Классификатор Кодекс
Рақам 61
Ном КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 03.12.2004
Матн

Бо Кодекси андози ҶТ аз 17.09.2012 с., №901

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

КОДЕКСИ АНДОЗИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 688, моддаи 689;  соли 2005, №12, моддаи 629; соли 2006, № 7, моддаи 341; №12, моддаи 543; соли 2007, №3, моддаи 172; №7, моддаи 668; соли 2008,  № 3, моддаи 195; №6, моддаи 455; соли 2009, №3, моддаи 86; № 5, мод. 332; №12, мод.823; с. 2010, №7, мод. 559; №12, қ.1, мод. 824; мод. 826; Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №813; аз 03.07.2012с., №852)

 

ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ

 

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

БОБИ I. СИСТЕМАИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Кодекс танзим менамояд

  1. Кодекси мазкур принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳо танзим менамояд вазъи ҳуқуқии мақомоти андоз, андозсупорандагон, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунгузории андоз танзимшаванда ва муқарраротро оид ба муайян намудани манбаъҳои андозбандӣ, иҷрои ўҳдадориҳои андоз ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин ўҳдадориҳо, пешбурди баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон, объектҳои андозбандӣ ва баҳисобгирии андоз, кашидан ба ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ва шикоят кардан аз амали (беамалии) мақоми андоз ва шахсони мансабдори он муайян мекунад. (Қ ҶТ аз  3.12.09с, №571).
  2. Мафҳум ва меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории андоз (агар қонунгузорӣ тартиби дигарро муқаррар накарда бошад) танҳо ҳангоми танзим намудани муносибатҳо вобаста ба андозбандӣ истифода бурда мешаванд.
  3. Ситонидани боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ тибқи қонунгузории гумрукӣ, ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, боҷи давлатӣ бошад- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ба танзим дароварда мешаванд. Ситонидани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки ҳамин Кодекс муқаррар накардааст, тибқи қонунгузорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ танзим мегардад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он

  1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он ва мутобиқи он қабулшуда ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
  2. Ҳангоми андозбандӣ санадҳои расман нашршудаи қонунгузории андоз, ки дар санаи ба миён омадани (ҷой доштани) ҳолатҳои марбут ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз амал мекунанд, истифода мешаванд.

Санадҳои қонунгузории андоз, ки дар давоми моҳҳои якум ва (ё) дуюми семоҳа расман нашр мешаванд, аз санаи 1-уми моҳи якуми семоҳае, ки мустақиман баъди  семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.

Агар санадҳои қонунгузории андоз дар ҷараёни моҳи сеюми семоҳа расман нашр шаванд, онҳо аз санаи 1-уми моҳи дуюми семоҳае, ки мустақиман баъди семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.

Муқаррароти сархатҳои дуюм ва сеюми ҳамин қисм дар ҳолате мавриди амал қарор дода мешаванд, агар бевосита дар худи санади қонунгузории андоз мўҳлати  дигар оид ба эътибор пайдо кардани он пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Меъёру муқаррароти ҳамин Кодексро бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон тафсир дода, тафсири меъёру муқаррароти дигар санади қонунгузории андозро, агар дар худи санад тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар шакли санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мақоме анҷом медиҳад, ки ин санадро қабул намудааст. Чунин тафсир бояд расман нашр карда шавад. Чопи санадҳои қонунгузории андоз, аз ҷумла тафсири онҳо ҳангоме расмӣ ба ҳисоб мераванд, агар онҳо дар нашрияҳои чопии расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ нашр шуда бошанд.
  2. Муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси ҳамин Кодекс ва мутобиқи он қабулшуда наметавонанд хилофи муқаррароти ҳамин Кодекс бошанд. Ҳангоми ҷой доштани чунин ихтилофот муқаррароти ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.

Санади меъёрии хуқуқӣ оид ба андоз дар ҳолате ба ҳамин Кодекс номутобиқ шуморида мешавад, агар чунин санад то дараҷае ба принсипҳои (асосҳои) умумӣ ва (ё) маънои аслии муқаррароти  мушаххаси ҳамин Кодекс мухолиф бошад.

  1. Институтҳо, мафҳумҳо ва ибораҳои қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва дигар соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин Кодекс истифода шудаанд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо ҳамон маъное истифода мегарданд, ки дар ин соҳаҳои қонунгузорӣ истифода шудаанд. Ҳангоми мавҷудияти ихтилофот байни муқаррароти ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба дигар соҳаҳои қонунгузорӣ, ба мақсади андозбандӣ муқаррароти ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
  2. Санадҳои қонунгузории андоз дар ҳолатҳои мутобиқат ба муқаррароти моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қувваи бозгашт дошта бошанд.

Санадҳои қонунгузории андоз, ки андозҳои навро муқаррар мекунанд, меъёрҳои андозро зиёд менамоянд, барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар ё вазнинтар месозанд, ўҳдадории нави андозсупорандагон, инчунин дигар иштирокчиёни муносибатҳоеро, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд.

Санадҳои қонунгузории андоз, ки ҷавобгариро барои вайрон кардани  қонунгузории андоз бартараф ё сабуктар мегардонанд ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон, агентҳои андоз ва намояндагони онҳо кафолати иловагӣ фароҳам меоранд, агар дар худи санади қонунгузории андоз тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қувваи бозгашт доранд.

Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин қисм нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби ситонидани андози пардохтшавандаро вобаста ба гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд, низ татбиқ мегарданд.

  1. Ба қонунгузории ғайриандоз ворид намудани масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ манъ аст, ба истиснои:

1) муқаррарот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба қонунгузории маъмурӣ дохил карда шудаанд;

2) муқаррарот оид ба ҷиноятҳои андоз, ки ба қонунгузории ҷиноятӣ дохил шудаанд;

3) муқаррарот оид ба афзалияти ўҳдадориҳои андоз, ки ба қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ дохил шудаанд;

4)  муқаррароте, ки ба қонунгузории гумрук дохил шудаанд;

5) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ дохил шудаанд;

6) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дохил шуда, истифодаи мақсадноки маблағи андози иҷтимоиро аз ҷониби андозсупорандагон танзим менамоянд;

7) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ барои солҳои молиявии дахлдор дохил шудаанд;

8) муқаррароти андоз, ки мутобиқи қонунгузорӣ оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ қабул шудаанд;

9) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ дохил шуда, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро муқаррар накардааст;

10) муқаррарот оид ба пардохти фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ, ки бо қонунгузорӣ оид ба Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

11) муқаррарот оид ба андозҳо, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.(ҚҶТ аз 21.07.10. № 627)           

  1. Агар дар шартномаи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои муқаррароти марбут ба андозбандӣ мебошад, нисбати тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асос ва мутобиқи он қабулгардида тартиб ё меъёрҳои дигар пешбинӣ шуда бошад, пас тартибу меъёрҳои шартномаи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
  2. Имтиёзҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ дар бораи пешгирии андозбандии дукарата нисбати резиденти давлати иштирокчии шартнома татбиқ намегарданд, агар ин резидентро дигар шахсе, ки резиденти чунин давлат нест, барои ба даст овардани имтиёзот истифода барад.
  3. Барои давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулгарӣ, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло зикршуда озод намудан аз андозҳо ва дигар имтиёзоти мувофиқи ҳамин Кодекс ё шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Озодкунӣ аз андоз ва додани дигар имтиёзҳои андозӣ бояд дар доира ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
  4. Дастуруламалҳои оид ба тартиби ҳисоб ва пардохти андозу пардохтҳои зеринро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳангоми зарурат, бо дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, тасдиқ ва расман нашр менамояд:

1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);

2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизҳо;

5) андози замин;

6) андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;

7) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

8) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;

9) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

10) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);

11) андози ҳадди ақал аз даромадҳо;

12) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

13) андози иҷтимоӣ;

14) боҷи давлатӣ;

15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;

16) роялти барои об; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

17) дигар пардохтҳои ҳатмӣ.

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ оид ба андоз, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи ҳамин Кодекс қабул кардааст, барои санҷиши мутобиқат ба қонунгузорӣ ва бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд ва пас аз санҷиш, бақайдгирӣ ва нашри расмӣ мутобиқи қисми 3 ҳамин модда мавриди амал қарор дода мешаванд.

Ҳеҷ як муқаррароти дастуруламалҳо, ки хилофи ҳамин Кодекс ва  шартномаҳои байналмилалии  эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

 

Моддаи 3. Системаи андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмўи дар ҳамин Кодекс пешбинишудаи андозҳо, принсипҳо, шаклу усулҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пардохти онҳо, инчунин шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз иборат аст.

 

Моддаи 4. Асосҳои ҳуқуқии андозбандӣ

  1. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд тамоми андозҳоеро, ки нисбати ин андозҳо мувофиқи ҳамин Кодекс андозсупоранда ба ҳисоб мераванд, пардозанд.
  2. Ҳеҷ касро дастур додан мумкин нест, ки андозҳои дар ҳамин Кодекс пешбининашударо пардозад.
  3. Андозе, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ҳисоб карда шудааст, аз ўҳдадорӣ дар назди давлат иборат буда, бояд ба буҷети давлатӣ пардохта шавад.

 

Моддаи 5. Андоз

Андоз пардохти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба буҷети давлатӣ (минбаъд –«буҷет») ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад.

 

Моддаи 6. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);

2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизҳо;

5) андози иҷтимоӣ;

6) андози замин;

7) андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин; .(ҚҶТ аз 21.07.10. № 627)

8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

9) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда  пардохта мешавад;

10) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

11) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

12) боҷи давлатӣ;

13) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);

14) андози ҳадди ақал аз даромадҳо;

15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;

16) роялти барои об; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

17) дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.

2.Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

1) андоз аз молу мулки ғайриманқул;

2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

3) андоз аз фурўши  чакана;

4) дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.

  1. Маблағи аз ҳисоби андозҳои умумидавлатӣ воридгардида байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Маблағҳои аз андози маҳаллӣ воридгардида ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор ворид карда мешаванд.
  2. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб карда шуда, бо асъори миллӣ супорида мешаванд.
  3. Ҷамъоварии андозе, ки дар қисми махсуси ҳамин Кодекс зикр шудааст, ба истиснои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад. Ҷамъоварии андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  4. Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо дарназардошти қисми 7 моддаи 2 ҳамин Кодекс, озодкунӣ аз ҳама гуна андоз ё тағйир додани меъёри андози пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Кодекс анҷом дода шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 7. Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо

  1. Ба ғайр аз андозҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс муқаррар намудани андозҳои нав, инчунин тағйир додан ё бекор кардани андозҳои амалкунанда бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи омилҳои андозбандӣ, аз ҷумла: андозсупорандагон; объекти андозбандӣ; манбаи андоз; меъёри андоз; давраи андоз; тартиби ҳисоб кардани андоз; тартиб ва мўҳлати пардохти андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс –  имтиёзҳои андоз ва асосҳо барои ба даст овардани (истифодаи) онҳо аз ҷониби андозсупоранда муайян карда шаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)

  1. Таклифҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти нишондиҳандаҳои пешгӯии даромади буҷети давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва (ё) мақоми ваколатдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо асосноксозии иқтисодӣ ва дигар асосҳо пешниҳод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)

 

БОБИ 2. МУАЙЯН НАМУДАНИ ИСТИЛОҲОТЕ, КИ ДАР ҲАМИН КОДЕКС ИСТИФОДА ШУДААНД

 

Моддаи 8. Андозсупорандагон (мафҳуми умумӣ)

Шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи ҳамин Кодекс ўҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд.

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс воҳидҳои махсуси  шахсони ҳуқуқӣ ўҳдадориҳои ин шахсонро оид ба пардохти андозҳо (ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд) дар маҳали (воқеии, аслии) ҷойгиршавии ин воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ иҷро менамоянд.

 

Моддаи 9. Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми мавҷудияти он (объект) қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ўҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, метавонад аз молу мулк, даромад, фоида, амалиёт доир ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молҳои таҳвилшуда (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), воридоти (содироти) мол ба (аз) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар объекте, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, иборат бошад.

Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.

 

Моддаи 10. Манбаи андоз

Манбаи андоз аз баҳои арзишӣ, физикӣ ё дигар шакли арзёбии  объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд иборат буда, дар асоси он маблағи андозе, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, муайян мегардад.

 

Моддаи 11. Меъёри (ставкаи)  андоз

Меъёри андоз ин бузургии ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ истифода бурда мешавад.

Меъёри андоз бо фоиз ё (ва) маблағи мутлақ нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Давраи андоз

Таҳти мафҳуми давраи андоз муддате дар назар дошта шудааст (соли тақвимӣ, семоҳа, моҳ, даҳрўза ё дигар мўҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида мутобиқи ҳамин Кодекс муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он (ба  охир расидани он) манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад. Давраи андоз метавонад аз як ё якчанд давраҳои ҳисоботӣ (семоҳаҳо, моҳҳо, даҳрўзаҳо ва дигар мўҳлатҳо)  иборат бошад, ки бо гузаштани (ҷамъбасти) онҳо пешпардохтҳо (пардохтҳои ҷорӣ) сурат мегиранд.

 

Моддаи 13. Мўҳлати пардохт

Мўҳлати пардохти андоз санаи тақвимие мебошад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс муайян шудааст ва то ё дар лаҳзаи фарорасии он маблағи ҳисобшудаи андоз бояд ба буҷет супорида шавад, яъне ўҳдадории андоз бояд иҷро гардад.

 

Моддаи 14. Имтиёзҳои андоз

Имтиёзҳои андоз афзалиятҳое, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дорои муқаррароти вобаста ба андозбандӣ мебошанд, ба гурўҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон нисбат ба дигар андозсупорандагон фароҳам оварда шудаанд, аз ҷумла бе ягон таъсири манфӣ ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар ҳаҷми камтар, ё дар мўҳлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, фаъолияти соҳибкорӣ ҳама гуна фаъолиятест, ки сарфи назар аз натиҷаи чунин фаъолият, барои ба даст овардани фоида, даромад ё ҷубронпулӣ равона гардидааст ва  мутобиқи ҳамин модда  фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ  ба ҳисоб намеравад.
  2. Фаъолияти марбут ба хариду фурўш, супоридан ё иҷораи молу мулк дар ҳолати риоя кардани ақаллан яке аз шартҳои зерин фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад:

1) чунин фаъолият мунтазам сурат гирифта, барои шахсе, ки муомилоти дар боло зикргардидаро иҷро менамояд, фаъолияти  муқаррарӣ мебошад;

2) молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолнамудаи (иҷрокардаи, расонидаи) фурўшанда пешниҳод карда мешаванд;

3) чунин амалиётҳо дар доираи фаъолияти савдо, савдою миёнаравӣ (аз ҷумла дилерӣ) ё  фаъолияти миёнаравӣ анҷом дода мешаванд.

  1. Фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ фаъолиятро дар шакли аз ҷониби як шахс дар асоси подош, муваққатан ба соҳибият, истифода ё ихтиёрдории ин ё он шахси дигар додани молу мулк (аз ҷумла маблағҳои пулӣ) бе гузаштани ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк ё қисми он ва минбаъд ҷудо карда додани он дар бар мегирад, агар чунин тарзи додани молу мулк ба хизматрасонии молиявӣ вобаста набошад ва боиси ба зиммаи шахси қабулкунандаи ин молу мулк гузоштани ўҳдадориҳои иловагӣ, ба истиснои ўҳдадориҳои вобаста ба истифодаи мақсадноки молу мулки супурдашаванда ё бо пардохти подоши соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории ин молу мулк нагардад ва агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ инҳоро дар бар мегирад:

1) дар бонкҳо ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ;

2) ба иҷора додани молу мулк аз ҷониби шахси воқеӣ; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

3) ба идоракунии боэътимод супоридани молу мулк;

4) харидани (фурўш ё супоридани) ҳисса дар сармояи оинномавии корхона ё қоғазҳои қиматноки он; харидани (фурўш ё супоридани) вомбаргҳо ё ҳама гуна дигар векселҳо; харидани (фурўш ё супоридани) ҳисса дар фонди саҳҳомии инвеститсионӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурўшанда тааллуқдошта, ки эквиваленти фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ мебошад, агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

5) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро кардани кори кироя.

  1. Шаклҳои зайли фаъолият фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ ҳисобида мешаванд:

1) фаъолияти мақомоте, ки ба системаи мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми соҳаю сатҳҳо ва мақомоти худидоракунӣ дохил шуда, фаъолияташон бевосита ба иҷрои вазифаҳои давлатии ба зиммаашон гузошташуда вобаста мебошад, ба истиснои хизматрасониҳо, ки дар асоси шартномавӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дигар фаъолияти соҳибкорӣ;

2) фаъолияти эҳсонкорӣ;

3) фаъолияти динӣ.

 

Моддаи 16. Кори кироя

  1. Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс «кори кироя» маънои зеринро дорад:

1) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ўҳдадориҳо дар доираи муносибатҳои тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунгузории меҳнат ё хизмати давлатӣ танзимшаванда;

2)  аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ўҳдадориҳое, ки бевосита бо хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо монанд алоқаманданд;

3) кор дар мансаби роҳбарикунандаи корхона ва ташкилот.

  1. Шахси воқеие, ки кори кирояро иҷро карда буд, кор карда истодааст ё минбаъд кор мекунад, дар ҳамин Кодекс “корманд” номида мешавад. Шахсе, ки ҳаққи хизматрасонии чунин шахсро мепардозад, «корфармо» ва чунин пардохт – «музди меҳнат» номида мешавад.

 

Моддаи 17. Фаъолияти  эҳсонкорӣ

  1. Эҳсонкорӣ, агар ҳамин модда муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад, фаъолиятест, ки онро шахсони ҳуқуқӣ амалӣ намуда, бевосита аз расонидани кўмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар шакли кўмак, аз ҷумла дар шакли маблағгузаронии ройгон ба шахсони воқеии мўҳтоҷи чунин кўмак ё ба ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки мустақиман чунин кўмак мерасонанд, аз ҷумла ташкилотҳои ғайритиҷоратии эҳсонкорӣ (моддаи 26), иборат мебошад.
  2. Агар қисми 3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, фаъолияти эҳсонкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ” муайян карда мешавад.
  3. Расонидани кўмак (дастгирӣ) ба шахсон фаъолияти эҳсонкорӣ ба ҳисоб намеравад, агар яке аз шартҳои зерин ҷой дошта бошад:

1) шахси қабулкунандаи чунин кўмак (дастгирӣ) дар назди шахси кўмакрасон ўҳдадории дорои хусусияти молу мулкӣ ё ғайримолу мулкиро қабул кунад (ба истиснои ўҳдадориҳои истифодаи мақсадноки маблағ ё молу мулки гирифташуда);

 2) шахси кўмакгиранда (дастгириёбанда) ва шахси кўмакрасон (дастгирикунанда)  шахсони бо ҳам алоқаманд ҳисобида шаванд (моддаи 29 ҳамин Кодекс);

3) агар чунин кўмак (дастгирӣ) ба ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои иштирок дар маъракаи интихоботии сатҳҳои гуногун расонида шавад.

 

Моддаи 18. Фаъолияти динӣ

Фаъолияти динӣ аз фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шуда1,  аз ҷумла бо усули зайл ба ибодат ва тарғиби дин  машғуланд, иборат мебошад:

1) ташкил ва гузаронидани маросиму оинҳои динӣ, ҷамъомадҳои ибодатӣ;

2) ба диндорон фароҳам овардани имконияти доштан ва (ё) истифода бурдани биноҳои намозхонӣ ё иморатҳои маросимӣ барои ба таври якҷоя ё инфиродӣ қонеъгардонии  эҳтиёҷоти динӣ;

3) қабул ва фиристодани зиёраткунандагон, ҳайатҳои динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногун, гузаронидани вохўриҳои миллӣ ва байналмилалии динӣ, конгрессҳо, семинарҳо ва таъмин намудани  иштирокчиёни чорабиниҳои номбаршуда бо манзил, нақлиёт, маводи ғизоӣ ва хизматрасонии маданӣ;

4) нигоҳдории биною иншооти динӣ, муассисаҳои таълимии динӣ ва гирду атрофи онҳо, таълими хонандагон ё шунавандагони чунин муассисаҳои таълимӣ, инчунин фаъолияти дигари шабеҳи оинномавии динӣ.

 

Моддаи 19. Корхонаҳо

Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс ташкилотҳои зайле, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд ё барои чунин фаъолият таъсис шудаанд, корхона (ташкилотҳои тиҷоратӣ) ба ҳисоб мераванд:

1) шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои махсуси таъсисдодаи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташкил шуда, дорои  баланс (тавозун) ё сметаи мустақил мебошанд;

2) корпоратсияҳо, ширкатҳо, фирмаҳо ва дигар сохторҳои шабеҳи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ташкил шудаанд.

 

Моддаи 20. Корхонаи резидентӣ ва хориҷӣ

  1. Корхонаи резидентӣ корхонаест, ки маҳали таъсисёбӣ ё идоракунии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (моддаҳои 21 ва 22 ҳамин Кодекс).
  2. Корхонаи хориҷӣ корхонаест, ки мутобиқи ҳамин модда корхонаи резидентӣ ба ҳисоб намеравад.

 

Моддаи 21. Маҳали таъсисёбии корхона

Маҳали таъсисёбии корхона маҳали бақайдгирии давлатии корхона ё ҳангоми набудани он - суроғаи ҳуқуқии корхона ба ҳисоб меравад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ (оиннома, қарордод, низомнома)  сабт шудааст.

 

Моддаи 22. Маҳали идоракунии корхона

Маҳали идоракунии корхона маҳали дар асл идора намудани он, яъне ҷоест, ки мақоми иҷроияи роҳбарикунандаи он вазифаҳои ҳаррўзаи идоракуниро анҷом медиҳад.

 

Моддаи 23. Муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси  воқеии ғайрирезидентӣ)

  1. Таҳти мафҳуми муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси воқеии ғайрирезидент) (минбаъд – «муассисаи доимӣ») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, маҳали муқимие фаҳмида мешавад, ки тавассути он ғайрирезидент фаъолияти соҳибкориашро, аз ҷумла тавассути шахси ваколатдор, пурра ё қисман анҷом медиҳад.
  2. Муассисаҳои доимӣ хусусан инҳо ба ҳисоб мераванд:

1) ҳама гуна маҳали иҷрои фаъолияти марбут ба истеҳсол, коркард, комплекткунӣ, борҷомакунӣ, басту банд, таҳвили мол, новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

2) ҳама гуна маҳали идоракунии ғайрирезидент (аз ҷумла, филиал, шўъба, намояндагӣ, бюро, идора, офис, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, устохона, сех, лаборатория, мағоза, анбор), новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

3) ҳама гуна маҳали фаъолият, аз ҷумла дастгоҳ ё майдонча, таҷҳизоти пармакунӣ ё киштиҳо барои ҷустуҷўи боигариҳои табиӣ, кон,  чоҳи нафт ва (ё) газ, карер, манораҳои рўизаминӣ ё рўиобӣ ва (ё) чоҳҳо, новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

4) ҳама гуна маҳали фаъолият (аз ҷумла фаъолияти назоратию нозиротӣ ё мушоҳидакунӣ) вобаста ба хати қубурҳои газу нафт, ҷустуҷў ва (ё) коркарди боигариҳои табиӣ, насб, васл, ҷамъкунӣ, танзим, баистифодадиҳӣ ва (ё) хизматрасонии таҷҳизот, новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

5) ҳама гуна маҳали дигари фаъолият вобаста ба истифодаи автоматҳои бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва алоқа, аттраксионҳо, инфраструктураи нақлиётӣ ва ғайра, новобаста аз давомнокии истифодабарии онҳо;

6) базаи доимие, ки шахси воқеӣ-ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад.

  1. Майдончаи сохтмон, объектҳои васл ё ҷамъкунӣ, иҷрои фаъолияти назоратӣ вобаста ба ин объектҳо, гузаронидани корҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз давомнокии иҷрои ин корҳо муассисаи доимиро ташкил мекунанд.

Ҳамзамон таҳти мафҳуми майдончаи сохтмонӣ (объект), хусусан маҳали фаъолият оид ба сохтмон ва (ё) азнавсозии молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла сохтмони бино, иншоот ва (ё) иҷрои корҳои васлкунӣ, сохтмон ва (ё) азнавсозии кўпрукҳо, роҳҳо, каналҳо, ҷойгиронии қубурҳо, васли таҷҳизоти барқӣ, технологӣ ё дигар таҷҳизот ва (ё) иҷрои корҳои дигари шабеҳ дар назар дошта мешаванд.

Майдончаи сохтмонӣ (объект) аз рўзи дуюми баъди рўзи имзо шудани санад оиди ба истифодабарӣ қабул намудани сохтмон (ҳаҷми корҳои иҷрошуда) ва пардохти пурраи арзиши сохтмон мавҷудияташро қатъ менамояд.

  1. Ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дорои муассисаи доимӣ ҳисобида мешавад, агар:

1) тавассути агенти ваколатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии подоши суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё аз нав суғуртакунии таваккалро (риск) анҷом диҳад;

2) тавассути хизматчиён ё кормандони барои ин мақсадҳо кирояшуда зиёда аз навад рўзи тақвимӣ дар тамоми муддати муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста хизмат расонад;

3) иштирокчии ширкати оддӣ (шартнома оид ба фаъолияти якҷоя) бошад,  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад;

4) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои пулакӣ гузаронад ва (ё) дар онҳо таҳвили (фурўши) молро анҷом диҳад;

5) дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба резидент ё ғайрирезидент ҳуқуқи манфиатҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ў амал намудан ва ё қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) бастанро диҳад.

  1. Танаффусҳои муваққатӣ ё мавсимӣ ҳангоми фаъолияти дар ҳамин модда зикршуда боиси барҳам додани муассисаи доимӣ намегарданд.
  2. Ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро тавассути миёнарави мустақиле (брокер ва (ё) дигар агенти мустақил, ки дар асоси шартномаи супоришӣ, комиссиягӣ, консигнатсиягӣ ё дигар шартномаи шабеҳ амал мекунад), ки вай салоҳияти аз номи ин ғайрирезидент имзо намудани шартномаҳоро (қарордодҳоро) надорад, анҷом медиҳад, муассисаи доимӣ ба ҳисоб намеравад.

Таҳти мафҳуми миёнарави мустақил шахсе фаҳмида мешавад, ки дар доираи фаъолияти муқаррарии (асосии) худаш вазифаи миёнаравиро бо мақсади ҳамкории тарафҳо амалӣ намуда, аз нигоҳи ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам иқтисодӣ аз ғайрирезидент вобаста намебошад.

  1. Корхонаи фаръии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст, ҳамчун муассисаи доимии корхонаи асосӣ-ғайрирезидент ба ҳисоб намеравад, агар байни корхонаҳои фаръӣ ва асосӣ муносибатҳое ба миён наоянд, ки ҷавобгўи муқаррароти банди 5) қисми 4 ҳамин модда мебошанд.
  2. Чунин ҷойҳои истифодашаванда (новобаста аз он ки, онҳоро кӣ истифода мебарад) муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд, агар онҳо барои чунин мақсадҳо истифода шаванд:

1) нигоҳ доштани мол ё маҳсулоти марбути корхонаи хориҷӣ;

2) харидани мол ё маҳсулот, ҷамъоварии маълумот барои корхонаи хориҷӣ;

3) иҷрои ҳама гуна дигар фаъолияте, ки дорои хусусияти омодасозӣ ё ёрирасон ба манфиатҳои корхонаи хориҷӣ мебошад;

4) омодагӣ барои бастан ё ба таври муқаррарӣ имзо намудани шартномаҳо аз номи корхонаи хориҷӣ оид ба масъалаҳои кредитҳо (қарзҳо), таҳвили мол ё маҳсулот, ё иҷрои корҳо (хизматрасониҳо);

5) иҷрои ҳама гуна шаклҳои фаъолияте, ки дар бандҳои 1)-4) ҳамин қисм зикр шудаанд.

  1. Намояндагии корхонаи хориҷии ба қайд гирифташудае, ки шахси алоҳидаи ҳуқуқӣ нест, муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
  2. Хизматрасониҳои тобеи шахсӣ (кори кироя), ки шахси воқеӣ– ғайрирезидент анҷом медиҳад, боиси ташкилёбии муассисаи доимии чунин шахс намегарданд.
  3. Фаъолияти ғайрирезидент мутобиқи муқаррароти ҳамин модда, сарфи назар аз он ки он дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст ё на, маънои таъсиси муассисаи доимиро дорад.

 

Моддаи 24. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

  1. Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва (ё) динӣ, фондҳо, муассисаҳо, ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо), ташкилотҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва дигар ташкилотҳое, ки ба фаъолияти ғайритиҷоратӣ машғуланд, яъне субъектҳо – шахсони ҳуқуқие, ки мақсади гирифтани фоида, даромад ё ҷубронро надоранд ва фоида, даромад ва ҷуброни гирифтаашонро (ҳангоми гирифтан) байни иштирокчиён (муассисон) тақсим намекунанд, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд.
  2. Маҳали таъсисёбӣ ва маҳали идоракунии ташкилоти ғайритиҷоратӣ мувофиқи тартиби барои корхона муқарраргардидаи моддаҳои 21 ва 22 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
  3. Ташкилоти ғайритиҷоратӣ мувофиқи тартиби барои корхона муқарраргардида ташкилоти ғайритиҷоратии резидентӣ ё хориҷӣ эътироф карда мешавад (моддаи 20 ҳамин Кодекс).
  4. Дар он қисмате, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ менамояд, активҳо ва фаъолияти он, ки бевосита ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд аст, ҳамчунин корхона ба ҳисоб рафта, бояд алоҳида (аз фаъолияти асосӣ алоҳида) ба ҳисоб гирифта шавад.

 

Моддаи 25. Ташкилоти буҷетӣ

Ташкилоти ғайритиҷоратие, ки фаъолияташ на камтар аз 70 фоиз аз ҳисоби буҷет дар асоси сметаи буҷетии даромаду хароҷоти он маблағгузорӣ мешавад, ташкилоти буҷетӣ мебошад.

 

Моддаи 26. Ташкилоти эҳсонкорӣ

  1. Ташкилоти эҳсонкорӣ чунин ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки:

1) бо мақсади фаъолияти эҳсонкорӣ таъсис дода мешавад;

2) чун ташкилоти эҳсонкорӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ” мебошад.

  1. Ташкилоти ғайритиҷоратӣ (новобаста аз вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ ё ном) ташкилоти эҳсонкорӣ ба ҳисоб намеравад, агар:

1) чунин ташкилоти ғайритиҷоратӣ мустақим ё ғайримустақим дар маъракаи интихоботии ҳама гуна сатҳи ҳама гуна ҳизби сиёсӣ, ташкилоти (ҳаракати) ҷамъиятӣ ё шахси воқеии  алоҳида иштирок намояд; ё

2) маблағҳо ё активҳои ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба ҳама гуна шахс нафъ оранд ё метавонанд нафъ оваранд, ба истиснои нафъе, ки дар натиҷаи фаъолияти эҳсонкорӣ ё пардохти оқилона барои молу мулк ва хизматрасонӣ ба даст омадааст.

 

Моддаи 27. Ташкилоти динӣ

Ташкилоти динӣ ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки бо мақсади иҷрои фаъолияти динӣ таъсис дода шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун чун ташкилоти динӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

Моддаи 28. Агенти андоз

  1. Ҳама гуна шахсе (воқеӣ ё ҳуқуқие), ки корманди мақомоти андоз набуда, мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз ба зиммааш вазифаи ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда (ё аз манбаи пардохт) нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани он гузошта шудааст, агенти андоз мебошад.
  2. Агенти андоз, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояш дорои ҳамон вазъе мебошад, ки андозсупоранда дорад.
  3. Агенти андоз вазифадор аст:

1) андозҳои дахлдорро дуруст ва сари вақт ҳисоб намояд, аз андозсупоранда (ё манбаи пардохт) нигоҳ дорад ва ба буҷети дахлдор гузаронад;

2) даромадҳои ба андозсупорандагон пардохташуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;

3) ба мақомоти андоз барои назорати дурустии ҳисоб кардан, нигоҳ доштан ва пардохтани андозҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд; ва

4) дигар вазифаҳоеро, ки қонунгузории андоз ба зиммааш гузоштааст, иҷро намояд.

  1. Агенти андоз барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳое, ки қонунгузории андоз ба зиммааш гузоштааст, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 29. Шахсони мутақобилан вобаста

  1. Шахсони мутақобилан вобаста шахсони дорои муносибатҳои махсуси мутақобила мебошанд, ки метавонанд ба шароит ва натиҷаи иқтисодии муомилоти байни онҳо таъсири бевосита расонанд.
  2. Чунин муносибатҳои махсуси мутақобила аз ҷумла муносибати байниҳамдигариеро дар бар мегиранд, ки ҳангоми он:

1) шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхона мебошанд,  агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;

2) як шахс мустақим ё ғайримустақим дар шахси дигаре, ки корхона мебошад, иштирок намояд ва агар ҳиссаи чунин иштирок на камтар аз 20 фоизро ташкил диҳад;

3) як  шахс ба шахси дигар мувофиқи вазъи вазифавӣ тобеъ мебошад ё як шахс таҳти назорати (мустақим ё ғайримустақими) дигар шахс қарор гирифтааст;

4) шахсон корхонаҳои фаръии ҳамон як шахси ҳуқуқӣ мебошанд ё таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими  шахси сеюм қарор доранд;

5) шахсон мустақим ё ғайримустақим шахси сеюмро назорат мекунанд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадом дар он на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;

6) шахсон дар қайди никоҳ мебошанд ё муносибатҳои хешу таборӣ доранд (қисми 48 моддаи 34 ҳамин Кодекс).

 

Моддаи 30. Шахсони воқеӣ-резидентҳо

  1. Шахсони воқеӣ, агар онҳо дар давоми ҳар давраи гузаштаи 12-моҳаи пай дар пай, ки дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ ба охир мерасад, дар ҳақиқат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 182 рўз бошанд ё дар давоми ҳамин соли тақвимии ҷорӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, новобаста ба давомнокии чунин хизмат дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ, нисбат ба тамоми соли тақвимии ҷорӣ резидент ба ҳисоб мераванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Шахсони воқеие, ки сарфи назар аз мўҳлати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон ва дигар омилҳои муайяннамудаи ҳамин модда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, шахсони воқеие, ки барои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои бе шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зисти муқимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани иҷозат ариза додаанд, ҳамчун шахсони воқеӣ-резидент эътироф мешаванд, ки:

1) аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд, аз ҷумла кормандони муассисаҳои дипломатию консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ё байниҳукуматӣ, инчунин аъзои оилаи чунин шахсони воқеӣ;

2) аъзои экипажҳои воситаҳои нақлиётии ба шахсони ҳуқуқӣ ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта, ки боркашонии байналмилалиро анҷом медиҳанд;

3) хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии дар пойгоҳҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гурўҳҳо, қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;

4) дар объектҳои воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё резидентҳо, ё субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (аз ҷумла, дар асоси шартномаҳои консессионӣ), кор мекунанд;

5) хонандагон, донишҷўён, касбгирандагон ва таҷрибаомўзон, ки бо мақсади таҳсил ва гузаштани таҷриба дар давоми тамоми мўҳлати таълим ва таҷрибаомўзӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;

6) муаллимон ва кормандони илмӣ дар давоми тамоми мўҳлати таълим ё иҷрои корҳои номбаршуда, ки бо мақсади таълимдиҳӣ, машварат ё иҷрои корҳои илмӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 

  1. Барои мақсади қисми 1 ҳамин модда мўҳлате, ки дар ҷараёни он шахси воқеии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошт, вақти воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба ҳисоб намеравад, агар чунин шахс:

1) ба сифати шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулгарӣ (ё аъзои оилаи чунин шахс) омада бошад;

2) ба сифати корманди ташкилоти байналмилалӣ ё ба сифати шахсе, ки дар хизмати давлатии кишвари хориҷӣ кор мекунад (ё аъзои оилаи чунин шахс), омада бошад;

3) танҳо барои гузаштан аз як давлати хориҷӣ ба давлати хориҷии дигар тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омада бошад.

  1. Ҳама гуна рўзе, ки дар давоми он шахси воқеӣ ҳақиқатан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз давомнокии истиқомат ҳозир буд, рўзи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ҳисобида мешавад.
  2. Шахси воқеие, ки мутобиқи ҳамин модда резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  3. Шахси воқеӣ дар давраи аз рўзи охирини буданаш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин соли андоз то охири ҳамин соли андоз ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, агар чунин шахс дар соли мустақиман минбаъдаи андоз низ ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

 

Моддаи 31. Соҳибкори инфиродӣ

  1. Шахси воқеӣ, резидент ё ғайрирезидент, соҳибкори инфиродӣ ҳисобида мешавад, агар он бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, аз номи худ, таҳти таваккал (риск) ва масъулияти молу мулкии худ ба фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 15 ҳамин Кодекс) машғул шавад.
  2. Бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани шахси воқеӣ боиси ҳамчун соҳибкори инфиродӣ эътироф накардани чунин шахси воқеӣ бо мақсади андозбандӣ асос шуда наметавонад.

 

Моддаи 32. Нархҳои бозорӣ

  1. Нархи бозорӣ нархи озоди бозор ба мол (кор, хизматрасонӣ) мебошад, ки дар натиҷаи алоқамандии дархосту пешниҳод ва манфиатҳои тарафайни аҳд, ки мутобиқи моддаи 29 ҳамин Кодекс шахсони мутақобилан вобаста намебошанд, инчунин дар шароити қиёспазири иқтисодӣ (тиҷоратӣ) ташаккул меёбад.
  2. Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ ба сифати нархи мол (кор, хизматрасонӣ) нархи воқеие қабул карда мешавад, ки тарафайни аҳд (бо ҳуҷҷатҳои аслӣ тасдиқшуда) нишон додаанд. Агар мақоми андоз акси онро собит накарда бошад, тасмим гирифта мешавад, ки ин нарх ба нархи бозорӣ мутобиқ аст.
  3. Мақомоти андоз ҳангоми назорат оид ба пуррагии ҳисобкунии андоз ҳуқуқ доранд ба нархҳои бозорӣ мутобиқ будани нархҳои истифодашударо танҳо дар ҳолатҳои зайл вобаста ба аҳдҳо санҷанд:

1) байни шахсони мутақобилан вобаста;

2) мубодилаи молҳо, кор ё хизматрасонӣ (амалиёти бартерӣ);

3) ҳангоми иҷрои амалиётҳои тиҷоратии хориҷӣ (иқтисодии хориҷӣ);

4) ҳангоме, ки тамоюли баланд ё пастшавии нархи истифодабурдаи андозсупоранда дар давоми мўҳлати начандон зиёд (на зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ то лаҳзаи таҳвили молҳо, корҳо, хизматрасониҳо ё баъди он) аз нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) зиёда аз 30 фоизро ташкил намояд.

Дар ҳолатҳои дар бандҳои 3) ва 4) ҳамин қисм зикргардида чунин ҳисобида мешавад, ки аҳд воқеан тибқи нархҳои бозорӣ сурат гирифтааст, агар андозсупоранда собит насозад, ки аҳд воқеан тибқи нархҳои дар ҳуҷҷатҳои аслӣ зикршуда анҷом дода шудааст.

  1. Танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда ҳангоме, ки нархи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба тарафи зиёдшавӣ ё ба тарафи камшавӣ зиёда аз 30 фоиз аз нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои шабеҳ (якхела) майл кунад, мақоми андоз ҳуқуқ дорад оид ба азнавҳисобкунии андозҳо  бо назардошти нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дахлдор, ки мутобиқи ҳамин модда муайян гаштааст, қарори асоснок қабул намояд.

     Нархи бозорӣ бо назардошти муқаррароти пешбининамудаи қисмҳои 5-11 ва 14  ҳамин мода муайян карда мешавад. Ҳамзамон иловаҳо ё тахфифҳои муқаррарӣ ба нарх ҳангоми бастани аҳдҳо байни шахсони мутақобилан вобаста набуда низ ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, тахфифҳое, ки дар натиҷаи омилҳои зерин ба миён омадаанд, ба назар гирифта мешаванд:

   1) тағйирёбии мавсимӣ ва дигар тағйирёбии талабот нисбат ба молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);

   2) гумм шудани сифат ё дигар хусусиятҳои истеъмолии молҳо;

   3) гузаштани  (наздик шудани санаи гузаштани) мўҳлати коршоямӣ ё фурўши (таҳвили, рўхсат додани) молҳо;

   4) сиёсати маркетинги тарафҳои аҳд, аз ҷумла ҳангоми баровардани  молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) нав ба бозор, ки монанди худро надоранд, инчунин ҳангоми баровардани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба бозорҳои нав;

  5) фурўши (таҳвили) навъҳо ва намунаҳои таҷрибавии молҳо бо мақсади шиносоии истеъмолкунандагон бо онҳо.
      5. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) дар асоси маълумот оид ба амалиёти анҷомдодашуда нисбати моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла дар асоси нархҳои биржаҳои байналмилалӣ ва дигар биржаҳо, муайян карда мешавад.

  1. Ба молҳои шабеҳ молҳое мансуб дониста мешаванд, ки аломатҳои асосии онҳо дорои хусусиятҳои якхелаанд.

Ҳангоми муайянсозии шабеҳии молҳо, аз ҷумла аломатҳои физикӣ, сифат ва моҳияти он дар бозор, мамлакати пайдоиши мол ва истеҳсолкунандаи он ба инобат гирифта мешаванд. Ҳангоми муайянсозии шабеҳии молҳо фарқи начандон назарраси шакли берунаашон метавонад ба эътибор гирифта нашавад.

  1. Ба молҳои якхела молҳое мансуб дониста мешаванд, ки шабеҳ набуда, аломатҳои якхела доранд ва аз унсурҳои монанд иборат буда, бинобар ҳамин амалҳои якхеларо иҷро мекунанд ва (ё) метавонанд дар тиҷорат якдигарро иваз намоянд.

Ҳангоми муайянсозии шабеҳияти молҳо, аз ҷумла сифат, мавҷудияти нишонаи мол, моҳияти он дар бозор, мамлакати пайдоиши мол ба эътибор гирифта мешаванд.

  1. Ҳангоми муайянсозии нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) амалиётҳои байни шахсони мутақобилан вобаста танҳо дар он ҳолат ба эътибор гирифта мешаванд, ки агар вобастагии байниҳамдигарии онҳо ба натиҷаи чунин амалиёт таъсир нарасонад.
  2. Бозори мол (кор, хизматрасонӣ) аз доираи муомилоти чунин мол (кор, хизматрасонӣ) ташаккул меёбад, ки ин доираи муомилот вобаста ба имконияти фурўшанда (харидор) дар асл ва бо хароҷоти начандон калон дар минтақаи ба фурўшанда (харидор) наздиктарин пешниҳод намудани (харидани) мол (кор, хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он муайян карда мешавад.
  3. Ҳангоми муайянсозии нархи бозории мол (кор ё хизматрасонӣ) маълумот оид ба нархҳо дар лаҳзаи таҳвили ҳамин мол (кор ё хизматрасонӣ) дар амалиёти анҷомдодашуда (аҳдҳо) бо чунин моли (кор ё хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар шароити муқоисавӣ ба эътибор гирифта мешавад. Аз ҷумла, чунин шартҳои аҳд ба мисли миқдори (ҳаҷми) моли таҳвилшуда, мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳо, шартҳои пардохте, ки маъмулан дар чунин аҳдҳо истифода мегарданд, инчунин дигар шартҳои оқилонае, ки ба нарх таъсир мерасонанд, ба эътибор гирифта мешаванд.

Дар баробари ин шартҳои муомилот дар бозори моли (кор ё хизматрасонии) шабеҳ (дар сурати набудани онҳо – якхела) ҳангоме муқоисашаванда эътироф мегарданд, ки агар фарқи байни ин шартҳо  моҳиятан ба нархи чунин мол (кор ё хизмат) таъсир нарасонад ё бо назардошти тасҳеҳ  ба инобат гирифта шавад. 

  1. Агар нисбати моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар бозори дахлдори мол (кор, хизматрасонӣ) ягон амалиёт гузаронида нашавад ё дар бозор чунин мол (кор, хизматрасонӣ) пешниҳод нагардад, нархи бозорӣ дар асоси нархҳои ҳангоми амалиёти дахлдор нисбати чунин моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар санаи ба лаҳзаи таҳвили моли (кори, хизматрасонии) номбаршуда наздиктарин, вале на зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ то лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) ё баъди он ташаккулёфта муайян карда мешавад. Ҳамзамон нархи бозории қоғазҳои қиматнок дар асоси нархгузории (котировкаи) биржаи фондҳо барои қоғазҳои шабеҳи ҳамон эмитент дар рўзи наздиктарини фурўш ё интиқоли қоғази зикргардида муайян карда мешавад, ба шарте агар нархгузорӣ (котировка) мувофиқи расмиёти дар боло номбаршуда эълон гардад:

Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) метавонад бо истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда ё усули ҳисоби хароҷот муайян карда шавад.

Дар мавриди истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвилиминбаъда нархи бозории молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки фурўшанда таҳвил менамояд, ҳамчун нархе, ки аз рўи  он  харидорони ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) онҳоро ба харидорони минбаъдаи худ таҳвил кардаанд ва хароҷоти муқаррарии дар чунин ҳолатҳо масрафнамудаи ин харидор, ки барои ба муомилот баровардан ва таҳвили минбаъдаи ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба харидори минбаъда (бе назардошти нархе, ки аз рўи он аз ҷониби харидори зикршуда аз фурўшанда ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дастрасшуда буданд)  сарф шудаанд, бо назардошти меъёри фоидаи дар ҳамин соҳа муқарраргардидаи  ин харидор муайян карда мешавад.

Дар мавриди ғайри имкон   будани истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда (аз ҷумла, ҳангоми мавҷуд набудани маълумот оид ба нархи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) минбаъд аз ҷониби харидор таҳвил дода шуда, усули ҳисоби хароҷот истифода бурда мешавад, ки мутобиқи  он нархи бозории молҳои  (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҷониби фурўшанда таҳвилдода ҳамчун ҷамъи хароҷоти амалишуда ва фоидаи муқаррарӣ дар ин соҳаи фаъолият муайян карда мешавад. Ҳамзамон хараҷоти мустақим ва ғайримустақими муқаррарии дар чунин ҳолатҳо барои истеҳсол (дастрас намудан) ва (ё) таҳвили молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, суғурта кардан ва дигар хараҷоти ба ин монанд, ба назар гирифта мешаванд. 

  1. Дар мавриди ба миён омадани баҳс байни андозсупоранда ва мақоми андоз доир ба масъалаҳои татбиқи нархи бозорӣ мақоми болоии андоз, мақоми ваколатдорӣ давлатӣ ё суд ҳақ доранд бо ҳолатҳои дар ҳамин мода овардашуда маҳдуд нашуда, ҳама гунна дигар ҳолатҳоро, ки барои муайян кардани натиҷаҳои аҳд ва ўҳдадориҳои андоз аҳамият доранд, ҳамчунин эрод ва далелҳои пешниҳодкардаи андозсупорандаро ба назар гиранд.
  2. Амалиёт оид ба мубодилаи молҳо, корҳо, хизматрасониҳо (амалиёти бартерӣ) амалиётест, ки мувофиқи он ҳар як тарафи мубодилакунанда молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) худро таҳвил дода, бар ивазаш молҳои дигар (корҳо, хизматрасониҳо) мегирад. Ҳамзамон нархҳои бозорӣ ба молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) таҳвилшуда (харидашуда) дар рафти чунин амалиётҳо мутобиқи муқаррароти ҳамин модда муайян карда мешаванд.
  3. Ҳангоми муайянсозӣ ва эътироф кардани нархи бозорӣ ба мол (кор, хизматрасонӣ) манбаъҳои расмии маълумот оид ба нархҳои бозорӣ ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва нархгузории (котировкаи) биржаҳо, маълумоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, маълумоте, ки андозсупорандагон ба мақомоти андоз пешкаш менамоянд, инчунин дигар маълумоти дахлдор истифода бурда мешаванд.
  4. Дастурамал дар хусуси аз тарафи мақомоти андоз татбиқ намудани муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 33. Иҷораи молиявӣ (лизинг)

  1. Агар иҷорадеҳ молу мулки моддии истеҳлокшавандаро (амортизатсияшавандаро) тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ки мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора диҳад, дар ин сурат бо мақсади ҳамин Кодекс иҷорагир ҳамчун соҳиби молу мулк баррасӣ гардида, пардохтҳои иҷоравӣ ҳамчун пардохт оид ба кредит (ки аз пардохтҳои қарзи асосӣ ва фоизҳо иборатанд), ки ба иҷорагир дода шудааст, баррасӣ мегардад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Иҷораи молу мулки моддии истеҳлокшаванда аз иҷораи молиявӣ (лизинг) иборат мебошад, агар он ақаллан ба яке аз шартҳои зайл ҷавоб диҳад:

1) иҷора интиқоли моликиятро баъди гузаштани мўҳлати иҷора пешбинӣ менамояд ё иҷорагир ҳуқуқ дорад молу мулкро баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора бо нархи муқарраргардида ё нархе, ки мутобиқи шартномаи иҷора муайян шудааст, ба даст орад; ё

2) мўҳлати иҷора аз мўҳлати хизмати молу мулки иҷорагирифташуда 75 фоиз бештар аст; ё

3) арзиши боқимондаи баҳододашудаи молу мулк баъди ба охир расидани  мўҳлати иҷора камтар аз 20 фоизи нархи бозории онро то оғози иҷора ташкил медиҳад; ё

4) арзиши ҷории дисконтишудаи пардохти ҳадди ақал дар тамоми давраи мўҳлати иҷора ба 90 фоизи арзиши бозории молу мулк то оғози иҷора  баробар аст ё аз он баландтар мебошад; ё

5) молу мулки иҷорашаванда тибқи фармоиш барои иҷорагир таҳия шудааст ва баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора наметавонад ба ҷуз иҷорагиранда аз тарафи шахси дигар истифода шавад.

  1. Банди 4) қисми 2 ҳамин модда нисбати иҷорае, ки оғози он ба 25 фоизи охирини мўҳлати хизмати молу мулк рост меояд, татбиқ намегардад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин модда меъёри ҳисобе, ки барои муайян намудани арзиши ҷории дисконтишудаи пардохтҳои иҷора истифода мегардад, ба меъёри фоизии дар қисми 3 моддаи 93 ҳамин Кодекс зикргардида баробар аст.
  3. Барои мақсадҳои ҳамин модда мўҳлати иҷора инчунин мўҳлати иловагиеро дар бар мегирад, ки иҷорагиранда ҳуқуқ дорад иҷораро мутобиқи шартномаи иҷора аз нав оғоз намояд.

 

Моддаи 331. Муайян намудани истилоҳоте, ки бо мақсадҳои Боби 52  ҳамин Кодекс истифода шудаанд

  1. Маҳсулот – маъдани фоиданоке, ки аз қаъри замин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қитъаи замине, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба ихтиёри сармоягузор дода шудааст, истихроҷ гардида, аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди минбаъдаи (ғанигардонии, тағйирдиҳии технологии) маъдани фоиданок ба даст омада, маҳсулоти саноати коркард мебошад, маъдани фоиданок ҳисобида намешавад.
  2. Маҳсулоти истеҳсолшуда – миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби миқдори маъданҳои аз қаъри замин (партовҳо, талафҳо), ашёи хоми минералии (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигар) воқеан истихроҷшуда (гирифташуда) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст.
  3. Тақсими маҳсулот – тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор дар шакли асл ва (ё) арзишӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва ҳамин Кодекс.
  4. Маҳсулоти фоида – маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе назардошти маҳсулоти ҷубронӣ.
  5. Маҳсулоти ҷубронӣ – қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пўшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи боби 52 ҳамин Кодекс бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад.

Маҳсулоти ҷубронӣ бо назардошти арзиши иқтисодии кони коркардшаванда аз рўи ҳар як созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад. Маҳсулоти ҷуброние, ки созишнома муқаррар кардааст, наметавонад аз 70 фоизи ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда зиёд бошад.   

  1. Нуқтаи тақсимкунӣ – ҷои баҳисобгирии тиҷоратии маҳсулоти истеҳсолшуда, ки дар он андозагирии (ҳисоби) ҳаҷми (миқдори) умумӣ ва муайянкунии сифати он анҷом дода мешавад ва давлат ба сармоягузор қисми маҳсулотеро, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба он тааллуқ дорад, месупорад.
  2. Нархи маҳсулот – нархи таҳвил ё содироти воҳиди ченаки дахлдори маҳсулоти истеҳсолшудае, ки тибқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, вале на пасттар аз нархи бозорӣ дар санаи таҳвил ё содирот муайян карда мешавад.

 

Моддаи 34. Муайян намудани истилоҳоти дигаре, ки барои мақсадҳои  ҳамин Кодекс истифода шудаанд

  1. Активҳо (дороиҳо) - молу мулк, активҳои молию моддии дигар, фондҳои пулӣ ё ҳуқуқҳои молу мулкие, ки маблағи умумии воситаҳои (фондҳои) асосӣ ва муомилотии корхонаро (шахсро) ташкил медиҳанд; ҳама гуна боигарии ба шахс тааллуқдошта; категорияи ҳисобие, ки арзиши молу мулки шахсии субъект ва инчунин восита ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки барои пардохти (пўшонидани) қарзҳо (ўҳдадориҳо) таъин шудаанд.
  2. Бақияпулӣ – маблағҳои андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки барои пардохт ба буҷет ҳисоб карда шуда, вале дар мўҳлати муқарраргардида, аз ҷумла мўҳлати тағйирдодашуда, супорида нашудаанд.
  3. Бурдҳо - ҳама гуна шакли даромади дар шакли асл (натуралӣ) ё пулӣ бадастовардаи андозсупоранда дар озмунҳо, мусобиқаҳо (олимпиадаҳо), фестивалҳо, бо лотереяҳо, дар бозиҳои пулӣ, аз ҷумла тавассути пасандозҳо ва қоғазҳои қиматноки қарзӣ.
  4. Воридоти мол — воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низоми гумрукии иҷозатдиҳӣ барои муомилоти озод мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Воситаҳои асосӣ — активҳои моддӣ, ки дар як вақт ба шартҳои зерин ҷавобгў мебошанд:

      1) мўҳлати хизматашон зиёда аз як сол;

      2)  онҳо ҳангоми истеҳсоли молҳо  (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳои меҳнат истифода мешаванд;

      3) ҳамчун қоида, арзиши ҳар як воҳиди чунин активҳои моддӣ аз ҳадҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ барои ба воситаҳои дар гардишбуда ҳамроҳ намудани активҳои моддӣ зиёд бошад;

       4) онҳо бояд мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс истеҳлоқ шаванд.

  1. Грант - молу мулке, ки ройгон: аз ҷониби давлатҳо, ҳукуматҳои давлатҳо; ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии ҷамъиятии хориҷӣ ва фондҳое, ки фаъолияташон дорои хусусияти эҳсонкорӣ ва байналмилалӣ буда, хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, аз ҷониби шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гаштан ба мақсадҳои (вазифаҳои) муайян, ки хилофи Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, дода мешавад.
  2. Ғайрирезидент - шахсе, ки резидент намебошад.
  3. Даромад аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин намудҳои зерини воридот дар шакли пулӣ ва (ё) дар шакли аслӣ (бе тарҳ намудан аз онҳо) мебошанд, ки шахс гирифтааст:

1) даромад аз кори кироя дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) даромад аз таҳвили мол аз ҷониби истеҳсолкунанда, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст, инчунин даромад аз иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) даромад аз фаъолияти соҳибкорие, ки мумкин аст онро ба муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбудаи ғайрирезидент мансуб донист, аз ҷумла:

- даромаде, ки ба фурўши молҳои ҳамон намуд ё шабеҳ ба молҳое, ки тавассути чунин муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта мешаванд, мансуббуда ҳисобида шуда метавонанд;

- даромад аз фаъолияти соҳибкории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда, ки бо фаъолияти иҷрошавандаи чунин муассисаи доимӣ якхела ё ба он монанд аст.

4) даромади марбут ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ: ҳангоми аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозсупоранда аз ҷониби кредиторони он; аз фурўши воситаҳои асосӣ, ки мутобиқи банди 7 моддаи 153 ҳамин Кодекс ба даромад илова карда шудааст; ҷуброни хароҷот  мутобиқи моддаи 193 ҳамин Кодекс;

5) даромади дар шакли дивидендҳо аз шахси ҳуқуқии резидентӣ гирифташуда, инчунин даромаде, ки аз фурўш ё додани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ  ба даст омадааст;

6) даромади дар шакли фоизҳо аз резидентҳо гирифташуда;

7) даромади дар шакли фоизҳо гирифташуда аз шахси ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ ё молу мулк дорад, агар қарзи чунин шахс бо ҳамин муассисаи доимӣ ё молу мулк алоқаманд бошад;

8) нафақа, агар онро резидент диҳад;

9) даромад дар шакли роялти, ки барои молу мулки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ё истифодашаванда гирифта мешавад ё даромад аз фурўш ё додани молу мулки дар қисми 38 ҳамин модда зикргардида, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст ё истифода мешавад;

10) даромаде, ки аз ҳисоби ба иҷора  додани молу мулки манқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба даст меояд;

11) даромаде, ки аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба даст меояд, аз ҷумла даромад аз фурўш ё додани ҳиссаи иштирок дар чунин молу мулк;

12) даромад аз фурўш ё додани саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирок дар корхонае, ки арзиши қисми бештари активҳои он мустақиман ё ғайримустақим аз ҳисоби арзиши молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ташаккул меёбад;

13) дигар даромадҳо аз фурўш ё додани молу мулк аз ҷониби резиденте, ки ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ вобаста намебошад;

14) даромади аз хизматрасонии идоракунӣ, молиявӣ ё суғуртавӣ, аз ҷумла хизматрасонии азнавсуғуртакунӣ гирифташуда, агар онро корхонаи резидент ё муассисаи доимии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардидаи ғайрирезидент пардозад ё агар он дар асоси шартнома бо чунин корхона ё муассисаи доимӣ гирифта шуда бошад;

15) даромаде, ки дар шакли подоши суғуртавӣ дар асоси шартномаи суғурта ва аз нав суғуртакунии таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст;

16) даромад аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми иҷрои алоқаҳои байналмилалӣ ё нақлиётии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо;

17) даромад аз фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои (қарордодҳои) инфиродии меҳнатӣ ё дигар намуди шартномаҳои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта гирифта шудааст;

18) ҳаққи (гонорарҳои) роҳбарон ва (ё) дигар пардохтҳое, ки ба аъзои мақоми олии роҳбарикунандаи (шўрои директорон, раёсат ё мақоми дигари шабеҳ) шахси ҳуқуқӣ – резидент, сарфи назар аз маҳали воқеии иҷрои ўҳдадориҳои идоракунии  ба зиммаи чунин шахсон гузошташуда гирифтаанд;

19) изофапулиҳое, ки вобаста ба истиқомат намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд;

20) даромади шахсони воқеӣ-ғайрирезидентҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коркунанда дар шакли ҷубронпулӣ ба онҳо (ба ҳамин шахсон), ки барои пўшонидани хароҷоти чунин шахсони воқеӣ–ғайрирезидентҳо ба неъматҳои моддӣ, маишӣ ё дигар манфиатҳои моддӣ, аз ҷумла хароҷот барои хўрокворӣ, истиқомат, таҳсили кўдакон дар муассисаҳои таълимӣ, хароҷоти вобаста ба истироҳат, аз ҷумла роҳкирои сафари аъзои оилаи онҳо ба рухсатӣ, аз тарафи (аз ҳисоби) корфармоён ё кироякунандагон дода шудааст;

21)  пардохти нафақапулиҳое, ки фондҳои резидентии замшавандаи нафақавӣ анҷом медиҳанд;

22) даромадҳои вобаста ба фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунармандони театру кино, кормандони радио ва телевизион, навозандагон, рассомон ва варзишгарон пардохтшаванда, сарфи назар  аз он, ки чунин даромадҳоро ба кӣ мепардозанд;

23) бурдҳое, ки резидентҳо мепардозанд;

24) даромаде, ки тавассути хизматрасонии  мустақили шахсӣ (касбӣ)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст;

25) даромаде, ки дар шакли ройгон гирифтани молу мулки воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин даромаде, ки аз чунин молу мулк гирифта шудааст;;

 26) дигар даромадҳое, ки дар бандҳои болоии ҳамин модда зикр нашудаанд ва дар асоси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.

Ҳангоми муайян намудани манбаи даромад мутобиқи ҳамин қисм маҳали пардохтани даромад ба инобат гирифта намешавад.

  1. Даромад дар шакли асл (натуралӣ) – даромад дар шакли таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ.
  2. Суди саҳмияҳо (дивидендҳо) — ҳама гуна тақсимоти восита ё молу мулки шахси ҳуқуқӣ байни иштирокчиёни (саҳҳомони) он, аз ҷумла: даромаде, ки саҳҳом (иштирокчӣ) аз шахси ҳуқуқӣ – эмитент ҳангоми тақсимоти фоидаи ҳарсолаи баъди андозбандӣ боқимонда мутаносибан ба миқдори (ҳиссаҳои) саҳмияҳои саҳҳом дар сармояи оинномавии (саҳҳомии, ҷамъшавандаи) ин шахси ҳуқуқӣ гирифтааст; суди саҳмияе (дивиденде), ки саҳҳом (иштирокчӣ) таҳти дигар пардохтҳои пардапўшшуда гирифтааст; даромаде, ки саҳҳом (иштирокчӣ) аз тақсими воситаҳо ва молу мулк тибқи тартиби аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – эмитент харидани саҳмияҳои худ гирифтааст ва даромаде, ки саҳҳом (иштирокчӣ) аз тақсими молу мулки шахси ҳуқуқӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ гирифтааст, бо тарҳи (дар ҳарду маврид) арзиши молу мулке (саҳмияҳое), ки муассис дар шакли саҳм ба фонди оинномавӣ (сармояи саҳҳомӣ) гузаронидааст. Даромаде, ки саҳҳом (иштирокчӣ) дар шакли тақсими саҳмияҳои худ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – эмитент байни саҳҳомон гирифтааст ва таносуби фоизии (ҳиссаи) саҳмияҳои саҳҳомонро дар сармояи саҳҳомии (ҷамъшавандаи) шахси ҳуқуқӣ – эмитент тағйир намедиҳад, суди саҳмия (дивиденд) ба ҳисоб намеравад.
  3. Замин барои сохтмони манзил- ин замини шаҳрҳо ва  шаҳракҳо, ки ба шахсони воқеӣ тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои сохтмони манзил ҷудо гардидааст.
  4. Имзои электронии андозсупоранда - воситаи махсуси криптографии таъминкунандаи ҳаққоният, пуррагӣ ва муаллифии ҳуҷҷатҳои электронӣ.
  5. Иҷрои корҳо — ҳар гуна иҷрои кор бар ивази подош.
  6. Иштирокчӣ — саҳҳом, шарик ё дигар иштирокчӣ дар активҳо ва фоидаи корхона.
  7. Кор - фаъолиятест, ки натиҷаҳои он моҳияти моддӣ дорад, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, васл ва таъмиркунӣ, тадқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳакашӣ.
  8. Корхонаи фаръӣ — корхона ҳангоме фаръӣ ба ҳисоб меравад, ки агар ба дигар корхона (асосӣ) 50 ё бештар фоизи ҳиссаи иштирок (фоизи саҳмияҳо) бо ҳуқуқи овози ҳамин корхона тааллуқ дошта бошад.
  9. Кўмаки башардўстона (гуманитарӣ) - молу мулке, ки ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти субъектҳои он дар шакли озуқа, молҳои истеъмоли халқ, техника, таҷҳизот, воситаҳои тиббӣ ва доруворӣ, дигар асбобу анҷом аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои беҳбуди шароити зисту маишии аҳолӣ, инчунин пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулоддаи дорои хусусияти ҳарбӣ, экологӣ, табиӣ, техногенӣ ва ғайра фиристода шудааст ва он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад.
  10. Кўмаки эҳсонкорӣ - молу мулке, ки ба тариқи ройгон ба шахсони воқеӣ бо мақсади дастгирии вазъи иҷтимоии онҳо ва ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо мақсади дастгирии фаъолияти оинномавии онҳо дода шудааст.
  11. Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти қонунгузории гумрук мебошад.
  12. Қарзи беэътимод (шубҳанок) - ин маблағи ба андозсупоранда тааллуқдошта, ки аз сабаби пардохтнопазирӣ ё барҳам хўрдани қарздор андозсупоранда имкон надорад онро пурра гирад ё ҳангоме, ки эҳтимоли гирифтани он аз қарздор ва шахси сеюм ниҳоят кам аст. Дар ҳама ҳолат қарзи беэътимод (шубҳанок) қарзест, ки барои пўшонидани он ягон пардохт дар мўҳлати 3 сол аз лаҳзае, ки бояд чунин пардохт анҷом дода мешуд, сурат нагирифтааст.
  13. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ - ин заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ҷудо гардидааст, аз ҷумла майдони замин барои сохтмон ва ҳавлӣ. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  қитъаҳои заминеро, ки тибқи тартиби муқарраршуда барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷудо  гардидаанд, инчунин қитъаҳои заминеро, ки ба шахсони воқеӣ барои иҷора дода шудаанд,  дар бар намегирад.
  14. Манбаи пардохти даромад - шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқие, ки аз он (аз ҳисоби он) субъект (дигар шахс) даромад мегирад.
  15. Мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозиро оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз дар назди давлат таъмин мекунад ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  16. Мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоб ва (ё) ҷамъоварӣ намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ваколатдор шудаанд.
  17. Маҳали истиқомати шахси воқеӣ - ҷое, ки шахси воқеӣ муқимӣ ё аксаран дар он ҷой зиндагӣ мекунад. Ин маҳал метавонад аз маҳали  бақайдмонии ин шахс фарқ кунад.
  18. Маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсуси шахси ҳуқуқӣ – маҳале, ки шахси ҳуқуқӣ тавассути воҳидҳои махсуси худ фаъолиятро анҷом медиҳад; маҳали дар асл воқеъбудаи воҳидҳои махсус.
  19. Маҳсулоти кишоварзӣ - ин натиҷаи ибтидоии (маҳсули) парвариши растаниҳои кишоварзӣ ва чорво (аз ҷумла худи чорвои зинда), ки таҳти коркарди минбаъда қарор нагирифтааст.
  20. Мол — ҳама гуна молу мулки моддӣ ё ғайримоддӣ, аз ҷумла қувваи барқ ё қувваи гармӣ, газ ва об. Барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда молҳо, воситаҳои пулӣ ва заминро дар бар намегиранд.
  21. Подоши суғуртавӣ (саҳми суғуртавӣ) – маблағе, ки суғуртакунанда ба муассисаи суғуртакунӣ барои аз ҷониби охирон гирифтани ўҳдадорӣ оид ба ҷуброни зарар ба суғурташаванда ё ба суғурташаванда пардохтани маблағи суғуртавӣ (ҷубронпулии суғуртавӣ) ҳангоми рух додани ҳодисаи дахлдор (ҳодисаи суғуртавӣ) медиҳад (мепардозад).
  22. Низоми андоз - маҷмўи меъёрҳои қонунгузории андоз, ки андозсупоранда ҳангоми ҳисоб намудан ва пардохтани тамоми намудҳои андози ба буҷет воридшаванда, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, истифода мебарад.
  23. Номенклатураи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - системаи рамзҳои гурўҳбандинамудаи (классификатсияи) молҳо, ки мутобиқи Конвенсияи байналмилалии ҳамоҳангсозии системаи тавсиф ва рамзгузорӣ (Номенклатураи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия (НМ ФИХ ИИЕ)) қабул шудааст.
  24. Огоҳнома - ҳама гуна хабаррасонии хаттие, ки бо назардошти талаботи боби 5 ва дигар муқаррароти ҳамин Кодекс тартибдодашуда аз ҷониби  мақомоти андоз ба андозсупорандагон, агентҳои андоз ё шахсони дигар ирсол гардидааст.
  25. Оила - зану шавҳар, фарзандон ва падару модароне, ки якҷоя зиндагӣ менамоянд ва хоҷагии умумиро пеш мебаранд.
  26. Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) — рақаме, ки мақомоти андоз ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ додаанд.
  27. Резидент - шахси воқеӣ-резидент, корхонаи резидентӣ ё ташкилоти ғайритиҷоратии резидентӣ.
  28. Реимпорти молҳо - воридоти молҳо аз ҷониби шахсе, ки ин молҳоро содир намудааст, бе таҳвили минбаъда ва дигаргунсозӣ баъди содирот.
  29. Реэкспорти молҳо - содироти молҳо аз ҷониби шахсе, ки ин молҳоро ворид намудааст, бе таҳвили минбаъда ва дигаргунсозӣ баъди воридот.
  30. Роялти — маблағдиҳӣ: барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии ё барои истифода, ё ҳуқуқи истифодаи ҳуқуқҳои муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патен­тҳо, нақша ё намуна (макет), тамғаҳои савдо ё дигар ҳуқуқҳое, ки аз онҳо бармеоянд; барои истифода ё ҳуқуқи истифодаи таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмию тадқиқотӣ; барои истифодаи донишҳои технологӣ; барои истифода ё ҳуқуқи истифодаи кинофилмҳо, видео­филмҳо, сабтҳои овоз ё дигар шаклҳои сабт; барои пешниҳоди кўмаки техникии вобаста ба амалиёти номбаршуда; ё барои даст кашидан аз истифодаи ҳама гуна ҳуқуқҳои зикргардида.
  31. Содироти мол - тибқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  32. Ташкилоти байналмилалӣ - ин субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки дар асоси шартнома байни давлатҳо ё ҳукумати давлатҳо таъсис шудааст.
  33. Воҳидҳои махсуси шахси ҳуқуқӣ - ҳама гуна сохтори махсуси минтақавии шахси ҳуқуқӣ, ки қисме аз вазифаҳои шахси ҳуқуқиро иҷро менамояд ва дар маҳали ҷойгиршавии он ҷойҳои кории статсионарӣ таҷҳизонида шудаанд. Ҷои корие, ки ба мўҳлати зиёда аз як моҳ ташкил мешавад, статсионарӣ ба ҳисоб меравад.
  34. Таҳвили мол — додани ҳуқуқи моликият ба молҳо, аз ҷумла фурўш, мубодила ё тақдим, интиқоли ройгон ё қисман пардохт намудани он, додани музди меҳнат дар шакли асл (натуралӣ) ва пардохтҳои дигари дар шакли аслӣ, инчунин ба гаравгиранда додани ҳуқуқи моликият ба моли дар гарав мондашуда.
  35. Транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон - интиқоли молҳо таҳти назорати мақомоти гумрук ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як пункт ба пункти дигари сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  36. Усули ҳисобу замкунӣ - усули баҳисобгирии андоз, ки мувофиқи он даромад ва хароҷот аз лаҳзаи иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ҳамлу нақли (таҳвили) молҳо бо мақсади фурўш ва аз худ намудани молу мулк, новобаста аз вақти пардохтшавӣ, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  37. Фоидаи соф (даромади соф) - фоидае (даромаде), ки баъди аз фоидаи (даромади) андозбандишаванда тарҳ намудани андоз аз фоида (андози даромад) боқӣ мемонад.
  38. Фоизҳо - ҳама гуна пардохт вобаста ба ўҳдадории қарзӣ, аз ҷумла ўҳдадориҳои андоз, ҳамчунин пардохт барои додани кредитҳо (қарзҳо, вомбаргҳо) ва барои маблағҳои дар депозитҳо (суратҳисобҳо) буда.
  39. Хароҷоти намояндагӣ - ин хароҷот марбут ба қабул ва хизматрасонии ҳама гуна ашхос, аз ҷумла хароҷоте, ки барои мақсадҳои муқаррарсозӣ ё дастгирии ҳамкориҳои мутақобила, инчунин барои иштирокчиёни ба маҷлиси шўрои директорон, комиссияи тафтишотӣ, маҷлиси саҳмдорон ташрифоварда сурат гирифтааст. Ба хароҷоти намояндагӣ хароҷоти вобаста ба қабули расмии шахсони зикргардида, хизматрасонии буфет (фуршетӣ) ҳангоми гуфтушунид дохил мешавад.
  40. Хешовандон -

1) шахсоне, ки ба ҳамин сифат мутобиқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гаштаанд;

2) шахсоне, ки дар натиҷаи васоят ё парастории дарозмуддат муносибатҳое барқарор намудаанд, ки шабеҳи муносибатҳои хешовандӣ мебошанд.

Муносибатҳои васигӣ ё парасторӣ байни шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ доранд, ба муносибатҳои хешовандӣ баробар дониста мешаванд. Қатъи зиндагии якҷоя байни шахсони мазкур ҳангоми нигоҳ доштани муносибатҳои шабеҳи хешовандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

  1. Хизматрасонӣ — ҳама гуна фаъолият бар ивази подош, ки натиҷаи шакли ашёӣ надорад, аз ҷумла: (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

1) хизматрасонии нақлиётӣ ё экспедиторӣ,  аз ҷумла интиқоли газ, нафт ва маҳсулоти нафт, қувваи барқ ё қувваи гармӣ;

2) ба иҷора додани молу мулки манқул ва ғайриманқул;

3) хизматрасонии савдо алоқа, маишӣ, манзилию коммуналӣ; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

4) хизматрасонӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хизматрасонии таълимӣ ва тиббӣ;

5) хизматрасонии рекламавӣ;

6) хизматрасонӣ оид ба навсозии технология, хизматрасонӣ оид ба таҳлилу коркарди нишондиҳандаҳо ва пешбурди махзани маълумот;

7) хизматрасонӣ оид ба тайёрии пеш аз фурўши  молҳо;

8) хизматрасонӣ оид ба нигаҳдории молҳо ё дигар молу мулк, ё таъмини муҳофизат;

9) дигар хизматрасониҳо, вале барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда додани ҳуқуқи моликият ба воситаҳои пулӣ ва муносибатҳои иҷоравӣ ба замин, инчунин хизматрасониҳо ба корфармо ба ҳайси коргари кироя истисно карда мешавад.

  1. Хизматрасониҳои молиявӣ —

1) пешниҳод, фурўш ё додани кредитҳо, кафолатҳои кредитӣ ва ҳама гуна дигар таъминоти кафолатии амалиёти пулӣ-кредитӣ, аз ҷумла идоракунии кредитҳо ва кафолатҳои кре­дитӣ аз ҷониби шахсе, ки кредит ё кафолат  медиҳад;

2) пешниҳод, фурўш ё додани қарзҳо (аз ҷумла қарзҳои хурд), кафолати қарзҳо (қарзҳои хурд) ё ҳама гуна дигар таъминоти кафолатии чунин амалиёти пулӣ-кредитӣ, аз ҷумла идоракунии қарзҳо (қарзҳои хурд) ва кафолатҳои қарзҳо (қарзҳои хурд) аз ҷониби шахсе, ки қарзҳо (қарзҳои хурд) ё кафолат медиҳад;

3) амалиёте, ки ба идоракунии депозитҳо ва суратҳисобҳо, пардохтҳо, пулгузарониҳо, ўҳдадориҳои қарзӣ, воситаҳои маблағсупорӣ ва дигар воситаи мизоҷон вобаста аст;

4) амалиёти вобаста ба муомилоти арз, воситаҳои пулӣ ва банкнотҳое, ки воситаи қонунии пардохт мебошанд (ба истиснои предметҳои нумизматӣ);

5) амалиёти вобаста ба муомилоти саҳмияҳо, вомбаргҳо, сер­тификатҳо, векселҳо, чекҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок (ба истиснои хизматрасонии нигоҳдории онҳо);

6) амалиётҳои вобаста ба аҳдҳое, ки ба воситаҳои молиявии ҳосилшуда, шартномаҳои форвардӣ, опсион ва созишномаҳои шабеҳ алоқаманд мебошанд;

7) хизматрасонии вобаста ба идоракунии фондҳои инвеститсионӣ;

8) амалиёти суғуртакунӣ ва аз нав суғуртакунӣ;

      9) иҷораи молиявӣ (лизинг). Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс иҷораи молиявӣ (лизинг) ҳамчун як амалиёти том дониста мешавад, ки харидани (таҳвил ва (ё) воридоти) молу мулки моддии истеҳлокшаванда (воситаҳои асосии истеҳлокшаванда) ва (ё) ба иҷора додани онро (онҳоро) мутобиқи моддаҳои 33 ва 192 ҳамин Кодекс, инчунин гирифтани пардохтҳои лизингие, ки ба таркиби онҳо маблағи қарзи асосӣ (пўшонидани қарзи иҷорагиранда аз рўи иҷораи молиявӣ (лизинг)) ва даромади иҷорадиҳанда, ки дар шакли фоизҳо гирифта мешавад, дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

Номгўи мушаххаси амалиётро, ки мутобиқи ҳамин қисм таҳти истилоҳи “хизматрасониҳои молиявӣ” муайян мегардад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд. 

  1. Ҳиссаи иштирок - ҳиссаи иштироки шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо молу мулки худ дар таъсисёбии корхонаҳо, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ.
  2. Ҳуҷҷати электронии андозсупоранда - ҳуҷҷати дар шакли муқарраршудаи электронӣ тартиб ва пешниҳодгардида, ки рамзгузорӣ ва бо имзои электронии андозсупоранда тасдиқ шудааст ва баъди қабул ва тасдиқи эътиборнокии он дорои қувваи ҳисоботӣ мебошад.
  3. Пардохти суғуртавӣ (ҷубронпулии суғуртавӣ, маблағи суғуртавӣ) - маблағе, ки муассисаи суғуртакунӣ ба шахси суғурташуда тибқи суғуртакунии молу мулкӣ ва суғуртакунии ҷавобгарӣ барои пўшонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаҳои суғуртавӣ мепардозад.

54.Ширкати иҷораи молиявӣ (лизинг) - шахси ҳуқуқӣ, ки зиёда аз 50 фоизи даромади он даромад аз амалиёти иҷораи молиявӣ (лизинг)  мебошад.

  1. Шахс — мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ. Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, корпоратсияҳо, ширкатҳо, фирмаҳо, фондҳо, муассисаҳо ва дигар сохторҳои мувофиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсисшуда, инчунин воҳидҳои махсуси онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), ки мувофиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ё Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ва (ё) амал мекунанд, барои мақсадҳои ҳамин Кодекс чун шахси мустақили ҳуқуқӣ баррасӣ мегарданд, новобаста аз он, ки дар давлати хориҷии таъсисёфтаашон вазъи шахси ҳуқуқӣ доранд ё на.
  2. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо – маблағе мебошад, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  татбиқ карда мешавад. Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби барои як моҳи тақвимӣ истифода бурда мешавад.
  3. Молу мулки моддии истеҳлокшаванда барои мақсадҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) – ҳама гуна воситаҳои асосии истеҳлокшаванда, ба истиснои молу мулки ғайриманқул, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, ба мўҳлати на камтар аз 12 моҳи пурраи муттасил (пай дар пай) ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  4. Қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда - маблағи ўҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки:

1) андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ нишон додааст;

2) пардохти он тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ба таъхир гузошта шуда, баъди ба охир расидани мўҳлати батаъхиргузорӣ бояд пурра ва якбора пардохт мешуд;

3) тибқи санади санҷиши ҳисоб карда шудаи мақомоти андоз, ки он ба андозсупоранда дастрас шудааст ва мавриди баҳс қарор нагирифтааст;

               4) бо ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, муайян карда шудааст. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

  1. Кашфи тиҷоратӣ – ин захираҳои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар доираи ҳудуди муқаррарнамудаи иҷозатнома кашф шуда, мувофиқи  тартиби муқарраршуда аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва барои истихроҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошанд.(ҚҶТ аз 21.07.10.№627)
  2. Андозсупорандаи бемасъулият – андозсупорандае мебошад, ки барои мақсадҳои назорати андоз бо амали (беамалии) худ боиси баланс шудани эҳтимолияти (хатари) сари вақт ва (ё) пурра пардохт нашудани андозҳои муқарраршуда мегардад, аз ҷумла:

– дар мўҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай баҳисобгирии даромаду хароҷот ва амалиёти хоҷагидории худро тибқи тартиби муқарраргардида набурдааст ё ба гум шудани ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандӣ роҳ додааст;

– дар мӯҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай маълумотро оид ба объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди худ барои баҳисобгирии  андоз  пешниҳод накардааст ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тағйир додани маълумоти қаблан барои баҳисобгирии андоз пешниҳодшударо таъмин накардааст;

– дар мӯҳлати зиёда аз 6 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи пайдо шудани ӯхдадорӣ пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз (андозҳо) ва (ё) пардохти маблағи қарзи андози эътирофшударо сари вақт ва (ӯ) пурра таъмин накардааст;

– ҳиссаи маблағи андозҳои ҳисобшудаи ӯ дар даромади умумиаш дар соли сипаригаштаи тақвимӣ нисбат ба ҳиссаи миёнаи андозҳои ҳисобшуда дар даромади умумии дар ин соҳа муайяншуда ба андозаи зиёда аз 25 фоиз паст шуда бошад;

– ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда ё ҳисобнома-фактураи қалбакиро пешниҳод намуда бошад;

– ҳангоми иҷрои қарор оид ба боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои вуҷуддоштаи бонкиаш, суратҳисобҳои иловагии бонкӣ кушода бошад;

– дигар амалҳоро (беамалиеро) анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд нисбат ба андозсупорандаи бемасъулият маълумоти иловагӣ ҷамъоварӣ кунанд, манбаи андозбандии онро дар асоси муоинаи хронометражӣ ё санҷишҳои иловагӣ аниқ намоянд, инчунин дигар чораҳои назорати андозро анҷом диҳанд.

Рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад ва номи андозсупорандаи бемасъулият аз рӯйхати мазкур баъди бартараф шудани камбудихои ҷойдошта ва (ё) пешниҳоди маълумоти асоснок бароварда мешавад. Ҳама гуна амалиёти анҷомдодашудаи андозсупорандагон бо шахсе, ки андозсупорандаи бемасъулият эълон шудааст, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи аз рўи хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) пардохтшуда ба инобат шрифта намешаванд.

Шахсоне, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда нашудаанд, андозсупорандаго–ни бомасъулият ҳисобида мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

ФАСЛИ II. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАЪМУРӢ

БОБИ  3.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 35. Тартиби татбиқи муқаррароти маъмурӣ

Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, муқаррароти маъмурии дар ҳамин фасл ва фасли III муқарраршуда нисбати ҳамаи намудҳои андоз татбиқ мегарданд.

Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб нисбати агентҳои андоз татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 36. Назорати андоз оид ба воридоти пурра ва саривақтии пардохтҳо ба буҷет

  1. Мақомоти андоз барои иҷрои назорати андоз нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба ҳисоби дуруст ва пардохти саривақтии андозҳо ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ ва ҷамъоварии андозҳо ҷавобгарии пурра ва истисноӣ доранд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс чунин ҷавобгариро ба зиммаи дигар мақомот вогузор намудааст.
  2. Назорати андозро мақомоти андоз тавассути чораҳои зерин амалӣ менамояд:

1) баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон ва бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин намудани онҳо;

2) баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд;

3) баҳисобгирии пардохт ба буҷет;

4) баҳисобгирии супорандагони андоз  аз  арзиши иловашуда;

5) санҷишҳои андоз;

6) назорати камералӣ;

7) назорати қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

8) назорати дурустии тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва ташкили дидбонгоҳҳои аксизӣ;

9) назорат аз болои мақомоти ваколатдоршуда оид ба ситонидани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет.

10) муоинаи хронометражӣ. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Мақомоти гумрук назорати андозро дар доираи салоҳияташон оид ба ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки вобаста ба интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 37. Ҳуқуқҳои андозсупорандагон, таъмин ва ҳимоя намудани онҳо

  1. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад:

1) аз мақомоти андоз доир ба ҳамаи масъалаҳои оид ба андозбандӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет вобастабуда, аз ҷумла оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санҷиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунгузориҳои андоз шарҳи хаттӣ гирад.

2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ  муҳофизат намояд;

3) ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро оид ба натиҷаҳои назорати андоз  талаб намояд ва гирад;

4) ба мақомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рўи натиҷаҳои он, оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд;

5) доир ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ аз варақаҳои ҳисобномаҳои шахсиаш нусха гирад;

6) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят  намояд;

7) пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад;

8) маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои ба андозбандӣ вобаста набударо надиҳад;

9) имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи қонунгузории андоз истифода барад;

10) мўҳлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс дастрас намояд;

11) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;

12) аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи қонунгузории андозро ҳангоми иҷрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;

13) санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба андозбандӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, иҷро накунад.

14) аз шахсони мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз барои гузаронидани санҷиши андоз асос талаб намояд, бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад;

15) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақоми андоз товони зарари дар натиҷаи қабули қарор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад;

16) дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кунад, инчунин салоҳияти шахсони ҷалбкарда бояд мутобиқи қисми 3 моддаи 39 ҳамин Кодекс тасдиқ карда шавад.

  1. Андозсупоранда дорои дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад.

Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. 

  1. Ҳуқуқҳои андозсупорандагон тавассути ўҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд.

Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон боиси кашидан ба ҷавобгарии  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 38. Ўҳдадориҳои андозсупоранда

  1. Андозсупоранда ўҳдадор аст:

1) сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;

2) ҳамаи ўҳдадориҳои андозро мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;

3) талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;

4) дар асоси амрнома шахсони мансабдори  мақомоти андозро барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;

5) ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;

6) ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи ҳамин Кодекс бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;

7) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;

8) дар муддати на камтар аз 3 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ маълумоти баҳисобгирии муҳосиботӣ, дигар баҳисобгириро ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвимӣ зарурӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳдошташударо) нигоҳ дорад;

9) ҳар сол барўйхатгирии молу мулк ва ўҳдадориҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;

10) мақоми андози маҳалли бақайдгириро оид ба ҳамаи суратҳисобҳои кушодааш дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию – кредитӣ (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии)  шахсони воқеӣ) дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи  корӣ аз рўзи  кушодани суратҳисобҳо хабардор намояд;

11) то санаи 15-уми июли соли ҷорӣ барои нимсолаи якуми  соли ҷорӣ ва то санаи 15-уми январи  соли минбаъда барои нимсолаи  дуюми соли ҷорӣ ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ дар ҳолатҳо, шаклҳо ва бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  намудааст, ҳисобот оид ба маблағҳои имтиёзҳои андоз доир ба андозҳои  умумидавлатӣ  ва маҳаллӣ ҳангоми муайян намудани ўҳдадориҳои андозии худ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта оид ба имтиёзҳои андозии ба дигар шахсон додашуда, ҳангоми аз ҷониби ин андозсупоранда иҷро намудани  амалҳои агенти андоз  пешниҳод намояд.

  1. Андозсупоранда дигар ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро иҷро менамояд.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба ғайр аз ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ўҳдадоранд ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳали бақайдгириашон маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

1) оид ба ҳамаи воҳидҳои махсусашон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд– дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи таъсис, азнавташкилшавӣ ё барҳамхўрӣ;

2) оид ба эълон намудани муфлисшавӣ, барҳамхўрӣ ё азнавташкилшавӣ – дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи қабули чунин қарор;

3) оид ба тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршавӣ ё зист – дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи чунин тағйирот.

  1. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда андозсупоранда мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 39. Ҳуқуқ ба намояндагӣ дар муносибатҳое, ки қонунгузории  андоз танзим менамояд

  1. Андозсупоранда дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, метавонад тавассути намояндаи қонунӣ ё ваколатдор иштирок намояд.
  2. Иштироки шахсии андозсупоранда дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, ўро аз ҳуқуқи доштани намоянда маҳрум намекунад, ҳамчунин иштироки намоянда андозсупорандаро аз ҳуқуқи иштироки шахсӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии номбаршуда маҳрум наменамояд.
  3. Ваколатҳои намоянда мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ шуда бошанд.

 

Моддаи 40. Намояндаи қонунии андозсупоранда

  1. Намояндагони қонунии андозсупоранда-шахси ҳуқуқӣ шахсоне эътироф мегарданд, ки дар асоси қонун ё ҳуҷҷати таъсисии онҳо ваколати намояндагии чунин шахси ҳуқуқиро доранд.
  2. Намояндагони қонунии андозсупоранда—шахси воқеӣ шахсоне эътироф мегарданд, ки мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати намояндагони он баромад мекунанд.

 

Моддаи 41. Амали (беамалии) намояндагони қонунии шахси ҳуқуқӣ

Амали (беамалии) намояндагони қонунии шахси ҳуқуқӣ вобаста ба иштироки ин шахс дар муносибатҳои тибқи қонунгузории андоз танзимшаванда амали (беамалии) ҳамин шахси ҳуқуқӣ  эътироф мегардад.

 

Моддаи 42. Намояндаи ваколатдори андозсупоранда

  1. Намояндаи ваколатдори андозсупоранда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие эътироф мегардад, ки андозсупоранда ўро барои манфиатҳояш дар муносибат бо мақомоти андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои тибқи қонунгузории андоз танзимшаванда ваколатдор намудааст.
  2. Шахсони мансабдори мақомоти андоз, судяҳо, муфаттишон ва прокурорҳо, инчунин дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ, мақомоти гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ наметавонанд намояндагони ваколатдори андозсупоранда шаванд.
  3. Намояндаи ваколатдори андозсупоранда-шахси ҳуқуқӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатнома иҷро менамояд, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Намояндаи ваколатдори андозсупоранда-шахси воқеӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатномаи ба тарзи нотариалӣ тасдиқшуда ё ваколатномаи мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколатномаи ба тарзи нотариалӣ тасдиқшуда баробаркардашуда  иҷро менамояд.

 

Моддаи 43. Асъори бо мақсадҳои андозбандӣ истифодашаванда

Ҳама гуна амалиёт бо асъори хориҷӣ барои мақсади андозбандӣ ба асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи анҷом додани амалиёт аз нав ҳисоб карда мешавад.

Асъори хориҷие, ки нисбати он қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд нест, аз рўи қурби ҳисобкунии асъори дигар,  дар асоси қурби асъорҳои марбута нисбати доллари ИМА муайян ва аз нав ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 44. Чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ

  1. Ҳама гуна маблағе, ки ба манфиати ягон шахс истифода мегардад, барои мақсадҳои андозбандӣ маблағи ба он шахс пардохтшуда ба ҳисоб меравад.

Даромади (фоидаи) гирифташуда, новобаста аз асосҳои ба даст омадани он, бояд мутобиқи ҳамин Кодекс андозбандӣ гардад.

Агар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян гардад, ки ягон даромад ё қисми он ғайриқонунӣ гирифта шудааст ва бояд ба моликияти давлат баргардонида шавад, дар чунин ҳолат ба буҷети давлат бояд маблағе гузаронида шавад, ки ба фарқи байни бузургии маблағи даромади ғайриқонунӣ ё қисми он ва бузургии андозҳои қаблан ба фоидаи давлат аз ин даромади ғайриқонунӣ ё қисми он пардохтшуда (нигоҳдошташуда) баробар бошад.

  1. Барои мақсадҳои муайянсозии ўҳдадориҳои андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд:

1) амалиётеро, ки дорои моҳияти назарраси иқтисодӣ намебошанд (ба истиснои моҳият барои ўҳдадориҳои андоз), ба эътибор нагиранд; ё

2) агар шакли амалиёт ба мазмунаш мутобиқат накунад, мувофиқи  вазъи воқеӣ онро тағйир диҳанд (аз нав дараҷабандӣ намоянд).

  1. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд маблағи андози дахлдорро бо истифода аз усули арзёбии мустақим ё ғайримустақим (дар асоси активҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, усули муқоиса бо андозсупорандаи шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра) дар ҳолатҳои зайл муқаррар (ҳисоб) кунанд, агар:

1) андозсупоранда амалиёти худро дар ҳисобу китоб нодуруст ё тибқи шакл ва тартиби муқарраршуда зикр накардааст;

2) ҳуҷҷатҳои ҳисоб, ки барои муайян намудани ўҳдадориҳои андоз заруранд, гум ё нобуд шуда бошанд;

3) ҳисоботи андоз пешниҳод нашуда бошад;

4) андозсупоранда иҷозат додани шахсони мансабдори мақоми андозро барои азназаргузаронии (тафтиши) бино ва ҳудуди истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои тиҷоратӣ, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад ё вобаста ба нигоҳдории объекти андозбандӣ истифода мебарад, рад намояд;

5) дар ҷараёни 30 рўзи тақвимии баъди мўҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои заруриро ҷиҳати ҳисоби андоз ба мақоми андоз пешниҳод накунад.

  1. Ҳангоми ҳама гуна амалиёт байни шахсони мутақобилан вобаста мақомоти андоз метавонанд даромад ё маблағи тарҳшударо байни ин шахсон барои мақсади ҳисоби даромади андозбандишаванда, ки дар натиҷаи амалиёт байни шахсони бо ҳам вобастанабуда бояд гирифта мешуд, тақсим намоянд. Агар андозсупоранда дар амалиёти тиҷоратӣ ё молиявии худ бо тарафи алоқаманд нархеро истифода барад, ки аз нархҳои татбиқшавандаи миёни шахсони мустақил фарқ кунад, мақомоти андоз бо мақсади андозбандӣ даромади андозсупорандаро бо ҳамин фарқияти баамаломадаи нархҳо тасҳеҳ менамоянд.
  2. Агар даромади расман эълоннамудаи шахси воқеӣ ба хароҷоти воқеии барои истеъмоли шахсӣ, аз ҷумла хариди молу мулк, мувофиқ набошад, мақомоти андоз метавонанд даромадро барои мақсади андозбандӣ дар асоси нархгузории хароҷот, ки чунин шахс, бо назардошти даромад дар давраҳои гузашта намудааст, ҳисоб намоянд.
  3. Мақомоти андоз нисбати ҳама гуна андозҳо амалиёти бартерӣ ва (ё) дигар амалиёти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 32 ҳамин Кодекс, аз ҷумла даромадҳои гирифташуда ва хароҷот дар шакли натуралиро ҳамчун фурўши мол (натиҷаи кор, хизмат) бо нархи бозорӣ ва ҳатман пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураҳо оид ба чунин амалиёти дахлдор бо ҳамон тартибе, ки нисбати фурўш бо воситаҳои пулӣ амалӣ мегардад, баррасӣ менамоянд. Агар арзиши амалиёти бартерӣ ва (ё) дигар амалиёти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 32 ҳамин Кодекс дар ҳисобнома-фактура кам нишон дода шуда бошад, мақомоти андоз объекти андозбандиро бо назардошти нархҳои бозорӣ, мутобиқи муқаррароти моддаи 32 ҳамин Кодекс тасҳеҳ намуда, маблағи андозро аз нав ҳисоб мекунанд ва мутобиқи ҳамин Кодекс муҷозот муқаррар менамоянд.
  4. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти андоз пайдо гардидани шубҳа ба дурустии ҳисоботи муҳосибӣ ва (ё) ҳисоботи андози андозсупоранда барои муайян (аниқ) намудани ҳаҷми даромад ва хароҷоти ӯ, тибқи қарори роҳбари аввали (муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз дар мӯхлати то 2 рӯзи корӣ на зиёдтар аз ду маротиба дар як соли тақвимӣ муоинаи хронометражи гузаронида мешавад. Муоинаи хронометражи метавонад дар рафти санҷиши ҳуҷҷатии андоз ё дар асоси аризаи андозсупоранда низ гузаронида шавад. Тартиби гузаронидани муоинаи хронометражи аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  5. Тартиби татбиқи чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 45. Баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон. Тартиби гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ, аз нав баҳисобгирӣ ва  баровардан аз баҳисобгирии бақайдгирӣ. Рақами мушаххаси  андозсупоранда

  1. Бо мақсади баҳисобгирӣ ва иҷрои назорати андоз андозсупорандагон ва агентҳои андоз, инчунин ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла воҳидҳои махсуси таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра) ва шаҳрвандони аз синни 16-сола болои Ҷумҳурии Тоҷикистони (минбаъд дар ҳамин модда - “андозсупоранда”, “андозсупорандагон”) бояд дар мақомоти андози мутаносибан дар маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсуси он, маҳали зисти шахси воқеӣ, инчунин маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти андозбандишавандаи ба онҳо тааллуқдошта тибқи тартиби мутобиқи ҳамин модда муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гирифта шаванд.

Шахси ҳуқуқие, ки ба ҳайаташ воҳидҳои махсуси  воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, инчунин соҳиби молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти андозбандишаванда мебошад, ўҳдадор аст дар мақомоти андози ҳам маҳали ҷойгиршавии худ, ҳам маҳали ҷойгиршавии ҳар як  воҳиди махсус ва ҳам маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти андозбандишавандааш ба сифати андозсупоранда ба қайд истад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ, бо назардошти муқаррароти ҳамин модда, ҳуқуқ дорад хусусияти ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагони калонро муайян намояд.

  1. Дар мақомоти андоз ба сифати андозсупорандагон ба ҳисоб гирифтани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс ба вуҷуд омадани ўҳдадориҳои пардохти ин ё он намуди андозро алоқаманд месозад, анҷом дода мешавад.
  2. Дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифтани шахсони воқеиро мақомоти андози маҳали зисти шахсони воқеӣ дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти дар моддаи 47 ҳамин Кодекс зикргардида ва (ё) аризаи шахси воқеӣ, ки ба мақомоти андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, анҷом медиҳанд.
  3. Аризаи шахси ҳуқуқӣ барои дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштан ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии ин шахси ҳуқуқӣ дар муддати 30 рўзи баъди бақайдгирии давлатии он дода мешавад.
  4. Ҳангоми фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воҳиди махсус ариза барои дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии воҳиди махсуси ин шахси ҳуқуқӣ дар муддати 30 рўзи тақвимӣ баъди таъсиси воҳиди махсус дода мешавад.
  5. Аризаи шахси ҳуқуқӣ барои дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани молу мулки ғайриманқул ё нақлиёти андозбандишаванда ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии ин молу мулк дар муддати 30 рўзи тақвимӣ баъди ба қайди давлатӣ гирифтани он дода мешавад.

Ба ҳисоб гирифтани шахси воқеӣ дар мақомоти андоз дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули он, ки объекти андозбандӣ мебошад, дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти дар моддаи 47 ҳамин Кодекс зикргардида анҷом дода мешавад.

Маҳали ҷойгиршавии молу мулк барои мақсадҳои ҳамин модда инҳо эътироф мегарданд:

1) барои воситаҳои нақлиёти баҳрӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ – маҳали ҷойгиршавии (зисти) соҳиби молу мулк;

2) барои воситаҳои нақлиёти дар банди 1) ҳамин қисм зикрнашуда - маҳали (бандари) бақайдгирӣ ё маҳали бақайдгирии давлатӣ, ҳангоми мавҷуд набудани онҳо - маҳали ҷойгиршавии (зисти) соҳиби молу мулк;

3) барои молу мулки ғайриманқул – маҳали аслии мавҷудияти молу мулк.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 ва сархати дуюми қисми 6 ҳамин модда мақоми андоз ўҳдадор аст шахси воқеиро оид ба гузоштан дар баҳисобгирии бақайдгирӣ фавран огоҳ намояд.
  2. Агар андозсупоранда дар муайянсозии маҳали гузоштан дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба мушкилӣ дучор шавад, дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи он мақоми андози маҳали зисти шахси воқеӣ ё маҳали воқеъ будани андозсупоранда-шахси ҳуқуқӣ қарори дахлдор қабул мекунад.
  3. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд дар асоси маълумоти доштаашон ва маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти дар моддаи 47 ҳамин Кодекс зикршуда, инчунин ҳама гуна маълумоти барояшон ошкоршуда, ки барои мақсади баҳисобгирии бақайдгирӣ зарур ва кофӣ мебошад, мустақилона (то аз ҷониби андозсупоранда додани ариза) дар баҳисобгирии бақайдгирии мақомоти андоз гузоштани андозсупорандаро таъмин кунанд.
  4. Шакли ариза оид ба гузоштан дар баҳисобгирии бақайдгирии шахсони воқеӣ ё (ва) ҳуқуқиро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд. Ҳангоми пешниҳоди ариза шахси ҳуқуқӣ ҳамзамон бо ариза барои гузоштан дар баҳисобгирии бақайдгирӣ нусхаи мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи: шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудани шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунанд, пешниҳод менамояд.

Ҳангоми пешниҳоди ариза шахси воқеӣ ҳамзамон бо ариза барои гузоштан дар баҳисобгирии бақайдгирӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд – «шиноснома»), ки шахсияти андозсупорандаро тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд. Талаби дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамин модда пешбинӣ накардааст, манъ аст.

Ҳангоми гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ ба маҷмўи маълумот оид ба андозсупорандагон-шахсони воқеӣ инчунин номгўи зерини шахсии онҳо дохил карда мешаванд:

1) насаб, ном, номи падар;

2) санаи таваллуд;

3) ҷинс;

4) суроғаи маҳали зист;

5) маълумоти шиноснома (рақам, серия, рўзи супоридан, кӣ супоридааст);

6) шаҳрвандӣ.

  1. Мақоми андоз ўҳдадор аст андозсупорандаро дар мўҳлати 3 рўзи корӣ баъди пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузорад ва дар ҳамин мўҳлат ба он шаҳодатномаи дахлдорро дар бораи гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ супорад, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда дода, дар бораи гузоштани рақами мушаххаси андозсупоранда шаҳодатнома диҳад. (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)
  2. Шахсони ҳуқуқӣ ўҳдадоранд оид ба тағйирот дар оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, аз ҷумла вобаста ба таъсиси воҳидҳои махсуси нав ё барҳам додани онҳо, тағйирёбии маҳали ҷойгиршавӣ, инчунин оид ба намудҳои фаъолияте, ки иҷозатнома дода шудааст, мақоми андозеро, ки дар қайди он мебошанд, дар мўҳлати 30 рўзи тақвимӣ аз санаи бақайдгирии тағйирот дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё додани иҷозат ба шаклҳои фаъолияти иҷозатномадодашуда огоҳ намоянд. Ҳангоми тағйирёбии маҳалли зист шахсони воқеӣ ўҳдадоранд мақоми андозеро, ки дар қайди он мебошанд, дар мўҳлати 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи чунин тағйирот огоҳ намоянд.
  3. Агар андозсупорандаи дар баҳисобгирии бақайдгирӣ буда маҳали ҷойгиршавӣ ё зистро иваз намояд, мақоми андозе, ки андозсупоранда то ивази маҳали ҷойгиршавӣ ё зист дар баҳисобгирии бақайдгирӣ қарор дошт, дар мўҳлати 10 рўзи тақвимӣ баъди пешниҳоди ариза оид ба тағйирёбии маҳали ҷойгиршавӣ ё зист ўро аз баҳисобгирии бақайдгирӣ мебарорад.
  4. Ҳангоми барҳамхўрӣ ё азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, қабули қарор аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ оид ба бастани филиал ё дигар воҳиди махсуси худ, қатъи фаъолият тавассути муассисаи доимӣ, гум кардани қобилияти амал аз ҷониби шахси воқеӣ ё вафоти ў баровардан аз баҳисобгирии бақайдгирӣ тибқи аризаи андозсупоранда ё дигар шахси мувофиқи қонунгузорӣ ваколатдор, аз ҷониби мақоми андозе, ки андозсупоранда дар баҳисобгирии бақайдгирӣ қарор дошт, дар мўҳлати 10 рўзи тақвимӣ аз санаи гирифтани чунин ариза анҷом дода мешавад.
  5. Ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштан ва аз баҳисобгирии бақайдгирӣ баровардан ройгон анҷом дода мешавад.
  6. Ҳангоми гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ дар маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсуси он (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра) ва маҳали зисти шахси воқеӣ ба ҳар як чунин шахс, аз ҷумла воҳидҳои махсуси дар боло номбаршуда, бо мақсади ситонидани тамоми андозҳо, аз ҷумла пардохтҳои гумрукӣ, андози иҷтимоӣ ва боҷи давлатӣ рақами мушаххаси андозсупоранда (минбаъд - «РМА») дода мешавад.

Рақами мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар ҳеҷ ҳолат (ба истиснои ҳолатҳои дар ҳамин модда зикргардида) тағйир дода намешавад ва ҳатто ҳангоми барҳамхўрии андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ (воҳидҳои махсуси он) ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ) дода  намешавад.

Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки  ба андозсупорандаи мушаххас дода шудааст, танҳо ҳангоми қабули қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз нав баҳисобгирии тамоми андозсупорандагон ё яке аз ду гурўҳи онҳо (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ), инчунин дар сурати иштибоҳи мақомоти андоз ҳангоми додани РМА (нодуруст додани РМА, додани ҳамон як РМА ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як РМА ба ҳамон як андозсупоранда) метавонад тағйир дода шавад.

Ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воҳидҳои махсуси онҳо мақоми дахлдори андоз дар шакли тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани РМА шаҳодатнома медиҳад.

Оиди  ба шахси воқеӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон додани  рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиноснома дар фасли “Сабти махсус”   мўҳр зада ва навиштаҷоти  инъикоси РМА сабт карда мешавад. Қоидаҳои  тайёр намудани штампҳо, гузоштани штампҳо ва бо расмият даровардани сабти РМА дар шиноснома бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда  мешаванд.

Тартиб ва шарти додан, истифода бурдан, инчунин тағйир додан ва ислоҳ намудани рақами мушаххаси андозсупорандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамояд.

Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки барои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба фоидаи чунин шахсон) анҷом додани амалҳои (амалиётҳои, аҳдҳои) дар поён зикргардида ваколатдор мебошанд, ўҳдадоранд аз ин шахсон тасдиқи додани рақами мушаххаси андозсупорандаро бо роҳи пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти дахлдор оид ба додани рақами мушаххаси андозсупоранда талаб намоянд:

1) амалҳои нотариалӣ, ки барои онҳо рўёндани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, амалҳое, ки қонун барои онҳо рўёндани дигар пардохтҳои ҳатмиро муқаррар намудааст, амалҳое, ки пешниҳоди ҳатмии шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд;

2) додани иҷозатнома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, аз ҷумла сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва қаъри замин;

3) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба кор қабул намудан;

4) барасмиятдарории амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани кредит ва дигар маблағҳои пулӣ аз бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ба истиснои амалиётҳои воридотӣ ва хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс, додани молҳо ба кредит (бо тамдиди пардохт).

Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки барои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба фоидаи чунин шахсон) анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар сархати ҳафтуми ҳамин қисм пешниҳодшуда ваколатдор мебошанд, ўҳдадоранд рақами мушаххаси андозсупорандаро дар нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар боло зикргардидаро тасдиқ менамоянд, нишон диҳанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №376).

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд рақами мушаххаси андозсупории худро дар эъломияи андоз, ҳисобнома-фактура, муросилот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, эъломияи гумрукӣ, дар муносибат бо дигар мақомоти ваколатдор, дар ҳуҷҷатҳои корӣ (қарордод, шартномаҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зикр намоянд. РМА бояд дар варақаҳо ва мўҳрҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ сабт гардад. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №376).
  2. Дар асоси маълумоти баҳисобгирии бақайдгирӣ мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро пеш мебарад.
  3. Дастуруламал оид ба тартиби гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ, аз нав баҳисобгирӣ ва баровардан аз баҳисобгирии бақайдгирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

 

Моддаи 46. Хусусиятҳои ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ғайрирезидент мебошанд

  1. Бо назардошти муқаррароти моддаи 45 ҳамин Кодекс ба сифати андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо додани рақами мушаххаси андозсупоранда, инҳо ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузошта мешаванд:

1) шахсони воқеӣ - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инфиродии соҳибкориро тавассути муассисаи доимӣ анҷом медиҳанд, - дар мақоми андози маҳалли омадан (истиқомат);

2) шахсони ҳуқуқӣ - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсис додани муассисаи доимӣ фаъолият менамоянд, - дар мақоми андози маҳали ҷойгиршавии муассисаи доимӣ.

  1. Шахси воқеӣ - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инфиродии соҳибкориро тавассути муассисаи доимӣ анҷом медиҳад, ўҳдадор аст дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи оғози фаъолияти соҳибкорӣ дар мақоми андоз ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузошта шавад.
  2. Шахси ҳуқуқии ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ фаъолият мекунад, ўҳдадор аст дар мақоми андоз дар муддати 30 рўзи тақвимӣ баъди рўзи оғози фаъолият аз баҳисобгирии бақайдгирӣ гузарад.
  3. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезидент, ки фаъолияташ мутобиқи банди 5) қисми 4 моддаи 23 ҳамин Кодекс ҳамчун муассисаи доимии шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент баррасӣ мегардад, ўҳдадор аст ба мақоми андоз оид ба гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирии шарики худ – шахси ҳуқуқии ғайрирезидент дар муддати 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи бастани созишномаи дахлдор (шартнома, қарордод) ё дар муддати 10 рўзи тақвимӣ аз оғози воқеии чунин фаъолият бо мақсади ба шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент додани рақами мушаххаси андозсупоранда ариза пешниҳод намояд.
  4. Рўзи оғози фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ин рўзҳо эътироф мегардад:

1) рўзи бастани қарордод (шартнома, созишнома):

- барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои додани ваколат ҷиҳати аз номи он (ғайрирезидент) амал намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои харидани молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳвили минбаъда;

- барои фаъолияти якҷоя (иштирок дар ширкати оддӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои дарёфти кор (хизматрасонӣ) бо мақсади фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) санаи бастани шартномаи меҳнатии инфиродӣ ё дигар шартномаи  дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) санаи бастани шартнома (шартномаи хариду фурўш ё иҷораи молу мулк), ки кушодашавии идораро (офисро) баён месозад.

Ҳангоми мавҷудияти якчанд шарти ҳамин қисм рўзи оғози фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи бастани якумин (пештарин) аз қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) зикршуда ба ҳисоб меравад.

  1. Ғайрирезидентҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашудае, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани даромад аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, ўҳдадоранд ба мақоми андози дахлдор дар муддати 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози фаъолият ариза пешниҳод намоянд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар хусусиятҳои ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ғайрирезидент мебошанд, муайян намояд.

 

Моддаи 47. Ўҳдадориҳои мақомоте, ки  бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, маҳалли зисти шахсони воқеӣ, санадҳои ҳолати  шаҳрвандӣ, додани шиносномаҳо ба шаҳрвандон, баҳисобгирии бақайдгирии молу мулк ва аҳдҳои марбут ба онҳоро амалӣ менамоянд

  1. Мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро, ба истиснои шахсоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайд гирифта шудаанд, амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба шахсони ҳуқуқии дар давоми моҳи ҳисоботӣ ба қайд гирифташуда (аз нав ба қайд гирифташуда) ё барҳамхўрда (аз нав таъсисёфта) то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
  2. Мақомоте, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозатнома , шаҳодатнома ё ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ медиҳанд, ўҳдадоранд ба мақомоти дахлдори андози маҳали ҷойгиршавиашон оид ба чунин шахсон, ки барояшон чунин ҳуҷҷатҳо дода шудааст ё аз онҳо бозхонда шудааст, ё амали ҳуҷҷатҳо қатъ гардидааст, то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи додани ҳуҷҷатҳои нишондодашуда, баргашта гирифтан ё гузаштани мўҳлати амали онҳо фаро мерасад, хабар диҳанд.
  3. Мақомоте, ки шахсони воқеиро дар маҳали зист ё санадҳои ҳолати шаҳрвандии шахсони воқеиро ба қайд мегиранд, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шиноснома медиҳанд, вазифадоранд мутаносибан оид ба қайд гирифтан ё вафоти шахсони воқеӣ, додани шиноснома ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавиашон дар муддати 15 рўзи аввали моҳи ҳисоботӣ то санаи охири моҳи ҳисоботӣ ва барои  нимаи дуюми моҳи ҳисоботӣ то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
  4. Мақомоте, ки баҳисобгирӣ ва (ё) бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиётии объекти андозбандибударо амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд ҳар сол аз рўи ҳолати санаи 31 декабри соли ҳисоботӣ оид ба ҷойгир будани молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди таҳти назораташон мавҷуда ё воситаҳои нақлиёти дар ин мақомот ба қайд гирифташуда ва соҳибони онҳо ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавиашон то санаи 31 январи соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
  5. Мақомоти васояту парасторӣ, тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои шабеҳ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят, парасторӣ менамоянд ё молу мулки васиро идора мекунанд, ўҳдадоранд оид ба муқаррар намудани парастории шахси воқеие, ки суд ғайри қобили амал донистааст, оид ба васоят, парасторӣ ва идоракунии молу мулки хурдсолон, дигар шахсони воқеии ноболиғ, шахсони воқеие, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст, шахсони воқеии қобили амале, ки нисбати онҳо васоят дар шакли ҳимоя (патронаж) муқаррар шудааст, шахсони воқеие, ки суд бедарак ғоиб эътироф кардааст, инчунин оид ба тағйироти минбаъдаи вобаста ба чунин васоят, парасторӣ ё идоракунии молу мулк ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи қабули қарори дахлдор фаро мерасад, маълумот пешниҳод намоянд.
  6. Мақомоте (муассисаҳое), ки ваколати иҷрои амалҳои нотариалиро доранд ва нотариусҳо ўҳдадоранд оид ба тасдиқи нотариалии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқ ба мерос ва шартномаҳои тўҳфа ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
  7. Мақомоте, ки баҳисобгирӣ ва (ё) бақайдгирии истифодабарандагони захираҳои табиӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи заминро амалӣ менамоянд, инчунин ба фаъолияти вобаста ба истифодаи ин захираҳои табиӣ иҷозатнома медиҳанд, ўҳдадоранд оид ба додани ҳуқуқ барои чунин истифодабарӣ ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи бақайдгирӣ (додани иҷозатномаи дахлдор, иҷозатномаи истифодабарандаи қаъри замин) фаро мерасад, хабар диҳанд.
  8. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ маълумотро дар бораи амалиёти воридотӣ ва содиротӣ, ки аз тарафи шахсони ҳуқукӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ карда мешаванд, дар асоси созишномаи аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ басташуда, пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  9. Мақомоти андозе, ки аз мақомоти дар қисмҳои 1-7 ҳамин модда номбаршуда маълумоти дахлдор мегиранд, ўҳдадоранд дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи қабул онро (маълумотро) ба маълумоти мақомоти андозе, ки дар онҳо андозсупорандагон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар баҳисобгирии бақайдгирӣ мебошанд ва ин маълумот ба онҳо дахл дорад, расонанд.

 

БОБИ 4. САНҶИШҲОИ АНДОЗ ВА ДИГАР ШАКЛҲОИ НАЗОРАТ

 

Моддаи 48. Мафҳум ва намудҳои санҷиши андоз

  1. Санҷиши андоз – санҷиши иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешавад. Иштирокчиёни санҷишҳои андоз шахсони мансабдори мақомоти андози дар амрнома зикршуда ва андозсупоранда мебошанд.
  2. Санҷишҳои андоз мутобиқи ҳамин Кодекс танҳо аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешаванд.

Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ ва тибқи дархости хатии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақоми ваколатдори давлатӣ ўҳдадор аст санҷишҳои андозро, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, якҷоя бо ин мақомот гузаронад.»

  1. Санҷишҳои андоз ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

1) санҷиши ҳуҷҷатӣ;

2) санҷиши амалиётӣ;

  1. Санҷишҳои ҳуҷҷатӣ ба чунин намудҳо ҷудо мешаванд:

1) санҷиши маҷмўӣ (комплексӣ) – санҷиши иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба ҳамаи намудҳои андоз;

      2) санҷиши мавзўӣ инҳоро дар бар мегирад:

           - иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба намуди алоҳидаи андоз ва  пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин андозҳои ба онҳо мутақобилан вобаста. Андоз ба андози дигар мутақобилан вобаста ба ҳисоб меравад, агар ҳангоми тағйир ёфтани маблағи андози дигари ҳисобшуда маблағи ҳисобшудаи ин андоз ҳам мутақобилан тағйир ёбад; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 - аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷро намудани ўҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда доир ба ҳисоб ва ё ҷамъоварӣ кардани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

- аз ҷониби мақомоте, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс муайян гардидаанд, иҷро намудани ўҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда;

 -  аз ҷониби бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, иҷро намудани ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;

         - масъалаҳои гардиши намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва амалӣ шудани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.

3) санҷиши мутақобила - санҷише, ки нисбати шахси сеюм гузаронида мешавад, агар ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз ба мақомоти андоз зарурият пайдо шавад, ки оид ба дурустии дар баҳисобгирии андоз зикр намудани амалиёти гузаронидаи андозсупоранда маълумоти иловагӣ ба даст оранд. Ҳамзамон шахси мансабдори санҷишкунанда ҳуқуқ дорад аз тарафи шахсони сеюм дуруст инъикос кардани амалиёти мушаххаси баҳисобгирии андозро, ки дар амрномаи гузаронидани санҷиши мутақобила зикр гардидааст, бисанҷад.

  1. Санҷиши амалиётиро мақомоти андоз нисбати андозсупорандагони алоҳида доир ба масъалаҳои риояи талаботи алоҳидаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, маҳз оиди:

1) дар мақомоти андоз дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани андозсупорандагон;

2) дуруст истифода намудани мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

3) риоя намудани қоидаҳои рехтан  (печондан), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигаҳдорӣ, фурўши молҳои зераксизӣ ва амалӣ намудани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ;

4) шахси мансабдори мақоми андозе, ки санҷиши амалиётӣ мегузаронад, ҳуқуқ надорад аз андозсупоранда маълумоти ба мавзўи санҷиш алоқаманд набударо, ки дар амрнома оид ба гузаронидани санҷиши амалиётӣ пешбинӣ шудааст, талаб намояд.

  1. Санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз, аз ҷумла санҷиши ғайринавбатиро мақомоти андоз дар асоси муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо вобаста ба андозсупорандагоне анҷом медиҳанд, ки нисбати онҳо тасдиқи хаттӣ доир ба оғози парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятии марбут ба андозбандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
  2. Гузаронидани санҷиши андоз, ба истиснои ҳолатҳое, ки соҳибкори инфиродӣ бе ҷалб намудани коргари кироя кор мекунад ва иштироки ў дар ҷараёни санҷиш ҳатмӣ мебошад,набояд фаъолияти андозсупорандаро боздорад.
  3. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд воҳидҳои махсуси шахси ҳуқуқиро, новобаста аз гузаронидани санҷиши андозии худи шахси ҳуқуқӣ, санҷанд.

 

Моддаи 49. Даврияти гузаронидани санҷишҳои андоз

  1. Даврияти санҷиши андози ҳар субъекти (андозсупорандаи) мушаххас, ба истиснои андозсупорандагони бемасъулият, дар асоси таҳлили маълумоти оморӣ, эъломияи андоз ва иҷрои ўҳдадориҳои он, натиҷаҳои санҷиши давраи гузашта ва инчунин дигар меъёрҳое, ки барои баҳодиҳӣ ба дараҷаи қонуниҷрокунии субъекти хоҷагидор (андозсупоранда) асос шуда метавонанд, муайян карда мешавад. Даврияти санҷишҳои андози ҳамаи субъектҳои хоҷагидори (андозсупорандаҳои) мушаххас дар нақшаи гузаронидани санҷишҳои андоз, ки роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда тасдиқ ва роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда ба таври хаттӣ дастгирӣ намудааст, муайян карда мешавад. Тартиби муайян намудани даврияти санҷишҳои андоз ва таҳия сохтани нақшаи гузаронидани санҷишҳои андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Санҷишҳои маҷмўӣ ва мавзўии андозсупорандагон, ба истиснои андозсупорандагони бемасъулият ва андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

Санҷишҳои маҷмўӣ ва мавзўии андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон санҷиши мавзўии андози як андозсупорандаи мушаххас метавонад танҳо нисбати намудҳои алоҳидаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин андозҳои ба онҳо мутақобилан вобастае, ки мутобиқи ҳамин Кодекс бояд ин андозсупоранда пардохт намояд ё нисбати як мавзўи  дар моддаи 48 ҳамин Кодекс муайяншуда, гузаронида шавад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

Агар нисбати давраи барои гузаронидани санҷиши ба нақша гирифташудаи андоз санҷиши маҷмўии андозсупоранда гузаронида шуда бошад, дар он ҳолат нисбат ба ин давра санҷиши мавзўӣ гузаронида намешавад.

Санҷиши маҷмўӣ ба таври ҳатмӣ ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ – супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ё ҳангоми азнавташкилёбӣ, ё барҳам додани шахси ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Санҷиши маҷмўӣ, инчунин, ҳангоми қатъ шудани амали имтиёзҳо барои шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи бобҳои 49, 50 ва 52  Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ба таври ҳатмӣ гузаронида мешавад.Чунин санҷиш танҳо нисбати даврае гузаронида мешавад, ки қаблан мутобиқи ҳамин Кодекс мавриди санҷиши маҷмўӣ қарор наёфта бошад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

  1. Санҷиши маҷмўӣ ва мавзўии аввалини фаъолияти субъекти навтаъсиси хоҷагидоре (андозсупорандае), ки андозро аз рўи низоми соддакардашуда месупорад, инчунин соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ анҷом медиҳад ва даромади умумиаш ба талаботи моддаҳои 302 ва 303 ҳамин Кодекс мутобиқат менамояд, метавонад танҳо пас аз сипарӣ шудани 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии онҳо амалӣ гардад.

Агар субъекти хоҷагидор (андозсупоранда) то гузаштани мўҳлати зикргардида аз нав ташкил ёбад ё барҳам дода шавад, фаъолияти он дар асосҳои зерин мавриди санҷиши маҷмўӣ қарор мегирад:

1) аризаи андозсупоранда;

2) хабар ё қарори қабулнамудаи мақоми дахлдор дар бораи аз нав ташкилёбӣ ва ё барҳам додани субъекти хоҷагидор (андозсупоранда);

3) ахбори мақоме, ки бақайдгирӣ, азнавташкилёбӣ ё барҳам додани шахси ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

Дар давраи озод будан аз санҷиши андоз субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсис аз иҷрои ўҳдадориҳои андози муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс озод карда намешавад.

  1. Санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда гузаронида мешаванд:

1) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда – на зиёда аз як маротиба дар як сол;

2) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда – ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз як маротиба дар як сол.

  1. Ҳамаи намудҳои санҷиши андоз доир ба намудҳои мушаххаси андоз баъди ба охиррасии давраи андозӣ гузаронида мешаванд.
  2. Маҳдудиятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда муқарраршуда дар чунин ҳолатҳо татбиқ намешаванд:

1) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз тибқи аризаи андозсупоранда дар мавриди баромадан аз қайди андоз аз арзиши иловашуда. Дар баробари ин бояд санҷиш дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди гирифтани аризаи андозсупоранда оғоз карда шавад;

2) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз  вобаста ба охир расидани мўҳлати амали қарордод оид ба истифодаи қаъри замин;

3) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мутақобила;

4) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мавзўӣ дар асоси аризаи андозсупоранда барои аниқ намудани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудааст;

5) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои иловагӣ дар асоси қарори мақоме, ки шикояти андозсупорандаро вобаста ба огоҳнома тибқи санади санҷиши андоз баррасӣ менамояд. Мақоме, ки шикояти андозсупорандаро ба огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз баррасӣ мекунад, ба андозсупорандаи шикоятнамуда дар хусуси зарурати гузаронидани санҷиши иловагии андоз асоснома равон менамояд. Агар дар давоми 10 рўзи корӣ аз рўзи ба андозсупоранда равон кардани асосномаи дар боло зикршуда розигии хаттии ў барои гузаронидани санҷиши иловагии андоз, ки ба шикояти андозсупоранда алоқаманд мебошад, гирифта нашавад, чунин санҷиш аз ҷониби мақоме, ки ба суроғаи ў шикоят равон карда шуда буд, сурат намегирад ва огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз бе тағйир мемонад. Ҳамзамон андозсупоранда метавонад бо чунин шикоят ба огоҳномаи дар боло зикргардида дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз ба мақоми андози болоӣ, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба суд муроҷиат кунад.

Санҷиши иловагии андоз бо баррасии шикояти андозсупоранда алоқаманд аз ҷониби мақоми андози болоӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ бо риояи тартиби равон кардани асоснома дар бораи зарурати гузаронидани санҷиши иловагии андоз ва амалҳои минбаъда вобаста ба розӣ ё норозӣ будани андозсупоранда барои гузаронидани чунин санҷиши андоз гузаронида мешавад.;

6) ҳангоми санҷишҳои ғайринавбатии ҳуҷҷатӣ,  ки дар асоси фармони роҳбари аввали (муовини ваколатдори он) мақоми ваколатдори давлатӣ нисбати андозсупорандаи мушаххас, инчунин тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 48 ҳамин Кодекс гузаронида мешавад.

Санҷишҳои мутақобиларо мақомоти андоз танҳо дар асоси амрномаи алоҳидаи роҳбари якуми мақомоти андоз (ё иҷрокунандаи вазифаи он), ки гузаронидани санҷиши асосиро иҷозат додааст, гузаронида метавонад.

7.Аз ҷониби мақомоти андоз гузаронидани санҷишҳои такрории ҳуҷҷатии андоз барои давраи андози санҷидашуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин санҷишҳои андоз дар ҳудуди мўҳлати мурури даъвое, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, гузаронида мешаванд:

1) дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;

2) тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 48;

3) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда, ки дар асоси асосномаи роҳбари мақоми андози ҳудудӣ қабул шудааст;

4) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда, бо тартиби назорат аз болои фаъолияти мақоми андози ҳудудие, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро гузаронидааст. Чунин санҷиш танҳо нисбати даврае, ки охирин санҷиши ҳуҷҷатии андози  гузаронидашуда дар бар мегирад;

5) дар асоси банди 5 қисми 6 ҳамин модда.

 

Моддаи 50. Давомнокӣ вавақти гузаронидани санҷишҳои андоз

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, мўҳлати гузаронидани санҷишҳои андози дар амрномаи додашуда зикршаванда, набояд аз лаҳзаи пешниҳоди амрнома аз 30 рўзи корӣ зиёд бошад.
  2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши андози андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, мўҳлати гузаронидани санҷиши андоз метавонад то 60 рўзи корӣ муқаррар карда шавад.

Мўҳлати гузаронидани санҷиши андози андозсупорандае, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорандаи андоз ба ҳисоб рафта, аз рўи низоми соддакардашуда андоз месупорад, инчунин соҳибкори инфиродие, ки даромади умумиаш ба талаботи моддаҳои 302 ва 303 ҳамин Кодекс мутобиқат менамояд, набояд аз 10 рўзи корӣ аз оғози санҷиши андоз зиёд бошад.

Санҷиши андози фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб намеравад, набояд аз 5 рўзи корӣ аз оғози санҷиши андоз зиёд бошад.

  1. Ҷараёни мўҳлати гузаронидани санҷиши андоз дар фосилаи байни лаҳзаҳои пешниҳоди талабномаи мақомоти андоз оид ба пешкаш намудани ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабшуда аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми гузаронидани санҷиш, инчунин дар фосилаи қабули маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз шахсони сеюм бо дархости мақомоти андоз боздошта мешавад. Ҳамзамон дар давраи боздоштани мўҳлати гузаронидани санҷиши андоз мақоми андоз ҳуқуқ надорад дар ин объект ва аз рўи ин масъала ягон хел амале, ки ба ин санҷиш алоқаманд мебошад, содир намояд.
  2. Ҳар санҷиши амалиётӣ нисбати андозсупорандаи алоҳида набояд зиёда аз чор соати корӣ идома ёбад ва давомнокии умумии ҳар санҷиши амалиётӣ дар асоси як амрнома наметавонад аз як рўзи корӣ зиёд бошад.
  3. Санҷиши андоз метавонад танҳо дар вақти корӣ ва рўзҳои кории муқарраршуда гузаронида шавад. Агар вақти кории мақоми андоз ва андозсупоранда мувофиқ набошад, бо қарори роҳбари аввали мақоми андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда санҷиши андоз метавонад дар вақти кории андозсупоранда гузаронида шавад.
  4. Мақоми андоз ҳуқуқ надорад дар субъектҳои хоҷагидорие, ки фаъолияти онҳо хусусияти мавсимӣ дорад, дар чунин ҳолатҳо санҷишҳои андоз, ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ ва мутақобила, гузаронад:

1) дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар  мавсими киштукор аз 20 март то 20 майи соли тақвимӣ;

2) дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими ғунучини ҳосил аз 20 июл то 20 ноябри соли тақвимӣ;

3) дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти тезвайроншавандаи мевагӣ ва полезӣ) аз 20 июн то 20 октябри соли тақвимӣ.

 

Моддаи 501. Огоҳнома дар бораи санҷиши дарпешистодаи андоз

  1. Бо мақсади гузаронидани санҷиши андоз, ба истиснои санҷиши амалиётӣ ва санҷиши мутақобила, мақоми андози санҷишкунанда андозсупорандаро дар хусуси санҷиши дарпешистодаи андоз на дертар аз 5 рўзи корӣ пеш аз оғози санҷиши андоз ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Дар огоҳнома дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз ба таври ҳатмӣ зикр карда мешаванд:

1) сана ва рақами бақайдгирии огоҳнома;

2) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;

3) рақами мушаххаси андозсупоранда;

4) асос барои гузаронидани санҷиши андоз;

5) намуди санҷиши андоз;

6) сана, вақти оғоз ва мўҳлате, ки дар давоми он гузаронидани санҷиши андоз пешбинӣ мешавад.

  1. Дар бораи санҷиши мутақобилаи андоз андозсупоранда на дертар аз 24 соат пеш аз оғози санҷиши мутақобилаи андоз ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.

Дар огоҳнома дар хусуси гузаронидани санҷиши мутақобилаи андоз бояд маълумоти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, инчунин амалиёти мушаххас, ки мўътамадии инъикоси онҳо дар баҳисобгирии андоз бояд муқаррар карда шаванд, зикр карда шавад.

  1. Андозсупорандае, ки дар хусуси санҷиши андози дарпешистода огоҳнома гирифтааст, ўҳдадор аст оғози санҷишро дар рўз ва вақти муқаррарнамудаи огоҳнома таъмин намояд.
  2. Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бо сабабҳои узрнок оғози санҷишро дар рўз ва вақти дар огоҳнома пешбинишуда таъмин карда натавонад, вай ўҳдадор аст мақоми андози санҷишкунандаро дар ин хусус то оғози санҷиши андоз ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва ба мақоми андози санҷишкунанда сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқи санҷиши андозро пешниҳод намояд, вале на дертар аз 3 рўзи корӣ аз рўзе, ки бояд мутобиқи огоҳномаи мақоми андози санҷишкунанда санҷиши андоз оғоз карда мешуд.

Сабабҳои узрнок, ки вобаста ба онҳо андозсупоранда наметавонад оғози санҷишро дар рўз ва вақти дар огоҳнома пешбининамуда таъмин намояд, метавонанд беморӣ ва дар сафари хизматӣ будани шахси мансабдори масъул, ки ўҳдадор аст оғози санҷишро таъмин намояд, бошанд.

Дар ҳар ҳолат мақомоти андоз метавонад санҷиши андозро, ки дар огоҳнома пешбинӣ шудааст, пас аз гузаштани 10 рўзи корӣ аз мўҳлати дар огоҳнома  зикршуда оғоз кунад, андозсупоранда бошад, ўҳдадор аст барои гузаронидани санҷиши андоз шароит ва ҳуҷҷатҳои заруриро муҳайё намояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 502. Танзими сатҳи санҷиши андоз

Агар санҷиши андоз бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё яке аз мақомоти ҳудудии андоз гузаронида шуда бошад, гузаронидани санҷиши андози ҳамон андозсупоранда аз рўи ҳамон масъала ва ҳамон намудҳои санҷиши андоз, ки аз рўи онҳо дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 49 ҳамин Кодекс санҷиши андоз гузаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти дигари ҳудудии андоз манъ мебошад.

 

Моддаи 51. Асоси гузаронидани санҷиши андоз

  1. Асос барои гузаронидани санҷиши андоз амрнома мебошад, ки аз чунин маълумотҳо иборат аст:

1) сана ва рақами қайди амрнома дар мақоми андоз;

2) номи мақоми андозе, ки амрномаро додааст;

3) номи пурраи андозсупоранда;

4) рақами мушаххаси андозсупоранда;

5) намуди санҷиш;

6) мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгар;

7) мўҳлати гузаронидани санҷиш;

8) давраи андози санҷидашаванда ҳангоми санҷишҳои ҳуҷҷатӣ.

  1. Ҳангоми таъини санҷишҳои амалиётӣ дар амрнома бояд ҳудуди минтақаи санҷиш, масъалаҳое, ки ҳангоми санҷиш бояд дақиқ карда шаванд, инчунин маълумотҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба истиснои бандҳои 3), ва 4) , зикр карда шаванд.
  2. Ҳангоми таъини санҷишҳои мавзўӣ ва мутақобила бояд дар амрнома намуди андоз зикр карда шавад. Дар амрнома оид ба гузаронидани санҷиши мутақобила инчунин зикр карда мешаванд:

1) номи пурра ва рақами мушаххаси андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда – шахси воқеӣ, ки нисбати он санҷиши асосии ҳуҷҷатии андоз гузаронида мешавад;

2) амалиёти мушаххаси ба санҷиши асосии ҳуҷҷатии андоз алоқаманд, ки мўътамадии инъикоси онҳо дар баҳисобгирии андоз бояд муқаррар карда шаванд.

  1. Амрнома бояд роҳбари аввали мақоми андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда имзо карда бошанд.

Амрномаро дар хусуси гузаронидани санҷиши амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда як маротиба дар як сол роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда имзо мекунад. Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда зиёда аз як маротиба дар як сол дар  ин хусус аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда мустақилона ё дар асоси дархости хаттии роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда қарор қабул карда мешавад.

Бо мақсади иҷрои чунин қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда амрномаҳо дар хусуси гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда имзо карда мешаванд.

Ҳар қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда барои ба имзо расонидани амрномаҳо дар хусуси гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда дар давоми на зиёда аз 15 рўзи муттасили (пай дар пайи)корӣ ҳамчун асос шуда метавонад.

Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ берун аз ҳудуди ҳар як 15 рўзи муттасили (пай дар пайи) кории минбаъда роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда мустақилона ё дар асоси асоснома роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда дар бораи гузаронидани (давом додани) санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда қарори нав қабул мекунад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

Дар амрнома дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз, ки аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда бо мақсади иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба имзо расидааст, ғайр аз маълумоти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин бояд сана ва рақами қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо мақсади иҷрои он амрнома ба имзо расидааст, зикр карда шавад.

Амрнома бояд бо мўҳри нишондор тасдиқ карда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мақоми андоз ба қайд гирифта шавад.

  1. Дар асоси як амрнома танҳо як санҷиши андоз гузаронида мешавад.

 

Моддаи 52. Оғози санҷиши андоз

  1. Оғози санҷиши андоз лаҳзаи ба андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намудани амрнома ба ҳисоб меравад.
  2. Шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, вазифадоранд ба андозсупоранда (агенти андоз) шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳанд ва дар Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди дахлдор кунанд.
  3. Шахси мансабдори мақоми андозе, ки санҷиши андозро мегузаронад, ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ, ба андозсупоранда амрномаи аслро месупорад. Дар нусхаи амрнома қайд карда мешавад, ки андозсупоранда (агенти андоз) бо амрномаи асл шинос шуда, онро гирифтааст.
  4. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ амрномаи асл ба андозсупоранда барои шиносоӣ нишон дода шуда, нусхааш супорида мешавад, ки ба он шахси мансабдори тафтишкунандаи мақоми андоз имзо мегузорад. Дар амрномаи асл оид ба шинос намудан ва гирифтани нусхаи он аз ҷониби андозсупоранда сабт ва имзо гузошта мешавад.
  5. Дар мавриди бо мақсади иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъин намудани санҷиши андоз шахси мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, бояд инчунин ба андозсупоранда нусхаи қарори мақоми ваколатдори давлатиро, ки дар асоси он амрномаи мақоми ҳудудии андоз дар бораи гузаронидани санҷиши андоз қабул шудааст, диҳад.
  6. Даст кашидани андозсупоранда (агенти андоз) аз гирифтани амрнома барои боз доштани санҷиши андоз асос шуда наметавонад.

 

Моддаи 53. Ба шахсони мансабдори мақоми андоз дастрас будани  ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз

  1. Андозсупоранда ўҳдадор аст ворид шудани шахсони мансабдори мақоми андозро, ки санҷиши андоз мегузаронанд, ба ҳудуд ё бинои (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ) барои гирифтани даромад истифодашаванда ё ба объекти андозбандӣ ва объекти бо андозбандӣ алоқаманд барои муоина иҷозат диҳад.
  2. Ҳангоми монеъ шудан ба ворид шудани шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, ба ҳудуди номбаршуда ё ба объекти андозбандӣ, ё объекти бо андозбандӣ алоқаманд, ё ба бино (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ) протокол тартиб дода мешавад.
  3. Протоколро шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо менамоянд. Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз имзо кардан даст кашад, ўҳдадор аст оид ба сабаби рад кардани имзо тавзеҳоти хаттӣ диҳад. Агар андозсупоранда аз тавзеҳоти хаттӣ доир ба сабаби имзо накардани протокол даст кашад, шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, бо ҷалби на камтар аз ду нафар шахси холис дар хусуси аз тавзеҳоти хаттӣ вобаста ба сабаби имзо накардани протокол даст кашидани андозсупоранда санад тартиб дода, онро ҳамин шахсони мансабдор ва холисон имзо мекунанд ва чораҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишударо татбиқ менамоянд. Протокол дар ду нусха таҳия карда, яке аз онҳо ба андозсупоранда дода мешавад. Ҳангоми гирифтани протокол андозсупоранда дар нусхаи дигари протоколи дар дасти мансабдори мақоми андоз монда, ки санҷиши андозро мегузаронад, танҳо дар хусуси гирифтани он қайд мекунад ва имзо мегузорад. Имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки ў ба хулосаи шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз розӣ ё норозӣ аст ва ин наметавонад ҳуқуқи андозсупорандаро барои шикоят кардан аз болои санадҳо ва амалҳои (беамалии) ин шахси мансабдор маҳдуд намояд.
  4. Шахсони мансабдори мақоми андоз бояд бо худ иҷозатномаи махсус дошта бошанд, агар мувофиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуд ё ба бинои чунин андозсупоранда он зарур бошад.
  5. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ба ворид шудани шахсони мансабдори мақоми андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз иҷозат надиҳад, агар;

1) амрнома мавҷуд набошад ё он супорида нашуда бошад, ё мувофиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашуда бошад;

2) мўҳлати санҷиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошад ё гузашта бошад;

3) ҳамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд;

4) ҳуҷҷатҳои талабшаванда ба давраи андози мавриди санҷиш қарорёфта тааллуқ надошта бошанд;

5) шахсони мансабдори мақоми андоз дар дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ гузоштани сабти дахлдорро оид ба санҷиши андоз рад намоянд;

6) иҷозатномаи махсусеро, ки қисми 4 ҳамин модда муқаррар намудааст, надошта бошанд.

7) аз ҷониби онҳо талаботи моддаи 501 ё моддаи 502 ҳамин Кодекс риоя нагардад;

8) ҳар кадоме аз онҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) шаҳодатномаи хизматиро пешниҳод накарда бошад. Дар ин ҳолат андозсупоранда ҳуқуқ дорад барои гузаронидани санҷиши андоз ба ҳудуд ё бино ба ҳамон шахси мансабдори мақоми андоз, ки шаҳодатномаи хизматии худро пешниҳод накардааст, роҳ надиҳад;

9) аз ҷониби онҳо даврияти ё давомнокии санҷишҳои андозе, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, риоя нашуда бошад.

 

Моддаи 54. Гирифтани ҳуҷҷатҳо

1.Гирифтани ҳуҷҷатҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

  1. Ҳисоботи андоз ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти андоз ташаккул меёбанд (парвандаҳои шахсии андозсупорандагон мутобиқи банди 21) қисми 1 моддаи 119 ҳамин Кодекс, санадҳои санҷишҳои андоз, огоҳномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои назорати андоз) бояд ба дигар мақомоти давлатӣ ва шахсон дода нашаванд, агар моддаи 123 ҳамин Кодекс муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад.

         Бо риояи талаботи қисми 1 ҳамин модда ва моддаи 123 ҳамин Кодекс ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ  аз рўи дархости хаттии онҳо дар сурати мавҷуд будани парвандаи ҷиноии бақайдгирифташуда, ки нисбати андозсупорандаи мазкур оғоз гардидааст, метавонанд нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар сархати аввали ҳамин қисм зикргардида дода шаванд. Ҳамзамон дар нозироти андоз ҳатман нусхаи ҳуҷҷатҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдодашудаи дар ҳамин қисм зикргардида, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ дода шудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолати қатъ намудани парвандаҳои ҷиноии оғозгардида бо сабабҳои мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ё аз рўи дигар асосҳои қонунӣ ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи қатъ гардидани парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани  ҳукми суд бояд  ба мақомоти андози дахлдор  баргардонида шаванд.

 

Моддаи 55. Ба охир расидани санҷиши андоз

  1. Баъди ба охир расидани санҷиши андоз шахси мансабдори мақоми андоз санади санҷиши андозро тартиб медиҳад ва он маълумоти зеринро дар бар мегирад:

1) ҷои гузаронидани санҷиши андоз, санаи тартиб додани санад;

2) намуди санҷиш;

3) мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд;

4) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда (агенти андоз);

5) маҳалли ҷойгиршавӣ, маълумотҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз), инчунин рақами мушаххаси он;

6) насаб, ном, номи падари роҳбар ва шахсони мансабдори андозсупоранда (агенти андоз), ки барои пешбурди ҳисоботи андоз ва муҳосиботӣ, пардохти андозҳо ба буҷет масъуланд;

7) маълумот оид ба санҷиши пешина ва чораҳои андешидашуда ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан муайян шуда буданд;

8) давраи андози мавриди санҷиш қароргирифта ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда (агенти андоз) барои гузаронидани санҷиш;

9) шарҳи мукаммали ҳуқуқвайронкунии ошкоргардидаи андоз бо далел овардан ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

10) натиҷаи санҷиши андоз.

  1. Ба охир расидани санҷиши андоз рўзи ба андозсупоранда супоридани санади санҷиши андоз, ё дар ҳолати даст кашидани андозсупоранда (агенти андоз) аз қабули санади санҷиши андоз, санаи ба ў фиристодани санади санҷиши андоз бо мактуби фармоишии дорои огоҳнома, вале на дертар аз 5 рўзи кории баъди мўҳлати дар амрнома зикргардида, ба ҳисоб меравад.
  2. Агар баъди ба охир расидани санҷиши андоз ҳуқуқвайронкунии андоз ба мушоҳида нарасад, дар санади санҷиши андоз дар ин бора қайди махсус гузошта мешавад.
  3. Ба санади санҷиши андоз нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳисоботҳои анҷомдодаи шахси мансабдори мақоми андоз ва дигар маводи дар рафти санҷиши андоз дастрасшуда замима мегардад.
  4. Санади санҷиши андоз ба миқдори на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, онро шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд, ва андозсупоранда имзо менамоянд.
  5. Як нусхаи санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дода мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ўҳдадор аст дар нусхаи дигари санад танҳо дар хусуси гирифтани он қайд кунад ва имзои худро гузорад. Ҳамзамон имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки ў ба хулосаи шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз розӣ аст ё нест ва ин наметавонад ҳуқуқи андосупорандаро барои шикоят кардан аз болои қарорҳо ва амалҳои (беамалии) ин шахси мансабдор маҳдуд намояд.

Як нусхаи санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) супорида мешавад. Ҳангоми қабули санади санҷиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ўҳдадор аст оид ба қабул намудани он дар нусхаи дигари санад сабт ва имзо гузорад.

Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз қабули санади санҷиши андоз даст кашад, дар ин маврид дар нусхаи санади санҷиши андоз, ки дар мақоми андоз мебошад, қайди дахлдор гузошта, он бо имзои шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд, тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) тавассути мактуби фармоишии дорои огоҳнома фиристода мешавад.

  1. Санади санҷиши андоз дар дафтари махсуси бақайдгирии санадҳои санҷиши андоз ва амрномаҳо, ки дар ҳар як мақоми андоз пеш бурда мешавад ва бояд рақамгузорӣ, дўхта ва бо мўҳри мақоми андоз ба расмият дароварда шавад, сабт мегардад. Шакл ва тартиби пешбурди ин дафтари махсус, инчунин тартиби нигоҳдошти санадҳои санҷиши андозро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

 

Моддаи  56. Қарор оид ба натиҷаи санҷиши андоз

  1. Баъди ба охир расидани санҷиши андоз дар асоси натиҷаҳои дар санади санҷиши андоз зикршуда мақоми андоз бо имзои роҳбари якуми мақоми андоз ё шахси онро ивазкунанда огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз (минбаъд - огоҳнома) тартиб медиҳад, ки он дар муддати 10 рўзи кории баъди санаи ба охир расидани санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) ирсол мегардад.
  2. Бақайдгирии огоҳнома ва санади санҷиши андозро мақоми андоз таҳти як рақам анҷом медиҳад.
  3. Дар огоҳнома бояд маълумотҳои зерин зикр карда шаванд:

1) сана ва рақами қайди огоҳнома ва санади санҷиши андоз;

2) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;

3) рақами мушаххаси андозсупоранда;

4) шарҳи муфассали вайронкунии андоз ва чораи татбиқшудаи ҷавобгарӣ, аз ҷумла маблағи андозҳои ҳисобшуда, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳо, бо иқтибос ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) талабот оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз ва мўҳлатҳои иҷрои онҳо, аз ҷумла оид ба ислоҳ намудани вайронкуниҳои ошкоргардида;

6) маълумоти андозҳои дахлдор (рақами суратҳисобҳое, ки маблағи андози ҳисобшуда бояд гузаронида шавад);

7) мўҳлат ва маҳалли шикоят намудан.

  1. Андозсупоранда, ки огоҳномаро дар бораи маблағҳои ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо гирифтааст, агар оид ба натиҷаи санҷиши андоз шикоят накарда бошад, ўҳдадор аст дар мўҳлати дар огоҳнома зикршуда онро иҷро намояд.

Ҳамзамон мўҳлати иҷрои огоҳнома бояд на дертар аз 30 рўзи корӣ пас аз супоридани огоҳнома муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

  1. Дар ҳолате, ки агар баъди анҷом ёфтани санҷиши андоз ҳуқуқвайронкунии андоз муқаррар нашуда бошад, дар ин маврид низ андозсупоранда огоҳнома мегирад.
  2. Дар огоҳнома аз рўи натиҷаи санҷиши андоз, ки ба талаботи банди 22) қисми 1 моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷавобгў мебошад, ҳатман навиштаҷот дар бораи он оварда мешавад, ки дар давоми 10 рўзи корӣ пас аз тартиб додани огоҳномаи дар боло зикршуда маводи санҷиши андоз ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ барои андешидани чораҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 57. Мафҳуми назорати камералӣ

Назорати камералӣ – назоратест, ки аз ҷониби мақоми андоз бевосита дар асоси омўзиш ва таҳлили ҳисоботи андоз ва дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда анҷом дода мешавад.  Назорати камералӣ мустақиман дар маҳали ҷойгиршавии  мақоми андоз иҷро карда мешавад.

 

Моддаи 58. Натиҷаи назорати камералӣ

  1. Назорати камералиро шахсони мансабдори ваколатдори мақоми андоз мувофиқи вазифаҳои хизматӣ, бе ягон қарори (амрномаи) роҳбари мақоми андоз анҷом медиҳанд.
  2. Агар дар рафти назорати камералӣ:

- дар эъломияи (ҳисоби) андоз хато ва (ё) мухолифати маълумоти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ошкор карда шаванд,

- ё худ номутобиқатии маълумоти пешниҳодкардаи андозсупоранда ба маълумоти ҳуҷҷатҳои мақомоти андоз ва аз ҷониби онҳо дар рафти фаъолияти назоратӣ ба даст овардашуда ошкор карда шавад,

- инчунин барзиёдии  нишондиҳандаҳое, ки  барои супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад ва (ё) дигар андозҳо ошкор карда шаванд, -

дар ин бора ба андозсупоранда огоҳнома бо талаби дар муддати панҷ рўзи корӣ пешниҳод кардани тавзеҳоти зарурӣ ва ҳуҷҷатҳо ва (ё) иҷрои дигар ўҳдадориҳое, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, фиристода мешавад.

Агар пас аз баррасии тавзеҳот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ё худ дар сурати набудани тавзеҳоти (ҳуҷҷатҳои) андозсупоранда мақоми андоз далели ба вуқўъ омадани ҳуқуқвайронкунии андоз ё дигар хел вайрон намудани қонунгузории андозро муқаррар намояд, мақоми андоз ўҳдадор аст тибқи тартиби барои санҷишҳои андоз муқарраршуда санад тартиб диҳад ва аз рўи он қарор қабул намояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 59. Истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои  хотираи фискалӣ

  1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурўши мол ё хизматрасониҳо тавассути пули нақд, кортҳои маблағсупории бонкӣ, чекҳо бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва супоридани чеки назоратӣ ба истеъмолкунанда анҷом дода мешаванд.

Муқаррароти ҳамин қисм ба ҳисоббаробаркуниҳои пулии инҳо татбиқ намегардад:

1) соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурўшандагони молҳои зераксизӣ), ки:

- дар асоси патент фаъолият мекунанд;

- агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд) шаш моҳ нагузашта бошад;

2)  андозсупорандагон дар қисми хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо  додани квитансияҳо, чиптаҳо, талонҳо, тамғаҳои маблағсупории почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботдиҳии қатъӣ дар шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

3) адвокатҳо, духтурон ва дигар шахсони дорои касбҳои озод, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян кардааст;

4) шахсони воқеии мутобиқи бандҳои 12) ва 13) моддаи 141 ҳамин Кодекс аз андози даромад озодгардида, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худиро дар бозор ва дигар ҷойҳои махсус ҷудошуда, берун аз биноҳои статсионарӣ мефурўшанд.

  1. Тартиби татбиқи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ – ин таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) силсилаи ком­пютерӣ барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурўши мол ва хизматрасонӣ мебошанд, ки қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарсменагӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамоянд. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи давлатии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамояд.
  3. Дар ҳолати корношоямии техникии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ё набудани қувваи барқ истифода ва супоридани чекҳои молӣ ба харидорон бо тартиби пешбининамудаи банди 2) қисми 1 ҳамин модда муваққатан иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 60. Талабот оид ба истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Ҳангоми истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:

1) то оғози фаъолият мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар мақомоти андози ҷои фаъолият ба қайд гирифта шаванд;

2) додани чеки мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ амалӣ шавад;

 

3)  ба мақомоти андоз дастрас будани мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ таъмин карда шавад.

 

Моддаи 61. Назорати андоз оид ба риояи тартиби татбиқ ва истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Мақомоти андоз:

 1) назорати риояи тартиби истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро амалӣ менамоянд;

2) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз аз нишондиҳандаҳои дар блоки хотираи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ  мавҷудбуда истифода мебаранд.

 

Моддаи 62. Назорати молҳои зераксизӣ

  1. Ба молҳои зераксизӣ бояд тибқи тартиб ва шартҳои муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тамғаҳои аксизӣ зада шаванд.
  2. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ ҷавобгар мебошанд.
  3. Мақоми андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои аз ҷониби истеҳсолкунандагон риоя намудани қоидаҳои тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизиро назорат менамояд.
  4. Мақоми андоз дар ҳудуди андозсупорандае, ки молҳои зераксизиро истеҳсол менамояд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои аксизӣ мегузорад.
  5. Назорати воридоти маҳсулоти зераксизӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 249 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

Моддаи 63. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор

Мақомоти андоз мақомоти ваколатдорро  доир ба масъалаҳои ҳисоби дуруст, пурра ситонидан ва саривақт гузаронидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет назорат менамоянд.

 

БОБИ 5. РОБИТА БО АНДОЗСУПОРАНДАгон

 

Моддаи 64. Мукотиба бо андозсупорандагон

Ҳама гуна огоҳнома ё ҳама гуна дигар ҳуҷҷате, ки мақоми андоз ба андозсупоранда мефиристад, бояд ба таври хаттӣ таҳия гардида, онро роҳбар ё шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз бо зикри насаб ва ном имзо гузорад, мўҳр монда ба андозсупоранда фиристад ё супорад. Ҳуҷҷатҳо ҳангоме ба таври зарурӣ супоридашуда ба ҳисоб мераванд, агар онҳо ба суроғаи андозсупоранда тавассути мактуби фармоишӣ бо огоҳномаи супоридан ирсол ё шахсан ба андозсупоранда ё ба шахси бовариноки он супорида шуда бошанд.

 

Моддаи 65. Эътиборнокии огоҳнома ва дигар ҳуҷҷатҳо

Ҳеҷ гуна огоҳнома оид ба ҳисоби андозҳо ё дигар ҳуҷҷати мувофиқи қонунгузории андоз таҳиягардида беэътибор дониста намешавад, агар:

1) он аз нигоҳи мазмун ва моҳият ба ҳамин Кодекс мувофиқат кунад; ва

2) шахсе, ки андози он ҳисоб карда мешавад, ё ин ҳуҷҷатҳо ба он дахл доранд, ба таври  оммафаҳм зикр шавад.

 

Моддаи 66. Расмиёти муқаррар намудани ўҳдадориҳо

Бо назардошти моддаҳои 64 ва 65 ҳамин Кодекс ҳеҷ гуна огоҳномаи мақомоти андоз, ки андозсупоранда гирифтааст, барои андозсупоранда ё мақомоти андоз қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ надорад, агар он дар шакли хаттӣ таҳия  нагардида ва ба андозсупоранда ба таври лозимӣ супорида нашуда бошад.

 

Моддаи 67. Шарҳи хаттӣ оид ба татбиқи қонунгузории андоз

  1. Ба андозсупорандаи мушаххас шарҳи хаттиро оид ба истифодаи қонунгузории андоз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мувофиқи ҳамин Кодекс қабул шудаанд, роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ (муовини ваколатдори он) медиҳад.
  2. Агар андозсупоранда хусусияти тамоми амалиётро, ки ба ин шарҳи хаттӣ тааллуқ дорад, пурра ва дуруст зикр намояд ва ин амалиёт аз ҳама ҷиҳат моҳиятан дар асоси муқаррароти ин муроҷиати хаттии андозсупорандаи мушаххас амалӣ шуда бошад, ин шарҳи хаттӣ хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, барои мақомоти андоз ва ин андозсупоранда нисбати татбиқи қонунгузории андоз, ки аз лаҳзаи ирсол намудани шарҳи хаттӣ амал менамуд, қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ дорад.

 

БОБИ 6. ПЕШНИҲОД ВА ҶАМЪОВАРИИ МАЪЛУМОТ

 

Моддаи 68. Таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ

  1. Ҳар як шахс ўҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро оид ба амалиёти зерин пеш барад, агар онҳо:

1) боиси пайдошавии ўҳдадориҳои андозии ин шахс;

2) боиси пайдошавии ўҳдадориҳои ин шахс оид ба нигоҳ доштани андозҳо; ё

3) боиси пайдошавии ўҳдадориҳои ин шахс оид ба пешниҳоди маълумоти вобаста ба андозбандӣ гарданд.

  1. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, регистрҳои ҳисоботи муҳосибавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое иборат мебошанд, ки барои муайянсозии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд, инчунин барои ҳисобкунии ўҳдадориҳои андоз ҳамчун асос истифода бурда мешаванд.
  2. Андозсупорандагон вазифадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро мутобиқи санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳангоми зарурат, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш баранд.

Ҳама гуна ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ ҳадди ақал бояд чунин маълумотҳоро дошта бошанд:

1) номи ҳуҷҷат;

2) санаи тартибдиҳии ҳуҷҷат;

3) номи шахсе (номи расмии шахси ҳуқуқӣ ё ному насаби шахси воқеӣ),  ки аз ҷониби он (аз номи кӣ) ҳуҷҷат таҳия ва дода шудааст;

4) номи шахсе (номи расмии шахси ҳуқуқӣ ё ному насаби шахси воқеӣ), ки барои он (ба кӣ) ҳуҷҷат таҳия ва дода шудааст;

5) рақами мушаххаси андозсупорандаи шахсе, ки ҳуҷҷатро таҳия ва додааст ва рақами мушаххаси андозсупорандаи шахсе, ки барои он ҳуҷҷат таҳия ва дода шудааст;

6) мазмуну мундариҷаи амалиёти иқтисодӣ;

7) ченакҳои амалиёти иқтисодӣ дар шакли  натуралӣ ва пулӣ;

8) номи шахсони мансабдор, ки барои иҷрои амалиёти иқтисодӣ ва дурустии барасмиятдарории он ҷавобгаранд, имзои шахсии онҳо ва мўҳр (ҳангоми мавҷудияти он).

Ҳама гуна ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ бояд дар на камтар аз ду нусхаи якхела таҳия гардида, яке дар назди шахси таҳия ва пешниҳоднамудаи он мононда шавад, дигараш ба шахсе супорида шавад, ки ин ҳуҷҷат барояш таъин шудааст ва аз ҷониби вай нигоҳдорӣ шавад.

  1. Агар ҳуҷҷатҳои дахлдори баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои андозсупоранда бо забони хориҷӣ таҳия шуда, ба мақомоти андоз нофаҳмо бошанд, андозсупоранда бояд ин ҳуҷҷатҳоро бо талаби мақомоти андоз ба забони давлатӣ тарҷума намояд.
  2. Дар сурати дар шакли электронӣ таҳия гардидани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ҳангоми рафти санҷиши андоз андозсупоранда ўҳдадор аст, бо талаби мақомоти андоз нусхаи қоғазии чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.
  3. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда вазифадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар муддати на камтар аз мӯҳлати даъво, ки дар моддаи 86 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, нигоҳ доранд(ҚҶТ аз 29.12.10с №665).

 

Моддаи 69. Баҳисобгирии ҷудогона ва қоидаҳои пешбурди он

  1. Агар андозсупорандагон намудҳои фаъолиятеро иҷро намоянд, ки барои онҳо ҳамин Кодекс шартҳои гуногуни андозбандиро пешбинӣ намудааст, вазифадоранд баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро, ки бо ин намудҳои фаъолият вобастаанд, пеш баранд.
  2. Баҳисобгирии ҷудогонаро андозсупорандагон тавассути ҳисобкуниҳо дар асоси нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосиботӣ, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс амалӣ мегардонанд. Ин ҳисобкуниҳо доир ба ҳар як намуди фаъолият анҷом дода мешаванд.
  3. Тамоми даромаду хароҷоте, ки ба намуди муайяни фаъолият мансуб дониста шудаанд, бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдори баҳисобгирӣ тасдиқ гарданд.

 

Моддаи 70. Ҳисоботи андоз

  1. Ҳисоботи андоз ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо маълумот оид ба ҳисобкунии ўҳдадориҳои андоз зикр шуда, андозсупоранда (агенти андоз) ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд.
  2. Ҳисоботи андоз аз инҳо иборат аст:

1) эъломияҳои андоз, ҳисобкуниҳое, ки бояд андозсупоранда доир ба ҳар намуди андоз тартиб диҳад;

2) ариза барои гирифтани патент ё барои истифодаи дигар низомҳои андоз;

3) ариза барои гирифтани шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ;

4) ариза барои гузоштан дар баҳисобгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;

5) ариза барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;

6) ариза барои татбиқи меъёрҳои созишномаҳо оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва дигар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои андозбандиро дар бар мегиранд;

      7) ҳисоботи муҳосибии солона, маводи санҷишҳои аудитории пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои назорати андоз истифода бурда мешаванд (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

     8) ариза оид ба гузариш ба низоми дигари андоз;

     – маълумот оид ба воҳидҳои махсус;

     – нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё муфлисшавӣ;

     – маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилоти бонкӣ;

     – маълумот оид ба  амалиёти иқтисодии хориҷӣ (содиротию воридотӣ);

     – маълумот оид ба тағйир додани маҳалли ҷойгиршави ё зист дар мўҳлатҳои дар моддаи 38 Кодекси мазкур мукарраршуда:

    – маълумот оид ба гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият;

    – маълумот оид ба гирифтани сертификат барои ҳуқуқи истифодабарии замин ва (ё) дигар ҳуҷҷате, ки барои истифодабарии замин хуқуқ медиҳад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

    9) дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс таҳия ва ба мақомоти андоз пешниҳод шаванд.

  1. Эъломияи андоз, ҳисоботи андоз – ин аризаи хаттӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои электронии андозсупоранда, агенти андоз мебошанд, ки ба мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод шудаанд ва онҳо маълумотеро бояд оид ба объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд, инчунин оид ба ҳисобкунии ўҳдадориҳои андоз ва дигар маълумотҳои ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ба буҷет алоқамандбударо дарбар гиранд.
  2. Ҳангоми воқеан мавҷуд набудани маълумотҳои муайяне, ки бояд дар эъломияи андоз ва (ё) ҳисоботи андоз инъикос ёбанд, замимаҳои дахлдори онҳо, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, пешниҳод карда намешаванд.

 

Моддаи 71. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз

  1. Ҳисоботи андозро андозсупоранда ё намояндаи он, агенти андоз мустақилона, тибқи тартиб ва шаклҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, таҳия менамоянд.
  2. Ҳисоботи андоз дар шакли қоғазӣ ё электронӣ бо забони давлатӣ таҳия карда мешавад. Ҳангоми таҳияи ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ андозсупоранда, агенти андоз ўҳдадор аст бо талаби мақомоти андоз нусхаи чунин ҳуҷҷатҳоро дар шакли қоғазӣ пешниҳод намояд. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ (бе иловатан талаб намудани ҳисоботи мазкур дар шакли қоғазӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  3. Ҳисоботи андоз бояд аз ҷониби андозсупоранда, агенти андоз (роҳбар ва сармуҳосиб) имзо ва бо мўҳри андозсупоранда, агенти андоз тасдиқ карда шавад. Ҳангоми таҳияи ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ ҳуҷҷати электронӣ бояд бо имзои электронии роҳбар ва сармуҳосиб ва мўҳри электронии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шавад. Ҳангоми ғоиб ё ғайри қобили амал будани андозсупоранда – шахси воқеӣ ҳисоботи андозро намояндаи он имзо ва тасдиқ менамояд.
  4. Намояндаи андозсупоранда, агенти андоз, ки ҳисоботи андозро таҳия менамояд, ўҳдадор аст онро имзо карда, мўҳр гузорад ва рақами мушаххаси андозсупорандаи худро зикр намояд. Агар ҳисоботи андозро беш аз як нафар намояндаи андозсупоранда таҳия кунанд, онро танҳо намояндаи асосӣ имзо менамояд.
  5. Ҳангоми таҳияи ҳисоботи андоз аз ҷониби андозсупоранда, агенти андоз, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки чунин ҳисоботро намояндаи онҳо таҳия мекунад, ҷавобгарӣ барои дурустии маълумотҳои дар ҳисоботи андоз зикрёфта ба зиммаи андозсупоранда, агенти андоз гузошта мешавад.
  6. Ҳисоботи андозро андозсупоранда, агенти андоз ба мақомоти дахлдори андоз тибқи тартиб ва мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод менамояд.
  7. Ҳангоми азнавташкилшавӣ, барҳамхўрии андозсупоранда (шахси хуқуқӣ) барои ҳар як андозсупорандаи навтаъсис, барҳамхўрда ҳисоботи андоз алоҳида, аз аввали давраи андоз то рўзи ба охир расидани азнавташкилшавӣ ё барҳамдиҳӣ, дар асоси санади супоридашавӣ, баланси тақсимотӣ ё баланси барҳамдиҳӣ таҳия карда мешавад. Чунин ҳисобот ба мақомоти андоз то ворид намудани маълумоти дахлдор ба феҳристи давлатии шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
  8. Андозсупорандагон, агентҳои андоз метавонанд ҳисоботи андозро тибқи хости хеш ба тариқи зайл пешниҳод намоянд:

1) дар шакли ҳозир шудан;

2) тавассути почта, бо мактуби фармоишӣ бо огоҳнома супоридан;

3) дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ, ки коркарди компютерии маълумотро имконият медиҳад.

  1. Санаи пешниҳод шудани ҳисоботи андоз ба мақомоти андоз санаи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти андоз ё санаи огоҳкунӣ оид ба расонидани ҳисоботи фиристода тавассути почтаи электронӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳисоботи андоз, ки ба ташкилоти почта ё дигар ташкилоти алоқавӣ то соати 24 рўзи охирини муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс супурда шудааст ва дар он вақт ва санаи қабули ташкилоти почта ё дигар ташкилоти алоқа сабт шудааст, сари вақт супоридашуда ба ҳисоб меравад.

  1. Ҳисоботи андоз бе назорати пешакии камералӣ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 72. Мўҳлати нигоҳдории ҳисоботи андоз

  1. Ҳисоботи андозро андозсупорандагон ва агентҳои андоз дар давоми на камтар аз мӯҳлати даъво, ки дар моддаи 86 Кодекси мазкур мукаррар шудааст, нигоҳ медорад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Ҳангоми азнавташкилшавии андозсупоранда, агенти андоз – шахси ҳуқуқӣ ўҳдадориҳо оид ба нигоҳдории ҳисоботи андоз дар муддати фаъолияти шахси азнавташкилшаванда (дар доираи мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда) ба зиммаи вориси ҳуқуқии он гузошта мешавад.

 

Моддаи 73. Пешниҳоди эъломияҳои андоз

  1. Андозсупорандагон мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс вазифадоранд эъломияҳои андозро ба мақомоти андоз дар мўҳлатҳои муайяннамудаи ҳамин Кодекс, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, супоранд.
  2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба эъломияи андоз (ҳисобкуниҳои андоз) дар доираи мўҳлати 3-солаи даъвои муайяннамудаи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
  3. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба эъломияи андоз ва (ё) ҳисобкуниҳо аз ҷониби андозсупоранда бо роҳи таҳияи эъломия ва (ё) ҳисобкуниҳои иловагӣ барои давраи андозе, ки ин тағйиру иловаҳо ба он тааллуқ доранд, анҷом дода мешавад.
  4. Дар эъломияи андоз ва (ё) ҳисобкуниҳои иловагии андоз дар сатрҳои дахлдор танҳо маблағи фарқияти ошкоршуда нисбати эъломияи андоз ва (ё) ҳисобкуниҳои қаблан пешниҳодшуда зикр мегардад.
  5. Ҳангоми пешниҳоди эъломия ва (ё) ҳисобкуниҳои иловагӣ то оғози санҷиши андоз маблағи андозҳои аз ҷониби андозсупоранда ошкоршуда бояд бе пардохти ҷаримаҳо ба буҷет гузаронида шавад.
  6. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ, воҳиди махсуси он барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, дар ин ҳолат шахсони дар боло зикргардида ба мақомоти андоз мутобиқи талаботи ҳамин Кодекс, новобаста аз он ки ин шахсон ягон фаъолиятро амалӣ мекунанд,  эъломияҳои андозро  пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 74. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё дигар амалиётҳо

Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи дастуруламал дар бораи пешниҳоди иттилоот ба мақомоти андоз дар бораи пардохтҳо ва дигар амалиётҳо, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад, шахсе, ки пардохт ё дигар амалиётро анҷом медиҳад, вазифадор аст ба мақомоти андоз иттилоот пешниҳод намояд.

 

Моддаи 75. Дароз кардани мўҳлати  пешниҳоди эъломияҳои андоз

Агар андозсупоранда то ба охир расидани мўҳлати пешниҳоди эъломия оид ба дароз кардани мўҳлати эъломия барои андоз аз даромад ё андоз аз фоида муроҷиат намуда, ҳамзамон маблағи арзёбишудаи  дахлдори андозро супорад, мўҳлати пешниҳоди эъломия  худ аз худ ду моҳ дароз карда мешавад. Тамдиди мўҳлат мувофиқи ҳамин модда мўҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва боиси боз доштани ҳисоби фоизҳо мутобиқи моддаи 93 ҳамин Кодекс намегардад.

 

Моддаи 76. Суратҳисобҳои бонкӣ

Бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро иҷро мекунанд, вазифадоранд:

1) суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки бо рақами мушаххаси андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз рақамгузорӣ намудани онҳоро тасдиқ менамояд, кушода, мақомоти андозро дар мўҳлати панҷрўза дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисобҳои номбурда огоҳ намоянд ва бе зикри рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ амалиётро бо суратҳисобҳо анҷом надиҳанд;

2) тибқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулиро барои пардохти андозҳо аз суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла аз суратҳисобҳои асъории андозсупорандагон аз ҳисоб  бароранд;

3) бо супориши андозсупоранда ба суратҳисоби Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонк ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки хизматрасонии хазинавии буҷетро иҷро мекунанд, маблағи андозҳоро дар мўҳлати на дертар аз рўзи дигари баъди гузаронидани амалиёт ҷиҳати аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисоби андозсупоранда ба манфиати буҷети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);

4) ба мақомоти андоз мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» маълумот пешниҳод намоянд ва ҳангоми мавҷудияти амрнома барои гузаронидани санҷиши андоз кормандони мақомоти андозро ба санҷиши амалиёти анҷомдодашуда бо суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии санҷишшаванда ва ба санҷиши мавҷудияти маблағҳо дар ин суратҳисобҳо иҷозат диҳанд. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

5) ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои пардохтӣ барои супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зикр намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ, намудҳои андозҳои пардохтшаванда (рамзҳои андозҳо)-ро талаб намоянд, инчунин дурустии нишододани маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд.  (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

Моддаи 77. Пешниҳоди иттилоот ба мақомоти андоз

  1. Бо мақсади татбиқи назорати андоз ва ноил гаштан ба ҳадафи қонунӣ мақоми андоз ҳуқуқ дорад бо роҳи фиристодани огоҳномаи хаттӣ аз ҳама гуна шахс дар мўҳлати 10 рўз аз санаи фиристодани огоҳнома, талаб намояд, ки:

1) иттилооти дар огоҳнома зикршуда, аз ҷумла иттилоот доир ба даромадҳо ва хароҷоти худ дар давраи муайян (дар доираи мўҳлати мурури даъво, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст), аз ҷумла иттилоот дар бораи даромадҳои худ, ки аз шахси дар огоҳнома мушаххас зикргардида гирифтааст ва дар бораи хароҷоти вобаста ба муносибатҳои мутақобила бо шахси дар огоҳнома мушаххас зикрёфта масраф гардидааст пешниҳод намояд, ё

2) тибқи мўҳлат ва маҳалли дар огоҳнома зикршуда барои гузаронидани пурсиш ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё дигар нишондодҳои дар ихтиёри ин шахс мавҷудбуда ва дар огоҳнома зикрёфта ҳозир шавад.

  1. Барои расидан ба ҳадафи қонунии вобаста ба иҷрои назорати андоз шахси ваколатдори мақоми андоз ҳуқуқ дорад дар мавриди мавҷуд будани амрнома ба ҳудуд ё ба биноҳо, ё ба объектҳои андозбандӣ, ё объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд, ки дар моддаи 53 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, ба манзили истиқоматӣ бошад – мувофиқи санксияи прокурор ворид шавад.
  2. Шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда ба таври қонунӣ дар бинои хизматӣ ё истиқоматӣ ҳозир аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқ дорад:

1) аз ҳама гуна ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандӣ нусхабардорӣ намояд;

2) дар асоси тасдиқи хаттӣ оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки аз нигоҳи он барои  ноил шудан ба ҳадафи қонунӣ алоқаманданд, гирад, ки нусхаҳои онҳо аз ҷониби шахси ваколатдори мақоми андозе, ки санҷиши андозро мегузаронад ва аз ҷониби андозсупоранда имзо карда мешаванд ва дар дасти андозсупоранда мемонанд;

3) ҳисобкунакҳо гузорад ё нишондиҳандаҳои онҳоро гирад; ва

4) ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро мўҳр гузорад.

Агар шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз мутобиқи ҳамин банд таҷҳизот ва маводи дигар шахсро барои мақсадҳои гирифтани навиштаҷот аз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо ё нусха аз онҳо истифода барад, мақоми андоз бояд хароҷоти истифодаи таҷҳизот ва маводро ҷуброн намояд, ҳамзамон ҳаҷми чуброн бояд ба нархи бозории истифодаи таҷҳизот ва мавод асос ёбад. Агар шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи ҳамин қисм гирад, мақоми андоз метавонад ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намояд ва нусхаҳои аслиро дар мўҳлатҳои имконпазири кўтоҳтарин, вале на дертар аз мўҳлати 10 рўз аз санаи гирифтан баргардонад.

Дар мавриди гирифтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо шахси ваколатдор бояд дар ин бора санад тартиб дода, нусхаи онро ба андозсупоранда диҳад.

  1. Ҳамин модда ҳуқуқи ворид шуданро ба сафоратҳо, биноҳои консулгарӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мутобиқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз чунин тафтишот аз масуният (иммунитет) истифода мебаранд, бе розигии расмии онҳо намедиҳад.
  2. Иҷозат ба ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳои дорои ин ё он сир мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  3. Дар ҳамин модда “ҳадафи қонунӣ” дорои маънои ҷамъоварии маълумот бо мақсади муайян намудани ўҳдадориҳои андозсупоранда оид ба пардохти андоз ё мақсади ситонидани андоз аз шахси мушаххас мебошад.
  4. Дар ҳамин модда “шахси мансабдори ваколатдор ” маънои корманди мақоми андозро дорад, ки онро роҳбари якум ё муовини роҳбари якуми мақоми дахлдори андоз барои иҷрои ҳуқуқҳои дар ҳамин модда зикршуда таъин намудааст.

 

БОБИ 7. ЎҲДАДОРИИ АНДОЗ

Моддаи 78. Ўҳдадории андоз

  1. Ўҳдадории андоз ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории андоз пешбинишуда аз вазифаи андозсупоранда оид ба пардохти андози муайян, инчунин ҷаримаҳои ҳисобшуда ва фоизҳо ба буҷет иборат аст.
  2. Асосҳоро барои ба миён омадан, тағйир ёфтан ё қатъи ўҳдадории андоз, инчунин тартиб ва шартҳои иҷрои ўҳдадории андоз танҳо ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз метавонанд муайян намоянд.
  3. Ўҳдадории андоз аз лаҳзаи ба миён омадани вазъияте, ки пардохти андоз, ҷаримаҳои ҳисобшуда ва фоизҳоро мутобиқи талаботи қонунгузории андоз пешбинӣ менамояд, ба зиммаи андозсупоранда гузошта мешавад.

 

Моддаи 79. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз

  1. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз, новобаста аз мавҷудияти маблағҳо дар суратҳисобҳо ва дигар молу мулки андозсупоранда, аз пардохти андозҳои пешбинишуда, ҷаримаҳои ҳисобшуда ва фоизҳо дар мўҳлатҳои муқарраргардида иборат мебошад.
  2. Агар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз тартиби дигареро муайян накунанд, иҷрои ўҳдадориҳои андоз бевосита аз ҷониби андозсупоранда ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз ҷавобгарӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои андоз ба зиммаи дигар ўҳдадор гузошта мешавад.
  3. Яктарафа даст кашидан аз иҷрои ўҳдадориҳои андоз ё яктарафа тағйир додани тартиби иҷрои он аз ҷониби андозсупорандагон ё дигар шахси ўҳдадор, агар он дар қонунгузории андоз пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода намешавад.
  4. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми муфлисшавии андозсупоранда мутобиқи Кодекси граждан­ии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ анҷом дода мешавад.
  5. Ҳангоми пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳуҷҷатҳои пардохтии андозсупоранда ном, номи падар ва насаби (дар ҳолати мавҷуд будан) шахси воқеӣ ё номи расмии шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ, намудҳои андозҳои (рамзҳои андозҳо) пардохтшаванда ва маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохт нишон дода мешаванд. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

Моддаи 80. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми барҳамдиҳии корхона (ташкилот)

  1. Ўҳдадориҳои андози корхонаи (ташкилоти) барҳамхўрандаро комиссияи барҳамдиҳӣ аз ҳисоби воситаҳои пулии он, аз ҷумла даромадҳо аз фурўши молу мулки корхона (ташкилот) иҷро менамояд. Ҳамзамон комиссияи барҳамдиҳии корхона бояд ҳамчунин ўҳдадориҳои андози дигар воҳидҳои махсуси онро, ки мутобиқи моддаи 19 ҳамин Кодекс ҳамчун корхона эътироф шудаанд, иҷро намояд, агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ўҳдадориҳои андози воҳидҳои махсуси барҳамхўрандаи корхонаро (ташкилотро) бевосита корхонае (ташкилоте) иҷро менамояд, ки ба таркиби он воҳиди махсуси номбаршуда дохил аст ва ҳангоми барҳамдиҳии ҳамин корхона (ташкилот) бошад – комиссияи барҳамдиҳии ҳамин корхона (ташкилот) иҷро менамояд.
  2. Агар воситаҳои пулии корхонаи (ташкилоти) барҳамхўранда, аз ҷумла баъди фурўши молу мулки он, барои иҷрои ўҳдадориҳои андоз нокифоя бошанд, қарзи боқимондаро ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳои андоз бояд иштирокчиёни (муассисони) корхона пардозанд, агар мутобиқи қонун, оиннома ё дигар ҳуҷҷати муассисӣ онҳо доир ба ўҳдадориҳои корхона (ташкилот) ҷавобгарии муштаракро ба зимма дошта бошанд.

 

Моддаи 81. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми азнавташкилкунии  шахси ҳуқуқӣ

  1. Ўҳдадориҳои андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие аз нав ташкилёфтаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда вориси (ворисони) ҳуқуқии он иҷро менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Иҷрои ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта ба зиммаи вориси (ворисони) ҳуқуқии он гузошта мешавад, новобаста аз он ки ба ворис (ворисон) то ба охир расидани азнавташкилкунӣ далел ё ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври лозимӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта маълум буданд ё на. Ҳамзамон ба зиммаи вориси (ворисони) ҳуқуқӣ ўҳдадориҳои супоридани тамоми ҷарима ва фоизҳои вобаста ба ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта гузошта мешаванд.
  3. Азнавташкилкунии шахси ҳуқуқӣ мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳои андози онро аз ҷониби вориси (ворисони) ҳуқуқии ин шахси ҳуқуқӣ тағйир намедиҳад.
  4. Ҳангоми якшавии якчанд шахси ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқии онҳо оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқие ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи ин якшавӣ ба миён омадааст.
  5. Ҳангоми ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ бо дигар шахси ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқие ба ҳисоб меравад, ки онро ҳамроҳ намудааст.
  6. Ҳангоми тақсимшавии шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба миён омадаанд, ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз ба ҳисоб мераванд.
  7. Ҳангоми мавҷудияти якчанд вориси ҳуқуқӣ ҳиссаи иштироки ҳар яки онҳо дар иҷрои ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта мувофиқи баланси тақсимотӣ ё дигар санади супоридашавӣ муайян карда мешавад. Агар баланси тақсимотӣ ё дигар санади супоридашавӣ имконият надиҳад, ки ҳиссаи иштироки ҳар як вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз муайян карда шавад ё аз ҷониби ин ё он вориси ҳуқуқӣ пурра иҷро гардидани ўҳдадориҳои андозро истисно намояд, пас шахсони ҳуқуқии навтаъсис оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта ё қисми дахлдори ўҳдадориҳои андози номбаршуда ўҳдадории муштарак доранд.
  8. Ҳангоми табдил додани як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқии навтаъсис ба ҳисоб меравад.
  9. Ҳангоми аз таркиби шахси ҳуқуқӣ ҷудо шудани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ масъалаи вориси ҳуқуқӣ нисбати шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз дар назди шахсони ҳуқуқии ҷудошуда ба миён намеояд, агар чунин азнавташкилёбӣ барои иҷро накардани ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфта нигаронида нашуда бошад. Агар дар натиҷаи аз таркиби шахси ҳуқуқӣ ҷудо шудани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқии якум -андозсупоранда имконияти пурра иҷро кардани ўҳдадориҳои андозро надошта бошад, пас бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ шахсони ҳуқуқии ҷудошуда ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии аз нав ташкилёфтаро муштарак иҷро менамоянд.

 

Моддаи 82. Иҷрои ўҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида,  ғайри қобили амал, бедарак ғоибшуда ё шахсоне, ки суд фавтида  эълон кардааст

  1. Ўҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсеро, ки суд фавтида эълон кардааст, вориси (ворисони) ҳуқуқии он дар доираи арзиши молу мулки меросӣ ва мутаносибан ба ҳиссаи молу мулки меросӣ дар санаи гирифтан иҷро менамояд.
  2. Ҳангоми набудани вориси (ворисони) ҳуқуқӣ ё аз мерос даст кашидани тамоми ворисон ўҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсе, ки суд фавтида эълон кардааст, қатъ мегарданд.
  3. Ўҳдадориҳои андози шахси воқеиро, ки суд бедарак ғоибшуда ё ғайри қобили амал ё фавтида эълон кардааст, шахсе, ки молу мулки шахси бедарак ғоибшуда ё ғайри қобили амал ё фавтида эълоншударо соҳибӣ менамояд, аз ҳисоби ҳамин молу мулк иҷро мекунад.
  4. Агар молу мулки шахси тибқи тартиби муқарраргардида бедарак ғоибшуда ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд фавтида эълон кардааст барои иҷрои ўҳдадориҳои андози ин шахси воқеӣ ва ҷаримаю фоизҳои ба онҳо ҳисобшуда нокифоя бошад, пас қисми иҷронашудаи ўҳдадориҳои андоз, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳо, бо сабаби нарасидани молу мулки шахси воқеии бедарак ғоибшуда ё ғайри қобили амал ё шахсе, ки суд фавтида эълон кардааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 99 ҳамин Кодекс аз ҳисоб бароварда мешавад.
  5. Ҳангоми тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудани қарор ҷиҳати беэътибор донистани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоибшуда ё ғайри қобили амал (дар ҳолати охирин ҳангоми қобили амал эътироф намудани шахси воқеӣ) ё дар бораи бекор кардани қарори дахлдори суд дар бораи фавтида эълон кардани шаҳрванд (шахси воқеӣ) амали ўҳдадориҳои андоз, ки қаблан, мувофиқи қисми 4 ҳамин модда аз ҳисоб бароварда шуда буданд, барқарор карда мешавад, аммо фоизҳо ва ҷаримаҳо аз давраи қабули қарор дар хусуси бедарак ғоибшуда, ғайри қобили амал ё фавтида эълон кардани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи бекор шудани ин қарор ҳисоб карда намешаванд.

 

Моддаи 83. Тартиби иҷрои ўҳдадориҳои андоз

  1. Агар қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, андозсупоранда маблағи андозеро, ки дар давраи ҳисоботӣ бояд супорида шавад, бо назардошти манбаи андоз, меъёри андоз ва имтиёзҳои андоз мустақилона ҳисоб менамояд.
  2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз ҳисобкунии маблағи андозҳои супоридашавандаро ба зиммаи мақоми андоз ё агенти андоз гузоштан мумкин аст.
  3. Ҳисобкунии андоз тибқи тартибе сурат мегирад, ки ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз барои ҳар як андози дахлдор муқаррар намудаанд.
  4. Маблағи андозро, ки бояд дар мўҳлатҳои муқарраршуда пардохта шавад, андозсупоранда ё дигар шахси ўҳдадор мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз месупоранд (мегузаронанд).

 

БОБИ 8. ҲИСОБКУНИИ  МАБЛАҒИ АНДОЗҲО

 

Моддаи 84. Ҳисобкунии маблағи андозҳо

  1. Таҳти мафҳуми ҳисобкунии маблағи андозҳо (ўҳдадориҳои андоз) дар ҳамин Кодекс ҳисоб кардан ва дар ҳисобномаҳои шахсии андозсупорандагон аз ҷониби мақомоти андоз гузаронидани маблағҳои андоз, ҷарима ва фоизҳо, ки бояд барои давраи мушаххаси андоз супорида шаванд, дар назар дошта шудааст. Ҳисобкуниҳо ҳисобкуниҳои ислоҳгардида ва ҳисобкуниҳои дар назар дошташудаи маблағҳоро дарбар мегиранд.
  2. Мақомоти андоз ваколатдоранд ҳисобкунии ўҳдадориҳои андози ҳар як андозсупорандаро мутобиқи ҳамин Кодекс дар асоси як ё якчанд манбаи маълумоти дар поён зикршуда амалӣ намоянд:

1) иттилооте, ки дар эъломияҳои андоз ва дигар ҳисоботи андози андозсупоранда мавҷуд аст;

2) иттилоот оид ба пардохтҳо мувофиқи моддаи  ­74 ҳамин Кодекс;

3) иттилоот оид ба пардохтҳои ҷории андоз мутобиқи моддаи 198 ва дигар муқаррароти ҳамин Кодекс; ва

4) маводи санҷиши андоз ва ҳама гуна дигар иттилооте, ки ба мақомоти андоз маълум шудааст.

Агар андозсупоранда иттилооти заруриро барои ҳисобкунии андоз пешниҳод накунад, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд андозро дар асоси ҳама гуна дигар маълумоти дастрас ҳисоб кунанд.

  1. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории андоз пардохти андозро бо пешниҳоди эъломия талаб намекунад, инчунин дар ҳолатҳое, ки мақомоти андоз ҳисобкунии андози қаблиро нодуруст мешуморанд, мақоми андоз маблағи андозро ҳисоб менамояд ва оид ба ҳисобкунии андоз мутобиқи моддаи 85 ҳамин Кодекс ба андозсупоранда огоҳнома мефиристад. Мақомоти андоз метавонанд ҳисобкунии андозро анҷом диҳанд ё ба ҳисобкунии пештараи маблағи андоз то анҷом ёфтани мўҳлати даъво, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, тағйирот ворид намоянд.
  2. Дар ҳолате, ки ситонидани андоз бо пур кардани эъломия вобаста аст, пур кардани эъломия, ки маънои ўҳдадории пардохти андозро дорад, бояд ба сифати зерин баррасӣ карда шавад:

1) ҳисобкунии чунин андоз; ва

2) огоҳнома ва талабнома оид ба супоридани чунин андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс.

  1. Дар ҳолатҳои ситонидани андоз бо роҳи нигоҳ доштан аз манбаи пардохт, яъне вақте, ки андозсупоранда эъломияи андоз пешниҳод намекунад ва мақомоти андоз маблағи андози андозсупорандаро дар асоси дигар иттилоот ҳисоб намекунанд, чунин ба ҳисоб меравад, ки мақомоти андоз ҳисобкунии ўҳдадориҳои андози андозсупорандаро барои як сол, бо маблағи андози нигоҳдошташуда аз пардохтҳои дар давоми сол гирифтаи андозсупоранда анҷом додаанд, агар он ҷой дошта бошад, ва андозсупорандаро оид ба ин ҳисобкунии андоз огоҳ намудаанд.
  2. Роҳбари мақоми андоз ҳуқуқ дорад маблағи андозро ҳисоб карда, пардохти фаврии онро то санае, ки маъмулан андоз супорида мешавад, талаб намояд, агар ин чорабинӣ барои таъмини ситонидани андоз зарур бошад ва иттилооти мушаххас мавҷуд бошад, ки агар пардохти фаврии андоз сурат нагирад, андозсупоранда бо роҳи фирор аз ҳудуди кишвар, супоридани активҳо ба дигар шахс ё андешидани дигар чораҳое, ки ба ситонидани андоз монеъ мешавад, аз андозбандӣ канорагирӣ менамояд.

Андозсупоранда метавонад ҳисобкунии андози мутобиқи ҳамин қисм суратгирифта, ҳамчунин ҳама гуна ҳисобкунии андозро, ки мақомоти андоз мувофиқи ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда анҷом додаанд, ҳангоми нокифоя ё шубҳанок будани маълумоти дар даст доштаи онҳо (ба онҳо пешниҳодшуда), ки ҳангоми ҳисобкунии маблағи андоз истифода бурдаанд, таҳти баҳс қарор диҳад, аз ҷумла ба суд муроҷиат кунад.

 

Моддаи 85. Огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз ва талаби пардохти он

Андозсупоранда оид ба ҳисобкунии ўҳдадории андоз огоҳ карда мешавад. Дар огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз инҳо зикр мешаванд:

1) насаб, ном, номи падари (ё номи) андозсупоранда;

2) рақами мушаххаси андозсупоранда;

3) санаи огоҳнома;

4) объекте, ки ба он огоҳнома тааллуқ дорад ва соли андоз (давраи андоз) ё солҳои андоз (давраҳои андоз), ки огоҳнома фаро  мегирад;

5) маблағи андози ҳисобкардашуда, аз ҷумла фоизҳо ва ҷаримаҳо;

6) талаби пардохти  андоз ва мўҳлатҳои пардохт;

7) маҳал ва тарзи пардохти андоз (маълумотҳо мутобиқи қисми 3 моддаи 88 ҳамин Кодекс);

8) зикри асосҳо, ки тибқи он ҳисобкунии андоз сурат гирифтааст, ва

9) тартиби шикоят намудан.

 

Моддаи 86. Мўҳлати даъво

  1. Агар қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, мақомоти андоз маблағҳои андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро метавонанд дар давоми 3 соли баъди ба охир расидани давраи андоз ҳисоб намоянд ва маблағи андози ҳисобкардашударо аз нав дида бароянд, вале маблағи андози ҳисобшударо (ислоҳшударо) бошад, дар давоми 6 соли баъди ба охир расидани давраи андоз ситонанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи андозро дар давоми 3 соли баъди ба охир расидани давраи андоз, бо назардошти мўҳлати иловагие, ки боби 11 ҳамин Кодекс зиёда аз ин мўҳлати сесола фароҳам овардааст, талаб намояд.
  3. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки тибқи Фасли XVIII Кодекси мазкур низоми махсуси андозро истифода мебаранд, мутобиқи созишномаҳои дутарафаи басташуда ё аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида мӯҳлати даъво ба мӯҳлати андозбандии имтиёзнок дароз карда мешавад.
  4. Ҷараёни мӯҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷиши андозҳо боздошта мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

БОБИ 9. пардохт, ҶАМЪОВАРӢ ВА БАРГАРДОНИДАНИ АНДОЗҲО

 

Моддаи 87. Шаклҳо ва мўҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

  1. Агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, андозҳо, ҷаримаҳо, фоизҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бояд дар мўҳлатҳои пешбиникардаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрӣ доир ба андозҳо, ки дар асоси ҳамин Кодекс қабул гардидаанд, дар шакли ғайринақдӣ супорида шаванд.
  2. Андози замин аз шахсони воқеӣ ва андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ метавонад бо пули нақд аз ҷониби шахси ваколатдори мақоми андоз, ки барои ҷамъоварии ин андозҳо махсус ваколатдор шудааст ва ҳуқуқ надорад санҷиши андози минбаъдаро дар ин андозсупорандагон нисбати ҳамин андозҳо гузаронад, рўёнида шавад. Ҳамзамон шахси ваколатдори мақоми андоз барои ҷамъоварии ин андозҳо махсус ваколатдор кардашуда ва шахси ваколатдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, наметавонанд ҳамон рўз дар як вақт ба ҳузури андозсупоранда ҳозир шаванд.
  3. Ҳангоми бо пули нақд рўёнидани андози замин аз шахсони воқеӣ ва андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дар ду нусхаи шабеҳ ҳуҷҷати дорои ҳисоботи қатъӣ дар бораи пардохти андоз, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пур карда мешавад. Ин ҳуҷҷат бояд аз ҷониби шахси ваколатдори мақоми андоз барои ҷамъоварии ин андозҳо махсус ваколатдор кардашуда ва андозсупоранда имзо карда шавад. Як нусхаи ин ҳуҷҷати имзокардашуда дар лаҳзаи ҷамъоварии андозҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр ёфтаанд, ба андозсупоранда дода мешавад.

 

Моддаи 88. Ҷои пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки ба онҳо андозҳо гузаронида мешаванд

  1. Андоз, ҷарима ва фоизҳо бояд дар ҷойҳои зерин пардохта шаванд:

1) дар маҳале, ки дар огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз ва талабот оид ба пардохти андоз зикр шудааст; ё

2) агар огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз зарур набошад, дар маҳале, ки дар санади дахлдори қонунгузории андоз зикр шудааст; ё

3) агар маҳал дар санади дахлдори қонунгузории андоз зикр нашуда бошад, дар маҳали зисти андозсупоранда – шахси воқеӣ ё ҷои идоракунии андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ.

  1. Агар қонунгузорӣ тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, новобаста аз минтақаи фаъолияти иқтисодии андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозҳо, ҷарима ва фоизҳо бояд ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд.

Новобаста аз муқаррароти сархати аввали ҳамин қисм, андози  даромад ва андози иҷтимоӣ нисбати шахсони воқеие, ки дар воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд ва нисбати шахсони воқеие, ки ба таври кироя дар ҷойҳои кории доимии (статсионарии) таъсисдодаи соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ менамоянд, кор мекунанд, бояд ба буҷети маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсус (ҷойҳои кори доимӣ) бо назардошти тақсими маблағҳои ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.

  1. Андозсупоранда ҳар сол дар мақоми андози ҷои баҳисобгирии бақайдгириаш маълумоте (суратҳисобҳои бонкӣ ва хазинадорӣ), ки ба онҳо бояд ин ё он намуди андоз, ҷарима ва фоизҳо ба ин ё он буҷет супорида шаванд, аниқ менамояд.

 

Моддаи 89. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд  пардохтшудаи андоз

  1. Агар маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳои пардохтшуда аз маблағи ҳисобкардашудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо зиёд бошад, ба истиснои муқаррароти моддаи 236 Кодекси мазкур нисбат ба андоз аз арзиши иловашуда пас мақомоти андоз:

1) бе розигии андозсупоранда маблағи барзиёдро ҳамчун иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда оид ба дигар намуди андозҳо, ҷарима ва фоизҳое, ки ба ҳамин буҷет ворид мешаванд, ба ҳисоб мегиранд;

2) бо розигии хаттии андозсупоранда, ки ҷавобан ба муроҷиати дахлдори хаттии мақомоти андоз гирифта шудааст, бақияи баъди иҷрои  амали дар банди 1) ҳамин қисм номбаршуда бавуҷудомадаро ба ҳисоби ўҳдадориҳо оид ба пардохтҳои минбаъдаи ҳамон андозҳо ба буҷете, ки бояд ин бақия низ ворид шавад, мегузаронанд;

3) баъди иҷрои амалҳои  пешбининамудаи бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм, агар ҳамин Кодекс тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, якҷоя бо мақомоти дахлдори молия маблағи зиёдатиро (бақияро) ба андозсупоранда дар мўҳлати 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи пешниҳоди аризаи хаттии андозсупоранда ба мақомоти андози баҳисобгирии  бақайдгириаш бармегардонанд.

  1. Агар маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳои зиёдатии пардохтаи андозсупоранда мувофиқи банди 1) қисми 1 ҳамин модда ба ҳисоби ўхдадориҳои дигар андозҳои он гузаронида шавад, мақомоти андоз бояд дар ин маврид андозсупорандаро дар мўҳлати 3 рўз аз санаи гузаронидани чунин баҳисобгирии дар боло номбаршуда огоҳ намоянд.
  2. Агар маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳои (пардохтҳои гумрукии) воқеан ҳангоми гузаштани (барои гузаштани) молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда аз маблағи воқеан ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо (пардохтҳои гумрукӣ) ҳангоми гузаштани (барои гузаштани) молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад, мақомоти андоз ҳангоми муроҷиати хаттии андозсупоранда тасдиқномаи чунин маблағи зиёдатиро аз мақомоти гумруки дахлдор гирифта, амали дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо иҷро мекунанд ва дар мўҳлати 3-рўзаи баъди гузаронидани чунин баҳисобгирии дар боло номбаршуда андозсупорандаро огоҳ менамоянд.
  3. Маблағҳои зиёдатии андоз, ҷарима ва фоизҳои дар ҳамин модда баррасишуда, бо мувофиқаи андозсупоранда, мақомоти дахлдори андоз ва гумрук мумкин аст барои пўшонидани қарзҳои андоз, ҷарима ва фоизҳо барои гузаштани молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шаванд, агар барзиёдӣ ва қарзҳо ба ҳамон як буҷет тааллуқ дошта бошанд.
  4. Агар маблағи барзиёд пардохтшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо ба ҳамон як буҷет, вале ўҳдадории андоз ба дигар буҷет тааллуқ дошта бошад, баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохташудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи дастуруламал дар бораи анҷом додани баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои изофагии пардохташудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо, ки мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, сурат мегирад.

 

Моддаи 90. Тағйир додани мўҳлати пардохти андоз

  1. Тағйир додани мўҳлати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо (ба таъхир гузоштан) ин аз мўҳлати мутобиқи ҳамин Кодекс муқаррарнамудаи пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо, аз ҷумла пардохтҳои ҷорӣ, ба мўҳлати нисбатан дертар гузарондани он ба ҳисоб меравад.
  2. Тағйир додани мўҳлати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо дар асоси кафолати бонкӣ барои таъмини иҷрои ўҳдадориҳои андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
  3. Батаъхиргузорӣ танҳо нисбати он ўҳдадориҳои андоз анҷом дода мешавад, ки мўҳлати пардохташон расидааст.
  4. Батаъхиргузорӣ метавонад доир ба як ё якчанд андоз фароҳам оварда шавад.
  5. Маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, то рўзи ба охир расидани давраи батаъхиргузорӣ ҳамчун бақияпулӣ ба ҳисоб намеравад ва нисбати он тадбирҳои ситонидани маҷбурии андоз, ҷарима ва фоизҳо, татбиқ намегарданд.
  6. 6. Батаъхиргузорӣ андозсупорандаро аз ҷавобгарии ҳисоби фоизҳо нисбат ба маблағҳои ба таъхир гузошташудаи андозҳо озод менамояд. (Қ ҶТ аз  12.09с, №571).
  7. Батаъхиргузорӣ андозсупорандаро аз иҷрои ўҳдадориҳои дар мўҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломия ва дигар ҳисоботи муқарраршуда ба мақомоти андоз нисбати андозҳое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад.
  8. Дар давраи батаъхиргузорӣ ҷараёни мўҳлатҳои даъво, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, қатъ мегардад.
  9. Пўшонидани маблағи ўҳдадориҳои андози ба таъхир гузошташуда аз моҳе, ки баъди моҳи давраи батаъхиргузорӣ фаро мерасад, оғоз мегардад. Ҳамзамон андозсупоранда дар баробари пўшонидани маблағи ўҳдадориҳои андози ба таъхир гузошташуда ўҳдадор аст ба буҷет тамоми маблағҳои ўҳдадориҳои ҷории андозро пардозад.
  10. Ҳангоми пардохт ба буҷет маблағҳои барои иҷрои ўҳдадориҳои андоз равонашуда аввал барои пўшонидани ўҳдадориҳои ҷории андоз ва қисми боқимонда барои пўшонидани ўҳдадориҳои андозҳои ба таъхир гузошташуда истифода мешаванд.
  11. Батаъхиргузорӣ метавонад ба шахсе фароҳам оварда шавад, ки барои он манфиатдор (шахси манфиатдор) буда, ақаллан яке аз чунин асосҳо мавҷуд бошад:

1) дар натиҷаи офати табиӣ, садамаи технологӣ ва дигар ҳолатҳои  таъсири қувваҳои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;

2) сари вақт аз буҷет маблағгузорӣ нашудани ин шахс ё сари вақт напардохтани маблағи фармоиши давлатӣ, ки аз ҷониби ин шахс иҷро шудааст;

3) аз ҷониби ин шахс гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ё таҷрибавию конструкторӣ;

4) аз ҷониби ин шахс анҷом додани фаъолияти ҷоринамоӣ ё инноватсионӣ, аз ҷумла офаридани технологияҳои нав ё такмили технологияҳои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.

  1. Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо бе пурра пўшонидани маблағҳои андози қаблан ба таъхир гузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи бандҳои 1) ва 2) қисми 10 ҳамин модда, манъ аст.
  2. Агар қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин модда ҳамчунин ҳангоми ба таъхир гузоштани пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо вобаста ба гузаштани молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
  3. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои умумидавлатӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  4. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ бо пешниҳоди мақомоти дахлдори молия ва андози шаҳр (ноҳия) аз ҷониби раиси шаҳри (ноҳияи) дахлдор қабул карда мешавад.
  5. Бо назардошти талаботи ҳамин модда Низомномаи тартиб ва мўҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ўҳдадории андоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 91. Тартиби пўшонидани  ўҳдадориҳои андоз

Пўшонидани ўҳдадориҳои андоз мувофиқи тартиби зайл анҷом дода мешавад:

1) маблағи андозҳои ҳисобкардашуда;

2) ҷаримаҳои ҳисобкардашуда;

3) фоизҳои ҳисобкардашуда.

Ҳамзамон аз рўи маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобкардашуда пардохтани ўҳдадориҳои андоз ба тарзи пайдарҳамии зерин амалӣ карда мешавад:

а) дар навбати аввал ўҳдадориҳои андози соли ҷорӣ пардохта мешаванд (агар онҳо мавҷуд бошанд);

б) маблағи боқиманда барои пардохт кардани ўҳдадориҳои андози солҳои гузашта, аз қарзҳои андози нисбатан дертар  (қарзҳои андози ба соли ҷорӣ хеле наздик) сар карда, то қарзҳои андози барвақттар (қарзҳои андози аз соли ҷорӣ хеле дур) гузаронда мешавад.

 

БОБИ 10. МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО

 

Моддаи 92. Тадбирҳои таъмини иҷрои ўҳдадориҳои андози дар мўҳлаташ иҷронашуда

  1. Мақомоти андоз иҷрои ўҳдадориҳои андози дар мўҳлати муқарраршуда иҷронакардаи андозсупорандаро тибқи тадбирҳои зерини пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъмин менамоянд:

1) ҳисобкунии фоизҳо ба маблағҳои тибқи мўҳлат насупоридаи андозҳо;

2) боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию  кредитӣ;

     3) ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва дебиторони ў, инчунин аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда;

     4) ҳабси молу мулки андозсупоранда.

  1. Тадбирҳои пешбининамудаи бандҳои 2), 3) ва 4) қисми 1 ҳамин модда бо тартиби зерин анҷом дода мешаванд:

      1) бевосита аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ нисбат ба қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда;

      2) нисбат ба қарзи андози дар банди 1) ҳамин қисм зикрнашуда тибқи тартиби судӣ, ки дар моддаҳои 94-97  Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

       Ҳангоми иҷрои талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба андозсупорандае, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андоз метавонад дар як вақт ҳамаи тадбирҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро татбиқ намояд.

  1. Ҳангоми татбиқи тартиби ғайрисудии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:

          1) нисбат ба боз доштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд, суратҳисобҳои кредитӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда:

          а) қарори дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар он суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва  хизмат расонида мешаванд, ирсол мегардад;

         б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияте, ки дар қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, инчунин пардохти ӯхдадориҳои андози соли ҷорӣ ва пардохти қарзҳои андоз пешбинӣ шудааст, ўҳдадор аст қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои андозсупоранда иҷро намояд, инчунин ҳуқуқ надорад ба ӯ суратҳисобҳои нав кушояд, аз суратҳисобаш пули нақд  ва ё ба ў  қарз  диҳад;

         в) то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ аз мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи он дар бораи боздошти амалиёти хароҷотии андозсупоранда аз рӯи суратҳисобҳо, ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадоранд, ки тибқи дархости ин мақомоти андоз оид ба амалиёти даромадию хароҷоти ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз руи суратҳисобҳои амалиёташон боздошташудаи андозсупоранда  ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд. Дурустии маълумоти мазкур метавонад аз тарафи мақомоти андоз таҳти санҷиш қарор дода шавад; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

         2) нисбат ба ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва/ё дебиторони ў мавҷудбуда, инчунин аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд, суратҳисобҳои кредитӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда:

         а) фармоишҳои инкассавии дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз, инчунин санадҳои муқоисавии қарзи дебиторӣ (танҳо ҳангоми ситонидани қарз аз ҳисоби дебиторҳои андозсупорандаи қарздор) барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва/ё дебиторони он кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегарданд. Ҳангоми ситонидани маблағҳои дар суратҳисобҳои асъорӣ ҷойгиршуда роҳбари аввали ( ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз дар як вақт бо фармоиши инкассавии мақомоти андоз барои ситонидани маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) супориш оид ба фурўши маблағҳои асъории андозсупоранда дар мўҳлати ду рўзи амалиётӣ мефиристад. Хароҷоти марбут ба фурўши асъори хориҷӣ аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

       б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, инчунин ӯхдадориҳои андозии соли ҷорӣ ва пардохти қарзҳои андоз ӯҳдадоранд бидуни аз мақомоти андоз талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 91 Кодекси мазкур фармоишҳои дахлдори инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он барои пӯшонидани қарзи андоз иҷро намоянд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

        в) барои ситонидани қарзи андоз бо пули нақдии андозсупоранда қарори дахлдори роҳбари аввали ( ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз барои иҷро ба андозсупоранда ирсол карда мешавад;

        3) барои таъмини иҷрои қарзи андози андозсупоранда ба воситаи ҳабси молу мулки он қарори дахлдори мақомоти андоз оид ба ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурўш баровардани он барои пўшонидани қарзи андоз қабул гардида, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба иҷро расонида мешавад;

      4) баъди бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо шуда буданд, мақомоти андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) маълумоти хаттии иҷрочии суд оид ба маблағҳои ситонидашуда дар мӯҳлати на дертар аз як рӯзи корӣ карорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда хисобида, ҳамзамон ба шахсони дахлдор огоҳинома мефиристад. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) дахлдор ва (ё) иҷрочии суд ва (ё) андозсупоранда аз рӯзи фиристода шудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз иҷрошуда ҳисобида мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда дар мўҳлатҳои муқарраршуда  иҷро нагардидани ўҳдадориҳои пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо, яъне ҳангоме, ки андозсупоранда бақияпулӣ дорад, мақомоти андоз андозсупорандаро оид ба зарурати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо давоми 10 рўзи тақвимӣ аз санаи гирифтани чунин огоҳнома ва   имконпазирии нисбати ў андешидани тадбирҳои пешбининамудаи бандҳои 2), 3) ва 4) қисми 1 ҳамин модда огоҳ менамоянд. Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳисобкунии фоизҳо дар ҳамаи ҳолатҳои мавҷудияти бақияпулӣ анҷом дода шуда, барои истифодаи чунин тадбир огоҳ намудани андозсупоранда тақозо намегардад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).
  2. Қоидаҳои ҳамин боб нисбати агентҳои андоз тибқи ҳамон тартибе, ки барои андозсупоранда пешбинӣ шудааст, татбиқ мегарданд.
  3. Ҳамин боб бо риояи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати навбати аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ истифода бурда мешавад.
  4. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда, ки нисбат ба ӯ тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо амалӣ шуда истодаанд, пешниҳод гардидани нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявӣ, мақомоти андоз ва андозсупоранда метавонанд барои давраи на зиёдтар аз шаш моҳи пай дар пай оид ба тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти қарзи андоз шартнома банданд. Ҳамзамон ичрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо ба мӯҳлати иҷрои шартномаи басташуда боздошта мешаванд. Мӯҳлати иҷрои шартномаи мазкур ва боздошта шудани қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад дароз карда шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 93. Фоизҳо вобаста ба пардохти кам ё барзиёди андозҳо

  1. Ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, агар ягон маблағи андоз, аз ҷумла пардохтҳои ҷорӣ, дар мўҳлати муқарраргардида пардохт нашуда бошад, яъне ҳангоми мавҷуд будани пардохти кам (бақияпулӣ), андозсупоранда вазифадор аст фоизҳои ин маблағи кам пардохтшударо (бақияпулиро) дар мўҳлати аз санаи фаро расидани мўҳлати пардохт то санаи пардохти маблағи кам супоридашуда (бақияпулӣ) пардозад.
  2. Агар аз санаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза барои баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда, яъне изофапулӣ, то санаи воқеии баргардонидани маблағи изофапулӣ беш аз 30 рўзи тақвимӣ гузашта бошад, фоизҳо ба фоидаи андозсупоранда ба маблағи изофапулии андоз бояд аз буҷети дахлдор аз санаи додани ариза барои баргардонидани изофапулӣ то санаи воқеии баргардонидани он пардохта шаванд.

Барои мақсадҳои сархати боло ҳангоми ҳисобӣ кардани маблағи барзиёд санаи баргардонидан санаи анҷом додани баҳисобгирӣ ва ё агар пардохти изофапулӣ ва бақияпулӣ ба буҷетҳои мухталиф тааллуқ дошта бошад, санаи  гирифтани иҷозат барои баҳисобгирӣ ба ҳисоб меравад.

Фоизҳо ба андозсупоранда пардохта намешаванд, агар баргардонидани маблағи изофагӣ дар мўҳлати на бештар аз 30 рўз аз лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблағҳои зиёдатии пардохтшуда анҷом дода шавад.

  1. Меъёри фоиз дар ҳаҷми 0,08 фоиз барои ҳар рўзи мавҷуд будани бақияпулӣ ё изофапулӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Ба ҷарима ва фоизҳои ҳисобкардашуда фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.
  3. Ҳангоми дар андозсупоранда мавҷуд будани изофапулӣ оид ба як андоз ва бақияпулӣ оид ба дигар андозҳо ҳисобкунии фоиз ба маблағи бақияпулӣ барои даврае, ки маблағи бақияпулӣ аз маблағи изофапулӣ камтар буд, анҷом дода намешавад, агар изофапулӣ ва бақияпулӣ ба ҳамон як буҷет тааллуқ дошта бошанд.
  4. Дастуруламал дар бораи ҳисобкунии фоизҳо оид ба пардохти бақияпулӣ ё изофапулӣ вобаста ба андозҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

 

Моддаи 94. Боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои  андозсупоранда дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию  кредитӣ

  1. Боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои андозсупоранда дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ (ба истиснои суратҳисобҳои муросилотии бонкҳо) (минбаъд – «боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкӣ») ҳангоми мавҷудияти ҳатто яке аз ҳолатҳои зайл амалӣ карда мешавад:

1) агар андозсупоранда дар мўҳлати муқарраргардида эъломияи андозро пешниҳод накунад ва мақоми андоз ўро дар мавриди зарурати пешниҳоди он огоҳ карда бошад ва агар баъди гузаштани 30 рўзи тақвимӣ  аз санаи чунин огоҳонӣ эъломияи андоз пешниҳод нашуда бошад;

2) ҳангоми напардохтани андоз, ҷарима ва фоизҳо дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 92 ҳамин Кодекс мақоми андоз такроран дар бораи зарурати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо огоҳ менамояд ва агар дар ҷараёни 30 рўзи тақвимии баъди гирифтани огоҳномаи такрорӣ аз ҷониби андозсупоранда қарзи андоз (бақияпулӣ) пардохта нашавад; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

3) иҷозат надодан ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои санҷиши андоз ва азназаргузаронии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро оид ба гузаронидани санҷиши андоз вайрон кардаанд, агар аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани огоҳномаи мақоми андоз дар бораи зарурати иҷозат додан ба шахсони мансабдори мақоми андоз барои санҷиши андоз ва имконпазирии татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин модда 10 рўзи тақвимӣ гузашта бошад.

  1. Ҳангоми мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати мавҷуд будани қарзи андоз, ки дар банди 2) қисми 2 моддаи 92 Кодекси мазкур муайян шудааст, роҳбари аввали мақоми андоз (ё шахси ивазкунандаи он), ки дар он андозсупоранда дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузошта шудааст, дар хусуси боз доштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба суди маҳали ҷойгиршавии андозсупоранда муроҷиат мекунад, ҳамзамон андозсупорандаро дар бораи муроҷиат ба суд огоҳ месозад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).

Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкиашон бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.

Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад, аз рўи суратҳисобҳои бонкиаш дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

  1. 3. Боздошти амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкӣ ба ҳамаи амалиёти хароҷотии андозсупоранда, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, амалиёт барои пардохти қарзи андозсупорӣ, инчунин амалиёти хароҷотӣ аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷроиявие татбиқ карда мешавад, ки тибқи моддаи 879 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то ҳуҷҷатҳои пардохтие, ки пардохтҳоро ба буҷети давлат пешбинӣ менамоянд, иҷро гарданд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Қарори суд оид ба боз доштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда бояд бечунучаро аз ҷониби бонк ва ташкилоте, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро ба ҷо меоварад, иҷро гардад.
  3. Мақоми андоз барои иҷрои қарори суд оид ба боз доштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ, ки дар онҳо андозсупоранда суратҳисобҳои бонкӣ дорад, нусхаи қарори номбурдаро ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  4. Бонк ё дигар ташкилоти молиявию кредитӣ ва мақоми андоз барои зарари дидаи андозсупоранда дар натиҷаи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкӣ бо қарори суд, ки мувофиқи талаботи ҳамин Кодекс қабул шудааст, ҷавобгар нестанд.
  5. Аз рўзи гирифтани қарори суд дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ҳар як бонк ё дигар ташкилоти молиявию кредитӣ ҳуқуқ надорад, ки барои ин андозсупоранда суратҳисоби нав кушояд, қарз ё аз суратҳисоби ў пули нақд диҳад, ба истиснои маблағе, ки барои амалиёти хароҷотӣ тибқи қисми 3 ҳамин модда медиҳад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  6. Пас аз бартараф намудани асосҳое, ки барои боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкӣ сабаб шудаанд, мақоми андоз на дертар аз як рўзи бонкӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 64 ҳамин Кодекс ба андозсупоранда, инчунин ба бонки манфиатдор дар бораи бартараф намудани асосҳое, ки барои боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда сабаб шудаанд, огоҳиномаи хаттӣ равон мекунад. Бонке, ки огоҳиномаи дар боло зикргардидаро гирифтааст, аз лаҳзаи гирифтани он амалиёти хароҷотиро аз рўи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда аз нав барқарор мекунад.

 

Моддаи 95. Ҳабси молу мулк

  1. Ҳабси молу мулк барои таъмини назорати бе осеб нигоҳ доштани молу мулки андозсупоранда, ки минбаъд ба мақсади иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда бояд бегона карда (фурўхта) шавад, татбиқ карда мешавад.
  2. Ҳабси молу мулки андозсупоранда аз рўйхатгирии молу мулк, муқаррар кардани тартиби ихтиёрдорӣ, соҳибӣ ва истифода кардани молу мулки ҳабсшуда, инчунин додани молу мулки ҳабсшуда барои нигоҳдорӣ ё гирифтани он ҷиҳати минбаъд бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда бегона кардан (фурўхтан) иборат мебошад.
  3. Дар ҳолати мавҷуд будани қарзи андоз, ки дар банди 2) қисми 2 моддаи 92 Кодекси мазкур муайян шудааст, роҳбари аввали (муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақоми андоз метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рўи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда бо дар як вақт огоҳонидани андозсупоранда дар бораи муроҷиати худ ба суд ҳангоми иҷрои талаботи бандҳои 1) ё 2) қисми 1 моддаи 94 ҳамин Кодекс ба суд муроҷиат кунад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).

Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ҳабси молу мулки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.

Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ҳабси молу мулки шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад, дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

  1.     Қарори суд дар бораи ҳабси молу мулк дар давоми се рўзи корӣ пас аз қабул шуданаш   барои иҷро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дода мешавад. Нусхаи қарори суд дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда дар ҳамин мўҳлат ба мақоми дахлдори андоз барои назорати рафти иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда аз ҳисоби ворид гардидани маблағ ба буҷети давлатӣ аз рўи бегона кардани (фурўши) молу мулки ҳабсшуда дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Мақомоти гумрук дар асоси огоҳномаи хаттии мақоми андоз оид ба қарори суд дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда амалиёти содиротии тамоми молу мулки ҳабсшудаи ҳамин андозсупорандаро барои мўҳлатҳои дар огоҳномаи хаттии мақоми андоз зикргардида боз медоранд.
  3. Қарори суд оид ба ҳабси молу мулк аз лаҳзаи бекор намудани ин қарор аз ҷониби суди болоӣ бекор, аз лаҳзаи иҷрои ўҳдадории андоз бошад, иҷрошуда дониста мешавад. Амали қарори суд аз лаҳзаи эътирози прокурор то мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун моҳиятан баррасӣ намудани ин эътироз боз дошта мешавад.

 

Моддаи 96. Фурўши молу мулки ҳабсшуда

  1. Молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда ва молу мулке, ки аз шахси қарздори андозсупоранда мутобиқи моддаи 97 ҳамин Кодекс гирифта шудааст, агар он дар шакли пулӣ пешниҳод нашуда бошад, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  фурўхта мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Даромад аз бегона кардани (фурўши) молу мулки ҳабсшуда барои иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда ва пўшонидани хароҷот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» равона карда мешавад. Бақияи маблағ ба андозсупоранда дар муддати се рўзи бонкӣ баргардонида мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493), (Қ ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

    Моддаи 97. Ситонидани маблағҳое, ки ба андозсупоранда тааллуқ доранд

  1. Дар ҳолати мавҷуд будани қарзи андоз, ки дар банди 2) қисми 2 моддаи 92 Кодекси мазкур муайян шудааст, роҳбари аввали (муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақоми андоз метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рўи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва дебиторҳои он бо дар як вақт огоҳонидани андозсупоранда дар бораи муроҷиати худ ба суд ҳангоми иҷрои талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 94 ҳамин Кодекс ба суд муроҷиат кунад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).

Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ва дебиторҳои он тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.

Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад ва дебиторҳои он дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

       Мақоми андоз ҳуқуқ дорад ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш  кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, қарори  судро дар бораи  ситонидани маблағҳои пулии суратҳисоби андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш фиристад, ки он бонк ва дигар муассисаҳои молиявию кредитиро ўҳдадор менамояд пардохти мустақими (бе дахолати андозсупоранда ва суратҳисобҳои он) ҳама гуна маблағро, ки дар суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш мавҷуд аст, ба буҷети дахлдор дар асоси фармоиши инкассавии мақоми андоз тибқи қисми 2 ҳамин модда иҷро кунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

  1. Ҳангоми татбиқи қисми 1 ҳамин модда ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисобҳои андозсупоранда дар бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ мавҷуда, баъди гирифтани қарори суд дар бораи ситонидани маблағҳои пулии суратҳисоби андозсупоранда, бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад:

1)  ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, мақоми андоз қарори дахлдори судро мефиристад;

2) ситонидани маблағи қарзи андоз аз маблағҳои дар суратҳисобҳои  андозсупоранда дар бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ мавҷудбуда дар асоси фармоиши инкассавии мақоми дахлдори андоз анҷом дода мешавад;

3) фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани маблағи қарзи андоз ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода ва хизмат расонида мешаванд, равона мегардад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи банди 2) моддаи 76 ҳамин Кодекс иҷро карда мешавад;

4) фармоиши инкассавӣ дар шакле, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, пешниҳод карда мешавад ва бояд дар он зикр гардад, ки аз кадом суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда маблағҳои қарзи андоз ситонида мешаванд;

5) ҳангоми дар суратҳисобҳои андозсупоранда набудани маблағ бо арзи миллӣ ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои андозсупоранда бо арзи хориҷӣ, бо истифодаи қурби арзи миллӣ нисбати арзҳои хориҷӣ, ки дар рўзи ситонидани қарзи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.

6) ҳангоми кифоя будани пул дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани қарзи андоз аз ҷониби бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ  дар мўҳлати на дертар аз як рўзи амалиётии баъди рўзи қабули чунин фармоиш иҷро карда мешавад;

7) ҳангоми нокифоя будани пул ё мавҷуд набудани он дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда фармоиши инкассавӣ (фармоишҳои инкассавӣ) вобаста ба дохилшавии маблағҳо ба ин суратҳисоб  (суратҳисобҳо) иҷро карда мешавад.

  1. Дар сурати имконнопазир будани ҳолатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида, татбиқи қисми 1 ҳамин модда оид ба ситонидани маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои дебиторҳои андозсупоранда бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:

1) ҳангоми мавҷуд набудани пул дар суратҳисобҳои  андозсупоранда мақоми андоз, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад дар доираи қарзи андози ташаккулёфта пулҳои ба андозсупоранда тааллуқдоштаро аз суратҳисобҳои дебиторонаш ситонад. Ҳамзамон ба дебитор ва бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии дебитор аз ҷониби ҳамин мақоми андоз қарори дахлдори суд ва огоҳнома оид ба ситонидани пулҳо аз суратҳисобҳои ў (дебитор) барои пардохти қарзи андози андозсупоранда фиристода мешавад. Чунин огоҳнома дорои маънои манъ намудани иҷрои пардохтҳо аз ҷониби дебитор ба ҳисоби пўшонидани қарзи худ дар назди андозсупоранда мебошад.

Дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди қабули огоҳнома дебитор ўҳдадор аст ба мақоми андозе, ки огоҳнома фиристодааст, санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои якҷоя бо андозсупоранда дар рўзи қабули огоҳнома  таҳиянамударо пешниҳод намояд;

2) санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва дебитори он бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи андозсупоранда ва дебитори он, рақамҳои мушаххаси андозсупорандаи онҳо;

- номи мақоми андозе, ки андозсупоранда ва дебитори он дар қайд аст;

- маълумотҳои суратҳисобҳои андозсупоранда ва дебитори он;

- маблағи қарзи дебитор дар назди андозсупоранда;

- маълумотҳои ҳуқуқӣ, мўҳр ва имзои андозсупоранда ва дебитори он;

- санаи тартиб додани санади муқоисавӣ;

3) дар асоси санади муқоисавии ҳисоббаробаркунӣ мақоми андозе, ки андозсупоранда дар баҳисобгирии бақайдгирии он мебошад, ба суратҳисоби (суратҳисобҳои) дебитор оид ба ситонидани қарзи андози андозсупоранда фармоиши инкассавӣ мегузорад;

4)  бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии дебитор ўҳдадор аст фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мувофиқи талаботи пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда иҷро намояд.

 

Моддаи 971. Муроҷиат ба суд дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда

Дар сурати аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ напардохтани қарзи андоз пас аз татбиқ кардани ҳамаи чораҳои пешбининамудаи моддаи 92 ҳамин Кодекс мақоми андоз ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда ба суд муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 98. Масъулияти шахсоне, ки активҳои андозсупорандаро бо нархҳои ғайрибозорӣ дастрас намудаанд

Ҳангоме, ки ўҳдадории андози андозсупоранда баъди фурўши молу мулки ҳабсшуда иҷро намегардад, шахсе, ки активҳои андозсупорандаро дар рафти амалиёти бо шартҳои ғайрибозорӣ амалишуда гирифтааст ва ин амалиёт дар ҷараёни се сол то санаи татбиқи расмиёти ҳабс ҷой дошта бошад, оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда дар ҳаҷми арзиши активҳои гирифта, бо тарҳи ҳама гуна маблағи барои гирифтани чунин активҳо масрафнамудааш масъул мебошад.

 

Моддаи 99. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод оид ба андоз

Қарзҳои беэътимод доир ба андоз, ҷарима ва фоизҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоб бароварда мешаванд.

 

БОБИ 11. ҲАЛЛИ БАҲСҲО

 

Моддаи 100. Ҳуқуқ барои шикоят намудан

  1. Андозсупорандае, ки санади санҷиши андоз, маблағи ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақоми андозро мавриди баҳс қарор додааст, метавонад ба мақоми андозе, ки қарорҳои дахлдорро қабул кардааст, ба мақоми болоии андоз, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба суд дар хусуси аз нав дида баромадани онҳо бо ариза (шикоят) муроҷиат намояд. Дар ариза (шикоят) бояд далелҳо ва ҳуҷҷатҳое нишон дода шаванд, ки тибқи онҳо андозсупоранда хоҳиши худро дар мавриди аз нав баррасӣ намудани қарорҳои нисбат ба ў қабулгардида асоснок мекунад.

Пешниҳоди ариза (шикоят) ба ҳама гуна мақомоти андози дар боло зикргардида ҳуқуқи андозсупорандаро барои ҳамзамон ё минбаъд пешниҳод намудани чунин аризаи шабеҳ ба мақоми андози сатҳи нисбатан баланд (мақоми болоии андоз) ё суд истисно наменамояд.

  1. Шикоятҳои (аризаҳои даъвоии) андозсупоранда ба санадҳои санҷишҳои андоз, ҳисоби маблағҳои андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақомоти андоз, ки ба суд пешниҳод шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 101. Тартиб ва мўҳлати пешниҳод ва баррасии шикоят дар  мақомоти андоз

  1. Шикоят ба санади санҷиши андоз, ҳисоб намудани маблағҳои андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақоми андоз метавонад дар ҷараёни 30 рўзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани санади санҷиши андоз, огоҳнома дар бораи ҳисоб намудани маблағҳои андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин дигар қарор ё қабул накардани (нагирифтани) қарор вобаста ба моҳияти шикояташ дар ҳамон мўҳлат пешниҳод карда шавад.

Дар сурати гузаронидани мўҳлати пешниҳоди шикоят бо сабабҳои узрнок дар доираи мўҳлати даъво, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, тибқи аризаи шахси шикоятнамуда ин мўҳлат метавонад аз ҷониби мақоми болоии андоз, мақоми ваколатдори давлатӣ ё суд барқарор карда шавад.

  1. Шикоят дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Шикояти андозсупоранда баррасӣ гардида, нисбати он қарор қабул карда мешавад ва оид ба қарори қабулгардида мақоми андоз дар шакли хаттӣ шахси шикоятнамударо дар мўҳлати на бештар аз 30 рўзи тақвимӣ аз санаи гирифтани шикоят аз ҷониби мақоми андоз огоҳ менамояд.

 

Моддаи 102. Оқибати пешниҳоди ариза (шикоят) нисбати ҳисобкунии  маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳо

То ба охир расидани баррасии ариза (шикоят) нисбати ҳисобкунии маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳо, ки ба мақомоти андоз ё суд мутобиқи моддаҳои 100 ва 101 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи боби 10 ҳамин Кодекс танҳо он қисми ўҳдадориҳои андоз бояд пардохта ва ситонида шавад, ки аз ҷониби андозсупоранда таҳти баҳс қарор нагирифтааст. Боз доштани  пардохти  маблағи ҳамаи ўҳдадориҳои андоз ё як қисми он вобаста ба баррасии шикоят андозсупорандаро аз пардохти фоизҳо барои сари вақт нагузаронидани маблағ ба буҷет, аз ҷумла фоизҳое, ки дар давраи аз санаи пешниҳоди шикоят то қабули қарор вобаста ба он ҳисоб шудааст, озод намекунад.

Ҳамзамон фоизҳо танҳо ба маблағи андозе, ки дар натиҷаи баррасии шикоят бояд ба буҷет пардохт шавад, ҳисоб карда мешаванд.

БОБИ 12.  ҶАВОБГАРӣ

 

Моддаи 103. Мафҳуми ҳуқуқвайронкунии андоз

Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амали ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.

 

Моддаи 104. Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарии шахс барои содир  намудани ҳуқуқвайронкунии андоз

Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:

1) аз ҷониби андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани дастурҳо ва  тавзеҳоти хаттии мақоми андоз ё дигар мақоми давлатӣ, ё шахсони мансабдори онҳо, ки дар доираи салоҳияташон додаанд;

2) аз ҳисоб баровардани бақияпулӣ аз дигар андозҳо аз ҳисоби маблағҳои барои ҳама гуна дигар андозҳо барзиёд пардохтшуда, аз ҷумла андозҳои  пардохтаи агенти андоз;

3) бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии андоз  бо роҳи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз мутобиқи қисми 5 моддаи 73 ҳамин Кодекс.

 

Моддаи 105. Мўҳлати даъвои ба ҷавобгарӣ кашидан барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз

  1. Шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест, агар аз рўзи содир намудан ё аз рўзи дигари баъди ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он чунин ҳуқуқвайронкунии андоз содир шуда буд, се сол гузашта бошад (мўҳлати даъво).
  2. Ҳисоби мўҳлати даъво аз рўзи содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз барои ҳамаи ҳуқуқвайронкунии содиргаштаи андоз, ба истиснои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда, истифода мегардад.
  3. Ҳисоби мўҳлати даъвои ҳуқуқвайронкунии андоз аз рўзи ояндаи баъди рўзи ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он ҳуқуқвайронкунии андоз содир гашта буд, нисбати ҳуқуқвайронкуниҳои андози дар бандҳои 1) -3) қисми 1 моддаи 106 ҳамин Кодекс пешбинишуда анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 106. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

1) сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз ва дигар ҳисоботи андоз;

2) кам нишон додани маблағи андозҳо;

3) вайрон кардани қоидаҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда;

4) монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши андоз;

5) вайрон кардани мўҳлати ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштан дар мақомоти андоз;

6) зикр накардан ё нодуруст зикр кардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо;

7) вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт ё нигоҳ надоштани он;

8) кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо  (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

9) вайрон кардани мўҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ дар бораи  аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс);

10) пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади  муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба мақоми андоз;

11) иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз мутобиқи моддаи 97 ҳамин Кодекс, ки барои гузаронидан мутобиқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суратҳисобҳои шахсони сеюм – дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла аз суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар он ба ҳамин андозсупоранда хизматрасонӣ сурат мегирад) маблағҳои пулӣ ба ҳисоби пўшонидани қарзи андози андозсупоранда;

12) ғайриқонунӣ монеъ шудан ба даромадани шахси мансабдори мақоми андоз ба ҳудуди корхона ё бино;

13) риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) ихтиёрдории молу мулке, ки мақоми андоз ба ҳабс гирифтааст;

14) вайрон кардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

15) ба мақоми андоз пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ;

 16) аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ саривақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рўи супоришномаҳои пардохтии андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд.

17) аз ҷониби шахси ваколатдор бо вайрон кардани талаботи моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи додани рақами мушаххаси андозсупоранда бо роҳи пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти дахлдор оид ба додани рақами мушаххаси андозсупоранда содир кардани амалҳо (амалиёте, аҳдҳое), инчунин аз ҷониби шахси ваколатдор зикр накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар боло қайдшударо  нисбати (ба фоидаи) андозсупоранда тасдиқ мекунанд;

18) вайрон кардани тартиби навиштани  ҳисобномаҳо-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо.

  1. Шахсони воқеӣ барои содир намудани ҷиноят дар соҳаи қонунгузории андоз мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

ФАСЛИ III. ВАЗЪ  ВА СОХТОРИ МАҚОМОТИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

БОБИ 13. МАҚОМОТИ АНДОЗ

 

Моддаи 107. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз  аз инҳо иборатанд:

1) таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои тамоми сатҳҳо;

2) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо;

3) ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшон;

4) сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз.

 

Моддаи 108. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андоз  

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти  андозро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон,  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

 

Моддаи 109. Принсипҳои фаъолияти мақомоти андоз  

  1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зерин фаъолият менамоянд:

1) қонуният;

2) риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) таҳти назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ.

  1. Дар системаи мақомоти андоз таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ҳадафҳои сиёсӣ доранд, иҷозат дода намешавад. Кормандони мақомоти андоз ва воҳидҳои полиси андоз наметавонанд иҷрои фаъолияти хизматии худро бо қарорҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҳдуд намоянд.
  2. Мақомоти андоз фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон, инчунин мақомоти андози дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳо ва ўҳдадориҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 110. Вазъ ва сохтори мақомоти андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – «мақомоти андоз») аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва воҳидҳои дахлдори ҳудудии он – раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳрҳо, нозироти андози андозсупорандагони калони назди мақоми ваколатдори давлатӣ бо шўъбаҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе (минбаъд – “мақомоти андози ҳудудҳо”) иборат буда, системаи ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ мақоми марказии давлатии иҷроия буда, татбиқи амалии вазифаҳои мақомоти андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда, системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора менамояд ва мустақиман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

Мақомоти андози ҳудудҳо воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар маҳалҳо мебошанд ва мустақиман ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба мақомоти дахлдори болоии андоз итоат менамоянд.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба системаи марказии мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти андози ҳудудҳо шахси ҳуқуқӣ, дорои нишони мақомоти андоз, баланси мустақил, суратҳисобҳои махсус дар Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, мўҳр бо акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ ба забони давлатӣ мебошад. Нишони мақомоти андоз ва нишони сарисинагии кормандони мақомоти андоз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  3. Роҳбарони мақомоти андоз дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои шаҳрҳо, нозироти андозсупорандагони калон бо шўъбаҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомоти андоз гузошташударо дар ҳудудҳои дахлдор таъмин намуда, фаъолияти воҳидҳои тобеашонро ташкил, ҳамоҳанг ва назорат мекунанд.
  4. Мақомоти андоз дар масъалаҳои таъмини назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс ситонидани андозҳоро ба дигар мақомот вогузор менамояд, дорои тамоми ваколатҳо мебошанд.

 

Моддаи 111. Ваколатҳои роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ

Роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ:

1) фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти андози ҳудудҳо, дигар воҳидҳоеро, ки ба системаи мақоми ваколатдори давлатӣ дохиланд, оид ба иҷрои вазифаҳо ва ўҳдадориҳои ба зиммаи ин мақомот ва сохторҳо гузошташуда таъмин менамояд ва барои натиҷаи ин фаъолият ҷавобгар мебошад;

2) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони худ, оид ба тасдиқи ҳайати шахсии аъзои коллегияи мақоми ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

3) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда оид ба музди меҳнат ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории мақомоти андоз, дигар корхона, ташкилот ва воҳидҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ,   тасдиқ менамояд, ки онҳо дар мақомоти молия ба қайд гирифта мешаванд;

4) вазифаҳои функсионалии муовинони худро муайян мекунад, низомномаҳои идораҳо, шўъбаҳои мустақил ва дигар воҳидҳои мақоми ваколатдори давлатиро,  тасдиқ менамояд ва тибқи тартиби муқарраргардида фармонҳо, нишондодҳо, дастуруламалҳо ва тавсияҳои методӣ мебарорад;

5) роҳбарони якуми мақомоти андози ҳудудҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

6) номгўи мансабҳои кормандони мақомоти андоз, дигар корхона ва ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатиро,  ки аз ҷониби роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ ва роҳбарони мақомоти андози ҳудудҳо таъин ва озод карда мешаванд, муайян мекунад;

7) тибқи тартиби муқарраргардида ба кормандони мақомоти андоз рутбаҳои тахассусӣ ва нишони сарисинагӣ медиҳад; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

8) бо тартиби муқарраршуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои олии тахассусӣ тавсиянома пешниҳод мекунад;

9) фармонҳо, дастуруламалҳо ва нишондодҳои роҳбарони мақомоти андози поёниро, ки хилофи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бекор менамояд;

10) мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳое, ки ба содиршавии  ҳуқуқвайронкуниҳои андоз мусоидат мекунанд, пешниҳодот ирсол медорад, ки баррасиашон ҳатмӣ мебошад;

11) дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро  иҷро менамояд.

 

Моддаи 112. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти  андоз  

  1. Маблағгузории хароҷоти мақомоти андоз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад. 
  2. Тартиб ва меъёри таъминоти моддию техникии мақомоти андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Молу мулки мақомоти андоз моликияти давлатӣ мебошанд. Молу мулки номбаршуда хусусӣ гардонида намешавад.

 

Моддаи 113. Корманди мақоми андоз

  1. Ба вазифаҳои кормандони мақомоти андози тамоми сатҳҳо шахсоне таъин мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд, ҷавобгў мебошанд. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
  2. Ба корманди мақоми андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаи тахассусӣ дода мешавад.
  3. Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти андоз, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  карда мешавад.
  4. Ба кормандони мақомоти андоз либоси расмӣ дода шуда, намуна ва меъёри додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  5. Ба кормандони мақомоти андоз барои тасдиқи ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 114. Хизмат дар мақомоти андоз

  1. Хизмат дар мақомоти андоз тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Кодек­с танзим мегардад.
  2. Кормандони мақомоти андоз мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз аттестатсия мегузаранд.
  3. Ба кормандони мақомоти андоз манъ аст:

1) дар баробари вазифаи асосӣ ҳамзамон иҷрои дигар кори музднок (ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омўзгорӣ) ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ;

2) дахолат намудан ба фаъолияти андозсупоранда доир ба масъалаҳое, ки ба мавзўи санҷиш ё назорат алоқаманд нест;

3) аз андозсупоранда ба пули нақд рўёнидани андозҳо, ҷаримаҳо, фоизҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 87 ҳамин Кодекс;

4) истифода бурдани далели мавҷудияти вайронкунии андоз ба сифати асос барои дахолат кардан ё маҳдуд намудани дигар фаъолияти қонунии андозсупоранда;

5) талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, баёнот ва маводе, ки ба мавзўи санҷиши андоз дахл надорад;

6) истифода бурдан ва паҳн намудани иттилооти дар ҷараёни санҷиши андоз дар бораи андозсупоранда бадастоварда ба мақсадҳои дар ҳамин Кодекс пешбининагардида ва дигар амалҳои хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 115. Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз   бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ

  1. Мақомоти андоз вазифаҳои қонунии  худро новобаста аз мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия ва дигар мақомоти давлатӣ иҷро мекунанд ва бо ин мақомот ҳамкорӣ менамоянд.
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ба мақомоти андоз ёрӣ расонанд ва бо дархости онҳо бо мақсади таъмини иҷрои қонунгузории андоз ва муқаррар намудани назорати пардохти андозҳо маълумот пешниҳод намоянд. Агар қонунгузорӣ тартиби дигарро муқаррар накарда бошад, дахолати ин мақомот ба фаъолияти мақомоти андоз ва воҳидҳои полиси андоз манъ аст.
  3. Мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ваколатдор, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд мунтазам бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андоз зарурии дар ихтиёрашон бударо пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 116. Ба дигар шахс додани ваколатҳо аз ҷониби роҳбар

Роҳбари мақоми андоз метавонад ба шахси мансабдори мақомоти андоз ваколатҳо ё ўҳдадориҳои ба ў боваршуда ё тибқи қонунгузорӣ ба зиммааш гузошташударо интиқол диҳад, ба истиснои ваколатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 120 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 117. Ҳисоботи солона

  1. Дар ҷараёни шаш моҳи баъди анҷоми ҳар як соли молиявӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар нашрияи дастраси умум нашри ҳисоботро оид ба фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
  2. Ҳисобот бояд маълумоти зайлро дарбар гирад:

1) маблағи андозҳои ҷамъовардаи мақомоти андоз, бо нишон додани намуди андозҳое, ки мувофиқи онҳо ҷамъоварӣ  шудаанд ва нозироти андози ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки андозҳо ба онҳо пардохта шудаанд (аз ҷониби онҳо ҷамъоварӣ шудаанд);

2) маблағи қарзи андозҳо (бақияпулиҳо), бо назардошти тақсимот мутобиқи банди 1 ҳамин қисм;

3) хароҷотҳои мақомоти андоз дар рафти ҷамъоварии андозҳо;

4) маълумоти оморӣ оид ба фароҳам овардани имтиёзҳои андоз ва батаъхиргузории бақияпулиҳо, аз ҷумла дар давоми соли ҳисоботии молиявӣ;

5) инъикоси комёбиҳо ва норасоиҳо дар фаъолияти системаи мақомоти андоз;

6) рўйхати насаб ва номи шахсони воқеӣ, номи шахсони ҳуқуқӣ, ки андозҳои ҳисобшуда, вале насупоридаи онҳо аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки қонунгузорӣ дар санаи 31 декабри соли молиявии ҳисоботӣ муқаррар кардааст,аст, инчунин бо зикри ҳаҷми бақияпулӣ. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

БОБИ 14. ҲУҚУҚ  ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

 

Моддаи 118. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз

  1. Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, мақомоти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:

1) мутобиқи ҳамин Кодекс санҷишҳои андоз гузаронанд;

2) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андози андозсупоранда ё агенти андоз ҳуҷҷатҳоро, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андоз вобастаанд, гиранд ва доир ба ин амалҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуҷҷат тартиб диҳанд. Ҳамзамон ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо тартиб дода мешавад ва аз ҷониби шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо карда мешавад ва як нусхаи он дар дасти андозсупоранда (агенти андоз) мемонад.;

3) дар асоси огоҳномаи хаттӣ андозсупоранда ё агенти андозро ба мақомоти андоз барои додани маълумот вобаста ба пардохти андозҳо (нигоҳ доштан, гузаронидан) аз ҷониби онҳо ё вобаста ба санҷиши андоз, инчунин дигар мақсадҳои марбут ба иҷрои қонунгузории андоз даъват намоянд. Ҳамзамон андозсупоранда ё агенти андоз бояд на дертар аз 5 рўзи корӣ аз рўзи бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс додани огоҳнома ба мақоми андоз ҳозир шавад;

4) маблағи андозҳоеро, ки андозсупоранда бояд ба буҷет пардозад, тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 44 ҳамин Кодекс бо роҳи ҳисоб кардан (бо истифодаи тарзҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим) муайян намоянд; 

5) дар рафти гузаронидани санҷиши андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тамоми ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, сметаҳо, маблағҳои нақд, қоғазҳои қиматнок ва дигар арзишҳои дар даст буда, ҳисобномаҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро санҷанд, аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони корхона (ташкилот) ва шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои дар рафти гузаронидани чунин санҷишҳо пайдошуда маълумот ва тавзеҳоти шифоҳӣ ва хаттӣ гиранд;

6) мутобиқи қисми 2 моддаи 77 ҳамин Кодекс тамоми биноҳои истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои савдо ва дигар бинои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, новобаста аз маҳали ҷойгиршавӣ, ки барои гирифтани даромад ё барои нигоҳдории объектҳои андозбандӣ истифода мешаванд, аз назар гузаронанд ва бо усули хронометраж ва дигар усулҳо ташхис намоянд;

7) ба роҳбарон ва дигар кормандони мансабдори корхона, инчунин шахсони воқеӣ ҷиҳати бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз супоришҳо диҳанд, ки барои иҷро ҳатмӣ мебошанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;

8) барои вайрон кардани қонунгузории андоз нисбати корхонаҳо, кормандони мансабдор ва шахсони воқеӣ муҷозоти андозӣ ва ҷаримаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;

9) мутобиқи ҳамин Кодекс  аз корхонаҳо, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ситонанд, аз ҷумла тавассути даъво ба суд;

10) оид ба далелҳои ҳуқуқвайронкунии андоз аз ҷониби шахсони мансабдори корхонаҳо ё шахсони воқеӣ протоколҳо тартиб диҳанд;

11) дар рафти гузаронидани санҷиши андоз мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, инвентаризатсияи молу мулки андозсупорандаро (ба истиснои молу мулки биноҳои истиқоматӣ) гузаронанд;

12) аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва амалиёти корхонаҳо ва шахсони воқеии санҷишшаванда танҳо барои мақсадҳои хизматӣ  ва барои муайян кардани ўҳдадориҳои андоз маълумот, маълумотнома  ва  ҳуҷҷатҳоро  гиранд;

13) тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар хусуси бекор намудани қарорҳояшон ва қарорҳои мақомоти поёнии онҳо, ки хилофи қонунгузории амалкунандаи андоз мебошанд, таклифҳо пешниҳод намоянд;

14) дар бораи баҳабсгирии молу мулк ва ситонидани маблағҳо аз суратҳисобҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи Кодекси мазкур ва қонунгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амал; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

141) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муфлис эътироф намудани андозсупоранда ба суд муроҷиат менамояд;

15) ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 92 ва 94 ҳамин Кодекс амалиёти хароҷотии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро бо суратҳисобҳои ҷорӣ ва дигар  суратҳисобҳо, аз ҷумла бо арзи хориҷӣ, ба истиснои амалиёти хароҷотӣ бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ, дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз доранд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

     151) тибқи тартиби муқарраргардида қарзи андозро аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои бонкӣ будаи андозсупоранда ва дебиторҳои он, инчунин пули нақде, ки аз ҷумла дар натиҷаи мўҳр мондан ва инвентаризатсияи хазинаи андозсупоранда ошкор шудааст, ситонанд; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

16) дар рафти гузаронидани санҷиши андозӣ худи бонкҳо санҷиши ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои мизоҷони бонкҳоро танҳо дар асоси қарори суд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом диҳанд;

17) аз бонкҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои супоришҳои пардохтии тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошташудаи андозсупорандагон ва агентҳои андоз ва супоришҳои инкассавии (амрномаҳои) мақомоти андозро оид ба гузаронидани маблағи андозҳо аз суратҳисобҳои андозсупорандагон ва агентҳои андоз, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои андозсупорандагон ва агентҳои андоз мутобиқи банди 4 моддаи 76 ҳамин Кодекс талаб намоянд;

18) оид ба масъалаҳои марбут ба андозбандии андозсупорандаи санҷишшаванда аз бонкҳо ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ дар бораи мавҷудият ва рақамҳои суратҳисобҳои бонкӣ, дар бораи бақия ва ҳаракати пулҳо дар ин суратҳисобҳо, бо риояи талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба фош накардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда  мутобиқи банди 4 моддаи 76 ҳамин Кодекс маълумот гиранд;

19) барои гузаронидани назорати андоз мутахассисон, коршиносон ва тарҷумонҳоро  ҷалб (даъват) намоянд;

20) ба сифати шоҳид шахсонеро, ки барояшон ҳолатҳои барои гузаронидани назорати андоз аҳамиятдошта маълуманд, даъват намоянд;

21) дар асоси протоколҳо аз рўи ҳодисаҳои вайронкунии қонунгузории андоз аз ҷониби шахсони мансабдори корхонаҳо ё шахсони воқеӣ қарори дахлдор қабул намоянд;

22) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анборҳои андоз ва дидбонгоҳҳои аксизӣ таъсис диҳанд;

23) ба судҳо вобаста ба масъалаҳои иҷро кардани (накардани) қонунгузории андоз  аз ҷониби андозсупорандагон ва (ё) агентҳои андоз даъво пешниҳод намоянд;

24) мутобиқи ҳамин Кодекс санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намоянд, ки аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда тасдиқ карда мешаванд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегарданд;

       241) бо максади ҷорӣ намудани меъёрҳои пасттари андоз ва (ё) шаклҳои соддакардашудаи андозбандӣ бе кам намудани хаҷми воридоти андозҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахру ноҳияҳои алоҳида бо истифода аз омилҳои тағйирёбандаи андозбандӣ (меъёри андоз, манбаи андоз ва ғайра) дар мӯҳлати на кам аз як соли тақвимӣ якҷоя бо мақомоти молия корҳои таҷрибавӣ ва тадқиқотӣ гузаронанд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

25) оид ба пайдоиш, иҷро ва қатъи ўҳдадориҳои андоз дар доираи салоҳияташон  тавзеҳот диҳанд;

26) дурустии истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро назорат кунанд; 

27) мақомоти андоз инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошанд, ки ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо наметавонад барои шахсони сеюм хусусияти ҳатмӣ дошта бошад;

  1. Мақомоти болоии андоз ҳуқуқ доранд қарорҳои мақомоти поёнии андозро дар ҳолати мувофиқ набудани онҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд.

 

Моддаи 119. Ўҳдадориҳои мақомоти андоз

  1. Мақомоти андоз ўҳдадоранд:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Кодекс, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя намоянд;

2) татбиқи сиёсати давлатии андозро таъмин намоянд;

      3) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом  диҳанд; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

4) баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда, пардохтшуда ва бақияпулиҳо, назорати ҳисобкунии дуруст, пурра ва саривақтии пардохти андозҳоро ба буҷет таъмин намоянд;

5) оид ба воридоти андозҳо ба буҷет ҳисобот тартиб диҳанд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботро оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рўи гурўҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо таъмин намоянд;

6) муҷозоти молиявӣ ва дигар муҷозот, ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд ва сари вақт ситонанд;

7) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санҷиши андозсупорандагонро гузаронанд;

8) нишондодҳои дастурӣ ва методӣ доир ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта, инчунин мавод, китобча ва овезаҳо таҳия кунанд, дар васоити ахбори умум оид ба ин масъалаҳо ахбори машваратӣ ва тавзеҳотӣ нашр намоянд;

9) ба андозсупорандагон оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз тибқи мўҳлат ва ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс огоҳнома супоранд;

10) тибқи аризаи андозсупоранда дар мўҳлати на дертар аз даҳ рўз аз ҳисобномаи шахсии ў оид ба вазъи ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет дар бораи  иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ нусха пешниҳод намоянд;

11) чораҳои таъмини иҷрои ўҳдадориҳои андозро татбиқ намоянд ва қарзи андози андозсупорандаро мутобиқи ҳамин Кодекс ситонанд; 

12) ба андозсупорандагон нусхаи санади санҷиши андоз ва қарори дахлдори мақоми андозро оид ба натиҷаи санҷиши андоз пешниҳод намоянд;

13) феҳристи давлатӣ ва баҳисобгирии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро  пеш баранд;

14) бо тартиби муқарраршуда мактубҳо, шикояту аризаҳоро оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти мақомоти андоз қарордошта баррасӣ намоянд;

15) ҳар моҳ ба мақомоти молия оид ба маблағҳои андози воқеан ба буҷет дохилшуда маълумот пешниҳод намоянд;

16) якҷоя бо мақомоти молия иҷрои қисми даромади буҷетро назорат намоянд;

17) оид ба иҷро ва ҳуқуқвайронкунии андоз маълумотро ҷамъоварӣ ва таҳлил кунанд, зуҳуроти манфии вобаста ба андозбандии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро пешбинӣ намоянд ва дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд;

18) якҷоя бо дигар мақомоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст, назорати асъориро анҷом диҳанд;

19) мувофиқи муқаррароти моддаи 89 ҳамин Кодекс маблағҳои аз андозҳои ҳисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба ҳисоб гиранд ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонанд;

20) сирри маълумоти оид ба андозсупорандагонро мувофиқи муқаррароти моддаи 123  ҳамин Кодекс  нигоҳ  доранд;

21) оид ба татбиқи қонунгузории андоз корҳои тавзеҳотиро анҷом диҳанд, ба андозсупорандагон шаклҳои ҳисоботи андозро пешниҳод кунанд ва тарзи тартибдиҳии онҳоро фаҳмонанд, аз ҷумла дар шакли хаттӣ тартиби ҳисобкунӣ ва  пардохти андозҳоро шарҳ диҳанд;

      22) дар давоми 6 соли баъди ба охир расидани соли андоз нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба андозсупоранда дода шудаанд (квитансия ва ғайра) ва далели иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупорандаро оид ба пардохти андозҳо ба буҷети давлатӣ тасдиқ мекунанд, инчунин санадҳои санҷиши андоз ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ин андозсупорандаи мушаххас муносибат доранд, таъмин намоянд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар парвандаи шахсии андозсупоранда ҷамъ оварда мешаванд (парвандаи шахсии андозсупорандаро ташкил медиҳанд). Мақомоти андоз парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбати андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони воқеие, ки ўҳдадоранд мутобиқи ҳамин Кодекс эъломияи андоз пешниҳод кунанд, ташкил менамоянд.  

23) ҳангоми дар рафти санҷиши андоз муайян намудани далелҳое, ки дорои аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ маводҳоро дар давоми 10 рўзи кории  баъди  қабули қарор тибқи  санади санҷиши  андоз барои чораҷўӣ,  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристанд.

Барои мақсадҳои ҳамин банд далелҳои зерин, ки дорои  аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз пардохти андозҳо ва   дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, ҳисобида мешаванд:

а) барои шахсони ҳуқуқӣ – дар ҳолати дидаву дониста (қасдан) аз ҳисоби андоз дохил кардани нишондиҳандаҳои таҳрифшуда ё истифода кардани дигар усулҳои пинҳонкунии (кам нишон додани) даромадҳо ё зиёд кардани тарҳҳо (хароҷот), ки ба барилова ҳисоб гардидан ва (ё) напардохтани андозҳо дар ҳаҷми калон ё махсусан калон оварда расонидааст;

          б) барои шахсони воқеӣ – дар ҳолати пешниҳод накардани эъломия дар бораи даромад ва дигар ҳисоботи андоз, вақте ки пешниҳоди чунин эъломия  ва дигар ҳисоботи андоз ҳатмист ё дидаву дониста ба эъломия ё дигар ҳисоботи андоз дохил кардани нишондиҳандаҳои таҳрифшуда, ки ба барилова ҳисоб гардидан ва (ё) напардохтани андозҳо дар ҳаҷми калон ё махсусан калон оварда расонидааст. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

24) фаъолияти мақомоти поёнии андоз ва корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъро назорат намоянд;

25) то оғози санҷиши андоз ҳуқуқ ва вазифаҳои андозсупоранда, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро, ки ба гузарондан ва натиҷаҳои санҷиши андоз алоқаманданд, фаҳмонанд;

26) таъмин намудани дастрасии андозсупорандагон бо иттилооти ба масъалаҳои андозбандии онҳо алоқамандбуда, аз ҷумла бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» бо роҳи дар ҷойҳои кушодаю намудори мақомоти андоз (дар лавҳаи эълонҳо) ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои андозбандиро танзимкунандаю.

  1. Мақомоти андоз инчунин дигар ўҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд.

 

Моддаи 120. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои ба мақомоти андоз додашуда

  1. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз, ки дар бандҳои 1), 2), 5), 6), 10), 11), 12), 16), 17), 18), 20), 26) қисми 1 моддаи 118 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, ба ҳамаи кормандони мақомоти андоз дода мешаванд.
  2. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз, ки дар бандҳои 3), 7), 8), 9), 13), 14), 14(1), 15), 151), 19), 21), 22), 23), 24) ва 25) қисми 1 моддаи 118 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, ба роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ, муовини аввали он ва муовинони ваколатдор, роҳбарони якум ва муовинони роҳбарони якуми мақомоти андози ҳудудҳо дода мешаванд.
  3. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз, ки дар қисми 1 моддаи 118 ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда, дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда номбар нашудаанд, ба ҳамаи кормандони мақомоти андоз, ки мансабҳои сарнозир ва болотар аз онро ишғол менамоянд, дода мешаванд.
  4. Дастуруламал оид ба татбиқи ҳуқуқҳои ба мақомоти андоз додашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия, тасдиқ ва нашр карда мешавад.

 

Моддаи 121. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти андоз

  1. Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳояшон, риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ, хизматӣ, андоз, тиҷоратӣ ва сирри пасандозҳо, сўиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалҳои хилофи қонун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
  2. Зараре, ки ба андозсупоранда дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти андоз расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 122. Ихтилофи манфиатҳо

Ба корманди мақоми андоз анҷом додани вазифаҳои хизматӣ дар ҳолатҳои зайл манъ аст, агар:

1) корманди мақоми андоз бо андозсупоранда алоқаи хешу таборӣ дошта бошад; ё

2) нисбати корманди мақоми андоз андозсупоранда ё хеши вай манфиати мустақим ё ғайримустақими молиявӣ дошта бошад.

 

Моддаи 123. Сирри маълумот (сирри андоз)

  1. Мақомоти андоз, агентҳои андоз ва тамоми шахсоне, ки кормандони онҳо буданд ё мебошанд, вазифадоранд, ки сирри ҳама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон (ба истиснои маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва дигар маълумоти вобаста ба баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон), ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматиашон гирифтаанд, пинҳон нигоҳ доранд. Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд чунин маълумотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ танҳо ба шахсони зерин пешниҳод намоянд:

1) ба дигар кормандони мақомоти андоз ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо мақсадҳои иҷрои ин вазифаҳо;

2) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади тибқи қонун  тафтиш намудани шахсе, ки қонунгузории андозро вайрон намудааст ё ҷиноят содир кардааст;

3) ба судҳо ҳангоми баррасии парванда оид ба муайян намудани ўҳдадориҳои андози андозсупоранда ё ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз ё содир намудани ҷинояти вобаста ба андоз ё дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ;

4) ба мақомоти андози дигар давлатҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) ба мақомоти молия дар ҳамон ҳаҷме, ки барои таъмини иҷрои қонунгузорӣ оид ба буҷет зарур аст;

6) ба мақомоти гумрук барои татбиқи қонунгузории гумрук, инчунин ба мақомоте, ки мутобиқи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои амалӣ намудани андозбандӣ  дорои ҳуқуқи ситонидани андозҳо мебошанд.

  1. Шахсоне, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда маълумот гирифтаанд, мутобиқи муқаррароти ҳамин модда махфияти маълумотро нигоҳ медоранд, ба истиснои ҳадди ақале, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои вобаста ба пешниҳоди маълумоти иҷозатдодашуда зарур аст.
  2. Ба истиснои ҳолатҳои гирифтани маълумот мутобиқи қисмҳои 1 ё 4 ҳамин модда шахсе, ки маълумотро мегирад ва додани онро ҳамин модда танзим менамояд, наметавонад маълумотро фош кунад ва ўҳдадор аст ҳуҷҷатҳои дорои маълумотро ба мақомоти андоз баргардонад.
  3. Маълумоти марбут ба андозсупорандаро танҳо бо розигии хаттии андозсупоранда ба шахси дигар додан мумкин аст.

 

(Боби 15 хориҷ карда шуд тибқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.07сол №306).

 

БОБИ 15.

Воҳидҳои ПОЛИСИ АНДОЗ

Моддаи 124. Воҳидҳои полиси андоз

 

Моддаи 125. Сохтори воҳидҳои полиси андоз 

 

Моддаи 126. Ваколатҳои сардори Саридораи полиси андоз

 

Моддаи 127. Вазифаҳои асосии воҳидҳои полиси андоз

 

Моддаи 128. Ҳуқуқҳои воҳидҳои полиси андоз

 

Моддаи 129. Ўҳдадориҳои воҳидҳои полиси андоз

 

Моддаи 130. Хизмат дар воҳидҳои полиси андоз

 

 

БОБИ 16. ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ  МАҚОМОТИ АНДОЗ  

 

Моддаи 131. Ҳифзи ҳуқуқии кормандони мақомоти андоз  

  1. Кормандони мақомоти андоз намояндагони ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талаботи қонунии онҳо дар доираи салоҳияташон барои иҷро аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад.
  2. Монеъ шудан ба иҷрои ўҳдадориҳои хизматии кормандони мақоми андоз таҳқири шаъну эътибори онҳо, таҳдид, зўроварӣ ё сўиқасд ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо вобаста ба фаъолияти хизматиашон боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
  3. Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну эътибор ва молу мулки аъзои оилаи кормандони мақомоти андоз аз кирдорҳои ҷиноятӣ вобаста ба иҷрои вазифаи хизматиашон тибқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ва (ё) меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.

 

Моддаи 132. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти андоз ва аъзои оилаи онҳо

  1. Давлат ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти андозро кафолат медиҳад.
  2. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти андоз ва аъзои оилаи онҳо тибқи шарт, тартиб ва ҳаҷми барои хизматчиёни давлатӣ муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад.
  3. Намудҳо ва ҳаҷми таъминоти моддӣ, аз ҷумла намуд ва андозаи маоши кормандони мақомоти андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

ҚИСМИ II.  ҚИСМИ МАХСУС

 

ФАСЛИ IV.  АНДОЗИ ДАРОМАД АЗ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ  (АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ)

 

БОБИ 17.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 133. Андозсупорандагон

Шахсони воқеии резидент ва ғайрирезидент, ки мутобиқи моддаи 134 ҳамин Кодекс объекти андозбандишаванда доранд, супорандагони андоз аз даромад мебошанд.

 

Моддаи 134. Объекти андозбандӣ

  1. Барои резидентҳо ба сифати объекти андозбандии даромад даромади андозбандишавандаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағи тарҳшудаи хароҷоти пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ҳамин давра муайян карда мешавад.
  2. Андозсупоранда – ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, нисбати даромади андозбандишавандае, ки ба муассисаи доимӣ алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии соли тақвимӣ аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба муассисаи доимӣ (банди 3) қисми 8 моддаи 34 ҳамин Кодекс ва маблағи нигоҳдошташудаи (хароҷоти) пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати чунин даромад барои ҳамин давра муайян карда мешавад, супорандаи андоз аз даромад мебошад.
  3. Даромади умумии ғайрирезидент, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нашудааст, бояд аз манбаи пардохт бе нигоҳ доштани маблағ (бе тарҳкунии хароҷот), агар ин дар моддаи 164 ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад, андозбандӣ карда шавад.
  4. Шахси воқеӣ-ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳнати кироя ё аз фурўш ё додани молу мулке, ки ба муассисаи доимиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбати даромади умумии чунин намуд дар соли тақвимӣ бо кам кардани он ба маблағи нигоҳдошташудаи (хароҷоти) пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи андоз аз даромад ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 135. Даромади умумӣ

  1. Даромади умумии андозсупоранда-резидент аз даромадҳое иборат мебошад, ки вай аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
  2. Даромади умумии андозсупоранда-ғайрирезидент аз даромадҳое иборат мебошад, ки вай аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
  3. Ҳамаи намуди даромадҳои гирифташуда, ҳам дар шакли пулӣ ва ҳам дар шакли асл (натуралӣ), ба истиснои даромадҳо, ки мувофиқи ҳамин Кодекс аз андози даромад (андози фоида) озод карда шудаанд, ба даромади умумӣ дохил карда мешаванд, аз ҷумла:

1) даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд;

2) даромадҳо аз фаъолияте, ки кори кироя ҳисоб намешаванд;

3) ҳама гуна даромадҳои дигар.

 

Моддаи 136. Даромадҳое, ки дар шакли музди меҳнат гирифта мешаванд

  1. Ҳама гуна пардохт ё манфиат, ки шахси воқеӣ аз кори кироя гирифтааст, аз ҷумла дар шакли натуралӣ, даромади дар шакли музди меҳнат гирифташуда ба ҳисоб меравад, аз ҷумла, даромадҳо аз кори кирояи пешина дар шакли нафақа ё дигар шакл гирифташуда ё даромадҳо аз кори минбаъдаи кироя.
  2. Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда арзиши манфиат аз кори кироя ба маблағи дар поён овардашуда, бо назардошти тарҳи ҳама гуна пардохтҳои корманд барои гирифтани ин манфиат баробар мебошад:

1) ҳангоми гирифтани қарз тибқи меъёри фоизи пасттар аз меъёри бозорӣ барои чунин намуди қарзҳо — маблағи баробар ба фоизҳое, ки бояд тибқи меъёри бозорӣ пардохта шаванд;

2) ҳангоми аз ҷониби корфармо ба корманди худ фурўхтан ё ройгон додани молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо — арзиши бозории чунин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо;

3) ҳангоми гирифтани кўмак барои таҳсили корманд ё шахсони дар таъминоти он қарордошта (ба ғайр аз барномаҳои тайёрӣ, ки бевосита ба иҷрои ўҳдадориҳои корманд алоқаманданд) — арзиши кўмак барои корфармо дар гирифтани маълумот;

4) дар ҳолати ба корманд ҷуброн кардани хароҷоте, ки бевосита ба кори кирояи ў алоқаманд нест - маблағи  ҷуброн;

5) ҳангоми бахшидани қарз ё ўҳдадории корманд дар назди корфармо — маблағи қарз ё ўҳдадории бахшидашуда;

6) ҳангоми пардохти подоши суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ ва дигар маблағҳои шабеҳ аз ҷониби корфармо — арзиши чунин подоши суғуртавӣ ё маблағҳо барои корфармо;

7) дар дигар ҳолатҳо — арзиши бозории манфиат мутобиқи моддаи 32 ҳамин Кодекс.

  1. Даромади умумӣ ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро мутобиқи меъёрҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршуда, инчунин ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ - ғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои шахсони дар боло номбаршуда дар бар намегирад.
  2. Даромади умумӣ пардохтҳои намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳро (барои гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра), ки шахси воқеӣ гирифтааст, дар бар намегирад.
  3. Арзиш ва хароҷоте, ки дар қисми 2 ҳамин модда номбар шудаанд, аксизҳо, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозеро дар бар мегиранд, ки корфармо бояд вобаста ба аҳди арзишдошта супорад.
  4. Даромади умумии шахси воқеӣ андози иҷтимоиро, ки корфармо ва ин шахс мутобиқи фасли IҶ ҳамин Кодекс мепардозанд, дар бар намегирад.

 

Моддаи 137. Даромадҳо аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб  намебошад

  1. Даромадҳои зерин даромад аз фаъолияте мебошанд, ки ба меҳнати кироя мансуб нестанд:

1) даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла:

- фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки  мутобиқи моддаи 194 ҳамин Кодекс барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд;

- даромаде, ки барои розигӣ додан ҷиҳати маҳдуд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ё бастани корхона гирифта мешавад;

- маблағҳое, ки  аз фурўши воситаҳои асосӣ гирифта шуда, мутобиқи қисми 7 моддаи 153 ҳамин Кодекс ба даромад дохил карда шудаанд;

- хароҷоти ҷуброншаванда мутобиқи моддаи 193 ҳамин Кодекс;

2) даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ, аз ҷумла:

- даромади фоизҳо;

- суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

- даромад аз иҷора ё кирояи молу мулк;

- роялти;

- маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда;

- фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда намешавад;

      3) ҳама гуна дигар даромад,  ки дорои маънои афзоиши арзиши софи активҳои андозсупоранда мебошад, ба истиснои  музди меҳнат ва ҳаҷми арзиши азнавбаҳодиҳии (азнавнархгузории) воситаҳои асосӣ.

  1.   Соҳибкорони инфиродӣ, ба истиснои супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, метавонанд дар асоси патент ё дигар низоми соддакардашуда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана қарор дода шаванд. Шакли патентии андозбандӣ, агар соҳибкори инфиродӣ амалан кирояи қувваи кориро бо мақсади иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ анҷом диҳад, сарфи назар аз он ки чунин кори кироя ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё на, татбиқ намегардад.
  2. Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда супорандаи андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана дар асоси патент ё дигар низоми соддакардашуда нестанд, бояд мутобиқи муқаррароти фаслҳои IҶ ва ҶIII ва боби 48 ҳамин Кодекс, агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ даромади умумии ин шахсон бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз ҳадди чоркаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд набошад, бо ин андоз, инчунин бо андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана фаро гирифта шаванд. Дар ин ҳолат, инчунин дар ҳолати қисми 4 ҳамин модда ба соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дода шуда, намудҳои фаъолиятеро, ки анҷом додани онҳо ба чунин соҳибкор манъ карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 19.05.09с, № 525) ва  (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).
  3. Соҳибкорони инфиродие, ки даромади умумии онҳо дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди чоркаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд бошад, ўҳдадоранд ба пардохти андоз аз даромад мутобиқи муқаррароти фаслҳои IV ва VI, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана, инчунин андозҳои дигар мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс тибқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 302 ҳамин Кодекс гузаранд. (ҚҶТ аз 19.05.09с, № 525).
  4. Ҳар коргари кирояи (новобаста аз он ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё не) соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ менамояд, бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ин коргар бо андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шавад. Ҳамзамон барои мақсадҳои ҳисоб кардани андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи коргарони кироя дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли гузашта ташаккул ёфтааст, қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  5. Фаъолияти иктисодии хориҷӣ барои мақсадҳои соҳибкории инфиродӣ, аз ҷумла содироту воридоти молҳо, танхо аз ҷониби сохибкорони инфиродӣ, ки дорандаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ буда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегарданд, амалӣ шуда метавонад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 138. Тасҳеҳи даромади умумӣ

Суди саҳмияҳо ва фоизҳое, ки шахсони воқеӣ гирифтаанд ва қаблан дар манбаи пардохт дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 162 ё 163 ҳамин Кодекс андозбандӣ шудаанд, бояд аз даромади умумӣ хориҷ карда шаванд.

 

Моддаи 139. Ҳуқуқ ба тарҳкуниҳои шахсӣ

  1. Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад барои ҳар моҳи соли андозӣ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ тарҳ намояд. Агар шахси воқеӣ корманд бошад, тарҳи маблағ танҳо нисбати музди меҳнат дар ҷои кори асосиаш иҷозат дода мешавад.

Даромади шахси воқеӣ, ки дар як сол аз 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба ҳисоби миёна  як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як моҳи тақвимӣ зиёд набошад, бо андоз аз даромад андозбандӣ намегардад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

  1. Шахсони воқеии зерин ҳуқуқ доранд барои ҳар моҳи соли андозӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳ намоянд:

1) шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ барои муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин маъюбон аз давраи кўдакӣ ва маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2;

2) шаҳрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки  дар натиҷаи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои атомӣ рух додааст; шахсони дар рафъи оқибатҳои чунин садамаҳо дар доираи минтақаи ҷудокунӣ иштирокдошта; шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо дар корҳои баистифодабарӣ ё дигар корҳо дар объектҳои атомӣ иштирок намудаанд.

  1. Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад андози иҷтимоиро, ки мутобиқи боби 35 ҳамин Кодекс анҷом додааст, тарҳ намояд.
  2. Шахси воқеӣ ба тарҳи яке аз маблағҳои нисбатан калонтари дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқарраршуда ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 140. Меъёрҳои андоз аз даромад

  1. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз рўи меъёрҳои зерин аз даромад андозбандӣ мешавад, агар ҳамин Кодекс талаботи дигареро муқаррар накарда бошад:

№№

Миқдори даромади андозбандишаванда

(ба ҳисоби миёна дар як моҳ)

Меъёр ва маблағи андоз

1.

На зиёда аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Аз даромад андозбандӣ намешавад (меъёри сифрӣ)

2.

Зиёда аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 100 сомонӣ

8 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо

3.

Зиёда аз 100 сомонӣ

Маблағи андози сатри 2 ҷамъ 13 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз 100 сомонӣ

 

  1. Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳам маблағи даромади андозбандишаванда ва ҳам маблағи тарҳшаванда аз аввали сол ба тариқи афзоянда ҳисоб карда мешавад.
  2. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ – ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки коргари кироя мебошад, бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

Моддаи 141. Озодкунӣ

Аз намудҳои зерини даромади шахсони воқеӣ андоз аз даромад гирифта намешавад:

1) даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ ё консулии шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад;

2) даромад аз меҳнати кирояи шахсе, ки резидент ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андозӣ камтар аз 90 рўз истиқомат дошт, агар чунин даромадро корфармо - ғайрирезидент диҳад ё аз номи ё аз ҳисоби корфармое диҳад, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва онро муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намепардозад;

3) арзиши молу мулки аз дигар шахси воқеӣ дар шакли тўҳфа ё мерос гирифташуда, агар дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои гирифтани он боҷи давлатӣ пардохта шуда бошад, ба истиснои даромад аз чунин молу мулк ва молу мулке, ки дар шакли музди меҳнат гирифта шудааст; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

4) арзиши тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта, инчунин ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоиш ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, ки агар:

-тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

-ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

-ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;

5) нафақаҳои давлатӣ, стипендияҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ, аз ҷумла пардохт ва ҷубронпулиҳо барои дафн, ҳомиладорӣ ва таваллуд, вобаста бо гум кардани қобилияти меҳнатӣ (аз ҷумла муваққатан) ва аз даст додани саробон;

6) алиментҳо аз ашхосе, ки онро мегиранд;

7) пардохтҳои якдафъаина, кўмаки моддӣ аз ҳисоби буҷет, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд, инчунин кўмаки башардўстона (гуманитарӣ), кўмаки эҳсонкорӣ, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ;

    8) даромади шахси воқеӣ дар давоми як соли тақвимӣ аз фурўш ё шакли дигари бегона кардани як манзили  зист (хонаҳо, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо ва амсоли он) ба пуррагӣ ё қисми он, ки моликияти шахси воқеии мазкур ба ҳисоб меравад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

9) даромади шахси воқеӣ аз фурўш ё  шакли дигари бегона кардани  молу мулки манқули моддӣ, ба истиснои молу мулке, ки андозсупоранда дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад (бурдааст); (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

10) маблағи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11) пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохтшуда гирифта шудаанд, дар ҳолате ки подошҳои суғуртавӣ аз рўи чунин шартномаҳо аз ҳисоби ин шахси воқеӣ пардохта шудаанд  ва пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудаанд;

12) даромадҳои замбўрпарварон аз фурўши асали оилаи замбўри шахсиашон;

13) даромадҳо аз фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ парвариш (истеҳсол) карда шудааст, бе коркарди саноатии он;

14) маблағи маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохташуда вобаста ба адои хизмат (иҷрои ўхдадориҳои хизматӣ)  ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ,   Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, инчунин дар системаи раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15) маблағҳое, ки барои супоридани хун гирифта мешаванд;

16) бурдҳо аз вомбаргҳои давлатӣ ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст. Бурдҳо аз вомбаргҳо ва лотереяҳо дар мавриди ифодаи арзиши ҳаҷми бурд на зиёда аз 50 сомонӣ ба як вомбарг ё лотерея;

17) кўмаки иҷтимоии суроғавӣ, ёрдампулӣ ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд;

18) ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ ва хизматияш расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

19) арзиши либоси махсус ва (ё) либоси расмӣ ва пойафзол, воситаҳои ҳифзии инфиродӣ ва кўмаки аввалияи тиббӣ, собун, воситаҳои безараркунӣ, шир ё дигар маҳсулоти истеъмолии ба он баробар барои истеъмоли табобатию профилактикӣ додашуда тибқи меъёрҳо ва вобаста ба соҳаи фаъолият, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;

20) пардохтҳои суғуртавӣ тибқи  шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ);

21) маблағи ҷуброни зарари моддӣ, ки бо қарори суд муқаррар шудааст;

22) даромадҳои шахсони воқеие, ки мутобиқи дигар муқаррароти ҳамин Кодекс озод карда мешаванд.

23) даромадҳои дар моддаи 136 ҳамин Кодекс нишондодашудаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил.

 

ФАСЛИ V.  АНДОЗ АЗ ФОИДАИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ

 

БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 142. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд – «андоз аз фоида») корхонаҳои резидентӣ ва корхонаҳои хориҷӣ мебошанд, ба истиснои корхонаҳое, ки ҷавобгўи шартҳои моддаи 302 ҳамин Кодекс мебошанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Ҳама гуна субъекти хориҷие, ки шахси воқеӣ намебошад, барои мақсадҳои фасли мазкур ба сифати корхона баррасӣ мегардад, агар исбот накунад, ки вай бояд мутобиқи моддаи 189 ҳамин Кодекс чун соҳибии муштарак баррасӣ гардад.

 

Моддаи 143. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандии корхонаи резидентӣ фоидаи он мебошад. Фоида фарқи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва маблағҳои тарҳшаванда мебошад, ки дар боби 19 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст. Барои мақсадҳои ҳамин модда даромади умумӣ мувофиқи муқаррароти моддаи 135 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад (аз ҷумла тамоми воридоте, ки боиси афзоиши активҳои софи андозсупоранда мегардад, ба истиснои воридоте, ки аз  андоз аз фоида озод аст. Ҳамзамон молу мулке, ки ба сифати саҳм ба фонди оинномавӣ гирифта шудааст, ҳамчун даромад баррасӣ намегардад).
  2. Объекти андозбандии корхонаи хориҷие, ки тавассути муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, фоида аз чунин фаъолият ба ҳисоб меравад, яъне даромади умумии он аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доимӣ, ки ба маблағи тарҳшаванда нисбати чунин даромад пешбининамудаи ҳамин Кодекс кам карда шудааст.
  3. Намудҳои даромади умумии корхонаи хориҷии пешбининамудаи моддаи 164 ҳамин Кодекс, ки ба муассисаи доимии он алоқаманд нестанд, агар манбаи даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, бояд бе тарҳи хароҷот дар манбаи пардохт андозбандӣ гарданд.
  4. Ҳангоми аз ҷониби корхонаи хориҷӣ гирифтани даромад аз фурўш ё супурдани молу мулк, ки бо муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд нест, объекти андозбандӣ фоидаи аз чунин фаъолият гирифтаи он мебошад, яъне чунин даромади умумии он аз манбаъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли тақвимӣ мебошад, ки ба маблағи тарҳшавандаи нисбати чунин даромад пешбининамудаи ҳамин Кодекс кам карда шудааст ва ба чунин даромад дар ҳамин давра дахл дорад.

 

Моддаи 144. Меъёрҳои андоз

  1. Бо назардошти қисми 2 ва 3 ҳамин модда фоидаи корхона, ки тибқи муқаррароти моддаи 160 ҳамин Кодекс ба маблағи зарари ба давраи дигар гузаронидашуда кам карда шудааст, бояд аз рўи меъёри 15 фоиз андозбандӣ гардад, ба истиснои корхонаҳои соҳаҳои нақлиёт ва алоқа, хизматрасонӣ ва бонкҳо, ки фоидаи онҳо аз рўи меъёри 25 фоиз андозбандӣ мегардад. (ҚҶТ аз 19.05.09с, № 525).
  2. Намудҳои даромади умумии корхонаи хориҷӣ, ки дар қисми 3 моддаи 143 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тибқи меъёрҳои моддаи 164 ҳамин Кодекс андозбандӣ мешаванд.
  3. Фоидаи корхонаи хориҷӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 143 ҳамин Кодекс тибқи меъёри 25 фоиз андозбандӣ мешавад.
  4. Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ аз рўи меъёрҳое, ки дар моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар шудаанд, пардохта мешавад. (Қ ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

Моддаи 145. Имтиёзҳо

  1. Аз андозбандӣ аз фоида инҳо озоданд:

1) ташкилотҳои динӣ, эҳсонкорӣ, буҷетӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии (байналмилалии) ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;

2) маблағгузарониҳои ройгон ва молу мулки ройгон, аъзоҳаққиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

3) корхонаҳое, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:

а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, ва

б) на камтар аз 50% маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст;

4) корхонаҳои наве, ки дар соҳаи истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, дар соли бақайдгирии давлатӣ ва аз соле, ки баъди соли бақайдгирии ибтидоии давлатӣ фаро мерасад, ҳангоми аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти ҳаҷмҳои ҳадди ақали инвеститсияҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи инвеститсияҳо ба мўҳлати:

-        2 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА бошад; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

-        3 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

-        4 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

-        5 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.

  1. Ҳангоми ҳисоби мўҳлати (давомнокии) озодкунӣ аз андоз аз фоида (таътили андоз) мутобиқи ҳамин банд аз нав бақайдгирии корхона, тағйирёбии моликони корхона, тағйирот дар шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва монанди ин дигар чунин тағйирот ба инобат гирифта намешавад.
  2. Имтиёзҳо аз андози фоида, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, нисбат ба шахсоне, ки андозбандиашон бо бобҳои 49, 50 ва 52 Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешавад (ё қаблан дароварда шуда буд) татбиқ намегардад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

ФАСЛИ VI.  МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ  марбут БА АНДОЗ АЗ ФОИДА ВА АНДОЗИ ДАРОМАД

 

БОБИ 19.  ТарҳҲО АЗ ДАРОМАДИ УМУМӢ

 

Моддаи 146. Тарҳи хароҷот вобаста ба гирифтани даромад

  1. Аз даромади умумӣ тамоми хароҷоти дар давраи ҳисоботӣ (андоз) кардашуда (марбут ба давраи ҳисоботӣ), ки бо гирифтани чунин даромад алоқаманд аст, аз ҷумла хароҷоти пардохти андозҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба ҳамин Кодекс мухолифат намекунанд, бо назардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи моддаи 158 ҳамин Кодекс, хароҷоти музди меҳнат, фароҳам овардани неъматҳои моддӣ ва иҷтимоӣ ба кормандон, ки таҳти андоз аз даромад қарор доранд, хароҷоти харидани ашёи хом, мавод, энергия тарҳ карда мешавад, ба истиснои хароҷоти сохтмон, харидани воситаҳои асосӣ ва васли онҳо, инчунин дигар хароҷоти дорои хусусияти асосӣ мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс ва хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 147 ҳамин Кодекс ва дигар муқаррароти  ҳамин боб  бояд тарҳ нашаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Тарҳи хароҷотро андозсупоранда ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ба таври лозимӣ ба расмият даровардашуда ва тасдиқкунандаи хароҷоти вобаста ба даромади умумии гирифта анҷом медиҳад.
  3. Агар ҳамон як хароҷот дар якчанд моддаи хароҷот пешбинӣ шуда бошад, дар ин сурат ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишаванда (даромади андозбандишаванда) ин хароҷот танҳо як маротиба тарҳ карда мешавад.
  4. Ҷарима, фоизҳо (пеня), ноустувории ҳисобшуда ё қабулшудаи вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ки бояд аз ҳисоби андозсупоранда пардохта шаванд (шудаанд), ба истиснои онҳое, ки бояд ба буҷет ворид гарданд, тарҳ карда мешаванд.

 

Моддаи 147. Хароҷоте, ки тарҳ карда намешавад

  1. Тарҳ нисбати хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, иҷозат дода намешавад. Тарҳ нисбати хароҷоти вобаста ба сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории объектҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолоти асосӣ) алоқаманд нестанд, сурат намегирад.
  2. Тарҳи маблағҳои пешбининамудаи ҳамин боб иҷозат дода намешавад, агар он ҷавобгўи талаботи моддаи 146 ҳамин Кодекс набошад.
  3. Ҳеҷ гуна тарҳ нисбати хароҷоти намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳ (гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра) иҷозат дода намешавад.
  4. Қисми 3 ҳамин модда нисбати андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкориаш дорои хусусияти фароғатӣ мебошад, татбиқ намегардад, агар хароҷот дар доираи чунин фаъолият анҷом дода шавад.
  5. Тарҳ нисбати ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравӣ танҳо мувофиқи муқаррароти моддаҳои 150 ва 151 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
  6. Шахси воқеӣ наметавонад тарҳи хароҷотро барои истеъмоли шахсӣ ё хароҷоти вобаста бо меҳнати кирояи худ анҷом диҳад.
  7. Тарҳ нисбати арзиши молу мулки ройгон (хайрия) додашуда, корҳо ва хизматрасониҳои ройгон (эҳсонкорона), ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 148 ҳамин Кодекс, анҷом дода намешавад.
  8. Тарҳ нисбати хароҷоти марбут ба мошинҳои сабукрав, ки дар ҳама давра дар ҷараёни давраи андоз дар ихтиёри кормандон ё саҳҳомон (иштирокчиёни андозсупоранда) қарор дошт, аз ҷумла истифодаи он барои кашондани кормандон ба ҷои кор ва баръакс, анҷом дода намешавад.

 

Моддаи 148. Тарҳ барои пардохтҳои эҳсонкорӣ

Сарфи назар аз муқаррароти моддаи 147 ҳамин Кодекс, тарҳи пардохтҳо барои ташкилоти эҳсонкорӣ ва иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 17 ҳамин Кодекс дар ҳаҷми воқеии маблағҳои пардохтшуда, аммо на бештар аз 10 фоизи фоидаи (даромади) андозбандишавандае, ки бе назардошти маблағҳои мутобиқи ин модда тарҳшуда муайяншаванда (муайяншуда) иҷозат дода мешавад. Ҳангоми пардохтҳои эҳсонкорӣ дар шакли молу мулк маблағи воқеии пардохтҳои эҳсонкорӣ хурдтарини яке аз ин ду бузургиҳо - арзиши бозории молу мулк ё арзиши аслии он ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 149. Маҳдудияти тарҳи маблағҳо нисбати фоизҳо

  1. Агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳаҷми дар асл пардохтшудаи (ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ пардохтшавандаи) фоизҳо барои ҳар як кре­дит (қарз) тарҳ карда мешавад, аммо ба андозаи на бештар аз маблағи секаратаи фоизҳои бо истифодаи меъёри азнавмаблағгузории (рефинансирование) Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобшуда (бояд ҳисоб карда шавад), ки дар давраи андоз амал мекунад. Ҳамин банд нисбати фоизҳои супоридашаванда тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ татбиқ мегардад.
  2. Нисбати корхона, агар зиёда аз 25 фоизи сармояи оинномавиаш мустақим ё ғайримустақим ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андоз аз фоида озод тааллуқ дошта бошад, доир ба ҳар як кредити (қарзи) истифодашуда, дар доираи давраи андоз фоизҳо мувофиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳ карда мешаванд, аммо ҳамзамон маблағи ниҳоии фоизҳое, ки мувофиқи қисми 1 ҳамин модда метавонанд тарҳ шаванд, бо маблағҳои зерин маҳдуд мегарданд:

1) ҳама гуна даромади фоизии чунин корхона, ҷамъи

2) 50 фоизи бузургие, ки дар натиҷаи кам кардани даромади умумии (ғайр аз даромади фоизии) ин корхона ба тарҳҳои мутобиқи боби мазкур иҷозатшуда, ба истиснои тарҳ нисбати фоизҳо, ҳосил шудааст.

 

Моддаи 150. Тарҳ нисбати қарзҳои беэътимод (шубҳанок)

  1. Андозсупорандагон нисбати қарзҳои беэътимоди (шубҳаноки) вобаста ба таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба тарҳ ҳуқуқ доранд, агар даромади марбут ба онҳо қаблан ба даромади умумие, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифта шудааст, дохил карда шуда бошад.
  2. Тарҳ нисбати қарзи беэътимод (шубҳанок) ҳангоми чун қарзи беарзиш аз дафтарҳои муҳосибавии андозсупоранда аз ҳисоб баровардани он иҷозат дода мешавад.
  3. Бонкҳо, ширкатҳои кредитӣ ва ташкилотҳои амонатии кредитии хурд тибқи тартиби муқарраршуда таъсисёфта ба тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба захира барои пўшонидани талафҳои эҳтимолӣ доир ба кредитҳо (қарзҳо) (минбаъд дар ин қисм - захира) мувофиқи қоидаҳои ташаккули ин захира ва таснифи кредитҳои (қарзҳои) муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Тарҳи маблағ нисбати ҳиссаҷудокуниҳо ба захира доир ба тамоми гурўҳҳои кредитҳо (қарзҳо), ба истиснои ҳиссаҷудокуниҳо аз рўи кредитҳои (қарзҳои) стандартӣ иҷозат дода мешавад. Маблағи тарҳи иҷозатшуда 70 фоизи бузургиеро ташкил мекунад, ки аз рўи ҳиссаҷудокуниҳо доир ба тамоми гурўҳҳои кредитҳо (қарзҳо), ба истиснои ҳиссаҷудокуниҳо доир ба кредитҳои (қарзҳои) стандартӣ бо чунин тартиб муайян мегардад: бузургии захира дар охири сол тарҳи бузургии захира дар аввали сол ҷамъи ҳиссаҷудокуниҳо дар давоми сол ба захира вобаста ба кредитҳои (қарзҳои) беэътимоди аз ҳисоб баровардашуда тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо дар давоми сол ба захира доир ба кредитҳои (қарзҳои) воқеан баргардонидашуда. Дастуруламал оид ба муайян намудани маблағи иҷозатшавандаи тарҳро мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 151. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғурта

Шахси ҳуқуқие, ки ба фаъолияти суғуртавӣ машғул аст, ҳуқуқ дорад тарҳи ҳиссаҷудокуниҳоро ба фондҳои захиравии суғуртавӣ мувофиқи тартиб ва меъёрҳое, ки бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом диҳад.

 

Моддаи 152. Тарҳ  нисбати хароҷот  барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ

Тарҳ нисбати хароҷот барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию  конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба истиснои хароҷот барои харидани воситаҳои асосӣ, васли онҳо ва дигар хароҷоти дорои хусусияти асосӣ анҷом дода мешавад.  Асос барои тарҳи ин хароҷот ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, санади корҳои иҷрошуда ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба анҷом додани корҳои дахлдори тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Моддаи 153. Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рўи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда

  1. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, бояд мувофиқи муқаррароти ҳамин модда тарҳ карда шаванд.

Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд (дар фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ истифода мешаванд) ҳисоб ва тарҳ карда намешаванд.

Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвими ба тавозун (баланс) дохилшудае, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, аз моҳи минбаъдаи тақвимии дар амал истифода шудани ин воситаҳо ва активҳо иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Ба активҳои истеҳлокшаванда замин, асарҳои санъат, захираҳои молию моддӣ, аз ҷумла сохтмони нотамом ва таҷҳизоти насбнашуда, молу мулке, ки арзиши онҳо дар соли ҷорӣ ҳангоми муайян намудани фоидаи андозбандишаванда пурра тарҳ карда мешавад ва дигар активҳои фарсуданашуда дохил намешаванд.
  2. Воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ба гурўҳҳои дорои меъёрҳои зерини истеҳлокӣ тақсим мешаванд:

 

 

Гурўҳ

Намуди молу мулк

Меъёри истеҳлокӣ

(бо фоиз)

1.

Техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу анҷом ва лавозимоти махсус; мошинаҳои электронии ҳисоббарор, дастгоҳу воситаҳои маҳалии коркарди маълумот, таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои алоқа

20

2.

Автомобилҳои боркаш, автобусҳо, автомобилҳои махсус ва автопритсепҳо, нақлиёти ҳавоӣ. Мошинаҳо ва таҷҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти оҳангарию прессҳо; таҷҳизоти сохтмон; мошинаҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ; автомобилҳои сабукрав; мебели идора

15

3.

Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ ва дарёӣ; мошинаҳо ва таҷҳизоти қуввадиҳанда; таҷҳизоти гармидиҳандаи техникӣ, таҷҳизоти турбинӣ, муҳаррикҳои электрикӣ ва генераторҳои дизелӣ. Воситаҳои интиқоли барқ; хатҳои қубур

8

4.

Бино, иншоот ва иморатҳо

7

5.

Активҳои истеҳлокшавандае, ки ба дигар гурўҳ шомил нашудаанд.

10

 

 

  1. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба ҳар гурўҳи воситаҳои асосӣ (минбаъд – «гурўҳ») бо роҳи татбиқи меъёри дар қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда нисбат ба баланси арзиши гурўҳ дар охири соли андоз ҳисоб карда мешавад.
  2. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ барои бино, иншоот ва иморатҳо (минбаъд – «иморат») на аз рўи гурўҳ, балки барои ҳар як иморат алоҳида ҳисоб карда мешавад.
  3. Баланси арзиши гурўҳ дар охири соли андозӣ ба маблағе баробар аст, ки бо тариқи зайл муайян карда мешавад (вале бояд аз сифр кам (манфӣ) набошад):

1) баланси арзиши гурўҳ дар охири соли гузашта, бо назардошти тарҳи маблағҳои истеҳлокӣ барои соли гузашта, инчунин маблағе, ки дар қисмҳои 8 ва 9 ҳамин модда пешбинӣ шудааст; ҷамъи

2) арзиши воситаҳои асосӣ  мутобиқи қисми 1 моддаи 153 ва моддаи 195 Кодекси мазкур (бе дарназардошти зиёдшавии арзиши активҳо дар натиҷаи азнавбаҳодиҳӣ (азнавнархгузорӣ) тибқи   Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар давоми сол ба гурўҳ ҷамъ мешавад; тарҳи(ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

3) маблағи ҳангоми фурўши воситаҳои асосӣ дар давоми соли андозӣ гирифташуда, ки дар асоси нархи фурўш муқаррар мешавад.

  1. Агар баланси арзиши гурўҳи муайяни воситаҳои асосӣ дар охири соли андозбандӣ аз сифр кам бошад, андозсупоранда бояд бузургии мутлақи чунин баланси арзишро ҳамчун даромад ба даромади умумӣ ҳамроҳ намояд ва баланси арзиши чунин гурўҳи воситаҳои асосиро ба сифр баробар кунад.

Бузургии манфии баланси арзиши гурўҳи муайяни воситаҳои асосӣ маънои онро дорад, ки дар давоми соли андозбандӣ маблағи аз фурўши воситаҳои асосии ин гурўҳ бадастомада аз маблағи (бузургии) баланси арзиши ин гурўҳи воситаҳои асосӣ дар охири соли гузашта бо тарҳи истеҳлок барои соли гузашта бо назардошти (зам кардани) арзиши воситаҳои асосие, ки ба гурўҳ дар давоми соли андоз илова карда шудаанд, зиёд мебошад.

  1. Агар баланси арзиши гурўҳ дар охири сол камтар аз 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд, маблағи баланси арзиши гурўҳ бояд тарҳ карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Агар тамоми воситаҳои асосии гурўҳ фурўхта, дода ё барҳам дода шуда бошад, баланси арзиши гурўҳ дар охири соли андозӣ бояд тарҳ карда шавад.
  3. Арзиши воситаҳои асосии барои иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда (аз рўи иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташуда) дар тавозуни (баланси) арзиши гурўҳи дахлдори иҷорагиранда ҳисоб карда мешавад.
  4. Барои иҷорадиҳанда маблағи асосие, ки барои воситаҳои асосии ба иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда ба ў пардохта шудааст, ҳамчун маблағе баррасӣ мегардад, ки ҳангоми фурўши чунин воситаҳои асосӣ барои мақсадҳои банди 3) қисми 6 моддаи мазкур гирифта шудааст, агар воситаҳои асосӣ ба баланси арзиши гурўҳ то интиқоли онҳо ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дохил карда шуда бошанд. Барои иҷорагиранда маблағи асосие, ки он ба иҷорадиҳанда мепардозад, ҳамчун нархи хариди воситаҳои асосӣ баррасӣ мегардад.

 

Моддаи 154. Тарҳҳо нисбати хароҷоти таъмири воситаҳои асосии истеҳлокшаванда

  1. Тарҳи маблағ нисбати ҳар як гурўҳ оид ба хароҷоти таъмири воситаи асосии шомили ҳамин гурўҳ иҷозат дода мешавад.
  2. Тарҳи маблағ мувофиқи қисми 1 ҳамин модда доир ба хароҷоти таъмир дар ҳаҷми воқеии маблағҳои чунин таъмир, вале на бештар аз 10 фоизи баланси арзиши гурўҳ дар аз моҳи минбаъда иҷозат дода мешавад.
  3. Маблағи воқеии хароҷоти таъмир зиёда аз 10 фоизи баланси арзиши гурўҳ ба афзоиши баланси арзиши гурўҳ дохил карда мешавад.

 

Моддаи 155. Тарҳи хароҷот нисбати саҳмҳои суғуртавӣ

Саҳмҳои суғуртавӣ, ки суғуртакунандагон дар асоси шартномаҳои суғурта месупоранд, ба истиснои саҳмҳои суғуртавӣ тибқи  шартномаҳои дорои хусусияти ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда, бояд тарҳ карда шаванд.

 

Моддаи 156. Хароҷот барои корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва омодагӣ ба  истихроҷи захираҳои табиӣ

  1. Хароҷот оид ба корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурўҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, баррасӣ мегардад ва бояд аз даромади умумӣ мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурўҳи 2 тарҳ карда шавад.
  2. Ҳамин модда ҳамчунин нисбати хароҷоти андозсупоранда барои активҳои ғайримоддии вобаста ба гирифтани ҳуқуқ барои иҷрои корҳои ҷустуҷўию геологӣ, коркард ё истифодаи захираҳои табиӣ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 157. Хароҷот барои активҳои ғайримоддӣ

  1. Ба активҳои ғайримоддӣ хароҷоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои объектҳои ғайримоддӣ (объектҳои моликияти ғайримоддӣ ба монанди литсензия, патенти ихтироотӣ, тамғаи савдо, ҳуқуқи муаллифӣ, шартнома оид ба истифодаи номи шахси ҳуқуқӣ, таъминоти барномавӣ ва ғайра), ки дар давоми на камтар аз дувоздаҳ моҳ истифода мегарданд, дохил мешаванд, агар мўҳлати истифодабарии хизматии онҳо маҳдуд бошад.
  2. Хароҷот барои активҳои ғайримоддӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурўҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, ба назар гирифта мешавад ва бояд аз даромади умумӣ мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурўҳи 5 тарҳ карда шавад.
  3. Ба арзиши активҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда хароҷот барои харид ё истеҳсоли онҳо дохил карда намешавад, агар онҳо ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишавандаи андозсупоранда тарҳ шуда бошад.
  4. Ҳамин модда нисбати активҳои ғайримоддие, ки дар моддаи 156 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 158. Маҳдудияти тарҳ нисбати андозҳо ва ҷаримаҳо

Тарҳ оид ба андозҳо ва ҷаримаҳо танҳо нисбати инҳо иҷозат дода намешавад:

1) андоз аз даромад ё андоз аз фоидае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар дигар давлатҳо супорида шудаанд;

2) ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ё  буҷети дигар давлат пардохта шудаанд (бояд  пардохта шаванд);

3)  андози ҳадди ақал аз даромадҳо.

 

Моддаи 159. Зарар ҳангоми фурўш ё супоридани молу мулке, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад

Зараре, ки аз фурўш ё супоридани молу мулк (ба истиснои молу мулке, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад ё молу мулке, ки фоидаи фурўш ё супоридани онҳо аз андоз озод аст) расонида мешавад, аз ҳисоби фоидаи фурўш ё супоридани чунин молу мулки дигар ҷуброн мегардад. Агар ҷуброни зарар дар ҳамон сол имконнопазир бошад, он ба давраи минбаъдаи то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи аз фурўш ё супоридани дигар чунин молу мулк гирифташуда ҷуброн мегардад. Зарари дар ҳамин модда пешбинишуда набояд аз даромади умумӣ барои мақсадҳои андоз аз фоида ё андоз аз даромад  тарҳ карда шавад.

 

Моддаи 160. Ба давраи дигар гузаронидани зарар

  1. Нисбати корхона барзиёдии тарҳҳои имконпазир нисбат ба даромади умумӣ (зарар аз фаъолияти соҳибкорӣ) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи то андозбандишавандаи давраҳои минбаъда пўшонида мешавад.
  2. Нисбати шахси воқеӣ бошад барзиёдии тарҳҳои имконпазир аз даромади умумӣ аз фаъолияте, ки меҳнати кироя намебошад, нисбати чунин даромади умумӣ аз музди меҳнати ин шахс тарҳ шуда наметавонад, вале мумкин аст ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда барои пўшонидан аз ҳисоби даромади умумии давраҳои минбаъда аз фаъолияте, ки меҳнати кироя намебошад, гузаронида шавад.

 

БОБИ 20.  СИТОНИДАНИ АНДОЗ ДАР МАНБАИ Пардохт

 

Моддаи 161. Тартиби ситонидани андоз  дар манбаи пардохт

  1. Шахсони зерин (агентҳои андоз) вазифадоранд андозро дар манбаъҳои пардохт ситонанд:

1) шахсони ҳуқуқӣ, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, воҳидҳои махсуси онҳо, ки ба шахсони воқеии кироякор маблағ медиҳанд;

2) шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеии кироякори худ ҳақ пардохт менамоянд;

3) шахсони воқеӣ– соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба дигар шахсон нафақа, стипендия ва кўмакпулӣ медиҳанд,  ба истиснои нафақа, стипендия ва кўмакпулиҳои давлатӣ; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

4) шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳо, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ суди саҳмия мепардозанд;

      5) шахсони воқеӣ– соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фоизҳо мепардозанд; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

      6) шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки маблағҳои дар моддаи 164 ҳамин Кодекс пешбинишударо мепардозанд; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

      7) шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки бурдҳоро оид ба вомбаргҳо, лотереяҳо, оид ба натиҷаҳои озмунҳо ва мусобиқаҳо мукофот (бурдҳо, тўҳфаҳо) медиҳанд. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

  1. Шахси воқеӣ– соҳибкорони инфиродӣ ва шахси ҳуқуқие, ки даромад пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буҷет гузаронидани андозҳо ҷавобгар мебошад. Агар маблағи андоз ситонида нашавад, шахси даромад пардохткунанда ўҳдадор аст маблағи андози ситониданашуда, ҷарима ва фоизҳои дахлдорро аз ҳисоби худ ба буҷет гузаронад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

          Ба мақсади ҳисоб кардани андози даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати ҳар коргари кироя (новобаста аз он, ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмнят дароварда шудааст ё не) дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияи дахлдор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, камтар бошад (ба истиснои муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд). (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозро дар манбаи пардохт меситонанд (ҳисоб мекунанд), аз ҷумла шахсоне, ки барои пардохти музди меҳнат аз бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитии анҷомдиҳандаи амалиёти алоҳидаи бонкӣ маблағ мегиранд, вазифадоранд: (Қ ҶТ аз  3.12.09с, №571).

1) андозҳои ситонидашуда (ҳисобшуда), аз ҷумла андози иҷтимоиро мутобиқи боби 35 ҳамин Кодекс ба буҷет ҳамзамон бо гирифтани маблағҳо барои музди меҳнат ва дар дигар ҳолатҳо – дар давоми 5 рўзи бонкии баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо (маблағҳо) супорида шуда буданд, гузаронанд;

2) ҳангоми пардохти музди меҳнат ба шахсони воқеие, ки даромад мегиранд, бо дархости онҳо, бо зикри насабу ном, маблағ ва намуди  даромад ва андозҳои ситонидашуда (агар андоз нигоҳ дошта шавад), маълумотнома диҳанд;

3) дар давоми 30 рўзи баъди ба охир расидани соли андоз ҳатман ба мақомоти андози ҷои баҳисобгирии бақайдгириашон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда даромад мегиранд (гирифтаанд), бо дархости онҳо дар давоми 10 рўз, бо зикри рақами мушаххаси андозсупоранда, номгўи (насаб, ном ва номи падарӣ) шахс, маблағи умумии даромад ва маблағи умумии андози ситонидашуда дар соли ҳисоботӣ маълумотнома пешниҳод кунанд.

       Ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ додани маблағҳои пули нақд барои пардохти музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон ё агентҳои андоз гузарондани маблағи андози даромад ва  андози иҷтимоие, ки ба маблағи воситаҳои пули нақди дар боло зикргардида алоқаманд аст, манъ аст. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

  1. Корфармое, ки корфармои асосии андозсупоранда намебошад, вазифадор аст аз музди меҳнат тибқи меъёри 13 фоиз, бе татбиқ кардани тарҳҳои пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодекс, андоз аз даромадро ситонад.

 

Моддаи 162. Ситонидани андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт

  1. Суди саҳмияҳое, ки корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, бояд дар манбаи пардохт тибқи меъёри 12 фоиз андозбандӣ шаванд.
  2. Суди саҳмияҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандӣ мегарданд, ба даромади умумии шахси гирандаи онҳо дохил карда намешаванд ва минбаъд андозбандӣ намегарданд.

 

Моддаи 163. Ситонидани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт

  1. Фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент медиҳанд, ё аз номи чунин муассиса дода мешаванд, дар манбаи пардохт тибқи меъёри 12 фоиз аз маблағи додашаванда андозбандӣ мегарданд, агар даромад аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 34 ҳамин Кодекс гирифта шавад, ба истиснои ҳолатҳои қисми 2 ҳамин модда.
  2. Фоизҳо, аз ҷумла тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ки ба бонкҳои резидентӣ, ба дигар муассисаҳои (ташкилотҳои) резидентии молиявию кредитӣ, аз ҷумла ба ташкилотҳои резидентии маблағгузориҳои хурд, ширкатҳои резидентии иҷораи молиявӣ (лизингӣ) пардохта мешаванд, дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд.
  3. Фоизҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандӣ шуданд, ба даромади умумии гирандаи онҳо – шахси воқеӣ дохил намешаванд ва дар оянда баъди пардохти онҳо ба ин шахс андозбандӣ намегарданд.
  4. Шахсӣ ҳуқуқӣ – резидент, ки фоидаи он бояд андозбандӣ гардад, ҳангоми гирифтани фоизҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандишуда, ба даромади умумии худ тамоми маблағи даромади фоизиро бе тарҳи андози ситонидашуда дохил менамояд ва ҳуқуқ дорад ин андози дар манбаи пардохт нигоҳдошташударо ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нигаҳдошти андоз дар манбаи пардохт ба ҳисоб гирад.

 

Моддаи 164. Ситонидани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи  пардохт

  1. Даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи моддаи 34 ҳамин Кодекс муайян гардида, ба муассисаи доимии ҳамин ғайрирезидент дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут намебошад, дар манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои тарҳи дар ҳолати андозбандӣ мутобиқи моддаи 220 ҳамин Кодекс аз маблағи умумие, ки андоз аз арзиши иловашударо дар бар мегирад ва бояд ба ғайрирезидент дода шавад, андози аз арзиши иловашуда аз ҳамин маблағи умумӣ дошташуда), бояд тибқи меъёрҳои муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда андозбандӣ гардад.
  2. Таҳти мафҳуми пардохти даромад супоридани пул дар шакли нақд ва (ё) ғайринақдӣ, қоғазҳои қиматнок, молҳо, дигар молу мулк, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо фаҳмида мешаванд.
  3. Пардохтҳо ба манфиати ғайрирезидентҳо мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, вобаста бо таҳвили молҳо ҳангоми амалиёти тиҷорати хориҷӣ (вобаста бо воридоти молҳо) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар манбаи пардохт бояд андозбандӣ нагардад.
  4. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидент дар манбаи пардохт, сарфи назар аз ихтиёрдории ин ғайрирезидент нисбати даромадҳои худ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, ба манфиати шахсони сеюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) воҳидҳои махсуси худ дар дигар давлатҳо, анҷом дода мешавад.
  5. Андоз аз даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакл ва маҳали пардохти даромад ситонида мешавад.
  6. Бо назардошти муқаррароти ҳамин модда даромадҳои ғайрирезидент аз манбаҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, бояд дар манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои тарҳи дар ҳолати андозбандӣ мутобиқи моддаи 220 ҳамин Кодекс аз маблағи умумие, ки андоз аз арзиши иловашударо дар бар мегирад ва бояд ба ғайрирезидент дода шавад, андози аз арзиши иловашуда аз ҳамин маблағи умумӣ дошташуда), тибқи меъёрҳои зайл андозбандӣ шаванд:

1) суди саҳмияҳо — мутобиқи моддаи 162 ҳамин Кодекс;

2) фоизҳо — мутобиқи моддаи 163 ҳамин Кодекс;

3) саҳмҳои суғуртавие, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ - резидент мутобиқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунии таваккалҳо мепардозанд — тибқи меъёри 4 фоиз;

4) маблағҳое, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ – резидент барои хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиёт ҳангоми алоқа ё боркашонии байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мепардозанд, ба истиснои маблағҳо оид ба фрахти баҳрӣ - тибқи меъёри  4 фоиз, маблағҳо оид ба фрахти баҳрӣ - тибқи меъёри 6 фоиз;

      5) даромадҳо дар шакли музди меҳнат, инчунин даромадҳои пешбининамудаи бандҳои 8), 17), 18), 19), 20), 21), 22), 24) қисми 8 моддаи 34 ҳамин Кодекс, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ – резидент мепардозад, — тибқи меъёри дар қисми 3 моддаи 140 ҳамин Кодекс зикргардида; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

      6)  даромадҳои дигар, ки дар бандҳои 1) – 5) ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд, - тибқи меъёри 15 фоиз.  (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

  1. Барои мақсадҳои ҳамин модда маблағҳои пардохтаи муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи чунин муассиса пардохтшуда ҳамчун маблағҳои супоридаи корхонаи резидентӣ баррасӣ мегарданд.

 

Моддаи 165. Пешниҳоди ҳисоботи андози оид ба ситонидани андоз дар  манбаи пардохт

Агентҳои андоз, ки дар моддаи 161 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, вазифадоранд як маротиба дар нимсола, на дертар аз санаи 15 –уми моҳе, ки баъди  нимсолаи ҳисоботӣ фаро мерасад ва дар он ўҳдадории ситонидани андоз дар манбаи пардохт ба вуҷуд омадааст, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгириашон ҳисоботи андози дар манбаи пардохт ситонидашударо, ба истиснои андози даромад аз ҷониби корфармоён  тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ  пешниҳод намоянд. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

Корфармоён ўҳдадоранд, ки ҳар моҳ на дертар аз санаи 15 моҳе, ки баъди  моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли  баҳисобгирии бақайдгириашон ҳисоботи андози даромад аз коргарони кирояашонро, ки дар манбаи пардохт ситонида шудааст, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ  пешниҳод намоянд. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

БОБИ 21. АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 166. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ

Илова ба андоз аз фоидаи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз фоидаи софи ин муассисаи доимӣ тибқи меъёри 8 фоиз андоз гирифта мешавад.

 

Моддаи 167. Баҳисобгирии андози хориҷӣ

  1. Маблағи андози даромад ё андоз аз фоида, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст, ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтани ин андозҳо, дар сурати тасдиқ шудани пардохти андоз берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Ҳаҷми баҳисобгирӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, набояд аз маблағи андозе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин даромад ё фоида тибқи меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисобида шудааст, зиёд бошад.

 

Моддаи 168. Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст

  1. Агар резидент мустақим ё ғайримустақим дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавӣ ё зиёда аз 10 фоизи саҳмияҳо бо ҳуқуқи овози корхонаи хориҷӣ бошад, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, як қисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуқ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай (резидент) дохил карда мешавад.
  2. Давлати хориҷӣ ҳангоме давлати дорои андозбандии имтиёзнок ҳисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиқи ҳамин Кодекс муқарраршуда 30 фоиз кам бошад ё қонунҳое дошта бошад, ки дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти молиявӣ ё маълумот дар бораи ширкатҳо, ки барои нигоҳ доштани сирри соҳиби воқеии молу мулк ё даромадгиранда (фоидагиранда) имконият медиҳанд, вуҷуд дошта бошанд.

 

БОБИ 22.  МУҚАРРАРОТИ МАХСУС ДОИР БА ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 169. Шартҳои татбиқи шартномаи байналмилалӣ

  1. Муқаррароти шартномаи байналмилалӣ дар хусуси бартараф намудани андозбандии дукарата ва пешгирии саркашиҳо аз пардохтани андозҳо аз даромад ва молу мулк (сармоя), ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд барои мақсадҳои моддаҳои 169-180 ҳамин Кодекс – “шартномаи байналмилалӣ”) мебошад, нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки резиденти як ё ҳардуи давлатҳое мебошанд, ки чунин шартнома бастаанд.
  2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбати резиденти давлате, ки бо он шартномаи байналмилалӣ баста шудааст, татбиқ намегардад, агар ин резидент муқаррароти шартномаи байналмилалиро ба манфиати дигар шахс истифода барад ва ин шахс резиденти давлате, ки бо он шартномаи байналмилалӣ баста шудааст, набошад.
  3. Барои мақсадҳои ҳамин боб андозбандии даромад, мутобиқи ҳамин Кодекс, вобаста ба матни (маънои) шартномаи байналмилалӣ, маънои андозбандии фоида ё даромадро дорад.

 

Моддаи 170. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ

Татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи муқаррароти моддаҳои 169-180 ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 171. Усулҳои тарҳи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент бо мақсади андозбандии  даромадҳо аз манбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Агар дар муқаррароти шартномаи байналмилалӣ ҳангоми муайян намудани даромади андозбандишавандаи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ тарҳи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурии бо мақсади ба даст овардани чунин даромади андозбандишаванда ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави он ба амал омада дар назар дошта шуда бошад, дар ин сурат маблағи чунин хароҷот бо яке аз чунин усулҳо муайян карда мешавад:

1) усули тақсимоти мутаносиби хароҷот;

2) усули бевоситаи (мустақими) тарҳи хароҷот.

  1. Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент мустақилона яке аз ду усули тарҳи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмуриро интихоб менамояд.

3.Усули интихобшудаи намудаи тарҳи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ (аз ҷумла тартиби муайянкунии нишондиҳандаи ҳисобӣ, ки ҳангоми усули тақсимоти мутаносиби хароҷот истифода бурда мешавад) нисбати муассисаи доимӣ ҳар сол татбиқ мегардад ва тағйир додани он танҳо бо мувофиқаи мақоми андози дахлдор имконпазир мебошад.

 

Моддаи 172. Усули тақсимоти мутаносиби хароҷот

  1. Ҳангоми истифодаи усули тақсимоти мутаносиби хароҷот маблағи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ, ки дар моддаи 171 ҳамин Кодекс зикр шудааст ва муассисаи доимӣ бояд аз даромадаш тарҳ намояд, ҳамчун ҳосили зарби чунин хароҷот ва нишондиҳандаи ҳисобӣ муайян карда мешавад.
  2. Нишондиҳандаи ҳисобӣ бо яке аз усулҳои зерин муайян карда мешавад:

1) таносуби маблағи солонаи даромади умумии аз тарафи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ  дар соли андоз гирифташуда нисбати даромади солонаи умумии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи зикргардидаи  андоз;

2) муайянкунии андозаи миёна аз рўи се нишондиҳанда:

- таносуби маблағи солонаи даромади умумии аз тарафи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ дар соли андоз гирифташуда нисбати даромади солонаи умумии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи номбаршудаи андоз;

- таносуби арзиши воситаҳои асосии муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири давраи андоз дар ҳисоботи молиявиаш ҳисобшуда ба арзиши умумии воситаҳои асосии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар маҷмўъ ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давраи андоз;

- таносуби ҳаҷми фонди музди меҳнати ҳайати кормандоне, ки дар муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, дар охири давраи андоз ба ҳаҷми умумии фонди музди меҳнати ҳайати кормандони шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар маҷмўъ ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давраи андоз.

Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент яке аз усулҳои зикршудаи ҳисоб намудани нишондиҳандаи ҳисобиро мустақилона  интихоб менамояд.

  1. Маблағи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ, ки бо роҳи ҳисобкунӣ муайян шудааст, танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз муассисаи доимӣ тарҳ карда мешавад.
  2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда инҳо мебошанд:

1) нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки дар он вобаста ба нишондиҳандаи ҳисобии муайянкардаи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент инҳо шарҳ дода мешаванд:

- маблағи умумии даромади умумии солона дар маҷмўъ;

- маблағи умумии фонди музди меҳнат дар маҷмўъ;

- арзиши аввалия ва интиҳоии воситаҳои асосӣ дар маҷмўъ;

- маблағи умумии хароҷот бо тақсимоти модда ба моддаи он, аз ҷумла маблағи умумии хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ бо тақсимоти модда ба моддаи онҳо;

2) нусхаи хулосаи аудиторӣ оид ба аудити ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент (ҳангоми гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии чунин шахс).

  1. Ҳисоби хароҷоти номбаршуда, ки тарҳи он ба муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ба эъломияи андози даромади корпоративӣ (андоз аз фоида), ки ба мақомоти дахлдори андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, замима карда мешавад.
  2. Ҳангоми дар ҳисоботи молиявӣ дарҷ нашудани маблағи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ, ки бояд мутаносибан тақсим шаванд, барои тарҳи чунин хароҷот ба муассисаи доимӣ роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 173. Усули бевоситаи (мустақими) ҳисоббарии хароҷот

  1. Ҳангоми истифодаи усули бевоситаи (мустақими) ҳисоббарии хароҷоти идоракунӣ ва (ё) умумимаъмурии ғайрирезидент чунин хароҷот ба хароҷоти муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд, агар онҳо мустақиман муайян ва бевосита барои ба даст овардани даромадҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ алоқаманд бошанд.

Хароҷоти мазкур танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷудбудаи  тасдиқкунанда аз маблағи муассисаи доимӣ тарҳ карда мешавад.

  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда инҳо мебошанд:

1) ҳуҷҷатҳои муҳосибавие, ки хароҷоти шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидентро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсади гирифтани даромад аз фаъолият тавассути муассисаи доимӣ тасдиқ менамоянд;

2) нусхаи ҳуҷҷатҳои муҳосибавие, ки хароҷоти шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидентро берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани даромад аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ тасдиқ менамоянд.

 

Моддаи 174. Тартиби пардохтани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо аз  фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсиси муассисаи доимӣ  намегардад

  1. Тартиби пардохтани андозе, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудааст, нисбати даромади ғайрирезидент аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ боиси таъсиси муассисаи доимӣ намегардад, ба истиснои даромадҳое, ки дар моддаҳои 175-178 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, татбиқ мегардад, агар ҳамин моддаҳо тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
  2. Ғайрирезиденти дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ҳуқуқ дорад тартиби пардохти андози пешбининамудаи ҳамин моддаро истифода барад. Ҳангоми татбиқ накардани муқаррароти ҳамин модда агенти андоз ўҳдадор аст андозро дар манбаи пардохт нигоҳ дорад ва мутобиқи тартиби умумии муқарраршуда ба буҷети давлатӣ гузаронад.
  3. Ғайрирезиденте, ки даромад мегирад, агенти андоз, инчунин бонк-резиденте (минбаъд – “бонк”), ки агенти андоз муайян намудааст, оид ба пасандози шартии бонкӣ тибқи шакли мувофиқанамудаи иштирокчиёни шартнома, бо назардошти муқаррароти ҳамин модда шартнома мебанданд.
  4. Агенти андоз ўҳдадор аст дар давоми 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи ба имзо расидани шартнома оид ба пасандози шартии бонкӣ дар мақоми дахлдори андоз ин шартномаро аз қайд гузаронад, нусхаи чунин шартнома, инчунин нусхаи ҳуҷҷати пардохтро, ки супоридани андозро ба пасандози шартии бонкӣ тасдиқ мекунад, ба мақоми дахлдори андоз пешниҳод намояд.
  5. Муқаррароти ҳамин модда танҳо нисбати шартномаҳои оид ба пасандози шартии бонкие татбиқ мегардад, ки дар мақоми дахлдори андоз ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон шартномаҳои оид ба пасандози шартии бонкие ба қайд гирифта мешаванд, ки шартҳои онҳо хилофи муқаррароти ҳамин модда намебошанд.
  6. Агенти андоз дар лаҳзаи пардохти даромад ба ғайрирезидент ўҳдадор аст дар манбаи пардохт тибқи меъёрҳои муайяннамудаи моддаи 164 ҳамин Кодекс андозро ситонад ва маблағи андози ситонидашударо ба пасандози шартии бонкӣ дар бонк ба фоидаи ғайрирезидент гузаронад.
  7. Ҳангоми иҷрои шартҳои шартномаи байналмилалӣ ғайрирезидент бо мақсади баргардонидани маблағи андози қаблан ситонидашуда ба мақоми дахлдори андоз тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ариза пешниҳод менамояд.
  8. Мақоми андоз дар давоми 15 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани ариза ин ариза ва ҳуҷҷатҳои заруриро баррасӣ намуда, оид ба он қарор қабул мекунад ва аз натиҷааш ба ғайрирезидент ва бонк хабар медиҳад.
  9. Ҳангоми гирифтани ариза барои баргардонидани андози ситонидашуда, ки мақоми андоз онро тасдиқ намудааст, бонк ба ғайрирезиденте, ки чунин ариза додааст, ҳуқуқ медиҳад, ки маблағҳои дар пасандози шартии бонкӣ ҷойгирнамудаашро дар доираи маблағи дар ариза нишондодашуда, бо назардошти фоизҳои ҳисобшудаи бонкӣ ихтиёрдорӣ намояд.
  10. Ҳангоми норозигӣ бо қарори манфии мақоми андоз ғайрирезидент ҳуқуқ дорад дар давоми даҳ рўзи тақвимӣ аз рўзи гирифтани чунин қарор ба мақоми ваколатдори давлатӣ ( ҳангоми зарурат бо ҷалби мақоми салоҳиятдори мамлакати резидентӣ) бо ариза ҷиҳати баррасии такрории масъала нисбати қонунӣ будани татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ муроҷиат намояд ва ҳамзамон мақоми андозро дар мавриди шикоят нисбати қарори он огоҳ намояд.
  11. Ҳангоми аз ҷониби мақоми андоз қабул шудани қарори манфӣ оид ба ариза ва дар сурати дар давоми мўҳлати даҳрўзае, ки дар қисми 10 ҳамин модда муқаррар шудааст, нагирифтани ҷавоби ғайрирезидент вобаста ба арзи шикоят нисбати қарори мақоми андоз ин мақоми андоз ба бонк ҷиҳати ба буҷет гузаронидани маблағи дар ариза нишондодашуда ва дар пасандози шартии бонкӣ ҷойгиршуда бо фоизҳои ҳисобшуда бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи радди аз андозбандӣ озод намудани даромадҳои ғайрирезидент фармоиши инкассавӣ пешниҳод менамояд.
  12. Бонк ўҳдадор аст дар давоми рўзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани ҳуҷҷатҳои мақоми андоз, ки дар қисми 11 ҳамин модда номбар шудаанд, маблағи андози дар пасандози шартии бонкӣ ҷойгиршударо бо фоизҳои бонкии ҳисобшуда ба буҷет гузаронад.

Чунин маблағи андози ситонидашуда ба ҳисоби пардохти ўҳдадориҳои ғайрирезидент дар назди буҷет бояд ба ҳисоб гирифта шавад.

  1. Пасандозҳои шартии бонкӣ бо арзи миллӣ ё хориҷӣ кушода мешаванд. Ҳангоми кушодани пасандозҳои шартии бонкӣ бо арзи хориҷӣ маблағи андозҳо ба буҷет ва фоизҳои бонкӣ бо арзи миллӣ, бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар лаҳзаи пардохти андоз аз нав ҳисоб карда шудаанд, супорида мешаванд.
  2. Ғайрирезидент ва агенти андоз то қабул шудани қарори дахлдори мақоми андоз ҳуқуқи ихтиёрдории маблағи андозеро, ки дар пасандози шартии бонкӣ ҷойгир шудааст, надоранд.
  3. Ҳангоми вайрон намудани шартҳои шартнома оид ба пасандози шартии бонкӣ ва сари вақт нагузаронидани маблағи андоз ба буҷет, ки бо гуноҳи бонк содир шудааст, бонк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
  4. Ҳангоми аз ҷониби бонк ғайриимкон будани иҷрои ўҳдадориҳо оид ба гузаронидани маблағи андози дар пасандози шартии бонкӣ ҷойгиршуда, ўҳдадории ба буҷет гузаронидани андоз дар манбаи пардохт, фоизи бонк ва ҷаримаҳо барои сари вақт нагузаронидани андоз ба буҷет ба зиммаи агенти андоз гузошта мешавад.
  5. Мақомоти андоз ўҳдадоранд баҳисобгирии маблағҳои андози зеринро амалӣ намоянд:

1) дар пасандозҳои шартии бонкӣ ҷойгиршуда;

2) маблағҳои пардохтшуда ба ғайрирезидентҳое, ки ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро доранд;

3) ба буҷет гузаронидашуда.

 

Моддаи 175. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ нисбати  андозбандии даромадҳо аз расонидани хизматҳои нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ

  1. Даромадҳои гирифташуда аз хизматрасонии нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезиденти дорои ҳуқуқ барои татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ мебошад, бояд бе пешниҳоди ариза оид ба татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷате, ки резидентии вайро тасдиқ менамояд, аз андозбандӣ озод карда шавад, агар ин шахси ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба чунин фаъолият муассисаи доимӣ дошта бошад.

Ҳамзамон шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент ўҳдадор аст баҳисобгирии  алоҳидаи маблағи даромадҳоро аз хизматрасонии нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ (ки бояд мутобиқи шартномаи байналмилалӣ андозбандӣ нашаванд) ва аз хизматрасонии нақлиётӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (андозбандишаванда) таъмин намуда, инчунин ин даромадҳоро дар эъломияи андоз аз фоида бояд дарҷ намояд.

Маблағи умумии фоидаи андозбандишаванда (даромади андозбандишаванда) дар эъломияи дар боло зикршуда ба маблағи фоидаи андозбандишавандае (даромади андозбандишавандае), ки мутобиқи шартномаи байналмилалӣ аз андозбандӣ бояд озод карда шавад, дар асоси баҳисобгирии алоҳида кам карда мешавад.

Ҳангоми ғайриҳуқуқӣ татбиқ намудани муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, андозсупоранда мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

  1. Даромади шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки воситаҳои нақлиётро дар боркашонии байналмилалие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалиро дорад, бояд аз андозбандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 174 ҳамин Кодекс озод карда шавад.

 

Моддаи 176. Тартиби татбиқи шартномаи байналмилалӣ нисбати андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялтӣ

  1. Агенти андоз ҳуқуқ дорад дар лаҳзаи пардохти даромад ба ғайрирезидент дар шакли суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти муқаррароти шартномаи байналмилалии дахлдорро бе пешниҳоди ариза аз ҷониби ғайрирезидент ҷиҳати татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ татбиқ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи охирини даромад бошад ва барои татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ ҳуқуқ дошта бошад.
  2. Агенти андоз ўҳдадор аст дар ҳисоби андоз дар манбаи пардохт, ки ба мақоми андоз пешниҳод мешавад, маблағи даромади супоридашуда (ҳисобшуда) ва андозҳои ситонидашударо мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, меъёрҳои андоз ва номи шартномаҳои байналмилалӣ дарҷ намояд.
  3. Ҳангоми татбиқи ғайриҳуқуқии муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, агенти андоз мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 177. Тартиби татбиқи шартномаи байналмилалӣ нисбати андозбандии фоидаи соф (даромади соф) ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ

  1. Ғайрирезидент ҳуқуқ дорад муқаррароти шартномаи байналмилалиро нисбати андозбандии фоидаи соф (даромади соф) аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ амалӣ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи охирини фоидаи соф (даромади соф) ва дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ бошад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар эъломия оид ба андоз аз фоида ўҳдадор аст меъёри андоз, маблағи андоз аз фоидаи соф (даромади соф) ва номи шартномаи байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбиқ шудааст, зикр намояд.
  3. Ҳангоми татбиқи ғайриҳуқуқии муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, андозсупоранда мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 178. Тартиби татбиқи шартномаи байналмилалӣ нисбати андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон

  1. Ғайрирезиденте, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад,ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 174-177 ҳамин Кодекс зикр шуда, ҳуқуқ дорад ба мақоми андози ҷои қайди агенти андоз тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ то пардохти даромад  ариза пешниҳод намояд.
  2. Мақоми андоз дар давоми 10 рўзи тақвимӣ аризаро баррасӣ намуда, дар ҳолати дуруст будани маълумоти дар ариза зикргардида онро тасдиқ менамояд.
  3. Дар ҳолати ғайриқонунӣ будани татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ мақоми андоз ба ғайрирезидент раддияи асоснок пешниҳод менамояд.
  4. Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори манфии мақоми андоз ғайрирезидент ҳуқуқ дорад ба мақоми ваколатдори давлатӣ (ҳангоми зарурӣ бо ҷалби мақоми салоҳиятдори мамлакати резидентӣ) бо ариза ҷиҳати баррасии такрории масъалаи қонунӣ будани татбиқи шартномаи байналмилалӣ муроҷиат намояд.

 

Моддаи 179. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи  муқаррароти шартномаи байналмилалӣ

Аризаро барои татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ мақоми андоз тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мавриди иҷрои талаботи зерин қабул  менамояд:

1) бо ариза пешниҳод намудани:

-        нусхаи қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) ё барои дигар мақсадҳо;

-        нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

-        шарҳи маблағи даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-        санади корҳои иҷрошуда – ҳангоми аз ҷониби ғайрирезидент ба  иҷро расидани намудҳои гуногуни корҳо, санади қабули истифодабарии  объект – ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон, ҳисобнома ё дигар ҳуҷҷати пардохт, ки гирифтани даромадро аз хизматрасонӣ тасдиқ менамоянд;

2) аз ҷониби агенти андоз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои ситонидашударо тасдиқ менамояд;

3) тасдиқи резидент будани аризадиҳанда аз ҷониби мақоми салоҳиятдор ё ваколатдори давлати аризадиҳандае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалӣ бастааст (дар варақаи расмии аризаи мазкур ё бо замимаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ). Ҳамзамон барои мақсадҳои ҳамин модда ва моддаҳои 174-178 ҳамин Кодекс ғайрирезиденте, ки дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалии дахлдор мебошад, ҳангоми тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои бақайдгирӣ дар мамлакати резидентӣ ўҳдадор аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин моддаҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентиро бо назардошти маълумоти тағйирёфта пешниҳод намояд;

4) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба расмиятдарории дипломатӣ ё консулии имзо ва мўҳри мақомеро, ки резидентии ғайрирезидентро (ҳуҷҷатеро, ки резидентиро шаҳодат медиҳад) тасдиқ намудааст,  амалӣ гардонад.

 

Моддаи 180. Маълумотнома оид ба маблағҳои андозҳои ситонидашуда ва пардохтшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо талаби ғайрирезидент мақоми андоз, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, оид ба маблағҳои даромади аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва андозҳои ситонидашуда маълумотнома пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 23. ҚОИДАҲОИ БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ

 

Моддаи 181. Давраи (соли) андоз

Давраи (соли) андоз соли тақвимӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 182. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо

  1. Андозсупоранда вазифадор аст баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳоро дар асоси маълумотҳои бо ҳуҷҷатҳо асоснокшуда аниқ ва саривақт пеш барад ва даромадҳо ва хароҷотҳоро ба давраҳои ҳисоботии дахлдоре, ки дар зарфи он онҳо гирифта ё пардохта шудаанд, вобаста ба усули баҳисобгирии тибқи ҳамин боб истифодашаванда ҷиҳати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба роҳ монад. Таҳти усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, ҳамаи омилҳои вақт ва тартиби баҳисобгирии маблағҳои воридшуда ва хароҷот, ба монанди истифодаи усули баҳисобгирӣ дар асоси кассавӣ ё дар асоси ҳисобу замкунӣ, усули баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ ва дигар хароҷоти сармоя фаҳмида мешавад.
  2. Андозсупоранда вазифадор аст баҳисобгирии ҳамаи амалиёти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани оғоз, ҷараён ва ба охиррасии он имконият медиҳанд, таъмин намояд.
  3. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, даромади (фоидаи) андозбандишаванда бояд тибқи ҳамон усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ истифода мебарад, бо ислоҳоти зарурӣ барои риояи муқаррароти ҳамин Кодекс, ҳисоб карда шавад.
  4. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, андозсупоранда метавонад бо мақсади андозбандӣ баҳисобгириро тибқи усули кассавӣ ё тибқи усули ҳисобу замкунӣ ба роҳ монад, ба шарте агар андозсупоранда дар давоми соли андозбандӣ ҳамон як усулро истифода барад.
  5. Андозсупоранда бояд баҳисобгириро тибқи усули ҳисобу замкунӣ дар соли андоз пеш барад, агар:

1) амалиёти вай дар соли гузашта назар ба ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда, ки барои бақайдгирӣ бо мақсади андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст, 5 маротиба зиёд шуда бошад; ё

2) вай мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии муҳосибавӣ тибқи усули қайди дубора вазифадор бошад.

Андозсупорандае, ки барои баҳисобгирӣ аз рўи усули ҳисобу замкунӣ тибқи муқаррароти ҳамин қисм бори аввал вазифадор шудааст, баҳисобгириро тибқи усули ҳисобу замкунӣ бояд барои ҳамаи солҳои минбаъда низ пеш барад.

  1. Бонкҳо, ширкатҳои кредитӣ ва ташкилотҳои амонатии кредитии хурд вазифадоранд баҳисобгириро тибқи усули ҳисобу замкунӣ аз оғози фаъолияти худ пеш баранд.

Ташкилотҳои қарзи хурд ва фондҳои қарзи хурд барои мақсадҳои андозбандӣ ҳисобро аз оғози фаъолияти худ, сарфи назар аз муқаррароти ҳамин модда, тибқи усули кассавӣ пеш мебаранд.

  1. Барои шахси воқеӣ талаботи баҳисобгирӣ тибқи усули ҳисобу замкунӣ танҳо нисбати даромад ва тарҳҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ татбиқ мегардад.
  2. Дар сурати тағйир ёфтани усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, тағйирёбӣ нисбати баҳисобгирии даромад, хароҷот ва дигар унсурҳое, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир додани усули баҳисобгирӣ дохил карда шаванд, то ин, ки ҳеҷ яке аз ин унсурҳо сарфи назар нагарданд ё дубора ба ҳисоб гирифта нашаванд.
  3. Нисбати супорандагони андоз аз арзиши иловашуда даромаду хароҷот бе андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбати он ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 183. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо тибқи усули кассавӣ

Андозсупорандае, ки тибқи усули кассавӣ баҳисобгириро пеш мебарад, бояд мутобиқи моддаҳои 184 ва 185 ҳамин Кодекс даромадро дар санаи гирифтани он ҳисоб карда, тарҳи хароҷотҳоро дар санаи амалӣ намудани он анҷом диҳад.

 

Моддаи 184. Лаҳзаи гирифтани даромад дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

  1. Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ гирад, лаҳзаи гирифтани маблағҳои пулии нақд ва ҳангоми пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи ба суратҳисоби бонкии вай ё дигар суратҳисобе, ки вай ихтиёрдорӣ карда метавонад ё ҳуқуқи аз он гирифтани маблағҳои мазкурро дорад, лаҳзаи гирифтани даромад ба ҳисоб меравад.
  2. Дар сурати бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадории молиявии андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадорӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 185. Лаҳзаи хароҷот намудан дар ҳолатҳои ҷудогона бо  истифодаи усули кассавӣ

  1. Лаҳзаи хароҷот намудан, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, лаҳзаи аз тарафи андозсупоранда воқеан анҷом додани хароҷот ба ҳисоб меравад.
  2. Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ супорад, лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи пардохти маблағҳои пули нақд ба ҳисоб рафта, ҳангоми пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи хароҷот намудан ин лаҳзаи аз тарафи бонк гирифтани супоришномаи андозсупоранда дар бораи гузаронидани маблағҳои пулӣ (дар ҳолате, ки дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда маблағҳои кофӣ мавҷуд бошанд) дониста мешавад.
  3. Ҳангоми бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадории молиявӣ дар назди андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадории молиявӣ дониста мешавад.
  4. Ҳангоми пардохтани фоизҳо тибқи ўҳдадории қарз ё додани маблағ барои иҷораи молу мулк, агар мўҳлати ўҳдадорӣ ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, маблағи фоизҳои пардохташуда (пардохти иҷора), ки амалан барои давраи андоз нигоҳ дошта мешавад, маблағи фоизҳое (пардохти иҷорае) мебошад, ки бояд дар ин давра супорида шавад.

 

Моддаи 186. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

Андозсупорандае, ки тибқи усули ҳисобу замкунӣ баҳисобгириро пеш мебарад, бояд даромаду хароҷотро мутобиқи моддаҳои 187 ва 188 ҳамин Кодекс мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё пайдо шудани ўҳдадории пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё иҷрои пардохт, ба ҳисоб гирад.

 

Моддаи 187. Лаҳзаи гирифтани даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ

  1. Ҳуқуқи гирифтани даромад ҳангоме пайдошуда ба ҳисоб меравад, ки агар маблағи дахлдор бояд бегуфтугў ба андозсупоранда пардохта шавад ё андозсупоранда тамоми ўҳдадориҳояшро тибқи муомилот ё шартнома иҷро кардааст.
  2. Агар андозсупоранда корро иҷро кунад ё хизмат расонад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи иҷрои ниҳоии кор ё хизматрасонии дар муомилот ё шартнома пешбинишуда ба даст овардашуда ба ҳисоб меравад.

Агар аҳд ё шартнома иҷрои кор ё хизматрасониро марҳала ба марҳала пешбинӣ намояд, ҳуқуқи гирифтани даромад дар ҳар марҳала дар лаҳзаи ниҳоии иҷрои кор ё хизматрасонии ин марҳала пайдо мешавад, агар моддаи 190 ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

  1. Агар андозсупоранда даромад гирад ё ҳуқуқи гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иҷора додани молу мулкро дошта бошад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи ба охир расидани мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора ба даст овардашуда ҳисоб мешавад. Агар мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад тибқи ин давраҳои андоз мутобиқи тартиби ҳисоби он тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 188. Лаҳзаи хароҷот намудан ҳангоми истифодаи усули  ҳисобу замкунӣ

  1. Лаҳзаи хароҷот намудан вобаста ба аҳд (шартнома) лаҳзаи иҷрои ҳамаи шартҳои зайл ҳисобида мешавад, ба шарте агар ҳамин модда муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад:

1) ҳангоми аз тарафи андозсупоранда бечунучаро эътироф шудани ўҳдадории молиявӣ;

2) ҳангоми ба қадри кифоя дақиқ баҳо додан ба ҳаҷми ўҳдадории молиявӣ;

3) агар ҳамаи тарафҳои дар аҳд ё шартнома иштирокдошта воқеан тибқи аҳд ё шартнома ўҳдадориҳояшонро иҷро кунанд ва маблағҳои дахлдор бечунучаро пардохта шаванд.

  1. Вобаста ба шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ўҳдадории молиявӣ маънои ўҳдадориеро дорад, ки андозсупоранда мутобиқи аҳд (шартнома) қабул кардааст ва тарафи дигари дар аҳд (шартнома) иштирокдошта бо мақсади иҷрои он вазифадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пулӣ ё шакли дигар ба андозсупоранда пешниҳод намояд.
  2. Ҳангоми пардохти фоизҳо тибқи ўҳдадории қарз ё пардохт барои молу мулки ба иҷора гирифташуда лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи ба охир расидани мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора ҳисобида мешавад. Агар мўҳлати ўҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, хароҷот тибқи ин давраҳои андоз мувофиқи тартиби ҳисоби он тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 189. Соҳибии муштарак

Ҳангоми аҳду паймон (ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ) барои соҳибии муштараки молу мулк ё якҷоя анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар аҳду паймон, ки на камтар аз ду соҳибро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунанд, даромад ва тарҳҳо тибқи аҳду паймон нисбати ҳар як соҳиб сурат гирифта, онҳо мувофиқи ҳиссаи иштирокашон андозбандӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 190. Даромадҳо ва тарҳҳо аз рўи қарордодҳои дарозмуддат

  1. Дар сурати аз тарафи андозсупоранда истифода бурдани баҳисобгирӣ тибқи усули ҳисобу замкунӣ даромад ва тарҳҳо марбут ба қарордодҳои дарозмуддат оид ба ҳар як соли андоз мутобиқи ҳаҷми иҷрои амалии онҳо нишон дода мешаванд.
  2. Ҳаҷми иҷрои қарордод тавассути муқоисаи хароҷоти дар давоми соли андоз суратгирифта бо хароҷоти умумии баҳогузории тибқи чунин қарордод пешбинишуда муайян мегардад.
  3. Таҳти мафҳуми «қарордоди дарозмуддат» қарордод барои истеҳсол, насб, ё сохтмон, ё хизматрасонии дахлдор, ки дар доираи соли андоз, ки дар он кори дар қарордод пешбинишуда оғоз гардида, ба охир расонида нашудааст, ба истиснои қарордодҳое, ки тибқи пешбиниҳо бояд дар доираи 6 моҳи баъди оғози корҳои мувофиқи қарордод пешбинигардида ба анҷом расанд, фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 191. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

  1. Баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ бо мақсадҳои андозбандӣ танҳо тибқи муқаррароти амалкунандаи баҳисобгирии муҳосиботӣ, ки дар асоси қонунгузории оид ба баҳисобгирии муҳосиботӣ таҳия гардидаанд, ба анҷом расонида мешавад.
  2. Ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда вазифадор аст, ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидаашро, ки мутаносибан дар асоси ҳароҷоти истеҳсолӣ (арзиши аслӣ) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, дар ҳисоботи андоз нишон диҳад. Аз он ҷумла, андозсупоранда вазифадор аст ба арзиши ин молҳо хароҷоти нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро ҳамроҳ кунад.
  3. Ҳангоми ба ҳисоб гирифтани захираҳои молию моддӣ андозсупоранда ҳақ дорад, ки арзиши мол ё маҳсулоти нуқсондор, маънан кўҳнашуда ё аз мўд баромадаро, ки аз ҳамин сабаб ё бо сабабҳои шабеҳ бо нархи зиёдтар аз хароҷоти барои истеҳсоли (нархи хариди) онҳо сарфшуда фурўхтан мумкин нест, дар асоси нархе, ки онҳоро фурўхтан мумкин аст, баҳо диҳад.
  4. Нисбати молҳое, ки андозсупоранда оид ба онҳо баҳисобгирии инфиродӣ пеш намебарад, вай ҳақ дорад, ки барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ яке аз се усулҳои зеринро истифода барад:

1) усули ФИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ дар аввал молҳои дар аввали давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ дохилгардида, фурўхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда шуда, баъд молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсол (харид) ҳисоб карда мешаванд;

2) усули ЛИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ дар аввал молҳое, ки охирин истеҳсол (харид) шудаанд, фурўхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда мешаванд;

3)  усули баҳо додан тибқи арзиши аслии миёна.

 

Моддаи 192. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)

  1. Агар иҷорадиҳанда то оғози иҷораи молиявӣ (лизинг) соҳиби молу мулки моддии истеҳлокшаванда бошад, муомилот ҳамчун фурўши молу мулк аз тарафи иҷорадиҳанда ва харидани он аз ҷониби иҷорагир дониста мешавад.
  2. Молу мулки моддии истеҳлокшавандае, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода мешавад, дар давраи амали шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) бояд дар баланси иҷорагир ба ҳисоб гирифта шавад, ки ин ба иҷорагир ҳуқуқ медиҳад тарҳҳоро вобаста ба предмети лизинг (аз ҷумла истеҳлок ва хароҷоти таъмир) амалӣ намояд.

 

Моддаи 193. Тарҳҳои ҷуброншаванда ва ихтисори захираҳо

  1. Агар маблағи хароҷот, зарар ва қарзҳои шубҳаноки пештар тарҳшуда ҷуброн гардад, маблағи гирифташуда даромади он давраи андозбандие ҳисоб карда мешавад, ки ҷуброн анҷом дода шудааст.
  2. Агар захираҳое, ки нисбати онҳо пештар мутобиқи қисми 3 моддаи 150 ва моддаи 151 ҳамин Кодекс тарҳ сурат гирифта шудааст, ихтисор шаванд, маблағи чунин ихтисор ба даромад дохил карда мешавад.

 

Моддаи 194. Фоида ва зарар ҳангоми фурўш ё супоридани активҳо

  1. Фоида аз фурўш ё супоридани активҳо фарқи мусбии байни маблағҳои аз фурўш ё супоридани активҳои бадастомада ва арзиши активҳо, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, иборат мебошад. Ҳангоми дар асоси ройгон ё бо нархҳои тахфифӣ супоридани активҳо фоидаи шахсе, ки активҳоро додааст, ҳамчун фарқи мусбии байни нархи бозории молу мулки ба ҳамин тарз супоридашаванда ва арзиши он, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс муқаррар мегардад, муайян карда мешавад.
  2. Зарари аз фурўш ё супоридани активҳо расонидашуда фарқи манфии байни маблағҳои аз фурўш ё супоридани активҳо воридгардида ва арзиши активҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
  3. Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбати активҳои тибқи гурўҳҳо истеҳлокшаванда, инчунин нисбати захираҳои молию моддӣ татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 195. Арзиши активҳо

  1. Ба арзиши активҳо хароҷот барои харидани онҳо, истеҳсол, сохтмон, васл ва насб, инчунин дигар хароҷоте, ки арзиши онҳоро зиёд мекунад (бо дарназардошти зиёдшавии арзиши активҳо дар натиҷаи азнавбаҳодиҳӣ (азнавнархгузорӣ) тибқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ба истиснои хароҷот, ки нисбати онҳо андозсупоранда барои тарҳ ҳуқуқ дорад, дохил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
  2. Агар танҳо як қисми активҳо фурўхта ё дода шаванд, пас арзиши активҳо дар лаҳзаи фурўш ё додан байни қисмҳои боқимонда ва қисмҳои фурўхта ё додашуда тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 196. Эътироф накардани фоида ё зарар

  1. Дар ҳолатҳои зайл ҳеҷ гуна фоида ё зарар ҳангоми муайян кардани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба эътибор гирифта намешавад:

1) додани активҳо байни зану шавҳар;

2) додани активҳо байни собиқ ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ; ё

3) беғаразона нобуд кардани актив ё бегона кардани он бо реинвеститсияи маблағҳо (масалан, ҷубронпулии суғуртавии гирифташуда ҳангоми беғаразона нобуд сохтани актив) дар активҳои шабеҳи онҳо ё дар активҳои дорои ҳамон хусусият то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки актив нобуд ё бегона карда шудааст.

  1. Арзиши активи ивазшаванда, ки дар банди 3) қисми 1 ҳамин модда зикр шудааст, бо назардошти (дар сатҳи) арзиши активи ивазкардашуда дар лаҳзаи нобуд ё бегона кардани он ба афзоиши арзиши активи ивазшаванда ба фарқи мусбии байни хароҷоти андозсупоранда барои реинвеститсия ва бузургии мадохилот мутобиқи банди 3) қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  2. Арзиши активе, ки дар натиҷаи аҳд ба даст омадааст ва ҳангоми он фоида мувофиқи бандҳои 1) ва 2) қисми 1 ҳамин модда барои мақсадҳои андозбандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад, аз арзиши актив барои тарафи супорандаи он дар рўзи аҳд иборат мебошад.
  3. Ҳамин модда нисбати активҳое, ки аз рўи гурўҳҳо истеҳлок мешаванд, татбиқ намегардад, ба истиснои бандҳои 1) ва 2) қисми 1 ҳамин модда, ки онҳо ҳангоме татбиқ мегарданд, ки ҳамаи активҳои гурўҳ дар як вақт дода шаванд.

 

БОБИ 24. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ

 

Моддаи 197. Пешниҳоди эъломия

  1. Андозсупорандагони зерин эъломияро оид ба андози даромад ва андози фоида то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз месупоранд:

1) шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳо;

2) шахсони воқеӣ – резидентҳое, ки дар манбаи пардохти  воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  даромади андозбандинашаванда доранд, ба истиснои даромадҳое, ки аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патенти харидашуда тибқи моддаи 137 ҳамин Кодекс ба даст меоранд;

3) шахсони воқеӣ - резидентҳое, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд;

4) шахсоне, ки  мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  зиммаашон вазифаи пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад ва  эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ гузошта шудааст. Тартиб, мўҳлати пешниҳод ва шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

5) шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ - ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде, ки бояд андозбандӣ карда шавад мегиранд, аммо дар манбаи пардохт андоз намесупоранд;

6) шахсони воқеӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои ўҳдадориҳои агенти андоз нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд, кор мекунанд. Ҳамзамон чунин шахсони воқеӣ, агар дигар муқаррарот дар санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ нашуда бошад, дар давоми соли андоз ҳангоми ба даст овардани даромад аз кор дар ташкилотҳои дар боло зикргардида ўҳдадоранд, ки дар давоми 15 рўз аз рўзи гирифтани ҳар пардохт ба таври мустақилона маблағи андози даромад ва андози иҷтимоиро ҳисоб кунанд ва ба буҷет дар маҳали ҷойгиршавии ташкилоти дар боло зикргардида супоранд. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳар семоҳа то санаи 15 моҳи минбаъдаи семоҳаи  сипаригардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

  1. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкории андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вай дар мўҳлати 30 рўз ба мақоми андози дахлдор эъломияи андоз пешниҳод мекунад.
  2. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ ё андозсупоранда фавран дар ин бора ба мақоми андоз огоҳномаи хаттӣ мефиристанд. Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст, ки эъломияи андозро ба мақоми дахлдори андоз мутобиқи қисми 7 моддаи 71 ҳамин Кодекс пешниҳод намояд.

4.Шахси воқеие, ки аз вай пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад дар бораи аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағ эъломияи андоз пешниҳод кунад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба фоидаи воқеии бо як пардохт ба буҷети давлатӣ пардохташаванда эъломияеро, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, ба мақомоти андоз то 1 августи соли баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод менамояд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).

 

Моддаи 198. Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз

  1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ амалкунанда, ба истиснои мутобиқи моддаи 302 ҳамин Кодекс тибқи низоми соддакардашуда андозбандишаванда, вазифадоранд  дар мўҳлати на дертар аз рўзи 15-уми ҳар моҳ пардохти ҷориро ба буҷет анҷом диҳанд. Маблағи ҳар кадом пардохти ҷории моҳона дар давраи 12-моҳа, ки ҳар 15-уми апрел оғоз меёбад, бояд як фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботиро мутобиқи моддаи 321 ҳамин Кодекс ташкил намояд, ки ба ҳисоби пардохти андози ҳадди ақал аз даромадҳо ҳисоб карда мешавад (ба ҳисоб гирифта мешавад). Ҳамзамон, агар аз дувоздаҳ як қисми андоз аз фоида ё андоз аз даромад барои соли гузаштаи андоз, ки ба коэффисиенти 1,1 зиёд карда шудааст, аз як фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботии дар боло зикргардида зиёд бошад, ба ҳисоби пардохтҳои ҷорӣ оид ба андоз аз фоида ё андози даромад дар ҳамон мўҳлат бояд фарқияти байни ба коэффисенти 1,1 зиёдкардаи аз дувоздаҳ як қисми маблағи андоз аз фоида ё андози даромад барои соли гузаштаи андоз ва маблағи як фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботӣ, ки ба буҷет пардохта шудааст ва ҳамчун андози ҳадди ақал аз даромадҳо ба ҳисоб гирифта шудааст, пардохта шавад.
  2. Пардохтҳои ҷории андоз ба маблағи андозе, ки аз андозсупоранда дар соли андозбандӣ гирифта мешавад, ҳисоб карда мешаванд. Ҳама гуна пардохтҳои барзиёдатии ҷории андоз аз рўи андоз аз фоида ё андоз аз даромад дар муқоиса бо ўҳдадориҳо доир ба ин андозҳо дар соли андоз ба ҳисоби ўҳдадориҳо оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои ҳамин сол ба ҳисоб гирифта мешавад, барзиёдатии боқимонда (ба муқобили ўҳдадориҳо аз рўи андози ҳадди ақал аз даромадҳо) мувофиқи моддаи 89 ҳамин Кодекс ба ҳисоби ўҳдадориҳо оид ба дигар андозҳо ба ҳисоб гирифта мешавад ё ба андозсупоранда баргардонида мешавад.
  3. Барои сари вақт напардохтани маблағҳои ҷории андоз фоизҳо мувофиқи моддаи 93 ҳамин Кодекс ҳисоб карда мешаванд.

 

             Моддаи 1981. Хусусияти ҳисоб кардан ва пардохтани андоз (андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо) аз ҷониби корхонаҳое, ки воҳидҳои махсус доранд (воҳидҳое, ки қисми вазифаҳои шахси ҳуқуқиро иҷро менамоянд ва шахсони ҳуқуқии мустақил ба ҳисоб намераванд)

  1. Тақсим кардани маблағи пешпардохтҳо, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рўи ҷамъбасти соли андоз гузаронида шаванд, аз ҷониби корхона байни буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар як воҳидҳои махсуси он бо назардошти ҳиссаи хароҷот барои пардохти музди меҳнате, ки ба воҳиди асосии корхона ва ба ҳар як воҳидҳои махсуси корхона дар хароҷоти умумии музди меҳнат дар корхона (воҳиди асосии корхона дар якҷоягӣ бо ҳамаи воҳидҳои махсуси корхона) тааллуқ дорад, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона сурат мегирад.

Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнат дар ҳамин қисм зикргардида бо назардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои махсуси он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона дар охири моҳи (соли) ҳисоботӣ муайян карда мешавад.

  1. Ҳисоб кардани маблағи пешпардохтҳо аз рўи андоз, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рўи ҷамъбасти соли андоз дар маҳали ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва ҳар кадом воҳидҳои махсуси он пардохта шавад, аз ҷониби корхона мустақилона анҷом дода мешавад.

Маълумотро дар бораи маблағҳои пешпардохт аз рўи андоз, инчунин дар бораи маблағҳои аз рўи ҷамъбасти соли андоз ҳисоб кардашударо  корхона ба воҳидҳои махсуси худ, инчунин ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии худ ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсус на дертар аз мўҳлати пешниҳодгардида барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ (пешпардохтҳо) мутобиқи моддаи 198 ҳамин Кодекс ва барои пешниҳод кардани эъломия аз рўи андоз аз фоида мутобиқи моддаи 197 ҳамин Кодекс хабар медиҳад.

  1. Корхона маблағи пешпардохтҳо ва маблағи андозеро, ки аз рўи ҷамъбасти соли андоз ҳисоб карда шудааст, ба буҷети маҳали ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои махсуси он тавассути воҳиди асосии корхона ё тариқи ҳар воҳиди махсус на дертар аз мўҳлати муқаррарнамудаи моддаҳои 198 ва 199 ҳамин Кодекс месупорад.

 

Моддаи 199. Пардохти андоз аз рўи ҷамъбасти сол

  1. Андозсупорандагон ҳисобу китоби ниҳоиро анҷом дода, андозро дар мўҳлати на дертар аз 10 апрели соле, ки баъди соли ҳисоботии андоз фаро мерасад, месупоранд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
  2. Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз фоидаро на дертар аз 1 сентябри соле, ки баъди соли ҳисоботии андоз фаро мерасад, месупорад. (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

 

ФАСЛИ VII. АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА

 

БОБИ 25. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

Моддаи 200. Мафҳуми андоз аз арзиши иловашуда

Андоз аз арзиши иловашуда, минбаъд - АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА, шакли ба буҷет гирифтани қисми арзиши дар ҷараёни истеҳсол ва муомилоти мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иловашуда, инчунин қисми арзиши тамоми молҳои андозбандишавандаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад. Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, муомилоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ пардохта шавад.

Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз амалиёти андозбандишаванда пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки аз чунин муомилот ҳисобу зам карда шудааст ва маблағи андозе, ки мутобиқи муқаррароти ҳамин фасл бояд тибқи ҳисобнома - фактураҳои андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб карда шавад, муайян мегардад. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз воридоти андозбандишаванда пардохта шавад, бо роҳи зарби воридоти андозбандишаванда ба меъёри андоз аз арзиши иловашуда муайян карда мешавад.

 

БОБИ 26. АНДОЗСУПОРАНДАГОН

 

Моддаи 201. Андозсупорандагон

  1. Супорандаи андоз аз арзиши иловашуда шахсе мебошад, ки тибқи моддаи 202 ҳамин Кодекс ўҳдадор аст ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз қайд гузарад.
  2. Шахсе, ки ўҳдадор аст барои бақайдгирӣ ариза диҳад, аз аввали давраи ҳисоботие, ки баъди давраи ба миён омадани ўҳдадории додани аризаи бақайдгирӣ фаро мерасад, оид ба андоз аз арзиши иловашуда андозсупоранда мебошад.
  3. Ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи қисми 1 ҳамин модда супорандагони андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, ҳамаи шахсоне, ки воридоти андозбандишавандаи молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, оид ба чунин воридот супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ҳисобида мешаванд.
  4. Шахси ғайрирезидент, ки бидуни қайд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба иҷрои корҳо ва хизматрасоние, ки бояд мувофиқи моддаи 220 ҳамин Кодекс андозбандӣ шавад, машғул аст, оид ба чунин кору хизматрасониҳо супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад.

(Аз моддаи 201 қисмҳои 5 ва 6 хориҷ карда шу. ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

    Моддаи 202. Талабот оид ба додани ариза барои бақайдгирӣ

          1.Шахсе, ки машғули фаъолияти соҳибкорӣ буда, ҳаҷми амалиёти андозбандишавандааш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (паи дар пайи) тақвимӣ аз 200 ҳазор сомонӣ бештар мебошад, ўҳдадор аст ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии  бақайдгирии худ мувофиқи моддаҳои 45 ва 46 ҳамин Кодекс, агар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд, ҷиҳати бақайдгирӣ барои андоз аз арзиши иловашуда на дертар аз 30 рўзи баъди ба охир расидани ин давра ариза диҳад.

   Қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун нисбати шахсоне, ки ба ҳадди барои мақсадҳои бақайдгирӣ аз рўи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба 1 январи соли 2006 ва пас аз ин сана расидаанд, татбиқ карда мешавад.

   Нисбати шахсони ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда то 1 январи соли 2006 ба қайд гирифташуда, вале дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонун ба ҳадди дар қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун муқарраргардида нарасидаанд, бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми соли 2006 бекор карда намешавад. Ҳамзамон бояд ба ҳисоб гирифт, ки бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда барои чунин шахсон аз 1 декабри соли 2004 эътибор пайдо кардааст.

  1. Барои мақсадҳои ҳамин модда таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ аз тарафи ғайрирезидент ҳангоми муайян кардани арзиши умумии амалиёти андозбандишаванда ба эътибор гирифта мешаванд, агар онҳо танҳо тавассути муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд.
  2. Вориси ҳуқуқии андозсупоранда, ки фаъолияти андозсупорандаро давом медиҳад, вазифадор аст ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми 30 рўзи баъди ба даст овардани ҳуқуқ ариза диҳад.

 

  Моддаи 203. Бақайдгирии ихтиёрӣ (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 20.03.08с, №376).

 

Моддаи 204. Бақайдгирӣ

1.Шахсе, ки ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ариза медиҳад, ўҳдадор аст ин амалро мувофиқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори  давлатӣ анҷом диҳад.

2.Ҳангоми аз тарафи шахси машғули амалиёти андозбандишаванда додани ариза ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда, мақоми андоз вазифадор аст чунин шахсро дар феҳристи  супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта, дар давоми 10 рўзи баъди супоридани ариза дар мавриди оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуданаш шаҳодатнома диҳад ва дар он номи пурра (ному насаб) ва дигар маълумоти дахлдорро дар бораи андозсупоранда, санаи додани шаҳодатнома, санае, ки аз он бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад ва рақами мушаххаси андозсупорандаро зикр намояд.

Варақаи шаҳодатномаи байқайдгирӣ доир ба андоз аз арзиши иловашуда варақаи ҳисоботии қатъӣ мебошад ва ба андозсупоранда ройгон дода мешавад.

Шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо андозсупоранда бо худ нигоҳ медорад ва ҳангоми бекор шудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми 10 рўзи баъди бекор шудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба мақоми андози дахлдор бояд баргардонад.

Шакли варақа, тартиби супоридан ва гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

3.Бақайдгирӣ дар яке аз санаҳои зерин, вобаста аз он, ки кадоме аз ин сана пештар фаро мерасад, эътибор пайдо мекунад:

1) ҳангоми бақайдгирии ҳатмӣ - дар рўзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он барои додани ариза барои бақайдгирӣ ўҳдадорӣ пайдо шудааст;

2)  нисбати вориси ҳуқуқӣ - дар лаҳзаи  ба даст овардани ҳуқуқ.

  1. Мақомоти андоз вазифадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашударо, ки он дар бораи ҳамаи шахсони барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифташуда маълумоти муфассалро дар бар мегирад, кушоянд ва пеш баранд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ барои мақсадҳои бақайдгирӣ ва назорат феҳристи умумидавлатии супорандагони андоз аз арзиши иловашударо пеш мебарад.

  1. Агар шахс ўҳдадор бошад, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад ва ў барои бақайдгирӣ ариза надода бошад, мақомоти андоз бо ташаббуси худ ин андозсупорандаро ба қайд гирифта, ба вай ҳуҷҷатҳои дахлдор мефиристанд.
  2. Шахсе, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудааст, ўҳдадор аст аз санаи эътибор пайдо кардани бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда дар бораи амалиётҳои андозбандишавандаи худ ҳисобнома-фактураҳо таҳия намояд, дар тамоми ҳисобнома - фактураҳои оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва тамоми эъломияҳо, инчунин мактубҳои расмие, ки ба мақомоти андоз мефиристад, рақами мушаххаси андозсупорандаро нишон диҳад.
  3. Мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи аризаи андозсупорандаи андози арзиши иловашуда метавонад воҳидҳои махсуси вайро ба сифати супорандаи мустақили андоз аз арзиши иловашуда баррасӣ намояд.

 

  Моддаи 205. Бекор кардани бақайдгирӣ

  1. Ба андозсупоранда зарур аст, ки баъди гузаштани 24 моҳи эътибор пайдо кардани бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ҷиҳати бекор кардани бақайдгирӣ ба мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бо ариза муроҷиат намояд, агар ҳаҷми умумии амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда дар 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ пеш аз додани чунин ариза аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд набошад. Бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда аз рўзи якуми давраи андозбандӣ, ки баъди давраи (моҳи) барои бекор кардани бақайдгирӣ ба мақомоти андоз ариза додани шахс фаро мерасад, эътибор пайдо мекунад. (Қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун нисбати шахсоне, ки ба ҳадди барои мақсадҳои бақайдгирӣ аз рўи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба 1 январи соли 2006 ва пас аз ин сана расидаанд, татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 Нисбати шахсони ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда то 1 январи соли 2006 ба қайд гирифташуда, вале дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонун ба ҳадди дар қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун муқарраргардида нарасидаанд, бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми соли 2006 бекор карда намешавад. Ҳамзамон бояд ба ҳисоб гирифт, ки бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда барои чунин шахсон аз 1 декабри соли 2004 эътибор пайдо кардааст. 

  1. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад, чунин шахс аз рўзи хориҷ шуданаш аз феҳристи давлатии андозсупорандагон аз қайд оид ба андоз аз арзиши иловашуда (яъне бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбати ин шахс эътибор пайдо мекунад) бароварда мешавад.

Дар ҳолати вафот кардани шахси воқеӣ бекоршавии бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбати чунин шахс аз рўзи вафот кардани ин шахс, ки мақоми дахлдори давлатӣ расман тасдиқ менамояд, эътибор пайдо мекунад.

  1. Агар бақайдгирии шахс барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор карда шавад, мақомоти андоз ўҳдадоранд номи (ному насаби) шахс ва дигар маълумотро дар бораи вай аз феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда хориҷ намуда, барои хориҷ кардани ин шахс аз феҳристи умумидавлатии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда чораҳо андешанд, инчунин шаҳодатномаи бақайдгирӣ доир ба андоз аз арзиши иловашударо тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз вай гиранд.
  2. Бекор намудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи ҳамин Кодекс тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 27. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ

 

Моддаи 206. Объектҳои андозбандӣ

  1. Объектҳои андозбандӣ аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда мебошанд.
  2. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, ба истиснои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод шудаанд ва дар доираи фаъолияти соҳибкории мустақилонаи шахсон анҷом дода мешаванд, агар онҳо мутобиқи моддаҳои 218 ва 219 ҳамин Кодекс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошаванда эътироф гарданд, амалиёти андозбандишаванда мебошанд. Амалиёти андозбандишаванда мутобиқи моддаи 219 ҳамин Кодекс хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар намегирад.
  3. Агар андозсупоранда молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро) бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда харад ва маблағи дахлдорро ба ҳисоб гирад (ё ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтан дошта бошад), истифодаи чунин молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё натиҷаи истифодаи молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) барои фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ амалиёти андозбандишаванда ҳисобида мешавад.
  4. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонии андозсупоранда ба кормандони худ, аз ҷумла ройгон, амалиёти андозбандишаванда мебошад.
  5. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, агар онҳо тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс аз андоз аз арзиши иловашуда озод набошанд, аз ҷониби як воҳиди махсус ба воҳиди махсуси дигари як шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи қисми 7 моддаи 204 ҳамин Кодекс супорандагони мустақили андоз аз арзиши иловашуда ба шумор мераванд, инчунин чунин таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ ба шахсони тарафи дигар амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб мераванд.
  6. Сарфи назар аз дигар муқаррароти ҳамин модда таҳвили молҳо аз тарафи шахсе, ки ин молҳоро дар натиҷаи амалиёти аз арзиши иловашуда андозбандишаванда харидааст, аммо мувофиқи моддаи 226 ҳамин Кодекс ҳангоми харидани ин молҳо барои баҳисобгирии маблағ тибқи андоз аз арзиши иловашуда ҳуқуқ надошт, ҳамчун амалиёти андозбандишаванда ҳисобида намешавад. Агар ҳангоми харидани молҳо баҳисобгирӣ қисман иҷозат нашуда бошад, дар ин сурат андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба ҳиссаи баҳисобгирии иҷозатнашуда кам карда мешавад.
  7. Арзиши бастаҳое (зарфҳое), ки бояд тибқи шарт ва мўҳлати муқарраркардаи шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳо баргардонда шаванд, ба истиснои ҳолатҳои фурўши чакана, ба маблағи андозбандишаванда дохил карда намешавад. Чаканафурўшон метавонанд ҳаҷми амалиёти андозбандишавандаро ба маблағе, ки онҳо ба сифати ҳаққи ҷуброни баргардонидани бастаҳо (зарфҳо) ба мизоҷон пардохтаанд, кам кунанд.
  8. Агар бақайдгирии андозсупоранда бекор карда шавад, молҳои дар лаҳзаи бекоркунӣ дар ихтиёри он қарордошта ҳамчун молҳои дар доираи амалиёти андозбандишаванда таҳвилшуда баррасӣ мегарданд.
  9. Дар ҳолати истеҳсоли молҳо, иҷрои кор ва хизматрасониҳо аз ашё ва маводи фармоишгар, ҳангоме, ки соҳиби ашё, мавод ва маҳсули коркард худи фармоишгар аст, амалиёти андозбандишаванда барои коркардкунанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) хизматрасонӣ (корҳо) доир ба коркарди ашё ва мавод барои молҳо (кору хизматрасониҳо) ба ҳисоб меравад.
  10. Молҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ё воридшуда (ба истиснои молҳое, ки мутобиқи моддаи 211 ҳамин Кодекс аз андоз аз арзиши иловашуда озод шудаанд), ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар эъломия зикр шаванд, воридоти андозбандишаванда ба ҳисоб мераванд.

 

Моддаи 207. Фурўш ё супоридани корхона

  1. Аз тарафи як супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба дигар супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар доираи як амалиёт фурўхтан ё супоридани корхона дар маҷмўъ чун комплекси молу мулкӣ ё воҳиди мустақили амалкунандаи корхона амалиёти андозбандишаванда ҳисоб карда намешавад.
  2. Дар мавриди қисми 1 ҳамин модда харидор ё гиранда ҳуқуқ ва ўҳдадории фурўшандаи дар ҳамин фасл зикршударо қабул менамояд, ки ба корхонаи фурўхта ё додашуда ё воҳиди мустақили амалкунандаи корхона вобаста мебошанд.
  3. Ҳамин модда танҳо ҳангоме татбиқ мегардад, ки агар тарафҳои фурўшанда (супоранда) ва гиранда дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди фурўш (супоридан) мақомоти андозро дар бораи қарор оид ба татбиқи муқаррароти ҳамин модда ба таври хаттӣ огоҳ намоянд.

 

БОБИ 28.  МУАЙЯН КАРДАНИ МУОМИЛОТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА  ВА ВОРИДОТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА

 

Моддаи 208. Арзиши амалиёти андозбандишаванда

  1. Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси маблағе (арзиш, аз ҷумла дар шакли натуралӣ), ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) дигар пардохтҳо, бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана, муайян мегардад.
  2. Агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда молҳо, корҳо ё хизматрасониҳоро ба даст орад ё ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳоро (аз ҷумла ҳама гуна боҷ, андоз ё дигар пардохтҳоро), бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана, дар бар мегирад.
  3. Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ҳеҷ сарвате нагирад ё ҳуқуқи гирифтанро надошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба арзиши бозории молҳои таҳвилкардашуда, корҳои иҷрошуда, ё хизматрасонии андозсупоранда дар рафти чунин амалиёти андозбандишаванда (аз ҷумла ҳама гуна боҷ, андоз ва дигар пардохтҳо), бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана, баробар аст.
  4. Дар сурати бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истеъмол ё истифода бурдани молҳо (корҳо ё хизматрасониҳо) тибқи қисми 3 моддаи 206 ҳамин Кодекс, инчунин ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо) ба кормандони худ мувофиқи қисми 4 моддаи 206 ҳамин Кодекс, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо (аз ҷумла ҳама гуна боҷ, андоз ва дигар пардохтҳо), бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана, баробар аст.
  5. Ҳангоми таҳвили мол бо шарти пардохти мўҳлатнок арзиши амалиёти андозбандишаванда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда бо назардошти тамоми маблағҳои пардохтшаванда мувофиқи ҷадвали мўҳлат, ки дар шартнома, аз ҷумла шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ба истиснои пардохтҳои фоизӣ, муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.
  6. Ҳангоми гарави молу мулк (мол) арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда бо назардошти маблағи қарзи барои гарави чунин молу мулк (мол) гирифта шуда, бе илова намудани андоз аз арзиши иловашуда (яъне бе илова намудани андоз аз арзиши иловашуда ба арзиши молу мулки (моли) ба гарав гузошта ё ба маблағи қарзгирифта) муайян мегардад.
  7. Нисбати корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, корхонаҳои захиракунанда, соҳибкорони инфиродие, ки супорандаи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, дар сурати аз ҷониби онҳо харида шудани мол аз шахсоне, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд ва минбаъд таҳвил намудани чунин молҳо аз ҷониби ин андозсупорандагон арзиши амалиёти андозбандишаванда ба фарқияти мусбии байни арзиши таҳвили чунин молҳо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана ва арзиши харидани онҳо аз шахсе, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошад, баробар дониста мешавад.

Ҳангоми фарқияти манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.

Арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳангоми таҳвили  молҳо бевосита аз ҷониби воридкунанда, инчунин аз ҷониби агент (шахси боваринок) бо истифодаи механизми моддаи 223 ҳамин Кодекс таҳвил кардани молҳое, ки аз рўи воридот мутобиқи бандҳои 5) ва 9) қисми 4 моддаи 211 ҳамин Кодекс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, инчунин гази табиӣ, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли дахлдор ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, ба фарқияти мусбии байни арзиши таҳвили чунин молҳо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда  ва андоз аз фурўши чакана ва арзиши гумрукии чунин молҳо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда баробар ҳисобида мешавад. Ҳангоми фарқияти манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисоб кардани андоз аз арзиши иловашуда ба сифр баробар қабул карда мешавад.

 

Моддаи 209. Тасҳеҳи муомилоти андозбандишаванда

  1. Ҳамин модда нисбати амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин татбиқ мегардад:

1) бекор кардани амалиёт;

2)  тағйир ёфтани хусусияти амалиёт;

3) тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт ҳам аз сабаби пастшавии нарх ва ҳам ҳама гуна сабабҳои дигар; ё

4) пурра ё қисман баргардонидани молҳо ба андозсупоранда (қабул накардани корҳо ё хизматрасониҳои анҷомдодаи андозсупоранда).

5)  тарҳи қарзҳои беэътимод (шубҳанок) мувофиқи қисми 20 моддаи 34 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 150  ҳамин Кодекс.

  1. Агар андозсупоранда дар натиҷаи яке аз сабабҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда:

1) оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома - фактура пешниҳод кунад, ки дар он маблағи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст нишон дода шудааст; ё

2) дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашударо нодуруст зикр карда бошад,

пас мувофиқи қисми 2 моддаи 225 ё қисми 8 моддаи 226 ҳамин Кодекс ба он ислоҳ дароварда мешавад.

  1. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда дар асоси ҳисобнома-фактураи иловагӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки фаро расидани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо баъди содир гардидани амалиёти ибтидоии андозбандишаванда тасдиқ менамояд, гузаронда мешавад.

 

Моддаи 210. Арзиши воридоти  андозбандишаванда

  1. Арзиши воридоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳо, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, инчунин ҷамъи маблағи боҷҳо ва андозҳое, ки ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд супорида шаванд, аммо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда, мебошад.
  2. Ҳангоми хизматрасониҳое, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 222 ҳамин Кодекс ҳамчун қисми воридоти молҳо баррасӣ мегарданд, арзиши онҳо бе андоз аз арзиши иловашуда ба арзиши дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида зам карда мешавад.

 

БОБИ 29. ИМТИЁЗҲОИ  АНДОЗ

 

Моддаи 211. Озод кардан аз андоз

  1. Озод кардан аз андоз аз арзиши иловашуда чунин маънӣ дорад, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардашуда амалиёти андозбандишаванда намебошанд ва арзиши онҳо аз ҷониби андозсупоранда ба муомилоти андозбандишаванда дохил карда намешавад ва воридоти аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил намегардад. Ҳамзамон мутаносибан арзиши чунин таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ва чунин воридоти молҳо барои аз ҷониби андозсупоранда тибқи моддаи 224 ҳамин Кодекс ҳисоб кардани андоз аз арзиши иловашуда асос шуда наметавонад.
  2. Таҳвили молҳои зерин (ба ғайр аз содироти молҳо), иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:

1) фурўш, супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ба ғайр аз:

-        фурўш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;

-        фурўш ё супоридани биноҳои истиқоматии аз нав сохташуда, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бино чун манзили истиқоматӣ камаш дар давоми 2 сол истифода шудааст;

                - супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад;  (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

2) хизматрасонии молиявӣ, аз ҷумла таҳвили молу мулки моддии истеҳлокшаванда, ки тибқи амалиёти иҷораи молиявӣ (лизинг) мутобиқи моддаи 33 Кодекси мазкур амалӣ мешавад, ба истиснои молу мулки ғайриманқул, автомобилҳои сабукрав ва мебел; (ҚЧТ аз 16.04.2012с.,№813)

3) таҳвили асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

4) хизматрасонии динӣ ва маросимӣ аз ҷониби ташкилоти динӣ;

5) хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизмати косметологӣ; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

6) хизматрасонӣ дар соҳаи:

- таълиму тарбияи томактабӣ;

-таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ;

-таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

-таҳсилоти иловагӣ ва махсус.

Намудҳои фаъолияти пешбининамудаи бандҳои 5) ва 6) ҳамин қисм аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд танҳо агар онҳоро шахсони дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) дахлдори давлатӣ барои иҷрои намудҳои мазкури фаъолият, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, анҷом диҳанд;

7) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба сифати кўмаки башардўстона;

8) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, ки мустақиман муассисаҳои пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, истеҳсол намудаанд (иҷро кардаанд, хизмат расонидаанд);

9) таҳвили рўзномаю маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, асарҳои илмию техникӣ, адабиёти таълимӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба нашри онҳо.

Имтиёзҳои пешбининамудаи ҳамин банд нисбати навъҳои эротикӣ ва дорои хусусияти рекламавии махсусгардонидашудаи маҳсулоти дар боло зикргардида татбиқ намегарданд;

10) таҳвили молҳои  (либос ва пойафзол, кўлоҳ, маҳсулоти ҷўроб) навъҳои кўдакона тибқи номгўи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11) таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгўе, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

  1. Таҳвили алюминийи аввалия, ва нахи пахта, инчунин калобаи пахта, аз ҷумла барои содирот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Таҳвили пахтаи коркарднашуда, ба истиснои   содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Содироти пахтаи коркарднашуда  бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ карда мешавад.

 Таҳвили  тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий)  ба Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда),  сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел ба Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо ва ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳвили маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

  1. Намудҳои зерини воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:

1) воридоти асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

2) воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон,инчунин воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;

3) воридоти молҳо ба сифати кўмаки башардўстона, инчунин воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд ва воридоти молҳое, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешаванд;

     4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмили (комплектии) онҳо (ки маҷмўи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин молу мулк мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молҳои зераксизи дохил нагардад, инчунин молу мулки шахсие, ки кормандони хориҷии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷӣ мустақиман барои эҳтиёҷоти худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд. Дар сурати барҳам дода шудани чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба ҷумҳурӣ истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудааст, бояд ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 226 Кодекси мазкур ситонида шавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои  иҷораи молиявӣ (лизинг). Номгўи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмили онҳо мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Дар ҳама ҳолат озодкунии пешбининамудаи ҳамин банд нисбати корхонаҳои навтаъсисёфта (нав) аз рўзи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ва нисбати корхонаҳои дар лаҳзаи мавриди амал карор додани ҳамин банд мавҷудбуда, аз лаҳзаи мавриди амал карор додани ҳамин имтиёз ба мўҳлати на зиёда аз чор сол пешниҳод карда мешавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг); (ҚҶТ аз 16.04.2012с.,№813)

 5) воридоти техникаи кишоварзӣ, дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва  асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгўи муайяннамудаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 6) воридоти молҳое, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар доираи) маблағи грантҳо ва (ё) кредитҳо (қарзҳо), ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ додаанд, амалӣ мешавад;

      7) воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим тибқи ҳуҷҷатгузории лоиҳавию сметавии бо мақоми ваколатдори давлатии дар соҳаи сохтмон мувофиқашуда. Номгўи чунин молҳо ва объектҳои махсусан муҳимро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Агар молҳои воридотии мазкур дар давоми ду сол аз рўзи воридот истифода нашаванд ё ба дигар шахс таҳвил карда шаванд, маблағи тибқи ҳамин банд напардохтаи андоз аз арзиши иловашуда бе татбиқи баҳисобгирӣ тибқи моддаи 226 ҳамин Кодекс бояд ба буҷет ситонида шавад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493) ва (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

8) воридоти намудҳои асосии ашёи хом (ба истиснои молҳои зераксизӣ), масолеҳ, захираҳои энергетикӣ ва таҷҳизот тибқи номгўй ва ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита заводи алюминийи Тоҷикистон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳад;

9) воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгўе, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

     10) воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия, ки тибқи тартиби муқарраршуда бо андоз аз фурӯш андозбандӣ мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

 

Моддаи 212. Андозбандии боркашонии байналмилалӣ ва транзитӣ

  1. Хизматрасонии нақлиётӣ ё дигар хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои бевосита марбут ба ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонии байналмилалӣ, инчунин таҳвили масолеҳи сўзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар маводи истеъмолӣ, ки ба дохили киштии ҳавоӣ барои истеъмол дар вақти парвозҳои байналмилалӣ бор карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Таҳти мафҳуми ҳамлу нақли байналмилалӣ кашондани бор ва мусофирон фаҳмида мешавад, ки нуқтаи сафар  ё нуқтаи таъиноти онҳо (яке аз ин нуқтаҳо) берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин модда ба корҳо ва хизматрасониҳое, ки бинобар ҳамлу нақли байналмилалӣ анҷом дода мешаванд, инҳо марбутанд:

1) корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл), борбардорӣ, борфарорӣ, боргирии барзиёд, ирсоли молҳое, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешаванд, инчунин молҳое, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи транзит интиқол дода мешаванд;

     2) корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ вобаста ба интиқоли почта, мусофирон, бағоҷ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хизматрасониҳо оид ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайрхатҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои ба ин шабеҳ новобаста аз шакли бастани онҳо;

     3) хизматрасонии техникӣ, тиҷоратӣ, аэронавигатсионӣ фурудгоҳии рейсҳои байналмилалии ҳавоӣ, ба истиснои хизматрасониҳо оид ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайрхатҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои ба ин шабеҳ новобаста аз шакли бастани онҳо. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №852

  1. Дар ҳолати иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои дар банди 1) қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми риояи шартҳои зерин татбиқ мегардад:

1) мавҷудияти шартнома (қарордод) оид ба  иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо таҳвилкунандаи молҳои содиротӣ (содиркунандаи молҳо) баста шудааст;

2) ба расмият даровардани боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи  байналмилалии боркашонӣ;

3) нисбати борҳои транзитӣ – мавҷудияти эъломияи гумрукии молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида,  таҳти низоми транзит ба расмият дароварда шудаанд.

  1. Дар ҳолати иҷро намудани корҳо ва хизматрасониҳои дар бандҳои 2) ва 3) қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми риоя намудани шартҳои зерин татбиқ мегардад:

1) мавҷуд будани шартнома  (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо қабулкунандаи (фармоишгари) корҳо, хизматрасониҳои номбаршуда баста шудааст;

2) барасмиятдарории боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалӣ.

  1. Интиқол ва хизматрасонии борфиристониҳои транзитие, ки дар банди 3) қисми 1 моддаи 213 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
  2. Ҳамин модда нисбати давлатҳое, ки оид ба хизматрасонии нақлиётӣ ё дигар хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои мустақиман вобаста ба боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми андозбандӣ аз арзиши иловашударо истифода мебаранд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 213. Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми гузарондани молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми воридоти молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз низоми гумрукии интихобшуда ва риояи шартҳои он андозбандӣ тибқи тартиби зайл сурат мегирад:

1) ҳангоми таҳти низоми гумрукии барориш барои амалиёти озод қарор додани молҳо андоз дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад;

2) ҳангоми таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани молҳо андозсупоранда маблағҳои андозҳоеро, ки аз пардохти онҳо озод шуда буд ё вобаста ба содироти молҳо мутобиқи ҳамин Кодекс онҳо ба вай баргардонда шудаанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мепардозад;

3) ҳангоми таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ, анбори гумрукӣ, реэкспорт, мағозаи савдои бебоҷ, коркард таҳти назорати гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, нобуд сохтан ва даст кашидан ба фоидаи давлат,интиқоли захираҳо ва низомҳои гумрукии махсус,  қарор додани молҳо андоз супорида намешавад;

      4) ҳангоми дар қаламрави гумрукӣ таҳти низоми гумрукии коркард қарор додани моли воридшуда он мутобиқи қонунгузории гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо шартан пурра озод карда мешавад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

5) ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани молҳо тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;

6) ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркарди молҳое, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;

7) ҳангоми таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохта мешавад.

  1. Ҳангоми аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани молҳо андозбандӣ тибқи тартиби зерин амалӣ мегардад:

1) дар сурати таҳти низоми гумрукии баровардан берун аз қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор додани молҳо андоз пардохта намешавад ё маблағҳои пардохтшудаи андоз мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида (ба ҳисоб гирифта) мешавад.

Тартиби дар ҳамин банд нишондодашуда инчунин нисбати баровардани молҳо берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми гумрукии содирот нисбати он молҳое, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод ё минтақаи озоди гумрукӣ қарор доранд, истифода бурда мешавад;

2) ҳангоми баровардани молҳои хориҷии таҳти низоми гумрукии реэкспорт қарордошта маблағи андозҳои ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда (бо сабаби гузаштани мўҳлати ҳатмии мувофиқи қонунгузории гумрукӣ муайянкардашудаи баровардани  молҳои хориҷии таҳти низоми реэкспорт қарордошта), тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупоранда баргардонида мешавад;

3) ҳангоми аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми дигари гумрукӣ нисбат ба тартиби дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм нишондодашуда баровардани молҳо озод кардан аз пардохти андоз ва ё баргардонидани маблағҳои пардохтшудаи андоз ба амал бароварда намешавад, агар дар қонунгузории гумрук тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё дигар фаъолияти соҳибкорӣ пешбининагардида метавонад тартиби соддакардашуда ё имтиёзноки пардохти андоз истифода гардад. Ҳамзамон арзиши молҳои харидашудаи барои истифодаи шахсӣ пешбинишуда набояд аз маблағи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад. Маблағи зиёдатӣ тибқи тартиби умумии муқарраршуда (беимтиёз) таҳти андозбандӣ қарор мегирад. Нисбат ба чунин амалиёт татбиқ кардани низоми соддакардашуда ё имтиёзноки андозбандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Андозсупоранда ҳангоми риоя накардани шартҳои интихобкардаи низоми гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андоз, инчунин фоизҳои ба ин маблағ ҳисобшударо мепардозад.

 

БОБИ 30. АМАЛИЁТҲОЕ, КИ ТИБҚИ МЕЪЁРИ  СИФР АНДОЗБАНДӢ МЕШАВАНД

 

Моддаи 214. Андозбандии содироти молҳо

  1. Содироти молҳо, ба ғайр аз пахтаи коркарднашуда, нахи пахта, инчунин калобаи пахта ва алюминийи аввалия, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қисми 3 моддаи 211 ҳамин Кодекс бо андоз аз арзиши иловашуда тибқи меъёри сифр андозбандӣ карда мешавад.
  2. Ҳангоми тасдиқ нашудани содироти молҳо мутобиқи моддаи 215 ҳамин Кодекс дар ҷараёни 120 рўзи тақвимӣ аз санаи сабти мақоми гумрук, ки молҳоро таҳти низоми содирот анҷом медиҳад ва ё ҳангоми баровардани молҳо таҳти низоми содирот бо воситаи хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврагӣ – аз санаи сабти мақоми гумрук, ки расмиёти гумрукиро анҷом медиҳад, таҳвили ин молҳо бояд аз арзиши иловашуда тибқи меъёри мусбии дар қисми 1 моддаи 224 ҳамин Кодекс зикршуда андозбандӣ гардад.

 

Моддаи 215. Тасдиқи содироти молҳо

  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо инҳо мебошанд:

1) шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳои содиршаванда;

2) эъломияи гумрукии бор бо қайди мақоми гумрукӣ, ки молҳоро бо низоми содирот баровардааст ва ҳангоми баровардани молҳо тибқи низоми содирот бо хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи давравӣ эъломияи пурраи гумрукии бор бо сабти мақоми гумрукие, ки барасмиятдарории гумрукро анҷом додааст;

3) нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи молфиристонӣ бо сабти мақоми гумрук, ки дар нуқтаи гузаргоҳ дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидааст.

Дар ҳолати баровардани молҳо таҳти низоми содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ санади қабулу супоридани молҳо низ пешниҳод карда мешавад.

4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳо ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои дар хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамоянд.

Дар ҳолате, ки агар шартнома (қарордод) ҳисобу китобро бо маблағҳои нақдии пулӣ пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ў гузаронидани маблағҳои ба дастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ - харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.

Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳо, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.

  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар мамлакати воридоти молҳои аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми содирот баровардашуда ба расмият дароварда шудаанд.

Мутобиқи шартномаи байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муқаррар намояд.

  1. Ҳангоми содироти минбаъдаи молҳое, ки қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми коркард берун аз қаламрави гумрукӣ бароварда шудаанд ё маҳсулоти коркарди онҳо, тасдиқи содирот мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:

1) эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми коркард ба низоми содирот тағйир дода мешавад;

2) эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми коркарди молҳо берун аз қаламрави гумрукӣ ба расмият дароварда шудааст;

3) нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки ҳангоми воридоти бор ба қаламрави давлати хориҷӣ таҳти низоми коркарди молҳо дар қаламрави гумрукӣ (коркарди молҳо таҳти назорати гумрукӣ) ба расмият дароварда шуда, мақоми гумрукии ин барасмиятдарориро анҷомдода тасдиқ кардааст;

4) нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми содирот ҳангоми баровардани молҳо ё маҳсулоти коркарди онҳо аз қаламрави давлати коркарди мол ба расмият дароварда шудааст ва онро мақоми ба расмият дароварда тасдиқ кардааст.

  1. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба мақоми андози маҳали бақайдгирӣ дар ҷараёни 180 рўзи тақвимӣ аз санаи сабти мақоми гумруке, ки дар банди 2) қисми 1 ҳамин модда зикр шудааст, андозсупоранда ҳуқуқ дорад андозеро, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 214 ҳамин Кодекс ҳисоб шудааст, баргашта гирад. Дар акси ҳол андозсупоранда барои баргашта гирифтани андозе, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 214 ҳамин Кодекс ҳисоб шудааст, ҳуқуқ надорад.
  2. Низомнома оид ба тартиб ва мўҳлати тасдиқи содироти молҳо бо назардошти талаботи ҳамин модда бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 216. Хориҷ карда шуд

 

БОБИ 31. ВАҚТ ВА МАҲАЛИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА

ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС

 

Моддаи 217. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

  1. Амалиёти андозбандишаванда ҳангоми пешниҳод кардани ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба ҳамин амалиёт ба ҳисоб меравад, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накунад.
  2. Агар ҳисобнома - фактураи АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА то ё дар лаҳзаи (рўзи) содир шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, қисми 1 ҳамин модда татбиқ намегардад ва амалиёти андозбандишаванда ҷой дорад:

1) дар лаҳзаи қабул, фурўхтан ё супоридани молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо; ё

2) дар ҳолати таҳвили молҳое, ки ҳамлу нақли молҳоро дар назар дорад, дар лаҳзаи боркунӣ.

  1. Ҳангоме ки пардохтпулӣ то фарорасии мўҳлати дар бандҳои 1) ё 2) қисми 2 ҳамин модда зикршуда барои таҳвили мол, иҷрои кор, расонидани хизмат гирифта шудааст, агар ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда дар давоми панҷ рўзи баъди пардохт пешниҳод нашавад, қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд ва амалиёти андозбандишаванда ҳангоми гирифтани пардохтпулӣ ҷой дорад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, агар барои амалиёти андозбандишаванда ду ва ё зиёда аз он пардохтпулӣ гирифта шуда бошад, ҳар як пардохтпулии гирифташуда ҳамчун пардохти барои амалиёти алоҳида ба андозаи маблағи пардохт анҷомдодашуда ҳисоб карда мешавад.
  3. Агар хизматрасонӣ дар асоси мунтазам ё доимӣ анҷом дода шавад, пас хизматрасонӣ ҳамчун амали ҳар дафъа дар лаҳзаи пешниҳоди ҳисобнома - фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда (ҳисобнома барои пардохт) вобаста ба ҳама гуна қисми ин амалиёт ё агар пардохт барои хизматрасонӣ пештар гирифта шуда бошад, дар лаҳзаи гирифтани пардохтпулӣ барои ҳар кадом аз қисматҳои амалиёт анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

Дар ҳар ҳолат новобаста аз дигар муқаррароти ҳамин модда барои мақсадҳои ҳамин қисм ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда (ҳисобнома барои пардохт) барои ҳар моҳ на дертар аз рўзи 10 моҳе, ки бевосита баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, бояд пешниҳод карда шавад. Агар ҳисобнома-фактура (ҳисобнома барои пардохт) дар мўҳлати зикршуда пешниҳод нагардад, чунин шуморида мешавад, ки хизматрасонӣ дар рўзи охирини моҳи ҳисоботӣ сурат гирифтааст.

  1. Ҳангоми татбиқи қисми 3 моддаи 206 ҳамин Кодекс лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи оғози истифодабарӣ ё истеъмоли молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо дониста мешавад.
  2. Дар ҳолати дар қисми 4 моддаи 206 ҳамин Кодекс зикршуда лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ ба кормандон мебошад.
  3. Лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили қувваи барқ, қувваи гармӣ, газ ё об мувофиқи қоидаҳои нисбат ба хизматрасонӣ дар асоси мунтазам ё доимӣ амалкунанда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 218. Маҳали таҳвили мол

  1. Агар шартҳои таҳвили мол ҳамлу нақли молро пешбинӣ намоянд, таҳвили мол дар маҳали саршавии ҳамлу нақли молҳо ба амал бароварда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо таҳвили мол дар маҳали супоридани он анҷом дода мешавад.
  2. Таҳвили қувваи барқ, гармӣ ва газ дар ҷои гирифтани молҳо ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани чунин молҳо таҳвил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 219. Маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо

  1. Барои мақсадҳои ҳамин фасл маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо инҳо мебошанд:

      1) маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, агар корҳо (хизматрасониҳо) бевосита бо ин молу мулк алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои боби мазкур хизматрасониҳои алоқаи байналмилалӣ (аз ҷумла, пайвастшавии шабакавӣ, иҷораи шоҳроҳ (канал), интиқол ва қабули трафик ва (ё) интернет, пахши байналмилалии барномаҳои телевизион ва радио), ки анҷом додани онҳо бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошад, дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули зикргардида амалигардида ҳисобида мешаванд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

2) маҳали иҷрои амалии корҳо (хизматрасониҳо), агар онҳо бо молу мулки манқул алоқаманд бошанд;

3) маҳали хизматрасониҳои амалӣ, агар онҳо дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, маориф, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё дигар соҳаи фаъолияти шабеҳи ин расонида шаванд;

4) маҳали воқеии анҷом додани ҳамлу нақл, агар корҳо (хизматрасониҳо) бо ин ҳамлу нақл алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои моддаи 212 ҳамин Кодекс чунин амалиёти  вобаста ба иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои андозсупоранда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда  ба ҳисоб меравад;

5) маҳали ҷойгиршавии харидори хизматрасониҳо, ки ин хизматрасониҳо бештар бо он  алоқаманд мебошанд.

Муқаррароти ҳамин банд нисбат ба хизматрасониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

- ба моликият додан ё гузашт кардани патентҳо, иҷозатномаҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва дигар ҳуқуқҳои шабеҳи он;

- гузаронидани машваратҳо, расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, муҳосибавӣ, муҳандисӣ ё рекламавӣ, инчунин хизматрасониҳои коркарди маълумот ва хизматрасониҳои шабеҳи он;

- хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди кормандон;

- ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёти корхонаҳои нақлиётӣ);

- хизматрасонии агенте, ки шахсро (корхона ё шахси воқеиро) аз номи иштирокчии асосии қарордод барои иҷрои хизматрасониҳои пешбининамудаи ҳамин банд киро мекунад;

6) маҳали анҷом додани фаъолияти соҳибкории шахси иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасонӣ.

  1. Ҳангоми истифодаи қисми 1 ҳамин модда маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасониҳое, ки дар бандҳои 1)-5) ҳамин қисм нишон дода нашудаанд, ки дар зиёда аз як банди қисми 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, маҳали якуми тартибии яке аз ин бандҳо ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 220. Андозбандии бо бозгашт

  1. Агар шахсе, ки резидент намебошад ва барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, барои агенти андози дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонад ё корҳоро иҷро кунад, барои мақсадҳои ҳамин фасл чунин иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо мувофиқи ҳамин модда андозбандӣ мешавад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин модда ҳар шахси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсади андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифташуда ва ҳар ашхоси ҳуқуқӣ - резидент агенти андоз дониста мешавад.
  3. Дар сурати татбиқ намудани қисми 1 ҳамин модда, агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба ғайрирезидент пардозад, андоз мегирад. Маблағи андоз бо роҳи татбиқи меъёри мусбати андоз мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 224 ҳамин Кодекс нисбати маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба ғайрирезидент пардохта шавад, муайян мегардад.
  4. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад, андози нигоҳдошташуда бояд ба буҷет дар як вақт бо амалӣ намудани пардохти маблағ ба ғайрирезидент супорида шавад ва ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (чун маблағи ҳисобу замшуда) дохил карда шавад
  5. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашуда бошад, вай ўҳдадор аст, ки андози нигоҳдошташударо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми панҷ рўз аз рўзи пардохт ба ғайрирезидент ба буҷет супорад.
  6. Дар сурати воридоти молу мулки ба ғайрирезидент тааллуқдошта барои супоридан ба агенти андоз ба иҷора ҳангоми ситонидани андоз аз арзиши иловашуда аз пардохтҳои иҷора мувофиқи ҳамин модда бо розигии молик - ғайрирезидент агенти андоз метавонад баҳисобдарории маблағи андоз аз арзиши иловашударо, ки аз воридот пардохта шудааст, талаб кунад. Дар ин ҳолат агенти андоз ҳамчун андозсупоранда дониста шуда, ҳангоми таҳвили минбаъдаи молу мулк (ба истиснои содироти он) барои пардохти андоз аз арзиши иловашуда ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 221. Вақти воридот

Воридоти мол дар вақти аз молҳо мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани боҷи гумрукӣ ҷойдошта ба ҳисоб меравад. Агар молҳо аз супоридани боҷи гумрукӣ озод карда шуда бошанд, воридоти молҳо дар вақте ҷойдошта ба ҳисоб меравад, ки боҷи гумрукӣ бояд пардохта шуда бошад, агар молҳо аз супоридани боҷ озод карда нашуда бошанд.

 

Моддаи 222. Амалиётҳои омехта

  1. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо, ки нисбат ба таҳвили асосии молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо хусусияти ёридиҳанда доранд, ҳамчун қисми таҳвили асосии молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо дониста мешаванд.

2.Иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо, ки нисбати воридоти молҳо дорои хусусияти ёридиҳанда ҳастанд, қисми воридоти молҳо мебошанд.

  1. Амалиёти андозбандишавандае, ки унсурҳои мустақилро дар бар гирифта, як ё якчандтои онҳо таҳвили алоҳидаи молҳо, хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои озодшуда аз андоз аз арзиши иловашударо пешбинӣ менамоянд, ҳамчун амали иборат аз амалиётҳои алоҳида ба ҳисоб мераванд. Амалиёти аз андоз аз арзиши иловашуда озоде, ки унсурҳои мустақилро дар бар гирифта, як ё якчандтои онҳо таҳвили алоҳидаи молҳо, хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро пешбинӣ мекунанд, ҳамчун амали иборат аз амалиётҳои алоҳида ба ҳисоб мераванд.

 

Моддаи 223. Амалиётҳое, ки агент анҷом медиҳад

  1. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо аз тарафи шахсе, ки агенти (шахси бовариноки) шахси дигар (ваколатдиҳанда) мебошад ва аз номи вай ва бо супориши ин шахси дигар (ваколатдиҳанда) анҷом дода мешавад, амалиёти иҷронамудаи шахси ваколатдиҳанда ба ҳисоб меравад.
  2. Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба хизматрасониҳои агент ба шахси ваколатдиҳанда татбиқ карда намешавад.
  3. Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба таҳвили молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби агенти резидентии шахсе, ки резидент набуда ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, татбиқ намегардад. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда таҳвил аз тарафи агент анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 32. ТАРТИБИ ҲИСОБКУНӢ  ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ

 

  Моддаи 224. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он

  1. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои содирот, 18 фоизи муомилоти андозбандишаванда ва (ё) 18 фоизи воридоти андозбандишавандаро ташкил медиҳад. (ҚҶТ аз 19.05.09с, № 525)

Бо меъёри сифр амалиётҳои андозбандишавандаи дар боби 30 ҳамин Кодекс зикршуда андозбандӣ карда мешаванд.

  1. Муомилоти андозбандишаванда аз арзиши умумии амалиётҳои андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ (ҳам бо меъёри мусбат, ҳам бо меъёри сифр андозбандишаванда) иборат мебошад.
  2. Маблағи андози аз муомилоти андозбандишаванда ҳисобшуда ҳамчун ҳосили зарби арзиши муомилоти андозбандишаванда ба меъёри дахлдори андоз мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  3. Маблағи андози аз воридоти андозбандишаванда ҳисобшуда чун ҳосили зарби арзиши воридоти андозбандишаванда мувофиқи моддаи 210 ҳамин Кодекс ба меъёри дахлдори андоз тибқи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  4. Ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда маънои иҷро намудани амалҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва (ё) 4 ҳамин моддаро дорад.

 

Моддаи 225. Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буҷет пардохта шавад

  1. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд мувофиқи моддаи 217 ҳамин Кодекс аз муомилоти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 224 ҳамин Кодекс аз муомилоти андозбандишаванда ҳисоб шудааст бо назардошти (иловаи) маблағи андоз, ки тибқи қисми 4 моддаи 220 ҳамин Кодекс ҳисоб шудааст ва маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 226 ҳамин Кодекс бояд ба ҳисоб гирифта шавад, муайян мегардад.
  2. Дар ҳолатҳои дар моддаи 209 ҳамин Кодекс зикршуда, вақте ки андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшаванда нисбат ба маблағи воқеан нишондодаи андозсупоранда дар ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё дар эъломия оид ба андоз аз арзиши иловашуда зиёд аст, маблағи зиёдатӣ ҳамчун андоз аз арзиши иловашудаи пардохташавандаи давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳолати дар моддаи 209 зикршуда ба миён омадааст, баррасӣ гардида, ба маблағи андози мувофиқи қисми 1 ҳамин модда дар давраи ҳисоботӣ пардохтшаванада илова мегардад.

 

Моддаи 226. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян намудани пардохтҳо ба буҷет ба ҳисоб гирифта мешавад

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, маблағи андози аз арзиши иловашудаи ба ҳисоб гирифташаванда маблағи андозе мебошад, ки андозсупоранда тибқи ҳисобнома - фактураҳои оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба вай пешниҳодшуда, бо назардошти талаботи қисми 4 ҳамин модда ва фаро расидани вақти амалиёти андозбандишаванда тибқи амалиёти зерин бояд пардозад (пардохт): (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)

1) воридоти молҳо дар давоми давраи ҳисоботӣ тибқи моддаи 221 ҳамин Кодекс; ва

2) амалиётҳои андозбандишаванда, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳоро пешбинӣ намуда, тибқи моддаи 217 ҳамин Кодекс дар давраи ҳисоботӣ иҷрошуда ҳисобида мешаванд.

Ҳамзамон баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар ҳолате  иҷозат дода мешавад, ки агар молҳо, корҳо ва ё хизматрасониҳои дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм зикршуда барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда истифода шаванд ё бояд истифода гарданд, ҳатто агар ин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ба хароҷоти истеҳсолӣ дохил карда нашаванд. Барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти молҳо чунин андоз аз арзиши иловашуда бояд воқеан ба буҷет пардохта шавад.

  1. Маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки тибқи қисми 1 ҳамин модда баҳисобгирифта дониста шудаанд, инҳо мебошанд:

1) маблағи андозе, ки бояд ба таҳвилкунандагон тибқи ҳисобнома-фактураҳо, бо ҷудо кардани андоз аз арзиши иловашуда, пардохта шавад;

2) маблағи андозе, ки дар эъломияи гумрукии бор мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, нишон дода шудааст ва тибқи тартиби муқарраршуда ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст ва мутобиқи шартҳои низоми гумрукӣ бояд баргардонида нашавад;

3) маблағи андози дар чиптаи сафар зикршуда, ки дар нақлиёти роҳи оҳан ё ҳавоӣ дода мешавад;

4) маблағи андозе, ки дар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби таҳвилкунандагони хизматҳои коммуналӣ истифодашаванда зикр шудааст ва ҳисобу китоби онҳо тавассути бонкҳо анҷом дода мешавад.

  1. Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ба таҳвилкунандагони молҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда пардохта шавад ва нисбати онҳо мутобиқи шартномаи байналмилалӣ тартиби дигари андозбандии содироту воридоти молҳо татбиқ мегардад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Андоз аз арзиши иловашуда дар ҳамон давраи андозбандӣ, ки молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) гирифта шудаанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қисми 2 ҳамин модда ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Нисбати андоз аз арзиши иловашудае, ки андозсупоранда тибқи ҳисобнома - фактураҳои ба вай пешниҳодшудаи андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти мол ва амалиёти андозбандишаванда, ки қисман барои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда ва қисман барои дигар мақсадҳо пешбинӣ шудааст, бояд пардозад (пардохтааст), ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад (агар муайян намудани вазни қиёсии мақсадҳои истифодабарии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) ба воситаи воридот ва дар доираи дигар амалиётҳои андозбандишаванда ба даст омада бевосита дар давоми давраи андоз, ки онҳо гирифта шудаанд, имконпазир бошад).
  4. Дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашудае, ки пардохт шудааст (бояд пардохт шавад), иҷозат дода намешавад:

1) автомобилҳои сабукрав, ба истиснои фурўш ва ба прокат додани он аз ҷониби шахсе, ки  фурўш ва ба прокат додани автомобилҳо барои вай намуди асосии фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад; 

2) хароҷоти фароғат ё намояндагӣ, хароҷот барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва ё иҷтимоӣ;

3) ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки дар онҳо маблағи андоз аз арзиши иловашудаи аз амалиётҳои андозбандишавандаи мазкур ситонидашаванда дар ин ҳисобнома-фактураҳо мутобиқи моддаи 231 ҳамин Кодекс ба маблағи алоҳида ҷудо карда (нишон дода) нашудааст;

      4) хароҷот барои корҳои геологӣ-ҷустуҷўӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ;

5) хароҷот барои дастрас намудан, истеҳсол, сохтмон, васлкунӣ ва барқарор намудани воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва активҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда.

  1. Дар ҳолатҳое, ки агар андозсупоранда амалиёти андозбандишаванда, амалиёти андозбандинашаванда ва амалиёти аз андоз аз арзиши иловашуда озод дошта бошад, барои ба ҳисоб гирифтан оид ба андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки мутобиқи моддаи 228 ҳамин Кодекс муайян шудааст, қабул карда мешавад. Агар андозсупоранда танҳо муомилоти озод (ва (ё) муомилоти андозбандинашаванда) дошта бошад, ба ҳисоб гирифтан иҷозат дода намешавад. Қисми 5 ҳамин модда қабл аз истифодаи ҳамин қисм бо назардошти муқаррароти моддаи 227 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Дар ҳолатҳои дар моддаи 209 ҳамин Кодекс зикргардида, вақте ки андоз аз арзиши иловашуда дар ҳисобнома - фактура ё эъломияи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд андозсупоранда пардозад, зиёд бошад, ба андозсупоранда ба ҳисоб гирифтани маблағи зиёдатӣ дар давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳолати дар қисми 1 моддаи 209 ҳамин Кодекс зикршуда ҷой дошт, иҷозат дода мешавад (яъне кам кардани ўҳдадориҳои андозсупоранда оид ба андоз ба ҳаҷми маблағи зиёдатӣ иҷозат дода мешавад).
  3. Дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки моддаи 316 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, баҳисобгирии маблағи андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  4. Новобаста аз муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ба ҳисоби пардохти андоз аз арзиши иловашуда маблағи воқеии аз ҷониби андозсупоранда барои гирифтани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи моддаи 231 ҳамин Кодекс пардохташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 227. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда,  ки ба ҳисоб  гирифта мешаванд

  1. Андоз аз арзиши иловашудае, ки қаблан ба ҳисоб гирифта шуда буд, бояд дар ҳолатҳои зерин аз маблағҳои ба ҳисоб гирифташавандаи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда бароварда шавад:

1) доир ба молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки на ба мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда истифода шудаанд;

2) доир ба молҳо, аз ҷумла воситаҳои асосӣ, ҳангоми вайрон ва гум шудани онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодда рух додаанд). Вайрон, гум шудани молҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда бо хулосаи мақоми дахлдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки бояд дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди санаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда таҳия ва ба мақоми дахлдори андоз на дертар аз мўҳлати зикргардида пешниҳод гардад, тасдиқ карда шавад;

3) ҳангоми риоя накардани муқаррароти пешбининамудаи моддаи 231 ҳамин Кодекс.

  1. Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс вайрон шудани мол (молу мулк) маънои бад шудани ҳамаи сифатҳои (хусусиятҳои) мол ё сифатҳои (хусусиятҳои) алоҳидаи молро (молу мулкро) дорад, ки дар натиҷаи он мол (молу мулк) барои мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда истифода бурда намешавад.

Таҳти мафҳуми гум шудани мол (молу мулк) ҳолате фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи содир шудани он нобудшавӣ ва (ё) гумшавии  мол (молу мулк) рух додааст. Дар ҳудуди меъёрҳои камшавии табиӣ, ки асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, нест шудани моли (молу мулки) андозсупоранда маънои гум шуданро надорад.

  1. Ҳангоми тағйирёбии арзиши молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) қабулшуда дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 209 ҳамин Кодекс зикргардида, бо тарзи дахлдор тасҳеҳи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи қаблан ба ҳисоб гирифташуда анҷом дода мешавад.
  2. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи ба ҳисоб гирифташуда дар ҳамон давраи андозбандие гузаронида мешавад, ки дар он ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда зикргардида рух додаанд.

 

Моддаи 228. Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми мавҷудияти муомилоти аз андози арзиши иловашуда озодшуда ва (ё) муомилоти андозбандинашаванда (муомилоти озодкардашуда ва (ё) андозбандинашаванда)

  1. Доир ба молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки барои мақсадҳои муомилотҳои озодкардашуда ва (ё) андозбандинашаванда истифода мешаванд, андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ба таҳвилкунандагон ва оид ба воридот пардохта шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Ҳангоми мавҷудияти муомилоти андозбандишаванда, андозбандинашаванда ва озодкардашуда маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ба ҳисоб гирифта шавад, бо тарзи мутаносибӣ ё алоҳида муайян карда мешавад.

 

Моддаи 229. Усули мутаносибӣ

Бо усули мутаносибӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ба ҳисоб гирифта шавад, дар асоси вазни қиёсии муомилоти андозбандишаванда дар маблағи умумии муомилот муайян карда мешавад.

 

(Моддаи 230 хориҷ карда шуд. ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 231. Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда

  1. Агар қисми 5 ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накунад, шахси ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифташуда, ки амалиёти андозбандишавандаро иҷро менамояд, аз рўзи амалӣ гардидани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ўҳдадор аст ба қабулкунандаи молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд. Шахсе, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар қайд нест, ҳуқуқ надорад, ки ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд.
  2. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ҳуҷҷатест, ки мутобиқи моддаи 226 ҳамин Кодекс барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда асос мебошад ва дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардида, дорои маълумоти зерин мебошад:

1) ном (ному насаб)  ва суроғаи андозсупоранда ва харидор (фармоишгар), инчунин номи тиҷоратии андозсупоранда, агар он аз номи ҳуқуқӣ фарқ кунад;

2) рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);

3) рақам ва санаи додани шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ барои андоз  аз  арзиши иловашудаи андозсупоранда (таҳвилкунанда);

4) номи молҳои интиқолшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳо;

5) маблағи амалиёти андозбандишаванда;

6) маблағи андози аксиз аз молҳои зераксизӣ;

7) маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз ин амалиёти андозбандишаванда гирифта мешавад;

8) санаи додани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда;

9) рақами тартибии ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда.

Ҳисобнома-фактура дар чор нусха тартиб дода (навишта) мешавад. Нусхаҳои аввал ва дуюми ҳисобнома-фактураҳои таҳиягардида оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба гирандаи (харидори, фармоишгари) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дода мешавад, нусхаҳои сеюм ва чорум дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии андозсупоранда (шахси ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда навишта) мемонад. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози дахлдор пешниҳод намудани эъломия аз рўи андоз аз арзиши иловашуда дар як вақт дар воситаи паҳнкунандаи коғазӣ ва электронӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳрист ва нусхаҳои сеюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки андозсупорандаи мазкур тартиб додаст, инчунин нусхаҳои дуюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳамин андозсупоранда ҳангоми хариди (дастрас намудани) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) гирифтааст, пешниҳод карда мешавад. Тартиб додани (навиштани) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои аз рўи андоз аз арзиши иловашуда навишташудаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешавад. Ҳисобнома-фактураҳои аз рўи андоз аз арзиши иловашуда гирифташуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои аз рўи андоз аз арзиши иловашуда гирифтаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешавад.

Шакли ин китобҳо ва тартиби пешбурди онҳо  аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Китобҳои дар боло зикргардида ва феҳристи ҳисобнома-фактураҳои навишташуда аз рўи андоз аз арзиши иловашуда метавонанд дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронии маълумот пеш бурда шаванд.

Ҳисобнома – фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ қатъӣ шуморида шуда, силсила ва рақами дахлдор дошта, дар матбааҳои махсус тибқи фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешаванд ва бо нархе, ки хароҷоти интишор кардан, нигоҳдорӣ ва тақсимоти онҳоро мепўшонад, аз рўи дархости супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба онҳо аз ҷониби мақомоти андози дахлдор фурўхта мешаванд.

Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо арзиши ҳисобнома-фактураҳои андоз  аз арзиши иловашуда ва аксизҳои харидаашонро ҳамчун маблағи андоз аз арзиши иловашуда тибқи муқаррароти моддаи 226 ҳамин Кодекс ба ҳисоб мегиранд.

  1. Андозсупоранда ўҳдадор аст на дертар аз санаи амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда (таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо ба харидори мол (фармоишгари корҳо, хизматрасониҳо) пешниҳод намояд.

Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби таҳвилгар ё дигар шахсони мансабдори барои ин кор ваколатдори таҳвилдиҳанда тасдиқ карда мешавад.

       Дар мавриди  пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ҳисобнома-фактура аз ҷониби ҳамин соҳибкори инфиродӣ бо зикр намудани мушахассоти шаҳодатномаи ў дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ имзо карда мешавад.

Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об, газ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиторӣ, амалиёти бонкии бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рўи ҷамъбасти давраи андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 5  моддаи 217 ҳамин Кодекс аз рўи андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома-фактураҳо тартиб диҳанд.

  1. Агар ҳамин қисм тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар ҳисобнома-фактура оид ба ҳар як номгўи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) алоҳида нишон дода мешавад.

Агар ба чунин ҳисобнома-фактура номгўи молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) таҳвилшаванда замима шавад, ҳаҷми умумии амалиёти андозбандишаванда дар он зикр мегардад. Ҳамзамон дар ҳисобнома-фактура бояд рақам ва санаи ҳуҷҷати замимашаванда, инчунин номи он нишон дода  шавад.

  1. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда танҳо ҳангоми иҷрои амалиётҳои андозбандишаванда пешниҳод карда мешаванд. Агар таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва (ё) хизматрасониҳо мувофиқи муқаррароти ҳамин фасл аз андоз аз арзиши иловашуда озод бошанд, ҳисобнома-фактураҳо пешниҳод карда намешаванд.
  2. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ба амалиёти содиротӣ бояд дорои чунин нишондодҳо бошад:

1) сабт дар бораи он, ки ҳисобнома-фактура ба амалиёти содиротӣ тааллуқ дорад;

2) мамлакат ва нуқтаи таъиноти содирот;

3) меъёри татбиқшудаи андоз аз арзиши иловашуда ба амалиёти  содиротӣ.

  1. Дар ҳолатҳои зерин тартиб додани ҳисобнома-фактураҳо талаб карда намешавад:

1) ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ, хизматрасониҳои алоқа ба аҳолӣ тавассути бонкҳо, бо истифодаи ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, ки барои муҳосиботи бухгалтерӣ асос мебошанд;

2) бо чиптаи роҳкиро ба расмият даровардани ҳамлу нақли мусофирон;

3) ҳангоми пешниҳоди молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

  1. Ҳангоми таҳвили чаканаи молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо ба харидороне, ки супорандагони андоз аз арзиши иловашуда нестанд, бар ивази ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда мумкин аст квитансия ё ҳисобнома-фактураи дар шакли соддаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ё чеки мошинаи назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ дода шавад.
  2. дастуруламал оид ба тартиби интишор намудан, байни мақомоти андоз тақсим кардан ва ба супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо фурўхтан, таҳия (навиштан), пешниҳод, баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, нигоҳдорӣ, нест кардан ва дигар ҷиҳатҳои истифодабарӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, муқаррар намудани нархи фурўши ҳисобномаҳо-фактураҳо (оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 232. Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи муомилоти андозбандишаванда

  1. Ҳангоми тасҳеҳи ҳаҷми муомилоти андозбандишаванда ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода шуда, дар он нишондиҳандаҳои зерин сабт мешаванд:

1) рақами тартибӣ ва санаи таҳияи ҳисобнома-фактураи иловагӣ;

2) рақами тартибӣ ва санаи таҳияи ҳисобнома-фактурае, ки нисбати он ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода мешавад (тааллуқ дорад);

3) ном, суроға ва рақами мушаххаси андозсупоранда - таҳвилкунанда ва қабулкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);

4) тасҳеҳи ҳаҷми муомилоти андозбандишаванда бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда;

5) маблағи андоз аз арзиши иловашуда.

  1. Ҳисобнома-фактураи иловагӣ аз ҷониби таҳвилкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) таҳия шуда аз ҷониби қабулкунандаи чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ мешавад.

 

Моддаи 233. Қоидаҳои махсус

Муайян кардани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ҳангоми гузаронидани бозиҳои шавқовар, лотереяҳо, хизматрасонии агентҳои сайёҳӣ, фурўши комиссионӣ, фурўши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда)  ва дигар намудҳои фаъолият сурат гирад ва вобаста ба иҷрои онҳо мустақиман (бевосита) муайян кардани манбаи андоз ва дигар омилҳои андозбандӣ дар асоси қоидаҳои умумӣ душвор аст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 33. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ ВА ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 234. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда

  1. Ҳар як андозсупоранда вазифадор аст:

1) ба мақоми дахлдори андоз дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ эъломия пешниҳод намояд;

2) барои ҳар як давраи ҳисоботӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати барои пешниҳод намудани эъломияи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба буҷет андозро пардохт намояд.

  1. Агар ҳамин фасл тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рўзи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон бо эъломия дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронии маълумот тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳрист ва нусхаҳои сеюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда барои давраи ҳисоботӣ навиштаи андозсупорандаи мазкур, инчунин нусхаҳои дуюми ҳисобнома-фактураҳо аз рўи андоз аз арзиши иловашуда гирифтаи ин андозсупоранда аз рўи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дар давоми ин давраи ҳисоботӣ дастраснамуда пешниҳод карда мешаванд.

  1. Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбати шахсе, ки танҳо ҳангоми воридоти молҳо мутобиқи қисми 3 моддаи 201 ҳамин Кодекс андозсупоранда мебошад, татбиқ намегардад.
  2. Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, андоз аз арзиши иловашударо оид ба воридоти андозбандишаванда мақомоти гумрук мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби барои пардохти гумрукӣ муқарраршуда ҳисоб мекунанд ва меситонанд.

 

Моддаи 235. Давраи ҳисоботӣ (андоз) оид ба андоз аз арзиши иловашуда

Давраи ҳисоботӣ (андоз) оид ба андоз аз арзиши иловашуда моҳи тақвимӣ мебошад.

 

Моддаи 236. Амалиётҳо бо буҷет дар ҳолати зиёд будани маблағи андози ба ҳисоб гирифташаванда нисбати маблағи андозе, ки барои давраи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст

  1. Нисбати андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи ҳисоботӣ бояд тибқи меъёри сифр андозбандӣ шавад, барзиёдии маблағи андози ба ҳисоб гирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобкардашуда дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақоми молия якҷоя бо мақоми андоз дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақоми андоз гирифтани аризаи андозсупоранда дар бораи баргардонидани маблағи зиёдатӣ, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардааст, аз буҷети дахлдор баргардонда мешавад.

Маблағи зиёдатии андози ба ҳисоб гирифташуда нисбати  маблағи ҳисобкардашудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баргардонида мешавад:

1) эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андоз, ки тибқи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст;

2) ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи моддаи 215 ҳамин Кодекс барои тасдиқ намудани содироти молҳо лозиманд;

3) хулосаи мақоми андозд, ки аз рўи санади санҷиши андози мавзўии мутобиқи банди 4) қисми 6 моддаи 49 ҳамин Кодекс гузаронидашуда тартиб дода шудааст, дар хусуси тасдиқи ҳаққонӣ будани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудааст.

  1. Андоз аз арзиши иловашуда бо роҳи пай дар пай иҷро намудани амалҳои зерин баргардонида мешавад:

1) ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти андози мавҷудбудаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда доир ба қарзи дигар андозҳо, аз ҷумла қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;

2) ҳисобкунӣ ба андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти молҳо бояд супорида шавад;

3) ба суратҳисоби бонкии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гузарондани пулҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм боқӣ мондаанд.

  1. Нисбати дигар андозсупорандагоне, ки дар қисми 1 ҳамин модда фаро гирифта нашудаанд, зиёдатии маблағи андози ба ҳисоб гирифташуда нисбати маблағи андози барои давраи ҳисоботӣ ҳисобшуда ба 6 давраи минбаъдаи ҳисоботӣ гузаронида мешавад ва ба ҳисоби ўҳдадориҳои оид ба андоз барои ин давраҳо, инчунин ба ҳисоби пардохти қарздории супорандаи андоз аз арзиши иловашуда доир ба дигар андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рўзи баъди гузаштани ин давраи 6-моҳа аз буҷет баргардонида мешавад.
  2. Дар ҳама ҳолатҳо, агар аз ҷониби мақоми андоз ошкор шавад, ки маблағҳои муайян ба андозсупоранда иштибоҳан баргардонда шудаанд, мақоми андоз метавонад талаб намояд, ки чунин маблағҳо мувофиқи тартиби барои ҷамъоварии андозҳо муқарраршуда баргардонида шаванд.
  3. Тартиби баргардонидани изофаи маблағи андози ба ҳисоб гирифташаванда нисбати маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 237. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои (шартномаҳои) грантӣ кредитӣ (қарзӣ)  маблағгузорӣ шудаанд (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)

  1. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳое (иҷрои корҳое, хизматрасониҳое), ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои (шартномаҳои) грантӣ кредитӣ (қарзӣ), ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донистааст, маблағгузорӣ шудаанд, дар асоси аризаи (мактуби) грантгиранда (кредитгиранда) ё шахси бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдоркардаи он ба суроғаи (ба номи) молрасон, иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасонӣ сурат мегирад, дар ҳолате, ки агар дар як вақт шартҳои зерин риоя гарданд:

1) грант, кредит (қарз), ки аз ҳисоби маблағи он молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) расонидашуда пардохта мешаванд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ дода шуда бошад;

2) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) танҳо бо мақсадҳое, ки барои татбиқи онҳо грант, кредит (қарз) дода шудааст, харида мешаванд;

3) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо мутобиқи шартнома (қарордод), ки бевосита бо грантгиранда, кредитгиранда ё бевосита бо иҷрокунандаи (шахси) барои иҷро намудани мақсадҳои грант, кредит (қарз) таъиннамудаи грантгиранда, кредитгиранда баста шудаанд, амалӣ мегардад.

  1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, ҳизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудааст, бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 238. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд

  1. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба шарте амалӣ мегардад, ки агар чунин баргардониданро дар асоси дутарафа (мутақобили) шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ карда бошанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо бошад.

Андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ба таҳвилкунандагони молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) пардохтаанд ва онҳо барои истифодаи расмии намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин истифодаи шахсии ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасонии ин намояндагиҳо, аз ҷумла аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта пешбинӣ шудааст, баргардонида мешавад.

  1. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар асоси ведомостҳои ҷамъбастие (рўйхатҳое), ки аз ҷониби ин намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда тартиб дода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои (ҳисобнома-фактураҳо, чекҳо ва ғ.), ки далели супоридани андоз аз арзиши иловашударо тасдиқ мекунанд, амалӣ карда мешавад.

Ведомостҳои ҷамъбастӣ (рўйхатҳо) дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тайёр карда шуда, намояндагиҳои дипломатӣ,  консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи нотаҳо оид ба риоя намудани принсипи тарафайн ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) мувофиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, пешниҳод мекунанд. Баъди тасдиқ шудан ведомостҳои (рўихатҳои) ҷамъбастӣ ба мақоми андозе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои баргардонидани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.

Агар дар ҳуҷҷатҳои ба ведомостҳои ҷамъбастӣ (рўйхатҳо) замимашаванда маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар сатри алоҳида ҷудо нашуда бошад, ҳуқуқ барои гирифтани маблағи баргардонидаи андоз танҳо ҳангоми аз ҷониби таҳвилгари молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ намудани дохилшавии андоз аз арзиши иловашуда дар ҳисобнома- фактура имконпазир аст.

  1. Маблағи андоз аз арзиши иловашударо ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, аз буҷети дахлдор мақоми молия якҷоя бо мақоми андоз дар давоми 30 рўзи тақвимии баъди ведомостҳои ҷамъбастиро (рўихатҳоро) аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани мақоми ваколатдори давлатӣ бармегардонанд.

Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз буҷет баргардонида шавад, ба суратҳисобҳои дахлдори намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда гузаронида мешавад.

  1. Тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, бо назардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

ФАСЛИ VIII. АКСИЗҲО

 

БОБИ 34. АКСИЗҲО

 

Моддаи 239. Мафҳуми аксизҳо (андози аксиз)

  1. Аксиз (андози аксиз) андози ғайримустақим буда, ба нархи фурўши молҳои зераксизӣ дохил карда мешавад.
  2. Истеҳсол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) воридоти молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳои озод кардани онҳо аз ин андоз, бояд бо аксизҳо андозбандӣ шаванд.
  3. Бо андози аксизӣ мутобиқи ҳамин боб, инчунин намудҳои фаъолияте, ки номгўи онҳо дар моддаи 240 ҳамин Кодекс муайян шудааст (намудҳои фаъолияти зераксизӣ), андозбандӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 240. Андозсупорандагон

  1. Агар фасли мазкур тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, супорандагони аксизҳо тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки молҳои зераксизиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мекунанд ва (ё) ворид менамоянд.
  2. Дар ҳолатҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои зераксизӣ аз ҳисоби ашёи хоми таҳвилкардаи (додаи) фармоишгар истеҳсол мешаванд, супорандаи аксизҳо истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ мебошад, ки он ўҳдадор аст ба фармоишгар молҳои зераксизии аз ашёи хоми вай истеҳсолкардаашро (маҳсулоти тайёрро) бо нархи фурўше, ки он аксизро мутобиқи ҳамин Кодекс дар бар мегирад, супорад, чуноне ки агар ин ашёи хоми додашуда ба молистеҳсолкунанда тааллуқ дошта бошад.
  3. Супорандагони аксизҳо ҳамчунин шахсони зерин мебошанд:

1) онҳое, ки молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, инчунин молҳои зераксизии тибқи ҳуқуқи меросгузорӣ гузашта ва ройгон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат дода шударо таҳвил медиҳанд;

2) онҳое, ки ба вайроншавӣ, нестшавии молҳои зераксизӣ роҳ додаанд.

      3) онҳое, ки намудҳои фаъолияти зерини зериаксизиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд:

      а) тиҷорати бозӣ;

б) ташкил  ва гузаронидани лотереяҳо, ба истиснои лотереяҳое, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст.

4) онҳое, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

  1. Супорандагони аксизҳо бо назардошти муқаррароти ҳамин модда, инчунин шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентҳо ва воҳидҳои махсуси онҳо мебошанд.

 

Моддаи 241. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ амалиётҳои андозбандишавандаи зерин мебошанд:

1) нисбати молҳои зераксизие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, амалиёти андозбандишаванда баровардани молҳои зераксизӣ берун аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ (сехҳо) мебошад, аз ҷумла:

а) таҳвили молҳои зераксизӣ, ба истиснои таҳвил барои содирот;

б) супоридани молҳои зераксизӣ барои коркард дар асоси ашёи фармоишгар ба дигар шахс;

в) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизие, ки маҳсулоти коркард аз ашёи хом ва маводи фармоишгар мебошанд, аз ҷумла ашёи хом ва маводи зераксизии додашуда;

г) саҳми молҳои зераксизӣ ба фонди (сармояи) оинномавӣ;

д) истифодаи молҳои зераксизӣ ҳангоми пардохти натуралӣ;

е) фиристодани молҳои зераксизӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба воҳидҳои махсуси худ;

ж) молҳои зераксизии истеҳсолкардаашро барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ истифода бурдани истеҳсолкунанда.

2) ҳангоми воридот амалиёти андозбандишаванда воридоти молҳои зераксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукӣ мебошад;

3) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизии мусодирашуда ва (ё) бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашташуда ва ройгон ба моликияти давлат супоридашуда;

4) вайроншавӣ, нобудшавии молҳои зераксизӣ.

  1. Объекти андозбандӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ (ба истиснои лотерея) ба ҳисоб мераванд:

а) мизи бозӣ;

б) автомати бозӣ бо бурди пулӣ;

в) кассаи тотализатор;

г) кассаи идораи букмекерӣ;

д) автомати бозӣ бе бурди пулӣ;

е) роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан)

ж) мизи билярд (ҳангоми бозии билярд)

з) ташкилкунандаи лото (ҳангоми бозии лото).

Барои мақсадҳои ҳамин боб мафҳумҳое, ки бо тиҷорати бозӣ алоқаманд мебошанд, чунин маъно доранд:

1) тиҷорати бозӣ - фаъолияти соҳибкорие, ки бо ташкил ва гузаронидани бозиҳои шавқангези бурднок бо мақсади ба даст овардани даромад (фоида) алоқаманд мебошад,

2) муассисаи бозӣ – ҷое, ки дар он бозиҳои шавқангези бурднок гузаронида мешаванд: казино, тотализатор, идораи букмекерӣ, толори автоматҳои бозӣ бо бурд ва дигар хонаҳои (ҷойҳои)  бозӣ;

3) мизи бозӣ – таҷҳизоти махсус дар муассисаи бозӣ барои гузаронидани бозиҳои шавқангези бурднок бо ҳама гуна намудҳои бурд, ки дар онҳо (бозиҳои шавқовар) муассисаи бозӣ тавассути  намояндаҳои худ ҳамчун тараф  ё ҳамчун ташкилкунанда  ва (ё) назоратчӣ иштирок менамояд;

4) автомати бозӣ – таҷҳизоти махсус  (механикӣ, барқӣ, электронӣ (компютерӣ) ва дигар таҷҳизоти техникӣ) барои гузаронидани бозиҳо, аз ҷумла бозиҳои шавқангези бурднок истифодашаванда;

5) касса – ҷои дар муассисаи бозӣ (тотализатор ё идораи букмекерӣ) махсус таҷҳизонидашуда, ки дар он маблағи  бурди пардохтшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад;

6) роҳрави бозӣ – роҳрави  махсусе, ки барои бозии боулинг  (кегелбан) пешбинӣ шудааст;

7) мизи билярд – мизи махсус, ки барои бозии билярд  пешбинӣ шудааст;

8) лото – бозӣ дар қартаҳои махсуси  рақамдор (суратдор ё дигар аломатдор), ки бо мўҳрачаҳо пўшонда мешаванд;

9) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии объекти андозбандии бо тиҷорати бозӣ алоқаманд дар мақомоти андоз, ки шакли он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад;

10) нуқтаи доимӣ - ҷои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба тиҷорати бозӣ алоқаманд мебошад, аз ҷумла бо истифодаи мизҳои бозӣ, автоматҳои бозӣ, боулинг (кегелбан), билярд ва ташкили лото.                                                                    

  1. Объекти андозбандӣ аз рўи лотерея ба фурўш баровардани чиптаҳои лотерея аз ҷониби ташкилкунандаи лотерея ба ҳисоб меравад.

Барои мақсадҳои ҳамин боб зери мафҳуми ба фурўш баровардан миқдори чиптаҳои лотереяи барои фурўш омоданамудаи ташкилкунандаи лотерея фаҳмида мешавад.

Ҳар як барориши чиптаҳои лоторея ба фуруш ва ҳаҷми он бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз даҳ рўзи тақвимӣ то оғози фурўши чиптаҳои лотерея ба таври ҳатмӣ ба қайд гирифта шавад.

  1. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ манбаи андоз мабблағи подоше ба ҳисоб меравад, ки андозсупоранда – оператори (ширкати) алоқаи мобилӣ аз муштарӣ ё ҳар шахси дигар барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи хизматрасонӣ ҳисоб карда шавад. Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби меъёри аксиз ба бузургии умумии манбаи андоз сурат мегирад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

 

Моддаи 242. Ҳисоб кардани андози аксиз ва маблағи амалиёти  андозбандишаванда

  1. Қисмҳои 2-4 ҳамин модда ҳангоме татбиқ мегарданд, ки ҳисобкунии маблағи аксиз ба арзиши молҳои зераксизӣ ва меъёри аксиз, ки бо фоиз (меъёри адвалорӣ) нисбати арзиш ифода шудааст, асос меёбад. Ҳангоми татбиқи меъёри адвалории аксиз ҳисобкунии маблағи андози аксиз бо роҳи зарби арзиши молҳои зераксизӣ мутобиқи қисмҳои 2-4 ҳамин модда ба меъёри адвалории муқарраршуда амалӣ мегардад. Дар дигар мавридҳо ҳисобкунии маблағи аксиз бо роҳи зарби меъёри аксиз, ки бо маблағи муайян (меъёрҳои махсус) ба воҳиди ченаки молҳо дар шакли натуралӣ ифода шудааст, ба шумораи дахлдори воҳиди молҳои зераксизӣ дар шакли натуралӣ амалӣ мешавад.

Барои мақсадҳои рўёндани андози аксизӣ мумкин аст комбинатсияи меъёрҳои адвалорӣ ва махсус, ки вобастагии маблағи андози аксизиро аз арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) ва аз миқдори воҳиди ченаки мол (кор, хизматрасонӣ) бо ифодаи аслӣ (натуралӣ) пешбинӣ мекунад, муқаррар карда шавад.

  1. Нисбати молҳои зераксизӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, маблағи амалиёти андозбандишаванда дар асоси музде, ки андозсупоранда аз мизоҷ ё ин ки ҳама гуна шахси дигар гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, инчунин андоз аз фурўши чакана муайян карда мешавад, аммо дар ҳаҷми на камтар аз нархи бозор (бидуни андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, инчунин андоз аз фурўши чакана). Дар мавриди молҳои зераксизие, ки андозсупоранда дар савдои чакана мефурўшад, маблағи амалиёти андозбандишаванда дар асоси нархи бозор (бидуни андоз аз арзиши иловашуда, аксиз, инчунин андоз аз фурўши чакана) муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми воридот маблағи амалиёти андозбандишаванда аз арзиши гумрукии молҳои зераксизӣ, ки мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст (аммо дар ҳаҷми на камтар аз нархи бозор бидуни андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз), ҷамъ маблағи боҷҳо ва андозҳое, ки бояд ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, супорида шаванд, иборат мебошад.
  3. Нархи бастаҳо, ба ғайр аз бастаҳои баргардондашаванда, ҳангоми муайян намудани маблағи амалиёти андозбандишаванда ба инобат гирифта мешавад.
  4. Ҳисоб кардани аксиз аз рўи тиҷорати бозӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 240 ва қисми 2 моддаи 241 бо роҳи татбиқи (зарби) меъёри аксизи барои давраи андоз муқарраршуда нисбати шумораи (ба шумораи) объектҳои андозбандӣ дар оғози давраи андоз бо назардошти ҳамаи муқаррароти ҳамин қисм сурат мегирад.

Ҳангоми дар давраи андоз тағйир  ёфтани миқдори объектҳои андозбандӣ маблағи аксиз барои дар ин давраи андоз ба кор даровардани (аз кор баромадани) объект дар ҳаҷми пурра супорида мешавад.

Ҳангоми дар ихтиёри андозсупоранда мавҷуд будани якчанд муассисаи бозӣ (нуқтаҳои доимӣ) дар вилоят (шаҳр) аксиз ба таври алоҳида аз рўи объекти андозбандӣ, ки дар ҳудуди як ноҳия, шаҳр, ноҳияи шаҳрӣ қарор доранд, ҳисоб карда мешавад.

Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объекти андозбандӣ дар асоси аризаи хаттии ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии объекти андозбандӣ пешниҳоднамудаи андозсупоранда сурат мегирад.

Мақоми андоз дар асоси маълумоти дар ариза зикргардида варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳоро дар ду нусха пур  карда, ҳар ду нусхаро бо мўҳр ва имзои роҳбар (ё шахси ўро ивазкунандаи) мақоми андоз тасдиқ мекунад.

Як нусхаи варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо дар мақоми андоз мемонад, нусхаи дуюм ба андозсупоранда дода мешавад.

Варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо барои ҳар муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) алоҳида бо назардошти объектҳои андозбандии истифодашаванда дода мешавад.

Муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) бояд дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар муассисаи бозӣ ё ҳар нуқтаи доимӣ нусхаи аслии варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳоро дошта бошанд.

Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи умумии ҳар намуди объекти андозбандӣ андозсупоранда ўҳдадор аст ба мақоми андоз дар хусуси аз нав бақайдгирии объекти андозбандӣ дар давоми се рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани ин тағйирот ариза пешниҳод кунад.

Азнавбақайдгирии объекти андозбандӣ бо роҳи ворид намудани тағйироти дахлдор ба варақаи баҳисобгирии бақайдгирии объектҳо сурат мегирад.

Ҳангоми қатъи амалисозии фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ, инчунин ҳангоми аз кор мондани шумораи умумии объектҳои андозбандӣ (нуқтаҳои доимӣ) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми даҳ рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи қатъ гардидани фаъолият, аз кор мондани объекти андозбандӣ (нуқтаи доимӣ) ба мақоми андоз супорида шавад.

Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ аз ҷониби мақоми андоз дар давоми ду рўзи корӣ аз рўзи додани ариза сурат мегирад ва дар китоби бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ, ки шакл ва тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми вақолатдори давлатӣ муқаррар мегардад, қайд карда мешавад.

Дар ҳудуди муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) мавҷуд будани объектҳои андозбандии дар мақомоти андоз ба қайд гирифтанашуда манъ аст. Дар давраҳои андозе, ки дар онҳо мақомоти андоз чунин объектҳои андозбандиро ошкор намудаанд, аксиз барои ҳар объекти ба қайд гирифтанашуда дар ҳаҷми даҳкаратаи меъёри ба ин намуди объекти андозбандӣ муқарраргардида бо бақайдгирии минбаъдаи объекти андозбандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қисм, пардохта  мешавад.

Амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорати бозӣ бе бақайдгирии муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бе бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ барои напардохтани (ба пардохт ҷалб накардани) андози аксизӣ аз рўи чунин фаъолият ва аз рўи чунин объектҳои андозбандӣ асос шуда наметавонад.

  1. Манбаи андоз ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ҷиҳати ташкил ва гузарондани лотереяҳо ҳамчун маблағи даромади арзёбинамудаи ташкилкунандаи лотерея бо тарҳи маблағе, ки ба фонди мукофот гузаронда мешавад, ҳангоми бақайдгирии ба фурўш баровардани чиптаҳои лотерея дар мақомоти андоз бидуни ба он ҳамроҳ кардани маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда ҳисобкардашуда муайян карда мешавад ва баъди бақайдгирии ба фурўш баровардани чиптаҳои лотерея тағйир дода намешавад. Ҳамзамон маблағи даромади арзнамудаи ташкилкунандаи лотерея бо роҳи зарби миқдори чиптаҳои лотереяҳое, ки дар ин барориш барои фурўш омода карда шудааст, ба нархи воҳиди чиптаи лотерея муайян карда мешавад. Матлаби дар боло зикргардида онро мефаҳмонад, ки маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда ҳисобкардашуда ба маблағи даромади дар боло зикргардида бе назардошти маблағи фонди мукофотӣ ҳамроҳ карда шудааст.

     Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби манбаи андоз ба меъёри аксиз, ки бо фоиз ифода ёфтааст, сурат мегирад.

  1. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ манбаи андоз маблағи подоше ба ҳисоб меравад, ки андозсупоранда – оператори (ширкати) алоқаи мобилӣ аз муштарӣ ё ҳар шахси дигар барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи хизматрасонӣ ҳисоб карда шавад. Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби меъёри аксиз ба бузургии умумии манбаи андоз сурат мегирад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

 

Моддаи 243. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

  1. Агар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ накунад, ҳангоми истеҳсоли молҳои зераксизӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиёти андозбандишаванда дар вақти баровардани молҳо берун аз бинои истеҳсолӣ содиршуда ба ҳисоб меравад, аз ҷумла дар ҳолати аз ҷониби истеҳсолкунанда таҳвил додани молҳои зераксизии истеҳсолкардааш тавассути шабакаи воҳидҳои махсуси худ ва ҳангоми супоридани молҳои додашудаи зераксизӣ ба пудратчӣ (коркардкунанда).

Ҳангоми тайёр кардани молҳои зераксизӣ аз молҳои фармоишгар, санаи содир гаштани амалиёт рўзи супоридани молҳои зераксизии истеҳсолшуда ба фармоишгар ё шахси пешниҳоднамудаи фармоишгар ба ҳисоб меравад.

  1. Ҳангоми истифодаи молҳои зераксизӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ санаи содир шудани амалиёт рўзи супоридани чунин молҳо барои чунин истифодабарӣ мебошад.
  2. Ҳангоми вайроншавии маҳсулоти зераксизӣ санаи содир шудани амалиёт рўзи тартиб додани санад дар хусуси аз ҳисоб баровардани маҳсулоти зераксизии вайроншуда ё рўзи қабули қарор оид ба истифодаи минбаъдаи он дар раванди истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми гумшавии маҳсулоти зераксизӣ  санаи содир шудани амалиёт рўзе ба ҳисоб меравад, ки молҳои зераксизӣ гум шудаанд.

  1. Дар ҳолати воридоти молҳои зераксизӣ амалиёти андозбандишаванда ҳангоми амалӣ шудани воридот мутобиқи қонунгузории гумрук содиршуда ба ҳисоб меравад.
  2. Ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда фарорасии (саршавии) давраи андоз ба ҳисоб меравад.
  3. Дар ҳолати ташкил ва гузарондани лотерея санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда рўзи бақайдгирии ба фурўш баровардани чиптаҳои лотерея дар мақоми андоз ба ҳисоб меравад.
  4. Барои операторони (ширкатҳои) ялоқаи мобилӣ санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

 

Моддаи 244. Озодкунӣ

  1. Аз супоридани аксиз инҳо озод мебошанд:

1) нўшокиҳои спиртдор, ки шахсони воқеӣ дар доираи номгўй ва  меъёри  муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истеҳсол мекунанд;

2) ворид намудани ду литр нўшокии спиртӣ, ду баста (400 дона) сигор,маҳсулоти ҷавоҳирот ба миқдори 4 адад (аммо бо арзиши на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли худӣ, инчунин сўзишвории автомобил мувофиқи ғунҷоиши зарфи сўзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомобил ворид мешаванд; (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)

3) молҳое, ки ба таври транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонида мешаванд;

4) воридоти муваққатии молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;

5) воридоти молҳои барои реэкспорт пешбинишуда, дар ҳолати таъминоти кафолати гарав тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории гумрукӣ;

6) молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маснуоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кўмаки башардўстона ворид мешаванд, инчунин молҳои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва барои беподош додан ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) содироти молҳои зераксизӣ, агар чунин содирот ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 245 ҳамин Кодекс бошад.

  1. Озодкунӣ аз аксиз, ки дар бандҳои 3)-6) қисми 1 ҳамин модда зикр шудааст, танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мешавад, ки шартҳои озодкунӣ аз боҷи гумрукӣ ҳангоми низоми дахлдор мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шаванд. Дар ин ҳолатҳо, агар барои мақсади ситонидани боҷи гумрукӣ воридот таҳти низоми баргардонидани боҷи гумрукӣ қарор гирад ё супоридани боҷи гумрукӣ дар ҳолати вайрон намудани шарти озодкунӣ талаб карда шавад, ҳамин низом нисбати ситонидани аксиз татбиқ мегардад.

 

Моддаи 245. Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ

  1. Ҳангоми таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот барои тасдиқи асоснокии озодкунӣ мутобиқи моддаи 244 ҳамин Кодекс аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 120 рўзи тақвимӣ аз санаи қайди мақоми гумруке, ки баровардани молҳои зераксизиро ба низоми содирот амалӣ намудааст, ба таври ҳатмӣ ба мақоми андози ҷои қайдаш ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) шартнома (қарордод) ба таҳвили молҳои зераксизии содиршаванда;

2) эъломияи гумрукии бор ё нусхаи он, ки мақоми гумрук тасдиқ кардааст бо қайди мақоми гумруке, ки молҳои зераксизиро ба низоми содирот баровардааст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот бо шабакаи қубурҳои магистралӣ ё ин ки бо истифодаи қоидаҳои ба расмиятдарории нопурраи эъломияи даврагӣ, эъломияи гумрукии пурраи бор бо қайди мақоми гумруке, ки ба расмиятдарории гумрукиро анҷом додааст, асос мебошад;

3) нусхаи ҳучҷатҳои бо мол фиристодашаванда бо қайди мақоми гумруке, ки дар нуқтаи даромадан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот бо шабакаи қубурҳои магистралӣ санади қабулу супоридани молҳо пешниҳод карда мешавад;

 4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамояд.

Агар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ў гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.

Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамояд.

Агар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ў гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.

    Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.

  1. Ҳангоми содироти молҳои зераксизӣ ба давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иловагӣ нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар мамлакати воридоти молҳои зераксизии аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми содирот баровардашуда тартиб дода шудааст, пешниҳод карда мешавад.
  2. Ҳангоми тасдиқ нашудани таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот мувофиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда чунин таҳвил тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин фасл барои андозбандии таҳвили молҳои зераксизӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксизҳо бояд андозбандӣ карда шавад.
  3. Ҳангоми ба мақоми андози ҷои қайд пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки содироти молҳои зераксизиро тасдиқ менамоянд, дар давоми 180 рўзи тақвимӣ аз санаи қайди мақоми гумрукӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда муқаррар шудааст, андозсупоранда ҳуқуқи баргардонида гирифтани андози мутобиқи қисми 3 ҳамин модда ҳисобшударо дорад. Дар акси ҳол андозсупоранда ҳуқуқи баргардонидани андози мутобиқи қисми 3 ҳамин модда ҳисобшударо надорад.

 

Моддаи 246. Ба ҳисоб гирифтани аксиз барои захираҳои истеҳсолӣ

  1. Шахсе, ки молҳои (масолеҳи ашёи хоми) зераксизиро харида, барои истеҳсоли дигар молҳои зераксизии андозбандишаванда истифода мебарад, ҳуқуқ дорад маблағи аксизи ҳангоми харидани мол (масолеҳи ашёи хом) супоридаашро ҳамчун андози супоридашуда ба ҳисоб гирад ё баргардонидани маблағи аксизро барои чунин мол (масолеҳи ашёи хом) талаб намояд.

Муқаррароти ҳамин қисм ҳамчунин ҳангоми супоридани молҳои зераксизии аз молҳои (маводи ашёӣ) зераксизии додашуда тайёршуда татбиқ мегардад, ба шарте, ки супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (маводи ашёии) зераксизии додашуда тасдиқ  гардад.

  1. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани аксизи супоридашуда барои молҳои зераксизие, ки бо мақсадҳои тиббӣ муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо ва инчунин корхонаҳои фармасевтӣ ҳангоми истеҳсоли доруворӣ бо тартиб ва меъёри муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд, иҷозат дода мешавад.
  2. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани аксиз мувофиқи ҳамин модда танҳо дар мавриди пешниҳод намудани ҳисобнома-фактура, ки супоридани аксизро ҳангоми харидани молҳои зераксизӣ (ашёи хом) тасдиқ менамояд ё ба шарте, ки супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои зераксизии додашуда (ашёи хом) тасдиқ шавад, ё дар ҳолати воридоти ашёи хом – ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, иҷозат дода мешавад. Маблағи аксиз ба андозсупоранда аз буҷети дахлдор аз ҷониби мақоми молия якҷоя ба мақоми андоз дар давоми 30 рўзи тақвимӣ баъди супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақоми андоз баргардонида мешавад. Номгўи ҳуҷҷатҳоеро, ки супоридани аксизро тасдиқ мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
  3. Мувофиқи ҳамин модда ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андоз (бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс) нисбати маблағи аксизе, ки аз ҳаҷми (миқдори, арзиши) дар асл дар давраи андоз истифодашудаи молҳои (ашёи хоми) зераксизии харидашуда (додашуда) барои истеҳсоли дигар молҳои зераксизӣ, мақсадҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, инчунин аз ҷониби корхонаҳои фармасевтӣ ҳангоми истеҳсоли дорувории тиббӣ муайян мешавад, сурат мегирад.
  4. Ба объектҳои андозбандӣ дар соҳаи тиҷорати бозӣ меъёри аксизро аз рўи ҳисоби барои як моҳ бо маблағи устувор ба воҳиди объекти андозбандии намуди муайян Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  5. Меъёри аксиз барои лотерея дар ҳаҷми 1 фоизи манбаи андозе, ки қисми 6 моддаи 242 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 247. Меъёрҳои андоз ба молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ номгўи молҳои зераксизиро муайян карда, меъёрҳои андози аксизро ба онҳо муқаррар менамояд.
  2. Молҳои зераксизӣ инҳо мебошанд:

1) спирт, нўшокиҳои беспирт ва спиртдор;

2) тамокуи коркардшуда ва маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку;

3) сўзишвории минералӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо; моддаҳои битуминозӣ; шамъҳои минералӣ;

4) шина ва покришкаҳои пневматикии резинии нав,

шина ва покришкаҳои пневматикии резинии барқароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкаҳои яклухт ё нимпневматикӣ, протекторҳои шинагӣ ва лентаҳои ҳошиядори резинӣ;

5) автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна васоити нақлиёти мотордоре, ки барои кашонидани одамон таъин шудаанд;

6) маҳсулоти ҷавоҳирот аз тилло, платина ё нуқра. 

  1. Меъёрҳои аксизҳо мумкин аст бо фоизҳо (адвалорӣ) нисбати арзиши молҳои зераксизӣ ва (ё) бо маблағи муайян (мутлақи) ба воҳиди ченаки молҳои зераксизӣ дар ифодаи натуралӣ муқаррар карда шаванд.
  2. Меъёрҳои аксизҳо ба маҳсулоти спиртдор мутобиқи қисмҳои 1 - 3 ҳамин модда вобаста аз намуди чунин маҳсулот ё ин ки вобаста аз ҳаҷми спирти беоби дар таркибаш мавҷудбуда (садфоиза) тасдиқ карда мешаванд.
  3. Меъёри аксиз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ дар ҳаҷми 3 фоизи манбаи андоз мукаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

 

Моддаи 248. Пардохти аксизҳо

  1. Ҳангоми истеҳсоли молҳои зераксизӣ аксизҳо аз амалиётҳои андозбандишавандае, ки дар ҳар як давраи ҳисоботӣ (андоз) содир шудаанд, на дертар:

- аз рўзи 13 моҳ – барои даҳрўзаи аввали моҳ;

- аз рўзи 23 моҳ – барои даҳрўзаи дуюми моҳ;

- аз рўзи 3 моҳи минбаъда – барои қисми боқимондаи моҳи ҳисоботӣ бояд супорида шаванд.

  1. Агар ҳамин модда тартиби дигар муқаррар накарда бошад, давраҳои ҳисобот (андоз) оид ба аксиз давраҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб мераванд.
  2. Андозсупоранда, ба истиснои низоми анбори андоз, ҳуқуқ надорад молҳоро аз ҳудуди биноҳои истеҳсолӣ бе супоридани аксиз тибқи ин молҳо берун барорад.
  3. Ҳангоми воридоти молҳо аксиз аз ҷониби мақоми гумрук тибқи ҳамон тартибе, ки барои боҷи гумрукӣ муқаррар шудааст, ситонида мешавад.
  4. Маблағи аксиз аз рўи тиҷорати бозӣ бояд на дертар аз санаи 5-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад.

      Давраи андоз барои ҳисоб кардан ва пардохтани аксиз аз рўи тиҷорати бозӣ моҳи тақвимӣ мебошад.

  1. Аксиз аз амалӣ намудани фаъолият доир ба ташкил ва гузарондани лотерея то бақайдгирии ба фурўш баровардани чиптаҳое, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 241 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад, супорида мешавад.

   Бақайдгирии ба фурўш баровардани чиптаҳои лотерея бе супоридани аксиз амалӣ намегардад.

  1. Аксиз аз ҷониби операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ бояд ба буҷет на дертар аз санаи 5 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад. Давраи ҳисоботи андоз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ моҳи тақвимӣ ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

 

Моддаи 249. Низоми андозбандии маҳсулоти  зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку

  1. Нигоҳдорӣ, интиқол ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ (сех) мутобиқи банди 1) моддаи 241 ҳамин Кодекс баровардани маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад (минбаъд – «баровардан»), мувофиқи шартҳои низоми анбори андоз сурат мегирад.
  2. Дар давраи нигоҳдории маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку таҳти низоми анбори андоз ин маҳсулот ба беруни ҳудуди бинои истеҳсолӣ (сех) баровардашуда ҳисоб намеёбад ва нисбати чунин маҳсулот ўҳдадории супоридани аксиз ба вуҷуд намеояд.
  3. Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми иҷозат барои муомилоти озод аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо баъди пешакӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба чунин маҳсулот гузоштани тамғаҳои аксизӣ, иҷозат дода мешавад. Ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку гузоштани тамғаҳои аксизӣ аз ҷониби воридкунандаи чунин маҳсулот таъмин карда мешавад. Барои ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда гузоштани тамғаҳои аксизӣ ин маҳсулот бояд мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир ё таҳти низоми анбори гумрукӣ эъломия карда шавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
  4. Эъломияи маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку бо низоми гумрукии баровардани молҳо барои муомилоти озод мумкин аст бо қисмҳои алоҳида мутаносибан ба маблағи супоридашудаи пардохтҳои гумрукие, ки қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат гирад.
  5. Бо мақсади амалӣ намудани назорати андозӣ воридкунандаи маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 248 ҳамин Кодекс ба мақоми андози маҳали қайд тибқи тартиб ва шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, дар мавриди баровардани маҳсулоти тамғазадаи зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку бо назардошти моддаи 241 ҳамин Кодекс, бо замимаи нусхаи ҳисобнома-фактураҳои ба мизоҷон додашуда ё дигар ҳуҷҷатҳо барои баровардани маҳсулот ҳисобот пешниҳод менамояд.
  6. Фурўши маҳсулоти спиртдор ва (ё) тамоку дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 244 ҳамин Кодекс аз супоридани аксиз озод аст, манъ мебошад.

 

Моддаи 250. Низоми анбори андоз

  1. Таҳти низоми анбори андоз маҷмўи чораҳо ва чорабиниҳои назорати андозе дар назар дошта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти андоз нисбати маҳсулоти зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамоку аз лаҳзаи ба охир расидани истеҳсоли онҳо ва (ё) дохилшавӣ ба анбор (минбаъд – «анбори андоз») то лаҳзаи баровардани онҳо андешида мешавад.
  2. Таҳти таъсири низоми анбори андоз ҳудуде мавҷуд аст, ки дар он биноҳои истеҳсолии аз ҷониби андозсупоранда барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (онро бевосита ишғол менамоянд), инчунин берун аз ин ҳудуд барои нигаҳдории он анборҳои махсуси андоз барпо шудаанд. Нигоҳдории маҳсулоти номбаршуда то баровардани он мутобиқи қисми 1 моддаи 249 ҳамин Кодекс дар дигар ҷойҳо, ба истиснои анборҳои андоз ва воситаҳои нақлиёт дар рафти кашонидан (боркашонӣ), манъ аст.
  3. Лаҳзаи баровардани маҳсулоти зераксизии зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамоку аз ҳудуде, ки дар он биноҳои истеҳсолӣ ҷойгир шудаанд (онро бевосита ишғол менамоянд) ва онҳоро андозсупоранда барои истеҳсоли маҳсулот истифода мебарад ё баровардани он аз анбори андоз лаҳзаи ба охир расидани амали низоми анбори андоз ба ҳисоб меравад.
  4. Маҳсулоти зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамокуи таҳти таъсири низоми анбори андоз қароргирифта таҳти назорати кормандони мақомоти андоз дар биноҳои махсуси (анборҳои андози) ҷудокардашуда ва таҷҳизонидашуда нигоҳ дошта мешавад, ки онҳо метавонанд ҳам дар ҳудуд ва ҳам берун аз ҳудуди биноҳои истеҳсолии аз ҷониби андозсупоранда барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамоку истифодашаванда воқеъ бошанд.
  5. Анборҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон ҳангоми мавҷуд будани иҷозатномаи дахлдоре, ки мақоми ваколатдори давлатӣ медиҳад, ташкил карда мешаванд. Тартиби додани иҷозатнома барои барпо намудани анборҳои андоз, тартиби фаъолият, инчунин маҷмўи чораҳои назорати андозе, ки нисбати чунин анборҳои андоз андешида мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  6. Ҳангоми мавҷуд будани маҳсулоти зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамоку дар анборҳои андоз танҳо амалиёти вобаста бо таъмини нигоҳдорӣ, инчунин тайёрӣ ба баровардан ва интиқоли онҳоро гузаронидан мумкин аст (аз ҷумла ба маҳсулоти спиртдор ва (ё) тамоку гузоштани тамғаҳои аксизӣ).

Ҳамзамон тамғагузории маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку бо тамғаҳои аксизӣ метавонад танҳо дар ҳудуде сурат гирад, ки дар он ҷо (ки онро) биноҳои истеҳсолии барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (бевосита банд кардаанд). Содир намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи бо тамғаҳои аксизӣ  тамғагузорӣ нашуда ба беруни ҳудуде, ки дар он ҷо (ки онро) биноҳои истеҳсолии барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (бевосита банд кардаанд), аз ҷумла ҷойгиркунонии чунин маҳсулот ба анбори берун аз  ҳудуди истеҳсолии дар боло зикршуда манъ аст.

Ҳангоми вайрон кардани манъкунии дар боло зикршуда мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро мутобиқи қисми 1 моддаи 256 ҳамин Кодекс мусодира намоянд.

  1. Бо тартиб ва шартҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, мақомоти андоз дар корхонаҳои маҳсулоти спиртдор ва тамоку истеҳсолкунанда барои назорати ҳаҷми истеҳсолот ва таҳвили маҳсулоти зераксизии дар боло зикршуда ва маблағҳои андози аксизи ҳисобкардашуда дидбонгоҳҳо (постҳо) ташкил менамоянд.

 

Моддаи 251. Вайрон ва гум шудани молҳои зераксизӣ

  1. Ҳангоми вайрон, гум шудани молҳои зераксизии истеҳсолшуда ва (ё) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда аксиз дар ҳаҷми пурра аз миқдори молҳои зераксизии вайроншуда ва (ё) гумшуда  пардохта мешавад, ба ғайр аз мавридҳое, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда рух додаанд ва он тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди 2) қисми 1 моддаи 227 ҳамин Кодекс тасдиқ карда шудааст.

Ҳамзамон нисбати молҳои зераксизии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда сархати мазкур дар он ҳолат истифода бурда мешавад, ки андозсупоранда имконияти супоридани аксизро барои молҳои зераксизии амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбати молҳои зераксизии воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои насупоридани андозҳо пешбинишавандаро истифода бурдаст ва молҳои зераксизии воридшуда дар давраи таҳти расмиёт ва низомҳои фавқуззикр қарор доштанашон вайрон ва нобуд шуда бошанд.

  1. Барои мақсадҳои ҳамин модда таҳти мафҳуми вайрон, гум шудани маҳсулоти зераксизӣ ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 227 ҳамин Кодекс зикршуда фаҳмида мешаванд.

 

Моддаи 252. Маҳали супоридани аксиз

  1. Аксиз дар маҳали қайди супорандаи аксиз супорида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикр шудаанд.
  2. Супорандагони аксизи дорои воҳидҳои махсус аксизро дар ҷои воқеъшавии воҳидҳои махсус тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 253 ҳамин Кодекс месупоранд, агар ин воҳидҳои махсус маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку истеҳсол намоянд ва (ё) онро ба зарфҳо резанд (ба бастаҳо ҷойгир намоянд) ва минбаъд бароранд.
  3. Аксиз аз рўи тиҷорати бозӣ бояд ба буҷет аз рўи маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ супорида шавад.

 

Моддаи 253. Тартиби ҳисоб ва пардохти аксиз аз ҷониби андозсупорандагон барои воҳидҳои махсус

  1. Супорандаи аксизи дар қисми 2 моддаи 252 ҳамин Кодекс пешбинишуда, ки воҳидҳои махсус доранд, ўҳдадоранд онҳоро дар мақомоти андози маҳали ҷойгиршавиашон ба қайд гузоранд ва ба мақоми андози маҳали бақайдгирии худашон дар хусуси ба қайд гузоштани воҳидҳои махсуси худ хабар диҳанд.
  2. Маблағи аксизе, ки барои воҳидҳои махсус бояд супорида шавад, дар асоси ҳисобкунии аксиз доир ба воҳидҳои махсус муайян карда мешавад ва он доир ба ҳар воҳиди махсус тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода мешавад.
  3. Ҳангоми ҳисоб кардани аксиз оид ба воҳидҳои махсус амалиёти бо аксиз андозбандишавандаи содирнамудаи воҳидҳои махсус дар давраи андоз ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Супорандагони аксиз ўҳдадоранд ҳисоботи маблағи аксизро, ки барои воҳидҳои махсус супорида мешавад, ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ ва нусхаи ҳисоботро ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии воҳидҳои махсус дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 248 ҳамин Кодекс пешниҳод намоянд.
  5. Пардохти аксиз барои воҳидҳои махсус аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ–супорандаи аксиз дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 248 ҳамин Кодекс бевосита аз суратҳисоби ҳисоббаробаркунии худ анҷом дода мешавад ё ба зиммаи воҳидҳои махсус гузошта мешавад.

 

Моддаи 254. Пешниҳоди эъломия

  1. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 248 ҳамин Кодекс зикргардида андозсупоранда ўҳдадор аст эъломияро тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, дар мўҳлатҳои барои супоридани андоз муқарраршуда, бо нишон додани амалиётҳои андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намояд.
  2. Супорандагони аксиз, ки дар қисми 2 моддаи 252 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, ҳамзамон бо эъломия ҳисобу китоби аксизро барои воҳидҳои махсус пешниҳод менамоянд.
  3. Супорандаи аксиз барои ба ҳисоб гирифтани маблағи аксиз мутобиқи моддаи 246 ҳамин Кодекс аризаро якҷоя бо эъломияи пардохти аксиз пешниҳод мекунад. Шахсе, ки супорандаи аксиз намебошад, барои баргардонидани маблағи аксиз аризаи махсус пешниҳод менамояд, ки он метавонад дар ҳар вақт дар давоми як сол аз лаҳзаи пайдо шудани ҳуқуқ ба баргардонидани маблағ пешниҳод шавад.

Шакл ва тартиби навиштан ва пешниҳод намудани аризаро барои ба ҳисоб гирифтан ва аризаи махсусро барои баргардонидани маблағҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

  1. Эъломияҳо дар бораи пардохти аксиз аз рўи тиҷорати бозӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз санаи 5-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии объекти андозбандӣ ва ба мақоми андозе, ки ташкилкунандаи (соҳиби) тиҷорати бозӣ дар он дар баҳисобгирии бақайдгирӣ қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.
  2. Эъломия дар бораи пардохти аксиз аз амалӣ намудани фаъолият доир ба ташкил ва гузарондани лотерея ба мақоми андози дахлдор бо мақсадҳои гузарондани бақайдгирӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 241 ва қисми 6 моддаи 248 ҳамин Кодекс пешниҳод карда мешавад.
  3. Эъломия дар бораи пардохти аксиз аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ на дертар аз санаи 15 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз ба мақоми андозе, ки андозсупоранда дар баҳисобгирии бакайдгирии он қарор дорад, пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)

 

Моддаи 255. Баргардонидани аксиз ҳангоми реэкспорт

  1. Нисбати молҳое, ки бо мақсади содироти минбаъда ворид карда шудаанд (яъне ҳангоми аз нав содир намудани молҳо), аксиз ҳангоми воридоти молҳо супорида шуда, баъдан аз ҷониби мақомоти молия, ки ба онҳо ҳангоми воридоти молҳо аксиз супорида шуда буд, якҷоя бо мақомоти дахлдори гумрук мутобиқи ҳаҷми аслии азнавсодирнамоӣ баргардонида мешавад. Баргардонидани маблағ тибқи тартиби муқарраргардида дар давоми 30 рўзи баъди пешниҳод намудани аризаи хаттӣ анҷом дода мешавад.
  2. Қисми 1 ҳамин модда нисбати молҳое, ки воридоти онҳо мутобиқи банди 5) қисми 1 моддаи 244 ҳамин Кодекс аз аксиз озод аст, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 256. Тамғаҳои аксиз

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои зераксизӣ, ватанӣ ва воридотиро, ки бояд тамғаҳои акзисӣ гузошта шаванд, муқаррар менамояд. Фурўши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардида чунин молҳои зераксизиро, ки ба фурўш бе тамғаҳои аксизӣ бароварда шудаанд, мусодира намоянд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
  2. Тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни ҳифозат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

  1. Агар дар ҳамин қисм тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳангоми вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксизӣ аксиз дар ҳаҷми хелҳои маҳсулоти зераксизӣ пардохта мешавад.

Ҳисоби аксиз вобаста ба тамғаҳои аксизии вайронгардида ё гумшуда (аз ҷумла дуздидашуда), ки барои тамғагузории маҳсулоти спиртдор ё тамоку мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, бо назардошти меъёрҳои муқарраргардида, ки нисбати воҳиди ҳаҷми зарф (зарф, баста), ки дар тамға зикр шудааст, анҷом дода мешавад.

Ҳангоми дар тамға мавҷуд набудани зикри ҳаҷми воҳиди зарф (зарф, баста) ҳисоби аксиз вобаста ба тамғаҳои аксизии гум ё вайроншуда бо назардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарф (зарф, баста), ки ба он андохтани (печонидани, бастубанди) маҳсулот дар ҷараёни давраи андозе, ки пеш аз давраи вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксиз сурат гирифтааст, муайян карда мешавад.

Ҳангоми вайрон шудан, гум кардани тамғаҳои аксизӣ дар ҳолатҳои зайл аксиз пардохта намешавад:

1) вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксизӣ дар натиҷаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди 2) қисми 1 моддаи 227 ҳамин Кодекс тасдиқ гардидаанд;

2) тамғаҳои аксизии вайроншуда аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси санади аз ҳисоб баровардан ҷиҳати нобудсозӣ қабул гардидаанд.

 

Моддаи 257. Ҳисобнома-фактураҳои аксиз

  1. Андозсупорандае, ки таҳвили моли зераксизӣ, аз ҷумла воридотро амалӣ менамояд, ўҳдадор аст мутобиқи моддаҳои 231 ва 232 ҳамин Кодекс ҳисобнома-фактураи аксизро навишта, ба қабулкунандагони молҳои зераксизӣ супорад.
  2. Ҳисобнома фактураи аксиз ҳуҷҷати ҳисоботии қатъии ҷавобгўи талаботи моддаҳои 231 ва 232 ҳамин Кодекс мебошад.

 

ФАСЛИ IҶ. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ

 

БОБИ 35. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 258. Мафҳум ва нақши андози иҷтимоӣ

Андози иҷтимоӣ маблағсупории ҳатмӣ мебошад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби супорандагони андози иҷтимоӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс нисбати маблағи музди меҳнат ё дигар манбаи андоз мутобиқи ҳамин боб пардохта мешавад.

 

Моддаи 259. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони андози иҷтимоӣ мутобиқи ҳамин фасл инҳо мебошанд:

1) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ - корфармоён, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки ҳамчун коргарони кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, музди меҳнат медиҳанд;

2) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое, ки рафти фаъолияти худ ба шахсони воқеӣ-резидентҳо дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта ё бе шартнома барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои расонидашуда (корҳои иҷрошуда), музди меҳнат пардохт менамояд;

3) шахсони воқеии дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм номбаршуда, ки пардохт мегиранд;

4) шахсони воқеӣ-резидентҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ машғуланд, аз ҷумла онҳое, ки дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс номбар шудаанд.

5) агар дигар муқаррарот бо санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ нашуда бошад, шахсони воқеӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози иҷтимоӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои агентҳои андоз нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд, кор мекунанд. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа то санаи 15 моҳи минбаъдаи семоҳаи сипаришуда аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)

6) аъзои хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ.

  1. Супорандагони дар банди 1) ва 2) қисми 1 ҳамин модда зикршуда минбаъд дар ҳамин боб суғуртакунандагон номида мешаванд, супорандагони дар бандҳои 3) ва 5) қисми 1 ҳамин модда зикршуда - суғурташудагон номида мешаванд.
  2. Тибқи аризаи шахси ҳуқуқӣ воҳидҳои махсуси вай метавонанд аз ҷониби мақомоти андоз ба сифати супорандаи мустақили андози иҷтимоӣ баррасӣ гарданд.

 

Моддаи 260. Объекти андозбандӣ

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 1) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс объекти андозбандӣ маблағи супоридашавандаи музди меҳнат ба кормандони кироя мебошад, ки мутобиқи моддаи 136 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои дар банди 2) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс пешбинишуда объекти андозбандӣ маблағи супоридашавандаи музди меҳнат ба шахсони воқеӣ мебошад, ки мутобиқи моддаи 136 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, чуноне агар ин шахсони воқеӣ кормандон бошанд.
  2. Барои супорандагони дар банди 4) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс нишондодашуда, ки бо андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана мутобиқи қисми 2 моддаи 137 ҳамин Кодекс андозбандӣ мешаванд, инчунин барои супорандагони андози дар банди 6) қисми 1 моддаи 259 Кодекси мазкур нишондодашуда, ҳаҷми андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
  3. Барои супорандагони дар банди 4) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс нишондодашуда, ки бо андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана мутобиқи қисми 3 моддаи 137 ҳамин Кодекс андозбандӣ мешаванд, манбаи андозбандӣ даромади умумӣ мутобиқи моддаи 303 ҳамин Кодекс ба ҳисоб меравад.
  4. Барои супорандагони дар банди 4) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда, ки тибқи қисми 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс аз даромад андозбандӣ мешаванд, объекти андозбандӣ то лаҳзаи гузаштан ба системаи умумии андозбандӣ даромади умумӣ мутобиқи моддаи 303 ҳамин Кодекс ба ҳисоб меравад. Аз лаҳзаи гузаштан ба системаи умумии андозбандӣ объекти андозбандӣ даромади умумии мутобиқи моддаи 319 ҳамин Кодекс дар моҳи ҳисоботӣ аз рўи усули ҳисобу замкунӣ муайянгардида ба ҳисоб меравад.
  5. Барои супорандагони дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикргардида объекти андозбандӣ маблағи воситаҳои пулии ба даст овардаи онҳо барои кор дар муассисаҳо ва ташкилотҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда мебошад.

 

Моддаи 261. Озодкунӣ

Аз супоридани андоз озод карда мешаванд (ба объекти андозбандӣ дохил карда намешаванд):

1) даромади шахсоне, ки дар муассисаҳои дипломатӣ ва (ё) консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа кор мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;

2) маблағҳое, ки ҳангоми корношоямии муваққатӣ аз маблағҳои буҷетии барои суғуртаи иҷтимоӣ ҷудошуда  дода мешаванд.

      3) даромади шахсоне, ки дар банди 14) моддаи 141 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;

4) даромади шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ аз кироякорӣ дар чаҳорчўбаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар ҳудуди) маблағҳои грантҳо ва (ё) кредитҳои (қарзҳои) пешниҳоднамудаи давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ.

 

Моддаи 262. Меъёрҳои андоз

  1. Доир ба андози иҷтимоие, ки ба буҷет гузаронида мешавад, барои суғуртакунандагон меъёри 25 фоиз ва барои суғурташудагон , ба истиснои шахсони воқеии дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда,1 фоиз татбиқ мегардад.
  2. Барои шахсони воқеии дар қисми 2 моддаи 260 Кодекси мазкур зикргардида ҳаҷми андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз  3.12.09с, №571).

           Барои шахсони воқеии дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикргардида меъёри андози иҷтимоӣ барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоии худи ин шахсон ба сифати суғуртакардашуда ба 0,2 фоизи объекти андозбандӣ баробар мебошад, аммо на камтар аз ҳадди калонтарини андози иҷтимоӣ, ки бо сархати аввали ҳамин қисм муқаррар карда шудааст.

  1. Барои шахсони воқеии дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикрёфта меъёри андози иҷтимоӣ аз ҷониби худи андозсупорандагон дар ҳаҷми на камтар аз 5 фоиз муқаррар карда мешавад, аз ҷумла ба сифати шахсони суғуртакардашуда – на камтар аз 0,2 фоиз. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
  2. Барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини нафақаи соҳибкорони инфиродӣ ва шахсоне, ки дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, инчунин аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ нестанд, муқаррар карда шавад, ки маблағи умумии андози иҷтимоии мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс пардохташуда 20 фоизи даромадеро ташкил медиҳад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони воқеии дар боло нишондодашуда гирифта шудаанд (эъломия шудаанд). Дар баробари ин дар ҳолати кифоя набудани собиқаи суғурта, маблағи умумии андози иҷтимоии барои тамоми давраи суғуртаи воқеии иҷтимоӣ пардохташуда барои ҳамон даврае амалигашта маҳсуб мешавад, ки он на камтар аз собиқаи минималии суғуртавии барои таъин намудани нафақаҳо ва шаклҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ муқарраршуда мебошад.

 

Моддаи 263. Тартиби муайян кардан ва пардохтани андоз

  1. Агар ҳамин Кодекс тартиби дигарро муқаррар накарда бошад, ҳаҷми андози иҷтимоӣ, ки ба буҷет бояд гузаронда шавад, бо роҳи зарб задани объектҳои андозбандӣ мутобиқи моддаи 260 ҳамин Кодекс ба меъёрҳои дахлдори андозе, ки моддаи 262 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, муайян карда мешавад.
  2. Андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои дар банди 1), 2) ва 3) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 161 ҳамин Кодекс нисбати музди меҳнати кормандон нигоҳ дошта шуда ба буҷет гузаронда мешавад.
  3. Супорандагони дар қисми 2 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикршуда андози иҷтимоиро ҳамзамон бо гузаронидани маблағ ба буҷет барои патент барои моҳи дахлдор месупоранд.
  4. Андозсупорандагоне, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикр ёфтаанд, ҳар моҳ андози иҷтимоиро то рўзи 15-уми моҳи минбаъдаи ҳисоботӣ месупоранд.
  5. Андозсупорандагони дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 259 ва қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикршуда ба мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ ҳар моҳ то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботӣ дар хусуси мутобиқи қисми 1 моддаи 262 ҳамин Кодекс ҳисоб кардан ва пардохтани маблағи андози иҷтимоӣ тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми вақолатдори давлатӣ эъломия пешниҳод мекунанд.
  6. Андозсупорандагони дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида дар бораи пардохти маблағи андози иҷтимоӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 262 ҳамин Кодекс тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми вақолатдори давлатӣ то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии худ эъломия пешниҳод мекунанд.
  7. Андозсупорандагони дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда эъломияро дар бораи маблағи супоридашудаи андози иҷтимоӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 262 ҳамин Кодекс тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми вақолатдори давлатӣ то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ пешниҳод мекунанд ва дар ҳамон мўҳлат маблағи андози иҷтимоиро, ки барои моҳи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст (бояд ҳисоб карда шавад) пардохт менамоянд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  8. Супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ эъломияро дар бораи маблағи супоридашудаи андози иҷтимоӣ барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ то 15 апрел, барои семоҳаи дуюм то 15 июл, барои семоҳаи сеюм то 15 октябр соли ҷорӣ ва барои семоҳаи чоруми соли ҳисоботӣ то 15 январ соли минбаъда месупоранд. (Қ ҶТ аз  3.12.09с, №571).
  9. Барои шахсони воқеӣ-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, андози иҷтимоӣ метавонад аз ҷониби корфармоёни онҳо бо меъёрҳои муқаррарнамудаи худи корфармоён пардохта шавад. Дар чунин ҳолат корфармоён суғуртакунанда ба ҳисоб мераванд ва андози иҷтимоиро аз рўи меъёри на камтар аз 5 фоиз мепардозанд, шахсони воқеӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд аз ҳисоби музди меҳнати худ (новобаста ба талаботи истиснои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 262, инчунин қисми 3 моддаи 262 ҳамин Кодекс) андози иҷтимоиро танҳо ба сифати суғурташудагон аз рўи меъёри 1 фоиз тибқи қисми 1 моддаи 262 ҳамин Кодекс пардохт намоянд. Дар баробари ин эъломия дар бораи маблағи пардохташудаи андози иҷтимоӣ аз ҷониби корфармо тибқи мўҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қисм пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

ФАСЛИ Х. АНДОЗИ ЗАМИН

 

БОБИ 36. АНДОЗИ ЗАМИН

 

Моддаи 264. Андозсупорандагон

Андози заминро заминистифодабарандагоне месупоранд, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемўҳлат, мўҳлатнок ва меросии якумра дода шудааст.

 

Моддаи 265. Объекти андозбандӣ

  1. Андози замин бо назардошти сифату ҷойгиршавии қитъаи замин, арзиши кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин муқаррар карда мешавад.
  2. Асос барои муайян намудани андози замин бо назардошти муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ҳуҷҷатҳои замину кадастрии истифодабарандаи замин мебошад.

Агар масоҳати замини амалан истифодашаванда назар ба масоҳати замини мутобиқи ҳуҷҷатҳои замину кадастрии андозсупоранда зиёд бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ масоҳати замини амалан истифодашаванда қабул карда мешавад.

  1. Маблағи андози замин аз натиҷаи фаъолияти хоҷагидории истифодабарандаи замин вобаста набуда, дар шакли пардохтҳои устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 266. Меъёрҳои андози замин барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо

  1. Меъёрҳои андоз барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

1) дар шаҳри Душанбе  - 500 сомонӣ аз ҳар гектар;

2) дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа ва Кўлоб – 375 сомонӣ аз ҳар гектар;

3) дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ — 250 сомонӣ аз ҳар гектар;

4) дар дигар шаҳр ва шаҳракҳо — 180 сомонӣ аз ҳар гектар.

Заминҳои истифодаи кишоварзӣ ва зери ҷангалу буттазорҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо тибқи минтақаҳои кадастрии моддаҳои 267 ё 308 ҳамин Кодекс андозбандӣ карда мешаванд.

Ба истиснои заминҳои аз андоз озод, ба масоҳати андозбандишавандаи замин ҳамаи заминҳои вобасташуда, аз ҷумла заминҳои зери сохтмон, иншоотҳо, қитъаҳое, ки барои нигоҳубини онҳо заруранд, минтақаҳои санитарию муҳофизатии объектҳо, минтақаҳои техникӣ ва дигар минтақаҳо дохил мешаванд.

  1. Замин барои сохтмони манзили истиқоматии шахсони воқеӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо бояд тибқи тартиби зайл андозбандӣ гарданд:

1) майдони ҳар як қитъаи замине, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) муқарраркунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудааст, бо мақсади андозбандӣ алоҳида баррасӣ мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин қитъаҳои замин ҳамҳудуд мебошанд. Ҳангоми андозбандӣ майдони қитъаҳои замини ҳамҳудуд, ки ба як андозсупоранда дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд) муайянкунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда ва ин қитъаҳои ҳамҳудуди замин чун як қитъаи замин баррасӣ мегарданд;

2) ҳисоби маблағи андози замин тибқи тартиби зайл вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:

а) то 800 метри мураббаъ – тибқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда;

б) бештар аз 800 метри мураббаъ то 2000 метри мураббаъ – маблағи андоз, ки тибқи зербанди а) ҳамин банд ҳисоб шудааст, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 2-каратаи андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда, барои майдоне, ки аз 800 метри мураббаъ зиёд аст;

в) беш аз 2000 метри мураббаъ – маблағи андозе, ки тибқи зербанди б) ҳамин банд ҳисоб карда шудааст, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 5-каратаи андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда барои майдоне, ки аз 2000 метри мураббаъ зиёд аст.

 

Моддаи 267. Меъёрҳои андози замин барои заминҳои берун аз шаҳрҳо ва шаҳракҳо

 

  1. Меъёрҳои миёнаи андоз аз як гектар замин дар минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, ғайр аз заминҳое, ки бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ мешаванд, ба андозаи зерин муқаррар мешаванд (бо сомонӣ):

 

 

            Намудҳои                

             замин             

               (қитъаҳо)

Номи

минтақаи    

кадастрӣ

Заминҳои кишт ва дарахтзорҳои бисёрсола: обӣ/ лалмӣ

Чарогоҳҳо

Алафзорҳо

Роҳ, кўчаҳо, иморати ҷамъиятӣ, бешаҳо, майдонҳо, каналҳо, ҷўйҳо ва заҳбурҳо

Дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд

Суғд, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ

60,0/11,0

2

4

4

6

7

6

1

0,8

Ҳисор, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ

64,0/26,0

4

4

5

5

6

5

1

0,8

Рашт

52,0/38,0

4

6

6

0,8

Кўлоб, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ

66,0/31,0

3

4

5

6

6

5

1

0,8

Вахш, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ

93,0/23,0

2

4

4

4

7

5

1

0,8

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (бе минтақаи Мурғоб)

18,0/8,0

2

3

3

0,8

 

  1. Меъёрҳои миёнаи андози заминро дар ҳудуди минтақаҳои кадастрӣ доир ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқаррарнамуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
  2. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бояд тибқи тартиби зайл андозбандӣ карда шаванд:

1) майдони ҳар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) муқарраркунандаи ҳуқуқ  вобаста карда шудааст, бо мақсади андозбандӣ алоҳида баррасӣ мегардад, ба истиснои ҳолате, ки ин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳамҳудуд бошанд. Ҳангоми андозбандӣ майдони қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҳамҳудуд, ки ба як истифодабарандаи замин дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд) муқарраркунандаи ҳуқуқ  вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда, ин қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҳамҳудуд ҳамчун як қитъаи замини наздиҳавлигӣ баррасӣ мегарданд;

2) ҳисоби маблағи андози замин тибқи тартиби зайл, вобаста ба андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:

а) агар андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад – тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда;

б) агар андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз доираи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад – маблағи андози тибқи зербанди а) ҳамин банд ҳисобшуда, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 2-каратаи андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда барои майдоне, ки аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёд аст.

  1. Замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешаҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд ва барои бунёди боғҳо ва токзорҳо истифода шудаанд, дар давоми 5 сол аз соли бунёди ин боғҳо ва токзорҳо аз андозбандӣ озод мешаванд.

Дар бораи майдони воқеии боғҳо ва токзорҳое, ки дар мавсими шинондани ниҳолҳои бисёрсола дар замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешазорҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, бунёд карда шудаанд, андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақоми андози ҳудудӣ дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи анҷом ёфтани ин кор ахборот медиҳад. Дар акси ҳол боғҳо ва токзорҳое, ки дар замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешазорҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, бунёд карда шудаанд, бояд ҳамчун заминҳои бо дарахтҳои бисёрсола бандбуда, бе пешниҳоди давраи 5- солаи имтиёзноки дар боло зикргардида андозбандӣ карда шаванд.

 

Моддаи 268. Тартиби умумии ҳисоб кардан ва пардохтани андози замин

  1. Андози замин бо роҳи зарб задани объекти андозбандӣ (масоҳати қитъаи замин) ба меъёрҳои дахлдори андози замин алоҳида ба ҳар як қитъаи замин ҳисоб карда мешавад.

 Меъёрҳои андози замин, инчунин андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли ояндаи буҷетӣ нисбат ба меъёрҳои амалкунандаи соли ҷории буҷетӣ аз ҳисоби 0,7 пункти фоизӣ ба ҳар пункти фоизии таваррум, ки барои соли гузаштаи андоз аз ҷониби мақоми давлатӣ оид ба омор муайян карда шудааст, индексатсия карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)

  1. Андози замин аз моҳи минбаъдаи моҳе, ки дар он андозсупоранда ҳуқуқи истифода ё ҳуқуқи истифодаи меросии якумраи қитъаи заминро гирифтааст, ҳисоб карда мешавад.
  2. Ҳангоми қатъ гаштани ҳуқуқи истифода ё ҳуқуқи истифодаи меросии якумраи қитъаи замин, андози замин барои шумораи моҳҳои дар асл истифода бурдани қитъаи замин, аз ҷумла моҳи қатъ гаштани ҳуқуқҳои номбаршуда ҳисоб карда мешавад.
  3. Ҳангоми дар давоми соли андоз гузаронидани заминҳои маҳали аҳолинишин (қитъаи замин) аз як гурўҳи маҳалли аҳолинишин ба гурўҳи дигар, андози замин барои соли ҷорӣ аз андозсупорандагон тибқи меъёрҳои қаблан муқарраршуда барои чунин заминҳои маҳалли аҳолинишин (қитъаи замин), дар соли оянда бошад, тибқи меъёрҳое, ки барои гурўҳи дигари заминҳои маҳали аҳолинишин муқаррар шудааст, ситонида мешавад.
  4. Ҳангоми барҳам додани нуқтаи аҳолинишин ва дохил намудани ҳудуди он ба таркиби дигар нуқтаи аҳолинишин дар ҳудуди нуқтаи барҳамхўрдаи аҳолинишин меъёри нав аз 1 январи соли минбаъдаи соле, ки дар он барҳамдиҳӣ ба вуқўъ омадааст, татбиқ мешавад.

 

Моддаи 269. Тартиби пешниҳоди ҳисобу китоби андоз

  1. Андозсупорандагон, ба ғайри шахсони воқеӣ, ҳар сол на дертар аз 1 марти соли ҷорӣ ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии қитъаи замин ҳисоботи андози заминро, ки бояд дар соли ҷорӣ супоранд, пешниҳод менамоянд. Шакл ва тартиби ҳисоботи номбурдаро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
  2. Мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии қитъаи замин андози замини шахсони воқеиро, ки бояд супоранд, ҳисоб менамоянд. Шакл ва тартиби ҳисоби номбурдаро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

Шахси воқеӣ оид ба ўҳдадориҳои андозиаш доир ба андози замин дар мўҳлати на дертар аз 1 июни соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андози дахлдор бояд огоҳонида шавад. Шакли огоҳнома оид ба ўҳдадориҳои андози заминро мақоми ваколатдори андоз муқаррар менамояд.

  1. Доир ба қитъаҳои замини аз нав ҷудокардашуда ҳисоби андози замин дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи ҷудокунӣ пешниҳод мешавад.
  2. Мақомоти андоз супорандагони андози заминро ба ҳисоб гирифта, дурустии ҳисоби саривақтӣ ва супоридани андозро назорат мекунанд.

 

Моддаи 270. Мўҳлати пардохти андози замин

  1. Маблағи андози замин барои соли ҷории андоз дар асоси ҳисоботи пешниҳодшуда мутобиқи моддаи 269 ҳамин Кодекс, аз ҷониби андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеӣ, дар мўҳлатҳои зерин супорида мешавад:

 1) доир ба заминҳои дар моддаи 266 ҳамин Кодекс зикршуда на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона;

2) доир ба заминҳои дар моддаи 267 ҳамин Кодекс зикршуда на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 15 фоиз, 35 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.

  1. Маблағи андози замин барои соли ҷории андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ дар асоси огоҳномае, ки мақомоти андози дахлдор ба онҳо доир ба заминҳои дар моддаҳои 266 ва 267 ҳамин Кодекс зикршуда мерасонанд, дар мўҳлатҳои на дертар аз 15 июн, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 33 фоиз, 66 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.

 Агар бо ягон сабаб огоҳномаи мақомоти андоз оид ба ўҳдадориҳои  андози замин ба шахси воқеӣ то 1 июни соли ҷорӣ нарасида бошад, чунин шахси воқеӣ ўҳдадор аст дар ин  маврид мустақилона ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии қитъаи замин хабар диҳад ва ҳамаи маблағи андози заминро барои соли ҷории андоз дар мўҳлати на дертар аз 15 декабри соли ҷорӣ супорад (бо назардошти маблағсупориҳои афзояндаи мўҳлати супориданашон расида).

  1. Новобаста аз муқаррароти моддаи мазкур, андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андози заминро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, дар муҳлати якуми пардохти тибқи қисмхои 1 ё 2 ҳамин модда мукарраргардида пардозад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 271. Имтиёзҳо барои  андози замин

Аз андози замин инҳо озод мебошанд:

1) ҳудуди мамнўъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ мутобиқи номгўи чунин ташкилотҳо ва ҳаҷми ҳудудҳои онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

2) заминҳое, ки ташкилотҳои буҷетӣ барои татбиқи мақсад, вазифа ва амалҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии чунин ташкилотҳо дарҷ шудаанд, истифода мебаранд;

3) замини ташкилотҳое, ки дар онҳо биноҳои истифодабарандаи онҳо воқеъ гардида, аз ҷониби давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ҳифз карда мешавад, тибқи номгўи ташкилотҳо ва ҳаҷми қитъаҳои замине, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

4) заминҳои барои истифода гирифташуда, ки мутобиқи хулосаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) эътироф шудаанд ва заминҳое, ки дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ мебошанд, дар соли барои истифода (азхудкунӣ) гирифташуда ва дар давоми 5 соли минбаъда аз соли қабул намудани (оғози азхудкунии) чунин заминҳо;

5) заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тўли сарҳади давлатӣ қарор доранд;

6) заминҳои истифодаи умумии нуқтаҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои коммуналӣ, аз ҷумла қабристонҳо, ба истиснои чунин заминҳо, ки дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад;

7) заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярч, дарёҳо ва кўлҳо воқеъ мебошанд;

8) заминҳои захираи озоди давлатӣ;

9) заминҳои таҳти роҳҳои автомобилии истифодаи умум  ва роҳи оҳан, инчунин таҳти объектҳои давлатии обтаъминкунӣ ва таҷҳизоти обӣ қарордошта;

10) заминҳое, ки барои таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва идоракунӣ, инчунин барои таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷойгиркунӣ ва масоҳати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;

11) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо гардидаанд;

12) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигие, ки ба шаҳрвандони аз дигар ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти муқимӣ ба ноҳияҳои муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд (муҳоҷир),  ҷудо карда мешаванд, дар соли ҷудо намудан ва ба мўҳлати 3 соли тақвимие, ки  баъди аз соли ҷудо намудани чунин заминҳо фаро мерасад;

13) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии деҳот коркунанда ҷудо кардашуда, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;

14) заминҳое, ки мустақиман барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда  аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои эксперименталӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии самтҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал тибқи ҳаҷми замин ва мутобиқи номгўи истифодабарандагони замин, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд, истифода мегарданд;

15) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба маъюбони ҳамаи гурўҳҳо ҷудо карда шудаанд, дар ҳолати мавҷуд набудани аъзои  оилаи қобили меҳнат;

17) заминҳое, ки барои корхонаю ташкилот ҷудо карда шудаанд, агар на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳоро маъюбон ташкил диҳанд.

 

ФАСЛИ ХI. АНДОЗҲО АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ҚАЪРИ ЗАМИН

 

БОБИ 37. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 272. Муносибатҳое, ки ҳамин фасл танзим менамояд

  1. Ҳамин фасл хусусиятҳои вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз, ки аз қарордодҳо барои истифодаи қаъри замин бармеоянд ва тартиби ҳисоб ва супоридани маблағҳои махсуси истифодабарандагони қаъри заминро, ки бонусҳо (обунавӣ, кашфи тиҷоратӣ) ва роялтиро дар бар мегиранд, муайян менамояд.(ҚҶТ аз 21.07.10.№ 627)
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қарордодҳои истифодаи қаъри заминро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ (иҷро) менамоянд, дар баробари пардохтҳои махсуси истифодабарандагони қаъри замин супорандагони дигар андозҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс мебошанд, агар онҳо ба талаботи ҳамин Кодекс нисбати супорандагони дигар андозҳо ҷавоб дода тавонанд.
  3. Тамоми намудҳои бонусҳо ва роялти барои мақсадҳои андоз аз фоида (андози даромади соҳибкорони инфиродӣ), аз даромади умумӣ тарҳ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 627)

 

Моддаи 273. Супорандагон

Супорандагони пардохтҳои махсуси истифодабарандагони қаъри замин (минбаъд – «пардохтҳои махсус») шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки амалиётро оид ба истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – «истифодабарандагони қаъри замин») содир менамоянд, аз ҷумла истихроҷи канданиҳои фоиданок аз ташкилаҳои  техногении минералӣ.

 

Моддаи 274. Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи қаъри замин

  1. Низоми андоз, ки барои истифодабарандаи қаъри замин муқаррар карда мешавад, танҳо дар қарордод оид ба истифодаи қаъри замин (минбаъд–«қарордод»), ки тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни истифодабарандаи қаъри замин ва мақоми салоҳиятдори ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – «мақоми салоҳиятдор») имзо шудааст, муайян карда мешавад.

Ҳангоми анҷом додани истифодабарии қаъри замин тибқи ҳамин Фасл роялтии истифодаи қаъри замин барои ҳамаи давраи фаъолият бе бастани қарордод бояд бо меъёрҳои, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, пардохт карда, минбаъд истифодабарандаи қаъри замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 627)

  1. Низоми андозе, ки дар қарордод муқаррар карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи бастани (имзо намудани) қарордод мувофиқат намояд.
  2. Масъалаҳои вобаста ба супоридани андозҳо ва пардохтҳои махсусро ба иҷозатномаҳо ва дигар асноде, ки бо истифодаи қаъри замин алоқаманд мебошанд, ҳамроҳ кардан манъ аст, ба истиснои қарордодҳо оид ба истифодаи қаъри замин.
  3. Дар мавриде, ки истифодаи қаъри заминро бо як қарордод якчанд андозсупорандагон амалӣ менамоянд, низоми андози дар қарордод муқарраршуда барои ҳамаашон ягона мебошад.

Дар баробари ин фаъолияти якчанд андозсупорандае, ки дар доираи чунин қарордод иҷро мешавад, барои мақсади андозбандӣ ҳамчун андозсупорандаи ягона ҳисоб ёфта, онҳо ўҳдадор мебошанд баҳисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд, ҳамаи андозҳо ва маблағҳои махсуси дар қарордод мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо супоранд.

  1. Истифодабарандагони қаъри замине, ки дар асоси зиёда аз як қарордод фаъолият мекунанд, даромад ва хароҷотро дар доираи қарордодҳои гуногун барои муайян намудани андозҳо ва пардохтҳои махсус наметавонанд якҷоя намоянд. Доир ба ҳар як қарордод бояд баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо ва хароҷот, инчунин баҳисобгирии алоҳидаи андозҳо ва пардохтҳои махсус пеш бурда шавад.
  2. Муқаррароти қисми 5 ҳамин модда дар ҳолатҳое, ки истифодабарандагони қаъри замин дар асоси зиёда аз як қарордод фаъолият мекунанд ва ҳамаи ин қарордодҳо ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки умумимаъмулӣ ва (ё) обҳои зеризаминӣ баста шудаанд, татбиқ намегардад, ба шарте агар ҳамаи чунин қарордодҳо истихроҷи дигар намуди канданиҳои фоиданокро дар бар нагиранд.
  3. Истифодабарандаи қаъри замин ўҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаро барои ҳисоби ўҳдадориҳои андоз мутобиқи низоми андозе, ки қарордод пешбинӣ намудааст ва ҳисоб намудани ўҳдадориҳои андоз оид ба фаъолияти аз доираи чунин қарордод берунро (бо истифодаи қаъри замин алоқаманд набуда) амалӣ намояд.
  4. Муқаррароти қисми 7 ҳамин модда дар хусуси баҳисобгирии алоҳида дар ҳолатҳое, ки истифодабарандагони қаъри замин дар баробари фаъолият тибқи қарордоди истихроҷи канданиҳои фоиданоки умумимаъмулӣ ва (ё) обҳои зеризаминӣ, фаъолиятеро анҷом медиҳанд, ки аз доираи чунин қарордодҳо берун аст (новобаста бо истифодаи қаъри замин), татбиқ намегардад.
  5. Ҳангоми бо мақсади соҳибкорӣ коркард намудани канданиҳои фоиданоки ҳамрадифи дар қарордод пешбининашуда истифодабарандаи қаъри замин доир ба онҳо мувофиқи муқаррароти боби 39 ҳамин Кодекс роялти месупорад.

 

Моддаи 275. Низоми андоз оид ба амалиёте, ки ба истифодаи қаъри замин мансуб нест

Иҷрои ўҳдадориҳои андоз доир ба фаъолият, ки дар доираи қарордод сурат мегирад, истифодабарандаи қаъри заминро аз иҷрои ўҳдадориҳои андози  пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои фаъолияти берун аз қарордод (ки ба истифодаи қаъри замин мансуб намебошад) мутобиқи қонунгузории андоз, ки дар санаи пайдо шудани чунин  ўҳдадориҳо (ки ба истифодаи қаъри замин марбут намебошад) амал мекунад, озод наменамояд.

 

Моддаи 276. Устувории низоми андоз

  1. Низоми андози муайяннамудаи қарордод, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда баста шуда, аз экспертизаи ҳатмии андоз гузаштааст, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, то охири мўҳлати амали чунин қарордод бетағйир амал мекунад.
  2. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба қонунгузории андоз баъди санаи имзои қарордод, ки боиси имконнопазирии риояи минбаъдаи шартҳои ибтидоӣ мегардад, истифодабарандаи қаъри замин ва намояндагони мақоми салоҳиятдор, мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба қарордод тағйирот ё иловаҳое ворид намоянд, ки барои барқарор намудани манфиатҳои иқтисодии тарафҳо мутобиқи ҳолате, ки дар лаҳзаи имзои қарордод мавҷуд буд, заруранд. Ин тағйирот ё ислоҳи шарти қарордод дар давоми шаст рўз аз лаҳзаи ба таври хаттӣ ирсол намудани огоҳномаи хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ ба истифодабарандаи қаъри замин ё ирсоли баръакси чунин огоҳнома ворид карда мешаванд.
  3. Ҳангоми бекор кардани намудҳои алоҳидаи андозҳо ва пардохтҳои махсус, ки дар қарордод пешбинӣ шудаанд, истифодабарандаи қаъри замин супоридани онҳоро ба буҷет то ворид намудани тағйироти дахлдор ба қарордод бо мақсад ва тартиби пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи қарордод анҷом медиҳад.

 

Моддаи 277. Анбозбандии гузашт намудани ҳуқуқҳо

Даромадҳое, ки ҳангоми гузашт намудан аз ҳуқуқҳои фароҳамовардаи қарордод ба даст меоянд, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс андозбандӣ шаванд.

 

Моддаи 278. Экспертизаи андоз

  1. Экспертизаи андоз – экспертизаи махсус буда, таҳлил ва баҳодиҳии лоиҳаи қарордоди байни истифодабарандаи қаъри замин ва мақоми салоҳиятдор басташуда, иловаю тағйироти онро дар бар мегирад, ки бо мақсади муайян намудани низоми андоз, аз ҷумла мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани пардохтҳои махсус гузаронда мешавад.
  2. Тамоми қарордодҳое, ки байни истифодабарандаи қаъри замин ва мақоми салоҳиятдор (тарафҳои аҳдкунанда) баста мешаванд, то лаҳзаи баста (имзо) шуданашон бояд тибқи тартиб ва мўҳлати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи ҳатмии андозро гузаранд. Ин муқаррарот нисбати тағйирот ва иловаҳое, ки ба қарордодҳои қаблан басташуда ворид карда мешаванд, низ татбиқ мегардад.
  3. Ҳангоми тағйирёбии қонунгузории андоз дар давраи аз санаи гузаронидани экспертизаи андоз то санаи имзо намудани қарордод, низоми андоз бояд тавассути экспертизаи такрории андоз ба ин тағйирот мутобиқ гардонида шавад.
  4. Низоми андоз, ки тибқи натиҷаи экспертизаи андоз муайян шудааст, бояд ҳатман ба матни ниҳоии қарордод бе ягон тағйирот ва тасҳеҳ дохил карда шавад.

 

боби 371. Бонусҳо

 

Моддаи 2791. Муқаррароти умумӣ оид ба бонусҳо

  1. 1. Бонусҳо пардохтҳои яккаратаи пулӣ барои истифодабарандагони қаъри замин мебошанд.
  2. Истифодабарандагони қаъри замин намудҳои зерини бонусро пардохт менамоянд:

1) бонуси обунавӣ;

2) бонуси кашфи тиҷоратӣ.

  1. Бонусҳо аз ҳамаи истифодабарандагони қаъри замин ситонида мешаванд, ба истиснои онҳое, ки корҳои омўзиши геологии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоршавандаро анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 2792. Бонуси обунавӣ

  1. Бонуси обунавӣ пардохти яккаратаи пулӣ барои муайян гардидани ба сифати истифодабарандаи қаъри замин дар ҳудуди муқаррарнамудаи иҷозатнома мебошад.
  2. Меъёр ва (ё) андозаи бонуси обунавӣ мувофиқи тартиби муайяннамудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи қаъри замин дарҷ карда мешавад.

 

Моддаи 2793. Мўҳлати пардохти бонуси, обунавӣ ва пешниҳод  кардани эъломияи андоз

  1. Бонуси обунавӣ дар мўҳлатҳои муайяннамудаи қарордоди истифодаи қаъри замин пардохта мешавад.
  2. Эъломия оид ба бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар мўҳлати на дертар аз санаи 15 моҳи баъди моҳи фарорасии мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 2794. Бонуси кашфи тиҷоратӣ

  1. Бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохти яккаратаи пулӣ барои ҳар як кашфи тиҷоратӣ ҳангоми анҷом додани корҳои омўзиши геологӣ ва корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои истихроҷшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин мода зикр шудаанд.
  2. Бонуси кашфи тиҷоратӣ барои кашфи захираҳои канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷи минбаъдаи онҳо бинобар аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок набудан пешбинӣ намегардад, муқаррар карда намешавад.
  3. Меъёр ва (ё) андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи қаъри замин дарҷ карда мешавад.

 

Моддаи 2795. Мўҳлати пешниҳод кардани эъломияи андоз ва пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ

Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми

андози маҳалли баҳисобгирии худ дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ аз санаи тасдиқ шудани кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, бонуси кашфи тиҷоратӣ на

дертар аз ҳамин мўҳлат пардохта мешавад

 

БОБИ 38. БОНУСҲО -Хориҷ карда шуд, (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 279. Муқаррароти умумӣ оид ба бонусҳо

 

Моддаи 280. Бонуси обунавӣ

 

Моддаи 281. Тартиби муқаррар намудан, ҳаҷм ва мўҳлати пардохти  бонуси обунавӣ

 

Моддаи 282. Эъломияи андоз

 

Моддаи 283. Бонуси кашфи  тиҷоратӣ

 

Моддаи 284. Тартиби ҳисоб кардан ва ҳаҷми бонуси кашфи тиҷоратӣ

 

Моддаи 285. Эъломияи андоз ва мўҳлати пардохт

 

Моддаи 286. Бонуси истихроҷ

 

Моддаи 287. Тартиби ҳисобкунӣ, ҳаҷм ва мўҳлати пардохти бонуси истихроҷ

 

Моддаи 288. Эъломияи андоз

 

БОБИ 39. РОЯЛТИ

 

Моддаи 289. Муқаррароти умумӣ оид ба роялти

  1. Роялти пардохте мебошад, ки истифодабарандаи қаъри замин дар алоҳидагӣ, доир ба ҳар як намуди (доир ба тамоми намудҳои) канданиҳои фоиданоки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда месупорад, новобаста аз он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд.
  2. ва 3. хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

 

Моддаи 290. Супорандагон

Супорандагони роялти истифодабарандагони қаъри замине мебошанд, ки канданиҳои фоиданок, аз ҷумла канданиҳои фоиданокро аз ташкилаҳои минералии техногенӣ истихроҷ менамоянд, сарфи назар аз он, ки таҳвили (бор карда фиристодани) онҳо дар давраи ҳисоботӣ  сурат гирифтааст ё на.

 

Моддаи 291. Тартиби муқаррар намудани роялти

  1. Ҳаҷми роялти дар асоси объекти андозбандӣ, заминаи ҳисобкунӣ ва меъёр муайян карда мешавад.
  2. Барои ҳисоб намудани роялти:

1) объекти андозбандӣ доир ба ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок аз ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ё ҳаҷми маҳсулоти молии якуми аз истихроҷи аслии канданиҳои фоиданок гирифташуда, ки дар асоси воҳидҳои дахлдори натуралии ченак муайян шудааст, иборат мебошад.

Ҳамзамон маҳсулоти молии якум метавонанд инҳо бошанд:

а) худи канданиҳои фоиданок:

- нафт, гази табиӣ ва конденсати газ;

- ангишт ва слансҳои сўзишворӣ;

-  маъданҳои молӣ;

- обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз коркарди аввалин гузашта;

- слюда, асбест, ашё барои истеҳсоли маводи сохтмон;

- ашёи хоми ғайримаъданӣ барои металлургия;

б) металлҳои қиматбаҳо ва (ё) металлҳои софи химиявӣ дар қум, маъданҳо, консентратҳо;

в) консентрати металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, ашёи кимиёвии кўҳӣ;

г) сангҳои қиматбаҳо, ашёи сангҳои ороишӣ ва пьезооптикии аз  коркарди якум гузашта;

д) оид ба дигар канданиҳои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта;

2) заминаи ҳисоби роялти арзиши канданиҳои фоиданок мебошад, ки тибқи моддаи 292 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад;

3) хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

  1. Меъёрҳои роялти барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд: (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

                                                                                         

Номгўи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ

Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисоб кардани роялти

1.

Рег (ба ғайр аз қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ)

10

2.

Реги қолибрезӣ, шишасозӣ ва барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ

7

3.

Омехтаи регу шағал

10

4.

Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин)

6

5.

Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин

5

6.

Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ)

6

7.

Гилхок барои саноати семент

5

8.

Санги бинокорӣ

5

9.

Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, барои рўйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ)

7

10.

Регсанги битуминоз, барои рўйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ

4

11.

Бўр (ба ғайр аз бўр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок ва нефелин)

5

12.

Бўр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз нефелин

5

13.

Квартсит (ба ғайр аз динас, флюсӣ, рўйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди кременӣ, кремении булўрини хўлан оҳан)

6

14.

Квартсити буттахишт, флюсӣ, рўйкашкунӣ, оҳангдор барои истеҳсоли карбиди кремний, кремнийи булўрини хўлаи оҳанг

5

15.

Доломит (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент)

6

16.

Доломити битуминоз ва барои саноати семент

5

17.

Мергел (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент)

7

18.

Мергели битуминоз ва барои саноати семент

5

19.

Оҳаксанг (ба ғайр аз битуминоз, рўйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок)

6

20.

Оҳансанги битуминоз, рўйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок

5

21.

Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рўйкашкунӣ ва ороишӣ)

6

22.

Оҳаксанги ковоки рўйкашкунӣ ва ороишӣ

5

23.

Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сўзанда ва бомпўшӣ)

6

24.

Варақсанги сўзанда ва бомпўшӣ

5

25.

Аргиллитҳо ва алевролитҳо (ба ғайр аз онҳое, ки дар саноати семент истифода мешаванд)

5

26.

Аргиллитҳо ва алевролитҳое, ки дар саноати сементбарорӣ  истифода мешаванд

5

27.

Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ (ба ғайр аз ҷинсҳои рўйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, ба ғайр аз маводе, ки дар саноати семент истифода бурда мешаванд)

6

28.

Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ рўйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, инчунин дар саноати семент истифода бурда шаванда

5

29.

Обҳои зеризаминӣ, ба истиснои обҳои зеризаминие, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии онҳо ва аз ҷониби корхонаҳои давлатии соҳаи коммуналӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ истихроҷ карда мешаванд

10

30.

Обҳои зеризаминӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои давлатии соҳаи коммуналӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ истихроҷ карда мешаванд

2

31.

Гаҷ

5

 

  1. Меъёрҳои роялити барои канданиҳои фоиданок, ба истиснои дар қисми 3 ҳамин мода нишондодашуда, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд: (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

 

Номгўи канданиҳои фоиданок

Меъёрҳои роялтии бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисобикардани роялтии

1.

Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ

6

2.

Ангишт, варақсанги сўзанда, торф

4

3.

Металлҳои сиёҳ (оҳан, маргенец, хром, ванадий)

4

4.

Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, рух, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва ғайра)

6

5.

Канданиҳои фоиданоки пошхўрда

9

6.

Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо)

6

7.

Сангҳои қиматбаҳо

8

8.

Сангҳои ранга (ҷилонок) ва ашёи хоми пезооптикӣ

8

9.

Ашёи хоми радиоактивӣ

5

10.

Ашйи хоми кўҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм

5

11.

Ашйи хоми маъдани кўҳӣ ва хоми ғайримаъданӣ барои металлургия

10

12.

Дигар канданиҳои фоиданокие, ки дар ҳамин ҷадвал, инчунин тибқи қисми 3 ҳамин мода дар ҷадвали меъёрҳо барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ нишон дода нашудаанд

3

13.

Металҳои ранга ва нодир (мисс, сурб, руҳ, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, вольфрам, тантал, ниобий ва ғайра),  металҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо), ки аз партовҳои корхонаҳои саноати кўҳӣ истихроҷ мегарданд

0,5

 

  1. Роялти доир ба канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминиро истифодабарандаи қаъри замин сарфи назар аз он, ки онҳоро ба истеъмолкунандагон таҳвил додааст ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода бурдааст, месупорад, ба истиснои ҳолатҳои зерин, ки дар ҳамин қисм зикр шудаанд.

Роялти  аз ҷониби инҳо пардохта намешавад:

1) аз ҷониби шахсони воқеӣ доир ба обҳои зеризаминие, ки дар қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда ё истифодаи умрбоди меросӣ додашуда истихроҷ карда мешаванд, ба шарте агар чунин обҳо ба дигар шахс таҳвил дода ё барои истеҳсолот ва эҳтиёҷоти технологӣ ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;

2) аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкилотҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ истихроҷ менамоянд; (Қ  ҶТ аз  3.12.09с, №571).

3) аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин ҳангоми баргашта бо обҳои зеризаминии ҳамроҳ истихроҷшуда пур кардани ҷои онҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин.

  1. Ҳангоми истихроҷ намудани якчанд намуди канданиҳои фоиданок роялти доир ба ҳар як намуди канданиҳои фоиданок пардохта мешавад.
  2. Ҳаҷми роялти, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, ҳамчун ҳосили зарби арзиши ҳар як намуди канданиҳои фоиданоки истихроҷнамудаи истифодабарандаи қаъри замин дар давраи андоз ба меъёрҳои дахлдори роялти муайян карда мешавад.

 

Моддаи 292. Тартиби муайян намудани арзиши канданиҳои фоиданоки  истихроҷшуда

  1. Бо мақсади ҳисоби ҳаҷми роялти, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, арзиши канданиҳои фоиданоки истихроҷнамудаи истифодабарандаи қаъри замин дар давраи андоз, ба истиснои тилло, нуқра ва платина, вобаста ба нархи миёнаи таҳвили канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ё маҳсулоти якуми молии аз канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда бадастомада дар давраи андоз, бе назардошти андозҳои ғайримустақим муайян карда мешавад.
  2. Арзиши тилло, нуқра ва платинаи истихроҷкардаи истифодабарандаи қаъри замин дар давраи андоз вобаста ба нархи миёнаи чунин металлҳо дар давраи андоз дар Биржаи металлҳои Лондон, тибқи тартиби бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 293. Тартиби пардохти роялти

  1. Давраи андоз (ҳисоботӣ) оид ба муайян кардан ва пардохтани роялти моҳи тақвимӣ мебошад.
  2. Эъломияи (ҳисоби) роялтиро истифодабарандаи қаъри замин тибқи шакл ва тартиби бо мувофиқаи мақоми салоҳиятдор муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок то рўзи даҳуми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)
  3. Роялти доир ба тамоми навъҳои канданиҳои фоиданок дар мўҳлати на дертар аз рўзи 15-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ пардохта мешавад.

 

Моддаи 294. Муайян намудани арзиши канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ҳангоми анҷом надодани  таҳвил

  1. Ҳангоми дар давраи андоз анҷом надодани фурўши маҳсулоти якуми молӣ ҳамчун нархи миёнаи таҳвил

 (бидуни андозҳои ғайримустақим), ба истиснои тилло, нуқра, платина, барои ҳисоби арзиши канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда нархи миёнаи таҳвили (бидуни андозҳои ғайримустақим) маҳсулоти молии давраи охирин, ки дар он таҳвил анҷом дода шуда буд, ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

  1. Ҳангоми тамоман анҷом надодани таҳвил маҳсулоти якуми молӣ, ба истиснои тилло, нуқра ва платина, барои ҳисоби арзиши канданиҳои фоиданоки дар давраи ҳисоботӣ истихроҷшуда ҳамчун нархи миёнаи фурўш хароҷоти воқеии истихроҷи канданиҳои фоиданок қабул мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

Дар ин ҳолат истифодабарандаи қаъри замин ўҳдадор аст тасҳеҳи  минбаъдаи маблағҳои ҳисобшудаи роялтиро тибқи ҳамон давраи андозе, ки фурўши якум сурат гирифтааст, бо дарназардошти нархи воқеии таҳвили(бидуни андозҳои ғайримустақим) маҳсулоти якуми молӣ анҷом диҳад.

  1. хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

 

Моддаи 295. Тартиби муқаррар намудан ва пардохтани роялти  дар шакли натуралӣ

  1. Ҳангоми бастани созишномаи иловагӣ барои пардохти роялти дар шакли натуралӣ то лаҳзаи имзои он бояд ҳатман экспертизаи ҳуқуқӣ ва андоз гузаронда шавад.
  2. Шакли натуралии пардохти роялти бояд ба шакли пулии пардохт, ки барои пардохти роялти муқаррар шудааст, баробарарзиш бошад.
  3. Ҳангоми муқаррар намудани шакли натуралии пардохти роялти, дар созишномаи иловагӣ ҳатман инҳо нишон дода мешаванд:

1) қабулкунандае, ки аз номи давлат қисми маҳсулоти ба роялти мувофиқро (минбаъд – «қабулкунанда») қабул мекунад;

2) нуқтаи қабул ва шартҳои таҳвил.

  1. Мўҳлати аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин супоридани маҳсулоте, ки ба ҳисоби пардохти роялти дода мешавад, дар созишномаҳои иловагӣ бояд ба мўҳлатҳои пардохти роялти, ки барои пардохт дар шакли пулӣ муқаррар шудааст, мувофиқат намояд. (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)

Дар ин ҳолат истифодабарандаи қаъри замин маҳсулотро ба қабулкунанда дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати пардохти роялти, ки дар қарордоди истифодаи қаъри замин муқаррар шудааст, месупорад.

  1. Қабулкунанда дар мўҳлати муқаррарнамудаи пардохти роялити дар шакли пулӣ роялтиро дар шакли пулӣ ба буҷет мегузаронад, ки истифодабарандаи қаъри замин ҳисоб намудааст, инчунин мустақилона сари вақт ва пурра аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба вай супоридани ҳаҷми дахлдори маҳсулотро дар шакли натуралӣ назорат менамояд. (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)
  2. Истифодабарандаи қаъри замин ва қабулкунанда тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақоми дахлдори андоз оид ба супоридани роялти дар шакли натуралӣ дар мўҳлати муқаррарнамуда» ҳисобот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)
  3. Қабулкунанда барои вайрон кардани мўҳлатҳо ва пуррагии гузаронидани маблағҳо ба буҷет барои маҳсулоти гирифташуда ба ҳисоби пардохти роялти мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

 

ФАСЛИ ҶII. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

БОБИ 40. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 

Моддаи 296. Андозсупорандагон

Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард шахсони зерин ба ҳисоб мераванд:

1)                корхонаҳои резидентӣ;

2)                корхонаҳои хориҷие, ки тавассути муассисаҳои доимиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;

     3)   соҳибкорони инфиродӣ, ба истиснои соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 137 ҳамин Кодекс бо андози даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана андозбандӣ карда мешаванд.

 

 Моддаи 297.  Объекти андозбандӣ

 Объекти андозбандӣ маблағи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо, (хароҷот), ки боби 19 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ба ҳисоб меравад, ба истиснои хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда).

Ҳамзамон барои ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард тамоми тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ ба назар гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ  аз 70 фоизи даромади умумӣ тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс бештар набошанд, пас манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.

     Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш арзиши (нархи) пардохташуда (пардохташаванда) барои молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурўхта) шаванд, ҳамчун тарҳ (хароҷот) ба назар гирифта мешавад ва бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 298. Имтиёзҳои андоз

Бо ин андоз инҳо андозбандӣ  карда намешаванд:

1) ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

2) иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ,  ба истиснои фаъолияти соҳибкории онҳо.

 

Моддаи 299. Меъёри андоз

Меъёри андоз дар ҳаҷми 2 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.

      Меъёри андоз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш дар ҳаҷми 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 300. Манбаи андоз

 Манбаи андоз бо роҳи ҷамъ намудани ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо (хароҷот), ки боби 19 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоти сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда).

Ҳамзамон барои ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ аз 70 фоизи даромади умумӣ тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс зиёд набошанд, пас манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.

Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш арзиши (нархи) пардохташудаи (пардохташавандаи) молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурўхта) шаванд, ҳамчун тарҳ (хароҷот) ба назар гирифта мешавад ва бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад. , ба истиснои хароҷоти сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда). (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 301. Тартиб ва мўҳлати пардохти андоз

Давраи андоз, мўҳлати пардохт ва тартиби пешниҳоди эъломия ба монанди онест, ки барои андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст.

 

ФАСЛИ ҶIII. АНДОЗЕ, КИ  ТИБҚИ НИЗОМИ СОДДАКАРДАШУДА пардохта мешавад

 

БОБИ 41. АНДОЗЕ, КИ ТИБҚИ НИЗОМИ СОДДАКАРДАШУДА ПАРДОХТА МЕШАВАД

 

     Моддаи 302. Супорандагон

        Супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонаҳо, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ инчунин мутобиқи қисми 3 моддаи 137 ҳамин Кодекс соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки  даромади умумии онҳо барои давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз як соли тақвимӣ  бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд намебошад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

         Агар дар ягон моҳи соли ҷорӣ андозсупоранда аз ҳадди даромади умумии дар сархати аввали ҳамин модда муқарраршуда гузашта бошад, ин андозсупоранда то охири соли ҷорӣ супорандаи андози аз рўи системаи соддакардашуда пардохтшаванда буданро идома медиҳад ва ўҳдадор аст аз 1 январи соли оянда ба системаи умумии андозбандӣ гузарад (яъне супорандаи андози аз рўи системаи соддакардашуда пардохтшаванда буданро қатъ намояд).

        Андозсупоранда дар хусуси зиёд шудани ҳадди даромади умумии дар сархати аввали ҳамин модда муқарраршуда ба таври хаттӣ мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгириро то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи зиёдшавии ҳадди дар боло зикргардидаи даромади умумӣ хабардор мекунад. 

 

Моддаи 303. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ даромади умумии дар давраи ҳисоботӣ бадастомада мебошад. Даромади умумӣ дар асоси усули хазинавӣ чун маблағи дар даврап ҳисоботӣ аз фурӯши (таҳвили) молу мулк (кору хизмат), инчуннн даромадҳои ғайрифурӯшӣ ва дигар даромадҳои дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ бадастомада бо тарӣи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва андоз аз фурӯши чакана ҳисоб карда мешавад. Даромади умумӣ бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои даромад, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда шудаанд, тасдиқ гардад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Новобаста ба дигар муқаррароти ҳамин Кодекс, андозсупорандагоне» иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои «андози ҳадди ақал аз даромадҳо,» калимаҳои «андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки тибқи низоми соддакардашуда андозбандӣ мегарданд, супорандагони андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо, инчунин нисбати даромадҳои бевоситаи соҳибкорони инфиродӣ андози даромад мутобиқи талаботи фаслҳои IV ва VI ҳамин Кодекс намебошанд.
  3. Андозсупорандагони дар боло зикрёфта доир ба андоз аз даромад нисбати кормандон агентҳои андоз ва доир ба андози иҷтимоӣ бошад, - ҳамзамон андозсупорандагон ва агентҳои андоз ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон ҳар коргари кироя (новобаста аз он ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ   ба расмият дароварда шудааст ё не) бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ҳамин коргар бо андози даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шавад, аммо барои мақсадҳои ҳисоб кардани андози даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, кам қабул карда шавад«(ба истиснои корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, баҳисобгирии оддии даромад, хароҷот ва ҳисоботро бо усули соддакардашуда, тибқи тартиби бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.
  2. Имтиёзҳои пешбининамудаи моддаи 145 ҳамин Кодекс барои мақсадҳои фасли мазкур татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 304. Меъёри андоз

Меъёри андоз дар ҳаҷми   4  фоизи объекти андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 305. Тартиби истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ

  1. Давраи андоз (ҳисоботӣ) барои андозсупорандагон ҳангоми истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ семоҳа мебошад.
  2. Андозсупоранда ба мақоми андоз дар мўҳлати то рўзи 10-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботии андоз эъломияро оид ба маблағи пардохтшавандаи андоз пешниҳод менамояд ва дар ҳамин мўҳлат андози дахлдорро мепардозад.
  3. Андозсупорандае, ки тибқи низоми умумӣ андозбандӣ мешавад ва даромади умумиаш дар соли тақвимӣ, бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд намебошад, ухдадор аст, ки аз 1 январи соли оянда ба рӯйхати супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, гузарад. Барои ин андозсупорандаи мазкур бояд ба мақомоти андози дахлдор бо аризаи хаттӣ на дертар аз 10 январи соли оянда муроҷиат намуда, бо гузаронидани санҷиши андоз ба рӯйхати супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохт мешавад, ворид карда шавад.

Супорандаи андози тибқи низоми соддакардашуда пардохтшавандае, ки даромади умумиаш дар соли тақвимӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи мукаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд шудааст, ӯхдадор аст, ки аризаи хаттӣ пешниҳод намуда, аз 1 январи соли оянда ба низоми умумии андоз гузарад.

Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи дар банди якўм ё дуюми ҳамин кисм муқарраршуда ва пешниҳод карда нашуданн аризаи хаттии андозсупоранда мақомоти андоз мустақилона бо риояи тартиби муқарраргардида чунин андозсупорандаро ба рӯйхати супорандагони андози тибқи низоми соддакардашуда пардохтшаванда ё ба низомп умумии андоз аз 1 январи соли баъди соли хисоботй гузаронида, андозсупорандаро дар ин хусус ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

ФАСЛИ ҶIV. АНДОЗИ ЯГОНА БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

 

БОБИ 42. АНДОЗИ ЯГОНА БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ  МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

 

Моддаи 306. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд – «андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ») шахсони ҳуқуқӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ширкатҳои хоҷагидорӣ ва (ё) кооперативҳои истеҳсолии дар заминаи онҳо таъсисёфта мебошанд, ки барои онҳо замин воситаи асосии истеҳсолот (минбаъд – «истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ») ба ҳисоб мераванд.

         Бо хоҳиши андозсупоранда андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати парвариш, таҳвили чорво ва маҳсулоти он метавонад татбиқ карда нашавад.

  1. Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ танҳо ба ҳамон қисми фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ татбиқ мегардад, ки ба истеҳсол ва таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ (фаъолияти кишоварзӣ) алоқаманд аст.
  2. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти дигари ғайрикишоварзӣ нисбати чунин фаъолият истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бояд тибқи тартиби умумии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс андозбандӣ карда шаванд ва оид ба даромад ва хароҷоти фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ ҳисоби алоҳидаро пеш мебаранд.

Дар айни замон барои мақсадҳои муайян намудани фоидаи андозбандишаванда аз фаъолияти ғайрикишоварзӣ (аз фаъолият оид ба коркарди минбаъдаи маҳсулоти кишоварзии худӣ) арзиши маҳсулоти кишоварзии рўёндаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки худаш ба сифати ашёи хом барои коркарди минбаъда истифода мебарад, дар асоси нархи бозории чунин маҳсулоти кишоварзӣ муайян карда мешавад.

  1. Андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки дар таркиби худ воҳидҳои махсуси дар тавозуни мустақил қарорнадоштаро доранд, ки ба коркарди минбаъдаи маҳсулоти кишоварзии аз замини худ рўёнида ва аз дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бадастоварда машғуланд, ҳуқуқ доранд ба системаи андозбандии умумӣ гузаранд. Чунин гузариш танҳо аз 1 январи соли минбаъдаи соли ба таври хаттӣ муроҷиат намудан ба мақоми андози ҳудудӣ дар хусуси гузаштан ба системаи андозбандии умумӣ амалӣ мегардад.

Дар бораи мақсади гузаштан ба системаи андозбандии умумӣ андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақоми андози ҳудудӣ то 1 октябри соли ҷорӣ муроҷиат мекунад.

Ҳамзамон барои соли андозе, ки пеш аз соли гузариш ба системаи андозбандии умумӣ (яъне барои соли андозе, ки дар он ба мақоми андози ҳудудӣ дар хусуси гузариши дар боло зикршуда муроҷиати хаттӣ пешниҳод шуда буд) мебошад, андозсупоранда (истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ) ўҳдадор аст ба мақоми андози ҳудудӣ мутобиқи моддаи 197 ҳамин Кодекс барои мақсадҳои амалӣ намудани пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз мутобиқи моддаи 198 ҳамин Кодекс ва иҷрои дигар муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия пешниҳод намояд. Дар мавриди гузариш ба системаи андозбандии умумӣ андозсупоранда (истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ) ҳуқуқи озодкунӣ аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои боби 42 ҳамин Кодекс пешбининамударо аз даст медиҳад.

Бозгашт аз системаи андозбандии умумӣ ба низоми андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳамин тартиб сурат мегирад. 

 

Моддаи 307. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ масоҳати замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба истиснои заминҳое, ки мутобиқи моддаи 271 ва қисми 4 моддаи 267 ҳамин Кодекс аз андози замин озод карда шудаанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Маблағи андози ягона аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 7 ҳамин модда муқаррар шудаанд ва дар шакли пардохтҳои устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешаванд.
  3. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар қисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандӣ мегарданд (фаъолияти кишоварзӣ), аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:

- андоз аз арзиши иловашуда оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар заминҳои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;

- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар заминҳои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;

- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

- андози ҳадди ақал аз даромадҳо; (ҚҶТ аз  3. 12. 09с, №571).

- андози замин;

- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда супорида мешавад.

  1. Маблағи андози ягона ҳамчун ҳосили зарби масоҳати қитъаи замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба меъёрҳои муқарраршудаи андози ягона муайян карда мешавад.
  2. Даромади вобаста ба фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқонии (фермерии) бе шахси ҳуқуқӣ таъсисёфта, ки бояд бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ шавад, аз андози даромад озод карда мешавад.
  3. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, бояд суғуртаи иҷтимоӣ кардашуда, ба буҷет аз даромаде, ки мутобиқи қисми 5 ҳамин модда аз андоз аз даромад озод карда шудааст, андози иҷтимоиро на камтар аз ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.  (ҚҶТ аз  3. 12. 09с, №571).
  4. Ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ё садама бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди муайян ё барои андозсупорандагони муайян мумкин аст кам карда шавад.

 

    Моддаи 308. Меъёрҳои андози ягона

      1.Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар гектар замин барои соли тақвимӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд (бо сомонӣ):

 

                Намудҳои

                заминҳо

                (қитъаҳо)

 

Номи

минтақаҳои

кадастрӣ

Заминҳои кишт

Дарахтҳои бисёрсола

обӣ

лалмӣ

обӣ

лалмӣ

Обёрии табиӣ

Обёрии мошинӣ

Обёрии табиӣ

Обёрии мошинӣ

Суғд, аз ҷумла

минтақаҳои кўҳӣ

120

104

88

80

7

10

140

112

100

88

8

10

Ҳисор, аз ҷумла

минтақаҳои кўҳӣ

128

100

88

72

8

9

140

108

100

84

10

13

Рашт

104

80

10

112

88

15

Кўлоб, аз ҷумла

минтақаҳои кўҳӣ

132

100

88

80

9

10

140

108

100

84

7

10

Вахш, аз ҷумла

минтақаҳои кўҳӣ

140

120

104

88

6

9

164

140

112

92

6

8

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

(бе минтақаи Мурғоб)

36

24

4

40

27

3

 

        Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои заминҳои мутобиқи ҳуҷҷатҳои заминию кадастрӣ ҳамчун чарогоҳҳо, алафзорҳо, роҳҳо, кўчаҳо, иморатҳои ҷамъиятӣ, майдонҳо, бешаҳо, каналҳо, ҷўйҳо, заҳбурҳо ва дигар заминҳои дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифоданашавандаи ба онҳо вобастакардашуда андози ягонаро барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи меъёрҳои моддаи 267 ҳамин Кодекс месупоранд.

        2.Доир ба заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми нисфи меъёри дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳали қайд то 1 июни соли ҳисоботӣ (андоз) пешниҳод карда мешавад.

         3.Ҳайати минтақаҳои кадастрӣ, минтақаҳои кўҳӣ дар ҳудуди минтақаҳои кадастрӣ, инчунин меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ доир ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор доир ба масъалаҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 309. Тартиби пешниҳод кардани ҳисоби андоз

  1. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ то 1 феврали соли ҷорӣ ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии (баҳисобгирии, бақайдгирии) худ ҳисоби маблағи андози ягонаи соли ҷорӣ ва ҳисоби маблағи андози иҷтимоиро (фақат барои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ (хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошад)) барои соли ҷорӣ тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  2. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки фаъолияташон аз доираи андозбандии андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ берун аст (яъне фаъолияте, ки аз доираи истеҳсол ва таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ берун аст), ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии (баҳисобгирии, бақайдгирии) худ ҳисоботи андозро тибқи шакл, тартиб ва мўҳлати мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс муқарраршуда пешниҳод менамоянд.

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки фаъолияташон танҳо бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ мешавад, ҳисоботи андози дар боло зикршударо пешниҳод намекунанд.

  1. Истеҳсолкунандагони пахта ҳисоби аниқи маблағи андози ягонаи соли ҷории барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ муайяншударо ба мақоми дахлдори андоз то 1 июни соли ҷорӣ пешниҳод мекунанд. Ҳамзамон пардохти маблағи андоз, ки барои 15 август ҳисоб шудааст, бо назардошти тасҳеҳи пардохти маблағи андоз барои 15 феврал ва 15 майи соли ҷорӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 310. Мўҳлати пардохти андози ягона

  1. Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли андози ҷорӣ на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона дар маҳалли ҷойгиршавии заминҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ супорида мешавад.
  2. Андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун хисоботӣ андоз ба ҳисоб меравад, то мӯҳлати якўми пардохти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда пардозад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

ФАСЛИ ҶV.  АНДОЗ АЗ ФУРЎШ (НАХИ ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)

 

БОБИ 43. АНДОЗ АЗ ФУРЎШ (НАХИ ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)

 

Моддаи 311. Супорандагони андоз

  1. Супорандагони андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия (минбаъд – «андоз аз фурўш») шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки нахи пахта ва алюминийи аввалияи (минбаъд – «молҳои андозбандишаванда») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшударо ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳвил медиҳанд, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии молҳои андозбандишавандаро мустақилона коркардкунанда ё барои коркард ё дигар мақсадҳо диҳанда, ба истиснои шахсоне, ки супорандагони андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо мебошанд.
  2. Шахсоне, ки молҳои андозбандишавандаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд, ҳамчунин супорандагони андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия низ мебошанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 312. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ арзиши молҳои таҳвилшудаи андозбандишаванда, ба гарав монда, тибқи муомилоти фючерсӣ фурўхташуда, ба сифати ашёи хоми молик додашаванда, содир кардани молҳои андозбандишаванда ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арзиши молҳои андозбандишавандаи мустақилона коркарднамуда ё барои коркард ё дигар мақсадҳо додашуда, ба истиснои молҳое, ки бо андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо андозбандӣ шудаанд (минбаъд – «амалиётҳои андозбандишаванда») мебошад.
  2. Воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия амалиётп андозбандишаванда ба хисоб меравад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 313. Манбаи андоз

  1. Барои муайян кардани манбаи андоз арзиши молҳои ба фурўш баровардашавандаи (таҳвилшавандаи), инчунин коркардшавандаи, додашавандаи андозбандишаванда, ки дар асоси нархҳои дар санаи содир гардидани амалиёти андозбандишаванда ташаккулёфта ҳисобкардашудаи моли андозбандишаванда бо назардошти сифат, намуд ва навъ дар биржаи дахлдори байналмилалӣ (минтақавӣ), ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, қабул карда мешавад.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки молҳои андозбандишавандаро харида мефурўшанд, андози фурўшро дар шакли фарқи байни маблағи андозе мепардозанд, ки дар асоси истифодаи нарх барои андозбандӣ дар санаи фурўши молҳои андозбандишаванда ба харидорон ва санаи харидани онҳо аз таҳвилкунандагони худ ҳисоб карда шудааст.
  3. Манбаи андоз барои молхои андозбандишавандаи воридотӣ тибқи қонунгузории гумрукӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 314. Меъёрҳои андоз

Меъёрҳои андоз аз фурўш барои ҳисобкунии маблағи андоз бо фоиз нисбати нархҳои биржавии молҳои андозбандишаванда дар ҳаҷми зерин муайян карда мешавад:

1) барои нахи пахта – 10 фоиз;

2)  барои алюминийи аввалия – 3 фоиз.

 

Моддаи 315. Тартиби ҳисобкунӣ  ва мўҳлати пардохти андоз

  1. Маблағи андози пардохташавандаро супорандагон мустақилона, дар асоси нархҳои биржавӣ дар рўзи содир гаштани амалиёти андозбандишаванда, бо назардошти сифат, намуд, навъ ва ҳаҷми молҳои андозбандишаванда, инчунин меъёри андоз ҳисоб мекунанд. Дар ҳуҷҷатҳои пардохти андоз тарзи содир намудани амалиёти андозбандишаванда нишон дода мешавад.
  2. Ҳангоми харида фурўхтани молҳои андозбандишаванда андоз бо назардошти нарх дар санаи харид, санаи фурўш ва ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда муайян карда мешавад.
  3. Ҳангоми дар рўзи фурўш дар супоранда мавҷуд набудани нархи биржавӣ андоз дар асоси маълумоти мавҷуда оид ба нархи биржавии моли андозбандишаванда дар санаи наздиктарини рўзи фурўш ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи моли андозбандишавандаи фурўхташуда дар санаи фурўш аниқ карда мешавад.
  4. Андоз то таҳвили моли андозбандишаванда, дар мўҳлати на дертар аз се рўзи баъди ворид шудани маблағ ба суратҳисоби супоранда дар муассисаи бонк, ҳангоми ҳисобӣ бо пули нақд – ба хазинаи ў ва ҳангоми ройгон додани он, мубодилаи молҳои андозбандишаванда, супоридан ба сифати ашёи хоми молик ё гарав - то бор кардан, таҳвил, интиқол  пардохта  мешавад.

    Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро аз худ кардаанд, ӯҳдадоранд, ки нусхаи ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба Нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур чунин шахсон ӯҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Ҳангоми ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардани моли андозбандишаванда андоз то гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи нархҳои дар лаҳзаи содирот амалкунанда пардохта мешавад. Шахсоне, ки ба таҳвили молҳои андозбандишаванда ё содироти молҳои андозбандишаванда ба хориҷи ҷумҳурӣ бе пардохти андоз аз фурўш роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Баъди пардохти андоз ҳангоми содирот молҳои андозбандишаванда минбаъд андозбандӣ карда намешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  2. Эъломия аз рўи андоз аз фурўш дар шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз ба мақомоти дахлдори андоз аз ҷониби таҳвилкунанда на дертар аз 5 рўзи тақвимӣ пас аз таҳвили молҳои андозбандишаванда (амалиёти андозбандишавандаи анҷомёфта) пешниҳод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  3. Ҳисоб намудани андоз барои амалиёти андозбандишаванда ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани нахи пахта ва алюминийи аввалия бо назардошти талаботи боби мазкур ва қонунгузории гумрук анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

Моддаи 316. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда  ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Нисбати молҳои аз ҷониби резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвилнамуда, ки мустақиман маҳсули коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия мебошанд (минбаъд – «маҳсули коркард»), ба ҳисоб гирифтани андоз аз фурўш, ки ҳангоми хариди нахи пахта ва алюминийи аввалия ё вобаста ба коркарди мустақилона ё ба коркард додани молҳои андозбандишаванда пардохта шудааст, ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ҳангоми таҳвили маҳсули коркард ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад, иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)
  2. Ҳангоми таҳвили маҳсули коркард барои содирот ва ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтан мутобиқи қисми 1 ҳамин модда тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 228, 229 ва 230 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

Дар айни замон тибқи тарзи мутаносибӣ маблағи андоз аз фурўш, ки ба ҳисоб гирифта мешавад, бо назардошти вазни қиёсии таҳвили маҳсули коркард ба бозори дохилӣ дар маблағи умумии таҳвили маҳсули коркард (ба бозори дохилӣ ва барои содирот) муайян карда мешавад.

  1. Ҳангоми содироти маҳсули коркард ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд пардохта шавад, анҷом дода намешавад.
  2. Агар фарқи байни андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд тибқи таҳвили маҳсули коркард ба бозори дохилӣ пардохта шавад ва маблағи дахлдори андоз аз фурўш манфӣ бошад, ҷуброни (баргардонидани) маблағ аз фурўш аз буҷет анҷом дода намешавад.

Фарқи мусбии байни маблағҳои дар боло зикргардида бояд ба буҷет пардохта шавад.

  1. Дастуруламал дар бораи тартиби ба амал баровардани баҳисобгирии пешбининамудаи ҳамин модда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 317. Назорати пардохти андоз

Назорати  пардохти саривақтӣ ва пурраи андоз аз фурўш  ба буҷет аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.

 

ФАСЛИ ҶVI. АНДОЗИ Ҳадди ақал  аз даромадҳо

 

БОБИ 44.  АНДОЗИ Ҳадди ақал аз даромадҳо

 

Моддаи 318. Андозсупорандагон

  1. Супорандагони андози ҳадди ақал аз даромадҳо инҳо мебошанд:

1) корхонаҳои резидентӣ;

2) корхонаҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро тавассути муассисаҳои доимии худ анҷом медиҳанд;

3) соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қисми 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс.

  1. Шахсони дар ҳамин модда зикргардида дар ҳамин боб андозсупорандагон номида мешаванд.

 

Моддаи 319. Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ ин даромади умумӣ (ба истиснои АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА, андоз аз фурўши чакана ва дар мавриди таҳвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ба истиснои маблағи ҳисобкардашудаи андоз аз фурўш) мебошад, ки барои давраи ҳисоботӣ гирифта шудааст (бояд гирифта шавад).

 

Моддаи 320. Имтиёзҳои андоз

Бо ҳамин андоз  андозсупорандагоне, ки аз андоз аз фоида мутобиқи моддаи 145 ва дигар муқаррароти ҳамин Кодекс озод карда шудаанд, андозбандӣ намегарданд.

 

Моддаи 321. Меъёри андоз ва тартиби гузаронидани он ба буҷет

  1. Меъёри андози ҳадди ақал аз даромадҳо ба як фоизи объекти андозбандӣ баробар аст.
  2. Давраи андоз барои андози ҳадди ақал аз даромадҳо соли тақвимӣ мебошад.
  3. Ҳисобкунии ниҳоӣ бо буҷет оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо вобаста ба натиҷаи сол дар мўҳлати на дертар аз 10 апрели баъди соли андоз фарорасанда анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 322. Эъломия дар бораи андози ҳадди ақал аз даромадҳо

  1. Эъломияи солона оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои соли ҳисоботии андоз то 1 апрели соли баъди соли ҳисоботии андоз фарорасанда пешниҳод карда мешавад.
  2. Шакл ва тартиби пешниҳоди эъломияи солонаро оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 323. Баҳисобгирии маблағи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ ба ҳисоби пардохти андози ҳадди ақал аз даромадҳо

 

            Баҳисобгирии маблағи ҳисобшудаи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ барои давраи ҳисоботии андоз ба ҳисоби маблағи ҳисобшудаи андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои ҳамон давраи андоз анҷом дода мешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад камтар аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадхо бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад пардохта намешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад бояд ба буҷет дар ҳаҷме, ки маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд аст, пардохта мешавад. Дар ҳама ҳолат маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо бояд ба буҷет дар ҳаҷми пурра пардохта шавад. 

 

 

ФАСЛИ ҶVII.  АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ

 

БОБИ 45. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 324. Муқаррароти умумӣ

  1. Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди худ андозҳои маҳаллиро, ки дар моддаи 6 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, дар асоси муқаррароти ҳамин Кодекс муқаррар менамоянд.
  2. Нисбати андозҳои маҳаллӣ муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.
  3. Қарорҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нисбати андозҳои маҳаллӣ бояд ба муқаррароти ҳамин Кодекс мутобиқат намоянд ва дар нашрияҳои даврагии дастраси омма, ки дар ҳудуди дахлдор паҳн карда мешаванд, расман чоп карда шаванд ва мутобиқи қисми 2 моддаи 2 ҳамин Кодекс эътибор пайдо мекунанд.
  4. Дастуруламалҳо оид ба татбиқи андозҳои маҳаллӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои дахлдор бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

БОБИ 46. АНДОЗ АЗ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ

 

Моддаи 325. Андозсупорандагон

Супорандагони андоз аз молу мулки ғайриманқул шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – моликони молу мулки ғайриманқул ё шахсоне эътироф карда мешаванд, ки ин молу мулкро истифода мебаранд ва он мутобиқи моддаи 326 ҳамин Кодекс объекти андозбандӣ мебошад.

 

Моддаи 326. Объекти андозбандӣ

Объектҳои андозбандӣ намудҳои зерини молу мулк эътироф карда мешаванд: хонаҳои истиқоматӣ, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳо (минбаъд – «молу мулки ғайриманқул»).

 

Моддаи 327. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз масоҳати ҳамаи ошёнаҳои молу мулки ғайриманқул (ба истиснои иншоотҳо) мебошад, ки бо назардошти коэффисиентҳо мутобиқи муқаррароти ҳамин модда тасҳеҳ шудааст. Манбаи андоз барои иншоотҳо (ба истиснои иншоотҳои нотамом) масоҳати замине ба ҳисоб меравад, ки дар амал онҳо ишғол намудаанд. (ҚҶТ аз  3. 12. 09с, №571).
  2. Масоҳати ошёнаи якуми молу мулки ғайриманқул тавассути аз берун чен кардани андозаи молу мулки ғайриманқул ё дар ҳолати имконнопазир будани ченкунии берунии андозаи молу мулки ғайриманқул аз рўи масоҳати умумии муфиди манзили дохилии молу мулки ғайриманқул, ки ба коэффисиенти 1,25 зиёд карда шудааст, муайян карда мешавад.
  3. Агар молу мулки ғайриманқул таҳхона дошта бошад, он дар вақти муайян кардани манбаи андоз танҳо дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар баландӣ аз фарш то шифт дар таҳхона на камтар аз 2 метр бошад. Дар ин ҳолат дар ҳисоби манбаи андоз масоҳати чунин таҳхона баробари 50 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян шудааст.
  4. Агар молу мулки ғайриманқул болохона дошта бошад, он ҳангоми муайян кардани манбаи андоз танҳо дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар баландӣ аз фарши болохона то нуқтаи пасти шифти болохона на камтар аз 2 метр бошад. Дар ин ҳолат дар ҳисоби манбаи андоз масоҳати чунин болохона баробари 50 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян шудааст.
  5. Ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз майдони ошёнаи 2 ва 3 молу мулки ғайриманқул баробари 100 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян карда шудааст.
  6. Ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз майдони ошёнаи 4 ва 5 молу мулки ғайриманқул баробари 90 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян карда шудааст.
  7. Ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз майдони ошёнаҳои 6 ва баландтари молу мулки ғайриманқул баробари 80 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян карда шудааст.
  8. Агар баландӣ аз фарш то нуқтаи пасти шифт дар ҳар кадом аз ошёнаҳои молу мулки ғайриманқул дар масофаи аз 4 то 6 метр қарор дошта бошад, ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз майдони чунин ошёна баробари 150 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян карда шудааст ва он ба коэффисиентҳои ошёнавӣ, ки мутобиқи қисмҳои 3-7 ҳамин модда бо фоизҳо ифода ёфтаанд, тасҳеҳ карда мешавад.
  9. Агар баландӣ аз фарш то нуқтаи пасти шифт дар ҳар кадом аз ошёнаҳои молу мулки ғайриманқул аз 6 метр зиёд бошад, ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз масоҳати чунин ошёна баробари 200 фоизи масоҳате қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян карда шудааст ва он ба коэффисиентҳои ошёнавӣ, ки мутобиқи қисмҳои 3-7 ҳамин модда бо фоизҳо ифода ёфтаанд, тасҳеҳ карда мешавад.
  10. Андозаи (ҳаҷми) молу мулки ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ин молу мулк ё дар асоси ченкунии гузаронидаи мақоми андоз, ки ин молу мулк дар ҳудуди он воқеъ гардидааст, мутобиқи тартиби бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
  11. Барои шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз майдони биноҳои ғайриманзилии алоҳида ҷойгиршуда (гаражҳо, саройҳо ва монанди инҳо) баробари 50-70 фоиз, майдони биноҳои нигаҳдории чорво – баробари 20-50 фоизи майдоне қабул карда мешавад, ки мутобиқи қисмҳои 1-10 ҳамин модда муайян карда шудааст.

 

Моддаи 328. Имтиёзҳо

  1.Бо андози мазкур молу мулки ғайриманқуле, ки моликияти (дар баланси) ташкилоти буҷетӣ ё корхонахои на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкилдиҳанда буда, ин ташкилоти буҷетӣ (ин корхонаҳо) мустақиман барои иҷрои вазифаҳои оинномавиаш истифода мебарад ва ба иҷора ё истифодаи шахси дигар дода нашудааст (ба истиснои иҷора ё ба истифода додан ба ташкилоти буҷетӣ) андозбандӣ намегардад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Бо андози мазкур молу муки ғайриманқул дар намуди хонаи истиқоматӣ ва дигар биною иморат ва иншоот дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё як қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷойдошта ва  ё як ҳуҷра, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин як бўстонсарой ва як гараж, ки моликияти шахсони дар ҳамин сархат зикргардида ба ҳисоб мераванд, андозбандӣ намегарданд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  2. Маблағи имтиёзи аз андози мазкур додашаванда барои шахсони дигари воқеӣ, ки дар қисми 2 ҳамин модда нишон дода нашудаанд, аз ҳаҷми дар қисми 2 моддаи 139 Кодекси мазкур муқарраршуда зиёд шуда наметавонад.
  3. Иншооти роҳҳои оҳани истифодаи умум, роҳҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, қубурҳои интиқоли магистралӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншоот тибқи номгўе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, андозбандӣ намегарданд. (ҚҶТ аз 3. 12. 09с, №571).

 

       Моддаи 329. Меъёри андоз

 1.Меъёрҳои андоз аз молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми карат аз меъёри андози замин мутобиқи моддаҳои 266 ва 267 ҳамин Кодекс дар ҳудудҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

-молу мулки ғайриманқуле, ки ба сифати биноҳои истиқоматӣ истифода мешаванд- ба андозаи 15-карата; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

-молу мулки ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифода мешаванд- ба андозаи 60-карата; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

-молу мулки ғайриманқул, ки барои дигар мақсадҳои дар ҳамин қисм зикрнаёфта истифода мешаванд- ба андозаи 40 карата. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  Аз рӯи молу мулки ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳатӣ ҷойгир мебошад, меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул аз рӯи биноҳои истиқоматӣ ба андозаи 20-карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқул барои ташкили фаъолияти тиҷоратӣ, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба андозаи 250-карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқули барои дигар мақсадҳо истифодашаванда ба андозаи 100-карата муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

  1. Барои мақсадҳои андоз аз молу мулки ғайриманқул меъёрҳои андози замин барои минтақаи Мурғоб баробари меъёрҳои миёнаи андози замин барои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қабул карда мешаванд.

 

Моддаи 330. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз

  1. Маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти андоз, ки дар ҳудуди фаъолияти онҳо молу мулки ғайриманқул воқеъ гардидааст, тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, дар асоси манбаи маълумот оид ба молу мулки ғайриманқул, ки дар мақомоти андоз ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.

Шахсони ҳуқуқӣ дар асоси маълумот оид ба молу мулки ғайриманқул ба санаи 1 январи соли ҷорӣ мустақилона маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқулро барои соли ҷории тақвимӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоб карда, ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ҳисоби дар боло зикршударо то 1 феврали соли ҷорӣ пешниҳод менамоянд ва маблағи ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқулро барои соли ҷории тақвимӣ на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол  дар ҳаҷми мутаносибан на камтар  аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона мепардозанд.

Маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқул чун ҳосили зарби манбаи андози мутобиқи моддаи 327 ҳамин Кодекс муайянгардида ба меъёри андоз мутобиқи моддаи 329 ҳамин Кодекс ҳисоб карда мешавад.

  1. Маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дар соли ҷории андоз дар асоси маълумот оид ба молу мулки ғайриманқул ба санаи 1 январи соли ҷорӣ ҳисоб карда мешавад.
  2. Маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқул танҳо оид ба объектҳои сохтмонашон хотимаёфта, ки онҳо амалан истифода бурда мешаванд, муайян карда мешавад, ҳатто агар онҳо ба қайди дахлдори давлатӣ гузошта нашудаанд ва ба онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдори техникӣ ё дигар ҳуҷҷат ба расмият дароварда нашуда бошад.
  3. Андозсупорандагон дар бораи маблағи ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти андоз тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ то 1 июли соли ҷорӣ огоҳ карда мешаванд.
  4. Маблағи ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ барои соли ҷории андоз, ки дар огоҳномаи мақоми андоз нишон дода шудааст, бояд ба буҷет то 1 октябри соли ҷорӣ пардохта шавад.
  5. Агар бо ягон сабаб огоҳнома дар бораи маблағи ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқул ба шахси воқеӣ то 1 июли соли ҷорӣ расонда нашавад, чунин шахси воқеӣ ўҳдадор аст мустақилона дар ин бора ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул хабар диҳад, то ки аз мақоми андоз огоҳномаро дар бораи ҳисобкунии андоз гирифта, маблағи андозро то мўҳлати дар қисми 5 ҳамин модда муқарраршуда пардозад.
  6. Шахсони воқеӣ пардохти ҷории андоз аз молу мулки ғайриманқулро на дертар аз 1 феврал, 1 май ва 1 августи соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз ва 75 фоизи маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқули ҳисобшуда барои соли гузашта ва на дертар аз 1 октябри соли ҷорӣ ба маблағи баробари фарқи байни маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқули ҳисобшуда барои соли андози ҷорӣ ва маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқули барои давраи гузаштаи соли ҷорӣ пардохташуда анҷом медиҳанд.
  7. Андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андоз аз молу мулки ғайриманқулро тибқи аризаи хаттӣ, ки хамчун хисоботи андоз ба ҳисоб меравад, дар мўҳлати якўми муқаррарнамудаи ҳамин модда пардохт намояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

 

БОБИ 47. АНДОЗ АЗ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

 

Моддаи 331. Андозсупорандагон

Ҳама гуна шахси соҳиби воситаи нақлиёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шавад,  андозсупоранда мебошад.

 

Моддаи 332. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ ҳама гуна воситаи нақлиётест, ки дар гурўҳи 87 (таҳти рамзҳои 8702-8705, 8711) номгўи молии фаъолияти хориҷии иқтисодӣ нишон дода шудааст.
  2. Дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайд наистодани воситаҳои нақлиёт, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд, инчунин вайрон будан ё бо дигар сабабҳо истифода набурдани воситаҳои нақлиёте, ки аз қайди номбаршуда гузаштаанд (дар ҳисоб мебошанд), барои насупоридани маблағи андоз аз ҷониби соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт асос шуда наметавонад. Танҳо воситаҳои нақлиёте, ки аз қайди воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиб ва асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бароварда шудаанд, бояд аз таркиби объектҳои андозбандӣ хориҷ карда шаванд.

 

Моддаи 333. Озодкунӣ аз пардохти андоз

Аз андозбандӣ  инҳо озод мебошанд:

1) мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх;

2) комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;

3) автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;

4) мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта.

5) як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил мебошад.

 

Моддаи 334. Манбаи андоз

Манбаи андоз иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ифода ёфтааст.

 

Моддаи 335. Меъёрҳои андоз

Меъёрҳои андоз вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт тафриқа шудаанд ва дар як сол ҳаҷмҳои зеринро ташкил медиҳанд (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик):

 

Номи объектҳои андозбандӣ

Андоз бо фоиз нисбати  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рўзи супоридани андоз амал мекунад

Мотосикл ва мотороллерҳо

Автомобилҳои сабукрав

Автобусҳо (то 12 ҷой)

Автобусҳо ( барои 13-30 ҷой)

Автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой)

Автомобилҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёти иқтидори борбардориашон то 10 тонна

Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 10 то 20 тонна)

Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 20 то 40 тонна)

Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна)

2, 5 фоиз

                              5  фоиз

                              6, 25 фоиз

                              7, 5 фоиз

                               8, 75 фоиз

 

10,0 фоиз

 

                              11, 25 фоиз

 

12, 5 фоиз

 

                             13, 75 фоиз

 

               (ҚҶТ аз 3.12.09с, № 571).

 

 

Моддаи 336. Тартиби супоридани андоз

  1. Андоз ба буҷети дахлдори маҳаллӣ бояд дар ҷои бақайдгирии воситаҳои нақлиётӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлате пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ муқаррар шудааст. Мўҳлати муоинаи ҳарсолаи техникии воситаҳои нақлиётро Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд. Вайрон намудани мўҳлати супоридани андоз барои ҳисоб намудани фоиз тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс асос мебошад. Ҳангоми аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт андоз супорида намешавад, агар соҳиби пештараи он барои соли мазкур андозро пардохта бошад.
  2. Бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар хусуси супоридани андоз барои соли ҷорӣ бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ва муоинаи техникӣ гузаронида намешавад.

Андозсупоранда ҳуқуқ надорад бе пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт барои соли ҷорӣ воситаи нақлиётро истифода барад.

  1. Дар сурати набудани ҳуҷҷат дар хусуси гузаштани муоинаи ҳарсолаи техникӣ Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд ҳуҷҷати супоридани андозро талаб намояд.
  2. Ҳисобу китоби маблағи андозе, ки бояд барои соли ҷорӣ пардохта шавад, шахсони ҳуқуқӣ ба мақоми андози ҷои бақайдгирии худ то 1 апрели соли ҷорӣ пешниҳод менамоянд. Шакли ҳисобу китобро оид ба маблағи ҳисобшудаи андоз мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунад. Мақомоти андоз воситаҳои нақлиётро дар миқёси шахсони ҳуқуқӣ – соҳибони воситаҳои нақлиёт ва маблағи ҳисобшударо оид ба онҳо тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб мегиранд.
  3. Ҳар сол, то 1 апрели соли баъди соли ҳисоботӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба воситаҳои нақлиёте, ки ба санаи 31 декабри соли ҳисоботӣ дар қайди мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошанд, шумораи воситаҳои нақлиёте, ки аз муоинаи ҳарсолаи техникӣ гузаштаанд ва маблағи андози дар соли ҳисоботӣ супоридашуда, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
  4. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз назорати андозсупорандагон, инчунин воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини пурра ва саривақт супоридани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт анҷом медиҳанд.

 

БОБИ 48. АНДОЗ АЗ ФУРЎши ЧАКАНА

 

Моддаи 337. Андозсупорандагон

Супорандагони андоз аз фурўши чакана (минбаъд дар боби мазкур – «андоз») соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки фурўши чаканаи молҳоро анҷом медиҳанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).

 

Моддаи 338. Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ фурўши чаканаи молҳо, аз ҷумла фурўши маҳсулоти хўроки умумӣ дар ҳудуди шаҳр (ноҳия) мебошад.

 

Моддаи 339. Манбаи андоз

Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, манбаи андоз арзиши фурўши чаканаи молҳо мебошад. Дар айни замон арзиши фурўши чаканаи молҳо дар асоси усули кассавӣ вобаста ба нархи озод (бозорӣ), ки ҳамаи андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо оид ба молҳои зераксизиро дар бар мегирад, вале бе назардошти андоз аз фурўши чакана муайян карда мешавад.

 

Моддаи 340. Меъёри андоз

Меъёри андоз дар ҳаҷми 3 фоизи нархҳои озод (бозорӣ) муқаррар карда мешавад ва нархи чаканаи мол нархи озод (бозорӣ) мебошад, ки ба маблағи андоз зиёд карда шудааст.  (ҚҶТ аз 3.12.09с, № 571).

 

Моддаи 341. Давраи андоз

Давраи андоз моҳи тақвимӣ мебошад.

 

Моддаи 342. Тартиби муайян  намудани манбаи андоз, ҳисобкунии  андоз, пешниҳоди эъломия ва пардохти андоз

  1. Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, арзиши молҳои чакана фурўхташуда аз ҷониби андозсупоранда мустақилона, дар асоси нишондиҳандаҳои мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё сабти дафтари фурўш, ки ва тартиби пешбурди онро, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои компютерӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ шакл муқаррар менамояд, муайян шуда дар эъломияи ҳармоҳа оид ба андози фурўши чакана инъикос карда мешавад.

Ҳангоми истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи назоратӣ (фискалӣ) маблағи андози фурўши чакана дар чеки назоратии моли фурўхташуда инъикос карда мешавад, дар дигар  ҳолатҳо маблағи андози фурўши чакана дар квитансияҳо, чиптаҳо, талонҳо, нишонаҳои пардохти почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъии ба чекҳо баробар кардашуда инъикос карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493).

  1. Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, эъломия оид ба маблағи ҳисобшавандаи андоз дар семоҳаи ҳисоботӣ ба мақоми дахлдори андоз то рўзи 15-уми моҳи ояндаи семоҳаи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад ва дар ҳамин мўҳлат андоз ба буҷет дар маҳалли фурўши молҳо пардохта мешавад.

 

ФАСЛИ  ҶVIII. Низомҳои махсуси андоз

 

БОБИ 49. Андозбандии сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ

 

Моддаи 343. Андозбандии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ

  1. Дар давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ (минбаъд- «сохтмон») дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармоишгари сохтмон ва Пудратчии генералии сохтмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пурра ё қисми маблағи андозҳои зерин (аз лаҳзаи фаро расидани мўҳлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоқаманд мебошанд, озод карда мешаванд: (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

- андоз аз арзиши иловашуда;

- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

- андоз аз фоидаи андоз, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад); (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

- андози ҳадди ақал аз даромадҳо;

- андози замин;

- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

- андоз аз молу мулки ғайриманқул;

- андози иҷтимоӣ нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ банд ҳастанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;

- боҷи давлатӣ барои ба қайдгирии лоиҳаҳои эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ амалӣ шудаанд.

  1. Воридоти молҳо барои сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд, бояд аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ бо тартиби муқаррарнамудаи банди 7 қисми 4 моддаи 211 ҳамин Кодекс ва банди 7 моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шаванд.
  2. Дар давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пурра ё қисми маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерўгоҳи барқи обӣ ҳисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иҷтимоӣ нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ банд ҳастанд ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони дар боло зикргардида озод карда мешаванд. Ҳамзамон ба сифати таҳвилгарон ва паймонкорони сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ шахсони ҳуқуқие, ки бевосита ба Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ё Пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ бо қарордодҳое (шартномаҳое, созишномаҳое), ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳои ба сохтмони (дар сохтмони) нерўгоҳи барқи обӣ пешбинӣ мекунанд, алоқаманд мебошанд, баррасӣ мегарданд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  3. Муқаррар карда шавад, ки:

-Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ бо пешниҳоди Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;

-давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ бо дархости Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ таҳия шудааст ва мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

-муомилоти (амалиёти, қарордоди, шартномаи, созишномаи) ба сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ алоқаманд муомилоте (амалиёте, қарордоде, шартномае, созишномае) эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ тасдиқ шудааст;

-озодкунӣ аз пардохти андозҳо аз рўи муомилотҳои  (амалиётҳои, қарордодҳои, шартномаҳои, созишномаҳои) ба сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ алоқаманд, ки дар давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ баста шуда ва бояд то анҷоми давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ анҷом ёбанд, пешниҳод карда мешавад.

 

БОБИ 50. Хусусияти андозбандии корхонаҳои  азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи  пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дузандагӣ) банд мебошанд

 

Моддаи 344. Хусусияти андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи  пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дузандагӣ) банд мебошанд

  1. Воридоти молҳо бевосита барои зарурати худи корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дўзандагӣ) банд мебошанд (минбаъд-«корхонаҳои азнавтаъсисёфта»), аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

Дар ҳолати  аз ҷониби корхонаҳои азнавтаъсисёфта таҳвил додани молҳои воридшуда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиётҳо бо боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.

  1. Содироти молҳое, ки корхонаҳои азнавтаъсисёфта истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
  2. Корхонаҳои азнавтаъсисёфта аз андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (андоз, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад) андози ҳадди ақал аз даромадҳо, андоз аз молу мулки ғайриманқул ва андози замин озод мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  3. Дар мавриди дар корхонаҳои азнавтаъсисёфта ба миён омадани ўҳдадориҳои андоз аз рўи дигар андозҳо чунин ўҳдадориҳои андоз бояд мутобиқи Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд.
  4. Имтиёзҳои андози дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати то 12 сол аз 1 январи соли ба қайди давлатӣ гирифтани корхонаҳои азнавтаъсисёфта дода мешавад.
  5. Агар корхонаи азнавтаъсисёфта дар давоми мўҳлате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурўъ накарда бошад, имтиёзҳои андози ҳамин модда пешбининамуда амали худро қатъ менамоянд ва маблағи имтиёзҳои андози корхонаҳои азнавтаъсисёфта аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш то лаҳзаи қатъ гардидани ин имтиёзҳо бояд аз рўи меъёрҳое, ки дар давраи гирифтани имтиёзҳои андоз амал мекарданд ҳисоб карда шавад ва ба ҳисоби буҷет рўёнида шавад. Ҳамзамон таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард бояд дар мўҳлати бо ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ асоснокшуда амалӣ карда шавад. Дар хусуси оғози кор тибқи ҳар силсила ва ба кор андохтани ҳар як силсилаи коркард корхонаи азнавтаъсисёфта барои баҳисобгирии махсус (алоҳида) бо мақсади гирифтани имтиёзҳои ҳамин модда муқаррарнамуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ ахборот медиҳад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  6. Барои гирифтани имтиёзҳои дар ҳамин модда пешбинигардида корхонаҳои азнавтаъсисёфта баъд аз бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд дар мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ин мақомоти давлатӣ ба қайди махсус (алоҳида) гирифта шаванд. Барои корхонаҳои азнавтаъсисёфта мўҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин мўҳлати мурури даъво ба мўҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзоти андозӣ тибқи қисми 5 ҳамин модда дароз карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
  7. Агар ҳамин модда муқаррароти дигар пешбинӣ накарда бошад, нисбати корхонаҳои азнавтаъсисёфта ҳамаи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

 

БОБИ 51. Андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми  интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ  ворид карда мешаванд (андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо)

 

Моддаи 345. Андозсупорандагон

Супорандагони андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ ворид карда мешаванд, шахсоне мебошанд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти коркардро мебароранд. 

 

Моддаи 346. Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ арзиши маҳсулоти коркард мебошад. 

 

Моддаи 347. Манбаи андоз

  1. Барои муайян кардани манбаи андоз арзиши бозории маҳсулоти коркарди баровардашаванда, ки дар асоси нархҳои дар санаи баровардани маҳсулоти коркард ҳисоб карда шудааст, қабул карда мешавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи маҳсулоти коркардро, ки бояд бо андози мазкур андозбандӣ шаванд, инчунин номгўи маҳсулоти коркардро, ки нархҳои онҳо барои ҳисоб кардани манбаи андоз дар биржаи дахлдори байналмилалӣ (минтақавӣ) муқаррар карда мешаванд, муайян менамояд.

 

Моддаи 348. Меъёрҳои андоз

Меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркард аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фоиз аз арзиши маҳсулоти коркард ё бо маблағи устувор барои воҳид (бо ифодаи аслӣ) муайян карда мешавад.

 

Моддаи 349. Тартиби ҳисобкунӣ ва мўҳлати пардохти андоз

  1. Маблағи андози аз маҳсулоти коркард пардохтшавандаро андозсупорандагон мустақилона дар асоси арзиши маҳсулоти коркард дар санаи баровардани маҳсулоти коркард аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин меъёри андоз ҳисоб менамоянд.
  2. Шахсоне, ки коркарди маҳсулоти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ воридшавандаро анҷом медиҳанд, ба сифати агенти андоз дар бобати сари вақт ва пурра ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз маҳсулоти коркард амал менамоянд.
  3. Андоз то баровардани маҳсулоти коркард аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
  4. Мақомоти гумрук дар асоси тасдиқномаи мақомоти дахлдори андоз барасмиятдарории гумрукии баровардани маҳсулоти коркардро аз ҳудуди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
  5. Ҳангоми дар рўзи баровардани маҳсулоти коркард дар андозсупоранда мавҷуд набудани нархи биржавӣ андоз дар асоси маълумоти мавҷуда оид ба нархи биржавии маҳсулоти коркард дар санаи наздиктарини рўзи баровардан ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи биржавии маҳсулоти коркард дар санаи баровардан аниқ карда мешавад.
  6. Давраи ҳисоботӣ оид ба пардохти андоз аз маҳсулоти коркард моҳи тақвимӣ мебошад. Эъломия оид ба маблағи пардохтшудаи андоз аз маҳсулоти коркард ба мақомоти дахлдори андоз то санаи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 350. Назорати пардохти андоз

Назорати сари вақт ва пурра ба буҷет воридшавии маблағи андоз аз маҳсулоти коркардро мақомоти андоз анҷом медиҳад.

 

                     БОБИ 52. Андозбандӣ аз рўи созишномаҳо (қарордодҳо) оид ба тақсими маҳсулот  

 

Моддаи 351. Муқаррароти умумӣ

1.Ҳамин боб низоми махсуси андозро, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот истифода мегардад, муқаррар менамояд.

  1. Ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки дар онҳо тартиби тақсими маҳсулоти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» истифода мегардад, ҳиссаи давлат дар ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
  2. Андозсупорандае, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ҳуқуқи татбиқи низоми махсуси андозро истифода мекунад, ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ он қисми (иқтибос аз) созишнома оид ба тақсими маҳсулотро, ки бо пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст ё дигар ҳуҷҷатеро, ки иттилооти дар боло зикргардидаро дар бар мегирад, пешниҳод менамояд.

Иттилооти шабеҳ ба мақоми андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулотро аз ҷониби давлат имзо намудааст, пешниҳод карда мешавад. 

  1. Дар ҳамин боб нархи маҳсулот бо мақсадҳои зерин истифода мегардад:

- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) маҳсулоти ҷуброние, ки ба сармоягузор дода мешавад;

- муайян намудани арзиши маҳсулоти фоида ва тақсими он бо ифодаи арзишӣ;

- муайян намудани арзиши ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда.

  1. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида ва дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот инъикосшуда (ҳатман пурра инъикосшаванда) дар давоми тамоми мўҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот истифода мегардад.
  2. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида нисбати андозсупорандагоне, ки дар моддаи 352 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, истифода мегардад.
  3. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида тақсими маҳсулоти фоидаро байни сармоягузор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби сармоягузор пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳон хатмии муқаррарнамудаи хамим бобро пешбини менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
  4. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинӣ менамояд, сармоягузор андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро пардохт менамояд:

            – андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

    - андози иҷтимоӣ;

- андози замин;

- андоз аз истфодабарандагони роҳҳои автомобилгард;             

- боҷи давлатӣ;

- хироҷҳои гумрукӣ;

- андозҳои маҳаллӣ андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт);

- дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинӣ менамояд, сармоягузор андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро мепардозад:

- андози иҷтимоӣ;

- андози замин;

- боҷи давлатӣ;

- хироҷҳои гумрукӣ;

- андозҳои маҳаллӣ (андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт);

- дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисмҳои 8 ва 9 ҳамин модда:

– сармоягузоре, ки ба коргарони кироя музди меҳнат ва дигар даромадҳои ба он баробаркардашуда   медиҳад, тибқи тартиби муқарраргардида пардохти андози даромад ва андози иҷтимоиро таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)

- аз ҷониби сармоягузор таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад;

- сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешавад;

- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда молҳои ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки дар барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тасдиқ шудаанд, озод карда мешаванд. Дар сурати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо андозҳои дар боло зикргардида ва дигар андозҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти андозҳои дар ин қисм зикргардида анҷом дода мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мегардад;

  1. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот объекти андозбандишаванда, манбаи андоз, давраи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андоз нисбати андозҳое, ки дар қисмҳои 8, 9 ва 10 ҳамин модда зикр гардидаанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи муқаррароти ҳамин боб, ки дар санаи мавриди амал қарор додани созишнома оид ба тақсими маҳсулот амал мекунанд, муайян карда мешаванд.
  2. Ҳангоми дар давоми мўҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани номгўи ягон андози дар ҳамин Кодекс зикргардида, вале дар айни ҳол тағйир наёфтани унсурҳои андозбандӣ, чунин андозҳо ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот тибқи номи нав ҳисоб ва пардохта мешаванд.
  3. Ҳангоми дар давоми мўҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани тартиби пардохти андозҳо, инчунин тағйир ёфтани шакл, тартиби пур кардан ва мўҳлатҳои пешниҳоди эъломияҳои андоз бе тағйир ёфтани манбаи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андозҳо, пардохти андозҳо, инчунин пешниҳод намудани эъломияҳои андоз мутобиқи қонунгузории ҷории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 352. Андозсупорандагон ҳангоми иҷрои созишномаҳо

 Нисбати андозҳое, ки ҳангоми истифодаи низоми махсуси муқаррарнамудаи ҳамин боб пардохта мешаванд, шахсоне андозсупорандагон ё агентҳои андоз эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва ҳамин Кодекс сармоягузорон (ширкатҳои амалиётӣ (операторон) мебошанд.

 

Моддаи 353. Ҷузъҳои (параметрҳои) асосии созишнома

  1. Маҳсулоти истеҳсолшуда бояд байни давлат ва сармоягузор мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва ҳамин Кодекс баста шудааст, тақсим карда шавад.
  2. Ба мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ба андозаи хароҷоти воқеан анҷомдодашуда, вале на бештар аз маҳсулоти ҷубронии муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор ҷуброн карда шавад. Дар айни ҳол маҳсулоти ҷубронӣ дар ҳар як давраи андоз (ҳисобот) наметавонад аз андозае, ки мутобиқи моддаи 331 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, зиёдтар бошад.
  3. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот, аз ҷумла ба мақсадҳои ҳамин боб бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

а) дар сурати бастани он тибқи шартҳои қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:

- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки нуқтаи тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;

- муайян намудани қисми маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳсулоти ҷуброниро ташкил медиҳад;

- тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор;

б) дар сурати бастани он мутобиқи шартҳои қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:

- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки нуқтаи тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;

- тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор ё эквиваленти арзишии ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда. Таносубҳои чунин тақсимкунӣ дар созишнома вобаста ба баҳодиҳии геологӣ-иқтисодӣ ва арзишии конҳои маъданҳои фоиданок, лоиҳаи техникӣ, нишондиҳандаҳои асосноксозии техникӣ-иқтисодӣ муайян карда мешаванд;

в) дар ҳамаи ҳолатҳои бастани он мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:

- аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор)  ба давлат додани қисми маҳсулоти истеҳсолшудаи мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба давлат тааллуқдошта ё эквиваленти арзишии он;

- қисми маҳсулоти мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор тааллуқдоштаро гирифтани сармоягузор.

  1. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот метавонад танҳо як усули тақсими маҳсулотро, ки ҳамин модда муқарар кардааст, пешбинӣ намояд. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот наметавонад гузариш аз як усули тақсими маҳсулот ба усули дигарро, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, пешбинӣ намояд, ҳамчунин наметавонад иваз кардани як усули тақсими маҳсулотро ба усули дигар пешбинӣ намояд.
  2. Фаъолияти сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) нисбати иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фаъолияти шахси ҳуқуқии мустақил – корхонае, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 354. Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он

  1. Ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда дар нуқтаи тақсимкунии маҳсулот тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.

Нуқтаи тақсимкунии маҳсулотро созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян менамояд.

  1. Арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда дар нуқтаи тақсими маҳсулот барои ҳар як давраи ҳисоботӣ (андозӣ) ҳамчун ҳосили зарби ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давоми давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда, ки дар нуқтаи тақсимкунӣ андоза карда шуда, бо воҳидҳои дахлдори ченак (тонна, метри мукааб, баррел ва ҳоказо) ифода ёфтааст, ба нархи таҳвил ва содирот дар нуқтаи тақсимкунӣ дар давоми ин давраи ҳисоботӣ (андозӣ) мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.

 

Моддаи 355. Хароҷоти ҷуброншаванда

Хароҷоти ҷуброншаванда хароҷоти асоснок ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардидаи сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) мебошад, ки онро воқеан ҳангоми иҷрои корҳо дар доираи созишномаи оид ба тақсими маҳсулот басташуда мутобиқи барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тасдиқгардида анҷом додаст, ба истиснои хароҷоти дар моддаи 356 ҳамин  Кодекс зикргардида.

 

Моддаи 356. Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда

Ба хароҷоти аз ҳисоби ҳиссаи маҳсулоти фоида анҷомдодашаванда (пўшонидашаванда), ки ба сармоягузор тааллуқ дорад ва аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ҷуброн намешавад, намудҳои зерини хароҷот (масрафҳо) дохил мешаванд:

1) пардохти саҳм барои иштирок дар озмуни барномаҳои сармоягузорӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи қаъри замин аз рўи шартҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот»;

2) барои гирифтани иттилооти геологӣ;

3) аз рўи моддаҳои хароҷоте, ки барои онҳо созишнома оид ба тақсими маҳсулот маҳдудиятҳо муқаррар намудааст, дар қисмати зиёдтар аз ин маҳдудиятҳо;

4) аз рӯи пардохти пардохтҳои ҳатмӣ барои аз лимитҳои муқарраршуда зиёдтар ифлос кардани муҳити зист.

Хароҷоте, ки дар бандҳои 3) ва 4) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар доираи маҳдудиятҳо ва лимитҳои муқарраршуда ба таркиби хароҷоти ҷуброншаванда дохил карда мешаванд;

5) барои пардохти таҳвил ё содироти маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳиссаи маҳсулоти фоидаи ба сармоягузор тааллуқдошта бо назардошти хароҷот барои аз нуқтаи тақсимот то нуқтаи таҳвил ё содирот бурдани ин маҳсулот, талафҳо ҳангоми боркашонӣ, хароҷот барои суғурта  ҳангоми боркашонии маҳсулот то нуқтаи таъинот, хароҷоти комиссионӣ ва дигар хароҷот;

6) барои маблағгузории тафтиши (аудити) фаъолияти молиявию хоҷагӣ, ки бо талаби саҳомони (муассисони) сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор)  анҷом дода шудааст;

7) бинобар аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) иҷро накардан ё дар сатҳи дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳо, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар кардааст, бо назардошти ўҳдадориҳои мутобиқи қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинӣ карда шуда, инчунин хароҷот барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) барои пардохти арзиши экскурсияҳо ва саёҳатҳо, аз  ҷумла бо роҳхатҳо;

9) додани мукофотпулӣ (фоизҳо) барои қарз (заём) ва истифодаи маблағҳои заём, инчунин пардохтҳои комиссионӣ ва дигар хароҷоте, ки бо ҷалб ва истифода намудани маблағҳои заём алоқаманд мебошанд, зиёда аз меъёри ЛИБОР бо ҷамъ намудани маржа, ки бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон маржа наметавонад аз меъёри ЛИБОР зиёд бошад;

10) зарари (хароҷоти) расонидашуда (анҷомдодашуда) дар натиҷаи садамаҳое, ки бо айби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор)  бинобар риоя накардани технология ва (ё) техникаи бехатарӣ рўй додаанд;

11) хароҷот барои суғуртаи ихтиёрии кормандон;

12) хароҷот вобаста ба тафтишоти судӣ;

13) ҷарима ва пинаҳое (фоизҳое), ки аз тарафи мақомоти давлатӣ аз сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) гирифта мешаванд;

14) хароҷоти пардохти масрафҳо барои истифодаи шахсии кормандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст;

15) андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии мутобиқи ҳамин боб пардохташуда;

16) тамоми хароҷоте, ки бевосита ба фаъолият аз рўи созишнома оид ба тақсими маҳсулот тааллуқ надорад, бо назардошти арзиши молу мулки додашуда, корҳои иҷрошуда, хизматҳои аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) (аз ҳисоби сармоягузор) ройгон (хайрия) расонидашуда.          

 

Моддаи 357. Тартиби пўшонидани хароҷоти ҷуброншаванда

  1. Хароҷоти ҷуброншаванда аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ тибқи тартиби дар ҳамин модда муайянгардида бо назардошти хусусиятҳои дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқарраргардида ба сармоягузор ҷуброн карда мешаванд.
  2. Пўшонидани хароҷоти ҷуброншавандаи сармоягузор аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ аз моҳи гирифтани маҳсулот сар карда анҷом дода мешавад.

Тақсими маҳсулоти фоида ё ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор мутобиқи шартҳои созишномаи оид ба тақсими маҳсулот басташуда низ аз моҳи гирифтани маҳсулот оғоз мегардад.

Ба  мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби ба сармоягузор додани маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори на бештар аз маҳсулоти ҷубронӣ тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот  пўшонида шавад.

  1. Бақияи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар охири давраи андоз пўшонида нашудаанд, чунин муайян карда мешавад:

- хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар аввали давраи андозӣ ба сармоягузор ҷуброн карда нашудаанд;

- ҷамъи хароҷоти ҷуброншавандае, ки сармоягузор дар давоми давраи андозӣ анҷом додааст;

- тарҳи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар давраи андозӣ (барои давраи андозӣ) ба сармоягузор ҷуброн карда шудаанд.

 

Моддаи 358. Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва  хароҷоти ҷуброншаванда

  1. Сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва фоидаро бо воҳидҳои ченаки аслӣ (натуралӣ), инчунин бо асъори миллӣ ва асъори хориҷии озод табдилшаванда, ки дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда шудааст, тибқи қоидаҳои ҳисоби андоз, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, бо назардошти муқаррароти ҳамин модда анҷом медиҳад.
  2. Сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ўҳдадор аст пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва хароҷоти ҷуброншавандаро тавре таъмин намояд, то ин ки ба инъикоси дукаратаи ҳамон як хароҷот дар маҳсулоти ҷубронӣ ва хароҷоти ҷуброншаванда роҳ дода нашавад.

 

Моддаи 359. Муайянкунии таносубҳои тақсими маҳсулоти фоида

Таносубҳои тақсими маҳсулоти фоида байни сармоягузор ва давлат дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 360. Давраи андозӣ (ҳисоботӣ)

Давраи андозӣ (ҳисоботӣ) барои пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, аз ҷумла андозҳо мутобиқи ҳамин боб моҳи тақвимӣ  ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 361. Мўҳлати пардохт

Пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин боб на дертар аз рўзи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ (андозӣ) интиқол дода мешаванд.

 

Моддаи 362. Эъломияи андоз

Эъломия аз рўи пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ на дертар аз рўзи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ (андозӣ)  пешниҳод карда мешавад.

 

Боби 53. Роялти барои об

                                                                              (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)

 

Моддаи 363. Андозсупорандагон

Андозсупорандагони роялти барои об (минбаъд дар ҳамин Боб - андозсупорандагон) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие эътироф мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли нерўи барқ истифода мебаранд.

 

 

 

Моддаи 364. Объектҳои андозбандӣ

Объекти андозбандии роялти барои об истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ дар нерўгоҳҳои барқии обӣ эътироф мешавад.

 

Моддаи 365. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар як объекти обӣ алоҳида муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли нерўи барқ манбаи андоз ҳамчун миқдори дар давраи андозсупорӣ истеҳсолшудаи нерўи барқ бе дарназардошти талафи он ҳангоми интиқоли (таҳвили) минбаъдаи он муайян карда мешавад.

 

Моддаи 366. Озодкунӣ

Истифодаи объектҳои обӣ барои мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ ҳангоми аз 1000 киловатт бештар набудани иқтидори объектҳои нерўистеҳсолкунанда аз андозбандӣ бо роялти барои об озод карда мешавад.

 

Моддаи 367. Давраи андоз

Нисбат ба истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ давраи андоз моҳи тақвимӣ эътироф мешавад.

 

Моддаи 368. Меъёри андоз

Меъёри роялти барои об ҳангоми истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ  ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар 1000 киловатт/соат нерўи барқи истеҳсолшуда ба ҳолати охири давраи андоз муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 369.  Тартиби ҳисоб кардани роялти барои об

  1. Андозсупоранда маблағи роялтиро барои об мустақилона ҳисоб менамояд.
  2. Маблағи роялти барои об аз рўи натиҷаи ҳар як давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 370. Мўҳлати пардохти роялти барои об

Маблағи умумии роялти барои об, ки тибқи моддаҳои  365 ва 368 ҳамин Кодекс ҳисоб карда шудааст, бояд ба буҷет на дертар аз 15-уми моҳи пас аз давраи гузаштаи андоз пардохта шавад.

 

Моддаи 371. Эъломияи андоз

Эъломияи андоз аз рўи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии он дар мўҳлате, ки барои пардохти андоз муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.

 

 

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва мавриди  амал қарор додани он

 

Маҷлиси намояндагон 3-юми ноябри соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 25-уми ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

 (Ахбори Маҷлиси Оли  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 688, моддаи 689;  соли 2005, №12, моддаи 629; соли 2006, № 7, моддаи 341; №12, моддаи 543; соли 2007, №3, моддаи 172; №7, моддаи 668; соли 2008, № 3, моддаи 195; №6, моддаи 455; соли 2009, №3, моддаи 86; № 5, мод.332; №12, мод.823; с. 2010, №7, мод. 559; №12, қ.1, мод. 824; мод. 826; Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №813; аз 03.07.2012с., №852 )

Моддаи 1

1.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

3.Муқаррароти сархати панҷуми қисми 16 моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Моддаи 2

Аз 1 январи соли 2005 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин беэътибор дониста шаванд:

1)Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №21, моддаи 284; соли 1999, №6, моддаи 162; №12, моддаи 345; соли 2001, №7, моддаи 478; соли 2002, №4, қисми 1, моддаи 164; моддаи 173; моддаи 209; моддаи 236; моддаи 239; моддаи 290; №11, моддаи 747; соли 2003, №4, моддаи 133; моддаи 137; №8, моддаи 454; №12, моддаи 693; соли 2004, №5, моддаи 344; №7, моддаи 456);

2)Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 «Дар бораи тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №21, моддаи 285; соли 1999, №6, моддаи 164; №11, моддаи 277; соли 2001, №5, моддаи 342);

3)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муқаррар намудани коэффисиентҳои индексатсияи меъёри андози замин» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, моддаи 342).

 

Моддаи 3

Минбаъд, то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ дар қисмате, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 4

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, татбиқ карда мешавад.

Дар муносибатҳои ҳуқуқии андозие, ки то мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое татбиқ карда мешавад, ки онҳо пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, агар мўҳлатҳои муқарраршудаи мурури даъво нагузашта бошанд.

 

                 Президенти

     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Э.Раҳмонов

 

                   ш.Душанбе,

        3 декабри соли 2004,

                     № 61                                                                             

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии такрорӣ баргардонида шудааст, дида баромада, қарор мекунад:

 

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
  2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳои воридшуда дар таҳрири нав нашр карда шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фарқи (дифференсиатсияи) меъёри андозҳои иҷтимоӣ, савдои чакана, истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз арзиши иловашударо вобаста ба соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ муайян намояд;

- номгўи ҳама гуна молҳои таҳвилшаванда, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашударо тасдиқ намояд;

- дар баробари пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», дар ҳолатҳои зарурӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намояд.

  1. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 2007, № 812 аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                С.Хайруллоев

 

ш.Душанбе, 16 январи соли 2008,

№ 837

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ