Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 123
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.02.2009
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳдошти ҳолати замин, бешазорҳо, захираҳои об, ҳавои атмосферӣ, гуногунии биологӣ, бахусус намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, аз ҷумла нестшудаистода ва солимгардонии вазъи саломатии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ карда шавад.

2.Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо номгўи чорабиниҳои мушаххасро ҷиҳати таҳия намудани Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2009-2019 ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

  1. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси пешниҳодоти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар муддати на дертар аз панҷ моҳ Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилот ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ, инчунин корхонаҳои муштарак, дар қисми махсуси лоиҳаҳои ҳарсолаи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ки ба истифодаи сарватҳои табиӣ вобастаанд, чорабиниҳои экологиро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соли буҷетӣ ба назар гирифта, ҳангоми имзои шартномаҳо, созишномаҳо, қарордод ва протоколҳои ҳусни тафоҳум масъалаҳои ҳамкории экологиро пешбинӣ намоянд.

5.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои миллии марбута, то охири соли 2009 барои роҳбарони вазоратҳо, корхонаҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва масъулини соҳаи экология курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисоси маълумоти экологиро ташкил намояд.

6.Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 сар карда, ҳангоми пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию конструкторӣ ва таҳияи нақшаҳо, бахшҳои экологӣ, истифодаи техника ва технологияи нав, масъалаҳои ба беҳдошти табиат мусоидаткунандаро ворид намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 феврали соли 2009 № 123

ш. Душанбе

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ