Классификатор Кодекс
Рақам 802
Ном КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.06.1999
Матн

 

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(ҚИСМИ ЯКУМ)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156; №12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, №7, мод. 700, №12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, №7, мод. 504; с. 2015, №3, мод. 200; Қонунҳои ҶТ аз 23.07.2016 с., № 1334; аз 02.01.2019 с., № 1557)

 

ФАСЛИ  I. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ.. 12

ЗЕРФАСЛИ  1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.. 12

БОБИ   1. ҚОНУНҲОИ  ГРАЖДАНӢ.. 12

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд. 12

Моддаи 2. Санади қонунгузории гражданӣ. 13

Моддаи 3. Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ. 13

Моддаи 4. Амали қонунҳои гражданӣ вобаста ба вақт. 13

Моддаи 5. Анъанаҳои муомилоти корӣ. 13

Моддаи 6. Истифодаи қонунҳои гражданӣ аз рӯи шабоҳат. 13

Моддаи 7. Қонунҳои гражданӣ ва санадҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ. 13

БОБИ 2. АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ  ГРАЖДАНӢ, АМАЛӢ НАМУДАН ВА ҲИФЗИ  ҲУҚУҚҲОИ  ГРАЖДАНӢ.. 14

Моддаи 8. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ. 14

Моддаи 9. Амалӣ намудани ҳуқуқи гражданӣ. 14

Моддаи 10. Ҳадди амали ҳуқуқҳои гражданӣ. 14

Моддаи 11. Ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ. 15

Моддаи 12. Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ. 15

Моддаи 13. Беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ. 15

Моддаи 14. Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ. 15

Моддаи 15. Руёнидани зиён. 15

Моддаи 16. Руёнидани зиёни расонидаи  мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ. 15

ЗЕРФАСЛИ  2. СУБЪЕКТҲОИ  ҲУҚУҚИ  ГРАЖДАНӢ.. 16

БОБИ 3. ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАХСИ ВОҚЕИИ ДИГАР. 16

Моддаи 17. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ) 16

Моддаи 18. Қобилияти  ҳуқуқдории   шаҳрванд. 16

Моддаи 19. Мазмуни  қобилияти ҳуқуқдории  шаҳрванд. 16

Моддаи 20. Номи шаҳрванд. 16

Моддаи 21. Истиқоматгоҳи шаҳрванд. 17

Моддаи 22. Қобилияти амали шаҳрванд. 17

Моддаи 23. Номумкин будани маҳрум сохтан ё маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрванд. 17

Моддаи 24. Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон. 17

Моддаи 25. Масъулияти молу мулкии  шаҳрвандон. 17

Моддаи 26. Муфлисшавии соҳибкори  инфиродӣ. 18

Моддаи 27. Қобилияти амали ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола. 18

Моддаи 28.  Эмансипатсия. 19

Моддаи 29. Қобилияти амали ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида. 19

Моддаи 30. Ғайри қобили амал донистани шаҳрванд. 19

Моддаи 31. Маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд. 19

Моддаи 32. Васоят ва парасторӣ. 20

Моддаи  33. Васоят. 20

Моддаи 34.  Парасторӣ. 20

Моддаи 35. Мақомоти васояту парасторӣ. 20

Моддаи 36.  Васиён ва парасторон. 20

Моддаи 37. Вазифаи худро иҷро кардани васиён ва парасторон. 21

Моддаи 38. Ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) 21

Моддаи 39. Идоракунии ваколатии молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) 21

Моддаи 40. Аз иҷрои вазифа озод  ва дур кардани васиёну парасторон. 22

Моддаи 41. Қатъ гардидани васояту парасторӣ. 22

Моддаи 42. Ҳимоя (патронажи)–и шаҳрвандони қобили амал. 22

Моддаи 43. Бедарак ғоиб эътироф намудани  шаҳрванд. 22

Моддаи 44. Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд. 23

Моддаи 45. Бекор кардани қарори бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд. 23

Моддаи 46. Фавтида эълон намудани шаҳрванд. 23

Моддаи 47. Оқибати ҳозир шудани шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд. 23

БОБИ 4. ШАХСИ  ҲУҚУҚӢ.. 24

Моддаи 48. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ. 24

Моддаи 49. Қобилияти ҳуқуқдории шахси  хуқуқӣ. 24

Моддаи 50. Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ. 24

Моддаи 51. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ. 25

Моддаи 52. Муассисони шахси ҳуқуқӣ. 25

Моддаи 53. Ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ. 25

Моддаи 54. Мақомоти шахси ҳуқуқӣ. 25

Моддаи 55. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии  шахси ҳуқуқӣ. 26

Моддаи 56. Намояндагӣ ва филиалҳо. 26

Моддаи 57. Масъулияти шахси ҳуқуқӣ. 26

Моддаи 58. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ. 27

Моддаи 59. Ворисии ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ. 27

Моддаи 60. Санади супурдан ё баланси тақсимот. 27

Моддаи 61. Кафолати ҳуқуқии кредиторони шахси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он. 28

Моддаи 62. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ. 28

Моддаи 63. Вазифаи шахсе, ки дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст  28

Моддаи 64. Тартиби барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ. 29

Моддаи 65. Қонеъ гардонидани талаботи  кредиторон. 29

Моддаи 66. Муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ. 30

Моддаи 67. Оқибати муфлис донистани шахси ҳуқуқӣ. 30

Моддаи 68. Рӯёнидани маблағ аз молу мулки шахси ҳуқуқӣ пас аз барҳам додани он. 30

Моддаи 69. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ. 31

Моддаи 70. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ. 31

Моддаи 71. Табдил додани ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ. 32

Моддаи 72. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати комил. 32

Моддаи 73. Шартномаи таъсиси ширкати комил. 32

Моддаи 74. Идоракунӣ дар ширкати комил. 32

Моддаи 75. Идораи кори ширкати комил. 32

Моддаи 76. Ӯҳдадориҳои иштирокчии ширкати комил. 33

Моддаи 77. Тақсими фоида ва зиёни ширкати  комил. 33

Моддаи 78. Масъулияти иштирокчиёни ширкати комил аз рӯи ӯҳдадориҳо. 33

Моддаи 79. Супурдани саҳми иштирокчӣ дар молу мулки ширкати комил. 33

Моддаи 80. Рӯёнидани маблағ аз ҳиссаи иштирокчии молу мулки ширкати комил. 34

Моддаи 81. Аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ. 34

Моддаи 82. Аз ҳайати ширкати комил хориҷ кардани иштирокчӣ. 34

Моддаи 83. Оқибати аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ. 34

Моддаи 84. Ворисии ҳуқуқӣ дар  ширкати  комил. 34

Моддаи 85. Барҳам додани ширкати комил. 35

Моддаи 86. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ширкати комил  баромадани иштирокчӣ. 35

Моддаи 87. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати ба боварӣ асосёфта. 35

Моддаи 88. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта. 36

Моддаи 89. Идораи ширкати ба боварӣ асосёфта ва пешбурди корҳои он. 36

Моддаи 90. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмгузори  ширкати ба боварӣ асосёфта. 36

Моддаи 91. Барҳам додани ширкати ба боварӣ асосёфта. 36

Моддаи 92 бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд. 37

Моддаи 93 бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд. 37

Моддаи 94. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд. 37

Моддаи 95. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд. 37

Моддаи 96. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. 37

Моддаи 97. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд. 37

Моддаи 98. Идораи ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд. 38

Моддаи 99.  Азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. 38

Моддаи 100. Ба шахси дигар гузаронидани ҳиссаи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. 39

Моддаи 101. Аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадани иштирокчӣ. 39

Моддаи 102. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби ҳиссаи  иштирокчии  молу мулки  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. 39

Моддаи 103. Аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ кардани иштирокчӣ. 40

Моддаи 104. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ гардидани иштирокчӣ. 40

Моддаи 105. Муқаррароти умумӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти иловагӣ. 40

Моддаи 106. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ. 40

Моддаи 107. Ҷамъияти саҳҳомии кушода. 41

Моддаи  108.  Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида. 41

Моддаи 109. Таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ. 41

Моддаи 110. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ. 42

Моддаи 111. Зиёд кардани сармояи оинномавии  ҷамъияти саҳҳомӣ. 42

Моддаи 112 Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ. 42

Моддаи 113. Маҳдудиятҳо дар мавриди баровардани коғазҳои қиматнок ва пардохти дивидендҳои ҷамъияти саҳҳомӣ. 42

Моддаи 114. Идоракунӣ дар ҷамъияти саҳҳомӣ. 43

Моддаи 115. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ. 43

Моддаи 116. Ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ. 44

Моддаи 117. Ҷамъияти хоҷагидории вобаста. 44

Моддаи 118. Мафҳуми  кооперативи  тиҷоратӣ. 44

Моддаи 119. Таъсиси  кооперативҳои  тиҷоратӣ. 44

Моддаи 120.  Молу мулки кооперативи тиҷоратӣ. 45

Моддаи 121. Идоракунӣ  дар  кооперативи  тиҷоратӣ. 45

Моддаи 122. Қатъ гардидани узвият дар кооперативи тиҷоратӣ ва гузоштани аъзоҳаққӣ. 45

Моддаи 123. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооперативҳои тиҷоратӣ. 46

Моддаи 124. Муқаррароти асосӣ дар бораи корхонаҳои давлатӣ. 46

Моддаи 125. Корхонаи воҳиди давлатии ба ҳуқуқи  пешбурди хоҷагидорӣ асосёфта. 46

Моддаи 126. Корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатӣ. 47

Моддаи 127. Корхонаи махсуси (казонии) давлатие, ки ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асос ёфтааст  47

Моддаи 128. Кооперативи ғайритиҷоратӣ. 47

Моддаи 1281. Кооператсияи матлубот. 48

Моддаи 129. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ. 48

Моддаи 130. Фондҳои ҷамъиятӣ. 48

Моддаи 131. Тағйир додани оиннома ва барҳам додани фонди ҷамъиятӣ. 48

Моддаи 132. Муассисаҳо. 49

Моддаи 133. Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо) 49

Моддаи 134. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия (иттифоқ) 49

Моддаи 135. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои ассотсиатсия (иттифоқ) 50

БОБИ  5. ИШТИРОКИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН  ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ТАНЗИМШАВАНДАИ ГРАЖДАНӢ.. 50

Моддаи 136. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ. 50

Моддаи 137. Иштироки воҳиди марзию маъмурӣ дар муносибатҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ. 50

Моддаи 138. Масъулият аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат, воҳиди марзию маъмурӣ. 51

Моддаи 139. Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муносибатҳои  бо қонуҳҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ,  шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ. 51

БОБИ 6. ОБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ  ГРАЖДАНӢ.. 51

Моддаи 140. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ. 51

Моддаи 141. Қобилияти гардиши объектҳои ҳуқуқи гражданӣ. 51

Моддаи 142. Ашёи  ғайриманқул ва манқула. 52

Моддаи 143. Ба қайдгирии давлатии ашёи ғайриманқул. 52

Моддаи 144. Корхона. 52

Моддаи 145. Ашёи тақсимшаванда. 52

Моддаи 146. Ашёи тақсимнашаванда. 52

Моддаи 147. Ашёи мураккаб. 53

Моддаи 148. Ашёи асосӣ ва мансубият. 53

Моддаи 149. Самара, маҳсулот ва даромад. 53

Моддаи 150. Ҳайвонот. 53

Моддаи 151. Ашёи хоса ва ашёи  бо нишонаи навъ муайяншаванда. 53

Моддаи 152.  Натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии  ҳифзшаванда. 53

Моддаи 153. Сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ. 53

Моддаи 154. Амал (беамалӣ) 53

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК.. 54

Моддаи 155.  Пул  (асъор) 54

Моддаи 156. Арзишҳои асъорӣ. 54

Моддаи 157. Коғази қиматнок. 54

Моддаи 158. Намудҳои коғазҳои қиматнок. 54

Моддаи 159. Талабот нисбати коғазҳои қиматнок. 54

Моддаи 160. Гузашт кардани ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматнок. 54

Моддаи 161. Иҷрои ӯҳдадорӣ аз коғази қиматнок. 55

Моддаи 162. Барқарор намудани коғази қиматнок. 55

Моддаи 163. Коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат. 55

Моддаи  164. Вомбарг (хориҷ карда шуд бо Қонуни ЧТ аз 12. 05. 2007с, № 247). 55

Моддаи 165. Чек  (хориҷ карда шуд бо Қонуни ЧТ аз 12. 05. 2007с, № 247). 56

Моддаи 166. Вексел (хориҷ карда шуд бо Қонуни ЧТ аз 12. 05. 2007с, № 247). 56

Моддаи 167.  Саҳмия. 56

Моддаи 168. Коносамент. 56

Моддаи 169. Сертификати бонкӣ. 56

Моддаи 170. Неъматҳои ғайримоддӣ. 56

Моддаи 171.  Ҷуброни зиёни маънавӣ. 56

Моддаи 172. Ҳифзи ҳуқуқи шахсии  ғайримолу мулкӣ. 57

Моддаи 173. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкие, ки ба ҳуқуқи молу мулкӣ алоқаманданд  57

Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ. 57

Моддаи 1741. Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тӯҳмат ё таҳқир. 57

Моддаи 175. Ҳуқуқи ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ. 58

Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ. 58

Моддаи 177. Ҳуқуқи дахлнопазирии манзил. 58

ЗЕРФАСЛИ 3. АҲДҲО. НАМОЯНДАГӢ.. 58

БОБИ 7. АҲДҲО.. 58

Моддаи 178. Мафҳуми аҳд. 58

Моддаи 179. Навъҳои аҳд. 58

Моддаи 180. Ӯҳдадорӣ аз рӯи аҳди яктарафа. 58

Моддаи 181. Танзими ҳуқуқии аҳди яктарафа. 58

Моддаи 182. Аҳди бо шарту шароит басташуда. 59

Моддаи 183. Шакли аҳд. 59

Моддаи 184. Аҳди шифоҳӣ. 59

Моддаи 185. Шакли хаттии аҳд. 59

Моддаи 186. Аҳде, ки дар шакли хаттии оддӣ анҷом дода мешаванд. 60

Моддаи 187. Оқибати риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ. 60

Моддаи 188. Аҳди дар нотариус тасдиқшуда. 60

Моддаи 189. Бақайдгирии давлатии аҳдҳо. 60

Моддаи 190. Оқибати риоя накардани шакли нотариалии аҳд ва талаботи бақайдгирии он. 60

Моддаи 191. Аҳдҳои баҳснок ва беэътибор. 61

Моддаи 192. Муқаррароти умумӣ дар бораи оқибати беэътибории аҳд. 61

Моддаи 193. Беэътибории аҳди хилофи қонун. 61

Моддаи 194. Беэътибории аҳди бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ басташуда. 61

Моддаи 195. Беэътибории аҳдҳои рӯякӣ ва қалбакӣ басташуда. 61

Моддаи 196. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардида  бастааст  61

Моддаи 197. Беэътибории аҳде, ки  ноболиғи то чордаҳсола бастааст. 62

Моддаи 198. Беэътибории аҳди шахси ҳуқуқӣ, ки берун аз қобилияти ҳуқуқдориаш баста аст  62

Моддаи 199. Оқибати маҳдуд кардани ваколат барои бастани аҳд. 62

Моддаи 200. Беэътибории аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола  бастааст. 62

Моддаи 201. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванди қобилияти амалаш аз ҷониби суд маҳдудгардида бастааст. 62

Моддаи 202. Беэътибории  аҳде,  ки  шаҳрванд  барои  дарки аҳамияти амали худ ё  идора кардани он қобилиат надошта бастааст. 62

Моддаи 203. Беэътибории аҳде, ки дар натиҷаи гумроҳӣ  баста шудааст. 63

Моддаи 204. Беэътибории аҳде, ки бо фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин баста шудааст. 63

Моддаи 205. Оқибати беэътибории як қисми аҳд. 63

Моддаи 206. Мӯҳлати даъво аз рӯи аҳдҳои беэътибор. 63

БОБИ 8. НАМОЯНДАГӢ. ВАКОЛАТНОМА.. 63

Моддаи 207. Намояндагӣ. 63

Моддаи 208.  Аҳд бастани шахси ваколат надошта. 64

Моддаи 209. Намояндагии тиҷоратӣ. 64

Моддаи 210. Ваколатнома. 64

Моддаи 211. Мӯҳлати ваколатнома. 65

Моддаи 212. Ба шахси дигар вогузоштани ваколат. 65

Моддаи 213. Қатъи ваколатнома. 65

Моддаи 214. Оқибати қатъи ваколатнома. 66

ЗЕРФАСЛИ  4. МӮҲЛАТ. ҲИСОБ КАРДАНИ МӮҲЛАТ. МӮҲЛАТИ ДАЪВО.. 66

БОБИ 9. МАФҲУМ, НАВЪҲО ВА ҲИСОБ КАРДАНИ МӮҲЛАТ. 66

Моддаи 215. Муайян намудани мӯҳлат. 66

Моддаи 216. Оғози мӯҳлати бо давраи вақт муайянгардида. 66

Моддаи 217. Хатми мӯҳлати бо давраи вақт муайянгардида. 66

Моддаи 218. Хатми мӯҳлат дар рӯзи ғайрикорӣ. 66

Моддаи 219. Тартиби иҷрои амал дар рӯзи охирини мӯҳлат. 67

БОБИ  10. МӮҲЛАТИ  ДАЪВО.. 67

Моддаи 220. Мафҳуми мӯҳлати даъво. 67

Моддаи 221. Мӯҳлати умумии даъво. 67

Моддаи 222. Мӯҳлати махсуси даъво. 67

Моддаи 223. Татбиқи мӯҳлати даъво. 67

Моддаи 224. Баҳисобгирӣ ва оғози ҷараёни мӯҳлати даъво. 67

Моддаи 225. Мӯҳлати даъво ҳангоми иваз шудани шахс дар ӯҳдадорӣ. 68

Моддаи 226. Боздошти ҷараёни мӯҳлати даъво. 68

Моддаи 227.  Канда шудани ҷараёни мӯҳлати даъво. 68

Моддаи 228. Ҷараёни мӯҳлати даъво дар мавриди баррасӣ қарор надодани даъво. 68

Моддаи 229. Барқарор намудани мӯҳлати даъво. 68

Моддаи 230. Иҷрои ӯҳдадорӣ пас аз гузашти мӯҳлати даъво. 68

Моддаи 231. Талаботе, ки ба онҳо мӯҳлати даъво татбиқ намегардад. 68

ФАСЛИ  II. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ. ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ МОЛУ МУЛКӢ.. 69

БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ.. 69

Моддаи 232. Мафҳум ва  мазмуни ҳуқуқи моликият. 69

Моддаи 233. Масъулияти нигоҳдошти молу мулк. 69

Моддаи 234. Таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк. 70

Моддаи 235. Субъектҳои ҳуқуқи моликият. 70

Моддаи 236. Шаклҳои моликият. 70

Моддаи 237. Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусӣ. 70

Моддаи 238. Ҳуқуқи моликияти давлатӣ. 70

Моддаи 239. Моликияти истиснои давлатӣ. 70

Моддаи 240. Ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба манзил. 71

Моддаи 241. Ҳуқуқи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд. 71

БОБИ  12. БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ. 71

Моддаи 242.  Асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият. 71

Моддаи 243. Ба миён омадани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқули аз нав таъсисдодашаванда. 71

Моддаи 244. Коркард. 71

Моддаи 245. Соҳибӣ кардани моле, ки ҷамъоварии он дастраси умум мебошад. 72

Моддаи 246. Сохтмони худсарона. 72

Моддаи 247. Лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқи соҳибмулкии бадастоваранда тибқи шартнома. 72

Моддаи 248. Супоридани ашёҳо. 72

Моддаи 249. Ашёи бесоҳиб. 72

Моддаи 250. Ашёи манқуле, ки молик аз онҳо даст кашидааст. 73

Моддаи 251. Бозёфт. 73

Моддаи 252. Пайдо кардани ҳуқуқи моликӣ ба ашёи ёфташуда. 73

Моддаи 253. Ҷуброни хароҷоти бозёфт ва подоши ёбандаи ашё. 73

Моддаи 254. Ҳайвоноти беназорат. 74

Моддаи 255. Ба даст овардани ҳуқуқи моликӣ ба ҳайвоноти беназорат. 74

Моддаи 256. Ҷуброни хароҷоти нигоҳбонии ҳайвоноти беназорат ва подош  барои онҳо. 74

Моддаи 257. Ганҷина. 74

Моддаи 258. Давомнокии мӯҳлати ба даст овардан. 75

БОБИ  13. ҚАТЪИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ. 75

Моддаи 259. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи моликият. 75

Моддаи 260. Даст кашидан аз ҳуқуқи моликият. 75

Моддаи 261. Аз ҳисоби молу мулк ситонидани қарзи молик. 76

Моддаи 262. Қатъи ҳуқуқи моликии шахс ба молу мулке, ки аз они ӯ буда наметавонад. 76

Моддаи 263. Қатъи ҳуқуқи моликӣ ба молу мулки ғайриманқул бинобар гирифтани замин ва  дигар захираҳои табиӣ. 76

Моддаи 264. Харидории сарватҳои фарҳангии бенизом нигоҳбонишуда. 76

Моддаи 265. Нархгузории молу мулк ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ. 76

Моддаи 266. Реквизитсия. 76

Моддаи 267. Мусодира. 77

Моддаи 268. Милликунонӣ. 77

Моддаи 269. Қатъи ҳуқуқи молу мулк, ки ба молик тааллуқ надорад. 77

БОБИ 14. МОЛИКИЯТИ ШАҲРВАНДОН (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 12. 05. 2007с,  № 247). 77

Моддаи 270. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти шаҳрвандон. 77

Моддаи 271. Объектҳои ҳуқуқи моликият. 77

Моддаи 272. Моликияти хоҷагии  меҳнатӣ. 77

Моддаи 273. Моликияти деҳқонӣ ва хоҷагии ёрирасон. 77

БОБИ  15. МОЛИКИЯТИ  КОЛЛЕКТИВӢ  (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 12. 05. 2007с,  № 247). 77

(моликияти шахси ҳуқуқӣ) 77

Моддаи 274. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти коллективӣ (шахси ҳуқуқӣ) 77

Моддаи 275. Моликияти корхонаҳои  коллективӣ. 77

Моддаи 276. Моликияти корхонаи иҷоравӣ. 77

Моддаи 277. Моликияти кооператив. 77

Моддаи 278. Моликияти ҷамъият ва ширкати хоҷагидорӣ. 77

Моддаи 279.  Моликияти ҷамъияти саҳҳомӣ. 77

Моддаи 280.  Моликияти ассотсиатсия ва хоҷагидорӣ (иттиҳодияҳо) 77

Моддаи 281. Моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фондҳо. 77

Моддаи 282. Моликияти маҳалла. 77

Моддаи 283. Моликияти ташкилотҳои динӣ. 77

БОБИ 16. МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ ВА ВОҲИДҲОИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ (хориҷ карда шуд бо  ҚҶТ аз 12. 05. 2007с, № 247). 78

Моддаи 284.  Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти давлатӣ. 78

Моддаи 285. Объектҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 78

Моддаи 286. Моликияти корхонаи давлатӣ. 78

Моддаи 287. Моликияти аъзои коллективи меҳнатии корхонаи давлатӣ. 78

Моддаи 288. Молу мулки муассисаҳои  давлатӣ. 78

Моддаи 289. Моликият ба замин ва дигар захираҳои табиӣ. 78

Моддаи 290. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. 78

Моддаи 291. Моликияти воҳидҳои марзию маъмурӣ. 78

БОБИ 17. МОЛИКИЯТИ УМУМӢ ВА НАВЪҲОИ  ОН.. 78

Моддаи 292. Мафҳум ва асосҳои  пайдоиши моликияти умумӣ. 78

Моддаи 293. Муайян намудани ҳисса дар  ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ. 78

Моддаи 294. Ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад. 78

Моддаи 295. Соҳибӣ ва истифода кардани молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад  79

Моддаи 296. Самара, маҳсулот ва даромади истифодаи молу мулки  моликияти ҳиссагии бадастомада. 79

Моддаи 297. Хароҷоти нигаҳдошти молу мулки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарордошта. 79

Моддаи 298. Ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳисса дар  доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ. 79

Моддаи 299. Лаҳзаи гузаштани ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба шахсе, ки онро тибқи шартнома харидааст. 79

Моддаи 300. Тақсими молу мулки моликияти ҳиссагӣ ва аз он ҷудо намудани ҳисса. 80

Моддаи 301. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти моликияти якҷоя қарор  дорад. 80

Моддаи 302. Тақсими молу мулки  моликияти якҷоя ва аз он ҷудо  намудани ҳисса. 80

Моддаи 303. Аз ҳиссаи саҳм дар молу мулки умумӣ нигаронидани рӯёниш.. 81

Моддаи 304. Моликияти умумии якҷояи зану шавҳар (ҳамсарон) 81

Моддаи 305. Моликияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) 81

Моддаи  306. Тақсими молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) 81

Моддаи 307. Низоми ҳуқуқии молу мулк ҳангоми азнавташкилкунии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативӣ. 82

БОБИ 18. ҲУҚУҚИ  МАҲДУДИ  МОЛУ  МУЛК.. 82

Моддаи 308. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ. 82

Моддаи 309. Объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ. 82

Моддаи 310. Ба  даст овардан  ва қатъи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ. 82

Моддаи 311. Ҳуқуқи молик нисбати молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ қарор дошта  82

Моддаи 312. Шартҳои амали гардонидани ҳуқуқҳои молу мулки корхонаи  воҳиди давлатӣ  82

Моддаи 313. Ҳуқуқи идораи оперативӣ. 83

Моддаи 314. Ихтиёрдории молу мулки корхонаи махсуси давлатӣ. 83

Моддаи 315. Ихтиёрдории молу мулки муассиса. 83

Моддаи 316. Ба даст овардан ва қатъ намудани ҳуқуқи идораи оперативии молу мулк. 83

Моддаи 317. Ҳуқуқи  молик  ба пас гирифтан ва азнавтақсимкунии молу мулке, ки ба идораи оперативӣ дода шудааст. 83

Моддаи 318. Ба молу мулки ба идораи оперативӣ додашуда нигаронидани рӯёниш.. 84

Моддаи 319. Нигоҳ доштани ҳуқуқ ба молу мулк ҳангоми ба дигар молик гузаштани корхона ё муассиса. 84

Моддаи 320. Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ  кардани ашё. 84

БОБИ 19. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ АШЁӢ.. 84

Моддаи 321. Эътирофи ҳуқуқи моликият. 84

Моддаи 322. Талаб карда гирифтани молу мулк аз ба дастоварандаи ғайриқонунӣ. 84

Моддаи 323. Талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи бовиҷдон. 84

Моддаи 324. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми баргардонидани молу мулк аз бадастдароварандаи ғайриқонунӣ. 84

Моддаи 325. Ҳифзи ҳуқуқи молик аз вайронкуниҳое, ки ба маҳрум кардан аз соҳибӣ алоқаманд намебошанд. 85

Моддаи 326. Ҳифзи ҳуқуқи соҳибе, ки молик  намебошад. 85

Моддаи 327. Беэътибории санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи соҳибмулк ва дигар ҳуқуқҳои ашёиро вайрон мекунанд. 85

ФАСЛИ  III. ҲУҚУҚИ ӮҲДАДОРӢ.. 85

ЗЕРФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА ӮҲДАДОРИҲО.. 85

БОБИ 20. МАФҲУМ, АСОСҲОИ БА МИЁН ОМАДАНИ ӮҲДАДОРӢ ВА ТАРАФҲОИ ӮҲДАДОРӢ   85

Моддаи 328. Мафҳуми ӯҳдадорӣ ва асосҳои ба миён омадани он. 85

Моддаи 329. Тарафҳои ӯҳдадорӣ. 85

БОБИ 21. ИҶРОИ  ӮҲДАДОРИҲО.. 86

Моддаи 330. Муқаррароти умумӣ. 86

Моддаи 331. Номумкин будани радди яктарафаи иҷрои ӯҳдадорӣ. 86

Моддаи 332. Иҷрои қисм ба қисми ӯҳдадорӣ. 86

Моддаи 333. Иҷрои ӯҳдадорӣ ба шахси матлуб. 86

Моддаи 334. Иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҷониби  шахси сеюм.. 86

Моддаи 335. Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ. 86

Моддаи 336. Талаби иҷрои мунтазам.. 87

Моддаи 337. Иҷрои ӯҳдадорӣ пеш аз мӯҳлат. 87

Моддаи 338. Иттилоот оид ба ҷараёни иҷрои ӯҳдадорӣ. 87

Моддаи 339.  Ҷои иҷрои ӯҳдадорӣ. 87

Моддаи 340. Иҷрои ўҳдадориҳои пулӣ. 87

Моддаи 341. Зиёд кардани маблағе, ки барои таъминоти шаҳрванд пардохта мешавад. 88

Моддаи 342. Навбати пардохти талаб аз рӯи ӯҳдадории пулӣ. 88

Моддаи 343. Иҷрои ӯҳдадории алтернативӣ. 88

Моддаи 344. Иҷрои ӯҳдадорие, ки дар он якчанд кредитор ё якчанд қарздор иштирок  доранд  88

Моддаи 345. Ӯҳдадориҳои муштарак. 88

Моддаи 346. Ҳуқуқи кредитор ҳангоми ӯҳдадории муштарак. 88

Моддаи 347. Эътироз муқобили талаботи кредитор ҳангоми ӯҳдадории  муштарак. 88

Моддаи 348. Иҷрои ӯҳдадории муштарак аз ҷониби яке аз қарздорон. 88

Моддаи 349. Талаботи муштарак. 89

Моддаи 350. Иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ. 89

Моддаи 351. Тасдиқи иҷрои ӯҳдадорӣ. 89

Моддаи 352. Иҷрои ӯҳдадорӣ бо усули ба депозит гузаронидани қарз. 89

Моддаи 353. Иҷрои мутақобилаи ӯҳдадорӣ. 90

БОБИ 22. ТАЪМИНИ ИҶРОИ ӮҲДАДОРӢ.. 90

Моддаи 354. Усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ. 90

Моддаи 355. Мафҳуми ноустуворона. 90

Моддаи 356. Шакли созишнома оид ба ноустуворона. 90

Моддаи 357. Ноустуворонаи қонунӣ. 90

Моддаи 358. Кам кардани ноустуворона. 90

Моддаи 359. Мафҳум ва асосҳои ба миён омадани гарав. 91

Моддаи 360. Предмети гарав. 91

Мoддаи 361. Талаботе, ки бо гарав таъмин  карда мешавад. 91

Моддаи 362. Навъҳои гарав. 91

Моддаи 363. Гарави молу мулке, ки таҳти моликияти умумӣ қарор дорад. 92

Моддаи 364. Гаравдеҳ. 92

Моддаи 365. Гаравгир. 92

Моддаи 366. Суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташуда. 92

Моддаи 367. Гарави насупоридан ва супоридани молу мулк ба гаравгир. 93

Моддаи 368. Шартномаи гарав, шакл ва бақайдгирии он. 93

Моддаи 369. Молу мулке, ки ба он ҳуқуқи гаравгир  паҳн мегардад. 93

Моддаи 370. Ба миён омадани ҳуқуқи гарав. 93

Моддаи 371. Гарави минбаъда ва муайян кардани навбати гаравгирон. 94

Моддаи 372. Нигоҳубин ва эҳтиёти молу мулки  ба гарав гузошташуда. 94

Моддаи 373. Оқибатҳои гум кардан ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташуда. 94

Моддаи 374. Иваз ва барқарор намудани предмети гарав. 95

Моддаи 375. Истифода ва ихтиёрдории предмети гарав. 95

Моддаи 376. Аз ҷониби гаравгир ҳифз намудани ҳуқуқҳои худ оиди предмети  гарав. 95

Моддаи 377. Асоси рӯёниш аз молу мулки  ба гарав гузошташуда. 95

Моддаи 378. Тартиб ва шартҳои рўёнидан аз ҳисоби предмети ба гарав гузошташуда. 95

Моддаи 379. Фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда. 96

Моддаи 380. Пеш аз мӯҳлати иҷро намудани ӯҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст ва рӯёниш аз молу мулки ба гарав гузошташуда. 97

Моддаи 381. Қатъи гарав. 97

Моддаи 382. Нигоҳ доштани гарав ҳангоми ба шахси  дигар гузаштани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда. 97

Моддаи 383. Оқибати маҷбуран гирифтани молу мулки ба гарав  гузошташуда. 98

Моддаи 384. Гузашт кардани ҳуқуқ оид ба шартномаи гарав. 98

Моддаи 385. Гузаронидани қарзи ӯҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст. 98

Моддаи 386. Ба гарав гузоштани моли дар  муомилот буда. 98

Моддаи 387. Ба гарав гузоштани мол дар гаравхона (ломбард) 99

Моддаи 388. Асосҳо барои нигоҳ доштан. 99

Моддаи 389. Қонеъ намудани талабот аз ҳисоби молу мулки нигоҳдошташуда. 99

Моддаи 390. Шартномаи замонат. 99

Моддаи 391. Шакли шартномаи замонат. 100

Моддаи 392. Масъулияти зомин. 100

Моддаи 393. Ҳуқуқи зомин ҷиҳати эътирози талаботи кредитор. 100

Моддаи 394. Ҳуқуқи зомине, ки ӯҳдадориашро иҷро кардааст. 100

Моддаи 395. Огоҳонидани зомин дар мавриди аз ҷониби қарздор иҷро шудани ӯҳдадорӣ. 100

Моддаи 396. Қатъи зоминат. 100

Моддаи 397. Мафҳуми кафолат. 101

Моддаи 398. Бо кафолат таъмин намудани ӯҳдадории принсипал. 101

Моддаи 399. Мустақилияти кафолат аз ӯҳдадории асосӣ. 101

Моддаи 400. Бебозхост будани кафолат. 101

Моддаи 401. Гузаранда набудани ҳуқуқи кафолат. 101

Моддаи 402. Эътибор пайдо кардани кафолат. 101

Моддаи 403. Пешниҳоди талабномаи  кафолат. 101

Моддаи 404. Ӯҳдадории кафил ҳангоми баррасии талабномаи бенефитсиар. 102

Моддаи 405. Иҷрои талабномаи бенефитсиарро рад намудани кафил. 102

Моддаи 406. Ҳадди ӯҳдадориҳои кафил. 102

Моддаи 407. Қатъи кафолат. 102

Моддаи 408. Талаботи акси кафил ба принсипал. 102

Моддаи 409. Мафҳуми байъона. Шакли шартномаи байъона. 102

Моддаи 410. Оқибати қатъ ёфтан ва иҷро накардани ӯҳдадории бо байъона таъминшуда. 103

БОБИ 23. ИВАЗ ШУДАНИ ШАХС ДАР ӮҲДАДОРӢ.. 103

Моддаи 411. Асос ва тартиби гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар. 103

Моддаи 412. Ҳуқуқҳое, ки ба дигар шахс гузашта наметавонанд. 103

Моддаи 413. Андозаи ҳуқуқи кредитор, ки ба шахси дигар мегузарад. 103

Моддаи 414. Далелҳои ҳуқуқи кредитори нав. 103

Моддаи 415. Эътирози қарздор нисбати талаботи кредитори нав. 103

Моддаи 416. Дар асоси қонун ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи кредитор. 104

Моддаи 417. Шарти гузашт кардани талабот. 104

Моддаи 418. Шакли гузашт кардани талабот. 104

Моддаи 419.  Масъулияти кредиторе, ки талабашро гузашт кардааст. 104

Моддаи 420. Шарт ва шакли гузаронидани қарз. 104

Моддаи 421. Эътирози қарздори нав ба муқобили талаби кредитор. 104

БОБИ 24. МАСЪУЛИЯТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ӮҲДАДОРӢ.. 104

Моддаи 422. Мафҳуми вайрон кардани ӯҳдадорӣ. 104

Моддаи 423. Товони зиёне, ки дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадорӣ расонида шудааст. 105

Моддаи 424. Зиён ва  ноустуворона. 105

Моддаи 425. Ҷуброни зиёни маънавӣ, ки дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадорӣ расонида шудааст  105

Моддаи 426. Масъулият барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр. 105

Моддаи 427. Масъулият ва иҷрои ӯҳдадорӣ дар шакли асл (натура) 106

Моддаи 428. Иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҳисоби қарздор. 106

Моддаи 429. Оқибати иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба додани моли муайяни инфиродӣ. 106

Моддаи 430. Масъулияти  иловагӣ. 106

Моддаи 431. Маҳдуд сохтани андозаи масъулият оид ба ӯҳдадорӣ. 107

Моддаи 432. Асосҳои масъулият барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ. 107

Моддаи 433. Масъулияти қарздор барои кормандони худ. 107

Моддаи 434. Масъулияти қарздор оид ба амали шахси сеюм.. 107

Моддаи 435. Оқибатҳои вайрон кардани ӯҳдадорӣ бо гуноҳи ҳар ду тараф.. 107

Моддаи 436. Аз ҷониби қарздор гузаронидани мӯҳлат. 108

Моддаи 437. Аз ҷониби кредитор гузаронидани мӯҳлат. 108

Моддаи 438. Таваккали соҳибкорӣ дар ӯҳдадорӣ. 108

БОБИ 25. ҚАТЪИ  ӮҲДАДОРӢ.. 108

Моддаи 439. Асосҳо барои қатъи ӯҳдадорӣ. 108

Моддаи 440. Қатъи ӯҳдадорӣ бо иҷрои он. 108

Моддаи 441. Ҳаққи дасткашӣ. 109

Моддаи 442. Қатъи ӯҳдадорӣ бо баҳисобгирӣ. 109

Моддаи 443. Ҳолатҳои номумкин будани баҳисобгирӣ. 109

Моддаи 444. Баҳисобгирӣ ҳангоми гузашт кардани талабот. 109

Моддаи 445. Қатъи ӯҳдадорӣ ҳангоми чун як шахс мувофиқ омадани қарздор ва кредитор. 109

Моддаи 446. Қатъи ӯҳдадорӣ бо сабаби нав шудани он (новатсия) 109

Моддаи 447. Бахшидани қарз. 109

Моддаи 448. Қатъи ӯҳдадорӣ ҳангоми имконнопазирии иҷро. 110

Моддаи 449. Қатъи ӯҳдадорӣ дар асоси санади мақомоти давлатӣ. 110

Моддаи 450. Қатъи ӯҳдадорӣ аз сабаби фавти шаҳрванд. 110

Моддаи 451. Қатъи ӯҳдадорӣ бо барҳам хурданӣшахси ҳуқуқӣ. 110

ЗЕРФАСЛИ 2. МУҚАРРАРОТИ УМУМB  ОИД БА ШАРТНОМА.. 110

Б О Б И 26. МАФҲУМ ВА МАЗМУНИ ШАРТНОМА.. 110

Моддаи 452. Мафҳуми шартнома. 110

Моддаи 453. Мустақилияти шартнома. 110

Моддаи 454. Шартнома ва қонун. 111

Моддаи 455. Шартномаҳои музднок ва бемузд. 111

Моддаи 456. Нарх. 111

Моддаи 457. Амали шартнома. 111

Моддаи 458. Шартномаи оммавӣ. 112

Моддаи 459. Шартҳои намунавии шартнома. 112

Моддаи 460. Шартномаи ҳамроҳшавӣ. 112

Моддаи 461. Шартномаи пешакӣ. 112

Моддаи 462. Шартнома ба манфиати шахси сеюм.. 113

Моддаи 463. Тафсири шартнома. 113

БОБИ 27. БАСТАНИ  ШАРТНОМА.. 113

Моддаи 464. Муқаррароти умумӣ оиди бастани шартнома. 113

Моддаи 465. Лаҳзаи бастани шартнома. 113

Моддаи 466. Шакли шартнома. 114

Моддаи 467. О ф е р т а (пешниҳод) 114

Моддаи 468. Бебозхостии оферта. 114

Моддаи 469. Даъват барои пешниҳоди оферта. Офертаи оммавӣ. 114

Моддаи 470. Аксепт. 114

Моддаи 471. Бозхости аксепт. 114

Моддаи 472. Бастани шартнома дар асоси офертае, ки барои аксепт мӯҳлат муайян кардааст  114

Моддаи 473. Бастани шартнома дар асоси офертае, ки дар он  мӯҳлати аксепт муайян нашудааст  115

Моддаи 474. Аксепте, ки дер гирифта шудааст. 115

Моддаи 475. Аксепт мутобиқи шартҳои дигар. 115

Моддаи 476. Маҳалли имзои шартнома. 115

Моддаи 477. Бо  тартиби ҳатмӣ бастани шартнома. 115

Моддаи 478. Баҳсҳои пеш аз шартнома. 116

Моддаи 479. Бастани шартнома ҳангоми гузаронидани савдо. 116

Моддаи 480. Ташкил ва тартиби гузаронидани савдо. 116

Моддаи 481. Оқибати риоя накардани қоидаҳои гузаронидани савдо. 117

БОБИ 28. ТАҒЙИР ДОДАН ВА БЕКОР КАРДАНИ  ШАРТНОМА.. 117

Моддаи 482. Асосҳо барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома. 117

Моддаи 483. Тағйир додан ва бекор кардани шартнома ҳангоми ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат. 117

Моддаи 484. Тартиби тағйир додан ва бекор  кардани шартнома. 118

Моддаи 485. Оқибати тағйир додан ё бекор  кардани шартнома. 118

Моддаи 486. Ҳолатҳои тағйир додан ва бекор кардани шартнома мутобиқи аризаи яке аз тарафҳо  118

Моддаи 487. Дароз кардани мӯҳлати амали шартнома. 118

 

 

 

ФАСЛИ  I. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

ЗЕРФАСЛИ  1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

БОБИ   1. ҚОНУНҲОИ  ГРАЖДАНӢ

 

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд

 

  1. Қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, асосҳои ба миён омадан ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёи, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро муайян намуда, ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва ӯҳдадориҳои дигар, инчунин муносибатҳои дигари молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ  марбут ба онҳоро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти  молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамоянд.

Муносибатҳои оилавӣ, меҳнатӣ, муносибатҳои марбут ба истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро, ки дорои нишонаҳои дар сарсатри аввали ҳамин модда зикргардида мебошанд, агар дар қонунҳои оила, меҳнат, замин ва қонунҳои  дигар махсус тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд.

  1. Иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда шаҳрвандон, давлат, шахси ҳуқуқӣ ва воҳидҳои марзию маъмурӣ мебошанд.

Қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар мавриди муносибатҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахси бешаҳрвандӣ ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ низ истифода мешаванд.

  1. Қонунҳои гражданӣ муносибатҳои байни шахсони фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда ё иштироки онҳоро танзим менамоянд.

Соҳибкорӣ фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқаррар кардаи қонун ба қайд гирифта шудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

  1. Қонунҳои гражданӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, нисбати муносибатҳои молу мулкие, ки ба тобеияти маъмурӣ ё бо тобеияти дигари омиронаи як тараф ба тарафи дигар асос ёфтааст, истифода намешаванд.
  2. Муносибатҳои марбут ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои бегонанашавандаи инсон ва дигар неъматҳои ғайри моддӣ (муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкие, ки бо муносибатҳои молу мулкӣ алоқаманд нестанд) бо қонунҳои гражданӣ танзим карда мешаванд, зеро аз моҳияти ин муносибатҳо тартиби дигаре барнамеояд.

 

Моддаи 2. Санади қонунгузории гражданӣ

 

  1. 1. Қонунҳои гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва аз санади дигари қонуние иборатанд, ки муносибатҳои дар қисмҳои 1, 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс зикргардидаро танзим менамоянд.

Меъёрҳои қонунҳои граждание, ки дигар қонунҳо ва санади дигари қонунӣ дар бар гирифтаанд, бояд бо ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд.

  1. Вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ тибқи ҳолатҳо ва дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва санади дигари қонунгузорӣ метавонанд санади танзимкунандаи муносибатҳои гражданиро нашр намоянд.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ

 

  1. Қонунҳои гражданӣ ба принсипҳои дахлнопазирии моликият, озодии шартнома, номумкин будани дахолати худсаронаи ҳар касе ба корҳои хусусӣ, зарурати татбиқи бемонеаи ҳуқуқи гражданӣ, таъмини барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардидаи гражданӣ ва ҳифзи судии онҳо асос меёбанд.
  2. Шаҳрвандон (шахси воқеӣ) ва шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи гражданиро бо азму хоҳиш ва ба манфиати худ ба даст дароварда ва амалӣ менамоянд. Онҳо дар муқаррар намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ дар асоси шартнома ва муайян намудани ҳар гуна шартҳои хилофи қонунҳо набудаи шартнома озоданд.
  3. Ҳуқуқҳои гражданӣ метавонад бо мақсади ҳифзи маънавиёт, тандурустӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси дигар, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ҳифзи муҳити зист дар асоси қонун маҳдуд карда шавад.

 

Моддаи 4. Амали қонунҳои гражданӣ вобаста ба вақт

 

  1. Санади қонунҳои гражданӣ қувваи бозгашт надоранд ва нисбати муносибатҳое истифода мешаванд, ки пас аз ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд.

Амали қонун танҳо дар сурате нисбати муносибатҳои то ҷорӣ намудани он татбиқ мегардад, ки  агар ин бевосита дар қонун пешбинӣ шуда бошад.

  1. Нисбати муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани санади қонунҳои гражданӣ ба миён омадаанд, ин санад, ба истиснои муносиботи тарафҳои шартномаи то ҷорӣ намудани санади қонунгузории гражданӣ басташуда, нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳое татбиқ мегардад, ки пас аз ҷорӣ намудани он ба миён омадаанд.

 

Моддаи 5. Анъанаҳои муомилоти корӣ

 

  1. 1. Анъанаи муомилоти корӣ, сарфи назар аз сабт ёфтани он дар ягон ҳуҷҷат, қоидаи рафтори дар қонунҳо пешбининашудае эътироф мегардад, ки дар ягон соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ба миён омада, васеъ истифода бурда мешавад.
  2. Анъанаи муомилоти корие, ки хилофи муқаррароти қонун ё шартномаи барои иштирокчиёни муносибати дахлдор ҳатмӣ мебошад, истифода намешавад.

 

Моддаи 6. Истифодаи қонунҳои гражданӣ аз рӯи шабоҳат

 

  1. Дар ҳолате ки муносибатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс бевосита бо қонунҳо ё созишномаи тарафайн танзим нашудаанду анъанаи дар ин маврид истифодашаванда вуҷуд надорад, нисбати чунин муносибот меъёри қонунҳои граждании танзимкунандаи муносиботи шабеҳ (шабоҳати қонун) истифода мешавад, зеро ин хилофи моҳияти онҳо намебошад.
  2. Дар сурати номумкин будани истифодаи шабоҳати қонун дар ҳолатҳои зикргардида ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо бо назардошти асосҳои умумию моҳияти қонунҳои гражданӣ (шабоҳати ҳуқуқ) ва талаботи бовиҷдонӣ, дурандешӣ ва адолат муайян карда мешаванд.
  3. Аз рӯи шабоҳат истифода намудани меъёрҳое, ки ҳуқуқи гражданиро маҳдуд сохта, масъулиятро муқаррар менамоянд, манъ аст.

 

Моддаи 7. Қонунҳои гражданӣ ва санадҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ
  1. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
  2. Нисбати муносиботи дар қисмҳои 1 ва 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс зикргардида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар асоси барои истифодаи он қабули санади дохилидавлатӣ зарур аст,  санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бевосита истифода карда мешаванд.

Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳои гражданӣ қоидаҳои дигаре  пешбинӣ  шуда  бошанд,  қоидаҳои  шартномаи байналхалқӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 

БОБИ 2. АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ  ГРАЖДАНӢ, АМАЛӢ НАМУДАН ВА ҲИФЗИ  ҲУҚУҚҲОИ  ГРАЖДАНӢ

 

Моддаи 8. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ
  1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ аз асосҳои пешбининамудаи қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ, инчунин аз амали шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба миён меоянд, ҳарчанд дар қонун ё чунин аснод пешбинӣ нашуданд, вале тибқи асосҳои умумӣ ва моҳияти қонунҳои гражданӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро ба миён меоранд.

Мутобиқи ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ:

а) аз шартномаҳо ва аҳдҳои дигари пешбининамудаи қонун, инчунин шартномаҳо ва аҳдҳои дигаре, ки гарчанд дар қонун пешбинӣ нашуда бошанд ҳам, хилофи он нестанд;

б) аз санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар қонун ба сифати асоси ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои  гражданӣ пешбинӣ шудаанд;

в) аз қарори суд, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро муқаррар намудааст;

г) дар натиҷаи бунёд ва ба даст овардани  молу мулк дар асоси пешбининамудаи қонун;

д) дар натиҷаи эҷоди асари илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, ихтироот ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ;

е) дар натиҷаи расонидани зиён ба шахси дигар;

ж) дар натиҷаи дорошавии беасос;

з) дар натиҷаи  амалҳои дигари шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ;

и) дар натиҷаи ҳодисаҳое, ки қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ фаро расидани оқибатҳои ҳуқуқии гражданиро вобаста медонад, ба миён меоянд. 

  1. Агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ ба молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи бақайдгирии ин молу мулк ё ҳуқуқи дахлдор ба он ба вуҷуд меояд.

 

Моддаи 9. Амалӣ намудани ҳуқуқи гражданӣ
  1. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи граждании хешро бо салоҳдиди худ амалӣ менамоянд, аз ҷумла ихтиёрдорӣ мекунанд.
  2. Даст кашидани шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ аз амали ҳуқуқи ба онҳо тааллуқдошта, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, боиси қатъи ин ҳуқуқҳо намегардад.

 

Моддаи 10. Ҳадди амали ҳуқуқҳои гражданӣ
  1. 1. Ба амали шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки бо нияти расонидани зарар ба шахси дигар иҷро карда мешавад, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонун сӯиистифода аз ҳуқуқ дар шакли дигар роҳ дода намешавад.
  2. Ба истифодаи ҳуқуқҳои гражданӣ бо мақсади маҳдуд сохтани рақобат, инчунин сӯиистифода аз мавқеи афзалиятноки худ дар бозор роҳ дода намешавад.
  3. Амалӣ намудани ҳуқуқҳои гражданӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи субъектҳои дигари ҳуқуқро вайрон намояд ва ба муҳити зист зиёни воқеӣ расонад.
  4. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд оқилона ва одилона ва боинсофона талаботи дар қонунгузорӣ дарҷёфтаро, принсипҳои ахлоқи ҷомеаро, соҳибкорон бошанд, қоидаҳои одоби касбиро риоя намоянд. Ин ӯҳдадорӣ набояд ба воситаи шартнома хориҷ ё маҳдуд карда шавад.

 Амали оқилона, одилона ва боинсофонаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ дар назар дошта мешавад.

  1. Дар ҳолати риоя накардани талаботи моддаи мазкур суд метавонад аз ҳифзи ҳуқуқи ба шахс таалуқдошта даст кашад.

 

Моддаи 11. Ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ
  1. Ҳифзи ҳуқуқҳои граждании вайронгардида ё мавриди баҳс қарор доштаро тибқи мансубияти бо қонунҳои мурофиавӣ муқарраршудаи парвандаҳо аз ҷониби суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ (минбаъд суд) ба амал бароварда мешавад.
  2. Ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ аз тариқи маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба амал бароварда мешавад. Нисбати қароре, ки ба тариқи маъмурӣ қабул шудааст, метавон ба суд шикоят кард.

 

Моддаи 12. Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ

Ҳуқуқи гражданӣ бо тарзҳои зайл ҳифз мешавад:

- эътирофи ҳуқуқ;

- барқарор намудани вазъе, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон  кардани он таҳдид менамоянд;

- беэътибор донистани аҳдҳои мавриди баҳс ва истифодаи оқибатҳои беэътибор донистани он, истифодаи оқибатҳои беэътибор донистани аҳдҳои беэътибор;

- беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ;

- худмуҳофизаткунии ҳуқуқ;

- водор намудан ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли  асл (натура);

- рўёнидани товони  зиён;

- ситонидани ноустуворона;

- ҷуброни зарари  маънавӣ;

- қатъ кардан ё тағйир додани муносиботи ҳуқуқӣ;

- аз ҷониби суд татбиқ нагардидани санади мухолифи қонун қабул намудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- бо роҳҳои дигари пешбининамудаи қонун.

 

Моддаи 13. Беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ

Санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин санади меъёриеро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халалдор месозанд, суд метавонад беэътибор эътироф намояд.

Дар сурати санадро беэътибор донистани суд, ҳуқуқи вайронгардида бояд барқарор шавад ё ба тариқи дигари дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳифз гардад.

 

Моддаи 14. Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ

Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ роҳ дода мешавад. Роҳҳои худмуҳофизат бояд бо ҳуқуқвайронкунӣ мувофиқ буда, аз ҳадди амалҳое, ки барои пешгирии он заруранд, нагузарад.

 

Моддаи 15. Руёнидани зиён
  1. Шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, агар дар қонун ё шартнома руёнидани зиён ба андозаи камтар пешбинӣ нашуда бошад, метавонад ҷуброни пурраи зиёни ба ӯ расонидашударо талаб намояд.
  2. Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст рафтан ё хароб гардидани молу мулки ӯ (зиёни воқеӣ), инчунин даромади ба даст наомадае, ки ин шахс, агар ҳуқуқаш вайрон намегардид, дар шароити муқаррарии аҳдҳои гражданӣ метавонист ба даст оварад (фоидаи аз дастрафта).

Агар шахси вайронкардаи ҳуқуқ  дар натиҷаи ин даромад ба даст оварда бошад,  шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигар ҷуброни фоидаи аздастрафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд.

 

Моддаи 16. Руёнидани зиёни расонидаи  мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ

Зиёне, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

 

ЗЕРФАСЛИ  2. СУБЪЕКТҲОИ  ҲУҚУҚИ  ГРАЖДАНӢ

 

БОБИ 3. ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАХСИ ВОҚЕИИ ДИГАР

 

Моддаи 17. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ)

Таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахси бешаҳрвандӣ фаҳмида мешавад. Муқаррароти ҳамин Кодекс, агар дар қонун ё санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳамаи шаҳрвандон татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 18. Қобилияти  ҳуқуқдории   шаҳрванд
  1. Қобилияти доштани ҳуқуқу ӯҳдадории гражданӣ (қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ) нисбати ҳамаи шаҳрвандон ба андозаи баробар эътироф карда мешавад.
  2. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд ёфтанаш ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад.

 

Моддаи 19. Мазмуни  қобилияти ҳуқуқдории  шаҳрванд

Шаҳрванд метавонад ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дорои ҳуқуқи моликият ба молу мулк, аз ҷумла асъори хориҷӣ бошад; молу мулкро мерос гирад ва васият кунад; дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона ҳаракат карда, ҷои зист интихоб намояд; ҳудуди ҷумҳуриро озодона тарк карда, ба қаламрави он баргардад; бо ҳар гуна фаъолияти манънакардаи санади қонунӣ машғул шавад; мустақилона ё якҷоя бо  шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқии дигар шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад; ҳар гуна аҳдҳои бо санади қонунӣ манънашударо анҷом дода, дар ӯҳдадориҳо иштирок намояд; дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба ихтироот, асари илмӣ, адабӣ, санъат ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ бошад; ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавиро талаб намояд; ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва шахсӣ дошта бошад.

 

Моддаи 20. Номи шаҳрванд
  1. Шаҳрванд ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро, агар аз қонун ё анъанаҳои миллӣ тартиби дигаре барнаояд, бо номи худ, ки фамилия ва худи ном, инчунин номи падарро дар бар мегирад, ба даст меорад ва татбиқ менамояд.

Тибқи ҳолат ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун шаҳрванд метавонад аз тахаллус (номи сохта) истифода намояд.

  1. Шаҳрванд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳақ дорад номи худро иваз кунад. Номи худро дигар кардани шаҳрванд барои қатъ ё тағйири ҳуқуқу ӯҳдадориҳои бо номи қаблӣ бадастовардаи ӯ асос намебошад.

Шаҳрванд вазифадор аст, ки барои огоҳ намудани қарздорону кредиторони худ дар хусуси дигар кардани номаш чораҳои зарурӣ андешад ва хавфи оқибатҳоеро ба зимма дорад, ки бо сабаби огоҳӣ надоштани ин ашхос дар хусуси дигар кардани ном ба миён меоянд.

Шаҳрванде, ки номашро дигар кардааст, метавонад аз ҳисоби худ ба ҳуҷҷатҳое, ки бо номи қаблии ӯ ба расмият дароварда шуда буд, ворид намудани тағйироти дахлдорро талаб намояд.

  1. Номе, ки ба шаҳрванд пас аз таваллудаш гузошта шудааст, инчунин дигар кардани ном бояд мувофиқи тартиби барои бақайдгирии санади ҳолати шаҳрвандӣ пешбинигардида ба қайд гирифта шаванд.
  2. Ба даст овардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ба номи шахси дигар роҳ дода намешавад.
  3. Зиёне, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии номи ӯ расидааст, бояд мутобиқи ҳамин Кодекс ҷуброн карда шавад.

Дар сурати таҳриф ё истифодаи номи шаҳрванд бо тариқ ё дар шакле, ки шаъну  шараф ё обрӯи кории ӯро халалдор месозад, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 174 ҳамин Кодекс истифода мешаванд.

 

Моддаи 21. Истиқоматгоҳи шаҳрванд
  1. Истиқоматгоҳ маҳалле эътироф мегардад, ки шаҳрванд доимӣ ё бештар дар он истиқомат мекунад.
  2. Истиқоматгоҳи ноболиғони то чордаҳсола ё шаҳрвандоне, ки таҳти васоят қарор доранд, истиқоматгоҳи намояндагони қонунӣ ё васиёни онҳо эътироф мегардад.

 

Моддаи 22. Қобилияти амали шаҳрванд
  1. Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд.
  2. Агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан иҷозат бошад, шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида аз вақти издивоҷ карданаш пурра қобилияти амалро ба даст меорад.

Қобилияти амали дар натиҷаи издивоҷ бадастомада дар сурати бекор кардани никоҳ низ пурра боқӣ мемонад.

Дар сурати беэътибор донистани никоҳ суд метавонад дар хусуси аз лаҳзаи муайяннамудаи суд қобилияти пурраи амалро аз даст додани ҳамсари ноболиғ қарор қабул намояд.

 
Моддаи 23. Номумкин будани маҳрум сохтан ё маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрванд
  1. Ба истиснои ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали ҳеҷ касро маҳдуд сохтан мумкин нест.
  2. Риоя накардани шарту тартиби дар қонун муқарраргардидаи маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрвандон ё ҳуқуқи машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми дигаре мегардад, ки маҳдудиятҳои дахлдорро муқаррар намудааст.
  3. Пурра ё қисман даст кашидани шаҳрванд аз қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал ва аҳдҳои дигар, ки ба маҳдуд сохтани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал равона гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин аҳдҳоро қонун иҷозат додааст, эътибор надоранд.

 

Моддаи 24. Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон
  1. Шаҳрвандон метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати сохибкорони инфиродй бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
  2. Нисбати фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад, агар аз қонунҳо ё моҳияти муносибати ҳуқуқӣ тартиби дигаре барнаояд, мутобиқан қоидаҳои ҳамин Кодекс истифода мешаванд, ки фаъолияти шахси ҳуқуқии ташкилотҳои тиҷоратӣ бударо танзим менамоянд.
  3. Шаҳрвандони ки дар ҳайати хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд, аз бақайдгирии давлатӣ озод мебошанд.
  4. Шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо вайрон намудани қисми 1 моддаи мазкур амалӣ менамоянд, ҳақ надоранд нисбат ба аҳдҳои бастаашон ба он истинод намоянд, ки онҳо соҳибкор намебошанд. Суд метавонад ба чунин аҳдҳо қоидаҳои Кодекси мазкурро оид ба ўҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ намояд.
  5. Шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, тартиби бақайдгирӣ ва андозбандии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 12.05.2007 №247; аз 29.12.10с №640)

 

Моддаи 25. Масъулияти молу мулкии  шаҳрвандон
  1. 1. Шаҳрванд аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта, ба истиснои молу мулке, ки мутобиқи санади қонунгузорӣ аз он маблағ рӯёндан манъ аст, масъулият дорад.
  2. Номгӯи молу мулки шаҳрвандонро, ки аз он маблағ рӯёндан манъ мебошад, Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 26. Муфлисшавии соҳибкори  инфиродӣ
  1. Соҳибкори инфиродие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оиди фаъолияти соҳибкорӣ қодир нест, бо қарори суд мумкин аст муфлис эътироф гардад. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани чунин қарор қайди ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор мегардад.
  2. Ҳангоми иҷрои расму қоидаҳои муфлис донистани соҳибкори инфиродӣ кредиторони ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин метавонанд талаботи худро пешкаш намоянд. Талаботи чунин кредиторон, ки бо ҳамин тартиб арз накардаанд, баъди ба итмом расидани расму қоидаҳои муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ эътибори худро нигоҳ медоранд.
  3. Талаботи кредиторони соҳибкори инфиродӣ дар сурати муфлис эътироф гардиданаш аз ҳисоби молу мулки ба ӯ тааллукдоштае, ки мумкин аст бо тартиб ва навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ аз он маблаг рӯёнида шавад, қонеъ гардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  4. Пас аз ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон соҳибкори инфиродии муфлис эътирофгардида аз иҷрои ӯҳдадориҳои боқимондаи марбут ба фаъолияти соҳибкориаш ва талаботи дигаре, ки ҷиҳати иҷро пешниҳод гардида, зимни муфлис эътироф кардани соҳибкор ба назар гирифта шудаанд, озод карда мешавад.
  5. Асос ва тартиби муфлис эътироф кардани соҳибкори инфиродиро суд ё дар хусуси муфлис эълон кардани ӯро қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 27. Қобилияти амали ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола
  1. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бо ризояти хаттии намояндагони қонунии худ - волидайн, фарзандхондагон ва парасторон, ба истиснои аҳдҳои дар қисми 2 ҳамин модда номбаршуда, аҳдҳои дигарро анҷом медиҳанд.

Аҳдҳои анҷомдодаи чунин ноболиғон, инчунин баъди минбаъд онро хаттӣ маъқул донистани волидайн, фарзандхондагон ва парасторони ӯ боэътибор  мебошанд.

  1. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳуқуқ доранд, ки бидуни ризоияти волидайн, фарзандхондагон ва парасторонашон:

а) музди меҳнат, стипендия ва даромади дигари қонунии худро мустақилона ихтиёрдорӣ намоянд;

б) ҳуқуқи муаллифи асари илмӣ, адабӣ ё санъат, ихтироъ ё маҳсули дигари қонунан ҳифзшавандаи натиҷаи фаъолияти зеҳнии худро татбиқ намоянд;

в) мутобиқи қонун дар муассисаҳои кредитӣ амонат гузоранд ва онро ихтиёрдорӣ намоянд;

г) аҳдҳои хурди маишии дар қисми 2 моддаи 29 ҳамин Кодекс пешбинигардидаро анҷом диҳанд.

Ноболиғони ба синни шонздаҳсолагӣ расида ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонун дар бораи кооперативҳо узви кооператив бошанд.

  1. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола аз рӯи аҳдҳое, ки мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда анҷом додаанд, мустақилона масъулияти молу мулкӣ бар дӯш доранд. Чунин ноболиғон барои зиёни расонидаашон мутобиқи ҳамин Кодекс масъулият доранд.
  2. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ суд метавонад бо дархости волидайн, фарзандхондагон ё мақоми васояту парасторӣ ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсоларо, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ноболиғ мутобиқи қисми 2 моддаи 22 ё моддаи 28 ҳамин Кодекс қобилияти пурраи амалро ба даст овардааст, ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани музди меҳнат, стипендия ё даромади дигари ӯро маҳдуд кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум созад.

 

Моддаи 28.  Эмансипатсия
  1. Агар ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ расида тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла аз рӯи қарордод кор кунад ё бо розигии волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ӯ метавонад дорои қобилияти пурраи амал эълон карда шавад.

Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии ҳардуи волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақоми васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ бо қарори суд сурат мегирад.

  1. Волидайн, фарзандхондагон ва парастор аз рӯи ӯҳдадориҳои ноболиғи дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) - шуда, аз ҷумла аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зиёни расонидаи ӯ ба миён омадаанд, ҷавобгар нестанд.

 

Моддаи 29. Қобилияти амали ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида
  1. Бар ивази ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида (хурдсолон) аз номи онҳо аҳдро, ба истиснои аҳди дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида, танҳо волидайн, фарзандхондагон ва васиёни онҳо анҷом дода метавонанд.

        Нисбат ба аҳди намояндагони қонунии ноболиғон доир ба молу мулкашон қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода мешаванд.

  1. Ноболиғони аз шаш то чордаҳсола ҳуқуқи мустақилона бастани аҳдҳои зайлро доранд:

       а) аҳди хурди маишӣ (харидани нон, китоб, қалам ва ғайра), ки ҳангоми бастан аз ҷониби худи онҳо анҷом дода мешаванд;

       б) аҳде, ки барои бемузд ба даст овардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд;

        в) аҳдҳои ихтиёрдорӣ кардани маблағҳое, ки намояндаи қонунӣ ё бо розигии ӯ шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.

  1. Аз рӯи аҳди ноболиғи ба синни чордаҳ нарасида, аз ҷумла аҳде, ки ӯ мустақилона анҷом додааст, масъулияти молу мулкиро волидайн, фарзандхондагон ва васиён бар дӯш доранд, агар исбот накунанд, ки ӯҳдадорӣ бо гуноҳи онҳо вайрон шудааст. Ин шахс ҳамчунин тибқи қонунгузорӣ барои зиёни расонидаи ноболиғон  низ масъулият доранд.

 

Моддаи 30. Ғайри қобили амал донистани шаҳрванд
  1. Суд шаҳрвандеро, ки дар асари бемории рӯҳӣ ё камақлиаш аҳамияти амали худро дарк ё онро идора карда наметавонад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ ғайри қобили амал эътироф карда метавонад. Ӯ таҳти васоят қарор дода мешавад.
  2. Аз номи шаҳрванде, ки ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳдро васӣ ба иҷро мерасонад.
  3. Агар асосе, ки мутобиқи он шаҳрванд ғайри қобили амал эътироф гардида буд, аз миён бардошта шавад, суд ӯро қобили амал эътироф мекунад. Дар асоси қарори суд васояти барои ӯ муқарраргардида бекор карда мешавад.
  4. Агар суд аризаи ғайри қобили амал эътироф кардани шахсро қонеъ нагардонад ва муқаррар гардад, ки талабот мусоҳилакорона арз шудааст, шахсе, ки бо чунин амал ба ӯ зиёни рӯҳӣ расонида шудааст, ҳақ дорад аз арзкунанда ҷуброни ин зиёнро талаб намояд.
Моддаи 31. Маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд
  1. Суд метавонад қобилияти амали шаҳрвандеро, ки дар асари сӯиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда худ ё оилаи худро дар вазъияти вазнини моддӣ қарор медиҳад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ маҳдуд созад. Ӯ таҳти парасторӣ қарор дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Ӯ ҳуқуқ дорад мустақилона аҳдҳои хурди маишӣ бандад.

Барои анҷом додани аҳдҳои дигар, гирифтани музди меҳнат, нафақа ва даромади дигар ва сарф кардани он ӯ танҳо бо розигии парастор ҳуқуқ дорад. Вале чунин шаҳрванд барои аҳдҳои анҷомдода ва зиёни расонидааш мустақилона масъулияти молу мулкӣ дорад.

  1. Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо қобилияти амали шаҳрванд маҳдуд гардида буд, аз миён бардошта шаванд, суд маҳдудияти қобилияти амали ӯро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд парастории барои шаҳрванд муқарраргардида бекор карда мешавад.

 

Моддаи 32. Васоят ва парасторӣ
  1. Васояту парасторӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта муқаррар мегардад. Васояту парастории ноболиғон ҳамчунин бо мақсади тарбияи онҳо муқаррар карда мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои марбутаи васиёну парасторонро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Васиёну парасторон бидуни ваколати махсус ҳуқуқу манфиатҳои шахси таҳти васоят ё парасториашонро дар муносибат бо ҳама гуна ашхос, аз ҷумла дар судҳо, ҳифз мекунанд.
  3. Васояту парастории ноболиғон дар сурати волидайн, падару модархонд надоштани онҳо, аз ҳуқуқи волидайн маҳрум гардонида шудани волидайнашон, инчунин дар ҳолатҳое, ки чунин шаҳрвандон бо сабабҳои дигар бидуни парастории волидайн мондаанд, аз ҷумла дар сурати аз тарбия ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон саркашӣ намудани волидайн муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи  33. Васоят
  1. Васоят барои хурдсолон, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд онҳоро дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлиашон ғайри қобили амал эътироф намудааст.
  2. Васиён мутобиқи қонун намояндагони шахси таҳти васояташон буда, аз номи онҳо ва ба манфиаташон тамоми аҳди заруриро анҷом медиҳанд.
Моддаи 34.  Парасторӣ
  1. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд қобилияти амали онҳоро бо сабаби сӯиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда маҳдуд сохтааст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Парасторон барои анҷоми он аҳдҳое розигӣ медиҳанд, ки шаҳрвандони таҳти парасторӣ қарордошта барои мустақилона анҷом додани онҳо ҳуқуқ надоранд.

Парасторон ба шахси таҳти парасторӣ барои татбиқи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон мусоидат менамоянд, инчунин онҳоро аз сӯиистифодаи шахси сеюм (ғайр) ҳифз менамоянд.

 

Моддаи 35. Мақомоти васояту парасторӣ
  1. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ё дар бораи маҳдуд сохтани қобилияти амали ӯ барои таҳти васоят ё парасторӣ қарор додани чунин шаҳрванд дар ин хусус ба мақоми васояту парастории маҳалли зисти ӯ хабар диҳад.
  3. Мақоми васояту парастории маҳалли зисти шахси таҳти васояту парасторӣ қарордошта ба фаъолияти васиёну парасторони онҳо назорат мекунад.

 

Моддаи 36.  Васиён ва парасторон
  1. Васӣ ё парастор аз ҷониби мақоми васояту парастории маҳалли зисти шахси ба васоят ё парасторӣ эҳтиёҷдошта дар давоми як моҳи пас аз лаҳзае, ки мақомоти мазкур дар хусуси зарурати таҳти васоят ё парасторӣ қарор додани шаҳрванд огоҳӣ ёфтанд, муқаррар карда мешавад. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷолиби диққат васӣ ё парасторро мақоми васояту парастории маҳалли зисти васӣ (парастор) таъин карда метавонад. Агар барои шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ дар давоми як моҳ васӣ ё парастор таъин карда нашавад, иҷрои вазифаҳои васӣ ё парастор муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.

           Шахси манфиатдор метавонанд нисбати таъини васӣ ё парастор ба суд шикоят намоянд.

  1. Танҳо шаҳрвандони ба балоғат расидаи қобили амал васӣ ё парастор таъин шуда метавонанд. Шаҳрвандонеро, ки аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шудаанд, инчунин шаҳрвандонеро, ки тибқи қонунгузорӣ васоят ё парастор шуданашон манъ карда шудааст, васоят ва парастор таъин кардан мумкин нест.
  2. Шахсро танҳо бо розигии худаш васӣ ё парастор таъин кардан мумкин аст. Зимнан бояд одобу ахлоқ ва сифатҳои дигари шахсӣ, қобилияти иҷро кардани вазифаи васӣ ё парастор, муносибати байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ ва агар имкон бошад, хоҳиши шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта бояд ба назар гирифта шавад.
  3. Васиён ва парасторони шаҳрвандони мӯҳтоҷи васоят ё парасторие, ки дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаҳои дигари шабеҳ қарор доранд ё ҷойгир карда шудаанд, ин муассисаҳо  ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 37. Вазифаи худро иҷро кардани васиён ва парасторон

 

  1. Вазифаи васояту парасторӣ, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба таври ройгон иҷро карда мешавад.
  2. Васиёну парасторони шаҳрвандони ноболиғ бояд бо шахси таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта якҷоя зиндагӣ кунанд. Ҷудо зиндагӣ кардани парастор бо шахси таҳти парастории ба синни шонздаҳ расида ба шарте бо иҷозати мақоми васояту парасторӣ иҷозат дода мешавад, ки ин ба тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахси таҳти парасторӣ таъсири манфӣ нарасонад.

Васиёну парасторон вазифадоранд, ки дар хусуси тағйир ёфтани маҳалли зисташон мақомоти васояту парасториро огоҳ созанд.

  1. Васиёну парасторон вазифадоранд, ки шахси таҳти васояташон (парасториашон) қарордоштаро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд.
  2. Вазифаҳои дар қисми 3 ҳамин модда номбаршуда ба зиммаи парасторони шаҳрвандони болиғе, ки суд қобилияти амалашонро маҳдуд сохтааст, гузошта намешаванд.
  3. Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо шаҳрванд дар натиҷаи сӯиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардида буд аз миён бардошта шаванд, васӣ ё парастор вазифадор аст, ки дар хусуси қобили амал донистани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ва бекор кардани васоят ё парастории ӯ ба суд дархост пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
 
              Моддаи 38. Ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ)
  1. Даромади шаҳрванди таҳти васоят (парасторӣ), аз ҷумла даромади аз ҳисоби идораи молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) ба ӯ тааллуқдоштаро, ба истиснои молу мулке, ки шахси таҳти васоят (парасторӣ) мустақилона ихтиёрдорӣ карда метавонад, васӣ ё парастор бо розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ танҳо ба манфиати шахси таҳти васоят (парасторӣ) сарф менамояд.

Бидуни розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парастор ҳуқуқ дорад аз ҳисоби маблағе, ки бояд ба шахси таҳти васоят (парасторӣ) ҳамчун даромад пардохта шавад, маблағи заруриро ҷиҳати таъминоти шахси таҳти васоят (парасторӣ) харҷ  намояд.

  1. Васӣ бидуни ризоияти пешакии мақоми васояту парасторӣ барои анҷом додан ва парастор барои додани розигӣ ҷиҳати анҷоми аҳди фурӯш, аз ҷумла иваз ё ҳадя кардани молу мулки шахси таҳти васоят, киро (иҷора), ба истифодаи ройгон додан ё ба гарав мондани он аҳде, ки боиси аз даст додани ҳуқуқи шахси таҳти васоят, тақсими молу мулки ӯ ё аз он ҷудо кардани ҳисса мегардад, инчунин ҳар гуна аҳди дигаре, ки боиси кам шудани молу мулки шахси таҳти васоят мегардад, ҳуқуқ надорад.

Тартиби идораи молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) тибқи қонун муайян карда мешавад.

  1. Васӣ, парастор, ҳамсарон ва хешовандони наздики онҳо барои бастани аҳдҳо бо шахси таҳти васояташон (парасториаш), ба истиснои ҳамчун ҳадя ё истифодаи ройгон ба шахси таҳти васоят (парасторӣ) додани молу мулк, инчунин барои намояндагӣ кардани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ҳангоми бастани аҳд ё пешбурди парвандаҳои судӣ байни шахси таҳти васояту (парасторию) ҳамсари васӣ ё парастор ва хешовандони наздики онҳо ҳуқуқ надоранд.

 

Моддаи 39. Идоракунии ваколатии молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ)
  1. Дар сурати ҷой доштани зарурати идоракунии доимии молу мулки ғайриманқул ва манқули қиматноки шахси таҳти васоят (парасторӣ) мақоми васояту парасторӣ бо мудир, ки ҳамин мақом муайян кардааст, дар хусуси идоракунии ваколатии чунин молу мулк шартнома мебандад. Дар ин ҳолат васӣ ё парастор ваколати худро нисбати молу мулки шахси таҳти васояташ (парасториаш), ки ба идораи ваколатӣ дода нашудааст, нигоҳ медорад.

Ҳангоми ваколатҳои идораи молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ)-ро иҷро кардани мудир амали қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 ҳамин Кодекс ба мудир дахл дорад.

  1. Ихтиёрдории ваколатии молу мулки шахси таҳти васоят (парасторӣ) аз рӯи асосҳое, ки қонун барои қатъи шартномаи идораи ваколатии молу мулк пешбинӣ намудааст, инчунин дар сурати қатъи васояту парасторӣ қатъ мегардад.

 

Моддаи 40. Аз иҷрои вазифа озод  ва дур кардани васиёну парасторон
  1. 1. Мақоми васояту парасторӣ дар ҳолати баргардонидани кӯдак ба волидайнаш ё ба фарзандӣ қабул гардиданаш васӣ ё парасторро аз иҷрои вазифаҳояш озод мекунад.

Ҳангоми ба муассисаи дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаҳои дигари шабеҳ ҷойгир кардани шахси таҳти васоят (парасторӣ), муассисаи васояту парасторӣ, ба шарте ки ин хилофи манфиатҳои шахси таҳти васоят (парасторӣ) набошад, васӣ ё парастори қаблан таъиншударо аз иҷрои вазифаҳояш озод мекунад.

  1. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок (беморӣ, тағйир ёфтани вазъи молу мулкӣ, набудани ҳамфикрӣ бо шахси таҳти васоят (парасторӣ ва ғайра) васӣ ё парастор мумкин аст бо хоҳиши худ аз иҷрои вазифаҳояш озод карда шавад.
  2. Дар сурати вазифаҳояшро ғайриқаноатбахш иҷро кардани васӣ ё парастор, аз ҷумла дар ҳолати васоят ё парасториро ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани ӯ ё шахси таҳти васоятро (парасториро) бе назорат, бе кӯмаки лозима гузоштанаш, инчунин дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,мақоми васояту парасторӣ метавонад васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифаҳо дур карда, ҷихати ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун ҷалб кардани шаҳрванди гунаҳкор тадбирҳои зарурӣ андешад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 41. Қатъ гардидани васояту парасторӣ
  1. Васояту парасторӣ нисбати шаҳрвандони болиғ дар ҳолатҳои аз ҷониби суд қабул гардидани қарор дар бораи қобили амал эътироф намудани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ё бекор кардани маҳдудиятҳои қобилияти амали ӯ дар асоси аризаи васӣ, парастор ё мақоми васояту парасторӣ қатъ мегардад.
  2. Дар сурати ба синни чордаҳ расидани шахси таҳти васоят қарордошта васояти ӯ қатъ мегардад ва шаҳрванде, ки вазифаи васиро иҷро мекард, бидуни қарори иловагӣ дар ин хусус парастори ноболиғ мегардад.
  3. Парастории ноболиғ дар сурати ба синни ҳаждаҳ расидани шахси таҳти парасторӣ, инчунин дар сурати издивоҷ карданаш ва дар ҳолатҳои дигари то ба балоғат расидан дорои қобилияти пурраи амал гардидани ӯ (қисми 2 моддаи 22 ва моддаи 28) қатъ мегардад.

 

Моддаи 42. Ҳимоя (патронажи)–и шаҳрвандони қобили амал
  1. Бо хоҳиши шаҳрванди болиғи қобили амале, ки бо сабаби вазъи саломатиаш ҳуқуқи худро мустақилона татбиқу ҳимоя ва вазифаҳояшро иҷро карда наметавонад, мумкин аст барои ӯ парасторӣ дар шакли ҳомӣ (патронаж) муқаррар карда шавад. Муқаррар намудани ҳомӣ (патронаж) боиси маҳдудшавии ҳуқуқи шахси таҳти парасторӣ намегардад.
  2. Парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амалро мақоми васояту парасторӣ танҳо бо ризоияти чунин шаҳрванд таъин карда метавонад.
  3. Парастор (ёвар) молу мулки шахси болиғи қобили амали таҳти парасториаш тааллуқдоштаро дар асоси шартномаи супориш ё идораи ваколатӣ, ки бо шахси таҳти парасторӣ баста шудааст, ихтиёрдорӣ мекунад. Аҳдҳои маишӣ ва аҳдҳои дигареро, ки ба таъмин ва қонеъ гардонидани талаботи шахси таҳти парасторӣ равона гардидаанд, парастор (ёвари)-и ӯ бо ризоияти шахси таҳти парасторӣ анҷом медиҳад.
  4. Ҳимоя (патронаж)-и мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муқарраргардидаи шаҳрванди болиғи қобили амал бо талаби шаҳрванди таҳти ҳимоя қарордошта қатъ мегардад.

Парастор (ёвар)-и шаҳрванди таҳти ҳимоя қарордошта дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 40 ҳамин Кодекс аз иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда озод карда мешавад.

  1. Танҳо шаҳрвандони болиғи қобили амал, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ ё парастор шудани онҳоро манъ накардааст, парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амал таъин шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 43. Бедарак ғоиб эътироф намудани  шаҳрванд

Агар дар  тӯли як сол дар ҷои истиқомати шаҳрванд дар хусуси бошишгоҳи ӯ маълумоте набошад, суд бо дархости шахси манфиатдор метавонад  ӯро бедарак ғоиб эътироф намояд.

Дар сурати  муқаррар карда натавонистани рӯзи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб, оғози ҳисоби мӯҳлат барои эътирофи бедарак ғоиб санаи аввали моҳе, ки пас аз моҳи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб фаро мерасад ва дар сурати муқаррар карда натавонистани ин моҳ,  якуми январи соли минбаъда ҳисоб мешавад.

 

Моддаи 44. Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд
  1. Молу мулки шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида дар сурати зарурати муҳофизати он дар асоси қарори суд ба идораи ваколатии шахсе супурда мешавад, ки аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ муайян гардида, дар асоси шартномаи бо ин мақом басташуда дар бораи идораи ваколатӣ амал мекунад.

Идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоиб эътирофгардида иҷрои вазифаҳои шаҳрвандро ба зимма гирифта, аз ҳисоби молу мулки шахси ғоиб қарзи ӯро месупорад, ин молу мулкро ба манфиати чунин шахс идора мекунад. Бо дархости шахси манфиатдор ба шаҳрвандоне, ки шахси бедарак мебоист онҳоро таъмин мекард, таъминотпулӣ дода мешавад.

  1. Мақоми васояту парасторӣ то сипарӣ шудани як соли пас аз расидани маълумот дар хусуси ҷои исти шаҳрванди бедарак низ метавонад барои ҳифзи молу мулки ӯ идоракунандаро таъин намояд.
  2. Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шахсро, ки дар ҳамин модда пешбинӣ нашудааст, қонун муайян менамояд.

 

Моддаи 45. Бекор кардани қарори бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд
  1. Дар сурати ҳозир шудани шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида ё муайян гардидани ҷои исти ӯ суд қарорро дар бораи бедарак ғоиб эътироф намудани ӯро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд идораи молу мулки шаҳрванд бекор карда мешавад.
  2. Агар баъди се соли таъин кардани идоракунанда қарори бедарак ғоиб эълон намудани шахс бекор нашуда, дар хусуси фавтида эътироф намудани шаҳрванд ба суд муроҷиате пешниҳод нагардида бошад, мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки бо аризаи фавтида эътироф намудани шаҳрванд ба суд муроҷиат кунад.

 

Моддаи 46. Фавтида эълон намудани шаҳрванд
  1. Агар дар маҳалли зисти шаҳрванд дар давоми се сол аз ҷои исташ маълумоте набошад ва агар ӯ дар вазъияте бедарак ғоиб шуда бошад, ки хатари марг ба ҳаёташ таҳдид мекард ё ба гумони аз фалокат вафот кардани ӯ асос медиҳад, дар давоми шаш моҳ суд метавонад чунин шаҳрвандро фавтида эълон намояд.
  2. Суд хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрванди дигари бо сабаби амалиёти ҷангӣ бедарак ғоибшударо танҳо баъди як соли пас аз анҷоми амалиёти ҷанг фавтида эълон карда метавонад.
  3. Рӯзи вафоти шаҳрванде, ки фавтида эълон шудааст, рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи фавтида эълон намудани ӯ дониста мешавад. Дар сурати фавтида эълон гардидани шаҳрванди дар вазъияте бедарак ғоибшуда, ки ба ҳаёти ӯ таҳдид мекард ё барои гумони дар натиҷаи фалокат вафот кардани ӯ асос медиҳад, суд метавонад рӯзи тахминии вафоти ӯро рӯзи вафоти ин шаҳрванд эътироф намояд.
  4. Фавтида эълон намудани шаҳрванд нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳои чунин шаҳрванд боиси оқибатҳое мегардад, ки вафоти ӯ сабаб шуда метавонист.

 

Моддаи 47. Оқибати ҳозир шудани шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд
  1. Дар сурати ҳозир шудан ё ошкор гардидани маҳалли буду боши шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд, суд қарори дахлдорро бекор мекунад.
  2. Шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 323 ҳамин Кодекс, сарфи назар аз вақти ҳозир шуданаш метавонад аз ҳар шахс баргардонидани молу мулки маҳфузмондаеро талаб намояд, ки пас аз фавтида эълон гардидани шаҳрванд бемузд ба ихтиёри ин шахс гузашта аст.

Ашхосе, ки молу мулки шаҳрванди фавтида эълоншуда дар натиҷаи аҳдҳои бомузд ба ихтиёрашон гузаштааст, агар исбот гардад, ки ҳангоми харидани молу мулк онҳо зинда будани шаҳрванди фавтида эълоншударо медонистанд, вазифадоранд ин молу мулкро ба ӯ баргардонанд. Дар сурати баргардонида натавонистани худи молу мулк арзиши он ҷуброн карда мешавад. Агар молу мулки шаҳрванди фавтида эълоншуда аз рӯи ҳуқуқи мерос ба ихтиёри давлат гузашта, бо риояи шартҳои дар ҳамин модда пешбинигардида фурӯхта шуда бошад, пас аз бекор кардани қарори фавтида эълон намудани шаҳрванд ба ӯ маблағи аз фурӯши молу мулк бадастомада баргардонида мешавад.

  1. Соҳиби бовиҷдон ҳуқуқ дорад беҳбудиҳои вориднамудаашро, ба шарте ки онҳоро бе зиён ҷудо кардан мумкин бошад, дар ихтиёри худ монад. Агар чунин ҷудо кардани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовиҷдон ҳуқуқ дорад ҷуброни маблағи барои беҳбудӣ харҷкардаашро, вале на зиёдтар аз андозаи арзиши молу мулк, талаб намояд.

 

БОБИ 4. ШАХСИ  ҲУҚУҚӢ

 

§1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 48. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ
  1. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

Шахси ҳуқуқӣ бояд баланс ё сметаи  мустақил дошта бошанд.

  1. Бо сабаби иштирок дар ташкили молу мулки шахси ҳуқуқӣ муассисони (иштирокчиёни) он метавонанд нисбати ин шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадорӣ ё ҳуқуқи молу мулки ба молу мулки он дошта бошанд.

Ба шахси ҳуқуқие, ки иштирокчиёнашон нисбати онҳо ҳуқуқи ӯҳдадорӣ доранд, инҳо дохил мешаванд: ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ,  кооперативҳои тиҷоратӣ ва кооператсияи матлубот.(ҚҶТ аз 22.07.13с., №976)

Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисони онҳо ба молу мулкашон ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ доранд, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ, инчунин муассисаҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд.

  1. Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисонашон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи молу мулкӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд: иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ; фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахси ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо). (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 49. Қобилияти ҳуқуқдории шахси  хуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқӣ метавонад мутобиқи мақсадҳои фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он пешбинигардида ҳуқуқи гражданӣ ва вобаста ба ин фаъолият ӯҳдадорӣ дошта бошад.

Ташкилотҳои тиҷоратӣ, ба истиснои корхонаҳои воҳид ва намудҳои дигари  ташкилотҳои пешбининамудаи қонун метавонанд ҳуқуқу ӯҳдадориҳое дошта бошанд, ки барои татбиқи ҳар намуди фаъолияти бо қонун манънашуда заруранд. Шахси ҳуқуқӣ бо намудҳои алоҳидаи фаъолияте, ки номгӯи онҳо бо қонун муайян карда мешавад, танҳо  дар асоси иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул шуда метавонад.

  1. Ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун метавонад маҳдуд карда шавад. Нисбати қарори маҳдуд кардани ҳуқуқ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  2. Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи таъсиси он (қисми 2 моддаи 51) ба миён омада, дар лаҳзаи ба охир расидани он (қисми 8 моддаи 64) қатъ мегардад.

Ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи фаъолияте, ки барои машғул шудан ба он гирифтани иҷозатнома (литсензия) зарур аст (қисми 1 ҳамин модда), агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, аз лаҳзаи гирифтани чунин иҷозатнома (литсензия) ё дар мӯҳлати дар он зикргардида ба миён омада, бо гузаштани мӯҳлати амали он қатъ мегардад.

 

Моддаи 50. Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ
  1. Ташкилотҳое шахси ҳуқуқӣ буда метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор додаанд (ташкилотҳои тиҷоратӣ) ё чунин мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунанд (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ).
  2. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ таъсис дода шаванд.
  3. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли кооперативҳои ғайритиҷоратӣ, кооператсия матлубот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, муассисаҳои аз ҷониби молик маблағгузоришаванда, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин дар дигар шаклҳои пешбининамудаи қонун таъсис дода шаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с., №976; аз 18.03.15 с., № 1178)

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд, ки барои мақсадҳои оинномавии онҳо зарур аст.

  1. Таъсиси иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дар шакли ассотсиатсияҳо ё иттифоқҳо ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 51. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ

1.Шахси ҳуқуқӣ бояд мувофнқи тартиби муқаррариамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлати шрифта шавад. Маълумот дар бораи бакайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилетхои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродй дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Асосхои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуки мувофиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Рад кардани бақайдгирӣ бо далели мувофиқи мақсад набудани таъсиси шахси ҳукуқи манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Дар сурати рад кардани бақайдгнрии давлатӣ, инчунин саркашй кардан аз он ба суд шикоят намудан мумкин аст.

  1. Шахси хуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида дониста мешавад.
  2. Шахси хукукй танхо дар холатҳои муқаррарнамудаи қонун аз нав ба қайд гирифта мешавад.

(ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)

 

Моддаи 52. Муассисони шахси ҳуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқиро як ё якчанд муассис таъсис дода метавонанд.
  2. 2. Соҳибмулк ё ин ки мақомоти ваколатдори он ё шахсон ва дар ҳолатҳои махсус пешбиннамудаи қонунгузорӣ дигар шахсони ҳуқуқӣ муассиси шахси ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Дар айни замон шахси ҳуқуқие, ки дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ мебошанд, бо ризоияти молик ё мақоми ваколатдори он метавонад муассисони шахси ҳуқуқии дигар бошад.

 

Моддаи 53. Ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ё шартномаи таъсис ва оиннома ва ё танҳо шартномаи таъсис амал мекунад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ намебошад, дар асоси низомномаи умумии ин намуди ташкилот амал карда метавонад.

Шартномаи таъсиси шахси ҳуқуқиро муассисони (иштирокчиёни) он баста, оинномаро тасдиқ менамоянд.

Шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс аз ҷониби як муассис таъсис ёфтааст, дар асоси оинномаи тасдиқнамудаи ин муассис амал мекунад.

  1. Дар оиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари таъсисии шахси ҳуқуқӣ бояд номи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавии он, тартиби идораи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ муайян карда шаванд, инчунин маълумоти дигари пешбининамудаи қонун дар бораи намуди дахлдори шахси ҳуқуқӣ нишон дода шавад.

Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва корхонаҳои воҳид, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бошад, инчунин ташкилотҳои тиҷоратии дигар бояд марому мақсади фаъолияти шахси ҳуқуқӣ муайян карда шавад. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ мумкин аст марому мақсади муайяни фаъолияти онҳо пешбинӣ карда шавад.

Дар шартномаи таъсис тарафҳо (муассисон) ҷиҳати таъсиси шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадорӣ қабул намуда, тартиби фаъолияти муштарак дар мавриди таъсиси он, шартҳои ба он додани молу мулки худ ва иштирок дар фаъолияти онро муайян менамоянд. Дар шартнома инчунин шарту тартиби тақсими фоидаю зиён миёни иштирокчиён, идора кардани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, аз ҳайати он баромадани муассисон (иштирокчиён) муайян карда мешавад. Бо мувофиқаи муассисон ба шартномаи таъсис мумкин аст шартҳои дигар низ дохил карда шаванд.

  1. 3. Тағйироти ба хуҷҷатҳои таъсисии ҳизбхои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятй, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин ташкилотҳои динӣ воридкардашуда пас аз бакайдгирии давлати барои шахсони ссюм эътнбор пайдо мекунанд. Тагйироти маълумотҳо дар ҳуҷҷатхои таъсисии шахсони ҳуқуқии дигар пас аз ворид намудани онхо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродй барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640; аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 54. Мақомоти шахси ҳуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқӣ ба воситаи мақомоташ, ки дар асоси қонунҳои амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ҳуқуқи гражданӣ ба даст овардааст, иҷрои ӯҳдадориҳои гражданиро ба зимма мегирад. Тартиби таъин ё интихоби мақомоти шахси ҳуқуқӣ тибқи қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсис муайян карда мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахси ҳуқуқӣ метавонад ба воситаи иштирокчиёнаш ҳуқуқи гражданӣ ба даст оварда, иҷрои ӯҳдадориҳои гражданиро ба зимма гирад.
  3. Шахсе, ки мутобиқи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шахси ҳуқуқӣ аз номи он баромад мекунад, бояд ба манфиати шахси ҳуқуқии намояндагӣ мекардааш софдилона ва оқилона амал кунад. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ӯ вазифадор аст, ки бо талаби муассисони (иштирокчиёни, аъзои) шахси ҳуқуқӣ зиёнеро, ки ӯ ба шахси ҳуқуқӣ расонидааст, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 55. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии  шахси ҳуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳои воҳид ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошта бошад.

Ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба реквизитҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат иҷозат дода мешавад.

  1. Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, агар мутобиқи қонун дар ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ маҳалли дигаре муқаррар нашуда бошад, маҳалли бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад.
  2. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он нишон дода мешавад.
  3. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад.

Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно дорад.

Тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамоянд.

Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 56. Намояндагӣ ва филиалҳо
  1. Намояндагӣ воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ менамояд, аз номи он аҳдҳо ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳад.
  2. Филиал воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, тамоми ё як қисми вазифаҳои он, аз ҷумла вазифаи намояндагиро иҷро мекунад.
  3. Намояндагию филиалҳо шахси ҳуқуқӣ набуда, бо қарори мақоми дахлдори шахси ҳуқуқӣ, ки онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ муайян намудаанд, таъсис дода мешаванд. Роҳбарони намояндагию филиалҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ таъин гардида, дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

Намояндагию филиалҳо бояд дар оинномаи шахси ҳуқуқие, ки онҳоро таъсис додааст, нишон дода шаванд.

 

Моддаи 57. Масъулияти шахси ҳуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқӣ ғайр аз муассисаҳое, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулкашон масъулият доранд.
  2. Корхонаи давлатӣ ва муассисаи аз ҷониби молик маблағгузоришаванда аз рӯи ӯҳдадориҳои худ мувофиқи тартиб ва дар асоси шартҳои пешбининамудаи қисми 8 моддаи 125, моддаҳои 126 ва 127 ҳамин Кодекс масъулият доранд.
  3. Муассиси (иштирокчии) шахси ҳуқуқӣ ё молики он, ба истиснои ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинигардида аз рӯи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои муассис (иштирокчӣ) ё молик масъулият надорад.

Агар сабабгори муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ муассисон (иштирокчиён), молики молу мулки  шахси ҳуқуқӣ ё шахси дигаре бошанд, ки ҳуқуқи додани дастурҳои ҳатмиро ба шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани амалҳои онро доранд, ба зиммаи чунин ашхос дар сурати нарасидани молу мулки шахси ҳуқуқӣ мумкин аст аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ гузошта шавад.

 

Моддаи 58. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
  1. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) метавонад бо қарори муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсис дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварда шавад.
  2. Бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар қонун мумкин аст ҳолатҳо ва тартиби маҷбуран азнавташкилдиҳии ташкилотҳои тиҷоратӣ дар асоси қарори суд пешбинӣ карда шавад.

Агар муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ,  мақоми  ваколатдори онҳо ё мақоми шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсис барои азнавташкилдиҳии он   ваколатдор аст, азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарори суд ба амал набароранд, суд аз ҷумлаи шахси ғайр мудири шахси ҳуқуқиро таъин намуда, ба ӯ супориш медиҳад, ки азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро ба амал барорад. Аз лаҳзаи таъин гардидани мудири ғайр ваколати идора намудани корҳои шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи ӯ мегузарад. Мудири ғайр аз номи шахси ҳуқуқӣ дар суд баромад мекунад ва баланси тақсимотро тартиб дода, онро якҷоя бо ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ бавуҷудоянда ҷиҳати тасдиқ ба суд месупорад. Аз ҷониби суд тасдиқ гардидани ҳуҷҷатҳои мазкур барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис асос мебошад.

  1. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳид, ҳамроҳ кардан ё тағйир додан танҳо бо ризояти мақомоти давлатии ваколатдор ба амал бароварда мешавад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ҳолатҳои азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳкунӣ, аз лаҳзаи бақайдгирии шахси ҳуқуқии навтаъсис азнавташкилшуда дониста мешавад.

Дар сурати азнавташкилдихии шахси хуқуқй дар шакли ба он ҳамроҳшавии шахси ҳуқуқпи дигар, шахсони хуқуқие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби мукарраршуда дар як вакт ба мақомоти анчомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқукӣ ва сохибкорони инфиродй ариза пешниход менамоянд. Шахси хуқуқӣ аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ ёфтани фаъолияти, шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тагйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳукуқй ва сохибкорони инфиродй ворид карда шудаанд.

Азнавташкилдиҳии шахси ҳукуқӣ дар шакли табдилдихӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шаҳсони хуқуқй ва сохибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии шахси хуқуқи ба итмомрасида дониста мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)

  1. Азнавташкилдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории бонкӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 59. Ворисии ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
  1. Ҳангоми муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо мутобиқи санади супурдан ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
  2. Дар сурати ҳамроҳкунии шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда мутобиқи санади супурдан ба ихтиёри шахси ҳуқуқии дигар мегузарад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
  3. Дар сурати ҷудо кардани шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
  4. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ мутобиқи баланси тақсимот ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҳар яки онҳо мегузарад.
  5. Ҳангоми аз як намуди шахси ҳуқуқӣ ба намуди дигар табдил додани шахси ҳуқуқӣ (тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мутобиқи акти супурдан гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 60. Санади супурдан ё баланси тақсимот
  1. Санади супурдан ё баланси тақсимот бояд мувофиқи муқаррарот оиди гузаштани ҳамаи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда нисбати ҳамаи кредиторону қарздорони ӯ, аз ҷумла ӯҳдадориҳои мавриди баҳси тарафайн қарор доштаро ҳам дар бар гирифта бошад.
  2. . Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдихии шахси ҳуқукй карор қабул намудааст, тасдик гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бакайдгирии давлатӣ барон бакайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис ва барои ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқукй ва сохибкорони инфиродй ворид намудани маълумот дар бораи шахсони хуқуқии азнавташкилшуда пешниход карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)

 

Моддаи 61. Кафолати ҳуқуқии кредиторони шахси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он
  1. Муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст, бояд кредиторони шахси ҳуқуқии азнавташкилшавандаро дар ин бора хаттӣ огоҳ созанд.
  2. Кредитори шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда ҳуқуқ дорад қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориро, ки аз рӯи он ҳамин шахси ҳуқуқӣ қарздор мебошад, инчунин ҷуброни зиёнро талаб намояд.
  3. Агар баланси тақсимот барои муайян намудани андозаи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ворисони ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда имконият надиҳад, шахси ҳуқуқии навтаъсис аз рӯи ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда дар назди кредиторони ӯ масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 62. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ
  1. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ боиси қатъ гардидани он бидуни ба шахси дигар ба тариқи вориси ҳуқуқ гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш мегардад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:

- бо қарори муассисон (иштирокчиён)  ё мақомоти шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ чунин ваколатро дорад, аз ҷумла бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ  таъсис дода шуда буд ё  ноил шудан ба мақсадҳои таъсисдодашуда;

- бо ҳалномаи суд ҳангоми таъсисион роҳ додан ба дағалона вайронкунии қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад ё бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё фаъолияти манъ намудаи қонун, ё амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии якчандмаротиба ва дағалонаи дигари қонунгузорӣ ё аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ намудани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф мебошад, ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиётҳои дар иҷозатнома пешбинишуда намуди ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

  1. Талаби барҳам додани шахси ҳуқуқиро тибқи асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки мувофиқи қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ дорад, ба суд пешниҳод карда метавонад.

Бо қарори суд дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба барҳамдиҳии он ваколатдошта гузошта шавад.

  1. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, ё чун кооперативи ғайритиҷоратӣ ва ё фонди ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, бо сабаби муфлис эътироф шуданаш инчунин мутобиқи моддаи 66 ҳамин Кодекс барҳам дода мешавад.

Агар арзиши молу мулки чунин шахси ҳуқуқӣ барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, онро танҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 66 ҳамин Кодекс барҳам додан мумкин аст.  

Муқаррароти бо сабаби муфлисӣ барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба муассисаҳо дахл надорад.

  1. Агар бо қонунгузории бонкӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барҳамдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс сурат мегирад.

 

Моддаи 63. Вазифаи шахсе, ки дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст
  1. Муассисон (иштирокчиён)–и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда вазифадоранд, ки бетаъхир аз ин хусус мақоми бақайдгирандаи шахси ҳуқуқиро хаттӣ огоҳ созанд ва он ба фехристи   ягонаи   давлатии   шахсони   ҳукуқӣ   ва   сохибкорони инфиродй дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид месозад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
  2. Муассисон (иштирокчиён)–и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабулкарда комиссияи барҳамдиҳи (барҳамдиҳанда)–ро таъин намуда, мутобиқи ҳамин Кодекс тартиб ва мӯҳлати барҳамдиҳиро муқаррар менамоянд.
  3. Комиссияи барҳамдиҳӣ аз лаҳзаи таъин гардиданаш барои назорат кардани амали мақомоти шахси ҳуқуқӣ дар мавриди ихтиёрдории молу мулкаш ваколат ба даст меорад. Аз ҷумла тамоми амалиёти мақомоти шахси ҳуқуқӣ, ки ба бегона кардани молу мулки он ё пардохти қарз равона гардидаанд, танҳо бо ризояти комиссияи барҳамдиҳӣ метавонад ба амал бароварда шавад.

 

Моддаи 64. Тартиби барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
  1. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар рӯзномае, ки маълумоти бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро нашр менамояд, дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва тартибу мӯҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторони он эълонро чоп мекунад. Ин мӯҳлат набояд аз ду моҳи пас аз лаҳзаи нашри эълон дар бораи барҳамдиҳӣ камтар бошад.

Комиссияи барҳамдиҳӣ ҷихати маълум сохтани кредиторон ва гирифтани қарзи дебиторӣ тамоми чораҳои имконпазирро андешида, инчунин кредиторонро дар хусуси барҳам додани  шахси ҳуқуқӣ хаттӣ огоҳ месозад.

  1. Пас аз тамом шудани мӯҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳии фосилавӣ тартиб медиҳад, ки дар он маълумот дар бораи таркиби молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, номгӯи талаботи пешкашнамудаи кредиторон, инчунин маълумот дар хусуси натиҷаи баррасии онҳо зикр меёбад.

Баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз ҷониби муассисони  (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

  1. Агар маблағи мавҷудаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (ғайр аз муассисаҳо) барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи барҳамдиҳӣ мувофиқи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида молу мулки шахси ҳуқуқиро аз тариқи савдои оммавӣ ба фурӯш мерасонад.
  2. Пардохти маблағҳои пулӣ ба кредиторони шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ аз рӯи навбати дар моддаи 65 ҳамин Кодекс муқарраргардида, ба истиснои кредиторони навбати чорум, ки маблағи пулӣ ба онҳо пас аз як моҳи баъди санаи тасдиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ пардохта мешавад, мутобиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз рӯзи тасдиқи он сар карда, пардохта мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  3. Пас аз пардохти пулии кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳиро тартиб медиҳад, ки онро муассисон (иштирокчиён)–и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд.
  4. Дар сурати нокифоя будани маблағи муассисаи барҳамдодашаванда барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон, онҳо ҳуқуқ доранд, ки барои аз ҳисоби молики молу мулки ин муассиса қонеъ гардонидани қисми боқимондаи талаботашон ба суд муроҷиат намоянд.
  5. Молу мулки пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи шахси ҳуқуқӣ, агар дар қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба муассисони (иштирокчиёни) он, ки дорои ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк ё ҳуқуқи ӯҳдадорӣ нисбати ин шахси ҳуқуқӣ мебошанд, супурда мешавад.
  6. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баъди дар ин хусус ворид намудани сабт ба феҳрасти давлатӣ шахси ҳуқуқӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ бошад барҳамдодашуда эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 641. Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

  1. Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) ҷудо карда мешаванд ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.
  2. Кредитори таъминшуда уҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
  3. Маблағҳои аз фурӯш ба дастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона мегарданд, маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба комиссияи барҳамдиҳӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур равона мегарданд.
  4. Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурухташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 65. Қонеъ гардонидани талаботи  кредиторон
  1. Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он бо навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557):
  • дар навбати аввал - талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши молу мулки ба сифати таъминот пешниҳодшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;
  • дар навбати дуюм - пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди меҳнати шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохтни мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз руи шартномаҳои муаллифӣ;
  • дар навбати сеюм - пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
  • дар навбати чорум - ҳисобу китоби кредиторони дигар тибқи қонун.

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, талаботи кредиторон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Талаби ҳар навбат пас аз пурра қонеъ гардонидани талаби навбати пешина қонеъ гардонида мешавад.
  2. Дар сурати нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ин молу мулк дар байни кредиторон мувофиқи қонунҳои амалкунанда, тақсим карда мешавад.
  3. Агар комиссияи барҳамдиҳӣ қонеъ гардонидани талаботи кредиторро рад кунад ё аз баррасии он саркашӣ намояд, кредитор ҳуқуқ дорад, ки то тасдиқ гардидани баланси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ нисбати амали комиссияи барҳамдиҳӣ ба суд даъво намояд.

Бо қарори суд талаби кредитор мумкин аст аз ҳисоби молу мулки боқимондаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда қонеъ гардонида шавад.

  1. Талаби кредитор, ки пас аз гузаштани мӯҳлати барои пешниҳоди он муқаррарнамудаи комиссияи  барҳамдиҳӣ пешниҳод гардидааст, аз ҳисоби молу мулки шахси қарздор, ки пас аз қонеъ гардонидани талаби сари вақт пешкашнамудаи кредиторон боқӣ  мондааст, қонеъ гардонида мешавад.
  2. Талаби кредиторон, ки бо сабаби нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда қонеъ гардонида нашудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс, пардохташуда дониста мешавад. Талаби кредитороне, ки комиссияи барҳамдиҳӣ онҳоро эътироф накардааст, агар кредитор ба суд бо даъво муроҷиат накарда бошад, инчунин талабе, ки қонеъ гардонидани он бо қарори суд ба кредитор рад шудааст, ҳамчунин пардохташуда дониста мешаванд.

 

Моддаи 66. Муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ
  1. Шахси ҳуқуқие, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул мебошад, ба истиснои корхонаҳои махсуси (казонии) давлатӣ, агар қобилияти қонеъ гардонидани талаботи кредиторонро бо сабаби нокифоягии дороиҳои бозоргир надошта набошад, он гоҳ мумкин аст  муфлис эътироф карда шавад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби суд муфлис эътироф карда мешавад.

Шахси ҳуқуқӣ инчунин метавонад якҷоя бо кредиторон дар хусуси эълони муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳам дода шуданаш қарор қабул намояд.

  1. Асосҳои аз ҷониби суд муфлис эътироф гардидани шахси ҳуқуқӣ ё дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани он, инчунин тартиби барҳамдиҳии чунин шахси ҳуқуқӣ тибқи қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар карда мешавад. Талаби кредиторон аз рӯи навбати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 65 ҳамин Кодекс қонеъ гардонида мешавад.

 

Моддаи 67. Оқибати муфлис донистани шахси ҳуқуқӣ
  1. Аз ҷониби суд муфлис эътироф шудани шахси ҳуқуқӣ инчунин тибқи қарори муштарак бо кредиторон дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани шахси ҳуқуқӣ боиси барҳам додани ин шахси ҳуқуқӣ мегардад.
  2. Аз лаҳзаи муфлис дониста шудани шахси ҳуқуқӣ:

а) мӯҳлати пардохти тамоми ӯҳдадориҳои қарзии ин шахси ҳуқуқӣ, агар он пештар фаро нарасида бошад, фарорасида ҳисоб меёбад;

б) зам кардани ҷаримаи аҳдшиканӣ ва фоизи тамоми қарзҳои ин шахси ҳуқуқӣ қатъ мегардад;

в) тамоми маҳдудиятҳои дар қонун пешбинигардида дар мавриди рӯёнидани маблағ аз молу мулки шахси ҳуқуқӣ аз миён бардошта мешаванд;

г) баҳсҳои молу мулкӣ бо иштироки ин шахси ҳуқуқӣ ба сифати ҷавобгар, ба истиснои баҳсҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, қатъ мегарданд;

д) ҳама талабҳои молу мулкӣ ба нисбати ин шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда метавонанд.

  1. Дар сурати тибқи қарори муштарак бо кредиторон дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани шахси ҳуқуқӣ, агар дар созишнома бо кредиторон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои қисми 2 ҳамин модда истифода мешаванд.

 

Моддаи 68. Рӯёнидани маблағ аз молу мулки шахси ҳуқуқӣ пас аз барҳам додани он

Агар баъди барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ исбот шавад, ки он бо мақсади халос хӯрдан аз масъулияти назди кредиторони худ ақаллан як қисми молу мулкашро ба шахси дигар додааст ё ба тариқи дигар қасдан пинҳон кардааст, кредитороне, ки талаботҳояшон дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пурра қонеъ нагардидааст, ҳуқуқ доранд қисми пардохта нашудаи қарзашонро аз ҳисоби ин молу мулк рӯёнанд. Дар ин ҳолат мутобиқан қоидаҳои моддаи 324 ҳамин Кодекс истифода мешаванд. Шахсе, ки ин молу мулкро гирифтааст, агар нияти шахси ҳуқуқиро дар мавриди аз кредиторон пинҳон кардани ин молу мулк медонист ё мебоист донад, шахси бевиҷдон дониста мешавад.

 

§2. ШИРКАТУ ҶАМЪИЯТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 69. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ
  1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Молу мулки аз ҳисоби пасандозҳои муассисон (иштирокчиён) ҳосилшуда, инчунин аз ҷониби ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ дар ҷараёни фаъолияти он истеҳсол ё харидашуда моликияти ҳаққонии он аст.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷамъияти хоҷагидорӣ мумкин аст аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ва ӯ иштирокчии ягонаи он мегардад.

  1. Ширкатҳои хоҷагидорӣ мумкин аст дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шаванд.
  2. Ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ метавонанд дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё иловагӣ таъсис дода шаванд.
  3. Соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва шарикони комили ҷамъиятҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.

Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳҳомони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта буданро надоранд.

Муассисаҳое, ки онҳоро моликонашон маблағгузорӣ менамоянд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, бо иҷозати молик метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони  ширкатҳо бошанд.

Иштироки гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, мумкин аст тибқи қонун манъ ё маҳдуд карда шавад.

  1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар метавонанд муассисони (иштирокчиёни) ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидории дигар бошанд.
  2. Пул, коғазҳои қиматнок, дигар ашё ё ҳуқуқи молу мулкӣ ё ҳуқуқи дигари дорои арзиши пулӣ метавонад ҳисса ё молу мулки ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ бошад.

Арзиши пулии саҳми иштирокчии ҷамъияти хоҷагидорӣ бо мувофиқаи   муассисон  (иштирокчиён)-и ҷамъият муайян карда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавонад аз тафтиши мустақилонаи экспертӣ гузаронида шавад.

  1. Ширкатҳои хоҷагидорӣ, инчунин ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ барои баровардани саҳмия ҳуқуқ надоранд.

 

Моддаи 70. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ
  1. Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд, ки:

- ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 89 ҳамин Кодекс ва қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ пешбинигардида дар идораи корҳои ширкат ё ҷамъият иштирок намоянд;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис дар бораи фаъолияти ширкат ё ҷамъият маълумот гирифта, бо дафтарҳои муҳосибавию санади дигари он шинос шаванд;

- дар тақсимоти фоида иштирок намоянд;

- дар сурати барҳам додани ширкат ё ҷамъият қисми молу мулки пас аз ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон боқимонда ё арзиши онро гиранд.

Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, инчунин метавонанд дигар ҳуқуқҳои дар ҳамин Кодекс, қонунҳо дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ширкат ё ҷамъият пешбинигардидаро дошта бошанд.

  1. Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ вазифадоранд, ки:

- мувофиқи тартиб, андоза, усул ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис саҳм гузоранд;

- маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти ширкат ё ҷамъият фош накунанд.

Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ метавонанд ӯҳдадориҳои дигари дар ҳуҷҷатҳои таъсиси он пешбинигардидаро дошта бошанд.

 

Моддаи 71. Табдил додани ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ
  1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидории як навъ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонанд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиён ба навъи дигари ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё кооперативҳои тиҷоратӣ табдил дода шаванд.
  2. Дар сурати ба ҷамъият табдил додани ширкат ҳар шарики комиле, ки иштирокчии (саҳмдори) ҷамъият мегардад, дар давоми ду сол аз рӯи ӯҳдадориҳои аз ширкат ба ҷамъият гузашта бо тамоми молу мулки худ масъулияти иловагӣ ба зимма мегирад. Аз ҷониби шарики собиқа бегона кардани ҳиссааш (саҳмаш) ба ӯ тааллуқдошта ӯро аз чунин масъулият озод намекунад. Қоидаҳои дар ҳамин банд баёнгардида мутобиқан ҳангоми ба кооперативи тиҷоратӣ табдил додани ширкат истифода мешаванд.

 

  1. ШИРКАТИ КОМИЛ

 

Моддаи 72. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати комил
  1. Ширкате комил дониста мешавад, ки иштирокчиёни он (шарикони комил) мутобиқи шартномаи байнашон имзошуда аз номи ширкат бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, аз рӯи ӯҳдадориҳои он нисбати тамоми молу мулки ба онҳо тааллуқдошта масъулият бар дӯш доранд.
  2. Шахс иштирокчии танҳо як ширкати комил буда метавонад.
  3. Номи фирмавии ширкати комил бояд инҳоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) ҳамаи иштирокчиёни он, инчунин калимаҳои «ширкати комил» ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчӣ бо илова кардани калимаҳои "ва компания" инчунин калимаҳои «ширкати комил».

 

Моддаи 73. Шартномаи таъсиси ширкати комил
  1. Ширкати комил дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, амал мекунад ва ин шартнома вазифаи оинномаи ширкати комилро низ анҷом медиҳад. Шартномаи таъсисиро ҳамаи иштирокчиёни он имзо мекунад.
  2. Шартномаи таъсиси ширкати комил ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби сармояи шариконаи ширкат; дар бораи андоза ва тартиби тағйир додани ҳиссаи ҳар иштирокчӣ дар фонди оинномавӣ; дар бораи андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳмгузории он; дар бораи масъулияти иштирокчиён барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои саҳмгузории онро дар бар гирифта бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 74. Идоракунӣ дар ширкати комил
  1. Идоракунии фаъолияти ширкати комил бо мувофиқаи тамоми иштирокчиён сурат мегирад. Дар шартномаи таъсис мумкин аст ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки қарор бо аксарияти овози иштирокчиён қабул мегардад.
  2. Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиён пешбинӣ нагардида бошад, ҳар иштирокчии ширкати комил як овоз дорад.
  3. Ҳар иштирокчии ширкат, сарфи назар аз он ки барои пешбурди корҳои умумӣ ваколатдор аст ё не, ҳақ дорад шахсан бо тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба пешбурди кори ширкат шинос шавад. Рад кардани чунин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз ҷумла дар асоси созишномаи иштирокчиёни ширкат, эътибор надорад.

 

Моддаи 75. Идораи кори ширкати комил
  1. Ҳар иштирокчии ширкати комил ҳуқуқ дорад, ки аз номи ширкат амал кунад, агар дар шартномаи таъсис муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни ширкат идораи корро якҷоя анҷом медиҳанд ё пешбурди кор ба иштирокчиёни алоҳида супурда шудааст. Дар сурати идораи муштараки корҳои ширкат аз ҷониби иштирокчиёни он, барои анҷоми ҳар аҳд ризоияти ҳамаи иштирокчиёни ширкат зарур аст.

Агар пешбурди кори ширкатро иштирокчиёни он ба зиммаи як ё баъзе иштирокчӣ гузошта бошанд, иштирокчиёни боқимонда барои аз номи ширкат анҷом додани аҳдҳо бояд ваколатномаи иштирокчи (иштирокчиён)-ро дошта бошанд, ки пешбурди корҳои ширкат ба зиммааш гузошта шудааст.

Дар муносибат бо шахсони сеюм ширкат ҳуқуқ надорад  ба он ҳавола намояд, ҳолатҳои шартномаи таъсис ваколатҳои иштирокчиёни ширкатро маҳдуд мекунад, ба истиснои ҳолатҳои аз тарафи ширкат исботшаванда, ки шахси сеюм дар лаҳзаи анҷоми аҳдҳо медонист ё баръало мебоист донад, ки иштирокчии ширкат ҳуқуқи аз номи ширкат амалкарданро надошт.

  1. Ваколати пешбурдани кори ширкат, ки ба як ё якчанд иштирокчиён дода шудааст, мумкин аст аз тарафи суд бо талаби як ё якчанд иштирокчиёни дигари ширкат, дар мавриди ҷой доштани асосҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар ҳолати аз тарафи шахси (шахсони) ваколатдор дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳои он (онҳо) ё ба идора намудани кор қобилият надоштани он (онҳо) қатъ гардонида шавад. Дар асоси қарори суд ба шартномаи таъсиси ширкат тағйироти зарурӣ ворид карда мешавад.

 

Моддаи 76. Ӯҳдадориҳои иштирокчии ширкати комил
  1. Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки мутобиқи шартҳои шартномаи таъсис дар фаъолияти он иштирок намояд.
  2. Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии ширкат сад фоизи саҳми худро ба сармояи шариконаи ширкат гузаронад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, агар дар шартнома оқибатҳои дигаре пешбинӣ нагардида бошанд, иштирокчӣ вазифадор аст, ки ба ширкат зиёни расонидаро ҷуброн намояд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., №640; аз 18.03.15 с., № 1178)
  3. Иштирокчии ширкати комил бе ризоияти иштирокчиёни боқимонда аз ном ва ба манфиати худ ё ба манфиати шахси сеюм барои анҷоми аҳдҳое, ки мушобеҳи аҳдҳои моҳияти фаъолияти ширкатро ташкилкунанда, ҳуқуқ надорад.

Дар сурати вайрон кардани ин қоида ширкат ҳақ дорад, ки бо хости худ аз чунин иштирокчӣ ҷуброни зиёни ба ширкат расонида  ё ба ширкат супурдани тамоми фоидаи аз чунин аҳдҳо бадастовардаашро талаб намояд.

 

Моддаи 77. Тақсими фоида ва зиёни ширкати  комил
  1. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи дигари иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоида ва зиёни ширкати комил байни иштирокчиёнаш мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи шарикона тақсим карда мешавад. Созиши аз фоида ё зиён бенасибгардондани ҳар кадоме аз иштирокчиёни ширкат, манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Агар дар натиҷаи расидани зиён ба ширкат арзиши активҳои софи он аз андозаи сармояи шариконааш камтар шавад, фоидаи бадастовардаи он то замоне, ки арзиши дороиҳои нақд аз андозаи сармояи шарикона зиёдтар нашавад, байни иштирокчиён тақсим карда намешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640; аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 78. Масъулияти иштирокчиёни ширкати комил аз рӯи ӯҳдадориҳо
  1. Иштирокчиёни ширкати комил байни худ муштаракона аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо тамоми молу мулки худ масъулияти иловагӣ доранд.
  2. Иштирокчии ширкати комил, ки муассиси он намебошад, дар қатори дигар иштирокчиён аз рӯи ӯҳдадориҳои ба миён омада то ба ширкат дохил шуданаш баробари иштирокчиёни дигар масъулият дорад.
  3. Иштирокчии аз ширкат хориҷшуда аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат, ки то хориҷшавии ӯ ба миён омадаанд, аз санаи тасдиқи ҳисобот дар бораи фаъолияти ширкат дар соли аз ширкат хориҷ шуданаш баробари иштирокчиёни боқимонда дар мӯҳлати се сол масъулият дорад.
  4. Созишномаи иштирокчиёни ширкат дар бораи маҳдуд ё бартараф намудани масъулияти дар ҳамин модда пешбинигардида эътибор надорад.

 

Моддаи 79. Супурдани саҳми иштирокчӣ дар молу мулки ширкати комил
  1. Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад бо ризояти иштирокчиёни боқимондаи он саҳми худро дар молу мулки ширкат, ки ба саҳми ӯ дар сармояи шарикона мутобиқ аст, ё як қисми онро ба иштирокчии дигари ширкат ва ё шахси сеюм супорад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Агар ҳисса (қисми ҳисса) ба шахси дигар супурда шавад, ба ин шахс пурра ё як қисми дахлдори ҳуқуқи ба иштирокчии ҳиссаро (як қисми ҳиссаро) супурда тааллуқдошта мегузарад. Шахсе, ки ҳисса (қисми ҳисса) ба қ супурда шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 78 ҳамин Кодекс аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат масъулият дорад.
  3. Агар иштирокчии ширкат саҳми худро ба шахси дигар супорад, иштироки ӯ дар ширкат қатъ гардида, ин барои ӯ боиси оқибатҳое мегардад, ки дар қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс муқаррар шудаанд.

 

Моддаи 80. Рӯёнидани маблағ аз ҳиссаи иштирокчии молу мулки ширкати комил

Рӯёнидани маблағ аз ҳиссаи иштирокчии молу мулки ширкати комил аз рӯи қарзе, ки бо иштироки ӯ дар ширкати алоқаманд набуда (қарзи шахсӣ) танҳо дар сурате роҳ дода мешавад, ки  агар молу мулки дигари ин иштирокчӣ барои пардохти қарзаш нокифоя бошад. Кредиторони чунин иштирокчӣ ҳақ доранд аз ширкати комил пардохти арзиши молу мулки ширкат , ки ба саҳми қарздор дар сармояи шарикона мувофиқ аст ё ҷудо кардани ин молу мулкро бо мақсади аз он рӯёнидани маблағ талаб намоянд. Қисми молу мулки ширкат, ки бояд ҷудо карда шавад ё арзиши он мувофиқи баланси дар лаҳзаи аз ҷониби кредиторон пешкаш гардидани талаб тартибдодашуда муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Дар сурати рӯёнидани маблағ аз тамоми ҳиссаи иштирокчӣ аз молу мулки ширкати комил  иштироки ӯ дар ширкат қатъ гардида, он боиси оқибатҳои дар қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс пешбинишуда мегардад.

 

Моддаи 81. Аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ
  1. Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад, ки дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкат арз намуда, аз ҳайати он барояд.

Иштирокчӣ дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкати комиле, ки бе ишораи мӯҳлат таъсис гардидааст, бояд на камтар аз шаш моҳи то воқеан аз ҳайати ширкат баромаданаш арз намояд. Пеш аз мӯҳлат даст кашидан аз иштирок дар ширкати комили барои мӯҳлати муайян таъсисгардида танҳо бо сабаби узрнок иҷозат дода мешавад.

  1. Созишномаи иштирокчиёни ширкат дар хусуси рад кардани ҳуқуқи аз ҳайати ширкат баромадан эътибор надорад.

 

Моддаи 82. Аз ҳайати ширкати комил хориҷ кардани иштирокчӣ
  1. Дар сурати бедарак ғоиб, ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардидани яке аз иштирокчиёни ширкати комил ӯ метавонад бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад. Шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии ширкат буда, нисбати он бо қарори суд иҷрои расму қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ оғоз гардидаанд, метавонад ба ҳамин тартиб аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад.
  2. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, аз ҷумла дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳо ё надоштани қобилияти ошкоргардидаи пешбурди оқилонаи кор иштирокчиёни ширкати комил ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби судӣ аз ҳайати ширкат хориҷ кардани яке аз иштирокчиёнро бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда талаб намоянд.
  3. Аз ҳайати ширкат хориҷ гардидани иштирокчӣ иштироки ӯро дар ширкат қатъ намуда, боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс мегардад.

 

Моддаи 83. Оқибати аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ
  1. Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба иштирокчии аз ҳайати ширкати комил баромада арзиши қисми молу мулки ширкат, ки ба ҳиссаи ӯ дар сармояи шарикона мувофиқ аст, пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии аз ширкат баромада ва иштирокчиёни боқимонда пардохти арзиши молу мулк мумкин аст бо додани молу мулк дар шакли асл (натура) иваз карда шавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Қисми молу мулки ширкат, ки бояд ба иштирокчии аз ҳайати ширкат баромада дода шавад ё арзиши он, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 80 ҳамин Кодекс пешбинигардида, аз рӯи  баланси дар лаҳзаи баромадаи ӯ тартибдодашаванда муайян карда мешавад.

  1. Аз ҳайати ширкат баромадани иштирокчӣ иштироки ӯро дар ширкат қатъ намуда, боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс мегардад.

 

Моддаи 84. Ворисии ҳуқуқӣ дар  ширкати  комил
  1. Дар сурати вафоти иштирокчии ширкати комил вориси ӯ танҳо бо розигии ҳамаи иштирокчиёни дигар метавонад ба ширкати комил шомил гардад.
  2. Шахси ҳуқуқие, ки вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшудаи дар ширкати комил иштирокдошта мебошад, агар дар шартномаи таъсиси ширкат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни ширкат ҳуқуқ дорад ба ширкат шомил гардад.
  3. Меросхӯри (вориси ҳуқуқии) иштирокчии ширкати комили шомили ширкат нагардида аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат дар назди шахси сеюм, ки иштирокчии хориҷгардида мутобиқи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс масъулият медошт, дар доираи молу мулки ба ӯ меросмондаи иштирокчии хориҷгардидаи ҷамъият масъулият дорад.

 

Моддаи 85. Барҳам додани ширкати комил
  1. Ширкати комил бо сабабҳои дар моддаи 62 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дар сурати боқӣ мондани танҳо як иштирокчӣ дар ширкат барҳам дода мешавад. Ин иштирокчӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давоми шаш моҳи пас аз иштирокчии ягонаи ширкат шуданаш чунин ширкатро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил диҳад.
  2. Дар ҳолатҳои аз ҳайати ширкат баромадан ё вафот кардани ягон иштирокчии ширкати комил, аз ширкат хориҷ кардани яке аз онҳо, барҳам додани шахси ҳуқуқии дар ширкат иштироккунанда ё аз ҷониби кредиторони яке аз иштирокчиён рӯёнидани маблағ аз қисми молу мулке, ки ба ҳиссаи ӯ дар сармояи шарикона мувофиқ аст, агар ин дар шартномаи таъсиси ширкат ё созишномаи иштирокчиёни боқимонда пешбинӣ гардида бошад, ширкат метавонад ба фаъолияти худ идома диҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 86. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ширкати комил  баромадани иштирокчӣ
  1. Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ширкати комил баромадааст ё аз он хориҷ карда шудааст, агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, арзиши қисми молу мулки ширкат мутобиқи ҳиссаи ин иштирокчӣ дар сармояи шарикона пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии баромада ва иштирокчиёни боқимонда пардохти арзиши молу мулкро бо додани молу мулк дар шакли асл (натура) иваз кардан мумкин аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқии дар ширкат иштироккунанда, ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори барҳамдиҳӣ анҷом дода мешавад.

Ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 80 ҳамин Кодекс қисми молу мулки ширкате, ки бояд ба иштирокчии хориҷшуда дода шавад ё арзиши он аз рӯи баланси дар лаҳзаи хориҷшавии ӯ тартибдодашуда муайян карда мешавад.

  1. Ҳисобу китоб бо меросхӯри шомили ширкат нагардидаи иштирокчии ширкати комил ва вориси шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии ширкат буд, мутобиқи қисми 1 ҳамин модда анҷом дода мешавад.
  2. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати аз ширкат хориҷ шудани яке аз иштирокчиён, ҳиссаи иштирокчиёни боқимонда дар сармояи шарикона ширкат мутаносибан зиёд мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

 

  1. ШИРКАТИ БА БОВАРӢ АСОСЁФТА

 

Моддаи 87. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати ба боварӣ асосёфта
  1. Ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) он ширкате дониста мешавад, ки дар он дар баробари иштирокчиёне, ки аз номи ширкат фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда, аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо молу мулки худ масъулият доранд (шарикони комил), як ё якчанд иштирокчии саҳмгузоре (коммандистон) ҳастанд, ки таваккали зиёни марбут ба фаъолияти ширкатро дар доираи маблағи саҳмгузориашон бар ӯҳда дошта, дар татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ширкат иштирок намекунанд.
  2. Мавқеи шарикони комиле, ки дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирок доранд ва масъулияти онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат мувофиқи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси иштирокчиёни ширкати комил муайян карда мешавад.
  3. Шахс танҳо дар як ширкати ба боварӣ асосёфта шарики комил буда метавонад.

Иштирокчии ширкати комил шарики комили ширкати ба боварӣ асосёфта буда наметавонад.

Шарики комил дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирокчии ширкати комил буда наметавонад.

  1. Номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта бояд аз номи (номгӯи) ҳамаи шарикони комил ва калимаҳои “ширкати ба боварӣ асосёфта" ё "ширкати коммандитӣ" ва ё аз номи (номгӯи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи калимаҳои " ва шариконаш" ва калимаҳои “ширкати ба боварӣ асосёфта" ё "ширкати коммандитӣ" иборат бошад.
  2. Нисбати ширкати ба боварӣ асосёфта қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи ширкати комил ба ҳамон андозае истифода мешаванд, ки он хилофи қоидаҳои Кодекси мазкур дар хусуси ширкати ба боварӣ асосёфта набошад.

 

Моддаи 88. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта
  1. Ширкати ба боварӣ асосёфта дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, фаъолият мекунад. Шартномаи таъсис аз ҷониби ҳамаи шарикони комил ба имзо расонида мешавад.
  2. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби сармояи шариконаи ширкат; дар бораи андоза ва тартиби тағйир додани ҳиссаи ҳар яке аз шарикони комил дар сармояи шарикона; дар бораи андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳм гузоштаи онҳо, масъулияти онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои саҳмгузорӣ; дар бораи андозаи умумии саҳми гузоштаи саҳмгузоронро дар бар гирад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 89. Идораи ширкати ба боварӣ асосёфта ва пешбурди корҳои он
  1. Фаъолияти ширкати ба боварӣ асосёфтаро шарикони комил идора мекунанд. Онҳо тартиби идора ва пешбурди кори чунин ширкатро аз ҷониби шарикони комили он тибқи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси ширкати комил муқаррар менамоянд.
  2. Саҳмгузорон ҳуқуқи иштирок карданро дар идора ва пешбурди корҳои ширкати ба боварӣ асосёфта надоранд ва аз номи он танҳо дар асоси ваколатнома амал карда метавонанд. Онҳо барои мавриди баҳс қарор додани амалҳои шарикони комил дар бобати идора ва пешбурди кори ширкат ҳуқуқ надоранд.

 

Моддаи 90. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмгузори  ширкати ба боварӣ асосёфта
  1. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта вазифадор аст, ки ба сармояи шарикона саҳм гузорад. Гузоштани саҳмро шаҳодатномаи иштироки аз ҷониби ширкат ба саҳмгузор додашуда тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта ҳуқуқ дорад, ки:

а) мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис қисми фоидаи ширкатро барои ҳиссааш дар сармояи шарикона гирад; (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

б) бо ҳисоботу баланси ширкат шинос шавад;

в) баъди анҷоми соли молиявӣ аз ҳайати ширкат баромада, мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис саҳми худро гирад;

г) ҳиссаи худро дар сармояи шарикона ё як қисми онро ба саҳмгузори дигар ё шахси сеюм диҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Мувофиқи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи 100 ҳамин Кодекс саҳмгузорон нисбат ба шахси сеюм дар харидани ҳисса (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Дар сурати тамоми ҳиссаи худро ба шахси дигар додани саҳмгузор иштироки ӯ дар ширкат қатъ мегардад.

Дар шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта мумкин аст ба саҳмгузор ҳуқуқҳои дигаре пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 91. Барҳам додани ширкати ба боварӣ асосёфта
  1. Ширкати ба боварӣ асосёфта дар сурати хориҷ гардидани ҳамаи саҳмгузорони дар он иштирокдошта барҳам дода мешавад. Вале шарикони комил ҳуқуқ доранд, ки ширкати ба боварӣ асосёфтаро барҳам надода, онро ба ширкати комил табдил диҳанд.

Ширкати ба боварӣ асосёфта инчунин тибқи асосҳои барҳамдиҳии ширкати комил (моддаи 85) барҳам дода мешавад. Вале, агар дар ҳайати он ақаллан як шарики комил ва як саҳмгузор монад, ширкати ба боварӣ асосёфта нигоҳ дошта мешавад.

  1. Ҳангоми барҳамдиҳӣ, аз ҷумла муфлисшавии ширкати ба боварӣ асосёфта саҳмгузорон барои гирифтани саҳм аз молу мулки пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи ширкат нисбат ба шарикони комил ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи шарикони комилу саҳмгузорон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, молу мулки  пас аз ин боқимондаи ширкат дар байни шарикони комил ва саҳмгузорон мутобиқи ҳиссаи онҳо дар сармояи шариконаи ширкат тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

  1. КОММАНДИТИ САҲҲОМӢ бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд
Моддаи 92 бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд
Моддаи 93 бо ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 247 хориҷ карда шуд

 

  1. ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУД

 

Моддаи 94. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд
  1. Ҷамъияти аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсисгардидае ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон бар дӯш доранд.

Иштирокчиёни пурра саҳм нагузоштаи ҷамъият, аз рӯи ӯҳдадориҳои он дар доираи арзиши қисми пардохтанашудаи саҳми ҳар иштирокчӣ масъулияти муштарак доранд.

  1. Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бояд номи ҷамъият ва ибораи "дорои масъулияти маҳдуд"-ро дошта бошад.
  2. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни он бо ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

 

Моддаи 95. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд
  1. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд набояд аз сӣ нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол, агар шумораи иштирокчиёни он то ҳадди муқарраргардида кам карда нашавад, он бояд дар давоми сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёбад ва баъди гузаштани ин мӯҳлат бошад, бо тартиби судӣ бояд барҳам дода шавад.
  2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъияти хоҷагидории дигарро, ки аз як шахс иборат аст, ба сифати иштирокчии ягона дошта наметавонад.

 

Моддаи 96. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
  1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд шартномаи таъсиси аз ҷониби муассисони он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар ҷамъиятро як шахс таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсиси он оиннома мебошад.
  2. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза, таркиб, мӯҳлат ва тартиби саҳмгузории иштирокчиён, масъулияти онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо дар мавриди саҳмгузорӣ; дар бораи андозаи сармояи оинномавии ҷамъият; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо бо як овоз ё бо аксарияти мутлақи овозҳо қабул карда мешаванд, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи қонунро дошта бошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 97. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд
  1. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз арзиши саҳмҳои иштирокчиёни он иборат аст.

Сармояи оинномавӣ андозаи ҳадди ақалли молу мулки ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳанд. Андозаи сармояи оинномавӣ аз маблағи муайяннамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд камтар буда наметавонад.

  1. Озод кардани иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз ӯҳдадории саҳмгузорӣ ба сармояи оинномавии ҷамъият, аз ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талабот ба ҷамъият роҳ дода намешавад.
  2. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорой масъулияти маздуд дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии ҷамъият аз ҷониби иштирокчиёни он бояд пурра пардохта шавад. Дар сурати вайрон кардани ин ӯҳдадорӣ ҷамъият бояд оид ба кам намудани сармояи оинномавии худ то андозаи вокеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронп инфиродӣ ариза пгшниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият карор қабул кунад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
  3. Агар баъди анҷоми соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои нақди ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд нисбат ба сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ эълон дошта, дар ин бора тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба  Фехристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқй ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорӣ ё камтар шудани арзиши дороиҳои ҷамъият аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайяншудаи сармояи оинномавӣ, ҷамъият бояд барҳам дода шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
  4. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро танҳо пас аз огоҳ сохтани тамоми кредиторони он иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат кредиторон ҳуқуқ доранд, ки қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зиёнашонро талаб намоянд.
  5. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият пас аз саҳмгузории пурраи тамоми иштирокчиёни он иҷозат дода мешавад.
  6. Бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи тамоми иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, мумкин аст ӯҳдадории онҳо дар мавриди мутаносибан ба ҳиссаҳояшон дар сармояи оинномавии ҷамъият дохил намудани саҳми иловагӣ муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 98. Идораи ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуд
  1. Мақоми олии идораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.

Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мақоми иҷроия  (дастҷамъӣ ё инфиродӣ) таъсис дода мешавад, ки роҳбарии ҷориро ба фаъолияти он анҷом дода, ба маҷлиси умумии иштирокчиёни он ҳисобот медиҳад. Мақоми идораи инфиродии   ҷамъият метавонад инчунин на аз ҷумлаи иштирокчиёни он низ интихоб гардад.

  1. Салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият, инчунин тартиби қарор қабул намудан ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
  2. Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд инҳо дохил мешаванд :

а) тағйир додани оинномаи ҷамъият ва  андозаи сармояи оинномавии он;

б) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

в) тасдиқ кардани ҳисоботи солона ва баланси муҳосибавии ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зиёни он;

г) қабул кардани қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият;

д) интихоб намудани комиссияи тафтишотии ҷамъият.

Тибқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ мумкин аст инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста шавад.

Ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мансубро вай ба мақоми иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.

  1. Ҷиҳати тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи молиявии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар сол аудитори касбии бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиати молу мулкӣ надошта (аудитори беруна)-ро ҷалб намояд. Ҳисоботи солонаи молиявӣ инчунин метавонад бо талаботи ҳар яке аз иштирокчиёни он тафтиши аудиторӣ карда шавад.

Тартиби тафтиши аудитории фаъолияти ҷамъият тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.

  1. Аз ҷониби ҷамъият ба табъ расонидани маълумот дар бораи натиҷаи идораи корҳои он (ҳисоботи кушод) ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд зарур нест.

 

Моддаи 99.  Азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба таври ихтиёрӣ бо қарори якдилонаи иштирокчиёнаш аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.

Асосҳои дигари азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият, инчунин тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии он бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян карда мешаванд.

  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба ҷамъияти саҳҳомӣ ё кооперативи тиҷоратӣ табдил ёбад.

 

Моддаи 100. Ба шахси дигар гузаронидани ҳиссаи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
  1. Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ дорад, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҷамъият ё як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият фурӯшад ё ба тариқи дигар диҳад.
  2. Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, иштирокчии ҷамъият метавонад ҳиссаи худро (қисми онро) ба шахси сеюм фурӯшад.

Иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба андозаи ҳиссаи худ барои харидани ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни он тартиби дигари татбиқи ин ҳуқуқ пешбинӣ нагардида бошад. Агар иштирокчиёни ҷамъият дар давоми як моҳи огоҳӣ ёфтанашон ё дар мӯҳлати дигари дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни он пешбинигардида аз ҳуқуқи афзалиятноки худ истифода нанамоянд, ҳиссаи иштирокчӣ мумкин аст ба шахси сеюм фурӯхта шавад.

  1. Агар мутобиқи оинномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ба шахси сеюм фурӯхтани ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) имконнопазир буда, иштирокчиёни дигари ҷамъият аз харидани он даст кашанд, ҷамъият вазифадор аст, ки ба иштирокчӣ арзиши воқеии онро бо пул ё молу мулк дар шакли асл (натура) пардозад.
  2. То пурра пардохтани маблағи ҳиссаи иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд танҳо ҳамон қисмаш метавонад фурӯхта шавад, ки маблағи он қаблан пардохта шудааст.
  3. Агар ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) аз ҷониби худи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд харида шавад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар мӯҳлат ва бо тартиби пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият онро ба иштирокчиёни дигар ё шахси сеюм фурӯшад ё мутобиқи қисмҳои 4 ва 5 моддаи 97 ҳамин Кодекс сармояи оинномавии худро кам кунад.
  4. Ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ба шарте ба ихтиёри меросхӯрони шаҳрвандон ва ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии иштирокчиёни узви ҷамъият мегузарад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият танҳо бо розигии иштирокчиёни боқимондаи ҷамъият имконпазир будани чунин гузариш пешбинӣ нашуда бошад.

Ба гузаронидани ҳисса розӣ нашудани онҳо ҷамъиятро ӯҳдадор месозад, ки  мувофиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонуни ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият ба меросхӯрони (ворисони ҳуқуқии) иштирокчӣ   арзиши онро пардозад ё муносиби  ҳамин арзиш моли асл (натура) диҳад.

 

Моддаи 101. Аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадани иштирокчӣ

Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни дигари ҷамъият,  ҳуқуқи ҳар вақт аз ҳайати ҷамъият баромаданро дорад.

 

Моддаи 102. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби ҳиссаи  иштирокчии  молу мулки  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
  1. Рӯёнидани маблағ барои пардохти қарзи шахсии иштирокчӣ аз ҳисоби ҳиссаи ӯ дар молу мулки ҷамъият танҳо дар ҳолате роҳ дода мешавад, ки молу мулки дигари ин иштирокчӣ барои пӯшонидани қарз нокифоя бошад. Кредиторони чунин иштирокчӣ ҳақ доранд аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мутобиқи саҳми қарздор дар сармояи оинномавӣ пардохтани арзиши қисми молу мулки ҷамъият ё ҷудо кардани ин қисми молу мулкро бо мақсади рӯёнидани маблағ аз ҳисоби он талаб намоянд. Қисми молу мулки ҷамъият, ки бояд ҷудо карда шавад, ё арзиши он аз рӯи баланс, ё ки дар лаҳзаи пешниҳоди талаб аз ҷониби кредиторон тартиб додаанд, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби тамоми ҳиссаи иштирокчии дар молу мулки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд иштироки ӯро дар ҷамъият қатъ месозад.

 

Моддаи 103. Аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ кардани иштирокчӣ

Агар иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд оинномаи ҷамъиятро дағалона вайрон карда, бо ҳамин ба манфиати он зиён оварда бошад, метавонад бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи  ҳамаи иштирокчиёнаш қабул шудааст, аз ҷамъият хориҷ карда шавад.

Нисбати қарори маҷлиси умумӣ дар бораи аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 104. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ гардидани иштирокчӣ
  1. Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадааст ё хориҷ карда шудааст, мутобиқи ҳиссаи ӯ дар сармояи оинномавии ҷамъият бо усул ва дар мўҳлати пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё оинномаи ҷамъият арзиши қисми молу мулки ҷамъият пардохта мешавад.

Бо мувофиқаи иштирокчии хориҷшаванда ва ҷамъият ё ба ивази пардохти арзиши молу мулк  мумкин аст худи молу мулк дар  шакли асл (натура) иваз карда шавад.

Ба истиснои ҳолати дар моддаи 102 ҳамин Кодекс пешбинигардида қисми молу мулки ҷамъият, ки бояд ба иштирокчии хориҷшаванда дода шавад, ё арзиши он аз рӯи баланс, ки дар лаҳзаи хориҷшавии ӯ тартиб дода шудааст, муайян карда мешавад.

  1. Агар ба сифати саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқи истифодаи молу мулк пешниҳод шуда бошад, ин молу мулк ба иштирокчии аз ҷамъият хориҷшаванда баргардонида мешавад. Дар ин сурат пастшавии арзиши чунин молу мулк бо сабаби истифодаи мӯҳтадили он ҷуброн карда намешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Ҳисоб бо меросхӯри дар ҳайати ҷамъият набудаи иштирокчии ҷамъият ё вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии он аст, мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда ба амал бароварда мешавад.

 

  1. ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 105. Муқаррароти умумӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти иловагӣ
  1. Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки аз ҷониби як ё чанд шахс таъсис гардида, сармояи оинномавиаш мувофиқи андозаҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсис муайянгардида ба ҳиссаҳо тақсим мешавад; иштирокчиёни чунин ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои он бо молу мулки худ ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият муайянгардидаи барои ҳамаашон баробари арзиши саҳми гузоштаашон масъулияти муштараки иловагӣ доранд. Агар дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият тартиби дигари тақсимоти масъулият пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати муфлисшавии яке аз иштирокчиён масъулияти ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият байни иштирокчиёни боқимонда мутаносибан ба саҳмҳояшон тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ бояд номи ҷамъият, инчунин ибораи «дорои масъулияти иловагӣ»-ро дар бар гирад.
  3. Нисбати ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд истифода мешаванд, зеро дар ҳамин модда қоидаҳои дигаре пешбинӣ нагардидаанд.

 

  1. ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМӢ

 

Моддаи 106. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст; иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомӣ (саҳмдорон) аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут аз фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зимма мегиранд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Саҳмдороне, ки арзиши саҳмияҳоро пурра напардохтаанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳҳомӣ дар доираи қисми пардохтанашудаи арзиши саҳмияҳояшон масъулияти муштарак доранд.

  1. Номи фирмавии ҷамъияти саҳҳомӣ бояд номи он ва ишораи саҳҳомӣ будани ҷамъиятро дар бар гирифта бошад.
  2. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти саҳҳомӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» муайян карда мешавад.

Хусусиятҳои мавқеи ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки бо роҳи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд, инчунин бо қонуни хусусигардонии ин корхонаҳо муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 107. Ҷамъияти саҳҳомии кушода
  1. Ҷамъияти саҳҳомие, ки иштирокчиёнаш саҳмияҳои худро бе ризояти саҳмдорони дигар бегона карда метавонад, ҷамъияти саҳҳомии кушода эътироф мегардад. Чунин ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи шартҳои муқаррарнамудаи қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва фурӯши озоди онҳоро амалӣ гардонад.
  2. Ҷамъияти саҳҳомии кушода ҳар сол ҳисоботи солона, баланси муҳосибавӣ ва ҳисоби фоидаю зиёнро барои маълумоти умум нашр мекунад.

 

Моддаи  108.  Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида
  1. Ҷамъияти саҳҳомие, ки саҳмияҳои он танҳо байни муассисонаш ё доираи шахси дигари пешакӣ муайян тақсим мешаванд, ҷамъияти саҳҳомии пӯшида дониста мешавад. Чунин ҷамъият барои обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва ё ба тариқи дигар ба доираи номаҳдуди ашхос ҷиҳати харид пешниҳод кардани онҳо ҳуқуқ надорад.

Саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии пӯшида дар харидани саҳмияҳои  аз  ҷониби  саҳмдорони  дигари  ин ҷамъият фурӯхташаванда ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

  1. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомии пӯшида набояд аз шумораи муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бештар бошад, дар акси ҳол он бояд дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода шавад ва агар пас аз гузаштани ин мӯҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамудаи қонун кам нашавад, бояд аз тариқи суд барҳам дода шавад.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҷамъияти саҳҳомии пӯшида метавонад барои ба маълумоти умум ба табъ расонидани ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида вазифадор карда шавад.

 

Моддаи 109. Таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Муассисони ҷамъияти саҳҳомӣ байни худ шартномае мебанданд, ки тартиби фаъолияти якҷояро оид ба таъсиси ҷамъият анҷом додани онҳо, андозаи сармояи оинномавии ҷамъият, навъҳои саҳмияҳои баровардамешуда ва тартиби паҳн кардани онҳо, инчунин шартҳои дигари пешбининамудаи қонунро дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ муайян менамояд.

Шартномаи таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ ба таври хаттӣ баста мешавад.

  1. Муассисони ҷамъияти саҳҳомӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои то бақайдгирии ҷамъият бамиёномада масъулияти муштарак доранд.

Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисон, ки бо таъсиси он алоқаманданд, танҳо дар сурате масъулият бар дӯш дорад, ки амали онҳо минбаъд аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон маъқул дониста шавад.

  1. Ҳуҷҷати таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ оинномаи аз ҷониби муассисон тасдиқгардидаи он мебошад.

Оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи навъҳои саҳмияҳои мебаровардаи ҷамъият, арзиши номиналӣ ва миқдори онҳо; дар бораи андозаи сармояи оинномавии ҷамъият; ҳуқуқи саҳмдорон; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани  онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул мешавад, дар бар гирифта бошад. Дар оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ инчунин бояд маълумоти дигари пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дарҷ гардида бошад.

  1. Тартиби анҷом додани амалҳои дигар дар мавриди таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ, аз ҷумла салоҳияти маҷлиси муассисон бо қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ муайян карда мешавад.
  2. Дар сурати тамоми саҳмияҳоро харидани як саҳмдор, ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ё аз як шахс иборат бошад. Маълумот дар ин бора бояд дар оинномаи ҷамъият ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродй дарҷ гардида, барои ба иттилои умум расонидан нашр гардад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)

 

Моддаи 110. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ аз арзиши номиналии саҳмияҳои аз ҷониби саҳмдорон харидашудаи ҷамъият мураттаб мегардад.

Сармояи оинномавии ҷамъият андозаи ҳадди ақалли молу мулки ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад. Он аз андозаи пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ камтар буда наметавонад.

  1. Аз вазифаи пардохти арзиши саҳмияҳои ҷамъият озод кардани саҳмдорон, инчунин бо роҳи баҳисобгирии талабот ба ҷамъият аз ин вазифа озод кардани ӯ роҳ дода намешавад.
  2. Обунаи озод ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ то лаҳзаи пардохти пурраи сармояи оинномавии он роҳ дода намешавад. Ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ тамоми саҳмияҳои он бояд байни муассисон тақсим карда шавад.
  3. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва хар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин бора тибқи тартиби мукарраршуда ба мақомоти анҷомдихандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳукуқӣ ва соҳибкорони инфиродй ариза пешниқод намояд. Дар сурати иҷро нагардидани ӯхдадориҳои мазкур ва ё агар арзиши дороихои софи ҷамъият аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайянгардидаи сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият бояд бархам дода шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №640)
  4. Дар қонун ё оинномаи ҷамъият мумкин аст маҳдудиятҳои миқдор, арзиши номиналии умумии саҳмияҳо ё миқдори ҳадди аксари овозҳои як саҳмдор муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 111. Зиёд кардани сармояи оинномавии  ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон сармояи оинномавиро бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд кунад.
  2. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ пас аз пардохти пурраи арзиши он иҷозат дода мешавад. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият барои пӯшонидани зиёни ба он расонидашуда роҳ дода намешавад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дар оинномаи ҷамъият мумкин аст ҳуқуқи афзалиятноки саҳмдорони саҳмияҳои оддӣ (муқаррарӣ) ё саҳмияҳои дигари овоздиҳанда дар мавриди харидани саҳмияҳои иловагие, ки ҷамъият мебарорад, муқаррар гардад.

 

Моддаи 112 Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё харидани як қисми саҳмияҳо бо мақсади ихтисори миқдори умумии онҳо сармояи оинномавиро кам кунад.

Кам кардани сармояи оинномавӣ баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ огоҳ кардани ҳамаи кредиторони он роҳ дода мешавад. Дар айни замон кредиторони ҷамъият ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҷамъият ӯҳдадориҳои дахлдори онро пеш аз мӯҳлат қатъ ё иҷро карда, маблағи зиёнро ба онҳо ҷуброн намояд.

  1. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ бо роҳи харидан ва пӯшонидани қисми саҳмияҳо ба шарте роҳ дода мешавад, ки чунин имконият дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ гардида бошад.
  2. Дар натиҷаи сармояи оинномавиро аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайяншуда (қисми 1 моддаи 110) камтар кардани ҷамъияти саҳҳомӣ он барҳам мехӯрад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 113. Маҳдудиятҳо дар мавриди баровардани коғазҳои қиматнок ва пардохти дивидендҳои ҷамъияти саҳҳомӣ

 

  1. Ҳиссаи саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми умумии сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ набояд аз 25 фоиз зиёд бошад.
  2. Ҷамъияти саҳҳомӣ пас аз пардохти пурраи сармояи оинномавӣ барои баровардани вомбарг ба маблағи на бештар аз андозаи сармояи оинномавӣ ё андозаи таъминоти бо ин мақсад ба ҷамъият пешниҳодкардаи шахси сеюм баъди пурра додани маблағи сармояи оинномавӣ ҳуқуқ дорад. Дар сурати набудани таъминот баровардани вомбарг танҳо пас аз се соли фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ ва ба шарти то ин вақт дуруст тасдиқ кардани ду баланси солонаи ҷамъият мумкин аст.
  3. Ҷамъияти саҳҳомӣ дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи эълон кардану пардохтани дивидендро надорад:

- то пардохти пурраи тамоми сармояи оинномавӣ;

- агар арзиши дороиҳои ҷамъияти саҳҳомӣ аз сармояи  оинномавӣ ва фонди эҳтиётии он камтар бошад ё дар натиҷаи пардохти дивидендҳо аз андозаи онҳо камтар гардад.

 

Моддаи 114. Идоракунӣ дар ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳҳомӣ маҷлиси умумии саҳмдорони он мебошад.

Ба салоҳияти мустаснои  маҷлиси умумии саҳмдорон инҳо дохил  мешаванд:

а) тағйир додани оинномаи ҷамъият, аз ҷумла тағйир додани андозаи сармояи оинномавии он;

б) интихоб намудани аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ва комиссияи тафтишотӣ (ревизорӣ)-и ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати онҳо;

в) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати онҳо, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъият ҳалли ин масъалаҳо ба салоҳияти шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мансуб дониста нашуда бошад;

г) тасдиқ намудани ҳисоботи солона, балансҳои муҳосибавӣ, ҳисоби фоидаю зиёни ҷамъият ва тақсими  фоидаю зиёни он:

д) қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият.

Тибқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон инчунин мумкин аст ҳалли масъалаҳои дигар мансуб дониста шавад.

Ҳалли масъалаҳои тибқи қонун ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб донисташударо он ба мақомоти иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.

  1. Дар ҷамъияте, ки шумораи саҳмдоронаш аз панҷоҳ нафар бештар аст, шӯрои директорон (шӯрои нозирон) таъсис дода мешавад.

Мутобиқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дар сурати таъсиси шӯрои директорон (шӯрои нозирон) дар оинномаи ҷамъият бояд салоҳияти мустаснои он муайян карда шавад. Ҳалли масъалаҳоеро, ки тибқи оиннома ба салоҳияти мустаснои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мансуб дониста шудаанд, он ба мақомоти иҷроияи ҷамъият супорида наметавонад.

  1. Мақоми иҷроияи ҷамъият метавонад дастҷамъӣ (раёсат, маъмурият) ё инфиродӣ (директор, директори генералӣ) бошад. Вай ба фаъолияти ҷории ҷамъият роҳбарӣ карда, ба шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ва маҷлиси умумии ҷамъият ҳисобот медиҳад.

Ҳалли тамоми масъалаҳое, ки салоҳияти тибқи қонун ё оинномаи ҷамъият муайянгардидаи дигар мақомоти идораи ҷамъиятро ташкил намекунанд, ба салоҳияти мақоми иҷроияи ҷамъият мансуб аст.

Бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ваколатҳои мақоми иҷроияи ҷамъият мумкин аст тибқи шартнома ба дигар ташкилоти тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ (мудир) супурда шаванд.

  1. Салоҳияти мақомоти идораи ҷамъияти саҳҳомӣ, инчунин тартиби қабул кардани қарор ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешаванд.
  2. Ҷамъияти саҳҳомие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба нашри ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида барои маълумоти умум вазифадор аст, бояд барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи молиявӣ ҳар сол аудитори касбиеро ҷалб намояд, ки бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиатҳои моддӣ надорад.

 Фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомие, ки барои нашри ҳуҷҷатҳои зикргардида ба маълумоти умум вазифадор нест, бо талаби саҳмдороне, ки ҳиссаи умумиашон дар сармояи оинномавӣ даҳ фоиз ё зиёда аз онро ташкил медиҳад, бояд ҳар вақт тафтиши аудиторӣ карда шавад.

Тартиби гузаронидани тафтиши аудитории ҷамъияти саҳҳомӣ тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.

 

Моддаи 115. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ
  1. Ҷамъияти саҳҳомӣ бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.

Асосу тартиби дигари азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайянкарда мешавад.

  1. Ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.
  2. ҶАМЪИЯТҲОИ ФАРЪӢ ВА ВОБАСТА

 

Моддаи 116. Ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ
  1. Агар дигар ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ (асосӣ) бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи байни онҳо ва ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин ҷамъият қабулшавандаро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ дониста мешавад.
  2. Ҷамъияти фаръӣ барои қарзҳои ҷамъият (ширкат)-и асосӣ масъулият надорад.

Ҷамъият (ширкат)-и асосие, ки ҳуқуқи ба ҷамъияти фаръӣ, аз ҷумла тибқи шартнома ба он додани дастурҳои барояш ҳатмиро дорад, аз рӯи аҳдҳое, ки ҷамъияти фаръӣ бо мақсади иҷрои чунин дастурҳо анҷом медиҳад, ба ин ҷамъият масъулияти муштарак дорад.

Дар сурати бо гуноҳи ҷамъият (ширкат)-и асосӣ муфлис шудани ҷамъияти фаръӣ, ҷамъият (ширкат)-и асосӣ аз рӯи қарзҳои он масъулияти иловагӣ дорад.

  1. Агар дар қонуни дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, иштирокчиён (саҳомдорон)-и ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ҷамъият (ширкат)-и асосӣ ҷуброни зиёни бо гуноҳи он ба ҷамъияти фаръӣ расидаро талаб намоянд.

 

Моддаи 117. Ҷамъияти хоҷагидории вобаста
  1. Агар ҷамъияти дигар (бартаридошта, иштироккунанда) бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории вобаста эътироф мешавад.
  2. Ҷамъияти хоҷагидорие, ки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро харидааст, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳо бояд дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар ин хусус бетаъхир маълумот нашр намояд.
  3. Ҳадди иштироки мутақобилаи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар сармояи оинномавии якдигар ва миқдори овозҳое, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо дар маҷлиси умумии иштирокчиён ё саҳмдорони ҷамъияти дигар истифода карда метавонад, бо қонун муайян карда мешавад.

 

§3. КООПЕРАТИВҲОИ ТИҶОРАТӢ

 

Моддаи 118. Мафҳуми  кооперативи  тиҷоратӣ
  1. Кооператив - иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади қонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кӯшиши шахсони мазкур тавассути муттаҳидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмӣ) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократӣ идорашавандаи молу мулки якҷоя таъсис дода мешавад.
    Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби  муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад
  2. Аъзои кооперативи тиҷоратӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив ба андоза ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи кооперативҳо» ва оинномаи кооператив масъулият доранд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
  3. Номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калимаҳои "кооперативи тиҷоратӣ дар бар гирифта бошад.
  4. Мавқеи ҳуқуқии кооперативҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо»муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

 

Моддаи 119. Таъсиси  кооперативҳои  тиҷоратӣ
  1. Ҳуҷҷати таъсиси кооперативи тиҷоратӣ оинномаи тасдиқнамудаи маҷлиси умумии аъзои он мебошад.
  2. Оинномаи кооператив ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс пешбинигардида бояд инчунин шартҳои зеринро дар бар гирифта бошад: дар бораи андозаи саҳмпулии аъзои кооператив; дар бораи ҳайат ва тартиби саҳмпулиро супурдани аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди супурдани саҳмпулӣ; дар бораи тартиби тақсим намудани фоида ва зиёни кооператив; дар бораи андоза ва шартҳои масъулияти аъзои он барои қарзҳои кооператив; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани он, аз ҷумла оид ба масъалаҳое, ки доир ба онҳо қtарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад.
  3. Шумораи аъзои кооператив набояд камтар аз се нафар бошад.

 

Моддаи 120.  Молу мулки кооперативи тиҷоратӣ
  1. Молу мулке, ки моликияти кооперативи тиҷоратӣ аст, мутобиқи оинномаи кооператив ба саҳмҳои аъзои он тақсим карда мешавад.

Тибқи оинномаи кооператив мумкин аст муқаррар карда шавад, ки қисми муайяни молу мулки ба кооператив тааллуқдошта фондҳои тақсимнашаванда буда, онҳо барои мақсадҳои муайяннамудаи оиннома истифода мешаванд.

Қарори таъсис намудани фондҳои тақсимнашавандаро, агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аъзои кооператив якдилона  қабул мекунанд.

  1. Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бакайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
  2. Кооператив барои баровардани саҳмияҳо ҳуқуқ надорад.
  3. Фоидаи кооператив дар байни аъзояш мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва оинномаи кооператив тақсим карда мешавад. Молу мулке, ки пас аз барҳам додани кооператив ва қонеъ гардонидани талаботи кредиторони он боқӣ мемонад, дар байни аъзои он мутаносибан бо саҳмашон тақсим карда мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

 

Моддаи 121. Идоракунӣ  дар  кооперативи  тиҷоратӣ
  1. Мақоми олии идораи кооператив маҷлиси умумии аъзои он мебошад.

Дар кооперативи дорои шумораи зиёда аз сад аъзо Шӯрои нозирони кооператив таъсис дода мешавад, ки он фаъолияти раёсати кооперативро назорат мекунад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

Раёсати коооператив  ба фаъолияти ҳамарӯзаи кооператив  роҳбарӣ карда, ба шӯрои нозирон ва маҷлиси умумии аъзои кооператив ҳисоботдиҳанда мебошад.

Аъзои шўрои нозирон ва раёсати кооператив, танҳо аъзои кооператив буда метавонад. Узви кооператив дар як вақт узви шӯрои нозирон ва узви раёсати кооператив буда наметавонад.

  1. Салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо тибқи қонун ва оинномаи кооператив муайян карда мешаванд.
  2. Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии аъзои кооператив инҳо дохил мешаванд:

а) қабул ва тағйир додани оинномаи кооператив;

б) таъсис додани шӯрои нозирон ва қатъ гардонидани ваколати аъзои он, инчунин таъсис додан ва қатъ намудани ваколати мақомоти иҷроияи кооператив, ба шарте ки ин ҳуқуқ мутобиқи оинномаи кооператив ба шӯрои нозирони он дода нашуда бошад;

в) қабул ва хориҷ кардани аъзои кооператив;

г)  тасдиқ  намудани  ҳисоботи солонаю балансҳои бухгалтерии кооператив ва тақсим кардани фоидаю зиёни он;

д) қабул кардани қарори азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи кооперативҳо» ва оинномаи кооператив ба салоҳияти мустаснои  маҷлиси умумӣ мумкин аст инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста  шавад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

Ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ ё шӯрои нозирони кооперативро онҳо ба мақомоти иҷроияи кооператив супурда наметавонанд.

  1. Узви кооператив ҳангоми қарор қабул кардани маҷлиси умумӣ як овоз дорад.

 

Моддаи 122. Қатъ гардидани узвият дар кооперативи тиҷоратӣ ва гузоштани аъзоҳаққӣ
  1. Узви кооператив ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ аз ҳайати кооператив барояд. Дар ин сурат ба ӯ бояд арзиши саҳм пардохта ё мутобиқи саҳми ӯ молу мулк дода шавад, инчунин маблағҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида пардохта шаванд.

Саҳм ва молу мулки дигари узви кооперативи хориҷшаванда пас аз анҷоми соли молиявӣ ва тасдиқи баланси муҳосибавии кооператив дода мешавад.

  1. Дар сурати ӯҳдадориҳои тибқи оиннома ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани узви кооператив, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ва оинномаи кооператив, бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда мешавад.

Узви кооперативи тиҷоратӣ бо сабаби узви кооперативи шабеҳ буданаш метавонад бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда шавад.

Узви кооперативи аз ҳайати он хориҷшуда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ба гирифтани саҳм, пардохтҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида ҳуқуқ дорад.

  1. Узви кооператив, узви собиқ ё вориси узви фавтидаи кооператив метавонанд саҳми худро танҳо ба узви амалкунанда ё ояндаи кооператив гузашт кунанд, ба шарте ки чунин гузашткунӣ ба фоидаи кооператив бошад. Тартиби гузашт кардани саҳм тибқи оинномаи кооператив муқаррар мегардад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)
  2. Агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати вафот ёфтани узви кооперативи тиҷоратӣ ворисони ӯ метавонанд ба узвияти кооператив қабул карда шаванд. Дар акси ҳол кооператив ба ворисон арзиши саҳми узви фавтидаи кооперативро медиҳад.
  3. Рӯёнидани маблағ аз ҳисоби саҳми узви кооперативи тиҷоратӣ аз рӯи қарзи шахсии ӯ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва оинномаи кооператив, танҳо дар сурати нокифоя будани молу мулки дигари ӯ барои пардохти чунин қарз роҳ дода мешавад.

 

Моддаи 123. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооперативҳои тиҷоратӣ
  1. Кооперативи тиҷоратӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии аъзои он ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.

Асосҳои дигар ва тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив бо ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муайян карда мешаванд.

  1. Кооперативи тиҷоратӣ бо қарори якдилонаи аъзояш метавонад ба ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил дода шавад.

 

§ 4. КОРХОНАҲОИ  ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 124. Муқаррароти асосӣ дар бораи корхонаҳои давлатӣ
  1. Корхонаҳои давлатӣ дар намудҳои корхонаи воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вуҷуд дошта метавонанд.
  2. Молу мулки корхонаҳои давлатӣ тақсимнашаванда буда, ба саҳмҳо (ҳиссаҳо), аз ҷумла байни кормандони корхона тақсим карда намешаванд.
  3. Номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд ишора ба соҳибмулки онро дошта бошад.
  4. Мақоми корхонаи давлатӣ роҳбари он мебошад, ки аз ҷониби соҳибмулк ё мақомоти ваколатдори он таъин карда мешавад ва ба онҳо ҳисобот медиҳад.
  5. Корхонаи давлатӣ бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
  6. Ҳолати ҳуқуқии корхонаи давлатӣ бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» муайян карда мешавад.

 

Моддаи 125. Корхонаи воҳиди давлатии ба ҳуқуқи  пешбурди хоҷагидорӣ асосёфта
  1. Корхонаи воҳиди давлатӣ ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳуқуқи ба молумулки вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад.
  2. Корхонаи воҳид бо қарори мақомоти давлатии ваколатдор таъсис дода мешавад.
  3. Ҳуҷҷати таъсиси корхонаи воҳид оинномаи аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор тасдиқгардидаи он мебошад.
  4. Андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳид набояд аз маблағи муайяннамудаи қонун камтар бошад.
  5. Фонди оинномавии корхонап вохид бояд аз чониби молик дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он пурра пардохта шавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)
  6. Агар баъди анҷоми соли молиявӣ арзиши дороиҳои софи корхонаи воҳид аз андозаи фонди оинномавии дар оинномаи корхона пешбинигардида камтар шавад, мақоме, ки ваколати таъсис додани чунин корхонаҳоро дорад, вазифадор аст, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида фонди оинномавиро кам кунад. Агар арзиши дороиҳои соф аз андозаи дар қонун муайянгардида (қисми 3 ҳамин модда) камтар гардад, корхона метавонад бо қарори суд барҳам дода шавад.
  7. Дар сурати қабул намудани қарори кам кардани фонди оинномавӣ корхона вазифадор аст, ки дар ин хусус кредиторони худро хаттӣ огоҳ созад.

Кредитори корхона метавонад қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳоеро, ки ин корхона аз рӯи онҳо қарздор мебошад,  инчунин ҷуброни зиёнро талаб намояд.

  1. Корхонаи воҳиди давлатӣ аз рўи ўҳдадориҳояш ба тамоми молу мулкаш ҷавобгар буда, аз рўи ўҳдадориҳои молумулкии  молкаш ҷавобгар намебошад. Соҳибмулк аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи воҳиди давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 57 Кодекси мазку рва дигар санади қонунгузорӣ ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 126. Корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатӣ
  1. Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад бо розигии соҳиби амвол ба сифати шахси ҳуқуқи корхонаи дигари воҳид (корхонаи фаръи)-ро бо тартиби муқаррарнамуда бо роҳи ба ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ ба он додани молу мулки худ таъсис диҳад.
  2. Муассис оинномаи корхонаи фаръиро тасдиқ ва роҳбари онро таъин менамояд.
  3. Корхонаи воҳиди давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи 57 ҳамин Кодекс пешбинишуда аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи фаръӣ масъулият надорад.

 

Моддаи 127. Корхонаи махсуси (казонии) давлатие, ки ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асос ёфтааст
  1. Ҳамон корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ мебошад, ки молу мулки давлатиро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар ихтиёр дорад.
  2. Корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад.
  3. Ҳуҷҷати таъсиси корхона оинномаи он мебошад, ки аз ҷониби муассис тасдиқ мегардад.
  4. Номи фирмавии корхонаи ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асосёфта бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ аст.
  5. Фаъолияти хоҷагии корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои дар оиннома сабтгардида муайян карда мешавад.
  6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳиди марзию маъмурӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ масъулияти иловагӣ доранд.

 

§5. ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ

 

Моддаи 128. Кооперативи ғайритиҷоратӣ
  1. Кооперативи ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи оинномаи кооператив асосан ба аъзои худ хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи ғайритиҷоратӣ, ки дар натиҷаи хизматрасониҳо ба шахсони сеюм ба даст оварда шудааст, дар байни аъзои он тақсим карда намешавад ва ин даромад ҷиҳати рушди минбаъдаи он сарф карда мешавад. Дар сурати асосан ба шахсони сеюм хизмат расондани кооперативи ғайритиҷоратӣ, он бояд ба кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.(ҚҶТ аз 22.07.13с., №976)
  2. Оинномаи кооперативи ғайритиҷоратӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андозаи аъзоҳаққии аъзои кооператив; дар бораи таркиб ва тартиби супурдани аъзоҳаққӣ аз ҷониби аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ дар мавриди супурдани аъзоҳаққӣ; дар бораи ҳайату салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад; дар бораи тартиби ҷуброни зиёни ба кооператив расонидашуда аз ҷониби аъзои кооператив, дар бар гирад.
  3. Номи кооперативи ғайритиҷоратӣ бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он, инчунин калимаи "кооператив" –ро дар бар гирифта бошад.
  4. Вазъи ҳуқуқии кооперативҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онҳо бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ба танзим дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

 

Моддаи 1281. Кооператсияи матлубот
  1. Иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддии саҳмдорон бо роҳи муттаҳид сохтани аъзоҳаққии онҳо кооператсияи матлубот эътироф карда мешавад.
  2. Асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолият, вазъи ҳуқуқии кооператсияи матлубот ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с., №976)

 

Моддаи 129. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ

                                    (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ташкилотҳое эътироф карда мешаванд, ки дар онҳо шаҳрвандон мувофиқи тартиботи муқарраргардида дар асоси умумияти манфиатҳояшон барои қонеъ гардонидани талаботҳои маънавӣ ё дигари ғайримоддӣ ихтиёран муттаҳид гардидаанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Онҳо танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳое, ки баҳри онҳо таъсис гардидаанд, ҳуқуқ доранд ба фаъолияти тиҷоратӣ ва фаъолияти дигари соҳибкории ба ин мақсадҳо мувофиқро анҷом диҳанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

  1. Иштирокчиёни (аъзои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳуқуқашонро ба молу мулке, ки ба моликияти ин иттиҳодияҳо, ташкилотҳо гузаронидаанд, инчунин ба аъзоҳаққӣ нигоҳ намедоранд. Онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои диние, ки дар онҳо ба сифати узвият иштирок менамоянд, масъулият надоранд, иттиҳодияҳои, ташкилотҳои мазкур бошанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Хусусиятҳои мавқеи ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳои бо ҳамин Кодекс танзимшаванда тибқи қонун муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

 

Моддаи 130. Фондҳои ҷамъиятӣ
  1. Фонди ҷамъиятӣ ташкилоти ғайритиҷоратии узвиятнадоштае эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси пардохтҳои ихтиёрии молу мулки таъсисгардида, мақсадҳои хайрия, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ё мақсадҳои дигари умумии муфидро пеш гирифтааст.

Молу мулке, ки муассисони фонд ба он супурдаанд, моликияти фонд мебошад. Муассисон аз рӯи ӯҳдадориҳои фонди таъсисдодаашон масъулият надоранд, фонд бошад,аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисони худ масъул нест.

  1. Фонди ҷамъиятӣ молу мулкро барои мақсадҳое, ки дар оинномааш муайян гардидаанд, истифода менамояд. Фонд ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои умумии муфиде, ки фонд барои он таъсис гардидааст, ба фаъолияти соҳибкории ба ин мақсадҳо муносиб машғул шавад. Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ фондҳо ҳуқуқ доранд, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.

Фонд вазифадор аст, ки ҳар сол дар хусуси истифодаи молу мулкаш ҳисоботро ба табъ расонад.

  1. Тартиби идораи фонди ҷамъиятӣ ва тартиби ташкили мақомоти он тибқи оинномаи аз ҷониби муассисон тасдиқгардида муайян карда мешавад.
  2. Дар оинномаи фонди ҷамъиятӣ ғайр аз маълумоти дар қисми 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида бояд маълумоти зерин дарҷ гардида бошад: номи фонд, ки калимаи "фонд"-ро дар бар гирифтааст; маълумот дар бораи мақсади фонд; маълумот дар бораи мақомоти фонд, аз ҷумла дар бораи шӯрои парасторон, ки ба фаъолияти фонд назорат мекунанд; тартиби таъин намудани мансабдорони фонд ва аз вазифа озод кардани онҳо; маҳалли ҷойгиршавии фонд; тақдири молу мулки фонд дар сурати барҳам дода шудани он .

 

Моддаи 131. Тағйир додани оиннома ва барҳам додани фонди ҷамъиятӣ
  1. Оинномаи фонди ҷамъиятӣ метавонад аз ҷониби мақомоти фонд тағйир дода шавад, ба шарте ки дар оиннома бо ҳамин тартиб тағйир додани он пешбинӣ гардида бошад.

Агар бетағйир мондани оиннома боиси оқибатҳое гардад, ки ҳангоми таъсиси фонд онҳоро пешбинӣ намудан ғайриимкон буда, имконияти тағйир додани он дар оиннома пешбинӣ нашуда бошад ё шахси  ваколатдор онро тағйир надиҳанд, суд ҳуқуқ дорад, ки тибқи аризаи мақомоти фонд, шӯрои парасторон ё мақоми дигари дорои ваколати назорати фаъолияти фонд ба он тағйирот ворид намояд.

  1. Қарори барҳам додани фонди ҷамъиятиро танҳо суд дар асоси аризаи шахси манфиатдор қабул карда метавонад.

Фонд дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:

-агар молу мулки фонд барои татбиқи ҳадафҳояш нокифоя буда, имконияти ба даст овардани молу мулки зарурӣ татбиқношуданӣ бошад;

-агар ноил шудан ба мақсадҳои фонд номумкин ва тағйир додани мақсадҳои фонд ғайриимкон бошад;

-дар сурати аз мақсади дар оиннома пешбинигардида дур шудани фаъолияти фонд;

-дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун.

  1. Дар сурати барҳам додан фонди ҷамъиятӣ молу мулки пас аз қонеъгардонии талаботи кредиторон боқимондаи он ба шахси дар оинномаи фонд зикргардида дода мешавад.

 

Моддаи 132. Муассисаҳо
  1. Ташкилоте, ки молик барои амалӣ гардонидани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ё вазифаҳои дигари дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ таъсис дода, онро пурра ё қисман маблағгузорӣ мекунад, муассиса дониста мешавад.

Ҳуқуқи муассиса ба молу мулки ба вай вобасташуда ва харидаи он мутобиқи моддаҳои 313 ва 315 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

  1. Муассиса аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағи пулии дар ихтиёраш буда масъулият дорад. Дар сурати нокифоя будани ин маблағ молики молу мулки дахлдор аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ дорад.
  2. Хусусияҳои мавқеи ҳуқуқии намудҳои алоҳидаи муассисаҳои давлатӣ ё муассисаҳои дигар тибқи қонун муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 133. Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо)
  1. Ташкилотҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкориашон, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молу мулкӣ метавонанд тибқи шартномаи байни худ иттиҳодияҳоро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.

Агар бо қарори иштирокчиён ба зимаи ассотсиатсия (иттифоқ) фаъолияти соҳибкорӣ гузошта шавад, чунин ассотсиатсия (иттифоқ) бояд бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ҳуқуқ доранд, ки ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.

  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёран дар ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

  1. Ассотсиатсия шахси ҳуқуқӣ мебошад.

Аъзои ассотсиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.

  1. Ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.

Аъзои ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи  тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси  ассотсиатсия пешбинигардида масъулияти иловагӣ доранд.

  1. Номи ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" дар бар гирифта бошад.

Аъзои ассотсиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.

  1. Ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.

Аъзои ассотсиатсия аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи  тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси  ассотсиатсия пешбинигардида масъулияти иловагӣ доранд.

  1. Номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" дар бар гирифта бошад.

 

Моддаи 134. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия (иттифоқ)
  1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия (иттифоқ) шартномаи таъсиси аз ҷониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо мебошанд.
  2. Дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида бояд шартҳои зерин дарҷ гардида бошанд: дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ассотсиатсия ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки қарор аз рӯи онҳо якдилона ё бо аксарияти кулли овози аъзои ассотсиатсия қабул карда мешавад ва дар бораи тақсими молу мулке, ки пас аз барҳам додани ассотсиатсия боқӣ мондааст.

 

Моддаи 135. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои ассотсиатсия (иттифоқ)
  1. Аъзои ассотсиатсия (иттифоқ) ҳуқуқ доранд, ки аз хизматҳои он ба таври ройгон истифода намоянд, ба шарте ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз хусусияти хизматрасонӣ барнаояд.
  2. Узви ассотсиатсия (иттифоқ) ҳақ дорад, ки пас аз хотимаи соли молиявӣ бо салоҳдиди хеш аз ҳайати ассотсиатсия барояд. Дар ин сурат ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия дар давоми ду соли пас аз хориҷ шуданаш мутаносибан ба аъзоҳаққии худ масъулияти иловагӣ бар дӯш дорад.

Узви ассотсиатсия дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия муқарраргардида мумкин аст бо қарори иштирокчиёни боқимонда аз он хориҷ карда шавад. Дар мавриди аъзоҳаққии молу мулкӣ ва масъулияти узви хориҷшудаи ассотсиатсия қоидаҳои марбут ба баромадан аз ҳайати ассотсиатсия истифода мешаванд.

  1. Бо ризоияти узви ассотсиатсия ба он метавонад узви нав шомил шавад. Ба ассотсиатсия (иттифоқ) шомил шудани иштирокчии нав мумкин аст вобаста ба масъулияти иловагии доштаи он оид ба ӯҳдадориҳои ассотсиатсия (иттифоқ), ки то шомилшавии ӯ ба миён омадааст, сурат гирад.

 

БОБИ  5. ИШТИРОКИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН  ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ТАНЗИМШАВАНДАИ ГРАЖДАНӢ

 

Моддаи 136. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштирокчиёни дигари ин муносибатҳо дар асоси баробар иштирок менамояд.
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ки бо санади қонунӣ, низомномаҳо ва ё санади дигари муайянкунандаи ҳолати ҳуқуқии ин мақомот муқаррар гардидааст, метавонанд аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молу мулки худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, татбиқ намоянд ва дар суд баромад кунанд.

Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун бо супориши махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи он дигар мақомоти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон амал карда метавонанд.

  1. Баҳсҳои ҳуқуқии гражданӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 137. Иштироки воҳиди марзию маъмурӣ дар муносибатҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ
  1. Воҳиди марзию маъмурӣ дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштирокчиёни ин муносибатҳо баробар иштирок менамояд.
  2. Мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроия дар доираи салоҳияти худ, ки бо санади қонунӣ, низомномаҳо ё санади дигари муайянкунандаи статуси ин мақомот муқаррар гардидаанд, метавонанд аз номи воҳидҳои марзию маъмурӣ бо амали худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, дар суд баромад кунанд.

Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун мақомоти давлатии маҳаллӣ, шахси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон метавонанд бо супориши махсус аз номи воҳиди марзию маъмурӣ амал кунанд.

  1. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонун воҳидҳои марзию маъмурӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ метавонанд аз номи давлат амал намоянд.
  2. Агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, муқаррароти ҳамин Кодекс дар хусуси иштироки мутақобилаи давлат ва мақомоти он дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда ба воҳиди марзию маъмурӣ ва мақомоти он дахл доранд.
  3. Баҳсҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ бо иштироки воҳиди марзию маъмурӣ аз ҷониби судҳо ҳал карда  мешаванд.

 

Моддаи 138. Масъулият аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат, воҳиди марзию маъмурӣ
  1. Давлат ё воҳиди марзию маъмурӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо молу мулки дар асоси ҳуқуқи моликияти ба онҳо тааллуқдошта, ғайр аз молу мулке, ки ба шахси ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ ё идораи оперативӣ вобаста карда шудааст, масъулият доранд.
  2. Шахси ҳуқуқие, ки аз ҷониби давлат ё воҳиди марзию маъмурӣ таъсис дода шудааст, аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо масъулият надорад.
  3. Давлат, воҳиди марзию маъмурӣ, ғайр аз ҳҷолатҳои пешбининамудаи қонун, аз рӯи ҳҳдадориҳои шахси ҳуқуқии аз ҷониби онҳо таъсисгардида масъулият надоранд.
  4. Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ масъулият надорад.
  5. Воҳидҳои марзию маъмурӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои якдигар, инчунин аз рӯи ҳҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
  6. Қоидаҳои қисмҳои 2-5 ҳамин модда ба ҳолатҳое, ки давлат дар асоси шартномаи имзокардааш аз рӯи ӯҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ ё шахси ҳуқуқӣ замонат (кафолат) додааст ё субъектҳои мазкур аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат замонат (кафолат) додаанд, дахл надоранд.

 

Моддаи 139. Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муносибатҳои  бо қонуҳҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ,  шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ

Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ мутобиқи қонун дар бораи масунияти (иммунитети) давлат ва моликияти он муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 6. ОБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ  ГРАЖДАНӢ

 

§1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 140. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ
  1. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ метавонанд неъматҳо ва ҳуқуқи молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ бошанд.
  2. Ба неъмату ҳуқуқи молу мулкӣ (молу мулк) инҳо дохил мешаванд: чизу чора, пул, аз ҷумла асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок, кору хизматҳо, иттилоот, амал, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, номи фирма, тамғаи мол ва воситаҳои дигари фардикунонии маҳсулот, ҳуқуқи молу мулкӣ ва молу мулки дигар.
  3. Ба неъмату ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ инҳо дохил мешаванд: ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шӯҳрати касбӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ваоилавӣ, ҳуқуқи доштани ном, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва неъмату ҳуқуқҳои дигари ғайримоддӣ.

 

Моддаи 141. Қобилияти гардиши объектҳои ҳуқуқи гражданӣ
  1. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, агар онҳо аз аҳдҳо бароварда нашуда бошанд ё муомилоташон маҳдуд нашуда бошад, метавонанд бо тартиби универсалии воросати ҳуқуқ ё ба тариқи дигар бегона карда шаванд ё аз як шахс ба шахси дигар гузаранд.
  2. Намудҳои молу мулки ҳуқуқи граждание, ки дар муомилот будани онҳо роҳ дода намешавад (объектҳои аз муомилот баромада), бояд бевосита дар қонун ишора карда шаванд.

Намудҳои объектҳои ҳуқуқи граждание, ки танҳо ба иштирокчиёни муайяни муомилот тааллуқ дошта метавонанд ё дар муомилот қарор доштани онҳо танҳо бо иҷозати махсус имконпазир аст (объектҳое, ки қобилияти муомилоташон маҳдуд аст), мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян карда мешаванд.

  1. Неъмат ва ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкиро бегона намудан ва бо тарзҳои дигар додан мумкин  нест, ба истиснои  ҳолатҳое, ки  санадҳои қонунгузорӣ муқаррар намудааст.

 

§ 2. АШЁ

 

Моддаи 142. Ашёи  ғайриманқул ва манқула
  1. Ба ашёи ғайриманқул (молу мулки ғайриманқул) инҳо дохил мешаванд: бино (истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ), иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки дигаре, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст.
  2. Ба молу мулки ғайриманқул инчунин киштиҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ, киштиҳои дар дохили кишвар шинокунанда, объектҳои кайҳон, ки мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ ашёи дигарро низ ба ҷумлаи молу мулки ғайриманқул нисбат додан мумкин аст, дохил мешаванд, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

3.Ашёе, ки ба молу мулки ғайриманқул дохил намешавад, аз ҷумла пул ва коғазҳои қиматнок, манқула дониста мешавад. Бақайдгирии ҳуқуқ ба ашёи  манқул ғайр аз ҳолатҳои дар қонун зикргардида зарур нест.

 

Моддаи 143. Ба қайдгирии давлатии ашёи ғайриманқул
  1. Ҳуқуқи моликияту ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва ашёи дигари ғайриманкул, маҳдуд кардани ин ҳуқуқ, ба миён омадан, гузаштан ва қатъ гардидани онҳо бояд аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, дар феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳуқуқҳои зерин бояд ба қайд гирифта шаванд: ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ, ҳуқуқи идораи оперативӣ, ҳуқуқи соҳибияти якумраи меросӣ, ҳуқуқи истифодаи доимӣ, байъи ҷоиз (ипотека), сервитутҳо, инчунин ҳуқуқҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №601).
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, дар баробари ба қайдгирии давлатӣ мумкин аст намудҳои алоҳидаи ашёи ғайриманқул махсус ба қайд ё ба ҳисоб гирифта шавад.
  3. Мақоме, ки ҳуқуқи ашёи ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба онро ба қайди давлатӣ мегирад, вазифадор аст бо дархости шахси ҳуқуқдор бо роҳи додани ҳуҷҷат дар бораи ҳуқуқ ё аҳдҳои ба қайд гирифташуда ё имзо гузоштан дар ҳуҷҷате, ки ҷиҳати ба қайдгирӣ пешкаш гардидааст, амали ба қайдгириро тасдиқ намояд.

4.Мақоме, ки ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ё аҳдҳоро ба амал баровардааст, вазифадор аст, ки ба ҳар шахс дар бораи ба қайдгирӣ ва ҳуқуқи  ба қайд гирифташуда маълумот диҳад.

Маълумот, сарфи назар аз маҳалли ба қайдгирӣ, дар ҳар мақоми ба қайдгирандаи молу мулки ғайриманқул дода мешавад.

  1. Дар сурати ба қайди давлатӣ нагирифтани ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ё аҳдҳо бо он ё аз ба қайдгирӣ саркашӣ кардани мақоми марбута ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  2. Тартиби ба қайдгирии давлатӣ ва асосҳои рад кардани он мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонун дар бораи ба қайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳо ба он муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 144. Корхона
  1. Корхона ҳамчун объекти ҳуқуқ комплекси молу мулкие эътироф карда мешавад, ки барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ истифода мегардад.
  2. Корхона дар маҷмӯъ ё як қисми он метавонад объекти хариду фурӯш, гарав, иҷора ва аҳдҳои дигари марбут ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ кардани ҳуқуқи молу мулкӣ бошад.

Ба ҳайати корхона ҳамчун комплекси молу мулкӣ, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тамоми намудҳои молу мулки барои фаъолияти он пешбинигардида, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи талаб, қарз, инчунин ҳуқуқ ба аломатҳои фардикунанда, маҳсулоти он, кору хизмат (номи фирмавӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ) ва ҳуқуқи мустаснои дигар дохил мешаванд.

 

Моддаи 145. Ашёи тақсимшаванда
  1. Ашё метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад. Ашёи тақсимшаванда молу мулкест, ки қисмҳои он дар натиҷаи тақсимкунӣ таъиноти (функцияи) худро аз даст намедиҳанд.

 

Моддаи 146. Ашёи тақсимнашаванда

Ашёе, ки тақсимоти он одатан бидуни тағйир додани таъиноташ имконнопазир аст, тақсимнашаванда дониста мешавад.

Хусусиятҳои ҷудо кардани ҳисса дар ҳуқуқи моликият ба ашёи тақсимнашаванда тибқи қонун муайян карда мешавад.

 

Моддаи 147. Ашёи мураккаб

Агар ашёи ҳархела чизи томи ба мақсади умумӣ истифодашавандаро ташкил намоянд, онҳо ҳамчун як чиз (ашёи мураккаб) арзёбӣ мешаванд.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, амали аҳдҳо дар мавриди ашёи мураккаб ба ҳамаи қисмҳои таркибии он дахл дорад.

 

Моддаи 148. Ашёи асосӣ ва мансубият

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тақдири ашёе, ки барои хизматрасонии ашёи дигар (асосӣ) пешбинӣ гардида, бо он аз рӯи таъиноти (мансубияти) умумӣ алоқаманд мебошад, ба қисмати ашёи асосӣ вобаста аст.

 

Моддаи 149. Самара, маҳсулот ва даромад

Воридоти дар натиҷаи истифодаи молу мулк бадастомада (самара, маҳсулот, даромад), агар дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шартномаи истифодаи ин молу мулк тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба шахсе тааллуқ дорад, ки аз ин молу мулк дар асоси қонунӣ истифода менамояд.

 

Моддаи 150. Ҳайвонот

Нисбати ҳайвонот қоидаҳои умумӣ дар хусуси молу мулк истифода мешаванд, зеро дар қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нагардидааст.

 

Моддаи 151. Ашёи хоса ва ашёи  бо нишонаи навъ муайяншаванда
  1. Ашёе хоса дониста мешавад, ки аз ашёи дигар бо аломатҳои танҳо хосаи худ фарқ мекунад. Ашёи хоса ивазнашаванда мебошад.
  2. Ашёи бо аломатҳои навъ муайяншаванда он ашёе дониста мешавад, ки нишонаҳои хоси ҳамаи ашёи ҳамин навъро дошта бо миқдор, вазн ва андоза муайян карда мешаванд. Ашёи бо нишонаҳои навъ муайяншаванда ивазшаванда мебошад.

 

Моддаи 152.  Натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии  ҳифзшаванда

Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар, ҳуқуқи мустаснои шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ба натиҷаҳои ба таври объективӣ зоҳиргардидаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои ба он баробари фардикунонии шахси ҳуқуқӣ, маҳсулоти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, корҳои иҷрокарда ё хизматҳои расонидаи онҳо (номи фирмавӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва ғайра) эътироф карда мешавад.

Натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунониро, ки ҳадафи ҳуқуқи  мустасно мебошанд, шахси сеюм танҳо бо ризояти дорандаи ин ҳуқуқ истифода карда метавонад.

 

Моддаи 153. Сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ

Қонунҳои гражданӣ маълумотеро, ки дорои сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ мебошанд, ҳифз менамояд, ба шарте ки  маълумот бо сабаби ба шахси сеюм маълум  набуданаш арзиши воқеӣ ё имконпазири (потенциалии) тиҷоратӣ дошта, дар асоси қонун барои истифодаи озодона дастрас набошад, дорандаи маълумот ҷиҳати махфӣ нигоҳ доштани он тадбирҳо меандешад.

Ашхосе, ки бо усулҳои ғайриқонунӣ чунин маълумотро ба даст овардаанд, инчунин хизматчиёне, ки хилофи шартнома (қарордод) – и меҳнатӣ ё аҳли шартнома, ки хилофи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ сирри хизматӣ ё тиҷоратиро фош кардаанд, бояд зиёни воқеии расонидашударо ҷуброн намоянд.

 

§ 3. АМАЛ  (беамалӣ)

 

Моддаи 154. Амал (беамалӣ)

Амал (беамалӣ) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавонад объекти мустақили ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ бошад.

 

§ 4. ПУЛ ВА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ  КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 155.  Пул  (асъор)
  1. Президента Ҷумҳурии Тоҷикистои низоми пулии мамлакатро муайян мекунад ва пули миллии Тоҷикистон воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад, ки кабули он аз рӯи арзиши эътибории худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
  2. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷнкистон пардохт бо роҳи ҳисоббаробаркунии нақди ва ғайринақдӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №640)

 

Моддаи 156. Арзишҳои асъорӣ

Намудҳои молу мулке, ки арзишҳои асъорӣ эътироф карда мешаванд ва тартиби бо онҳо анҷом додани аҳдҳо тибқи қонун дар бораи танзими асъор ва назорати асъор муайян карда мешаванд.

Ҳуқуқи моликият ба арзишҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи асосҳои умумӣ  муҳофизат мешавад.

 

Моддаи 157. Коғази қиматнок
  1. Коғази қиматнок ҳуҷҷате мебошад, ки бо риояи шакли муқарраргардида ва реквизитҳои ҳатмӣ ҳуқуқи молу мулкиеро тасдиқ менамояд, ки татбиқ ё гузашт кардани онҳо танҳо дар сурати нишон додани он имконпазир аст.

Бо додани коғази қиматнок дар маҷмӯъ тамоми ҳуқуқҳои тасдиқнамудаи он мегузарад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои татбиқ ё гузашт кардани ҳуқуқи дар қоғази қиматнок тасдиқгардида далелҳои дар феҳрасти махсуси (муқаррарӣ ё компютерии) шахсе, ки коғази қиматнокро аз номи худ бароварда, аз рӯи ӯҳдадории дар он сабтшуда масъулият дорад, кифоя мебошад.

 

Моддаи 158. Намудҳои коғазҳои қиматнок
  1. Ба коғазҳои қиматнок инҳо дохил мешаванд: вомбарг, вексел, чек, сертификати бонкӣ, коносамент, саҳмия ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мутобиқи санади қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи онҳо ба ҷумлаи коғазҳои қиматнок мансуб дониста шудаанд.
  2. Коғазҳои қиматнок метавонанд манзурӣ, ордерӣ ва номӣ бошанд.

Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки номӣ ба шахси дар он зикршуда тааллуқ дорад.

Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки манзурӣ ба шахси манзуркунандаи  коғази қиматнок тааллуқ дорад.

Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки ордерӣ ба шахси дар он номбаршуда ва дар сурати мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми 3, моддаи 160 ҳамин Кодекс ин ҳуқуқро гузашт кардани ӯ  ба шахси ваколатдор тааллуқ дорад.

  1. Мутобиқи санади қонунгузорӣ мумкин аст барои баровардани навъи муайяни коғазҳои қиматнок ба сифати номӣ ё ба сифати ордерӣ ва ё ба сифати манзурӣ имконият дода нашавад.

Дар санади қонунгузорӣ инчунин мумкин аст имконияти баровардани коғазҳои қиматноки дорои нишонаи хелҳои гуногуни коғазҳои қиматнок пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 159. Талабот нисбати коғазҳои қиматнок
  1. Намудҳои ҳуқуқи дар коғазҳои қиматнок тасдиқшаванда, реквизитҳои ҳатмии коғазҳои қиматнок, талабот нисбати шакли коғази қиматнок ва талаботи дигари зарурӣ тибқи қонун ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи он муайян карда мешаванд.
  2. Дар сурати набудани реквизитҳои ҳатмии коғази қиматнок ё ба шакли барои чунин коғазҳо муқарраргардида мутобиқат накардан он боиси беэътиборшавии он мегардад.

 

Моддаи 160. Гузашт кардани ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматнок
  1. Барои ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки манзурӣ ба дасти ин шахс супурдани коғази қиматнок кифоя аст.
  2. Ҳуқуқи тасдиқнамудаи  коғази қиматноки номӣ мувофиқи тартиби барои  гузашткунии талабот (сессия)-и муқарраргардида гузашт карда мешавад. Мутобиқи моддаи 419 ҳамин Кодекс шахсе, ки ҳуқуқашро аз рӯи коғази қиматнок гузашт мекунад, на барои  иҷро нашудани талаботи дахлдор, балки барои беэътибор будани   он  масъулият дорад.
  3. Ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматноки ордерӣ бо роҳи дар ин коғаз сабт кардани навиштаҷоти интиқолии  индоссант гузашт карда мешавад. Индоссант на танҳо  барои  мавҷудияти ҳуқуқ, балки инчунин барои татбиқи он низ масъулият дорад.

Индоссаменти дар  коғази қиматнок ба амал баровардашуда ҳамаи ҳуқуқи  тасдиқнамудаи коғази қиматнокро ба шахсе медиҳад, ки ба ӯ ё фармони ӯ ҳуқуқ аз  рӯи  коғази қиматнок гузашт карда  шудааст  -  ба  индоссат.  Индоссамент  бланкавӣ  (бидуни зикри шахсе,  ки талаботи ӯ бояд иҷро шавад) ё ордерӣ (бо зикри шахсе, ки талабот ё фармони ӯ бояд иҷро гардад) буда   метавонад.

Индоссамент метавонад танҳо бо супориши татбиқи ҳуқуқи дар коғази қиматнок  тасдиқшуда  бидуни гузашт кардани ин ҳуқуқ ба индоссат (индоссаменти  супоришӣ)  маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат индоссат ба сифати намоянда амал мекунад.

 

Моддаи 161. Иҷрои ӯҳдадорӣ аз коғази қиматнок
  1. Шахсе, ки коғази қиматнокро додааст ва тамоми ашхосе, ки онро индоссатсия кардаанд, дар  назди  соҳиби қонуниаш масъулияти муштарак доранд. Дар сурати талаботи соҳиби қонунии коғази қиматнокро дар мавриди иҷрои ӯҳдадориҳои дар он тасдиқгардида як ё якчанд шахс аз ҷумлаи ашхосе, ки аз рӯи коғази қиматнок то ӯ масъулият гирифта буданд, қонеъ гардонанд, онҳо нисбати шахси боқимондае, ки аз рӯи коғази қиматнок ӯҳдадорӣ қабул кардаанд, ҳуқуқи пешниҳод кардани  талаботи  бозпас  (регресс)–ро соҳиб мешаванд.
  2. Саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадории тасдиқнамудаи коғази қиматнок бо истинод ба  асос  надоштани ӯҳдадорӣ ё беэътибор будани он роҳ дода намешавад.

Дорандаи коғази қиматнок, ки иваз ё сохтакории коғази қиматнокро ошкор намудааст, ҳақ дорад аз шахси коғазро ба ӯ супурда ба таври дахлдор иҷрои   ӯҳдадориҳои тасдиқнамудаи коғази қиматнок ва ҷуброни  зиёнро талаб намояд.

  1. Ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматноке, ки дар дасти соҳиби ғайриқонунӣ аст, татбиқ карда намешавад.

 

Моддаи 162. Барқарор намудани коғази қиматнок

Ҳуқуқ аз рӯи коғазҳои қиматноки манзурӣ ва коғазҳои қиматноки ордерии гумшударо суд, бо тартиби дар қонунҳои мурофиавӣ пешбинигардида барқарор менамояд.

 

Моддаи 163. Коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат
  1. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонун ё мувофиқи тартиби муқарраркардаи он ташкилот - депозитарие, ки иҷозатнома (литсензия)-и махсус гирифтааст, мутобиқи шартнома бо эмитент (шартномаи  депозитарӣ) ҳуқуқи бо коғази қиматноки номӣ ё ордерӣ додашавандаро, аз ҷумла бе ҳуҷҷат (бо ёрии  воситаҳои техникаи   ҳисоббарори электронӣ ва ғайра) сабт карда метавонад.

Нисбати чунин шакли сабти ҳуқуқ, агар аз хусусиятҳои сабт тартиби дигаре барнаояд,  қоидаҳое истифода мешаванд,  ки дар ҳамин Кодекс  ва қонунҳои дигар  барои коғазҳои қиматнок  муқаррар гардидаанд.

Сабти ҳуқуқ бо дархости эмитент ё шахси ба сифати дорандаи ҳуқуқи дахлдор бақайд  гирифташуда  ба коғази қиматнок баробар  карда  мешавад  ва  барои  татбиқу гузашти ҳуқуқ аз рӯи коғази қиматнок кифоя мебошад. Бо талаби соҳиби ҳуқуқ депозитарий вазифадор  аст,  ки  ба  ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабти ҳуқуқро диҳад.

Ҳуқуқи бо роҳи сабт дар  назди  депозитарий  тасдиқшаванда, тартиби фаъолияти депозитарийҳои коғазҳои қиматнок ва ба онҳо додани иҷозатнома (литсензия) барои анҷоми аҳдҳо  бо коғазҳои қиматнок ва  тартиби сабти  расмии  ҳуқуқ  ва  ҳуқуқдор аз ҷониби  депозитарий ва тартиби анҷоми аҳдҳо бо коғазҳои  қиматноки беҳуҷҷат мутобиқи қонун ё бо тартиби муқаррарнамудаи он муайян карда мешаванд.

  1. Аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат  танҳо  дар   сурати муроҷиат ба депозитарии  расман  сабткунандаи  ҳуқуқ метавонад анҷом дода шавад. Татбиқ, гузашт кардан ва  маҳдуд  кардани ҳуқуқ  бояд  аз  ҷониби  депозитарий расман сабт карда шавад. Депозитарий барои маҳфузи сабти  расмӣ, таъмини махфӣ  доштани  он,  додани маълумоти дуруст дар бораи чунин сабтҳо ва барои сабти расмии аҳдҳои анҷомдода  масъул мебошад.

 

  1. НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи  164. Вомбарг (хориҷ карда шуд бо Қонуни ЧТ аз 12. 05. 2007с, № 247).

 

Моддаи 165. Чек  (хориҷ карда шуд бо Қонуни ЧТ аз 12. 05. 2007с, № 247).

 

Моддаи 166. Вексел (хориҷ карда шуд бо Қонуни ЧТ аз 12. 05. 2007с, № 247).

 

Моддаи 167.  Саҳмия
  1. Коғази қиматноке саҳмия эътироф карда  мешавад,  ки ҳуқуқи дорандаи  онро  (саҳмдорро)  барои  дар шакли дивиденд гирифтани як қисми фоидаи ҷамъияти саҳҳомӣ,  барои иштирок дар идораи корҳои ҷамъияти саҳҳомӣ, инчунин ба қисми молу мулки баъди барҳам  додани он боқимонда тасдиқ менамояд.

Саҳмияҳо метавонанд манзурӣ ё номӣ, озодона муомилотшаванда ё дорои доираи маҳдуди муомилот бошанд.

  1. Ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад дар доираи муқаррарнамудаи қонун саҳмияҳои имтиёзноке барорад, ки ба дорандагони онҳо, сарфи назар  аз натиҷаи фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ,  чун қоида бо сабти фоизи  арзиши номиналии саҳмия  гирифтани  дивидендро кафолат медиҳад, инчунин ба онҳо ҳуқуқи нисбат ба саҳмдорони дигар афзалиятноки гирифтани қисми молу мулки пас аз барҳамдиҳии ҷамъияти саҳҳомӣ  боқимонда ва ҳуқуқҳои дигари дар шартҳои баровардани чунин саҳмияҳо пешбинигардидаро медиҳад.

Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, саҳмияҳои афзалиятнок ба дорандагонашон барои иштирок дар  идораи корҳои ҷамъият ҳуқуқ намедиҳанд.

 

Моддаи 168. Коносамент

Коносамент ҳуҷҷати идоракунии  мол  мебошад,  ки ҳуқуқи дорандаи қонунии онро дар мавриди идора кардани  бори  дар коносамент зикргардида ва гирифтани  бор  пас  аз ҳамлу нақли он тасдиқ менамояд.

Коносамент метавонад  манзурӣ, ордерӣ ё номӣ бошад.

Агар коносамент якчанд нусхаи аслӣ тартиб дода шуда бошад, баъди додани бор аз рӯи коносаменти аввал  нусхаҳои боқимонда беэътибор мешаванд.

 

Моддаи 169. Сертификати бонкӣ

Сертификати бонкӣ шаҳодатномаи хаттии бонк дар бораи пасандози маблағ мебошад,  ки ҳуқуқи амонатгузорро баъди гузаштани мқҳлати муқарраршуда барои аз ҳар муассисаи ҳамин бонк гирифтани маблағи пасандоз ва фоизи онро тасдиқ   менамояд.

Сертификатҳои бонкӣ метавонанд манзурӣ ё номӣ бошанд.

 

§ 5. НЕЪМАТҲОИ ҒАЙРИМОДДӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО

 

Моддаи 170. Неъматҳои ғайримоддӣ
  1. Ҳаёт ва саломатӣ, эътибори шахсӣ,  шаъну шараф, масунияти шахсӣ, номусу  номи  нек,  эътибори корӣ,  дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ,  ҳуқуқи ҷойивазкунӣ ва интихоби озоди истиқомату маҳалли  зист,  ҳуқуқи доштани  номдорӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, дигар ҳуқуқҳои шахсии ғайримоддӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддӣ, ки ба шаҳрванд аз рӯзи таваллуд ё бо ҳукми қонун тааллуқ доранд, бегона  карда ё  ба тариқи дигар гузашт карда намешаванд. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддии  шахси  фавтидаро шахси дигар, аз ҷумла ворисони соҳибҳуқуқ татбиқ ва ҳифз карда метавонанд.
  2. Неъматҳои ғайримоддӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи онҳо, инчунин дар ҳолатҳо ва ба он андозае муҳофизат карда мешаванд, ки истифодаи усулҳои муҳофизати ҳуқуқи гражданӣ (моддаи 12) аз моҳияти ҳуқуқи ғайримоддии вайронгардида ва хусусияти оқибатҳои ин вайронкуӣ бармеояд.

 

Моддаи 171.  Ҷуброни зиёни маънавӣ

Агар ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқи шахсии ғайримоддии ӯ ё ба неъматҳои дигари ғайримоддии шаҳрванд таҳдидкунанда зиёни маънавӣ (азобу шиканҷаи ҷисмонӣ  ё рӯҳӣ) расонида шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун суд метавонад шахси ҳуқуқвайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро ҷуброн намояд.

Ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳро ба назар мегирад. Суд ҳамчунин бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳии марбут ба  хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирад.

 

Моддаи 172. Ҳифзи ҳуқуқи шахсии  ғайримолу мулкӣ
  1. Шахсе, ки ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкиаш вайрон шудааст, ба ғайр аз  тартиби дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида мувофиқи қоидаҳои ҳамин  Кодекс  инчунин  ба ҷуброни зиёни маънавӣ ҳуқуқ дорад.
  2. Ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ муҳофизат менамояд.
  3. Ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкӣ сарфи назар аз гуноҳи шахси вайроннамудаи ҳуқуқ ҳифз карда мешавад. Шахсе, ки ҳифзи ҳуқуқро талаб кардааст, бояд далели  вайрон  гардидани  ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиашро исбот кунад.
  4. Шахсе, ки ҳуқуқи ғайри молу мулкиаш вайрон гардидааст, метавонад бо хости худ рафъи оқибати онро аз шахси гунаҳкор талаб намояд ё аз ҳисоби гунаҳкор мустақилона амалҳои заруриро анҷом диҳад ва ё иҷрои онҳоро ба шахси сеюм супорад.

 

Моддаи 173. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкие, ки ба ҳуқуқи молу мулкӣ алоқаманданд

Дар сурати ҳамзамон вайрон гардидани ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкӣ ва молу мулкӣ, андозаи ҷуброни зиёни молу мулкӣ бо дарназардошти ҷубронпулие, ки бояд ба ҷабрдида барои халалдор кардани ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиаш пардохта  шавад,  зиёд  мешавад.

 

Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ
  1. Агар шахси паҳнкардаи маълумоте,  ки  шаъну  шараф  ё эътибори кории   шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад,  шаҳрванд ҳақ дорад  аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.

Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи  шаъну  шарафи  шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст.

  1. Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори  кории шаҳрвандро паст мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори умум  паҳн гардида бошанд, онҳо бояд  дар  ҳамон  воситаҳои ахбори умум бемузд  рад карда шаванд.

Агар маълумоти  мазкур  дар  ҳуҷҷати ташкилот дарҷ гардида бошад, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозхонда шавад.

Тартиби раддияро  дар  ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.

  1. Шаҳрванде, ки воситаҳои ахбори умум дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаашро нашр кардаанд, ҳақ дорад дар ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад.
  2. Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори умум нашри онро рад   кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад.
  3. Агар қарори суд иҷро нашуда бошад, суд ҳақ дорад гунаҳкорро ҷарима бандад,  ки  ба андоза  ва  бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад. Пардохти ҷарима гунаҳкорро аз ӯҳдадории иҷрои амали дар қарори суд пешбинигардида озод намекунад.
  4. Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд.
  5. Агар муайян намудани шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф  ё эътибори  кории шаҳрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат намояд.
  6. Қоидаҳои ҳамин модда дар хусуси ҳифзи эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд.
Моддаи 1741. Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тӯҳмат ё таҳқир

Шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардуруғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171, ва 174 Кодекси мазкур ҳифз  карда мешаванд.( ҚҶТ аз 28.12.12с №928)

 

Моддаи 175. Ҳуқуқи ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ
  1. Шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, руқъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ, адвокатӣ ва  сирри  пасандозҳо ҳуқуқ дорад.

Фош кардани  сирри ҳаёти  шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санади қонунӣ мумкин аст.

  1. Нашри рӯзномаҳо, руқъаҳо, қайдҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар танҳо бо ризоияти муаллифи онҳо, нашри мактубҳо бошад, бо ризоияти муаллиф ва унвонӣ (адресат) роҳ дода мешавад. Дар сурати вафот  кардани яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкурро бо ризоияти ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ва фарзандони марҳум нашр кардан мумкин аст.

 

Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ
  1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад, бе ризоияти ворисонаш  истифода намояд.
  2. Нашр намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад, чунин  ризоият талаб карда   намешавад.

 

Моддаи 177. Ҳуқуқи дахлнопазирии манзил

Шаҳрванд ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро доро аст, яъне ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, кӯшишҳои бидуни хоҳиши ӯ зӯран ба  манзилаш ворид шудани касро пешгирӣ намояд.

 

ЗЕРФАСЛИ 3. АҲДҲО. НАМОЯНДАГӢ

 

БОБИ 7. АҲДҲО

 

§ 1. МАФҲУМ, НАВЪҲО ВА ШАКЛИ АҲД

 

Моддаи 178. Мафҳуми аҳд

Амали шаҳрвандон  ва  шахси ҳуқуқӣ, ки ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ равона гардидааст, аҳд дониста мешавад.

 

Моддаи 179. Навъҳои аҳд
  1. Аҳд метавонад яктарафа,  дутарафа  ё  бисёртарафа   (шартномаҳо) бошанд.
  2. Аҳде яктарафа дониста мешавад, ки барои анҷоми он мутобиқи қонун ё созишномаи тарафҳо ифодаи иродаи як тараф зарур ё кифоя мебошад.
  3. Барои бастани шартнома ифодаи иродаи мувофиқашудаи ду тараф (аҳди дутарафа)  ё  се  тараф  ва  ё  бештар  аз он   (аҳди бисёртарафа) зарур аст.

 

Моддаи 180. Ӯҳдадорӣ аз рӯи аҳди яктарафа

Аҳди яктарафа барои шахси анҷомдодаи аҳдҳо ӯҳдадориҳоро ба  миён  меорад. Он ӯҳдадориҳоро барои шахси дигар танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ё созишномаи ин ашхос ба миён оварда метавонад.

 

Моддаи 181. Танзими ҳуқуқии аҳди яктарафа

Нисбати аҳди яктарафа  мутобиқан муқаррароти умумӣ дар бораи ӯҳдадориҳо ва шартномаҳо (фасли III)  истифода  мешаванд, зеро ин хилофи қонун, табиат ва моҳияти аҳд нест.

 

Моддаи 182. Аҳди бо шарту шароит басташуда
  1. Агар тарафҳо ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориро аз шарте вобаста донанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, аҳд бо шарти батаъхир анҷомдодашуда эътироф карда мешавад.
  2. Агар тарафҳо қатъи ҳуқуқу ӯҳдадориро ба шарте вобаста карда бошанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, аҳд бо шарти бекоркунӣ анҷомёфта эътироф карда мешавад.
  3. Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона монеъ шуда бошад, ки фаро расидани он ба манфиаташ нест, шарт фарорасида эътироф карда мешавад.

Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона мусоидат карда бошад,  ки  фаро расидани  он  ба  манфиаташ аст,  шарт  фаро нарасида эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 183. Шакли аҳд
  1. Аҳд шифоҳӣ (даҳонӣ) ё хаттӣ (оддӣ ё нотариалӣ) баста мешавад.
  2. Аҳде, ки мумкин аст шифоҳӣ баста шавад, дар он сурат низ анҷомёфта дониста мешавад, ки рафтори шахс ба азму хоҳиши бастани аҳд шаҳодат медиҳад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо сукут ифодаи иродаи бастани аҳд дониста мешавад.
  4. Агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, аҳде, ки бо додани жетон, чипта (билет) ё аломати дигари одатан қабулшуда тасдиқ гардидааст, анҷомдодашуда эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 184. Аҳди шифоҳӣ
  1. Аҳде, ки дар қонун ё созишномаи тарафҳо барои он шакли хаттӣ (оддӣ ё нотариалӣ) муқаррар нагардидааст, метавонад шифоҳӣ баста шавад.
  2. Агар дар созишномаи  тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳамаи  аҳдҳои ҳангоми  бастан иҷрошаванда, ба истиснои аҳдҳое, ки барои онҳо шакли  нотариалӣ муқаррар шудааст ва аҳдҳое, ки бинобар риоя  накардани шакли оддии  хаттиашон  беэътибор  мегарданд, метавонанд ба таври шифоҳӣ баста шаванд.
  3. Аҳд бо мақсади иҷрои шартномаи дар шакли хаттӣ басташуда бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст шифоҳӣ баста шавад, ба шарте ки ин  хилофи қонун  ё  шартнома  набошад.

 

Моддаи 185. Шакли хаттии аҳд
  1. Аҳди хаттӣ бояд бо тартиб додани ҳуҷҷате баста шавад, ки мавзӯи онро ифода карда, аз ҷониби як ё ҷамъи каси аҳдбаста ё шахси ба тариқи  дахлдор  ваколатдори онҳо имзо шудааст.

Дар қонунҳо ва созишномаи тарафҳо мумкин аст талаботи иловагие, ки шакли аҳд бояд ба он мутобиқат намояд (дар бланкаи дорои шакли муайян  ба имзо расондан,  мӯҳр гузоштан ва ғайра) муқаррар гардида, оқибати риоя накардани ин талабот пешбинӣ карда шавад. Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо чунин оқибат пешбинӣ  нагардида бошад, пас оқибати риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ истифода мешавад.

  1. Ҳангоми бастани аҳд истифодаи акси айнии имзо бо ёрии воситаҳои нусхабардории механикӣ ё воситаи дигар, имзои электронию рақамӣ ё шакли дигари имзои шахсӣ дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо роҳ дода мешавад.
  2. Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, мубодилаи  мактуб, барқия (телеграмма), телефонограмма, телетайпограмма,   факс ва ҳуҷҷатҳои дигари муайянкунандаи субъектҳо ва мавзӯи ифодаи иродаашон  ба шакли хаттии анҷоми аҳдбандӣ баробар карда мешавад.
  3. Агар шаҳрванд бо сабаби иллати ҷисмонӣ,  беморӣ ё бесаводӣ шахсан имзо гузошта натавонад, бо хоҳиши ӯ аҳдро шаҳрванди дигар  имзо карда метавонад. 

Имзои ин шаҳрванд бояд аз ҷониби нотариус ё мансабдори дигари барои  анҷоми чунин амали нотариалӣ ҳақдошта бо зикри сабабҳое, ки аҳдкунанда бо дасти худ имзо карда натавонистааст, тасдиқ карда шавад.

Вале ҳангоми бастани аҳди дар қисми 4, моддаи 210 ҳамин  Кодекс зикргардида ва додани  ваколатнома барои бастани онҳо имзои шахсе, ки аҳдро имзо мекунад,  инчунин мумкин аст аз ҷониби ташкилоте, ки дар он шаҳрванди бо дасти худ имзо карда наметавониста кор мекунад ё аз ҷониби маъмурияти муассисаи табобатии статсионарие,  ки ӯ дар он  табобат  меёбад,  тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 186. Аҳде, ки дар шакли хаттии оддӣ анҷом дода мешаванд
  1. Аҳдҳои зерин ба истиснои аҳде, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, бояд дар шакли оддии хаттӣ баста шаванд:

а) аҳди шахси ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон;

б) аҳди байни шаҳрвандон ба маблағе,  ки аз андозаи бо қонун муқарраргардидаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо на камтар аз бист маротиба бештар аст ва дар  ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, - сарфи назар аз маблағи аҳд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №850)

  1. Барои аҳде, ки мутобиқи моддаи 184 ҳамин Кодекс  метавонад ба  таври  шифоҳӣ баста шавад, риояи шакли  оддии хаттӣ талаб карда намешавад.

 

Моддаи 187. Оқибати риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ
  1. Риоя накардани шакли  оддии  аҳди  хаттӣ тарафҳоро аз ҳуқуқи  дар  мавриди  баҳс  ҷиҳати тасдиқи аҳд ва шартҳои он аз истинод ба баёноти шоҳидон маҳрум месозад, вале онҳоро аз ҳуқуқи овардани далелҳои хаттӣ  ва далелҳои дигар  маҳрум намесозад.
  2. Дар ҳолатҳои бевосита дар қонун ё созишномаи тарафҳо зикргардида риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ он беэътибор мегардад.
  3. Риоя накардани шакли оддии аҳди хаттии робитаи иқтисодии хориҷӣ онро беэътибор мегардонад.

 

Моддаи 188. Аҳди дар нотариус тасдиқшуда
  1. Аҳдҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида бо роҳи дар ҳуҷҷати ба талаботи моддаи 185 ҳамин Кодекс  мутобиқаткунанда   аз ҷониби  нотариус  ё  мансабдори  барои анҷоми  чунин амали  нотариалӣ ҳуқуқдошта сабт  кардани  навиштаҷоти  тасдиқкунанда анҷом дода мешаванд.
  2. Тасдиқи нотариалии аҳд дар ҳолати зайл ҳатмист:

а) дар ҳолатҳое, ки дар қонун зикр гардидааст;

б) бо талаби ҳар яке аз тарафҳо.

 

Моддаи 189. Бақайдгирии давлатии аҳдҳо
  1. Аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул (бегона кардан, ипотека, иҷораи дарозмуддат, мерос гирифтан ва ғайра) бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Тартиби бақайдгирии аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул  ва тартиб додани феҳрасти дахлдор бо қонун муайян карда мешавад.

  1. Дар қонунҳо мумкин аст бақайдгирии давлатии аҳдҳои вобаста бо намудҳои муайяни молу мулки манқула муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 190. Оқибати риоя накардани шакли нотариалии аҳд ва талаботи бақайдгирии он
  1. Риоя накардани шакли нотариалӣ ё талаботи бақайдгирии давлатии аҳд боиси беэътибории он   мегардад. Чунин аҳд беэътибор дониста мешавад.
  2. Агар яке аз тарафҳо аҳдеро, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, пурра ё қисман иҷро карда,  тарафи дигар аз баррасмиятдарории аҳд саркашӣ намояд, суд ҳақ дорад, ки бо талаби тарафи  иҷронамудаи аҳд чунин аҳдро боэътибор донад. Дар ин ҳолат барасмиятдарории минбаъдаи аҳд  зарур   нест.
  3. Агар аҳде, ки бақайдгирии давлатиро талаб мекунад, дар шакли дахлдор баста шуда бошад, вале яке аз тарафҳо аз бақайдгирии он саркашӣ намояд, суд ҳақ дорад бо талаби тарафи дигар дар хусуси ба қайд гирифтани он қарор қабул кунад. Дар ин ҳолат аҳд мутобиқи қарори суд ба қайд гирифта мешавад.
  4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тарафе, ки беасос аз тасдиқи нотариалӣ ё ба қайдгирии давлатии аҳд саркашӣ менамояд, бояд ба тарафи  дигар зиёни аз таъхири бастани аҳд ва ба қайдгирӣ расидаро ҷуброн намояд.

 

§ 2. АҲДҲОИ БЕЭЪТИБОР ВА ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

 

Моддаи 191. Аҳдҳои баҳснок ва беэътибор
  1. Аҳд аз рӯи асосҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо сабаби онро беэътибор донистани суд (аҳди мавриди баҳс) ё сарфи назар аз чунин эътироф (аҳди  беэътибор) беэътибор дониста мешавад.
  2. Талаби беэътибор донистани аҳди баҳснок метавонад ба шахси дар ҳамин Кодекс зикргардида пешниҳод карда шавад.

Истифодаи оқибати аҳди беэътиборро ҳар шахси манфиатдор талаб карда метавонад. Суд  ҳақ дорад, ки чунин оқибатро бо ташаббуси худ истифода намояд.

 

Моддаи 192. Муқаррароти умумӣ дар бораи оқибати беэътибории аҳд
  1. Аҳди беэътибор, ба истиснои оқибате, ки бо беэътибории он алоқаманд аст, боиси оқибати ҳуқуқӣ намегардад ва аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад.
  2. Дар сурати беэътибории аҳд, агар дар қонун оқибати дигари беэътиборӣ пешбинӣ нагардида бошанд, ҳар тараф вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми молу мулки аз рӯи аҳд гирифтаашро баргардонад ва агар дар шакли асл (натура) баргардонидани молу мулки гирифташуда имконнопазир бошад (аз ҷумла дар ҳолате ки ашёи гирифта дар истифодаи  молу мулк,  кори  иҷрошуда ё  хизматрасонӣ  ифода гардида бошад),  арзиши онро бо пул ҷуброн намояд.
  3. Агар аз мазмуни аҳди баҳснок маълум гардад, ки он минбаъд метавонад қатъ карда шавад, суд аҳдро беэътибор дониста, амали онро барои давраи оянда қатъ менамояд.

 

Моддаи 193. Беэътибории аҳди хилофи қонун

Аҳде, ки  хилофи талаботи қонун аст, эътибор надорад ба шарте ки қонун баҳснок будани чунин аҳдро муқаррар нанамояд ё дар он оқибати дигари   қонуншиканӣ пешбинӣ  нагардида бошад.

 

Моддаи 194. Беэътибории аҳди бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ басташуда

Аҳде, ки ошкоро бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ё ахлоқ баста шудааст, эътибор надорад.

Дар сурати нияти ғаразнок доштани ҳар ду тарафи чунин аҳд, агар аҳдро ҳар ду тараф иҷро карда бошанд, тамоми даромади аз ин аҳд бадастовардаи онҳо ба ҳисоби даромади давлат рӯёнида мешавад ва агар аҳдро як тараф иҷро карда бошад, аз тарафи  дигар тамоми даромад ва молу мулки гирифтааш ва тамоми молу мулке, ки он мебоист бар ивази даромад ва молу мулки гирифташуда ба тарафи аввал диҳад, ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад.

Дар сурати нияти ғаразнок доштани танҳо як тарафи чунин аҳд, он  бояд  тамоми даромади аз рӯи аҳд гирифтаашро ба тарафи дигар баргардонад, аммо даромаде, ки тарафи ғаразнок амал карда гирифтааст  ё бояд мувофиқи аҳди иҷрошуда мегирифт, ба он дода шавад,  ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад.

 

Моддаи 195. Беэътибории аҳдҳои рӯякӣ ва қалбакӣ басташуда
  1. Аҳди рӯякӣ, яъне аҳде, ки танҳо рӯякӣ, бидуни нияти барои он бунёд намудани оқибати дахлдори ҳуқуқӣ баста шудааст, эътибор надорад.
  2. Аҳди қалбакӣ, яъне аҳде, ки бо мақсади рӯйпӯш намудани аҳди дигар баста шудааст, эътибор надорад. Нисбати аҳде, ки тарафҳо воқеан дар назар  дошта  буданд, бо назардошти хусусияти аҳд,  қоидаҳои  ба  он  дахлдор  истифода мешаванд.

 

Моддаи 196. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардида  бастааст
  1. Аҳде, ки шаҳрванди дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ғайри қобили амал эътирофгардида бастааст, эътибор надорад.

Ҳар яке аз тарафҳои чунин аҳд вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми  молу мулки гирифтаашро дар шакли асл (натура) баргардонад ва дар сурати  имконнопазирии дар шакли натура баргардонидани молу мулки гирифташуда  арзиши онро бо пул ҷуброн намояд.

Агар тарафи қобили амал ғайри қобили амал будани тарафи дигарро дониста бошад ё  мебоист донад, тарафи қобили амал ғайр аз ин вазифадор аст,  ки ба тарафи дигар зиёни воқеии ба он расонидашударо ҷуброн намояд.

  1. Ба манфиати шаҳрванде, ки бо сабаби бемории рӯҳӣ ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳди бастаи ӯ бо талаби васиаш аз тарафи суд боэътибор эътироф карда мешавад, агар чунин аҳд ба фоидаи он баста шуда бошад.

 

Моддаи 197. Беэътибории аҳде, ки  ноболиғи то чордаҳсола бастааст
  1. Аҳде, ки ноболиғ (хурдсол)-и то чордаҳсола нарасида бастааст, эътибор надорад. Нисбати чунин аҳд қоидаҳои дар сарсатрҳои дуюм ва сеюми қисми 1, моддаи 196 ҳамин Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.
  2. Агар аҳди бастаи хурдсол ба манфиаташ бошад, суд метавонад бо талаби волидайн, фарзандхондагон ё васии ӯ аҳди бастаашро, ки ба манфиати ӯ аст, боэътибор эътироф намояд.
  3. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои хурди маишӣ ва аҳдҳои дигари хурдсолон, ки онҳо мутобиқи моддаи 29 ҳамин Кодекс ба мустақилона бастани онҳо ҳақ доранд, дахл надорад.

 

Моддаи 198. Беэътибории аҳди шахси ҳуқуқӣ, ки берун аз қобилияти ҳуқуқдориаш баста аст

Аҳдеро, ки шахси ҳуқуқӣ хилофи мақсади фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он аниқ маҳдудгардида ё шахси ҳуқуқие бастааст, ки барои машғул шудан ба фаъолияти дахлдор иҷозатнома (литсензия) надорад, агар исбот   шуда бошад,  ки тарафи дигари аҳд ғайриқонунӣ будани онро медонист ё баръало мебоист донад, бо даъвои ин шахси ҳуқуқӣ, муассис (иштирокчӣ) он ё мақоми давлатии ба фаъолияти шахси ҳуқуқӣ назораткунанда суд метавонад беэътибор эътироф намояд.

 

Моддаи 199. Оқибати маҳдуд кардани ваколат барои бастани аҳд

Агар ваколати шахс барои бастани аҳд  бо шартнома ё ваколати мақоми шахси  ҳуқуқӣ  бо ҳуҷҷатҳои таъсиси он дар муқоиса бо ваколатҳои дар ваколатнома ё қонун муайяншуда маҳдуд  гардида бошад ё вобаста ба шароити бастани аҳдҳо тибқи қонун яқин донистани он мумкин бошад ва чунин шахс ё мақом аз доираи ин маҳдудиятҳо барояд, суд бо даъвои шахсе, ки маҳдудиятҳо ба манфиати ӯ муқаррар гардидаанд,  танҳо дар ҳолате  метавонад  аҳдро беэътибор эътироф намояд, ки тарафи дигари аҳд  дар хусуси  маҳдудиятҳои  мазкур   бараъло медонист ё  мебоист донад.

 

Моддаи 200. Беэътибории аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола  бастааст
  1. Аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бидуни ризои волидайн, фарзандхондагон ё  парасторони худ бастааст, агар чунин ризоят мутобиқи моддаи  27  ҳамин Кодекс зарур бошад, мумкин аст бо даъвои волидайн, фарзандхондагон ё  парасторон аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад.  Агар чунин аҳд беэътибор   дониста  шавад,  мутобиқан қоидаҳои дар сарсатрҳои дуюм ва сеюми қисми 1,  моддаи  196  ҳамин  Кодекс  пешбинигардида татбиқ мешаванд.
  2. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои ноболиғоне, ки дорои қобилияти пурраи амал гардидаанд (қисми 2,  моддаи  22, моддаи 28  ҳамин   Кодекс), дахл надоранд.

 

Моддаи 201. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванди қобилияти амалаш аз ҷониби суд маҳдудгардида бастааст

 

  1. Аҳди ихтиёрдории молу мулкро, ки шаҳрванди қобилияти амалаш дар натиҷаи сӯиистеъмоли машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда аз ҷониби суд маҳдудгардида бидуни ризоии парастораш бастааст, суд  метавонад  бо  даъвои  парастор беэътибор   эътироф намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

Агар чунин аҳд беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои дар қисми 1, моддаи 200 ҳамин  Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.

  1. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои хурди маишие, ки шаҳрванди қобилияти амалаш маҳдудкардашуда мутобиқи моддаи 31 ҳамин Кодекс ҳақ дорад, мустақилона бандад, дахл надоранд.

 

Моддаи 202. Беэътибории  аҳде,  ки  шаҳрванд  барои  дарки аҳамияти амали худ ё  идора кардани он қобилиат надошта бастааст
  1. Суд метавонад аҳди шаҳрвандеро, ки қобили амал бошад ҳам, вале дар лаҳзаи бастани он дар ҳолате қарор дошт,  ки амалҳои худро дарк намекард ё ба идораи  онҳо қобилият надошт, бо даъвои ин шаҳрванд ё шахси дигаре, ки ҳуқуқ ё манфиати қонунан ҳифзшавандаашон дар натиҷаи бастани он халалдор гардидаанд, беэътибор донад.
  2. Агар исбот гардад,  ки  дар  лаҳзаи  бастани  аҳд шаҳрванд барои дарки аҳамияти амали худ ё идораи он қодир набуд, суд метавонад аҳди бастаи шаҳрвандеро, ки баъдан ғайри қобили амал эътироф гардидааст, бо даъвои васии ӯ беэътибор донад.
  3. Агар аҳд дар асоси ҳамин модда беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои бандҳои якум ва дуюми қисми 1, моддаи 196 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода мешаванд.

 

Моддаи 203. Беэътибории аҳде, ки дар натиҷаи гумроҳӣ  баста шудааст
  1. Суд метавонад аҳди  дар натиҷаи гумроҳӣ бастаро, ки аҳамияти муҳим дорад, бо даъвои тарафе, ки дар асари гумроҳӣ амал кардааст, беэътибор эътироф намояд.

Гумроҳӣ доир ба табиати аҳд,  шабоҳат  ё чунин  сифатҳои мавзӯи он дорои аҳамияти муҳим мебошанд, ки имкониятҳои аз рӯи таъинот истифода  намудани онро  хеле кам мекунанд. Гумроҳӣ доир ба сабабҳои аҳд дорои аҳамияти муҳим намебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Агар аҳд ҳамчун  аҳди бар асари гумроҳӣ басташуда беэътибор  дониста  шавад,  мутобиқан қоидаҳои дар қисми 2, моддаи 192 ҳамин  Кодекс пешбинигардида  татбиқ мешаванд.

Ғайр аз ин, тарафе,  ки  бо  даъвои  он  аҳд  беэътибор   дониста шудааст,  агар исбот кунад, ки гумроҳӣ бо гуноҳи тарафи дигар рӯй додааст,  ҳақ дорад аз тарафи дигар  ҷуброни зиёни воқеиро талаб намояд. Агар ин исбот нашуда бошад, тарафе, ки бо даъвои он аҳд беэътибор дониста шудааст, ҳатто  агар гумроҳӣ бар  асари вазъияте  рух дода бошад,  ки ба тарафи  гумроҳшуда вобаста нест,  вазифадор аст,  бо талаби  тарафи  дигар   зиёни воқеии ба он расидаро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 204. Беэътибории аҳде, ки бо фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин баста шудааст
  1. Суд метавонад аҳдеро,  ки  бо  фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши  бадқасдонаи  намояндаи  як тараф бо тарафи дигар баста шудааст,  инчунин аҳдеро, ки шахс бо сабаби шароити  вазнин  бо  шартҳои барояш тамоман бефоида,  маҷбуран бастааст ва  тарафи дигар аз он истифода намудааст (аҳди асоратовар), бо даъвои ҷабрдида беэътибор донад.
  2. Агар аҳд бо яке аз асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида беэътибор дониста шавад, тарафи дигар ба ҷабрдида тамоми молу мулки аз рӯи аҳд гирифтаашро бармегардонад ва агар баргардонидани  молу мулк  имконнопазир  бошад, арзиши онро бо пул ҷуброн менамояд.

Молу мулке, ки ҷабрдида аз рӯи аҳд аз тарафи дигар гирифтааст, инчунин молу мулки ба тарафи дигар додаи он, ки  бояд ба он  ҷуброн карда шавад, ба фоидаи давлат рӯёнида  мешавад. Дар сурати имконнопазирии дар шакли асл (натура) ба  фоидаи давлат  додани  молу мулк  арзиши он  бо пул рӯёнида мешавад. Ғайр аз ин тарафи дигар ба ҷабрдида зиёни воқеии ба он расонидашударо ҷуброн менамояд.

 

Моддаи 205. Оқибати беэътибории як қисми аҳд

Агар тахмин  кардан мумкин  бошад, ки аҳд бидуни дохил кардани қисми беэътибори он ҳам метавонист баста шавад, аз ин қисмҳои дигари аҳд беэътибор  намегардад.

 

Моддаи 206. Мӯҳлати даъво аз рӯи аҳдҳои беэътибор
  1. Даъво дар мавриди истифодаи оқибати беэътибории аҳди беэътибор метавонад дар  давоми  се  соли пас аз  оғози иҷрои он пешниҳод карда шавад.
  2. Даъво дар мавриди беэътибор донистани аҳди баҳснок ва истифодаи оқибати беэътибории он дар давоми се соли пас аз қатъ гардидани зӯроварӣ ё таҳдиде, ки аҳд таҳти таъсири  он  баста  шуда буд (қисми 1,  моддаи 204) ва ё аз рӯзе, ки даъвогар дар хусуси шароити дигаре, ки асоси беэътибор донистани аҳд мебошад, хабар ёфтааст ё мебоист хабар ёбад, пешниҳод карда  шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 8. НАМОЯНДАГӢ. ВАКОЛАТНОМА

 

Моддаи 207. Намояндагӣ
  1. Аҳде, ки як  шахс  (намоянда) аз номи шахси дигар  (вакилкунанда) дар асоси ваколати бо ваколатнома, нишондоди қонун ё санади  мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ асосёфта баста шудааст, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои граждании вакилкунандаро бевосита ба вуҷуд меорад, тағйир  медиҳад ё қатъ мегардонад.

Ваколат инчунин  метавонад  вобаста ба вазъе  зоҳир  гардад,  ки  намоянда дар он амал  мекунад  (фурӯшанда дар  савдои  чакана, хазинадор (кассир) ва ғайра).

  1. Ашхосе, ки гарчанд ба манфиати дигарон аст, вале аз номи худ амал мекунанд (миёнаравони тиҷоратӣ, мудирони озмун (тендер) ҳангоми муфлисӣ, васиён ҳангоми меросгирӣ ва ғайра), инчунин ашхосе, ки барои анҷоми гуфтушунид дар мавриди аҳдҳои дар оянда имкондошта ваколатдор шудаанд, намоянда намебошанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1334).
  2. Намоянда аз номи ваколатдиҳанда ба манфиати  худ  аҳд баста  наметавонад. Ӯ  чунин аҳдҳоро ба манфиати шахси дигаре, ки ҳамзамон намояндаи ӯ низ мебошад, ба  истиснои ҳолатҳои намояндагии тиҷоратӣ  баста наметавонад.
  3. Ба воситаи намоянда бастани аҳде, ки бо хусусияти худ метавонад танҳо шахсан баста шавад, инчунин аҳдҳои дигари дар қонун зикргардида роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 208.  Аҳд бастани шахси ваколат надошта
  1. Дар сурати набудани ваколати амал кардан аз номи шахси дигар ё баромадан аз доираи чунин ваколат, агар  шахси дигар (ваколатдиҳанда)  минбаъд чунин  аҳдро бевосита маъқул донад, аҳд аз номи шахси анҷомдодаи он ва ба манфиати ӯ суратгирифта эътироф карда мешавад.
  2. Аз ҷониби шахси намояндагикунанда минбаъд маъқул дониста шудани аҳд барои ӯ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро аз рӯи ин аҳд аз лаҳзаи анҷом дода шуданаш ба вуҷуд меорад, тағйир медиҳад ва қатъ менамояд.

 

Моддаи 209. Намояндагии тиҷоратӣ
  1. Шахсе намояндаи тиҷоратӣ мебошад, ки мунтазам ва мустақилона аз номи соҳибкорон ҳангоми бастани шартнома дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ намояндагӣ мекунад.
  2. Намояндагии тиҷоратии тарафҳои мухталифи аҳд ҳамзамон бо ризояти ин тарафҳо ва дар ҳолатҳои дигари дар қонун пешбинигардида роҳ дода мешавад. Зимнан намояндаи  тиҷоратӣ вазифадор аст, ки супориши гирифтаашро чун соҳибкори муқаррарӣ ғамхорона иҷро кунад.

Намояндаи тиҷоратӣ ҳақ  дорад,  ки  аз тарафҳои шартнома ба ҳиссаҳои баробар пардохтани мукофотпулии шартшуда ва ҷуброни маблағи ҳангоми иҷрои супориш харҷкардаашро, агар дар созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, талаб намояд.

  1. Намояндагии тиҷоратӣ дар асоси шартномае, ки дар шакли хаттӣ баста  шуда,  нишондодҳоро  ба ваколати намоянда дар бар мегирад ва дар сурати набудани чунин нишондодҳо, инчунин дар  асоси ваколатнома ба амал бароварда мешавад.

Намояндаи тиҷоратӣ вазифадор аст, ки маълумоти барояш маълумгардидаи аҳдҳои тиҷоратиро пас аз иҷрои супориши  гирифтааш низ махфӣ нигоҳ дорад.

  1. Хусусиятҳои намояндагии тиҷоратӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ бо қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 210. Ваколатнома
  1. Ваколатнома аз ҷониби як шахс ба шахси дигар додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дониста мешавад. Ваколатдиҳанда метавонад ваколатномаро  барои  аҳд бастани намоянда бевосита  ба шахси сеюми дахлдор диҳад.
  2. Ваколатнома барои бастани аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.
  3. Ба ваколатномаҳои тасдиқкардаи нотариус ваколатномаҳои зайл баробар карда мешаванд:

а) ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шахси дигари дар госпиталҳо, санаторияҳо ва муассисаҳои дигари ҳарбии табобати  муолиҷашаванда, ки аз ҷониби сардори чунин муассиса, муовини ӯ оид ба қисми тиббӣ, сардухтур ё духтури навбатдор тасдиқ шудааст;

б) ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар маҳалҳои ҷойгиршавии қисмҳо, ҷузъу томҳо, муассисаҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳои ҳарбӣ, ки идораҳои нотариалӣ ва мақомоти дигари анҷомдиҳандаи амалҳои нотариалӣ надоранд, инчунин  ваколатномаи коргарону хизматчиён, аъзои оилаҳои онҳо ва аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз ҷониби командири (сардори)-и ин қисм, ҷузъу том, муассиса ё таълимгоҳ тасдиқ шудаанд;

в) ваколатномаи шахси дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон қарордошта, ки  аз  ҷониби  сардори маҳбасхонаи дахлдор  тасдиқ кардааст;

г) ваколатномаи шаҳрвандони болиғи қобили амали дар муассисаҳои ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  қарордоштае,  ки аз ҷониби маъмурияти ин муассиса ё роҳбари (муовини ӯ)  мақоми  дахлдори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардидааст.

  1. Ваколатнома барои гирифтани музди меҳнат ва пардохтҳои дигари марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, барои гирифтани мукофотпулии муаллифону ихтироъкорон,  нафақаю ёрдампулӣ ва стипендияҳо, пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ва барои  гирифтани муросилот, аз ҷумла муросилоти пулӣ ва молу мулкӣ аз ҷониби ташкилоте, ки  ваколатдиҳанда дар он кор ё таҳсил мекунад, ташкилоти истифодаи манзилгоҳи  маҳали зисти ӯ ва маъмурияти беморхонае,  ки дар он ӯ муолиҷа мегардад, тасдиқ шуда метавонад.

          Ваколатномае, ки бо телеграф ва ҳамчунин аз тариқи намудҳои дигари алоқа ирсол мегардад,

ба шарте  ки ҳуҷҷатҳоро кормандони алоқа фиристанд, аз тарафи мақомоти алоқа тасдиқ карда мешавад.

  1. Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигари тибқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ба ин кор ваколатдори он ва гузоштани мӯҳри ин ташкилот дода мешавад.

Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқии ба моликияти давлатӣ асосёфта барои  гирифтан  ё  додани  пул  ва  неъматҳои дигари молу мулкӣ инчунин бояд аз ҷониби сармуҳосиби (муҳосиби калон) ин ташкилот имзо карда шавад.

 

Моддаи 211. Мӯҳлати ваколатнома
  1. Мӯҳлати амали ваколатнома зиёда аз се сол буда наметавонад. Агар дар ваколатнома мӯҳлат нишон дода нашуда бошад, он эътибори худро дар давоми як соли пас аз санаи  дода шуданаш нигоҳ медорад.

Ваколатномае, ки санаи  дода  шуданаш  зикр наёфтааст, эътибор надорад.

  1. Ваколатномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудае, ки барои анҷоми амалҳо дар хориҷа пешбинӣ гардида, дар хусуси мӯҳлати эътибори он ишорае надорад, то аз ҷониби шахси ваколатномаро дода бекор карда шуданаш эътибор дорад.

 

Моддаи 212. Ба шахси дигар вогузоштани ваколат
  1. Шахсе, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст, амалҳоеро, ки барои иҷрояшон ваколатдор шудааст, бояд шахсан анҷом диҳад. Агар дар ваколатнома чунин ваколат дода шуда бошад ё шахс барои ҳифзи манфиати шахси ваколатномаро дода ба ин кор маҷбур бошад, ӯ метавонад иҷрои ин амалҳоро ба шахси дигар вогузор намояд.
  2. Шахсе, ки ваколаташро ба шахси дигар вогузоштааст, бояд дар ин хусус шахси ваколатнома додаро огоҳ сохта, дар бораи шахсе, ки ба ӯ ваколаташро вогузоштааст, маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ шахси ваколаташро вогузоркарда барои амалҳои шахсе, ки соҳиби ваколат шудааст, ҳамчун амалҳои худ масъулият бар дӯш мегирад.
  3. Ваколатномае, ки мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4, моддаи 210 ҳамин Кодекс пешбинигардида бояд дар идораи  нотариус тасдиқ карда  шавад.
  4. Мӯҳлати амали ваколатномаи мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат додашуда набояд аз мӯҳлати амали ваколатномае, ки дар асоси он дода шудааст, зиёдтар  бошад.

 

Моддаи 213. Қатъи ваколатнома
  1. Амали ваколатнома дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

         а) иҷрои амалҳое, ки дар ваколатнома пешбинӣ гардидаанд;

б) гузаштани мӯҳлати ваколатнома;

в) ваколатномаро бекор кардани шахсе, ки онро додааст;

г) даст кашидани шахсе, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст;

д) катъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки аз номи он ваколатнома дода шудааст;

е) қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки ба он ваколатнома дода шудааст;

ж) вафот кардани шаҳрванде, ки ваколатнома додааст, ғайри  қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак эътироф гардидани ӯ;

з) вафот кардани шаҳрванде, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст, ғайри қобили  амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак  эътироф гардидани ӯ.

  1. Шахсе, ки ваколатнома додааст, метавонад ҳар вақт ваколатнома ё ба шахси дигар вогузор намудани ваколатро бекор кунад ва шахсе, ки ба ӯ ваколатнома дода шудааст, метавонад аз он даст  кашад. Созишнома дар бораи даст кашидан аз ин ҳуқуқ эътибор надорад.
  2. Бо қатъи ваколатнома ба шахси дигар вогузор намудани ваколат низ беэътибор мегардад.

 

Моддаи 214. Оқибати қатъи ваколатнома
  1. Шахсе, ки ваколатнома  дода,  минбаъд онро бекор  кардааст, вазифадор аст дар хусуси бекор кардани он ба шахсе,  ки ваколатнома дода шудааст, инчунин ба шахси  сеюми ба ӯ маълуме, ки  ваколатнома  барои  намояндагӣ  дар наздашон дода шудааст, маълум созад.  Дар сурати бо сабабҳои дар  зербандҳои   ж) ва  з) қисми  1 моддаи 213 ҳамин Кодекс зикргардида қатъ  гардидани ваколатнома, чунин  ӯҳдадорӣ ба зиммаи  ворисони  ҳуқуқии шахсе гузошта мешавад, ки ваколатномаро додааст.
  2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи амали шахси ваколатнома гирифта ба миён омадааст, то лаҳзае ки ин шахс дар  хусуси  қатъ гардидани он огоҳӣ ёфтааст ё  мебоист огоҳӣ ёбад, барои шахси ваколатнома додагӣ  ва ворисони ҳуқуқии ӯ нисбати шахси сеюм эътибор доранд. Агар шахси сеюм беэътибор будани ваколатномаро дониста бошад ё бояд медонист, ин қоидаҳо истифода намешаванд.
  3. Пас аз беэътибор шудани ваколатнома шахсе, ки онро гирифтаст ё ворисони ҳуқуқии ӯ, вазифадоранд,   ваколатномаро фавран баргардонанд.

 

ЗЕРФАСЛИ  4. МӮҲЛАТ. ҲИСОБ КАРДАНИ МӮҲЛАТ. МӮҲЛАТИ ДАЪВО

 

БОБИ 9. МАФҲУМ, НАВЪҲО ВА ҲИСОБ КАРДАНИ МӮҲЛАТ

 

Моддаи 215. Муайян намудани мӯҳлат

Мӯҳлати дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё аҳд муқарраргардида ё аз ҷониби суд таъингардида бо санаи тақвим ё гузаштани давраи вақте муайян мегардад, ки бо сол, моҳ, ҳафта, рӯз ё соат ҳисоб карда мешавад.

Мӯҳлат мумкин аст бо ишора ба ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад, низ  муайян карда  мешавад.

 

Моддаи 216. Оғози мӯҳлати бо давраи вақт муайянгардида

Ҷараёни мӯҳлати бо давраи вақт муайянгардида дар рӯзи дигари пас аз санаи тақвимӣ ё фаро расидани ҳодисае оғоз  меёбад, ки  бо он муайян шудаааст.

 

Моддаи 217. Хатми мӯҳлати бо давраи вақт муайянгардида
  1. Мӯҳлате, ки бо солҳо ҳисоб карда мешавад, дар моҳу санаи дахлдори соли охири мӯҳлат хотима меёбад.

Нисбати мӯҳлате, ки ним сол  муайян  шудааст,  қоидаҳои барои мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшаванда истифода  мешаванд.

  1. Ба мӯҳлате, ки  бо семоҳаҳои сол ҳисоб карда мешавад, қоидаҳо барои мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшаванда истифода бурда мешаванд. Дар  айни  замон ҳисоби семоҳа аз аввали сол шурӯъ мешавад.
  2. Мӯҳлате, ки бо моҳҳо ҳисоб карда мешавад,  дар  санаи дахлдори моҳи охири мӯҳлат хатм меёбад.

Мӯҳлате, ки ним моҳ муайян шудааст, ҳамчун мӯҳлати бо рӯз ҳисобкардашаванда  шуморида  шуда,  баробар  ба  понздаҳ  рӯз  дониста мешавад.

Агар хатми  мӯҳлати бо моҳ ҳисобшаванда ба моҳе рост ояд,  ки санаи  дахлдор  надорад,  пас  мӯҳлат дар рӯзи охирини ҳамин моҳ хотима меёбад.

  1. Мӯҳлате, ки бо ҳафта ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи дахлдори ҳафтаи охирини мӯҳлат хотима меёбад.

 

Моддаи 218. Хатми мӯҳлат дар рӯзи ғайрикорӣ

Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи хатми мӯҳлат рӯзи наздиктарини кории баъди он фаро расида ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 219. Тартиби иҷрои амал дар рӯзи охирини мӯҳлат
  1. Агар барои иҷрои ягон амал мӯҳлат муайян шуда бошад, онро то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат анҷом додан мумкин аст.

Вале агар ин амал дар ягон ташкилот бояд анҷом дода шавад, пас мӯҳлат дар  ҳамон соате ба охир мерасад, ки иҷрои амали дахлдор дар ин ташкилот мутобиқи тартиби муқарраргардида қатъ карда мешавад.

  1. Аризаҳои хаттӣ ва огоҳиномаҳое, ки ба ташкилотҳои алоқа то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат супорида шудаанд, дар мӯҳлати муайян супоридашуда ба ҳисоб мераванд.

 

БОБИ  10. МӮҲЛАТИ  ДАЪВО

 

Моддаи 220. Мафҳуми мӯҳлати даъво
  1. Мӯҳлати даъво мӯҳлатест, ки дар давоми он талаби даъвои аз сабаби вайрон кардани ҳуқуқи шахс ё манфиати қонунан ҳифзшудааш ба миён омадааст, қонеъ карда шуданаш мумкин аст.
  2. Мӯҳлати даъво ва  тартиби ҳисоби он тибқи қонун пешбинӣ гардида, онро  бо  шартномаи  байни  тарафҳо тағйир  додан мумкин нест.
  3. Асоси боздошт ё танаффуси мӯҳлати даъворо ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муқаррар мекунанд.

 

Моддаи 221. Мӯҳлати умумии даъво

Мӯҳлати умумии даъво се сол муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 222. Мӯҳлати махсуси даъво
  1. Барои навъҳои алоҳидаи даъво қонун метавонад мӯҳлатҳои махсуси даъвои нисбат ба мӯҳлати  умумӣ  камтар  ё  бештарро муқаррар намояд.
  2. Қоидаҳои моддаҳои 220, 223-230 ҳамин Кодекс агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин ба  мӯҳлатҳои махсус  низ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 223. Татбиқи мӯҳлати даъво
  1. Дархостро оиди ҳифзи ҳуқуқи вайронгардида сарфи назар аз гузашти мӯҳлати даъво суд ҷиҳати баррасӣ қабул мекунад.
  2. Мӯҳлати даъворо суд танҳо тибқи аризаи тарафи иштирокчии баҳс, ки то қабул гардидани қарори суд арз шудааст, татбиқ менамояд.

Гузашти мӯҳлати даъво, ки аз татбиқи он тарафи иштирокчии баҳс арз кардааст, барои радди даъво қарор қабул кардани суд асос шуда метавонад.

Бо гузашти  мӯҳлати  даъво оид ба талаби асосӣ  инчунин  мӯҳлати даъво оид ба талаби иловагӣ (дар бораи талаб карда гирифтани ҷаримаи аҳдшиканӣ, оид ба масъулияти кафил ва ғайра)   низ  хотима меёбад.

 

Моддаи 224. Баҳисобгирӣ ва оғози ҷараёни мӯҳлати даъво
  1. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати даъво мутобиқи қоидаҳои умумии баҳисобгирии мӯҳлати даъво,  ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
  2. Ҷараёни мӯҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад. Истиснои ин қоидаро ҳамин  Кодекс  ва  дигар қонунҳо муқаррар мекунанд.
  3. Мутобиқи ӯҳдадориҳои дорои мӯҳлати иҷро ҷараёни мӯҳлати иҷрои даъво баъди хатми мӯҳлати  иҷро оғоз меёбад.

Мутобқи ӯҳдадориҳое, ки мӯҳлати иҷрои онҳо муайян нашудааст ё бо лаҳзаи пасталабкунӣ муайян гардидааст, ҷараёни мӯҳлати даъво аз лаҳзае оғоз меёбад, ки қарздиҳанда ҳуқуқи пешниҳоди талаботи  иҷрои ӯҳдадориро пайдо мекунад ва агар ба   қарздор барои иҷрои  чунин талаб мӯҳлати имтиёзнок дода шавад, баҳисобгирии мӯҳлати  даъво  пас аз   хатми иҷрои мӯҳлати мазкур оғоз меёбад.

  1. Дар мавриди ӯҳдадориҳои акс (регрессивӣ) ҷараёни мӯҳлати даъво аз лаҳзаи иҷрои ӯҳдадориҳои асосӣ оғоз меёбад.

 

Моддаи 225. Мӯҳлати даъво ҳангоми иваз шудани шахс дар ӯҳдадорӣ

Иваз шудани шахс дар ӯҳдадорӣ боиси тағйир ёфтани мӯҳлати даъво ва тартиби баҳисобгирии он шуда наметавонад.

 

Моддаи 226. Боздошти ҷараёни мӯҳлати даъво
  1. Ҷараёни мӯҳлати даъво дар  ҳолатҳои  зайл   боздошта мешаванд:

а) агар барои арзи  даъво  дар  шароити  мавҷуда ҳолатҳои фақулодда ё ногувор  (нерӯи  бартараф карда нашаванда) халал расонида   бошад;

б) агар  даъвогар ё ҷавобгар дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда бошад,  ки ба  ҳолати  низомӣ  (ҳарбӣ)  гузаронида   шудааст;

в) дар ҳолати дар асоси қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани  ба таъхир гузоштани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ (мораторий);

г) ҳангоми боздошти амали қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои дахлдорро танзим менамояд;

д) агар шахси ғайри  қобили  амал намояндаи қонунӣ надошта бошад;

е) дар дигар ҳолатҳо,  агар он бо қонунҳои махсус  пешбинӣ  гардида бошанд.

  1. Ҷараёни мӯҳлати даъво ба шарте боздошта мешавад, ки агар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда дар шаш моҳи охири мӯҳлати даъво ба миён омадаанд ё идома доштанд ва агар ин мӯҳлат ба шаш моҳ баробар ё аз шаш  моҳ  камтар  бошад,  дар ҷараёни мӯҳлати даъво боздошта мешавад.
  2. Аз рӯзи хотима ёфтани ҳолате, ки барои боздошти мӯҳлати даъво сабаб гардидааст, ҷараёни мӯҳлати он идома меёбад. Қисми боқимондаи мӯҳлат то шаш моҳ дароз карда мешавад ва агар мӯҳлати даъво баробари шаш моҳ ё аз ин камтар бошад, он гоҳ то мӯҳлати даъво дароз карда мешавад.

 

Моддаи 227.  Канда шудани ҷараёни мӯҳлати даъво

Ҷараёни мӯҳлати даъво ҳангоми тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани даъво, инчунин ҳангоми аз ҷониби шахси  ӯҳдадор анҷом додани амале,  ки оид ба эътирофи қарз ё дигар ӯҳдадориҳо далолат мекунад, канда мешавад.

Пас аз  канда шудани мӯҳлати даъво ҷараёни он аз нав оғоз меёбад; вақте, ки то канда шудани мӯҳлат гузаштааст, ба  мӯҳлати нав ҳисоб карда намешавад.

 

Моддаи 228. Ҷараёни мӯҳлати даъво дар мавриди баррасӣ қарор надодани даъво

Агар суд даъворо бе муҳокима  монда  бошад,  пас ҷараёни мӯҳлати даъво, ки  то арзи даъво оғоз ёфта буд,  тибқи тартиби умумӣ идома меёбад.

Агар суд даъворо, ки ба парвандаи ҷиноятӣ арз шудааст, бидуни муҳокима  монда бошад,  пас ҷараёни мӯҳлати даъво, ки то арзи даъво оғоз шуда буд, то  эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, ки мутобиқи он даъво мавриди муҳокима қарор нагирифтааст, боздошта мешавад;  вақте, ки дар давоми  он  мӯҳлати даъво боздошта  шуда  буд,  ба  мӯҳлати даъво ҳисоб карда намешавад. Дар айни замон агар қисми боқимондаи мӯҳлат камтар аз шаш моҳ бошад, он то шаш моҳ дароз карда мешавад.

 

Моддаи 229. Барқарор намудани мӯҳлати даъво
  1. Дар ҳолатҳое ки суд сабаби гузаронидани мӯҳлати даъворо вобаста ба шахсияти даъвогар (бемории вазнин, ҳолати оҷизона, бесаводӣ  ва  ғайра) узрнок  эътироф  кунад,  ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз гардад. Сабабҳои гузаронидани мӯҳлати даъворо ҳангоме  узрнок  эътироф кардан  мумкин аст,  ки агар онҳо дар шаш моҳи охири мӯҳлати даъво ҷой доштанд ва  агар ин мӯҳлат баробар  ба шаш моҳ ё аз шаш моҳ камтар бошад, дар ҷараёни мӯҳлати даъво.

 

Моддаи 230. Иҷрои ӯҳдадорӣ пас аз гузашти мӯҳлати даъво

Қарздор ё дигар шахси ӯҳдадор,  ки ӯҳдадориашро баъди хатми мӯҳлати даъво иҷро кардааст,  ҳақ  надорад ӯҳдадории  иҷрокардаашро  пас  талаб намояд,  ҳарчанд дар лаҳзаи иҷро шахси мазкур аз гузашти мӯҳлати даъво огоҳ набошад.

 

Моддаи 231. Талаботе, ки ба онҳо мӯҳлати даъво татбиқ намегардад

Ба талаботи зерин мӯҳлати даъво татбиқ намегардад:

а) талабот оид ба ҳимояи ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ,  ба ғайр  аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

б) талаботи амонатгузарон ба бонк оиди  пардохти амонат;

в) талабот  дар  мавриди  товони  зиёне, ки ба ҳаёт  ё саломатии шаҳрванд расонида  шудааст.  Аммо  талаботе,  ки  бо гузашти се  сол  аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқ ба товони чунин зиён арз шудааст, барои мӯҳлати гузашта, вале на бештар аз се соли аз рӯзи арзи  даъво қонеъ карда мешавад;

г) талаботи молик  ё  дигар  соҳиби  молу мулк оид ба рафъи ҳама гуна вайронкунии   ҳуқуқи ӯ, ҳарчанд ин вайронкуниҳо бо маҳрум кардан аз соҳибият алоқаманд  намебошанд   (моддаи 325);

д) талаботи  молик  ё дигар  ашхос дар бораи беэътибор донистани санади мақомоти идораи давлатӣ ва ҳокимиятӣ маҳаллӣ, ки ҳуқуқи шахси зикршударо ба соҳибият истифода ва ихтиёрдории молу мулки марбути онҳо вайрон мекунад;

е) дигар талабот дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.

 

ФАСЛИ  II. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ. ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ МОЛУ МУЛКӢ

 

БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

 

Моддаи 232. Мафҳум ва  мазмуни ҳуқуқи моликият
  1. Ҳуқуқи моликият ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба тибқи салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш мебошад.
  2. Молик ҳуқуқ дорад молу мулки худро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд. Ҳуқуқи соҳибият аз имконияти ҳуқуқии таъминшударо ҳақиқатан татбиқ гардидани моликияти ҳуқуқи молу мулк иборат мебошад.

Ҳуқуқи истифодаи молу мулк имконияти қонунан аз молу мулк ба даст овардани  хосиятҳои табиии фоиданоки он ва ҳамчунин аз он фоида гирифтан аст. Фоида метавонад ба  тариқи даромад, афзоиши самар, насл ё шаклҳои дигар ба даст ояд.

Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ - ин имконияти аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таъминшудаи муайян намудани тақдири ҳуқуқии молу мулк иборат мебошад.

  1. Молик ҳақ дорад  мутобиқи  салоҳдиди худ нисбати молу мулкаш ҳама гуна амалро раво бинад,  аз ҷумла онро ба дигар ашхос фурӯшад, худ молик монаду ҳуқуқҳояшро дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк ба онҳо вогузорад, молу мулкро ба иҷора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ кунад.
  2. Аз ҷониби молик татбиқ намудани ҳуқуқҳояш набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи дигар ашхосро вайрон кунад. Вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи молик метавонад ҳамзамон бо дигар шаклҳо дар сӯиистифода аз вазъияти инҳисорӣ ва бартаридоштаи молик инъикос гардад.

Молик вазифадор аст  барои пешгирии зиёне воқеие, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳояш  ба саломатии шаҳрвандон ва муҳити атроф расида метавонад, тадбирҳо андешад.

  1. Ҳуқуқи моликият бемӯҳлат мебошад. Ҳуқуқи моликияти молу мулк танҳо дар асоси пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҷбуран қатъ шуданаш мумкин аст.
  2. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва ҳадди пешбининамудаи санади қонунӣ молик вазифадор аст ба дигар ашхос ихтиёран истифодаи маҳдуди молу мулки худро вогузорад.

 

Моддаи 233. Масъулияти нигоҳдошти молу мулк
  1. Молик , агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, масъулияти нигоҳдошти молу мулки  худро  ба ӯҳда дорад ва наметавонад  якҷониба  ин  масъулиятро  ба зимаи шахси сеюм вогузорад.
  2. Агар молу мулк ҳаққонӣ дар назди шахси сеюм қарор дошта бошад, пас хароҷоти онҳо барои нигоҳдошти молу мулки ғайр бояд аз ҷониби молик пардохта шавад, ба шарте ки дар шартнома ё қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Ба шахсе, ки молу мулкро бевиҷдонона ё ғайриқонунӣ соҳибӣ кардааст, хароҷоти нигоҳдошти  он  пардохта намешавад (моддаи   324 ҳамин Кодекс).

 

Моддаи 234. Таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк
  1. Таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба зимаи молик гузошта мешавад.
  2. Таваккали тасодуфан нобудшавии тасодуфӣ ё ногаҳон вайрон шудани молу мулки бегона карда шуда, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳамзамон бо ҳуқуқдории моликият шудан ба харидор мегузарад.
  3. Агар шахси аз тасарруф бароваранда гунаҳкорона мӯҳлати додани молу мулкро гузаронида бошад ё бадастоваранда гунаҳкорона мӯҳлати қабули онро гузаронида бошад, таваккали тасодуфан нобуд  ё вайрон шудани молу мулк ба зимаи тарафе гузошта мешавад, ки  мӯҳлатро гузаронидааст.

 

Моддаи 235. Субъектҳои ҳуқуқи моликият
  1. Субъекти ҳуқуқи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва коллективҳо, воҳидҳои марзию маъмурӣ, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар шахси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии молу мулк ва имконоти татбиқи ҳуқуқи моликияти ҳар як моликро таъмин менамояд.
  3. Қонун навъҳои молу мулкеро, ки танҳо дар моликияти давлатӣ буда метавонанд, муайян менамояд.

 

Моддаи 236. Шаклҳои моликият
  1. Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) мавҷуд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, ба шарте ки дар қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди шаклҳои мухталифи моликият шароити зарурии баробар

фароҳам меоварад ва ҳимояи онҳоро таъмин мекунад.

 

Моддаи 237. Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусӣ
  1. Моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо мебошад.

Моликияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ, шакли  махсуси моликияти хусусӣ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., № 1178)

  1. Ба моликияти хусусӣ метавонад ҳама гуна молу мулк, ба ғайр аз шаклҳои алоҳидаи молу мулк, ки мутобиқи санади қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад.

Теъдод ва арзиши молу мулке, ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад.

 

Моддаи 238. Ҳуқуқи моликияти давлатӣ
  1. Моликияти давлатӣ дар шакли моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ баромад мекунад.
  2. Моликияти ҷумҳуриявӣ аз хазинаи ҷумҳуриявӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба шахси ҳуқуқии давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста карда шудааст, иборат мебошад.

Маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ, захираи тиллоию асъор ва хазинаи алмос,  объектҳои моликияти истиснои (мутлақ)-и давлатӣ ва дигар молу мулки давлатӣ, ки ба шахси ҳуқуқии давлатӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

  1. Моликияти коммуналӣ аз хазинаи маҳаллӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба шахси ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда шудаанд, иборат мебошад.

Маблағҳои молу мулки буҷети маҳаллӣ ва дигар молу мулки коммуналӣ, ки ба шахси  ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи маҳаллиро ташкил медиҳанд.

  1. Молу мулкеро, ки таҳти моликияти давлат қарор дорад, ба шахси ҳуқуқии давлатӣ дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ вобаста кардан мумкин аст.

 

Моддаи 239. Моликияти истиснои давлатӣ
  1. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот, дигар боигарии табиӣ  моликияти истиснои давлатӣ мебошанд.
  2. Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ба замин ва дигар захираҳои табииро ҳамин Кодекс, қонуни замин ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 240. Ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба манзил

Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкиро ба манзил Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

 

Моддаи 241. Ҳуқуқи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд
  1. Ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуқи моликият инҳо дохил мешаванд:

а) ҳуқуқи истифодаи замин;

б) ҳуқуқи хоҷагидорӣ;

в) ҳуқуқи идораи оперативӣ;

г) дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ.

  1. Ҳуқуқи истифодаи замин имконияти қонунии шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, яъне истифодабарандаи замин ҷиҳати истифодаи хосиятҳои фоидабахши он вобаста ба мақсади таъиноти он мебошад.  Истифодабарандаи замин инчунин ба молики қитъаи замин, ки таҳти истифодааш мебошад, ҳуқуқ дорад.

Асос ва  тартиби ҳуқуқдор шудан, тағйир ё қатъ ёфтани ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандагони замин, аз ҷумла ба шахси дигар вогузор кардани ҳуқуқи  истифодаи заминро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

 

БОБИ  12. БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

 

Моддаи 242.  Асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият
  1. Ҳуқуқи моликиятро ба моли наве, ки шахс барои худ, бо риояи қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ тайёр кардааст ё сохтааст, аз ҷониби ҳамин шахс ба даст оварда мешавад.

Ҳуқуқи  моликият ба  самара, маҳсулот, даромадеро, ки аз истифодаи молу мулк ба даст омадааст, дар  асоси  моддаи 149 ҳамин Кодекс соҳиб шудан мумкин аст.

  1. Ҳуқуқи соҳибӣ ба молу мулкеро, ки молик дорад, шахси дигар дар асоси шартномаи хариду фурӯш, иваз, тӯҳфа кардан ё дигар аҳдҳои аз ихтиёрдорӣ баровардани молу мулк ба даст оварданаш мумкин аст.

Дар сурати фавти шаҳрванд ҳуқуқи моликият ба молу мулки ӯ тибқи васиятнома ё қонун чун мерос ба дигар ашхос мегузарад.

Дар сурати азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи моликият ба молу мулкаш ба шахси ҳуқуқии он - ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда мегузарад.

Бидуни ихтиёри  молик таҳти ихтиёрдории дигар шахс қарор додани молу мулки ӯ ба ғайр  аз ҳолатҳои  пешбининамудаи  ҳамин Кодекс  манъ аст.

  1. Шахс тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад ба молу мулке, ки соҳиб надорад, ба молу мулке, ки соҳибаш номаълум аст ё ба молу мулке, ки  соҳибаш аз он даст кашидааст ё бо дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ҳуқуқи моликиятро аз даст додааст, ҳуқуқ пайдо кунад.
  2. Аъзои кооперативи манзил, сохтмону манзил, бӯстонсаро, гараж ё дигар кооперативи ғайритиҷоратӣ дигар ашхосе, ки ба саҳмгузорӣ ҳақ дошта, саҳми худро барои манзил, бӯстонсаро, гараж ё дигар бинои аз тарафи ҳамин кооператив ба онҳо ҷудокарда пурра пардохтаанд, ба молу мулки зикргардида ҳуқуқ пайдо мекунанд.

 

Моддаи 243. Ба миён омадани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқули аз нав таъсисдодашаванда

Ҳуқуқи моликият ба бино, иншоот ва дигар молу мулки ғайриманқули аз нав таъсисёбанда, ки бояд аз қайди  давлатӣ гузарад, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ ба миён меояд.

 

Моддаи 244. Коркард
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи моликият ба молу мулки нави манқул, ки шахс бо роҳи коркард аз масолеҳи бегонабуда тайёр кардааст,  аз  тарафи  соҳиби масолеҳ ба даст оварда мешавад.

Вале дар сурати аз арзиши масолеҳ хеле баланд  будани арзиши коркард  ҳуқуқи моликии ӯро ба молу мулки нав шахсе пайдо мекунад, ки софдилона амал карда,   коркардро ба манфиати худ анҷом додааст.

  1. Агар дар созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, соҳиби масолеҳ, ки ба маҳсулоти аз он тайёркардашуда ҳуқуқи моликият пайдо кардааст, вазифадор аст арзиши коркардро ба шахси ин амалро анҷомдода пардозад, дар ҳолати ҳуқуқдор шудани шахс ба моли нав бошад, шахси коркардро анҷомдода вазифадор аст ба соҳиби масолеҳ арзиши онро пардозад.
  2. Молики масолеҳ, ки дар натиҷаи амали бевиҷдононаи шахси коркардро анҷомдода аз он маҳрум шудааст, ҳақ дорад масолеҳи нав ва ҷуброни зиёни расидаро талаб намояд.

 

Моддаи 245. Соҳибӣ кардани моле, ки ҷамъоварии он дастраси умум мебошад

Дар ҳолатҳое ки мутобиқи қонун, бо иҷозати умумие, ки молик додааст ё мутобиқи анъанаҳои маҳаллӣ дар ҷангалзор, обанбор ё дигар минтақа ҷамъоварии ҳосили меваҷот, сайди моҳӣ, сайди ҳайвонот, ҷамъоварии дигар  чизҳо дастраси умум   ва дигар  амал  иҷозат дода шудааст, ҳуқуқи моликиятро ба моли дахлдор шахсе пайдо мекунад,  ки  онро ҷамъоварӣ  ё  шикор кардааст.

 

Моддаи 246. Сохтмони худсарона
  1. Сохтмони худсарона - сохтмони хонаи истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқуле мебошад, ки дар қитъаи замини мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар  санади ҳуқуқӣ барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бидуни гирифтани иҷозати зарурӣ ё ба таври  назаррас вайрон кардани меъёру   қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд шудааст.
  2. Шахсе, ки сохтмони  худсаронаро анҷом додааст, ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо намекунад. Ӯ ҳуқуқ надорад чунин биноро ихтиёрдорӣ кунад, тӯҳфа намояд, ба иҷора  супорад  ва дигар  аҳдҳоро анҷом диҳад.

Иморат бояд аз тарафи шахси онро сохта ё аз ҳисоби ӯ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3   моддаи мазкур, вайрон карда мешавад.

  1. Ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад.
    Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии иншооти дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ҳуқуқи моликии ин шахс эътироф карда намешавад.(ҚҶТ аз 22.07.2013с. №976)

 

         Моддаи 247. Лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқи соҳибмулкии бадастоваранда тибқи шартнома
  1. Ҳуқуқи соҳибмулкии ашёи тибқи шартнома бадастовардашуда аз лаҳзаи додани он пайдо мешавад,

 агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Агар шартнома оид ба бегона кардани молу мулкро ба қайди давлатӣ гирифтан даркор бошад,

 ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба бадастоварандаи он  аз лаҳзаи бақайдгирии он ба вуҷуд меояд.

 

Моддаи 248. Супоридани ашёҳо
  1. Супоридан, яъне ба бадастдароваранда додани ашёҳо, ҳамчунин ба боркашонанда супоридани ашёҳо барои фиристонидан ё ба ташкилоти алоқа барои бадастдароваранда ирсол додан, фиристонидани ашёҳои дур карда шуда бидуни ӯҳдадории бурдарасонӣ эътироф карда мешавад.

Ашё аз лаҳзаи ҳақиқатан ворид шудан ба ихтиёри бадастдароваранда ё шахси таъин кардаи ӯ ба бадастдароваранда супурдашуда ҳисоб мегардад.

  1. Агар дар лаҳзаи бастани шартнома оиди дур кардани ашёҳо он дар ихтиёри бадастдароваранда қарор дошта бошад, аз ҳамин лаҳза ашё ба ӯ супоридашуда эътироф мегардад.
  2. Додани коносамент ё дигар ҳуҷҷати ихтиёрдорӣ намудани мол бо супоридани ашё баробар дониста мешавад.

 

Моддаи 249. Ашёи бесоҳиб
  1. Ашёе, ки соҳиб надорад ё соҳибаш номаълум аст ё ашёе, ки соҳибаш аз моликии он  даст кашидааст, бесоҳиб дониста мешавад.
  2. Агар он мутобиқи қоидаҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба ашёе, ки  аз он  молик даст кашидааст (моддаи 250), дар бораи ёфтан (моддаҳои 251-252),  дар бораи ҳайвоноти беназорат (моддаҳои  254-255)  ва ганҷина (257) мустасно набошад,   ҳуқуқи моликият ба молу мулки бесоҳиби манқул мумкин аст  мутобиқи  эътибор (амр)-и   давомнокии  мӯҳлати ба даст овардани ашё  (моддаи 258) пайдо карда шавад.
  3. Ашёи ғайриманқули бесоҳиб аз ҷониби мақоме, ки молу мулки ғайриманқулро ба қайди давлатӣ мегирад, тибқи аризаи  мақоми  дахлдори  давлатӣ ба ҳисоб гирифта   мешавад.

Пас аз гузаштани ду сол аз рӯзи ба ҳисоб гирифтани ашёи ғайриманқули бесоҳиб, мақоми ваколатдори идораи молу мулки давлатӣ метавонад ба суд бо талабот дар мавриди ба  моликияти  давлатӣ дохилшуда эътироф кардани ин ашё муроҷиат кунад.

Ашёи ғайриманқули бесоҳиб, ки бо қарори суд ба моликияти давлатӣ қабулгардида эътироф нашудааст, метавонад аз тарафи молики онро гузошта аз нав барои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ қабул гардад ва ё тибқи эътибори давомнокии мӯҳлати ба даст овардани ашё (моддаи 258) соҳибӣ карда шавад.

 

Моддаи 250. Ашёи манқуле, ки молик аз онҳо даст кашидааст
  1. Ашёи манқуле, ки молик партофтааст ё ба тарзи дигар бо мақсади даст кашидан аз ҳуқуқи моликӣ ба онҳо вогузоштааст (ашёи партофташуда), шахси дигар метавонад мутобиқи тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур моликияти худ гардонад.
  2. Шахсе, ки молик ва истифодабарандаи  қитъаи замин, обанбор ё дигар объект мебошад ва дар он ашёи партофташудаи  дорои арзиши на камтар аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ин ки партовҳои партофташудаи металл, маҳсулоти нуқсондор, боқимондаҳои хўла, хоктўдаҳои кон ё партове, ки ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок ба вуҷуд омадаанд, партови истеҳсолот ё дигар партовҳо мавҷуд аст, ҳуқуқ дорад соҳибмулки ашё бошад, ба истифодаи он шурўъ намояд ё дигар амалро анҷом диҳад, ки аз табдилёбии ашё ба моликияти шахсӣ гувоҳӣ медиҳад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №850)

Агар мутобиқи аризаи шахс дигар ашёи партофташуда аз ҷониби суд бесоҳиб эътироф шуда бошад, он моликияти шахсии ашёро соҳибӣ карда мегардад.

 

Моддаи 251. Бозёфт 
  1. Шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст,  вазифадор  аст,  шахси гумкардаи ашё ё дигар шахси  ба  ӯ шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани молро доранд, огоҳ созад ва ба ин шахс ашёро баргардонад.

Агар ашё  дар  бино  ё нақлиёт ёфт шуда бошад,  он бояд ба намояндаи соҳиби ин бино  ё  воситаи  нақлиёт  супурда  шавад. Шахсе, ки  ба  ӯ  ашёи ёфтшуда супурда  шудааст,  ҳуқуқ  ва ӯҳдадории шахси ашёёфтаро пайдо мекунад.

  1. Агар шахсе, ки  дорои  ҳуқуқи  талаб   кардани   ашёи ёфташударо дорад, номаълум  ё маҳалли буду бошаш аниқ набошад,  шахси ашёёфта вазифадор аст, ба милитсия ё  мақоми  дахлдори давлат хабар диҳад.
  2. Шахси ашёёфта ҳақ дорад, онро худаш нигоҳ дорад, барои нигоҳдошт ба милитсия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё шахси муайяннамудаи онҳо супорад.

Ашёи зуд вайроншаванда ё ашёеро,  ки хароҷоти нигоҳдошташ нисбат ба  арзиши он хеле гаронтар аст, шахси ашёёфта метавонад фурӯшад ва оид  ба маблағи  фурӯш далели хаттии тасдиқкунанда гирад. Маблағе,  ки  аз фурӯши ашёи ёфташуда ба даст омадааст, бояд ба шахсе,  ки ба  гирифтани  он   ҳақ дорад, баргардонида шавад.

  1. Шахси ашёёфта барои гум кардан ё иллатнок кардани ашё танҳо дар ҳолатҳои ғаразнок ё беэҳтиётии дағал ва ба андозаи арзиши ашё масъулият дорад.

 

Моддаи 252. Пайдо кардани ҳуқуқи моликӣ ба ашёи ёфташуда
  1. Агар дар тӯли  шаш  моҳи  арз кардан ба милитсия ё мақоми  дахлдори  давлатӣ  (қисми  2,  моддаи 251) оиди ёфтани ашё шахси  ба гирифтани  ашё  ҳақдошта  муайян нагардад ва аз ҳуқуқи худ  ба ашё ба  шахси  ашёро ёфта  ё   милитсия ё  мақоми дахлдор арз накунад, шахси ашёёфта ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад.
  2. Агар шахси ашёёфта онро соҳибӣ кардан нахоҳад, он ба моликияти давлат мегузарад.

 

Моддаи 253. Ҷуброни хароҷоти бозёфт ва подоши ёбандаи ашё
  1. Шахсе, ки ашёро ёфта ба шахси ба гирифтани он ваколатдор супоридааст, барои аз ӯ ва дар ҳолати ба  моликияти давлат гузаштани ашё аз мақоми дахлдори  давлатӣ ба ҷуброни хароҷоти зарурии вобаста ба нигоҳдошт, баргардонидан ё фурӯши   ашё, ҳамчунин ҷуброни хароҷоти ёфтани шахси ба  гирифтани мол ваколатдор ҳақ дорад.
  2. Шахси ашё ёфта ҳақ дорад аз шахсе, ки ба гирифтани ашё ваколатдор шудааст, барои  бозёфт  то андозаи бист фоизи   арзиши ашё подош талаб кунад.

Агар ҳуҷҷат ё ашёи дигари ёфташуда танҳо барои шахси ба гирифтани он ваколатдор дорои арзиш бошад, андозаи подош тибқи созишномаи байни онҳо, дар  ҳолати ба созиш наомадан - аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Агар шахси ба талаб карда гирифтани ашё ваколатдоршуда ба таври оммавӣ барои баргардонидани ашёи гумшуда мукофот эълон  карда бошад, подош мутобиқи шарти ба таври оммавӣ эълоншуда пардохта мешавад.

Шахси ашёро ёфта ҳақ дорад, то лаҳзаи пардохти  подош ба ғайр аз ҳуҷҷате, ки танҳо аз ҷониби шахси ба талаб карда гирифтани он ваколатдор истифода шуданаш мумкин  аст,  ашёи   ёфтаашро нигоҳ дорад (моддаи 388).

Агар шахси ашёро ёфта аз бозёфти он иттилоъ надода бошад ё барои пинҳон доштанаш кӯшиш карда бошад,  масъалаи ҳуқуқ ба подош ба миён намеояд.

 

Моддаи 254. Ҳайвоноти беназорат
  1. Шахсе, ки ҳайвоноти беназорат ё бесоҳиб ё дигар ҳайвоноти хонагии бесоҳибро боздоштааст, вазифадор аст онҳоро ба соҳибаш баргардонад ва агар ҳайвонот соҳиб надошта бошад ё ҷои буду боши ӯ маълум набошад, дар давоми на дертар аз се рӯзи боздошти онҳо ба милитсия ё мақоми дахлдори давлатӣ, ки барои кофтукови соҳибаш тадбирҳо меандешанд, иттилоъ диҳад.
  2. Дар тӯли кофтукови соҳиби ҳайвонот онро шахси боздоранда метавонад худаш нигоҳбонӣ кунад ва истифода барад ё барои нигоҳбонӣ ба дигар шахсе, ки барои ин шароити мусоид дорад, супорад. Мувофиқи хоҳиши шахсе, ки ҳайвоноти  беназоратро боздоштааст, ҷустуҷӯи шахси барои нигоҳдошти он шароити зарурӣ доштаро ва ба ӯ супоридани ҳайвонотро милитсия ё дигар мақоми дахлдори давлатӣ ҷустуҷӯ мекунад ва месупорад.
  3. Шахсе, ки ҳайвоноти беназоратро боздоштааст ва шахсе, ки ба ӯ ин ҳайвонот барои нигоҳбонӣ ва истифода супорида шудааст, вазифадоранд онҳоро дуруст  нигоҳбонӣ  кунанд  ва ҳангоми бо гуноҳи онҳо мурдан ва иллатнок шудани ҳайвонот арзиши онро ҳайвонотро медиҳанд.

 

Моддаи 255. Ба даст овардани ҳуқуқи моликӣ ба ҳайвоноти беназорат
  1. Агар дар давоми шаш моҳи аз арз кардан аз боздошти ҳайвоноти беназорати хонагӣ соҳиби он пайдо нашавад ва аз ҳуқуқи худ ба онҳо арз накунад, ҳуқуқи молики ин ҳайвонот ба шахсе мегузарад, ки он таҳти нигоҳбонӣ ва истифодааш қарор дорад.

Дар сурати  аз соҳибӣ даст кашидани шахсе, ки ҳайвонот таҳти нигоҳбониаш  қарор дорад, он  ба  моликияти давлат мегузарад ва тибқи тартиби муайяннамудаи  мақоми дахлдори давлатӣ истифода мешавад.

  1. Дар сурати баъди ба моликияти шахси дигар гузаштани ҳайвонот ҳозир  шудани соҳиби аввалини онҳо молик ҳақ дорад, ҳангоми эҳсоси меҳри ҳайвонот нисбат ба ӯ ё огоҳ шудан  аз муносибати бераҳмона ва бевиҷдононаи молики нав ба ҳайвонот дар асоси шартҳои дар созишномаи бо молики нав басташуда  баргардонидани ҳайвонот ва агар ба мувофиқа нарасанд, аз тариқи суд баргардонидани онҳоро талаб кунад.

 

Моддаи 256. Ҷуброни хароҷоти нигоҳбонии ҳайвоноти беназорат ва подош  барои онҳо
  1. Дар сурати баргардонидани ҳайвоноти беназорати хонагӣ ба молик, шахсе,  ки ҳайвонотро  боздоштааст  ва шахсе, ки ҳайвонот таҳти нигоҳбонӣ ва истифодааш  қарор  дошт, бо назардошти фоидаи аз  истифодаи  ҳайвонот  ба дастоварда вобаста ба нигоҳбонии ҳайвонот ба  ҷуброни хароҷоти зарурӣ аз ҷониби молик ҳақ доранд.
  2. Шахсе, ки ҳайвоноти хонагии беназоратро боздоштааст, ҳақ дорад, мутобиқи муқаррароти қисми 2, моддаи 253 ҳамин Кодекс аз молики онҳо подош талаб намояд.

 

Моддаи 257. Ганҷина
  1. Ганҷ яъне пул, ё чизу чораи қиматноке, ки ба замин гӯр ё ба шакли дигар пинҳон карда шудаанд, ҳисоб карда мешавад. Дар сурати пайдо кардани он ё ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ аз тарафи истифодабарандаи қитъаи замин, соҳиби иморат ва ғайра, ки ба ӯ марбутанд ва инчунин ашхосе, ки ганҷ ва ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ёфтаанд, ӯҳдадоранд ба давлат супоранд.

Дар айни замон истифодабарандаи қитъаи замин ё соҳибмулки молу мулке дигар, ки дар он ганҷина пинҳон карда шудааст ва шахсе, ки онро ёфтааст, ба гирифтани подош ба андозаи панҷоҳ фоизи арзиши он ҳуқуқ дорад. Подош байни онҳо мутобиқи созишномаи тарафҳо ва дар сурати ба мувофиқа наомаданашон аз тарафи суд тақсим карда мешавад.

  1. Шахсе, ки ганҷинаи ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ алоқамандро ёфтааст, ҳуқуқ дорад то пардохти подош ин молу мулкро нигоҷ дорад (моддаи 388).

 

Моддаи 258. Давомнокии мӯҳлати ба даст овардан
  1. Шахс – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ, ки молики ашё намебошад, вале софдилона, кушоду озод ва ба таври давомдор ба мисли молу мулки худ молу мулки ғайриманқулро дар тӯли понздаҳ сол соҳибӣ кардааст ё дигар молу мулкро дар  тӯли  панҷ  сол нигоҳ доштааст, ба ин ашё ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад.  (Давомнокии мӯҳлати ба даст овардан).

Ҳуқуқи моликӣ ба ашёи ғайриманқул ё дигар ашёе,  ки   бояд ба  қайди  давлатӣ  гирифта шавад, аз лаҳзаи чунин бақайдгузорӣ аз ҷониби шахсе, ки ин молу мулкро ба  ҳукми  давомнокии ба даст овардан соҳиб шудааст, ба миён меояд.

  1. То пайдо кардани ҳуқуқи моликӣ ба молу мулки бо ҳукми давомнокии мӯҳлат бадастовардашуда шахсе, ки молу мулкро чун моликияти шахсӣ дар ихтиёр дошт, ҳуқуқ   дорад, моликияти марбутаашро аз шахси сеюм, ки соҳиби молу мулк намебошанд,   инчунин ба ин молу мулк ба ҳукми дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома ҳуқуқ надоранд, ҳифз намояд.
  2. Шахсе, ки бо мурури соҳибиаш ҳавола мекунад, метавонад ба мӯҳлати соҳибии худ тамоми мӯҳлати соҳибии шахсеро, ки ӯ вориси ҳуқуқии он мебошад, низ ҳамроҳ кунад.
  3. Ҷараёни мӯҳлати давомнокии ба даст овардан нисбат ба молу мулки дар назди шахси қарордошта, ки мутобиқи моддаҳои 322 ва 326 ҳамин Кодекс онҳоро аз соҳибии ӯ талаб карда гирифтанашон мумкин буд, аз лаҳзаи на барвақттар аз гузашти мӯҳлати даъво мутобиқи талаботи дахлдор оғоз меёбад.

 

БОБИ  13. ҚАТЪИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

 

Моддаи 259. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи моликият
  1. Ҳуқуқи моликият ҳангоми аз ҷониби соҳибмулк ба шахси дигар додани молу мулк, рад кардани  ҳуқуқи  моликият аз ҷониби молик, нобуд  ё вайрон  шудани молу мулк ва аз даст додани ҳуқуқи моликият ба молу мулк ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санади қонунӣ қатъ мегардад.
  2. Маҷбуран гирифтани молу мулки молик ба ғайр аз ҳолатҳои зайл манъ аст:

а) аз ҳисоби молу мулк ситонидани пардохт мутобиқи ӯҳдадориҳои молик;

б) маҷбуран гирифтани молумулке, ки дар асоси санади  қонунгузорӣ ба шахси мазкур тааллуқ надорад;

в) реквизитсия;

г) мусодира;

д) гирифтани молу мулки ғайриманқул вобаста ба кашида гирифтани қитъаи замин;

е) харидории сарватҳои фарҳангӣ ё  таърихии бесарусомон нигоҳдошташаванда;

ж) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс.

  1. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва тартиби пешбининамудаи санади қонунӣ оид ба хусусигардонӣ, молу мулке, ки таҳти моликияти давлатӣ мебошанд, ба моликияти хусусии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дода мешаванд.
  2. Дар ҳолати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба моликияти давлатӣ гардонидани молу мулки хусусии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ (милликунонӣ) зиёни расида мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо пардохта мешавад.

 

Моддаи 260. Даст кашидан аз ҳуқуқи моликият

Шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ аз ҳуқуқи соҳибӣ намудани молу мулки худ бо эълон кардани ин ё бо амали  дигар, ки аз ошкоро барканор гардидани ӯ аз соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк бидуни нияти нигоҳ доштани ягон ҳуқуқ ба молу мулк гувоҳӣ медиҳад, метавонад даст кашад.

Даст кашидан аз моликӣ то лаҳзаи ба ин молу мулк ҳуқуқдор гаштани шахси дахлдор боиси қатъи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молик нисбат ба молу мулки дахлдор намегардад.

 

Моддаи 261. Аз ҳисоби молу мулк ситонидани қарзи молик
  1. Қарзи молик, агар дар қонун ва шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар асоси қарори суд аз молу мулки ӯ рӯёнида мешавад.
  2. Ҳуқуқи молике, ки қарзаш аз молу мулки ӯ рӯёнида мешавад, аз лаҳзаи ба ин молу мулк ҳуқуқдор гаштани шахси дигар, барҳам мехӯрад.

 

Моддаи 262. Қатъи ҳуқуқи моликии шахс ба молу мулке, ки аз они ӯ буда наметавонад
  1. Агар дар асосҳои иҷозатдодаи қонун шахс соҳиби молу мулке шуда бошад, ки аз рӯи қонун аз они ӯ буда наметавонад, ин молу мулк дар давоми як соли ҳуқуқдор гаштани ӯ ба молу мулк, агар қонун мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад, бояд аз он даст кашад.
  2. Агар молик дар мўҳлати муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда аз молу мулк даст кашад, он бо назардошти хусусият ва таъиноташ бо қарори суд, ки мутобиқи аризаи дахлдори мақоми давлатӣ бароварда шудааст, бояд ба таври маҷбурӣ фурӯхта, маблағи он ба молик дода шавад ё молу мулк ба моликияти давлат гузаронида арзиши муайяннамудаи суд ба молики аввал пардохта шавад. Дар ин сурат хароҷоти вобаста ба гирифтани молу мулк рӯёнида мешавад.
  3. Агар таҳти моликияти шаҳрванд ё шахси юридикӣ дар асоси иҷозати қонун молу мулке қарор гирад, ки барои хариданаш иҷозати махсус зарур аст, вале барои додани он ба молик рад шудааст, ин молу мулк мутобиқи тартиби барои молу мулк муқарраршуда, ки наметавонад ба молики мазкур тааллуқ дошта бошад, аз ў гирифта мешавад.

 

Моддаи 263. Қатъи ҳуқуқи моликӣ ба молу мулки ғайриманқул бинобар гирифтани замин ва  дигар захираҳои табиӣ
  1. Ҳуқуқи моликӣ ба молу мулки ғайриманқул вобаста ба қарори мақоми давлатӣ, ки мақсади бевосита гирифтани молу мулкро аз молик надорад, аз ҷумла қарори гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ қатъ гардида, ба молик молу мулки баробарарзиш дода, дигар хароҷоти  ӯ ҷуброн карда ё тамоми зиёне ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликиаш ба ӯ расидааст пурра баргардонида мешавад.
  2. Ҳангоми норозӣ будани молик аз қароре, ки боиси қатъи ҳуқуқи моликиаш мегардад, он то замони бо тартиби судӣ яктарафа шудани бахс татбиқ карда намешавад. Ҳангоми баррасии баҳс инчунин ҳамаи масъалаҳои пардохтани товони зиёни  расонидашуда ба молик ҳаллу фасл мегарданд.
  3. Қоидаҳои моддаи мазкур мувофиқан ҳангоми қатъи ҳуқуққи моликӣ ба молу мулки ғайриманқул вобаста ба ҳалу фасли қарори мақоми давлатӣ дар мавриди гирифтани қитъаи кӯҳӣ, қитъаҳои акваторӣ ва дигар қитъаҳо, ки дар он молу мулк воқеъ аст, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 264. Харидории сарватҳои фарҳангии бенизом нигоҳбонишуда

Агар молики сарватҳои фарҳангие, ки мутобиқи қонунҳо ба ҷумлаи сарватҳои хеле пурарзиш ва аз тарафи қонун ҳифзшуда дохил гардидаанд ин сарватҳоро бенизом нигоҳбонӣ  кунад ва аз ин ба онҳо ҳавфи беаҳамият шудан таҳдид намояд, чунин сарватҳоро давлат тибқи қарори суд метавонад аз ӯ харида гирад ё дар савдои оммавӣ ба фурӯш монад.

Ҳангоми харида гирифтани сарватҳои фарҳангӣ ба молик арзиши  он ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ва  дар сурати баҳс ба андозаи муайяннамудаи суд пардохта  мешавад. Ҳангоми фурӯш аз тариқи савдои оммавӣ ба фурӯш рафтани онҳо ба молик ба ҷуз хароҷоти савдои оммавӣ тамоми маблағи боқимонда пардохта мешавад.

 

Моддаи 265. Нархгузории молу мулк ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ

Ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ молу мулк бо назардошти арзиши бозории он нархгузорӣ мешавад.

 

Моддаи 266. Реквизитсия 
  1. Дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, касалиҳои сироятӣ (эпидемия), муромурии ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои мустасно фавқулода молу мулк тибқи қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад аз молик мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонун ба манфиати ҷомеа реквизитсия карда ба ӯ арзиши молу мулк пардохта шавад.
  2. Оиди нархе, ки мутобиқи он ба молик арзиши молу мулки реквизитсияшуда пардохта мешавад, ба суд эътироз кардан мумкин аст.
  3. Шахсе, ки молу мулки ӯ реквизитсия шудааст, ҳақ дорад, баъди қатъи ҳолат, ки вобаста ба он молу мулкаш реквизитсия анҷом дода шуда буд, баргардонидани молу мулки осеб надидаашро талаб намояд ва дар ҳолати радди он ба суд муроҷиат кунад.

 

Моддаи 267. Мусодира
  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун молу мулки моликро мутобиқи қарори суд ҳамчун чораи ҷазо барои содир намудани гуноҳ ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мусодира кардан мумкин аст.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, мусодираро тибқи тартиби маъмурӣ анҷом додан мумкин аст. Оид ба қарор дар мавриди мусодира, ки тибқи тартиби маъмурӣ қабул шудааст, ба суд эътироз кардан мумкин аст.

 

Моддаи 268. Милликунонӣ

Бо роҳи милликунонӣ аз моликии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба моликияти давлат даровардани молу мулк танҳо дар асоси қонунҳои мутобиқи Конститутсия қабулгардида оид ба милликунонии ин молу мулк ва пардохти арзиши молу мулк ва ҷуброни  дигар зиёне, ки вобаста ба миллӣ кунондан ба молик ворид гардидааст, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 269. Қатъи ҳуқуқи молу мулк, ки ба молик тааллуқ надорад

Ҳуқуқи молу мулкӣ, ки ба молик тааллуқ надоранд, мутобиқи тартиби муайяннамудаи қисмҳои 1, 2 моддаи 259 ҳамин Кодекс, инчунин бо қарори молик ва бо тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ, оинномаи шахси ҳуқуқӣ ё шартномаи молик бо соҳиби молу мулк қатъ мегардад.

 

БОБИ 14. МОЛИКИЯТИ ШАҲРВАНДОН (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 12. 05. 2007с,  № 247).

 

Моддаи 270. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти шаҳрвандон
Моддаи 271. Объектҳои ҳуқуқи моликият
Моддаи 272. Моликияти хоҷагии  меҳнатӣ
Моддаи 273. Моликияти деҳқонӣ ва хоҷагии ёрирасон

 

БОБИ  15. МОЛИКИЯТИ  КОЛЛЕКТИВӢ  (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 12. 05. 2007с,  № 247).

(моликияти шахси ҳуқуқӣ)

 

Моддаи 274. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти коллективӣ (шахси ҳуқуқӣ)
Моддаи 275. Моликияти корхонаҳои  коллективӣ
Моддаи 276. Моликияти корхонаи иҷоравӣ
Моддаи 277. Моликияти кооператив
Моддаи 278. Моликияти ҷамъият ва ширкати хоҷагидорӣ
Моддаи 279.  Моликияти ҷамъияти саҳҳомӣ
Моддаи 280.  Моликияти ассотсиатсия ва хоҷагидорӣ (иттиҳодияҳо)
Моддаи 281. Моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фондҳо
Моддаи 282. Моликияти маҳалла
Моддаи 283. Моликияти ташкилотҳои динӣ

 

БОБИ 16. МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ ВА ВОҲИДҲОИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ (хориҷ карда шуд бо  ҚҶТ аз 12. 05. 2007с, № 247).

 

  1. Моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 284. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти давлатӣ
Моддаи 285. Объектҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 286. Моликияти корхонаи давлатӣ
Моддаи 287. Моликияти аъзои коллективи меҳнатии корхонаи давлатӣ
Моддаи 288. Молу мулки муассисаҳои  давлатӣ
Моддаи 289. Моликият ба замин ва дигар захираҳои табиӣ

 

  1. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва воҳидҳои марзию маъмурӣ

 

Моддаи 290. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Моддаи 291. Моликияти воҳидҳои марзию маъмурӣ

 

БОБИ 17. МОЛИКИЯТИ УМУМӢ ВА НАВЪҲОИ  ОН

 

Моддаи 292. Мафҳум ва асосҳои пайдоиши моликияти умумӣ
  1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ду ё якчанд шахс қарор дорад, ҳуқуқи моликияти умумии онҳо мебошад.
  2. Молу мулк метавонад бо муайян намудани саҳми ҳар яке аз молик ба ҳуқуқи моликият (моликияти ҳиссагӣ) ё бидуни муайян намудани чунин саҳм (моликияти якҷоя) таҳти моликияти умумӣ қарор гирад.
  3. Моликияти умумӣ ба молу мулк ҳиссагӣ мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун ба ин молу мулк ташкил намудани моликияти умумиро иҷозат медиҳад.
  4. Молу мулк дар сурати моликияти ду ё чанд шахс шудани он бидуни тағйир додани таъинот тақсим кардани он имконнопазир аст (чизи тақсимнашаванда) ё аз рӯи қонун онро тақсим кардан мумкин намебошад, умумӣ мегардад.

Молу мулки тақсимшаванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома моликияти умумӣ мешавад.

  1. Мутобиқи созишномаи иштирокчиёни моликияти якҷоя, дар сурати ба мувофиқа нарасидан бошад, бо қарори суд доир ба молу мулки умумӣ моликияти ҳиссагӣ доштани ин шахсан муқаррар кардан мумкин аст.

 

Моддаи 293. Муайян намудани ҳисса дар  ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ
  1. Агар андозаи ҳиссаи иштирокчиёни моликияти саҳмӣ дар асоси қонун муқаррар ва бо созишномаи ҳамаи иштирокчиёни он муайян нашуда бошад, ҳисса баробар ҳисобида мешавад.
  2. Бо созишномаи байни ҳамаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ тартиби муқаррар кардан ва тағйир додани ҳиссаи ҳар кадоми онҳо дар ташкил, харидорӣ ва афзун гардонидани молу мулки умумӣ муайян кардан мумкин аст.
  3. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ, ки аз ҳисоби худ, бо риояи тартиби муқарраргардидаи истифодаи моликияти умумӣ онро ба таври ҷудонашаванда беҳбуд бахшидааст, ба андозаи дахлдор зиёд кардани ҳиссаи худ ҳақ дорад.

Беҳбуди ҷудошавандаи молу мулки умумӣ, агар дар созишномаи  иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба моликияти иштирокчие мегузарад, ки ин  беҳбудиро анҷом додааст.

 

Моддаи 294. Ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад
  1. Ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарордошта мутобиқи шартномаи байни ҳамаи иштирокчиёни он ба амал бароварда мешавад.
  2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, мутобиқи салоҳдиди худ ҳиссаи худро фурӯшад, тӯҳфа намояд, васият кунад, ҳиссаи худро ба гарав монад ё бо риояи қоидаҳои бамузд, ки моддаи 298 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, бегона кунад, ё бо тарзи дигар  муносибат намояд.

 

Моддаи 295. Соҳибӣ ва истифода кардани молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад
  1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад, тибқи созиши ҳамаи иштирокчиён ва дар сурати муяссар нагардидани созиш бо тартиби муайяннамудаи суд соҳибӣ ва истифода карда мешавад.
  2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, аз қисми молу мулки умумӣ ба андозаи ҳиссааш барои соҳибӣ ва истифода ба ихтиёраш вогузошта шудан ва дар ҳолати имконнопазирии он аз дигар иштирокчиён, ки ҳиссаи марбутаашро соҳибӣ ва истифода мебаранд, ҷубронпулии дахлдорро талаб намояд.

 

Моддаи 296. Самара, маҳсулот ва даромади истифодаи молу мулки  моликияти ҳиссагии бадастомада

Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи молу мулки моликияти ҳиссагӣ ба таркиби молу мулки умумӣ дохил  мешаванд. Тақсимоти баъдии самара, маҳсулот ва даромад байни  иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ, агар созишномаи байни онҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, баробар ба андозаи  саҳм сурат мегирад.

 

Моддаи 297. Хароҷоти нигаҳдошти молу мулки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарордошта
  1. Ҳар як иштирокчии моликияти ҳиссагӣ вазифадор аст ба андозаи ҳиссаи худ дар пардохти андоз, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳо оид ба молу мулки умумӣ, инчунин оид ба хароҷоти нигаҳдошт ва муҳофизати онҳо, агар дар қонун ё шартномаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иштирок намояд.
  2. Хароҷоте, ки зарурӣ намебошанд ва аз ҷониби яке аз иштирокчиён бидуни ризоияти дигарон масраф шудааст, ба ҳисоби худи ӯ вогузошта мешавад. Баҳсҳое, ки зимни он ба миён  меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 298. Ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳисса дар  доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ
  1. Ҳангоми фурӯши ҳиссагӣ дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба шахси ғайр иштирокчиёни боқимондаи моликияти ҳиссагӣ барои харидани ҳиссаи фурӯш мутобиқи нархе, ки он фурӯхта мешавад ва дигар шартҳои баробар, ба ғайр аз фурӯш дар савдои оммавӣ, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Савдои оммавӣ барои фурӯши ҳисса дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ, ҳангоми розӣ набудани ҳамаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ метавонад дар ҳолатҳои  пешбининамудаи қисми 2, моддаи 303 ҳамин Кодекс ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун доир карда шавад.

  1. Фурӯшандаи ҳисса вазифадор аст, дигар иштирокчиёни моликияти ҳиссагиро аз нияти худ, ки ҳиссаашро ба шахси ғайр фурӯхтанист, хатти огоҳ сохта, нарх ва дигар шартҳои фурӯшро ишора намояд. Агар дигар иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ аз харидорӣ даст кашанд ё ҳиссаи  фурӯхташавандаро дар доираи моликият ба молу мулки ғайриманқул дар давоми як моҳ ва дар муносибат бо дигар молу мулк  дар давоми  даҳ рӯз аз лаҳзаи огоҳӣ ба даст наоранд, фурӯшанда ҳақ  дорад, ҳиссаи худро ба ҳар  кадом шахсе фурӯшад.
  2. Ҳангоми фурӯши ҳисса бо вайрон кардани ҳуқуқи афзалиятнок ҳар кадом иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, дар давоми се моҳ ба суд дар мавриди ба ӯ гузаронидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои харидор талабот арз намояд.

        4.Қоидаҳои моддаи мазкур, инчунин ҳангоми ба каси дигар додани ҳисса аз рўи  шартномаи

мубодила низ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 299. Лаҳзаи гузаштани ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба шахсе, ки онро тибқи шартнома харидааст

Агар дар  шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ тибқи шартнома аз лаҳзаи бастани шартнома ба харидор мегузарад.

Лаҳзаи гузариши ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ тибқи шартнома, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, мутобиқи қисми 2, моддаи 247 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 300. Тақсими молу мулки моликияти ҳиссагӣ ва аз он ҷудо намудани ҳисса
  1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад, мутобиқи шартнома байни иштирокчиёни он тақсим шуданаш мумкин аст.
  2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад аз молу мулки умумӣ ҷудо кардани ҳиссаи худро талаб намояд.
  3. Ҳангоми ба мувофиқа наомадани иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ оид ба усул ва шартҳои тақсими молу мулки умумӣ ё ҷудо кардани ҳиссаи яке аз онҳо иштирокчии молу мулки ҳиссагӣ ҳақ дорад дар шакли асл (натура) ҷудо кардани ҳиссаи худро аз тариқи суд талаб намояд.

Агар дар шакли асл (натура) ҷудо кардани ҳиссаро қонун иҷозат надиҳад ё аз сабаби расидани зиёни воқеии беандоза ба молу мулк  имконнопазир бошад, молики ҷудошаванда  ҳақ дорад, ки арзиши ҳиссаи ӯ аз ҷониби дигар  иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ  пардохта шавад.

  1. Фарқи арзиши молу мулке, ки дар шакли асл (натура) дар асоси ҳамин модда ба иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ба ивази  ҳиссаи ӯ дар доираи ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ дода мешавад, бояд бо маблағи муайян пушонида ё бо роҳи дигар ҷуброн карда шавад.

Ҷубронпулӣ ба иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ба ивази ҷудо кардани ҳисса дар шакли асл (натура) аз  ҷониби дигар моликон бо додани розигии ӯ дода мешавад. Дар ҳолате ки ҳиссаи молик ночиз буда, онро ба таври воқеӣ дар асл ҷудо кардан имконнопазир  аст, барои истифодаи молу мулки умумӣ дорои манфиати назаррас намебошад, суд метавонад бидуни розигии ин молик низ дигар  иштирокчиёни моликияти ҳиссагиро   вазифадор намояд, ки ҳаққи ӯро ҷуброн кунанд.

  1. Молик баъди гирифтани ҷубронпулӣ мутобиқи ҳамин модда ҳуқуқи худро ба ҳиссаи моликияти умумӣ гум мекунад.

 

Моддаи 301. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти моликияти якҷоя қарор  дорад
  1. Иштирокчиёни моликияти якҷоя, агар дар шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, молу мулки умумиро аҳлона соҳибӣ ва истифода мекунанд.
  2. Молу мулки таҳти моликияти якҷоя қарордошта бо розигии ҳамаи иштирокчиён, сарфи назар аз он ки кадоме аз иштирокчиён оиди ихтиёрдории молу мулк аҳдҳо анҷом додааст, ихтиёрдорӣ карда мешавад.
  3. Ҳар як иштирокчии молу мулки якҷоя ҳақ дорад оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ, агар дар шартномаи ҳамаи иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад,  аҳдҳоро анҷом диҳад. Аҳди ихтиёрдорӣ кардани молу мулки умумӣ, ки яке аз иштирокчиёни моликияти якҷоя анҷом додааст, метавонад бо талаби иштирокчиёни дигар бинобар ваколати зарурӣ надоштани иштирокчие, ки аҳдҳоро анҷом додааст, танҳо дар  сурати исбот гардидани он, ки тарафи  дигари аҳд медонист ё бояд пешакӣ аз  ин  огоҳ мебуд, ғайриқонунӣ ҳисобида  шавад (моддаи 199).
  4. Қисмҳои 1-3 ҳамин модда ҳангоме татбиқ мегарданд, ки агар Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо барои навъҳои алоҳидаи моликияти якҷоя тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд.

 

Моддаи 302. Тақсими молу мулки  моликияти якҷоя ва аз он ҷудо  намудани ҳисса
  1. Молу мулки умумиро байни иштирокчиёни моликияти якҷоя тақсим кардан, инчунин аз он ҷудо кардани ҳиссаи яке аз онҳо бо шарте мумкин аст, ки пешакӣ ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ  дар ҳуқуқ ба молу мулки умумӣ муайян карда шавад.
  2. Ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ ва аз он ҷудо кардани ҳисса, агар бо қонун ё шартномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад.
  3. Асос ва тартиби тақсими молу мулки умумӣ ва аз он ҷудо кардани ҳисса мутобиқи  қоидаҳои муайяннамудаи моддаи 300  ҳамин Кодекс муқаррар мегардад, зеро барои намудҳои алоҳидаи  моликияти умумӣ Кодекси мазкур, дигар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ накардаанд ва он  аз моҳияти муносибати  иштирокчиёни моликияти умумӣ барнамеояд.

 

Моддаи 303. Аз ҳиссаи саҳм дар молу мулки умумӣ нигаронидани рӯёниш
  1. Кредитори иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ё умумӣ ҳангоми нокифоя будани дигар молу мулки он ҳақ дорад оиди ҷудо кардани ҳиссаи қарздор аз молу мулки умумӣ барои нигаронидани рӯёниш аз он, талабот пешниҳод кунад.
  2. Агар дар чунин ҳолатҳо ҷудо кардани ҳисса дар шакли асл (натура) ғайриимкон бошад ё аъзоёни дигари моликияти ҳиссагӣ ё умумӣ ба он эътироз кунанд, кредитор ҳақ дорад аз қарздор талаб намояд, ки ҳиссаи худро ба дигар иштирокчиёни моликияти умумӣ бо нархи баробар ба арзиши бозории ин саҳм фурӯшад ва маблағи аз фурӯш бадастомадаро барои адои қарз супорад. 

Дар  сурати аз харидани саҳми қарздор рад намудани аъзоёни  дигари моликияти умумӣ кредитор ҳақ дорад тибқи тартиби судӣ талаб намояд, ки ба саҳми кредитор дар   моликияти умумӣ рӯёниш нигаронида шавад.

 

Моддаи 304. Моликияти умумии якҷояи зану шавҳар (ҳамсарон)
  1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давоми ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, агар қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигари низоми ин молу мулкро муайян накарда бошад, моликияти умумии якҷояи онҳо ба ҳисоб меравад.
  2. Молу мулке, ки қабл аз никоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки яке аз онҳо ҳангоми никоҳ чун тӯҳфа ё чун мерос гирифтааст, моликияти шахсии ӯ ба шумор меравад.

Молу мулки истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба  ғайр аз ҷавоҳирот ва дигар асбобу анҷоми зебу зинат, ҳарчанд дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағи умумии онҳо харидорӣ шудаанд, моликияти он ҳамсаре ба ҳисоб меравад, ки онро истифода бурдааст.

Молу мулки ҳар як ҳамсар, агар муайян карда шавад, ки дар  давоми  ҳамсарӣ аз ҳисоби молу мулки умумии онҳо ё молу мулки шахсии ҳамсари дигар маблағузорӣ  шудааст, ки арзиши онро хеле баланд кардааст (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва ғайра), моликияти   умумии якҷояи онҳо эътироф карда шавад. Агар дар шартномаи байни зану шавҳар тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, ин қоида татбиқ намегардад.

  1. Мутобиқи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон ба молу мулке, ки дар моликияти ӯ мебошад, инчунин ба саҳми ӯ дар молу мулки умумии зану шавҳар, ки ҳангоми тақсим аз они ӯ шуданаш мумкин аст, рӯёниш нигаронида мешавад.
  2. Тартиби муайян намудани саҳми ҳамсарон дар молу мулки умумӣ ҳангоми тақсими он ва тартиби чунин тақсимотро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 305. Моликияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
  1. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар доираи ҳуқуқи моликияти якҷояи аъзоёни он мебошад, агар тибқи қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Ниҳолзори қитъаи замин, иморатҳои хоҷагӣ ва дигар иморат, иншоотҳои мелиоративӣ ва дигар иншоотҳо, ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, ки аз маблағи умумии аъзоёни он ба даст оварда шудааст, таҳти моликияти якҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба ҳисоб мераванд.
  3. Самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба даст омадааст, молу мулки умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) буда, мутобиқи созишномаи байни онҳо истифода мегардад.

 

Моддаи  306. Тақсими молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
  1. Ҳангоми қатъи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба хориҷ шудани ҳама аъзоёни он ё бо асосҳои дигар молу мулки умумӣ бояд тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 300 ва 302 ҳамин Кодекс тақсим карда шавад.
  2. Воситаҳои истеҳсолот, ки марбути хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аст, ҳангоми аз хоҷагӣ хориҷ шудани яке аз узви он тақсим карда намешавад.

Шахсе, ки аз хоҷагӣ баромадааст, барои гирифтани ҷубронпулии баробар ба саҳми ӯ дар моликияти умумӣ ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар мутобиқи созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, саҳми аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳуқуқи моликияти якҷояи молу мулки чунин хоҷагӣ баробар ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 307. Низоми ҳуқуқии молу мулк ҳангоми азнавташкилкунии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативӣ
  1. Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонанд ширкати хоҷагидорӣ ё кооператив таъсис диҳанд. Чунин хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) азнавташкилшуда чун шахси ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки онро ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи қонун намебошанд, ба даст оварда шудааст, дар ҳуқуқи моликяти он мебошад.
  2. Андозаи саҳми аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки иштирокчии ширкати хоҷагидорӣ ё узви кооператив мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 3 моддаи 306 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 18. ҲУҚУҚИ  МАҲДУДИ  МОЛУ  МУЛК

 

§1. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ

 

Моддаи 308. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ

        Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ, ки ба он молу мулк ба ҳуқуқи пешбурди

 хоҷагидорӣ тааллуқ дорад, ин молу мулкро дар доираи муайяннамудаи Кодекси мазкур соҳибӣ,

 истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

 

Моддаи 309. Объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ

Объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ, агар қонунҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ҳама гуна  молу мулк буда метавонад.

 

Моддаи 310. Ба  даст овардан  ва қатъи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ
  1. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулке, ки моликаш дар мавриди ба ихтиёри корхонаи қаблан таъсисёфтаи давлатӣ додани он қарор қабул кардааст, агар дар қонунҳо ё қарори молик тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби ин корхона, аз лаҳзаи ба баланси мустақимаш гузаронидани молу мулк пайдо мешавад.
  2. Самара, махсулот ва даромад аз истифодаи молу мулк, ки корхона мутобиқи шартнома ё дар асосҳои дигар ба даст овардааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо барои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба хоҷагидории корхона дохил мешавад.
  3. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулк бо асос ва тартиби пешбининамудаи қонунҳо барои қатъи ҳуқуқи моликият, инчунин дар ҳолати қонунан мусодира намудани молу мулкии корхона бо қарори молик қатъ мегардад.

 

Моддаи 311. Ҳуқуқи молик нисбати молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ қарор дошта
  1. Молики молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ қарордошта, мутобиқи қонун масъалаҳои таъсиси корхона, муайян намудани мақсаду мароми фаъолияти он, азнавташкилкунӣ ва барҳам додани онро ҳал намуда, роҳбари корхонаро таъин менамояд, мутобиқи мақсад истифода ва ҳифз шудани молу мулки марбути корхонаро таҳти назорат мегирад.
  2. Молик ба гирифтани як қисми фоида аз истифодаи молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидории корхона қарордошта ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 312. Шартҳои амали гардонидани ҳуқуқҳои молу мулки корхонаи  воҳиди давлатӣ
  1. Корхонаи воҳиди давлатӣ, ки дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ фаъолият мекунад, ҳақ  надорад бидуни розигии молик ё мақоми давлатии  аз ҷониби он ваколатдоршуда шаклҳои зерини фаъолияти соҳибкориро анҷом диҳад:

а) биною иншоот, таҷҳизот ва дигар фондҳои асосии корхонаро фурӯшад ё ба ихтиёри дигар ашхос супорад, иваз намояд, ба иҷораи дарозмуддат (беш аз се сол), муваққатан ба истифодаи бепул  диҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад рўйхати биною иншоот, таҷхизот ва дигар фондҳои асосии корхонаҳои воҳиди давлатиро, ки иҷораашон новобаста аз мўҳлати иҷора  дар мувофиқа бо мақомоти  ваколатдори давлатӣ  амалӣ  мегардад, муайян намояд;

б) филиалҳо ва корхонаҳои фаръӣ созад, якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак таъсис  диҳад, сармояи тиҷоратӣ ва пулии худро  дар онҳо гузорад;

в) ба соҳибкорони хусусӣ қарз диҳад, ки фоизи он аз андозаи фоизи кредити тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон поинтар бошад.

  1. Корхонаи воҳиди давлатӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, метавонад мустақилона молу мулки манқули дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ ба он вобаста шударо ихтиёрдорӣ кунад.

 

§ 2.  Ҳуқуқи идораи оперативӣ

 

Моддаи 313. Ҳуқуқи идораи оперативӣ
  1. Корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ, инчунин муассиса ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда дар доираи муайяннамудаи қонун, мутобиқи мақсади фаъолияти хеш супоришҳои молик ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи соҳибӣ истифода ва ихтиёрдориро доранд.
  2. Молики молу мулке, ки ба ихтиёри корхонаи давлатӣ ё муассиса дода шудааст, ҳақ дорад молу мулки зиёдатӣ, таҳти истифода қарор надошта ва ё мутобиқи мақсад истифоданашударо пас гирад ва мутобиқи салоҳдиди худ истифода барад.

 

Моддаи 314. Ихтиёрдории молу мулки корхонаи махсуси давлатӣ
  1. Корхонаи махсуси давлатӣ танҳо бо розигии молики ин молу мулк ҳақ дорад молу мулкро бегона кунад ё бо молу мулки марбутааш бо усули дигар муносибат кунад.

Корхонаи махсуси давлатӣ махсулоти истеҳсолкардаашро, агар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда  бошанд, мустақилона мефурӯшад.

  1. Тартиби тақсими даромади корхонаи махсуси давлатиро молики молу мулки он муайян мекунад.

 

Моддаи 315. Ихтиёрдории молу мулки муассиса
  1. Муассиса ҳақ надорад молу мулки ба ихтиёраш гузошташуда ё аз ҳисоби маблағи мутобиқи харҷномаи (сметаи) барои хариданаш ҷудокардашударо, фурӯшад, ё онро бо усули дигар соҳибӣ намояд.
  2. Агар мутобиқи санади таъсисоти ба муассиса иҷозат дода шуда бошад, ки бо фаъолияти даромаднок машғул шавад, дар он сурат даромад ва молу мулки аз ин даромад бадастовардашуда пурра ба ихтиёри муассиса гузашта, дар баланси алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 316. Ба даст овардан ва қатъ намудани ҳуқуқи идораи оперативии молу мулк
  1. Ҳуқуқи идораи оперативии молу мулке, ки соҳибмулк онҳоро ба корхонаи махсуси (казонии)

давлатӣ ё муассиса вобаста намудааст, агар дар қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё қарори

соҳибмулк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз лаҳзаи ба ин корхона ё муассиса супоридани

он ба миён меояд.

  1. Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи молу мулки таҳти идораи оперативӣ қарордошта,

инчунин молу мулке, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ ё муассиса мувофиқи шартнома ё дигар

асосҳо ба даст овардааст, тибқи тартиби муайянкардаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии

ҳуқуқӣ оид ба даст овардани моликият ба ҳуқуқи оперативии идоракунии корхона дохил мешавад.

       3.Ҳуқуқи идораи оперативии молу мулк мутобиқи асос ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс

ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қатъ намудани ҳуқуқи моликият, инчунин дар ҳолатҳои

бо қарори соҳибмулк ба таври қонунӣ пас гирифтани молу мулк аз корхонаи махсуси давлатӣ ё

муассиса қатъ мегардад.

 

Моддаи 317. Ҳуқуқи  молик  ба пас гирифтан ва азнавтақсимкунии молу мулке, ки ба идораи оперативӣ дода шудааст

Молике, ки молу мулки ба ихтиёри муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ додааст, ҳақ дорад онро пас гирад ё байни дигар шахси ҳуқуқии таъсисдодааш, агар дар санади қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо салоҳдиди худ аз нав тақсим кунад.

 

Моддаи 318. Ба молу мулки ба идораи оперативӣ додашуда нигаронидани рӯёниш
  1. Рӯёниш аз молу мулке, ки таҳти идораи оперативии муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ қарор дорад, дар асоси тартиби умумӣ мутобиқи қонунҳо, агар ҳамин Кодекс ва санади қонунӣ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, анҷом дода мешавад.
  2. Агар муассиса аз фаъолияти хоҷагӣ даромад ба даст оварда бошад, рӯёниш аз молу мулки вобастакардаи молик, ки таҳти идораи оперативӣ қарор дорад, пас аз ситонидани пардохт аз даромаде, ки аз фаъолияти хоҷагӣ гирифтааст ва молу мулке, ки аз  ҳисоби даромад ба даст овардааст, анҷом дода мешавад.
  3. Муассиса ва корхонаи махсуси давлатӣ мутобиқи ӯҳдадориҳояшон оиди маблағи дар ихтиёрашон қарордошта ҷавобгар мебошанд.

Дар сурати нокифоя будани маблағи муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ масъулияти ӯҳдадориҳо  ба зиммаи молики  муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 319. Нигоҳ доштани ҳуқуқ ба молу мулк ҳангоми ба дигар молик гузаштани корхона ё муассиса
  1. Ҳангоми чун комплекси молумулкӣ гузоштани ҳуқуқи соҳибмулкии корхонаи воҳиди

давлатии ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ ба соҳибмулкии дигари давлатӣ ё коммуналӣ, чунин корхона

 ҳуқуқи пешбурди  хоҷагидориро ба молу мулки худ нигоҳ медорад.

  1. Ҳангоми ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи моликият ба муассиса ин муассиса ҳуқуқи идораи оперативиро ба молу мулки худ нигоҳ медорад.

 

  1. Ҳуқуқҳои дигари ашёӣ

 

Моддаи 320. Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ  кардани ашё

Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ашё, инчунин дар натиҷаи ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ба монанди шартномаи кирои ашё, иҷора, қарз ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба миён меоянд.

 

БОБИ 19. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ АШЁӢ

 

Моддаи 321. Эътирофи ҳуқуқи моликият

Молик ҳақ дорад эътирофи ҳуқуқи моликияташро талаб намояд.

 

Моддаи 322. Талаб карда гирифтани молу мулк аз ба дастоварандаи ғайриқонунӣ

Молик ҳуқуқ дорад аз ба дастоварандаи  ғайриқонунӣ молу мулкашро талаб карда гирад.

 

Моддаи 323. Талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи бовиҷдон
  1. Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва ба дастдароваранда аз ин огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист (бадастоварандаи бовиҷдон), ин молу мулкро  молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ дода гум карда бошад ё аз яки онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар, бидуни  ихтиёри онҳо аз тасарруфашон баромада бошад, молик ҳақ дорад онро аз бадастоваранда талаб карда гирад.
  2. Агар молу мулк аз шахсе, ки ба бегона кардани он ҳуқуқ надошт, бе пул гирифта шуда бошад, молик дар ҳама ҳолат ба талаб карда гирифтани молу мулк ҳақ дорад.
  3. Аз бадастдароварандаи бовиҷдон талаб карда гирифтани пул, инчунин коғазҳои қиматноки манзурӣ мумкин нест.

 

Моддаи 324. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми баргардонидани молу мулк аз бадастдароварандаи ғайриқонунӣ

Ҳангоми талаб карда гирифтани молу мулк аз ба дастдароварандаи  ғайриқонунии ғайр молик инчунин ҳақ дорад аз шахсе, ки  медонист ё бояд медонист, ки соҳибии ӯ ғайриқонунӣ мебошад (ба дастдароварандаи бевиҷдон) баргардонидан ё ҷуброни ҳамаи даромадеро, ки  ин шахс ба даст овардааст ё мебоист дар тамоми давраи соҳибиаш ба даст орад, талаб намояд; бадастдароварандаи бовиҷдон бошад, тамоми  даромадеро, ки ӯ ба даст овардааст ё мебоист аз лаҳзае, ки ӯ огоҳ гардид ё мебоист аз соҳибияти ғайриқонуниаш ё дар мавриди даъвои молик дар мавриди баргардонидани молу мулк огоҳинома  гирифта буд,  талаб намояд.

Ба дастдароварандаи бовиҷдон дар  навбати худ ҳақ дорад аз молик ҷуброни  хароҷоти  заруриашро нисбати  молу мулк аз вақте, ки ба молик пардохтани  даромад аз молу мулк ба ҳисоб рафтааст, талаб намояд.

Ба дастдароварандаи бовиҷдон инчунин ҳақ дорад беҳбудиҳои анҷомдодаашро, агар ҷудо карда гирифтан онҳо бидуни ворид намудани зиён ба молу мулк имконпазир бошад, дар ихтиёри худ нигоҳ дорад. Агар чунин тарзи ҷудо карда гирифтани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовиҷдон ҳақ дорад ҷуброни хароҷоти  барои беҳбудӣ масрафшударо, вале на бештар аз арзиши аз нархи зиёдкардашудаи молу мулк талаб намояд.

 

Моддаи 325. Ҳифзи ҳуқуқи молик аз вайронкуниҳое, ки ба маҳрум кардан аз соҳибӣ алоқаманд намебошанд

Молик метавонад рафъи ҳама гуна вайронкуниҳои ҳуқуқашро талаб намояд, ҳарчанд ин вайронкуниҳо ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи соҳибӣ алоқаманд намебошанд.

 

Моддаи 326. Ҳифзи ҳуқуқи соҳибе, ки молик  намебошад

Ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 322-325 ҳамин Кодекс инчунин ба шахсе тааллуқ доранд, ки ҳарчанд молик набошад ҳам, дар асоси соҳибияти умрбоди меросӣ, пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативӣ ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома   молу мулкро соҳибӣ мекунад.

Ин шахс ҳуқуқ дорад молу мулки дар ихтиёраш бударо аз молик низ ҳифз кунад.

 

Моддаи 327. Беэътибории санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи соҳибмулк ва дигар ҳуқуқҳои ашёиро вайрон мекунанд
  1. Агар дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё шахси мансабдор баровардани санади меъёрӣ ё инфиродӣ , ки ба қонунҳо мутобиқ нестанд ва  ҳуқуқи молик ва дигар шахсро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани  молу мулки марбутаашон вайрон мекунанд, чунин санад тибқи  тартиби судӣ мутобиқи эътирози молик ё шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон шудааст, беэътибор дониста мешавад.
  2. Товони зиёне, ки дар натиҷаи қабули чунин аснод ба молик расидааст, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бояд аз ҳисоби буҷети дахлдор пурра пардохта шавад.

 

ФАСЛИ  III. ҲУҚУҚИ ӮҲДАДОРӢ

 

ЗЕРФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА ӮҲДАДОРИҲО

 

БОБИ 20. МАФҲУМ, АСОСҲОИ БА МИЁН ОМАДАНИ ӮҲДАДОРӢ ВА ТАРАФҲОИ ӮҲДАДОРӢ

 

Моддаи 328. Мафҳуми ӯҳдадорӣ ва асосҳои ба миён омадани он
  1. Аз рӯи ӯҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад. Масалан, молу мулкашро ба ӯ диҳад, корро иҷро кунад, пул супорад ва ғайра ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд. Кредитор бошад, ҳақ дорад аз қарздор иҷрои ӯҳдадориҳояшро талаб намояд.
  2. Ӯҳдадорӣ аз шартномаҳо, дар натиҷаи расонидани зарар ва дар асосҳои дигари дар санадҳои қонунӣ нишондодашуда, бармеояд.

 

Моддаи 329. Тарафҳои ӯҳдадорӣ
  1. Дар ӯҳдадорӣ ба сифати ҳар кадом тарафи он - кредитор ё қарздор - метавонанд як ё ҳамзамон якчанд шахс иштирок намоянд.

Талаботи кредитор ба яке аз ашхосе, ки  дар ӯҳдадорӣ аз ҷониби қарздор иштирок мекунад, ба монанди гузашти мӯҳлати даъво мутобиқи талаб вобаста ба он шахс беэътибор аст, худ аз худ талаботи ӯ ба шахси дигар дахл надоранд.

  1. Агар ҳар кадоме аз тарафҳо мутобиқи шартнома ба манфиати ҷониби дигар ӯҳдадор бошанд, он тараф барояшон қарздори тарафи дигар ҳисобида шуда вазифадор аст ба манфиати тарафи дигар амале анҷом диҳад ва ҳамзамон кредитори он ҳисоб меёбад, ки ҳуқуқ дорад аз тарафи дигар  талаб намояд.
  2. Ӯҳдадорӣ барои ашхосе, ки дар он ҳамчун тарафҳо иштирок надоранд (шахси сеюм) масъулияте ба вуҷуд намеоварад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ ё созишномаи тарафҳо ӯҳдадорӣ метавонад барои шахси сеюм дар  муносибат ба як ё ҳар ду тараф ҳуқуқи ӯҳдадорӣ ба вуҷуд орад.

  1. Кредиторе, ки талаботи ӯ ба қарздор бо гарав, нигоҳ доштан ё дигар усулҳое, ки афзалиятро дар назди дигар кредиторон оид ба таъмини талаботи худ аз ҳисоби молу мулки муайяни қарздор ё шахсони сеюм медиҳад, таъмин шудааст, кредитори таъминшуда мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

БОБИ 21. ИҶРОИ  ӮҲДАДОРИҲО

 

Моддаи 330. Муқаррароти умумӣ

Ӯҳдадориҳо бояд ба таври дахлдор мутобиқи шартҳои ӯҳдадорӣ ва талаботи қонун, дигар санади ҳуқуқӣ иҷро карда шаванд ва ҳангоми набудани чунин шарт ва талабот мутобиқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи муқаррарии пешниҳодгардида анҷом дода шаванд.

 

Моддаи 331. Номумкин будани радди яктарафаи иҷрои ӯҳдадорӣ

Радди яктарафаи иҷрои ӯҳдадорӣ ва яктарафа тағйир додани шартҳои он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома иҷозат дода намешавад. Радди яктарафаи иҷрои ӯҳдадорӣ, ки ба ба амал баровардани фаъолияти соҳибкории тарафҳо алоқаманд аст, инчунин яктарафа тағйир додани шартҳои чунин ӯҳдадорӣ танҳо дар ҳолатҳои  пешбининамудаи шартнома, агар дар қонун ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 332. Иҷрои қисм ба қисми ӯҳдадорӣ

Кредитор ҳақ дорад иҷрои қисм ба қисми ӯҳдадориро қабул  накунад, ба шарте ки дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ, шартҳои ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз анъанаҳои  муомилоти корӣ ва ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд.

 

Моддаи 333. Иҷрои ӯҳдадорӣ ба шахси матлуб

Агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, қарздор ҳангоми иҷрои ӯҳдадорӣ ҳақ дорад дар мавриди он, ки ӯҳдадориро маҳз кредитор ё шахси  ваколатдори ӯ қабул мекунад, далел талаб намояд ва барои пешниҳод накардани чунин талабот таваккали оқибати онро ба ӯҳда дорад.

 

Моддаи 334. Иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҷониби  шахси сеюм
  1. Агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шарти ӯҳдадорӣ ё моҳияти он аз ҷониби қарздор вазифаи шахсан иҷро намудани ӯҳдадорӣ барнаояд қарздор иҷрои ӯҳдадориро ба зиммаи шахси сеюм вогузошта метавонад. Дар ин ҳолат кредитор иҷрои ӯҳдадориро, ки ба ҷои қарздор шахси сеюм пешниҳод  кардааст, бояд қабул кунад.
  2. Шахси сеюм, таҳти хатари аз даст додани ҳуқуқи худ ба молу мулки қарздор (ҳуқуқи иҷора, гарав ва ғайра) бо сабаби талаб намудани рӯёниш аз ҷониби кредитор аз ин молу мулк метавонад аз ҳисоби худ бидуни иҷозати қарздор талаби кредиторро қонеъ гардонад. Дар ин ҳолат мутобиқи моддаҳои 411-416 ҳамин Кодекс ҳуқуқи кредитор оид ба ӯҳдадорӣ ба шахси сеюм мегузарад.

 

Моддаи 335. Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ
  1. Агар ӯҳдадорӣ рӯзи иҷро ё давраи мӯҳлатеро, ки дар ҷараёни он ӯҳдадорӣ бояд иҷро шавад, пешбинӣ намуда бошад ё имкон медиҳад, ки муайян карда шавад, ӯҳдадорӣ бояд дар ҳамон рӯз ё дар ҳар давраи ҳамон мӯҳлат иҷро карда шавад.
  2. Дар ҳолатҳое, ки ӯҳдадорӣ мӯҳлати иҷроро пешбинӣ накунад ва дар он шарти муайян кардани ин мӯҳлат ғайриимкон бошад бояд дар мӯҳлати оқилонаи баъди ба миён омадани ӯҳдадорӣ, иҷро карда шавад.

Ӯҳдадорие, ки дар мӯҳлати муносиб иҷро карда нашудааст, ҳамчунин ӯҳдадорие, ки мӯҳлати иҷрои он бо лаҳзаи пасталабӣ муайян шудааст, агар дар мӯҳлати дигар иҷро кардани ӯҳдадорӣ аз қонун, санади ҳуқуқии дигар, шарти ӯҳдадорӣ, анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, қарздор вазифадор аст дар давоми ҳафт рӯз иҷрои ӯҳдадориро талаб кардани кредитор иҷро намояд.

 

Моддаи 336. Талаби иҷрои мунтазам

Ӯҳдадорие, ки иҷрояш дар мӯҳлати тулонӣ  пешбинӣ шудааст, агар дар қонунҳо ё шартҳои ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, бояд ба таври мунтазам, бо  назардошти давраи барои иҷрои чунин ӯҳдадорӣ мувофиқ (рӯз, даҳа, моҳ, семоҳа ва ғайра) иҷро карда шаванд.

 

Моддаи 337. Иҷрои ӯҳдадорӣ пеш аз мӯҳлат

Агар дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ, ё шартҳои ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти он барнаояд, қарздор ҳақ дорад ӯҳдадории худро то фаро расидани мӯҳлат  иҷро намояд. Вале иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадорӣ, ки бо фаъолияти соҳибкории тарафҳои он алоқаманд мебошад, танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки имконияти пеш аз мӯҳлат иҷро намудани ӯҳдадориро қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шарти ӯҳдадорӣ пешбинӣ намуда бошанд ё аз анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ бармеояд.

 

Моддаи 338. Иттилоот оид ба ҷараёни иҷрои ӯҳдадорӣ

Дар қонунҳо ё шартҳои ӯҳдадорӣ вазифаи қарздор дар мавриди иҷрои ӯҳдадорӣ ба кредитор ё  шахси муайяннамудаи ӯ хабар додан мумкин аст, пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 339.  Ҷои иҷрои ӯҳдадорӣ
  1. Ӯҳдадорӣ бояд дар ҷое, ки бо созишномаи тарафҳо муайян карда шудааст ё аз анъанаи муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ бармеояд, иҷро карда шавад.
  2. Агар ҷои иҷрои ӯҳдадорӣ муайян нагардида бошад, он бояд ба тариқи зайл иҷро карда шавад:

а)  аз рӯи ӯҳдадории додани молу мулки ғайриманқул - дар  ҷои мавҷудияти молу мулк;

б) аз рӯи ӯҳдадории додани мол ё дигар молу мулке, ки  интиқоли онро пешбинӣ мекунад - дар ҷои супоридани молу мулк ба  боркашони якум ҷиҳати расонидани он ба кредитор;

в) аз рӯи дигар ӯҳдадориҳои қарздор ҷиҳати додани мол ё дигар молу мулк - дар ҷои тайёр намудани он ё нигоҳдошти молу мулк, ба шарте, ки ин маҳал дар рӯзи ӯҳдадоршудан ба  кредитор маълум бошад;

г) аз рӯи ӯҳдадории пулӣ - дар ҷои истиқомати  кредитор ё агар кредитор шахси ҳуқуқӣ бошад,  дар ҷои ҷойгиршавии он дар лаҳзаи ба миён омадани ӯҳдадорӣ; агар кредитор то лаҳзаи иҷрои ӯҳдадорӣ ҷои истиқомат ё буду бошашро иваз карда, қарздорро аз ин огоҳонида бошад, пас дар ҷои нави истиқомат ё буду боши кредитор ва аз ҳисоби кредитор баровардани ҳамаи хароҷоти вобаста ба  ивази ҷои иҷро;

д)  аз рӯи ӯҳдадориҳои дигар - дар ҷои зисти  қарздор ва агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад - дар ҷои буду боши он.

 

Моддаи 340. Иҷрои ўҳдадориҳои пулӣ
  1. Истифодаи асъори хориҷӣ, инчунин ҳуҷҷати пардохт бо асъори хориҷӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ўҳдадориҳо мувофиқи ҳолат, тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонун иҷозат дода мешавад.
  2. Ӯҳдадории пулӣ бояд бо пули миллӣ ифода ва пардохт карда шавад.
  3. Дар ҳолати мавҷуд будани шубҳа оид ба маҳалли иҷрои ўҳдадории пулӣ, ўҳдадорӣ бояд дар маҳалли ҷойгиршавии кредитор (маҳалли зисти шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ) ба иҷро расад.
  4. Агар дар маҳал ё мамлакате, ки маблағ пардохта мешавад, кредитор суратҳисоби бонкӣ барои гузаронидани маблағ дошта бошад, қарздор ҳақ дорад дар мавриди эътироз надоштани кредитор ўҳдадории пулии худро бо роҳи ба ин суратҳисоб гузаронидани маблағ иҷро намояд.
  5. Агар то фаро расидани мўҳлати пардохт арзиши (қурби) воҳидии пул боло рафта ё паст шуда ё ин ки асъор тағйир ёфта бошад, қарздор аз рўи нархе (қурбе) маблағро пардохт менамояд, ки ба мўҳлати ба вуҷуд омадани ўҳдадорӣ мувофиқ бошад, агар дар Кодекси мазкур ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ҳангоми дигар шудани асъор муносибатҳои мубодилавӣ бояд бо нархи (қурби) дар рўзи тағйирёбии асъор мавҷудбудаи воҳидҳои пулӣ анҷом дода шаванд.

 

Моддаи 341. Зиёд кардани маблағе, ки барои таъминоти шаҳрванд пардохта мешавад

Маблағе, ки аз рӯи ӯҳдадории пулӣ бевосита барои таъмини  шаҳрванд ҷиҳати ҷуброни зиёни ба ҳаёт ва саломатиаш расида пардохта мешавад, тибқи шартномаи таъминоти умрбод ва дигар ҳолатҳо бо зиёд шудани нишондиҳанда барои  ҳисобҳои муқаррарнамудаи қонун мутаносибан меафзояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №850)

 

Моддаи 342. Навбати пардохти талаб аз рӯи ӯҳдадории пулӣ

Маблағи пардохтшуда, ки барои иҷрои пурраи ӯҳдадории пулӣ нокифоя мебошад, ҳангоми мавҷуд набудани созишномаи дигар, пеш аз ҳама барои пӯшонидани хароҷоти кредитор оиди гирифтани иҷро, сипас барои пӯшонидани маблағи асосии қарз, сипас -  фоизи он равона карда мешавад.

 

Моддаи 343. Иҷрои ӯҳдадории алтернативӣ

Қарздоре, ки вазифадор аст ба кредитор ин ё он молу мулкро диҳад, аз ду ё якчанд амал якеро анҷом диҳад, агар аз қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шарти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд, ҳуқуқи  интихоб карданро дорад.

 

Моддаи 344. Иҷрои ӯҳдадорие, ки дар он якчанд кредитор ё якчанд қарздор иштирок  доранд

Агар дар ӯҳдадорӣ якчанд кредитор ё якчанд қарздор иштирок намоянд, пас ҳар яке аз кредитор ҳақ дорад иҷрои ӯҳдадориро талаб намояд ва ҳар кадоме аз қарздор вазифадор аст ӯҳдадориро баробар ба саҳми дигарон ба андозае иҷро кунад, ки аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шарти ӯҳдадорӣ тартиби  дигаре барнаояд.

 

Моддаи 345. Ӯҳдадориҳои муштарак
  1. Ӯҳдадории (ҷавобгарии) муштарак ё талаби муштарак ҳангоме ба миён меояд, ки агар ўҳдадории муштарак ё талаби муштарак дар созишнома ё дар қонун, аз ҷумла дар қисмати тақсимнопазирии мавзӯи ӯҳдадорӣ муқаррар шуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Ӯҳдадории якчанд қарздор оид ба ӯҳдадорие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд аст, ҳамчунин талаби якчанд кредиторон дар чунин ӯҳдадорӣ, агар дар қонун, санади дигари меъёрӣ ё шартҳои ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ӯҳдадории муштарак мебошад.

 

Моддаи 346. Ҳуқуқи кредитор ҳангоми ӯҳдадории муштарак
  1. Ҳангоми ӯҳдадории муштараки қарздорон кредитор ҳақ дорад иҷрои онро аз ҳамаи қарздорон дар якҷоягӣ ё аз ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ, аз ҷумла ба таври пурра ё оид ба як қисми қарз, талаб намояд.
  2. Кредиторе, ки аз ҷониби яке аз қарздорони муштарак талаби худро пурра қонеъ накардааст, ҳақ дорад иҷрои қисми қонеънашударо аз дигар қарздорони муштарак талаб намояд. Қарздорони муштарак то лаҳзаи пурра иҷро намудани ӯҳдадорӣ масъул боқӣ мемонанд.

 

Моддаи 347. Эътироз муқобили талаботи кредитор ҳангоми ӯҳдадории  муштарак

Дар ҳолати ӯҳдадории муштарак қарздор ҳуқуқ надорад ба муқобили талаби кредитор, ки  чунин муносибат  байни дигар қарздорон бо кредитор асос ёфтааст ва қарздори мазкур дар он иштирок надорад, эътироз баён кунад.

 

Моддаи 348. Иҷрои ӯҳдадории муштарак аз ҷониби яке аз қарздорон
  1. Аз ҷониби яке аз қарздорон пурра иҷро намудани ӯҳдадории муштарак қарздорони дигарро аз иҷрои ӯҳдадорӣ дар назди кредитор озод мекунад.
  2. Агар аз муносибати байни қарздорони муштарак тартиби дигаре барнаояд:

а) қарздоре, ки ӯҳдадории муштаракро иҷро кардааст ҳақ  дорад нисбат ба дигар қарздорон талаби пастдошт регрессӣ,  бо ҳиссаи баробар, бо аз ҳисоб баровардани ҳиссаи худ, пешниҳод намояд.

б) қисми напардохтаи яке аз қарздорони муштарак ба қарздоре, ки ӯҳдадории муштаракро иҷро кардааст, ба таври баробар ба зиммаи ҳамон қарздор ва қарздорони дигар гузошта мешавад.

  1. Қоидаҳои ҳамин модда мутаносибан ҳангоми қатъи ӯҳдадории муштарак бо баҳисобгирии даъвои мутақобилаи яке аз қарздорон татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 349. Талаботи муштарак
  1. Ҳангоми талаби муштарак ҳар кадоме аз кредиторони муштарак ҳақ дорад ба қарздор дар ҳаҷми пурра талаб пешниҳод кунад.

То пешниҳод гардидани талаб аз ҷониби яке аз кредиторони муштарак қарздор ҳақ дорад мутобиқи салоҳдиди худ ӯҳдадории ҳар кадоме аз онҳоро иҷро кунад.

  1. Қарздор ҳақ надорад ба муқобили талаби яке аз кредиторони муштарак, ки ба чунин муносибати қарздор бо дигар кредиторони муштарак асос ёфтааст ва дар он кредитори мазкур  иштирок надорад, эътироз намояд.
  2. Аз ҷониби қарздор пурра иҷро намудани ӯҳдадории яке аз кредиторони муштарак ӯро аз иҷрои ӯҳдадории кредиторони боқимонда озод мекунад.
  3. Кредитори муштарак, ки иҷрои ӯҳдадории қарздорро қабул кардааст, вазифадор аст қарзи ба дигар кредиторон тааллуқдоштаро, агар аз  муносибати байни онҳо тартиби дигаре барнаояд, ба андозаи баробар ҷуброн намояд.

 

Моддаи 350. Иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ

Мутобиқи санади қонунӣ ё шартҳои ӯҳдадории байни  кредитору қарздор пешбинӣ шуданаш мумкин аст, ки ҳангоми аз тарафи қарздори асосӣ қонеъ нанамудани талаби кредитор оид ба  иҷрои ӯҳдадорӣ, чунин талаби дар қисмати иҷронашуда ба  қарздори дигар (қарздори иловагӣ) арз карда мешавад.

 

Моддаи 351. Тасдиқи иҷрои ӯҳдадорӣ
  1. Кредитор иҷрои ӯҳдадориро қабул намуда, вазифадор аст бо талаби қарздор ба ӯ оид ба пурра ё қисман иҷро шудани ӯҳдадори забонхат диҳад.

Агар қарздор ба кредитор барои тасдиқи ӯҳдадорӣ ҳуҷҷати қарздориро дода бошад, пас кредитор иҷрои ӯҳдадориро қабул намуда, бояд ҳуҷҷатро ба қарздор баргардонад. Ҳангоми имконнопазирии  баргардонидани он кредитор вазифадор аст дар маврид дар  забонхати додааш ба он ишора кунад.

Забонхатро бо сабт дар ҳуҷҷати қарздорӣ, ки ба қарздор баргардонида   мешавад, иваз намудан мумкин аст.

  1. Дар ихтиёри қарздор қарор доштани ҳуҷҷати қарздорӣ қатъи ӯҳдадориро, то лаҳзаи исбот нагардидани тартиби дигар, тасдиқ мекунад.
  2. Ҳангоми аз тарафи кредитор надодани забонхати иҷрои ӯҳдадории анҷомдодашуда, баргардонидани ҳуҷҷат ё сабти имконнопазирии баргардонидани он дар забонхат қарздор ҳақ дорад иҷроро ба таъхир гузорад. Дар ин ҳолат кредитор мӯҳлатро гузаронида  ҳисобида  мешавад.

 

Моддаи 352. Иҷрои ӯҳдадорӣ бо усули ба депозит гузаронидани қарз
  1. Қарздор ҳақ дорад пули қарз гирифтааш ё коғазҳои қиматнокашро ба депозити нотариус ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи суд ба депозити суд гузаронад, ба шарте ки қарздор бо сабабҳои зайл ӯҳдадориро иҷро карда натавонад:

а) агар дар маҳалле, ки ӯҳдадорӣ иҷро мегардад, кредитор ё шахси ба қабули иҷрои ӯҳдадорӣ ваколатдоршудаи он ҳузур надошта бошад;

б) ғайри қобили амал будани кредитор ва набудани  намояндаи он;

в) баръало аён набудани он, ки кадом шахс оид ба ӯҳдадорӣ кредитор мебошад, аз ҷумла вобаста ба  баҳси байни кредитор ва дигар ашхос дар ҳамин маврид;

г) саркашӣ намудани кредитор аз қабули иҷрои ӯҳдадорӣ ё ба тарзи дигар гузаронидани мӯҳлат аз ҷониби он.

  1. Ба депозити нотариус ё суд гузаронидани маблағ ё коғазҳои қиматнок иҷрои ӯҳдадорӣ ҳисобида мешавад.

Нотариус ё суде, ки ба депозиташон маблағи пулӣ ё коғазҳои қиматнок гузаронида шудааст, дар ин ибора кредиторро огоҳ  менамоянд.

 

Моддаи 353. Иҷрои мутақобилаи ӯҳдадорӣ
  1. Иҷрои мутақобила аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро намудани ӯҳдадорие ба ҳисоб меравад, ки мутобиқи шартнома шарти иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҷониби тарафи дигар гузошта шудааст.
  2. Дар ҳолати аз тарафи вазифадоршуда пешниҳод нагардидани иҷрои ӯҳдадории шартшуда ё мавҷуд будани ӯҳдадорие, ки ошкоро аз иҷро нашудани он дар мӯҳлати муайян гувоҳӣ медиҳад, тарафи мутақобила иҷрои ӯҳдадориро ба зимадошта ҳақ дорад иҷрои ӯҳдадории худро боздорад ё аз иҷрои он даст кашад ва товони зиёнро талаб намояд.

Агар шарти иҷрои ӯҳдадории дар шартнома зикршуда дар  ҳаҷми пурра  иҷро нашуда бошад, тарафи мутақобилаи иҷрои ӯҳдадорӣ ба зимма дошта ҳақ дорад иҷрои ӯҳдадориашро боздорад ё аз иҷрои қисми он рад кунад, ки баробар ба ҳаҷми иҷрои  пешниҳоднашудаи он аст.

  1. Агар иҷрои мутақобилаи ӯҳдадорӣ ҷой дошта бошад, сарфи назар аз пешниҳод накардани шарти иҷрои ӯҳдадории дар шартнома зикргардида аз тарафи дигар, тарафи дигар  вазифадор аст чунин иҷрои ӯҳдадориро пешниҳод кунад.
  2. Агар дар шартнома ё қонун тартиби дигаре муайян нашуда бошад, қоидаҳои пешбининамудаи қисми 2 ва 3 ҳамин модда татбиқ карда мешавад.

 

БОБИ 22. ТАЪМИНИ ИҶРОИ ӮҲДАДОРӢ

 

§1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 354. Усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ
  1. Иҷрои ӯҳдадорӣ ба воситаи ноустуворона, гарав, нигоҳ доштани  молу мулки қарздор, замонат, кафолати бонкӣ, байъона ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома таъмин  карда шуданаш мумкин аст.
  2. Беэътибории созишнома оид ба таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ боиси беэътибор гардидани ин ӯҳдадорӣ (ӯҳдадории асосӣ) шуда наметавонад.
  3. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, беэътибори ӯҳдадории асосӣ боиси беэътибор гардидани ӯҳдадории таъминкунандаи он мегардад.
  4. Дар ҳолати ба таъминот супоридани молу мулк аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуқуқро надошт, чунин таъминот нисбати ҳамин молу мулк (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557):

а) қатъ мегардад, агар кредитор медонист ё мебоист донад, ки таъминот аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда пешниҳод шудааст. Дар баробари ин кредитор пас аз эътибори қонунй пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба гирифтани чунин молу мулк ҳуқуқи талаб кардани иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯхдадориҳо ва ё иваз кардани мавзӯи таъминотро дорад;

б) то иҷрои ӯхдадории таъминшуда нигоҳ дошта мешавад, агар кредитор намедонист ё намебоист донад, ки молу мулк аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда (кредитори бовиҷдон) пешниҳод шудааст. Дар ин маврид молик дар назди кредитор танҳо бо молу мулки зикршуда ҷавоб медиҳад.

Дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯхдадориҳои таъминшуда мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси дигар ба молу мулк барои бовиҷдон эътироф кардани кредитор асос дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ додааст, гум карда бошад ё аз яке аз онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар бе ихтиёри онҳо аз соҳибиашон баромада бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

 

§ 2. НОУСТУВОРОНА

 

Моддаи 355. Мафҳуми ноустуворона
  1. Ноустуворона (ҷарима, пеня) маблағе мебошад, ки тибқи қонун ё шартнома муайян гардидааст ва қарздор вазифадор аст ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ, аз ҷумла дар ҳолати гузаронидани мӯҳлати иҷро, онро ба кредитор пардозад. Тибқи талаби   пардохти ноустуворона кредитор ба исботи зиёни ба ӯ расонидашуда вазифадор  намебошад.
  2. Андозаи ноустуворона дар маблағи пули аниқ ё дар фоиз ба маблағи иҷрокарданашуда ё ин ки

ба таври номатлуб иҷрокардашуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 356. Шакли созишнома оид ба ноустуворона

Созишнома оиди ба ноустуворона сарфи назар аз  шакли ӯҳдадории асосӣ, бояд ба тарзи хаттӣ баста шавад.

Риоя накардани ин талаб боиси ғайриқонунӣ шудани созишнома оид ба ноустуворона мегардад.

 

Моддаи 357. Ноустуворонаи қонунӣ
  1. Кредитор ҳақ дорад пардохти ноустуворонаи муайяннамудаи қонун (ноустуворонаи қонунӣ) –ро сарфи назар  аз он ки дар созишнома ӯҳдадории пардохти он пешбинӣ шудааст ё на, талаб  намояд.
  2. Андозаи ноустуворонаи қонунӣ, агар қонун онро манъ накунад, бо созишномаи тарафҳо зиёд карда шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 358. Кам кардани ноустуворона

Агар ноустуворонаи пардохтшаванда ошкоро ба оқибати вайрон кардани ӯҳдадорӣ баробар набошад, суд ҳақ  дорад ноустуворонаро кам кунад.

Қоидаҳои ҳамин модда ба ҳуқуқи қарздор ҷиҳати кам кардани андозаи масъулияти ӯ дар асоси моддаи 435 ҳамин Кодекс ва  ҳуқуқи кредитор барои рӯёнидани товони зиён дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 424 ҳамин Кодекс дахл надоранд.

 

§ 3. ГАРАВ

 

Моддаи 359. Мафҳум ва асосҳои ба миён омадани гарав
  1. Гарав - усули таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ, ки тибқи он кредитор дар ӯҳдадории бо гарав таъминшуда (гаравгир) ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро нашудани чунин ӯҳдадорӣ, барои қонеъ намудани талаботаш, аз арзиши молу мулки ба гаравгузоштаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ тааллуқ дорад (гаравдеҳ) нисбат ба дигар кредиторон ҳукуқи афзалиятнокро доро мебошад, ба истиснои ҳолатҳои дар қонун муқарраршуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Ба гарав гузоштани корхона, бино, иншоот, манзил (квартира) ва дигар молу мулки ғайри манқул (ипотека) бо қонуни ипотека танзим карда мешавад. Қоидаҳои умумӣ оид ба гарав, ки дар ҳамин Кодекс зикр шудаанд, дар ҳолате татбиқ карда мешаванд, ки дар ҳамин Кодекс ё қонун дар бораи ипотека ва қоидаҳои дигаре муқаррар нагардида бошанд.
  3. Гарав дар асоси шартнома ба миён меояд. Гарав инчунин дар асоси қонун, ҳангоми фарорасидани ҳолатҳои  муайяннамудаи он ба миён меояд, ба шарте ки агар дар қонун пешбинӣ гардида бошад, ки  кадом молу мулк ва  барои таъмини иҷрои кадом ӯҳдадорӣ ба гарав монда шудани он пешбинӣ шуда бошад.

Қоидаҳои ҳамин Кодекс оид ба гарав, ки дар асоси  шартнома ба миён меоянд, мувофиқан нисбат ба гараве татбиқ мегардад, ки  дар асоси қонун ба миён омадааст, ба шарте ки  дар қонун тартиби дигаре муайян нашуда бошад.

 

Моддаи 360. Мавзӯи гарав

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

 

  1. Мавзӯи гарав ҳама гуна молу мулк, аз ҷумла мол ва ҳуқуқи молу мулкӣ (талабот), ба истиснои молу мулке, ки аз муомилот барварда шудаанд (қисми 2 моддаи 141 ҳамин Кодекс) талаботе, ки бо шахсияти қарздор сахт алоқаманд аст, аз ҷумла талабот оид ба алимент, товони зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст ва дигар ҳуқуқҳое буда метавонад, ки гузашт кардани онҳо ба  дигар  ашхос тибқи санади қонунӣ манъ шудааст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Ҳуқуқи гаравро бо шартнома ба молу мулке, ки минбаъд ба моликияти гаравдеҳ ё хоҷагидории ӯ ворид мешавад, низ татбиқ кардан мумкин аст.
  3. Гарави навъҳои алоҳидаи молу мулк, аз ҷумла молу мулки шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби он ситонидан иҷозат дода намешавад, тибқи санади қонунӣ манъ ё маҳдуд карда шуданашон мумкин аст.
  4. Гарави қоғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, аз ҷумла бонкҳо, дигар субъектҳои хоҷагӣ бо назардошти санади қонунӣ оид ба қоғазҳои қиматнок дода мешавад.

 

Мoддаи 361. Талаботе, ки бо гарав таъмин  карда мешавад
  1. Агар дар шартнома ё санади қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, гарав талаботро танҳо дар ҳаҷме таъмин мекунад, ки он дар лаҳзаи воқеан қонеъ намудани он мавҷуд аст, аз ҷумла фоизҳо, ҷуброни зиёне, ки аз гузаронидани мӯҳлат расидааст, ноустуворона (ҷарима, пеня), хароҷоти зарурӣ барои нигаҳдошти молу мулки ба гарав гузошта шуда,  инчунин товони зиёне, ки ситонида мешавад. 
  2. Гарав нисбати талаботе, ки метавонад дар оянда пеш ояд муқаррар шуданаш мумкин аст, ба шарте, ки тарафҳо оиди андозаи ба гарав таъмин намудани чунин ӯҳдадорӣ ба мувофиқа расанд.

 

Моддаи 362. Навъҳои гарав
  1. Гарав мумкин аст дар навъҳои ипотека, гарави додашуда (заклад), гарави ҳуқуқ, гарави воситаҳои

 пулӣ ва гарави молу мулк дар гаравхона (ломбард) баромад намояд.»;

  1. Ипотека - навъи гаравест, ки молу мулки ба гарав гузошташуда тасарруфӣ ва истифодаи гаравдеҳ ё шахси сеюм боқӣ мемонад.

Мавзӯи ипотека корхонаҳо, иморатҳо, бино, иншоот, манзил  (квартира) – ҳои дар биноҳои бисёрҳӯҷрагӣ, объектҳои кайҳонӣ, ва дигар молу мулкие, ки  аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудааст, буда метавонанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

Самараи ҷудошаванда танҳо дар ҳолатҳое мавзӯи ипотека буда метавонад, ки он аз лаҳзаи ҷудо намудан объекти ҳуқуқии шахси сеюм нагардад. Ипотекаи корхона, иморат, бино, иншоот, манзил (квартира)-ҳои дар бинои бисёрҳӯҷра, воситаҳои нақлиёт ва  объектҳои кайҳонӣ бояд дар мақомоти дахлдор объектҳо ба қайд гирифта шаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Гарави додашуда (заклад) - навъи гараве мебошад, ки ҳангоми он молу мулки ба гарав гузошташуда аз ҷониби гаравдеҳ ба соҳибии гаравгир дода мешавад.

Бо розигии гаравгир мавзӯи гарав метавонад дар ихтиёри гаравдеҳ таҳти қулф ва мӯҳри гаравгир вогузошта шавад. Мавзӯи гаравро дар ихтиёри гаравдеҳ бо сабти аломате, ки таҳти гарав будани онро тасдиқ мекунад (гарави устувор) вогузоштан мумкин аст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Ҳангоми гарави ҳуқуқ мавзӯи гарав ҳуқуқи молу мулкие мебошад, ки метавонад аз соҳибӣ бароварда шавад, аз ҷумла ҳуқуқи иҷораи корхона, иморат, бино, иншоот, ҳуқуқи саҳм дар молу мулки ширкати хоҷагидорӣ, талаби қарзӣ, ҳуқуқҳои молу мулкии муаллифӣ, ихтироъкорӣ ва  дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

(Хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Қарздори гарав бояд аз гарав огоҳ карда шавад. Агар ҳуқyқи ба гарав гузошташуда бо ҳуҷҷат тасдиқ карда  шавад, шартномаи гарав мумкин аст бо додани ҳуҷҷати муқарраркунандаи ҳуқуқ ба расмият дароварда шавад.

  1. Ҳангоми ба гарав гузоштани ҳуқуқи молу мулке, ки бо қоғази қиматнок тасдиқ карда шудааст, он ба гаравгир супурда мешавад ё агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба депозити бонк ё идораи нотариалӣ гузаронда мешавад.

 Маблағи пулие, ки мавзӯи гарав аст, дар ҳисоби депозити бонк ё идораи нотариалӣ нигоҳ дошта мешавад. Фоизе, ки ба ин маблағ зам мегардад, ба гаравдеҳ тааллуқ дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Гарави маблағҳои пулӣ бо роҳи ба соҳибии гаравгир додани онҳо сурат мегирад, агар дар

қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

 

Моддаи 363. Гарави молу мулке, ки таҳти моликияти умумӣ қарор дорад

Молу мулке, ки моликияти умумӣ мебошад, танҳо бо  розигии ҳамаи моликон ба гарав гузошта шуданаш мумкин аст. Ҳуқуқ ба ҳисса дар молу мулки умумӣ метавонад мавзӯи мустақили гарав  бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 364. Гаравдеҳ
  1. Гаравдеҳ метавонад ҳам худи қарздор ва ҳам шахси сеюм бошад.
  2. Гаравдеҳи ашё молики он ё шахсе буда метавонанд, ки ҳуқуқи хоҷагидории ашёро дорад.

Шахсе, ки ашё тибқи ҳуқуқи   хоҷагидорӣ ба ӯ тааллуқ  дорад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 312 ҳамин Кодекс ҳақ дорад онро бидуни розигии молик ба гарав гузорад.

  1. Ба гаравдеҳи ҳуқуқ шахсе буда метавонад, ки ҳуқуқи ба гарав гузоранда ба ӯ тааллуқ дорад.

Ба гарав гузоштани ҳуқуқи иҷора ё дигар ҳуқyқ ба молу мулки  бегона бидуни иҷозати молики он ё шахсе, ки ҳуқуқи хоҷагидориро дорад, роҳ дода намешавад, агар дар қонун ё шартнома  бегона кардани  ин ҳуқуқ бе розигии ин ашхос манъ карда шуда бошад.

 

Моддаи 365. Гаравгир

Мутобиқи ҳамин Кодекс, ки муносибати гаравро танзим менамояд, ҳам шаҳрвандон ва ҳам шахси ҳуқуқӣ гаравгир буда метавонанд.

 

Моддаи 366. Суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташуда
  1. Мутобиқи шартнома ё қонун вазифаи суғурта кардани молу мулки ба гарав гузошташударо ба зиммаи шахсони зерин вогузоштан мумкин аст:

- ба зиммаи гаравгир, ба шарте ки молу мулки ба гарав гузошташуда ба ихтиёраш дода шуда бошад;

- ба зиммаи гаравдеҳ, ба шарте ки молу мулки ба гарав гузошташуда таҳти истифодаи ў қарор дошта бошад.

  1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдеҳ вазифаи суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташударо вогузорад, гарав ба ҳама гуна ҳуқуқи гаравдеҳ аз рўи ҳамин суғуртанома паҳн мегардад ва нигоҳдорандаи гарав барои қонеъ гардонидани талаботи таъминшудааш аз ҳама гуна маблағи минбаъдаи рўёнидани суғурта, новобаста ба суғуртакунанда ва бе розигии гаравдеҳ ҳуқуқи имтиёзнок дорад.
  2. Ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғурта ҳуқуқи талабкунӣ аз рўи шартномаи суғуртаи молу мулки ба гаравгузоштаи гаравдеҳ танҳо дар сурати аз ҳуқуқи худ мутобиқи қисми 2 ҳамин модда даст кашидани гаравгир ба миён меояд.

Агар маблағи пардохти суғурта аз маблағи ўҳдадорие, ки бо гарав таъмин гардидааст, бештар бошад, нигоҳдорандаи гарав ўҳдадор аст дар давоми се рўзи бонкӣ аз лаҳзаи гирифтани он фарқияти маблағро ба ҳисоби гаравдеҳ гузаронад.

  1. Агар молу мулк бо гуноҳи нигоҳдорандаи гарав гум шуда ё осеб дида бошад, ў аз ҳуқуқи аз ҳисоби пардохти суғурта қонеъ намудани талаботи худ маҳрум мегардад.

 

Моддаи 367. Гарави насупоридан ва супоридани молу мулк ба гаравгир
  1. Молу мулки ба гарав гузошташуда, дар назди гаравдеҳ боқӣ мемонад.

Молу мулке, ки таҳти ипотека қарор дорад, ба гаравгир дода намешавад.

  1. Мавзӯи ба гарав гузошташуда мумкин аст дар назди гаравдеҳ бояд зери қулф ва мӯҳри гаравгир вогузошта шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Мавзӯи ба гарав гузошташударо  метавон дар назди гаравгир бо сабти нишона гузошт, ки ба гарав гузоштани молу мулк далолат мекунад (гарави қатъӣ) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Мавзӯи гарав, ки аз тарафи гаравдеҳ муваққатан барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм дода шудааст, дар назди гаравдеҳ қарордошта ба ҳисоб меравад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Мавзӯи гарав метавонад аз ҷониби гаравгир муваққатан барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм дода шавад. Дар ин маврид мавзӯи гарав дар назди гаравгир қарордошта ба ҳисоб меравад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  3. 5. Ҳaнгоми ба гарав гузоштани ҳуқуқи молу мулке, ки бо қоғази қиматнок собит шудааст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба гаравгир ё депозити нотариус дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 368. Шартномаи гарав, шакл ва бақайдгирии он

1.Дар шартномаи гарав бояд мавзӯи гарав, моҳият, андоза ва мӯҳлати иҷpои ӯҳдадорӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, баён гардад. Дар он инчунин бояд ифода гардад, ки молу мулки ба гарав гузошташуда дар назди кадоме аз тарафҳо қарор дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Шартномаҳои омехтае, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 453 Кодекси мазкур баста шудаанд ва унсурҳои шартномаи гаравро дар бар гирифтаанд, бояд ба талаботи моддаи мазкур мувофиқат намоянд.

Шартнома оид ба ипотека, инчунин шартнома дар бораи гарави молу мулки манқул ё ҳуқуқ ба молу мулк ҷиҳати таъмини ӯҳдадорӣ аз рӯи шартнома, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ шуданаш зарур аст, бояд аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

  1. Шартномаи ипотека бояд мутобиқи тартиби ба қайд гирифтани аҳдҳои барои молу мулки дахлдор муқарраргардида ба қайд гирифта шавад. Тартиби ба қайд гирифтани гарави молу мулки манқулро қонун муқаррар менамояд.
  2. Риоя накардани қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикршуда шартномаи гаравро беэътибор мегардонад.

 

Моддаи 369. Молу мулке, ки ба он ҳуқуқи гаравгир  паҳн мегардад
  1. Ҳуқуқи гарав ба самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст оварда шудааст, татбиқ мегардад, агар шартнома ҳолатҳои дигареро пешбинӣ накарда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Дар натиҷаи истифодаи молу мулки ба гарав гузошта шуда ба самараи бадастовардашуда, маҳсулот ва даромади он ҳуқуқи гарав дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома паҳн мегардад.

  1. Ҳангоми ипотекаи корхона ё дигар комплекси молу мулки дар маҷмӯъ ҳуқуқи гарав ба тамоми молу мулки ба он дохилшаванда молу мулки манқул ва ғайриманқул, масалан ҳуқуқи талаб ва ҳуқуқи истисно, аз ҷумла ҳуқуқе, ки дар давраи ипотека ба даст оварда шудааст, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, паҳн мегардад.
  2. Мутобиқи шартномаи гарав ва нисбат ба гараве, ки аз асоси қонун бармеояд, мумкин аст гарави ашё ва ҳуқуқи молу мулкиро, ки гаравдеҳ дар оянда ба даст меорад, дар қонун  пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 370. Ба миён омадани ҳуқуқи гарав

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

 

  1. Ҳуқуқи гарав ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин ба миён меояд:
  • соҳиб будани гаравдеҳ ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳукуқи ашёӣ ба мавзӯи гарав ва ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ;
  • мавҷуд будани шартнома дар бораи гарав мутобиқи талаботи моддаи 368 Кодекси мазкур ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи гарав нисбат ба гарави молу мулке, ки бояд ба гаравгир супорида шавад, аз лаҳзаи супоридани ин молу мулк ба миён меояд.
  2. Ҳуқуқи гарав ба молҳои дар муомилотбуда мутобиқи қоидаҳои қисми 2 моддаи 386 Кодекси мазкур ба миён меояд.
  3. Ҳуқуқи гарав ба молу мулке, ки гаравдеҳ дар оянда ба даст меорад, аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқи дахлдор ё ворид шудани ашёи дахлдор ба моликияти гаравдеҳ ба миён меояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

 

Моддаи 371. Гарави минбаъда ва муайян кардани навбати гаравгирон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

 

  1. Молу мулке, ки аз руи шартномаи гарав ҷиҳати таъмини иҷрои як уҳдадорӣ (гарави ибтидоӣ) ба гарав гузошта шудааст, метавонад барои таъмини иҷрои ӯҳдадории дигар (гарави минбаъда) ба гарав гузошта шавад.
  2. Гарави минбаъда, агар бо шартномаҳои ибтидоии гарави ҳамон молу мулк манъ нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад.
  3. Навбати гаравгирон ба ҳамон як молу мулки мавзуи гарав аз руи санаи дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯхдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бақайдгирифташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун муқаррар карда мешавад.
  4. Гаравгире, ки дар навбат бартарӣ дорад, кредитори таъминшудаи ибтидоӣ номида мешавад. Гаравгирони дигар кредиторони таъминшудаи минбаъда мебошанд.
  5. Гаравдеҳ ӯхдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда оид ба ҳамаи гаравҳои молу мулки мазкур, ки дар қисми 1 моддаи 368 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад ва ӯ барои зиёне, ки ба гаравгирон бинобар иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҷавобгар мебошад,
  6. Талаботи гаравгири минбаъда аз арзиши мавзуи ба гарав гузошташуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторони таъминшудаи ибтидоӣ қонеъ карда мешавад.
  7. Навбати қонеъ гардонидани талабот мумкин аст бо созишномаи хаттии кредиторони таъминшуда тағйир дода шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 372. Нигоҳубин ва эҳтиёти молу мулки  ба гарав гузошташуда
  1. Гаравдеҳ ё гаравгир вобаста ба он ки молу мулки гарав дар дасти кадоми аз онҳо қарор дорад (моддаи 367), агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, вазифадор аст:

а) молу мулки гаравро аз ҳисоби гаравдеҳ бо арзиши пуррааш аз хавфи гум шудан ё осеб дидан суғурта намояд ва агар арзиши пурраи молу мулк аз андозаи талаботи бо гарав таъмингардида зиёд шавад, ба маблағи на камтар аз андозаи талаб суғурта кунад;

б) барои эҳтиёт кардани молу мулк ки ба гарав гузоштаашро, аз ҷумла барои ҳимояи он аз сӯиқасд ва талабҳои ҷониби шахси сеюм тадбирҳои зарурӣ андешад;

в) тарафи дигарро дар мавриди омадани хавфи гумшавӣ ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошта шуда фавран огоҳ созад.

  1. Гаравгир ва гаравдеҳ ҳақ доранд тибқи ҳуҷҷат ва воқеан мавҷуд будани молу мулк, миқдор, вазъ ва шароити нигаҳдошти молу мулки ба гарав гузоштаашро, ки дар ихтиёри тарафи дигар аст, тафтиш кунанд.
  2. Ҳангоми аз ҷониби гаравгир дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд ва ин ба молу мулки ба гарав гузошташуда хавфи гумшавӣ ё осеб таҳдид мекунад, гаравдеҳ ҳақ дорад қатъи пеш аз мӯҳлати гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 373. Оқибатҳои гум кардан ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташуда
  1. Гаравдеҳ, агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таваккали ногаҳон нобуд гардидан ё ногаҳон осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташударо ба ӯҳда дорад.
  2. Агар гаравгир мутобиқи моддаи 432 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарӣ озод шуданашро исбот карда натавонад, барои пурра ё қисман гум шудан ё осеб дидани молу мулки ҳамчун мавзӯи гарав ба ӯ супоридашуда, ҷавобгар мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Гаравгир барои гум кардани молу мулки гарав ба андозаи арзиши воқеии он ва барои осеб расидан ба андозаи маблағе, ки арзиши он поин фаромадааст, сарфи назар аз он ки ҳангоми супоридани он ба гаравдеҳ чӣ қадар  нархгузорӣ шуда буд, ҷавобгар мебошад.

Агар дар натиҷаи осеб мавзӯи гарав он қадар тағйир ёфта бошад, ки мутобиқи таъиноти аслиаш истифода бурдани он имконнопазир аст, гаравдеҳ ҳақ дорад аз он даст кашад ва барои аз даст додани он товон талаб кунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Дар шартнома ӯҳдадории гаравгир оид ба ҷуброни дигар зиёне, ки дар натиҷаи гум шудан ё осеб дидани молу мулки гарав ба гаравдеҳ ворид мегардад, пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Гаравдиҳанда, ки доир ба ӯҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст қaрздор мебошад, ҳақ дорад талаби гаравгирро оид ба пардохти товони зиёне, ки аз сабаби гум шудан ё осеб дидани  мавзӯи гарав расонида шудааст, ба ҳисоби ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ба ҳисоб гирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 374. Иваз ва барқарор намудани предмети гарав
  1. Иваз намудани мавзӯи гарав, агар дар шартнома ё қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо розигии гаравгир иҷозат дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Агар мавзӯи гарав нобуд шуда ё осеб дида бошад ё ҳуқуқи моликият ба он ё ҳуқуқи пешбурди хоҷагидории он дар асоси пешбининамудаи қонун қатъ гардида бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад дар мӯҳлати мусоид мавзӯи гаравро барқарор кунад ё, онро бо молу мулки баробарарзиш иваз намояд, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 375. Истифода ва ихтиёрдории предмети гарав
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти гарав барнаояд, гаравдеҳ ҳақ дорад мавзӯи гаравро тибқи таъиноташ истифода барад, аз ҷумла аз самара ва даромади он баҳравар гардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз моҳияти гарав барнаояд, гаравдеҳ танҳо бо розигии гаравгиранда ҳақ дорад мавзӯи гаравро бегона кунад, онро ба иҷора диҳад ё ба дигар шахс ба истифодаи бемузд супорад ё онро бо усули дигар ихтиёрдорӣ намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Шартномае, ки ҳуқуқи гаравдиҳандаро барои васият намудани  молу мулки гарав гузошташудааш маҳдуд месозад,  тамоман эътибор надорад.

  1. Гаравгир ҳақ дорад танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома аз молу мулки ба гарав супурдашуда истифода барад ва мунтазам ба гаравдиҳанда оид ба истифодаи он ҳисобот диҳад. Мутобиқи шартнома гаравдеҳ мумкин аст вазифадор карда шавад, ки самара ва даромад аз молу мулки гарав гузошташударо ба мақсади иҷрои ӯҳдадории асосӣ ё ба манфиати гаравдеҳ истифода намояд.

 

Моддаи 376. Аз ҷониби гаравгир ҳифз намудани ҳуқуқҳои худ оиди предмети  гарав
  1. Гаравгир, ки молу мулки ба гарав гузошташударо дар ихтиёр дорад ё мебоист дар ихтиёраш қарор дошта бошад, ба талаб карда гирифтани он аз тасарруфи ғайриқонунии шахси бегона, аз ҷумла аз соҳибии гаравдеҳ (моддаҳои 322, 323, 326), ҳуқуқ дорад
  2. Дар ҳолате, ки тибқи шартҳои шартнома ба гаравгир ҳуқуқ дода шудааст аз молу мулки ба гарав гузошташудаи дар ихтиёраш қарор дошта истифода барад, ӯ метавонад аз шахси дигар, аз ҷумла аз гаравдеҳ рафъи ҳама гуна вайрон кардани ҳуқуқҳояшро талаб намояд, ҳарчанд ин вайронкуниҳо бо маҳрум сохтан аз соҳибияти молу мулкӣ алоқаманд набошанд ҳам (моддаҳои 325, 326).

 

Моддаи 377. Асоси рӯёниш аз молу мулки  ба гарав гузошташуда
  1. Рӯёниш аз молу мулки ба гарав гузошташуда ҷиҳати қонеъ намудани талаботи гаравгир (кредитор) дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадории бо гарав таъминшуда аз тарафи гаравдеҳ вобаста ба ҳолатҳое, ки барои онҳо ӯ ҷавобгар намебошад, ситонидан мумкин аст.
  2. Агар хатои роҳдодаи қарздор оиди ӯҳдадории ба гарав таъминшуда хеле ночиз бошад ва андозаи талаби гаравгир дар натиҷаи он ба арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда тамоман номутаносиб гардад, талаби ситонидан молу мулки ба гарав гузошташуда рад карда шуданаш мумкин аст.
 

Моддаи 378. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

 

Тартиб ва шартҳои рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 379. Фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557)

 

Тартиб ва шартҳои фурӯши мавзӯи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 380. Пеш аз мӯҳлати иҷро намудани ӯҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст ва рӯёниш аз молу мулки ба гарав гузошташуда
  1. Гаравгир дар ҳолатҳои зайл барои пеш аз мӯҳлат иҷро намудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ҳақ дорад:

а) агар мавзӯи гарав аз ихтиёри гаравдеҳ баромада бошад, ки дар он ҷо монда шуда буд, хилофи шартҳои шартнома бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

 б) аз ҷониби гаравдеҳ вайрон карда шудани қоидаҳои иваз намудани мавзӯи гарав (моддаи 374) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

в) гум кардани мавзӯи гарав, мутобиқи ҳолатҳое, ки барои он гаравгир ҷавобгар намебошад, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбининамудаи қисми 2 моддаи 374 ҳамин Кодекс истифода набурда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

        (хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

       г) агар арзиши мавзӯи гарав хеле паст шавад ва гаравдеҳ талаботи иваз намудани мавзӯи гаравро иҷро накунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

       д) дар  ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Гаравгир ҳақ дорад иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадории бо гарав таъминшударо талаб кунад ва агар талаби ӯ қонеъ карда нашавад, дар ҳолатҳои зайл рӯёнишро аз мавзӯи гарав истифода барад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557):

(хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

а) ҳангоми аз ҷониби гаравдеҳ иҷро нашудани вазифаҳои пешбининамудаи зербандҳои а) ва б) қисми 1 ва қисми 2 моддаи 372 ҳамин Кодекс (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

б) дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ вайрон кардани қоидаҳои ихтиёрдории молу мулки ба гарав гузошташуда (қисми 2 моддаи 375) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 381. Қатъи гарав
  1. Гарав дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

а) бо қатъи ӯҳдадории бо гарав таъминшуда;

б) тибқи талаби гаравдеҳ, ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи ҳисми 3 моддаи 372 ҳамин Кодекс;

в) дар сурати нобуд шудани ашёи ба гарав гузошташуда ё қатъи ҳуқуқи ба гарав, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 374 ҳамин Кодекс истифода набурда бошад;

г) ҳангоми фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557);

        д) бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома.

  1. Қатъи гарав бояд дар феҳрасте сабт гардад, ки дар он шартномаи гарав ба қайд гирифта шуда буд.
  2. Ҳангоми қатъи гарав дар натиҷаи иҷро намудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё мувофиқи талаби гаравдеҳ (қисми 3 моддаи 372) гаравгир, ки ашёи ба гарав гузошташуда дар ихтиёраш буд, бояд фавран онро ба гаравдеҳ баргардонад.

 

Моддаи 382. Нигоҳ доштани гарав ҳангоми ба шахси  дигар гузаштани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда
  1. Дар сурати гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда ё ҳуқуқи хоҷагидории он аз гаравдеҳ ба шахси дигар дар натиҷаи бо музд ё бемузд бегона кардани ин молу мулк, ё ин ки тибқи тартиби ворисии умумии (универсалии) ҳуқуқ, ҳуқуқи гарав қобили эътибор аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки кредитор барои гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда бе нигоҳ доштани гарав розӣ мебошад.

Ба ҳамаи молу мулке, ки гаравдеҳ дар натиҷаи бегона кардани молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст овардааст, ҳуқуқи гаравии гаравгир татбиқ мегардад, агар дар қонун ва шартнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар мавриди нигоҳ доштани гарав, вориси гаравдеҳ ҷои гаравдеҳро ишғол менамояд ва тамоми ӯҳдадориҳои гаравдеҳро ба зимма мегирад, агар дар созишнома бо гаравгир тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Агар молу мулки гаравдеҳ, ки мавзӯи гарав мебошад, тибқи тартиби вориси ҳуқуқи ба якчанд шахс гузашта бошад, ҳар як ворис (бадастоварандагони молу мулк) оқибатҳоеро, ки аз натиҷаи бо гарав таъмин намудани ӯҳдадорӣ бармеоянд, ба андозаи баробар ба мисли молу мулки зикргардидаи ба онҳо гузашта, ба зимма доранд. Аммо ҳангоме, ки мавзӯи гарав тақсимнашаванда аст ё бо асосҳои дигар таҳти моликияти умумии ворисони умумӣ мебошад, онҳо ба гаравдеҳони муштарак табдил меёбанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 383. Оқибати маҷбуран гирифтани молу мулки ба гарав  гузошташуда

Агар ҳуқуқи моликияти гаравдеҳ ба молу мулке, ки мавзӯи гарав қарор дорад дар натиҷаи гирифтан (харида гирифтан) барои эҳтиёҷоти давлатӣ, реквизитсия ё милликунонӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонун қатъ гардад ва ба гаравдеҳ молу мулки дигар дода шавад ё ҷуброни дахлдор сурат гирад, ҳуқуқи гарав ба молу мулке, ки ба ивази он дода мешавад татбиқ гардида, мувофиқан гаравгир барои қонеъ намудани талаботи худ аз маблағи барои ҷуброни гаравдеҳ додашаванда ҳуқуқи афзалиятнок пайдо мекунад. Гаравгир инчунин ҳақ дорад иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадории бо гарав таъминшудааро талаб намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

(Хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 384. Гузашт кардани ҳуқуқ оид ба шартномаи гарав
  1. Гаравгир ҳақ дорад ҳуқуқи худро оид ба шартномаи гарав бо риояи қоидаҳои додани ҳуқуқи кредитор, бо роҳи гузашти талабот (моддаҳои 411-419) ба дигар шахс диҳад.

2.Аз ҷониби гаравгир гузашт кардани ҳуқуқи худ оид ба шартномаи гарав ба шахси дигар ҳангоме қобили эътибор аст, ки агар ба ҳамон шахс ҳуқуқи талабот ба қарздор оид ба ӯҳдадории асосии бо гарав таъминшуда низ гузашт карда шуда бошад.

3.Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти ҳуқуқ оид ба шартнома дар мавриди ипотека инчунин маънои гузашти ҳуқуқ ба ӯҳдадории бо ипотека таъминшударо дорад.

 

Моддаи 385. Гузаронидани қарзи ӯҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст

Бо гузаронидани қарзи ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ба шахси дигар, агар гаравдеҳ ба кредитор дар мавриди ба зимма гирифтани масъулияти қарздори нав розигӣ надода бошад, гарав қатъ мегардад.

 

Моддаи 386. Ба гарав гузоштани моли дар  муомилот буда
  1. Моли дар муомилотбудаи ба гарав гузошташуда моле эътироф карда мешавад, ки дар ихтиёри гаравдеҳ буда, ба ӯ ҳуқуқ дода шудааст таркиб ва шакли табии молу мулки ба гарав гузошташударо (захираҳои мол, ашё, мавод, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти тайёр ва ғайра) тағйир диҳад ба шарте, ки арзиши умумии онҳо аз арзиши дар шартнома муайяншудаи ин молу мулки гарав камтар нагардад.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, арзиши моли ба муомилот гузошташударо, баробари андозаи қисми ӯҳдадории бо гарав таъминшуда кам кардан мумкин аст.

  1. Моли дар муомилотбуда, ки аз ҷониби гаравдеҳ бегона карда шудааст, аз лаҳзаи ба соҳибмулкӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативии бадастоваранда гузаштанаш дигар мавзӯи гарав шуда наметавонад. То рўзи пурра кардани мавзӯи гарав, ки моли дар муомилотбуда аз ҷумлаи он аст, маблағи аз фурўши ин мол ба дастомада ба сифати мавзӯи гарав ҳисоб карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Моли дар муомилотбудае, ки гаравдеҳ онро аз рўи шартҳои шартномаи гарави моли дар муомилотбуда харидааст, аз лаҳзаи бо ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари ашёи ба ихтиёри гаравдеҳ гузаштанаш мавзӯи гарав қарор мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

  1. Гаравдеҳи моли дар муомилотбуда бояд дафтари сабти гаравҳоеро дошта бошад, ки дар он шарти ба гарав гузоштани мол, дигар амале, ки боиси тағйир додани таркиб ва ё шакли табиии моли ба гарав гузошташуда гардидаанд, аз ҷумла коркарди онро дар рӯзи охирини амалиёт инъикос намояд.
  2. Ҳангоми аз ҷониби гаравдеҳ вайрон карда шудани шарти ба гарав гузоштани моли дар муомилотбуда гаравгир ҳақ дорад ба рӯи он нишонаву мӯҳри худро гузошта, то бартараф намудани норасоиҳо, амалиётро бо ин молу мулк боздорад.

 

Моддаи 387. Ба гарав гузоштани мол дар гаравхона (ломбард)
  1. Аз шаҳрвандон ба гарав қабул кардани молу мулки манқуле, ки барои истеъмоли шахсӣ, кандани қарзи кӯтоҳмуддат таъин шудаанд, ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ташкилотҳои махсусгардонидашуда – гаравхона (ломбард)-ҳо, ки ба ин фаъолият иҷозатнома (лицензия) доранд, анҷом дода шуданаш мумкин аст.
  2. Шартномаи ба гарав гузоштани мол дар гаравхона (ломбард) бо додани чипта (билет) -и гарав аз тарафи гаравхона (ломбард) ба расмият дароварда мешавад.
  3. Молҳои багаравгузошта ба гаравхона (ломбард) супорида мешаванд. Гаравхона (ломбард) вазифадор аст моли ба гарав гирифтаашро ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ, бо арзиши пуррааш мутобиқи нархи чунин мол ва чунин сифат, ки одатан дар муассисаҳои савдо ҳангоми ба гарав гирифтан муайян карда мешавад, суғурта намояд.

Гаравхона (ломбард) ҳақ надорад моли ба гарав гузошташударо истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.

  1. Гаравхона (ломбард) барои гум ё осеб дидани моли ба гарав гузошташуда, агар исбот карда натавонад, ки гум ё осеб ёфтани мол ба қувваи рафънопазир вобаста аст, масъулият дорад.
  2. Ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда барнагардонидани қарзи моли ба гаравхона (ломбард) супурда, гарави он аст, ки гаравхона (ломбард) ҳақ дорад дар асоси иҷроварақаи нотариус бо гузаштани як моҳи имтиёзнок, ин молро бо тартиби барои фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда (қисмҳои 3, 4, 6 ва 7 моддаи 379) муқарраргардида фурӯшад. Пас аз ин талаботи гаравхона (ломбард) нисбати гаравдеҳ (қарздор), ҳарчанд маблағи фурӯши моли ба гарав гузошташуда барои пурра қонеъ намудани талабот нокифоя бошад ҳам қонеъ гашта ҳисоб мешавад.
  3. Қоидаҳои ба шаҳрвандон мувофиқи молу мулки ба гарав гузоштаашон қарздодани гаравхона (ломбард) -ро мутобиқи ҳамин Кодекс қонун муайян мекунанд.
  4. Шартҳои шартномаи дар гаравхона (ломбард) гарав гузоштани мол, ки ҳуқуқи гаравдеҳро дар муқоиса ба ҳуқуқҳои додаи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо маҳдуд месозад, эътибор надоранд. Бар ивази чунин шартҳо муқаррароти дахлдори қонун татбиқ карда мешаванд.

 

§ 4. НИГОҲ  ДОШТАН

 

Моддаи 388. Асосҳо барои нигоҳ доштан
  1. (Хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Бо нигоҳ доштани мол ҳамчунин талаботе қонеъ гардонида мешавад, ки бо пардохти мол ё ҷуброни хароҷоти он ва зиёнҳои дигари аз ӯҳдадорӣ барояндае, ки тарафҳои ин ӯҳдадорӣ ҳамчун соҳибкор баромад мекунанд, алоқаманд нестанд.

  1. Кредитор, сарфи назар аз он, ки баъди соҳиб шуданаш ба ин мол шахси сеюм ба он ҳуқуқ пайдо кардааст, молро нигоҳ дошта метавонад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қоидаҳои моддаи мазкур татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 389. Қонеъ намудани талабот аз ҳисоби ашёи нигохдошташуда

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Талаботи кредиторе, ки бо нигохдории ашё таъмин шудааст, аз ҳисоби арзиши он бо бартарӣ аз тамоми талаботи боқимондае, ки иҷрои онҳо бо худи ҳамин ашё таъмин шудааст, қонеъ гардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

§ 5. ЗАМОНАТ

 

Моддаи 390. Шартномаи замонат
  1. Тибқи шартномаи замонат зомин ӯҳдадор мешавад, ки дар назди кредитори дигар шахс барои пурра ё қисман иҷро намудани ӯҳдадориҳои он ҷавобгар бошад.
  2. Шартномаи замонат инчунин ҷиҳати таъмини ӯҳдадории минъбада, низ баста шуданаш мумкин аст.

Танҳо талаботи ҳақконӣ метавонад бо замонат таъмин карда шавад.

 

Моддаи 391. Шакли шартномаи замонат

Шартномаи замонат бояд хаттӣ тартиб дода шавад. Дар сурати ба тарзи хатти тартиб надодани он шартномаи замонат беэътибор мегардад.

 

Моддаи 392. Масъулияти зомин
  1. Ҳангоми иҷро нанамудан ё иҷрои номатлуби бо замонат таъмин кардани ӯҳдадорӣ зомин ва қарздор, агар қонун ва ё шартномаи замонат масъулияти субсидарии зоминро пешбинӣ накарда бошанд, дар назди кредитор муштарак ҷавобгар мебошанд.
  2. Агар дар шартномаи замонат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, зомин дар назди кредитор баробари қарздор, аз ҷумла дар пардохти фоиз, ҷуброни хароҷоти судӣ оид ба руёнидани қарз ва дигар зиёни ба кредитор дар натиҷаи ӯҳдадориро иҷро нанамудан ё номатлуб иҷро кардани қарздор расидааст, ҷавобгар мебошад.
  3. Ашхосе, ки якҷоя замонат додаанд, агар дар шартномаи замонат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар назди кредитор якҷоя ҷавобгаранд.
  4. Агар замонати аз ҷониби қарздор иҷро кардани ӯҳдадориро бонк ё дигар муассисаи кредитӣ, шахси суғуртакунанда ё дигар шахсе, ки зоминиро ба сифати фаъолияти касбии соҳибкорӣ анҷом медиҳад, ба ӯҳда гирифта, агар дар шартҳои шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, зомин дар назди кредитор дар доираи маблағи дар замонатнома зикршуда масъулият дорад.

 

Моддаи 393. Ҳуқуқи зомин ҷиҳати эътирози талаботи кредитор
  1. Агар аз шартномаи замонат тартиби дигаре барнаояд, кафил ҳақ дорад ба кредитор оид ба талаботаш, ки нисбат ба он қарздор метавонист арз кунад, эътироз намояд.

Зомин ҳатто дар ҳолате, ки қарздор аз эътироз даст кашидааст ё қарзи худро эътироф кардааст, ҳуқуқи эътироз карданро нигоҳ медорад.

  1. Зомин то қонеъ намудани талаботи кредитор ӯҳдадор аст қарздорро аз ин огоҳ намояд ва агар нисбат ба зомин даъво пешниҳод шуда бошад, қарздорро ба муҳокимаи парванда ҷалб намояд.

3.Агар зомин ӯҳдадориҳои дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашударо иҷро накарда бошад, қарздор ҳақ дорад ба муқобили талаботи акс (регресивӣ)-и зомин, ки ӯ ба муқобили кредитор дошт, эътироз намояд.

 

Моддаи 394. Ҳуқуқи зомине, ки ӯҳдадориашро иҷро кардааст
  1. Ба зомини ӯҳдадориашро иҷронамуда ҳуқуқи кредитор оид ба ин ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқи марбути кредитор ҳамчун гаравгир, дар он ҳаҷме, ки зомин талаботи кредиторро қонеъ намудааст, мегузарад. Зомин ҳамчунин ҳақ дорад аз қарздор пардохти фоизи маблағи ба кредитор додашуда ва ҷуброни дигар зиёнеро талаб намояд, ки бинобар масъулияти назди қарздор расидааст.
  2. Ҳангоми аз ҷониби зомин иҷро гардидани ӯҳдадорӣ кредитор бояд ба қарздор аснодеро супорад, ки ин талаботро ба қарздор тасдиқ мекунад, инчунин ӯро ҳуқуқдор созад, ки ин талаботро таъмин мекунад.
  3. Агар дар қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шартномаи байни зомин ва қарздор тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз муносибати байни онҳо барнаояд, қоидаҳои муайяннамудаи моддаи мазкур, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 395. Огоҳонидани зомин дар мавриди аз ҷониби қарздор иҷро шудани ӯҳдадорӣ

Қарздоре, ки ӯҳдадории бо замонат таъминшударо иҷро кардааст, вазифадор аст фавран зоминро аз ин огоҳ созад. Дар акси ҳол, зомине ки ӯҳдадориҳояшро дар навбати худ иҷро кардааст, ҳақ дорад аз кредитор маблағи беасос гирифтаашро рӯёнад ё ба қарздор талаботи  акс (регресивӣ) арз намояд. Дар ҳолати ба қарздор арз намудани талаботи акс (регресивӣ) қарздор ҳақ дорад аз кредитор танҳо маблағи беасос гирифтаашро рӯёнад.

 

Моддаи 396. Қатъи зоминат
  1. Замонат бо қатъи ӯҳдадории таъминнамудааш, инчунин дар ҳолати тағйир ёфтани ин ӯҳдадорӣ, ки боиси афзудани масъулият ё бидуни розигии зомин ба ӯ дигар оқибатҳои номусоид меоранд, қатъ мегардад.
  2. Агар зомин ба кредитор дар мавриди ҷавобгарӣ оид ба масъулияти қарздори нав розигӣ надода бошад, зоминат ҳангоми ба шахси дигар гузаронидани қарзи бо замонат таъминшудаи ӯҳдадорӣ, қатъ мегардад.
  3. Замонат ҳангоме, ки кредитор қабули иҷрои дурусти пешниҳоднамудаи қарздор ё зоминро рад мекунад, қатъ мегардад.
  4. Замонат бо гузашти мӯҳлати дар шартномаи замонат зикршуда, ки барои ҳамин мӯҳлат дода шудааст, қатъ мегардад. Агар мӯҳлат муайян нашуда бошад он ҳангоме қатъ мегардад, ки кредитор дар ҷараёни як сол аз рӯзи фаро расидани иҷрои ӯҳдадории бо замонат таъминшуда ба зомин арзи даъво накарда бошад. Ҳангоме, ки мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории асосӣ муайян карда нашудааст ва муайян шуданаш ҳам номумкин аст ё бо лаҳзаи пасталабкунӣ муайян карда шуда бошад, агар кредитор ба зомин дар тӯли ду сол аз рӯзи бастани шартномаи замонат арзи даъво накарда бошад, замонат қатъ мегардад.

 

§ 6. КАФОЛАТ

 

Моддаи 397. Мафҳуми кафолат

                1.Дар асоси кафолат бонк, дигар муассисаи кредитӣ ё ташкилоти суғурта (кафил) бо хоҳиши шахси дигар (принсипал) ба кредитори принсипал (бенефитсиар) мутобиқи шарти ӯҳдадории бо кафолат таъминшуда, бо пешниҳоди талабномаи бенефитсиар оид ба пардохти маблағ ӯҳдадории хаттӣ  медиҳанд.

  1. Шартнома дар бораи додани кафолат байни субъектҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд ва принсипал дар шакли хаттӣ баста мешавад. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи кафолат онро беэътибор мегардонад.
  2.    Дар кафолатнома бояд шахсе, ки бо хоҳиши ў кафолат дода мешавад, маблағ ва мўҳлати кафолат, номи кредитор оид ба кафолат, ўҳдадорие, ки таъмин карда мешавад, шартҳои пешниҳоди талабот, мўҳлати иҷрои кафолат, масъулияти кафил ва дигар шартҳои зарурӣ зикр карда шуда бошад.

 

Моддаи 398. Бо кафолат таъмин намудани ӯҳдадории принсипал

              1.Кафолат аз ҷониби принсипал иҷрои матлуби ӯҳдадориашро нисбат ба бенефитсиар (ӯҳдадории асосӣ) таъмин мекунад.

  1. Принсипал ба кафил барои додани кафолат подош медиҳад. Андозаи подош бо мувофиқаи тарафҳои шартнома муайян карда мешавад.

 

Моддаи 399. Мустақилияти кафолат аз ӯҳдадории асосӣ

Ӯҳдадории пешбининамудаи кафолати кафил назди бенефитсиар дар муносибати байни онҳо ба ӯҳдадории асосие вобаста намебошад, ки ҷиҳати  иҷрои он дода шудааст, ҳатто агар дар кафолат нисбати ин ӯҳдадорӣ ишора шуда бошад ҳам, вобаста намебошад.

 

Моддаи 400. Бебозхост будани кафолат

Агар дар кафолат  тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, он аз ҷониби кафил бозхост карда намешавад.

 

Моддаи 401. Гузаранда набудани ҳуқуқи кафолат

 

Бенефитсиар метавонад ҳуқуқҳои худро барои гирифтани пардохт аз кафил дар сурати қонеъ гардонидани талаботи бенефитсиар аз рӯи кафолат гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи тибқи кафолат ба бенефитсиар марбути  талабот ба кафил, ба дигар шахс вогузошта намешавад.

 

Моддаи 402. Эътибор пайдо кардани кафолат

Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кафолат аз рӯзи додашуданаш  эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 403. Пешниҳоди талабномаи  кафолат
  1. Талабномаи бенефитсиар дар мавриди пардохти маблағи кафолат бояд ба кафил, бо замимаи санади дар кафолат зикргардида пешниҳод карда шавад. Дар талабнома ё замимаи он бенефитсиар бояд зикр кунад, ки аз ҷониби принсипал риоя накардани ӯҳдадории асосӣ, ки ҷиҳати таъмини он кафолат дода шудааст, аз чӣ иборат аст.
  2. Талабномаи бенефитсиар ба кафил бояд то қатъи мӯҳлати дар кафолат муайяншуда, ки барои ҳамон мӯҳлат дода шудааст, пешниҳод гардад.

 

Моддаи 404. Ӯҳдадории кафил ҳангоми баррасии талабномаи бенефитсиар
  1. Ҳангоми гирифтани талабномаи бенефитсиар кафил вазифадор аст фавран аз ин принсипалро огоҳ намояд ва ба ӯ нусхаи талабномаро бо ҳамаи санади марбут ба он диҳад.
  2. Кафил бояд талабномаи бенефитсиарро бо ҳама санади замимагардида дар мӯҳлати мувофиқ баррасӣ намуда, барои муайян кардани он, ки ин талабнома ва санади замимашуда ба шартҳои кафолат мутобиқанд, ғамхории оқилона зоҳир намояд.

 

Моддаи 405. Иҷрои талабномаи бенефитсиарро рад намудани кафил
  1. Агар талабномаи бенефитсиар ё санади ба он замимашуда ба шарти кафолат мутобиқ набошанд ё ба кафил пас аз хотимаи мӯҳлати дар кафолат муайяншуда пешниҳод гардида бошанд, кафил қонеъ намудани талабномаи бенефитсиарро рад мекунад.

Кафил бояд бенефитсиарро аз қонеъ накардани ин талабнома  фавран огоҳ созад.

  1. Агар то қонеъ намудани талабномаи бенефитсиар ба кафил маълум гардида бошад, ки ӯҳдадории асосии бо кафолат таъминшуда пурра ё як қисми дахлдори он иҷро шудааст, аз рӯи дигар асосҳо қатъ ёфтааст ё худ беэътибор мебошад, ӯ бояд аз ин бенефитсиар ва принсипалро фавран огоҳ созад.

Агар баъди чунин огоҳсозӣ кафил талабномаи такрории бенефитсиарро гирифта бошад, бояд онро қонеъ гардонад.

 

Моддаи 406. Ҳадди ӯҳдадориҳои кафил
  1. Ӯҳдадории пешбининамудаи кафил дар назди бенефитсиар бо пардохти маблағе, ки ба он кафолат дода шудааст, маҳдуд карда мешавад.

2.Масъулияти кафил дар назди бенефитсиар барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадории бо кафолат таъминшуда аз ҷониби кафил, агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо маблағи  кафолат додашуда маҳдуд карда намешавад.

 

Моддаи 407. Қатъи кафолат
  1. Ӯҳдадории кафил дар назди бенефитсиар оид ба кафолат дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

а) ба бенефитсиар пардохтани маблағе, ки ба он кафолат дода шудааст;

б) бо хотима мӯҳлати дар кафолат муайяншуда, ки барои ҳамон мӯҳлат дода шудааст;

в) дар натиҷаи даст кашидани бенефитсиар аз ҳуқуқи худ оид ба кафолат ва ба кафил баргардонидани ин ҳуқуқ;

г) дар натиҷаи аз ҳуқуқи оид ба кафолат бенефитсиар даст кашидан бо усули изҳороти хаттӣ дар мавриди аз ӯҳдадорӣ озод кардани кафил.

Қатъи ӯҳдадории кафил бошад асосҳои дар зербандҳои а), б) ва г) ҳамин қисм зикргардида ба он вобаста намебошад, ки оё кафолат ба ӯ баргардонида шудааст.

  1. Кафиле, ки барояш қатъи кафолат маълум шудааст, бояд фавран аз ин принсипалро огоҳ созад.

 

Моддаи 408. Талаботи акси кафил ба принсипал
  1. Ҳуқуқи кафил дар мавриди аз принсипал мутобиқи тартиби даъвои акс (регресивӣ) талаб кардани ҷуброни маблағе, ки ба бенефитсиар дар асоси кафолат дода шудааст, тибқи созишномаи кафил бо принсипал, ки ҷиҳати иҷрои он кафолат дода шуда буд, муайян мегардад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кафил ҳақ надорад аз принсипал ҷуброни маблағеро, ки ба бенефитсиар бидуни риояи шарти кафолат ё бо вайрон кардани ӯҳдадории кафил дар назди бенефитсиар пардохта шудааст, талаб намояд.

 

§ 7. БАЙЪОНА

 

Моддаи 409. Мафҳуми байъона. Шакли шартномаи байъона
  1. Байъона маблағе эътироф карда мешавад, ки як тарафи имзокунандаи шартнома мутобиқи маблағи тибқи шартнома пардохташаванда барои исботи бастани шартнома ва таъмини иҷрои он ба ҳисоби тарафи дигар мегузаронад.
  2. Шартнома дар бораи байъона, сарфи назар аз маблағи байъ, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  3. Ҳангоми шубҳа кардан ба он, ки оё маблағи аз ҷониби дигар ба ҳисоби шартномаи пардохт гузаронидашуда байъона аст ё на, аз ҷумла дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои муайяннамудаи қисми 2 ҳамин модда, ин маблағ, агар тартиби дигаре исбот нашуда бошад, ба сифати пешпардохт эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 410. Оқибати қатъ ёфтан ва иҷро накардани ӯҳдадории бо байъона таъминшуда
  1. Агар ӯҳдадорӣ то оғози иҷрояш бо созишномаи тарафҳо ё дар натиҷаи имконнопазирии иҷро (моддаи 448) қатъ ёбад, байъона бояд баргардонида шавад.
  2. Агар барои иҷро нашудани шартнома тарафе, ки байъона додааст масъулият дошта бошад, байъона дар ихтиёри тарафи дигар мемонад. Агар барои иҷро нашудани шартнома тарафе ҷавобгар бошад, ки байъона гирифтааст, он бояд ба тарафи дигар маблағи дукаратаи байъонаро супорад.

Бар замми ин тарафе, ки барои иҷро нашудани шартнома ҷавобгар аст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бояд ба тарафи дигар товони зиёнро бо баҳисобгирии маблағи байъона пардозад.

 

БОБИ 23. ИВАЗ ШУДАНИ ШАХС ДАР ӮҲДАДОРӢ

 

§ 1. ГУЗАШТАНИ ҲУҚУҚИ КРЕДИТОР БА ШАХСИ ДИГАР

 

Моддаи 411. Асос ва тартиби гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар
  1. Ҳуқуқе (талаботе), ки дар асоси ӯҳдадорӣ ба кредитор тааллуқ дорад тибқи аҳд ба дигар шахс (гузашт кардани талабот) дода шуданаш мумкин аст ё дар асоси қонун метавонад ба дигар шахс гузарад.

Қоидаҳои гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар дар мавриди талаботи акс (регресивӣ) татбиқ карда намешаванд.

  1. Дар ҳолати гарав, гузашти ҳуқуқ (талабот) ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон, навбати қонеъгардонии талаботи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар, розигии қарздор талаб карда намешавад.

  1. Агар қарздор ба таври хаттӣ дар мавриди амали анҷомдодашудаи ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи кредитор огоҳ нашуда бошад, кредитори нав вобаста ба ин таваккали сар задани оқибати номусоидро ба ӯҳда мегирад. Дар чунин ҳолат иҷрои ӯҳдадории кредитори ибтидоӣ иҷрои ӯҳдадории кредитори муносиб эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 412. Ҳуқуқҳое, ки ба дигар шахс гузашта наметавонанд

Ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи кредитор, ки ба таври ногусастанӣ ба шахсияти ӯ алоқаманд мебошад, аз ҷумла талабот оид ба алимент ва ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расидааст, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 413. Андозаи ҳуқуқи кредитор, ки ба шахси дигар мегузарад

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи кредитори ибтидоӣ ба кредитори нав дар ҳaҷм ва мутобиқи шарте мегузарад, ки то лаҳзаи гузаштани ҳуқу мавҷуд буд. Аз ҷумла ба кредитори нав ҳуқуқе, ки иҷрои ӯҳдадориро таъмин мекунад, ҳамчунин дигар ҳуқуқҳои вобаста ба талабот, аз ҷумла ҳуқуқ ба фоизҳои пардохтнашуда низ мегузарад.

 

Моддаи 414. Далелҳои ҳуқуқи кредитори нав
  1. Қарздор ҳақ дорад то аз ҷониби кредитори нав пешниҳод кардани далелҳо оид ба гузаштани ҳуқуқи талабот ӯҳдадориашро нисбати ин шахс иҷро накунад.
  2. Кредитори талаботашро ба шахси дигар гузашткарда вазифадор аст ба ӯ санади тасдиқкунандаи ҳуқуқи талабашро диҳад ва маълумоти барои татбиқи ӯҳдадорӣ муҳимро ба ӯ расонад.

 

Моддаи 415. Эътирози қарздор нисбати талаботи кредитори нав

Қарздор ҳақ дорад ба муқобили талаботи кредитори нав эътирозеро, ки ба ӯ нисбат ба кредитори ибтидоӣ то лаҳзаи гирифтани огоҳинома оид ба гузаштани ҳуқуқи ӯҳдадорӣ ба кредитори нав дошт, арз намояд.

 

Моддаи 416. Дар асоси қонун ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи кредитор

Ҳуқуқи кредитор оид ба ӯҳдадорӣ ба шахси дигар дар асоси қонун ва фаро расидани ҳолатҳои дар он нишондодашуда мегузарад:

а) дар натиҷаи  гузаштани ҳуқуқҳои умумии вориси ҳуқуқи кредитор;

б) бо қарори суд дар мавриди ба дигар шахс гузаронидани ҳуқуқи кредитор, дар сурате ки имконияти чунин гузаронидан дар қонун пешбинӣ гардида бошад;

в) дар натиҷаи иҷро намудани ӯҳдадории қарздор аз ҷониби зомин ё гаравдеҳ, ки аз рӯи ин ӯҳдадорӣ қарздор намебошанд;

г) ҳангоми суброгация кардани ҳуқуқи кредитор аз тарафи суғуртакунанда ба қарздоре, ки барои фаро расидани ходисаи суғурта масъулият дорад;

д) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.

 

Моддаи 417. Шарти гузашт кардани талабот
  1. Ба дигар шахс гузашт кардани талабот аз ҷониби кредитор дар ҳолате, ки он хилофи қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шартнома набошад, иҷозат дода мешавад.
  2. Гузашт кардани талабот аз рӯи ӯҳдадорӣ, ҳангоме ки шахсияти кредитор барои қарздор дорои аҳамияти назаррас мебошад: бидуни розигии қарздор, иҷозат дода намешавад.
  3. Бе розигии қарздор гузашт кардани талабот аз рӯи ӯҳдадории дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ӯро аз иҷрои ин талабот, ки ба ин шахс гузашт карда шудааст, озод наменамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).

 

Моддаи 418. Шакли гузашт кардани талабот
  1. Талаботе, ки ба аҳди оддии хаттӣ ё нотариалӣ асос ёфтааст, бояд ба тарзи дахлдори хаттӣ гузашт карда шавад.
  2. Агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад гузашт кардани талабот аз рӯи аҳде, ки бақайдгирии давлатиро тақозо мекунад, бояд мутобиқи тартиби барои бақайдгирии чунин аҳд пешбинишуда, ба қайд гирифта шавад.
  3. Талабот аз рӯи коғази қиматноки ордерӣ бо роҳи индоссамент (навиштаҷоти таҳлилӣ)-и ин коғази қиматнок (қисми 3 моддаи 160) гузашт карда мешавад.

 

Моддаи 419.  Масъулияти кредиторе, ки талабашро гузашт кардааст

Кредитори ибтидоӣ, ки талабашро гузашт кардааст, дар назди кредитори нав барои нодуруст будани талаботи ба ӯ додааш ҷавобгар буда, вале барои иҷро нагардидани ин талаб аз ҷониби қарздор, ба ғайр аз ҳолате, ки кредитори ибтидоӣ дар назди кредитори нав  кафилии қарздорро ба ӯҳда гирифтааст, ҷавобгар намебошад.

 

§ 2. ГУЗАРОНИДАНИ  ҚАРЗ

 

Моддаи 420. Шарт ва шакли гузаронидани қарз
  1. Аз ҷониби қарздор ба дигар шахс гузаронидани қарз танҳо бо розигии кредитор иҷозат дода мешавад.
  2. Ба шакли гузаронидани қарз мувофиқан қоидаҳои оид ба шакли гузашти талабот татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 421. Эътирози қарздори нав ба муқобили талаби кредитор

Қарздори нав ҳақ дорад ба талаби кредитор, ки ба муносибати байни ӯ ва қарздори ибтидоӣ асос ёфтаанд, эътироз кунад.

 

БОБИ 24. МАСЪУЛИЯТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ӮҲДАДОРӢ

 

Моддаи 422. Мафҳуми вайрон кардани ӯҳдадорӣ
  1. Таҳти мафҳуми вайрон кардани ӯҳдадорӣ иҷро накардан ё иҷрои номатлуб (сари вақт иҷро накардан, норасоиҳои мол ва корҳо, вайрон кардани дигар шартҳо ё ки аз моҳияти ӯҳдадорӣ бармеояд) дар назар дошта шудааст (иҷрои номатлуб). Дар сурати пеш омадани ҳолати ғайриимкони иҷрои матлуб қарздор бояд фавран кредиторро огоҳ созад.
  2. Ба ҷавобгарӣ кашидани қарздор барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ тибқи талаби кредитор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 423. Товони зиёне, ки дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадорӣ расонида шудааст
  1. Қарздоре, ки ӯҳдадориро вайрон кардааст, вазифадор аст ба кредитор товони зиёни дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадорӣ расидаро пардозад (моддаи 15 ҳамин Кодекс). Ҷуброни зиён оид ба ӯҳдадориҳое, ки бо ҷаримаи аҳдшиканӣ таъмин шудааст, мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 424 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
  2. Созишномаи то вайрон кардани ӯҳдадорӣ қабулнамудаи тарафҳо дар мавриди озод кардани қарздор аз товони зиёни аз вайрон кардан расонидашаванда беэътибор буда, вале тарафҳо бо розигии ҳамдигар метавонанд танҳо рӯёнидани зиёни воқеии ба молу мулк расонидашударо пешбинӣ намоянд.
  3. Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми муайян кардани зиён нархҳои маҳалле, ки ӯҳдадорӣ мебоист дар он ҷо ба иҷро расонда шавад, дар рӯзи ихтиёран қонеъ намудани талаби кредитор аз ҷониби қарздор ба эътибор гирифта мешавад, вале агар талабот ихтиёран қонеъ карда нашуда бошад – нархҳои дар рӯзи арз шудани даъво амалкунанда ба инобат гирифта мешаванд. Бо назардошти ҳолатҳо, суд метавонад талаби товони зиёнро бо ба инобат гирифтани нархҳое, ки дар рӯзи баровардани қарор амал мекунанда ё дар рӯзи пардохти воқеӣ ҷорӣ мебошанд, қонеъ намояд.
  4. Ҳангоми муайян кардани андозаи даромади аздастрафта, тадбирҳои андешидаи кредитор барои гирифтани ин даромад ва барои ин мақсад омодагӣ дидани ӯ ба инобат гирифта мешавад.
  5. Агар кредитор, исбот карда тавонад, ки ҳамагуна амали қарздор, бо мақсади саркашӣ аз масъулият барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ анҷом дода шудааст, оид ба беэътибор донистани ин амалҳо ҳақ дорад, талабот арз намояд.

 

Моддаи 424. Зиён ва  ноустуворона
  1. Агар барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ ноустуворона муқаррар гардида бошад, пас зиён дар қисми бо ноустуворона таъминнашуда рӯёнида мешавад.

Қонунҳо ва ё шартнома ҳолатҳои зайлро пешбинӣ намуданашон мумкин аст: ҳангоме, ки танҳо рӯёнидани ноустуворона иҷозат дода мешавад, вале на товони зиён; ҳангоме, ки товони зиён метавонад ба маблағи пурра бар замми ҷаримаи ахдшиканӣ руёнида шавад; ҳангоме, ки мутобиқи интихоби кредитор ё ҷаримаи ахдшиканӣ ё товони зиён руёнида мешавад.

  1. Дар ҳолатҳое, ки барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ масъулияти маҳдуд муайян карда шудааст, товони зиёне, ки бояд дар қисми бо ҷаримаи аҳдшиканӣ таъминнашуда ё бар замми он ё бар ивази он руёнида шаванд, то ҳадде бо чунин маҳдудсозӣ муқарраргардида, ҷуброн шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 425. Ҷуброни зиёни маънавӣ, ки дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадорӣ расонида шудааст

Зиёни маънавӣ (азоби ҷисмонӣ ё рӯҳӣ), ки  ба шаҳрванд дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадорӣ расонида шудааст, бар замми товони зиёни пешбининамудаи моддаи 423 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 426. Масъулият барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр
  1. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр дар натиҷаи иҷро накардани ӯҳдадории пулӣ, ё гузаронидани мӯҳлати пардохти он ё бидуни асос гирифтани он ё ба амонат гузоштан аз ҳисоби шахси дигар бояд ба андозаи ин маблағ фоиз пардохта шавад. Андозаи фоиз бо назардошти ставкаи миёнаи фоизи бонк, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи иҷрои ӯҳдадории пулӣ ё қисми дахлдори ин ӯҳдадорӣ муайян кардааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми аз тариқи суд руёнидани қарз суд метавонад талаботи кредиторро бо дарназардошти ставкаи миёнаи баҳисобгирии фоизи бонк дар рӯзи пешниҳоди даъво ё дар рӯзи баровардани қарор ё дар рӯзи пардохти воқеӣ қонеъ намояд. Ин қоидаҳо, агар дар санади қонунӣ ё шартнома фоизи дигар муқаррар нашуда бошад, татбиқ мегарданд.
  2. Агар дар қонунҳо ва ё шартнома барои ҳисоби фоиз мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтар муайян нагардида бошад, фоизи истифодаи маблағи ғайр то рӯзи пардохти ин маблағ ба кредитор руёнида мешавад.
  3. Агар зиёни ба кредитор расонида шуда дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии маблағҳои пулии ӯ аз маблағи фоизи дар асоси қисми 1 ҳамин модда додашаванда бештар бошад, ӯ ҳақ дорад аз қарздор товони зиёнро ба ҳамон андозаи қисме, ки аз он маблағ бештар аст, талаб намояд.
  4. Зам кардани фоиз ба фоиз, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун дохил кардани фоизи соли гузаштаро ба маблағи асосии қарз пешбинӣ намудааст, манъ мебошад.
  5. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи пулии ғайр аз рӯи ӯҳдадории пулӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад, бар замми маблағи дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда ба андозаи панҷ фоизи маблағи солонае, ки мӯҳлати пардохташ гузаштааст, агар дар шартнома фоизи нисбатан баландтари ҷарима муқаррар нагардида бошад, ҷарима руёнида мешавад.

 

Моддаи 427. Масъулият ва иҷрои ӯҳдадорӣ дар шакли асл (натура)
  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пардохти ноустуворона ва товони зиён дар сурати иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ қарздорро аз иҷрои ӯҳдадорӣ дар шакли асл (натура), озод намекунад.
  2. Агар дар қонун ва ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, товони зиён дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадорӣ ва пардохти ноустуворона барои иҷро накардани он, қарздорро аз иҷрои ӯҳдадорӣ дар шакли асл (натура) озод мекунад.
  3. Аз ҷониби кредитор рад карда шудани қабули иҷрои ӯҳдадорӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани мӯҳлат барои ӯ аҳамияташро (қисми 2 моддаи 436) гум кардааст, инчунин пардохти ноустуворона, ки ба сифати ҳуқуқи даст кашидан (моддаи 441) муқаррар гардидааст, қарздорро аз иҷрои ӯҳдадорӣ дар шакли асл (натура) озод мекунад.

 

Моддаи 428. Иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҳисоби қарздор

Ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тайёр кардан ва ба моликияти хусусӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ё дигар идораи оперативӣ супоридан ё инки додани мол ба истифодаи кредитор, ё барои ӯ иҷро намудани кори муайян ё расонидани ҳизмат ба ӯ кредитор ҳақ дорад иҷрои ӯҳдадориро дар мӯҳлати мувофиқ, бо нархи муносиб ба шахси сеюм супорад ё онро бо қувваи худ иҷро кунад ва агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шартнома ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд, аз қарздор ҷуброни хароҷоти зарурии масрафшуда ва дигар зиёнро талаб намояд.

 

Моддаи 429. Оқибати иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба додани моли муайяни инфиродӣ

Дар сурати иҷро накардани ӯҳдадорӣ оиди ба моликияти хусусӣ, пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативӣ ё истифодаи боподоши ба кредитор додани моли муайяни инфиродӣ,  охирин ҳақ дорад дар асоси шартҳои пешбининамудаи ӯҳдадорӣ аз қарздор кашида гирифтани ин мол ва ба кредитор додани онро талаб намояд. Агар мол қаблан ба шахси сеюме дода шуда бошад, ки ҳуқуқи моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ дорад, ин ҳуқуқ беэътибор аст. Агар мол ҳанӯз ба кредитор дода нашуда бошад, он кредиторе дорои афзалият мебошад, ки ба манфиати ӯ ӯҳдадорӣ пештар ба миён омадааст ва агар муайян намудани ин ғайриимкон бошад, оне ки барвақттар даъво арз кардааст, афзалият дорад.

Бар ивази талаби ба ӯ додани моле, ки мавзӯи ӯҳдадорӣ мебошад, кредитор ҳақ дорад, ҷуброни зиёнро талаб намояд.

 

Моддаи 430. Масъулияти  иловагӣ
  1. То арзи талабот ба шахсе, ки мутобиқи қонун ё шарти ӯҳдадорӣ иловатан ба масъулияти шахси дигар, ки қарздори асосӣ мебошад, масъулият дорад (масъулияти иловагӣ), кредитор бояд ба қарздори асосӣ талабот арз кунад.

Агар қарздори асосӣ  талаботи кредиторро қонеъ  нанамояд ё аз қонеъгардонии он саркашӣ кунад ин талаботро ба шахсе, ки масъулияти иловагиро (субсидариро) ба зимма дорад, арз кардан мумкин аст.

  1. Агар талаботи кредитор бо роҳи баҳисобгирии даъвои акс ба қарздори асосӣ ё бидуни баҳс руёнидани маблағ аз ҳисоби қарздори асосӣ гардонида шавад, ӯ ҳақ надорад қонеъ намудани талаботи худро ба қарздори асосӣ аз шахсе талаб кунад, ки масъулияти иловагиро ба зимма дорад.
  2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахсе, ки масъулияти иловагиро ба зимма дорад, метавонад нисбат ба қарздори асосӣ талабот арз намояд.
  3. Шахсе, ки масъулияти иловагиро ба зимма дорад, бояд то қонеъ намудани талаботи аз ҷониби кредитор гузошташуда дар маврид қарздори асосиро огоҳ созад ва агар ба чунин шахс даъво арз шуда бошад, қарздори асосиро барои иштирок дар парванда ҷалб намояд.

Дар акси ҳол қарздори асосӣ ҳақ дорад ба муқобили талаботи акс (регрес) - и шахси ба таври иловагӣ масъулиятдошта эътирозеро, ки ӯ нисбат ба кредитор дошт, арз намояд.

 

Моддаи 431. Маҳдуд сохтани андозаи масъулият оид ба ӯҳдадорӣ
  1. Аз рӯи навъҳои алоҳидаи ӯҳдадорӣ ва ӯҳдадорие, ки ба шаклҳои муайяни фаъолият алоқаманд мебошанд, қонун ҳуқуқи ҷуброни пурраи зиёнро маҳдуд сохтанаш мумкин аст (масъулияти маҳдуд).
  2. Созишномаи маҳдуд сохтани андозаи масъулияти қарздор оид ба шартномаи ҳамроҳшавӣ ё дигар шартномае, ки дар он шаҳрванди кредитор истеъмолкунанда мебошад, эътибор надорад, ба шарте ки андозаи масъулиятро барои ҳамин навъи ӯҳдадорӣ ё ҳамин қонуншиканиро қонун муайян карда, созишнома то фаро расидани ҳолате, ки барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ боиси ҷавобгарӣ мегардад, баста шуда бошад.

 

Моддаи 432. Асосҳои масъулият барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ
  1. Шахсе, ки ӯҳдадориро иҷро накардааст ё онро номатлуб иҷро кардааст, ҳангоми мавҷуд будани гуноҳ (қасдан ё аз сабаби беэҳтиётӣ), ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун ё шартнома дигар асосҳои масъулиятро пешбинӣ намудаанд, ҷавобгар мебошад.

Шахс ҳангоме бегуноҳ дониста мешавад, ки агар бо вуҷуди ҳама гуна ғамхорӣ ва мулоҳизакорие, ки вобаста ба хусусиёти ӯҳдадорӣ ва шарти аҳд аз ӯ талаб кардашуда буд, ҷиҳати иҷрои матлуби ӯҳдадорӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида бошад.

  1. Бе гуноҳии худро шахсе, ки ӯҳдадориро вайрон кардааст, исбот мекунад.
  2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахсе, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ӯҳдадориро иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст, агар исбот накунад, ки иҷрои матлуби ӯҳдадорӣ дар натиҷаи қувваи рафънопазир, яъне дар ҳамон шароит фавқулодда ва ногузир имконнопазир гаштааст, масъулият ба зимма дорад. Ба чунин ҳолатҳо, аз ҷумла вайрон кардани ӯҳдадорӣ аз тарафи контрагентҳои қарздор, дар бозор мавҷуд набудани молҳои барои иҷро зарурӣ, маблағи зарурӣ надоштани қарздор дохил намешаванд. Мутобиқи шартнома ё қонун шартҳои дигари аз масъулият озод кардани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ низ пешбинӣ шуданашон мумкин аст.
  3. Созишномаи қаблан басташуда дар мавриди бартараф намудан ё маҳдуд сохтани масъулияти қасдан вайрон кардани ӯҳдадорӣ эътибор надорад.

 

Моддаи 433. Масъулияти қарздор барои кормандони худ

Амали кормандони қарздор ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояш амали қарздорӣ эътироф карда мешавад. Агар ин амал боиси иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ гардида бошад, қарздор барои ин амал ҷавобгар аст.

 

Моддаи 434. Масъулияти қарздор оид ба амали шахси сеюм
  1. Қарздор инчунин дар ҳoлатҳое, ки сабаби риоя накардани ӯҳдадорӣ амал ё беамалии шахси сеюм оид ба ӯҳдадориҳояшон дар назди қарздор гаштааст, дар назди кредитор масъулият дорад.

Агар дар қонун муайян нашуда бошад, ки масъулият ба зиммаи иҷрокунандаи бевосита гузошта мешавад, қарздор инчунин барои амал ё беамалии шахси сеюм, ки ба онҳо қарздор иҷрои ӯҳдадориашро дар назди кредитор вогузошта буд, дар назди кредитор ҷавобгар аст.

  1. Қарздор аз масъулияти вайрон кардани ӯҳдадорӣ, ки аз амал ё беамалии шахси сеюм бармеояд, озод карда шуданаш мумкин аст, ба шарте ки бегуноҳии онҳоро исбот карда тавонад.

Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ қарздор аз масъулияти вайрон кардани ӯҳдадорӣ, ки аз амал ё беамалии шахси сеюм бармеояд, озод карда шуданаш мумкин аст, ба шарте ки он бо қувваи рафънопазир алоқаманд бошад (қисми 3 моддаи 432 ҳамин Кодекс).

  1. Ҳангоми вайрон кардани ӯҳдадорӣ, ки бо мушкил гардидани мавзӯи ӯҳдадорӣ бо ҳуқуқҳои шахси сеюм алоқаманд аст, қарздор танҳо дар сурате аз масъулият озод карда мешавад, ки агар чунин мушкилот то бастани шартнома бо кредитор пеш омада бошад ва кредитор ҳангоми бастани шартнома аз ин огоҳонида шуда буд.
  2. Қонунҳо ё шартнома шартҳои дигари ҷавобгарии қарздорро барои амали шахси сеюм пешбинӣ карда метавонанд.

 

Моддаи 435. Оқибатҳои вайрон кардани ӯҳдадорӣ бо гуноҳи ҳар ду тараф
  1. Агар иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ бо гуноҳи хар ду тараф содир шуда бошад, суд мувофиқан андозаи масъулияти қарздорро камтар мекунад. Агар касдан ё аз беэҳтиётӣ кредитор дар натиҷаи иҷро накардан ё иҷрои номатлуб ба зиёд шудани ҳаҷми зиён мусоидат карда бошад ё барои кам кардани ҳаҷми он тадбирҳои оқилона наандешида бошад, суд инчунин ҳақ дорад андозаи масъулияти қарздорро кам кунад.
  2. Қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда мувофиқан инчунин дар ҳолатҳое низ татбиқ мегарданд, ки қарздор дар асоси қонун ё шартнома, сарфи назар аз гуноҳи худ, барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ масъулият дошта бошад.

 

Моддаи 436. Аз ҷониби қарздор гузаронидани мӯҳлат
  1. Дар мўҳлати муқаррарнамуда аз ҷониби қарздор иҷро накардани ўҳдадорӣ мўҳлатгузаронии қарздор эътироф карда мешавад.
  2. Қарздоре, ки мӯҳлати иҷрои ӯҳдадариро гузаронидааст, дар назди кредитор барои зиёни аз гузаронидани мӯҳлат расида ва барои оқибати тасоддуфе ҷавобгар мебошад, ки аз гузаронидани мӯҳлат фаро расидааст.
  3. Агар дар натиҷаи гузаронидани мӯҳлат аз ҷониби қарздор иҷрои ӯҳдадорӣ барои кредитор манфиаташро гум карда бошад, ӯ метавонад қабули иҷрои ӯҳдадориро рад кунад ва ҷуброни зиёнро талаб намояд.
  4. То замоне, ки ӯҳдадорӣ бо сабаби мӯҳлатро гузаронидани кредитор иҷро нагардад қарздор мӯҳлатро гузаронида ҳисоб намеёбад.

 

Моддаи 437. Аз ҷониби кредитор гузаронидани мӯҳлат
  1. Агар кредитор қабули иҷрои матлуби пешниҳоднамудаи қарздорро рад карда бошад ё амали дар қонунҳо ё созишнома пешбинишуда ё аз анъанаҳои аҳдҳои корӣ ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ бармеомадаро иҷро накарда бошад, ки то анҷом додани он қарздор наметавонист ӯҳдадории худро иҷро кунад, ӯ мӯҳлатро гузаронида ба ҳисоб меравад.

Кредитор инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 440 ҳамин Кодекс мӯҳлатро гузаронида ба ҳисоб меравад.

  1. Аз ҷониби кредитор гузаронидани мӯҳлат, агар кредитор исбот карда натавонад, ки гузаронидани мӯҳлат мутобиқи ҳолатҳое ба миён омадааст, ки барои он ҳолат на ӯ шахсан ва на дигар шахси ба зиммаашон бо амри қонун ё супориши кредитор қабули иҷрои ӯҳдадорӣ вогузошташуда ҷавобгар намебошанд, ба қарздор ҳуқуқ медиҳад, ки зиёни аз сабаби гузаронидани мӯҳлат расонидашударо талаб намояд.

Ба зиммаи кредиторе, ки ба гузаронидани мӯҳлат роҳ додааст, ҳамаи оқибатҳои номусоиди дар давраи гузаронидани мӯҳлат бамиёномадаи имконнопазирии ногаҳонии иҷрои ӯҳдадорӣ гузошта мешавад.

  1. Мутобиқи ӯҳдадории пулӣ барои пардохти фоиз дар давраи гузаронидани мӯҳлат аз тарафи кредитор қарздор масъул намебошад.

 

Моддаи 438. Таваккали соҳибкорӣ дар ӯҳдадорӣ

Агар дар ӯҳдадорӣ иҷрои ягон коре бо фармоиши соҳибкор пешбинӣ гардида бошад, таваккали имконнопазирӣ ё мувофиқи мақсад набудани истифодаи натиҷаи кор ба зиммаи соҳибкор гузошта мешавад. Шахсе, ки корро матлуб анҷом додааст, ҳақ дорад баробари дараҷаи иҷро ҳаққи корашро гирад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар шартнома тақсими дигари таваккали соҳибкорӣ пешбинӣ нагардида бошад.

 

БОБИ 25. ҚАТЪИ  ӮҲДАДОРӢ

 

Моддаи 439. Асосҳо барои қатъи ӯҳдадорӣ
  1. Ӯҳдадорӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва санади ҳуқуқӣ ё шартнома қисман ё пурра қатъ мегардад.
  2. Қатъи ӯҳдадорӣ бо талаби яке аз тарафҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома равост.

 

Моддаи 440. Қатъи ӯҳдадорӣ бо иҷрои он
  1. Иҷрои матлуб ӯҳдадориро қатъ месозад.
  2. Кредитор иҷрои ӯҳдадориро қабул намуда, вазифадор аст бо талаби қарздор ба ӯ дар мавриди пурра ё қисми дахлдорро қабул кардани он забонхат диҳад.

Агар қарздор барои тасдиқи ӯҳдадорӣ ба кредитор ҳуҷҷти қарзро супорида бошад, пас кредитор иҷроро қабул карда, бояд ин ҳуҷҷатро пас диҳад ва ҳангоми набудани имконияти баргардонидани он дар забонхат дар ин маврид сабт кунад. Забонхатро бо сабти рӯзи дар ҳуҷҷати қарзи баргардонидашаванда иваз кардан мумкин аст. Дар дасти қарздор будани ҳуҷҷати қарз, агар далели дигаре исбот нашуда бошад, қатъи ӯҳдадориро тасдиқ мекунад.

Ҳангоми забонхат надодан, ҳуҷҷати қарзро барнагардондани кредитор ё дар забонхат сабт намудани имконнопазирии баргардонидани он қарздор ҳақ дорад иҷрои ӯҳдадориро боздорад. Дар ин ҳолат кредитор мӯҳлатро гузаронида меҳисобад.

 

Моддаи 441. Ҳаққи дасткашӣ

Мутобиқи созишномаи байни тарафҳо ӯҳдадорӣ бо додани ҳаққи дасткашӣ (пардохти пул, додани молу мулк ва ғайра) бар ивази иҷро метавонад қатъ гардад. Андоза, мӯҳлат ва тартиби додани ҳаққи дасткашӣ аз ҷониби тарафҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 442. Қатъи ӯҳдадорӣ бо баҳисобгирӣ

Ӯҳдадорӣ бо баҳисобгирии талаботи якхелаи мутақобил, ки мӯҳлаташ фаро расидааст ё мӯҳлаташ муайян нашудааст ё бо лаҳзаи талабидан муқаррар карда шудааст, пурра ё қисман қатъ мегардад. Барои баҳисобгирӣ аризаи як тараф кифоя аст.

 

Моддаи 443. Ҳолатҳои номумкин будани баҳисобгирӣ

Дар ҳолатҳои зайл баҳисобгирӣ номумкин аст:

а) агар тибқи аризаи тарафи дигар ба талабот мӯҳлати даъво истифода шуда ва ин мӯҳлат гузашта бошад;

б) ҳангоми ҷуброни зиёни ба ҳаёт ё саломатӣ расонидашуда;

в) ҳангоми руёнидани алимент;

г) ҳангоми таъмини умрбод;

д) дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома.

 

Моддаи 444. Баҳисобгирӣ ҳангоми гузашт кардани талабот
  1. Дар ҳолати гузашт кардани талабот қарздор ба муқобили талаботи кредитори нав ҳақ дорад талаботи мутақобили худро ба кредитори ибтидоӣ ба ҳисоб гирад.
  2. Агар талабот ба қарздор тибқи асосҳои то гирифтани огоҳинома дар бораи гузашт карда шудани талабот зарур шуда, мӯҳлати талабот то гирифтани он фаро расида бошад ё ин мӯҳлат нишон дода нашуда бошад ё бо лаҳзаи дархост муайян гардида бошад, талаб ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 445. Қатъи ӯҳдадорӣ ҳангоми чун як шахс мувофиқ омадани қарздор ва кредитор

Агар қарздор ва кредитор чун як шахс мувофиқ оянд, ӯҳдадорӣ қатъ мегардад.

 

Моддаи 446. Қатъи ӯҳдадорӣ бо сабаби нав шудани он (новатсия)
  1. Ӯҳдадорӣ бо созишномаи байни тарафҳо дар мавриди ивази ӯҳдадории ибтидоии байни онҳо мавҷудбуда бо дигар ӯҳдадории дигари байни ҳамон ашхосе, ки мавзӯи дигар ва усули дигари (новатсия) иҷрои ӯҳдадориро талаб мекунад, қатъ мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1557).
  2. Дар муносибат ба ӯҳдадорӣ оид ба ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонидааст ва оид ба пардохти алимент навоварӣ (новатсия) иҷозат дода намешавад.
  3. Навоварӣ (новатсия), агар дар созишномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ӯҳдадории иловагиро, ки ба ӯҳдадории ибтидоӣ алоқаманд аст, қатъ менамояд.

 

Моддаи 447. Бахшидани қарз

Ҳангоми аз ҷониби кредитор озод кардани қарздор аз ӯҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда, агар ин ҳуқуқи дигар ашхосро дар муносибат ба молу мулки кредитор вайрон накунад, ӯҳдадорӣ қатъ мегардад.

 

Моддаи 448. Қатъи ӯҳдадорӣ ҳангоми имконнопазирии иҷро
  1. Агар иҷрои ӯҳдадори бо ҳолатҳое имконнопазир бошад, ки барояш қарздор масъулият надорад, он қатъ мегардад. Амали қоидаҳои мазкур ба ӯҳдадориҳои пулӣ татбиқ карда намешавад.
  2. Дар сурати имконнопазир будани иҷро аз ҷониби тарафи ӯҳдадорӣ, ки ба ҳолатҳо вобаста аст ва барои он ҳеҷ кадоме аз тарафҳо ҷавобгар нестанд, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ин тараф ҳақ надорад аз тарафи дигар иҷрои ӯҳдадориро талаб кунад. Дар айни замон ҳар кадом тараф, ки ӯҳдадориро иҷро кардааст ҳақ дорад баргардонидани иҷроро талаб намояд.
  3. Агар қарздор ӯҳдадориро бинобар амали гунаҳкоронаи кредитор иҷро карда натавонад, охирин ҳақ надорад баргардондани иҷрои ӯҳдадориро талаб кунад.

 

Моддаи 449. Қатъи ӯҳдадорӣ дар асоси санади мақомоти давлатӣ
  1. Агар дар натиҷаи қабули санади мақомоти давлатӣ пурра ё қисман иҷро намудани ӯҳдадорӣ имконнопазир гардад, ӯҳдадорӣ пурра ё дар қисми дахлдори он қатъ мегардад. Тарафҳое, ки дар натиҷаи ин зиён дидаанд, ҳақ доранд мутобиқи моддаҳои 13 ва 16 ҳамин Кодекс ҷуброни онро талаб намоянд.
  2. Агар санади мақомоти давлатӣ, ки дар асоси он ӯҳдадорӣ қатъ гардидааст, тибқи тартиби муқарраршуда беэътибор дониста шавад, ӯҳдадорӣ барқарор мегардад, ба шарте ки аз созишномаи тарафҳо ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд ва иҷрои ӯҳдадорӣ барои кредитор манфиати худро гум накардабошад.

 

Моддаи 450. Қатъи ӯҳдадорӣ аз сабаби фавти шаҳрванд
  1. Агар иҷрои ӯҳдадорӣ бидуни иштироки шахсии қарздор номумкин бошад ё ӯҳдадорӣ ба тариқи дигар ба таври ногусастанӣ бо шахсияти қарздор алоқаманд бошад, ӯҳдадорӣ ба фавти қарздор, қатъ мегардад.
  2. Бо фавти кредитор, агар иҷрои ӯҳдадорӣ маҳз барои кредитор таъин шуда бошад ё ӯҳдадорӣ бо тариқи дигар ба таври ногусастанӣ бо шахсияти кредитор алоқаманд бошад ӯҳдадорӣ қатъ мегардад.

 

Моддаи 451. Қатъи ӯҳдадорӣ бо барҳам хурданӣшахси ҳуқуқӣ
  1. Ӯҳдадорӣ бо барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ (қарздор ё кредитор) қатъ мегардад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ иҷрои ӯҳдадории шахси ҳуқуқии барҳамхӯрдаро ба зиммаи шахси дигар гузоранд (оид ба талабот дар мавриди пардохти товони зиён, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст ва ғайра).

 

ЗЕРФАСЛИ 2. МУҚАРРАРОТИ УМУМB  ОИД БА ШАРТНОМА

 

Б О Б И 26. МАФҲУМ ВА МАЗМУНИ ШАРТНОМА

 

Моддаи 452. Мафҳуми шартнома
  1. Шартнома созиши ду ё якчанд шахс барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва ӯҳдадории гражданӣ мебошад.
  2. Нисбат ба шартнома қоидаҳо оиди аҳди дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар боби 7 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, татбиқ мегарданд.
  3. Агар дар қоидаҳои ҳамин боб ва қоидаҳо оиди навъҳои алоҳидаи шартномаҳо, ки дар ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, нисбати ӯҳдадориҳое, ки аз шартнома бармеоянд, муқаррароти умумӣ оид ба ӯҳдадориҳо (моддаҳои 328-451) татбиқ мегарданд.
  4. Нисбати шартномаҳое, ки бештар аз ду тараф мебанданд, муқаррароти умумӣ оид ба шартнома татбиқ мегардад, ба шарте, ки ин ба хусусияти бисёрҷонибаи чунин шартномаҳо мухолиф набошад.

 

Моддаи 453. Мустақилияти шартнома
  1. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар ҳамин Кодекс, қонун ё ӯҳpдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад.
  2. Тарафҳо метавонанд тибқи тартиби пешбининамуда ё пешбининанамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ шартнома банданд.
  3. Тарафҳо метавонанд шартномае банданд, ки он ҷузъҳои шартномаҳои мухталифи пешбиникардаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ (шартномаи омехта)-ро дар бар гирифта бошад. Агар аз созишномаи тарафҳо ё моҳияти шартномаи омехта тартиби дигаре барнаояд, дар муносибати тарафҳо оид ба шартномаи омехта, дар қисматҳои дахлдор қоидаҳои шартномае, ки ҷузъҳои он дар шартномаи омехта мавҷуд аст, татбиқ мегарданд.
  4. Шартҳои шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки мазмуни шарти дахлдор дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ зикр шудааст (моддаи 454), бо салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки шарти шартнома мутобиқи меъёр истифода мешавад, зеро дар созишномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст (меъёри диспозитивӣ), тарафҳо метавонанд бо созишномаи худ истифодаи онро бекор кунанд ё шартеро ба миён гузоранд, ки аз шарти пешбинигардида фарқ дошта бошад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома шартҳои шартнома тибқи меъёри диспозитивӣ муайян карда мешаванд.

  1. Агар шарти шартнома аз ҷониби тарафҳо ё меъёри диспозитивӣ муайян нашуда бошад, шартҳои дахлдор бо анъанаҳои аҳдҳои корӣ, ки нисбати тарафҳо татбиқ мегардад, муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 454. Шартнома ва қонун
  1. Шартнома бояд ба қоидаҳои барои тарафҳо ҳатмие, мутобиқат кунад, ки бо қонун ё дигар санади ҳуқуқии (меъёрҳои императивӣ) дар лаҳзаи бастани шартнома амалкунанда муқаррар карда шудаанд.
  2. Агар пас аз бастани шартнома қонуне қабул шуда бошад, ки барои тарафҳо нисбат ба қоидаҳои ҳангоми бастани шартнома амалкунанда қоидаҳои ҳатмии дигарро муқаррар менамояд, шартҳои шартномаи басташуда ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди он, ки амали он ба муносибатҳои аз шартномаи қаблан басташуда бамиёномада татбиқ мегардад, эътибори худро нигоҳ медорад.

 

Моддаи 455. Шартномаҳои музднок ва бемузд
  1. Шартномае, ки мутобиқи он як тараф бояд музд ё барои иҷрои ӯҳдадорияш пасбаргардонии дигари мутақобиларо гирад, ба музд ба ҳисоб меравад.
  2. Шартномае, ки мутобиқи он як тараф ӯҳдадор мешавад ба тарафи дигар бе музд ё пасбаргардонии чизе диҳад, шартномаи бемузд эътироф карда мешавад.
  3. Агар аз қонун, санади дигари ҳуқуқӣ мазмун ё моҳияти шартнома тартиби дигаре барнаояд, шартнома музднок ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 456. Нарх
  1. Иҷрои шартнома мутобиқи нархи дар созишномаи байни тарафҳо муайянгардида пардохта мешавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун нарх (тарифҳо, нархгузорӣ, ставка ва ғайра)-ҳои муқаррар ё танзим намудаи мақомоти  ваколатдори давлатӣ истифода бурда мешаванд.

  1. Тағйир додани нарх пас аз бастани шартнома танҳо дар ҳолатҳо ва тибқи шартҳои пешбининамудаи шартнома, иҷозат дода мешавад.
  2. Агар дар шартномаи бамузд нарх пешбинӣ нагардида бошад ва бинобар шарти шартнома муайян шуда наметавонад, иҷрои шартнома бояд бо нархе пардохта шавад, ки дар чунин ҳолатҳо одатан барои ин гуна мол ва кору хизматрасонӣ гирифта мешавад.

 

Моддаи 457. Амали шартнома
  1. Шартнома аз лаҳзаи баста шуданаш эътибор пайдо мекунад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад.
  2. Тарафҳо ҳақ доранд муайян кунанд, ки шарти шартномаи бастаи онҳо ба муносибатҳои то бастани шартнома бамиёномада низ татбиқ мегардад.
  3. Қонун ё шартнома муайян карда метавонанд, ки хотимаи мӯҳлати амали шартнома боиси қатъи ӯҳдадории тарафҳо оид ба шартнома мегардад.

Шартномае, ки дар он чунин шарт гузошта нашудааст то лaҳзаи иҷрои ӯҳдадориро ба охир расондани тарафҳо муайян карда шудааст, боэътибор эътироф  карда мешавад.

  1. Қатъи мӯҳлати амали шартнома тарафҳоро аз масъулияти риоя накардани он озод намекунад.

 

Моддаи 458. Шартномаи оммавӣ
  1. Шартномаи оммавӣ шартномае мебошад, ки аз ҷониби ташкилоти тиҷоратӣ баста шуда, дар он ӯҳдадории ташкилот дар мавриди фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки чунин ташкилот мувофиқи хусусиятҳои фаъолияташ бояд нисбати ҳар муроҷиаткунанда анҷом диҳад (савдои чакана, мусофиркашонӣ дар нақлиёти истифодаи умум, хизматрасонии алоқа, таъминоти барқ, хизматрасонии тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайра) муайян гардидааст.

Ташкилоти тиҷоратӣ дар бастани шартномаи оммавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ҳақ надорад як шахсро нисбат ба дигаре авлотар шуморад.

  1. Нархи мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин дигар шартҳои шартномаи оммавӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун додани имтиёзҳоро барои категорияи алоҳидаи истеъмолкунандагон пешбинӣ менамояд, барои ҳамаи истеъмолкунандагон якхела мебошад.
  2. Дар ҳолати мавҷуд будани имконияти бастани шартномаи оммавӣ ҷиҳати ба истеъмолкунандагон расонидани моли дахлдор, хизматрасонӣ ва барои онҳо анҷом додани кори дахлдор аз ҷониби ташкилоти тиҷоратӣ рад кардани бастани шартнома иҷозат дода намешавад.

Дар сурати беасос аз бастани шартномаи оммавӣ саркашӣ кардани ташкилоти тиҷоратӣ муқаррароти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 477 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қоидаҳое барорад, ки барои тарафҳо ҳангоми бастан ва иҷрои шартномаҳои оммавӣ ҳатмӣ мебошанд.
  2. Шартҳои шартномаи оммавӣ, ки ба талаботи муқаррароти қисмҳои 2 ва 4 ҳамин модда мутобиқ нестанд, эътибор надоранд.

 

Моддаи 459. Шартҳои намунавии шартнома
  1. Дар шартнома пешбинӣ гардиданаш мумкин аст, ки шартҳои алоҳидаи он бо шартҳои намунавии барои шартномаҳои дахлдор таҳия ва дар матбуот нашргардида муайян карда мешаванд.
  2. Агар дар шартнома ба шартҳои намунавӣ ишора набошад, чунин шартҳои намунавӣ дар муносибати байни тарафҳо ба сифати анъанаҳои муомилоти корӣ истифода мегарданд, ба шарте ки онҳо ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 5 ва қисми 5 моддаи 453 ҳамин Кодекс мувофиқ бошанд.
  3. Шартҳои намунавӣ дар шакли шартномаи намунавӣ ё дигар санаде, ки ин шартҳоро дар бар гирифтааст, инъикос ёфтанаш мумкин аст.

 

Моддаи 460. Шартномаи ҳамроҳшавӣ
  1. Шартномаи ҳамроҳшавӣ шартномаест, ки шарти онро як тараф дар шакли тавсия (формуляр) ё дигар шакли стандартӣ пешниҳод намудааст ва онро тарафи дигар танҳо бо роҳи пурра ҳамроҳ шудан ба шартномаи пешниҳодгардида қабул мекунад.
  2. Тарафи ба шартнома ҳамроҳгардида, ҳарчанд шартномаи ҳамроҳшавӣ хилофи қонунҳо набошад ҳам, вале ин тарафро аз ҳуқуқҳое маҳрум месозад, ки одатан мутобиқи чунин шакли шартномаҳо дода мешаванд, масъулияти тарафи дигарро дар ҳолати риоя накардани ӯҳдадорӣ истисно ё маҳдуд мекунад ё шартҳои барои тарафи ҳамроҳшуда баръало вазнинро дар бар мегирад, ки онҳоро бо назардошти оқилонаи манфиати даркнамудаи худ, ҳангоми мавҷуд будани имконияти иштирок дар муайян кардани шарти шартнома қабул намекунад, ҳақ дорад бекор ё тағйир додани онро талаб намояд.
  3. Агар тарафи ҳамроҳшуда медонист ё мебоист донад, ки бо кадом шартҳо шартнома мебандад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, талаби бекор ё иваз намудани шартнома, ки як тарафи ба шартнома ҳамроҳшуда бинобар анҷом додани фаъолияти соҳибкориаш пешниҳод кардааст, қонеъ гардонида намешавад.

 

Моддаи 461. Шартномаи пешакӣ
  1. Мутобиқи шартномаи пешакӣ тарафҳо ӯҳдадор мешаванд дар оянда дар мавриди додани молу мулк, иҷрои кор ё хизматрасонӣ (шартномаи асосӣ) тибқи шартҳои пешбининамудаи шартномаи пешакӣ шартнома банданд.
  2. Шартномаи пешакӣ мутобиқи шакли барои шартномаи асосӣ муқарраршуда баста мешавад ва агар шакли шартномаи асосӣ муайян нашуда бошад, он хаттӣ тартиб дода мешавад. Риоя накардани қоидаҳо дар мавриди шартномаи пешакӣ онро беэътибор мегардонад.
  3. Шартномаи пешакӣ бояд шартҳоеро дар бар гирад, ки ба муайян намудани мавзӯъ, инчунин дигар шартҳои шартномаи асосӣ имконият диҳад.
  4. Дар шартномаи пешакӣ мӯҳлате, ки тарафҳо ӯҳдадор шудаанд шартномаи асосӣ банданд, нишон дода мешавад.

Агар чунин мӯҳлат дар шартномаи пешакӣ муайян нагардида бошад, шартномаи асосӣ бояд дар давоми як сол аз лаҳзаи ба имзо расидани шартномаи пешакӣ баста шавад.

  1. Агар то қатъи мӯҳлате, ки тарафҳо бояд шартнома банданд, ба имзо нарасад ё яке аз тарафҳо ба тарафи дигар дар мавриди бастани шартнома пешниҳод ирсол накунад, ӯҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи пешакӣ, қатъ мегардад.
  2. Агар дар созишномаи оид ба ният (протокол оид ба ният ва ғайра) бевосита хоҳиши тарафҳо дар мавриди ба он додани ҳуқуқи шартномаи пешакӣ инъикос нагардида бошад, боиси оқибатҳои ҳуқуқии гражданӣ намегардад.

 

Моддаи 462. Шартнома ба манфиати шахси сеюм
  1. Шартнома ба манфиати шахси сеюм шартномае мебошад,

 ки дар он тарафҳо муқаррар намудаанд  кредитор бояд ӯҳдадор аст ба шахси сеюми дар шартнома зикршуда ё зикрнашударо, ки ҳуқуқ дорад аз қарздор иҷрои ӯҳдадориро ба фоидаи худ талаб намояд,  иҷро кунад.

  1. Агар қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, тарафҳо аз лаҳзаи ба қарздор аз ҷониби шахси сеюм баён карда шудани нияти истифодаи ҳуқуқи худ оид ба шартнома, шартномаи басташударо бидуни розигии шахси сеюм бекор ё тағйир дода наметавонанд.
  2. Қарздор ҳақ дорад дар шартнома ба талаботи шахси сеюм эътироз баён кунад, чунон ки метавонист ба муқобили кредитор шикоят намояд.
  3. Дар сурати даст кашидани шахси сеюм аз ҳуқуқи мутобиқи шартнома ба ӯ додашуда, кредитор метавонад аз ин ҳуқуқ истифода барад, ба шарте ки он хилофи қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шартнома набошад.

 

Моддаи 463. Тафсири шартнома
  1. Ҳангоми тафсири шартнома суд маънои аслии калима ва ибораҳои дар он сабт шударо ба инобат мегирад. Ҳангоми нофаҳмо будани он маънои аслии шартҳои шартнома бо роҳи муқоиса бо дигар шартҳо ва умуман мазмуни шартнома муқаррар карда мешавад.
  2. Агар қоидаҳои дар қисми якуми ҳамин модда муқарраргардида барои муайян кардани мазмуни шартнома имконият надиҳанд, бояд нияти ҳақиқии умумии тарафҳо, бо назардошти мақсади шартнома дақиқ карда шавад. Дар айни замон ҳамаи ҳолатҳои дахлдор, аз ҷумла гуфтугузору мукотибот ва амалҳои то бастани шартнома сурат гирифта, ки дар муносибатҳои тарафҳо муқаррар шудааст, анъанаҳои муомилоти корӣ, рафтори минбаъдаи тарафҳо ба инобат гирифта мешаванд.

 

БОБИ 27. БАСТАНИ  ШАРТНОМА

 

Моддаи 464. Муқаррароти умумӣ оиди бастани шартнома
  1. Агар байни тарафҳо, мутобиқи шакли дар ҳолатҳои муайяни зарурӣ аз рӯи ҳама шартҳои асосии шартнома созиш ба даст омада бошад, шартнома басташуда дониста мешавад.

Шартҳои оид ба мавзӯи шартнома, шартҳое, ки дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ барои шартномаи шакли мазкур муҳим ва зарурӣ номбар шудаанд, инчунин ҳамаи он шартҳое, ки дар алоқамандӣ ба онҳо тибқи аризаи яке аз тарафҳо бояд созиш ба даст ояд, шартҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

  1. Шартнома бо фиристодани оферта (пешниҳод барои бастани шартнома) аз ҷониби як тараф ва аксепти он (қабули пешниҳод) аз ҷониби тарафи дигар баста мешавад.

 

Моддаи 465. Лаҳзаи бастани шартнома
  1. Шартнома аз лаҳзаи аз ҷониби шахси фиристодаи оферта гирифтани аксепти он баста шуда ба ҳисоб меравад.
  2. Агар барои бастани шартнома тибқи қонун, инчунин додани молу мулк зарур бошад, шартнома аз лаҳзаи додани молу мулки дахлдор (моддаи 248) баста шуда ба ҳисоб меравад.
  3. Шартномае, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад ба шарте ки қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 466. Шакли шартнома
  1. Шартномаро дар ҳама гуна шакле, ки барои анҷом додани аҳд пешбинӣ шудааст, бастан мумкин аст, ба шарте ки қонун барои шартномаи шакли зикршуда шакли муайян муқаррар накарда бошад.

Агар тарафҳо шакли муайяни бастани шартномаро маслиҳат карда бошанд, ҳарчанд тибқи қонун барои чунин навъи шартнома ин шакл номатлуб бошад ҳам, баъди дар шакли муайян пешниҳод карда  шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад.

  1. Шартнома дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як санади имзокардаи тарафҳо, инчунин бо роҳи мубодилаи аснод аз тариқи почта, телеграф, телетайп, телефон, алоқаи электронӣ ё дигар навъи алоқае, ки имконияти аз ҷониби тарафи шартнома фиристода шуданашро мӯътамад тасдиқ менамояд, баста шуданаш мумкин аст.
  2. Агар пешниҳоди хаттии тартиб додани шартнома тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 3 моддаи 470 ҳамин Кодекс қабул гардида бошад, расмияти шакли хаттии шартнома риоя гардида ҳисоб мешавад.

 

Моддаи 467. О ф е р т а (пешниҳод)
  1. Оферта пешниҳоди ба як шахс ё якчанд шахси муайян фиристодае мебошад, ки мақсади шахси пешниҳод кардаро аниқ ифода намуда шартномаро бо унвоне, ки пешниҳодро қабул кунад, имзо карда шуда ҳисоб мекунад. Оферта бояд шартҳои муҳими шартномаро дар бар гирад.
  2. Оферта шахси фиристодаи онро аз лаҳзаи аз ҷониби унвонӣ гирифтани он алоқаманд месозад.

Агар огоҳинома дар мавриди талаб карда гирифтани оферта барвақттар аз оферта ё ҳамзамон бо он расида бошад, оферта дастраснашуда ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 468. Бебозхостии оферта

Агар дар худи оферта тартиби дигар муайян нагардида бошад ё он аз моҳияти пешниҳод ё шароити иҷро гардидани амал барнаояд, офертаи  гирифтаи унвонӣ дар тӯли мӯҳлате, ки барои аксепти он муайян карда шудааст, бозхоста намешавад.

 

Моддаи 469. Даъват барои пешниҳоди оферта. Офертаи оммавӣ
  1. Реклама ё дигар пешниҳоде, ки ба гурӯҳи шахси номуайян манзур шудаанд, ҳамчун даъвати бастани оферта эътироф мешавад, ба шарте ки дар таклиф тартиби дигаре дақиқ инъикос наёфта бошад.
  2. Пешниҳоде, ки тамоми шартҳои муҳими шартномаро фаро гирифтааст ва аз он нияти шахси манзурнамудаи пешниҳод оиди бастани шартнома тибқи шартҳои дар пешниҳод манзургардида бо ҳар шахсе, ки майл дорад муайян мегардад, чун оферта эътироф карда мешавад (офертаи оммавӣ).

 

Моддаи 470. Аксепт
  1. Аксепт ҷавоби шахсе мебошад, ки офертаи ба ӯ фиристодашударо гирифтааст.

Аксепт бояд пурра ва бечунучаро бошад.

  1. Агар аз қонун, аҳдҳои анъанавии корӣ ё аз муносибати қаблии кории байни тарафҳо тартиби дигаре барнаояд, сукут кардан аксепт ба ҳисоб намеравад.
  2. Агар қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ тартиби дигарро пешбинӣ нанамуда бошанд ва ё дар оферта нишон дода нашуда бошад, дар мӯҳлати барои аксепт муайяннамуда аз ҷониби шахсе, ки офертаро гирифтааст, иҷро намудани амали шартҳои дар он зикршуда (борфиристонӣ, хизматрасонӣ, иҷрои кор, пардохти маблағи дахлдор ва ғайра), аксепт ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 471. Бозхости аксепт

Агар огоҳиномаи бозхости аксепт ба шахсе, ки офертаро фиристодааст, пештар аз аксепт ё ҳамзамон бо он расида бошад, аксепт гирифташуда ба ҳисоб намеравад.

 

Моддаи 472. Бастани шартнома дар асоси офертае, ки барои аксепт мӯҳлат муайян кардааст

Агар дар оферта мӯҳлати аксепт  муайян шуда бошад, шартнома баста шуда ба ҳисоб меравад, ба шарте ки аксепт аз ҷониби шахси фиристодаи мӯҳлати дар он зикршуда дастрас гардад.

 

Моддаи 473. Бастани шартнома дар асоси офертае, ки дар он  мӯҳлати аксепт муайян нашудааст
  1. Агар дар офертаи хаттӣ мӯҳлати аксепт муайян нашуда бошад ва агар аксепт аз ҷониби шахси офертаро фиристода то қатъи мӯҳлати муайяннамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ гирифта шуда бошад ва дар сурати муайян нашудани чунин мӯҳлат шартнома дар мӯҳлати зарурӣ барои ин мувофиқ баста шуда шумурда мешавад.
  2. Агар оферта шифоҳӣ, бидуни нишон додани мӯҳлати аксепт баён шуда тарафи дигар фавран дар мавриди аксепти он изҳор карда бошад, шартнома баста шуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 474. Аксепте, ки дер гирифта шудааст
  1. Дар ҳолате, ки огоҳиномаи саривақт фиристодашуда, дар мавриди аксепт дер дастрас шуда тарафи офертаро фиристода фавран тарафи дигарро аз дер гирифтани аксепт огоҳ насозад мӯҳлати аксепт дер намешавад.
  2. Агар тарафи офертаро фиристода фавран тарафи дигарро дар мавриди аксепти гирифтааш, ки дер дастрас шудааст, огоҳ созад, шартнома басташуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 475. Аксепт мутобиқи шартҳои дигар

Ҷавоб дар мавриди розигӣ оид ба бастани шартнома бо шартҳои дигар, аксепт ҳисобида намешавад.

Чунин ҷавоб радди аксепт эътироф гардида, дар айни замон офертаи нав шумурда мешавад.

 

Моддаи 476. Маҳалли имзои шартнома

Агар дар шартнома маҳалли имзои шартнома муайян нагардида бошад, шартнома дар маҳалли зисти шаҳрванд ё маҳалли буду боши шахси ҳуқуқӣ, ки оферта фиристодааст, баста шуда эътироф мегардад.

 

Моддаи 477. Бо  тартиби ҳатмӣ бастани шартнома
  1. Дар ҳолати мутобиқи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо барои тарафе, ки оферта фиристода шудааст (лоиҳаи шартнома) бастани шартнома ҳатмӣ бошад, ин тараф бояд ба тарафи дигар оид ба аксепт ё радди аксепт ё оид ба аксепти оферта тибқи шартҳои дигар (протоколи ихтилофи назар оид ба лоиҳаи шартнома) дар давоми сӣ рӯзи гирифтани оферта огоҳинома фиристад.

Тарафе, ки оферта фиристодааст ва аз тарафе, ки барояш бастани шартнома ҳатмӣ буда дар бораи аксептҳои он бо шартҳои дигар огоҳинома гирифтааст (протоколи ихтилофи назар оид ба лоиҳаи шартнома) ҳақ дорад ихтилофоти ҳангоми бастани шартнома бамиёномадаро дар давоми сӣ рӯзи гирифтани чунин огоҳинома ё гузаштани мӯҳлати аксепт ба баррасии суд пешниҳод намояд.

  1. Дар ҳолати мутобиқи ҳамин Кодекс ё қонунҳои дигар барои тарафи офертаро фиристода (лоиҳаи шартнома) бастани шартнома ҳатмӣ бошад ва ба он дар давоми си рӯз протоколи ихтилофи назар оид ба лоиҳаи шартнома фиристода мешуда бошад, ин тараф бояд дар давоми сӣ рӯзи гирифтани протоколи ихтилофи назар тарафи дигарро аз қабули шартномаи таҳрирхӯрда ё оид ба радди протоколи ихтилофи назар огоҳ созад.

Ҳангоми рад кардани протоколи ихтилофи назар ё дар мӯҳлати муайяншуда нагирифтани огоҳинома оиди  натиҷаи баррасии он тарафе, ки протоколи ихтилофи назарро фиристодааст, ҳақ дорад ихтилофи назари ҳангоми бастани шартнома бамиёномадаро ба баррасии суд пешниҳод намояд.

  1. Агар тибқи қонун, дигар санади қонунӣ мӯҳлати дигаре муайян нагардида бошад ё аз ҷониби тарафҳо мувофиқа нашуда бошад, қоидаpҳои оид ба мӯҳлат пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда истифода бурда мешаванд.

4.Агар тарафе, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунӣ барояш бастани шартнома ҳатмӣ мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ намояд, тарафи дигар ҳақ дорад ба суд дар мавриди маҷбуран бастани шартнома талабот арз намояд.

Як тараф метавонад аз тарафи дигаре, ки аз бастани шартнома беасос саркашӣ кардааст, товони зиёни бо ин амал расондаро талаб намояд.

 

Моддаи 478. Баҳсҳои пеш аз шартнома

Агар ихтилофоте, ки ҳангоми бастани шартнома ба миён омадаст, дар асоси моддаи 477 ҳамин Кодекс ё тибқи созишномаи байни тарафҳо манзури баррасии суд карда шавад, шартҳои шартнома, ки нисбат ба онҳо тарафҳо ихтилофи назар доштанд мутобиқи қарори суд муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 479. Бастани шартнома ҳангоми гузаронидани савдо
  1. Агар аз моҳияти шартнома тартиби дигаре барнаояд, онро ҳангоми гузаронидани савдо бастан мумкин аст. Шартнома бо шахсе баста мешавад, ки дар савдо бурд кардааст.
  2. Ташкилкунандаи савдо молики молу мулк ё дорандаи ҳуқуқи молу мулк ё ташкилоти махсус буда метавонанд. Ташкилоти махсус дар асоси шартнома бо молики молу мулк ё соҳиби ҳуқуқи молу мулк амал карда, аз номи онҳо ва аз номи худ баромад мекунад.
  3. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи ҳамин Кодекс ё қонунҳои дигар шартномаҳо дар мавриди фурӯши мол ё ҳуқуқи молу мулкӣ танҳо бо усули гузаронидани савдо баста шуданашон мумкин аст.
  4. Савдо дар шакли музояда ё озмун (тендер) гузаронида мешавад. Дар савдои музояда шахсе бурдкарда ба ҳисоб меравад, ки нархи баландтарро пешниҳод кардааст, дар озмун (тендер) бошад, шахсе ки мутобиқи хулосаи комиссияи озмунӣ (тендерӣ) қаблан аз ҷониби ташкилкунандаи савдо таъингардида беҳтарин шартро пешниҳод намудааст, бурдкарда шумурда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1334).

Агар дар қoнун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шакли савдоро молики молу мулки ба фурӯшрасанда ё соҳиби ҳуқуқи молу мулки ба фурӯш баровардашуда муайян мекунанд.

  1. Агар дар қонунҳои мурофиавӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳоидаҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 480 ва 481 ҳамин Кодекс нисбат ба савдои оммавӣ, ки бо тариқи иҷрои қарори суд доир мегарданд, татбиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 480. Ташкил ва тартиби гузаронидани савдо
  1. Музояда ё озмун (тендер) кушода ё пӯшида буда метавонанд. Дар музояда ё озмуни (тендери) кушода ҳар шахс метавонад иштирок намояд. Дар музояда ё озмуни (тендери) пӯшида танҳо ашхосе, ки махсус барои ин мақсад даъват шудаанд, иштирок мекунанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1334).
  2. Агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, огоҳинома дар мавриди гузаронидани савдо бояд аз ҷониби ташкилотчии он аз сӣ рӯз пеш аз доир шудани он фиристода шавад. Дар огоҳинома дар ҳама ҳолат оид ба вақт, маҳал ва шакли савдо, мавзӯи он ва тартиби гузаронидани он, аз ҷумла дар мавриди ба расмият даровардани иштирок дар савдо, муайян намудани шахси бурдкарда дар савдо, инчунин оид ба нархи ибтидоӣ маълумот дода шавад.

Дар сурате, ки мавзӯи савдо танҳо ҳуқуқи бастани шартнома бошад, дар огоҳиномаи савдои доиршаванда бояд мӯҳлати барои он муайянгардида зикр карда шавад.

  1. Агар дар қонун ё огоҳинома дар мавриди гузаронидани савдо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ташкилкунандаи савдои озод, ки огоҳинома фиристодааст, ҳақ дорад ҳар вақт, вале на дертар аз се рӯз то фаро расидани мӯҳлати доир шудани он, ташкилкунандаи озмун (тендер) бошад, на дертар аз си рӯзи то доир гардидани озмун (тендер) аз гузаронидани он даст кашад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1334).

Дар ҳолати ин мӯҳлатро риоя накардан, аз савдои озод даст кашидани ташкилкунанда, ӯ вазифадор аст ба иштирокчиён товони зиёни воқеиашонро пардозад.

Ташкилотчии музояда ё озмуни пӯшида вазифадор аст ба иштирокчиёни даъватшуда, сарфи назар аз он, ки баъд аз фиристодани огоҳинома аз гузаронидани савдо  маҳз кай даст кашидааст, товони зиёни воқеиашонро пардозад.

  1. Иштирокчиёни савдо бояд тибқи андоза, мӯҳлат ва тартибе, ки дар огоҳиномаи гузаронидани савдо нишон дода шудааст, байъона диҳанд. Агар савдо доир нагардида бошад, байъона бояд баргардонида шавад. Байъона ҳам чунин ба ашхосе, ки дар савдо иштирок доштанду вале дар он бурд накардаанд, баргардонида мешавад.

Ҳангоми бастани шартнома бо шахсе, ки дар савдо бурд кардааст, байъонааш дар иҷрои ӯҳдадорӣ оид ба шартномаи басташуда ҳисоб карда мешавад.

  1. Шахсе, ки дар савдо бурд кардааст ва доиркунандаи савдо дар рӯзи гузаронидани музояда ё озмун (тендер) оид ба натиҷаҳои савдо протокол имзо мекунанд, ки эътибори шартномаро дорад. Шахсе, ки савдоро бурд кардааст, дар ҳолати аз имзои протокол саркашӣ кардан аз байонаи додааш маҳрум мегардад. Доиркунандаи савдо, ки аз имзои протокол саркашӣ мекунад, вазифадор аст байъонаро дар ҳаҷми дукарата баргардонад ва ба шахси дар савдо бурдкарда товони зиёни бо иштирок дар савдо расонидашударо вобаста ба ҳаҷме, ки аз андозаи маблағи байъона бештар аст, пардозад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1334).

Агар мавзӯи савдо танҳо ҳуқуқи бастани шартнома бошад, чунин шартнома аз ҷониби тарафҳо бояд баъди хотимаи савдо ва тартиб додани протокол дар давоми  бист рӯз ё дигар мӯҳлати дар огоҳинома муайяншуда баста шавад. Дар ҳолати аз бастани шартнома саркашӣ кардани яке аз тарафҳо тарафи дигар ҳақ дорад аз суд талаб намояд, ки тарафи гунаҳгорро ба бастани шартнома маҷбур созад ва инчунин зиёни аз набастани шартнома расонидашударо пардозад.

 

Моддаи 481. Оқибати риоя накардани қоидаҳои гузаронидани савдо
  1. Савдое, ки бо риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун гузаронида шудааст, тибқи даъвои шахси манфиатдор аз ҷониби суд беэътибор дониста шуданаш мумкин аст.
  2. Беэътибор донистани савдо шартномаи бо шахси дар савдо бурдкарда басташударо беэътибор мегардонад.

 

БОБИ 28. ТАҒЙИР ДОДАН ВА БЕКОР КАРДАНИ  ШАРТНОМА

 

Моддаи 482. Асосҳо барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома
  1. Агар дар ҳамин Кодекс, қонунҳои дигар ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шартномаро бо созиши тарафҳо тағйир додан ё бекор кардан мумкин мебошад.
  2. Шартномаро бо талаби яке аз тарафҳо танҳо дар ҳолатҳои зайл аз тариқи суд тағйир додан ё бекор кардан мумкин аст:

а)   ҳангоми шартномаро ба таври назаррас вайрон кардани тарафи дигар;

б) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳои дигар ё шартнома.

Ҷиддан риоя накардани шартнома он аст, ки  ба ҷониби дигар аз ин зиён расида, ӯро аз умеди ба даст овардани нафъи зиёде маҳрум созад, ки ҳангоми бастани шартнома дар назар дошт.

  1. Ҳангоми яктарафа рад намудани иҷрои пурра ё қисмани шартнома, агар чунин радро қонун ё созишномаи тарафҳо иҷозат диҳад, шартнома мувофиқан бекор ё тағйирдодашуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 483. Тағйир додан ва бекор кардани шартнома ҳангоми ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат
  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва ё аз моҳияти он барнаояд тағйир ёфтани ҳолат, ки тарафҳо ҳангоми бастани шартнома онро ба инобат гирифта буданд, барои тағйир додан ё бекор кардани он асос буда метавонад.

Тағйир ёфтани ҳолат ҳангоме ба таври назаррас эътироф карда мешавад, ки агар тарафҳо чунин тағйир ёфтани ҳолатро оқилона пешбинӣ карда бошанд, умуман шартнома намебастанд ё он бо шартҳои то андозае дигар  ба имзо мерасид.

  1. Агар тарафҳо дар мавриди ба ҳолати ба таври назаррас тағйирёфта мутобиқ гардонидани шартнома ё бекор кардани он ба мувофиқа нарасида бошанд, вайро суд бо асосҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда бекор карда, тибқи талаби тарафи манфиатдор ҳамзамон бо шартҳои зайл тағйир дода метавонад:

а) агар дар лаҳзаи бастани шартнома тарафҳо онро ба асос гирифта бошанд, ки чунин  тағйир ёфтани ҳолат ба миён намеояд;

б) агар ҳолат бо сабабҳое тағйир ёфта бошад, ки тарафи манфиатдор пас аз рух доданаш онро ба ҳадди ғамхорӣ ва эҳтиёткорие, ки аз талаби шартнома ва шарти аҳдҳо бармеоянд бартараф карда наметавонист;

в) агар иҷрои шартнома бидуни тағйир додани шарт таносуби ба шартнома мувофиқи манфиати молу мулкии байни тарафҳоро то андозае вайрон кунад ва ба тарафи манфиатдор он қадар зиёне расонад,  ки аз манфиати калоне, ки ҳақ дошт ҳангоми бастани шартнома ба он умед бандад, маҳрум шуда метавонист;

г) агар аз анъанаҳои аҳдҳои корӣ ё моҳияти шартнома барнаояд, ки таваккали тағйир ёфтани ҳолат ба зиммаи тарафи манфиатдор аст.

  1. Ҳангоми бекор кардани бинобар ҷиддан тағйир ёфтани он суд бо талаби ҳар кадоме аз тарафҳо оқибати бекор кардани шартномаро бо назардошти тақсими одилонаи хароҷоти иҷрои ин шартнома масраф шудааст, муайян мекунад.
  2. Бекор кардани шартнома аз сабаби ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат танҳо бо қарори суд, дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоме, ки бекор кардани шартнома ба манфиатҳои ҷамъиятӣ мухолиф аст ё ба тарафҳо зиёне ворид мекунад, ки аз хароҷоти баъди тағйир додани шартҳо аз ҷониби суд барои иҷрои шартнома зарурӣ хеле зиёд аст, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 484. Тартиби тағйир додан ва бекор  кардани шартнома
  1. Агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шартнома ё анъанаҳои аҳдҳои корӣ тартиби дигаре барнаояд, созишномаи тағйир додан ё бекор кардани шартнома, ба ҳамон шакле ки шартнома дорад, сурат мегирад.
  2. Тараф талаби тағйир додан ё бекор кардани шартномаро танҳо баъди гирифтани раддияи тарафи дигар оиди тағйир додан ё бекор кардани шартнома ё дар мӯҳлати дар пешниҳод ё дар қонун ва ё дар шартнома муайяншуда нагирифтани ҷавоб ва дар сурати набудани он дар муддати сӣ рӯз ба суд арз карда метавонад.

 

Моддаи 485. Оқибати тағйир додан ё бекор  кардани шартнома
  1. Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадории тарафҳо дар шакли тағйирёфта нигоҳ дошта мешавад.
  2. Ҳангоми бекор кардани шартнома ӯҳдадории тарафҳо қатъ мегардад.
  3. Агар аз созишнома ё моҳияти тағйир додани шартнома тартиби дигаре барнаояд, дар ҳолати тағйир додан ё бекор кардани шартнома ӯҳдадорӣ аз рӯзи бастани созишномаи тарафҳо дар мавриди тағйир додан ё бекор кардани шартнома, ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани шартнома тибқи тартиби судӣ бошад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома тағйирёфта  ё бекоркардашуда ба ҳисоб меравад.
  4. Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тарафҳо ҳақ надоранд баргардонидани чизеро, ки онҳо мутобиқи ӯҳдадорӣ то рӯзи тағйир додан ё бекор кардани шартнома анҷом додаанд, талаб намоянд.
  5. Агар аз ҷониби яке аз тарафҳо ба таври назаррас вайрон кардани шартнома барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома асос шуда бошад, тарафи дигар ҳақ дорад товони зиёни аз тағйир додан ё бекор кардани шартнома расидаро талаб намояд.

 

Моддаи 486. Ҳолатҳои тағйир додан ва бекор кардани шартнома мутобиқи аризаи яке аз тарафҳо
  1. Шартномаро мутобиқи аризаи яке аз тарафҳо танҳо дар ҳолатҳои зайл тағйир додан ё бекор кардан мумкин аст:

а) агар иҷрои шартнома имконнопазир бошад (моддаи 448 ҳамин Кодекс);

б) аз ҷониби тарафи дигар вайрон кардани шартҳои  пешбининамудаи қонунҳо ё шартнома дар мавриди сифат, мӯҳлати иҷро ва дигар шартҳо;

в) агар тарафи дигар тибқи тартиби муқарраргардида муфлис эътироф шуда бошад;

г) агар санади мақомоти давлатӣ, ки дар асоси он шартнома баста шуда буд, тағйир дода ё бекор карда шуда бошад;

д) дар  ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунҳо ё шартнома.

  1. Дар сурати яктарафа тағйир додан ё бекор кардани шартнома як тараф бояд тарафи дигарро на дертар аз як моҳ пешакӣ огоҳ созад.

 

Моддаи 487. Дароз кардани мӯҳлати амали шартнома

Тарафҳо ҳақ доранд амали шартномаро ба мӯҳлати нав дароз кунанд. Мӯҳлати амали шартнома тибқи қоидаҳои моддаҳои  472 - 473 ҳамин  Кодекс дароз карда  мешавад.

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи қабул кардани қисми якуми

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 1.

 

Қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

 

Моддаи 2.

 

Аз 1 январи соли 2000 аз эътибор соқит дониста шаванд:

- фасли якум «Қоидаҳои умумӣ», фасли дуюм «Ҳуқуқи моликият», зерфасли 1 «Қоидаҳои умумӣ дар бораи ӯҳдадориҳо»-и фасли сеюми «Ҳуқуқи ӯҳдадорӣ»-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1963 «Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо ба фаслҳои ишорашудаи Кодекси  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1996, №24, моддаи 412);

- Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Оиди мавриди  амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1996, № 24, моддаи 413);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992, № 4, моддаи 37) ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо ба ин Қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд;

- Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 декабри соли 1991 «Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992, № 4, моддаи 38);

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи корхонаҳо» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993, № 14, моддаи 279) ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо ба ин ин Қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд;

- Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар хусуси ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993, № 14, моддаи 280).

 

Моддаи 3.

 

То мутобиқ гардонидани қонунҳо ва дигар санади ҳуқуқии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда бо қисми якуми Кодекси гражданӣ, қонунҳо ва дигар санади ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон то даме истифода бурда мешаванд, ки онҳо хилофи қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд.

 

Моддаи 4.

 

Қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки баъди мавриди амал қарор додани он ба вуҷуд омадааст, истифода бурда мешавад.

Аз рӯи муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки то мавриди амал қарор додани он ба вуҷуд омадааст, қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳуқуқ ва вазифаҳо истифода бурда мешавад, ки онҳо баъди мавриди амал қарор додани он ба вуҷуд меоянд.

 

Моддаи 5.

 

Аз рӯзи мавриди амал қарор додани қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои тиҷоратӣ танҳо дар он шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ таъсис ёфта метавонанд, ки барои онҳо Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст.

Таъсиси шахси ҳуқуқӣ баъди интишори расмии қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 6.

 

Санади таъсисии корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият бояд то 1 июли соли 2000 бо меъёрҳои қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шаванд.

Корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият аз пардохти боҷи бақайдгирӣ дар мавриди қайди тағйироти мақоми ҳуқуқии онҳо вобаста ба мутобиқ гардонидани он бо меъёрҳои қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.

 

Моддаи 7.

 

То мавриди амал қарор додани қонун дар бораи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ва қонун дар бораи бақайдгирии ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳо бо онҳо тартиби амалкунандаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳо бо онҳо истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 8.

 

Меъёрҳои Кодекс дар бораи асосҳо ва оқибатҳои ғайривоқеӣ будани аҳдҳо нисбат ба аҳдҳое татбиқ мегарданд, ки талабот дар бораи беэътибор донистан ва беэътибор будани оқибатҳои онҳоро суд сарфи назар аз вақти содир шудани аҳдҳои дахлдор, баъди 1 январи соли 2000 баррасӣ менамояд.

 

Моддаи 9.

 

Мӯҳлати бо қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи мӯҳлати даъво нисбат ба он даъвоҳое татбиқ мегарданд, ки мӯҳлати изҳори онҳо, ки бо қонунгузории қаблан амалкунанда пешбинӣ шудааст, то 1 январи соли 2000 ба охир нарасидаанд.

 

Моддаи 10.

 

Хусусияти таъсис ва фаъолияти кооперативҳои кишоварзӣ (тиҷоратӣ, коркард, хизматгузори истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ) бо Қонун дар бораи кооператсияи кишоварзӣ муайян карда мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе

30 июни соли 1999

№  802

 

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ