ дар вақти азназаргузаронии барномаҳое, ки фаслҳои марбут ба рушди санъати театриро дар бар мегиранд, ба ҳайси коршиноси давлатӣ иштирок намуда, бо дарназардошти фикру ақидаи мутахассисон афзалиятҳои рушди соҳаро муайян мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ коршиносонро аз соҳаҳои дигар ҷалб менамоянд.

 

6. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома

 

  1. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барномаро маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, даромадҳои дохила, сарпарастон ва манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳад.
  2. Татбиқи Барнома ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузошта мешавад.

7.Ташкили идоракунии Барнома ва назорати татбиқи он

  1. Идоракунии татбиқи Барномаро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, театрҳои давлатӣ ва вилоятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фармоишгарони давлатӣ амалӣ менамоянд.
  2. Барнома бо роҳи омезиши маблағгузории сметавии муассисаҳои фарҳангӣ, санъати театрӣ бо маблағгузорӣ дар асоси шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣиҷрокунандагони чорабиниҳои алоҳидаи Барнома татбиқ карда мешавад.
  3. Дар ҳолати зарурӣ фармоишгарони давлатии Барнома мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба тағйир ё тамдиди мўҳлати татбиқи чорабиниҳои барномавӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.
  4. Фармоишгарони давлатии Барнома ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои барномавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ пешниҳод менамоянд. Назорати иҷрои Барномаро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.
  5. Назорати иҷрои Барнома дар бар мегирад:

- ҳисоботи даврӣ дар бораи иҷрои чорабиниҳои барномавӣ;

- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва иҷрои саривақтии шартнома, қарордод ва созишномаҳо;

- назорати сифати иҷрои чорабиниҳои барномавӣ.

  1. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ чораҳои мушаххас андешида, ҳар шаш моҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ