Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 577
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2011
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ва бо мақсади ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбс, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020-ро таъмин намоянд.

3) Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2011 № 577

 ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ