Классификатор Қонун
Рақам 1448
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 18.07.2017
Матн

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, робитаи мутақобилаи он ба экспертизаи давлатии экологӣ, инчунин тартиби баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

- арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист - муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгуӣ намудани вазъи ояндаи он ба мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавӣ;

- таъсиррасонӣ ба муҳити зист - оқибатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда барои муҳити зист, ки ба саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, хок, ҳавои атмосфера, захираҳои об ва замин, иқлим, ландшафт, ёдгориҳои меъроси таърихию фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ ё робитаи мутақобилаи онҳо, инчунин ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонанд;

- фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда - сохтмон, таҷдид, васеъкунӣ, бозсозии техникӣ, тағйири самти истеҳсолот, барҳамдиҳии он ва дигар намуди фаъолияте, ки метавонад ба муҳити зист таъсир расонад;

- таъсири манфӣ ба муҳити зист - тағйирёбии манфии ҳолати муҳити зист, ки пурра ё қисман дар натиҷаи таъсиррасонии объекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадааст;

- фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои омодасозии ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, аз ҷумла арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист масъул мебошад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист (минбад - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои иҷрои ваколатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қабули қарорҳои вобаста ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист масъул аст;

- объекти арзёбӣ - фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки нисбати он расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист татбиқ карда мешавад;

- ҳисобот оид ба натиҷаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист - қисми таркибии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки дорои иттилоот оид ба мақсадҳои татбиқи лоиҳаи пешбинишаванда, вариантҳои алтернативии татбиқи лоиҳаи мазкур, маълумот дар бораи ҳолати муҳити зисти ҳудуди татбиқи лоиҳа, оқибатҳои манфии эҳтимолии татбиқи лоиҳа барои саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, муҳити зист ва объектҳои табиӣ, инчунин тадбирҳо оид ба коҳиш додан ва пешгирӣ намудани онҳо мебошад;

- ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ - ҳуҷҷатҳое, ки имконият ва мувофиқи мақсад будани татбиқи лоиҳа ва арзёбии самаранокии он, аз ҷумла асоснокунии (ҳисобкунии) техникӣ-иқтисодиро собит мекунанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- фарзияи хатари эҳтимолии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда;

- ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки метавонад ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақими манфӣ расонад;

- ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар марҳилаи лоиҳакашӣ;

- ҳатмӣ будани баҳисобгирии талабот оид ба таъмини амнияти экологӣ ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- саҳеҳ ва мукаммал будани маълумоте, ки ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист истифода карда мешавад;

- илман асоснок ва холисона будани натиҷаи хулосаҳо оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- дастрасии озод ба натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- ба ҳисоб гирифтани фикру мулоҳизаҳои шахсони манфиатдор;

- ҷавобгарии фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда барои оқибатҳои манфии татбиқи лоиҳа.

 

Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфии мустақим ё ғайримустақим расонанд, татбиқ мегардад.
  2. Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад ба:

- лоиҳаҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти миллӣ ва мудофиа, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ё техногенӣ равона шудаанд;

- уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор оид ба риояи маҳдудиятҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбати сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфии субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла моликияти зеҳнӣ муқаррар шудаанд;

- объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки то қабули Қонуни мазкур лоиҳакашӣ гардида, сохтмони онҳо идома дорад ва ё ба истифода супорида шудаанд.

 

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ

АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дохил мешаванд:

- иштирок дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- муқаррар намудани тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рўи гурўҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд;

- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист мансубанд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида қабул намудани қоидаҳо, тавсияҳо, дастурҳои методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таъмини дастрасии шахсони манфиатдор ба маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба ташкил ва баргузории арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 8. Ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, бе гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист манъ аст.
  2. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист нисбати гурўҳҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 9. Субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист инҳо мебошанд:

- мақоми ваколатдори давлатӣ;

- фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда;

- таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ;

- ташкилотҳо ва мутахассисоне (пудратчиёни фаръие), ки ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Масъулияти субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ барои сари вақт, пурра ва холисона баррасӣ намудани ҳисобот (изҳорот) оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавие, ки натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дар бар мегиранд, масъул мебошад.
  2. Фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда барои иҷрои амалҳои зерин масъул мебошад:

- ташкил ва гузаронидани расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳияи ҳисоботи пурра ва саҳеҳ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- ба назар гирифтани оқибатҳои экологӣ ва дигар оқибатҳои ба татбиқи лоиҳа вобаста (ҳангоми сохтмон, навсозӣ, васеъ кардан, бозсозии техникӣ, истифодабарӣ ва барҳам додани объекту маҷмааҳои хоҷагидорӣ);

- маблағгузории расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва таҳқиқоту ҷустуҷўҳои бо он алоқаманд;

- ба таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ пешниҳод намудани иттилооти дар ихтиёрашбуда дар бораи оқибатҳои экологии сохтмон ва истифодабарии объектҳои амалкунандаи монанд, ки тавассути мониторинги соҳавӣ, арзёбии вазъи тиббию географӣ ва таҳлили баъдилоиҳавии экологӣ ҷамъ оварда шудаанд;

- пешниҳоди ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар таркиби ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ;

- таъмини иҷрои шартҳои ҳангоми баррасии ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист гузошташуда дар рафти амалисозии (сохтмон ва истифодабарии) лоиҳа.

  1. Таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ дар назди фармоишгар барои иҷрои амалҳои зерин масъул мебошад:

- риояи марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳияи ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, мукаммалӣ, саҳеҳӣ ва сифатии натиҷаҳои дар он бадастовардашуда.

  1. Ташкилотҳо ва мутахассисон (пудратчиёни фаръӣ), ки барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҷалб карда мешаванд, дар назди таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ барои мукаммалӣ, саҳеҳӣ ва сифати корҳое, ки тибқи шартномаҳо анҷом дода мешаванд, масъул мебошанд.

 

Моддаи 11. Марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист пай дар пай, бо назардошти марҳилаҳои лоиҳакашии шаҳрсозӣ ва сохтмон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  2. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:

- марҳилаи 1 - шарҳ ва арзёбии ҳолати муҳити зисти ҳудуд, ки бо мақсади асоснок кардани интихоби қитъаи муносиби замин барои ҷойгиронии объект гузаронида мешавад;

- марҳилаи 2 - арзёбии пешакии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки дар як вақт бо асосноксозии техникию иқтисодии лоиҳа гузаронида шуда, дар шакли изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба расмият дароварда мешавад;

- марҳилаи 3 - арзёбии таъсиррасонӣ, ки бо мақсади таҳлили пурра ва комплексии оқибатҳои эҳтимолии татбиқи лоиҳаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, асоснок кардани вариантҳои алтернативӣ ва таҳияи нақшаи (барномаи) идоракунии ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бояд тавсифи ҳалли техникии пешгирии ҳолатҳои таъсири манфӣ ба муҳити зистро дар бар гирад. Дар ин марҳила меъёрҳои ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва объектҳои обӣ, ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳои сахт ва моеъ таҳия карда мешаванд;

- марҳилаи 4 - таҳлили баъдилоиҳавӣ, ки пас аз як соли ба истифода супорида шудани объект (оғози фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият) бо мақсади тасдиқи бехатарӣ барои муҳити зист ва тасҳеҳи нақшаи (барномаи) идоракунии ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.

 

Моддаи 12. Гурўҳҳои объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда вобаста ба моҳияти таъсири экологӣ, ҳамчун объекти арзёбӣ ба гурўҳҳои "А", "Б", "В" ва "Г" ҷудо карда мешавад.
  2. Барои намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки ба номгўи гурўҳҳои "А" ва "Б" дохил карда нашудаанд, пешниҳоди изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва эъломияи уҳдадориҳо оид ба тадбирҳои муайянгардида ва пешбинишавандаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби фармоишгари фаъолияти мазкур ҳатмӣ мебошанд.
  3. Изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳамчунин дар ҳолате, ки фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист таъсири манфӣ надорад ё таъсири мусбӣ мерасонад, пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 13. Расмиёти баррасии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар экспертизаи давлатии экологӣ

  1. Баррасии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба гурўҳҳои объектҳои арзёбӣ дар муҳлати то 60 рўз анҷом дода мешавад.
  2. Қарор дар бораи муқаррар кардани расмиёти дахлдори экспертизаи давлатии экологии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на бештар аз 10 рўзи кории баъд аз бақайдгирии маводҳои пешниҳодшуда қабул карда мешавад.
  3. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои иҷро аз ҷониби фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 14. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "А"

  1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "А" мансуб дониста мешаванд, агар:

- объекти арзёбӣ ба муҳити зист ва ё беҳдошти санитарию гигиении аҳолӣ таъсири манфии миқёсан бузург расонад;

- объекти арзёбӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки дар асоси конвенсияҳои экологӣ ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ ҳифз мешаванд ё мақоми дигари байналмилалӣ доранд, таъсири бевосита расонад;

- объекти арзёбӣ ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсири бевосита дошта бошад;

- объекти арзёбӣ таъсири фаромарзӣ дошта бошад.

  1. Объектҳои арзёбии ба гурўҳи "А" мансуббуда ба таври пурра ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фаро гирифта мешаванд. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба таври ҳатмӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
  2. Танзими техникии масъалаҳои таъмини амнияти экологии объектҳои арзёбии марбут ба гурўҳи "А" тибқи принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳангоми қабули қарор оид ба амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, аз ҷумла, қабули қарор дар бораи рад кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда;

- имконпазирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист тибқи талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии экологӣ, ки дар регламентҳои техникӣ муқаррар шудаанд;

- таъмини коҳишдиҳии таъсиррасонии манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда дар асоси истифодаи технологияҳои беҳтарини дастрас бо назардошти аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок будани татбиқи онҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва риояи регламентҳои техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

 

Моддаи 15. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "Б"

  1. Ба гурўҳи "Б" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба муҳити зист таъсири пешгўишаванда мерасонанд ва ин бо натиҷаҳои ташхисҳои қаблан анҷомдода тасдиқ шудааст.
  2. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои марбут ба гурўҳи "Б" риояи технологияҳои беҳтарини дастрас ва меъёрҳои технологии дахлдор, ки бо регламентҳои техникӣ муқаррар шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.
  3. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои марбут ба гурўҳи "Б" инҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда (маълумот дар бораи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ё иқтидор, мавҷудияти таъсироти дарозмуҳлати кумулятивӣ, ҳаҷми истифодаи захираҳои табиӣ, ҳосилшавии партовҳо, олудашавӣ ва хавфҳо барои муҳити зист);

- ҷойгиршавии объект бо назардошти мавҷудият ва осебпазирии минтақаҳои наздисоҳилӣ, мамнўъгоҳҳо ва ҳудудҳои дигари ҳифзшавандаи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, моҳияти таъсири экологӣ, паҳншавии ҷуғрофӣ, давомнокӣ ва такрорёбии он.

 

Моддаи 16. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "В"

  1. Ба объектҳои гурўҳи "В" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташавандае мансуб дониста мешаванд, ки ба муҳити зист таъсири назаррас надошта ва андозаи ин таъсир бояд бо натиҷаҳои ташхисҳо тасдиқ карда шавад.
  2. Дар ҳуҷҷатҳое, ки якҷоя бо изҳорот дар бораи таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои гурўҳи "В" пешниҳод мегарданд, намудҳои таъсиррасонӣ (ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва манбаъҳои обӣ, ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партоҳои сахт ва моеъ, садо ва дигар намудҳои таъсиррасонӣ), ки ба фаъолияти мазкури хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият хос мебошанд, арзёбӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Хусусиятҳои объектҳои арзёбии мансуб ба гурўҳи "Г"

  1. Ба объектҳои гурўҳи "Г" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба муҳити зист таъсири ҷузъии манфӣ мерасонад ва масъалаҳои кам кардани ин таъсир тариқи чораҳои муҳандисӣ - техникӣ ҳал шудаанд.
  2. Шарти асосӣ барои объектҳои арзёбии гурўҳи "Г" мувофиқати самти фаъолият бо таъиноти нақшаи генералии ҳудуд мебошад.

 

Моддаи 18. Шаклҳои таъсиррасонӣ ва ҷузъҳои муҳити зист, ки ҳангоми арзёбӣ ба инобат гирифта мешаванд

  1. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист шаклҳои зерини таъсиррасонӣ ба инобат гирифта мешаванд:

- таъсиррасонии мустақим - таъсиррасонӣ аз намудҳои асосӣ ва ба он алоқаманди фаъолияти банақшагирифташаванда бевосита дар маҳалли ҷойгиршавии объект;

- таъсиррасонии ғайримустақим - таъсиррасонӣ аз омилҳои ғайримустақим (дуюмдараҷа), ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа бармеоянд;

- таъсиррасонии кумулятивӣ - таъсиррасоние, ки хусусияти ҷамъшаванда дошта, дар тамоми ҷараёни татбиқи лоиҳа ба амал меояд.

  1. Дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таъсиррасонӣ ба ҳолати ҷузъҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

- ҳавои атмосфера;

- обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ;

- сатҳ ва қаъри обанборҳо;

- ландшафтҳо;

- захираҳои замин ва хок;

- олами наботот ва ҳайвонот;

- экосистемаҳо;

- саломатии аҳолӣ;

- шуғли аҳолӣ, имконияти таҳсил кардан ва истифода намудан аз дигар инфрасохтори иҷтимоӣ;

- объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дигар арзишҳои моддӣ;

- дигар ҷузъҳои муҳити зист ё маҷмўи онҳо.

 

Моддаи 19. Таъмини методии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  2. Назорати иҷрои талабот оид ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

 

Моддаи 20. Ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда мебошад.
  2. Ҳисобот дар бораи натиҷаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда қисми тарқибии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмонӣ мебошад.
  3. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда дар бар мегирад:

- маълумоти ҳатмӣ дар бораи фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият;

- асосноккунии зарурати татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, асосноккунии сармоягузорӣ, асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, инчунин қисми тасдиқшавандаи лоиҳаи корӣ ва шарҳнома;

- тавсифи ҳолати то лаҳзаи оғози фаъолият мавҷудбудаи ҷузъҳои муҳити зист;

- ҳадаф ва тавсифи нишондиҳандаҳои асосии лоиҳа дар маҷмўъ ва талабот нисбат ба ҷойгиронии он дар маҳал;

- тавсифи нишондиҳандаҳои асосии равандҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, намуд ва миқдори маводу таҷҳизоти истифодашаванда бо нишон додани шаклҳои эҳтимолии таъсиррасонии манфии фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист, ҳаҷм ва таркиби партовҳо, ашёи хоми истифодашаванда (захираҳои аз табиат гирифташаванда);

- арзёбии технологияи истифодашаванда аз лиҳози мутобиқати он ба технологияҳои беҳтарини дастрас ва меъёрҳои қиёсии техникӣ ва гигиенӣ;

- иттилоот дар бораи вариантҳои алтернативӣ бо нишондоди сабабҳои асосии интихоби варианти лоиҳавӣ;

- тавсифи таъсиррасонии эҳтимолии фаъолият ба ҷузъҳои абиотикӣ (геология ва шароити релеф, иқлим, ҳолати ҳавои атмосфера ва муҳити обӣ) ва биотикии (ландшафтҳо, хок, олами наботот ва ҳайвонот) муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ;

- тавсифи манбаъҳо ва намудҳои таъсиррасонӣ дар марҳилаи сохтмон;

- нишон додани таъсиррасонии номаълуми (номуайяни) фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист;

- арзёбии хатари экологӣ ва дигар хавфҳое, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд;

- тавсифи тадбирҳо, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсир ба муҳити зист пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба гузаронидани мониторинги экологӣ;

- меъёрҳои лоиҳавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар муҳити зист, ҳамчунин меъёрҳои истихроҷи захираҳои табиӣ;

- асосноккунии барномаи назорати экологии истеҳсолӣ;

- арзёбии экологию иқтисодии лоиҳа бо назардошти хатарҳои эҳтимолӣ, хусусият ва ҳаҷми ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда;

- мавод дар хусуси баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон, ки дар шакли протоколҳо ба расмият дароварда шуда, хулосаҳо оид ба паҳлуҳои экологии фаъолияти банақшагирифташавандаро дар бар мегирад;

- нишон додани мушкилот оид ба дастрасии иттилоот ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- хулосаҳои асосӣ аз натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- тавсифи мухтасари иттилооти пешбининамудаи қисми мазкур барои шаҳрвандон;

- дигар иттилоот, ки барои таъмини пуррагӣ ва эътимоднокии ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист зарур аст.

  1. Таркиб ва мундариҷаи ҳуҷҷатҳо оид ба марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Хусусиятҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои дорои таъсири фаромарзӣ

Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои дорои таъсири фаромарзӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, гузаронида мешавад.

 

БОБИ 4. ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 22. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист иштирок намоянд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ва муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист муроҷиат намоянд;

- ба суд бо даъво оид ба ҷуброни зарар ба муҳити зист ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон муроҷиат намоянд.

  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист уҳдадориҳои зерин доранд:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намоянд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли мушкилоти ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд.

  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дигар ҳуқуқу уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, доро мебошанд.

 

Моддаи 23. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар омодасозӣ ва муҳокимаи маводҳои арзёбии таъсирасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар ҳамчун қисми таркибии раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таъмин карда мешавад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иштироки шаҳрвандон дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
  3. Бо мақсади ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фароҳам овардани имконияти иштирок дар раванди қабули қарор оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ва баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои онҳо машваратҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд.
  4. Тартиби иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 24. Дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар раванди баргузории арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ расмиёти иттилоотонии шаҳрвандонро дар марҳилаи дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист оид ба лоиҳаҳои ба гурўҳҳои "А" ва "В" мансуббуда тартиб медиҳад. Дар як вақт имконияти гузаронидани машваратҳо ва баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон пешбинӣ карда мешаванд.
  2. Расмиёти иттилоотонии шаҳрвандон иборатанд аз:

- нишон додани ҷойҳои дастрас намудани иттилоот ва баргузории машваратҳо;

- нишон додани шаклҳои иттилоотонии ҷомеа (аз ҷумла, тавассути сомонаҳои интернетӣ, почта, воситаҳои ахбори омма, ташкили муҳокимаҳо, истифодабарии расмҳо, ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва дигар воситаҳо);

- муайян намудани тарзу услуби машварат бо шаҳрвандон (аз ҷумла, дар шакли муҳокимаи пешниҳодҳои хаттӣ, натиҷаҳои пурсиши аҳолӣ);

- муқаррар кардани муҳлатҳо барои марҳилаҳои дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.

  1. Тамоми иттилоот, аз ҷумла, ҳисобот, хулосаи экспертҳо, асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳо, тағйирот дар лоиҳаҳо, натиҷаи таҳқиқот, ки ба объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дахл доранд, дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
  2. Пас аз қабули қарор дар бораи додани иҷозат ё рад кардани татбиқи лоиҳа, мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти зеринро барои ҷомеа дастрас менамояд:

- моҳияти қарор;

- далелу мулоҳизаҳои асосӣ, ки барои қабули қарори мазкур асос мебошанд;

- тавсифи чорабиниҳои асосӣ оид ба пешгирӣ, коҳиш додан ва дар ҳолати имконпазир будан, бартараф кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми татбиқи лоиҳа.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

       ш.Душанбе

18 июли соли 2017

         № 1448

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ