Классификатор Қонун
Рақам 1342
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1958-1960 ҚАБУЛ ШУДААНД
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 23.07.2016
Матн

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1958-1960 ҚАБУЛ ШУДААНД

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 620)

 

Моддаи 1. Санадҳои зерини қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:

- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 17 майи соли 1958 «Дар бораи барҳам додани Вазорати адлияи РСС Тоҷикистон»; (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1958, №13);

- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 майи соли 1958 «Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба  сохтмон ва меъморӣ» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1958, №9, мод. 209);

- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1959 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии «Устоди боғдории РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1959, №4, мод. 66);

- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1959 «Дар бораи муқаррар намудани унвонҳои фахрии «Ихтироъкори шоистаи  РСС Тоҷикистон»  ва «Ратсионализатори шоистаи РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1959, №9, мод. 169);

- Қонун «Дар бораи ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1959, №11, мод. 208);

- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4 январи соли 1960 «Дар бораи табдилдиҳии Раёсати омори РСС Тоҷикистон ба Раёсати марказии омори назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1960, №1, мод.4);

- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1960 «Дар бораи андозаи ҷаримаҳо ва дигар маблағҳои пулии пешбининамудаи қонунҳои  РСС Тоҷикистон ва Указҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон бинобар тағйирёбии андозаи нарх ва ивазшавии пулҳои дар муомилотбуда ба пулҳои нав» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961, №2, мод. 15).

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

  

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016,

№1342

 

 

 

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958- 1960 қабул шудаанд»

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Ш. ЗУҲУРОВ

 

ш. Душанбе,

22 июни соли 2016, № 508

 

  

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ­эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд»

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

 15 июли соли 2016, № 268

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ