Классификатор Барнома
Рақам 227
Ном БАРНОМАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.04.2011
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2011, № 227

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020

 

Муқаддима

 

1) Асоси таҳияи Барномаро нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, № 33 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо дар соли 2010" оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи "Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020" ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Вазифаҳои Барнома ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ, ҷалби имкониятҳои илмию техникии мамлакат дар равандҳои инноватсионӣ, истифодаи самараноки коркардҳои илмию технологӣ ва ихтироот, таъсис ва равнақи сохторҳои инноватсионӣ мебошад.

Мақсади Барнома ташаккули низоми самараноки инноватсионие мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, афзоиши молҳо ба ивази молҳои воридотӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд.

Барои арзёбии самаранокӣ ва натиҷанокии иҷрои чорабиниҳои Барнома нишондодҳое истифода мешаванд, ки қудратҳои инноватсионӣ ва омилҳои рушди фаъолияти инноватсиониро дар истеҳсолот ва соҳаи шуғл, самарабахшии таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти илмию техникиро тавсиф медиҳанд.

2) Самтҳои асосии Барнома инҳо мебошанд:

- таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, тадбирҳои иқтисодӣ ва ташкилии фаъолгардонӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- таъсис ва рушди инфрасохторҳои инноватсионӣ;

- ташаккул ва такомули низоми тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;

- ташкили низоми иттилоотӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ.

3) Татбиқи Барнома дар ду марҳила пешбинӣ гардидааст:

марҳилаи аввал - солҳои 2011-2014

марҳилаи дуюм - солҳои 2015-2020

4) Иҷрои Барнома барои таъсиси низоми инноватсионие мусоидат менамояд, ки ба истифодаи самараноки дастовардҳои пешқадами илмию техникӣ ва технологӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи ашёи хоми табиӣ ва захираҳои инвеститсионӣ, таъмини амнияти иқгисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ташаккули иқтисодии инноватсионӣ ва баланд бардоштани некўаҳволии аҳолии мамлакат равона гардидааст.

Манбаъҳои таъмини маблағгузории чорабиниҳои Барнома, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои хусусии ташкилотҳо, Фонди инноватсионии Тоҷикистон, фондҳои инноватсионии вазоратҳо ва дигар мақомоти идораи давлатӣ, захираҳои қарзии бонкҳо, инвеститсияҳои хориҷӣ, маблағҳои вомбаргӣ ва манбаъҳои дигаре мебошанд, ки ҷалби онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

Идоракунии татбиқи Барнома ва назорати рафти иҷрои чорабиниҳои Барнома ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Иҷрокунандагони Барнома вазоратҳо, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои соҳавии илмию таҳқиқотӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Лоиҳаи Барномаро Комиссияи байниидоравӣ, ки бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2010, № 47 таъсис шудааст, таҳия намудааст.

 

1. Асосноккунии зарурати қабули Барнома. Ҳолат ва мушкилоти фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

5) Дар ҷаҳони муосир Омили асосии рушди устувори иқтисодиёт ва ноил гардидан ба сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ бо роҳи ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи рушди инноватсионӣ гузаштани он мебошад.

Инноватсияҳое, ки дар технологияҳои нав, маҳсулот ва таҷҳизот, хизматрасонӣ, дар равандҳои нави ташкил ва такмили ихтисоси кадрҳо инъикос ёфтаанд, рақобатпазирии баланди иктисодиётро (таъмин мекунанд. Дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ ҳиссаи афзоиши Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби истифодаи инноватсияҳо 70-80 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳар як мамлакат новобаста ба он, ки дар кадом сатҳи илмию технологӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушд қарор дорад, бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ, ки он принсипҳои умумии фаъолияти инноватсионӣ ва дар баробари ин, бо дарназардошти махсусиятҳои мамлакат (нерўи илмию технологӣ, вазъи иқтисодиёт, захираҳои меҳнатӣ ва маҳсулоти хом, шароити табииву иқлимӣ ва ғайра) сохта шудааст, кўшиш намояд. Барои пурзўр намудани фаъолияти инноватсионӣ, ки ҷузъи пайвасткунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ҷузъи инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таври доимӣ афзоиш ёфта, ба пешрафти мамлакат ва болоравии некўаҳволии халқ таъсири бештар дошта бошад.

Аз рўйи сатҳи фаъолнокии инноватсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи нишондодҳое, ки ҳолати онро инъикос менамоянд (нерўи илмию техникӣ, инфрасохтори инноватсионӣ, таносуби маҳсулоти аз ҷиҳати технологӣ баланд дар сохтори истеҳсолот ва содирот, тиҷоратикунонии коркардҳои инноватсионӣ ва ғайраҳо) аз мамлакатҳои мутараққии иқтисодӣ хеле қафо мемонад.

Агар вазъи фаъолияти инноватсиониро дар мамлакат ба таври умумӣ тавсиф намоем, пас гуфтан мумкин аст, ки он ҳоло танҳо дар марҳилаи ташаккул қарор дорад.

6) Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба дастгирии нерўи илмӣ, таҷдиди соҳаи илм ва ба самти ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ равона кардани он чораҳо андешида шудаанд. Дар мамлакат таҳкими нерўи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар такмили иқтисодиёт ва гузариши давра ба давра ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самти стратегӣ дониста шудааст.

7) Як қатор қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи илм, муайян намуда, ба дастгирии нерўи илм, рушди таҳқиқоти илмӣ, коркарди технологияҳои нав ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот равона карда шудаанд:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (соли 1998);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (соли 2002);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (соли 1999);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008" (соли 2003);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015" (соли 2006);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015" (соли 2008);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015" (соли 2008);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015" (соли 2009);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020" (2010);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Номгўйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 "(соли 2010);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015" (Таҳрири нав, соли 2011).

8) Дар ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда ҷиҳатҳое, ки то ин ё он дараҷа ба масъалаи рушди инноватсионӣ дар мамлакат муносибати бевосита доранд, низ инъикос ёфтаанд.

9) Дар моддаи 11 Боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" мақсад ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техникӣ аз ҷумла аз инҳо иборат дониста шудаанд:

- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва навоварӣ (инноватсионӣ) ба воситаи низоми имтиёзҳои иқтисодӣ ва имтиёзҳои дигар;

- инкишофи фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва навоварӣ (инноватсионӣ) ба ташкил додани марказҳои давлатии илмӣ ва сохторҳои дигар.

10) Ин масъалаҳо ҳамчунин дар фасли махсуси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 (Таҳрири нав) - "Ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ" низ дарҷ гардидаанд.

11) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як қатор қонунҳое қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти инноватсиониро ба танзим медароранд:

- "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" (соли 2004)";

- "Дар бораи ихтироот" (соли 2004);

- "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ" (соли 2006);

- "Дар бораи нишонаҳои молҳо ва нишонаҳои хизматрасониҳо" (соли 2007);

- "Дар бораи Парки технологӣ" (соли 2010).

12) Дар қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2005) Фасли "Моликияти зеҳнӣ" ворид карда шудааст.

Вале қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршударо танҳо чун оғози корҳо дар самти ташаккули низоми мақсаднок ва ҳамафарогири қонунгузорӣ баррасӣ кардан мумкин аст, ки заминаи асосӣ барои рушди васеи фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

13) Барои тавсифи вазъи ҳозираи рушди инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нишондиҳандаҳоро овардан мумкин аст, ки онҳоро дар амалияи ҷаҳонӣ барои арзёбии вазъ ва динамикаи нерўи инноватсионии мамлакатҳо ва самаранокии умумии соҳаи илмию инноватсионӣ истифода мекунанд.

Хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ қариб 0,12 фоизро аз Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар мамлакатҳои мутараққӣ он дар ҳудуди 1-3 фоиз аз ММД қарор дорад. Гарчанде, ки хароҷот ба соҳаи илм пайваста меафзояд (соли 2009 он 25 миллиону 753 ҳазор сомониро ташкил медод ва нисбат ба соли 2007 ба қадри 31 фоиз афзоиш ёфт), таъминоти молиявии таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ ҳамоно нокифоя боқӣ мемонад.

Таносуби маблағҳои ғайрибуҷетӣ бар хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ 20-30 фоизро ташкил медиҳад. Дар низоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар соли 2009 53,2 фоиз, дар низоми Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 38 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи паст нест ва бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар оянда сатҳи истифодаи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории соҳаи илм хеле меафзояд.

14) Тибқи маълумоти Вазорати рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати то 1 январи соли 2010 дар соҳаи илм 5196 нафар кормандони илмӣ, аз ҷумла 3880 нафар кормандони дараҷаҳои илмидор (780 нафар доктори илм, 3100 нафар номзади илм) ва 1316 нафар бе дараҷаҳои илмӣ кор мекунанд. Миқдори ҳайати кормандоне, ки ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ машғуланд, аз рўи ҳисоби 10 ҳазор шахсони машғул дар иқтисодиёт 24 нафарро ташкил медиҳад.

Миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот аз тарафи шаҳрвандони мамлакат дар соли 2007 - 117 адад, соли 2008 - 113 адад, соли 2009116 ададро ташкил дод. Ин дар қиёс бо сатҳи фаъолияти ихтироотӣ дар мамлакатҳои мутараққии иқтисодӣ албатта нишондиҳандаи хеле паст аст.

Дар амал ҳамаи ташкилотҳое, ки ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд, ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд, вале барои ташаккули инфрасохтори муосири иттилоотие, ки ба татбиқи технологияи навтарини иттилоотиву иртиботӣ асос ёфта, қобилияти таъмини татбиқи сохторҳои инноватсиониро дошта бошанд, корҳои зиёдеро анҷом додан лозим меояд.

Шарҳи нишондиҳандаҳои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоисаи онҳо бо нишондиҳандаҳои рушди инноватсионии мамлакатҳои мутараққӣ мавҷудияти масъалаҳои ҷиддиеро нишон медиҳад, ки бе ҳалли онҳо ташаккули низоми муосири инноватсионӣ имкон надорад.

15) Ба ҷумлаи масъалаҳои мавҷуда дар соҳаи инноватсионӣ дар баробари он масъалаҳое, ки қаблан зикр шуданд, инҳоро низ мансуб донистан мумкин аст: ҷалби нокифояи нерўи илмӣ ва илмию техникӣ дар равандҳои инноватсионӣ; вуҷуд надоштани инфрасохтори тараққикардаи инноватсионӣ; суръати пасти ташаккулёбии низоми муосири тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ; номутобиқатии ҳолати воқеии системаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба талабот нисбат ба ташкили системаи муосири иттилоотӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ; вуҷуд надоштани низоми дурусти татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар иқтисодиёт ва тиҷоратикунонии коркардҳои илмию техникӣ; таҳия нагардидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандагардонӣ барои таъсиси корхонаҳои хурди инноватсионӣ ва соҳибкории инноватсионӣ; истифодаи нокифояи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дастгирии равандҳои инноватсионӣ дар мамлакат.

Вазъи воқеии корҳо ва душвориҳои мавҷуда дар соҳаи инноватсионӣ ва манфиатҳои старатегии миллӣ зарурати таҳия ва қабули чораҳои маҷмўиро дар бобати дастгирии давлатӣ ва рушди фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат тақозо мекунанд.

 

2. Мақсад, вазифаҳои асосӣ ва иҷрокунандагони Барнома

 

16) Мақсади Барнома ташаккули низоми самарабахши инноватсионӣ мебошад, ки он ба баланд шудани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ ворид гардидани маҳсулоти инноватсионӣ, афзоиши маҳсулоти содиротӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои миллии стратегӣ мусоидат мекунад.

Дар ин замина Низоми миллии инноватсионие созмон дода мешавад, ки он шароитро барои татбиқи самарабахши дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, маҳсулоти хом ва инвеститсионӣ, муваффақ шудан ба амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, афзоиши некўаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин менамояд.

17) Барои муваффақ, шудан ба мақсадҳои Барнома вазифаҳои асосии зеринро ҳал кардан мебояд:

- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ;

- ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инвеститсионӣ;

- ҷалби нерўи илмӣ ва илмию техникии мамалакат ба равандҳои инноватсионӣ;

- истифодаи самараноки коркард ва ихтирооти илмию технологӣ;

- дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ;

- таъсис ва тараққӣ додани инфрасохтори инноватсионӣ;

- таъмини молиявии татбиқи чорабиниҳои Барнома;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ.

18) Иҷрокунандагони Барнома вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

19) Татбиқи Барнома дар ду марҳила пешбинӣ гардидааст:

- марҳилаи якум (2011-2014) - марҳилаи омодасозию ташкилӣ;

- марҳилаи дуюм (2015-2020) - марҳилаи рушди инноватсионӣ.

20) Дар назар дошта шудааст, ки дар марҳилаи якум заминаи зарурӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ омода карда мешавад: санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун асоси фаъолияти инноватсионӣ таҳия ва қабул карда мешаванд; чораҳои иқтисодӣ ва ташкилӣ оид ба дастгирии фаъолияти инноватсионӣ қабул карда мешаванд; корҳо оид ба таъсиси инфрасохтори инноватсионӣ анҷом дода мешаванд; замина барои рушди минбаъдаи он гузошта мешавад, низоми тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия ташаккул дода мешавад, ҳамчунин як қатор чорабиниҳои дигар амалӣ карда мешаванд.

Марҳилаи якуми татбиқи Барнома бо таъсиси ҷузъҳои зарурии сохтори Низоми миллии инноватсионӣ анҷом меёбад. Низоми миллии инноватсионӣ аз маҷмўи ҷузъҳои қонунгузорӣ, сохтори, ташкилӣ ва функсионалие иборат хоҳад буд, ки рушди фаъолияти инноватсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.

Низоми миллии инноватсионӣ саъйу кўшиши мақомоти давлатии идоракунии ҳамаи сатҳҳо, ташкилотҳои соҳаи илмию техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши соҳибкории иқтисодиётро, ки ба такмили механизмҳои ҳамкориҳои байни иштирокчиёни равандҳои инноватсионӣ, истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияҳо барои татбиқи афзалиятҳои миллии стратегии мамлакат равона карда шудаанд, муттаҳид менамояд.

Дар марҳилаи дуюми Барнома дар заминаи Низоми миллии инноватсионии таъсисдодашуда бояд корҳои зиёде доир ба амалисозии Барнома анҷом дода шаванд, то ҳар сол дар иқтисодиёти кишвар ҷузъи инноватсионӣ бемайлон инкишоф ёбад. Дар рафти татбиқи Барнома оид ба такмили минбаъдаи Низоми миллии инноватсионӣ бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, технологияҳои пешқадам ва таҷрибаи ташкили фаъолияти инноватсионӣ чӣ дар мамлакати мо ва чӣ дар хориҷи он тадбирҳо андешида мешаванд.

 

3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома. Тадбирҳое, ки ҷиҳати ноилшавӣ ба мақсад ва ҳалли вазифаҳои Барнома нигаронида шудаанд

 

21) Таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқие, ки барои фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам меоваранд.

Яке аз вазифаҳои асосии давлат дар самти сиёсати инноватсионӣ ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздик зарур аст то дар эҷоди заминаи ҳуқуқии гузариш бо роҳи ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи рушди инноватсионӣ, ки асоси онро бояд принсип ва стандартҳои эътирофшудаи танзими қонунгузории фаъолияти инноватсионӣ ташкил диҳанд, бояд корҳои зиёде анҷом дода шавад.

22) Дар марҳилаи якуми татбиқи Барнома (марҳилаи омодагирӣ ва ташкилӣ, солҳои 2011-2014) зарур меояд, ки асоси танзими қонунгузории фаъолияти инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шавад. Пеш аз ҳама, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии фаъолияти инноватсионӣ" зарур аст, ки он заминаҳои ҳуқуқии амалкарди Низоми миллии инноватсионӣ ва сиёсати давлатиро дар ин самт ба тартиб медарорад.

Бояд чунин санадҳои қонунгузорие таҳия ва қабул карда шаванд, ки тамоми маҷмўи танзима (регулятор)-ҳои иқтисодии фаъолияти инноватсионӣ, аз ҷумла танзимаҳои молиявӣ, зиддиинҳисорӣ, андозӣ, гумрукӣ ва ғайраро фаро гирад. Қонунгузорӣ бояд шароити зарурии ҳуқуқиро барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар истеҳсолот, таҳияи тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии соҳибкории хурди инноватсионӣ, ба гардиши иқтисодӣ (хоҷагӣ) ҷалб намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, танзими шароити тиҷоратикунонии технологияҳои коркардшаванда, муқаррар ва татбиқ намудани меъёрҳои муайянкунии маҳсулот ва хизматрасонии инноватсионӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин, таҳияи заминаи меъёрии таъсис ва татбиқи низоми фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар соҳаи инноватсия лозим меояд.

Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти инноватсионӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани иловаҳои дахлдорро тақозо мекунад. Ҳамчунин зарур аст, ки ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ оид ба кам кардани пардохтҳои гумрукӣ барои аз хориҷи кишвар ворид намудани таҷҳизоти махсуси илмӣ ва истеҳсоливу технологие, ки шабеҳ (аналог)-ҳои ватанӣ надоранд, таҳия ва қабул карда шавад.

Ба мақсади таъминоти қонунгузорӣ ҷиҳати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти инноватсионӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ қабули санади махсуси қонунгузорӣ зарур аст, ки он барои ба тартиб даровардани муносибатҳо дар ин самт, мувофиқасозии мақсаду вазифаҳое, ки ба сиёсати инноватсионӣ ва танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ равона шудаанд, имкон диҳад. Дар ин ҳуҷҷат бояд равишҳои махсуси ба вуҷуд овардани механизмҳои мушаххаси ҳавасмандгардонии рушди инноватсионӣ мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ инъикос карда шаванд. Чунин санади қонунгузорӣ, ки ба мўътадилгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ имкон медиҳад ва тамоми ҷиҳатҳои рушди инноватсиониро дар давлатҳои аъзои ИДМ фаро мегирад, метавонад Кодекси инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Қабули Кодекси инноватсиониро дар ҳар яке аз давлатҳои аъзои ИДМ Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ тавсия намудааст.

23) Фаъолияти инноватсионӣ ба такмили доимии заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин соҳа эҳтиёҷ дорад. Дар марҳилаи дуюми татбиқи Барнома (марҳилаи рушди инноватсионӣ, солҳои 2015- 2020) санадҳои нави қонунгузорӣ таҳия гардида, ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳое ворид карда мешаванд, ки ба танзими равандҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт бо дарназардошти таҷрибаи амали низоми меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили таҷриба ва анъанаҳои рушди қонунгузориҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакатҳои мутараққии иқтисодӣ нигаронида шудаанд.

 

§1. Таъсис ва тараққӣ додани инфрасохтори инноватсионӣ (пойгоҳҳои техникию технологӣ)

 

24) Барои таъмини фаъолияти инноватсионй таъсиси инфрасохтори инноватсионии густаришёфта талаб карда мешавад, ки яке аз қисмҳои таркибии он пойгоҳи техникию технологӣ ба шумор меравад. Баъзе сохторҳои истеҳсолию технологӣ, ки аллакай дар замони шўравӣ таъсис ёфта буданд, ҳоло ҳам вуҷуд доранд ва зарур аст, ки онҳо барои кор дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ мувофиқ карда шаванд. Сохторҳои дигаре, ки ҷавобгўйи талаботи иқтисодиёти инноватсионии муосир мебошанд, низ бояд таъсис дода шаванд, аз ҷумла: технопаркҳо, марказҳои инноватсионию технологӣ, тиҷорат-инкубаторҳо, марказҳои трансфераи технологияҳо, бюроҳои конструкторӣ, ширкатҳои хурди технологӣ, ташкилотҳо оид ба хизматрасонии машваратӣ ва ғайра.

Вазифаҳои асосӣ ва умумии ин сохторҳо таҳлил ва интихоби коркардҳои илмии ояндадор барои истифодаи амалӣ ва дар технологияҳо татбиқ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ба марҳилаи намунаи саноатӣ расонидани коркардҳои илмӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти таҷрибавӣ ва трансфераи технологияҳо, яъне ба маҳсулоти рақобатпазири бозоргир табдил додани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад.

Заминаи ҳуқуқии ташаккули пойгоҳи техникию технологии инфрасохтори инноватсионӣ дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмию техникӣ" (соли 1998) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Парки технологӣ" (соли 2010) мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Парки технологӣ" имконияти таъсиси чаҳор намуди Паркҳои технологиро пешбинӣ мекунад: парки инноватсионию технологӣ, парки илмӣ (таҳқиқотӣ), технополис ва инкубатор (тиҷорат-инкубатор). Парки технологӣ дар худ сохторҳои муттаҳидаи илмӣ ва инноватсионӣ, субъектҳои дигари фаъолият дар соҳаи илм ва инноватсия, трансфераи технологияҳо, объектҳои хоҷагидор, ки дастовардҳои илм ва инноватсияро истифода мекунанд, таҷассум менамояд. Муқаррар карда шудааст, ки мақсад аз таъсиси Парки технологӣ инҳо мебошанд: рушди илмию техникӣ ва инноватсионию технологӣ; истифодаи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ; таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ, дарёфти маблағҳои молиявӣ барои рушди илм ва технологияҳо; ҷалби донишҷўён, аспирантон, ҳайати профессорию омўзгорӣ, кормандони илм дар равандҳои ҳамгироии илм ва истеҳсолот.

Дар инфрасохтори инноватсионии мамлакат мавқеи муҳимро бояд марказҳои трансфераи технологияҳо ишғол намоянд, ки мақсад аз онҳо таъсиси пойгоҳҳои муосири технологӣ, азхудкунии технологияҳои рақобатпазир, интихоби коркардҳое, ки нерўи тиҷоратӣ доранд ва тиҷоратикунонии онҳо, ба гардиши иқтисодӣ (хоҷагӣ) ворид намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ, таъсиси корхонаҳои хурди инноватсионӣ ва дастгирии фаъолияти онҳо мебошад.

Вазифаи махсусан муҳим таъсиси корхонаҳои хурди баландтехнологии инноватсионӣ - яке аз унсурҳои асосии инфрасохтори инноватсионӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксари ғояҳои навоварӣ маҳз дар ширкатҳои хурди инноватсионӣ ба таври воқеӣ то тиҷоратикунонӣ расонида мешаванд. Соҳибкории хурди инноватсионӣ ин қисми бештар ҳаракатманди иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад, ки қобили оҷилан эҳсос кардани талаботи бозор ба маҳсулоти баландтехнология, арзёбии ҳолати мавҷуда, аз худ кардани технологияҳои нав ва бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир равона намудани истеҳсолоти худӣ мебошад. Мебояд, ки таҷрибаи муфиди давлатҳои дигар оид ба дастгирии ширкатҳо ва корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, ки маҳз онҳо ҳиссаи зиёди маҳсулоти инноватсиониро истеҳсол карда, ба бозор мебароранд, қабул карда шавад.

Таъсиси пойгоҳи техникию технологии фаъолияти инноватсионӣ раванди беҳад мураккаб ва дарозмуддат мебошад, ки ба таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии таъминкунандаи рушди чунин пойгоҳ, мавҷудияти захираҳои молиявӣ, нерўи кадрӣ, таъминоти техникӣ ва технологӣ ва монанди ин вобаста аст. Дар назар дошта мешавад, ки унсурҳои инфрасохтори инноватсионӣ давра ба давра, вобаста ба имкониятҳои воқеӣ, шароит ва талаботи соҳаҳои иқтисодиёт, сохторҳои илмӣ ва таҳсилотӣ, ширкат ва корхонаҳои инноватсионӣ, яъне вобаста ба суръати рушди инноватсионӣ дар мамлакат ва дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ таъсис дода мешаванд.

Пешбинӣ мегардад, ки зимни таҳияи барномаҳои рушди инноватсионии соҳаҳои иқтисодиёт, соҳаи илм ва маориф, ҳамчунин корхонаҳои алоҳида, нақшаи дурнамои ташаккули пойгоҳи техникию технологии фаъолияти инноватсионӣ бо дарназардошти махсусияти онҳо тартиб дода мешавад.

 

§2. Ташаккул ва такомули низоми тайёр кардан, такмил додан ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ

 

25) Яке аз ҷузъҳои асосии фаъолияти инноватсионӣ тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия ва такмилу баланд бардоштани ихтисоси онҳо дар самти фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Лозим меояд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низоми муосири тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ташаккул дода шавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷорӣ намудани ихтисос оид ба фаъолияти инноватсионӣ пешбинӣ карда мешавад, то мутахассисоне тайёр карда шаванд, ки дар азхудкунии асосҳои соҳаи иқтисодии соҳибкории инноватсионӣ, идоракунии лоиҳаҳо, тиҷоратикунонии технологияҳо, менеҷменти технологӣ, маркетинг, назария ва амалияи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дониш ва малакаҳои касбӣ дошта бошанд. Талаб карда мешавад, ки стандартҳои таҳсилотии ихтисосҳои инноватсионӣ, боздид кардани номгўйи ихтисосҳои тайёр кардани кадрҳо бо дарназардошти эҳтиёҷот ва дурнамои рушди инноватсионии мамлакат бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Таснифи давлатии равишҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шаванд.

Дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсис додани кафедраҳо оид ба фаъолияти инноватсионӣ ва менеҷмент мувофиқи мақсад аст, ки дар онҳо корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба самтҳои инноватсионӣ аз рўйи тахассуси муассисаи таҳсилоти олӣ гузаронида мешаванд ва мутахассисон дар ин самтҳо тайёр карда мешаванд. Дар ин кафедраҳо донишҷўён бояд курси лексияҳоро гўш кунанд, вобаста ба самти кафедра дар муассисаҳои илмӣ, корхонаҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, корҳои амалӣ иҷро намоянд, корҳои дипломиро оид ба мавзўи инноватсионӣ анҷом диҳанд.

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд дурнамои талабот, мониторинги эҳтиёҷот ба кадрҳо дар низоми инноватсия ва вобаста ба ин тартиб додани нақшаи тайёр кардани кадрҳоро ташкил намоянд.

Тибқи тавсеаи муассисаи таҳсилоти олӣ донишҷўён, аспирантон ва кормандони ҷавонро аз руйи ихтисосҳои инноватсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ (аз ҷумла бо маблағҳои грантӣ) барои таҷрибаомўзӣ ва таҳсил ба муассисаҳои таҳсилотии хориҷӣ фиристонидан мумкин аст.

Ба низоми муассисаи таҳсилоти олӣ ворид намудани ҷузъҳои инноватсионӣ зарурати гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои такмили ихтисосро бо дарназардошти ҳамкории фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ ва ба Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани фаъолияти инноватсиониро ба миён меорад.

Мебояд, ки оид ба коркарди низоми муосири такмил ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ фикр намуд. Оид ба вобаста кардани кадрҳои баландихтисос ба соҳаи инноватсия, фароҳам овардани шароит барои кори эҷодӣ ва рушди касбии онҳо ва ба ин соҳа ҷалб намудани мутахассисони ҷавон андешидани чораҳо зарур аст. Ба ҳалли ин масъала дар назди институтҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳамчунин дар корхонаҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, таъсис додани марказҳои махсуси таълимию методӣ аз рўйи фанҳои фаъолияти инноватсионӣ мусоидат карда метавонанд.

Дар назар гирифта мешавад, ки пешниҳодоти мушаххас оид ба амалкард ва такмили низоми тайёр кардан, такмил додан ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ инъикоси худро дар барномаҳои рушди инноватсионии вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳо меёбад.

 

§3. Ташкили низоми иттилоотӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ

 

26) Яке аз унсурҳои асосии низоми миллии инноватсионӣ - бо иттилооти илмии техникӣ таъмин намудани фаъолияти инноватсионӣ мебошад, ки созмон додани он аз бисёр ҷиҳат ба вазъ ва рушди умумии системаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар мамлакат, таъминоти муассисаҳо ва ташкилотҳо бо компютерҳо, пайвастшавии онҳо ба шабакаи байналмилалии иттилоотии Интернет, гузариш ба истифодаи технологияҳои муосири оптикию нахии алоқа вобаста аст. Дар солҳои наздик системаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд рушди минбаъдаи худро ёбад, ки ин ба ташкил намудани заминаи муосири иттилоотии фаъолияти инноватсионӣ имкон медиҳад.

Тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳои манфиатдорро бо Интернет-каналҳои боэътимод ва баландсуръат, ки асоси онҳоро каналҳои нурию нахӣ ва техникаи муосири компютерӣ ташкил медиҳанд, таъмин намудан зарур аст. Ин барои гузаронидани видеоконференсияҳо ба мақсади трансфери технологияҳои инноватсионӣ (намоиш додани технологияҳо бо риояи манфиатҳои моликияти зеҳнӣ), табодули таҷрибаи корӣ, ташкили таҳсилоти фосилавӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия (инноваторҳо) имконият фароҳам меоварад.

Мебояд, ки Интернет-портали ҷумҳуриявии Барнома таъсис дода шавад, механизму тартиби ҷамъоварии иттилоот ва пурра кардани он муайян карда шаванд. Бо ин мақсад ташаккул додани шабакае зарур аст, ки он аз марказҳои иттилоотию тамосии ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазоратҳо, корхона ва сохторҳои дигаре, ки ба раванди инноватсионӣ ҷалб карда шудаанд ва барои гирифтани иттилоотии зарурӣ манфиатдор мебошанд, таркиб ёфтааст.

Дар Интернет-портали Барнома иттилоот барои иҷрокунандагони Барнома оид ба рафти иҷрои чорабиниҳои Барнома, натиҷаҳои мониторинги ҳолати нерўи илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, маълумот оид ба озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ, навигариҳо дар соҳаи инноватсия (намоишгоҳҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо оид ба мавзўъҳои Барнома) ҷойгир карда мешаванд.

27) Ба таври васеътар дар Интернет-портали Барнома маълумотҳои зерин ҷойгир карда мешаванд:

- оид ба коркардкунандагони технология ва маҳсулоти инноватсионӣ;

- оид ба истеъмолкунандагони инноватсияҳо;

- оид ба нерўи илмӣ ва илмию техники мамлакат, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, татбиқи амалии коркардҳо;

- оид ба нашрияҳои илмии олимони Тоҷикистон дар мамлакат ва берун аз он;

- оид ба дархостҳои патентгирӣ ба ихтироот;

- оид ба иҷрои лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ;

- оид ба коркардҳои навтарини инноватсионӣ;

- оид ба ташкилотҳое, ки ҷиҳати тиҷоратикунонии коркардҳои инноватсионӣ фаъолияти маркетингӣ мебаранд;

- оид ба пойгоҳи техникию технологии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, марказ ва муассисахои илмию таҳқиқотӣ, корхонаҳо ва монанди инҳо;

- оид ба манбаъҳои маблағгузории инноватсияҳо;

- оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ;

- оид ба захираҳои кадрӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;

- оид ба вазъи иқтисодиёт дар мамлакат, воридот ва содирот, нархи мол ва маҳсулоти воридшаванда, ҳаҷми фурўши онҳо дар марзи мамлакат.

28) Барои самарабахш фаъолият намудани Интернет-портали Барнома ва шабакаи марказҳои иттилоотию тамосӣ мебояд корҳое оид ба фароҳам овардани захираҳои зарурии итгилоотӣ ва таҳлилӣ дар соҳаи илм, маориф ва фаъолияти инноватсионӣ анҷом дода шаванд, то манфиат ва дархостҳои ҳам иҷрокунандагони Барнома ва ҳам истеъмолкунандагони дигари маҳсулот ва хизматрасонии зеҳнӣ таъмин карда шаванд.

Интернет-портали Барномаро дар муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту итилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой додан ба нақша гирифта шудааст, ки он минбаъд ба маркази асосии иттилоотии Низоми миллии инноватсионӣ табдил хоҳад шуд.

 

§4. Ҳамкории байналмилалӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ

 

29) Дар ҷаҳони муосир вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ ҳеҷ як мамлакат қудрате надорад, ки дар алоҳидагӣ ба роҳи инноватсионии рушд гузарад. Ҳар як мамлакат кўшиш мекунад, ки ҳамкориро бо мамлакатҳои дигар ба мақсади сохтани иқтисодиёти муосир ва самаранок амалкунанда ба манфиати худ истифода намояд.

Тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ афзалияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёре аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар самти ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ шартнома ва созишномаҳое дорад, ки онҳо ба ҳалли вазифаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудаанд.

Дар баробари ин, зимни омода намудани шартномаву созишномаҳое, ки дорои мақсаду маром ва принсипҳои умумии ҳамкориҳо мебошанд, бастани шартномаву созишномаҳои алоҳида оид ба ҳамкории илмӣ ва илмию техникӣ бо давлатҳои мутараққии иқтисодӣ, ба онҳо манзур намудани пешниҳодҳо оиди ба ин ҳуҷҷатҳо ҳамроҳ кардани муқаррароти ҳамкорӣ дар самти инноватсионӣ беҳад муҳим аст, то барои таҳия ва амалӣ намудани барномаву лоиҳаҳои муштарак асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шаванд.

30) Ҳамкории байналмилалии илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ махсусан бо дарназардошти он, ки Низоми миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи пайдоиш ва ташаккул қарор дорад, дар самтҳои зерин мусоидат мекунад:

- таҳкими ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии илмию технологӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи инноватсия;

- ташаккули инфрасохтори муосири фаъолияти инноватсионӣ;

- иштироки олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар амалисозии лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ;

- таъсиси заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки воридшавии инвеститсияҳои хориҷиро ба соҳаи илм ва илмию техникӣ ба танзим медарорад;

- рушди низоми тайёр кардани мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ;

- ба роҳ мондани низоми тиҷоратикунонӣ ва истифодаи амалии технологияҳо, маҳсулот ва хизматрасонии инноватсионӣ.

31) Мисоли равшани ҳамкориҳои самарабахши илмию техникӣ иштироки муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МБИТ) мебошад. Ин ҳамкориҳо бо шарофати ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи таъсиси ин марказ имконпазир гардид.

Маркази байналмилалии илмию техникӣ, ки онро Иттиҳоди Аврупо, ШМА, Ҷопон, Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Норвегия маблағгузорӣ мекунанд, гузаронидани таҳқиқотро, аз ҷумла дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маблағгузорӣ кардани лоиҳаҳои маъқулдонистаи МБИТ дастгирӣ менамояд. МБИТ маблағгузории мустақими кормандониҷрокунандагони лоиҳа ва маблағгузории маҳдуд барои харидорӣ намудани таҷҳизоти илмӣ ва реактивҳо, сафарҳои хизматӣ, баргузории семинарҳо ва конференсияҳоро амалӣ менамояд. Тибқи Барномаи дастгирии тиҷоратикунонӣ ва ташаббусҳои инноватсионӣ, МБИТ таваҷҷўҳи махсусро ба масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати тиҷоратикунонии натиҷаҳои бадастомада равона месозад ва иҷрокунадагони лоиҳаҳоро ба таҳияи тавсияҳо оид ба трансфери коркардҳо ҷалб менамояд. МБИТ оид ба асосҳои тиҷоратикунонии коркардҳои илмӣ барои кормандони илмӣ ва муассисони Тоҷикистон 6 курс-тренингҳои омўзишӣ доир намуд. Ҳамаи лоиҳаҳои иҷрошуда ва иҷрошавандаи МБИТ дар айни замон дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мақсаду вазифаҳо ва натиҷаҳои таҳқиқот лоиҳаҳои инноватсионӣ ба шумор мераванд. Бо дастгирии МБИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 лоиҳа иҷро карда шуда, 27 лоиҳа дар марҳилаи иҷро қарор доранд. Ҳаҷми умумии маблағгузориҳои лоиҳаҳои анҷомёфта ва иҷрошаванда қариб 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқот донишҳои нави илмӣ ба даст оварда шуда, тавсияҳои амалӣ таҳия ва дар соҳаҳои гуногуни илм ва иқтисодиёт татбиқ карда шудаанд.

Аҳамияти махсусро дар рушди низоми инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар ин самт бо давлатҳои аъзои ИДМ соҳиб аст. Афзалиятҳои сиёсати ИДМ дар соҳаи инноватсия дар Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 муайян карда шудаанд, ки онро Шўрои Сарони ҳукуматҳои ИДМ 14 ноябри соли 2008 тасдиқ намудаанд.-Асоси татбиқи самти инноватсионии ИДМ-ро Барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи то соли 2020 ташкил медиҳад. Мақсади ин Барнома таъсиси фазои байнидавлатии инноватсионӣ мебошад, ки низоми миллии инноватсионии ин давлатҳоро муттаҳид мегардонад. Дар чаҳорчўбаи фазои байнидавлатии инноватсионии давлатҳо чораҳои муштарак оид ба рушди илм, ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ, татбиқи самараноки технологияҳои нав қабул карда мешаванд, ки онҳо истеҳсоли технологияҳои рақобатпазир, маҳсулот ва хизматрасонӣ, муттаҳидгардонии нерўи илмию технологӣ ва захираҳоро ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқот таъмин менамоянд.

Нақшаҳои тасдиқгардидаи амалиётҳо оид ба иҷрои чорабиниҳои алоҳидаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи то соли 2020, натиҷаҳои иҷрои онҳо ва тавсияҳои қабулшуда зимни ташаккул додани Низоми миллии инноватсионӣ ба назар гирифта мешаванд. Мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки нақшаи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба амалӣ сохтани Барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи то соли 2020 тартиб дода шавад.

 

§5. Ҷалб намудани нерўи илмӣ ба равандҳои инноватсионӣ

 

32) Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба самарабахшии амалкарди низоми инноватсионӣ мусоидат мекунад, дараҷаи ҷалби нерўи илмии кишвар ба раванддои инноватсионӣ мебошад.

Рақобатпазирии иқтисодиёт ба татбиқи қарорҳои навтарини илмию техникӣ, суръати навсозӣ, густариши васеи технологияҳои пешқадам ва ҳавасмандгардонии истеҳсолоти илмталаб вобаста аст. Бинобар ин, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тавлиди донишҳои нави илмӣ ва технологӣ, дастгирии илми бунёдию амалӣ ва ба эҳтиёҷоти иқтисодиёт нигаронидани онҳо хеле муҳим аст. Тараққӣ додани илм ва технология барои такмили иқтисодиёт ва ба вуҷуд овардани низоми иқтисодиёти рақобатпазир замина мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мавқеи илм дар мамлакат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 (Таҳрири нав), ки онҳо муҳимтарин ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сиёсати давлатӣ оид ба илму техника мебошанд, муқаррар карда шудаанд. Моҳияти сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, ки ба эътирофи илм ҳамчун яке аз афзалиятҳои миллӣ асос ёфтааст, ташаккул додани чунин низоми давлатии самарабахши дастгирии илм мебошад, ки он бояд мутамарказгардонии имкониятҳоро ба самтҳои барои мамлакат афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ, суръатбахшии ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва истифодаи амалии инноватсияҳо, коркарди технологияҳои рақобатпазир, талабгории коркардҳои илмӣ аз тарафи истеҳсолот, ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, нуфузи баланд ва ҷалби бештари меҳнати илмӣ, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тайёр кардани олимон ва мутахассисони ҷавон таъмин намояд.

Дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 (Таҳрири нав) самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ муайян карда шудаанд. Соли 2010 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгўйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010 №167) тасдиқ шудааст. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои соҳаи илм аз рўи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ таҳқиқот гузаронида, дар амалисозии самтҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодии мамлакат саҳми худро мегузоранд. Таҳқиқот ва коркардҳо аз рўи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ бояд ба ҳалли масъалаҳои муҳими илмию техникӣ ва технологӣ равона гардида, натиҷаҳои ин таҳқиқот ва коркардҳо бояд технология ва маҳсулоти нави инноватсионӣ бошанд. Муайян кардани афзалиятҳо, аз ҷумла самтҳои нав ва тезрушдкунандаи таҳқиқот имкон медиҳад, ки имкониятҳои зарурӣ ба ин самтҳо мутамарказ гардонида шуда, заминаи моддию техникӣ мустаҳкам гардад ва кадрҳои илмӣ тайёр карда шаванд. Дар натиҷа, барои дар сатҳи илмию методии муосир иҷро кардани корҳои илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии коркардҳо ва тиҷоратикунонии онҳо шароити мусоид фароҳам меояд.

33) Ба самтҳои таҳқиқоти илмии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятдошта такя карда, бо дарназардошти равишҳои рушди илми муосир ва таҷрибаи ҷаҳонии табдил додани донишҳо ба технология ва маҳсулоти инноватсионии рақобатпазир, самтҳои зерини ояндадори таҳқиқоти илмиро ҷудо намудан мумкин аст, ки дар асоси онҳо лоиҳаҳои инноватсионӣ тартиб дода мешаванд: нанотехнологияҳо ва наномавод;

- маводи филизии конструксионӣ (созандагӣ);

- маводи полимерии композитсионӣ;

- манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- технологияҳори сарфакунандаи энергия ва сарфакунандаи захираҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар;

- мўътадилгардонии кори гидроқисмҳо (гидроузелҳо) бо истифодаи усулҳои моделсозии математикӣ; биотехнология;

- гуногуншаклии биологӣ, генофонди ҳайвонот ва растаниҳо, захираҳои биологӣ;

- тағйирёбии иқлим, мониторинги муҳити зист, пешгирии фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ; технологияи биотиббӣ;

- ташкил, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон; технологияи истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ, аз он ҷумла бо истифодаи маҳсулоти хоми маҳаллӣ.

34) Пешбинӣ мегардад, ки ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома ҳамчунин тартиб додани номгўии лоиҳаҳои инноватсионӣ низ дохил карда мешавад. Номгўйи лоиҳаҳои инноватсиониро мувофиқи мақсад аст, ки пас аз ҳар як се сол тартиб дода, ба вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ширкатҳо фиристонида шавад. Иҷрои лоиҳаҳоро ба таъйиноти мақсаднок аз ҳисоби фондҳои давлатӣ, аз маблағҳои буҷетие, ки ба академияҳои илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ аз рўи бахши "Илм" ҷудо мешаванд, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои хусусии корхонаву ширкатҳо, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, фондҳои венчурӣ ва манбаъҳои дигари ғайрибуҷетӣ маблағгузорӣ кардан мумкин аст. Ҳамчунин, гузаронидани озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ низ ба нақша гирифта мешавад, ки маблағгузории онҳо ҳам аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ (аз ҷумла, тибқи озмуни Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ) ва ҳам аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Самаранокии иштироки нерўи илмӣ дар равандҳои инноватсионӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муассисаҳои илмию таҳқиқотии академияҳои илмҳо, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ то чӣ андоза дастҷамъона, мақсаднок ва муташакилона метавонанд мавзўъҳои таҳқиқот ва коркардҳои худро ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ мутобиқ созанд, онҳоро ба талаботи амалия наздик кунанд ва кўшишро ба ҷустуҷўи равишҳо ҷиҳати табдил додани коркардҳо ба технология, маҳсулот ва хизматрасонии инноватсионӣ равона намоянд.

Вобаста ба ин, масъулияти махсус ба зиммаи Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мешавад. Шўрои мазкур бояд кори худро оид ба гузаронидани экспертизаи барномаву лоиҳаҳое, ки барои маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ пешниҳод мешаванд, такмил дода, мутобиқатии онҳоро ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар муайян кунад ва аҳамияти натиҷаҳои чашмдошт (ниҳоӣ)-и таҳқиқотиро барои рушди инноватсионӣ арзёбӣ намояд.

Бо дарназардошти он, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва истифодаи амалии ихтироъот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ мебошад, лозим меояд, ки барои беҳтарсозии ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва литсензионӣ, дастгирии олимон ва кормандони илмию техникӣ, ки ба фаъолияти ихтироъкорӣ машғуланд, корҳои зиёде бояд ба сомон расонида шаванд.

Ҳамин тариқ, дар мамлакат барои ҷалби фаъоли нерўи илмӣ дар равандҳои инноватсионӣ шароити муайян мавҷуд аст. Вазифа аз он иборат аст, ки бо зоҳир кардани ташаббус ва кордонӣ онҳо оқилона истифода карда шаванд ва минбаъд, ба қадри ҷамъ шудани таҷриба дар самти фаъолияти инноватсионӣ низоми мукаммалтари иштироки олимон ва мутахассисон дар онҳо ташаккул дода шавад.

 

§6. Вазифаҳои рушди инноватсионии соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва тандурустӣ

 

а) Вазифаҳои рушди инноватсионии соҳаи энергетика ва саноат:

35) Татбиқи стратегияи рушди иқтисодӣ рушди истеҳсолоти баландтехнологиеро талаб мекунад, ки он бояд имконияти истеҳсол кардани маҳсулоти илмталаб, ташаккули нерўи содиротии ин истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи технологии корхонаҳоро тавассути дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва ҷаҳонӣ соҳиб бошад.

36) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бозори дохилии маҳсулоти илмию техникӣ ҳоло ба сатҳи зарурӣ нарасидааст. Имрўз чунин масъалаҳо боиси нигаронӣ мебошанд:

- сатҳи пасти талабот ба дастовардҳои инноватсионӣ;

- ба пардохти маблағ қобилият надоштани истеъмолкунандагони ватание, ки ба маҳсулоти баландтехнологӣ манфиатдор мебошанд;

- рақобати суст дар бозорҳои дохилӣ дар байни истеҳсолкунандагон ва дастраскунандагони техника ва технологияҳои нав.

37) Яке аз махсусиятҳои комплексҳои энергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон рушди нокифояи инфрасохтори технологӣ бо нерўи ками содиротӣ ва сатҳи хеле пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ мебошад. Аксарияти корхонаҳоро дар ояндаи наздик масъалаи аз даст додани рақобатпазирӣ на танҳо дар бозорҳои берунӣ, балки дар бозорҳои дохилӣ низ таҳдид мекунад. Яке аз муҳимтарин сабабҳои ин, бешубҳа афзоиши нарх ба ҳомилони энергетикӣ мебошад, ки дар натиҷаи он истеҳсолоти зиёдмасрафи ватанӣ метавонад камрақобатпазир гардад.

38) Ба мақсади паст кардани таъсири омилҳои нобоби зикршуда дар соҳаҳои саноат зарур аст, ки самтҳои зерини дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ амалӣ карда шаванд:

- дастгирии молиявӣ ба таъсис ва татбиқи инноватсияҳо, мутамарказ гардонидани захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи илмию техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ;

- дастгирии қарздиҳӣ (кредитӣ);

- имтиёзҳои андозӣ;

- сиёсати амортизатсионӣ ва гумрукӣ, ки фаъолияти инноватсиониро ҳавасманд мегардонад;

- мусоидат ба ҷалби моликияти зеҳнӣ дар гардиши иқтисодӣ (хоҷагӣ).

39) Бозсозии сохторӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти саноатӣ барои муайян кардани афзалиятҳои рушди ҳар як соҳа ва дарназардошти сохтори мавҷуда дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, равишҳои гуногунро талаб мекунад.

40) Фаъолияти инноватсионии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2020 ба ҳалли вазифаҳои зерини асосӣ равона карда мешавад:

- мутамарказгардонии нерўи илмӣ ва илмию техникӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди энергетикаю саноат;

- таъмини рақобатпазирии маҳсулот бо дарназардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти дохили кишвар;

- бозсозии сохтории саноат дар минтақаҳое, ки ба захираҳои аз берун воридшаванда хеле сахт вобастагӣ доранд;

- ташкили истеҳсолоти саноатии маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда аз ашёи хоми маҳаллӣ дар асоси ихтирооти олимон, ихтироъкорон ва навоварон ва бо ҷалби технологияҳои нави хориҷӣ;

- ба гардиши иқтисодӣ ҷалб намудани захираҳои соҳавӣ ва маҳсулоти дахлдор дар асоси татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ;

- афзоиш додани истеҳсолоти маҳсулоти илмталаб;

- кам кардани истеҳсолоти маҳсулоти зиёдмасраф ва нерўталаб;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳое, ки ба ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи ихтирооти технологияҳои илмию техники навин равона карда шудаанд;

- кам кардани ҳиссаи хароҷот ба захираҳои энергетикӣ, ашёи хом ва мавод дар арзиши маҳсулот;

- коркард ва истифодаи механизм ва тартиби маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хусусии корхонаҳо, қарзҳои бонкӣ, грантҳо ва ғайра;

- такмили корхонаҳои истеҳсолӣ ва азнавтаҷҳизонидани онҳо;

- дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ва ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ (таъсиси марказҳои технологӣ, технопаркҳо, корхонаҳои илмию истеҳсолӣ ва бюрои таҷрибавию конструкторӣ ва бо таҷҳизоти муосири илмӣ, техникӣ ва технологӣ таъмин намудани онҳо);

- ҳавасмандгардонии таъсиси корхонаҳои хурди инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳои саноат;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ аз рўи самтҳои афзалиятдоштаи рушди энергетика ва саноат (рўйхати лоиҳаҳои инноватсионии пешниҳодшуда дар замима ба Барнома оварда шудааст).

б) Вазифаҳои рушди инноватсионии соҳаи комплекси агросаноатӣ:

41) Мақсади стратегии рушди маҷмўи агросаноатӣ ба вуҷуд овардани низоми самараноки истеҳсолоти агросаноатӣ мебошад, ки он қобилияти таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва сатҳи баланди нерўи содиротии аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсаднокро дорад.

Ноилшавӣ ба ин мақсад аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста мебошад, ки равишҳои инноватсионӣ ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда то чӣ андоза муайян карда мешаванд.

Дар истеҳсолоти кишоварзии имрўза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон душвориҳои зиёде ҷой доранд. Ба сабаби нокомил будани низоми идора мақомоти поёнии идора дар соҳаи кишоварзӣ суст шуда, муносибатҳои ҳамгироии байни молистеҳсолкунандагони корхонаҳои коркардкунанда ва шабакаҳои савдо коста гардидаанд.

Омилҳои иқтисодӣ, аз ҷумла болоравии нарх ба ҳомилони энергетикӣ ва воситаҳои дигари моддию техникии дар соҳа истифодашаванда ба рушди кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ин имконияти молистеҳсолкунандагони кишоварзиро ҷиҳати васеъсозии такрористеҳсолкунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, гузариш ба технологияҳои нави захирасарфакунанда ва дар ин замина таъмин намудани татбиқи модели рушди босуръати иқтисодӣ маҳдуд мекунад. Дар натиҷа, вазъи ғайритабиӣ ба вуҷуд омадааст - майдонҳои зиёди заминҳое, ки таъйиноти кишоварзӣ доранд, дар шароити норасоии ғизои хусусӣ ва афзоиши ҳаҷми воридоти он истифода намегарданд.

Раванди инноватсионӣ дар маҷмўи агросаноатӣ хусусияти худро дорад, ки он ба истеҳсолоти агросаноатӣ, пеш аз ҳама ба қисми асосии таркибии он - кишоварзӣ алоқаманд аст.

42) Хусусиятҳои асосие, ки ба ташаккул ва рушди пешрафти инноватсионӣ дар маҷмўи агросаноатӣ таъсир мерасонанд, инҳо мебошанд:

- миқдори зиёди намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ;

- гуногунии назарраси минтақаҳои алоҳидаи мамлакат аз рўи шароити истеҳсолот;

- вобастагии қавии технологияҳои истеҳсолот дар кишоварзӣ ба шароити табиӣ ва иқлимӣ;

- миқдори зиёди шакл ва алоқаҳои гуногуни молистеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ бо сохторҳои инноватсионӣ;

- набудани механизми ташкилию иқтисодии мушаххас ва илман асосноки интиқоли дастовардҳои илм ба молистеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ, ки ба ин сабаб соҳа дар самти татбиқи инноватсияҳо дар истеҳсолот қафо мондааст.

43) Бо мақсади кам кардани таъсири омилҳои номусоиди зикршуда дар соҳаи кишоварзӣ зарур аст, ки самтҳои зерини дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ татбиқ карда шаванд:

- баланд бардоштани самаранокии рушди илмию комплекси агросаноатӣ;

- таъмини меъёрӣ ва ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ, ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар гардиши иқтисодӣ (хоҷагӣ);

- суръатбахшии татбиқи дастовардҳои илм, техника ва таҷрибаи пешқадам дар истеҳсолоти кишоварзӣ;

- рушди инфрасохтори раванди инноватсионӣ, низоми сертификатдиҳӣ ва пешбурди коркардҳои илмию техникӣ, тайёр кардан ва такмил додани кадрҳо;

- рушд ва такмили фаъолияти иттилоотӣ;

- дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ба мақсади барқарорсозии пардохтпазирии онҳо ва имконияти татбиқи фаъолияти инноватсионӣ;

- ташаккули механизми иқтисодии идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳои маҷмўи агросаноатӣ.

44) Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи маҷмўи агросаноатӣ ба ҳалли вазифаҳои зерин мутамарказ гардонида мешавад:

- таъмини рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи беҳтар кардани сифати он;

- кам кардани хароҷот дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

- татбиқи технологияи захирасарфакунанда, таҷҳизоти техникӣ ва такмил додани соҳаи аграрӣ;

- таъсиси инфрасохтори инноватсионӣ дар маҷмўи агросаноатӣ;

- дастгирии фаъолияти инноватсионии институтҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

- татбиқи агротехнологияҳое, ки ба даст овардани ҳосили баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд;

- баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмие, ки ҷиҳати ба вуҷуд овардани навъҳои нави рақобатпазир, воридотивазкунандаи зироатҳои кишоварзӣ, коркарди технологияҳои интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии хок, истифодаи усулҳои ҳамгиросозандаи мубориза бар зараррасонандаҳои кишоварзӣ нигаронида шудаанд;

- рушди биотехнология ва истифодаи дастовардҳои он дар маҷмўи агросаноатӣ;

- дастгирии коркард ва истифодаи технологияҳои ветеринарӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди маҷмўи агросаноатӣ (рўйхати лоиҳаҳои пешниҳодшуда дар Замимаи Барнома оварда мешавад).

в) Вазифаҳои рушди инноватсионии соҳаи маориф:

45) Ояндаи соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи ташкилӣ ва самаранокии фаъолияти илмӣ, илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии низоми маориф вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти ин мақсади стратегӣ - нигоҳдорӣ ва рушди нерўи илмию техникии мактабҳои олӣ, комплекси илмӣ ва инноватсионии соҳаи маориф, ҳамбастагии илм ва истеҳсолот, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, кадрҳои илмӣ ва илмию омўзгорӣ ва нерўи инноватсионӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ зарур мебошад.

46) Барои ноил гаштан ба ин мақсад ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:

- тараққӣ додани таҳқиқоти илмӣ ҳамчун асоси омодакунии мутахассисони муосир;

- рушди афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, ки ба такмили соҳаи маориф, беҳтар кардани сифати тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои илмию омўзгорӣ равона карда шудааст;

- муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи маориф;

- мутобиқатгардонии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ба коркарди технология, маҳсулот ва хизматрасонии инноватсионӣ;

- ташаккул ва равона кардани комплексҳои таълимию илмӣ ва инноватсионии соҳаи маориф ба гузаронидани силсилаи пурраи таҳқиқот ва коркардҳое, ки бо тайёр кардани маҳсулоти ниҳоӣ анҷом меёбанд;

- такмил додани низоми маблағгузории фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, мутамарказ гардонидани имкониятҳо дар самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқот;

- коркард ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии таълимию тарбиявӣ;

- фароҳам овардани шароит барои дастгирии ҳуқуқӣ ва ташкилии корхонаҳои хурди инноватсионӣ ва марказҳои инноватсионӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ таъсис дода шудаанд;

- дастгирии рушди инфрасохторҳои инноватсионӣ (технопаркҳо, марказҳои инноватсионии технологӣ, комплексҳои инноватсионии саноатӣ, марказҳои литсензиядиҳӣ ва сертификатдиҳӣ, маркетинг);

- фароҳам овардани шароит барои тайёр кардан ва бозомўзии кадрҳо дар соҳаи инноватсия ва соҳибкории илмию технологӣ, ки баландбардории фаъолияти инноватсиониро дар соҳаи маориф ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ таъмин менамоянд;

- такмил ва рушди заминаи ҳуқуқии илм ва фаъолияти инноватсионӣ, бо дарназардошти ҳифзи моликияти зеҳнӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ҷалби объектҳои моликияти зеҳнӣ ба гардиши иқтисодӣ (хоҷагӣ);

- рушди шабакаи ягонаи телекоммуникатсионии соҳаи маориф ва татбиқи истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионию коммуникатсионӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳаи маорифи мамлакат.

47) Иҷрои вазифаҳои рушди инноватсионии соҳаи маориф имконият медиҳад, ки илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба комплекси самаранок амалкунандаи илмию техникӣ ва инноватсионии ҷавобгўйи стандартҳои муосири ҷаҳонӣ табдил дода шавад.

г) Вазифаҳои рушди инноватсионии соҳаи тандурустӣ:

48) Мақсади асосии рушди инноватсионии низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар кардани саломатии аҳолӣ мебошад, ки барои он коркард ва дар ташкилотҳои тандурустӣ татбиқ намудани усулҳои баландтехнологии ташхис, табобат ва пешгирии касалиҳо, технологияҳои барқаросозӣ ва бо такя ба дастовардҳои муосири ҷаҳонӣ дар соҳаи коркарди технологияҳои инноватсионии биотиббӣ дар амалияи тиббӣ истифода кардани онҳо зарур аст.

49) Барои муваффақ гардидан ба ин мақсадҳо таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар муҳимтарин самтҳои зерин пешбинӣ мегардад:

- Касалиҳои сироятӣ. Дар Тоҷикистон чунин касалиҳои сироятӣ мисли гепатитҳои вирусӣ, зуком, сил ва домана паҳн гардидаанд. Вирусҳо ва бактерияҳое, ки боиси ин касалиҳо мегарданд, на танҳо навъи худро тағйир медиҳанд, балки ба доруҳои истифодашаванда мутобиқ мешаванд (асосан ба антибиотикҳо). Бинобар ин, ҷустуҷўҳои илмӣ ва дастовардҳо дар соҳаи генетика ва иммуногенетикаи вирусҳо ва бактерияҳо имкон медиҳанд, ки механизмҳои навътағйирдиҳии онҳо фаҳмида шаванд ва ба коркарди усулҳои нави табобат мусоидат намоянд.

- Солимии репродуктивӣ. Гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳа барои коркард ва татбиқи усулҳои нави пешгирӣ ва табобати бемориҳои занон дар давраи ҳомиладорӣ ва ҳифзи саломатии онҳо аз таъсироти омилҳои манфии муҳити зист беҳад муҳим аст.

- Остеопатия. Сабабҳои бемории остеопатия гуногун аст ва таҳияи тавсияҳо оид ба бартарафсозии онҳо замина барои пешгирӣ ва таботати ин бемории вазнин мебошад.

- Бемориҳои саратонӣ. Масъалаи муҳим ин пешгирӣ ва ташкили пешакии бемориҳои саратонӣ мебошад. Истифодаи дастгоҳҳои муосири ташхисӣ дар мувофиқат бо коркарди усулҳои нави генетикӣ ва радиоиммунологии муайян кардани аломатҳои пешакии бемориҳои саратонӣ имкон медиҳад, ки самаранокии табобати ин бемориҳо хеле баланд бардошта шавад.

- Бемориҳои дилу рагҳо. Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон усулҳои муосири табобати узвҳои хунгард истифода мешаванд. Барои рушди минбаъдаи кардиология ва истифодаи самараноки технологияҳои нави тиббӣ дар муассисаҳои табобатӣ шароити мусоид мавҷуд аст (заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва тиббӣ, кадрҳои баландихтисос, сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ).

- Бозгузошти узвҳо ва технологияи истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ. Усулҳои бозгузошти узвҳо ва истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар мамлакатҳои пешрафта хеле босуръат рушд мекунанд. Дар айни замон, дар мамлакати мо заминаҳои ин самти тиб гузошта мешаванд, аз ҷумла Маркази транспланталогияи узвҳо ва истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ барои табобати бемориҳои дилу рагҳо ва ҷигар таъсис дода шудааст. Барои таҳия ва истифодаи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар ин самти тиб имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

- Коркард ва истифодаи доруҳои нави табобатӣ. Новобаста ба он, ки Тоҷикистон аз растаниҳои табобатӣ бой аст, ҳоло аз ашёи хоми маҳаллӣ доруҳои табобатӣ хеле кам коркард мешаванд. Дар айни замон, бисёре аз намудҳои растаниҳои табобатӣ хеле хуб омўхта шудаанд ва барои коркарди технологияҳои ҳосил кардани доруҳои табобатӣ ва азхудкунии истеҳсолоти он дар корхонаҳои дорусозии мамлакат имконияти мусоид вуҷуд дорад.

50) Номгўйи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Замимаи Барнома оварда мешаванд.

Татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи тиб ва беҳтарсозии солимии аҳолӣ мусоидат мекунад.

 

4. Таъмини молиявии татбиқи Барнома

 

51) Яке аз шартҳои муҳимтарини татбиқи Барнома ташаккули низоми муассир ва самаранок амалкунандаи маблағгузории фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Манбаи асосии таъминоти захиравии амалисозии Барномамаблағгузории давлатии буҷетӣ, ҳамчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағҳои хусусии ташкилоту корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ машғуланд, маблағҳои бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва сохторҳои дигари молиявӣ ба ҳисоб мераванд. Сиёсати молиявӣ бояд ба мутамарказ гардонидани захираву имкониятҳо ба самтҳои асосӣ нигаронида шавад. Ҳукумати мамлакат барои таъсис ва дастгирии инфрасохтори инноватсионӣ, иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим доранд, иҷрои фармоишҳои давлатӣ, ки барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим дорад, иҷрои фармоишҳои давлатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ маблағҳои молиявии мақсаднок ҷудо менамояд. Яке аз самтҳои муҳимтарини маблағгузорӣ аз маблағҳои буҷетӣ тайёр кардани кадрҳо барои фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Лозим меояд, ки низоми сиёсати қарзу андоз, пешниҳоди имтиёз ба ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои хурд ва миёнаи инноватсионӣ, ки маҳсулоти инноватсионӣ истеҳсол мекунанд, такмил дода шавад.

Маблағҳоеро, ки аз рўи бахши "Илм" ба муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷудо мешаванд, дар асоси озмун барои дастгирии лоиҳаҳои ояндадор ва муҳимтарини инноватсионӣ истифода кардан мумкин аст.

Дар назар дошта мешавад, ки ҳангоми қабули қарорҳо оид ба маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ равишҳои бозоргонӣ истифода карда мешаванд, аз ҷумла талаботе, чун рақобатпазирии баланди технология ва маҳсулот, ҷудокунии маблағҳои молиявӣ дар асоси озмун, амалкарди низоми баргашти маблағгузорӣ ва имконияти тиҷоратикунонии технология ва маҳсулот, самаранокии трансфераи технологияҳо пешниҳод карда мешаванд.

Мебояд, ки таваҷҷўҳи асосӣ ба ҷустуҷуйи мутобиқатии мўътадили дастгирии давлатӣ бо маблағгузории тиҷоратӣ дар заминаи таъсис ва амалкарди фондҳои венчурии рушди технологӣ - сохтори асосии тиҷоратикунонии лоиҳаҳои инноватсионӣ равона карда шавад, ки он ҷалб ва хароҷоти самаранокро бо баргардонидани захираҳои молиявӣ ва моддӣ таъмин менамояд. Фондҳои венчуриро, ки ба инвеститсияҳо дар сармояи ташкилотҳои инноватсионӣ махсусгардонида шуда мебошанд, аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, маблағҳои бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва сохторҳои дигари молиявӣ таъсис додан мумкин аст.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти инноватсионӣ таъсиси Фонди инноватсионии Тоҷикистон, фондҳои инноватсионии мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, ташкилотҳои дигари давлатии тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.

52) Барои иҷрои чорабиниҳои Барнома манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ - маблағҳои хусусии ташкилоту корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ машғуланд, фондҳои ғайрибуҷетии инвеститсионӣ ва инвесторҳои хусусӣ, ки дар баланд бардоштани сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо манфиатдор мебошанд, қарзҳои бонкҳои тиҷоратиро истифода кардан мумкин аст. Ба сифати манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ ҳамчунин маблағҳои ташкилотҳои инноватсионӣ ва инвеститсионии хориҷӣ, фондҳо ва ширкатҳои хориҷӣ, сарпарастҳо (спонсорҳо) ва манбаъҳои дигар низ истифода шуда метавонанд, агар ҷудокунӣ ва истифодаи ин маблағҳо хилофи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд.

Нишондиҳандаҳои дурнамои мақсадноки хароҷоти молиявӣ, манбаъҳо ва ҳаҷми маблағгузориҳо зимни таҳияи чорабиниҳои алоҳидаи Барнома муайян карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои хароҷоти молиявиро вобаста ба имкониятҳои буҷети давлатӣ, воридоти воқеии маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва аниқшавии талабот ба маблағҳои молиявӣ тағйир додан мумкин аст.

 

5. Идоракунии татбиқи Барнома. Мониторинг, нишондиҳандаҳо ва арзёбии самаранокии татбиқи Барнома

 

53) Идоракунии татбиқи Барнома ва назорати рафти иҷрои чорабиниҳои Барнома ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисон вогузор мешавад. Дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии амалисозии Барнома таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳое, ки ба татбиқи Барнома вобаста карда шудаанд, шомил мегарданд.

54) Вазифаи асосии Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Ба сифати асбоби назорат мониторинги фаъолияти инноватсионӣ истифода мешавад. Индикаторҳои миқдории зерини татбиқи Барнома қабул карда мешаванд:

- хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ (бо фоизҳо аз Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ);

- таносуби маблағҳои ғайрибуҷетӣ дар хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ (фоиз);

- миқдори кормандони машғул ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ аз рўи ҳисоби 10 ҳазор шахсони машғул дар иқтисодиёт (нафар);

- зариб (коэффисиент)-и фаъолияти ихтироъкорӣ (миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони миллӣ дар мамлакат пешниҳод шудаанд, аз рўи ҳисоби 10 ҳазор аҳолӣ);

- таносуби технологияҳои пешқадами истеҳсолии истифодашаванда, ки объектҳои моликияти зеҳниро фаро мегиранд, ба миқдори умумии онҳо (фоиз);

- таносуби ташкилотҳои саноатӣ, ки инноватсияҳои технологиро истифода мекунанд, бар миқдори умумии ташкилотҳои инноватсионӣ (фоиз);

- таносуби маҳсулоти саноатии инноватсионӣ дар содироти (экспортӣ) маҳсулоти саноатӣ (фоиз);

- таносуби ташкилотҳои саноатӣ, ки инноватсияҳои ташкилиро амалӣ мегардонанд, ба миқдори умумии ташкилотҳои саноатӣ (фоиз);

- миқдори ҷузъҳои таъсисёфтаи инфрасохтори низоми миллии инноватсионӣ (адад);

- миқдори фондҳои давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ, ки таҳқиқоти илмӣ, коркардҳо ва тиҷоратикунонии технологияҳо, миқдори фондҳои венчуриро дастгирӣ мекунанд (адад);

- таносуби ташкилотҳои илмие, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд, ба миқдори умумии ташкилотҳои илмӣ (фоиз).

55) Рафти татбиқи Барномаро Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ баррасӣ менамояд; аҳамият ва самаранокии чораҳоеро, ки ба ҳалли вазифаҳо ва ноилшавӣ ба мақсадҳои Барнома равона карда шудаанд, арзёбӣ мекунад; пешниҳодҳоро оид ба беҳтарсозии корҳои ташкилӣ ҷиҳати назорати иҷрои чорабиниҳои Барнома мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва арзёбии мавод оид ба иҷрои чорабиниҳои Барнома, таҳлили масъалаҳои пайдошуда, омодасозии пешниҳодҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсиониро сохторҳои дахлдори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунандгони дигари Барнома амалӣ менамоянд.

56) Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Номгўи муҳимтарин лоиҳаҳои инноватсионие, ки иҷрои онҳо дар солҳои 2011- 2020 ба нақша гирифта шудааст замима мегарданд.

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ