Классификатор Қарори Маҷлиси Олии ҶТ
Рақам 485
Ном ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.08.1997
Матн

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ

МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 258)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда ва аз ҷазои бо маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд набуда ва навъи ҷиноят, маҳкумшудагоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 сар карда, то рўзи қабули Қарори мазкур иштирок доштанд, озод карда шаванд.
  2. Ҳамаи парвандаҳои шахсони дар банди 1 ҳамин Қарор зикршуда, ки тафтишоташон боз дошта шудааст, давом дорад ва ё аз тарафи судҳо дида нашудааст, қатъ карда шаванд.
  3. Дар ҳаққи шахсоне, ки дар давраи муқовимати сиёсӣ ва низомӣ кирдори барои ҷомеа хавфнок содир кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда нашавад.
  4. Аз ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсоне, ки бо моддаҳои 63 (Акти террористӣ), 74 (Бандитизм), 76 (Дар қисми контрабандаи маводи нашъаовар, моддаҳои сахттаъсиркунанда ва заҳролуд), 96 (Дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятии миқдораш махсусан калон), 104 (қасдан одам куштан бо ҳолатҳои вазнинкунанда), 105 (Қасдан одам куштан бе ҳолатҳои вазнинкунанда), 121 (Таҷовуз кардан ба номус), 240 (Ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, кашондан, фиристодан ва ё фурўхтани моддаҳои нашъаовар), 2401 (Дуздидани моддаҳои нашъаовар), 241 (Киштан ва ё рўёнидани зироатҳои кишташон манъ кардашудае, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар доранд) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст айбдор карда шудаанд, озод намешаванд.

Шахсоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 то рўзи қабули Қарори авф иштирок доштанд ва бо содир намудани ҷиноятҳое айбдор шудаанд, ки бо моддаҳои зикршуда мувофиқ аст, ва онро ғаразнок мешуморанд, дар асоси пешниҳоди тарафайн ва Қарори Комиссияи оштии миллӣ шомили авф мешаванд.

  1. Татбиқи авф доғи судиро бартараф мекунад.
  2. Қарори мазкур аз рўзи расман нашр шуданаш амал мекунад, ба ҳамаи шахсоне, ки аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, татбиқ мешавад ва дар муддати чор моҳ мавриди иҷро қарор мегирад.

 

 

Муовини якуми

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 А. Достиев

 

ш. Душанбе, 1 августи соли 1997

№485

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ

 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИДИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 259)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи мақомоти зерин гузошта шавад.

а) Ба зиммаи судҳо дар хусуси ашхосе, ки:

    парванда ва маводи ҷиноятияшон дар баррасии суд қарор дошта то дар амал татбиқ шудани Қарор дар бораи авф дида нашудаанд ва ҳамчунон нисбати ашхосе, ки ҷинояти онҳо муҳокима гардад, аммо ҳукмашон ба қувваи қонунӣ надаровадааст;

  шартан маҳкум шудаанд, ҳамчунон маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир гузошта шудааст (масъалаи ба онҳо татбиқ кардани авф бо пешниҳоди мақомоти умури дохила, рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд, сурат мегирад);

  ба ҷарима додан ҳукм шудаанд, агар то вақти ба амал ҷорӣ шудани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (суде, ки ҳукм кардааст, масъалаи татбиқи авфро муайян менамояд);

  аз ҷавобгарӣ шартан – бармаҳал озод карда шудаанд ва қисми ҷазои нокашидаашон то дар амал ҷорӣ шудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктаре иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи амали авфро суде  ҳал мекунад, ки дар бораи татбиқи аз ҷавобгарӣ шартан бармаҳал озод кардан, қисми иҷронашудаи мўҳлати ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз, таъинот баровардааст);

 маҳкумшудагоне, ки барояшон ба сифати ҷазо ҳуқуқи ишғоли ин ё он вазифа ва машғул шудан ба фаъолияти муайяне манъ карда шудааст.

б) Ба зиммаи мақомоти умури дохила:

    нисбати ашхоси аз озодӣ маҳрумшудае, ки ҳукмашон ба қувваи қонунӣ даромадааст, аммо дар ҳабс нестанд ё ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда ба таври маҷбурӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, аммо ҳанўз ба ҷои кор фиристода нашудаанд;

  нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба сифати кори ислоҳӣ бе маҳрум аз озодӣ муайян карда шудааст.

в) Ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ:

   нисбати ашхосе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мўҳлати ҷазоро адо мекунанд.

г) Ба зиммаи комендатураҳои махсус:

   нисбати ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда, ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд ва ҳамчунин ашхосе, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод карда шудаанд ва ҳатман ба меҳанти маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд.

  1. Қарор дар бораи татбиқи авф нисбати ҳар як шахс ба таври алоҳида қабул карда мешавад.
  2. Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти умури дохила, ҳамчунон маъмурияти муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ ва комендатураҳои махсус қабул кардаанд, аз тарафи прокурор тасдиқ карда мешаванд.

Ҳангоми аз тарафи судҳо татбиқ намудани авф иштироки прокурор ҳатмӣ  аст.

  1. Қарор дар бораи авф нисбати ашхосе татбиқ мешавад, ки аз ҷонибӣ судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум карда шудаанд, ҳамчунин нисбати онҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ то қабули Қарор дар бораи авф ҷиноят содир кардаанд.
  2. Ҳангоми татбиқи банди 1,2 Қарор дар бораи авф доғи судии пештара ба назар гирифта намешавад.
  3. Бандҳои 1, 2 Қарор дар бораи авф ба ашхосе татбиқ мешавад, ки дар муқовимати ҳарбӣ-сиёсӣ аз соли 1992 сар карда то қабули Қарор дар бораи авф иштирок намудаанд. Ҳақиқати иштироки ин ашхос дар муқовимати ҳарбӣ-сиёсӣ дар асоси асноди мақомоти марбута тибқи рўйхати пешниҳодкардаи тарафайн муайян карда мешавад.
  4. Ба ашхосе, ки нисбати онҳо ҳамзамон ба ҷазое, ки барои ҷинояташон муайян шудааст, чораҳои маҷбурӣ аз амрози майзадагӣ, нашъамандӣ ва венерикӣ муқаррар гардидааст ва бояд тибқи Қарор дар бораи авф аз ҷазо озод карда шаванд, авф баъди ба охир расидани табобат татбиқ карда мешавад.

Асос барои эътироф намудани баохиррасии табобати маҳкумшудае, ки касалии венерикӣ дорад, хулосаи тиббӣ ба ҳисоб меравад нисбати ашхосе, ки суд барои онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ ва нашъамандиро муайян кардааст, таъиноти суд дар бораи қатъи табобати маҷбурӣ ба ҳисоб меравад.

  1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати судиро аз болои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дуруст татбиқ намудани Қарор дар бораи авф таъмин намояд.
  2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати дуруст татбиқ шудани Қарор дар бораи авфро таъмин кунад ва санади бекор кардани ҷустуҷў ва боздошти шахсони таҳти таъқиб бударо ба мақомоти дахлдори ИДМ ирсол намояд.
  3. Комиссияи оштии миллӣ назорати умумии иҷрои Қарори авфро таъмин намояд.

 

 

Муовини якуми

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 А. Достиев

 

ш. Душанбе, 1 августи соли 1997

№486

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ