Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 417
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМЎЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.09.2010
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМЎЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764)

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи мўҳлатҳои дар Нақшаи чорабиниҳо муқарраргардида нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, онҳоро дар доираи маблағгузории буҷетии ҳарсола, ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, грантҳо ва маблағҳои маҳсус амалӣ намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 сентябри соли 2010 № 417

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ