Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 839
Ном ДАР БОРАИ КРИПТОГРАФИЯ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.07.2012
Матн

Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дарбораикриптография

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 689)

 

Қонуни мазкур асосҳои  ҳуқуқи муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи криптография танзим намуда,тартиби таҳия,истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографяро дар рафти мубодила ва нигоҳдории иттилоот муайан мекунад.

 

  Моддаи 1. Мафҳуми асосӣ

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

-шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникаисионӣ –системаи технологӣ,ки барои интиқоли маълумот тавассути хатҳои алоқаи иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба он бо техникаи ҳисоббарор даст ёфтан мумкин мебошад;

-воситаҳои криптографӣ – воситаҳое, ки барои ҳифзи техники маълумоти махфӣ аз дастрасии беиҷозат пешбинӣ шудаанд;

-воситаҳои ҳимоя аз тақаллуб – воситаҳои дастгоҳӣ, барномавӣ ва дастгоҳии барномавӣ, системаю комплексҳое, ки алгоритмҳои тағйирёбии криптографии иттилоотроба роҳ монда, барои ҳифз кардан аз таҳмили иттилооти дуруғин таъин гардидаанд;

-воситаҳои бакоддарорӣ – воситаҳое,ки маҷмӯи алгоритмҳои тиғйирдиҳии криптографии иттилоотро бо иҷрои як қисми тағйирот тавассути амалиёти дастӣ ё бо истифода аз воситаҳои автоматикунонидашуда дар асоси ҳамин амалиёт ба роҳ мемонад;

-воситаҳоирамзнависи воситаҳои дастгоҳӣ, барномавӣ ва дастгоҳии барномавӣ, системаҳо ва комплексҳое, ки алгоритмҳои тағйирёбии криптографии иттилоотро ба роҳ мемонад ва барои ҳифзи иттилоот аз дастрасии ғайриқонунӣ ҳангоми интиқоли онҳо тавассути шабакакои автоматикунонидашуда ва ё дар вақти коркард ва нигоҳдории онҳо пешбинӣ гардидаанд;

- ҳуҷатҳои асосӣ – ҳомили маълумоти асосӣ новобаста ба намуди он;

- воситаҳои таҳияи ҳуҷатҳои асосӣ –воситаҳои техникие, ки тавассути онҳо ҳуҷатҳои асосӣ таҳия карда мешавад.

 

Моддаи 2 Доираи амали Қонуни мазкур

1. Муқарароти Қонуни мазкур ба воситаҳои криптографии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, ки барои таъмини ҳифзи иттилоот ҳангоми мубодила ва нигоҳдории он истифода бурда мешавад.

2.Муқарароти Қонуни мазкур нисбати воситаҳои зерин татбиқ карда намешаванд:

- кортҳои вижаи кредитии дорои таҷҳизоти хурди микромошинҳои электронии ҳисоббарорӣ,ки имкониятҳои криптографии онҳо аз тарафи истифодабарандагон тағйир додо намешавад;

- радиотелефонҳои портативӣ ва ё мобилии таъиноти шаҳрвандӣ ки қобилияти рамзнависии дутарафаро надоранд;

-дастгоҳҳои қабулкунанда ва фиристандаи пахши радиоӣ телевизиони тиҷоратӣ ё дигар дастгоҳҳои навъи тиҷоратӣ барои шунавандагони муайан бе ишораи рамзнависии рақамӣ,ки дар он рамзнависӣ бо амалиёти идоракунии видеоӣ ё аудиоканалӣ маҳдуд мебошад;

- воситаҳои рамзнависӣ,ки махсус барои амалиёти бонки ва молиявӣ дар таркиби терминалҳои фурӯши чаканае (банкоматҳое), ки имкониятҳои криптографии онро истифодабарандагон тағйир намедиҳанд, таҳия ва истифода карда мешаванд;

- воситаҳои рамзнависии таъмини қайди фискалӣ, ки танҳо дар таркиби дастгоҳҳои назорати касса истифода карда мешаванд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптография

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптография ба Конститутсиаи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистин инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Субекиҳои муносибатҳои ҳуқуқи дар соҳаи криптография

Дар соҳаи муносибатҳои криптографӣ давлат дар шахсӣ мақомоти дахлдори давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқуи, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотхои байналмилалӣ, ҳамчун субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дониста мешавад.

 

Моддаи 5. Коркард, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографии

1.Ба воситаи криптографӣ дохил мешаванд:

- воситаҳои ҳимоя аз тақалуб;

- воситаҳои рамзнависӣ:

- воситаҳои бакоддарорӣ;

- ҳуҷатҳои асосӣ

-воситаҳои таҳияи ҳуҷатҳои асосӣ.

2. Воситаҳои криптографӣ ва барномаҳои таҳиякардаи онҳо аз тарафи як ё якчанд нафар, ки барои кор бо воситаҳои криптографӣ роҳ додо шудаанд, нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор мегиранд,то ки шахси бегона ба онҳо даст наёбад.

3. Нусхаи ҳуҷатҳои техники воситаҳои криптографӣ ва барномаҳои онҳо дар маркази тасдиқкунанда нигоҳ дошта мешавад.

4. Мақомоти дахлдори давлатӣ,инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воситаҳои криптографиро барои ҳимояи маълумоти махфӣ ҳангоми қабул, интиқол ва нигоҳдории он тавассути шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ, инчунин воситаҳои барномавию техникӣ мивриди истифода қарор медиҳанд.

 

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи криптография

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи криптография тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 7. Сертификатсякунонии воситаҳои криптографӣ

1. Воситаҳои криптографӣ ҳмчун воситаҳои рамзнависии иттилоот бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд.

2.Санҷиш ва хизматгузории сертификатсиони воситаҳои криптографӣ ба зиммаи маркази тасдиқкунандае вогузор карда мешавад, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» фаъолияи менамояд.

 

Моддаи 8. Назорат ба фаъолияти соҳаи криптография

Назорат ба фаъолияти соҳаи криптография аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқарароти Қонуни мазкурро риоя намекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додони Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор додо шавад

 

         Президенти  Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ш.Душанбе

3 июл соли 2012

№839

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ