Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 891
Ном ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ БО НАЗАРДОШТИ НАРХҲОИ МОЛҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.12.1993
Матн

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 1, мод. 22; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  1997, № 9, мод. 117)

 

Ин Қонун асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иқтисодии индексатсияи даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ муайян менамояд.

 

ФАСЛИ I

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳуми индексатсияи даромади аҳолӣ                      

Индексатсияи даромади аҳолӣ (минбаъд индексатсия номида мешавад) механизми зиёд кардани даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандон буда, он барои қисман ё пурра ҷуброн намудани болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хиз­матрасонӣ имкон медиҳад.

Индексатсия ҷузъи системаи умумидавлатии ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад ва барои нигоҳ доштани қудрати харидории даромад ва пасандозҳои пу­лии онҳо, хусусан табақаҳои камбизоати аҳолӣ: нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, инчунин ҷавонони таҳсилкунанда нигаронида шудааст.

Индексатсия метавонад бо дигар усулҳои танзими давлатии даромади аҳолӣ (аз нав дида баромадани музди меҳнат, андозаи нафақа, ёрдампулиҳои иҷтимоӣ ва ғайра) тавъам гардад ва дар баъзе мавридҳо онҳоро иваз намояд.

Тағйироте, ки ба механизми нигаҳдории қудрати харидории даромади аҳолӣ дохил карда мешавад, аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 

Моддаи 2. Объектҳои индексатсия

Даромаде, ки шаҳрвандон онро бо асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд ва он хусусияти якдафъагӣ надорад: нафақаи давлатӣ, ёрдампулии иҷтимоӣ (ба оилаҳои кӯдакдор, бинобар бекорӣ, корношоямии муваққатӣ ва ғайра), стипендия, музди меҳнат (маош, моҳона), маблағи ҷуброни зиёне, ки бинобар маъюбӣ ё дигар хел иллатманд шудани саломатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ сурат гирифтааст.

Даромади пулии шаҳрвандон, ки аз додани амвол ба иҷора, аз саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок (ба истиснои коғазҳои қиматноки давлатӣ), ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ё хоҷагии ёрирасони шахсӣ, соҳибкорӣ ё дигар фаъолият, ҳамчун манбаи даромади пулӣ аз моликият, ба даст омадааст, мавриди ин­дексатсия қарор намегирад.

Ба аҳолӣ ҷуброн намудани зиёне, ки аз беқурбшавии пасандозҳои дар муассисаҳои Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин дар сер­тификатҳои ин бонкҳо, ӯҳдадориҳои бонкии давлатӣ, вомбарги бурдноки дохилии давлатӣ гузошташуда ва инчунин пулҳои ба ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ додашуда расидааст, бо роҳи тағйир додани фоизи меъёрҳо ба тартибе, ки Қонун бо назардошти индекси нархҳо муқаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 3. Муайян кардани андозаи индексатсияи даромади пулӣ

Андозаи индексатсияи даромади пулӣ бо роҳи зарб задани ҳаҷми даромади мавриди индексатсия ва индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ муайян карда мешавад. Зимнан, дар ин кор аз коэффисиентҳо, ҷадвали қиёсӣ ва меъёрҳои дигари муайянкунандаи кафолатҳои ҳадди ақаллии индексатсия дар ҷумҳурӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, инчу­нин шарту шароите, ки дар мувофиқатномаҳои коллективии байни моликон ё намояндагони онҳо аз як тараф ва иттифокҳои касаба - намояндагони манфиатҳои меҳнаткашон аз тарафи дигар, зикр ёфтаанд, истифода бурдан мумкин аст.

Дар минтақаҳое, ки ба музди меҳнат, нафақа ва ёрдампулӣ коэффисиентҳо муқаррар карда шудаанд, индексатсияи даромад бо назардошти ин коэффисиентҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 4. Индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ

Индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ аз рӯи методологияи ягона ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар асоси интихоби маҷмӯи муайяни молҳо ва хизматрасонӣ, ки барои ҳисобу китоби ҳадди ақаллии буҷети истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ қабул гардидааст, ҳисоб карда мешавад.

Назорат ба тағйироти нархҳои молҳои истеъмолӣ аз тарафи хидмати давлатии бақайдгирии нархҳо, ки дар Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳсоия ташкил карда мешавад ва мақомоти он дар маҳалҳо сурат мегирад.

 

Моддаи 5. Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади аҳолӣ

Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади пулии аҳолиро инҳо муайян мекунанд:

нисбати нафақаҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои иҷтимоӣ, стипендия, маблағи ҷуброни зиёни расондашуда ё дигар иллатмандии саломатӣ, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати музди меҳнати (маош, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоҷагӣ мебошанд – корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мустақилона дар асоси мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, ки дар буҷети ҷумҳурӣ мебошанд, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати маош ва нафақаҳои давлатии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, - иттиҳодияи ҷамъиятӣ мустақилона;

нисбати музди меҳнати ҳайати махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, -  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати дигар намудҳои даромади аҳолӣ индексатсия ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Меъёри фоизи пасандозҳои пулӣ ва сертификатҳое, ки дар Бонки амонатӣ ва дигар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, аз тарафи ин бонкҳо ва бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои фоизи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Аз тарафи ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ додани маблағи суғурта, нафақаи суғурта ва ёрдампулиҳо аз рӯи шартномаҳои суғуртаи дарозмӯҳлат мутаносибан тавассути ташкилотҳои дахлдори суғурта муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 6. Асосҳо барои индексатсия

Индексатсияи даромадҳои пулӣ дар сурати мавҷудияти шарту шароите, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда шудааст, сурат мегирад.

Ин шарту шароит чунин аст:

1. Ҳадди индексатсия – ҳаҷми афзоиши нархҳои молҳои истеъмолӣ (аз рӯи маҷмӯи муайяни молҳо ва хизматрасонӣ) дар моддаи 4 ин қонун пешбинӣ шуда, ки зиёд шудани он барои индексатсия асос шуда метавонад;

2. Давраи индексатсия - замони муайяни индексатсия (як маротиба дар сол, нимсола, семоҳа).

Ҳадди индексатсия ва тартиби татбиқи он ва давраи индексатсия дар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешавад. Ба нисбати индексатсия зиёд шудани даромади пулии шаҳрвандон баъд аз як моҳи расман нашр шудани индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 7. Манбаъҳои маблағ барои индексатсия

Манбаъҳои маблағ барои индексатсия инҳо мебошанд:

оид ба нафақаҳо ва ёрдампулӣ - фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар фондҳои махсус, инчунин воситаҳое, ки бо таъиноти мақсаднок аз буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд;

оиди ҷуброни зиёне, ки бо маъюбӣ ё дигар хел иллатманд шудани саломатӣ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ, аз воситаҳо истифода бурда мешавад, ки пардохти музди меҳнати ин коркунон аз он сурат мегирад;

оиди стипендияҳо - аз маблағи буҷет, ки аз ҳисоби он стипендия дода ме­шавад, инчунин аз пули корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое сурат мегирад, ки хонандагонро (коркунонро) ба таҳсил фиристодаанд;

оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоҷагӣ мебошанд, - аз воситаҳои худи корхона ва ташкилотҳо; 

оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое ки фаъолияти худро дар асоси маблағи буҷет (тандурустӣ, маорифи халқ, фарҳанг, илм ва ғайра) инчунин оиди маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ;

оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ, солимгардонӣ, муассисаҳои томактабии кӯдакон; спорт, тарбияи фарҳангӣ, ки дар баланси корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касаба ме­бошанд, аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касабаи дахлдор ва буҷети маҳалли, - ҷудо кардани маблағи аз буҷетҳои дахлдор ҷудо кардашаванда;

оид ба пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ -буҷети ин иттиҳодияҳо, инчунин манбаъҳои дигар мувофиқи қонуни мавҷуда;

оид ба пасандозҳои аҳолӣ дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин сертификатҳои онҳо - даромади ин бонкҳо;

оиди коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардашаванда;

оид ба пардохтҳо ба ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши меъёрҳои фоизӣ аз рӯи маблағҳое, ки дар ҳисоби ин фондҳо гузошта шудаанд.

 

Моддаи 8. Қонунҳо дар бораи индексатсия

Афзоиши даромади пулии аҳолӣ, ки бинобар индексатсия сурат мегирад, бо ин Қонун, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунӣ мазкур бароварда мешаванд, ки бо қаророи ҳокимияти Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

ФАСЛИ II

КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 9. Кафолатҳои давлатӣ барои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба ин­дексатсия

Давлат ба шаҳрвандоне, ки нафақаи давлатӣ, ёрдампулиҳои махсус, стипен­дия, маблағи ҷуброни зиёни аз маъюбӣ ё дигар иллатмандии саломатӣ, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста мебошад, афзоиши даромади пулии онҳоро би­нобар индексатсия дар ҳаҷм ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, кафолат медиҳад.

Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри саривақтии маълумотро дар бораи индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ, ҳадди индексатсия, давра ва дигар шарту шароити асосии индексатсия таъмин менамояд.

 

Моддаи 10. Аз нав дида баромадани андозаи даромаде, ки бояд индексатсия шавад

Андозаи пардохти музди меҳнат (маош, моҳона) нафақаҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои иҷтимоӣ, стипендия ва дигар даромадҳои пулӣ ба тартибе, ки бинобар индексатсияи онҳо дар давраи гузашта муқаррар карда шудааст, зиёд мегардад.

Ба мақсади роҳ надодан ба гирифта шудани як қисми даромади аҳолӣ, ки бинобар индексатсия сурат гирифтааст, андозаи даромади ҳадди ақал, ки мавриди андоз қарор намегирад, ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз нав дида баромада мешавад.

 

ФАСЛИ III

НАЗОРАТ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲО ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 11. Мақомоте, ки ба риояи Қонунҳо дар бораи индексатсия назорат мекунанд

Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо ва инчунин аз тарафи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, иттифоқҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.

 

Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳо дар бораи индексатсия

Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонун дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ гуннаҳкор мебошанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида мешаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе  27 декабри соли 1993

№ 891


 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №1, мод.23)

 


Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ» аз 1 ап­рели соли 1994 мавриди амал қарор дода шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Тартиб ва шарту шароити индексатсияи даромади аҳолиро муайян намуда, соле на камтар аз 1 маротиба дар бораи тағйироти қисми даромади аҳолӣ, ки бояд индексатсия шавад, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад;

тартиби аз нав дида баромадани меъёрҳои хароҷоти пулро барои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, интернатҳо, мактабҳо, муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ, хонаҳои-махсуси пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор таъмин карда мешаванд, бо назардошти пурра ҷуброн намудани афзоиши хароҷот бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ муайян карда шавад;

дар муддати 2 моҳ оид ба индексатсия намудани даромади пулии аҳолӣ низомнома таҳия намояд;

феҳристи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониро, ки зарурати якрӯзаи зиндагӣ ҳисоб мешаванд, тасдиқ намояд ва онро мутобиқи тағйирёбии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ таҳти мушоҳида қарор диҳад;

дар муддати 2 моҳ тартиб ва шарту шароити ёрирасониро дар бобати ин­дексатсияи даромади корхонаҳое, ки аз рӯи нархҳо ва тарифҳои муайян маҳсулот ва хизматрасонӣ пешкаш мекунанд, инчунин корхонаҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мебаранд ва ҷамъияти маъюбон мувофиқи Қонун муайян кунад;

то 1 июли соли 1994 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо на­зардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ» мутобиқ сохтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии идорӣ низ ба ин Қонун мутобиқ кунонида шаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе 27 декабри соли 1993

№ 892

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ